Рустами Эмомалиро хубтар шиносед!

(бахши аввал)

Хонандаи гиромӣ дар мавриди ҷиноятҳои Рустами Эмомалӣ маълумотҳои зиёде ба “Ислоҳ” расидааст. Мо чандин маротиба ба Рустам ҳушдор дода будем,то даст аз зулм ва таҷовузҳояш бардорад. Пас аз ҳушдорҳо боз назорат бурдем аслан ба ӯ ҳеҷ таъсире надошта аст. Фикр накун Рустам,ки “Ислоҳ”  тасмиме гирифт онро амалӣ наменамояд! Нахуст ҳушдорат додем Ислоҳ шав, Ислоҳ нашуди, акнун ҷиноятҳоятро бихон ва тамошо кун. Тасмим гирифтем силсила мақолот ва барномаҳои муфассал аз ҳаёти пушти пардагии ӯ тақдими мардуми кишвар намоем. Агар пас аз ин барномаҳо ҳам таъсираш накард пас вой ба ҳоли ин миллат, ки ояндаи худро мехоҳанд дар чанголи ин наркомани муътод  бубинанд.

Рустами Эмомалӣ дар синни 28 солагӣ рутбаи генералӣ гирифт. Вай феълан раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе мебошад. Одами дуввуми Тоҷикистон. Раҳмонов ӯро барои ишғоли ҷойи худаш-мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон омода кардааст. Ҳамакнун ҳамаи вазирону кабирон на танҳо ба Эмомалӣ Раҳмонов инчунин маҷбуранд, ки ба фармони Рустам ҳам итоат кунанд. Чунки ӯ раиси Маҷлиси миллӣ мебошад ва тасдиқи фармонҳои таъйиноти хеле аз ин соҳибмансабон дар инҷо сурат мегирад. Инро ҳам бояд гуфт, ки ин ҳама вазиру кабир ба Озодаи Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмонов, ки роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҳаст, низ итоат мекунанд ва фармон мебаранд. Чун тамоми алоқаву дидор бо раиси ҷумҳурӣ тавассути Озодаи Раҳмон сурат мегирад.

Вале ҳоло суҳбат аз Рустами Эмомалӣ аст.

Манобеи огоҳ мегӯянд, ки вай ҳанӯз аз 16 солагӣ бо ҳамроҳии Фаттоҳзода Шоҳрух Сайид, ки ҳамсинф ва рафиқи наздикаш мебошад, аллакай даст ба фасод, ба таҷовуз ва ба зулм заданро сар карда буд. Барои мисол дар роҳи мошингарди бо номи “Битонка”, ки қад -қади дарёи Душанбинка мебошад, беш аз 40км роҳро кормандони БДА мебастанду Рустам бо рафиқҳояш  пойгаи мошин ташкил мекард-гонка. Чанд нафар пиёдагардро бо мошинаш зада кушт. Дар соли 2006 буд ба фикрам, ки ду писарбачаи хурдсолро бо номҳои Ҳасану Ҳусейн бо мошини тамғаи Максима бо номерҳои 8888 зада кушт. Аммо ин кушторро дар сари як камбағали бечора бо зӯрӣ бор карданд.   Аз ин ҳодиса хеле аз мардуми Душанбе хабар ёфта буданд.

  “Рустам дар 18 солагӣ маводи мухаддира-  героин ва кокаин истифода мебурд. Вай сахт гирифтор ва наркоман шуда буд. Аммо ҳаёти чандин нафарро сузонд. Ҳамон солҳо буд, ки тағояш Ҳасан Асадуллозодаро тир зад ва ӯ муддати тулонӣ  дар Олмон табобат гирифт. Дар ин давра ҳаёти чандин духтарро сузонд ва нодухтарашон кард.”

