ШАХСИЯТИ МУОВИЯ (Р) АЗ НИГОҲИ НУХБАГОНИ САДРИ ИСЛОМ (бахши шашум)

Ҳасан ибни Алӣ (р) яке аз бузугтарин усули исломиро, ки ҳамоно ҳифзи ваҳдат ва якпорчагӣ аст, ба мо омӯзиш дод.

ШАХСИЯТИ МУОВИЯ (Р) АЗ НИГОҲИ НУХБАГОНИ САДРИ ИСЛОМ
(бахши шашум)
Ҳасан ибни Алӣ (р) яке аз бузугтарин усули исломиро, ки ҳамоно ҳифзи ваҳдат ва якпорчагӣ аст, ба мо омӯзиш дод. Худованди мутаол дар Қуръони карим ба риояти ин асли муҳим таъкиди бисёр намуда, он даста аз аҳли китобро, ки ба ин масъала бетаваҷҷӯҳӣ карданд, мавриди сарзаниш қарор додааст. Расули акрам низ дар ҷойҳои гуногун ин аслро мавриди таъкид қарор додааст.
Ҳасан ибни Алӣ (р) дар сояи амал ба раҳнамудҳои ҳадафманди қуръонӣ, бар зидди тафриқа ва ихтилоф ба муборизаи шадид пардохта, дар ростои ваҳдати умати исломӣ кӯшид. Худованди мутаол мефамояд: «Ва ҳамагон ба ресмони Худо (дини Худо) чанг занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ қарор доштед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед. Бояд, ки аз миёни шумо гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват намуда, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунанд. Инҳо растагоронанд. Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта, барои онҳо азобе бузург хоҳад буд. Он рӯз, ки гурӯҳе сафедрӯй ва гурӯҳе сияҳрӯй шаванд, ба онон, ки сияҳрӯй шудаанд, мегӯянд, ки оё шумо пас аз имон оварданатон кофир шудед? Пас ба сабаби ин кофир шуданатон азоби Худоро бичашед!» (Сураи Оли Имрон, оёти 103-106)
Панҷум. Куштори амирулмуъминин Алӣ ибни Абутолиб (р).
Яке аз сабабҳое, ки Ҳасан ибни Алиро ба сулҳ водошт, ин куштори падараш амирулмуъминин Алӣ (р) буд. Бо кушта шудани ин Имоми бузург холигие дар ҷабҳаи Ироқ ба вуҷуд омад ва бисёр таъсири ҳузнангез дар нафси Ҳасан (р) гузошт, чунки бе ҳеҷ гуна айбу гуноҳ ба ноҳақ ӯро куштанд. Хавориҷ, яъне қотилони Алӣ (р) собиқа ва фазоили бузурги ӯ ва хидматҳояш барои исломро риоя накарданд. Алӣ (р) хидматҳои шоёне дар ҷиҳати манофеи ислом анҷом дода, дар тамоми зиндагияш ба арзишҳое даст зада буд, ки сабаби таҳким ва пайрезии аҳкоми шаръӣ дар сатҳи давлат ва миллат гардид. Алӣ (р) яке аз нишонаҳо ва бароҳини ҳидоят буд, ки миёни ҳақ ва ботил ҷудоӣ афканд. Аз ин рӯ комилан табии буд, ки аз даст додани чунин шахсияте мусалмононро доғдор намояд. Кушта шудани Алӣ (р) мусибати бузурге буд, ки бар мусалмонон ворид шуд ва дилҳояшонро андӯҳгин ва чашмонашонро ашколуд гардонид. Ҳасан ибни Алӣ (р) ба дунболи ба шаҳодат расидани падараш эътимоди худ нисбат ба аҳли Ироқро аз даст дод, зеро ҳарчанд пештар аз ифтихори ҳамнишинӣ бо Алии муртазо (р) баҳраманд шуда буданд, аммо пас аз чанде дар пайи тамаъварзӣ ва фитнаҳое, ки ба вуҷуд омад, гумроҳ шуданд ва аз роҳи рост мунҳариф гаштанд. Албатта, дар ин миён гурӯҳе ҳамчун гузашта бо сидқ ва ихлос ба дин ва халифаи даргузашта ва бузургворашон вафодор монданд. Кушта шудани Алӣ (р) зарбаи ҷонкоҳе буд, ки бар пайкараи хилофати рошида ворид гашт ва пас аз чанде муҷиби поён ёфтани он даврони шукӯҳманд ва пурифтихор гардид.
