Савол ба Э.Раҳмонов: «мо аз ту хаста шудем, ту хаста намешавӣ?!»

Ислоҳ нет

Биё, як ду насиҳати барноият кунам, ҷаноби «пешвои муъаззам» Эмомалӣ фарзанди Шарип-Чақур:

Мо аз ту хаста шудем. Хастагӣ танҳо масъалаи баданӣ нест, як хастагии дигар ҳам дар дунёи фонӣ аст, хастагии равонӣ, хастагии рӯҳӣ ва дилгирӣ.

Дилгир шудаем, ҷаноби пешво! — аз зиндагӣ, аз якрангии зиндагӣ, аз президентии абадии ту! Аз дуздию заминфурӯшию озмандию равонпарешию афофкафофию ҳаромкорию хиёнату қабилагароию кину дарундорию чапгирият!

Ростӣ, сар аз соли 1992 то имрӯз, дар ҷаҳони гирду барамон, дар зиндагии шахсиямон, дар вазъу ҳоли оилавиямон, дар вазъияти иқтисодию саломатиямон дигаргуниҳои 32 сола шуду гузашту рафту хотира шуд.

Вале, танҳо як ҳодисаи мудовим, бардавом, абадӣ, сармадӣ, лониҳоӣ, ғамангези тулонӣ, чун фазаи барқу чун дарёи ҳамешаравон, монд, ки монд! Ҷорист, ки ҷорист…

Он ҳодиса туӣ, ҷаноби Президенти абадӣ!

Хаста шудаем аз диданат!

Чи қадар падарону модарону бибиву бобову фарзандону духтарони нозанинамон дар ин сӣ сол  аз ин олам рафтанду мо ҳам, ки замони чун хуса (чучела) сари давлат омаданат кӯдаке беш набудаем, кунун 40-солаву 50-солаву 70 шудем, вале бозам ту ҳамин ҷоӣ!

Фиръавно, ту намемирӣ? Хаста намешавӣ? Лакот намешавӣ? Аз ҳокимият, аз шуҳрату сарват сер намешавӣ?  Аз будани иҷборӣ? Аз тарсу ҳароси сармадӣ? Аз инки равӣ, ҳама дороии яғмоиятро хоҳанд гирифт, дар ҳаросӣ?

Бояд як бор мезистию як бор ҳам мемурдӣ, вале он қадар мағзат хушкида, ки ҳар рӯзи Худо мемирию ҳар сабоҳон дар орзуи умри ҷовидон ба курсият пуштатро гузошта, бо чанголат кунгураҳои онро сахт медорӣ!

Ҷаноби, бодовардаи асри пор! Мурдан амри ногузир аст! Саранҷом бовар кун, ки як рӯз мемирӣ, чи 100 миллиарди дигар ҳам бидуздию чи 1000 соли дигар ҳам умр бинӣ! Инсонгуна натвонистӣ зистан! Бо тарсу тараддуд умре зистию аз инки ҳадафе дар зиндагӣ надоштӣ, ба васила чангу дандон задӣ! Ба пул, ба зан, ба шаҳват, ба ашё! Бале, инҳо барои як марди хирадманд василаанд на ҳадаф!

Эмомалӣ, ҳарчӣ худро ҳисоб ҳам кунӣ, инсоне ҳастӣ, ки бодҳову ҳаводиси носозгори рӯзгорон туро руи курсии Раёсатҷумҳур, чун моҳии аз баҳр партшуда, бадар афканда буду дигар гумон кардӣ, ки ҷои хубест!

Ҷои хуб аст тахти шоҳӣ, вале дилкандан аз ону гузоштанаш ба дигарон дардовар аст!

Эмомалӣ, ту аз дасти марги одӣ нахоҳӣ мурд, аз ҳасрати сарватҳои анбоштаат чун мири мушон, қолаб тиҳӣ хоҳӣ кард! Чуноне Абдуллои хокпошакат мегӯяд: ба сахтӣ ҷон хоҳӣ дод! Ба сахтӣ! Чӣ қадар сахт аст ба сахтӣ мурдан, на?,- Абдулло Роҳнамо?!

