Сари Хосориён сипос ба «Ислоҳ» вале боз ҳам аз мақомот шикоят карданд

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

 Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ! Ташаккури аз номи ҳашт ҳазор сокинони ҷамоати Сари Хосорро бароятон мерасонем.

Барномаи марбут ба Сари Хосор, ки нашр шуд, хурду бузурги ин ҷамоат аз он ҷумла модарон ба кофтукови «Ислоҳ» ва Шумо баромаданд. Дар он маҳаллаҳое, ки мавҷ кам ва заиф аст, интернет кор намекунад, сокинон ба маркази ҷамоату ноҳия рафта интернет харидорӣ карданд. То ки бубинад, ки «Ислоҳ» чи асту Муҳаммадиқбол кӣ аст. Мебоист 17-ми январ Ҳасан Ҷангӣ ба вазифаи раиси ДЮ- и(?) ноҳияи Балҷувон таъин мешуд. Хушбахтона барномаи Сари Хосор аз тарафи фарзандони банангу номуси миллати тоҷик дар Ютюб, дар канали «Ислоҳ» нашр шуд ва ба Ҳасан вазифа надоданд. Ҷинояткорони дигар бошанд оҳи сард мекашиданду мегуфтанд, ин кӣ бошад моро туҳмат дорад? Рости гап дар чеҳраҳои мардуми одӣ як хушбахтиро эҳсос мекардем ва мардум байни худашон мегуфтанд: « коми наваиштай ҳами гапора ягон ҷой тухмат нест, ҳамаш ҳақиқатай, хубшон кадан»

Сари Хосор: Бахши дуввум: 

Боз бар мегардем ба ҳикояти ҷиноятхои Ҳасан Ҷангӣ ва Ятимов Собир Абдусаломович, декани Коллеҷи шахсӣ дар ноҳияи Вахш хешовандони ҳоҷӣ Амири хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов.

Тирамоҳи соли 2019 дар Сари Хосор ба подаи Ҳасан Ҷангӣ хирс ҳамла карда чанд сар говро куштаву захмӣ мекунад. Ҳасан шикорчӣ «заказ»  мекунад. Се нафар:-бачаи бобои Саймуҳиддин, ки Ҳомид ном дорад, ба бачаи Ҳомид-Саймумин ва бачаи Мирзои эксковаторчӣ. Ҳасан ин шикорчиҳоро бо силоҳ таъмин ва бегоҳӣ бурда роҳу маҳалли зисти эҳтимолии хирсро нишон медиҳад. Шабона Ҳомидро  касе мепаронад. Ба Ҳасан занг мезананд, ки чунин воқеъа рух дод. Ҳасан меояд раҳматии Ҳомидро ба мошинаш бор карда ба беморхонаи ноҳияи Балҷувон неву (барои онки гапу калоча камтар бошад) ба бемористони ноҳияи Ховалинг мебарад. Дар онҷо табибон муоина карда мегӯянд, ки захми ҷароҳат аз дандони хирс умуман вуҷуд надорад ва ӯро хирс нахоидааст. Балки дар бадани вай пайи тир ҳаст. Ҳасан сумро «меҷуқад» ва корро тахт мекунад. Ба ҳамроҳони раҳмати Ҳомид мегӯяд, ки агар «коме пурсад, бген ки хирс хойидш». Аммо ҳамроҳони Ҳомиди раҳматӣ ба тариқи пинҳонӣ дар ҳарчо сӯҳбат кардаанд, ки «мо,аз ҳамдигармон дур будем, яг садои тир шид. Пас аз садои тир увози Ҳомид омад, ки мембрм!Омадем дидемш, ки тир зери шикам ва мардинагияш задай,ҳатто мурдашуво гуфтиян, ки ба хирс хойидагӣ умуман монанд набуд». Ва Ҳомид дар беморхонаи Ховалинг ҷон ба ҷонофарин месупорад.

