Раиси кумитаи “Андоз”- “андоз”ро ба кисаи худ “наандоз”!

Ислоҳ нет

Империяи Нусратулло Давлатов ё давлат дар дохили давлат

(бахши аввал)

Давлати Тоҷикистон рӯзбарӯз ва таҳбатаҳ ба фасод ғарқ мешавад. Фасодзадатарин фасодкорон онҳое ҳастанд, ки дар вазифаҳои давлатӣ дар мақоми аввал ҳастанд. Мо, дар бораи ришвахориву фасодкориҳои Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия чандин мақола бо далелу арқом ба нашр расонидем. Ҳамчунин дар бораи Юсуф Раҳмон, Додситони кулл ва сарвату дороиҳои вай ва низ аз тиҷоратҳои ошкору ниҳон ва азонихудкуниҳои моликияти мансуб ба халқу давлат аз тарафи “масъули амнияти 9 миллион тоҷик”, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва низ генерал Мурод Сайидов,”телех”-и №1-и Тоҷикистон. Тими таҳқиқотии “Ислоҳ.нет” ин бор фаъолияти Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода ва натоиҷи фишурдаи онро дар як матлаб дар дастраси мо қарор дод. Ҳоло,ки ин навиштаро манзури шумо мегардонем, бовар кунед, бори дигар бар ин натиҷа расидем, ки дар ин давлат ришват ва фасодро худи Эмомалӣ Раҳмонов ва аъзои хонаводаи вай дастгириву мадад мекунад. Имкон надорад, ки як вазир ба ин ҳад дуздад ва ғорат кунад, агар ки дар пушти ӯ раиси ин давлат наистода бошад. Вагарна кайҳо ӯро прокурор, милиса, амният ва ё Палатаи ҳисобу дигару   дигараш дастгир мекард. Ба як ҳарф агар хулоса кунем ин аст ки аз боло то поин давлати Тоҷикистон дар чоҳи фасоду ришват руст мондааст ва то замоне, ки Раҳмонову хонавода ва авлоди ӯ дар сари қудрат ҳастанд, он аз байн нахоҳад рафт ва баракс зиёд мешавад. Матлаби зер дар бораи яке аз ин коррупсионерҳои ашаддии кӯҳнакори давлати Тоҷикистон аст:

Ду маротиба дар як соли охир президент тамоми муовинҳои Нусратулло Давлатзода, раиси кумитаи андози Тоҷикистонро барканор кард вале ба худаш кордор нашуд. Давлтазода аз соли 2009 дар ин мансаби калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов  фаъолият карда истодааст ва феълан “куҳантарин” вазири ҳукумати Раҳмонов аст. Соҳаи андозу андозбандиву андозситонии Тоҷикистон моломоли мушкилот аст, ки онро   ҳосили “заҳмату талошҳо”-и Давлатзода мешуморанд. Системаи андоз дар Тоҷикистон ба як империя мубаддал шудааст ва императори он худи Давлатзода мебошад. Давлатзода низоми андози кишварро ба як ширкати хусусии худ ва хешу таборонаш бадал кардааст. Ин ниҳоди давлатӣ тавассути наздикон ва ҳамшаҳриёни ӯ идора карда мешавад.

Нусратулло Давлатзода, ки яке аз ташаббускорони асосии боло бурдани нархи интернет буд, ки дар пайи он қариб буд дар Тоҷикистон таркиши иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд ва Эмомалӣ Раҳмонов маҷбур шуд, ки ҳамагӣ баъд аз 6 рӯз он қарорро бекор кунад. Дар баёнияи дафтари матбуоти раисҷумҳур гуфта мешуд, ки шахсони дар ин кор даст дошта ҷазо дода мешаванд. Ҳамагӣ интизор дошт, ки Нусратулло Давлатзода ҷазо мегирад, вале нагирифт. Чаро?! Муаммо!