Шашум. Шахсияти Муъовия (р).
Таслим намудани хилофат аз тарафи Ҳасан (р) ба Муъовия (р) дар ҳоле сурат гирифт, ки чил ҳазор нафар пайравонаш бо ӯ байъати бо ҷон намуда, аҳд карданд, ки то ба охир аз ӯ дифоъ мекунанд. Ва ин худ баёнгари он аст, ки Муовия (р) шоистагии роҳбарӣ ва зимомдориро доштааст, ва агар чунин сифатҳоро набераи паёмбари Худо ба ҳеҷ ваҷҳ хилофатро ба ӯ вогузор намекард.(1) Тарҷимонҳои бисёре фазоили ин саҳобии бузургро баён намудаанд, ки баъзе аз онро зикр мекунем:
1. Аз Қуръони карим.
Муовия (р) дар ғазваи Ҳунайн ширкат варзидааст ва Худованд (ҷ) оид ба ин ғазва мефармояд :«Сипас, Худо оромиши хешро бар паёмбараш ва бар муъминон нозил кард ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед, фурӯ фиристод ва кофиронро азоб кард ва ин аст ҷазои кофирон.» (Сураи Тавба, ояти 26)
Муовия (р) низ аз ҷумлаи муъминонест, ки дар ғазваи Ҳунайн иштирок карда, Худованд (ҷ) ба онҳо сакина ва оромӣ нозил намудааст.
2. Аз Суннат.
Дуои расули акрам дар ҳаққи Муовия (р) дар аҳодис баён шудааст ва ҳадисҳои зерин аз ҷумлаи фармудаҳои паёмбар аст:
«Эй бор Худоё, Муовияро ҳидояткунандаи мардум ва ҳидоятёфтаи дар нафси худ гардон ва тавассути ӯ ҳидоят намо.»(2)
Боз фармудааст: «Эй бор Худоё, Муовияро таълими Китоб ва ҳисобро насибаш гардон ва аз азоб ҳифзаш кун».
Инчунин фармудааст: «Аввалин лашкаре, аз уммати ман, ки дар баҳр ҷанг мекунад, ҷаннат барояшон воҷиб гардидааст.» (3)
Маҳлаб мегӯяд: Дар ин ҳадис сифати неки Муъовия (р) вуҷуд дорад, чунки ӯ аз байни мусалмонон аввалин касест, ки дар баҳр ҷангидааст.(4)
3. Назари аҳли илм дар мавриди Муовия (р).
а) Ситоиши Абдуллоҳ ибни Аббос (раҳ) ба Муовия (р).
Аз ибни Аббос (раҳ) пурсидаанд: Дар бораи амирулмуъминин Муовия (р) чӣ мегӯед, ки ҳамеша витрро як ракъат мехонад? Ибни Аббос гуфт: Ӯ фақеҳ аст.
б) Ситоиши Абдуллоҳ ибни Муборак бар Муовия (р).
Муовия (р) аз назари мо озмудашуда аст, пас ҳар кас дидгоҳи баде нисбат ба Муовия (р) дошта бошад, ӯро ба душмании бар асҳоб муттаҳам хоҳем кард. (5)
в) Ситоиши Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ).
Аз Имом Аҳмад пурсида шуд: дар мавриди касоне, ки ҳазрати Муовия(р)-ро котиби ваҳй ва тағои муъминон намедонанд ва муътақиданд, ки ӯ зимоми умури хилофатро ба зӯр ба даст овардааст, чӣ мегӯед? Абуабдуллоҳ гуфт: Ин сухани қабеҳу паст аст. Бояд аз касоне, ки чунин пиндоре доранд иҷтиноб кард ва аз ҳамнишинӣ бо онҳо парҳез намуд. Албатта, мо ҳақиқати корашонро барои мардум равшан месозем.
г) Ситоиши Қозӣ ибни Арабӣ бар Муовия (р).
