СС.Ятимов интрига, хешутаборбозӣ, бародарон, хоҳарон, язнаҳо, қудоҳо ва домодҳои ӯ

Ислоҳ нет

( бахши нуҳум )

Мо дар мавриди генерал СС.Ятимов ҳашт барнома тақдими миллат намудаем.Дар ин қисмати нуҳум ҳам ҷанбаҳое бағоят муҳими рӯзгори ӯро ҷамъоварӣ намудаем,то шахсият ва чеҳраи пушти пардагӣ ва интригаҳои махуфи ӯро миллат хубтар донанду огоҳи дошта бошанд. СС.Ятимов фикр мекунад аз ҳама ончи дар кишвар мегузарад танҳо худаш огоҳ асту ҳар ҷинояте анҷом медиҳад “Ислоҳ” аз он огоҳи надорад. Ҷаноби СС иштибоҳ мекунед ва фаромӯш набояд кунед,ки кумитае шумо  тули беш аз даҳ сол роҳбари доред наздиктарин афроде бо шумоянд аз шумо хаста шудаанд. Мо аз хастагӣ ва зулмҳо, зиндонкуниҳо, қатлҳо, туҳматкуниҳои шумо ва кумитаи зери итоати шумо  бар миллат ва мардуми Тоҷикистон чизе намегуем. Чун ончи айён аст ҳоҷат ба баён нест.

Бидуни муқаддимаи тулонӣ меравем суроғи асли матлаб: 

Умеда Саймуминовна Ятимова, яке аз духтарҳои Ятимов аст ки дар Бонки Миллӣ, зери дасти Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмонов кор мекунад.Шавҳараш Раҳмат Азимов аст падари Раҳмат Азимов Иззат мебошад.

Ятимов як писар дорад, ки масъулияти давлатӣ надорад. Дар хориҷа аст. Дороиҳо ва моликияти падарашро ҳам дар берун ва ҳам дар дарун назорат мекунад. СС. Ятимов ва бародараш дар ноҳияи Фархор 3 коттеҷи 2 ошёна доранд. Котеджҳои  Саймумин ва Абдулмуъмин  бар ба баранд ва атрофи котдежҳо пури камераҳо мебошад. Аммо котеджи Ҷамшед бошад дар ҳавлии падарияшро ихтиёр намудааст ва тавсеъа идома дорад.  Вале квартираҳои раиси КДАМ дар Душанбе ҳисоб надоранд. Ин квартираҳоро аз соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ бо зури ғасб  гирифтаст.

5 духтар дорад, бо баъзе маълумотҳои дигар 7 духтар дорад. Худаш медонад мо бо изофаи кадомҳо ин рақамро мегӯем. Як домодаш аз Ҳисор. Як домоди дигариаш, ки чанде пеш тӯй карда буд, баъди ҳамагӣ се-чаҳор моҳи арӯсӣ, дар як садамаи нақлиётӣ бо писари Аваз Кабиров, раиси бозори Султони Кабир кушта шуд. Метавонем бигуем, ки ҳама домодҳои СС.Ятимов Ҳисориянд. СС.Ятимов танҳо қудоҳояшро аз як минтақа ва ё як ноҳия ихтиёр намудааст барои ҳама фарзандонаш. Инҷо муаммоҳое вуҷуд дорад, ки онҳоро низ таҳқиқ дорем.

Дар дасти мо маълумотҳои зиёде мавҷуда аст, ки СС. Ятимов чи тавр ба подоши хидматҳояш  хешу табор ва махсусан домодҳои худро дар мақомҳои давлатӣ ҷобаҷо карда ва худаш низ дар гирифтани пора ва ришват дасти тамом дорад. Бармеояд, ки ин генерали ҳукумати Раҳмонов дар сухан дигар асту дар амал дигар.

“Яке аз домодҳои СС. Ятимов Ҳафтандил Азимов, муовини раиси ноҳияи Ҳисор мебошад. Ҳафтандил Азимов дар Ҳисор ба фурӯши заминҳои обӣ машғул аст. Бародари Ҳафтандил Зафар Азимӣ, то чанд вақти пеш муовини якуми раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон буд.”

