Савдогарони хашмгин, аз раиси бозорчаи Варзоб ба “Ислоҳ” шикоят карданд

Бозори Варзоб дар маҳаллаи водонасоси Душанбе воқеъ аст. Масоҳаташ наздик ба як гектар аст.

Дар ин бозор 200 кас савдо мекунад. Ин бозор пеш давлатӣ буд. Тағоев Ҷамолиддин язнаи Амиршо Миралиев аст ва дар Донишгоҳи аграрӣ муаллими одӣ  буд. Хоҳари Амиршои Миралӣ ҳамсараш аст. Амиршои Миралӣ, раиси пешини вилояти Хатлон, мушовири давлатӣ ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд. Миралиев восита мешавад ва Ҷамолиддин Тағоев ректори ин донишгоҳ мешавад. Ӯ сипас бозори Варзоб дар Водонасосро ба номи писари хурдиаш Тағоев Рамзиддин харида хусусӣ мекунад. Илҳом Тағоев, писари калонии Ҷамолиддин бо духтури ҳамонвақтаи бозор Муҳаммади Варзобӣ маслиҳат карда ба додари хурдиаш сӯзандоруи асп мегузаронанд. Муҳаммади духтур қабл аз шаш сол аз дунё гузашт ва ин ҷинояташро қабл аз вафоташ ба Рамзиддин мегӯяд,ки маро бубахш,ки ман бо ту ин корро кардам бо бародарат Илҳом.Тағоев Ҷамолиддин панҷ писар дорад: Илҳом, Манучеҳр, Парвиз, Диловар, Рамзиддин. Пас аз ин сузандору Рамзиддин аз ақл бегона мешавад ва аз ҳамон вақт то ҳол дар девонахона хоб аст. Ҳамин хел бозор ба номи Илҳом мешавад. Илҳом чанд сол пеш ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият мекард. Ба ҷурми заминфурӯшӣ дастгир мешавад ва чун ҷияни Амиршо Миралиев аст бо воситаи тағояш озодаш мекунанд. Бояд ӯро ҳабс мекарданд,аммо чунин нашуд чун тағо дорад бо кличкаи “Қунғузи сиёҳ”. Аммо соли гузашта аз ҳавзаи водонасос, депутати ноҳиявӣ “интихоб” шуд. Хуб фаҳмед худатон,ки ҷинояткор ҳам боши ҷиян,домод ва…боши депутат мешавӣ ва статуси дахлнопазириро соҳиб мегардӣ. Ин барои он аст,ки дар ҳангоми дуздият касе боздоштат накунад.

Дар бозор Илҳом Тағоев савдогаронро рӯз намедиҳад. Бисёр одами золиму мутакаббир аст. Барояш аҳамият надорад. Кампиру мӯсафедони ҳамсоли модару падарашро дашномҳои бад мекунад. Дар маҷлисҳо ба савдогарон мегуяд:  “Ҷаноб падарам аст ва ман ҳар коре хоҳам мекунам ва шумо бояд гуш кунен фаҳмиден”. Кадом зани савдогар ба ӯ писанд омад ба кабинеташ фарёд мекунад ва бо ӯ алоқаи номашрӯъ мекунад ва ин кор ҳамеша сурат мегирад. Дар бари кабинеташ ҳамаи шароитро барои ин амали номашрӯъаш фароҳам кардааст. Ҳамонҷо зино мекунад ва ҳамонҷо хобмеравад. Бо як чанд зани шавҳардор ҳам ин корро кардааст ва ному насаби онҳо дар идораи Ислоҳ маҳфӯз аст ва бо далоили ахлоқӣ онҳоро нашр намекунем. Тамоми савдогарон шоҳиди ин корҳои ӯ ҳастанд. Яке дигарашро фарёд мекунад. Шавҳараш дар муҳоҷират будааст. Зан мегӯяд ин корро бо ман мекунӣ, охир ман шавҳар дорам. Илҳом Тағоев мегӯяд шавҳарат дар Россия аст ҳеҷ гап надорад. Агар не гӯӣ, дигар дар инҷо кор накун. Маҷбур мекунад, ки розӣ шавад ва он зани салатфурӯш бо ӯ инкорро мудовим анҷом медиҳад. Як зани дигар 3.4  фарзанд дошт,дар магазини парфюмерия савдо мекард. Ба ин Илҳом Тағоев маъқул  мешавад. Ба кабинеташ фарёдаш мекунад ва мегӯяд ба ман пули аренда надеҳу ҳамин корро бо ман пайваста бикун ва маро розӣ кун. Ин занро фиреб дода бо вай ин  кори ҳаромро анҷом медиҳад. Шавҳараш огоҳӣ ёфта онҳоро дар   ресторани Мервеи туркӣ мебинад ва ҷавоби ҳамсарашро медиҳад. Илҳом Тағоев ӯро зани 4 ум пас аз ин ҳама никоҳ карда мегирад.

