Шикояти сокинони Чортеппа аз раису раисбачаҳо

Ислоҳ нет

Мактаби №64, ба номи Умари Хайём дар ҷамоати Чортеппа ноҳияи Рудакӣ воқеъ аст. Дар ин мактаб Мусоев Раҳим директор буд. Раҳим Мусоев  пули халқро чи пинҳонӣ ва чи рӯирост мехурд. Мисол:- занашро дар мактаб фаррош гузаронида буд, лекин вай кор намекард. Ҳар моҳ бо ҳар баҳона сари талаба се сомонӣ мегирифт. Мусоев худаш як бесавод аст, лекин хело  кор чалон  мебошад.

Дар вазорати маориф ва илм «крыша» дорад бо номи Ҷумъаев Ҷамшед, ки ин як аждаҳои калони дигар аст. Дар мактаб 10 адад компютер хариданд. Рафтанд бозори «Корвон» ва компютери арзон ва бо сифати пастро хариданд. Аммо дар ҳуҷҷатҳо нархи онҳоро ду баробар бештар нишон дода аз они худ карданд. Ҳар сол таъмиру тармими мактаб аз пули падару модарҳо аст. Мактаб 1437 талаба дорад. Сари ҳар талаба 25 сомонӣ барои таъмир пул ҷамъ карда мешавад. Як чала пала-ҳарому ҳалол мекунад, камтар оҳаку рангубор мекунад, тамом. Боқии пулро ба ҷайби худ мезанад. Мактаб толори варзишӣ дорад, ки дар он гӯштин машқ мекунанд. Аз онҷо ҳам «доля» мегирад. То ҷое медонем пули хуб ҳам мегирад.

Як вақте Мусоев Раҳим бо маслиҳати «криша»-ҳояш барои мудири маорифи ноҳия шудан даводав карда буд. Барои ин кор мошини ҷиянаш Миралӣ Мусофировро, ки муаллими фанни химия аст фурӯхт, ки ин вазифаро мегирад, аммо натавонист,дигар кас мудир таъин шуд. Ин мудири маорифи ноҳия як ҷавон аст вале бемории дил дорад ва боз ин ҳам ба души муаллимҳои ноҳия аст ва барои табобати ин мудири маориф ҳар муаллим бояд 100 сомонӣ бурда диҳад. Ба раёсати таълими ноҳия фиристоданд. Дар онҷо кор карда натавонист, тақрибан як сол онҷо кор кард. Боз омад ба мактаб. Ҳоло директор Яқубова аст. Аммо ба ном директор аст. Тамоми корҳо дар асл ба дасти Раҳим Мусоев аст. Ҳоло чанд рӯз шудааст завуч ё муовини директор таъин шудааст.

“2 сентябр дар мактаб маҷлис баргузор шуд. Мусоев Раҳим гуфт, ки дар мактаб бояд муҳофиз-охрана гирем. Ҳар моҳ бояд ҳар хонанда 5 сомонӣ барои муҳофиз пул биёрад. Аҳолии ин маҳалла бисёр аст вале аз доранда дида нодорҳо бештар ҳастанд. Ин мактаби 64 яке аз калонтарин мактабҳои ин ҷамоат аст. Дар ҳар хонавода 3 ,4  хонанда ҳаст. Падару модарони онҳо аз куҷо ин қадар пул доранд? Мегӯяд, ки аз вазорат занг заданд ва тафтиш меомадаанд. 2000 сомонӣ бояд бурда диҳам мегӯяд. Вай рост мегӯяд ё дурӯғ касе намефаҳмад. Аз кассаи мактаб мегирфту медод. Боз сари ҳар омӯзгор 10 сомонӣ барои обу зиёфати ҳайати комиссияи вазорат мегирад.”

