Рустам валиаҳд аст ё сипари Раҳмонов?

 (Табрики ғайримуқаррарӣ ба муносибати зодрӯзи шаҳрдори Душанбе)

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, нафари дуввум дар низоми давлатдории Тоҷикистон 33-ро пур карду ба 34 қадам монд. Гумон дошт, ки ин навбат ҷашни таваллудашро дар мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон таҷлил мекунад. Вале гуфтанд, ки ҳоло барвақт аст. Амаки Владимир Путинаш розӣ нашуд. Сӣ Ҷин Пин ҳам ҳамин гапро, ки барвақт аст, ба падараш ишора кардааст. Вагарна, ҳоло “Пешво” давлати пирӣ меронду Рустам рули мамлакатро тоб медоду педали газро мечуқид.

Ба ҳар ҳол имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ моломоли лесолесу тамаллуқи авангардҳову амсоли онҳо:  ҷавони ояндадор, ояндаи Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи миллат, миллатро соҳибӣ мекунад…..ва аз ин қабил суханҳое, ки худи Рустам хонда (агар хонад) “гов” мегардад ва зери лаб мегуяд;  “Ман ихели шери нар будааме”.

 

Вале худи Рустам бисёр мехоҳад, ки ин ҷашнро боз ҳам дар ҳамон ҳалқаи дӯстону наздиконаш, ки  то ҳоло дошт бигзаронад.

“Имсол бар пояи маълумотҳои расида Рустам ҷашни таваллудашро дар Кохи Наврӯзи Душанбе дар ошёнаи дуввум тарафи рости бино, ки дақиқан ҳамон макони доимии қиморбозияш доир карданист. Вале солҳои гузашта ҷашни зодрӯзашро дар тарабхонаи “Royal Club”,ки гуфта мешавад ба худаш тааллуқ дорад, мегузаронд.”

Дар ду соли пеш масрафи  ҷашни таваллуди ӯ 200. 000 евроро ташкил дода буд. Танҳо харҷи даъвати овозхони руминӣ- Отилия Буримэ, иҷрокунандаи хитҳои “Bilionera”“Prisionera Diamante” – 170.000 евро будааст.

Дар ҷашни рӯзи мавлудаш дар соли 2017 Симонс Ева Мария, овозхон аз Голландияро  оварда буд. Он ҷашн ҳам дар ҳамон тарабхона баргузор шуда буд. Соли 2016 вақте раёсати Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро бар уҳда дошт, як овозхони дигари руминӣ -Инна Руминян базми рӯзи таваллуди Рустамро тафсонида буд. Ба назар мерасад  Рустам овозхонҳои лӯлитаборро хеле хуш дорад. Агарчи Лулӣ нест, вале мегуянд гузаштахояш дар дашти қипчоқ таваллуд шудааст ва хун мекашад ҳарчи набошад.

Як “рустамшинос”– дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки бидуни овардани ному насабаш ҳам хонанда пай мебарад, ки ӯ кист, Рустамро “шахсияти муосири идорӣ” интихобаш ба мақоми раиси Маҷлиси миллиро “муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсии мамлакат”, вуҷуд ва ҳузури ӯро “бахше аз ҳастаи олии сиёсию идории мамлакат” ва овардани ӯ ба ин мақомро “устувории ояндаи низоми сиёсӣ, пайванд ва интиқоли солими наслҳои сиёсӣ ва идомаи солими мактаби сиёсӣ” арзёбӣ карда доди тамаллуқу хушомад ва лесолесро додааст. Вақте ин навиштаро мехонӣ, хеле ҳам дар ҳайрат меафтӣ. Ингор тамоми мардуми тоҷик аблаҳу аҳмақ бошад. Ин дуруст ҳамон гуфтаҳои Ҳилол Каримро, ки  Худо биёмурз бо ворид кардани “ми”ву “мана”-ву, “дия”-ву  “она”, ба Алифбо худро муаллими тоҷикҳо гуморида ва иддио карда буд, ки тоҷикҳо пеш ҳеҷ чи надоштанд, ба хотир меоварад.

“Ҳоло бар фарзе, агар Рустам неву Озода дар ҷояш меомад, ин тардоман  киро бар арш менишонд? Гузашта аз ин агар Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ набуд, магар Рустам ба ин мақом даст меёфт? Магар дар бақия халқи тоҷик нафаре дигар нест, ки биояд?”

