Шоҳрух кист ва бо Рустами Эмомалӣ чӣ гӯна шинос шуд?

Ислоҳ нет

(бахши дуввум )

Шоҳрух Саидзода, ҳамсинф ва рафиқи даврони мактабиву донишгоҳии Рустами Эмомалӣ аст. Шоҳрух (номи пураи пешинааш Саидов Шоҳрух Фаттоҳович) дар таърихи 30.08 1987 (дар тарҷумаи ҳолаш 1986 омадааст) дар ноҳияи Данғара (собиқ вилояти Кӯлоб) дар оилаи балетмейстер-раққоса ба дунё омадааст.

Он солҳо падараш Саидов Фаттоҳ Ғоибович дар Хонаи маданияти ноҳия ба ҳайси раққоса бо раққосаҳои дигар: Чамангул, Саъбагул, Саодати Бибӣ (девона ) Мирзогулак кор мекарду лақабаш Фатоҳгулак буд, таввалуд шудааст. Оилаи онҳо солҳои 90 ба Душанбе мекӯчад. Аммо солҳои баъд Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб то ба рутбаи генерал- лейтенантӣ ва ба мансабҳои сардори Хадамоти гумрук ва раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мерасад.

Ҳоло Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии (УУР) вазорати корҳои дохилӣ мебошад ва рутбаи полковникӣ дорад. Рутбаи полковникиро ҳам ӯ «досрочно» гирифтааст. Соли 2017 майор буд ва дар соли 2021 аллакай полковник шуд. Дар ҳоле,ки тайи ин муддат мебоист подполковник бишавад. Аммо бо вуҷуди онки дар вазорат як ниҳоди алоҳидаи худро бо буҷҷаву кормандони расмиву ғайрирасмӣ ва салоҳияту ихтиёроти васеъ дорад, вайро чуноне дар расонаҳо ҳам борҳо зикр намуданд, ӯро дар ғайбаш «бачаи Долчи Габана» мегӯянд. Барои ҳамагон дардмандии падараш, ки дарди ғайримаъмулӣ маълум ҳаст.

“Худи Шоҳрух падарашро барои табобат на як бору ду бор ба хориҷа бурдааст ва як навбат ҳатто бо 21кӯк даридагиашро дӯхта буданд. Мегӯянд, ки сабаби пеш аз расидан ба сини нафақа аз кор озод кардани Фаттоҳ Саидов маҳз ҳамин маризии бидуни дармони вай будааст ва инки капитан Умед Камолов, писари марҳум Сайиданвар Камолов, собиқ раиси КДАМ, ки аз дастёрони наздики Фаттоҳ Саидов дар Хадамоти гумрук буд, феълан дарбадару овораи диёр аст, марбут мешавад ба ҳамин падари Шоҳрух Саидзода. Фаттоҳ Саидов, бо ин маризиаш сари Умедро хӯрду Шоҳрух Саидзодаро дар байни кормандони милитсия ҳамеша сархам кард. Худо накунад, ки ин бемори ирсӣ бошад, вагарна Шоҳрух Саидзода, ки мегӯянд вазири ояндаи корҳои дохилӣ мешавад, аз падараш ҳам зердастонашро бештар ғам медиҳад. Президент Фаттоҳ Саидро, ҳатто ба данғарагӣ буданаш нигоҳ накарда ҷавоб дод, то ки  камтар шарманда бишавад. Ҳатто фармон шуд,то аксҳое бо ӯ якҷо гирифта ҳам нобуд карда шаванд. Дар шабакаҳои телевизионӣ наворҳои бо ӯ дар сафарҳо ва маросимҳои ифтитоҳҳое иштрок дошта барчида ва ҳазф шаванд.”

