Шариф Назарзода дар Суғд 50 миллион $ бо,м- 307 пул кор карда буд, ҳоло пас аз Бадахшон вазир мешавад ё…..ронда?

(бахши дуввум)

Дар ҳоле, ки генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва аз афроди наздики Рустами Эмомалӣ барои нишастан ба курсии вазорат лаҳзашуморӣ мекунад, нашри навори саҳнасозиҳои қатли панҷ нафар аз ҷавонони бадахшӣ аз тарафи зердастони вай –отряди милисаи таъиноти вижа (ОМОН) дар шабакаи ҷаҳонии интернет болои ин орзуву хиёлоти рангини вай абрҳои сиёҳе кашидааст. Бахусус, баъд аз онки ин навор дар нишасти хабарии Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон «гап» шуд ва ҷаноби додситон ба ҷомеаи хабарнигории кишвар ваъда супорид,ки:- “ба наворе, ки гуфта гузаштед, мо санҷиш таъин кардем ва аз натиҷаи санҷиш хабар хоҳем дод».

Мусалламан, нафаре, ки бояд ба «санҷиш» кашида шавад, ин Шариф Назарзода, масъули умури дохилаи вилоят аст ва яқинан таҳти пурсишу саволи додситон ӯ қарор хоҳад гирифт. Аммо, ин ҳодиса дар охирин лаҳзаҳо ба вуқуъ пайваставу саддарсад имкон дорад карйераи Шариф Назарзодаро дар ҳамин Бадахшон ба поён бирасонад. Чун ин «утечка» ҳарфи саҳлу сода нест. Яқин ва тасбит кард, ки ин панҷ нафар ҷавонмардони бадахшӣ  Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, Почоев Алишер Сафармамадович, Мавлододов Ҳабиб Феткаевич, Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич ва Паллаев Дохунда Худобандаевич ки мақомот, ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмонов бо қотеъият эълон кард, ки дар натиҷаи муқобилияти мусаллаҳона «безарар» гардонида шуданд, аввал боздошт ва сипас бо тири туфанг ба қатл расонида шудаанд. Ҷинояте, ки ба ҳеҷ унвон тавҷеҳ дошта наметавонад, чун онҳо ҳеҷ гуна силоҳ надоштанд ва ҳеҷ гуна муқовимат накардаанд, балки дар асл асир ва бандӣ буданд.

Аммо, аз ин ҷиноят ҳам бештар барои Шариф Назарзода ин паҳлуи масъала сарнавиштсоз ва ба эҳтимоли зиёд сарнавиштсӯз хоҳад буд, ки ин наворро кӣ ва кадом гурӯҳ «съемка» кардааст ва бадтару ваҳшатноктар аз он ин аст ки ба ҳангоми иҷрои ин спектакл ҳеҷ бадахшоние ҳузур надошт, пас, оне, ки навор гирифту ба хабарнигорон фиристод, ба ҷуз аз онки ӯро сиёҳу шармандаву нагунбахт карданро ҳадаф қарор надошта бошад, чи мақсади дигар дошта метавонад? Барои як нафари ғайриҳирфаӣ ҳам маълум аст ки милисае онро ба навор бардоштааст ва агар ин милиса дар пушташ дасти зӯр надошт, бо чӣ ҷуръате онро тавонист,ки офтобӣ бикунад?

НАВОРИ НАШР ШУДА

Дар навор  бар ало спектакл будани онро ҳар бинанда метавонад мушоҳида кунад. Масалан сарша соз мон, уша бгир соз мон, қафо кун уша калаша усун кун, писталета монен , сарша соз кун , писталета дар дастш мон ҳе бача , болои саршда мон, дастша бхмбон,  нея , нея криша тоза кардагӣ нест, Ҷомӣ , ҳе Ҷомӣ писталета мон, ҳее Ҳасан, генерал меояд гуфтани дар оғози навор ва отсипления бестен гуфтанҳо дигар сохтагӣ будани ин қатлгоҳ ошкор шуд. Инҷо дигар , на Раҳмонов инкор карда метавонад ва на Юсуф Раҳмони ген-прокурор,ки ин сохтагӣ набуд ва муқовимати мусаллаҳона нишон додани ин панҷ бе гуноҳ дурӯғ баромад.

Чаро Шариф Назарзода Бузмаковро дар нашри ин навор айбдор медонад ?