Ду маротиба ҳаҷ рафтааст, аммо ҳар рӯз кораш арақхӯрӣ ва зинокорӣ мебошад,тамоми аҳли бозор шаҳодат медиҳанд ин амалҳои ӯро. Ҳар соли нав нархи арендаҳоро боло мебардорад, чекҳоро мебардорад. Дар шартнома 300 сомонӣ менависад аммо 1500 сомонӣ мегирад. Ба ғайр аз чек, ки аз 15 то 30 сомонӣ ҳар рӯз аз савдогарон мегирад, боз комиссияро худ  фарёд мекунад.  Ёрдамчиҳояш қариб ҳар рӯз аз савдогарон пули пажарка ҷамъ кунед, пули комиссия ҷамъ кунед, пули газета ҷамъ кунед, хулоса ба ҳар баҳона пул ҷамъ мекунанд. Нимашро худашон мегиранд, ними дигарашро ба комиссия медиҳанд. Ҳомидов Давлат, ёрдамчии Илҳом, аввалҳо ӯро директори бозор монда буд, худаш соҳибмулк. Давлат Ҳомидов пули свети тамоми савдогаронро ҷамъ мекунад. Агар 1 кв свет 70 дирам бошад ин Ҳомидов Давлат аз 3 сомонӣ,то 5 сомонӣ ҳисоб карда ҷамъ мекунад. Ҳамаашон пули мардуми савдогарҳоро ба ҳар баҳона мекананду мехуранд.

Илҳом аз хисоби ин бозор зиёда аз 15000 (понздаҳ ҳазор) яъне 8 сурук моли майдаву калон, чандин сар асп, сехи қассобӣ ва дар наздикии  сементзавод як котеджи баланд сохта истодааст, ки панҷ ошиёна мебошад. Дар тарафи Бохтар (Қурғонтеппа) заминҳои бешумор дорад. Чандин сексияҳо, занҳои беҳисоб дорад. Ҳамааш аз ҳисоби меҳнати савдогарони бечора. Пулҳои савдогаронро рӯирост дуздида ин корҳоро мекунанд. Дар маҷлисҳояш мегӯяд: “шумо, ки бден? ай пушти бозори ман соҳиби нон шден”. Мардумро чунон бо ин бозор тарсонидааст,ки ҳама ба хотири аз даст надодани “точка” хомӯшанд. Ин раис фикр намекунад, ки мардум аз ними шаб хеста дигар бозорҳо меравад, азоб кашида бор меорад. Дар хунукӣ то бегоҳ мешинад, азоб кашида пул меёбад аммо ин золимҳо ними пули мардумро бо ҳар роҳ  кашида мегиранд. Як духтури нав омадааст: аз Кулоб будааст. Номаш Раҳим. Ин золим ҳар рӯз аз савдогарон яктоӣ маҳсулот ва боз 3 то 5 сомонӣ барои анализ аз мева фурӯшҳо мегирад. Аммо дар сертификат 1,20 дирам  менависад. Аз қассобҳо то 70 сомон аз як гов ва 600 грам гушт аз ҳар гуштфӯрӯш,ки дар бозор 7 гуштфурӯшӣ аст мегирад. Қимматии гушт яке аз сабабҳояш инҳоянд..

Маҳсулоти ҷамъоварикардаашро (ҳамон якто,якто талабидашро) боз ба савдогарон дубора бо зурӣ мефурӯшад. Инҳо ҳамаашон дузду ҳаромхуранд. Ҳатто бухгалтераш,ки Шодӣ ном дорад пулҳои раисашро ба ҳар роҳ медуздад. Барои коттеджи раис маҳсулот мегирад, агар ҳамон маҳсулот 700 сомонӣ бошад 1600 сомонӣ менависад. Инҳо ҳам пули савдогаронро медузданд ва ҳам худашон худашонро медузданд. Беш аз 15 сол мешавад аҳвол ҳамин аст. Барои хонаҳояшон продукта мегиранд, аммо пулашро намедиҳанд. Ҳамин қадар ҳаромхур ҳастанд. Савдогаронро аз ҷон безор кардаанд. Мо савдогарони бозори Варзоб аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ин дарди моро ба ҳукуматиҳо расонед, ки золимҳо ҳақи моро бисёр дуздида хурдаанд. Мо пешниҳод мекунем,ки бозорро аз дасти Илҳом гирифта давлатӣ кунанд ва ё ягон инсони бо инсоф гирад.Мо аз Илҳом Тағоев хаста шудем.

Як гурӯҳ аз савдогарони бозорчаи Варзоб махсӯс барои Пойгоҳи “Ислоҳ”.

Total
12
Shares
Related Posts
Идома

ДУШМАНОНИ ХОНАИ ХУДО ДАР МАСЧО

Ба номи Худои Бахшояндаи меҳрубон. وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَاجِدَ اللَّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَىٰ فِي خَرَابِهَا…