Имсол дар синфи 1 талаба бисёр омад. Аз сабаби нарасидани синфхона дарсҳоро дусоатӣ кардааст. Масалан аз соати 8 то 10 як гурӯҳ аз соати 10 то 12 гурӯҳи дуввум ва як гурӯҳи дигар аз соати 13 то 15 гурӯҳи севвум синфҳои якум мехонанд, ки ин хело як ҳодисаи нодир дар ин соҳа мебошад. Мусоев Раҳим сахт арақхур ҳам  аст. Бо коса менӯшад шаробро ва як мудминул хамр ё ҳамеша масту аласт мегардад.

“Дар имтиҳонҳо дар ҳар ҷашну маросим пул мегирад ва дар мактаб барои худаш махсус таом мепазонад. Барои талаба ё толиба «квота»-ро мефурӯшад.Талабаи доно ва босавод агар пул надошта бошад соҳиби квота намешавад. Мо шоҳиди чандин ноадолатиҳо дар ин самт ҳастем, ки талабаҳои бо дониш, ки комилан метавонистанд ба квота гузаранд онҳо нагузаштанд чун пул надода буданд. Аммо аслан талабҳое, ки дониши казоӣ надоштанд бо додани 1000 доллар ба Ҷумъаев Ҷамшед дар вазорати маориф “калид”-ро гирифтанду гузаштанд. Онҳое ба ин рӯбарӯ шудаанд хуб мефаҳманд чӣ хел ин кор сурат мегирад. Дар тамоми атрофи мактаб аз ҳисоби пули падару модарҳо камера насб кард.”

Мусоев Раҳим ронандаи мошини ЗИЛ дар стансияи Айнӣ ҷой вагонҳо кор мекарду онҷо боркашонӣ мекард. ЗИЛашро фӯрӯхту Ғоибона донишгоҳро тамом карду омад бе ягон таҷриба директори мактаб шуд. Як вақт як хонанда бо насаби Қудратов 10 рӯз дарс наомад. Аз бозори Корвон ӯро пайдо карданд. Синфи 9А мехонд. Муаллимон ба хонаашон рафта пурсиданд, ки чаро мактаб наомадӣ. Гуфт ман кор омадам, рафиқонам пул доранд, ман не. Фикр кардам, ки хондан барои ман чи лозим? Қазия чунин буд падари Қудратов трактор дошт ва тракторашро дар назди хонаашон оташ заданд ва саҳар хестанд,ки сӯхта хокистар шудааст. Бо ҳамин сахт  қашоқ ва қарздор ҳам шуданд чун трактор аренда буд ва оила сахт ба мушкилот мувоҷеҳ шуд ва ин сабаби дигар аз пулпурсии муаллимон ҳар рӯз намехост аслан хонад. Чунки дар назди ҳамсинфонаш камбағал ва бе пул буданашро намехост бубинанд. Ана ин аст ҳоли талабаҳои мактаб вале касе аҳамият намедиҳанд.

Аз сари соли нави таҳсил боз муқаррар кардааст, ки сари ҳар талаба 10 сомонӣ дар ҳар моҳ аст. Барои онки «дело» созад ба талабаҳо аз 35 сомонӣ то 50 сомонӣ нарх муқаррар кардааст, қандата хур ин маблағро наёру на супор.

Боз ҳам шикоят аз Чортеппаи Рудакӣ

Шикоят аз се бародарон дар ин ҷамоат:-Маҷид Мардонов, Абдуназар Мардонов ва Алимардон Мардонов (феълан пас аз иваз кардани насаб Азимов Алимардон аст)