Нусратулло Давлатзода аз соли 2009 раиси Кумитаи андоз аст (то ин вақт муовини аввал буд) ва чуноне гуфтем дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дарозумртарин вазир ба шумор меравад. Дар ҳамин 11 соли раисии ӯ низоми андозу андозбандии Тоҷикистон ба бадтарин система табдил ёфт ва ҳоло Тоҷикистон дар қатори 10-гонаи дорои бадтарин системаи андоз дар дунё шинохта шудааст. Сарбории андоз дар кишвари мо аз баландтаринҳо дар дунё буда, ҳаҷми маҷмуии андозҳо дар Тоҷикистон 67,3%-ро дар бар мегирад. Ин аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ, ки 39,6% мебошад бамаротиб зиёд мебошад. Яъне ин ба он маъност, ки агар шумо як сомонӣ кор кардед беш аз 67 дирами онро бояд ба давлат бидиҳед. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон фақиртарин кишвари Шӯравии пешин ба ҳисоб меравад.

Ҳамин империяи сохтаи Давлатзода буд, ки соли 2017 дар кишвар бештар аз 200 ҳазор соҳибкори хурду миёна (65000 – Суғд, бештар аз 50000 – Душанбе, 42000 – Хатлон, 40000 – ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 4000 — ВМКБ) фаъолияти худро қатъ кард ё ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонов “кормандони андоз дар ҷони онҳо заданд”. Навори ҷанҷоли соҳибкорони Шаҳритуз бо кормандони андоз, ки президенти Тоҷикистон ҳам ба он ишора кард, намуна ва нишона аз бархе аз амалкардҳоест, ки империяи Давлатзода бо мардум раво мебинад.

“Шумораи ширкатҳову дороиҳову хонаҳои боҳашамате, ки дар империяи Давлатзода ба ҳар роҳу васила аз супурдани андоз озоданд ё бо роҳи сохтакории аснод ба номи шахсони дорои имтиёз номнависӣ шудаанд, аз мӯйи сар зиёдтаранд. Вале бо ин вуҷуд Давлатзода ҳатто танбеҳ нагирифт!”

Саҳми хонаводаи Давлатзода дар империяи андозии ӯ!

 Баъди мулоқоти президент бо кормандони гумрук ва андоз Давлатзода саросема ба рондани баъзе хешу табор ва наздиконаш аз империяи сохтааш пардохт. Агарчи дар зоҳир муовинони расмии кумита аз ҳар ноҳия ва манотиқи кишваранд.Аммо дар асл ин ҳама дар хидмати ин “император Давлатзода”  қарор доранд. Тибқи маълумоте, ки мо ба таври ғайрирасмӣ аз яке аз кормандони воломақоми Кумитаи андоз ба даст овардем ҳоло 216 нафар хешу табор ва қудову хушдоманҳову домодҳои худ ва  наздикони Давлатзода дар Кумитаи андоз кор мекунанд. Аз инҳо 34 нафар дар сатҳи роҳбарӣ – аз сардорони раёсатҳову нозирот то мудирони шуъбву бахшҳо. Аз ҷумла то кунун мо тавонистем ҳувияти қисме аз хешу табори наздики Давлатзодаро дар мақомҳои раҳбарии Кумитаи андоз ошкор кунем:

 

1.Сардори шӯъба дар Дастгоҳи марказӣ, Давлатзода Маҳмадсаид – бародарзодааш;

2.Корманди воломақоми Кумитаи марказӣ, Давлатзода Диловар – писараш

3.Сардори нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шамсов Саидмуртазо — домодаш;

4.Сардори шуъба дар нозироти ноҳияи Сино Н. Давлатзода – писари акааш;

5.Сардори бахш дар нозироти ноҳияи Рӯдакӣ, Файзиддинов Б. – домодаш (ки то ин вақт муовини сардори нозирот дар шаҳри Турсунзода буд ва бо бедодгариҳояш дар ин минтақа маъруф аст);

6.Сардори нозироти шаҳри Турсунзода, Ҳакимзода Дилшод – хешу табори наздикаш;

