Сирри бо шантаж имзои “миравой”-и Э.Раҳмонов ва“Ансол”пас аз 12 сол ошкор шуд

Ба “Ислоҳ” маълумоти хело сирри ҷолибе расидааст, ки пас аз хондани он  ва огоҳ шудан аз ҷузъиёташ дар ҳолати шок қарор мегиред. 

Солҳои 2005 то 2008 дар додгоҳи салтанатии Лондон дар Бритониёи кабир мурофаи миёни ширкати “Ансол”, раиси он Аваз Назаров Саидович , Абдуқодир Эрматов, собиқ директори Талко (ТАДАЗ) ва ҳукумати Тоҷикистон доир шуда буд. Талко бо супориши Раҳмонов Эмомалӣ алайҳи Эрматов ва Назаров даъво мекард, ки 500 миллион доллари заводи алюминийро дуздидаанд. Назаров ва Эрматов ва як ширкати норвеягии “Ҳидро алюминиюм” дар навбати худ бар зидди ҳукумати Тоҷикистон дар ин додгоҳ шикоят оварда буданд, ки 125 миллион доллари ин ширкатро баргардониданӣ нест.

Дар ин мурофиаи додгоҳӣ, киссаҳову маълумотҳои сиррӣ хеле зиёд аст. Ин мурофиа дар Лондон барои он доир шуда буд, ки Аваз Назаров ва Абдуқодир Эрматов дар онҷо зиндагонӣ мекарданд ва Тоҷикистон онҳоро таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода буд.

“Дар яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ Аваз Назаров асноди бонкиеро ҳамчун далели муътамад ба додрас нишон медиҳад, ки бо дастури шифоҳии Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳисоби додуситадҳои тиҷоратии Тадаз- заводи алюминий, ки моликияти  давлат аст (Талкои феълӣ), ҳар се моҳ 5 миллион долларӣ ба суратҳисобҳои оффшории Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷазираҳои Вирҷиния  интиқол дода шудааст. Аваз Назаров арқом, суроға ва маълумоти мушаххаси ин суратҳисобҳои оффшорӣ, яъне дуздии Эмомалӣ Раҳмоновро ба додрас нишон ва аснодро таҳвил дода қотеъона талаб мекунад, ки аз он суратҳисобҳо маблағи зарари расонидаи ҳукумати Тоҷикистон ба ӯро бирӯёнад, чунки он пулҳо пулҳои Тадазанд.”

Вақте додрас ин таклифи Назаровро ба эътибор гирифта дар як, ду мурофиа аз ҷумла Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси ҳамҷавобгар даъват карда Лондон мебарад, Эмомалӣ Раҳмонов мефаҳмад, ки кор шухибардор нест ва зуд роҳи сулҳу оштӣ бо Аваз Назаровро пеш мегирад. Чунки аллакай аз тарафи додгоҳи Лондон “повестка” ба номи Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳоли омода шудан буд ва ӯ мебоийст ҳам барои поусх додан ва ҳам барои шоҳидӣ дар ин мурофиа дар Лондон ҳозир мешуд.

Баъди ин талаби “Ансол” Раҳмонов Аваз Назаровро барои  “вохурии деловой” ба Узбекистон даъват мекунад аммо чандин бор талаби ӯ рад карда мешавад.

Баъдан худаш ба Ӯзбекистон рафта Аваз Назаров ва Эрматов Абдуқодирро бо телефон илтиҷову зора карда аст ки онҳо омада бо у вохуранд: “Инҷо мардум ва миллату давлати Тоҷикистон шарманда мешавад. Мо як кори ғалат кардем, ки алайҳи шумо даъво кардем. Сахт пушаймон ҳастем. Чи хоҳише доред, иҷро мекунаму Лекин илтимос хезеду Тошканд биёед. Ман мунтазиратон ҳастам”.

Хуб барои мо фаҳмо ас,ки ин шевои фиреб ва ҳелаҳои хосси Раҳмонов аст. Вақте дид вазъияташ безеб аст ба зора ва маккорӣ мегузарад. Аммо ҳар касе ӯро бовар кард яқинан фиребашро мехурад, ё зиндонӣ мешавад ва ё кушта мегардад.

