«Роғун» ба нафъи миллат ё ҷайби Раҳмонов?

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Эмомалӣ Раҳмонов, чанд рӯз пештар, вақте ҳамроҳ бо Рустам ва сарвазир аз сохтмони Роғун дидан мекард, гуфт, ки тайи солҳои 2008-2021 барои сохти Роғун аз ҳисоби бюҷети давлатӣ 31 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Бале, барои кишваре мисли Тоҷикистон ин маблағи кам нест. Аммо барои чӣ ҳаҷми маблағи сарфшуда ба ин сохтмонро Раҳмонов камтар аз ончи ки ҳаст, эълон кард ?.

«Ислоҳ.нет» дар як матлабе дар соли 2019, яъне се соли пеш бо овардани арқоми эълонкардаи худи ҳамин ҳукумат ҳисоб карда буд, ки хароҷот   ба ин неругоҳ беш аз сивупанҷ миллиард сомонӣ шудааст. Ҳоло бар болои маблағи харҷшуда беш аз 5 миллиард сомонии аз бюҷети кишвар ҷудошуда барои ин сохтмон дар солҳои 2020 ва 2021-ро зам намоем, пули сарфшуда аз 40.миллиард ҳам мегузарад. Барои онки шакку шубҳа надошта бошед, таваҷҷуҳ фармоед.

Маблағҳое, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун сарф шудааст:

Солҳои   2007 то 2009 —-684,2 миллион сомонӣ

Соли 2010—-641 миллион сомонӣ

Соли 2011—- 812.7 миллион  сомонӣ

Соли  2012—-  1 миллиарду 100 миллион сомонӣ

Соли 2013—-946 миллион сомонӣ (108 миллион доллар  946 миллион)

Соли 2014 —-1 миллиарду 354 миллион сомонӣ

Соли  2015—– 1 миллиарду 650 миллион сомонӣ

Соли 2016 —-1 миллиарду 900 миллион сомонӣ

Соли 2017—–1 миллиарду 700 миллион сомонӣ (доллар 9 сомонӣ)

Соли 2018—–2 миллиард  сомонӣ (227 миллион курс 8,81)

Соли 2019—–2 миллиарду 100 миллион сомонӣ

Соли 2020- 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ

Соли 2021-2миллиарду 100миллион сомонӣ

Соли 2022-2миллираду 600 миллион сомонӣ

“Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш дар 24 феврали соли равон гуфта буд, ки бо дарназардошти маблағҳои сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ дар соли 2021 3.4 миллирад, муодили 300 миллион доллар масраф шуд.”

Ҳамаи ин арқом, ки зикр гардид аз сайти вазорати молия ва аз қавли масъулони давлати Тоҷикистон оварда шудааст. Бар замми ин маблағҳо боз 794,4 миллион сомонӣ, муодили 186 миллион доллар аз ҳисоби саҳмияҳои фурӯхта шуда ба сохтмони Роғун сарф шудааст. Агар ин 186 миллион доллар бо қурби имрӯза ҳисоб шавад чизе камтар аз 2 миллиард доллар хоҳад шуд. Дар ҳамон матлаби чопкардаи «Ислоҳ.нет» зикр шуда буд, ки  «бар пояи иттилои вазорати молия аз ин миқдори маблағ, ки дар бонкҳо гузошта шуда буданд, дар соли 2013, 70 миллион ва дар соли 2015, 56 миллион сомонӣ баҳра ба даст омадааст. Давоми солҳои 2010 ва 2011, ки маърака ва ҳашари умумии пулғундорӣ ба роҳ монда шуда буд, аз ҳисоби муассиса ва корхонаҳо 25,1 миллион кӯмаки молиявӣ, аз ҳисоби маблағҳои озоди ташкилоту муассисоти буҷавӣ 46 миллион ва ҳамчунин аз ҳисоби бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ 41,3 миллион сомонӣ ба корҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун масраф шудааст. Ва, дигар инки дар соли 2018 аз ҳисоби фурӯши филизот ва сангҳои гаронарзиш ,ки дар хазинаи давлатӣ нигаҳдорӣ мешуд 749 миллион сомонӣ ё баробар ба 80 миллион доллар барои Роғун харҷ шудааст. Маблағи авроқи гаронбаҳои давлат ва ё ҳамон евробондҳо, ки дар бозори Урупо ва Амрико  барои Роғун ба фурӯш бароварда шуд, дар ҳаҷми 500 миллион доллар низ барои сохти ин нерӯгоҳ масраф шуд, ки солона 7,2 дар сад бояд Тоҷикистон баҳра ва ё фоизи ин пулро баргардонад. Ин маблағ ва маблағи саҳмияҳо, ки наздик ба 700 миллион долларро ташкил медиҳад бо маболиғи харҷшуда аз буҷҷаи давлат беш аз севуним миллиард доллар мебошад».