Домоди дигари СС. Ятимов Азимов Раҳматулло- сардори яке аз бахшҳои кумитаи андози Ҳисор аст, ки асло ба кор намеравад ба дигар корҳо машғул аст (кони ангишти Арҷинаки Ҳисорро аз они худ карда ва дар Фони Айнӣ ҳам ҳамин гуна кони ангишт дорад)  Рӯзи дароз “пиён” мегардад. Боз корхонаи КСМ, корхонаи сохтмони собиқ, заводи хишти силикатний, ки дар паҳлуи “Сементи тоҷик” ҷойгир ва 30 гектар  масоҳат дорад низ шахсӣ карда гирифтааст. Боз дар Қулписта заводи Аглопаридро, ки масоҳаташ 14 гектар аст, гирифтааст. Дар ноҳияи Ҳисор базае дорад, ки аз 5 гектар зиёд мебошад.

Мегӯянд, ки ин домод бисёр “шустрий” мебошад. Аз хешони  нафароне, ки аз тарафи  амният дастгир мешаванд барои баровардану озод кардан пул гирифта аммо фиреб мекардааст: ҳам шахсро мешинонад ва ҳам пулҳои гирифтаашро пас намегардонад. Мегӯянд, ки дар пардохти маоши коргаронаш ҳам бисёр ноодамӣ мекардааст ва аксар вақт одамони бехонаву ҷойро коргар мегирифтааст. Ва онҳо ҳам дар биноҳои куҳнаи ин заводҳо хоб мераванд ва бе маош кор мекунанд. Ва агар ягон нафар аз мақомот ё налог ба корхонаҳои ӯ ояд дар ҳол ба Фирӯз ёрдамчии СС. Ятимов занг мезанад ва Фирӯз мефаҳмонад, ки “чаққа” нашавед, ки ин домоди СС. Ятимов мебошад.

Шӯҳрат Музаффаров, прокурори Истаравшан, яке дигар аз домодҳояш соҳибкорону тоҷирони ин шаҳрро ба дод овардааст. Ҳатто рӯихати далолҳои молбозори Истаравшанро дар даст дорад ва аз онҳо ҳар моҳ ҳақ-доля меситонад

Раҳматуллову Ҳафтандил акаву додар ва Шӯҳрат Музаффаров, прокурори Истаравшан писари тағояшон аст. Ҳар се домоди СС. Ятимованд. Падари Раҳмат ва Ҳафтандил Азимовҳо Азимов Иззат аст, ки дар корхонаи “Оби Зулол” дар Душанбе кор мекунад. Ӯро дар ин корхона СС. Ятимов ба воситаи зӯрӣ ва таҳдид ба кор мондааст. Раиси “Оби Зулол” Болтаев Рустамро СС. Ятимов таҳдид мекунад то қудояш Раҳмат Азимовро мудири корхона монад. Аз дасти Азимов кормандони ин корхона безор шудаанд. Вай ба сари коргарони корхона дод задаву таҳдид мекунад, ки бурда маҳкам мекунаматон. Мардум аз ночорӣ ба ин зулмҳо тоқат карда кор мекунанд. Хулоса, ин шахс соқ нест, бемори руҳӣ дорад.

Чандин нафар аз мутахассисон аз муносибати дағалонаи Азимов даст ба корпартоӣ ҳам задаанд. Фарзандонашро дар инҷо ба зӯрӣ ба кор мондагӣ аст. Аз ҳама рафторҳои Азимов Болтаев хабар дорад вале чизе гуфта наметавонад. Болтаевро барои онки ба кор гирифтани Азимов Иззат розӣ намешавад дар фурудгоҳи Душанбе 5 соат боздошт  ва таҳдид ба ҳабс мекунанд. Ин аст кори СС. Ятимов ва қудои вай. Ҳама гапҳои ӯ дар бораи амнияту ҳифзи амнияти мардум дурӯғи маҳз аст. Вай барои амнияти оилаи худ ва пулдор кардани онҳо аз мақоми давлатӣ сӯиистифода карда истодааст.

