Сари Имом Ҳусайн (р) дар Миср аст ё Карбало ва ё  Мадина?

Ислоҳ нет

(бахши дуввум )

Дар матлаби аввал каме аз муаррифии Имом Ҳусайн (р) ва то расидани хонаводаи эшон ба Мадина гуфтем. Дар ин матлаб мепардозем ба баъзе ҳолоти таърихӣ дӯстдорони ИМом Ҳусайн (р) ва ҳатто онҳое бад мебинанд Имомро. Инчунин баъзе амалҳое дар рӯзи Ошуро анҷом мешавад. Дар охир дар масалаи макони дафн шавии сари Имом Ҳусайн (р) ки сари муборак дар куҷо ба хок супорида шудааст.

Ёздаҳум: Масъулияти кушташавии Имом Ҳусайн (р) бар души кист?

   Масъулияти қатли Ҳусайн бар души чанд тараф аст, аз он ҷумла:

1-Аҳли Куфа:          

 Аҳолии Куфа касоне буданд, ки дар ҳоли дар Мадина иқомат доштани Имом Ҳусайн (р) ба ў номаҳои зиёде навишта намояндагонашро фиристода аз ў талаб намуданд то ба Куфа ҳозир шавад ҳамаи мардум тарафдори ў ва роҳбариву пешво будани ў ҳастанд то дар Якҷояги ва роҳбарии Шумо пеши роҳи фасоду мункаро бигирем. Имом Ҳусайн дар ҷавоби номаҳои онҳо бо вуҷуди таҳзироти Саҳоба суи Куфа равон  шуд. Чун ибни Зиёд воли Куфа шуд ҳама аз ҷонибдории Ҳусайн даст кашида ба сафи артиши ибни Зиёди лаъин пайвастанд ва ҳатто нагузоштанд, ки Имом Ҳусайн ба Мадина ё дигар манотиқ бозпас гардад.[i] Умми Салама гуяд: Аҳли Куфа Ҳусайнро ба қатл расониданд. Худованд онҳоро қатл кунад. Ўро ба кумаки худ фиреб доданд лаънати Худо бар ишон бод.[ii]

Дар се ҳолат хиёнати аҳли Куфа машҳур аст:

  1. Баъд аз кушташавии Алӣ (р) бо Ҳасан (р) байъат намуда дар саботи Мадоин ба ў хиёнат карда зарбае ба рони пояш Синони Уъқуъфи зад.
    1. Хиёнати ишон ба Ҳусайн (р) дар карбало.
    1. Хиёнати ишон ба Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн. Байъаташонро нақс карда чун задухурд шадид шуд ўро ба душман таслим намуданд.[iii]

Масъулияти асоси дар гардани аҳли Куфа ҳаст, ки буздили карда паймон шикастанд.

2- Убайдуллоҳ ибни Зиёд:

Ибни Зиёди лаъин ва пастфитрат бо мухолифони Язид муъомилаи сахт менамуд. Чун Муслим ибни Ақил ва Ҳони ибни Урваро ба қатл расонид Язид ин иқдоми ўро ситоиш намуд ва сабаби он шуд, ки хунхорию зулму ситами ўро даҳчанд намуд, вагарна ў метавонист пешниҳоди Шамр ибни зилҷавшанро радд намуда ўро сарзаниш намояд ва пешниҳоди сулҳомези Имом Ҳусайнро бипазирад. Пастфитратоне мисли ибни Зиёд ва Шамр чун эътибору обруи некукореро мушоҳида намоянд ҳиқду ҳасад дар ботини ишон аланга мезанад ва бо ҳар роҳ мехоҳанд ўро аз мақому манзалаташ поин орад. Ин буд, ки Ҳусайн (р) даст додан ба ибни Зиёди пастфитратро рад намуд, зеро нафси поки ў чунин корро раво намедид.[iv]

Ибни Зиёди лаъин ба саҳобагони киром низ эҳтиром қоил набуд.[v] Бар Вай воҷиб буд, ки пешниҳоди Имом Ҳусайнро бипазирад. Хусусан дар ҳоле, ки ў сўи Куфа намерафт.[vi]

Масъулияти асоси дар ин куштор дар гардани ибни Зиёд, зеро тароҳи ин амал ў буд ва пешниҳодоти Имом Ҳусайнро ў рад кард. Торих ин амали ӯро маҳкум карда худи ўро ба хунхорию бадбахти ва пастфитрати мавсуф донистааст[vii]. Имом Заҳаби дар охири тарҷумаи Убайдуллоҳ гуфтааст: Шиъаҳо ба Убайдуллоҳ ва атрофиёни ў лаън мегуянд. Мо нисбати ишон филлоҳ нафрат дорем. Ва аз ӯ безори меҷуем ва лаънашон намегуем ва ба Худованд амрашонро месупорем.[viii]

  • Умар ибни Саъд ибни Абиваққос сарлашкари ибни Зиёд:

Яке аз масъулини қатли Ҳусайн Умар ибни Саъд, сарлашкари ибни Зиёд мебошад. Бадтарин писаре барои беҳтарин падар. Ишон метавонистанд аз ин кор даст кашанд ва ё ба ҷониби Ҳусайн(р)  гузоранд мисли Ҳур ибни Язид, ки бо Ҳусайн пайваст ва ба шаҳодат расид.[ix] Умар ибни Саъд дар ибтидо пешниҳоди ибни Зиёди лаъинро барои набард бо Ҳусайн  напазируфт ва чун зери фишор қарор гирифт, вақт барои маслиҳат пурсид. Гарчанде мардум ба вай маслиҳатҳои муфид доданд, лекин муҳаббати дунёву мансаб, ўро ки имони заъиф дошт, ба роҳи зишт бурд ва аз роҳи охират дур сохт.[x]

4- Язид ибни Муъовия:

Язид дар зоҳир қатли Имом Ҳусайнро маҳкум карда кушиш намуда то ўро аз хориҷ шудан суи Куфа боздорад. Ў барои ин номае ба ибни Аббос фиристода то Имом Ҳусайнро аз хориҷ шудан боз дорад. Ҳамчунин ҳине ки сари Имом Ҳусайнро наздаш гузоштанд ибни Зиёдро лаънат гуфтаву изҳор намудааст: бидуни қатли Ҳусайн ман аз итоъати шумо рози будам.[xi].  Ин нороҳатию пушаймонии Язид  масъулиятро аз душаш албатта дур намекунад, зеро ў қодир буд то фармони кушта нашудани Ҳусайнро барорад. Бо ин фармон ў метавонист силаи раҳм ва қаробати ў бо Расулуллоҳ (с) ва маконати худро дар назди мусалмонон ҳифз намояд.[xii]

Ба ҳар ҳол масъулияти қатли Ҳусайн дар гардани Язид аст, зеро дар хилофати ў ва манотиқе кушта шудааст, ки зери сайтараи артиши ўст. Амирулмўъминин Умар (р) мегуфт: Масъулияти маркаберо, ки дар Шом ё Ироқ пояш ба сабаби ноҳамвор будани роҳ озор меёбад, дар нафси худ ҳис мекунам. Пас чигуна хоҳад буд агар қотилон худ артиши халифа бошад!?[xiii]

Қатли Имом Ҳусайн нишонаи ор ва нуқтаи сиёҳе дар аҳди Язид ибни Муъовия ибни Абусуфён , то абад боқи хоҳад монд.