7.Сардори нозироти ноҳияи Шоҳмансур Довудов Ҷамшед- ҳамдеҳа ва хешу табори наздикаш;

8.Сардори нозироти шаҳри Ҳисор, Давлатзода Аҳлиддин – хешу табори наздикаш;

9.Сардори раёсати андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-и Кумитаи марказӣ Давлатов Фаррух – хеши наздикаш;

10.Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Душанбе, Азиз Давлатзода – писараш;

11.Сардори раёсати андози вилояти Хатлон, Нуров Ҷумъахон – аз наздиктарин шахсони Давлатзода, ки гуфта мешавад бештари корбаробаркуниҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо тавассути ҳамин одам сурат мегирифтааст ва ин шахс дар империя бо номи “кассаи Давлатзода” муъруф будааст.

12.Иззатулло Давлатзода, писараш, муассиси ширкати сохтмонии “Элит-Строй-Сервис” мебошад.

Баъди мулоқот бо раисҷумҳур Давлатзода бархе аз ин хешу таборҳояшро аз вазифа дур кард. Аз ҷумла сардори Раёсат дар вилояти Хатлон, сардори нозироти шаҳри Ҳисор ва қисме аз домоду хешонашро дар як маҷлисе, ки рӯзи 15-уми май доир кард. Аммо ҳамаи онҳо то рӯзи мулоқот дар империяи Давлатзода кору фаъолият мекарданд.

Яке аз омилҳои рушду тавсеъаи Империяи Давлатзода низ ҳамин буда, ки аксари кормандони Кумитаи андозу гумрук, бо шумули роҳбаронашон зодагони ноҳияи Темурмаликанд, ки миёни ҳам доду гирифт карда умри империяро дароз мекунанд.

“Бо вуҷуди ин ҳама Давлатзода ҳатто танбеҳ нагирифт, балки корашро давом дода истодааст….”

 

Дороиҳои Давлатзода ва пойдории империяи ӯ

 Он чи ки мо дар ин матлаб пешниҳод менамояем чизе баробари 15–20% асрори пинҳони империяи андози Давлатзода аст. 100% ошкор кардани қонуншиканиҳо ва зарарҳое, ки ин империя ба буҷаи Тоҷикистон ва мардуми кишвар расонидааст, вазифаи ниҳодҳои вижаи Тоҷикистон, аз ҷумла КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Агентии зидди фасод ва Палатаи ҳисоб мебошад.

Аммо ҳамагон медонанд, ки Давлатзода яке аз сарватмандтарин мансабдорон  дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов аст. Ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ, мансабдори давлатӣ ҳаққи машғулият ба тиҷорат ва фаъолияти соҳибкориро надорад. Ҳоло яке аз калонтарин ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон “Элит-строй” аст, ки ба писари Давлатзода тааллуқ дорад. Ҳамчунин даҳҳо ширкати миёнаву хурди дигаре низ ҳастанд, ки ҳамчун корхонаҳои фаръӣ ба тиҷорати калони Давлатзода бастагӣ доранд. Инчунин барои гурехтан аз андоз ва саркашӣ аз пардохтҳои андозӣ ин империя ширкатҳои кӯтоҳумри 5-рӯзаву 10-рӯзаву 1-моҳаву чандмоҳаро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ташкил мекунад. Ширкатҳои дигаре, ки фаъолияти лоҷистикиву воридотии борҳоро анҷом медиҳанд ва ба ин империя марбут мебошанд ба даҳҳо мерасанд, ки ҳамаи онҳоро сохторҳои марбута хуб медонанд.

