Рустам Раҳмону Раҳмон Рустам ва ё …?

Ислоҳ нет

Агар аз унвони матлаб чизе нафаҳмида бошед,то охир хонед ,ҳатман мефаҳмед !

То марҳалаи расмии интихоботи раиси ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон камтар аз ду моҳи дигар боқӣ мондааст.Хабарҳо ҳикоят аз он доранд, ки дар кишвар ҳама сокит аст. Нерӯе, ҳаракате, ҳизбе ва шахсияте дар бораи ин маърака,ки сарнавишти давлат ва миллатро рақам мезанад, сӯҳбат намекунад. Шамол ҳам несту барги дарахт ҳам намеҷунбад. Садоеву шарфае, бӯе аз интихобот шунида намешавад. Аммо дар хонаводаи Раҳмонов баракси кишвар ва мардум омодагиҳо бисёр ҳам ҷиддӣ, бошиддат ва тунду тез ҷараён дорад. Масъалаи интихобот ба масъалаи асосӣ ва меҳварии рӯзи оила табдил шудааст. Домодҳову духтарҳо, язнаҳо, тағаву келину хусурҳову хусурбурдаҳо, қайсингилҳо, ҳеварҳо, худи Раҳмонову Азизамо, Рустам, хулоса ҳамаашон аз интихобот ва номзади мавриди назари худ мегӯянд. Зеро ҳамин интихоботҳо буд, ки ин оиларо “ из грязи в князи” иртиқо дод. Як говҷӯшзанро “первая леди” ва як раиси колхозро “лидер”-и миллат кард.

Ҳамин интихоботҳо ҳаёту зиндагии ин оиларо тамоман дигар кард.Ва ҳамин интихоботҳо ва бахусус интихоботи дар пеш истода аз ҳар интихоботи гузашта сарнавиштсозтар барои ин оила хоҳад буд. Агар аз ин интихобот барои мардум на сардиву на гармӣ бирасад, балки сардӣ бештар бирасад, чун падар буд муҳоҷир, писарро бурд ва акнун ин падар, ки дигар бобо шудааст, ҳам писаррову ҳам набераро дорад мебарад, барои ҳамин бетафовутанд, ки интихобот доир мешавад ва ё доир намешавад, аммо барои ин оила фарқ дорад, фарқи калону ҷиддӣ, зеро интихобот падарро мебарад ва писарро меоварад. Тағйирот хеле калон мешавад барои оила. Писар ба ҷойи падар меояд. Расман, амалан қудрати сиёсӣ дар кишвар ва ҳамин тавр қудрати дар дасти оила ба дасти писар мегузарад. Сарнавишти оила ва қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ба дасти писар мегузарад. Кутволи қалъа, суккони киштӣ, чанбари фармон писар хоҳад шуд. Дуруст аст ки Падар барои худ як қонуне сохтаву худро соҳибимтиёзу соҳибҷоҳу ҷалол кардааст.

Манзурам қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, ки аввали қабулаш як қонуни муқаррарӣ буд вале шояд баъди ҳамин гуна мулоҳизаҳое,ки комилан канор зада бишавад ба он мақоми “конститутсионӣ” доданд. Аммо ҳарчи ҳасту нест ҳоло аъзои оила, шояд на ҳамааш, аммо хелеҳо дар изтиробанду дар ҳаяҷон. Барои ҳамин ҳар кадоме то дер нашуда гузинаҳои гуногунеро пешниҳод ва тавсия карда истодаанд. Баҳсҳову муҳокимаҳову баррасиҳо идома дорад. Ҳар кадоме аз гурӯҳҳо талош доранд барнома ва нақшаҳои худро ба Раҳмонов қабул намоянд.