Соли 2009. Зулолаи 14 сола дар хонаи бепарасторони Чорбоғ ба воя мерасид. Ӯро маҷбурӣ ба назди Рустами наркоман ба яке аз дачаҳои Варзоб меоваранд. Ӯро як ронандаи худи Эмомалӣ Раҳмон бо номи Қодир ва як муҳофизаш  ба назди Рустам меоранд. Рустам ин духтари ятми куллро таҷовуз мекунад. Баъд аз таҷовуз кардан ӯро ба ҷураҳояш пешкаш мекунад. Ин  духтари бечора аз зулми ин авбошон худашро ба дарё партофта ба ҳалокат мерасонад. Ҷасади ӯро аз ноҳияи Рӯдакӣ пайдо карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳодисаро ин тавр шарҳ дода буд,  ки духтар ҳангоми бозӣ дар ҳавлии хонаи бепарасторон аз беэҳтиётӣ ба дарё ғарқ шудааст. Ба наркоманӣ гирифтор шудани Рустамро Эмомалӣ Раҳмонов фаҳмида ӯро барои табобат ба Амрико ба иёлати Колорадо мефиристад. Аммо овоза андохтанд, ки гӯиё Рустам Амрико барои таҳсил рафтааст. Аммо чи хеле мегӯянд “хар рафт Маккаву омад ҳамон хари қадима”.

  “Яке аз маслиҳатчиҳои асосии Рустам ҳамоно Шоҳрух мебошад. Аммо баъди бозгашт аз Амрико Рустам аз наркотик  даст накашидааст. Ва ҳоло таблеткаҳои психотропӣ мезанад.”

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар як суҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмонов, вақте раҳмонов аз Рустам гап мекушояд, ишораи рамзомезе карда гуфтааст, ки дар Русия наркологҳои зӯр ҳастанд. Маълум, ки намехоҳад Рустам президенти Тоҷикистон шавад ва аз наркоман будани Рустам ҳам огоҳ аст. Соли гузашта вақте Рустам ба Маскав сафар дошт Путин ба вай ҳатто эътибор надод. Дар ҳоле, ки Раҳмонов сахт умедвор буд, ки Путин Рустамро мепазирад.

Рустам бисёр ҳам худобехабар аст. Баъзе аз хокзанҳову  чоплусоне, ки ягон корашон ба Рустам меафтад, бояд як духтари ноболиғро ба вай тӯҳфа кунанд. Ҳамчунин аз хонаҳои бепарасторони шаҳру навоҳии кишвар духтарони зеборо пеши Рустам меоваранд. Масалан 5-6 духтарро як ҳафта пештар аз назари духтур гузаронида  ва сипас пешкаши Рустам мекунанд. Рустам як ё дутояшро интихоб карда дар дасти боқимондааш сад долларӣ дода ҷавобашон медиҳад.

   “Соли 2016 аз хонаи ноболиғони Чорбоғ боз як ноболиғ- духтари 12 -соларо  ба меҳмонхонаи Хайят пеши Рустам меоваранд. Ин вақт Рустам дар кайфи кокаин будааст ва барои онки битавонад бо ин духтар алоқаи ҷинсӣ анҷом диҳад  таблеткаи виагра истеъмол мекунад. Сари кайфу сархушӣ духтари бечораро маҷбурӣ таблеткаи спайс медиҳад, ки дили духтар тоб намеоварад ва қариб буд, ки ба ҳалокат бирасад.”

Агар воқеиятро гӯем худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам ҳамин хел таҷовузкор аст. Ман шоҳиди чандин ҳодисаҳо ҳастам, ки Эмомалӣ оилаҳои чандин нафарро хароб кардааст.

Нигина Амонқулова соҳиби шавҳар ва як писар буд. Эмомалӣ аз Нигина хушаш меояд. Ба ӯ мегӯянд, ки шавхар ва писар  дорад. Аммо Эмомалӣ фармон медиҳад, ки раведу ба  шавҳараш  вазъиятро фаҳмонед. Аввал кормандони КДАМ рафта Нигинаро аз номи вазорати фарҳанг занг зада  мегуянд мо кормандони идораи фарҳанги Хуҷанд мебошем. Шумо бояд ба Хуҷанд биёед ва бо мо машварат кунед. Нигина  бо шавҳараш меоянд. Шавҳарашро дар алоҳидагӣ мегуянд, ки занат ба Эмомалӣ маъқул шудааст ва ту бояд талоқашро диҳӣ. Мо Нигинаро бояд ба назди президент барем. Аммо шавҳари Нигина розӣ нашуда муқовимат нишон медиҳад. Кормандони КДАМ ба ӯ мегуянд ту фикри ҷони ҷавонатро кун ва фикри моару падару апаву хоҳаратро кун, зан боз ёфт мешавад. Дар ҳамон ҷо, дар Кумитаи амнияти Хуҷанд шавҳараш 3 талоқ медиҳад. Нигинаро маҷбурӣ ба Душанбе оварда пешкаши Эмомалӣ  мекунанд.