Ногузир аст мурдан! Ногузир аст тарки тахт! Ногузир аст видоъ бо мансабу риёсат!

Ба гирду барат як назар кун, ҳамсиннусолони ту ҳамагӣ рафтанд, дунё ҷавон шуда, шақоиқҳо, бунафшаҳо, гулҳои насрини нав дар олами сиёсатҳо шукуфо гаштаанд! Президентҳо ҷавон гаштаанд! Давлатҳо рушд мекунанд! Озодиҳо фаро мерасанд! Шароитҳои хуб дар роҳанду фароҳам мешаванд. Дастгоҳҳои президентӣ нав гаштаанд, вале ту ҳамон аппарати кӯҳнаи бозмондаи асри порӣ!

Мисоли радиёи кӯҳнаколоӣ, ки дигар харидор надорӣ, бозоргузар наӣ, гӯшхарош садо медиҳӣ, ранҷовар аст буданат рӯи ин ҳама колои навини муосир!

Харе дар қатори аспҳои бодпоӣ, ё магар дар қатори Ломбарҷиниҳоӣ!

Ақаби ақаб, ланги ланг!

Он кас, ки надонад, ки надонад, ки надонад,

Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад!

Дар манҷалоби ҷаҳли мураккабе ҳам худ ва ҳам миллатро ғутондаӣ! Ақаб мондаиву ақабамон монондаӣ!

Кори ҳар бузина нест дуредгарӣ! Бас кун, бирав, натавонистӣ!

Чун тоҷиру банкири ноуҳдабарову номуваффақе амал кардӣ, ки тули умр аз ин қарз гирифта ба дигаре додӣ. Он қадр бо қарзу гадоию машеникӣ шурӣ-мурӣ кардӣ, ки оқибат ҳамагӣ- моро банкроту варшикаста кардӣ, давлатро дар қарзҳои ҳангуфту гушношунуд ғутавар сохтӣ, вале худат аз номи ин миллат қарз кардию талбидию гоҷигарӣ кардӣ, ки пури пур шуд хазонаҳоят, вале қарзи падар вақти мурдан рӯи меросбаронаш аст! Аблаҳ, мурдаи туро то вақте қарзатро мо- фарзандони модар-Тоҷикистон ба қарздиҳандагонат напардозем, иҷозат намедиҳанд, ки гӯру чӯб кунем!

Ва медонам, даъвии «фарзанди зани мусулмон»-ӣ ҳам дорӣ!

Хуб гӯш кун, дар шариати ислом мурдаи қарздор ба малакути осмонҳо роҳ надораду бӯйи Биҳишти Барин ба димоғаш нахоҳад расид!

Ҷои қарздорон дузах аст, то қарзашро бозмондагонаш напардозанд!

Вале мо — бозмондагони туи падарандар, қарзатро ба зимма намегирем, онро адо нахоҳем кард! Чунки ту он ҳама қарзу қаволаро барои домодҳову 7 духтару 3 писару як галла авлоди аҳримании гушнагадоят кардаӣ!

Ҳам аз кулии модарамон- Тоҷикистон, аз будҷет дуздидӣ, ҳам аз номи мо қарз гирифтӣ!

Гардиши маҳу хуршеду замин ҳама мавҷудотро кӯҳна месозад, қабул надорӣ? Биё, бирав! Вақти асову анбонат фаро расида аст!

Пир шудаӣ! Агарчи аз худ замоне шер метарошидаӣ, ҳоло ба ҳукми тарошаӣ! Ба ҳукми шери пири фартутӣ! Ормону орзуҳои мо- ҷавононро дарк кардан наметавонӣ! Ҷаноби раиси колхози ақабмондаи Данғараи ба номи В. И. Ленин, мо намехоҳем, ки дар асри 21, дар ин олами пур аз сафову хушбахтиҳову ишқу алоқаҳои ҷавонӣ, ба мисли даврони бебизоатии шумо — ба мисли ҷавонии ғамангези шумо, ба монанди қулҳои аҳди шабоби баъдиҷангии шумо умри нозанину қиммати хешро қурбон созем!

