Шикояти занҳои Исфара: “Мардҳо шарм доред “гинеколог” ва “акушер” нашавед!”

Ислоҳ нет

Тиҷорати табибони зоишгоҳ занону модарони Исфарагиро бе тараф нагузошт. Ин амали нохуб бар болои занҳо, шуморе аз сокинони ин шаҳрро водор кардааст, ки ин номаи шикоятиро ба унвони “Ислоҳ.нет” бифристанд. Ин занон ва модарон хуб медонанд, ки дардашонро ҳеҷ ниҳоде ба инобат намегирад ва додараси дигаре ҳам  ҷуз “Ислоҳ” надоранд.  Дар ин нома  аз табибон ҳамчун инсонҳои ғоратгар, рэкет, порахӯр, мардумфиреб ном бурда мешавад:

Ман як сокини Исфара мебошам ва ба мардҳое дар ин зоишгоҳҳо кор мекунанд хело бадам меояд. Наход шумо мардҳое ин пешаро ихтиёр намудед камтар ҳаё надошта бошеду дар миёни ин ҳама ихтисосҳо дар соҳаи тиб омада ҳамин ихтисосро қабул кунед. Аз дилхоҳ марди Тоҷик пурсед,ки ҳамасаратонро мард бояд дар зоишгоҳ қабул мекунад, дар ҳол худогоҳ ва нохудогоҳ рӯяшро туруш мекунаду не мегӯяд. Агар аз худи ҳамин мардони ин пешаро ихтиёр карда пурсед ҳамсаратонро марде мепазирад худашҳам намехоҳад инро, албатта агар имон дошта бошад ва рашки мусалмонӣ дошта бошад. Пас шумо, ки мардед, чаро ин пешаро ихтиёр намудед?

Мехоҳам як қиссаи кӯтоҳро бароятон нақл кунам

Ман ҳамсари як гинекологро пурсидам, ки ба ин пешаи шавҳарат розӣ ҳастед? Гуфт: шавҳарам аслан ба ман ҳеҷ таваҷҷӯҳе надорад ва аз дидани занҳои зиёд тамоман рағбаташ  ба ман нест дигар. Гуфтам пас чӣ гӯан зиндагонӣ мекунед? Гуфт: охир чикор кунам се фарзанд дорам ва дигар роҳе надорам вагарна аслан бо ӯ зиндагонӣ намекардам.

Нахуст мехоҳем дар мавриди пулситонӣ бигӯем

Дар шӯъбаи занонаи бемористон, акушер ва гинекологҳо маблағи калон мегиранд. Се сол пеш, ки корафтода шуда бдудам “ставкаҳо” аз 35 то 50 сомонӣ муқаррар шуда буд. Ҳоло ин нархҳоро назари ҳатто ҳамшираҳои шафқати ин бахш  намегирад. Агар маблағи гуфтаи духтурҳо, ки ҳоло се баробар афзуда шудааст пардохт карда нашавад беморро рухсат намекунанд:   врач фишор меорад, выписка намедиҳанд. Дар инҷо таъминоти доруҳоро худи табибҳо  дар ихтиёр доранд. Дар 15 сомонӣ аз дорухона дору гирифта бошад онро барои бемор бо нархи се баробар мефурӯшад: 45 сомонӣ.

“Агар худат доруро биёрӣ қабул намекунанд. Мегуянд, ки доруҳои мо оригинал, шумо овардагӣ  “китайский”-фалшивий. Вале доруфурӯш гуфтки врач доруҳоро аз ӯ мехарад: ҳамаи врачҳои инҷо аз ман мегиранд.”

Мебаранду бо соҳибони бемор се баробар бо нархи баланд мефурӯшанд. Беморонро  бардурӯғ тарс медиҳанд, ки доруҳои аптека  доруҳои сохтагӣ.

Як рӯз ба утоқи кории врачи гинеколог бехабар даромадам.  Ду врач ранги кассирҳои банк, дар рӯи стол пулҳоро рехтаанду аз як тараф мешумориданд. Аҷаб ин буд, ки шикамҳои ҳардуяшон аз фарбеҳӣ ранги занҳои бачадор дамидагӣ буд. Яқин аст ки ин пули маошашон набуд ва маблағи аз беморон гирифта аст. Яъне зоишгоҳ неву як корхонаи тиҷораӣ мебошад.

