Аз роҳе, ки ихтиёр намудаам, бар нахоҳам гашт. Шумо чӣ?

Ислоҳ нет

Хитоб ба ҳар зиёӣ ва қишри огоҳи миллати азизам

 

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар тули таърих паёмбарони зиёдеро барои ҳидояти фарзандони одам фиристод. Ҳама он паёмбарон ҳам, аз ҷинси худи одам буданд.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ин маврид дар Қуръони карим мефармояд:

“Ҳар паёмбареро фақат ба забони мардумаш фиристодем, то битавонад паёми Аллоҳро барояшон баён кунад. Пас, Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким.” (Сураи Иброҳим, ояти 4)

 

Ҳама паёмбарони Илоҳӣ пас аз фиристода шуданашон сангинтарин озор, азият, таҳқир, қабул накардани даъваташон аз сӯйи қавмҳояшонро таҳаммул кардаанд. Аммо даст аз он рисолате, ки барояшон аз тарафи Аллоҳ дода шуда буд, набардоштанд. Дар ҳеҷ нишондодҳои шаръӣ ва ёддоштҳои таърихӣ наомадааст, ки паёмбаре, бо сабабе аз сабабҳо даст аз даъват ва ба ҷо овардани рисолати хеш бардошта бошад.

 

Ин аз чӣ далолат мекунад? Аз рост будани он роҳу равише, ки барояшон аз ҷониби Аллоҳ дастур дода шуда буд. Инчунин Аллоҳ он паёмбаронро бо  сангинтарин имтиҳонҳо озмоиш намуд. На фақат аз тарафи озору азияти қавмашон, ҳатто аз тарафи фарзандонашон, ҳамсаронашон, хешу табори  наздикашон низ.

 

Охирон паёмбар Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) на фақат барои қавми худ, балки барои ҳама ақвом ва миллатҳои олам, то рӯзи қиёмат фиристода шуд. Барояш Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло китобе нозил фармуд ва он Қуръони карим аст, ки ҳамаи мо аз ин китоб ошноӣ дорем. Он ранҷҳое, ки Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) дар аснои расонидани рисолате, ки барояш вогузор карда шуда буд, барои ҳамаи мо маълум ва ҳувайдост. Лозим намедонам, он ҳамаро дар ин мақолаи кутоҳ биғунҷонам.

 

Пас аз вафот Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) ёрони содиқ ва ҷонбаркафашро боқӣ гузошт. Ин ҳомилон пас аз Ӯ ин рисолатро, ки аз ду сарчашма  Қуръон ва Суннат маншаъ мегирад, ба ҳама гушаву канори олам, бо ҳадди тавон, бо иштиёқи комил расониданд. Ин бузургворон низ баҳри ба аҳли сайёра расонидани фармудаҳои Худову расул  сангинтарин мушкилотро паси сар намуданд. Натиҷаи ҳама ҷонбозиҳои онҳост, ки имрӯз мову шумо хонандаи ин сатрҳо мусалмону мусалмонзодаем.

 

То асри мову шумо таърих гувоҳ аст, ки мусалмонон чи қадар мавриди озору шиканҷа, ҳабсу зиндон, қатли ом, оворагӣ қарор гирифта, садҳо мусибатҳои гуногунро паси сар карданд. Аммо дину имон, китоби Аллоҳ ва суннати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам)- ро ҳифз намуданд. Ин воқеъан ҷойи таҳсин ва қадрдонист. Чунки мебинем, қабл аз ин дин динҳои дигаре ҳам вуҷуд доштанд, ки аз онҳо ҷуз исму ҳайкал чизи дигаре, ки он баёнгари асолати он дини Илоҳӣ бошад боқӣ намондааст. Аммо бар замми ин иддаъо мекунанд, ки мо дин дорем ва китоб дорем ва он ҳақ аст. Ҳатто ба он динҳо фидокорона, даъват ҳам мекунанд.

 

Марҳалае, ки мо ва шумо қарор дорем, хело марҳалаи ҳассос аст. Дар ин рӯзҳо, ки мехоҳанд симои воқеъии ин дини ҳанифро хашин ва ҷангҷӯ ба намоиш гузоранд ва ҳазорҳо иттиҳомоти ночаспи дигареро бичаспонанд, бояд уммати ислом дар ғафлат набошад. Мусибати асосии қавму миллатҳои уммати ислом ин надоштани роҳбарияти қавие аст, ки битавонад ба ҳоли ин уммат посухгӯ бошад. Мутаассифона, дар олами сиёсии имрӯз ингуна шахсиятҳо қариб, ки вуҷуд надоранд. Медонам вақте  ин нуктаҳоро мехонед, дар зеҳнатон кадом давлатҳо хутур мекунанд, аммо ҳар кадоми он давлатҳо ба гӯнае аз ҳуқуқи роҳбарии ин уммат маҳруманд. Намехоҳам ба ҷузъияти омилҳои надоштани роҳбарияти шоистае, ки  идораи ин уммати парокандагаштаро тавони зери ҳимояти комили худ гирифтан дошта бошад, бипардозам. Бо каме тафаккур метавонед ҳама омилҳои дар назар доштаамро пайдо намоед.