Мо ҷавонем, дунё ҷавонпарвар асту пири фартуткуш!

Туро дигар чиву ҷавонаи ҷавониҳо куҷо! На мо туро, на ту моро мефаҳмӣ!

Маргат бароямон аҳамияте надорад, чун чизе рӯи ин хокрӯба ҷовидон нашуд, вале набудат роҳи масдуди моро ба суи орзуву омоламон, ба сӯи рушди бебозгаштамон хоҳад кушуд!

Қиссаи ҳаюлоеро медонӣ, ки роҳи мардумеро масдуд карда буду ҳаркӣ мехост ҷое равад, мехӯрдашон?

Солҳо гузашту мардум дар инзиво умрашон ба сар омад. Рӯзе оинагаре ба мардум гуфт: биёед ин ҳаюлоро боре ба худаш ошно кунем, то бидонад кисту оинаи бузурге сохтанду шабонгаҳ бурда рӯи ҷодаи одамхори (монстер)-и намирандаи азиятовар гузоштанду субҳгоҳон ҳаюло барои аввалин бор худро дар оина диду дилкаф шуд! Мурд.

Ҷаноби ҳаюло, ман ҳамон оинасози ин миллатам!

Мебинӣ? Худатро дар оинаи мо- ҷавонон мебинӣ? Рангат заҳири мурдамонанд аст? Мурдареге аз насли солҳои 1952. Фартуте аз боқимондаҳои Фронти халқии барҳам рафтаи хунбор.

Мебинӣ?

Суханонат дарҳаму барҳаманд!

Барои мо — ҷавонон ҳамеша аз ҷангу солҳои 90-у хиёнату ғадру кимчиҳое, ки умуман лозимашон надорем қисса хонданат, мисли худат дилбазану дилгиру норавшану кӯҳнаколо гаштаанд!

Мебинӣ?

Қоматат хамида, мӯят сапеди фатила, гарданат тавқе чун тавқи сутурги шутурҳо гашта аст!

Мебинӣ?

Хазони умри одамхудоият фаро расида! Дастонат меларзанд! Гомҳоят ноустуворанд! Аз хуни миллат тамоми колбадат рангину қирмизу мутааффин гашта аст!

Худат аз худат хаста гаштаӣ! Худат аз саргузашти талхи ҷавонию даврони одамхории баъд аз 40-солагият, ҳарчанде бардурӯғ биболӣ, вале аз он дилгирию дарун ба дарун менолӣ!

Биё, бори дигар бо диққат худро дар ин оинае, ки мо ҷавонон бароят сохтаем, хазони умратро бубин, фарҷоми ногуворатро тамошо куну аз сари роҳи мо бархезу куҷое хоҳӣ бирав!

Бирав то роҳи миллат ҳамвор бошад!

Роҳро кушо, чун тулонӣ сари ин ҷода ҳаял кардӣ! Ҳама ҳамсолонат рафтанд, ту ҳам бираву гуму гур шав, диктатор, монстер, одамхор, ҳаюло, дарди сар, фиръавни дилбазан, Заҳҳоки мор бадӯш!

Чӣ қадари дигар туву моронат мағзи ҷавононро хоҳед хӯрд?

Чанд соли дигар дар мағзу равонамон ахлоттӯдаҳои ҷанги бемаънои солҳои 90-уматро, ки ба иқрори худат барои «қудрату ҷойгоҳ» барпову роҳандозӣ карда будед, ворез хоҳед кард?!

Куҳна шуд ин ҷангат. Ҳарчӣ буд ба зуболадони таърих рафт! Ягона роҳи ту ҳам ба самти ҳамон зуболадонест, ки хоҷагону ҳамяроқонат кайҳо рафтаанд!

Бархез савор шав, ки саворон ҳама рафтанд!

Қоч, ӯғули Чақур! Қоч!

