Шахсияти Исмоили “тоҷир” ё “қаҳрамон”и «Sputnik»-ро дар пушти парда шиносед!

(бахши аввал)

Исмоили Маҳмадзоир, набераи калонии Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сол дорад. Писари Фируза, духтари калонии Раҳмонов ва Маҳмадзоир Соҳибов аст. «Sputnik»,ки аз ӯ ба ҳайси «соҳибкори ватанӣ»  тамҷид кардааст, менависад Исмоил бахшида би иди саиди Фитр дар саросари Тоҷикистон-аз Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ гирифта тоПанҷу Панҷакенту Рашту Абдураҳмони Ҷомӣ  ва ғайра ба садҳо хонаводаи муҳтоҷу фақир садақа кардааст:

  «Ҳукумати ВМКБ-навиштааст «Sputnik» аз кумаки рамазонии Исмоили Маҳмадзоир ба 500 оилаи ниёзманд дар вилоят хабар дода, сарчашмаи даромадашро соҳибкорӣ арзёбӣ кардааст».

Расона навиштааст,ки ин

« иқдом дар ҳошияи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳри дастгирии афроди камбизоат дар арафаи Иди саиди Фитр сурат гирифт ва кумак аз қабили картошка, шакар, равған, биринҷ ва макарон буда он дастраси оилаҳои ниёзманди вилоят мегардад”.

Қаблан низ дар расонаҳо борҳо аз садақоту хайрияи ин «соҳибкори ватанӣ», ки аз ҷуду карамаш Ҳотами той, Хоҷа Аҳрори Валӣ ва ҳоло Билл Гейтсу Ҷорҷ Сорос дар таҳайюр афтодаанд, хабару гузоришҳо ба нашр расонида буданд, махсусан «Sputnik», ки ба гумони ғолиб яке аз кормандони он махсус ба бозтоби садақоти Исмоил машғул аст. Албатта шахсияти ин корманди «Sputnik» ба «Ислоҳ” маълум аст.

Савол ин ҷост  ки ин «соҳибкори ватанӣ» дар ҳамагӣ 21 соли умр чи тавр тавониста, ки ба ин ҳад доро бишавад, ки ҳам ба Тоҷикистон ҳам ба Узбакистон хайр садақа кунад? Кай успет кард? Ва, тиҷорату даромади он аз чи навъ тиҷорат аст ки ганҷинааш Қорунро ба ақаб задааст. Як сӯ Бадахшон, як сӯ Хатлон, як сӯ Зарафшон, як сӯ Тошканду як сӯ Душанберо дасти садақаву сахояш  навозиш кардааст?

 Танҳо чизе,ки «Sputnik» дар бораи манбаи сарвати ӯ як ишорача кардааст ин аст ки бобои вай дар Бохтар соҳиби бозор аст ва ин бозор «Ҳоҷӣ Шариф» ном дорад ва ба гуфтаи ҳамин расона, Исмоил соҳибкорӣ мекардааст. Аммо беш аз ин чизе дигар гуфта намешавад, ки соҳибкории Исмоил аз чиҳо иборат аст. Аммо ин факти чопшуда аст ки Исмоил порки мошинҳоеро соҳиб аст  ки якто аз ин мошинҳо аз як миллион доллар мисли “Rolls Royce” “Ролс –ройс” инчунин  500 ва 600.000 доллар арзиш дорад, ҳисоби мошинҳоро касе гуфта натавонистанд. Иллаташро пурсидам гуфтанд,ки як порки мошин надорад ва тез тез иваз ҳам мешаванд. Инчунин аспҳои беҳтарини дунёро ҳам соҳиб аст  ки аз 250 ҳазор то 400 ҳазор доллар баҳо доранд. Дар хӯрди ин аспҳо бодому пистаи эронӣ ва мавизи сояи самарқандӣ дода мешудааст, ки махсус бо самолёт аз Эрон ва Узбакистон оварда мешаванд. Як аспи Исмоил дар сол ҳудуди 100 ҳазор доллар масрафи ғазоӣ дошта аст. Акнун худатон ҳисоб кунед,ки агар 50 асп дошта бошад ва дар сол чанд масрафи хуроки онҳо чи миқдор маблағ масраф мешавад. Дар мавриди қимати ин аспҳо дигар ниёз ба ҳисоб надоред. Агар танҳо ин аспҳоро фурӯшанд ҳама осебдидагони Кулоб хонаҳояшон барқарор мегарданд. Агар порки мошинҳояшро фурӯшанд як Кулоби дигар месозанд.