Дар ҳар сурат ҳоло Шариф Назарзода дар ин фикр задааст, ки ин кори дасти Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) бошад ё каси дигаре?Чунки ҳоло ҳамин Бузмаков аст ки барои ишғоли курсии Рамазон Раҳимзода як қадам аз вай ҷилутар аст. Вале, Назарзода худро фотеҳи Бадахшон ҷилва медоду барги барандааш ҳам маҳву нобуд ва дастгиру ба зиндон кашонидани ҷавонмардони бадахшӣ буд. Аммо, ҳоло ин навор….дар сурати «сахт» гирифтани кор метавонад ӯро на вазир, балки ба кунҷи зиндон барад.

Оё Юсуф Раҳмон қазияи ин наворро мебинад ва ё фаромӯш мешавад ? 

Акнун сарнавишти минбаъдаи генерали қотили бадахшониҳо на дар дасти «мушовири кадрҳо»,балки дардасти Юсуф Раҳмони қудои Раҳмонов аст. Бояд дар назди Додситони кулли Тоҷикистон посух бидиҳад, ки чаро ба дасти аҷсод силоҳ гузоштааст? Ва, агар онҳоро зинда дошт, чаро кушт? Маълум аст ки ин навор натиҷаи «бозиҳову интригаҳои дохилӣ» миёни рақибону даъвогарон барои курсии вазирӣ аст. Аммо як чиз бори дигар рушан шуд, ки ин қавми дар сари қудрат ҳанузам, ки ҳануз аст ҷони инсонҳоро барои расидан ба аҳдофи худ қурбон мекунад.Ҷое барои баҳс надорад, ки нашру пахши ин навор зарбаи ногаҳонӣ ва ҳалокатбор ба Шариф Назарзода, ин саги бофаво ва одамхури Рустам ва Раҳмонов задааст. Ин ҳама тавсифу тамҷиди Раҳмонов, ки «амалиёт ба дараҷаи баланди касбӣ гузаронида шуд»,чи шуд? Шариф Назарзодае, ки мехост Бадахшонро минҳайси тахтаи хез ва ё нардбон барои курсии вазирӣ истифода кунад,баракс, ба балои бад печид.

Беҳуа нагуфтаанд, ки чоҳканро чоҳ дар пеш аст. Шариф Назарзода на танҳо дар Бадахшон, солҳое, ки дар Суғд кор мекард низ хонаи садҳо нафар аз инсонҳои бегуноҳу худотарсро сузонидааст.

Шариф Назарзода дар Суғд бо моддаи 307  бо шарикони ҷиноятпешааш чихел 50 миллион доллар пул кор карда буд? Ситоди пул коркунияш дар куҷо буд ? 

Як манбаъи муътамад аз вазорати дохилӣ гуфт, ки маҳз дар замони раҳбарии Шариф Назарзода дар милисаи Суғд маъракаи боздошту зиндонисозӣ бо иттиҳоми «салафӣ» ба авҷи аъло расонида шуд. Моддаи 307 Шариф Назарзодаро дар Суғд миллионер кард. Ин манбаъ гуфт, ки дар шуъбаи дохилаи Бустон-Чкалови собиқи вилоят як ситоди ғайрирасмӣ ташкил дод, ки вазифааш танҳо аз боздошти афрод бо иттиҳоми салафигароӣ ва кандани пул аз наздикони онҳо иборат буд.

«Рӯзе набуд, ки аз тамоми вилоят даҳ-понздаҳ нафар бо иттиҳоми салафӣ боздошт ва ба ин милисахона оварда мешуд. Нархи як салафӣ то 80.000 доллар хест. Ин корро ана ҳамин генерали вазиршав Шариф Назарзода ба  роҳ монда буд. Он замон Машраф Истамзодаи номаш барои матбуот ошнову шинос сардори  Раёсати кофтукоби ҷиноятии вилояти Суғд буд ва ҳамарӯза шаҳрвандонро бо гумони узвият дар салафия дастгир карда меовард. Қапида меоварданд бо гумони салафӣ. Як шабонарӯз –ду шабонарӯз онҳоро дар онҷо нигоҳ медоштанд. Баъд соҳибони онҳо кофта-кофта суроғ карда меомаданд. Онҷо дар воқеъ бизнес буд, бизнеси ба маънои комили калима. Бо соҳибони “салафҳо” то 80000 доллар, 90 -100.000доллар савдо мекарданд ва ҳамаи ин маблағ мустақим мерафт ба ҷайби  Шариф Назарзода.