Ҳама вазифаву мансаб умри муайян дорад! Курсии президентиро дар соли 1992 Марям-модарат, Нуриддин-бародарат, Чақур-падарат ба ту надода буд! Чақуру Майрам ҷуз як полону фатроки хар чизе бароят надодаанд!

Миллат зери мили силоҳ дод! Миллат бо зиллат дод!

Ин курсӣ моли мо — 10 миллион тоҷик аст!

Ҳаркиро хостем, ҳар вақте хостем меорему мешинонем!  Нахостем, дафъ мекунем!

Курсии абадӣ мехоҳӣ, рав дар хонаи «ачат» созу ҳарчи қадаре хостӣ нишастан гир, касе коре надорадат!

Ин курсии масъулият аст!

Ин курсии дироят аст!

Ин курсии сиёсат аст!

Ин курсии мурувват аст!

Ин курсии ҳимоят аст!

Ин курсӣ зеркундаи пушти ҳар дузду фурсатталабу чапдасту хиштактару диктатори хуношом нест! Кункурсии роҳати абадӣ ҳам нест!

Ту кистӣ?! Чаро бояд танҳо куни ту руи ин курсии мо часпида, абадуддаҳр биншинад?

Чаро бояд ба ҷои куни ту куни Рустами бесаводи мактабнахондаи аблаҳат биншинад?

Ё ин курсиро мо- тоҷикон зеркундаи куни туву баччаву каччаат сохтаем?!

На! Вақти он аст, ки ин кундаро аз зери кунбораат баргирем!

Бас аст! Он қадар руи ин кунда-курсӣ нишастӣ, ки ҳам кунда тафтиту ҳам нишемангоҳат хусид!

Худро мехоҳӣ шиносӣ? Дар мағз-мағзи ин миллат чун киста, чун ғуддаи саратонӣ дар хуни ин миллат ҷо шудаӣ! Чун модаршӯйи хирачашм аз рӯи курсии риёсати ин оилаи бузург ақаби вазнинатро ҳавсалаву хоҳиши бардоштан надоштиву надорӣ!

Медонам, Тоҷикистони бевамонда ба соли 1992, бар ғалат «ҳамсар»-ат шуду дигар роҳи раҳоию «талоқ» аз туи говбонро наёфт, ки наёфт! Фарзандони бешарафи ин беваи «хатокарда» дигар фурсатеаш надоданд, ки аз пирхари бадмури хазинадузд ҷудо шавад!

Ҷудо шавад, бошад, ки дигар сарвати ин хонавода ба ҷайби туи «хонадомод» наравад! Фарзандони нимасағири ин бева (миллат) даромади хонадони худро байни ҳам баробар бинанд! Талоқ бидеҳ! Се талоқ! Сесаду сивусе талоқ кун ин беваи бечораи ҳайронрову бирав ба онҷое, ки замоне бо либосҳои дуздида аз ҷӯраву ҷаҳмандат худро «шаҳ» кардию ба зур вориди ин хона шудӣ!

Худро падар хондӣ, дар ҳоле, ки падарандарӣ дорӣ болои фарзандони ин модар!

Задишон!

Таҳқирашон кардӣ!

Ғорату тороҷашон кардӣ!

Аз шиками ҳарякашон задию барои худат кушку вилову асбоби айшу нӯш таҳия кардӣ!

Баҳона чист? — номи халқ!

Дигар, дар ин хона бегонаӣ! Дар ин хона нохонда омада будию бегона мондӣ! Даъвӣ дорӣ, ки дар ҳақи «раъият»-ат падарӣ кардаӣ! На, фарзандони ин хонадони бузург акнун азат безоранд! Ин фарзандони нимасер, дигар тоқати таҳаммули туву ҳаромфарзандони думовардаатро аз дигар «бева»-ат надоранд! Онҳо зиёд шудаанд! Онҳо бисёр мехӯранд! Онҳо носераманд! Ҳама ҳаққи ҳалоли ин хонадонро дуздиданду бурданду дар дуриҳои дур анбоштанду тапиданд.

