Сарнавишти тарҳи “валиаҳд” дар сафари Маскав

Ислоҳ нет

 

      Истиқболи Раҳмон “бо қаровули фахрӣ”дар Маскав бе ҳузури В. Путин кадом хушҳолиеро дар чеҳраи ӯ падид наёвард, чун ҳатто расмиёти давлатдорӣ ба ваҷҳи бояду шояд анҷом наёфтанд. Аз нигоҳи протоколи истиқболи меҳмонҳо,ки шакли расмии он дар ҳама вазоратҳои хориҷаи давлатҳо қарор дорад,аслан ба он амал нашуд, метавон гуфт хело бе эҳтиромона аз ҷаноби “пешво”истиқбол намуданд. Ҳатто сарвазир ҷой худаш вазиреҳам аз ӯ истиқбол накард ва аз ӯ  Григорий Карасин  як корманде аз вазорати хориҷа истиқбол намуд, ин нафар як вақтҳо сафири Руссия дар Сенегал будааст ва тақрибан ҳамсони муовини вазири хориҷа будааст. Як суруди миллиеки ӯ дар кишвари худамон ба он арҷ намегузорад дар назадаш иҷро намуданд,бо чанд аскари сафкашида дар наздаш. Аз нигоҳи дипломатӣ ин истиқболро,як истиқболи ғайри самимии давлати шарики стратегӣ метавон унвон намуд.Дар мавриди вохурияш бо Цар Цариевич бошад ба фардо гузошта шудааст Ин шакли истиқболи сард аз ӯ,  зоҳиран оромиши хотирашро аз оғози истиқбол аз ӯ ба боди фано бурдааст, ки оромиши зоҳирияшро мисли суханронияш дар СММ лолагӯна карда буд .Ончи дар ботинаш таҳлукаву ташвиш дорад, талотум ва туғёни қалбашро танҳо  Аллоҳ,худи ӯ ва Владимир Путин медонанду бас.Дардашро албатта моҳам медонем,таманно мекунем ҳаргиз ба он нақшае дар сари пусидааш дорад муваффақ нашвад, вале чунонеки мегуянд “ту мехоҳи ман мехоҳам вале Аллоҳ мекунад ончи худаш мехоҳад”

 

     Сафар ва дидоре, ки бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дорад, танҳо барои баррасии масоили аз қабл эъломшуда нест. Сафари мазкур барои Раҳмон сарнавиштсоз хоҳад буд. Ин аввалин сафари ӯ пас аз ҳаштсоли охир аст. Агарчӣ дар протокол масалаи муҳоҷирон ва ва содироти боимтиёзи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русияро гӯё имзо мехоҳанд кунанд.Аммо  дар ин сафар идома ва ояндаи сиёсии худи ӯ ва Рустами Эмомалӣ ба унвони меросбар ва “валиаҳд” матраҳ ва ҳал хоҳад шуд. То истеъфои Н. Назарбоев, раиси ҷумҳурии ҳамакнун собиқи Қазоқистон дар ин масъала дилу гурдааш пур буд, аммо ин истеъфои ногаҳонӣ ӯро ба ҳазору як кӯчаи сарбаста ва хиёлу андешаҳои дарднок ворид кардааст. Ба хусус, баъд аз онки Назарбоев гуфт, ки қабл аз эъломи истеъфо танҳо Путинро дар ҷараён гузошта буд, ваҳму воҳимааш бештар шуд, агарчанде аз ҳар як раиси ҷумҳурии дигари СНГ Раҳмон беҳтар ва бештар нақши Русия дар таъйини интихобу интихоботҳо дар қаламрави ин Иттиҳодро медонад.

