Шоҳрух куҷо меравад? Ба ҷойи Ятимов кӣ меояд? Досйеи Эмомалӣ Раҳмоновро кӣ ба Маскав расонидааст?

Ислоҳ нет

Дар пайи тағйироти кадрӣ дар соли гузашта чанде аз мансабдорони бособиқа аз мансабҳо барканор шуданд. Ин тағйироти кадрӣ баъди бори дигар ба мақоми президентӣ худро интихоб ва таъйин кардани Эмомалӣ Раҳмонов ба вуқӯъ пайваст. Манобеи огоҳ дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ирсоли як мактуби сарбамӯҳр аз идомаи ин тағйироти кадрӣ баъзе аз ҷузъиётро бароямон ифшо карданд. Имкон дорад ин тағйирот то ва ё дафъатан баъди Паёми раҳмонов ба Маҷлиси Олӣ, ки қарор аст 26 январ сурат бигирад ба амал ояд.

Тибқи маълумоти дарёфтӣ  Раҳмазонзода Суҳроб Кроматулло, генерал –майёр, агарчи дар чандин шуъба ва бахшҳои ВКД кор карда аст бештар ӯро дар мақомҳои Сардори ШВКД хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешиносанд,чун бедодгариҳое дар ин се бештар доштааст.Падараш Кароматулло  аз шиносҳои наздики Эмомалӣ Раҳмонов  ва худаш бачахондаш будааст аз раҳбарии Раёсати кадрҳои ВКД ба роҳбарии БДА дар курсии генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс – таъин мешудааст. Рамазонзода Суҳроб 1 уми апрел 42 сола мешавад. Дар 18 сол тибқи сомонаи ВКД  аз рутбаи лейтинанти ба генерал майор расидааст, ки аслан имкон нопазир аст ин ҷаҳиши кайҳонӣ,ҷуз дар Тоҷикистон ва наздикони Раҳмонов. Генерал Суҳроб мубталои чанд бемориҳои хавфноки гузаранда ҳам будааст. Барои озмоиш ба Москав мерафтааст, то дар Тоҷикистон касе огоҳ нагардад. Боз ба клиникаҳои хусӯсӣ, то сирри бемории хавфнокаш мабодо ифшо нагардад. Ин беморӣ ҳатто ба ҳамсараш сироят карда будааст, хуб дигар ба ҳама бояд маълум бошад он чи гуна беморӣ аст. Агар бовар накунед марҳамат санҷед, то огоҳ гардед. Баъзе аз мустанадот дар мавриди беморияш дар идораи Пойгоҳи “Ислоҳ” мавҷуд аст. Агар хоҳиш дошта бошад онро расонаӣ мекунем.

“Шоҳрух Саидзода, сардори ШВКД дар ш. Душанбе дар назар аст,ки таъин хоҳад шавад. Ӯ дар ин мақом Назарзода Шариф Раҳмон – генерал — лейтенанти милитсияро иваз хоҳад кард. Эҳтимол меравад, ки Назарзода Шариф ба ВМКБ “перевод” шавад ва аз онҷо бознишаста хоҳад шуд.

Хабарҳои расида аз манбаъи дигар дар мавриди  Генерал майор Назарзода Қудрат  даводав дорад, ки сардори УБОПи ВКД бишавад. Гуфтааст,ки пулро ҷуқидагиям. Апаам арӯси Ҷаноб. Дар кор шавад ҷои Рамазон  Раҳимзодаро мегирам. Рамазон Раҳимзода дар пеши ман ҳеҷ касе нест.”

Бояд каме шахсияти Назарзода Қудратро муаррифӣ намоям. Генерал майор Назарзода Қудрат собиқ раиси ШКВД Файзобод,сипас Ваҳдат сипас Шоҳмансур 1 пас аз он 7 ум шуъбаи ВКД пас аз он сардори ШКВД Суғд ва ахиран намояндаи ВКДТ дар Қазоқистон буд. Ҳоло бекор буда талабгори вазифаи Шодӣ Ҳафиз домоди Рамазон Раҳимзода аст. Дар ҳаркуҷо кор кардааст аз зулми ӯ ҳама ба дод омадаанд ва хело шахсияти манфур ва динситезу ислом бадбин аст. Дар дасти Ислоҳ ҷиноятҳои махсусан калони ӯ аз ҷумла таҷовуз ба номус ба ноболиғон  дар Файзобод ва Ваҳдат вуҷуд дорад. Барои каме огоҳӣ Шаҳноза духтари Сафари чойхоначӣ.