Муовия (р) чунон шахсияте буд, ки ҳамеша монеи нуфузи душманон мешуд ва бар душманон метохт ва ба ҳимоят аз бузургон бармехост ва ба лашкариён ва сарбозон расидагӣ мекард ва роҳбурди дурусте дар ҷараёни умур ва дар таомул бо бандагони Худо дошт.(6) Ӯ баландҳимат буд ва таваҷҷӯҳи хосе ба масоил ва масолеҳи мусалмонон дошт, чунончӣ дар вақти машғул буданаш дар набард бо Алӣ (р) дар ҷанги Сиффин, подшоҳои Румро таҳдид намуд. Ин моҷаро чунин буд, ки вақте ба Муовия (р) хабар расид, ки подшоҳи Рум, бо лашкари бузурге ба марзҳои сарзамини исломӣ наздик шудааст, шахсеро назди ӯ фиристод ва ӯро таҳдид кард.
Ибни Касир дар ин бора мегӯяд: Пас аз он, ки Муовия (р) сипоҳи Румро ба ваҳшат андохт ва ононро шикаст дод, пас аз чанде подшоҳи Рум чун дид, ки Муовия (р) бо Алӣ (р) даргири набард шудааст, фурсатро ғанимат шумурд ва қасд намуд, то ба сарзаминҳои исломӣ лашкаркашӣ кунад. Вақте Муовия (р) аз тасмими подшоҳи Рум огаҳ гардид, номаеро бад-ин мазмун ба ӯ фиристод: «Эй малъун! Савганд ба Худо агар ақибнишинӣ накунӣ ва ба диёрат барнагардӣ, бо писарамакам Алӣ (р) сулҳ мекунам ва тамоми қаламраватро ишғол мекунам ва заминро бо тамоми вусъаташ бар ту танг мегардонам». Ҳамин буд, ки подшоҳи Рум ҳаросид ва аз Муовия (р) дархости оташбас намуд. (7)
д) Ситоиши Абӯлаббос ибни Абдуссалом(ибни таймия)
Абӯлаббос ибни Абдуссалом дар бораи Муовия (р) мегӯяд: Ба тариқи тавотур собит шуда, ки худи паёмбар низ ҳазрати Муовия (р)-ро амир таъин намудааст. Муъовия (р) ҳамроҳи паёмбар ҷиҳод намуда, инчунин амини ваҳйи паёмбар низ будааст. Паёмбар дар китобати ваҳй ӯро тӯҳмат накардааст. Умар (р), ки мардонро хуб мешинохт, ӯро волӣ таъин намудааст. Худованд (ҷ) сухани ҳақро дар қалб ва забони ӯ ҷойгир намуда, дар вилояташ ӯро тӯҳмат накардааст.(8)
е) Ситоиши Ибни Касир бар ӯ (р).
Ибни Касир (раҳ) оид ба Муовия (р) мегӯяд: мардум дар соли чиҳилу якуми ҳиҷрат бар байъати ӯ иҷмоъ намуданд. Аз он замон то ҳангоми вафоташ дар амри хилофат мустақил буд. Дар даврони хилофати ӯ ҷиҳод дар сарзамини душман барпо буд, сухани Худо олӣ буд, ғанимат аз атрофи дунё ба ӯ меомад ва мусалмонон дар замони ӯ дар амну адл мезистанд. Инчунин мегӯяд: Муовия (р) шахси бурдбор, бовиқор, одил, бошаҳомат ва бузургвор буд ва ӯ меҳтари ҳамагон ба шумор мерафт.(9) Ҳамчунин дар бораи ӯ фармудааст: Ӯ марди нексират ва богузашт буд, айбҳои дигаронро мепӯшонид. Раҳмати Худо бар ӯ бод. (10)
4. Муовия (р) ва ривояти ҳадис.
Муъовия (р) аз зумраи касонест, ки шарафи ривоят аз ҳазрати паёмбар -ро ноил шудааст. Сабаби ин мулозамати эшон бо паёмбар , котиби ваҳй ва қудо буданаш бо паёмбар мебошад. Муовия (р) яксаду шасту се ҳадис ривоят намудааст. Сирати Муовия (р) бо раъияташ сирати некӯ буда, ки сабаби муҳаббати мардум нисбати ӯ шудааст. Дар китоби «Саҳеҳ» аз паёмбар собит шудааст, ки мефармояд:
«Беҳтарин пешвоёни шумо касоне ҳастанд, ки эшонро дӯст медоред ва онҳо шуморо дӯст медоранд, барояшон дуъо мекунед ва эшон барои шумо дуъо мекунанд ва бадтарини пешвоёни шумо касоне ҳастанд, ки онҳо аз шумо нафрат доранд ва шумо аз онҳо нафрат доред, эшонро лаънат мекунед ва онҳо шуморо лаънат мекунанд.» (11)
5. Сухани амирулмуъминин Алӣ ибни Абӯтолиб (р) дар мавриди аморати Муовия (р).