Дар ҷамоати Чортеппа заминҳое ҳаст бо номи Ҷари мохур, қариб ҳамаи онҳоро Абдуназар Мардонов фурӯхт. Ин заминҳо чарогоҳи мардум буд, пахта мекориданд, заминҳои обӣ буданд. Дар маҳалла бошад кораш фақат таҷовуз кардан буд. Занҳоеро, ки шавҳаронашон дар  Русияанд ба дом меафтонд. Боз Абдуназар Мардонов лоф мезадааст, ки занҳои ин маҳалла ҳамааш занҳои ман ҳастанд. Имрӯз бошад аз пулҳои ҷамъкардааш як чанд намуд трактор харида аст. Барои заминдорон аренда медиҳад. Як замини калонро шахсӣ карда барои худаш шипанг сохт. Дар инҷо як чанд коргар дорад. Дар Ҷари мохур худаш замин дорад. Онҷо дачааш-ҷои бевабозиаш мебошад. Ду писар дорад: Рустам ва Фирӯз. Дар шаҳр як чанд хона дорад. Дар пеши фурудгоҳи Айнӣ як хона дорад. Он хонаро ба духтараш Фароғат туҳфа карда аст.

 “Алимардон Азимов ин насабашро аз Мардонов ба Азимов иваз кардагӣ аст. Ӯ дар ноҳияи Рудакӣ заминсоз буд. Ҳамаи заминҳои обиро фурӯхт. Наздики 10 хона дар шаҳри Душанбе  дорад. Дар Зарафшон, дар Саховат- тарафи 46 инчунин дар 8 уми март ва дар рӯ ба рӯйи сафорати Амрико дар шашум ошёна як ду хонага дорад  ва ҷойи истироҳат ва айшу ишрату фисқу фуҷураш мебошад.”

Дар ҷамоати Чортеппа заминҳои пеши хонааш бударо Алимардон Азимов гирифта ба номаш кард. Дар ин заминҳо пештар мардум пахта ва ғалла мекориданд, хулоса заминҳои обӣ буданд. Мардум дигар ҷои помонӣ надоранд. Аз зани якумаш 2 бача дошт. Калониаш бо Рустами Эмомалӣ мехонд, Одил ном дошт, хело писари бо саводу ҳушманде буд. Ӯро сими канда шудаи барқ дар ҳоли роҳ рафтанаш мерасад ва дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. То онҷое медонем Рустами Эмомалӣ аз имтиҳон нагузашта буд вале Одил гузашта буд,муҳим аз чунин падар инхел писари бо савод ҳам рӯйида буд. Писари дуввумаш Азимов Ориф ном дорад, дар вазорати корҳои хориҷӣ кор мекунад. Ин писараш ҳам чӣ беморие дорад,ки истеъмоли доруи гарон дорад ва Ориф ҳам писари бо савод ва ҳушманде мебошад.

“Маҷид Мардонов дар базаи калони геологи ҷамоати Навобод кор мекард. Баъд раиси ин база таъин шуд. Беш аз 100- то мошини калони боркаш дошт ин база. Станокҳои калони қимат ва дастгоҳҳои хуби таъмири мошин дошт. Ва як генератор дошт дизель буд. Як деҳи калонро свет –барқ медод. Ҳамаи инҳоро дар замони Раис буданаш фурӯхт. Базаро 4 тақсим карданд, як қисм ба ин монд, ки онро як тоҷир бо номи Аброр харид ва он тарафи худро ҷойи захираи маводи сузишворӣ кард. Қисми дигарашро Ҳасанкомпания гирифта базаи нефт, бензин, солярка кард, аммо ҳоло аслан фаъолият намекунад. Ин Ҳасан аз Шуғнов аст ва дар ҳамон база як пахтазанак ҳам дорад. То ҷое фаҳмидем сахт қарздор ва муфлис шуд.”

Маҷид Мардонов  4 фарзанд дорад.Аз дузд дузд мерӯяд. Як фарзандаш бо номи Ҷумъа Мардонов бо ёрдами амакаш Алимардон Азимов дар вазифаи заминсози ноҳияи Рудакӣ  кор даромад. Ин ҳам мардумро фиреби зиёд  карда заминҳои обиро ғайриқонунӣ фурӯхт. Аллакай соҳиби хона-қасри муҳташам ва зани дуввум ҳам шуд. Котибаи худашро ба ҳамсарӣ гирифт ва чун аз ҳамсари аввалаш писар надошт аз ин котибааш писар дор шудааст.  Фукаш дар ҳаво мегашт. Коррупсия қапид. Хеле пули калон дода халос шуд. Ҳар боре,ки меқапиданд ӯро 30 ҳазор доллар дода ҷонашро халос мекард ва боз дуздиро давом медод. Лекин фақат доля медод, ки суроғаш накунанд, то чизеяш нагуянд.