Тамоми гап дар ин масъала ниҳуфтааст,ки дар ҷойи Рустам, кӣ Рустам мешавад. Рустам, ки Раҳмон мешавад, ҷое баҳс надорад. Аммо Рустам, нафари дуввум кӣ хоҳад буд. Мешавад ҳокимиятро, ки ба ин осонӣ ва орому осуда тасоҳуб кард ба касе дигар дод? Агар Раҳмон Рустам шавад чӣ? Гумон намекунед ин вариантро? Ин гузинае аст, ки Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Раҳмон ва то ҳамин чанд гоҳи пеш наздиктарин нафари ӯ бисёр ҳам мехоҳад, ки ҳамин тавр бишавад. Ва, на танҳо Асадуллозода. Хелеҳо ҳастанд, ки бо омадани Рустам ба ҷои Раҳмон пушти худро холӣ ва худро бегона меҳисобанд. Онҳо дар такопӯянд, ки Раҳмон Рустам шавад. Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ, нафари дуввуми расмӣ дар иерархияи қудрат бишавад. То ба ин васила сипари онҳо дар баробари Рустам бишавад ва тавозуни гурӯҳҳои мутахосими дохилиро нигаҳ дорад. Вагарна Рустам “пуху прах”-ашонро мебарорад.

Инки Рустам гап зада наметавонад, на ба ин маъност,ки “рулит” карданро ёд нагирифтааст. Хеле ёд гирифта малакаи комил пайдо кардааст. Огаҳони ҳавлу ҳоли имрӯзҳои оила хабар доданд, ки сабаби то ба имрӯз таъйин нашудани ду нафари дигар ба узвияти Маҷлиси Миллӣ ҳам марбут ба ҳамин тарафи қазия будааст. Рустам баъди нишастан дар курсии падар бо як фармон президенти собиқро ба узвияти Маҷлиси миллӣ шомил мекардааст. Ва аъзои Маҷлиси миллӣ ҳам ба нишони адои эҳтироми бепоён намехоҳанд, ки Раҳмонов узви қатории Маҷлис бишавад ва дар толор бишинад.Ҷойи ӯ бояд, ки “минимум”дар садорат ва дар садри садорат бошад ва онҳо ба Рустами Эмомалӣ, раиси ҷумҳурӣ муроҷиат мекунанд, ки ӯро-Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба раиси Маҷлиси Миллӣ пешниҳод кунад ва ҳамин тавр Раҳмон Рустам мешавад. Нафари 2 дар арши сиёсат.

Албатта Раҳмонов ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат ба таври автоматик соҳиби маош, муҳофизин бюҷаихос, фонд, утоқи корӣ, ҳатто дар Данғара-утоқи корӣ ва имтиёзҳои фаровон мешавд. Ба корҳои давлатӣ, қабулу гусели меҳмонони давлатӣ, таъиони аъзои кобина, сафирон ҳам фук мехалад. Аммо ончуноне аз таҷрибаи Нурсултон Назарбоев дид ин ҳама камӣ мекардааст ва ӯ то замоне,ки зинда ҳаст,бояд дар мақоми давлатӣ қарор бошад. Дар мақоми расмии анъанавии давлатӣ. Аз ин рӯ Раҳмон аз 1 мефарояду дар 2 мешинад. Ҳама ҳам розӣ мешаванд:- домодҳову духтарҳо, язнаҳо, тағаву келину хусурҳову хусурбурдаҳо, қудаҳо, қайсингилҳо, ҳеварҳо, ҳама яъҷуҷу маъҷуҷ. Зеро бо ин васила Раҳмон Рустамро ҳам тавассути “Асосгузор” ва ҳам тавассути Маҷлиси Миллӣ назорат ва роҳнамоӣ мекунад. Бо ин ҳол Раҳмони Рустамшуда амалан мудирияти оилавӣ дар давлатро таҳким ва тақвият дода курсиро на танҳо дар таги худ, ин бор дар таги Рустам ва модари Рустаму бародару хоҳаронаш кафшер (сварка) мекунад. Ва, ҳамин тавр аз пӯсти ҳамдигарро кандани гурӯҳҳои мутахосими даруни оила ҷилавгирӣ мекунад.