Дувоздаҳум: Суханони мардум дар бораи Язид, оё лаънат гуфтани ў ҷоиз аст?:

Мардум дар мавзуъи лаън гуфтани Язид бе се гурўҳ ҷудо шудаанд: Яке аз ин тарафҳо эътиқод бар куфру нифоқи Язид доранд, зеро  ў дар қатли набераи Паёмбар (с) саъй намуда бо ин роҳ қасоси гузаштагонашро ки дар Бадр ба қатл расиданд гирифтааст.

Тарафи дуввум бар ин боваранд, ки ў марди солеҳ ва имоми одил ва яке аз саҳобагон буда ки дар аҳди Паёмбар (с) таваллуд шуда Паёмбар (с) ўро болои дастонаш гузошта табаррук кардааст. Баъзе аз ин гурўҳ шояд ўро бартар аз Абубаку Умар (р) донистаанд.

Ҳардуи оро (фикрҳо) ботиланд назди касе ки камтарин ҳиссе аз ақлу илм ва огоҳи аз сирати гузаштагон дорад. Биноан ин афкор ба касе аз аҳли илм ва ақлу тадбир нисбат дода намешавад.[xiv]

Тарафи саввум чунин мепиндоранд, ки ў шоҳе аз  шоҳони мусалмон буда, ки корҳои нек ва зишт дораду кофир набудааст, лекин аз дасти ў ҳодисаҳое мисли қатли Имом  Ҳусайн ва воқеъаи «Ҳарра» ба вуқуъ пайваста аст. Ў аз зумраи саҳобагон набуда. Ин ақидаи оммаи аҳли илму ақл ва Аҳли суннату ҷамоъат аст.

Баъд аз он ин тоифа ба се гурўҳ ҷудо мешаванд; гурўҳе лаънаташ мехонад, гурўҳе дўстдори ў ҳастанд ва гурўҳе на лаънаташ мехонаду на дўсташ медоранд ва бар ин боваранд имом Аҳмад ва асҳоби ў.

Абумуҳаммади Мақдисиро чун аз Язид пурсиданд гуфт: Ончи ба мо расида ин аст, ки на лаън гуфта мешавад ва на дўст дошта мешавад. Инчунин ибни Таймия низ бар ҳамин ақидааст. Ин боадолаттарин суханон дар бораи Язид ва амсоли ўст. Аммо тарки лаъну дашноми ў бинобар он аст фисқи ў, ки тақозои лаънаш бошад собит нашудааст, ё бинобар он ки фосиқи муъайян ба хусуси худаш лаън гуфта намешавад ё аз рӯи таҳрим ва ё аз рӯи танзиҳ. Дар саҳеҳи Бухорӣ дар қиссаи хамморе, ки аз ў такрори нӯшидани шароб собит шуда, аз Умар(р) собит шудааст, чун баъзе саҳобагон лаънаш гуфтанд Паёмбар (с) фармуд: «Ўро лаънат нагуед, зеро ў Худо ва расулашро дўст медорад».[xv] Инчунин фармуд: «Лаъни мўъмин мисли қатли ўст».[xvi] Ин дар ҳолест, ки лаън  гуфтани «шориби Хамр» арақнуш умуман собит шудааст, пас ба ин далел шахси муайянеро аз асҳоби дўзах гуфта шаҳодат дода наметавонем,[xvii] зеро аз роҳи касрати ҳасаноти маҳвкунандаи гуноҳ, шафоъати мақбул ва ғ, метавонад аз гуноҳаш барии гардад.

Барои тарки муҳаббат нисбат ба Язид ва ё баръакс муҳаббати ў ҳар як тоифа далели ақлию нақши худро дорад. Касоне ки тарки муҳаббати Язидро бовар доранд мегуянд: Амалҳои нек аз ў сар назадааст то боъиси муҳаббаташ гардад, пас ў яке аз шоҳони мусаллат аст, ки муҳаббати ишон ғайри машруъ аст. Дуввум инки ў даст ба қатл ва фисқзада аст, мисли қазия Имом Ҳусайн ва аҳли «Ҳарра».[xviii]

Аммо касоне ки даъвои муҳаббати Язидро доранд ба ду маъхаз такя доранд: яке ин ки ў мусалмон аст, умури мусалмононро ба душ гирифт, он ҳам дар аҳди саҳоба ва хислатҳои хубе низ дошт. Эшон нисбати ҳодисоте, ки дар аҳди ў рух додааст онро таъвил карда ўро дар он умур (аҳли Ҳарра) муҷтаҳид мешуморанд, ки хато карда ва ё ин ки аҳли Ҳарра байъатро шикастанд. Аммо нисбати қатли Имом Ҳусайн Язид ба он амр накарда ва онро маҳкум намуд ва инчунин қотилонашро.

Дуввум ин ки дар саҳеҳи Бухори собит аз ибни Умар шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Аввалин артише, ки шаҳри Константинополро «ғазв» мекунад, яъне барои ишғоли он меҷангад»-мағфират шудагонанд».[xix]

Таҳқиқи ин ду сухан инро нишон медиҳад, ки иҷтиҳод дар он ҷоиз аст, ва назди мо[xx] ҷамъ шудани ситоиш ва мазаммат дар як шахс имконпазир аст ва барои ў дуъои нек ва дуъои бад мешавад ба эътибори ду ҷониб. Аҳли суннат ва ҷамоъат бар ин ақидаанд, ки фосиқони миллат (яъне ислом) дар дўзах ба эътибори гуноҳашон ҷазо дода боз дохили ҷаннат мешавад, пас дар ишон савобу иқоб ҷамъ мешавад. Аммо хавориҷ ва муътазила инро инкор мекунанд. Яъне тибқи эътиқоди онҳо дар як шахс ҳам савоб ва ҳам иқоб ҷамъ намешавад.[xxi]

Бояд донист, ки лаън гуфтани Язид баъд аз барпошавии давлати Аббосиҳо ва пайдошавии фурсат барои таъни умавиҳо интишор ёфт.[xxii] Аммо ҳадиси Паёмбар (с) «Ло язолу ҳозо  амру уммати қоиман бил қист, ҳатто юсалимуҳу раҷулун мин бани Умайя юқолу лаҳу Язид»,ҳадиси заъиф зеро дар он бештар аз як иллат вуҷуд дорад.