Дар худи таваллудхона бошад  боз бизнес аз ин ҳол ҳам  калонтар. Баъд  таваллуд шудани кӯдак врачҳо баромада бо хешу табори навзод мегуянд, ки мо бо модари кӯдак фалон уколҳоро гузаронидем. Капельницаҳо мондем дар 280 сомонӣ. Аммо баъдан маълум мешавад, ки ин гуфтаҳо 95% дурӯғ будааст. Ягон дона об нагузаронидаанд, сузандору ҳамагӣ якто истифода шудааст. Дар ҳоле, ки тамоми лавозимот  барои таваллудро соҳиби бемор харида меоварад, то дастпӯши табибро ҳам. Рости гап монанди ин ҳодисаро чанд бор бевосита шоҳид будам. Чунки ман модари 5 фарзанд мебошам ва дар ин шӯъба  ман бисьёр хоб кардаам. Вақте модар ва навзодро ҷавоб медиҳанд, бовар кунед ҷайби шавҳар ва ё ҳар касе дигаре, ки барои ӯ омадааст, холӣ мешавад: аз пули “шодиёна” гирифта момодояпулӣ, барои ҳамшираҳои шафқат санитаркаҳо ва ғайраву ғайра. Ин пулҳо ҷудо аз харҷи худи таваллуд. Вале агар диданд, ки соҳиби модари таваллудкарда як каме “состояни”-и беҳтар доранд ҳатто аз ӯ барои “оянда”-и шуъбаи занона ягончи кумакпулӣ ҳам мепурсанд. Мисли ҷӯгӣ.

Номи яке аз баднафстарин ва бадахлоқтарини табибаҳои ин беморхона  Ҳалима Хоҷаева аст. Дар вақти дард гирифтани хоҳарам муҳлати “смена”-аш тамом шуда истода буд. Вай барои пул шуда  хост, ки хоҳарам кӯдакашро маҷбуран ба дунё биёварад. Сузандоруи  изофӣ карда ӯро азобу шиканҷа дод, дар ҳолати дард.

“Табибони аждаҳонафси шуъбаи гинекологияи беморхонаи  марказии шаҳри Исфара:-Рафоат Юсуповна, Маҳфуза Аминҷоновна, Саида Ориповна яке аз дигаре бештар ва бадтар хуни бадани бемору бемордор, хуни халқи камбағалро мемаканд.”

Агар ба ҳисоб гирем, ки дар як шабонарӯз ба камияш чор нафар таваллуд кунад бо камтарин нарх ҳам гиранд 1200 сомонӣ меситонанд. Агар ин маблағро 4800 сомониро ба 15 зарб занед мешавад 72000 сомонӣ яъне беш аз 6000 ҳазор доллар пул дар 15 соат кор мекунанд. Ин танҳо аз ин ҳисоб аст ва масалаи фурӯши дорӯ бошад аз ин бештар барояшон пул меоварад. Барои онҳо  дигар фарқ надорад, ки соҳибони ин модарон пул доранд ё надоранд. Фикри модар ва кудаки навзодро намекунанд, балки фақат сомонӣ ҷамъ мекунанд. Агар гӯем, ки тифли худ, фарзанди худро аз таваллуд хона мехаред, хато намекунед.

Як ду сухан дар бораи шӯъбаи эҳё- (реанимация) гуфтан мехоҳам. Чанд вақт  пеш як шаби хоби дар ин вазнинхона 500 смонӣ нарх дошт.  Дар шӯъбаи  терапевт модарамро бистарӣ карда будем. Қанди он кас боло рафта буд. Ба  кома афтида буданд. Ба вазнинхона гузаронидем.

“Табибон омаданду диданду гуфтанд, ки падарат нест қабул карда наметавонем.  Чунки ту пул дода наметавонӣ. Ман, ки тилловории зиёд дар даст доштам гуфтам, ки ҳолати модар вазнин, шумо ғам нахуред, дар хона  пул ҳам дорем. Бовар накунед, мана ин тилловориҳоро медиҳам. Диданд, ки тилловории бисьёр дорам, қабул карданд.”