Агар то ин интихобот курсӣ дар таги куни худаш “сварка” шуда буд, минбаъд дар таги ҳамаи аъзои оила. Ва дар ҳокимияти оянда фақат ва фақт онҳоеро ҷалб мекунад, ки ду хислат ва ё ду омили фарқкунанда ва барои ӯ муҳим дошта бошанд. Яке дузди ғарро бошанд ва дуввуми Раҳмонро ба ҳадде содиқу вафодор бошанд, ки саги чупон дар баробари онҳо бевафо бошад. Ва бо одитарин имо забонашонро бароранду ба ҷои “туалетная бумага” маъқади Раҳмону маҳбали Азизморо пок кунанд. Хоҳ зан бошанд хоҳ мард.

Аммо Рустам, ки Раҳмон мешавад. Эмомалӣ 2 Эмомалӣ 1 мешавад. Вале кадом сабукӣ ва суҳулат ба мардум оварда наметавонад. Вай ҳам бояд ба дӯстону рафиқонаш ҷойҳое барои хӯрдану чаридан бисозад. Дар ҳоле, ки чор тараф менигарад ҳама дар дасти авлоди падару модараш ва хоҳарону язнаҳояш аст. Наметавонад аз онҳо бигирад.Чун аксари он маблағҳо дар суратҳисобҳои оффшории худи ӯ ва падараш ворез мешаванд. Роҳи чора боз ҳам забту кашида гирифтани тиҷорат ва ё ҷойҳои даромад дар вилоёт ва навоҳӣ аст ки ҳоло дар ҳар сурат кадрҳои худи он маҳалҳо ҳам кор карда истодаанд. Акнун онҳо ҳам ҷойҳоро холӣ хоҳанд кард ва ин раванд характери саросарӣ касб мекунад: Идораи дохилӣ, амният, военкомат, прократура, пожарний, маориф, молия беморхонаҳо ва оҳиста- оҳиста кашида гирифтани ресторану чойхонаву бозорҳо дар навоҳӣ. Мутмаинан ин корҳоро дар давоми то се соли оянда мушоҳида ва бо чашми сар хоҳем дид. Кор то ҷое хоҳад расид, ки мудирони макотиб ва имомхатибони масоҷид ҳам ба дасти одамони онҳо гирифта мешавад. Хулоса, як балои имрӯз ба садуяк бало табдил шуда меояду ба фарқи сари тоҷики мазлуму бечора фурӯ мерезад.

Аммо аз онки Рустам Раҳмон мешаваду Раҳмон Рустам кор ба охир намерасад. Рустам,ки Раҳмон шуд, Рустами шаҳрдор кӣ хоҳад шуд?

“Фарзанди фарзона, писари падар,ҷавони огоҳу пурдону кордон кӣ мешавад”? Пойтахтро,ки гашта ба Убайдуллоев намедиҳанд. Посухи ин саволи моро каме пештар дода буданд, ки ҷойи ӯро ба Шамсулло Соҳибов, домоди айни ҳол ҳамаҷоро “покарит” кардааш, медиҳанд. Раиси ҷумҳурӣ раиси Маҷлиси миллиро ҳамин тавр осону одӣ гирифтанд, шаҳрдорӣ чи аст ки гирифта наметавонанд? Сари бод мегиранд. Агар мушоҳида кардаед, нафаре, ки дар маъракаи коронавирус номаш беш аз ҳама вирди забонҳост ин Шамсулло Соҳибов аст. Миллионҳо-миллионҳо қурбонӣ карда истодааст. Аз киссаи худаш, аз заҳматҳову арақи ҷабинаш. Ва дар ин авохир ”Дурбин” як гурӯҳи дигари ташкилдодаи КДАМ ва ё “дочка”-и фермаи ҷавоб дар бораи Шамсулло ду се мақолаи таърифӣ нашр карда мисле,ки афкори иҷтимоиро барои омадани ӯ ба шаҳрдории пойтахт фароҳам карда истодааст. Хуб,гуфтем, ки дигар ин ниҳодҳо саги вафодори ин оила буданд, бештар вафодортар мешаванд, то як неву ду устухон подош ба даст оваранд. Ҳамин тавр ҳокимияти оила зӯртару пурзӯртар мешавад.