  1. Заъиф будани санад.
    1. Инқитоъ байни ровиҳо Макҳул ва Абиубайда, зеро ҳамдигаро надидаанд.[xxiii]

Ибни Касир оиди аҳодиси зиёде, ки дар бораи мазамати Язид омадааст сухан гуфта ҳамаи онро ҳадисҳои бофта ва беасос гуфтааст.[xxiv]

Сездаҳум: барҳазар доштан аз афсонаҳое, ки дар бораи кушташавии Имом Ҳусайн (р) вуҷуд дорад:

Шиъаён дар нақли хабарҳои ин ҳодиса муболиғаи зиёд кардаанд ва китобҳои торихро аз ҳодисаҳои аҷиб пур кардаанд. Гуфтаанд: баъд аз кушташавии Ҳусайн (р) уфуқи осмон сурх шуда аз зери сангҳо хун ҷушидааст, ҷинҳо нола кардаанд ва ғайра аз хаёлҳое, ки ақлҳои онҳо сохтаанд ва то имрўз такрор мекунанд, то он ҳодисаро бузург нишон диҳанд аз ҳисоби дигар ҳодисаҳо[xxv]ва чашми мардумро кур созанд.[xxvi]

-Интиқоми Худованд аз қотилони Ҳусайн:

Аммо ончи фитнаву мусибатҳое, ки нисбати мубтало шудани қотилони Ҳусайн ривоят шуда бештари он дуруст аст. Кам касе аз ишон наҷот ёфт, боқи ҳама дар ин дунё мубтало ба бемориҳо шуданд. Аксари ишон мубтало ба ҷунун девонагӣ шуданд. Метавонем барои ҳар кадоми ин қотилон,кич и гӯна сарнавишти бадеро мубтало шудаанд биёварем,ки ҳар кадом сар бурида ва бо хорӣ кушта шудаанд. (агар фурсат пайдо кардам дар мавриди ҳар нафарашон ва ба чи сарнавиште дучор шуданд хоҳам навишт) Аммо боз ҳам шиъаён дар ин масала Ҳусайн музахрафоти зиёду ахбори тулоние овардаанд ва ончи овардем басанда аст.

Муҳимтарин фоида ва панду андарзҳо

Аввал: Рўзи Ошуро:

Ин рўзи даҳуми моҳи Муҳарам аст, ки бидъатҳои зиёдеро дар онрўз пайдо намуданд ва ду тоифа ба сабаби ифроту тафрит дар он ҳалок гардидаанд, яке он рўзро рўзи хурсанди ва дигаре рўзи мотам барои худ қарор додаанд.[xxvii]

Шиъаҳо рўзи кушташавии Имом Ҳусайнро мотам эълон намуда дар он «ғулув», намуда, яъне аз ҳадди муайян гузаштаанд, ки то имрӯз идома дорад. Ишон барои нолаву ҳузну мотам дар ин рӯз аҷру савоб мураттаб сохта чунин амали онрузро сабаби мағфирати гуноҳон ва хатоҳо мешуморанд.[xxviii]

Туси дар «Амоли» аз Ризо дар ин боб ривоят овардааст.[xxix] Инчунин Абиамораи Куфӣ аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад ривоят мекунад: Шахсе ашки чашмаш барои хуни рехтаи мо ё номуси аз даст рафтаи мо резад Худованд ўро сокини ҷаннат гардонад.[xxx]

Маҷлисӣ дар ин бора боберо махсус гардонидааст, ки дар он одоби мотам дар рӯзи Ошуроро оварда бештар 38-ривоят баён намудааст.[xxxi] Онҳо иддаъо кардаанд, ки замину осмон ва соири махлуқот рӯзи қатли Имом  Ҳусайн нолаву гиря намудаанд.[xxxii] Ба ин иктифо накарда рӯзаи Ошуроро ҳаром эълон дошта, шахси рӯзагирро дар он рӯз душмани аҳли байт эълон доштаанд.[xxxiii] Ишон рӯзи душанберо рӯзи наҳсу бебаракат мешуморанд, зеро дар он рӯз Паёмбар (с) фавтида ва ҳар балое ба оли Муҳаммад омада дар ҳамин рӯз омад биноан он рӯзро баракат донистан ва руза гирифтан ҷоиз нест. Аммо ба пиндори ишон он рӯзро ид мекунанд.[xxxiv] Дурўғу ривоятҳои бофта дар ин боб хеле зиёд аст. Ҳаргоҳе, ки давлати шиъаён қуввату шавкат пайдо кунад, ин мотаму ҳузну нолакуниҳо зоҳиртару возеҳтар мегардад. Ҳамчуноне, ки дар замони давлати бани Бобавайҳи шиъа ва фотимиҳо буд.[xxxv]

Яке аз дигар амалҳое ки дар он рўз анҷом медиҳанд ин баромадан ба кучаҳо ва руйканиву муйкани  ва бо занҷир ба китфу пушти худ задан аст ба андозае, ки хун ҷори мешавад.[xxxvi]

Ибни Касир ин амалро хориҷ шудан аз ҳудуди Илоҳи медонад. Онҳо дар он рӯз аз ҳамаи амалҳои рӯзмара даст кашида ҳамон шаб об наменушанд, зеро Имом Ҳусайн ташна ба шаҳодат расид. Уламои шиъа берун шудан ба кучаҳову ба рўи задану занҷир заданро то ҳадде ки зарараш маълум бошад ҷоиз шуморидаанд, ҳатто пушидани мардон либоси занонро раво дидаанд, агар дар рафти мотам тақозои он шавад.[xxxvii]

Ба ин иктифо накарда Руҳуллоҳ Ҳумайнӣ мегуяд: Нола кардан барои сайиди шуҳадо ва барпо доштани маҷлисҳои Ҳусайни василаҳои будаанд, ки 14-аср боз исломро ҳифз намуда аст![xxxviii]

Кадом вақт гиряву нола даъват будааст? Ва кадом замон оҳу фиғон ҷиҳод будааст? Ин эътиқоди шиъаҳои имомӣ ва дар мақтали Ҳусайн ва рўзи Ошурост, пас оё ин амал дар ислом вуҷуд дорад?! Ҳусайн (р) аз ин гуна амалҳо безор аст, зеро дине ки ҷадди ў таълим дода ин афъолро ҷоиз намешуморад. Паёмбар (с) фармуда аст: «Нест аз мо касе ки ба рӯи худ мезанаду либос медаррад ва ба даъвоҳои замони ҷоҳилият мехонад».[xxxix] Боз мефармояд: «Ман безорам аз касе ки ҳини мусибат нидои баланд мекунад, касе ки муйи сар метарошад ва касе ки либоси худ медарад»[xl]

