Рамазон Раҳимзодаро кӣ заҳр дод ва ҳоло дар куҷо аст ?

Ислоҳ нет

Ба назар мерасад адовату душмании миёни полковник Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар ҳоли расидан ба нуқтаи ниҳоии худ аст.

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки аз бемории Рамазон Раҳимзода гуфта будем. Манобеи мо аз дохили ин вазорат иттилоъ дода буданд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ дар ҷараёни сафари корӣ ба навоҳии минтақаи Рашт сармо хӯрдаву зуком шудааст ва ин эҳтимол ҳам истисно намешуд, ки вай ибтило ба коронавирус шуда бошад. Рӯзҳои ахир ба кор намеомад ва агар ҳам ки меомад, як соат ҳам дар утоқи кориаш нишаста наметавонист ва касеро ҳам қабул намекард ва ҳамроҳаш ҳатман пизишк дошт ва дар дохили кабинеташ ҳам, ба замми истеъмоли ҳаббу қурсҳои бешумор сӯзандору мегирифт.

Ин ҳам дар ҳоле аст ки Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) муовини аввали вазири дохилӣ ҳам дар кор ҳузур надорад. Вай беш аз ду моҳ мешавад дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қарор дорад, чун роҳбарии Ситоди байниидоравии мақомот дар ин вилоят бар ӯҳдаи ӯ гузошта шудааст. Аз ин ҷост ки айни замон ВКД бидуни ду роҳбари аввал мондааст. Ин ҳолат Эмомалӣ Раҳмоновро дар ташвиш ва то ҷое дар ҳолати изтироб гузоштааст.

Гуфта мешавад, ки вазири дохилӣ дар ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 20 январ бисёр ҳам ҳолати вазнин доштааст:

«Ҳарораташ бисёр баланд буд, таб дошт, месулфид, бо як азобе дар ҷаласа ширкат кард, ҳолати бад дошт».

 Ин чунин маълумот ҳам расид, ки ҳатто ӯро ҳам кофтанд, то бо худаш ба ҷаласа чизе ворид накунад. Дигар маъулмоте надорем, ки чаро вазири кишвар ҳам ба мисли дигар мақомоти ғайри низомӣ ва қудратӣ бархурд шуда бошад. Инҷо аз нобоварӣ гап меравад ва ё дигар “Пешво” дар ҳама мақомоташ душманонаншро мебинанд? Инро бояд аз худи “Пешво” пурсид, то ба ин савол посух гӯяд. Албатта посухро пас аз пирӯзии миллат хоҳем фаҳмид ва ё дар рӯзи ҷазо назди Аҳкамулҳокимин.

Дар ҳангоми танаффус ӯро сузандору тазриқ кардаанд. Аз касалиаш ҳам ӯро бештар ончиз нигарон кардааст, ки Раҳмонов ба вай эътино накардааст. Ҳатто нагузоштаанд, ки назди Раҳмонов дарояд. Гӯиё муҳофизон ва масулони амниятии “пешво” нахостаанд, ки «омикрон»-аш ба Раҳмонов гузарад. Аммо худи вай баъди қабул накардани Раҳмонов боз ҳам бештар хаставу лакот шудааст. Фишораш боло рафтаву талоши табибон барои пасту поин кардан барор надодааст. Нафаскашиаш бисёр ҳам сахт мегӯянд. Вай қаблан бемории гайморит доштааст ва табибон дар чунин ҳолат ҷарроҳии бинӣ ва бартараф кардани зардоб ва гӯшти зиёдатии бинии ӯро новақт ҳисобидаанд.

Аммо ҳоло ӯро ба Олмон овардаанд ва дар яке аз клиникаҳои он таҳти тадовӣ қарор дорад. Маълум нест, ки то чанд вақт ӯ таҳти муолиҷа қарор мегирад, аммо хабарҳои расида аз он мегӯяд, ки ҳамоно беҳоливу бемадорӣ ӯро тарк накардааст. Яке аз наздиконаш, ки бо як нафар аз дӯстони мо иртибот дорад гуфтааст, ки пизишкон дар таркиби хуни вай заҳр ошкор кардаанд. Заҳр ба наздики вориди организми ӯ шудабудааст. Ин манбаъи аршади ВКД гуфта аст: “ҳолати вазир сахт нигаронкунанда буд ва пеш аз он дар чунин ҳолат ӯро надида будем.”

Худи вазири дохилӣ ба Шоҳрух Саид шак кардааст. Ва, гумонаш бар ин будааст аст ки Шоҳрух тавассути одамҳояш ӯро дар Ғарм масмум кардааст.

Шоҳрух Саидзода, дар ин авохир, махсусан баъди онки Иззат Амон, Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоевро аз Русия овард, дар назди Эмомалӣ Раҳмонов обрӯи зиёд гӯйё касб кардааст.

