Шаҳритузиҳо аз ситам ва таҷовузи Муҳиби хусурбачаи “Пешво” навиштанд

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Нахустин бор аст, ки аз Шаҳритуз ба “Ислоҳ” нома навиштанд. Номае пур аз дарду ранҷ ва оҳу дард. Муҳим ин аст,ки тарсро канор гузоштанд, чун неши ситами Муҳиби “номард бошу зинда бош”  ба ҳайсият ва иззату шарафашон рахна кард.  

Аз бедодгариҳои Муҳибулло Саъдуллоев, бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов дар Шаҳритуз тамоми Тоҷикистон бохабар аст. Бовар дорем, ки худи Эмомалӣ Раҳмонов  ҳам хабар дорад. Азбаски кадом чораву тадбире намеандешад, дар ин ҷиноятҳои Муҳиббуло на фақат Азизмои апааш Эмомалӣ Раҳмонови язнааш ҳам шарик аст. Соҳибкорони шаҳритузӣ аз як сӯ аз дасти кормандони Идораи андоз ҷонашон ба лаб расида бошад аз тарафи дигар аз дасти ҳамин Муҳибулло ва лаганбардору думравонаш  мисли қорӣ Нусрати шаҳртузӣ. Ин Муҳибулло, ки шиори зиндагиаш “номард бошаму зинда бошам” аст, бо як беинсофӣ ва беномусона аз пушти язнааш парида бозори зани соҳибкор Абдуллоевҳоро кашида гирифт ва ҳатто шавҳари ӯро зиндон ҳам кард, мардуми моро одам ҳисоб намекунад. Фукаш дар ҳаво, бо кибру каттагӣ мегардад вале бовар кунед дар рӯяш нур намондааст, имон надорад. Мо, аз ноилоҷӣ сабр пеша кардаем. Қорӣ Нусрати динфурӯхта бошад тамоми мардуми Шаҳритузро бодастони Муҳибулло шикаста истодааст. Ягон кас соҳиби як порча замин шавад ва ё иморате рост кунад, зуд рафта ба Муҳибулло хабар медиҳад. Муҳиб дар куҷо, ки набошад расида меояд. Дукон, мағоза, чойхона ва ё ҳар чизе ки сохт, маҷур мекунад, ки ба ӯ фурӯшад. Агар 10.000 доллар барои сохтмон харҷ карда бошад ба 2 ё 3 000  аз ӯ бо зурӣ ва таҳдид мегирад ва ба нафри дигаре бо нархи болотар аз 10.000 мефурӯшад. Ва, ба соҳиби он бино таҳдид мекунад,ки овозат баромад рафта модару зану хоҳаратро фалон мекунам. Тамоми соҳибкорҳо аз дасти ӯ ба Русия фирор карданд.

Ба қарибӣ дар Шаҳритуз як тӯйхона сохта шуд. Номашро гузоштанд “Марҳабо”. Дар асл дар инҷо як ошхона амал мекард ва номаш ҳам буд: “Кӯлоб,2700-солагӣ”. Соҳиби он як узбеки маҳаллӣ буд. Аз дасти ӯ ин ошхонаро ба хотири ҷояш шуда муҳиб кашида гирифт. Як рӯз мӯҳлат дод, ки чизу чораашро барорад. Ин бечора узбек, марди 60сола, ки тамоми умр ва тамоми авлодаш дар инҷо буд бо дегу косаву чумчаву табақу косаву вилкааш надонист,ки чи кор кунад ва зиндагониашро чихел пеш барад. Ашк дар чашмонаш ҷорӣ, дар қади кӯча ҳайрону сарсон мисли беморони рӯҳӣ роҳ мерафт. Хеле гиря кард вале ягонҷо шикоят ва арз накард,чун медонист,ки фоида надорад.

“Аммо даҳшатноктар аз ин, кори Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки омад ва лентаи ин тӯйхонаро зери рақсу суруд қайчи кард. Ҳамаашон хурсанд ва дар телевизион ҳам гуфтанд, ки онро як соҳибкори шаҳритузӣ барои мардум сохтаасту барои чанд нафар ҷойи кор муҳайё кардааст. Аммо ин ҳама дурӯғ буд. Хок бар сари чунин давлтдорию раиятдорӣ. Мардуми шаҳритузӣ, ки кайҳо аз Раҳмонов ихлосаш гашта буд, боз бештар ба ӯ нафраташон зиёд шуд.”

