Шаҳодати Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) тавассути Ҳаҷҷоҷ.

Ислоҳ нет

Шаҳодати Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) тавассути Ҳаҷҷоҷ.

Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) кӣ буд?

Маълумоти кӯтоҳ.
Саъид ибни Ҷубайр (раҳ), имом Ҳофиз, қорӣ, муфассир, шаҳид кунияааш Абумуҳаммад буда, яке аз кибори тобеъин ва ҳабаши асл ба шумор мерафт. Соли таваллудаш (46-95 ҳ.) буда, хело марди парҳезкор ва донишманди хуби улуми исломӣ буданд. Улуми исломиро назди саҳобии бузург Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) ҳибри уммат ва Абдуллоҳ ибни Умар (раз) шарафёб гаштааст. Инчунин назди модари муъминон Оишаи Сиддиқа (раз) дар Мадинаи мунаввара ҳам фаро гирифтааст. Дар шаҳри Куфа сукунат карда, илмашро ба мардуми онҷо таълим додааст. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ ӯро ба шаҳодат мерасонад. Сабаби қатлаш якҷо шудан бо Абдурраҳмон ибни Ашъас дар инқилоб бар зидди давлати Умавиҳо буд. Ин инқилоб ноком гашт ва нахуст Ибни Ашъас ва пас аз чанде Ибни Ҷубайр (раҳ) дастгир ва ба шаҳодат расид.
Пас аз ноком гаштани инқилоб Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) дар яке аз минтақаҳои Ироқ пинҳон гашт, вале чун маконашро пайдо намуданд аз он ҷо ҳам фирор кард. Чандин минтақаҳои атрофи Ироқро барои паноњ ва сукунат аз сарбозони Ҳаҷҷоҷ ихтиёр намуд, вале чун машҳур буд дар ҳол кашф мегардид. Охируламр ба сарзамини муқаддаси Макка расид ва дар яке аз қарияҳои хурди он сукунатро ихтиёр кард. Дар ин сарзамин ҳудуди даҳ сол умр ба сар бурд ва касе аз маконаш хабар наёфт. Ба қавле волии Макка медонист, вале аз ҷойгоҳу шахсияташ огоҳ буд ба Ҳаҷҷоҷ ин хабарро намерасониданд. Пас аз даҳ сол волӣ ё ҳокими Макка иваз шуд шахсе аз тарафи Бани Умая онҷо гумошта шуд номаш Холид ибни Абдуллоҳ Ал-қусарӣ. Чун шогирдон ва ҳаводорони Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) аз омадани ин шахс огоҳ гаштанд дар ҳол ба ў хабар доданд, ки аз ин шахс ҳама таваққуъро доранд шахси баде ҳаст ва хуб мешавад аз Макка хориҷ гардад, зеро пас аз гузаштани ин ҳама сол ҳоло ҳам хатари марг ӯро таҳдид мекунад. Аз ў хоҳиш намуданд ҳарчи зудтар Маккаро тарк кунад.

Вале Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) гуфт: “Савганд ба Аллоҳ ончунон фирор намудам аз сарзамин ба сарзамини дигаре, ки дигар аз Аллоҳ шарм мекунам. Ман дигар тасмими худро гирифтаам, ки дар ин сарзамин ва маконе, ки ихтиёр намудаам боқӣ бимонам. Ман ба њар коре, ки Аллоҳ бароям мекунад, розӣ ҳастам”.

Чунонеки шогирдон ва ҳаводорони Ибни Ҷубайр (раҳ) волии ҷадидро гумон карда буданд воқеъан ҳам чунин шуд.
Ҳангоме ки амнияти волӣ аз вуҷуди Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) огоҳ гаштанд хабарро ба ӯ расониданд ва волӣ низ амр намуд дарҳол бираванд ва ўро бо дастони баста ба назди Ҳаҷҷоҷ Ибни Юсуфи Сақафӣ бубаранд.

Ҳангоме ки сарбозон амри волӣ ё ҳокимро гирифтанд назди хонаи ў рафтанд ва ўро дар ҳалқаи шогирдон ва наздиконаш дарёфтанд. Ӯро фаро хонданд ва дар дастонаш завлона ва ба ў гуфтанд ба мо амр шудааст, то шуморо назди ҳокими Ироқ ва сарзаминҳои атрофи он Ҳаҷҷоҷ бифиристем.

Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) вақте сарбозонро дид оромона ба сӯйи шогирдонаш нигариста, чунин гуфт: “Шумо дигар маро нахоҳед дид маро ин золим ба қатл мерасонад. Вале ман дар шабҳо бо ду дустам хело шабҳои хотирмоне дар ибодат доштем ва хело ҳаловати дуъоҳоямонро дарёфтем. Мо дуъо намудем ба сӯйи Аллоҳ хело дар ҳолатҳои фурўтанона ва воқеан он лаззати дуъоҳоямон хотирмон буд.Талаб намудем аз Аллоҳ, то моро ба шаҳодат бирасонад. Ман шаҳодати он дуро ва истиҷобат шудани дуъоҳои онҳоро шунидам. Вале ман то ба ин рӯзҳо мунтазири истиҷобати он дуъоям будам, ки он рӯз ҳам расид”

Ин суханонашро ба охир нарасонида буд, ки духтари хурдсолаш ба наздаш дохил шуд вақте дид падараш дар дастонаш завлонаҳо баста шудаанд ва сарбозон ӯро иҳота намуда, барои бурдан омодаанд ба сӯй духтараш нигоҳе намуд, ки гўё дигар ӯро намебинад. Духтараш падарро бо ин ҳол дида, гирист ва Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) бо меҳрубоние бо дастони баста духтарашро ба оғўш гирифт ва гуфт: Духтарам ором бош ва ба модарат бигӯ мулоқот ва дидори мо бо ӯ иншоааллоҳ дар ҷаннат аст. Ин бигуфт ва хориҷ шуд. Ӯро пас аз чанд рӯз бо ин ҳол ба назди кохи Ҳаҷҷоҷ расониданд.

Ба Ҳаҷҷоҷ хабар доданд, ки Саъид ибни Ҷубайрро овардем. Ҳаҷҷоҷ дарҳол амр намуд ӯро ба наздаш ворид намоянд. Саъид ибни Ҷубайр (раҳ)-ро наздаш ворид карданд.

Ҳаҷҷоҷ ба сӯяш нигоҳи хашмгинонае кард ва пурсид, номат чист?

Гуфт: Саъид ибни Ҷубайр.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Шақи ибни Касир ( Саркаш фарзанди Шикастае)

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Модарам аз ту дида ба номам хубтар огоҳтар аст.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Нисбати Муҳаммад чӣ мегўӣ?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Мақсадат Муҳаммад ибни Абдуллоҳ салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳ аст?

Ҳаҷҷоҷ гуфт : Бале.

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ пешвои фарзандони Одам ва паёмбари Илоҳӣ ва беҳтарини онҳое, ки буданд дар замин зиндагӣ намуданд ва умр ба сар бурданд. Рисолати худро расониданд ва амонаташонро адо намуданд. Насиҳатгар ба китоби Аллоҳ буданд, бандагони Аллоҳро чи хосса ва чӣ омма.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди Абўбакр чӣ мегўӣ?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ халифаи паёмбари Худо (с) буданд, ҳамд гўянда зиндагӣ намуданд, зиндагии накўе доштанд ва бо манҳаҷи Паёмбар(с) равон гаштанд ва чизеро аз он тағйир ва дигаргун накаранд.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди Умар чӣ мегўӣ?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ Форуқе буд, ки Аллоҳ тавассути ў ҳақро аз ботил ҷудо намуд. Инчунин беҳтарин бандагони Аллоҳ ва дар назди Паёмбар (с) дорои қадру маконат буданд. Албатта раҳсипор гаштанд бо роҳу равиши ду дўсти худ. Накӯ зиндагӣ намуданд ва шаҳид кушта шуданд.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди Усмон чӣ мегўӣ?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ омода ва комилкунандаи сипоҳи Усра ва канандаи чоҳи Рума ва харидори хонае барои худ дар ҷаннат буд. Домоди Расули Акрам (с) шавҳари ду духтарашон. Инчунин бояд бигўям Расули Акрам (с) дар ақди никоҳи ў ду духтарашонро бо нузули ваҳй аз осмон даровардаанд. Бо зулм кушта шудааст.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди Алӣ чӣ мегўӣ?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ӯ писарамаки Расули Акрам (с) ва аз аввалин навҷавононе, ки мусалмон шудаанд.Ӯ шавҳари Фотимаи Заҳро (раз) ва падари Ҳасан ва Ҳусайн (раз) пешвои ҷавонони аҳли ҷаннат буданд.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Кадомин халифаҳои Бани Умая назди ту бартар аст?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Он халифае аз онҳо, ки Аллоҳашонро розӣ намуда бошанд.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Пас кадоме аз онҳо Аллоҳро розӣ карда буд?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Илми он назди оне ҳаст, ки ошкору пинҳони онҳоро медонад.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар мавриди ман чӣ мегўӣ?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ту худ аз ончи дар худи туст донотарӣ.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Балки ман мехоҳам онро аз ту бишнавам.