Шиносоии Шоҳрух бо Рустам

Шоҳрух дар мактаби президентии назди «Профсоюз»,рӯ барӯи «Аҷинабозор» мехонд. Падараш Фаттоҳ Саидов Шоҳрухро аз дигар синф гирифта оварда дар синфи Рустам Раҳмонов мемонад. Вай ба Шоҳрухи писараш ҳамеша таъкиду талқин мекардааст, ки «кати анами бача ҷура бша, дигахо кихаҳаан бачм, фаҳмидӣ? Фақат ами бача лолоай» гуфта таъкид мекардааст. Чунки худаш бекор будааст. Вақте мебинад, ки писараш камтар бо Рустам унс гирифтааст, ба писараш мегӯяд, ки «бачам гиря кун, бугу марам хонатон бубар ва ин гапро ҳар вақт гуфтан гир». Аммо вақте Шоҳрух баъди дарсҳо гиря мекард, ки «мара ҳам кати Рустамшон бубаред, «охранаҳо»-и Рустам бо номи Ҳабиб аз Восеъ ва Эмомназар аз Ҳисор мегуфтанд, ки мумкин нест, аз рӯи инструкция ягон нафарро бурдан».

Фаттоҳ Саид боз ҳангоми Шоҳрухро ба хона бурдан дар роҳ ҷанг мекард,ки

 «иқа кудаки намешудагиӣ, худта парто беҳуш ку гуфта будумта, як бало ку бра кати Рустам бчаспон». Ниҳоятан як рӯз Шоҳрух муваффақ мешавад, ки ба хонаи Эмомалӣ Раҳмонов ворид шавад. Он замон Шоҳрух дар синфи 6 ё 7 мехонд. Як рӯз Шоҳрух баъди дарс дасти ба даст бо Рустам аз мактаб мебарояду сахт гиря карда (ба мисли падараш кали Фаттоҳ актёрӣ карда) худашро дар заминҳо шакида мегӯяд,ки мехоҳад бо Рустам ба хонаашон бирвад. «Охрана»-ҳои Рустам Ҳабиб ва Эмомназар ба ҳоли вай дилашон месӯзаду ба мошин савор карда ба хонаи президент мебаранд. Дар назди дарвозаи хона мошинро манъ мекунанд. Шоҳрух Раҳмоновро дида гирякунон давида мераваду пойи рости ӯро сахт ба оғуш гирифта мегӯяд: «Отаҷон бугу мара бмонан Рустам кати биём ҳамиҷа бозӣ кунем». Отаҷон, отаҷон гуфта пойҳои Раҳмоновро бӯса мекунад. Тавре рафтор мекунад, ки гӯё касе ҳама ин саҳнаро барои вай даҳ сол ёд дода ва ӯро машқу тамрин дода бошад. Раҳмонов, ки чандин сол писардор нашуда буд, дилаш ба Шоҳрух месӯзаду ба тарафи Ҳабиб ва Эмомназар мегӯяд “бачаи хуб будай,ку боақл метова,бмонен хай биёя бозӣ кунан кати Рустамҷон”  ва ба Мурод Саидови телехаш супориш медиҳад, ки ин бачаро бифаҳмед аз куҷо аст, падараш кӣ аст? Ҳамин тавр дигар Шоҳрухро бо ҳамроҳии Рустам аз мактаб ба хонаи Раҳмонов меоварданду мебурданд. Бисёр вақтҳо онҳо шабҳо якҷоя хоб мерафтанд. Вақте онҳо дар синфи 8 мехонданд Ҳасан Асадуллозодаи тағои Рустам як сабукрави Нексияи сафеди рақамҳояш 8888 –ро тӯҳфа мекунад. Он мошинро «полний тонировка» карда бо «охрана»-ҳояш- Ҳабиб, Эмомназар ва Муҳиддин сайру саёҳати Душанбе мекарданд.