Барои як хеши худаш Асомиддин аз замини обӣ фурӯхт. Асомиддини писари холааш сохтмони хонаро қариб тамом мекард, ки раиси ҷамоатти Чортеппа нав шуд. Раис омада сохтмонро ба хок яксон кард, чун ғайри қонунӣ замин ҷудо карда шуда буд. Ахиран Ҷумъа Мардонов ба Русия фирор кард ба назди бародаронаш Шавқат,Қиём Фаррух,ки  шаҳрвандии Русияро ҳама доранд,рафт.Ҳатто Маҷид Мардонов дар Русия барои нафақа зиндагонӣ мекард ва дар Русия мурд ва ҷасадаш як моҳ дар МОРГ қарор дошт, чун дар вақти коронавирус аз ин беморӣ  гузашта буд. Як дузди калон бародарашон Шавқат буд. Дар Русия касеро фиреб кард, пулашро надод. Он шахс аз паяш одам монд. Додари бе гуноҳаш Қиёмро монанд карда куштанд. Дар охир инро бояд зикр кунем,ки миёни ин се бародар  рақобати шадид дар ҷамъоварии пулу мол вуҷуд дошту то ба ҳол дорад. Муносибати инсонии оддӣ аслан вуҷуд надошту то ба ҳол ҳам надорад. Хулоса ин мардҳо аз дину имон хело ба дуранд. Аллоҳ ҳидояташон кунад, то мисли Маҷид Мардонов аз олам нагузаранд чун хело бо ҳолатҳои вахим аз олам гузашт. Моро аз ин дуздон дар умум кӣ халос мекарда бошад?

Ps: Чуноне ин мартабаи дуюм аст,ки ба раиси ноҳияи Рудакӣ ҳушдор медиҳем назоратро дар ноҳия ҷиддӣ гиранд. Аммо мисле таъсир накарда истодааст ба ҷаноби ИСМАТЗОДА АЗИЗУЛЛО УБАЙДУЛЛО. Хуб умедворем ба ин бе қонуният худашон ва раиси дастгоҳашон Воҳидзода Ҷамшед Камол ин масаларо ин дафъа зери назорати ҷиддии худашон мегиранд. Аз Рудакӣ ба “Ислоҳ” ҳар ҳафта чандин маълумот мерасад,ки пас аз нашри онҳо бароятон хуб тамом намешавад.

Инчунин вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро аз рӯйи ин шикоят кор мекунанд ва кришаҳои дохили вазоратро яъне Ҷумъаев Ҷамшедро  “бе зарар” мегардонанд, то адолат барқарор гардад. Ҷаноби вазир хуб диққат диҳед вазири пеш аз шумо ҳам пас аз матолиби “Ислоҳ” барканор гардид. Мо пас аз каме интизорӣ дар мавриди корҳои сиёҳи шумо ҳам омодаи нашри матолиб ва барномаҳои мудаллал ҳастем. Аммо чуноне мебинем дар ноҳияи Фархор адолатро пас аз нашри навори таҳқири муаллима барқарор намудед. Акнун навбати ноҳияи Рудакӣ аст. Шумо вазиред ва ин бе адолатиро бартараф намоед!.

“Ислоҳ” наззорагари амалҳои мухолифи қонунии шумо буда ва пас аз як ва ду огоҳӣ фошкориҳои ҷиддӣ менамоем, мо гуфтем ва шумо шунидед!.

Share This Article