Сангак бо машварати Э.Раҳмонов Ҷ.Ризоевро кушт

Ислоҳ нет

 

 Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 2 ноябри соли 1992 аз раисии совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара ба курсии раёсати вилояти Кӯлоб шинонида шуд.Ин кор замоне сурат гирифт,ки Сангак Сафарови ҷиноятпешаи ҳирфавӣ,  Ҷиёнхон Ризоев, раиси вилояти Кӯлобро бо як тир дар қафаси синаи чап ва як тири дигар ба қобақавсайн ба шаҳодат расонид.Дақиқан аз ин ҳодисаи даҳшатнок 27 сол сипари мегард ва ҳокимияти Раҳмоновҳам 27 солро пур ва қадам ба 28 мегузорад,аммо бозҳам ин раиси совхоз 27 сол бо зури ва қатлу куштораш худро президент эълон кард.Ҳама муҳлатҳои муқаррариро убур карда,худро пешво эълон карда дигар намехоҳад равад…

 

Сангаке, ки ҳанӯз аз авохири июл ва авоили августи  ҳамон сол ба арӯсаки “хоҷаҳои хориҷӣ”– узбакҳо ва русҳо табдил шуда ва бо мададу пуштибонии бахусус вазири мудофиаи онрӯзаи Узбакистон Рустам Ахмедов дар муқобили халқи тоҷик ва давлати ҷавони он ҷабҳа дуруст карда буд,дар шахс ва симои Раҳмонов, нафареро пайдо кард,ки барои дастрасӣ ба нони серӣ омода аст ба тамоми қабоҳат ва касофат даст бизанад.

 

   Сангак Сафаров,раиси  гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноӣ бо номи Фронти халқӣ,ки тавассути офитсерони Русия сохта ва давлати ҷавони Тоҷикистонро  ба ҳадаф гирифт, Эмомалӣ Раҳмонови ҳамшаҳриашро овард ва ба курсии хунолуди раиси вилоят нишонд. Сангак Ҷиёнхон Ризоевро барои он кушт,ки ӯ ҳеҷ гоҳ  дастур ва супоришҳои як ҷинояткори бо собиқаи 23 соли зиндонро иҷро намекард. Ва он ҳам алайҳи давлати ҷавоне,ки дар он намояндаҳои ҳаракатҳои  милливу мардумӣ роҳ ёфта аз ҷониби рӯшанфикрон ва зиёиёни бузурги кишвар пуштибонӣ дида ва барои мустақилият ва озодии омму томи давлат ва миллат кору пайкор мекард.

 

Нерӯҳои милливу мардумӣ, қувваҳои навгарову рӯшанфикр тавониста буданд бо ҳукумати коммунистӣ канор биоянд ва Ҳукумати Мусолаҳаи Миллиро бар пояи қонун ташкил дода барои эъмори ҷомеаи мутамаддин ва мардумсолор тарҳу барнома дуруст мекарданд.

 

Манобеъи огоҳ дар қазияи қатли Ҷиёнхон Ризоев чунин мегуянд: Ҷиёнхон Ризоев қаблан дар мақомоти вазорати дохила кор мекардааст.Сангак Сафаровро барои ҷинояти содир кардааш боздошт ва равонаи зиндон мекунад.Ҷиёнхон Ризоев марди бо савод ва содиқе будааст.

 

Дар мавриди дастгирии Сангак Сафаров аз Раҳмоновро чунин мегуянд,ки гуё Сангак Сафаров зодаи Данғара будааст ва пас аз чанде бо оилааш ба Кулоб мекучанд.Ин авомил сабабҳое будааст барои ба мақоми раиси вилояти Кулоб интихоб намудани Раҳмонов будааст.