Қудои дигари СС. Ятимов Икром Қайюмов мебошад. Духтари ӯ келини СС. Ятимов аст. Икром Қайюмов дар беморхонаи Ҳисор духтур аст. Ҳатто сардухтурро писанд намекунад.

Як қудои СС. Ятимов айни авҷи коронавирус аз хориҷа меояд. Тамоми мусофирони омадаро карантина мекунанд, аммо ӯро барои қудоиаш таҳти карантин қарор намедиҳанд.

Як домодаш ҳоҷӣ Илҳомиддин писари ҳоҷӣ Ислом бо лақаби якгӯша аз колхози Ҳайдар Мирови н.Ҳисор, деҳаи Мавлонҷар мебошад.

Ҳоҷӣ Исломи як гӯша дар як муноқишае як гӯшашро аз даст медиҳад. Вай се писар дорад ва аз баракати қудогӣ бо СС. Ятимов се писараш дар ҷоҳои равғанӣ кору фаъолият мекунад. Илҳомиддин дар кони ангишти Зидӣ кор мекард,то он вақт ки Шамсулло Соҳибов ин конро бо зурӣ тасарруф накард ва онҳоро бе огоҳӣ аз кор ронд. Офиси ин кон дар назди Сафарсентр буд ва Шамсулло Соҳибов ҳангоме ин конро тасарруф мекунад ҳамаро мегирад. Домод дар ҳол пеши хусураш меравад ва мегӯяд Шамсулло чунин кард ва моро аз кон ва офисамон ронд. СС. Ятимов мегӯяд: шумо чизе гуфтед ва ҷангу ҷанҷол кардед? Домод мегӯяд, не. Чун шумо таъкид карда будед аз наздикони оилаи калон касе чизе ҳам нагӯяд, мо хомӯш мешинем ва мо ҳам чизе нагуфта пеши шумо омадем.

СС. Ятимов мегӯяд: хело кори хубе кардед ва акнун чизе ногуфта бо ҳамроҳи оилаат ба Қазоқистон равед дар онҷо бароятон ҳама шароит омодааст ширкат, хона,  тиҷорат. Дар ҳол билет харед ва ба Қазоқистон равед. Домод ҳам фармони хусурро гӯш ва итоат кард.

Тибқи ҳикояти яке аз хешовандони СС. Ятимов чанд сол пеш ҳамсараш мубталои бемории саратон мешавад. СС. Ятимов бо истифода аз каналҳои худ дар ФСБ-и Русия ҳамсари худро ба яке аз марказҳои саратоншиносӣ ба Москва мебарад. Дар он ҷо ташхиси саратон тасдиқ мешавад. Барои ҳамсари СС. Ятимов тавсия мешавад, ки дар ин марказ муолиҷа ва нигоҳубин шавад. СС. Ятимов ба ин тавсия розӣ мешавад. Вале ризояти ӯ на ба хотири шифои ҳамсараш буд, балки барои гирифтани зани ҷавони дигар буд.

СС. Ятимов ба Душанбе бармегардад ва аз болои зани зинда зани дигари ҷавон мегирад ва бо ӯ то ҳол зиндагӣ дорад. Зимнан ӯ барои фарзандонаш аёдати модарро дар Русия манъ мекунад. Бечора ҳамсар доимо аз СС. Ятимов илтиҷо мекунад, ки ӯро ба Тоҷикистон баргардонад, зеро барояш дарди фироқи фарзандон аз дарди саратон сахттар аст. СС. Ятимов не мегӯяд.