Яке аз корҳои ғайриқонуние, ки дар ин империя роиҷ шудааст, ин мебошад, ки барои пур кардани нақшаи моҳона кормандони воломақом ба инспекторҳое, ки наметавонанд нақшаро дар муҳлат иҷро кунанд, пул қарз медиҳанд ва моҳи дигар инспектор онро бо фоизҳояш мегардонад. Яъне агар Тошматов нозири андози ноҳияи Шоҳмансур натавонист нақшаро иҷро кунанд ва 100 ҳазор сомонии дигар бояд биғундорад, пас Эшматов яке аз кормандони воломақом ба ӯ 100 ҳазор сомонӣ қарз медиҳад, ки моҳи дигар Тошматов онро 110 ҳазор осомонӣ карда бармегардонад. Гузашта аз ин кормандони андоз дар мувофиқа бо кормандони “Амонатбонк” бо таърихи куҳна, то 7-8-уми моҳи нав андозҳои моҳи куҳнаро ҷамъоварӣ мекунанд ва инро дар истилоҳоти империяи Давлатзода – коридор меноманд.

Гуфта мешавад, ки Давлатзода яке аз “говҳои ҷӯшоӣ” дар ҳукумат аст ва аксари хароҷоти меҳмонҳо ва маҳфилҳои давлативу хонаводаи раисҷумҳурро ӯ ба дӯш дорад ва ба дигар ниҳодҳои назоратӣ ҳам ришватҳои калон медиҳад, то масъунияти худро дар империя таъмин намояд. Ҳарчанд баъди мулоқоти президент дигар дар назди Кумитаи андоз ва раёсати шаҳриву нозироти он дар навоҳии Душанбе дигар мошинҳои гаронқимати кормандони он намеистанд, аммо хонаҳои гаронарзишу дачаҳои кормандони андоз дар он тарафи дарёи Душанбе, дар маҳаллаи Чорбоғ  ҳанӯз побарҷоянд. Зеро онҳоро пинҳон карда намешавад. Ҳатто гуфта мешавад, ки баъди мулоқот бо президент Давлатзода саросемавор бо ҳайати раҳбарону кормандони Кумита мулоқоти оҷилӣ доир карда гуфтааст, ки дороиву хонаву мошинҳоятонро гум кунед ё ба номи касони бегона санад кунед. Инро ҳам бояд бигӯем, ки кадом биноеро ин ширкат сохт, ҳатман ками кам 7 хона барои 7 бачааш ва ё барои дигар фарзандонаш аз дигар занаш, ҷудо карда мешавад. Ва утоқҳои ғайриистиқоматияш, яъне мағозаҳою маркази савдоҳо, фурӯхта намешаванд! Ин оила худашон барои бизнесҳои бешуморашон истифода мебаранд! Ҳамаи мағозаҳою ошхонаҳо дар ин бино ҷойгир бошанд, пас бидонед, ки инҳо аз худи ин оила мебошанд. Теъдоди ками онҳо ба иҷора додагӣ аст, хеле камаш! Бисёраш аз худашон аст! Нусратулло Давлатзода, тибқи маълумот 3 зан дорад!

Мегузарем ба биноҳо сохташудаи ширкати “Элит-Строй-Сервис” :

13-ошёна дар Хуҷанд дар 12 мкр., дом 23

12 -ошёна дар хиёбони Рӯдакӣ110 (муқобили Донишгоҳи омӯзгорӣ)

12 -ошёна дар кӯчаи Бухоро 27 (рӯбарӯи Хадамоти Гумрук)

4- бинои 9 ошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, (дар шафати Сафорати Русия)

9 -ошёна дар кӯчаи  Пушкин  81 (паҳлуи вазорати дифои Тоҷикистон)

16-ошёна дар буриши кӯчаҳои  Айнӣ ва А. Дониш

4 бино дар гардиши фурудгоҳ, ки якеаш сохти “Элит-Строй-Сервис”  аст

12-ошёна дар кӯчаи Истаравшан20, пеши конечкаи маршруткаи №11

17 -ошёна дар кӯчаи Истаравшан18, ин ҳам дар назди конечкаи маршруткаи №11.Сохтмонаш то ҳол давом дорад.