 

Раҳмонов ба Сангак Сафаров 30 нафар аз афроди огоҳ ва чеҳраҳои мардумии ноҳияи Данғараро навишта медиҳад,ки инҳо “вовчик”ҳастанд.Раҳмонов дар сар раиси вилояти Кулоб шудан дошт ва онҳам бояд тавассути Сангак Сафаров ва гурӯҳи ҷиноятпешаи ӯ. Ҷиёнхон Ризоев бо дасти худи Сангак кушта мешавад ва замина барои Раҳмонов омода мегардад.Сангак аз ин 30 нафаре,ки Раҳмонов барояш номҳояшонро навишта буд 28 нафарашонро дар як шаб боздошт ва дар подвали КГБ шаҳри Қурғонтеппа мепаронад. Ду нафари наҷотёфта барои шикор мебароянд ва дар дасти гурӯҳи ҷиноятпешаи “Фронти халқӣ” Сангак Сафаров намеафтанд.Ин ду нафар то ҳоло зиндаанд ва номҳои ин ду назди мо маҳфузанд.

 

Хуб диққат диҳед,ки Раҳмонов аз оғоз бо қатл ва туҳматкарданҳо сари қудрат омаданро шурӯъ намудааст.Акнун,ки ҳоло қудрат дар дасташ ҳаст ҳар коре хоҳад барои бақояш анҷом медиҳад.

 

     Истиқлоли миллӣ ва давлати соҳибихтиёри  тоҷикон барои  Ӯзбакистон ва Русия қобили қабул набуд, бахусус,ки дар таркиби ин давлат намоянда аз аҳзоб ва созмонҳои милливу мардумӣ мақом пайдо карда буд.Узбакистон ва раҳбарияти он бим дошт,ки ҳузури нерӯҳои милливу мардумӣ дар ҳокимияти Тоҷикистон ба таҳаррукоти мушобеҳи Узбаикстон таъсир хоҳад кард. Бад-ин ҷиҳат ҷинояткороне назири Сангак ва афроде беаслу насаб,ҳуввиятбохта ва беҳайсияте назири Эмомалӣ Раҳмоновро муқобили рӯшанфикрони миллат ва нерӯҳои милливу мардумӣ ва ниҳоятан халқи тоҷик мусаллаҳ карда кишварро даргири ҷанги бародаркушӣ кард.

 

   Имрӯз агарки Раҳмону дорру дастааш, тамоми муаллифону мудирони “фермаи ҷавоб” аз субҳ то шом ва дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ доду фарёд кашанд, ҷеғ зананд,ки ҲНИТ ва ё Паймони миллии Тоҷикистон  “хоҷаи хориҷӣ” дорад ва ҳазорҳо чарандиёти дигарҳам гуянд, дурӯғи андар дурӯғ аст.

 

Мо инҷо паноҳанда ҳастем, аз ҷавру зулму ситами Раҳмонов ба ин кишварҳо паноҳ овардаем. Вале дар доира ва чаҳорчӯбаи қонунҳои ин кишварҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ муборизаи мусолиматомези худро идома хоҳем дод. Аммо ҳеҷ гоҳе хоҷаи хориҷӣ надоштаем ва нахоҳем дошт. Ин Раҳмонову Сангаки алайҳилаъна буданд,ки дар соли 1992 алайҳи нерӯҳои озодихоҳ ва истиқлолталаб, нерӯҳои бедори миллат ва халқи тоҷик  бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон-Узбакистон ва Русия ҷанг сар карданд. Сангак Сафарови алайҳилаъна, як нафари муқобили дину ойини мардуми тоҷик,ки шиори “Нест бод ислом” ва “Нест бод демократия”-ро дар болои сар бардошта буд, нафареро,ки  шарафу номуси миллӣ, ислому мусалмонӣ надорад, аз дину мазҳаб бехабар ва як тоғуту динситези тамомаёр, як ҳаюлоро,ки барои ҷоҳу мансаб омодаи ҳамакори баду зишт буд овард ва ба курсии раиси вилояти Кулоб шинонд.