Таҳминаи Эмомалӣ хабардор шуда бо модараш Азизамоҳ хабарро мерасонад. Як рӯз бо фармони Ҳасан Асадуллозода   Нигинаро аз автовокзали  Душанбе муҳофизони Ҳасан маҷбурӣ гирифта ба пеши Азизамоҳ мебиёранд. Азизамову Таҳмина  ва Нигинаро  мурданивор мекӯбанд ва мӯкашак мекунанд. Эмомалӣ хабардор шуда ба Азизамо мегӯяд дигар ин хел корҳоятро набинам. Ман бо Нигина никоҳ кардаам ва ӯ завҷаи ман аст.

Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 2016 дар рӯзи зодрӯзаш як сарояндаи машҳури хориҷиеро бо номи Инна овард. Ин ҷашни мавлудро дар иҳотаи дӯстону ошноҳояш дар дискоклуби  “Клубрайял” қайд кард. Беш аз 400.000 доллар масраф кард. Дар  сари раққосаҳо пачкаҳои панҷоҳсомониро пош дода буд.

Ҳар вақте Рустам ба кӯчаҳои шаҳр мебарояд, кадом духтареро бинаду писандаш ояд ҳатман ӯро меоваранд ва вай таҷовуз мекунад.

  “Соли 2013 як духтареро бо номи Камила, ки 15 сол дошт нодухтар кард. Ба маблағи 10.000 доллар ин духтарро дар Туркия ҷарроҳӣ карда ду қабурғаи поёниашро мегирад, то ки миёнаш борик бишавад. Рустам ӯро мӯрчамиёни ман гуфта хитоб мекард.”

Соли 2014 як мардеро дар ағбаи  Фахрободи вилояти Хатлон бо маводи мухаддир дастгир карданд. Ӯ 12 сол ҳукм мегирад ва ба зиндон меравад. Ин мард як духтари зебо доштааст, ки ҳар ҳафта барои падараш -дачка хурока мебурд. Азбаски дар боздоштгоҳи муваққати КДАМ қарор дошт, яке аз кормандони амният  ин духтарро дида  ба ҳамкорон нақл мекунад, ки як духтари бениҳоят зебо ҳар ҳафта ба назди зиндон мебиёяд. Аз ин хабар Фурқат як корманди амният, ки аз Фархор ва шогирди дасти Мансур Умаров мебошад, огоҳ мешавад. Аз баски Фурқат программисти хуб ҳам буд досйеҳои авлоди Эмомалиро сабт карда ба СС. Ятимов мерасонд. Ӯ ба   Ятимов рафта мегуяд “шеф як кандидат барои агент ройи кардан пеши Рустам ёфт шуд”. Манзур ҳамон духтаре буд, ки падараш  дар маҳбас ҳаст. СС. Ятимов бисёр хурсандона мегӯяд духтарро зуд пайдо карда биёред.

“Вақте духтарро  амният оварданд, диданд, ки дар ҳақиқат бе ниҳоят зебост. Ва СС.Ятимов нақшаро тавре ба роҳ монд, ки ин духтар дар бӯстонсарои Рустам, дар пушти чойхонаи “Роҳат” ҳамчун пешхизмат ба кор даромад. Ба воситаи ин духтар амниятиҳо дар бораи кору рафтори Рустам хабарҳои зиёдеро мефаҳманд. Баъди чанд муддате Рустам бо ин духтар алоқаи ҷинсӣ мекунад. Ин духтар ҳомила  мешавад. Рустам, баъд аз онки аз бачадории духтар огоҳ мешавад, пул дода мегӯяд, ки зуд рафта аборт кунад. Аммо СС Ятимов баракс монеъи аборт шуда духтарро таҳдид карда мегӯяд, ки агар хоҳӣ падарат дар маҳбас зинда монад ба гапи мо кор мекунӣ ва аборт намекунӣ. Баъди 7 моҳа шудани тифл Рустам бо хабар  мешавад, ки духтар фармони ӯро дар бораи ситқи ҷанин аборт иҷро накардааст.”