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ончи ман дар мавриди ту мегўям туро хушҳол намекунад, балки ғамгинат мекунад.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Барои ман зарур аст, то онро аз ту бишнавам?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Пас гўш кун, то он ҷое ман медонам ту мухолифи китоби Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло буда, бартар мешумори бархе корҳоеро, то инки сиёсат ва ҳайбататро миёни мардум ва раият нишон бидиҳӣ. Вале огоҳ бош, ки ин амалат туро ба пастӣ мебарад ва ҳалокат месозад ва туро ба суйи оташи ҷаҳаннам мекашонад.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Савганд ба Аллоҳ, ки туро мекушам.

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Агар дунёи маро табоҳу хароб намоӣ охирати туро ман табоҳу хароб менамоям.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Барои худат ҳар маргеро, ки меписандӣ онро ихтиёр кун?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Эй Ҳаҷҷоҷ ҳар маргеро, ки ту барои худат мехоҳӣ ихтиёр намоӣ онро ихтиёр кун. Аммо савганд ба Аллоҳ ту маро як қатле мекунӣ, вале ман мисли он туро дар қиёмат мекушам.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Оё мехоҳӣ туро афв кунам ва бубахшам?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Агар афву бахшише бошад он аз ҷониби Аллоҳ аст, вале ман онро ҳаргиз аз ту намехоҳам.

Ҳаҷҷоҷ хашмгин гашт ва гуфт: Шамшер эй сарбоз!

Саъид ибни Ҷубайр табассуме кард.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Ман амр ба куштани ту намудам, табассумат аз баҳри чист?

Саъид ибни Ҷубайр гуфт: Ман тааҷҷуб намудам бар ҷуръати ту бар Аллоҳ ва ҳилму раҳми Аллоҳро бар ту.

Ҳаҷҷоҷ гуфт: Эй сарбоз, биштоб!

Саъид ибни Ҷубайр сарашро ба тарафи қибла намуд ва ин ояти Қуръонро хонд:
﴿إِنِّي وَجَّهْتُ وَجْهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ حَنِيفاً وَمَا أَنَا مِنَ الْمُشْرِكِينَ﴾

[سورة الأنعام الآية: 79]

Тарҷума:”Ман аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офаридааст ва ман аз мушрикон нестам”
(Сураи Анъом,ояти 79)

Ҳаҷҷоҷ вақте ин оятро шунид гуфт аз тарафи қибла сарашро боз гардон.

Саъид ибни Ҷубайр дар ин сухани Ҳаҷҷоҷ ин ояти Қуръонро тиловат намуд:

﴿فَأَيْنَمَا تُوَلُّوا فَثَمَّ وَجْهُ اللَّهِ﴾
[سورة البقرة الآية: 115]

Тарҷума:”.Пас бар ҳар ҷое, ки рӯ кунед ҳамон ҷо рӯ ба Худост”
(Сураи Бақара,ояти 115)

Ҳаҷҷоҷ ҳангоми шунидани ин оят амр намуд ўро бар замин биандозед!

Саъид ибни Ҷубайр дар ин ҳолат ин оятро тиловат намуд:

﴿مِنْهَا خَلَقْنَاكُمْ وَفِيهَا نُعِيدُكُمْ وَمِنْهَا نُخْرِجُكُمْ تَارَةً أُخْرَى﴾
[سورة طه الآية: 55]
Тарҷума:”Шуморо аз замин офаридем ва ба он боз мегардонем ва бори дигар аз он берун меоварем”
(Сураи Тоҳо,ояти 55)
Ҳаҷоҷ ба хашм омад ва гуфт: Бикушед ин душмани Худоро ман то ба ҳол надидаам мардеро, ки ин қадар бо оёти Қуръон иддао намояд.

