Шикояти Восеъгиҳо: “Раҳмонов 1600гк заминҳоямонро аз акахони Фиръавнат боз пас гардон”

Ислоҳ нет

Ин номаро мо, ҷавонони деҳаи Арали хоҷагии деҳқонии ба номи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ ба шумо “Ислоҳ.нет” мефиристем.

 

Шикояти мо аз Қурбон Мирзоалиев, собиқ депутати Шӯрои Олӣ, раиси пешини вилояти Кулоб ва акахони Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо, дар бораи корҳои собиқи ин акахони Эмомалӣ Раҳмонов чизе намегӯем ва дар ҳақиқат ин шахс яке аз золимтарин шахсони ин ноҳия ба ҳисоб меравад, намедонам аз кадом ҷиноят ё зулмаш шурӯъ кунем. Ӯ дар замони ҷанги дохилӣ садҳо гектар заминро аз они худ карда буд вале ба мардум ваъда дода буд, ки баъди ором гирифтани ҷанг заминҳоро бармегардонам. Ин заминҳо зиёда аз 1600 гектар замини обиро дар бар мегирад, ки ба ин деҳаҳо тааллуқ доранд: -деҳаи Заркамар (машҳур   ба Варашил, ки Қурбон Мирзоалиев истиқоматкунандаи ин деҳа аст), деҳаи Арал, деҳаи Тосқаъла, деҳаи Куйбеш, деҳаи Шурак, деҳаи Зардолубоғ, деҳаи Ҳулбек, деҳаи Тори ҷар, деҳаи Чуқурак ва деҳаи Охҷар (собиқ Крупская ) ва заминҳои лалмиаш беҳисоб.

Як нуқтаро илова кунем, ки ҳамон солҳо 21 гектар замини ҳоҷӣ Нурмуҳаммадро ҳам гирифтани буд. Аммо додари ин ҳоҷӣ Нурмуҳаммад ба номи Ҳоҷӣ Давлат аз Душанбе боевикҳоро оварда ва ба ин восита замини акаашро аз дасти ин золим наҷот медиҳад.  Ҳоҷӣ Давлат дар деҳаи Зардолубоғ (зодгоҳаш) масҷиди ҷомеъи калоне сохт (солҳои 2010–2013 )  Масҷиди ҷомеъи инҷо хурд буд. Мирзоалиев Қурбон   ҳоҷӣ Давлатро  чашми дидан надошт ва то ҳол надорад, чунки ҳоҷӣ Давлат дар муқоиса бо ӯ хайрхоҳу дилсӯзи миллат аст, Аллоҳ Таъоло ёру мададгораш бошад.

Қурбон Мирзоалиев дар ин заминҳои ба номи мардуму ба коми худаш зироатҳои ғалладонагӣ, гандум, пахта, ҷуворимакка ва  ғайра мекорад. Агар мабодо ва нохоста дар замини зироатҳои ӯ молҳои мардум дароянд он молҳоро бурда маҳкам мекунад ва соҳиби он молҳо ба додани 1000 сомонӣ, ё зиёдтар ё камтар он молашро мегирад. Ҷои таассуф аст, ки ин золими нобакор болои инқадар тасарруфи заминҳои мардум, боз ба онҳо зулм ҳам мекунад.

Вақте ки пахта мекоранд, касоне ки аз вай замини пахта мегирад, ба хотири пояи пахта, он золим маҷбур ин шахсҳоро ба ҷуйборканӣ, дарахтшинонӣ, пахтачинӣ, чидани ҷуворимакка ва ғайра мебарад ва инчунин трактористҳо ва бригадиру ҳисобчиҳо аз дасти вай халосӣ надоранд, дод мегуянд, маҷбуранд барои як луқма нон кор кунанд.

Қурбон Мирзоалиев мардуми мазлумро ба пахтачинӣ мебарад, аммо ба онҳо маблағи кам медиҳад, масалан: агар дар дигар минтақаҳо чидани пахта 1кг то 70дирам бошад вай ба колхозчиёни худ 10дирам медиҳад ва касе ҳам ҳаққи гап задан надорад. Агар касе гӯяд, раисбобо охир пахта дар фолон минтақа 70дирам аст, шумо чаро даҳ дирам медиҳед, медонед он шахс дашномҳои қабеҳ шунавида аз ғӯзапояаш маҳрум мешавад.