Дар деҳа боз ба як овозаи дигар паҳн шуд, ки Ҳасан бо ҳамсари Ҳомид муносибати маҳрамона доштаасту хирсшикор баҳона будаасту мақсад «убират» кардани Ҳомид буд. Аз ин фоҷеъа 3 сол гузашта бошад ҳам то ҳол ягон мақомот напурсиданд, ки ба сари раҳматии Ҳомид чи балое омад?

Ҳасан Ҷангӣ ва бародараш Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Сари Хосор як корхонаи коркарди асал доранд. Ҳамчунин беш аз 500 гектар замин барои чарогоҳ, 70 сар чорвои шохдори калон 100 сар бештар моли майда. Дар деҳаи Охбулоқ фермаи махсус барои зимистонгузаронии пода ва мағоза дар деҳаи Муллоконӣ ҳам аз они онҳост.

Кумакҳое, ки барои маъюбону бепарасторон ва бевазанҳои ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон аз Душанбе, аз тарафи ҳукумат меояд, Ҳасан аз 100% 10 дарсади онро тақсим мекунад ва бақияашро дар мағозааш мефурӯшад. Агар ягон бевазан ва ё камбизоате раваду пурсад, ки раис «помош омадай,аз они мо куҷост» Ҳасан Ҷангӣ ҷавоб медодааст, ки «ба наздикӣ меоя, навбати шумо мешавад». Бо ҳамин тамом

Мунсибати Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз бо Ҳасан Ҷангӣ сард мешавад. Давлатзода медонист, ки Ҳасан Ҷангӣ як дузди калон аст. Эмомалӣ Раҳмонов 2 октябри соли 2021 ба ҷамоати Сари Хосори Балҷувон омад. Давлатзода як мошин «напитка»-обҳои нӯшокӣ ба Сари Хосор равон мекунад. Рӯзи омадани Раҳмонов ба Сари Хосор Давлатзода обе намеёбад, ки даҳонашро тар кунад.

Мепурсад, ки «напиткаҳо» куҷо шуд? Ҳасан Ҷангӣ чанд бутал лимонади «Буратино»-ро нишон медиҳад. Давлатзода медонист, ки обҳои равон кардааш хушсифат ва боарзиш буданд, сарашро меҷунбонад. Давлатзода мегӯяд, ки Ҷаноби олӣ равад, баъд ман аз пайи Ҳасан мешавам.

Нусратулло Давлатзода шахси масъули ҳукумат барои ҷашни 30-солагии истиқлолият дар ноҳияи Балҷувон гуморида шуда буд. Ва.ҷараёни омодагӣ ва сохтмонҳои ҷашниро контрол мекард.

Раҳмонов баъди ифтитоҳи корхонаи коркарди асали соҳибкорони дар нохунак Азим Иброҳим, вазири нақлиёт ва бародараш Иброҳимзода Ҳасан Ҷангӣ ва майдони парчам дар маркази ҷамоат ба деҳаи Муллоконӣ меравад.

Ҳасани Ҷангӣ  аз қабл медонист ва омодагӣ гирифта буд. Чанд намуд бисетка таёр кард, нӯшу неъмати беҳисоб. Аммо ба мақсадаш нарасид. Раҳмонов аз чархбол мефарояд. Дар онҷо як мактаби миёна ва неругоҳи хурди барқиро барои ин деҳа ифтитоҳ бояд мекард. Аз лавҳаи рамзии мактаб пардаро мебардорад. Бояд ба хонаи Ҳасан Ҷангӣ мерафт. Дар роҳ як кӯдаки 5-сола пайдо мешавад ва ба сӯи Раҳмонов мегӯяд,ки «бобоҷон,падар надорам,қати модарам дар аспхона зиндагӣ дорем».

Ҳолати Раҳмонов ба ҳам мезанад: «настарени Раҳмонов мегреза, ба тарафи Азим Иброҳим мега ҳа Азимуф барои 4 хона мактаби 3 ошёна месозӣ, ҳамсояҳота нигоҳ намекни?»