Ҳодисае ” наезд”и Шоҳрух ба писари генерал” Шоҳрухро аз Рустам дур карданд

Аммо як воқеае рӯй медиҳад, ки Шоҳрухро намегузоранд, ки бо Рустам наздикӣ кунад. Ин воқеа дар соли 2007 рух дода буд. Шоҳрух ва Рустам бо автомашинаи Лексус, рақами қайди давлатиаш 8888 аз Варзоб меомад. Дар светофори назди Донишгоҳи кишоварзӣ-Селхозинститут чашмаш ба мошине меафтад, ки дар он як ҷавон сари чамбар ва дар бари вай як духтари хушруй нишастааст. Баъди гузаштан аз «светофор» мошини ӯро Шоҳрух манъ ва ҷавони ронандаро ба берун даъват мекунад. Дар пеши шими Шоҳрух ду пистолет кашол. Ба ин ҷавон ,ки боксёр ва корманди прокуратура будааст, амр мекунад, ки «аруса буфрору дар мошини Рустам саворуш ку. Арусут Рустамда сахт маъқул шудай».Ҷавон ба Рустам нигоҳ мекунад, як бачаи харобаки бурутдор, «зарулем»-и мошини Лексус шиштагӣ ва ба аруси ӯ «движений» дорад. Он ҷавон бо қаҳр ба тарафи Шоҳрух мегӯяд, ки «Шумо девонаен чиен,и арус нест,ин заншавандаи манай, дар фотеҳаи маҳай, брен гумшен ҳардут шпингалето» ва мехоҳад ба мошинаш савор шавад, ки Шоҳрух ҳардуи пистолеташро бароварда ӯро «угрожат» мекунад ва ба самти духтар рафта ӯро бо зӯрӣ аз мошини прокурор фароварданӣ мешавад. Аммо ин ҷавон боксёр( писари генерал Дустов, сардори шӯъбаи милисаи аэропорти Душанбе, одами «заслуженный») Шоҳрухи он замон қоқи харобаро як зарба мезанад, ки Шоҳрух беҳуш шуда ба пушт меафтад.

Рустам ин ҳолатро дида Шоҳрухро мепартояду мошинашро бо суръати саду дусад ронда аз ҷои ҳодиса мегурезад. Ҷавони прокурор духтарро мебарад ба хонааш ва мошинашро монда рост ба назди падараш рафта ҳодисаро нақл мекунад. Падараш, ки генерал буд мегӯяд: «срочно бпар бравен Москва» ва писарашро гусел кардаву меравад назди вазири дохилӣ ва сипас ба назди вазири амнияту Прокурори генералӣ. Дар ин вақт Рустами тарсончак ба бустонсарои шафати чойхонаи «Саодат» омада ба падараш мегӯяд, ки ба мо «покушений» карданду Шоҳрухро куштанд. Тамоми мақомотҳо бо «теревога» ба по хезонда мешаванду он духтар ва мошини ҷавони боксёр-прокурорро меёбанд. Он вақт вазири амният Хайриддин Абдураҳимов буд. Вай ба президент мегӯяд, ки ҳозир «паника» накунед, мо ҳамаи ҳолати корро мефаҳмему ба Шумо аниқашро мегӯем. Баъдан сардори муҳофизони президент Мансур Умаров ва вазири дохилӣ ва Прокурори генералӣ  омада ба президент мегӯянд, ки дар инҷо айби Шоҳрух ва писарат Рустам шудагӣ аст. Онҳо духтареро, ки дар фотеҳаи он ҷавон будааст «угрожат» карда аз мошин фароварданӣ шудаанд. «Любой» одами дигар мешуд, метавонист писари туро паронад, ҳол он ки прокурор ҳам пистолет доштааст, аммо мардакӣ карда як шаппотӣ задаасту рафтааст. Баъди ин бо супориши президент Шоҳрухро дигар ба Рустам наздикшавӣ намемонданд.

 “Фаттоҳ Саид ва Шоҳрух аз ҳамон вақт бо Мансур Умаров муносибати хуб надоштанд ва як сабаби дигари дастгир кардани Фаридуни пантераи додари Мансур Умаров қасди Фаттоҳ Саид будааст, кина доштааст. Аммо иллати ҳабсу боздошти Фаридуни пантера аз тарафи Фаттоҳ Саидро поинтар хоҳем гуфт.”

Шоҳрух бо миёндароии Азизмо боз бо Рустам муносибатро,то имрӯз идома дода истодааст:

Баъдан, Азизмоҳи зани президент, ду моҳ- се моҳ, ки Рустамро контрол мекарданду бо Шоҳрух наздикшавӣ намемонданд, ба президент рӯ оварда:-“як бачаи талбидагӣ дорум, бмонен бгарда, се моҳай ранги дар зиндон бдаги воре, намемоненша, буроя ай хона», мегӯяд, боз бо Шоҳрух ва дигар ҷӯраҳояш вохӯрданро иҷозат дод. Боз дубора муносибат шурӯъ шуд ва то имрӯз идома дорад.