 

   Ҳеҷ касе аз роҳбарони давлатҳои узви СНГ зарб ва нақши русҳоро чени Раҳмон намедонанд.Манзури мо на танҳо сӯҳбатҳои ахири В.Квачков, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси артиши русҳо аст, балки худи Путин ҳам дар пойгоҳи 201-и Русия дар Душанбе бо ишораҳое роздор гуфта буд: » Эмомалӣ Шарифович на танҳо сарбози флоти ҳарбӣ-баҳрии мост, балки ӯ ба пойтахти Тоҷикистон дар соли 1992 дар даст автомати Калашников ворид шудааст.»

 

        Соли 2004 дар ҷараёни сафари давлатии раиси ҷумҳурии Русия ба Душанбе Раҳмон ба ҳама шартҳои Путин розӣ шуд. Зеро Тоҷикистон дар пеш интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дошт. Раҳмон бо нақзи бандҳои Созишномаи умумии сулҳ, ки дар Маскав ва бо кафолати Русия ва чанде аз кишварҳои дигар ба тасвиб расида буд,курсии президентиро раҳо кардан намехост. Бар тибқи ҳамон Созишнома аз қудрат бояд мерафт,аз қудрат рафтан нахост ва ба маҳзи ҳифзи курсӣ манофеи миллат ва давлатро бар ивази пуштибонии Русия арзон ва ройгон дод. Истиқлолияти давлатро зери пой кард ва ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар кишварро  барои 49 сол ва бар ивази нархи таҳқиромези 1 доллар дар сол имзо кард. Ҳамин тавр панҷара ё истгоҳи назорати кайҳонии ба меросмонда аз шӯравиро бо бахшудани 300 миллион доллари қарз ройгон дар ихтиёри русҳо дод. Ин 300 миллион доллари қарз ҳам маблағи техника ва муҳиммоти ҳарбӣ ва маблағи маоши мушовирони низомии Русия дар солҳои муқовимати дохилӣ буд, ки русҳо барои Фронти халқӣ ва артиши Раҳмон дода буданд.

 

   Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари думрав ва гӯш ба фармон дар мадори сиёсатҳои Русия қарор дорад.Танҳо бо ризоият ва дар чаҳорчӯби манофеи Русия қадам мебардорад. Аз як сӯ Раҳмон, ки бо дастони русҳо соҳиби қудрат шудааст, наметавонад истиқлолияти давлатро дар баробари русҳо ҳифз кунад аз тарафи дигар лашкари бешумори муҳоҷирони тоҷик дасти Тоҷикистонро кутаҳ кардааст. Русия ва русҳо болои Раҳмон ҳукми тамом доранд. Русия ҳатман дар интихоби президентҳо дар “манотиқи ҳаётан муҳим”-ш мудохила мекунад. Инро борҳо ба мушоҳида гирифтаем. Соли 1994 ҳанӯз аз қуттиҳои интихоботи миёни Абдумалик Абдуллоҷонов ва Раҳмонов баргаҳоро нарехта буданд ва шумориши оро идома дошт,ки соати 21 “Маяк”-и Русия аз Маскав аз пирӯзи беш аз 53 дарсадии ӯ хабар дод. 

 

   Дар ҳар ҳол дар ин сафар масъалае, ки барои Раҳмон ва ояндаи ӯ муҳим, ҷиддӣ ва тақдирсоз аст, интихоботи дар пеш истодаи раёсати ҷумҳурсит.

  Ҳеҷ кадоме аз дигар масоил барояш мусбат ва ё манфӣ ҳал хоҳад шуд муҳим нест ва аҳамият ҳам надорад. Аз ҷумла ҳамин масъалаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия  аз солҳо бад-ин сӯ дар барномаи кори ҳарду давлат ҳаст, аммо то кунун ба хайру нафъи муҳоҷирон ҳал нашудааст. Шароити зиндагӣ ва кору фаъолияти як қирғиз барои муҳоҷири тоҷик як орзуву хаёли ширин вале сахт дастнорас аст.