Баъд макидан сар шуд. Дар як рӯз чанд маротиба баромада ба модарат ин доруҳоро биёр, он доруҳоро биёр гуфта дам ба дам рӯихат карда меоваранд ва ман ҳам  пакет -пакет меовардам. Баъдан модарам гуфт, ки дар рӯз ду се сузандору мекарданду халос. Боқии доруҳоро ё барои оянда ва ё ба беморони дигар мефурӯхтанд. Инҷо як навъ тиҷорат бо ҳаёт ва саломати инсон сурат мегирад. Тиҷорати хеле бераҳмона ва беинсофона, чаро пеши роҳи инро вазорати тандурустӣ намегирад?.

Солҳои пеш дар шуъбаи занона, ва дар ҳама шуъбаҳо, бемалол намозро мехондед. Ҳозир ҳамон замоне, ки вориди беморхона шудед, аввалин коре, ки мекунанд ҷойнамозро аз дастатон мегиранд.  Аввал ҷойнамозро гирифта мегӯянд, ки надароред, мумкин нест. Занҳоро намегузоранд, ки  сарашонро бипӯшонанд, тамоми мӯи сар бояд намоён бошад. Як рӯмолчаи хурдро иҷозат медиҳанд, ки бубандед.  Ҳоло мардҳо акушер- гинеколог шуда истодаанд. Пештар танҳо анестезиологҳо мардҳо буданд, дар вақтҳои зарурӣ меомаданду боз мерафтанд. Ҳоло бошад дар шуъбаи занона, мардҳои беномуси гинеколог зиёд шуда истодаанд. Арӯсҳои ҷавон, модарҳои ҷавони мусалмон азоби сахт доранд.  Пештар дар вақти “обход” практикантҳо -духтарҳо буданд, феълан  мардо зиёд шудаанд.Охир ин чӣ гап худаш,шумо мардед дигар ихтисос дар тиб набуд ин касби момо доягиро интихоб кардаед?

Рӯзе дар болои рахти хоб ба “обход”– тайёрӣ бо омадани врач будем. Ҳама занҳо дар катҳои палата куртаҳояшонро бар зада  интизори врачи зан буданд. Ман ҳам будам, ки врач бо практикантҳои мард бо палатаамон даромаданд, ки чи кор карданамонро надонистем. Агар имрӯз касе овоз набарорад, фардо албатта ба шӯъба меравӣ, ки дар сарат гинеколоиг мард меояд. Занҳо дар вазъи вазнини равонӣ ва ҷисмонӣ меафтанд. Зеро дар назди марди бегона истода таваллуд кардан ҳам гуноҳи сахт аст ва ҳам аз шиддати шарму ҳаё зан метавоанд сахт бемор шавад. Мо тавассути барномаи шумо ин аз гуна гинеколог мардҳо хоҳиш мекунем, ки касби дигар биомӯзанд ва аз масъулони бемористон ҳам ин хоҳишро дорем, ки зан- модари мусалмонро, хоҳарону модарони худро дар ҳолати вазнин ва шоки ҷисмониву равонӣ қарор надиҳад.

Бо ин ҳолу ин вазъ мо ба куҷо мерафта бошем?

 

Ps:  Ин нома аз Исфара ба “Ислоҳ “ расидааст, агарчӣ чандин матлаб барои нашр доштем вале ин шикоятро истисноан дар мадди аввал гузоштем. Ба падару модарон ҳамин тавсияро медиҳем,ки духтаронатонро дар ин ихтисос гузоред, то сафи духтарон ва занон дар ин пеша бештар гардад. Ба писарон гуфтани ҳастем ин модарон рост мегӯянд барои як мард зебанда нест касби “Момодоягӣ”ро интихоб намояд. Ихтисосҳои дигари тиббиро ба худ интихоб намоед  “Момодоягӣ” ҳаргиз  пешаи мардон набуд ва буда ҳам наметавонад.

Share This Article