Шохрух Саидзода дар ин сини ҷавонӣ (35) аз чор зан ҷудо шудааст. Зани якумаш духтари Лутфулло аз Ҳисор, шефи ресторани “Сказка” дар «круговой»-и 82-и Душанбе. Зани дуввумаш  бухгалтери командаи футболи «Истиқлол» буд. Аз ҳамаи чор зан бо сабаби … буданаш ҷудо шудааст. Чанд соли пеш дар расонаҳо, ҳатто дар нишасти хабарии Фаттоҳ Саид, ки он вақт раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия буд дар робита ба моҷарои оилавии Шоҳрух сару садоҳо баргузор шуда буд. Он вақт гуфта шуда буд:

“байни Шаҳрзода Абдуллоева зани Шоҳрух, ки бо як фарзанд аз вай ҷудо шуд бар сари тақсими молу мулк баҳс бархостааст. Расонаҳо навишта буданд, ки «вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов,  ки бо Оҷонсии зидди фасод баҳс дошт, ҳатто эълон кард, ки омода ҳаст, ҳимояти Шаҳрзода Абдуллоеваро бар ӯҳда бигирад. Аммо Абдуфаттоҳи Ғоиб баъдан дар як нишасти хабариаш гуфт, ин ҳама овозаҳо асос надоранд ва касе ҳуқуқи келини собиқи ӯ ва фарзандашро поймол накардааст. Шӯҳрат Қудратов дар ҳамон сол аз сӯи маъмурони Оҷонсии зиддифасод дастгир ва дар соли 2015 бо иттиҳоми қасди додани пора ба 3 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд».

 Яке аз занҳои Шоҳрухро Рустами Хаммери фархорӣ, ки бисёр марди саховатпеша буд, ба никоҳаш медароварад ва ё ҳаминхел муносибат мекунад бо ӯ дақиқ наметавонем чизе бигӯем.  Рустами Хаммер як наркобарони пулдор буд. Ба ҷуз аз тиҷорати наркотик аз Қазоқистон орду гандум меовард. Ба бевазанҳо ва ба камбағалон кумак мекард. Шоҳрух бохабар мешавад, ки зани пешинаашро Рустами Хаммер кӯмак мекардааст. Чанд манбаъи дигар афзӯданд,ки Рустами Хамер намедонистааст,ки ин зан собиқ ҳамсари Шоҳрух будааст ҳатто. Баъзеи дигар мегӯянд,ки фарзанде,ки ҳамсари Шоҳрух дорад аз Рустами Хамер аст дар асл, чун,ки Шоҳрух бечора..

“Шоҳрх Рустами Хамерро  дар назди Рустами Эмомалӣ сиёҳ мекунад. Сипас ба воситаи падараш, ки директори Агентии мубориза бо коррупсия буд, нақша кашида Рустами Хаммерро дастгир ва барои 24 сол барои бори дуввум равонаи зиндон мекунад. Зеро бори аввал Рустами Хамер ва Юсуфи Алиматовро барои севунимсолӣ барои хулиганӣ 237\3  бо кумаки Таҳмина,ки ҳевари ӯро зада буданд дар як муноқишае зиндон намуда буданд,ки он ҳодисаро дар барномаи муфассале тақдиматон намуда будем.  Акнун бори дуввум Рустами Хамер ва Юсуф Алиматовро ҳамчун рецидевист ( ҷинояиткори такрорӣ) Рустами Хамерро 24сол ва Юсуфи Алиматовро 15 сол зиндонӣ намуданд.”

Фаридуни Пантера, бародари генерал Мансур Умаров ҳамон шаб бо телефон бо Рустами Хаммер гап мезанад. Рустами Хамер ба Фаридуни пантера,ки рафиқаш буд (он вақт ҷонишини сардори ОБНОН-и милисаи Фархор) мегӯяд, ки «қариби бист- сӣ нафар бо гражданский форма» омадаанд. Дар ин соати 12- и шаб таҳдид карда истодаанд, ки дарро кушо, худро шинос накарда истодаанд, дарро кушоям ё не? Дар ҷавоб Фаридуни Пантера мегӯяд, ки «формаи милисагӣ надошта бошанд, амнияти набошанд, медозишон,накушо дарта дар шабӣ».  