Як ҳикояти воқеӣ аз хушгузарониҳои Исмоил аз қавли Нодири писари Мансур Умаров, раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ки рафиқи наздики Исмоил мебошад. (Зимнан М.Умаров солҳо,ки сардори Хадамоти муҳофизони Э.Раҳмонов буд, баъзе алоқаҳои ӯ бо хонаводаи Раҳмонов дошта аст ва онро дар матлаби ҷудогонае тақдиматон мекунем).

Чанд вақти пеш Дубай хушгузаронӣ мераванд. Дар онҷо дар як ресторан ё дисколубе бо номи Кавали «мешинанд». Онҷо чанд духтари украинӣ-хохлушкаҳо сари хони неъмати Исмоил ҳамроҳ мешаванд. Мехуранд, менушанд ва мерақсанд. Аслан он духтарҳо  моли худи ҳамин дискоклуб будаанд, «подставной». Онҳо ҳамин гуна муштариҳои киссағафсро «заманиват» мекардаанд. Далолҳои ҷазбкунандаи муштарӣ. Мунтаҳо гаронтарин вискиву брендиву шампону ғизоҳои рангобарангро фармоиш медиҳанд. Исмоил,ин Қоруни сонӣ «хит» намекунад, ки ин духтарҳо онҳоро «лох» карда истодаанд. Вақте ҳисобро меоваранд, ки 35.000 доллар баровард шудааст. Аммо дар ин миён он духтарҳои дар гирди Исмоил парвонавор қад дар қадаш «танс» карда буданд, нопадид шудаанд. Исмоил ҷӯраҳояшро дашном медиҳад, ки чаро хабардор нашудед ва мебарораду 35.000 долларро медиҳад. Агарчанде «Sputnik» Исмоили Маҳмадзоирро ҳамчун соҳибкору тоҷири дастбахайр шинос мекунад, чи хеле гуфтем дар бораи тиҷоратҳои вай ҳеҷ чизе намегӯяд. Аз он мегӯяд,ки картошкаву нахӯду руғани яклитра ба камбағалҳо хайр кардааст. Вале гуфта мешавад, ки дар асл Исмоил як ҷавони айёш ва худхоҳу хеле бераҳм ва басо мутакаббир ва ба гуфти мардум бодича ва сарвайрон аст.

Як мисоли дигар! Исмоил дар моҳи феврали соли 2018 дар Қурғонтеппа бузкашӣ ташкил кард. Дар шумори солим-ҷоизаҳои гаронбаҳо 5 духтар ҳам буд. Номи он духтарҳоро, ки 25 сола, 23 сола ва 22 сола буданд, шомили рӯихат кард. Ба он 5 духтар пешакӣ 5.000 долларӣ медиҳад. Касе бузро ба мара мерасонд мепартофт он духтарро солим мегирифт. Он духтарҳоро Исмоил туй мекард. Агар човандоз безан мебуд ба худаш, агар фарзанд медошт ба фарзандаш ё ба додараш… хулоса моли ҳамон мешуд. Духтарҳо розӣ ва тайёр буданд. Вале касе ин гапро ба бобояш-Эмомалӣ Раҳмонов расонд. Бобояш гӯшашро тоб дода мегӯяд, ки “ту чуқурии моро кандӣ аллакай? Ҳамаро мебарӣ дар чуқурӣ мепартоӣ?”  Ин солимҳоро  “отменит” кард. Вале 5.000 доллариро аз духтарҳо нагирифту ҳар кадоми онҳоро фармон дод, ки барои ман дутои духтари хона меоваред. Онҳо ҳамин корро карданд. Исмоил пулам насузад гуфта ҳамаи ин 10 духтарро нодухтар карда то ба фоҳишагӣ оварда расонид.