Аз тарси он ки суратҳисобхояш ошкор мешаванду ҳанӯз ҳамон солҳо зиёда аз ҳафт миллиард доллар дар яке аз суратҳисобаш  мавчуд буданро халқ мефаҳмад маҷбур шуд бо собиқ раиси алюминзавод Эрматов Абдуқодир ва Аваз Назаров дар Узбекистон вохурад.

Вақти вохӯрӣ дар Тошканд Раҳмонов маккорӣ карда мехост ин шахсонро фиреб диҳад. Аммо ин шахсон, ки онхоро “узбекские еврейи” ҳам ном мебаранд  ва сахт гурги борондидаанд бо дастгирӣ ва кафолати бевоситаи Ислом Каримов, президенти Узбекистон  омада бо Раҳмонов вохурӣ гузарониданд. Дар ин вохурӣ Эркин Раҳматуллоев, мушовири Раҳмонов Мурод Сайидови телехи Раҳмонов ва  як тарҷумонаш сабзинаи кал аз як тараф, аз тарафи муқобил  Абдуқодир Эрматов ва аваз назаров ва чанд нафари дигар иштирок карда буданд.

Раҳмонов суханро бо русӣ сар карда онҳоро барои зиндагӣ ба ватан, ба Тоҷикистон даъват кард. Аваз Назаров ба тарафи Раҳмонов рӯйирост мегуяд:

  ” Эмомали Шарипович не надо нас дурить и не надо говорит по русский. Мы все знаем что ты по националности узбек чего стисняешся, давай поговорим на своем языке и начинает говорит по узбекский “.

Ва мегуяд, ки мо медонем,ки отаи шумо қалуғ  буд. Мо медонем, ки худат сад фоиз забони узбекиро медонӣ. Бо Ислом Каримов ду кас бо забони модариатон гап мезанед. Ин одамҳоятро бурор, давай ба узбаки гап мезанем “.

Баъди ин суханҳо Эркин Раҳматуллоев ва тарҷумони Раҳмонов ранги лола мешаванд ва аз онҷо ба берун баромаданд. Танҳо Мурод бо Раҳмонов мемонаду халос. Худи Раҳмонов мисле, ки тарсидааст, ки боз назанандаш мегӯяд, ки Мурод меистад, аз вай гапи баҷоӣ надорам.

Ультиматум ва шантажи Раҳмонов

Аваз Назар ба Раҳмонов ултиматум мемонад, ки ба ягон хешу таборам ,авлодам, ки дар Регар ва дар дигарҷо бошанд ва ба ягон чизу чораам кордор намешавӣ, ба худи мо ҳам дигар кордор намешаваӣ, ин таъқибу розискатро қатъ карда эълон менамоӣ, делоҳои бофтаи ҷиноятиатро муқобили мо қатъ мекунӣ. Ин ҳамаро ба таври фаврӣ анҷом медиҳӣ. Вагарна ана ҳамин суртаҳисобҳоятро дар матбуот чоп карда ин қадар миллиардҳои дуздиатро ифшо месозам. Дар давоми ин даҳ-понздаҳ сол  ин қадар пули халқро намедуздидиву ба ободии халқ сарф мекардӣ ҳоло Душанбе зеботар аз Лондон мешуд.  Моро  дузд гуфта дело кардед лек  худатон сад баробари мо дуздидаги будед!

Ҳамин тавр Аваз Назаров ба Раҳмонов таҳдид мекунад, ки ҳамаи ин “условия”ҳоро бидуни чуну чаро иҷро мекунӣ. Ва, ҳамаи ин суҳбатҳояшро, ки 2 соат тул мекашад бо забони узбекӣ баён мекунад.

Ғаффор Мирзоев қурбонии интригаҳои Раҳмонов

Як масъалаи дигар, ки Аваз Назаров бо Раҳмонов дар борааш сахт гап мезанад ин ба Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Гвардияи президентӣ дахл дошт. Назаровро мақомот барои он муттаҳам мекарданд,ки гӯиё ба табаддулоти анҷоммедодаи Ғаффор-Седой алайҳи Раҳмонов сарпарастӣ кардааст.