 “Ҳамин тариқ дар тамоми дунё ҷор андохтанд, ки Рустами Хаммер якҷо бо Фаридун Умаров, бародари Мансур Умаров, сардори муҳофизони раиси ҷумҳурӣ муштаракан ба наркобизнес машғуланд.  Ҳангоми кофтукоби Рустами Хамер аз хонаи ӯ ҳеҷ чизе пайдо накарданд. Манзур ягон чизҳои ғайри қонунӣ,мисли маводи мухаддир,силоҳ ва… Аммо Фаттоҳ Саид дар конфронси хабарӣ бо сароҳат эълон намуд,ки аз хонаи Рустами Хамер 42 кг маводи мухаддир пайдо намудем. Чун,ки Фаридуни Пантераи додари Мансур Умаров шарик (поделник)и Рустами Хамер буд. Манзур аз ин эълонҳо зарба ворид намудан ба муовини раиси КДАМ Мансур Умаров буд.”

МансурУмаров як рӯз дар қабулгоҳи президент Фаттоҳ Саидро сахт латту кӯб кардаву ҳақорату дашномҳои зиёд медиҳад. Баъди он заданҳои Мансур Умаров Фаттоҳ Саидро «статя»-и Фаридунро тағйир дода ба  200 қ 4 тағйир мекунад, барои 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон мекунанд. Дар ҳоле қаблан моддаи маҳкумшудаи Фаридуни Пантера “хабар надодан оиди ҷиноят ба мақомоти давлатӣ “ буд. Ин модда на онқадар ҳукми вазмин дошт ва бо ҷарима метавонист озод шавад ва ё то шаш моҳ ҳукм мегирифт. Аммо баъди ду сол ӯро ба колонияи сукунатӣ гузаронида озодаш мекунанд.  Хуб диққат намоед,ки Рустами Хамер ва Фаридуни Пантера бо як моддаи ҷиноятӣ 200 қ 4 маҳкум ба зиндон шудаанд. Фаридуни Пантера,ки додари Мансур Умаров буд ба  8 солу шаш моҳ ва пас аз ду сол озод гардид. Аммо Рустами Хамер ҳукмаш бе тағйир боқӣ монд. Ин ҳама аз қасди Шоҳрух ва Фаттоҳ Саиди интригант ва шантажист буд.

 “Шоҳрух Саидзода шахсе аст ки аз «любой ситуатсия» хушк мебарояду «стрелка»-ро ба дигар тараф тоб медиҳад. Як мисол меоварам. Вазири дохилӣ подполковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-ро аз вазифааш пеш карда буд, аммо Шоҳрух Саидзода ӯро ба назди Рустами Эмомалӣ оварда шинос ва таърифу тавсиф кард,ки «снайпери зӯрай,одами зурай» ва аз нав ба вазифааш барқарор намуда баракси вазир рутбаи полковник доданд. Гулмурод Ҳалимов чи кор карду куҷо рафту чиҳо гуфт, ба ҳамагон маълум аст.”

Аммо Шоҳрух Саидзодаро ба ҷои ҷазо додан овардану муовини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ таъин ва рутбаи майорӣ доданду баъди як сол подполковник ва анде баъд дар ин Раёсат сардор шуду рутбааш ҳам рафт боло-полковник.

Шоҳрух ба нафарони наздики Рустам сахт рашк ва ҳасудӣ мекунад. Ба хотири онки фақат вай бо Рустам наздикӣ дошта ва одамӣ даркорӣ бошад, бархе аз наздикони Рустамро,ки барояш содиқона хидмат мекарданд, аз Рустам дур кард. Барои мисол Ҳабиб, сардори муҳофизони Рустамро тавре кард, ки Рустам ӯро ронд. Шоҳрух «ташкил» кард, ки Ҳабиб бо 200.000доллар «подстава» шавад. Ин моҷароро Шоҳрух «съемка» карду нишон дод ва ҳамин тавр ӯро дар чашми Рустам бадном сохт. Як нафари дигар буд,ки бо Рустам бисёр дӯстии сахт дошт бо номи Шамси Фил ва Алики бачаи Муродалӣ Алимардонов, Фируз- бачаи Генпрокурори собиқ Бобоҷон Бобохонов, Кузяи мошинфуруш, дед Эмомназар-аз муҳофизони худи Рустам аз даврони кӯдакиашро сиёҳу бадном карду аз «круг» берун кард.Ҳ амин Ҳабиб (Шоҳрухро дар назди президент ва Муроди телех таъриф мекард ,ки бачаи хуб аст)  ва Эмомназар аз муҳофизони давраи талабагию  донишҷӯии Рустам буданд, ки сабаб шуданд Шоҳрух ба хонаи Эмомалӣ Раҳмонов равуо кунад ва бачахонди вай шавад.