Дар мавриди Шоҳрух Саидзода манобеъи огоҳи дигар бар ин назар нестанд ва мегуянд ба КДАМ бояд гузарад ва пас аз нишон додани худ бояд боло ба боло рафтан гирад дар ин ниҳод,зеро Рустам инро мехостааст.

Ҳафиз Шодӣ, сардори УБОП ба Акдемияи милиса меравад. Вай домоди вазири ВКД аст. Манобеъи дигар ба ин назаранд,ки Ҳафиз Шодӣ ҳоло ҷавон аст ва ба Академия шахсони солхурдаро қабл аз нафақа ва ё пеш аз нафақа мефиристанд.

“Аламшо Абдураҳмон,ҳамон Бузмаков,муовини вазири корҳои дохилӣ,директори Оҷонсии назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин хоҳад шуд. Чанд  “ЧП” аз тарафи писараш сурат гирифта аст ва ин обурӯяшро каме овардааст поён. Дар ҳоле дар вазифае ҳоло қарор дорад набояд ӯро аз ВКД ба ниҳоди дигаре гузаронанд,чун ҷояш вазир таъин шудан аст.”

Сулаймон Султонзода раиси кунунии оҷонсии зидди фасод бояд зиндонӣ гардад. Аммо чун аз Данғара аст боз мунтазири ҳукми нонавиштаи “пешвои миллат” бояд буд. Чун ӯ мисли боду ҳавои баҳорӣ аст,ҳар лаҳза тағйир хуранда аст.

Инчунин дар назар аст Солеҳзода Искандар – генерал-лейтенанти милитсия сардори раёсати кунуни аз Хатлон ба курсии Аламшозода Абдураҳмон биншинад.

“Давлатзода Нурзод Шарифбеков, сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Сино№1-и Душанбе ба ҷойи Шоҳрух Сайид, яъне сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД талош карда истодааст.Вай гуфтааст,ки “200.000 доллар додам.Рустам хусурбачаи акаам Зарифбеки шавҳари Таҳмина аст. Кори ман буд шудагӣ”.

Аммо бовар кунед номашро навишта наметавонад. Як кондиди дигареро ба ҷои Шоҳрух гуфтаанд,ки бояд таъин шавад.Боз ҳам мунтазир мемонем чи фармоне содир мегардад аз “пешво” ва Таҳмина чикор мекунадро ҳам набояд фаромӯш кард.

Алишери Ҳисорӣ, сардори Раёсати тафтишоти ВКД.Ӯро чанд бор бо арӯсҳо қапиданд. Аз мақомот озод карданд. Шогирди худи Рамазон Раҳимзода аст. Як коррупсионери ашаддӣ мебошад. Комил, ҷияни вазири корҳои дохилӣ. Дар ШКД ноҳияи Сино муовин буд. Аз онҷо гирифтанд. 5 рӯз пеш Пешво вазирро “на ковёр” фарёд ва таҳдид мекунад ки аз вазифа тамоми авлодатро сабукдӯш кун, ки вазъатро бад мекунам. Вазир хуб мегӯяд аммо дар чашми Пешво хок зада аз вазифа сабукдуш нею ба дигар ноҳияҳо равон карда истодааст, ки гап камтар шавад. Дар мавриди ҷиянаш Комил як версияе ҳаст дар дасти Ислоҳ аммо тасдиқ ношуда аст онро зикр намекунем. Дар мавриди ҷияни дар Хуҷанд будааш ҳам маълумоте расида боз ҳам тасдиқ ношуда,мегузорем онҳоро ба матлаби ҷудогона.