Сипас Рустам ба духтар  мегуяд “сазои сарат, дафъ ша ай пешам, дига набинамат. То вақте ма ҳастум, ту дар ин дунё мисли саг хоҳӣ зист”.

Баъди таваллуд кардани тифл, ки писар буд, одамҳои Рустам ӯро гирифта ё нобуд карданд ё ба куҷое бурданд, ки то хол даракаш нест. Худи ин духтар  як вақтҳо дар диско клуби “9 балл” раққосагӣ мекард ва бо одамҳои серпул ҳамхоба ҳам мешуд. Ҳамин тавр ин духтар оҳиста-оҳиста беҷогарду фоҳиша шуд.

Солҳои 2014-2015 Рустами Эмомалӣ қариб, ки ҳар ҳафта ба Ҳисор, ба  назди Лутфиддини писари Муродалӣ Алимардонов бо лақаби Лунтик  мерафт ва онҷо маъракаи  бузкашӣ ташкил мекарданд. Лунтик  Рустамро бо як духтари зебои ҳисорӣ, Шаҳзода ном дошт  шинос мекунад. Баъди чанд муддати муносибатҳои маҳрамона Шаҳзода ба Рустам маъқул мешавад ва ӯро никоҳ карда мегирад ва ҳоло соҳиби як духтар ҳам мебошанд. Ҳоло Шаҳзода бо муҳофизони шахсӣ таъмин буда бо мошини Лендкрузер прадо 22-11 гашту гузор ва дар пеши амфитеатр дар як  4 хонагӣ зиндагӣ мекунад. Айни замон дар пушти бинои сафорати Амрико дар Душанбе Рустам барои  Шаҳзода як қасри муҳташам сохта истодааст. Рустам ва Шаҳзода  дар Гули майдаи Варзоб, ки онҷо як бӯстонсарои хусусӣ дорад, зуд- зуд барои истироҳат мераванд. Ва духтари Рустаму Шаҳзода  дар боғчаи кӯдаконаи рӯбарӯи Бонки миллӣ ба тарбия фаро гирифта шудааст. Аммо аз ин ки Рустам зани дуввум дорад ҳатто оилаи ӯ бехабар аст.

Акнун хонандаи гиромӣ меравем суроғи номаи дигаре,ки дақиқан дар мавриди кадрҳои Рустам дар ФФТ ба Ислоҳ расидааст.

Рустами Эмомалӣ,ФФТ ва “кадрҳо”- и вай

 Ному насабамро метавонистам,ки бинависам. Вале вазъият  безеб мешавад. Ҳамин қадар мегӯям, ки ман дар Федератсияи Футболи Тоҷикистон- ФФТ  кор мекунам. Дар Душанбеям ва ҳанӯз навкор. Албатта, шумо медонед, ки дар ФФТ Рустами Эмомалӣ раис аст ва ӯ ин ташкилотро нигоҳ мекунад. Яқин аст, ки  одами худашро мондагӣ аст. Рустам  корхонаҳои зиёд дорад!  Масалан “Оби Сиёма”, “Формула 55”, “Гурӯҳи Авесто” ва “Душанбе Сити”. Ин корхонаҳо тамом шавӣ надоранд! Ба наздикӣ боз  як корхонаи дигар пайдо шуд, бо номи “Ориё”. Ин ширкат маҳсулоти сӯзишворӣ (ГСМ) ворид мекунад. Беш  аз 30 адад заправка дорад, ки қариб ниме аз онҳо аз они  раҳматӣ Раҷабалӣ Одинаев-Умед-88 мебошад, ки Рустам кашида гирифт! Ин ба ҳисоб як Фарози дигар аст. Раиси ин ширкат як ҷавони беақлу  бетарбия, бадахлоқ ва беномуси беинсоф  ва бисёр ҳам мутакаббири ҳавобаланд аст. Номаш Исмоилов Абдузоир, соли таваллудаш 1997 аст. Рости гап намедонам ин бешараф дар ин сину солаш чи хел соҳиби чунин ширкат шудааст. Мегӯянд, ки падараш худашро ба Рустам “часпондагӣ” аст. Вале падараш чи кораву чи мекунадро ҳам намедонам.