Барои он рӯзгоре, ки чун ронда шаванд- хор нашаванд!

Имрӯз чеҳраи воқеият ошкор шуд!

Дуздидӣ охирин луқмаи даҳонамонро!

Рабудӣ беҳтарин бародарону хоҳаронамонро!

Рондӣ аз хонаамон фарҳехтагонамонро!

Куштӣ, бешараф ғурури ин хонадонро!

Назди ҳамсояҳо, ки ба покии хонадони мо рашку ҳавасу ҳасад мебурданд, бешарафу муттаҳаму сарпасту дузду залилу разил муаррифиямон кардӣ!

Падарандар! Дафъ шав аз хонаи покӣ мо, ки рӯзе ба зури бозу дафъат мекунем ё барои ҳамеша дуздидаҳоятро бозпас гирифта, хору залилат мекунем! Бо олудагият олудӣ ин миллатро! Одамкушу террорист хондиямон! Дар ҳоле, ки ин хонадони наҷибу шариф, тули таърихи дароз ҳамеша устоди ғулсифатоне аз табори қарлуқу қатағани ту буд! Имрӯз, шумо- муғулҳо омадеду ҷурму ҷиноёти 800 солаи Чингизпадаратонро бар гардани мо — Тоҷикон задед! Чӣ ғарию пешхезие, ки афсус дигар миллатҳо бовар карданд, ки тоҷикон чунинанд! Дар ҳоле, ки ҳокимон аз тоҷикон нестанду набуданду намешаванд! Хокшапҳову хоямолону ҳиздумравонатон тоҷиканд, вале мо аз онон низ безори безорем! Улё ҳазрати хуса! Сенёр, ҷаноб, пешво, генерал, генералсимус, ҳамадон, наҷотбахши коинот, ориёӣ, шоҳ Ҷамшед, кадушоҳ, асосгузори ҳарчи хубиҳост, муъаззам, муҳтарам, ҳаматавону ҳамадон, қаҳрамонпадари 7 духтару 14 домод, қиблагоҳи Рустамгенерали ҷангнадида, миллиардер, носерам, казнократ, падари миллат, сарвари доно, дар ҷонамон задаӣ! Аз диданат сери сер гаштаем! Иҷозат диҳ, ки бо тантана дафъат кунанду лоақал боқимондаи умрҳомонро бе дидани туи муқаддас, туи хирасар, туи курсикафшери 500 ҳазордоллара бинем!

Ёд дорӣ? Ҳангоме, ки дастат ба хуни Рушониён дар равшноии рӯзи рӯшан олуда гашт, он гаҳ ба пас, сахт дар ҳарос уфтодӣ. Пас аз он рӯзат дигар тираву тор гашт. Бовар дорам, ки дар шабҳои торат, ҳангоми зери таъсири доруҳои таскинбахш каме дами беғам мезанӣ, арвоҳи он ҳама ҷавонмардони бегуноҳ ба суроғат меоянд, аз малакути барин, аз самти осмонҳо дар хобу руъёят пар-пар мезананду мепурсандат : бо чӣ гуноҳе моро куштӣ? Ҷавобат мисли ҳукумати 33 солаи дурӯғинат, дар хобат ҳам бардурӯғ аст, мегӯӣ: ман супориш надодам, ман ба гардан намегирам, ман нагуфтам, ки ин ҳамагӣ шуморо безарар гардонанд!

Истед, ҷавонмардон! Истед! Чаро шумо 20-30 нафар не, балки 60-70 нафаред? Чаро вақте одамхорҳои муғулу русу зархаридони чиноии ман шуморо куштанд, 20-30 нафар будеду ҳоло дар руъёҳоям ин қадар зиёдед? Истед, ҷавонон. Рӯшониён. Ин ҳама анвор ва равшноиро аз куҷо бо худ овардаед?! Магар шумо муште арозилу авбошу фитнагару гуруҳҳои ҷиноятӣ ва қотилони эҳтимолӣ набудед?