“Ҷамшед Назриев писари Ҷурабек Назрӣ аз муовинияти бюро интерполи ҷумҳурӣ ба курсии раисии он таъин шавад. Феълан раёсати ин бюроро  генерал-майори милитсия, Азизов Абдуғафор Қаюмович ба уҳда дорад.”

“Саймумин  Ятимов, раиси КДАМ ҳоло нолиҷо мондааст. Аз тарси Шоҳрух Саид намедонад, ки чи кор кунад. Гуфтааст,ки мо медонем гапу навиштаҳои мухолифин дар нисбати ту дурӯғ ва тӯҳмат аст. Ба гапи мухолифин аҳамият надеҳ. Чанд рӯз пеш Рустам ба Ятимов гуфтааст, ки дар даҳанат мепаронам агар нисбати Шоҳрух ягончи (досйе)бошад. Рустам ба хотири Шоҳрух дар кор шавад апаҳои худашро мепаронад. Дар дасти Ислоҳ чандин далоиле барои ин гуфта вуҷуд дорад. Дозаи Рустам ҳар рӯз се таблетка аст. Агар назанад, дасту пояш меларзад ва зери чашмҳояш кабуд мешавад.”

Дар пушти чойхонаи “Роҳат” офис дорад- як қасри бо ҳашамати чор ошёна. Дар таҳхонаи он чаҳорто ҳаммоми туркӣ ва саунаи русӣ, басейн, бар. Дар ошёнаи сеюми он майдони футбол, телевизори бузурги деворӣ, контенстрайг мезанаду таблетка. Инҷо духтарҳоро оварда духтариашонро мегирад, таҷовуз мекунад. Дар паҳлуи хонааш шӯъбаи 7уми амният қарор дорад. Ин кӯча яктарафа аст. Дар он кӯча ҳаракати мошинҳо манъ мебошад. Ин иморат аз 13 хона иборат аст. Ҳар як хонааш бо тарзи гуногун европоӣ ва низ ба истилоҳ миллӣ курпаву курпачаву гулдӯзиҳои чакан пур аст.

Як генерали амниятӣ Бегназарзода писари Саймири Файзободӣ, ки шахси сарсупурда ба Рустам мебошад. Дар Кулоб дар вақти бозии футбол ҷанг шуд. Ӯ бо мошини Нексия Рустамро гурезонда ба Душанбе оварда буд. Ӯ сардори КДАМ дар Бадахшон буд. Дар хонааш гранта партофтанд, накафид. Аммо занаш аз тарс баъди чанд вақт даргузашт.

 “Тибқи маълумотҳои расида аз ВКД ва КДАМ имсол соли сангине барои мақомоти ин ду ниҳод будааст. Хело аз афрод ба нафақа фиристода мешаванд. Аз ҷумла се генерал ва 50 нафар аз дорандагони рутбаҳои гуногун дар ин мақомот. Инчунин чун ҳамеша ҷой иваз кунии кадрҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар дар назар аст. Аммо бештар ба кадрҳои худӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.”

Боз ҳам дар мавриди СС.Ятимов ва ҳолати ногувори ӯ мегуем:

Тибқи баъзе аз маълумотҳо ӯ бояд ба ҷойи Ятимов Саймумин ояд. СС. Ятимов бо ҳар найрангу бозӣ мехоҳад дар назди Ҷаноб худро сафед кунад, аммо ҳамаи досйеи СС. Ятимов дар дасти Бегназарзода барвақт расида ва ба Рустам додагианд. Рустам мехоҳад Бегназарзодаро сардори контрразведкаи амният монад, ки тамоми досйеи ҷамъовардаи СС. Ятимов нисбати оилаи Раҳмонро нест нобуд кунад, ки фардо дарди сари ин оила мешавад. Аммо тамоми досйи оила дар Маскав дар дасти Николай Патрушев, собиқ раиси ФСБ ва феълан Котиби Шӯрои амнияти Русия супоридагӣ аст СС. Ятимов тамоси досйеро барвақт бо Маскав супорид ва ҳамаи ҷиноятҳои содирнамудаи Раҳмонов дар дасти Патрушев мавҷуд аст. Бо дасти генерал Нарзулоев сардори собиқи тафтишоти амният, ки ҳоло дар маҳбас мебошад. Ин ҳам дар ҳоле аст ки СС. Ятимов ӯро дар хиёнат ба ватан муттаҳам ва маҳкам кардааст.