 

Шумо агар ба таърих ва ҳаводисе,ки тӯли ин 27 сол Раҳмонов болои миллат ва мардуми тоҷик овард, мутаваҷҷеҳ бишавед, ба дурустӣ пай мебаред ва дархоҳед ёфт,ки як ғайримиллат ва як ғайридин бо ин миллат ва бо дини ин мардум чи гуна аъмоли ҷинояткорона анҷом додааст.Сангак нафареро оварду монд,ки на саводу маърифат,на таҷрибаву малакаи корӣ дошт.Ҳадди ақал”партшкола” -мактаби партиявӣ нахонда буд. Як раиси совхоз. Ва, он ҳам парварда дар як оилаи қашшоқи камбағали нони сери нахӯрда ва донишгоҳро “ғоибона” ва ба зӯр ва “пирбӯзбала”шуда хондаву бо сад азоб ба итмом расонида. Он замон дар Кӯлоб дигар мансабдорҳо дар сатҳи ноҳия ва вилоят ҳам буданд. Ҳатто баъзеа аз онҳо,ки соҳиби таҷриба ва воқиф дар умури сиёсӣ ҳам буданд, назири Айнулло Неъматов, мухолифат мекунанд ва мегӯянд,дар шароите,ки ҷанг идома дорад, Раҳмонов,кадом коре аз дасташ барнамеояд, ҳатто “инспектори ҳизбӣ” ҳам набуд. Аммо барои Сангак ва офитсерони рус ва узбак маҳз ана ҳамин гуна нафари комилан бетаҷриба ва намефаҳмидагӣ ва муҳиммтар аз ҳама чашмгушнаи нодида даркор буд, ки аз хатти кашида берун набарояд.

 

   Александр Мусиенко, афсари бригадаи 15-и Қувваҳои мусаллаҳи СССР-и собиқ, полковники Хадамоти махсуси Идораи Асосии Истихборот(ГРУ)-и Ситоди кулли вазорати мудофиаи Русия, дар хотироташ аз он замонҳо тавре ёдоварӣ  мекунад,ки воқиан ба гуфтаҳои фавқ ҳеҷ шакку шубҳа боқӣ намемонад:

 

Именно Сангак познакомил меня с «Эмомалишкой» — ныне президентом республики Эмомали Рахмоном. Тогда Рахмон был председателем колхоза. До сих пор стоит перед глазами картина: Рахмон с огромным ляганом (декоративная тарелка. — «РР») плова и бутылкой водки представляется Сангаку по случаю назначения председателем облисполкома. Позднее, после гибели Сафарова, Эмомали из марионетки превратился в местного божка-президента, который уничтожил всех, кто привел его к власти. Кого-то посадили, кого-то закопали…

 

   Бале, он замон буд,ки Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирӣ ва мадади як ҷинояткор ба курсии хунолудаи Ҷиёнхон Ризоев нишаст ва раиси вилоят шуд. Ин афсари рус намегӯяд,ки Сангак чаро маҳз Раҳмоновро раиси вилоят монд вале ончиро ки мушоҳида кардаву дидааст: Раҳмон ба мисли як офитсиантка лагани калони оши палав дар даст ва бо шишаи арақ Сангакро пешвоз мегирад ва мисли як арӯсак(марионетка) дар ҳузури ӯ даст болои сина ба қалам додааст.

 

 Ҳоло барои ин сарҳанги “гереушник”  ин нукта аз ҳасби ҳоли “марионетка”-и Сангак ҷолиб аст ки  гузаштаашро ба дасти фаромушӣ супорида  ба “местного божка-президента” табдил шудааст.

 

   Воқиан дар ёдамон ҳам ҳаст ки дар Хуҷанд дар 19 ноябр, вақте Узбакистон ва Русия табаддулоти алайҳи давлати ҷавони тоҷиконро бо дастони депутатҳои Шӯрои олии вақт гӯиё ҷомаи қонунӣ пӯшониданд, ҳамин “арӯсак”-и “хоҷаҳои хориҷӣ” ҳам ба ҳадде аз ҳасби ҳолаш гуфт,ки дилу ҷигари депутатҳо барояш сӯхт.Вай гуфт,ки “Дар авлодам як худам диплом дорам. Авлоди мода ҳеҷ каси хондагӣ нест. Як додар дорам,тракторчӣ. Ман як деҳқонбачаам.”