 

   Ва, қирғизҳо, ҳатто онҳоеашон, ки дар сари қудратанд, раиси ҷумҳурианд, ба фарқ аз раиси ҷумҳурии мо он қадар зери бори русҳо ва Русия нестанд. Албатта, бо Русия ҳастанд вале бо шароити беҳтар ва бо сатҳе, ки сазовор ва муносиб ба давлати мустақил аст

 

    Алмосбек Атамбоев, раиси ҷумҳурии қаблии Қирғизистон дар яке аз нишастҳои хабариаш гуфт, ки хоҳиши В. Путин ва И. Каримов дар бораи як навбати дигар барои дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданро рад кардааст.Аз ӯ хостаанд, ки биистад ва наравад. Ӯ ширкат накард ва аз ин ҳам муҳим гуфт, ки дар Қирғизистон садҳо чун ман балки беҳтар аз ман ҳастанд, ки мамлакатро идора мекунанд.Бидуни шубҳа ин ҳарфи ӯ барои онҳое, ки худро ягонаи давру даврон, фарзанди фарзона, Пешво, бошӣ ва элбасӣ меҳисобиданду меҳисобанд, як паёми пур азмаъно буд, ки набояд худро дар баробари миллат ва мардум боло гузошту ивазнопазир хонду боиси таҳқир ва малоли хотирашон шуд.

 

  Аммо вақте Н. Назарбоев, ки сӣ сол дар сари қудрат буд, мегӯяд, ки бо Путин машварат дошт, барои дарозумри дигар –Э. Раҳмон маъниҳои дигаре дорад.Ин бад-он маъност, ки бале, мо раиси давлати худ ҳастем аммо зери чатр ва сипари Оқподшоҳем ва намешавад онро дар ҷараён нагузошт. Ҷузъиёти машварати Назарбоев бо Путин маълум нест ва ин тарафи масъала ҳам, ки Назарбоев дар бораи Дариға , ки ҳоло раиси Маҷлиси Қазоқистон шуд бо Путин пӯшида ва пинҳон аст. Аммо аз онки Дариға эълом кард, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ “кондид” намешавад, бармеояд, ки Путин ба тарҳи “валиаҳд”мухолафат кардааст. Иллати бетоқатӣ, дар шакку гумон ва ҳатто дар тарсу ҳарос афтодани ӯ ҳамин паҳлуи масъала аст. Хунсошавии тарҳи “валиаҳд” дар Қазоқистон. Ӯ мутмаин буд, ки Дариға  курсии падарашро мегирад ва барои татбиқи нақшаи ӯ замина фароҳам ва роҳ ҳамвор  мешавад.Ӯ бо тамоми вуҷуд пай бурд ва ба натиҷаи ниҳоӣ расид, ки Русия, яъне Путин мухолифат кардааст. Вагарна Назарбоев “до конса” мерафт.Акнун ӯ сахт умедвор аст, ки оқподшоҳ ин бор ба ӯ шанс медиҳад ё хайр? Чун  рӯи миз на танҳо ояндаи сиёсии шахси худи ӯ, амният ва саботи оила ва авлод ҳам ҳаст. Ба ҷуз аз худ ва аъзои оилаи худ ҳоло наметавонад,касе дигарро дар курсӣ, баъди худаш бубинад. Зеро тамоми барномаҳояшро рӯи ҳамин андеша ва хат тарсим карда буд. Дар авқоти ахир, ки аз ноҷӯрии саломатиаш менависанд, ба маҳзи ҳамин номуайянӣ аст.