   “Як нафар аз хидматгорони Исмоил, ки феълан дар хориҷа ба сар мебарад гуфт,ки «худам шоҳид ҳастам, ки банди пойи сап-сафеди як духтарро бо сигарет сӯзонд. Ҳамин ҳоло ҳам изи сӯхтаи пойи чапи он духтар нарафтааст. «Акурка»-и сигаретро ончунон ба пойи духтар зер мекунад, ки дохили пӯсту гӯшт мешавад. Вай духтарро таҷовуз намуда амр мекунад, ки амалҳое наметавонаем инҷо зикрашон кунем бо ӯ анҷом диҳад, духтар розӣ намешавад. Номи ин духтарро намеоварам. Вайро мухтасар бо ҳарфи аввали ному насабаш мегӯям,ки Б.Ф.Т аст. Хоҳараш Т. ном дорад. Зодаи Кӯлоб, вале дар Душанбе бо модарашон зиндагонӣ мекунанд. Падари онҳо Б.Т. солҳои пеш дар ҳайати ходимони худи Раҳмонов кор мекардааст. Аммо ӯро барои кадом супоришро иҷро накардан зиндон карда ва аз онҷо мурдаашро мебароранд. Соли таваллуди Ф 1994 ва аз хоҳараш Т 98 аст. Онҳо иҷорашинанд. Танҳо ба хотири пеш бурдани рӯзгор ба ин роҳ рафтаанд. Исмоил ҳардуи хоҳаронро таҷовуз кардааст.”

Инро ҳам бигӯям,ки Исмоил як хоҳар дорад. Келини Рустам Сайидов, раиси автовокзали Душанбе. Молу мулки Бобаки Занҷонӣ дар дасти ӯст. Ширкати “Азиан -экспрес” бо автобусҳои 170.000 долларӣ ва низ Конт-бонк, ки ҳоло бо номи Бонки Осиё табдили ном кардааст. Ин хоҳари Исмоил соли 2019 тӯй шуд. Вай як ҷавони хушдори зебое дошт, ки ҳар  сари чанд вақт ӯро меҳмонхонаи Ҳаят-реҷенсӣ мебурд ва соатҳо дар онҷо ишқварзӣ мекарданд. Як бор дугонааш мегӯяд, ки “шӯ мекунӣ баъд баромада сирата фош накунад?” мегӯяд,ки “мо шӯ намекунем, мо зан мегирем. Моро шавҳарҳоямон ҳеҷ чиз гуфта наметавонад. Чи хеле бошем, титу пит ҳам бошем мурда мурда ҳамон хел қабулмон мекунад”.

Чи хеле гуфтем ин  «Sputnik» аст ки  қадам ба қадами Исмоили Маҳмадзоирро мунъакис мекунад, мисли инки фарзи гарданаш бошад. Ин хабругзори рӯзи 11 майи соли ҷорӣ боз навишт,ки «Набераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Исмоил Маҳмадзоир ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумак расонидааст”

Дар ин бора Соҳибкирони Зафар, як корбари Фейсбук хабар дода, аксҳои кӯмаки моддии ироашударо нашр кардааст.

“Иқдоми неки набераи Президент бародари гиромӣ Исмоил Маҳмадзоир ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида. Аҳсан! Худо аз шумо розӣ бошад”, – менависад вай.

Хуб, ҳол агар Соҳибқирони Зафар, дӯсти дигари Исмоил дар сафҳаи фейсбукиаш навишт, чиро онро «Sputnik» такрор кард? Исмоили Маҳмадзоир барои он таваҷҷуҳи «Sputnik»-ро ҷалб карда, ки набераи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Ҳамин ки вай набера ва писари кист, худ нишон медиҳад, ки манбаъи хайр ва саховати он чӣ аст ва аз куҷо реша мегирад.

Инки Раҳмонову аъзои хонаводаи вай хонаи халқи тоҷикро ба ғорат бурда, луқмаи даҳонашро гирифта истодааст «Sputnik» ҳеҷ гоҳ наменависад.