Ба хонаи Ҳасан намеравад ва сӯи водопад ё  шаршараи Сари Хосор  раҳсипор мешавад. Дар онҷо неругоҳи хурдро бояд ба кор меандохт, аммо боло меравад, ки неругоҳ кор намекунад, барқ намедиҳад. Движок меоранду Раҳмонов шабашро руз мекунад ва норозӣ ба ноҳияи Ховалинг меравад.

Дар Сари Хосор як корхонаи дору сози сохтанд Азим Иброҳим бо додараш Ҳасани ҷарпар дар телевезион гуфтанд зиёда аз 18 ҷои корӣ мешавад. Ба Аллоҳ қасам  руша сиёх мекнад, то хозира ягонкас кор намекунад дар он корхона.

Соли 1986 ва 1987 аз тарафи хукумати Совети ва ҳашарҳои мардуми аз маркази нохия балчувон, то Сари Хосор барқ  бурда шуд дар мудати 36 сол ягон симчуб яъне хамон усталбахо нав кардаги нест, ҳамааш фарсуда шудаги аст.  Ҳатто вақтҳое мешавад, ки усталбаҳо чапа мешавад ва зарар ба говумоли мардум аз он ҷумла хайвонҳои шохдори калон мегардад дар фасли замистон ва бахор дар андак шамол қувваи барқ як ҳафта ду   ҳафта хомӯш мешавад боз мардум ба ҳашар баромада ҳамон симчубхои фарсударо плитапайванд мекнанд. Мо мардуми Сари Хосор аз ҳамин минбари ҳак гӯ ва ҳақҷӯ аз кормандони Ширкати «Барқи Тоҷик»,ки пайваста пул меситонанду тамом ва боз ҳамеша мардум аз ин ширкат қарздоранд ин мушкилоти моро расидагӣ намоянд. Инчунин аз шабакаҳои ширкати Тисел ва Мегафон дархост меунем ки радаҳои мавчдиҳи яъне антенаи “Тисел” ва “Мегафон”, ки дар Сари Хосор мавҷуд аст дар вақти хомӯш шудани барқ мавҷ дар “Тиселу Мегафон” гум мешавад солҳои пеш чунин набуд агар барқ ҳам намебуд  телефонҳо кор мекард . Ин ҳама мусибат ва бе низомӣ пас аз дар гузаштани Рустам Мирзоев ки дар дехаи шаидон нигоҳубини ин дастгоҳи мавҷ пахшкуни бар уҳда дошт ҳаминхел хароб гардид пеш  ҳама хуб буд.

Эшони ҷодугаре,ки  бояд аз ӯ шикоят намоем

Фатҳуддин маълумоти диниро дар пеши кадом мулойе хатм намудааст дар вақти хонданаш  бо духтари пираш номаъқулие мекунад ва хомиладор мешавад.   Устодш аз ин коро бохабар мешавад дили устодш мезанад ва бечора мемирад. Падараш Фатҳуддинро дар синфи 10 умиш зан медиҳад,ки  кадом рӯзе  ради маърака мешавем бо ин бача. Фатҳуддин бошад то ҳол корш фаҳшу фоҳишагӣ аст. Аллоҳ шоҳид аст чандин хонаҳои ободи мардума вайрон кард фарзандони онҳо дар кучаҳо сағера монданд ва инро аксари мардуми Сари Хосор медонанд. Як шахс бо номи Ғуломов Зайнуддин дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ  аз Татаристон як китоби “КАНЗУЛ ҲУСАЙН” мебара бо падари Фатҳуддин нишон медиҳад, ки ман ҳаминхел китоб дорам эшони Заробудин мегӯяд ки ин китоб китоби хуб нест аслан дар ин минтақа ба касе надиҳед ва хонаҳои мардума вайрон накунед бо ин илму ҷодугаритон.  Аммо аз ин вокеъа ки он вақт Фатҳуддин чавон буд ба тағояш эшони Абдуқуддус мегӯяд тоғову ҷиян китобро бо шакле аз он шахс  медузданд ва ё мегиранд муҳим, то ин рӯзҳо  бо ин китоб болои мардум зулм ва ҷодугарӣ доранд. Охир мо ин шикоятҳоро ба куҷо кунем ,чизе мебинем ва хонаи хоҳари маро ва чанд ҳамсояи дигарамонро хароб кардаанд ин афрод.