Вале ончки бо Нарзуллоев, яке аз чекистони бособиқа Ятимов анҷом дод, як навъ методи кории ӯ мебошад. Барои мисол вақте ки С.С.Ятимов  дар Белгия сафир буд, дар ҳақи кормандони сафорати Тоҷикистон бедодии бисёр мекард ва доимо бо алфози қабеҳ онҳоро таҳқир мекард. Режиме ҷорӣ карда буд, ки гӯё ин сафорат нею зиндон бошад. Кормандон ба ғайр аз як бор мағоза рафтан барои чанд соат дар рӯзҳои истироҳат ҳақи баромадан аз хонаҳояшонро надоштанд. Чашму гӯши СС.Ятимов ронандаи калтаи ургутиаш буд, ки ҳама чизро дар бораи кормандон ба хоҷааш гузориш мекард. Яке аз рафторҳои шуми Ятимов мудохила ба сарфи моҳонаи кормандон буд. Ӯ на танҳо маоши кормандонро тавре ба онҳо медод, ки онҳо таҳқир шаванд, балки онҳо маҷбур буданд, ки чи тавр сарф кардани маоши худро охири ҳар моҳ ба СС.Ятимов бо нишон додани чекҳои мағоза исбот кунанд. Ин ҷо кор ба ҳолатҳои шармоваре мерасид. Хусусан вақте ки дар байни номгӯи харидҳо дар чек СС.Ятимов чизҳои занонаро аз қабили тампону дигар чизҳо медид ва дар аввал намефаҳмид, ки ин чи чиз аст, ки кормандаш харидааст ва бинобар ин кормандро истинтоқ мекард, ки ин чиз чи аст ки ин қадар бисёр харидааст. Албатта, дар ин ҳолат кормандон бо хиҷолат ба ҷаноби сафир, оянда академик мефаҳмонданд ки тампон ин чизест, ки занон барои гузоштан дар як ҷои баданашон истифода мекунанд.

СС.Ятимов доимо ба кормандон мегуфт, ки дар сафорат ҳокими мутлақ ӯ аст ва ягон вазир ё кабир ин вазъро дигар карда наметавонад.  Вале ҳамон вақт домоди президент Ашраф Гулов бо ҳамсараш Парвина Раҳмонова ба вазифаи дипломатӣ ба сафорат таъин мешавад ва ба Белгия меояд.СС. Ятимов фикр кард, ки қоидаҳои ҷорикардаи худро ба Ашраф Гулов ҳам бор карда метавонад, вале домоди президент аз ҳамон рӯзи аввал ба Ятимов гуфт, ки ин қоидаҳо ба ӯ дахл надорад ва ӯ худаш реҷаи кори худро дар сафорат муайян мекунанд ва кай хоҳад меояду кай хоҳад меравад. Ҳамон замон СС.Ятимов барои худсафедкунӣ дар назди кормандони дигар мегуяд, ки “болои ҳар зур як зури дигар аст” ва бо ҳамин худро таскин медиҳад.

Давом дорад….

Ps:  Ба иттилои хонандагони Ислоҳ мерасонем,ки ин маълумот аз долонҳои ВКД ва талошҳо барои тасоҳуб ва ё таъин гаштани ину он мансабдор ба ин мақомҳо мушоҳида шудааст. Афроде номҳояшон зикр шуда дар матлаб ин суханҳоро дар долонҳои ВКД ва КДАМ гуфтаанд ва манобеъи Ислоҳ аз онҳо огоҳ шуда ба мо расонидаанд. Аммо ин, ки пас аз нашри матлаб таъиноти дигаре сурат мегирад ва ё ин афрод ба он мақомҳои зери чашмгирифтаашон таъин мегарданд ва ё не, онаш бар мегардад ба “пешвои миллат” ва ё “пешвои оила”. Мо мунтазири рӯзи таъиноти коррупсионии “пешвои режим”  хоҳем буд.

Share This Article