Аммо Мардихудо Давлатов- як авангарди чоплус  «Спутник»-ро сари овоз гирифтаву навиштааст:


 “Исмоил Маҳмадзоир соҳибкори ватанӣ дар пайрави аз иқдоми башардустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 2000 ҳазор оилаҳои ниёзманд, ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ВМКБ кумаки як вақтинаи озуқавори аз қабили орд, шакар, бириҷ ва равған кард.
Ин иқдоми ҷавонмардона боиси дасгири аст.”

“Воқеан ҳам дуруст навиштаанд, ки кишваре, ки раҳбарияташ дасти гадоӣ дар пеш, бо ёфтани камтарин фурсат аз кишварҳои дигар кӯмак мепурсад, ин ҳамагӣ домоду духтару набераҳои Раҳмонованд, ки бойу пулдоранд ва садақаву хайр мекунанд. Агар ин пулҳои дуздӣ ва аз роҳи ғайримашруъ ба даст оварда набуд, инҳо аз куҷо сахӣ ва дастбахайр мешуданд? Дар ҳоле ин ҳама барои риё ва гӯё мо ҳам медуздему ғорат мекунем ва боз камтарак ба чанд нафар медиҳем. Дар ҳоле Маҳмадзоир якмоҳа пули даромадаш барои сохтани ҳама инфраструктураи як ноҳияе мисли Қубодиён,Ҷайҳун, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бешкент комилан мерасад ва боз изофа ҳам мемонад.”

Гуфта мешавад Исмоил факултаи иқтисодии ДМТ хатм карда ва ҳоло дар Бонки Миллӣ кор мекунад.

Дар Душанбе як тарабхона амал мекунад, бо номи “Роял”. Дар Қурғонтеппа ҳам бо ҳамин номи “Роял” тарабхона ва дача-бустонсаро сохтаанд. Ин як бинои барҳавои сеошёна аст. Якуним километр пештар аз бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и бобои Исмоил қарор дорад. Онро Фатҳуллои писарамаки Исмоили Маҳмадзоир роҳбарӣ мекунад. Чандин адад мошинҳои гаронбаҳо дорад, ки рақами давлатии ҳамаи онҳо 1111 GG 01 ё 1111 DD 01 аст. Шабҳои “ташкилӣ” то 20-30 духтар меоранд. Чанд нафар хизматгоре доранд барои ҳамаи онҳо арӯс меоранд. Барои ошпазҳо, тандуркабобпаз, мошиншӯҳо, пешхизматҳо, хулоса, барои тамоми хизматгорҳо ,аммо занҳои пешхизматҳо фоҳишаҳо мебошанд. Дар инҷо асосан шоми шанбе ва якшанбе ҷамъ меоянд. Саҳар 100 долларӣ ба арӯсҳо дода дар пасашон 1шаттагӣ мезананду ҷавоб медиҳанд. “Роял” яке аз  ҷойҳои кайфу сафои Исмоили Маҳмадзоир дар шаҳри Қурғонтеппа мебошад.

Бинобар маълумоте, ки дасраси мо шудааст, дороиҳо ва сарватҳои Исмоил, албатта аз тиҷорати маводди мухаддир ва қочоқи молу маҳсулоте аст ки падари вай Маҳмадзоир ташкил ва роҳандозӣ кардааст. Бозори “Само” дар Ҳисор, бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дар Бохтар ва чанд фермаву мурғпарвариҳои вай ҳамту барои “отвод глаз” аст. Маҳмадзоир яке аз “крупний-каттазанҳо”-и оилаи Раҳмонов аст, ки тиҷорати ҳероини Тоҷикистонро комилан дар зери назорат дорад. Вай ин тиҷоратро аз дасти Амонулло Ҳукумов гирифт ва ҳоло Ҳукумов гуреза дар Карловий варии Чехия аст. Ҳамчунин тамоми молу колои воридотӣ ва содиротӣ ба Чинро ҳам Маҳмадзоир назорат мекунад. Тиҷорати миллиард-миллиардӣ. Аз инҷост ки ҳамин ҳоло,ки Исмоил 21 сола ва ҳоло бӯи шир аз даҳонаш нарафтааст, миллионер ва дар бонкҳои хориҷӣ суратҳисобҳо ва садҳо миллион доллар пасандоз дорад. Аз ҷумла қисмате аз ин маблағҳои Маҳмадзоир ба номи Исмоил дар бонки Саудӣ нигоҳдорӣ мешавад ва онро арабе бо номи Осама Алшафар ба расмиёт даровардааст.