  “Нафаре бономи Шуҳратҷон 42-43 аз Конибодом бар ивази 80.000 доллар аз чанги Шариф Назарзода халос шуд. Вай дар Конибодом самбусахона дошт. Ӯро дело ва дар ИВС –боздоштгоҳи муқаддамотии шуъба маҳкам карданд. Ин боздоштҳо дар ИВС барои он аст ки соҳибонаш бо пули инҳо мегуфта мувофақат мекунанд, ба муомила меоянд ё не? Аз Шуҳратҷон 80 000 доллар гирифтанд. Боз чаҳор нафар аз Унҷӣ (Бобоҷон Ғафуров) ки дар байнашон як мусафед ҳам буд ва се нафари дигарашон ҷавонҳои 30-35 сола. Ҳар кадоме 60.000 долларӣ доданд. Савдои инҳо дар беруни шуъба анҷом дода мешуд.”

Яке аз шогирдони Шариф Назарзода дар Суғд Фируз Даминов буд. Вай писари дуввуми Эргаш Даминов, як соҳибкор мебошад. Фируз «кашелек»-и Шариф Назарзода аст. Назарзода ҳоло Фируз Даминовро бо худ ба Бадахшон оварда муовини худаш таъин кардааст. Ин Фируз тамоми хариди хонаи Шариф Назарзодаро дар Хуҷанд анҷом медод. Зани дуввуми Шариф Назарзода дар Хуҷанд, дар микрорайони 19,дар «новостройкаҳо» зиндагӣ мекунад. Вай коргари Идораи налог аст. Зани якуми Назарзода дар Фархор зиндагӣ мекунад. (мушаххасот ва ҷузъиёти бештар барои ин ҳамасари дуввуми Хуҷандии Шариф Назарзодаро “Ислоҳ” давом дода истодааст ва дар бахши дигар бештар маълумот хоҳем дод.)

Истамов Машраф шарики ҷиноятии Шариф Назар ва кошелеки ӯ кист? 

Истамов Машраф,  ҳоло муовини сардори милисаи Хуҷанд, яке аз одамони наздики Шариф Назарзода аст. Вай ба ин умед аст, ки Назарзода вазир мешаваду вай сардори Раёсат дар вилояти Суғд. Машраф Истамовро ду бор бо «статя» аз кор «уволит» карданд. Бори аввал вақте сардори Раёсати кофтукови ҷиноӣ дар вилояти Суғд буд аз тарафаи КДАМ ба ҳангоми гирифтани маблағи калони пора аз як салафӣ дастгир шуда аз кор ронда шуд. Аммо Шариф Назарзода через шуда ба кораш монд ва Душанбе овард ва дар ноҳияи Сино сардори бахши кофтукови ҷиноӣ дар шуъба милиса монд. Инҷо барои задану таҳди кардан ба Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндони раёсати олии ҲНИТ, ки сарусадои байналмилалӣ касб кард аз кор ронданаш. Аммо боз ҳамин Назарзода миёна даромада ӯро ба мақоми ҳозирааш –замначи вилояти Суғд таъин карданд.

Вақте Машрафро бори аввал дар Суғд дастгир мекунанд вай мустақим Шариф Назарзодаро мегуяд, ки «ман пора гирифта бошам, бо ту гирифтам ва агар ман чизе шавам қатим мекашам туро. Ҳамон пулҳое, ки аз салафиҳо тақсим карда гирифтем, бидон, ки ту ҳам дар ин байн меравӣ қати ман».

