Риш ва амнияти кишвар
(Танзи рӯз)
Муфтии кишвар яке аз панҷсад шахсияти таъсиргузори олами ислом шайх Сайидмукаррами Абдулқодирзода дар сафаре, ки ба давлати Туркия доштанд ба саволҳои хубаргузорон дар мавриди риш чунин гуфтанд: Гузоштани риш суннати муаккада аст, инро медонем, мо бесавод нестем, аммо чун пешвои миллат ришро дӯст намедоранд ва аз ришдорон метарсанд ҳамеша дар чеҳраи ҳар ришдор курсӣ ва мақомашонро зери хатар мепиндоранд, барои амнияти мақоми Пешвои миллат чунин фатворо дар кишвар содир намудем. Ҳама имомхатибон уламои дин ришҳои худро бештар аз се сантиметр нагузоранд. Агар тарошанд ҳам корест хеле олӣ ва мояи хушнуд кардани ҷаноби Пешвои миллат. Хушҳол намудани ӯ хеле муҳим буда, ба амнияти миллат ва кишвар низ иртиботи бевосита дорад. Риш тавре ки дар боло гуфтам суннати феълӣ ва қавлии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст. Барои инки тоҷикро аз афғон фарқ кунем, амнияти кишварро зери хатар нагузорем ВКД кишвар гоҳ гоҳ ришҳои мардумро ба тартиб медароранд ва расман онро аз тариқи ВАО гузориш ҳам медиҳанд. Подшоҳ сояи Худо дар замин аст ва итоат аз амру фармонҳояшон барои мо шаҳрвандон заруранд. Агар итоат накунем амнияти давлат боз ҳам зери хатар қарор мегирад ва мо зери хашмашон қарор мегирем, ҳар кор шуданаш мумкин аст. Инро низ бояд изофа намоям, ки фатво тағйир меёбад ба ҳолат, замон ва макон. Феълан вақти тағйири ин як суннати муаккада ҳам расидааст, бидуни ҳеҷ пурсише шаҳрвандон амал менамоянд. Пешвои мо бисёр донишманд аст, хуб мефаҳманд ва худ фатво ҳам содир мекунанд, мо не гуфта наметавонем, зеро хашмгин мешаванд. Агар лозим шавад мо уламои динро ҳарчӣ хоҳанд мегӯянду механданд. Мо дастҳо пеши бар бо лабханде -бале, Пешвои миллат мегӯем. Пешвои мо гоҳо ҳалолро ҳаром ва ҳаромро ҳалол ҳам мегӯянд. Агар гӯед Аллоҳ ва Паёмбар (с) чизи дигар мегӯянд, дигар дунёи равшанро намебинед. Бубахшед, савол риш буд ман дар хориҷ ҳам наметавонам бе номи Пешво ҳарф занам, бе ёди ӯ наметавонам бошам, зеро ин ҳамаро барояш мерасонанд. Албатта мо намунаҳое дорем дар кишварҳои дигар, ки онҳо ҳам мухолифат ба риш карданд ва муваффақ ҳам шуданд. Камол Ататурк дар замони ҳукумати худ дар Туркия чӣ қадар муборизаи беамон алайҳи ришдорон бурд, то ҷое ҳам муваффақ шуд. Зайналобиддин ибни Алӣ дар Тунис, Ҳусни Муборак дар Миср, Қаззофӣ дар Либия. Пас мо ҳам дар ин иқдоме, ки Пешвои миллат барои амнияти миллат мехоҳанд анҷом диҳанд, ки хатарзотарин чиз барои амнияти миллат аст, иқдом хоҳем кард. Ришҳоро вақте тарошидем амният худ барқарор мешавад. Сафи дуздон ва қатлу куштор кам мешавад, норозиён аз ин иқдом розӣ мегарданд. Терористҳо дигар ба кишвари мо ҳеҷ таҳдид намекунанд, ҳамзамон садҳо намунаи дигар мисли ин. Ин иқдомро Пешво танҳо барои амнияти миллату кишвар мехоҳанд. Агар ҳукумати Туркия ришдороне, ки дар ин кишвар паноҳ бурдаанд ба Ҳукумати мо супоранд кори хеле наҷиб мешавад. Охир мо дар Тоҷикистон литсеҳои Фатҳуллоҳ Гуленро бастем. Манзур аз сафари ман анҷоми як масъалаи бисёр муҳим, ин ҳам супоридани ришдорон ба Точикистон аст. Агар ин масъала ҳалли худро ёбад, Пешвои миллат хушҳол мешаванд ва хоби осуда мераванд.Охир ин риш, на танҳо ба амнияти Тоҷикистон, балки ба амнияти шумо ҳам халал ворид мекунад.
Ps: Хонандагони гиромӣ, хостам барои шумо ин танз, ки дар асл чизи дигар, аммо воқеъияти ҳоли эшон чунин аст, тақдим намоям. Сафари ҷаноби Сайидмукаррами Абдулқодирзодаро ончӣ,бо воқеият созгор аст, бароятон иброз доштам. Ман эшонро аз наздик мешиносам шахси илмдор, ҳофизи Қуръони карим ва марди ҳалим аст. Аммо афсус дар мақоме қарор доранд, ки коре барои дин анҷом дода наметавонанд. Ӯ мисли як асирест дар мақоми муфтии кишвар. Аллоҳ ҳаргиз ҳеҷ олими динашро зери чунин имтиҳони сангине,ки ҷаноби Абдуқодирзода қарор доранд, қарор надиҳад. Он уламо ва донишмандонеки барои ин миллат ва кишвару динашон мехоҳанд хидмате кунанд.Аз ислом огоҳӣ доранд, наметавонад ончӣ дар кишвар мегузарад ба он ҳама чашм пушанд зеро имонашон онҳоро намегузорад ҳамчун наззорагар бошанд. Куҷо расад ба шахси мусалмон ва олим ба ин дин ва аҳкоми он,ки бо номи ӯ ин ҷиноятҳои сангин мисли масҷидбандӣ, ҳиҷобгирӣ, манъи рафтани занони мусалмони тоҷик аз рафтан ба масоҷид,дар садади бастани ягона донишгоҳи исломии расми барои занон ҳастанд,фаҳҳошӣ,таҳқри рӯйи рости шаъоири дин,манъи ҷавонони ин миллат аз вуруд ба масоҷид,то синни ҳаждаҳсола,манъи азон,манъи то сини чилсола аз адои фаризаи ҳаҷ,зиндонкунии олимони ҳақгӯйи дин бо туҳматҳои воҳи ва дурӯғ ва садҳо амалҳои мухолифи шариъатро анҷом диҳанд.Ҳоло ин ҳама дар тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад,ки муфтии кишвар онҳоро мебинад ва хомӯш аст.Сукут ва чизе нагуфтан дар ин ҳама далолат аз ризояти эшон ба ин ҳама ҷиноятҳои пешвои миллат ва мақомдоронаш мебошад.Албатта ниёз ба ҳукмеки ислом барои чунин уламо муқаррар намудааст,худашон хуб медонанд лозим ба бозгӯ карданашро намебинам. Аз Аллоҳ барои ҷаноби муфтӣ ва дигар уламои дохили кишвар имони қавӣ,гуфтани сухани ҳақ,ва озодӣ аз асоратро талаб дорам.