Шикояти Кулобиҳои хашмгин аз норасоии барқ,об ва дуздиҳои раисонашон

Ислоҳ нет

Ман як сокини шаҳри Кулобам аз деҳаи Офтоблиқо. Ба шумо ҳам аз номи сокинони деҳа ва деҳаҳои ҳамсоя муроҷиат мекунам ва хоҳиш дорам шикояти моро чоп кунед ва навор карда намоиш ҳам диҳед. Ман дар бораи муносибати кормандони Идораи барқ гуфтанӣ ҳастам. Нозирони Идораи барқи Кӯлоб вориди манзилҳои мардум шуда ҳисобкунакҳои барқиро гӯиё тафтиш ва санҷиш мекунанд. Аксарияти аҳолиро баъди ин тафтишҳо қарздор мешуморанд. Як ҳамсояи маро 6000 сомонӣ, дигарашро 1500, як нафари дигарашро 960 сомонӣ қарздор ва ҷарима карданд. Як нафар аз ҳамсояамон бо нозири Идораи барқ даъвову баҳс кард.1500 сомонӣ ҷаримааш карданд. Як зани ҳамсоя ба Идораи барқ барои шикоят меравад ва дар онҷо баҳсу даъво мекунад. Дар Идора аз беҳолӣ аз ҳуш меравад. Мошини ёрии таъҷилиро даъват карда ин занро ба беморхона мебарад. Агар ин нозирони барқ бихоҳанд, ки воқеияти истифодаи қувваи барқ ва иллати напардохтани онро ошкор кунанд метавонанд, аммо бардурӯғ бори мардум карда истодаанд. Ин қарз аз заводи кадом мансабдори калон аст. Аммо аз тани онҳо халқи бечора медиҳад. Ду сол мешавад, ки вазъияти Кулоб чунин шудааст. Аҳолии камбағал пули барқро медиҳад сари вақт пардохт мекунад, дар дасти мо чеки пардохти ҳармоҳаи пули “свет” ҳаст аммо  меоянду “счетчикат” вайрон, нодуруст гуфта фиреб медиҳанд. Намедонем ин қарзҳо аз куҷо пайдо мешаванд?

Ҳоло пас аз савгандёдкунии “Пешво” аз оғози моҳи ноябр барқ бо лимит шудааст. Ҳаво сард аст ва ҳоламон хело хароб аст,намедонем чикор кунем бо ин ҳолати сангин. Як ҳафта аст ҳатто шабҳо ҳам барқро хомӯш мекунанд. Ман ду тифли хурдсол ва модару падари пиронсол дорам.Хоҳарам шавҳарашро зиндон кардаанд ва ду сол аст бо мо бо се тифли хурдсолаш зиндагонӣ мекунад. Охир мо чихел дар ин ҳолати бе барқӣ ва бе корӣ зиндагонӣ кунам. Ман як писарам худатон хулоса кунед ҳоли зори маро. Ман нуҳ нафарро бояд хуронаму пӯшонам ва таъмин кунам. На барқ дорем,на об дорем,на кор дорем. Дирӯз дар хона ҳеҷ чиз пайдо накардем хурем ва дили як кампири ҳамсоя сухт ба мо се нон дод ва як табақ шурбо фиристод,то хурем. Он кампир аз ҳама бой қишлоқ аст се писараш дар Расия мардикоранд ва барояш пул мефиристанд. Роҳ боз нест,ки ман ҳам равам барои кор ва ин нуҳ нон хурамро хуронам. Боз зулму фишор болои мо аз ҳар ниҳоди давлатӣ ҳар рӯз меафзояд. Охир мо Кулобиҳо дар ҳеҷ давру замоне чунин ҳолу рӯз надоштем, ки ҳоло дорем. Ҳамон таксистро дидам гуфтам ба Худо дақиқан аз ҳолати мо гап мезанад вале моро надидааст. Акнун фаҳмидам, ки ҳама мардуми кишвар дар ин ҳоле мо дорем будаанду аз тарс “шукронаи пешво” ва “сиёсати хирадмандонаи ӯ” карда мегаштаанд.

Мо,дар масъалаи об ҳам сахт танқисӣ мекашем.

Аз 500 то 1000 метр дурӣ об мекашем. Бо дасту ароба. Боз ҳар моҳ аз 7 то 15 сомонӣ талаб мекунад Идораи об-водоканали Кулоб. Ман хостам, ки хатти обро ба хонаам кашида оварам. Вале гуфтанд,ки бояд 12.000 сомонӣ диҳам. Раиси Идораи об Набиев Ҷамшед ном дорад.  Ду моҳ пеш буд, ки дар деҳаи Офтоблиқо барои об 60 сомонӣ ҷамъ карданд  ва гуфтанд, ки водопровод-лӯлаи обро назди хонаи ҳар кас меоваранд. Шаст сомонии гурӣ ва кафание доштем дар бистомон онро ҳам гирифтанд.То ҳол на аз сум дарак аст на аз об. Масъули Идораи об дар деҳоти Офтоблиқо нав шудааст, пештар дар куҷо ва чи кора буд намедонам. Вале имрӯз бо баҳонаи таъминоти об чанд навбат аз мардум пул ҷамъ карду хӯрд, коре накард. Аксари вақт сархушу маст аст. Ҳамин сол дар тобистон аз тарафи давлат барои касалии коронавирус  400 сомонӣ кӯмак шуд. Аммо ин пулҳоро аксарият дорандаҳо, раис, духтари раису хешовандони калоншавандаҳо гирифтанд. Ба камбағалҳо чизе нарасид. Боз намедонам аз куҷое хайрия расида буд, ки ходаҳои сементӣ-усталба оварда дар як қисми деҳаи мо шинониданд. Аммо боқиашро раиси маҳалла фурӯхт. Ҳамчунин барои мардум ҳамчун хайрия як тракторро бо плуг ва тележкааш оварда доданд. Аммо онро танҳо калонҳои Офтоблиқо истифода мебаранд. Акаи Бадарға, писараш Шариф ном дорад ва низ Қурбонназари раиси маҳалла ғоратгарони асосианд. Раиси ҳозира Шарифи бизнесмен, писари акаи Бадарға аст.

PS: Хонандаи азиз! Шояд мегӯед,ки ин масъала хурду реза аст. Бале хурд аст вале дар сартосари Тоҷикистон вазъияти мардуми одӣ ҳамин тавр аст. Ва ин як сиёсати ҳисобшудаи Раҳмонов ва ҳукумати ӯ аст ки халқи одиро дар чунин ҳолати паст нигоҳ дорад, агарчанде медонанд, ки дар маҳалҳо ҳокимчаҳое пайдо шудаанд, ки ошкоро ба ғорату таҳқири мардум машғуланд. Чопи ин навиштаи кутоҳ ба он хотир буд, ки мардум вазъиятро бифаҳманд ва бифаҳманд,ки халосӣ аз ин мушкилӣ танҳо дар дасти худи онҳост ва умедвор шудан, ки Раҳмонов ва ҳукумати вай ба аҳволи онҳо расидагӣ мекунад, як кори бефоида аст…

Share This Article