 

  Эҳҳеее. Ҳоло ин гапҳоро ба хотири Эмомалишка” расону қандатро хур. Ҳатман барои таҳқири Президент зиндон мешавӣ. Ин кас имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат ҳастанд. Ва, авлодашон ҳам ….чи авлоде? ! Аз кадомаш гӯям? Аз, Рустам,аз Озода,аз Таҳминаву аз Парвина…домодҳои бизнесмену давлатмадорро намегӯӣ, ҷиянҳои милисаву прокурор,холаву холабачаҳои “министр”-у  “витсепремер”,хуллас варақи ҳатто компютер камӣ мекунад. Авлода авлод! Ва, дигар нафаре,ки шира бо дӯғ якҷоя карда мехӯрд, ҳоло Президенти якумрӣ ва дар фикри онки писарашро барои ин мардум Президент кунад.

 

   Рости гап то куҷо ин гапҳо буданд ё набуданд,чизе гуфта наметавонам аммо мегӯянд,ки марҳум Султон Мирзошоеву Сафар Сафаров ва Иззатулло Ҳаёев ва чанд нафари дигар ҳарчанд дар рӯ Ҷаноби олӣ мегуфтаанд, дар ғайбаш “Эдик” садо мезадаанд.

 

     Аммо  Сангак Эмомалиро фақат ба курсии раиси вилояти Кулоб нанишонд. Ӯро бо мусодат ва нақшаи кашидаи узбакҳо ва русҳо дар иҷлосияи 16и Шӯрои олӣ дар Хуҷанд раиси Шӯрои олӣ ҳам монд. Пештар,ки гуфтам, дар пайи як табаддулоти давлатӣ тавассути Шӯрои олӣ ӯ раиси Шӯрои олӣ шуд.

 

  Ҳарфам ин ҷост ки Сангак ва Раҳмонов барои барқарории  ҳокимияти конститусионии ба гуфтаи худашон Раҳмон Набиев ва С.Кенҷаев бархоста буданд. Аммо дар Хуҷанд Кенҷаевро бо  нақшаи пешакӣ барои чанд рӯз ҳабси хонагӣ карданд, то ки даъвои курсии раиси Шӯрои олиро накунад ва ин курсӣ ба Эмомалӣ расад. Аммо хонаи Набиев рафта ба ӯ дӯғу пӯписа заданд,ки мо барои ту наҷангидем ва ту бояд истеъфо диҳӣ. Набиев истеъфо надодааст. Аз номи ӯ баромада бардурӯғ эълони истеъфо карданд. Вале ҳамагӣ баъди ду ё се моҳ ё шояд чор моҳи раисии Эмомалӣ барои онки Набиев дигарбора даъвои Президентӣ накунад, ӯ дар манзилаш кушта шуд. Хуллас, дар курсии раиси давлати Тоҷикистон ҳам ӯ бо домани хунолуд нишаст. Дар як бари доманаш хуни Ҷиёнхон Ризоев ва дар бари дигари доманаш хуни Раҳмон Набиев. Ва инки баъди чанд ҳафтае дигар худи Сангакро ҳам кушта шуд, ин ҳарфи навиштаи дигар аст ва онро ба тафсил бароятон баён хоҳем кард.

 

    Аз онки Раҳмонов аз болои хуни ин нафарон ва хуни халқи Тоҷикистон гузашта соҳиби мансаб ва вазифа гардид ва аз онки Раҳмонов “арӯсак”-и “хоҷаҳои хориҷӣ” –аст ва ҳоло ҳам ҳамин тавр аст, замони зиёде нагузаштааст. Дар ҳамон соли 92 ҳам дастур ва супоришҳои хоҷагонаш ба хусус Узбекистонро ба иҷро дароварда, қасд дошт,ки тамоми мухолифин ва пайравони онро аз дами теғ бигзаронад. Гуфт равед Афғонистонро обод кунед ва бо дастури Ислом Каримов аз Узбакистон танку тайёраҳоро оварду водии Қаротегин ва Бадахшонро бомбаборон кард.Роҳбарони оппозитсионро душмани халқ хонд, кореро,ки имрӯз боз ҳам такрор мекунад.Ислом Каримовро “ота”и тоҷикон ва инро худаш эълон кард ва ҳатто аз забони модараш-Майрамхола чанд бор мегӯяд,ки падараш ба Ислом Каримов монанд будааст.Ин суханон дар сафаҳоти таърихи ин хуношом маҳфузанд.