“Акнун бинед СС. Ятимове, ки барояш дузанагӣ дӯстдоштатарин модда барои айбдор ва зиндонӣ кардани мухолифони сиёсии Раҳмонов аст, худ дузана аст. Илова ба ин боз чи бераҳмиҳоеро нисбат ба модари фарзандонаш раво медорад. Бар пояи баъзе маълумоти дигар сабаби бемор шудани ҳамсари СС. Ятимов ин аст ки ӯро дар ҳамон коттеҷаш дар Варзоб бо як зани ҷавон мебинад ва аз шиддати қаҳру хашм  инсулт ва рӯяш каҷала мешавад.”

Ҳамин манбаъ, ки бо хонаводаи СС. Ятимов равуо доштааст мегӯяд, чанд сол пеш яке аз духтарони СС. Ятимов дар Донишгоҳи славянӣ мехонд ва дар он ҷо нисбат ба яке аз ҳамкурсҳояш, ки ҷавонписари боадаб буд, эҳсоси муҳаббат мекунад. Аз дӯстии духтараш нисбат ба он писар СС. Ятимов хабардор мешавад ва ба ғазаб меояд. Дар натиҷа амниятиҳои СС. Ятимов он писарбачаи бечораро ба ҳолате мерасонанд, ки донишгоҳеро, ки ба он бо ҳазор орзую ҳавас дохил шуда буд, партофта равад ва дигар бо духтари СС. Ятимов рӯбарӯ шавад.

Ҳоло,ки СС. Ятимов бо ислом душманӣ дораду иддао мекунад, ки ислом сабаби қафомондагӣ аст, худ чи хел қафомонда ва ноҷавонмард аст,ки эҳсоси отифии ҳатто фарзанди худро эҳтиром намегузорад ва ба ӯ мисли як ғайри инсон муносибат мекунад.

Дар замони авҷи коронавирус дар Тоҷикистон зани дуввуми яке аз бародарони СС. Ятимов, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, мубтало ба коронавируси шакли сабук мешавад. Акнун бинед бародари генерал ва академик чи кор мекунад. Ӯ зани дуввуми худро, ки номаш Латофат аст, маҷбур мекунад, ки хонаро тарк карда барои муолиҷа равад, зеро бисёр тарсид, ки коронавирус ба ӯ мегузарад.

 

Авлоди Саймумин Ятимов аз инҳо иборат аст:

1.) Саймумин

2.) АБДУЛМУМИН

3.) Ҷамшед

4.) Сайбӣ Ҷағалова, шавҳараш Сайфулло Ҷағалов  аст.Ду писар дорад номи писари дуввумаш Сино аст. Кораш банг задан ва дилхушӣ ва фурӯши маводи мухадир аст.

5.) Давлатбӣ- Сулаймон, Шаҳбоз писарони ӯ. Сулаймон судя дар Суғд, Шаҳбоз дар  Регар корманди амният аст.

6.) Файзигул Ҳукматулло шавҳараш пеш депутат ва муаллим дар Туғул буд.

Писарони ин хоҳари С.С.Ятимов:

1.)Суннатулло Иброҳимзода, судяи суди ноҳияи Фархор,

2.) Иззат Иброҳимзода дар «Амонатбонк» кор мекунад.

3.) Оятулло Иброҳимзода дар Шаҳринав дар шӯъбаи амният кор мекунад.

4.) Аҳмадҷон Иброҳимзода, духтари холааш Давлатбиро, ки дар Кумитаи амният марказӣ дар Душанбе кор мекунад гирифтагӣ аст.

5.)  Маҳмадалӣ Иброҳимзода. Забони хитоӣ хондааст. Ҳоло тарҷумон аст ва бо хитоиҳо мебошад.

СС. Ятимов дар муомилаҳои пинҳонӣ бо хитоиҳо аз Маҳмадалӣ истифода менамояд ва нақшаҳояшро тавассути ин ҷиянаш амалӣ менамояд.

7.) Чинигул, шавҳараш Шарипов Искандар духтури чашм дар Фархор. Хоҳараш Чинигул насаби   фарзандонашро аз Шарипов ба Ятимов иваз кардааст, ба хотири бародараш ва қудрати ӯ ва ваҳшатандозӣ дар миёни мардум.