Илова бар ин он амалҳои мункаре ки дар Ҳусайнияҳо мешавад аз ҷониби уламои шиъа дар масодири қадима маҳкум ва манъ шудаанд.[xli] Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Бобовайҳ ки назди Шиъаҳо лақаби садуқро дорад аз аҳодиси Паёмбар (с) овардааст: «Нола кардан аз амалҳои ҷоҳилият аст».[xlii] Ингуна аъмол аз ҷониби Алӣ (р.)[xliii] ва аз ҷониби имомони шиъа мисли имом Боқир[xliv] ва Ҳасан  Муғния[xlv] низ ҳаром эълон шудааст. Дини мубини ислом одоби мусибатро ба мо таълим додааст ва мақтали Ҳусайн (р) мусибати бузургест. Аз ҷумлаи ин одоб:

1- Сабр бар мусибат:

Аз ҳамаи одоб ин бузургтар аст. Сабр бар мусибат яъне ҳабси қалб аз афкори бад, ҳабси забон аз шикоят ва ҳабси аъзо аз амлҳое, ки сабаби ғазаби илоҳи мебошанд. Месазад, ки ин сабр ҳангоми шунидани мусибат бошад, зеро Паёмбар (с) мефармояд: «Сабр ҳангоми садамаи аввалааст»[xlvi]

2- Бо умеди аҷр будан дар ивази сабр:

Пас месазад, ки дар ивази сабр аҷру савобро аз даргоҳи Илоҳи интизор дошта бошад. Инсон сабр мекунад, зеро Худованд фармудааст: агар шахси наздикеро аз даст дода бошад. Фармудаи Паёмбар (с)-ро ба ёд меорад: «Худованд мефармояд: Чун аз бандаи мўъминам  шахси азизеро дур мекунам ва ў сабр карда аҷр металабад барояш ягона ҷазои нек ҷаннат хоҳам дод».[xlvii] Ин ба шартест, ки сабри ў ба хотири ризои Худо бошад.[xlviii]

3- Истирҷо ва дуъои мусибат:

Ҳангоми расидани мусибат инсон бояд бигуяд: «Инно лиллоҳ ва инно алайҳи роҷиъун, эй бори Худоё дар ин мусибатам маро аҷр бидеҳ ва ҷонишини беҳтаре аз он бароям насиб намо».

          Сухани Худо:  

“Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсон дар зироот меозмоем. Ва сабркунандагонро хушхабар деҳ. Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: «Мо аз они Худо ҳастем ва ба назди Ӯ бозмегардем».

Салавот ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки ҳидоятёфтагонанд.”

(Сураи Бақара, оятҳои 155-157)

Паёмбар (с) фармудааст: «Касеро ташвишу ғам, сахтию маразе расад» Пас гуяд: Аллоҳ парвардигори ман аст нест шарике мар ўро, Худованд ончиро ба ў расида аз ў дур созад.[xlix] Дуъоҳои зиёде дар суннат барои мусибатзада ворид шудаанд.

    4-Парҳез намудан аз ҳар ончи ғазаби Худовандро меорад:

Монанди бо овози баланд сухани зишт ҳангоми мусибат гуфтан, ба рую муй задан ва амсоли ин, ки хилофи адаби сабру аҷр аст.[l]

5- Ночиз шуморидани мусибат бар худ бо ёдовардани вафоти Муҳаммад (с):

Чунки вафоти он ҳазрат (с) ва қатъ гардидани ваҳй бузургтарин мусибат барои уммат буд ва бо ёд овардани мусибати бузург таъсири мусибати кучак осон мегардад. Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳаргоҳе яке аз шуморо мусибате мерасад, пас бо ёд овардани ман мусибаташро осон намояд, зеро аз бузургтарин мусибатҳост.[li]».

6- Мушоҳидаи неъмат дар мусибат:

Аз одобе, ки мусалмон бояд ҳангоми мусибат риъоя кунад ин мушоҳидаи неъмат ҳангоми мусибат аст. Агарчи қатли Имом Ҳусайн (р) хеле мусибати бузург буд, лекин барои ў хайр буд, зеро ў ба дараҷаи шаҳодат расид монанди дигар ақорибаш. Манзилатҳои оли танҳо бо балову имтиҳоноти бузург ба даст меоянд. Паёмбар (с) чун пурсида шуд: Кадоме аз мардум бисёртар гирифтори мусибату бало ҳастанд? Фармуд: «Паёмбарон (а) баъд аз он солеҳон баъд ҳаммонанди ишон, ҳар кас ба қадри диндорияш битило мешавад, агар дар динаш устувори бошад бало бештар бошад, дар акси ҳол осон карда шавад. Бало бар мўъмин хоҳад буд то ин ки ў аз гуноҳ пок гардад.[lii]»

7-Ба ёд овардани қазои рафта:

Ҳар мусалмон  ҳангоми мусибат яқин дошта бошад, ки ҳар чӣ бар ў расида муқаддар аз ҷониби Худо аз рўзи азал аст ва ҷои фирор аз он нест, мусибат барояш осон мегардад.

Сухани Худо:

“Ҳар мусибате ба мол ё ба ҷонатон расад албатта пеш аз он ки биёфаринемаш, дар китобе навишта шудааст. Ва ин бар Худо осон аст! То бар он чӣ аз дастатон меравад, андӯҳгин набошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. Ва Худо ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад.”

(Сураи Ҳадид, оятҳои 22-23)

8-Мавқеъи ибни Таймия ва ибни Касир нисбати ончи Шиъаҳо рўзи ошуро анҷом  медиҳанд:

1- Ибни Таймия гуяд: Ба сабаби  қатли Ҳусайн шайтон ду бидъатро барои мардум овард: Бидъати нолаву гиря, лату куб бар рў дигар аъзо ва ташна нишастану марсияхон ва дигар дашноми салафи солеҳ ва лаънат  гуфтан бар ишон ва дохил кардани афроди бегуноҳ дар ин қазия. Чун ахбори кушташавии  Имом Ҳусайнро мехони бештари он дурўғ аст ва касе ки қасди ин гуна аъмоли мункарро мекунад мехоҳад дари фитнаву тафриқаро байни уммат боз намояд. Ин амалҳои рўзи Ошуро ба иттифоқи мусалмонон на воҷиб аст на мустаҳаб, балки барои мусибатҳои қадим гиряву нола кардан аз бузургтарин амалҳои ҳаром аст ки Худованд аз он манъ  намудааст.[liii]

