Рузи киёмат аз нигохи мусалмони (МАСНАВИ)

Ислоҳ нет

Рузи киёмат аз нигохи мусалмони (МАСНАВИ)

Кард Пайгамбар суол аз Чабраил:
“Баъди ман ои фуру бар обу гил?”
Гуфт: “Ман дах бор меоям фуруд,
Мебарам дах гавхар аз дунё ба худ”
Гуфт Пайгамбар:”Кадомин гавхар аст,
К-аз заволаш холи дунё абтар аст?”
Чабраил гуфто,ки:”Дар аввал кадам
Гавхари сабр аз дили мардум барам.
Бори дувум гавхари шарму хаё,
Мебарам хамрои худ,эй Мустафо.
Шармро мардум баранд аз ёдхо,
Кас нашармад аз касеву аз Худо.
Бори севум чун расам аз осмон,
Мебарам ман гавхари мехр аз чахон.
Мехрубони меравад аз ёдхо,
Кай расад аз кас ба кас имдодхо?!
Бори чорум чун биёям,аз миён,
Мебарам ман гавхари адли шахон.
Тухми анко мешавад инсофи халк,
Очизонро мерасад чонхо ба халк.
Бори панчум чун биёям бар чахон,
Мебарам ман гавхари файз аз миён.
Меравад аз вакт хам файзу футух,
Кас наёбад дар чахон фарру шукух.
Бори шашум,эй Расули мухтарам,
Гавхари хайру саховат мебарам.
Кас надорад дуст халки камбагал,
Дар хакаш гуянд алфози дагал.
Ман зи руи ин чахони бешу кам
Бори хафтум ростиро мебарам.
Чун хамин гавхвр намонад дар миён,
Чуз качи чизе набини дар чахон.
Бори хфтум ман ба амри Зулчалол,
Мебарам аз ин чахон дурри халол.
Гар чунин гахар намонад,субху шом
Кас набишносад халолаш аз харом.
Дафъаи дигар аз ин дахри дагал
Мебарам ман гавхари поки амал.
Хамчу занбурони махрум аз асал
Олиме бар илм нанмояд амал.
Дафъаи охир ки меоям падид,
Мебарам ман файзи Куръони мачид.
Чун хамин дах гавхар аз олам равад,
Дар чахон пайдо КИЁМАТ мешавад”

Равшани Хамрох

Share This Article