1.) Ятимов Сиёвуш дар Тоҷикстандарти вилояти Хатлон раёсати  экспертизаи ин ниҳоди пурдаромадро бар ӯҳда дорад.

Ятимова Мадина дар шӯъбаи амнияти Душанбе кор мекард вале бо исрори шадиди шавҳараш,ки дар Фархор духтур кор мекардааст Мадинаро нагузошта аст,ки дигар дар амният корро идома диҳад. Донишгоҳи забонҳоро хондааст, таваллудаш 1994 .

8.) Ҷиёнгул-Шавҳараш полковник Фатоев . Муовини сардори зиндонҳо аст.

Бародараш, яъне ҳевари Ҷиёнгул Фатоев раиси зиндони шаҳри Кулоб мебошад. Ин вазифа тавассути Ятимов ба ӯ вогузор шудааст, то мардуми Кулобро тавонад дар зиндон шиканад. Язнааш ҳам бо дахолат ва миёнҷигарии Ятимов дар ин ниҳод кору фаолят мекунад.

1.Фатоев Рустам, писараш дар амнияти вилояти Суғд кор мекунад.

2.) Фатоев Бахтиёр   дар Хитой аст

3.) Фатоев Икром, Донишгоҳи миллӣ факултети молия ва қарзро соли 2018 хатм кардааст.

9.) Гулҷаҳон- шавҳараш Маннон Абдурраҳимович, ёрдамчии Абдулмумини лесхози Фархор  дар ферма мебошад. Ин ферма дар қишлоқи Туғай тақрибан чор гектар заминро дарбар мегирад. Гирдашро девор гирифта аст ва ҳама атрофи ферма камераҳо насб кардаанд ва ҳар касе гузашт ҳатман ӯро пайдо мекунанду бозпурсӣ мекнанд.

Як писар дорад дар молия ва қарзи Донишгоҳи миллӣ мехонад

Як духтар дорад,ки  ӯ ҳам дар ҳамин факултет мехонад.

Фарзандҳои СС.Ятимов

Ҳафт духтар дорад. ва мо номи шаш духтари ҳамсари аввалашро зикр мекунем: 

1.) Бунафша

2.) Сайёра

3.) Сураё

4.) Гулрухсор

5.) Умеда 

6.) Зебунисо бо кличкаи Ануш

7.) Ворис Ятимов, ягона писари ӯ мебошад. Ворис 1991 таваллудаш. Донишгоҳи Ганаро хондааст. Ҳоло дар Чин мехонад

Абдулмуъмини бародари Саймумин панҷ духтар дорад ва ҳамашон дар Фархор шавҳар кардаанд.

Ятимов Алишер, прокурор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Аҷибаш инҷост,ки СС.Ятимов ин ҷиянашро ҳам мисли духтарони худаш аз Ҳисор зан додааст. Нафаҳмидем дар Ҳисор чи пайдо карда бошанд ин оила?

Ҷамшед Ятимов бародари Саймумин Ятимов, чор духтару ду писар дорад, дар Фархоранд. Хонаи падарӣ ба Ҷамшед расида аст ва онро мисли қаср карда аст. Аз ҳамсари дуюмаш як писару чанд духтар дорад.

  Саймумин Ятимов дар Фархор чиҳоро ғасб ва аз они худ кардааст?