Аммо дар бари худаш бошад Шоҳрух ҳама бузҳои хушомадгӯ ва одамони қанчиқро ҷамъ кардааст, ба мисли Фаррух Акобиров бо кличкаҳои  Урод ва МРАЗ маъруф аст ва  аз маҳаллаи Каленин, ки чанд вақт намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон буд (худро аз Ҳизби наҳзати ислом мегирифту Шоҳрухро бо Абдувоҷиби писари хурдии Эшони Абдураҳмонҷон аз Калъаи нав,ки ҳазрат ҳам мегӯянд,шинос карда буд. Ин писари эшони худораҳматӣ бузи шохдори Шоҳрухи Саидзода аст. Намоз мехонад, амри маъруф мекунанд аммо буз ва агенти Шоҳрух аст. Баъдҳо ҳамчун «торговый представител»-и Тоҷикистон дар Туркия ҳам кор кард. Ҷиянаш Суҳробшо Акобиров, намояндаи «Тоҷикайр» дар Домодедово буд. Нафари дигар дар ин доира Лоиқов Лоиқ, сардори авианавигацияи аэропорт аст, ки пештар дар гурӯҳи муҳофизони Раҳмонов кор мекард. Аз ноҳияи Темурмалик. Ҳамчунин Мирзоев Хуршед директори ширкати «Авесто групп» ва соҳиби шабакаи мағозаҳои Ёвар.

Чуноне гуфтем Шохрух Саидзода аз номи Рустами Эмомалӣ фаровон истифода мебарад. Барои мисол амаки Шоҳрух Наҷмиддин Саидовро бо 600.000 доллари пора «сполично» КДАМ дастгир кард вале баъди як ҳафта озод шуд. Ба ҷойи вай нафарони бегуноҳ бо номҳои Соҳиб ва Шамсидин зиндонӣ шуданд. Ин кори Шоҳрух буд. Ва ё гурезонидани Умед Камолов ҳам кори Шоҳрух буд, бо истифода аз номи Рустам. Шоҳрух Саидзода Умед Камолов (писари Саиданвар Камолов- генерали ховалингӣ)-ро,ки “масажист”-и падараш буд бо гирифтани ду миллион доллари пора аз таъқиби КДАМ озод кард. Айни замон низ аз ҳар соҳибкоре, ки ба сохтмони баландошёна дар Душанбе машғуласт, «доля» мегирад. Ҳамаи онҳо аввал ба Шоҳрух 150.000 доллар медиҳанд .Баъдан боз ба бюҷети шаҳри Душанбе 100.000 доллар гӯё барои «ободонии шаҳри Душанбе» маҷбурӣ маблағ мегузаронанд. Ин як навъи тамаъ аст, ки бояд ҳамчун «қаллобӣ» дело шавад. Баъди гирифтани ин пулҳо Шоҳрух Саидзода ба Рустами Эмомалӣ мегӯяд, ки қарори сохтумони фалон фирма ё фалон соҳибкорро имзо кардан даркор аст. Ман «доля»-ро гирифтам ва ба ҳисоби шаҳрдорӣ ҳам гузаронд. Сипас қарори сохтмони баландошёнаҳоро Рустами Эмомалӣ даст мемонанду дар охир хулосаи архитектура, иҷозати идораи барқу об, андоз, экспертизаи сохтмонӣ ва оташнишониро мегиранду онҳо имзо мегузоранд.

Шоҳрух Саидзода аз онки бо Рустам дӯсту рафиқ аст бисёр ҳам боифтихор гап мезанад. Солҳо пеш дар як мусоҳибааш бо маҷаллаи VIPzone гуфта буд ,“дӯстӣ бо вай кори осон нест, масъулияти зиёд дорад.” Шоҳрух Саидзода он замон гуфта буд, ки: “Мо бо Рустам дар мактаб дӯст шудем, дар як синф мехондем, баъдан дар донишгоҳ ҳам дар як гурӯҳ будем. Ӯ барои ман бештар аз як дӯст аст ва нафақат барои он ки Рустам писари президент аст. Ман ӯро ҳамчун як одами хеле дилкушод мешиносам, нафарест, ки ҳеҷ гоҳ бадӣ намекунад. Ман ӯро барои ҳамин қадр мекунам ва ифтихор дорам, ки дӯсти чунин ҷавонмарде ҳастам.”