 

        Александр Мусиенко,афсари ГРУ-и Русия дар идомаи  хотироташ боз як нақли ҷолибе ро аз “Эмомалишка” мекунад,ки беҳтар аст бо забони худи ӯ биоварам: 

 

  “Много было мелких стычек, спонтанных операций, импровизаций, в которых выручала спецназовская смекалка. Хорошо помню штурм Шар-Шара 11 ноября 1992-го. Звонит мне перепуганный насмерть Эмомали и кричит, что утром «вовчики» оседлали перевал. Попросил помощи, в общем. Мы взяли, не скажу где, два бэтээрастанковый гранатомет, 82-мм миномет, загрузили на свой УАЗ 30-мм автоматический гранатомет и… с двумя десятками бойцов пошли штурмовать перевал.

 

    Ва,аммо танҳо Мусиенко нест,ки тасдиқ кунад,Эмомалӣ Раҳмонов, бо онки ҲНИТ ва ПМТ-ро дасти “хоҷаҳои хориҷӣ” нишон доданӣ мешавад, дигарҳо ҳам ошкоро навиштаанду навишта истодаанд,ки Раҳмон “продукт” аз “пробирка”“хоҷаҳои хориҷӣ”-аст,ки дар ягон давру замон хайрхоҳи тоҷик ва мусалмон набуданд.

 

  Хабарнигори рус В.Хлюпин.ки ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва бахусус найрангҳои сиёсии Раҳмонро мавриди арзёбӣ қарор додааст чунин менависад:

 

 “Привезенный в Душанбе, как вспоминал российский дипломат А.Адамишин,на узбекском танке Эмомали Рахмон, вчерашний директор лукового совхоза имени Ленина,представитель дангаринско-локайской(пост-кочевой) элиты юга страны,был определен новым  руководителем и собирателем таджикских земель.Почему власт не попала в руки “северян”-отдельный вопрос,на который мог бы ответить Ислам Каримов,вероятно,посчитавший и убедивший Б.Ельцина, в большой управляемости дангаринского кадра. Впоследствии,серый и управляемый  Рахмонов,уже став Рахмоном,по очереди устранит всех своих влиятельных сподвижников по гражданской войне Сангак Сафаров  и лидер “северян”-премьер-министра Абдумалика Абдулладжанова и массу других оппонентов и потенциальных соперников”. “ центразия” 15.04.19 В.Хлюпин.

 

  Агар хоҷаҳои хориҷии ҲНИТ ва ПМТ талош карданд,ки миллатро сарҷамъ кунанд ва оштӣ диҳанд ва дар кишвар сулҳу салоҳ барқарор шавад, аммо “хоҷаи хориҷӣ”-и Раҳмон коре карда буд,ки миллатро пароканда ва парешон бисозад. Раҳмон бо онки наздик ба сӣ сол мешавад,ки дар сари қудрат аст ва аз як носерам шояд ба як нимасер табдил шуд ва аз як навомӯз то ба як сиёсатмадор табдил  ёфт, ҳоло ҳам нафаҳмидааст,ки аз оппозитсияи дар хориҷа буда оппозитсияи дар дохилбуда камтар хатар дорад. Ҳоло,ки қасду ният дорад ба тарафҳои мо биояд, дуруст пешвозаш мегирем. Ва ба ҳадде зиёфаташ медиҳем, ки “ширу ҷурғот”-и омехтаи даврони кӯдакиаш ҳам ба ёдаш ояд.

 

 

Share This Article