Мирзоев Хайрулло Назруллоевич ҳамсояи Саймумин Ятимов аст. Аммо Ятимов ин ҳамсояашро дар Туғули Фархор чап ва ними хонааш тақрибан 8 сотих заминашро бо зурӣ гирифтааст. Хайрулло дар як бонк дар Душанбе кор мекунад, як корманди оддиӣ аст ва ҳалол зиндагонӣ мекунад. Ятимов Хайруллоро даъват мекунад, ки зуд  ба Фархор биёяд. Ин замин дар гузашта замини магазин буд Хайрулло ин магазинро соли 1999 ё 2000 шахсӣ мекунад. Азбаски барои замини магазин Хайрулло сертификат  накарда будааст, СС.Ятимов бо баҳонаи ғасби худсарона онро аз вай кашида мегирад. Ятимовро дар ин ғасби рейдерӣ раиси ноҳияи Фархор, сардорони милитсия ва амният бо ҷамъи муҳофизони худи раиси КДАМ-и Тоҷикистон ҳамроҳӣ кардаанд. СС. Ятимов шахсан бо муҳофизонаш дохили хонаи ҳамсоя мешавад ва барои ӯ ду рӯз муҳлат медиҳад, ки оғил ва мурғхона ва чизе дар ин замин дорад зуд  ҳамаашро канда нобуд кунад: «то дурӯз чизе набояд бубинам». Хайрулло бо дидани ин ҳама милисаву амниятиҳову муҳофизони Ятимов гӯиё малакулмавтро дида бошад, бемор мешавад. Хайрулло ҳеҷ чизашро натавонист канаду гирад. Чунки дар ноҳия пас аз ду рӯз фармони СС. Ятимовро иҷро мекунанд ва   трактор оварда пурра ҳамаро валангор мекунад ва дар онҷоро ҳамвор ва ба хок баробар мекунанд. Бояд зикр намоем,ки падари Хайрулло бобои Назрулло ду ҳафта пеш аз олам даргузашт.  Дафъатан катлавани магазини Ятимовро дар ҷойи он ба кандан шурӯъ мекунанд. Ҳоло магазини се ошёна бо зерзаминияш фаъол аст. Зерзаминияш барои Абдулмуъмини бародари Ятимов ҷои гуштфурӯшӣ  шуда аст,то гуштҳои фермаашонро фурӯшанд.

Баъзе аз амалҳои Рейдерии СС.Ятимов

Мирзошарифзода Миралӣ, як шахси палид,корманди собиқи Коррупсия аст. Вай талош дорад бо Зоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов қудо шавад. Духтари Зоирро ба писараш Фируз доданианд.

Ҳозир Миршарифзода дар корхонаи «Оби зулол» ба ҳайси сармуҳосиб кор мекунад. Вайро ба ин корхона Азимов Иззат, қудои Саймумин Ятимов ба инҷо овардааст.

Гуфтааст агар бо Зоир қудо шавам аз дасти Болтаев Рустам корхонаи «Оби Зулол»-ро мегирам.

Азимов Изат Исмоилович падари Раҳмат Азимов шавҳари Умеда Ятимова аст. Ҳамон Умедае, ки дар Бонки миллӣ кор мекунад ва мошини Лексуси марҳум Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистонро баъди кушта шуданаш аз они худ кардааст.

Ин қудои раиси КДАМ-и Тоҷикистон, яъне ҳамин Иззат Азимов заводи хишти селикатнийи дар паҳлуи сементзаводи Душанберо  ҳамроҳи Зиёев Ҷамшед, раиси пешини «Тоҷпромбонк» ( ҳозир дар маҳбас 8солу 6моҳ гирифтааст ) якҷоя харида фоидаро ду тақсим гуфтанд. Баъдан Зиёев Ҷамшед бо Рустам Болтаев, муассиси «Оби Зулол» корхонаи Rc cola барорӣ кушоданд. Зиёевро зиндон карданд. Ятимов қудояш Иззат Азимовро директори генерали RсColaи Душанбе монд. Болтаев Рустамро тарсонд ва вай розӣ шуд. Болтаев Рустам, раиси «Оби Зулол» дар Душанбе чи муттаҳамие дар назди Ятимов дорад.  Хулоса Ҷамшедро шинониданд ва Иззат соҳиби пурраи ҳарду завод шуд. Болтаев 40%саҳм дошту Ҷамшед 60%. Аммо тамоми даромадро пурра Иззат  ва СС.Ятимов мегирнад,як миқдори ночиз Болтаев мегирад. Иззат директори генералӣ мебошаду Болтаев муассис. Аммо чизе Иззат гуяд ҳамон мешавад. Хулоса «криша»-и корхонаи «Оби зулол»-и Душанбе СС. Ятимов аст. «Оби зулол»-и дар Истаравшан бударо Шуҳрати прокурор- домоди Ятимов нигоҳ мекунад. Ҳам Миршарифзода Миралӣ ва ҳам  ҳамин Иззат тамоми кормандонро аз номи Ятимов ва КГБ метарсонанд .