Ва, ҳамон вақт Машраф Истамзода ба муфаттиши КДАМ гуфта будааст, ки он ситоде, ки дар Бустон ташкил карданд, ин идея ва дастури худи Назарзода буд. То инки масъалаи пулгирӣ аз салафиҳо осонтар ва бо дасти одамони мавриди боварӣ сурат бигирад. Дар ин ситод аз Конибодом аз Нов (Спитамен)-и ҳозира,аз Ҷаббор Расулов (Пролетари пешина) аз Истаравшан, аз Исфара, аз Ашт, аз Мастчо, аз, Зафаробод, аз Панҷекат, аз Айнӣ, гумонбаронро Хуҷанд меоварданд. Шумораи онҳо аз 1000-1500 ҳам бештар буд. Тасаввур кунед, ки аз 60 то 100.000 доллар мегирифтанд. Бигзор ҳатто ин рақмро нисф ҳисоб кунед. Яъне 800 нафар ва бигзор 60.000 доданд. Ин чи қадар пул мешавад? 800х60,000=48 миллион доллар. Ин маблағи каму ғаме нест,ки аз ин мардум гирифтааст бо моддаи 307у салафият. Касе, ки надошту  камбағал буду пора додан наметавонист, ҳатман сол мегирифт. Вай салафӣ ҳаст ё нест фарқ надошт. Чун Машраф Истамзода бо дастури Шариф Назарзода ин корро кардааст. Салафӣ гуфта асосан одамони бою сумдорро меқапиданд. Сумдорҳоро разведка карда қапида меоварданд. Тоҷирҳо, соҳибони автозаправкаҳо, чойхона, самбусахона, ошхона, хуллас нафаронеро, ки сум доштанд ва намоз мехонданд, меоварданд. Дар бозор мешишт, либос ё хурока ва ё запчаст мефрӯхт, фарқ надошт, мақсад бозоршину пулдор ва намозхон аст. Пул меканданду ҷавоб медоданд. Ҳатто агар вай дар ҳақиқат ҳам салафӣ буд. Вале, оне, ки шароит надошт, зиндон мешуд. Айни замон ҳамон кормандони милисаи Бустон, ки дар он Ситод кор мекарданд, ҳамагӣ тими ояндаи вазири ояндаро ташкил хоҳанд кард, масъулиятҳои асосиро мегиранд. Яъне дуздон ва ғоратгарони ҳирфавие,ки бо грузит кардани мардум солҳо машғул буданд дар оянда ба мақомҳои калидӣ дар ин вазорат мерасанд. Ҳолат аз имрӯза садҳо маротиба бадтар мешаваду беҳтар не.

Яке дигар аз одамон наздики Шариф Назарзода Аваз Азизови қурғанӣ аст, ки муовини Машраф Истамзода дар ноҳияи Синои Душанбе буд. Чанд вақт ба ҳайси муовини сардори милисаи Хуҷанд кор кард. Феълан началник милисаи истиқлол-Табошари пешина аст. Нафари дигар Анвар буд, ки ӯро нафақа  оформит карданд , яъне бо гирифтани пора дасгираш карданд вале Шариф Назарзода миёндаро шуду зиндонаш накарданд вале бо нафақа аз кор равондандаш. Нафари дигар Карим Бозоров аст, дар милисаи Ҷаббор Расулов кор мекунад.Ин афрод хело ҷинояткорон ва порагирони ҳирфавӣ мебошанд. Ҳатто ошкоро мегуфтаанд,ки мо одамҳои Шариф Назарем ва Рамазон Раҳимзода ягон кормон карда наметонад.

Ставкаҳои Шариф Назар дар Суғд чи гӯна буданд?

Инро ҳам бояд бигуем, ки баъди омадани Шариф Назарзода ба вазифаи сардори милисаи вилояти Суғд нархи тамоми «ставка»-ҳо шуъбаи шиносномадиҳӣ, БДА бамротиб боло рафт.

Шариф Назарзода вақте дар Суғд ба кор омада буд ставкаҳоро ба ин шакл карда буд. Нафаре,ки мехост сардори ГАИ-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ё Хуҷанд шавад бояд 60-70 000 доллар пора диҳад. Нархи сардори шуъбаи милисаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 200.000 доллар буд. ГАИ, Паспортний стол ҳар моҳ 1000 долларӣ ба сардори милиса «доля» медиҳанд. Агар надиҳанд ба боло гузориш мерасад, ки ин корро наметавонад кунад ва бояд ин сардор иваз шавад.Ҳамаи ин «навовариҳо»-ро Шариф Назарзода дар Суғд ҷорӣ карда ва аз худ ба мерос гузошт. Вале мегуяд ин манбаъи мо, Шариф Назарзода танҳо аз салафиҳои суғдӣ камаш 50 миллион доллар кор кард.

Аммо, ҳоло акнун тақдири вай дар дасти Додситони кулл аст. Вазир мешавад ё… номаълум аст.

Поёни бахши дуввум, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед, то ин генерал қотил ва интригаҳои ӯро хубтар донед. Агар Хуҷандиҳое аз дасти ӯ зулму ситам дидаед ба “Ислоҳ” нависед, то мо онҳоро расонаи кунем. 

Total
27
Shares
Related Posts
Read More

Зодрӯзи манфуртарин фарди торих

Арзи таслияти Муҳаммадиқболи Садриддин,сардабири пойгоҳи таҳлиливу сиёсии “Ислоҳ.нет” ба Президент ва мардуми шарифи Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таваллуди…