Раҳмонов иқрор мешавад:  “ин дуруғро барои он бофтем, ки туро бишавад дар ягон фурудгоҳи дигар тавассути ИНТЕРПОЛ дастгир кард”

Раҳмонов ва миллаташ

Раҳмонов ба онҳо ваъда медиҳад. “Мо хешу таборем, як миллатем, дигар ҳеҷ кас ба шумо чақа намешавад, делаҳотона қатъ мекунем, розискро бекор мекунем, кай вақте форатона биёен ма худум дар аэропорт встречать мекунумтон, любой вазифара бугуен метиюмтон , фақат ин ҳуҷҷатора чоп накунен” гуфта зораю тавалло мекунад.

Ҳамин тавр Бобоҷон Бобохонов, Прокурори генералии Тоҷикистон  дар январи соли 2009 бо баргузории як конфаронси матбуотии махсус ба хабарнигорон ин хабарро расонид, ки байни ширкати “Ансол” ва мақомоти Тоҷикистон  “миравой соглашение” ба имзо расид. Ҳарду тараф даъвии  худ дар додгоҳи Лондонро пас гирифтанд. Аваз Назаров ва Абдуқодир Эрматов дигар таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ  қарор надоранд. Парвандаи ҷиноятӣ муқобили онҳо қатъ карда шуд

“Ва, аммо ин моҷарои додгоҳӣ, ки беш аз чор сол давом дошт, аз пурҳазинатарин мурофиаи додгоҳи дар таърихи муҳокимаҳои додгоҳӣ дар Бритониёи Кабир унвон мешавад. Танҳо хароҷоти ширкати адвокатӣ дар Лондон,ки аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин мурофиа ҳимоят мекард,90 миллион фунт стерлинг  баробар ба 140 милион доллар буд, ки то ҳамин ҳоло собиқа надорад ва ин маблағ дар он сол 10% бюҷети якуниммиллиарддолларии  Тоҷикистонро ташкил мекард.”

Албатта, барои чунин масрафи миқдори пули бузург дар дилхоҳ давлати дунё муҷозот ҳатто марг пешбинӣ шудааст, аммо чуноне мебинем Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозода ҳамоно дар гӯшҳои мардум лапша кашол карда гаштаанд.

Дар охир як нуктаро ҳам бояд ишора бикунем, ки дар вақти ҳамкории “Ансол” бо Тадаз Роҳи Оҳани Узбакистон аз Аваз Назаров як маблағи символӣ мегирифт вале вақте аз соли 2005 ин ширкатро Ҳасан Асадуллозода гирифт то соли 2015, то он соле, ки Талко ҳудуди 300-350.000 тонна алюминийи аввалия истеҳсол мекард ва дегҳояшро насузонида буданд,ба Идораи Роҳи Оҳани Узбакистон 1 миллиард  доллар  роҳпулӣ додааст.

Ҳангоми таҳқиқи ин қазия пеш аз шантажи Аваз Назаров расонаҳо ончунон ҷинояткор баровардаанд Эрматов ва авазовро,ки ҳама фикр мекарданд,ки пас аз боздошти ин ду Тоҷикистон тиллоӣ мешавад. Маблағҳои калонеро инҳо дуздидаанд. Аммо чуноне хондед бо як шантаж Раҳмонов тавассути Додситонӣ ин дуро бегуноҳ бароварданд. Акнун фаҳмидед,ки Раҳмонов чигна як дузд ва ғоратгару маккор аст. Барои бурдани ин қазия чиқадар пул масраф кард вале бо як шантаж қафонишинӣ кард. Шермардони миллат танҳо Раҳмоновро бо ҷиноятҳояш метавон ба зонӯ шинонд,дигар ӯ ҳеҷ забонеро намефаҳмад!

Ps : “Ислоҳ” омода аст он аснодҳое дар дасти Аваз Назаров ва Абдуқодир Эрматов қарор доранд онҳоро расонаӣ кунад. Ин чунин афроди огоҳе дар ин қазия маълумотҳои дақиқ дошта бошанд ба Ислоҳ фиристед,то рӯяшон кор кунем. Дар мавриди ширкатҳои офшорӣ, моликиятҳои оилаи Раҳмонов, ҳисобҳои бонкӣ дар хориҷ аз кишвар ҳар маълумотҳое дошта бошед лутфан онҳоро ба “Ислоҳ” фиристед. Мо чандин суратҳисоб ва ширкатҳои марбут ба оиларо пайдо кардаем вале мехоҳем ба шакли комилтар онро намуда тақдими миллат ва ….намоем. “Ислоҳ” интизори маълумотҳои шумост.

Total
0
Shares
Related Posts