Чаро ба ҷои торикию сиёҳӣ, ба хобам, бо ин ҳама нуру зиё ворид шудаед?! Ман….ман..супориш надодаам, ман ба гардан намегирам, ман нагуфтам, ки то ҳадди имкон шуморо, вай кунанд, безарар..!!

Пасон, селаи хурӯшоне аз равонҳои  тоҷикони Ғарм, Хӯҷанд, Кӯлоб, Душанбешаҳр, Ваҳдатобод, Хуросон, Хорӯғ, Файзобод….. ба суроғат меоянд: зану мард, пиру ҷавон, кӯдаку зиндониёни бегуноҳе, ки ғарқа ба хунашон кардӣ, сарҳошонро буридӣ, оташашон задӣ, дар дарёҳои Омуву Сир ғарқашон кардӣ, зери бомбаҳои болгардҳои хоҷагони ӯзбаку русат, тикка-пораашон кардӣ, зери чархи тонкҳо маҷақашон кардӣ…. падидор мешаванд!

Нее…..не….наааааа!

Ва ин гоҳ ту медидӣ, ки кашон-кашонат ба самту сӯи дузахи дуруғвандон мебаранду аз хоби шабат, ларзида, бо дарду тарсу ҳарос мепарӣ!

Чунин аст оқубати хунҳои баноҳақ рехтаат!

Шояд ҳам бимирӣ?

Вақте мемирӣ, суфориш  кун, ки мундири Генералиат, Сарфармондеҳии қувваҳои мусаллаҳат ва амулету тавқи заррину гарданбандҳову унвонҳову рутбаву лаппосҳоятро бар тани бадмури беҷонат кунанду вақти мурданат ҳам бо «обруву иззати ҷанобонаву шоҳаншоҳона» ба гӯри махуфат баранд!

Ту ҳам бираҳӣ, мо ҳам дами осудаи бе туро дар зиндагӣ боре таҷруба карда бошем!

Вақте мемирӣ, ғамгин набошу гумон мабар, ки ин олам фарҷом меёбад ё насли миллати тоҷик мунқариз мешаваду хуршеду маҳ аз гардиш боз меистад, ё мардон ба ҳамсаронашон намеомезанду кӯдакон ба олам намеоянд, ё миллати тоҷик дигар абусу маҳзун гашта, намеханданд.

Мутмаин бош, ҳама чӣ ҳамон гуна, ки идома дорад, бидуни ту ҳам идома хоҳад ёфт. Зеботар.

Танҳо дар ин васат як нафар ту мемирӣ. Як нафаре, ки умре сарбории ин мардум буд. Умре заҷри дидану шуниданашро мекашид. Умре халосӣ аз туву султаи ба сарнайзаи русу ӯзбак овардаатро орзу дошт. Ва имрӯз  он рӯзи фархунда фаро расид!!! Хело худписандӣ кардӣ. Хело худро дар авҷи малакути осмонҳо дидӣ. Хело худро нимахудо дидӣ. Вале, ҳақиқатат ин аст, ки чун дигарон як инсон будаӣ. Солҳо заҷру ғаму кулфату дарди нимаятимӣ дидаӣ. Медонам, дарднок аст, ки даври кӯдакии шахс бо кулфату азобу фақру фоқа гузарад- ба беқадрӣ  сипарӣ гардад, аммо аз тақдиру сарнавишт куҷо ҷои гурез аст? Вале ту он заҷру азияти тақдири пешониятро тули 33 сол аз фарқи сари миллати тоҷик кашидию гирифтӣ! Бебарқӣ! Фақр! Куштор! Нооромӣ! Туҳмату зиндонсозӣ! Ва дигар хушунатҳоро бар мо барои он раво дидӣ, ки гӯё миллати тоҷик гунаҳкор буда, ки ту тӯли 40 сол заҷр кашидаӣ! На, кадхудо, ин кори мо — тоҷикон набуд, тақдири бади мо буда, ки ту чунин сарнавиште доштаӣ! Кори Худо буда! Чӣ? Бубояд 7 соли дигар мо 10 миллион пиру барнову кӯдаки бегуноҳ дар Русияву кулли ҷаҳон дарбадару овора бигардему дар Тоҷикистон азоби бебарқию бекорию ноумедию стрессу ташаттути равониро таҳаммул кунем, то ту қасди тақдири пешонии 40 солаат- разборкаатро бо Худо «баробар» кунӣ?! Мо чӣ гуноҳ доштаем, ки ту 40 сол гадоӣ кардаӣ?!