Манобеъи дигари Ислоҳ,ки аз наздикони Исмоил ва ҳалқаи ӯ мебошанд. Қариб ҳамаашон ба ин назаранд, ки Исмоил ҳеҷ тиҷорате надорад ва ҳама дороияш аз падараш ба ӯ расида ва бо “Вымогательство”яъне бо роҳи зуроварӣ аз тоҷирон ва мардуми сармоядоре дар кишвар боқӣ мондаанд расида аст. Ӯ худаш чизе намехарад ва ҳама ончи дорад аз мардум аст.

“Яке аз ин наздикони Исмоил мегӯяд,ки ман се сол аст бо ӯ мебошам ҳеҷ тиҷорате аз ӯ надидаам,танҳо занг мезанад ба ину он ва мегӯяд инро ба ман те ва мо рафта оварда ба ӯ мерасонем. Ҳатто ба мо чунин гуфт, ки шумо гуфтед монополияи орд аз Исмоил аст ман инро тасдиқ намекунам, чун Исмоил тоҷир нест. Исмоил як рекет ва бо роҳи зуроварӣ ҳарчизеро хоҳад мегирад. Лозим бошад вазирони қудратиро бо як занг ба наздаш меоварад ва ҳарчи хоҳад онро ин вазирон мекунанд. Кораш айшу ишарат ва арусбозӣ ва кайфу сафо ва хушгузаронӣ аст. Вақте аз ӯ пурсидам ҳатто СС. Ятимовро? Гуфт: ака ҳатто СС. Ятимовро вале ӯ худаш наояд ҳам корашро “как надо” ҳал мекунад. Аз Юсуф Раҳмон пурсидам ӯ чихел аст бо Исмоил ? Гуфт : ака ман гуфтам ҳама бидуни истисно, чаро боз мепурсед. Юсуф Раҳмон бо покривателии Маҳмадзоир дар вазифа истодааст ва ғуломи ҳалқабаргуши инҳо аст. “

Хонандаи гиромӣ ин як набераи Раҳмонов аст, на духтар ва на писараш, онҳо чи гӯнаанд ба ҳама бояд маълум бошад дигар. Қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ.

Хонанда ва бинандаи азиз! Бо як матлаб наметавон дар бораи Исмоили Маҳмадзоир “қаҳрамон”-у “соҳибкори ватанӣ”“ Спутник” ҳама чизро навишту гуфт. Ин навиштаи мо давом дорад. Моро пайгирӣ кунед….

Поёни бахши аввал, давом дорад….

Ps: Дар дасти “Ислоҳ” амалҳои хашини таҷовуз ба номуси садҳо духтарони тоҷик расидааст. Хело аз онҳо бо ному насаб ва аксҳояшон мебошанд. На танҳо аз Исмоил аз Маҳмадзоири падараш ҳам  ба идора чизҳое расидааст. Феълан дар ин бахш мо ба чанд нуктаи оддӣ, ки ба худи Исмоил ва шариконеаш,ки бо ӯ дар ин ҷиноятҳои таҷовуз қарор доштанд фаҳмо гашт, ки киҳоро ва чиҳоро дар назар дорем. Аммо агар бубинем ин амалҳояш идома пайдо мекунад, дигар ногузирем ном ба ном ва бо аксҳояшон ин ҷабрдидагонро ба миллат ва мардум ба намоиш гузорем,то ҳама огоҳ гарданд.  Агар шумо ҳам шоҳиди зуроварии Исмоил шуда бошед ва ҷиноятҳои ӯро донед ба Ислоҳ фиристед,то дар бахшҳои дигар онҳоро ҳам ҷой диҳем.  

Total
0
Shares
Related Posts