Инро ҳам бояд бигӯям, ки заминҳоро ба писаронаш тақсим кардааст, яъне ба писари калониаш Сафар (машҳур ба Сафарраис) 560 гектар ва ба писари хурдиаш Маҳмадалӣ (раиси Маҳмадалӣ) зиёда аз 1100 гектар. Ин писараш бо падараш якҷост дар истифодаи заминҳо, ба писари дигараш ба номи Савзалӣ- раисӣ ва идораи заводу фабрика расидааст.  Фарзандони ӯ ба мисли падарашон золиманд ва забони фаҳшу дашномҳои қабеҳ доранд, ҳатто кибру ғурури падарашон чунон баланд аст, ки бо инсонҳои фақир ба дасти чапаш салом мекунад, гапи хубаш фалони оча аст…

Ин золимон ҳатто андози заминро намесупоранд. Як шахс ба ман нақл кард, ки раиси ҷамоат ба Сафарраис гуфтааст: бобои раис пули налогро намесупоред?! Сафар раис медонед чи гуфтааст:

“чи хели пули налог? як бори дигар мешунавам фалонат мекунам, фаҳмидӣ! Маҳ ин пулро гиру коғазҳоро дуруст кун, гуфта як ришвача дода боз дашномаш додааст, ки коғазҳои налогро дуруст кунад.”

Шояд боваратон наояд аммо Қурбон Мирзоалиев дар бонкҳои хориҷӣ маблағҳои калон  дорад. Ҳамчунин дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зиёде дошта аст. Вақте ки бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муфлис шуданд, Мирзоалиев ба назди акахонаш Раҳмонов меравад ва аз вай дархости ёрӣ мекунад барои пас гирифтани пулҳояш. Ин хабар ба вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин мерасад. Файзиддин Қаҳҳорзода зода ва тарбия ёфтаи  деҳаи Заркамар (Варашил) аст ва аз зулму ситами ин шахс бохабар мебошад ва медонад, ки Мирзоалиев барои мардум ҳеҷ беҳбудие накардааст.

“Вазир ба Э. Раҳмонов мерасонад, ки Мирзоалиев беҳад ба мардум ҷабр ва зулм мекунад ва як шахси пулдору молдор аст. Вале дар деҳаи худаш ҳам ҳеҷ ободие накардааст. Қурбон Мирзоалиев чанд навбат барои пулҳояш ба назди Раҳмонови акахонаш меравад. Э. Раҳмон мегӯяд аввал дар деҳаат мактаб месозӣ ва баъди он пулҳои туро бармегардонем.”

Қурбон Мирзоалиев ноилоҷ розӣ шуда майлаш мегӯяд.Ва мегӯяд,ки шумо пулҳоро диҳед ман як мактаб месозам. Аммо Э. Раҳмон зиракии сиёсиро аз даст надода мегӯяд: -модоме ки ту мактаб сохтанӣ ҳастӣ мо аз ҳамон пулҳои дар бонк будаат гирифта мактабро месозем, сипас маблағҳои боқимондаатро мегирӣ, чунки агар мо пулҳои туро диҳем ту як оғилхона сохта ҷонатро халос мекунӣ! Хулоса, мактабро сохтанд ва худи ҳамин сол бояд ба истифода дода мешуд. Мактаб як бинои дуошёна, дорои 15 ё 16 синфхона мебошад. Мардуми ин деҳаҳо хушҳол шуданд, ки президент Раҳмонов Мирзоалиевро маҷбур кард ва ин мактабро сохтанд ва мардум аз президент хоҳиш доранд, ки як бори дигар водор кунад, ки дар ҳамон деҳаи Заркамар як беморхона бисозад, чунки дар ин деҳа беморхона нест, Ногуфта намонад, ки мактаб ҳам дар ҳамин деҳа сохта шудааст. Овоза шуда буд ки президент дар сафар ба ноҳияи Восеъ дар санаи 24.09.2020 ин мактабро ба ҳамон кайчичаи сеҳрнокаш боз мекунад, вале ба он деҳа нарафт, аммо ба деҳаи Тосқалъа рафт ва дар онҷо мактаб боз кард ва се километри дигар нарафт то ки мактаби деҳаи Заркамарро ҳам боз кунад.

Як чизи дигарро дар охири навишта мехоҳам илова намоям, ки хеле аз ҷиҳозу асбоби беморхонаи деҳаи Зардолубоғро сафари писари Қурбон Мирзоалиев талаву тороҷ карда фурӯхт. Бари ҳамин мардуми ин деҳаҳо Мирзоалиевро Фиръавн ҳам мегӯянд.

Хоҳиши мо аз ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан Эмомалӣ Раҳмон ин аст ки барои ба мардум гирифта додани заминҳо аз Қурбон Мирзоалиев кӯмак намояд. Чунки вай замини  ба тамоми мардуми ин деҳаҳо тааллуқ доштаро танҳо як худаш истифода карда истодааст….

Ps: Хонандагони гиромӣ агар шумо ҳам аз акахони Раҳмонов озор ва азияте дида бошед, ё  аз деҳаи Арал бошед ва паҳлуҳои дигари ногуфта монда бошад. Марҳамат ба “Ислоҳ” нависед,то он дарду ранҷи шуморо расонаӣ кунем. Чуноне мебинед дар 28 сол ба додатон касе нарасид. Умеди онро дорем,то худи “Пешво” ончи ба ӯ намерасонанд огоҳ мегардад. Ислоҳ дар хидмати шумо ва ба хотири бозгӯ кардани дарду ранҷи шумо таъсис ёфта ва амал мекунад.

Share This Article