Саволи Ислоҳ ба Шоҳрух Саидзода

Акнун инҷо савол медиҳем ба Шоҳрух Саидзода: Шоҳрух Саидзода агар шумо бо Рустам ҳамсинфу ҳамкурс ва рафиқ намешудед. Оё шумо ҳоло,ки ҳастед дар мақомот ва падаратон дар гузашта то рутбаи генерал летинанти ва раисидва ба мақоми директори агентии мубориза бар зидди коррупсия ва пас аз раиси хадамоти  Гумрук таъин мешуд ? Мардак барин ба ин савол ҷавоб гӯед,то мо ва миллат онро фаҳмем?  

  Айни замон Шоҳрух Саидзода курсии вазири дохилиро ҳадаф қарор додааст. Ин ки мегӯянд Шоҳрух Саидзода ягон вазирро писанд намекунад,100% дуруст аст. Вай душмани ҷиддии вазири дохилӣ, раиси КДАМ ва Прокурори генералӣ аст. Аз қафои онҳо ва Мансур Умаров компромат ҷамъ мекунад, досйе тартиб медиҳад, ҳатто ба воистаи «прослушкаҳо» онҳоро гӯш мекунад. Бисёр фактҳоро ба «Гурӯҳи 24» ва ба Шумо Шоҳрух ва одамону кормандони ӯ равон мекунанд. Ҳоло дар дасти кали Фаттоҳ Саид ва Шоҳрухи писараш дар нисбати Рустам «компромат»-ҳои сахт вуҷуд дорад. Чандин навори таҷовузи духтарҳои ноболиғ аз тарафи Рустамро падару писар баҷо кардагианд. Ҳамчунин ҳамин гунна наворҳоро дар бораи худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам доранд, масалан мастиҳову духтарбозиҳои ӯро видеозапис кардагианд. Дар нисабти Зоир ва бародараш ҳам Шоҳрух наворҳои бадномкунанда доштааст. Наворе ба Ислоҳ расидааст,ки аз Маскав мебошад. Рустам комилан сархуш ва дар рӯй пол хобидааст ва бо вазъи хело баде. Мо намегӯем ин наворро Шоҳрух фиристодааст аммо Шоҳрух дар ин навор дида намешавад.

Як маълумот аз круги худи Рустам ба “Ислоҳ” расида аст: ” Рустами Эмомалӣ ҳангоме, ки гӯйё дар МГУи Маскав дарс мехонд ва як шаб дар ба казино мераванд ва мехоҳанд ворид шаванд. Аммо ӯро мебинанд як ҷавони муйлабдори қоқина ва ворид шуданаш намемонанд ба Казино. Муҳим ворид мешавад ва якуним миллион доллар мебозад( бой медиҳад)  дар он казино. Вақте аз онҷо хориҷ мешавад ва мехоҳад,то ҷои зисташ баргардад,ки аз пушташ ду мошини сиёҳшишаи тамғаи БМВ мешавад. Мошини Рустами Эмомалиро таъқиб мекунанд ва Рустам хело тарсида буд ва ба падараш занг мезанад,ки ота ай қафои мо ду мошини сиёҳшиша сурмон кадестан гуфта гиря мекунад. Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳол тривога медиҳад ва муҳим аз ин ҳолат Рустам раҳо меёбад. Пас аз он дигар чун ба дарсҳо намерафт ва масрафаш зиёд шуда буд ӯро аз МГУ меронанд ва ба Душанбе бармегардад.”