Ва, ин эҳтимолро ҳам истисно наҳисобед,ки Ҳасан Асадуллозодаи аз пойтахт бадарғашуда раиси вилояти Данғара таъин шавад,чун дар назар аст Данғара,то си солагӣ вилоят шавад. То бо ин васила ҳам ӯро дар итоати Рустами ба Раҳмон табдилшуда дароварад, вобастаи ӯ бисозад, ҳар лаҳза осебпазир кунад ва ҳам тамоми тиҷоратҳои ӯро, ки дигар бачаву духтарҳои худи Раҳмонов аз уҳдаи идора ва бахусус дуздии онҳо мебароянд, ошкоро ва бидуни кадом дарди саре бигирад. Ҳасан раиси вилояти Данғара мешаваду Зарринаи Раҳмон-келини Бег Сабур раиси “Ориёнбонк”.Фаромӯш накунед,ки Ориёнбонк моли Эмомалӣ Раҳмонов аст ва Ҳасан дар ин вазифа,то калон шудани писару духтарони ӯ ин вазифаро бонӣ ва нигоҳ медошт.

Мунтаҳо ин шабурӯзҳо гузинаҳои мухтасар ва муфассали идораи давлат баъди Рустам Раҳмон ва Раҳмон Рустам шудан, яъне баъд аз 6 ноябри соли ҷорӣ дар ҳоли баҳсу баррасии аъзои оила аст. Дар ин муҳокимаҳо ба ҷуз аз аъзои хонавода касе дигар ҳузур нахоҳад дошт. Ва,ҳамин тавр баъди 6 ноябр ба дару дарвозаи демократия, озодиҳои маданӣ, мустақилияти додгоҳ ва аз ин қабил аркон ва пояҳои низоми муосири давлат дар Тоҷикистон мехи говбандӣ зада мешавад.

Тоҷику Тоҷикистон ва тоҷикистонӣ роҳе ба ҷуз аз мубориза ва баромадан ва рехтан ба хиёбону майдонҳо чорае дигар надорад. Издиҳом ва боз ҳам издиҳом ва боз ҳам издиҳом. Бархеҳо бар ин назаранд, ки имкон дорад баъде Рустам Раҳмон шуд, ба хотири мудирият ва ҳамин тавр дуздии бидуни шӯру ғавғо бо мухолифин,бо ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 оштӣ бишавад. Зеро дигар Раҳмону Рустам ба ҳадафашон расиданд. Шояд. Аммо ман бовар надорам. Вале шароит ҳамин тавр,ки ҳаст буда наметавонад. Мардум беш аз пеш барои Раҳмонов ва дору дастааш нафрат пайдо карда истодаанд. Рустамро Раҳмон кардани Раҳмон ва ба эҳтимол Раҳмонро Рустам кардани Раҳмон дар оташи ғазаби мардум бештар равған хоҳад рехт. Раҳмон фикр кард ҲНИТро баста роҳро ҳамвор кардааст. Ғалат мекунад. ҲНИТ баста нашудааст. Ин қувва вуҷуд дорад. Дар кишвар, дар Русия ва дар Аврупо. Пайравону мутаффиқони он ки шукри Аллоҳ рӯзторӯз бештару бештар мешаванд, бо мо аз дохил ва махсусан аз шаҳрҳои Русия дар тамос шуда омодагии худро баён мекунанд, иншоаллоҳ нури адлу додро дар кишвар рӯшан хоҳанд кард. Ҳар касе ҳамроҳи мо дар ин масир аст марҳабо ва ҳар касе дар ин роҳ ҳамроҳи мо нест барои онҳо ҳам марҳабо: ҳамроҳ шавед!

Мо Рустаму Раҳмонро, Рустами Раҳмоншуда ва Раҳмони Рустамшударо ба ҳеҷ ваҷҳ қабул нахоҳем кард!!!

Share This Article