Аммо ин ба ном туйхона сеошёна мебошад. Дар ошёнаи якум дискоклуб-фоҳишахонаи рӯирости Муҳиб аст. Ошёнаи дуввумаш тӯйхона ва саввуми меҳмонхона аст. Наход Тоҷикистон то ин дараҷа харобу кофаристон шуда бошад, ки дар рӯбарӯи мактаби №1 ва дар мобайни халқ фоҳишахона сохта аз шаб  то саҳар музикаро баланд карда гирду атрофро нороҳату безобита созӣ? Ҳамсояҳо чанд бор ба прокуратура навиштанд, ки мо аз дасти ин дискоклуб  хоб карда наметавонем, аммо ягон кас чораи инҳоро надид,чунки медонанд ӯ ба кӣ тааллуқ дорад.

Қорӣ Нусрат дар маҳаллаи ғармиҳои Шаҳритуз зиндагӣ мекунад.Тамоми қавмаш(ғармиҳо) аз ин одам сахт безор шудаанд. Вай заминҳои қафои бозори марказии Шаҳритузро азони худ кардааст. Ҳар як савдогари тахтаву шиферу умуман масолеҳи сохтмонӣ ба ӯ то 6000 сомонӣ пули иҷора медиҳад. Онҷо чандин нафар соҳибкор фаъолият мекунад.Қорӣ Нусрат ягон майда пули барқ ва андоз намесупорад. Садқаи номи қоригӣ шавад, ки ҳатто мардуми худашро ба Муҳибулло борҳо фурӯхтааст.

“Соҳиб ва раиси Шаҳритуз Муҳиббуло мебошад. Онҳое, ки инҷо раис шуда меоянд, дар назди Муҳибулло касе нестанд. Шикоятро мардум пеши қорӣ Нусрат ва Муҳибулло мебаранд.”

Президент бояд ин хусурбачаҳояшро аз Тоҷикистон дафъ кунад, ки вагарна кадом рӯз ҳам сари худаш ва ҳам сари Рустами писарашро мехуранд. Сари ҳамаашонро, сари ҳукуматашонро мехуранд. Ба худо қасам агар сари неши Муҳибулло гирифта нашавад, кадом рӯз мардуми ин се ноҳия мехезанду бо худ тамоми мамлакатро ҳамроҳ мекунанд. Чунки онҳо як ноҳияи Шаҳритуз не тамоми вилояти Хатлонро ба дод овардаанд. Як қисмаш дар Чапаев,як қисмаш дар Қурғонтеппа, як қисмаш дар Норак ва умуман тамоми вилояти Хатлон мардумро тамоман аз ҷон безор кардаанд.

Дар бораи Идораи андози ноҳия чизе гуфтан намешавад. Шаш моҳ пас сардори ин идора дар ноҳияи мо иваз мешавад. Ҳозир ҳам иваз шуд. Номаш Хоҷаев Зафар. Як одами ҳаромхӯри бесаводи тарсу, бемаданият. Ҳамаро “грузит” карда бар  илова аз бизнесмонҳо то ҳол боқимонда  маҷбурӣ қарз мегираду андози ноҳияро месупорад. Фақат ба хотири онки дар боло гӯянд, ки корро нағз пеш бурда истодаст ва андозҳоро саривақт ҷамъ мекунад. Мо, дар бораи ояндаи фарзандҳоямон дар ташвишем, ки бо ин вазъу ҳоле, ки дорем чи мешуда бошад.

“Шояд бовар намекунед, ки агар бигӯям соҳибкорҳоро маҷбур карда истодааст, ки аз бонкҳо қарз гиранду андозҳояшонро пешакӣ супоранд.”

Барои соҳибкор як андоз ду андоз мешавад, чунки дар болои он қарзи мегирифтааш боз % бонк изофа мешавад. Ин корҳо шояд дар давраи ғуломдорӣ ҳам набуд. Феълан ягон шаҳритузӣ дар вазифаҳои масъули ноҳия кор намекунад. Ҳамаашон аз “бачаҳакои боло”.

Чанд сол пеш як узбек сардухтури Шаҳритуз буд. Ӯро барои 20 сомонӣ дастгир карданд. Зиндонӣ шуд. Вале як сол нагузашта он главврач дар маҳбас ҷон бохт, мурд. Аз онки як одами обрӯманд буд, дилаш тоқат накард, таркид. Вале ӯро барои вазифааш қасдан “подставит” карда буданд. Як мутахасси дараҷаи олӣ ва одами солаш ҳам калон буд. Баъди ин ҳодисаи нангин тамоми духтурҳои Шаҳритуз корро тарк карданд ва аксарият ба Русия ҳиҷрат намуданд.

“Ҳозир беморхонаи Шаҳритуз духтури дипломи олидор як ду нафар дораду халос. Ҳама ба ноҳияи Қубодиён мераванд.”