Ончи Худованд амр намудааст, ҳангоми мусибат ин сабр асту умеди аҷр. Ончи ҷоҳилону гумроҳон дар рўзи Ошуро анҷом медиҳанд натиҷааш фитнаандози байни мусалмонон, дашноми гузаштагон ва паҳн намудани дурўғу фитна  дар дунёст.[liv]

2- Ибни Касир мегуяд: Ҳар як мусалмон бояд аз ончи бар Ҳусайн (р) гузашт андуҳгин бошад, зеро ў аз зумраи донишмандон ва писари духтари Паёмбар (с) буд, лекин ончи Шиъаҳо мекунанд аз изҳори ҳузну оҳу нола хуб нест ва шояд бештари он худнишондиҳи ва сохтакори бошад. Падари Ҳусайн беҳтар аз ў буд, лекин рўзи кушташавиашро мотам намегиранд. Инчунин Усмон (р) ва Умар ибни Хаттоб (р) беҳтар аз ишон буданд. Паёмбар (с) низ беҳтар аз он ҳама аст, лекин рўзи вафоташро мотам нагирифтанд ва чизе зикр накарданд, мисли гирифтани офтобу моҳ сурхшавии уфуқи осмон, нолаи ҷинҳо ва ғ.

Беҳтарин чизе, ки ҳангоми чунин мусибатҳо гуфта мешавад[lv] ончи дар ривояти Ҳусайн (р) аз ҷаддаш Паёмбар (с) омадааст, ки мефармояд: «Ҳар мусалмонеро, ки мусибате мерасад ва онро ёдовар мешавад, гарчанде аз он муддатҳо гузошта бошад ва онро бо дуъои Инно лиллоҳ…..-зикр мекунад Худованд он аҷреро ки рўзи расидани ҳамон мусибат ба ў додааст хоҳад дод»[lvi]

9-Касоне ки Ошуроро ид мегиранд:

Гурўҳе бо номи носибиҳо ки адовату душмании худро нисбат ба Алӣ ва оли ў аз ҷумла Ҳусайн эълон доштаанд рўзи Ошуроро барои худ ид ва рӯзи фароҳу сурур қарор додаанд, ки ин инҳирофу залолату гумроҳии ошкор аст.[lvii]

Шиъаҳо ки Ошуроро рӯзи мотаму андуҳ қарор додаанд тоифаи дигаре онро рӯзи иду хурсанди эълон кардаанд ва таъомҳои хубу либоси зиннатию монанди он дар ин рӯз анҷом медиҳанд, ки он бидъат ва гумроҳии ошкор аст.

Аҳодиси зиёде бофтаву беасос дар ин бора ривоят шудааст, азон ҷумла:

  1. Касе рузи Ошуро нафақаи аёлашро васеъ кунад Худованд барои ў васеъ мекунад.[lviii]
    1. Пайдо намудани намози махсус дар шабу рӯзи Ошуро.[lix]

Ва дигар бидъатҳое, ки дар он рӯз пайдо кардаанд ва ҳеҷ  асле дар дин надоранд.[lx]

Аз шайхул ислом, оиди ончи мардум дар рўзи Ошуро анҷом медиҳанд, пурсиданд, баъд аз ҳамду санои Худо баён дошт, ки ончӣ мардум дар ин рўз анҷом медиҳанд дар аҳодиси саҳеҳи Паёмбар (с) ва на аз асҳоби Ў (с) собит нашудааст. Ин бидъатҳо дар рўзи Ошуро ба он хотир пайдо шудаанд, ки дар Куфа он айём ду тоифа вуҷуд дошт, ки яке рофизиҳо ки нисбати оли байт муҳаббат доштанд ва ишон дар ҳақиқат мулҳидин ва зиндиқҳо буданд ва ё ҷоҳилон ва асҳоби ҳавову ҳавас буданд. Тоифаи дуввум носибиҳо ҳастанд, ки Алӣ (р.) ва асҳоби ўро бад мебинанд ба сабаби он куштору задухурдҳое, ки дар замони фитна ба вуқуъ пайваст.[lxi] Чун асабият байни ин ду тоифа пайдо шуд ингуна бидъатҳо низ дар асари он дар ин руз зуҳур намуд. Тоифае осори иду суруру фараҳ ва тоифаи дигар ососри мотаму ғаму андуҳ дар он рӯз эълон намуданд, ки ҳарду навъ ботиланд.[lxii]

10- Роҳнамойи Паёмбар (с) дар рўзи Ошуро:

Рўзи Ошуро аз рузҳои некест, ки Паёмбар (с) ба рӯза гирифтани он ташҷеъ намудааст: «Се рӯзи ҳар моҳ ва рамазон то рамазон ин ҳамаи даҳр аст ва рӯзаи арафа аз Худо умед аст, ки гуноҳони соли гузашта ва соли ояндаро мағфират кунад ва рӯзаи Ошуро умед аст гуноҳони соли гузаштаро меомурзад».[lxiii] Ибни Аббос ривоят мекунад, ки чун Паёмбар (с) ба Мадина омад дид, ки яҳудиҳо рўзи Ошуроро рӯза медоранд ва ҳине ки аз сабабш пурсиданд гуфтанд: Ин рӯзест, ки Худованд дар он рӯз бани Исроилро аз душманаш озод намуд, пас Мусо он рӯзро рӯза гирифтанд ва ба рӯзаи он амр намуданд.

Аҳодис дар ин боб хеле зиёд аст ва мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат байни ифроту тафрит аст.

Дуввум: Таҳқиқи макони сари Ҳусайн (р):

Сабаби ихтилоф дар мавзеъи сари Имом Ҳусайн (р) байни оммаи мардум он аст, ки мазору зиёратгоҳҳои зиёде дар диёри мусалмонон дар замони тахаллуфи фикрию ақидати пайдо шудааст ва ҳар яки он даъво мекунад, ки сари Имом Ҳусайн он ҷо мадфун аст. Сабаби дуввум ин набудани маълумоти дақиқ дар бораи маконест, ки сари Имом Ҳусайн он ҷо дафн шудааст. Ин аст, ки ҳар гурўҳе барои собит намудани фикри худ далелҳо меоранд.