Суфиён ибни Лайл мегӯяд: Вақте Ҳасан (р) ба Куфа омад, гуфтам: Эй хору залилкунандаи муъминон! Ҳасан гуфт: Ин тавр нагӯед! Аз падарам шунидам, ки мегуфт: Дере намегузарад, ки Муовия (р) молик мешавад. Пас аз ин ман донистам, ки амри Худованд (ҷ) воқеъшаванда аст ва нахостам, ки байни ман ва эшон хуни мусалмон резад.(12)
Дар ривояти дигаре омадааст, ки Алӣ (р) гуфтаанд: аморати Муовияро нописанд надонед, савганд ба Худо, агар ӯро аз даст бидиҳед сарҳои мардум ҳамчун ҳанзал (самари гиёҳи харбуза, тарбуз ва каду, ки хурдакаки талх мешавад ва онро ёбоӣ ва ё тарбузи Абӯҷаҳл низ мегӯянд) бурида ва афканда хоҳад шуд.
Ин сухани Алӣ (р) бар тавонмандӣ ва шоистагии Муовия (р) дар аморат далолат дорад, чунончи равише, ки ӯ дар гуфтугӯ ва музокира бо Ҳасан (р) ихтиёр кард, саҳми босазое дар истиқрори сулҳ ва ҷилавгирӣ аз ҷанг ва даргирӣ дошт. Ҳарчанд Ҳасан ибни Алӣ (р) нақши аслиро дар эҷоди сулҳи вонамуд, аммо бидуни тардид шахсияти Муовия (р) ва низ баландандешӣ, кӯшишу ҷавонмардияш дар эҷоди ин сулҳ бетаъсир набуд. Муовия (р) ҳамвора нисбат ба Ҳасан ибни Алӣ (р) арзи адаб менамуд ва зимни он, ки ӯро гиромӣ медошт, ба зикри фазоили аҳли байт мепардохт ва ин нишонгари он аст, ки бар рағми низое, ки рух дода буд, Муовия (р) ҳамчунон ҳақро баён мекард ва онро эътироф менамуд. (13)
Имом Аҳмад аз Муовия (р) ривоят мекунад, ки фармудааст: паёмбар забон ва лабони ҳазрати Ҳасанро мемакид ва Худованд (ҷ) ҳаргиз забону лабонеро, ки паёмбар макидааст, азоб намекунад. (14)
Муовия (р) бо худ рӯрост буд ва ба гуноҳони худ эътироф менамуд ва зимни он, ки ба раҳмат ва ҳилми Худованд умед дошт аз ӯ таъоло талаби омурзиш мекард. Мисвар ибни Махрама мегӯяд: боре назди Муовия (р) рафтам, ӯ пурсид: Эй Мисвар! Чаро ба ҳокимони хеш таън мерасонӣ? Мисвар мегӯяд: Ман гуфтам, ки ин масъаларо матраҳ накун ва дар мавриди ончи назди ту омадаем, ба мо эҳсон намо! Муовия (р) гуфт: Бояд далели маро бадгӯикарданҳоятро бигӯӣ. Мисвар мегӯяд: Он қадар исрор кард, ки ҳарчи дар мавриди ӯ дар дил доштам, бар забон овардам. Муовия (р) гуфт: Ман худамро аз гуноҳ дур намедонам, аммо оё ту он хидматҳо ва ислоҳотеро, ки ман дар ҷиҳати манофеи умумӣ анҷом додаам, ба фаромӯшӣ месупорӣ ва танҳо ба зикри айб ва гуноҳонам мепардозӣ? Ман ба гуноҳонам дар пешгоҳи Худованд эътироф мекунам, вале оё аз худи ту гуноҳе сар назадааст, ки ба хотири он аз Худованд тарс дошта бошӣ? Мисвар мегӯяд: Ман гуфтам, ки бале чунин аст. Сипас гуфт: «Пас чӣ чиз боис шудааст, ки хештанро беш аз ман сазовори омурзиш ва мағфирати илоҳӣ медонӣ? Савганд ба Худо, ки ислоҳот ва иқдомоти ислоҳии ман ба маротиб беш аз иқдомоти туст ва чунончи миёни Худо ва ғайри Худо мухтор мешудам, Худовандро бар ғайри ӯ таоло бармегузидам ва боз ҳам ман пайрави дину оине ҳастам, ки дар он аъмоли нек пазируфта мегардад ва дар қиболи некӣ ба некӯкор подош дода мешавад. Мисвар мегӯяд: Ин ҳангом мутаваҷҷеҳ шудам, ки Муовия (р) маро мағлуб кард. Урва мегӯяд: Аз он пас ҳар гоҳ дар ҷое номи Муовия (р) гирифта мешуд, Мисвар барояш дуои нек мекард. (15)