Шоҳрух бо такя ба пуштибонии рафиқаш Рустами Эмомалӣ ва модари вай Азизмоҳ,ки ӯро хеле нағз медидааст, ҳоло дар даруни вазорати дохилӣ як идораи мустақили худро ташкил дода ва беш аз пеш мустақилона амал мекунад. Бахусус, баъд аз онки тавонист танҳо барои истирдоди гумонбарон беш аз 1миллион доллар ба Раёсати зери назорати ӯ (УУР) ҷудо кунанд ва низ баъди боздошти даҳҳо нафар дар Туркия, ки ҳоло бархе аз онҳо дар боздоштгоҳҳоянд, ташкили гурӯҳҳои махсуси милиса ва фиристодани онҳо ба шаҳрҳои Русия болои аспи сафед қарор дорад. Ва, «вот-вот» бояд вазири корҳои дохилӣ бишавад ва ё шахси мавриди ниёзи худро дар ин курсӣ биншонанд. Ҳоло дар ҳақиқат ҳам дорои салоҳият ва ихтиёроти густарда шудааст, ки собиқ сардорон Раёсати УУР ҷуръати ҳатто дар бораи онҳо хиёл кардан надоштанд. Қаблан кормандони УУР танҳо вақти экстрадитсия мерафтанд ба ин ё он кишвар ва аз се рӯз зиёд намеистоданд ва онҳоро вазорат «командировочний» медод. Ҳоло УУР ин корҳоро худаш мустақилона анҷом медиҳад. Бидуни онки аз «Буқача» пурсад ва ё ҳатто дар ҷараён бигзорад.

Рамазон Раҳимзода ин ҳамаро мурдаву зиста таҳаммул мекард. Аммо ин бор вай аз он чиз сахт дар тарсу ҳарос аст, ки дар пушти заҳролудшавии вай на танҳо Рустам шояд худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам истода бошад.

Чунки ӯро дар арафа ва рӯзи ҷаласаи ҳукумат Раҳмонов қабул накарда буд ва инки муҳофизон ба хотири «омикрон» иҷозаи сӯҳбат бо Раҳмоновро надоданд, баҳонае беш набуд. Инро ҳамон замон Рамазон Раҳимзода фаҳмида буд.

Тибқи маълумоти расида бояд дар чанд навбат амали (переливание кров) тоза кардани хун гузаронида шавад ва дар ин муддат чӣ хоҳад шуд, номаълум аст. Гӯиё навбати аввали шустушӯ додани хун доир шудааст.

Манбаъи мо гуфт, ки Рамазон Раҳимзода дар ин ахирҳо бар садоқату самимияти Шодӣ Ҳафизи язнааш, сардори Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфта( УБОП) ва Абдураҳмон Аламшозодаи муовинаш (Бузмаков) низ сахт машкук аст. Аз Бузмаков ба он хотир, ки талабгори курсии вазирист ва аз Шодӣ Ҳафиз ба он ҷиҳат, ки дар доми Шоҳрух афтодааст.

Рамазон Раҳимзода борҳо гуфта  будааст,ки « и Бузмаков одам нестай,я бехунай, Салиховро дар хонааш зада кушт аз ӯ инсони оқил ва инсонранг бояд тарсад ва ӯ аз ҳеҷ ҷинояте боз намеистад».

 Аммо танҳо Аламшозода Абдурраҳмон дар як масала муттаҳами Шоҳрух ва Рустам будааст, ки писарашро бо 75 кг маводи мухаддир боздошт мекунанд ва барои ин, ки бо ин кргу ба созиш ояд писарашро озод мекунанду ӯро дар қапқони худашон нигоҳ доштаанд. Аламшодоза Абдурраҳмон  барои ин, ки аз мақомаш наравад ба ҳар амру фармони Рустам ва Шоҳрух омода аст ҳар коре, ки аз ӯ бихоҳанд анҷом диҳад. Ин масаларо Рамазон Раҳимзода хуб медонад вале дар миёни обу оташ қарор дорад. Ин масаларо ба кӣ бояд бигӯяд ?

Барои ҳамин Рамазон Раҳимзода аз Абдураҳмон Аламшозода сахт нигарон аст. Баъд аз онки фаҳмид Аламшозода супориш гирифта, ки дар Хоруғ СС.Ятимовро аз байн бибарад, хеле тарсидааст.

Рамазон Раҳимзода аз он бисёр ҳам дар тарсу ҳарос аст, ки дастури «убрат»  кардани вай ва СС.Ятимов дар сатҳи боло содир шуда аст ва ҳоло ки вай заҷру дарди заҳри хӯрдаашро мекашад, далели рӯшани  содир шудани ин «дастур» аст.

Ҳоло бубинем, ки идомаи ин қазия ба чӣ меанҷомад ва талош хоҳем кард, ки дар куҷо ва чи тавр заҳролуд шудани Рамазон Раҳимзода ва чаро ба Шоҳрух Саидзода машкук шудани ӯро низ бароятон маълум намоем….

Ps: Ислоҳ ин ҳақро дорад, ки аз ҳоли вазири кишвар огоҳи ва маълумот дошта бошад. Агар вазъ ва ҳолат ғайр аз ин аст пас марҳамат ҷаноби вазир як интервию диҳад ва аз вазъи саломатии худ моро огоҳ намоянд. На мисли вазири тандурустӣ пас аз як моҳ баромада гӯянд ман хубам ва дар Москав будам ва шумо ҳангомаҷӯед. Мунтазири посухи расмии ВКД ҳастем ,то ин қазияро равшанӣ андозад!

Share This Article