12 ошёна дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзи (рӯбарӯи маркази савдои “Пойтахт”, назди варзишгоҳи”Спартак”)

Ба гумони ғолиб Нусратулло Давлатзода ва оилаи вай ширкатҳои дигари сохтмонӣ ҳам доранд. Аммо аниқ медонем, ки якчанд  заводи бетон, хишт, карелҳои қум, хулас масолеҳи сохтмонӣ қариб ҳамааш аз худашон мебошад.

Як мағозаи калони мебел ва сантехника доранд. Яке аз қимматарин, элитный сантехника дар Тоҷикистон. Ҳамаи хонаҳояшон аз ин мағоза таъмин карда мешавад!

Ҳамчунин корхонаи истеҳсоли мебел доранд ва мебелҳои хеле ҳам гаронарзиш. Хонаҳояшонро бо ҳамин мебел муҷаҳҳаз кардаанд. Ин корхона тибқи маълумот ба маблағи беш аз 2.5 млн.$ сохта шудааст. Ин оила дар Дубай, Palm Jumeirah (Пальма Ҷумейра, ҷазираи маснуӣ), ВИЛЛА-и оилавӣ дорад. Нархи он вилла беш аз 1,5 млн.$ мебошад. Раиси Кумитаи андоз ва аъзои сершумори оилаи вай дар Тоҷикистон табобат намегиранд. Мабодо касал шаванд, масалан грипп рост Олмон ба табобат мераванд.

Барои ҳамин дар шаҳри Франкфурти Олмон якчанд хона харидаанд! Барои чи маҳз Франкфурт? Барои он ки Сомон эйр парвози мустақим дорад ба ин самт! Душанбе-Франкфурт! Бале, якто не, ЯКЧАНД хона доранд! Оила гуфта набераҳояшонро ҳам дар назар дорам, чунки як набераашон касали дил будаст, чанд маротиба онро ба табобат бурдаанд.

Давлатов ва фарзандонаш ба дараҷаҳо масту аз худ рафтагианд, ки месазад баъзе аз қиссаҳояшонро,ки муҳаққиқони “Ислоҳ.нет” пайдо кардаанд, пешкашатон намоем.

“Яке аз рӯзҳои соли навиро (ё 2015 ё 2016) ин оила дар ресторани ОК, дар назди гардиши аэропорт ҷашн гирифтаанд! Нусратулло, ҳамсараш, писарҳо бо ҳамсару фарзандонаш, хулас беш аз 20 нафар буданд. Ҳамон шаб онҳо албатта ҷои ВИП-ро “полний зайнит” карданд! Шарт нест навистан, ки дастархонашон чи чизҳо дошт, танхо маблағи онро гӯям мумкин маро девона мегӯед. Онҳо дар он шаб ба беш аз 13 000 $ шиштанд. Тассавур кунед.”

   Баъди як сол.

Яке аз писаронаш ҳамроҳ бо оила рухсатии пеш аз соли нав мераванд ба Таиланд. Барои “палёни” нашудан, онҳо оилавӣ через Маскав мераванд ва боз через Маскав меоянд.   Тасаввур кунед, чи қадар маблағ сарф мекунад, то ки“палёни” нашаванд.

“Агар раисҷумҳур 7 духтару 700 домод дошта бошад Нусратулло Давлатзода 7 писару 700 келин! Тавба”

Як ҳикоя аз гузашта!

Яке аз писаронаш ҳамсарашро бо ронанда меқапад (онҳо ҳамаашон ҳам худашон мошин доранд, ҳам шофёр отделни мошин дорад), гӯё, ки онҳо берун аз шаҳр (тарафҳои Варзоб) дар даруни мошин чикоре мекарданд. Ин тӯҳмат нест, чунки ин воқеъаро агенти “нанимат кардаги” ба ман нақл кард. Баъди ин воқеа бача занашро сур накард, талоқ надод. Ронандаро пеш кард, мошинашро фурӯхта, мошини фасонтар харид барои занаш.То ҳол зиндагӣ доранд. Даюси беномус!Як писари дигараш Дубай истироҳат меравад.Ҳамроҳ бо оила.Хизматгори нигоҳубини кӯдакҳоро ҳам мебаранд.Хуб ходиме,ки назорати кӯдакҳо бар ӯҳдааш ҳаст,бигзор биравад, аммо чаро ронандаашро дубай мебурда бошад?Шояд мисли ҳамон кали Фаттоҳ (Фаттоҳ Саид) ҳамроҳаш  “масажист” мебурда бошад?