Боз  дар маъракаҳо мешинад ягон гап аз Худову Расул ва амри маъруф ва наҳи аз мункар намекунад. Коршон танҳо  ба ноз хурдан ва шикамш қаври сагеравори дам. Аллоҳ шоҳид аст ва мардум ҳам ҳама гувоҳ,ки  корш фақат ғайбат дар наъли асп хархел ҳарфҳо менавиштай ва дилгармию хунукӣ пустина ҷанг андохтан,хамир болои об баромадан …ва ана инхел корҳо. Мақомот ҳатто метарсанд аз инҳо. Дар хонай зани дюмш кормандони Шуъбаи Корҳои Дохилии ноҳияи Балҷувон дастгираш карданд боз бо ёрии ном шахс Одинаев Мерганшо ки пеш муовини раиси ноҳияи Балҷувон дар ҷойи  Ҳасан Ҷангӣ буд ба нафақа баромад. Ана ҳамин одам Одинаев Мерганшо дастгирияш кард сарш доданд. Ҳама медонанд,ки бо хоҳари Ятимов Собир, Ф.Я  муносибати маҳрамона дошт, то ҳозира дорад. Боз шарм нокарда дар ҳар куҷо таъриф мекардай ки Ф мегӯяд,ки  барой ту мембрм.  Шавҳари Ф.Я  аз пушти ин фосиқ талоқаш кард. Боз ин  беномуси Собир аз ин корҳо бохабараст гӯйё  чизе намедонад. Ҳатто бисёри вақто баҷои хуроки нисфи рӯзӣ ва шом таштовой пирша мехураду менушад. Боз  Фатҳуддин мегуфтай ба тарафи Собир Ятимов, ки ҳар  духтаре маъқулат шуд номи худша кати номи очаш биёр туғрияй, ҳамихелеш мекунм,ки худаш пешат меояд ва зорат мекунад.  Собир Ятимов ваъдаш кардабдай ки ма тра бобим дар ноҳия хатиб мемонм чанд вақт мегузарад мега чокади Собир чи шид и корой мо, Собир мегӯяд бобой эшон шумо маълумоти олӣ надоред праблема шидестай. Бояд дар Кумитаи дин як одам аст ҳамуна дидан лозим, то кора ҳал кунем.

Фатҳуддин дар нохияи Балҷувон ба зани дюмаша хона бунёд дорад бо дастгирии Собир Ятимов дар чанд ҷо таъриф карда аст, ки фундаменти хонам 7 ҳазор Сомон шуд Собир пулша дод

Боз мехоҳам чанд ҷиноятҳои ин  бо ном “Эшони Фатҳуддин” дар деҳаи Боғи Зоғон Маҳмадиев Сафархуҷаро Атахон мегира ва баъди корҳои фисқу фуҷураш дар хонаи Бобой ин Сафархуҷа хоб мераф як рӯз се гови калон кати Фатҳуддин нопадид мешавад  ва баъд аз як ҳафта “Эшони Фатҳуддин” пайдо мешавад ки  отахонш гов кофта истодааст аз “Эшони Фатҳуддин” бо хохиш мекнад, ки курхат кун ,то говҳомро пайдо кунам. Ин “Эшони Фатҳуддин” боз як ҷодугариҳам доштааст ё метавонем  фоксаш ҳам гӯем. Масалан номи шахси гумонбаршударо дар хамир печонида дар косаи об мепартофтай агар ҳами кора кардаги мешидай хамир блои об мебромадай. Аммо ин корро бечораи гов гум карда мекунад ва хамир боло мебарояд вале коре намекунад. Пас  аз чанд вақт Маҳмадиев Сафархуҷа,ки  сокини Боғи Зоғон говҳои худро аз Нохияи Темурмалик собиқ Совет пайдо мекунад ва шахси говфурӯш мегӯяд, ки  ман ин говхоро аз бачаи Эшони Заробудин аз Сари Хосор харидам. Яъне аз Фатҳуддин. Бар зами ҳамаи ин далелҳо мардум метарсанд шикояте кунанд. Мумкин метарсанд ҷодугар аст мушкиламон мекунад ва ё аз Эшонияш ҳеҷ коре намекунанд инро намефаҳмам ман.