Ҳоло баргардем ба мавзӯъи асосӣ. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ширкати “Ориё” шартнома бастагианд ва ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамчунин Федератсияи Футбол бо Оби Сиёма ҳам ҳамкорӣ  ва қарордод дорад. Қариб ҳамаи ширкатҳти Рустам бо ФФТ ҳамкорӣ доранд. Ва ин ҳамкориҳо тавассути ширкати “Ориё” анҷом дода мешавад.

Дар яке аз ҷаласаҳо ширкат карда ва бори аввал раиси ширкати “Ориё”-ро онҷо дидам.

Фукаш да осмон, катагӣ карда ин бару он бар меравад ва ҳамроҳаш   3-4 чоплусак мегарданд, “шеф” гуфта. Дар дасти чоплусҳояш телефон  дода мгӯяд “Мара киногӣсурат бги, да инстаграмум монм, янгат бина бсуза”!

Мегӯӣ ки, як ҷавони беакли нодида! Қариб 20-30 дақиқа сурат гирифтанд ин нодидаро!   (www.instagram.com/ismoilov.15/ ). Кори  ин  “нодидаи Ориёӣ” фақат кайфу сафо, арусо қати Варзоб рафтан, мошину мотоцикл қати гонка кардан ва ғайра. Боз спортсмен ҳам бдай ӯ. Кроссфит машк мекардай ин нодида.

Дар Варзоб ҳодиса мешавад. Ҳамроҳи рафиқони чоплусаш Шаҳбоз, Муҳаммадшариф, Манучеҳр як компания шуда як дачаи частниро снимат мекунанд. Соҳиби дача арус предложитшон мекунад. Вале намегӯяд, ки 16-17 солаанд. Хуллас, “подстава” мешаванд. Саҳари барвақт милисаҳо меоянд! Кор овоза нашавад гуфта, “ҷошда” 3600$- дар ҷайбаш бударо дода халос мешаванд.

Як рӯзи дигар дар раҳ касе “помех”  медиҳад. Ҳамроҳи рафиқаш  Муҳаммадшариф буд. Инҳо,ки акнун “фарзандони Ориёӣ” ,ки ҳастанд, он ҷавонро дар “светофор” манъ мекунанду мефароянду ӯро мезананд. Ҷавон рост меравад ВКД аризанависӣ. Пагоҳ  меқапанд. Боз доллар дода  халос мешаванд. Вале аз қаҳр ҳамон  бачаро боз мезананд. “Нодидаи Ориёӣ” мегӯяд-“ин доф агар браи ариза нависӣ, ай отдел мебром, очата да пешт фалон мекнм”, бо мезанан бечораи ҷавона!”

Як вақт Америка рафту омад. Омад дар байни ҷӯраҳояш тема кард, ки “кати дхтари негр алоқаи ҷинсӣ  доштам”. Ҳамин ҳам ҷои фахр аст?

Тақрибан ҳар рӯз дар роҳи битонкаи канори Душанбинка  дар Калинин “гонка”-и пулакӣ баргузор мекунанд. Саҳар- соатҳои 4-5.

Номерҳои худаш, хешу ақрабояш, ёру рафиқонаш фақат 0110 мебошанд! Монополия кардагианд ин номерро. Аз Исмоили набераи Эмалӣ Раҳмонов  гузаронд ин нодида!

Одам  дар ҳайрат мемонад, ки Эмомалӣ Раҳмонову Рустами Эмомалӣ- падару писар -чи гуна давлатро идора карда истодаанд. Ман бовар дорам, ки инҳо аз ин гуна корҳо огоҳанд ва махсус мекунанд, ки мардум бигӯянд дар бораашон.

“ Қаҳрат намекунад, домулло, ки ҳамин гуна қонуншиканиву  девонагӣ мекунанд, чизе мехоҳанд мекунанд, ба  ҷазо кашида намешаванд, сум дода халос мехуранд! Аммо одаме, ки барномаи шумора тамошо мекукнад, 10-15 сол маҳкам мешава! Адолат дар куҷост???