Солҳои пеш  ин оила МДО (Микро депозитная организация) дошт. Номаш “ДИСИ-инвеcт” буд. То соли агар хатто накунам 2018 фаъолият мекард. Баъд маҳкам шуд. Ин ташкилот он вақт як “футзальный клуб”-ро сармоягузорӣ мекард. Номи клуб низ бо номи ташкилот ягона буд. Барои ин клуб манежи крытый, яъне болопӯшида сохта буданд. Вай дар тарафи  46 микрорайон мебошад. Мо дар оянда аниқ мекунем,ки ҳоло ҳам дар дасти ҳамин оила аст ва ё фурӯхтаанд онро. Аз рӯи маълумоти пайдо кардаи мо тавассути ҳамин “бонкчаи хурд” маблағҳои аз роҳи дуздиву ришва ва даромад аз тиҷораташонро ба суратҳисобҳои оффшории хориҷӣ интиқол медодаанд. Тибқи маълумоти тасдиқношуда ин маблағ аз 50 млн.$. боло  будааст.

Шумораи дачаҳои Нусратулло Давлатзода дар Варзоб, Ромит ва Қайроқумро ҳам дар барномаҳои баъдӣ мушаххас карда бо аксҳо дарҷ хоҳем кард.

Охирон  қисса

Нусратулло Давлатзода то соли 2009 муовини вазири андоз буд. Он вақт писари худро (Иззатулло ) бо духтари раиси худ, вазири онвақтаи андоз  -Тошпулод Рабиев  оиладор мекунад. Баъд аз чанд моҳе Рабиевро аз кор гирифтанд. Нусратулло ба ҷои ӯ меояд.   Рабиев аз қудояш сахт хафа мешавад. Ба як рафиқаш мегӯяд, ки “духтарамро гирифт, боз як шатта дар кунам зада вазифаи маро ҳам гирифт”.

 Дар бораи дороиҳои Давлатзода дар зодгоҳаш дар Темурмалик дар оянда хоҳем гуфт. Онҷо садҳо гектар замин, боғ, хонаву кӯшкҳои бешумор, мошинҳои махсус барои гаштан дар музофотро барои баъд мегузорем. Аммо як чизи дигар:- тамоми тарабхонаҳое,ки дар Хуҷанду Душанбеву Қӯрғонтеппа  бо номи  ЛАЗЗАТ  кор мекунанд аз они ҳамин оила мебошанд.

Ба наздики ин оила як ошхонаи гизалла, вокеъ дар маҳаллаи  яккачинор (собик ресторане, ки соат дорад, Русский Баня бафикрм ном дошт) ҳамон ҳам аз ин оила шуд.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

 Ps:   “Ислоҳ.нет” дар камин ва наззорагари ин наҳангҳои бузург ва ғоратгарони моликияти давлату миллат мебошад. То тамоми амалҳои паси пардагии ин ғоратгаронро ифшо созад. Инчунин аз ҳар корманди бо шарафи кумитаи “Андоз” ва ё ҳар шаҳрванде дар мавриди ин “Империя” сохтаи Давлатзода дошта бошед,марҳамат ба мо онҳоро фиристед,то аз он маълумоти шумо мардум огоҳи пайдо намоянд. Бо ҳам решаи коррупсияро аз кишвари худ бар мечинем ва  буҷаи давлати худро бой ва мардуми кишварро аз мушкилоти иҷтимоъӣ ва фақру тангдастӣ наҷот медиҳем.

Share This Article