Фатҳуддин чанд вахт дар масҷиди Нохияи Балҷувон муовини хатиб ҳам буд ва мардум аз пушташ намоз ҳам мехонданд. Чихеле мо дар боло зикр кадем Ятимов Собир  барои ҳамин ваъдаш карда будааст,ки хатибат мемонам бобои Эшон.

Ф. Я хоҳари Собир айни хол дар шахри кургонтепа дар Сарбанд муалима кор мекунад ва гоҳ гоҳе дар телфони Эшони Фатҳуддин шот мегузаронад. Агар хато накунам як бор як зан бо дашном дар барномаи “Минбари Муҳоҷир” гап мезад хело монанд ба садои ӯ буд. Аммо ин тахмин аст, чун аз шакли суҳбаташ хело монанди дошт.

Ф. Я хатмкунандаи Донишгоҳи Носири Хусрав дар бахши кампуютер аст  ва тавалудаш 1990 аст. Ҷузъиёти бештари дигар ҳам аз ин зан дар “Ислоҳ” маҳфӯз аст ва ҳоло то ин андозаро кофӣ мешуморем.

Поёни бахши дуввум, идома дорад бо Ислоҳ бошед,то ончи таҳқиқ менамоем тақдиматон намоем.

Ps: Навоҳии дурдасти кишвар хело ҳолати бади маъишӣ ва аз ҳама ҷониб мавриди ғорат қарор мегиранд. Чуноне бо сокинони Сари Хосор суҳбатҳо намудем дар бадтарин ҳолат қарор доранд. Пас аз нашри барномаи аввали “Сари Хосор”https://isloh.net/sari-hosor-zeri-zulmi-oilai-vaziri-naqliyot-va-vkd/ ҳатто дар масҷиди ҷомеъ мақомот аз минбари масҷид эълон намуданд:

” касе аз намозгузорони ин масҷиди ҷомеъ ба “Ислоҳ” маълумотҳоро расонидааст нисбати Азим Иброҳим ва бародараш Ҳасани Ҷангӣ. То он рӯзе мо он шахсро пайдо накунем дигар дари масҷиди ҷумъахониро мебандем. Агар хоҳед намози ҷумъа хонед ба хубӣ он шахсро ба мо супоред.”

Аммо бе хабар аз ин,ки маълумотҳо аз афроде мерасанд,ки …. Фаромӯш накунед золимони мақомдор,ки агар шумо ба мардум зулм накунед ва ҳолати маъишии онҳоро хуб намоед ва ҷинояткоронро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашед касе шикоят намекунад. Аммо дигар он рӯзгорони таҳдид ва зургӯйи гузашт. Мардум бо “Ислоҳ” ҳастанд ва “Ислоҳ” бо мардуми мазлум ва ранҷкашида ҳаст. Ҳар золиме зулм кард ному аксашро бо шарҳи ҳол ва ҷинояти анҷомдодааш бидуни ҳеҷ тараддуде нашр хоҳем кард. Беҳтараш бо мардум бошед ва хидмат кунед. Ё чуноне “Пешво”ятон мегӯяд : “ кор када наметонен ҷора холӣ кунед!”

Мардуми шарифу бо иззати Сари Хосор нависед ҳар зулмеро мебинед, фарқ надорад ӯ кӣ ҳаст ва чӣ мақому мансабе дорад. Ҳатман дарди шумо шикояти шумо расонаӣ мешавад. Бахшиши хело зиёд,ки якуним моҳ мешавад ин матлаб дар мо буд ва имрӯз навбати нашри он расид.

Share This Article