Инки Рустам фалону фалон вазифа гирифту фалону фалон корро карда истодааст, ин як дурӯғи дигари шохдоре беш нест. “Идомаи солими мактаби сиёсӣ”-чи баёни чоплусонае? Хеле бад аст ки домани тарро бо ин гуна ташобуҳу тамаллуқ бипӯшонд. Тардоман тардоман аст. Вай хоҳ Раҳмоновро тамҷид ва тавсиф кунад ва хоҳ Рустамро. Охир э, ҷони бобо, хуб ҳам медонӣ, ки Рустамро ҳанӯзам хумори “Дом”-и Қайроқум-16”дар сар аст, ҳанӯз ҳам дилаш ба Клуби Опера” –и Пивзавод гум мезанад.  Вай кай парво дорад, ки дар Душанбе чи мегузараду мардумаш дар чи ҳолу вазъиятанд. Тамоми вазорати идораҳоро маҷбур карданд, ки биноҳои шаҳрро тармиму таъмир кунанд, то ки нишон диҳанд, Рустам кор карда истодааст. Рустам супермен аст. Аммо Рустам ҳатто вақте интихоб бояд мешуд, ба назди мардум як бор нарафт. Эмомалӣ Раҳмонов публично насиҳаташ карда буд. Ёд доред, ки гуфта буд ту сер, хонаи мардум рав. Бо мардум бош, аз сандуқаш чизҳои баҷоияшро бароварда пешат мемонад. Аммо Рустам як бор ҳам нарафт.

Вале аз тарафи дигар равад ҳам чӣ хоҳад шуд? Ҳеҷ. Як дуздбачае, ки ба мисли падараш бо тасодуфҳои зиндагӣ аз Данғара Душанбе омад. Дуздии рӯзи равшани ӯро, ки шабакаҳои телевизионӣ нохоста ба намоиш гузоштанд ёд доред? Дар айни авҷи коронавирус кумакҳои кишвар ва созмонҳои хориҷиро ҳамчун кӯмаки Рустам  нишон дода буданд. Ҳамонеро, ки “Авестогрупп” дуздиду хост аз номи Рустам тавзеъ кунад. Дар айни авҷи коронавирус раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд ва шумори зиёди вакилону вазирон ба ин касал гирифтор шуданд. Ва, ё инки мурдара мону тутхӯрӣ-пойгаи асдавонӣ ташкил карда буд дар замони густариши коронавирус.Танҳо ба хотири онки гӯянд аспи Анӯшервон ҷойи аввалро гирифт. Инки мардум бемор мешавад, сироят мешавад, аслан барояш муҳим набуд. Ҳоло акнун ӯ шудааст “устувории ояндаи низоми сиёсӣ”. Худо шоҳид, ки ин навиштаҳоро мехониву ғашат аз нависанда меояд, ки то ба ин дараҷа пасту поин фаромадааст….

Вале Рустам барои Раҳмонов на танҳо меросбару валиаҳд, балки бима ва сипар ҳам ҳаст. Раҳмонов, хуб медонад, ки Рустам тазмин ва кафолати ҳам ҷон ва ҳам сарвати тӯли ин ҳама муддат ҷамъовардааш аст. Барои ҳамин то ҳамин имрӯз ҳам Рустамро чун гавҳараки чашмаш ҳифз карда истодааст. Манзур ҷудо аз меҳри падарӣ. Ин меҳри падарӣ шояд бошад. Вале ин қадар сарват, тангаву тилло ва долларҳои дуздидаву бағорат бурдаи худаш домодҳову духтарҳояш, Азизмову додарҳояшро бояд як касе бошад, ки ҳифз кунад.

Дар мақоми раиси Маҷлиси Миллӣ, нафари дуввуми қудрат ӯро аввал ба Ӯзбакистон, ба зиёрати қабри “пири кор”-аш Ислом Каримов фиристод. Ва чанд ҳафта пеш Рустам Русия ҳам рафт. Аммо ба тамоми зораву таваллои Раҳмонов Путин ба Рустам ҳеҷ эътиное накард ва  Рустамро ба ҳузур напазируфт. Раҳмонов бисёр мехост, ки дар ҳамин сафари Рустам ба Маскав Путин ӯро қабул кунад. Аммо накард. Ҳамин ҳоло ҳам дили Раҳмоновро гургон тала мекунанд, ки Рустам метавонад дар ҷойи ӯ кор бикунад ё хайр? Чанд моҳи дигар аз раёсати Рустам ба Маҷлиси миллӣ як сол сипарӣ мешавад. Вале то ҳоло ин Маҷлис такмил нашудааст ва Рустам ҳозир нашуд, ки дар ду ҷойи холӣ Озода ва Убайдуллоевро биоваранд. Нахост, ки дар назди онҳо як “малчишка” бошад ва Раҳмонов ҳам фармони узвияти ин ду ба Маҷлиси миллиро дар таги каш нигоҳ дошту монд.