Саъид ибни Ҷубайр ин ҳангом ҳарду дастонашро бардошт ва дуъои машҳурашро, ки таърих гувоҳи он аст ва дар сафаҳоти тиллогини ҳаёташ сабт шудаанд, намуд: “Эй бор Худоё маро охирон шахсе бигардон,ки Ҳаҷҷоҷ ӯро мекушад ва пас аз ман каси дигареро натавонад бикушад”

Ҷаллод сари Саъид ибни Ҷубайр (раҳ)-ро аз тан ҷудо кард ва Ҳаҷҷоҷ онро мушоҳида менамуд.

Пас аз ин қатл ҳамагӣ 15 рӯз нагузашта буд, ки Ҳаҷҷоҷ мубтало ба бемории дохилии шадиде гашт. Як соат ҳушёр буд дигар беҳуш мегашт бо хобҳои тарсноке бедору ба ҳуш меомад. Ҳангоме ба ҳуш меомад фарёд мекашид ин Саъид ибни Ҷубайр буд, ки аз гулям медорад ва гулўгирам менамояд ва мегўяд: Чаро маро куштӣ? Саъид ибни Ҷубайрро аз назди ман дур кунед.

Ривоят мекунанд дар хоб баъзе аз солеҳини замонаш аз Ҳаҷҷоҷ пурсиданд: Эй Ҳаҷҷоҷ, Аллоҳ бо ту чӣ кард бо ин ҳама қатлу кушторе анҷом додӣ?

Ҳаҷҷоҷ гуфтааст:Аллоҳ маро ба ҳар шахсе куштаам як маротиба куштааст, вале барои Саъид ибни Ҷубайр маро ҳафтод маротиба куштааст.

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) гуфтааст: Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) дар ҳоле кушта шуд, ки дар руйи замин шахсе набуд дар он замон, ки ба ӯ муҳтоҷ набошад. Муҳтоҷ ба илми ӯ, ба дониши андўхтаи ӯ аз асҳоби Муҳаммад(с).

Ибни Ҷарир (раҳ) мегўяд: Он соле, ки Саъид ибни Ҷубайр ба шаҳодат расонида шуд, он солро соли вафоти фақеҳон меноманд.Зеро дар он сол тақрибан бузургтарин фаќеҳони Мадина аз дунё гузаштанд. Нахуст сар қофилаи ин фақеҳон Алӣ ибни Ҳусайн Зайналобидин (раҳ), сипас Урва ибни Зубайр (раҳ), сипас Саъид ибни Мусайяб (раҳ) ва Абубакр Абдурраҳмон ибни Ҳорис ибни Ҳишом (раҳ). Аммо Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) аз аҳли Макка буд”.

Бале, хонандаи гиромӣ ин буд қиссаи дарднок ва ба шаҳодат расидани Саъид ибни Ҷубайр (раҳ) аз дасти Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ.
Дунё ҷойгоҳест барои имтиҳону санҷиши мо бандагон. Пас барои мо зарур аст, то бо роҳу равиши Аллоҳ ва паёмбараш Муҳаммад (с) биравем.Ин ҳаёти дунё ҳеҷ арзиш ва қимате надорад.Ҳаргиз набояд аз сахтӣ ва мушкилоти бар сарамон омада, маъюс ва ноумед бошем.Зеро шахси муъмин ин ҳаёти дунёро муваққат ва зудгузар бояд бидонад.Ҳаёти абадӣ ва ҷовидона ва ҳақиқие, ки мо онро мехоҳем он охират буда ва пас аз он марге нест.

Чунонеки Аллоҳ дар Қуръони карим мефармояд инсон пас аз марг орзўи дубора ба ин дунёро мекунад.На барои боқӣ мондан дар ин дунё, балки барои амали солеҳ намудану садақа кардан, то ҷойгоҳи баландеро дар охират дошта бошад.Пас ҳоло ин фурсат дар ихтиёри мо ва шумо азизон ҳаст.Пас мунтазири чӣ ҳастем? 

Share This Article