25 зиндонии фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққати КДАМ дар августи соли 2010

 “Ин ҳодисаро хонанда ва бинандаи “Ислоҳ” чандин бор хонда ва дар барномаҳои мо дидааст. Аммо ин ҳодисаро аз манбаъи дигаре ва ҷузъиёти дигаре дар ин қазия вуҷуд дорад,ки аксари мардум аз он огоҳи надоранд. Чун,ки ин маълумот аз дохили амният ба Ислоҳ расидааст ва бо фактҳои муҳиме тақдиматон мегарданд,ки шумо онро намедонистед.”

Дуруст баъди чанд рӯзи ин ҳодисаи боварнакарданӣ СС  Ятимов,ҷонишини аввали раиси КДАМ ба ҷойи Хайриддин Абдураҳимов,раиси КДАМ  таъин шуд.

Яке аз чаҳор маҳбуси афғони фирокарда   дар Хоҷабаҳоуддин улусволие дар байни Толиқон ва Бадахшон, ки  ҳамин ҳоло ҳам  зиндагонӣ мекунад, нақл мекунад, ки инҷо кадом фироре набуд, балки ин фирори маҳбусин кори дасти худи мақомоти амниятии Тоҷикистон ва бахусус ҷонишини аввали он Саймумин Ятимов мебошад. Мақомоти Афғонистон ҳеҷ яке аз ин чаҳор нафар зиндонӣ аз миёни 25 маҳбуси фироркарда аз боздоштгоҳи КДАМро дигар ба Тоҷикистон надода буданд.

Бар тибқи баъзе аз маълумотҳо яке аз ин маҳбусони афғонӣ аз наздикони як раҳбари Луи Ҷиргаи онзамони Афғонистон буд ва Ятимов бар ивази пули калон мусоидат намуд, ки ҳамаи ин чаҳор афғон тавассути марзи Маскавский ба кишвари худ фирор кунанд. Вагарна сад% масири гурези онҳоро медонист ва таҳти контрол дошт. Хуб, бугзарем аз ин тарафи қазия.

Нафаре, ки ҳоло яке аз қумандонҳои таъсиргузор ва бонуфуз дар Афғонистон аст,қисса кардааст, ки онҳоро чи гуна аз зиндон фирорӣ доданд, чи тавр долон кушоданд ва мошинҳоро то ба назди дарвозаи боздоштгоҳ оварда омода намуда буданд. Мегӯяд, ки ин фирор як дурӯғи калон буд:

  «худашон кормандони зиндонро кушта моро фирорӣ доданд. Ин ҳамааш як фармоиш ва як барномаи аз қабл тарҳрезишуда буд. Гумон мекунам, ки аз ин кор ҳама огоҳ буданд. Роҳбарон  огоҳ буданд дар дохили зиндон. Бо ниқоб даромада зиндонбонҳоро куштанд. Спетслужбаи Алфа қулфҳоро кушоданд ва моро гуфтанд, ки бигрезен, долон карданд, роҳро боз намуданд. Худашон моро ҷавоб доданд».

Баъдҳо худи Раҳмонов ҳам мефаҳмад, ки инҷо бозӣ будааст вале Ятимов ин корро барои «задан»-и Абдураҳимов ва ҷойи ӯро гирифтан  барномарезӣ карда буд.

Инҷо баъзе аз ҷузъиёти марбут ба қазияи фирори 25 маҳбусро,ки тоза ба дастамон расид пешкаш менамоем.