Ба ҳар ҳол ин ҷавони ҳозиру нозир, шаҳрдоре, ки Душанберо эстакададор карду ана мана нагуфта порки Нишонони миллиро ҳам дар вусъати даҳҳо гектар бунёд мекунад, имрӯз рӯзи таваллуд дорад. Рӯзи таваллуди ӯро аз номи Ҳасан Асадуллозодаи тағаш, Маҳмадзоири язнаи калониаш, Исмоили ҷиянаш, Шоҳрухи рафиқаш, ки барои хариди ҳадия дар хориҷ қарор дорад ва имрӯз бояд расад ва Акбари Ҳуаксин семент, ки дируз дуто корхонаи дигар дар Душанбе гардон кард, мешавад табрик гуфт.

Насиҳат ба Рустам

Аммо аз номи худам ҳамон насиҳатҳое, ки дар ду соли қабл карда будамро барояш мегӯям, ки ба роҳи падарат нарав, Зулми мардум, хешутаборбозӣ, фасоди молиро аз байн бубар. Ҳаргиз мисли падарат  зидди дин ва оини миллат, муқаддасот ва арзишҳоямон  бо сатру ҳиҷоби занҳои мусалмон кор нагир, зиндониҳои бегуноҳро мусоидат кун, халос шаванд, хоссатан он калонсолонашонро, падарат аслан раҳм ва инсонгарӣ надорад, ту мумкин аст дошта боши, кам-кам ба дастархони мардум ҳам таваҷҷуҳ намо, аз ҳолу аҳволи Таҳминаву Зарифбек ва тағаҳои чаповулгарат мисли Муҳиб ва атрофиёнаш, Амон ва атрофиёнаш, Раҳматулло ва атрофиёнаш, Зоир ва писару атрофиёнаш ва дигару дигарҳо бепарво набош. Дақиқан зулм, ғорат, таҷовуз ва…. и ин афрод сабаб мегардад рӯзе ин мардуми ҷабрдида аз зулми онҳо ба ҷон расида қиёми мардуми мекунанд ва тирезаҳояшонро бо сангу чӯб мешикананд, хонаҳояшонро ба оташ мекашанд. Шарт нест Рустам тибқи насиҳати падарат ба хонаи камбағалҳо равӣ, шарт ин аст ки аҳволи онҳоро фаҳми, то камбағалҳо издиҳом шуда ба хонаат нараванд. Гумон дорам фаҳмида бошӣ, ишораамро.

Як хоҳиш аз Рустам

Дар охир як хоҳиши майда дорам.Ба ҳамин муаллифи мақолаи калон, ки ба забони чинӣ ҳам тарҷума кардаанд, манзурам мақолаи “Рустами Эмомалӣ – кафили дурнамои устувори низоми сиёсӣ”ягон чи деҳ, ки хой-хой  ва ё мак-мак карда гардад. Нағз мебинад ин корҳоро. Дар рӯзи таваллудат ту ба ӯ туҳфа кун. Сараш бо осмон мерасад. Сари туву падаратро ҳам ҳарчи зудтар дар осмон бинем!

Агар фаҳмида бошед хуб,нафаҳмида бошед мушовирон хуб фаҳмонед!

Худо кунад фаҳмида бошед аз ин насиҳатҳо дар ин рӯзи таваллудатон. Бале ман мухолифи сиёсии режиме, ки падарат дуруст намудааст мебошам. Аммо ман душман ва аҳриман нестам. Бадй ба касе намехоҳам ва дар фикри зарқу барқи ин дунё ҳам нестам. Вақте мо доштем шумо дар хонаҳои сангин зиндагонӣ мекардед. Агарчи ман президентзода нестам вале аз президентзодаҳо кам ҳам набудем. Ончи бар сарамон овардед ин шумо будед, ки чун нодидаҳо аз мо ғасб кардеду номардона гирифтед. Пас худатро бо ман қиёс кун ту президентзода ҳасти ва аз пулу моли ман ва амсоли ман зиндагони дори. Ман бошам президентзода нестам вале чизе доштам аз худам буданд ва ҳалол буданд. Агар бо тадбир ва вазъияти кишварро барраси накунед, рӯзҳои наздик аз ончи падарат метарсид ба вуқуъ мепайвандад. Он рӯз ту қодир ба идораи ин кишвар нести. Аз имрӯз барои тундбоди фардо бияндеш, ки ҳангоми вазидан имкони пешгирие вуҷуд надорад.

Total
24
Shares
Related Posts