 

  Раҳмон дуруст ва саҳеҳ дарк кард, ки Путин мухолифи овардани Дариға ба раёсати ҷумҳурии Қазоқистон мавқеъ гирифтааст.Путин, вақте қазоқҳо бар зидди табдили номи Астана ба Нурсултон тазоҳурот ва эътирозоти шадид ташкил карданд, пай бурд, ки дигар даврони роҳбарони дарозумр ба анҷом расидааст, чи расад ба “меросӣ”ва дар дасти “валиаҳд” қарор додани қудрат. Барои Путин  бурузи боз чанд нуқтаи доғ дар қаламрави СНГ -назири Украина, комилан ғайритаҳаммул аст. Дар ҳоле, ки хуб медонад ин “дарозумрони сиёсӣ” дар байни ҷомеаҳои худ кадом пуштибонӣ надоранд. Ва кадом обрӯву эътиборе ҳам. Барои мисол Раҳмонро тайи ин чанд соли ахир ҳеҷ яке аз кишварҳои Аврупо қабул надорад. Ва,сиёсатҳои нодуруст ва нокоми ӯ боис шудааст, ки дар Аврупо як оппозитсиони неруманди тоҷикӣ ба фаъолият пардозад. Гумон намеравад, вале шояд Раҳмон дар мулоқоти маҳрамона(албата, ин аз “настроений”-Путин вобаста аст) дархости шомили листи созмонҳои террористи кардани ҲНИТ дар Русияро кунад.   Аммо баъид аст, ки Путин бипазирад. Чун, чуноне гуфтем оппозитсион дар Аврупо ва Амрикост. Ва гузашта аз ин қазияи Ш.Гадоев ва рӯ шудани муомила ва мушорикати Русия дар он, Путинро башиддат нигарон карда ва табъан, ки нисбат ба Раҳмон машкук шуда аст.

 

   Мушкили Раҳмон инҷост ки то ин навбати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ба эҳтимоли зиёд ду-се нафар “дарозумрони сиёсӣ”-и давлатҳои дунё мемиранд ва ё мисли Бутафлиқа ва Умар-ал Башир вожгун хоҳанд шуд.Ӯ танҳо хоҳад монд, ки ду кам сӣ сол дар сари қудрат аст. Дар ҳоле, ки давлате, ки ӯ идора мекунад, расман низоми ҷумҳуриявӣ дорад ва демократӣ эълон шудааст. Ва, раиси ҷумҳури он бар тибқи қонун ва тавассути раъйи мардум интихоб мешавад. Давлате шоҳӣ, давлате салтанатӣ, давлате монархӣ нест. Ҳеҷ касе бовар нахоҳад кард, ки мардум бо раъйи худ як нафарро, ва он ҳам чӣ нафаре, сӣ сол интихоб карда бошад. Дар назари тамоми дунё машкук хоҳад буд. Ҳоло ки Раҳмон иддаои аз ин бештар дорад. Мехоҳад писари худро ҷойгузини худ созад, албатта, боз ҳам бо баргузории интихоботи озоду шаффоф— бо масхара ва мазоҳи як институти демократӣ— кореро, ки ҳеҷ кадоме аз давлатҳои дунё,ки бо низоми демократӣ пеш мераванд, қабул надоранд.

 

   Акнун, ки Путин то соли 2024 дар раъси Русия аст, ва дар тӯли ин сӣ соли раҳбарии Раҳмон дар худи Руси се президент: Б.Елтсин, Д. Медведев ва худи ӯ иваз шудааст ва Назарбоев ва барномаи “валиаҳд”-и ӯро радд кард,фикр мекунед ба Раҳмон чӣ посух хоҳад гуфт? Ҳар чи посухе диҳад, мо баъид аст, ки зуд огаҳ бишавем, вале бо таваҷҷӯҳ ва бо дарназардошти мушкилоти мавҷуд дар қаламрави СНГ, ҳузури фазояндаи Чин ва ба хусус Амрико тарҳи “валиаҳд” –и Раҳмон маводи “бойгонӣ” хоҳад шуд, гузашта аз ин агарки Путин тараҳҳум кард, хоҳад гуфт, ки як одами “худӣ”-ро ба ҷойи худат тавсия деҳ.Бидуни онки ба ташвиш ва тапиш ва талвоса ва талотумҳои ботинии мусоҳиби худ аҳамият диҳад.

 

 

 

 

 

 

Share This Article