Номае ба “Ислоҳ” дар мавриди стукачҳои Шоҳрух 

Дар бахши аввали матлаби мо дар бораи Шоҳрух аз он гуфта будем,ки феълан ӯ нафарони зиёдеро аз ВКД ба Русия ва Туркия фиристодааст то мунтақидин ва мухолифини режими Раҳмоновро дастгир ва истирдод кунад. Яке дигар аз методҳое, ки Шоҳрух ҳоло истифода карда истодааст, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маълум кардани мунтақидон ва мухолифони Раҳмонов ва бо ин васила алайҳи онҳо боз кардани парвандаи ҷиноятӣ мебошад. Вай барои ин кор аз баъзе аз ба ном блогерҳо, аммо амалан буз ва «стукач»-ҳо  истифода карда истодааст. Як нафар аз блогерҳое,ки сохтаи дасти Шоҳрух Саидзода асту дар амри боздошту ба зиндон кашонидани афроди зиёде мусоидат кардааст, Муҳаммад ном дорад.Ҳайфи номи Муҳаммад)Ин блогер каналҳои «Муҳаммад.ТВ», «Rasht.com», «Muhamad tv 01», «Хушбахт.тв» дар шабакаҳои иҷтимоӣ,аз ҷумла дар Ютуб дорад . Нафаре, ки ин маълумотро аз КДАМ ба мо фиристод навиштааст,ки ният дошт таҳқиқи бештар карда баъд фиристад. «Аммо аз сабаби онки ҳар рӯз чандин бародарро бурда ҳабс карда истодаанд, ба хулосае омадам, ки тезтар ба шумо расонам». Ба навишта ин манбаъ ин блогер бо ин сайтҳояш тамоми халқи тоҷикро фиреб кардаву сабаби пайдо кардани ҷову макону маҳалли зисти тамоми бародарони тоҷик, ки дифоъ аз миллату ватан мекунанд, мешавад .Ба гуфтаи манбаъ Шоҳрух бо воситаи муовинаш бо номи ҳоҷӣ Аминҷон аз соҳибкорони тоҷик чи дар дохили ватан ва чи дар Русия пулҳояшонро ба воситаи ҳамин блогер бо таҳдиду фишор мегирад:

«Ман худам шоҳиди он будам, ки ин лаънаткардаи Аллоҳ чандин мошинҳои бародарҳои муҳоҷирро дар бозӣ монд  ва гуфт баъд аз бозӣ сумҳоятонро медиҳам, аммо баъд аз бозӣ пулҳояшонро бар нагардонд. Ҳангоме онҳо хостанд бо зӯрӣ пулҳояшонро аз ӯ бигиранд онҳоро аз ватан аз даруни хонаҳояшон сагҳои Шоҳрух занг зада таҳдид карданд, ки «тамоми авлодатро нобуд мекунем, агар як бори дигар ин касро пул гуфта суроғ мекунӣ- яъне Муҳаммадро».Медонам бародари азизам, ки шумо аз ман суол кардан мехоҳед, ки чи гуна бародарони аз мардум дифоъ мекардагиро дастгир карданд? Ин саги лаъин, ки номи Муҳаммадро ҳайф кардааст дар Маскав як котеҷи бисёрошиёнаро иҷора гирифта онҷо чандин касонеро,ки сахт бо компютер ва интернет алоқаманданд,яъне ҳакерҳоро ҷой кардааст.Ва,онҳо ҳар гуна барномаҳои бозии компутерӣ дар интернет роҳандозӣ кардаанд. Ва ҳар вақте, ки мардум аз онҳо билет мехаранду рақамҳои телефон ва кортҳои бонкии худро равон мекунанд он замон ин ҳакерҳо ин касонро дар сайтҳо пайдо мекунанд ё ки дустони онҳоро(друзя) пайдо карда ба воситаи дустонашон он бародаронро пайдо намуда суроғаҳояшонро ба сагҳои Шоҳрух Саидзода мефиристанд. Ҳамон замон ин сагҳои дар Маскав буда бо мақомоти рус МВД,ФСБ ва сафорати Тоҷикистон онҳоро дастгир кардаву ба ватан мефиристанд.  Аз шумо бародари азиз як хоҳиш дорам, ки худатон ҳамаи ин наворҳои ӯро аз назар гузаронед ва ба хулосаи ман ҳамроҳ шавед ва ба тамоми мардуми тоҷик расонед токи дар зери видеоҳои сабткардаи каналҳои вай дизлайк монанд,то ба ин васила ин каналҳои сохтаи вай,ки дар асл қапқон ва доме барои ҷавонмардони роҳи озодӣ ва ҳақ аст коре аз дасташ барнаояд….

Поёни бахши дуввум, идома дорад….

Share This Article