Барои таҳқиқ намудани макони сари Имом Ҳусайн лозим аст, ки вуҷуди онро  баъд аз набарди Карбало пайгири намоем.[lxiv]

Собит шудааст, ки сари Имом Ҳусайн ба назди ибни Зиёд оварда шуд ва ў бо чуби дасти худ ба он зад ва Анас ибни Молик, ки он ҷо ҳозир буд гуфт: Аз ҳама диди ба Паёмбар (с) ў бештар монанд буд[lxv]. Баъд аз ин ривоятҳо оиди куҷо шудани сари Имом  Ҳусайн зидду ноқизанд. Ривоятҳое вуҷуд дорад, ки ибни Зиёд сари Ҳусайнро ба Язид фиристода ва Язид бо чуб ба он задааст ва ин амали ўро Абибарзаи Аслами маҳкум кардааст, лекин ин ривоят заъиф аст[lxvi].

Ибни Таймия бар заъиф будани ин ривоят чунин далел овардааст, ки он саҳобагоне, ки муъомилаи Язидро бо сари Имом Ҳусайн инкор кардаанд на дар Шом, балки дар Ироқ буданд[lxvii]. Далели дигар ин аст ин ривоят хилофи ривоятҳои саҳеҳест, ки ҳусни муъомилаи Язидро бо оли Ҳусайн (р) собит менамояд.[lxviii] Ибни Таймия гуяд: Сари Ҳусайнро назди ибни Зиёд оварданд ва ў бо чуби дасташ онро зад ҳамчуноне, ки дар саҳеҳ омадааст[lxix], аммо ҳозир кардани он назди Язид ботил аст ва санади он мунқатиъ аст.[lxx] Аммо ибни Касир ихтилофи ривоятҳоро оиди ҳозир кардани сари Имом Ҳусайн назди Язид баён дошта ривоятеро, ки ҳузури онро ба назди Язид баён мекунад тарҷеҳ медиҳад[lxxi]. Заҳаби низ чунин ақида дорад[lxxii].

Овардаанд, ки сари Ҳусайн дар шаш диёр, яъне шахҳр дафн шудааст:

  • Димишқ: Байҳақи дар «Маҳосину Масови» овардааст, ки Язид сарро  амр намудааст, то шуста кафан намуда гуронанд ва хаймае болои он зада 50-мардро барои он муваккал сохтааст.[lxxiii] Ибни Асокир низ оиди сари Имом Ҳусайн ва вуҷуди он дар Шом ривоятҳоеро овардааст, ки маҷҳуланд,[lxxiv] биноан ба онҳо эътимод карда намешавад[lxxv]. Заҳаби бо исноди худ аз Абиқурайб овардааст, ки гуё ў ҳини буданаш дар Шом аз дарвозаи тумо хориҷ шуда сареро дидааст, ки дар он нивиштаҷоте буда: «Ин сари Ҳусайн ибни Алист». Пас дарҳол онро дар ҷояш дафн намудааст[lxxvi]. Ин ривоят хеле заъиф аст[lxxvii]. Аз дигар тараф нигоҳ доштани он сар барои Язид чӣ фоидае дорад?[lxxviii].
    • Карбало: Ҷуз  шиъаҳои имоми касе бовар ба он надорад, ки сари Ҳусайн дар Карбало бошад. Ишон мегуянд сарро баъд аз чиҳил рўз баргардонида ба ҷониби ҷасади Ҳусайн (р) гуронидаанд[lxxix]. Он рўз байни ишон ба зиёрати чиҳил маъруф аст. Онҳо барои исботи ин даъвояшон далеле надоранд ва Абунаъим Фазл ибни Дакин даъвои ононеро, ки қабри Ҳусайнро медонем гуфтаанд инкор намудааст.[lxxx] Ибни Ҷарир ва дигарон зикр кардаанд, ки асари қабри Ҳусайнро нобуд сохтаанд, то касе аз он огоҳ нашавад[lxxxi].
    • Ар-риққа: Танҳо Сибт ибни ал-ҷавзи зикр карда, ки сари Ҳусайн дар масҷиди Рикқа наздикии Фурот аст. Чун сарро назди  Язид оварданд гуфтааст: Инро ба оли Абимуъит бо ивази сари Усмон (р) мефиристам ва ишон дар Риққа сукунат доштаанд, пас он сарро дар ҳавлие дафн кардаанд ва он ҳавли баъд ба масҷид илова шудааст[lxxxii]. Ин ривоят бидуни иснод ва хеле аз воқеъият дур аст ва хилофи ривоятҳои саҳеҳ аст, ки ҳусни муъомилаи Язидро бо оли Ҳусайн исбот мекунад.[lxxxiii] Заҳаби Сибт ибни ал-ҷавзиро рофизӣ медонад.[lxxxiv]
    • Асқалон: Ҷамъе аз муҳаққиқон вуҷуди сари Ҳусайнро дар Асқалон инкор мекунанд. Қуртуби,[lxxxv] ибни Таймия[lxxxvi] ва ибни Касир[lxxxvii] низ инро андешаи ботил хондаанд.
    • Қоҳира: Баъд аз ин ки салибиҳо азми истилои Асқалонро дар соли 549ҳ намуданд халифаи Фотимӣ Солеҳ Талоеъ ибни Зарик бо лашкараш бо Солеҳия пойи урён рафта сари Ҳусайнро дар ҳарири сабз гирифта оварда дар қабри маъруфе дар машҳади Ҳусайни дар наздикии хони Халили дафн намудааст. Ин воқеъа дар рўзи якшанбеи ҳаштуми Ҷимодиюл-охири соли 548ҳ сурат гирифтааст[lxxxviii]. Шабланҷи зикр кардааст, ки вазири фотими сари Ҳусайнро аз фарангиён бо моли зиёд ба даст овардааст[lxxxix].
    • Баъзе торихнигорон кушидаанд, то исбот намоянд, ки сари Ҳусайн дар ҳақиқат аз Асқалон ба Миср  оварда шуда аст ва машҳади Ҳусайни дар Миср ҳақиқатан мабни бар сари Ҳусайн аст[xc]. Яке аз  мутаахирин бо номи Ҳусайн Муҳаммад Юсуф ин амро ҳақиқат хонда ғайри онро радд кардааст ва далеле, ки пеш оварда хобҳо ва кашфиётест, ки баъзе суфиҳо даъвои онро мекунанд. Дар иин гуна хобҳо омадааст, ки ин сари мадфун сари Ҳусайн аст. Ў барои ин суханаш таъйиде овардааст бо ихтироъи қоъидае, ки дар он мегуяд: Сари Ҳусайн дар Қоҳира аст, ин ҳам бошад ба сабаби шакке, ки асҳоби кашф аст[xci]. Ин гуна истидлол на аз руи ақл на аз рўи мантиқ ё ҳуҷҷати илмӣ дуруст намеояд. Далел овардан барои вуҷуди сар дар Қоҳира мабни бар далоилест, ки мегуяд сар дар Асқалон аст ва қаблан баён шуд, ки даъвое, ки сари Имом Ҳусайн дар Асқалон аст ботил аст, биноан даъвои вуҷуд доштани сар дар Қоҳира ва машҳади маъруфи имрўза низ ботилу дурўғ аст. Даъвои вуҷуди сар дар Асқалон низ бинобар руёву кашфҳои суфиҳост. Марде дар хобаш дида, ки сари Ҳусайн дар Асқалон дар фалон ҷой аст ва чун онҷоро канда диданд сар онҷост. Ин дар замони Мустансир биллоҳи Абиди соҳиби миср буда, пас халифаҳои фотими дарҳол машҳадҳои бузурге барои он бино намуданд[xcii]. Халифаҳои Фотими барои исботи даъвои мансубияташон ба Ҳусайн чунин зиёратгоҳҳо бино менамуданд, то халқ ишонро бовар кунанд. Дурнамои сиёсии дигаре барои даъвои вуҷуди сари Имом  Ҳусайн дар Асқалон ин дар баробари давлатҳои сунни истодани фотимиҳо будааст[xciii].