Ба наздикӣ, як ҳодиса шуд. Бо як гурӯҳи чоплусҳояш дар  ресторан мешинанд. Ё ресторани Зафар, ё Шарбат! Як рафиқаш мегӯяд:- “И дафа нархои бензин сахт қиммат шд, ай ҳамаҷо қимматӣ, мардумда беҳад қинд шд”. Аммо ин аблаҳ бармегардаду мегӯяд:, “Народ нас должен благодарить за то что мы не повысили до 11 сомонӣ, в других странах бензин стоит 1$ и больше”. Мардуми мо бояд  чуқур фикр  карданро ёд гиранд. Аз ширкати ҳаминҳо як литр бензин ва ё газ нахаранд. Хуллас , агар ҷамъбасташ кунем, беҳад пул масташ кардааст!

Вале шояд пурсед, ки дар Федератсияи Футбол ин қадар пул аз куҷо аст? Аз бюҷети давлатӣ барои ФФТ пул ҷудо карда мешавад. Боз аз бюҷети Душанбеву вилоятҳо алоҳида пул мегузаронанд. Ҳамчунин барои  ФФТ аз тарафи Федератсиони байналмилалии футбол ҳамасола садҳо ҳазор доллар  пул меояд. Дигар инки ба таври ғайрасмӣ тамоми вазорату идораҳову кумитаҳои ҳукумати Тоҷикистон ба Федератсия пул мегузаронанд. Ширкати “Талко” пули калон мегузаронад. Бизнесменҳо пул мегузаронанд. Ҳамаи ин пулҳоро ширкатҳои мансуби Рустами Эмомалӣ мисли “Оби Сиёма” обу лой мекунанд.

Мо, дар Федератсяи Футболи Тоҷикистон барномаҳои шуморо ҳамеша тамошо мекунем. Перекур шавад  берун баромада, шморо обсуждат мекунем. Тарафдори шумо хастем. Дигарҳоро намедонам, ман шахсан, дар даруни офис шумора тамошо карда, дар ҳамаи барномаҳоятон лайк мемонм! Дар офиси “Гурӯҳи Авесто” ҳам ҳамин хел  Бисёриҳо шуморо тамошо мекунанд!

Ташаккур барои коре, ки шумо карда истодаед!. Аллоҳ  ҳифзатон кунад! Бас накунед. Камаш монд…

Поёни бахши аввал,идома дорад бо “Ислоҳ” бошед,то аз ҷиноятҳои Рустами Эмомалӣ бештар огоҳ гардед!

PS:  Ин сару садо то куҷо ҷиддӣ аст мо чизе гуфта наметавонем. Вале манобеи зиёд дар бораи он мегӯянд.Гап сари он аст ки Рустами Эмомалӣ дар таърихи  19.12.1987 дар ноҳияи Данғара дар оилаи Нурддин, бародари тракторчии Эмомалӣ Раҳмонов ба дунё омадааст. Азбаски Эмомалӣ Раҳмонов пушти ҳам соҳиби 5 духтар мешавад  ва барои писар дилаш доғ буд, бо бародараш маслиҳат карда Умед, писари дигарии ӯро ба фарзандӣ мегирад. (Умед ҳоло прокурори яке аз ноҳияҳои Душанбе аст). Аммо Умед аслан нисбати Эмомалӣ ва Азизмоҳ кадом меҳре нишон намедиҳад. Баъди ба дунё омадани Рустам Нуриддин ӯро ба бародараш мебахшад. Нуриддин номи Рустамро Қутбиддин гузошта буд. Аммо баъди онки дар шашмоҳагӣ Эмомалӣ ӯро мегирад, номашро иваз карда Рустам мегузорад.

Дар мавриди ҷиноятҳои хело вахимтари Рустам ва атрофиёнаш маълумотҳои хело ҷиддие ба Ислоҳ расида аст. Мо онҳоро чун хеле фаҷеъ ва ваҳшатноканд ба шакле расонаӣ хоҳем кард. Аллоҳ шоҳид аст ончунон вахиманд,ки аз насли инсон будани ин бадзот дар шакку шубҳа меафтед. Муҳим Ислоҳ ҳама ҷиноятҳои ин оиларо ифшо хоҳад кард,то миллат ин оиларо беҳтар шиносанд.

Total
11
Shares
Related Posts