Муҳиб як ронанда дорад, ки миллаташ ӯзбек аст, аз ноҳияи Қубодиён. Вақте Муҳиб бо арӯси худ дар Шаҳритуз дам мегираду ҳама корро ба анҷом мерасонад ба ронандааш супориш медиҳад, ки ин духтарро ба хонааш бурда расонад. Дар роҳ кадом гапи ронанда ба духтар маъқул намешавад. Ба муҳиб занг зада мегӯяд, ки ронандаат аз худ рафтааст ба ман ҳар хел гап зада истодааст.

“Муҳиб дар ғазаб шуда рост хонаи ронанда меравад ва зани ӯро рӯирост таҷовуз мекунад. Ин зан аз тарс тамоман чизе гуфта наметавонад, ки мабодо боз фарзандҳояшро ягон кор накунад. Ба ронандааш мегӯяд, ки овозатро мегириву мегардӣ.”

Ин мардаи узбек ранги девона гаштааст, чи кор карданашро намедонад аз ҷаври хусурбачаи президент. Раиси бозори Шаҳритуз Насим Астанақулов аст ва бародараш Бобоҷон ном дорад. Онҳо дар деҳаи Ҳаваскори Қубодиён зиндагӣ мекунанд. Падари онҳо Абдукарим,бо лақаби Карими сиёҳ аст. Ҳаммоми даромадгоҳи ноҳияро шахсӣ карданд ва баъдтар онро талаву тороҷ намуданд. Ҳозир он ҳаммом кор намекунад. Инҳо аз мардумони ин ду ноҳия нестанд. Баъди омадани Раҳмонов онҳо ба инҷо омаданд. Корхонаҳои поведлосозӣ, тамат, салати бодирингро ҳам хусусӣ карда баъдан фурӯхтанд. Падару писарҳо аз пуштибонии Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ва як корманди соҳибмансаб дар Оҷонсии мубориза бо коррупсияи  Бохтар бо номи Сангалӣ ва ё Сангак хело  сахт рӯирост лоф мезананд. Яъне дониста бошед,ки мо дар пуштамон киҳоро дорем!

Абдукарим Астанақулов чандин сол сардори шӯъбаи танзими ноҳия буд. Аз ҳар як зоири хонаи Худо аз 1000 то 1500 доллар пора мегирифт. Умуман мардуми омада аз навоҳии собиқ вилояти Кулоб дар се ноҳияи Шаҳритуз, Носири Хусрав ва Қубодиён, ки аксарияташон мансабдору мақомдор шуда буданд ва баъзаеш ҳоло ба нафақа баромадааст тамоми иншооти давлатии аз собиқ шӯравӣ мерос мондаро бо роҳи зӯриву фиребу найранг ва бепулу нимбаҳо хариданду хусусӣ карданду фурӯхтанд ва ё то ҳоло ба мардуми таҳҷоӣ ба иҷора дода худ кайфу сафо карда гаштаанд. Вале боз таҳқиру дашномашон болоӣ.

Мисоли мушаххасаш ҳамин Сафари калта ва Сафолбек ду собиқ сардори милисаи Шаҳритуз аст ки хелеҳоро “подстава” карда ягон иншооти доштаи онҳоро ҳамчун пора гирифта ҳоло як қисмашро фурӯхта ва аз ҳисоби иҷораи як қисми ин биноҳо зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Аллоҳ шоҳид аст дар Шаҳритуз ончунон ҳолат вахим ва тоқатфарсо аст,ки дигар намедонад шахс аз куҷояш нависад. Мо сокинони Шаҳритуз ҳеҷ додарсе надорем,ки додамонро бигӯем. Аммо додараруси “Пешво”ро дорем,ки рӯй рост ин мардумро истисмор,таҷовуз менамояд вале ҳеҷ кас ба ӯ ёрои гуфтани сухани “Накун”ро надорад. Бо итминони комил мегуем,ки агар камтари дигар идома пайдо кунад,дигар ҷонамонро ба ҳалқум расонида аст.

Поёни бахши аввал,идома дорад…

Ps: Шаҳритузиёни гиромӣ! Огоҳ бошед,ки зулму ситами оилаи пешво бар шумо поён намеёбад,то он рӯзе,ки шумо нотарсида,ноҳаросида ҳама ҷиноятҳои оилаи ӯ,мақомдорони ҷиноятпешаи ӯ дар Шаҳритуз ба худатонро нанависед.Шумо нотарсида ба “Ислоҳ”  нависед,то он ҳама расонаӣ гарданд.Ҳеҷ золиме имкон надорад дар муқобили садои мардум ва истодагарии шумо зулму ситам ва таҷовузашро идома диҳад. Ҳаргиз ба миллатҳо ва маҳалҳо ҷудо накунед якдигарро, сокинони Шаҳритуз. Ҳама бо ҳам якҷо шуда нависед,то садои ҷонкоҳи шумо минтақаи дурафтодаи кишварро ба хубӣ шунаванду чора андешанд. Мо мунтазири номаҳои шумо ҳастем!      

Share This Article