Далели дигар бар ботил будани даъвои вуҷуди сар дар Асқалон ин аст, ки то замони хилофати Мустансири Абиди дар ягон китоб оварда нашуда, ки сари Ҳусайн дар Асқалон аст. Ин чиз дурўғ ишонро фош карда ағрози хосси онҳоро нишон медиҳад[xciv].

Ибни Таймия гуяд: Он саре, ки даъво доранд сари Ҳусайн аст дар ҳақиқат сари роҳибест[xcv].

Ибни Даҳия дар китоби (ал-илмул-машҳур) иҷмоъеро бар дурўғ будани вуҷуди сар дар Асқалон ва Миср зикр кардааст, ки бо ағрози муайяне он машҳадҳо сохта шудаанд.

Ибни Дақиқ Ал-ъид, Абумуҳаммад ибни Халафи Дамёти, Абумуҳаммад ибни Қасталони, Абуабдуллоҳи Қуртуби ва дигарон вуҷуди сарро дар Миср инкор кардаанд[xcvi].

Ибни Касир низ вуҷуди саро дар Миср инкор намуда онро даъвои беасоси фотимиҳо, ки барои машруъият бахшидани мансубияти худ ба Ҳусайн (р) мебошад баён доштааст[xcvii].

6-Ал-мадинатун-набавия: Шаҳрҳоеро, ки то ҳол зикр шуд дар ҳеҷ яки он далели вуҷуди сар исботи нашуд, танҳо Мадинаи манаввара монд. Ибни Саъд бо исноди ҷамъи овардааст: Язид сарро ба волии  худ ба Мадина назди Амр ибни Саъид фиристод, пас онро кафан карда дар «Бақеъ» паҳлуи модараш Фотима дафн намудаанд[xcviii]. Дафн шудани ўро одати қавмӣ таъйид мекунад, зеро ҳангоми фитна ҳар ҷасаду сар ба соҳибонаш дода мешуд, ҳамчуноне, ки Ҳаҷҷоҷ бо ибни Абдуллоҳ  Зубайр намуд ва он задухурдҳое, ки байнашон буд ба маротиб бузургтар буд аз он чи байни Имом  Ҳусайн(р)  ва байни душманонаш гузашт[xcix].

Инчунин оиди сари Имом  Ҳусайн (р) ва муъомила ба он мо интиқоде алайҳи Язид аз тарафи аҳли байт ё саҳоба намеёбем, тавре ки баъзе ривоёт муъомилаи зишти Язидро нисбати сари Имом Ҳусайн овардаанд. Агра чунин мебуд ҳатман саҳобагон аксуламал нишон медоданд ва бо ибни Зубайр дар воқеъаи «Ҳарра» якҷо мешуданд бар зидди Язид[c]. Ин фикрро Ҳофиз Абияълои Ҳамадони низ таъйид мекунад: Сари Ҳусайн (р) назди модараш Фотима дафн шуда аст ва ин дурусттарин фикр аст[ci].

Уламои насаб низ, мисли Зубайр ибни Виккор ва Муҳаммад ибни Ҳасани Махзуми,[cii] чунин андеша доранд. Ибни Абилмаъоли Асъад ибни Аммор дар китоби худ овардааст, ки ҷамъе аз уламои «сиқот» монанди ибни Абидунё, Абилмуайиди Хоразмӣ ва Абилфараҷ ибни Ҷавзӣ  бо таъкид гуфтаанд, ки сари Ҳусайн (р) дар Бақеъи Мадина мадфун аст[ciii]. Қуртуби низ ишонро таъйид намудааст[civ]. Зурқони сухани ибни Даҳияро  овардааст: Ва ғайр аз ин фикр дуруст нест[cv].

Ибни Таймия низ тарафдори ин раъй аст ва ў такя ба он мекунад, ки уламое, ки инчунин зикр кардаанд торихнигорони номдоранд ва табъан сухани ишон дурусттар аз ғайри онҳост[cvi]. Дар натиҷаи баҳс чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ҷасади Имом Ҳусайн дар Карбало ва сараш дар Бақеъи Мадина мадфун аст.

То инҷо ончи тавонистам бо нақли ривоёт ва ақвол ин матлабро ба поён расонидам. Худо кунад тавониста бошам коре дар ин замина анҷом дода бошам.

Муҳаммадиқболи Садриддин

10 уми Муҳаррами 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ

28 уми июли 2023

Пайнвишт-Сарчашмаҳои истифода шуда:


[i] . Ансобул-ашроф (3/227), мавоқифул-муъораза (с.287).

[ii] . Фазоилус-саҳоба (2/782).

[iii] . Ал-фарқ байнал-фирақ (с.37).

[iv] . Торихи Табарӣ (6/342).

[v] . Бухорӣ рақами (7150).

[vi] . Мавоқифул-муъораза (с.297).

[vii] . Абдулмалик ибни Марвон ваддавлатул-умавия (с.105).

[viii] . Торихул-ислом.

[ix] . Абдулмалик ибни Марвон ваддавлатул-умавия (с.105).

[x] . Алумавиюн байнал-машриқи вал-мағриб (1/244).

[xi] . Ансобул-ашроф (3/219-220).

[xii] . Ал-ъоламул-исломи фил-асрил-умави (с.478).

[xiii] . Ал-умавиюн байнал-машриқи вал-мағриб (1/245).

[xiv] . Ал-фатово (4/295).

[xv] . Бухорӣ рақами (6780).

[xvi] . Бухорӣ (6652).

[xvii] . Ал-фатово (4/296).

[xviii] . Ал-фатово (4/296).

[xix] . Бухорӣ рақами (2924).

[xx] . Алфатово (4/297).

[xxi] . Ал-фатово (4/297).