Инҷо низ ба ҳикояте мепардозем, ки ба тақво ва худотарс будани Муовия (р) далолат мекунад. Ҳар гоҳ дар маҷлиси Муовия (р) ин ҳадиси Абӯҳурайра (раҳ) зикр мешуд, ки паёмбари Худо фармудаанд: «Нахустин касоне аз уммати Муҳаммад дар рӯзи қиёмат тавассути оташ гудохта азоб мешаванд, ки қориён, инфоқкунандагон ва муҷоҳидони риёкор ҳастанд.» (16) Муовия (р) мегуфт: вазъияти онҳо инчунин аст, пас касоне, ки ҳанӯз зиндаанд чӣ вазъияте хоҳанд дошт! Ровӣ мегӯяд: Он гоҳ Муовия (р) ба қадре гиря кард, ки гумон кардем ҳар лаҳза мумкин аст аз шиддати гиря, ҳалок гардад. Ва сипас сарашро боло кард ва даст ба рӯяш кашид ва гуфт: рост гуфтааст Худо ва тасдиқ карда, паёмбар онеро, ки дар Қуръони карим омадааст: «Онон, ки (танҳо) зиндагиву зинати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон пурра медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ дар дунё кардаанд, ночиз шавад ва ҳар чӣ ба ҷой овардаанд, ботил аст» (Сураи Ҳуд,оёти 15-16)
Ба ростӣ, шахсияти Муовия (р) ва таърихи ӯ дар хидмати ислом омили муҳимме дар комёбии сулҳ буд. Даъвои онро надорем, ки ӯ аз табақаи хулафои рошидин аст, лекин аз подшоҳони одил ба ҳисоб меравад. Ҳамчуноне ки сирати эшон аз фиқҳи сиёсию идории аскарӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ғанӣ аст. Барои он ки ба шоистагиҳои Муовия (р) ба хубӣ пай барем бояд ба тамоми ҳавсала даврони ӯро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Аз Худованд хоҳони онем, ки ин тавфиқро ба мо бидиҳад.Инчунин бад бинандагони ин ҳазратро ҳидоят намояд омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Ан-наҳю ъан таъни амирилмӯъминин Муъовия, -с.57.
2. Саҳеҳу Сунан ат-Тирмизӣ. Албонӣ. 3/236.
3. Ал-Бухорӣ. № 2924.
4. Фатҳул-борӣ. 6/120.
5. МарвиётухилофатиуМуъовия. -с. 28.
6. Ал-авосимминалқавосим.-с. 210-211.
7. Албидоява-н-ниҳоя. 8\119.
8. Ал-Фатовӣ 4/472., Сияруаълом ан-нубало. 3/129.
9. Албидоява-н-ниҳоя. 8\118.
10. . Албидоява-н-ниҳоя. 8\126.
11. Муслим, китобул-Имора. №. 65.
12. ТаърихиДимишқ. 12\105.
13. Ан-ноҳияту ъан таъни амирилмуъминин Муъовия. -с. 57.
14. Ал-Муснад. №. 16848, санадашсаҳеҳаст.
15. Сияруаълом ан-нубало. 3\392.
16. Тирмизӣ

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

Аз Исро ва Меъроҷ чиро метавон омӯхт ?

Мақолаи қаблӣ аз қиссаи Исро ва Меъроҷро нақл мекард. Дар мақолаи навбатӣ бошад таҳлили кӯтоҳе дар мавриди ин сафар мекунем, то дар ин чӣ ҳикмати Илоҳӣ нуҳуфта аст.
Идома

Исро ва Меъроҷ

Нахуст ба тамоми хонандагони гиромӣ ба осмон рафтани Расули арам (с) ки дар сирати мутаҳари он Ҳазрат (с) ва Қуръони карим ба номи “Исро ва меъроҷ” ёд шудааст ин муъҷазаи охирон паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с)