“Як нуктаро инҷо бояд махсус таъкид намоем. Баҳра ва ё протсенти ин 500 миллион евробондҳо солона 34 миллион долларро ташкил медиҳад. (Аз қавли Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон). Давоми 10 сол ин рақам 340 миллион доллар ва ҷамъи худи 500 миллион ва дар маҷмуъ 840 миллион доллар мешавад. Дақиқ аст ки ин 340 миллион доллар %-и евробондҳо ҳам аз ҳисоби бюҷети пардохт хоҳад шуд. Бар изофаи ин маблағҳо, ҳамчунин пули аз мошинҳое, ки шишаҳои худро сиёҳ мекунанд, низ бояд ба сохтмони Роғун харҷ шавад, ки ин маблағ ҳам тӯли ин солҳо аз садҳо миллион бештар шудааст.”

Аз оғози сохтмони неругоҳи Роғун тамоми корҳои он бар ихтиёри «РоғунГЭС строй» як муассисаи давлатӣ, ки дар соли 2007 аз тарафи Ҳасан Асадуллозодаи бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов дар як музоядаи машкук ва то ба ҳол нофаҳмо харидорӣ ва хусусӣ карда шуд, супорида шуд. Ба ин тартиб то ба ҳоло сохтмони Роғун ва ҳама дахлу харҷи он таҳти контрол ва идораи Ҳасан Асадуллозода ҷараён дорад.

Мо, дар навиштаҳои қаблӣ аз мавориди дуздиву сирқати маблағҳои ин неругоҳ тавассути Ҳасан Асадуллозода ва бародарони вай, ки ширкатҳои марбут ба онҳо таъминоти ашёи неругоҳро дар тасарруфи худ даровардаанд, ёдрас намуда будем. Барои мисол дар соли 2016 Ожонси назорати молияи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия 186 миллион сомонии изофанависӣ ва ба сирқатбурда аз маблағ ва маҳсулоти Роғунро ошкор карда буд. Дар соли 2020 Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти мудири ширкати «Файзи истиқлол 25», Тоҳир Саидзода бо иттиҳоми тасарруфи амвол хабар дода буд. Бинобар иттиллои Ожонси Тоҳир Саидзода мабалғҳое, ки барои бунёди «Роғун» ҷудо шуда буд, ба манфиати шахсии худ истифода намудааст. Гуфта шуда буд, ки маблағи тасарруфшуда аз ҷониби ширкати «Файзи истиқлол 25» 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аст. Ва, дар умум ин Ожонси дар давоми соли 2020 сирқати 124 миллион сомонӣ дар «Роғун» –ро ошкор кард.

“Раҳмонов соли 2008 гуфта буд, ки барои сохтмони Роғун 3 миллиард доллар зарур аст. Аммо, ҳоло имрӯз мегуяд, ки ба  8 миллиард доллар ниёз дорад. Вале ягон бор намегуяд, ки дар ин сохтмон чи миқдор маблағҳо дуздида мешаванд. Чунки худи Раҳмонов дар ин дуздиҳо ҳатман шарик аст. Дигар акнун домони Аврупоро гирифтааст, ки чаҳор чархаи боқимондаро бисозанд. Албатта, бо қарзи дучанду садчанд.”

Савол инҷост ки бо ин ҳама харҷу масраф ҳамагӣ ду агрегат ба кор дароварда шуд. Ҳоло, кӣ бовар мекунад, ки ҳатто бо ҳамин 8 миллиард ҳам кори сохтмони Роғун ба анҷом мерасад?

Аммо ин аз пули саҳмияҳои мардумии Роғун аст ки ҳоло Ҳасан Асадуллозода «Сомонайр» дораду «Боинг»-ҳои замонавӣ. Чуноне, ки «Спитаменбонк»-и Ҷамолиддин Нуралиеви домоди Раҳмонов аз пули роҳи пулакии Душанбе –Хуҷанд пайдо шуду имрӯз кор карда истодааст.

Чи миқдор аз маблағҳои Роғун ба суратҳисобҳои оффшории худи Раҳмонов рафтааст низ як рӯзе ҳатман ошкор хоҳад шуд.

Ps: Таҳқиқоти мо дар мавриди Роғун идома дорад ва кушиш мекунем матолиби ҷолибтаре аз аз рафти сохтмони ин иншооти муҳимми миллӣ тақдим намоем. Ҳолати кормандони бе маош монда ва вазъи воқеии кормандони Роғунро ҳатман бозтоб хоҳем кард.

Share This Article