Акнун инҷо бояд андеша намуд, ки дар ин марҳалаи бе ниҳоят ҳассос, чӣ гӯна тавонем ҳуввият ва асолати динӣ ва миллии худро ҳифз кунем?

 

Ҳолати дохилии Тоҷикистон

Мо кишваре дорем бо номи Тоҷикистон, ки дорои шадидтарин низоми диктотурӣ, зидди динӣ, зидди озодии баён, зидди ҳама қавонини башарӣ, ҳатто асри миёнагист. Ҳифзи шараф ва ҳайсияти як шаҳрванд, аслан вуҷуд надорад. Татбиқи талаботҳои қонунӣ танҳо барои касоне аст, ки аз оилаи ҳоким ва мақомдорони ҳукуматӣ берун аст. Яъне қонуни кишвар бе чуну чаро танҳо болои мардуми оддӣ татбиқ мегардад. Аммо ба элитаи ҳоким, оилаи онҳо ва мақомдорони сохторҳои давлатӣ хеле кам ба чашм мерасад, ки қонун аз болои онҳо низ татбиқ шавад.

 

Фирори ҳамватанонамон аз Тоҷикистон

Ҳамарӯза, ҳаммеҳанони мову шумо ин ҳолатро дида, аз кишвар бо ҳар роҳу васила фирор карда истодаанд. Ин ҳаммеҳанони мо, ки аз кишвар фирор кардаанд, вориди кишварҳое шуда истодаанд, ки фарҳангу расму оини он кишварҳо ба мо бегонаанд. Бечора муҳоҷир худаш машғули кору фаолият ба хотири ба даст овардани қути лоямут аст, фарзандонаш дар муҳите зиндагонӣ доранд, ки хатарҳои гуногуне домангираш аст, аммо аз он хабар надорад. Фарзандони ҳазорон нухбагони миллат ва муҳоҷирони тоҷик баъди чанд соли дигар на ёди тоҷик буданро мекунанду на парвое аз дин мекунанд. Муҳит онҳоро аз худ мекунад.

 

Аммо агар ҳукумати миллӣ ва мунтахаби воқеъӣ, ки дар ғами миллат бошад, сари кор ояд, ақаллан муҳоҷирон ба кишвар бар мегарданд. Дар натиҷа, дар ояндаи хело наздик миллат аз ин нобудшавӣ раҳо меёбад. Дар ғайри ин, ҷанозаи миллатро бояд хонд.

 

Рисолати қишри зиёии миллат дар ин марҳала

Агар қишри зиёии ватандӯст ва огоҳи миллат, чӣ аз олимони дин, донишмандони соҳаҳои дигар ба худ наоянд. Бо ҳидоятҳо ва роҳнамудоти худ ин миллатро сарпарастӣ накунанд, дар асри таҳоҷуми фарҳангӣ мо рӯ ба нобудӣ хоҳем овард. Пас аз чанде миллати мо дар дигар давлатҳо ва ҷомеъаҳои бузург ҳазм ва махлут мегардад.

 

Агар ман хомӯш бошам ва шумо ҳам хомӯш бошед ва дигаре ҳам хомӯш бошад, ҳама худро эҳтиёт кунем ва ба умеди ин бошем, ки рисолати моро касе дигар анҷом диҳад, аз ончи метарсидем, он бар сарамон меояду он рӯз доду вовайлоямон суде надорад.

 

Агар ҳама шаҳрвандони кишвар аз ватан хориҷ шаванд, ин ҳукуматро парвое нест. Чун ҳукуматдорӣ осон мешавад. Як тудаи ваҳшихӯй ба кампирону мӯйсафедон ҳукмронӣ карда, сарватҳои миллатро аз худа намуда, хурдаву хоида мегарданд.

 

Аммо мо ва шумо қишри огоҳи ин миллат набояд бе парво бошем. Он чи метавонему аз дастамон меояд, барои ҳифзи ин миллат бояд анҷом диҳем, то маҳв нагардем. Ҳар шахс бояд масъулияти худро ба шакли содиқона адо намояд. Набояд аз чизе тарсем ва ҳарос дошта бошем. Мо ба танҳоӣ маҳв мегардем, аммо ба якҷоягӣ ҳеҷ қуввае тавони маҳви ниҳоии моро надорад.

 

Бародар ва хоҳари огоҳу ғамшарикам!

Ин миллати мо ба ҷуз ману шумо, ба касе лозим нест. Ман фарзанди ин миллатам ва барои бақои ҳуввияти миллӣ ва диниам омодаи таҳаммули ҳама ранҷу мушаққатам. Медонам, ин роҳ мушкилиҳо дорад. Кашфи чеҳра, баёни андеша, интиқодҳои созанда, шояд баъзе аз мушкилиҳоро ба сар орад, аммо пас аз чанде бароятон оддӣ ва маъмулӣ мегардад. Умед дорам дарди маро фаҳмида бошед ва барои амалӣ карданаш камари ҳиммат мебандед.

 

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article