Ты кто такой?!

Вақте як инсони хокӣ, одӣ, ниёзманд, фақир, ҳақир ва дар байни мардуми оддӣ будӣ. Дар Данғара чун ҳар як шаҳрванди оддӣ ба тую суру маъракаву ҷашнҳо мерафтӣ, бо мардум ҳамнишин будӣ, аз обашон об менӯшидию аз бодашон нафас мекашидӣ- на нимахудо будию на кадхудо. Ҳарчанд имрӯз аз туву авлодат шоҳу тӯраву аз ҳамсари замоне нимасеру нимпӯшидаат хонуми рақами яки мамлакат сохтаанду он қадар дар сарвату неъматҳои ба ҳар роҳ дуздидаат ғутаварат кардаанду Тоҷикистон бароят «Биҳишти рӯйи олам»

шуда, ки ҷуз сарвату фаровонии атрофиёнат дигар чашмонат на он рӯзгорони даврони ҷавонию кӯдакӣ, на аҳди шубоб на даврони говбонию харчарониятро намебинанд, вале худат дар нигоҳи худат ҳамон як мактабнахондаи петеушники духон боқӣ мондаӣ. Худат дар дохили худат як марди тарсуи носерам боқӣ мондаӣ. Худат чандин сол аст, ки дубуъдаӣ, душахсиятӣ азобат медиҳад, дудилагӣ заҷрат медиҳад. Агарчи ҳамоне аз фақру фоқа азоб мекашидӣ, ҳоло аз хусагӣ, аз заъфшахсиятӣ, аз ин, ки наметавонӣ оилаи чашмгуруснаатро маҳор занӣ, дард мекашӣ! Мисли як пирамарди нотавоне, ки на келинаш, на писараш, на ҳамсараш, на ҳатто наберагонаш ба гапаш намекунанд, духтарон пайи фаҳшову тороҷ, писарон пайи дӯлобӣ, домодҳо паси шаҳвату сарват, ҳамсар пайи гаштаку ҷашну рақсу суруданд!

Заҷру дард аз ин бештар, дар сари пирӣ намешавад!

Нотавон будӣ, нотавон мондӣ, нотавонона хоҳӣ мурд!

Вақте мемирӣ, ҷуссаи хуссаи «шоҳаншоҳӣ»-ятро мо- ҷавонон хоҳем бардошту бурду рӯи саҳни масҷиде, даруни тобуте ё гуробе рӯи замини тира хоҳем гузошт! Оре, ҷаноби олӣ, лошаеатро, ки тули 33-ву анд соле касе дар рӯи замин, бо либосҳои мардумӣ надид, кунун рӯи замин мехобонем! Ба тарзи уфуқӣ васият кунӣ, уфуқӣ, ба тарзи амудӣ васият бошад, ба он. Вале, мо- миллати тоҷик, ки тули сиву анд соле туву аҳлу оилаву яъҷуҷу маъҷуҷатро ин ҳама таҳаммул кардему сарбории гароне будаӣ, як бори дигар, барои охирин бор,  рӯи китфонамон туро хоҳем бардошту бурда ба гӯру адам восил мекунем!

Дигар, пас аз ин, аз ту ҷуз номи манфур, чеҳраи пуркин, хотироти ғамгин чизе ба ёдгори наслҳои пасин нахоҳад монд! Танҳо як давраи малъуни хунбору дилгири даврони яккатозию хартозият дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд!

Пидруд пирбузбалаи гарданбалонигазӣ!

Share This Article