[xxii] . Мавоқифул- муъораза (с.501).

[xxiii] . Аҳдосун ва Аҳодис (с.204).

[xxiv] . Ал-бидояту ван-ниҳоя, нақл аз «Аҳдосун ва аҳодис» (с.204).

[xxv] . Аҳдосун ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ, (с.204).

[xxvi] . Масдари собиқ (с.213).

[xxvii] . Ал-аъёд ва асаруҳо ала-муслимин, Сулаймон Сиҷми (с.261).

[xxviii] . Ал ақидату фи аҳлил байт байнал-ифроти ваттафрит (с.490).

[xxix] . Амолийт-туси (с.194), Биҳорул-анвор (44/284).

[xxx] . Ал-биҳор (44/279), Амолиюл-муфид (с.112).

[xxxi] . Ал-биҳор (44/278-296).

[xxxii] . Ал-биҳор (44/285-286).

[xxxiii] . Ал-ақидату фи аҳлил-байт (с.492).

[xxxiv] . Ал-кофи (4/146), ал-истибсор (2/35),  Ал-биҳор (45/59).

[xxxv] . Ал хутат, мақризи (1/431).

[xxxvi] . Ал-ақидату фи аҳлил-байт (с. 494).

[xxxvii] . Мақталул-Ҳусейн ва фатовал-уламоил-аълом фи ташҷиъиш-шаъоир, Шайх Муртазо Айёд (с. 12-40),  Ал-ақидату фи аҳлил байт (с.495).

[xxxviii] . Ақидату аҳлус-суннати фи аҳлил байт (с.496).

[xxxix] . Бухорӣ, рақам (1294).

[xl] . Муслим, китобул-имон рақам (167).

[xli] . Ман қаталал-Ҳусейн? (с.73).

[xlii] . Ман ло яҳзуруҳул-фақиҳ (4/271-272).

[xliii] . Мустадракул-васоил, нури (1/44).

[xliv] . Ал-кофи, Калийни (3/222-225).

[xlv] . Одобул-манобир (с.182).

[xlvi] . Бухорӣ, рақам (1283).

[xlvii] . Бухорӣ, рақам ( 4624).

[xlviii] . Мавсуъатул-одобил-исломия, Абдулазиз фатҳи (2/786).

[xlix] . Саҳеҳул-ҷомеъ, рақами (6040).

[l] . Мавсуъатул-одобил-исломия (2/788).

[li] . Ал-байҳақи фи шуъабил-имон, рақам (10152), саҳиҳул-ҷомеъ рақами (347).

[lii] . Тирмизӣ, рақами (2398).

[liii] . Минҳоҷус-суннати (4/554).

[liv] . Ал-фатово (25/165, 166).

[lv] . Ал-бидояту ванниҳоя (11/579).

[lvi] . Сунану ибни Моҷа, рақам (1600), заъифу сунани ибни Моҷа рақам (349).

[lvii] . Ақидату аҳлус-суннати вал-ҷамоъа фиссаҳобатил-киром (3/1193, 1194).

[lviii] . Ал-мавзуъат, ибни Ҷавзи (2/203).

[lix] . Ал-мавзуъат (2/122-123).

[lx] . Ал-мадхал, ибнил-ҳоҷ (1/290/291), Ал-аъёд (с.274).

[lxi] . Ал-фатово (25/161).

[lxii] . Ал-аъёд ва асаруҳо ъалал-муслимин (с.276).

[lxiii] . Муслим (рақам 1162).

[lxiv] . Мавоқифул-муъораза (с.306).

[lxv] . Сунанут-Тирмизӣ (5/659).

[lxvi] . Ал-маҷмаъ (9/195) фиҳи инқитоъун.

[lxvii] . Минҳоҷус-сунна (4/557).

[lxviii] . Мавоқифул-муъораза фи хилофати Язид (с.308).

[lxix] . Минҳоҷус-сунна (8/141).

[lxx] . Масдари собиқ (8/142).

[lxxi] . Ал-бидояту ванниҳоя (11/580).

[lxxii] . Торихул-ислом (61-81ҳ) (с.106).

[lxxiii] . Ал-маҳосину вал-масови (с.84) бидуни синод.

[lxxiv] .  Мавоқифул-муъораза (с.313).

[lxxv] . Масдари собиқ.

[lxxvi] . Ассияр (3/316), самтун-нуҷумл-аволи (3/86).

[lxxvii] . Мавоқифул-муъораза (с.313).

[lxxviii] . Мавоқифул-муъораза

[lxxix] . Нурул-абсор (с.121).

[lxxx] . Торихул Бағдод (1/143-144), тарҷуматул-Ҳусейн (276).

[lxxxi] . Ал-бидояту ванниҳоя (11/580).

[lxxxii] . Шахсиятун исломия, Аққод (3/298) мавоқифул-муъораза (с.314).

[lxxxiii] . Мавоқифул-муъораза (с.314).

[lxxxiv] . Ас-сияр (3/297).

[lxxxv] . Ат-тазкира (2/295).

[lxxxvi] . Тафсиру сиратил-ихлос, ибни Таймия (с.264).

[lxxxvii] . Ал-бидояту ванниҳоя (11/582).

[lxxxviii] . Ал-мақризи (1/427), Бадоиъуз-зуҳур (1/227).

[lxxxix] . Нурул-Басоир (с.121) Машоҳидус-сафо (с.316) Мавоқифул-муъораза (с.316).

[xc] . Мавоқифул-муъораза (с.317).

[xci] . Ал-Ҳусейн сайиду-шабоби аҳлил-ҷанна (с.149-153).

[xcii] . Ниҳоятул-ариб (20/478).

[xciii] . Ан-нуҷумуз-зоҳира (5/57).

[xciv] . Мавоқифул-муъораза (с.319).

[xcv] . Раъсул-Ҳусейн (с.187) нақл аз «мавоқифул-муъораза» (с.320).

[xcvi] . Масдари собиқ (с. 186-187).

[xcvii] . Ал-бидояту ванниҳоя (11/582).

[xcviii] . Аттабақот (5/238), торихул-ислом (с.20) ҳаводис (60-81ҳ).

[xcix] . Раъсул- Ҳусейн (с.183).

[c] . Мавофиқул-муъораза (с.323).

[ci] . Ат-тазкира (2/295).

[cii] . Масдари собиқ.

[ciii] . Арраду алал-мутаъассибил-анид, нақл аз «мавоқифул-му… (с.323).»

[civ] . Аттазкира (2/295), мавоқифул-муъораза (с.324).

[cv] . Машоҳидус-сафо (варақи 10) нақл аз «мавоқифул-муъораза (с.324).»

[cvi] . Раъсул-Ҳусайн (с.170).

Share This Article