Бо мусоидати  СС. Ятимов ,ки он замон дар «горотдел»-и амнияти Душанбе кор мекард,   як нафар аз Фархор -Сайфиддинов Низомиддин Зайниддинович таваллуда 1967 ба КДАМ ба кор қабул карда мешавад. Низомиддин ҳамсояи Ятимов дар Фархор аст, ки хонаашон 50 метр аз хонаи Ятимов дуртар мебошад.

СС.Ятимов сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо  таъин мешавад ва ба Белгия меравад. Баъди рафтани Ятимов Сайфиддинов Низомиддинро аз кор ҷавоб медиҳанд.

Ба хотири онки  Абдураҳимов  Ятимовро нағз намедид, одамони овардаи ӯро кам-кам сур кардан гирифт. Низомиддин як сол дар Фархору Душанбе бекор гашт. Баъд рафт муҳоҷират Маскав. Чанд сол гузашт. Ятимов аз Белгия омад ва ҷонишини аввали вазири амният таъин шуд. Ва дар ин муддат тавонист, ки қабри Абдураҳимовро тавассути ташкили ҳодисаи фирори  25 зиндонӣ биканад.

Ҳоло он замон ҳеҷ гап набуд. Ятимов нақшаи фирори 25 маҳбусро барномарезӣ мекард, лоиҳаашро мекашид.  Як вақт дар қишлоқ падару модари Низомиддинро мебинад ва мегӯяд, ки бачатонро гӯед биёяду маро занг занад.

Низомиддин хабарро шунида хурсанд мешавад ва занг мезанад. Мегуяд, ки  як объектро шкатур карда истодааст. Сидқан хурсанд мешавад, ки Ятимов, ки дар вақташ кор монда буд боз ӯро ба хотир овардааст.  Ятимов мегӯяд, ки худи пагоҳ билет гиру баргард. Низомиддин ҳам тибқи гуфтаи СС ба Душанбе меояд. Рӯзи  дигар фармонашро барои кор дар КГБ-и Балҷувон содир намуд.

Чихеле гуфта шуд барнома ва нақшаи фирои 25 маҳбус чандин вақт тахт ва омода шуда ва то ҷузъиёташ пешакӣ мушаххас шуда буд. Вақте онҳо мегурезанд, кӣ ба куҷо меравад, куҷо мегурезад, тавассути Қули Суфиёни Данғара бояд Балҷувон   биравад ва  аз  сарҳади Масковский кӣ ба куҷо мегурезад . Ҳатто супориш шуда  буд, ки фалон соат мерасанд. Ин бачаҳоро  худаш ташкил кардаги  буд, худи СС. Ятимов.

   “Боз  як гурӯҳи сеюм-спетсгруппа ташкил карда буд. Ва. Инҳо Низомиддинро дар пешониаш парронданд. Ва ба калаи ҳамин 25 нафараҳо заданд, ки гӯё онҳо парониданд. Дар хабарҳо  ҳамон вақт нашр шуд, ки онҳо силоҳҳоро гирифта буданду зиндонбонҳоро куштанду ва инак корманди амнияти Балҷувонро ҳам ҳадафи тир карданд, инҳо ҳама «легенда»-ҳои эҷодкардаи СС. Ятимов буданд. Ҳоло чаро Низомиддинро кушт? Барои онки нишон бидиҳад, ки фирор воқеӣ асту дурӯғ нест ва аз тарафи дигар ба Раҳмонов ҳам миннат гузорад, ки барои иҷрои амалиёти маҳву боздошти ин фирориҳо амният қурбонӣ ҳам дод.  Низомиддин Сайфиддиновро дар даруни шуъбаи амнияти Балҷувон куштанд.”

Аз Низомиддин Сайфиддинов ду писар ва ду духтар боқӣ монда аст.

Ҳамсари Низомиддин Моҳтоббӣ муаллимаи мактаби шумораи №10 ноҳияи Фархор аст.

Баҳодур Сайфиддинов дар сухторхомушкунаки ноҳи Фархор кор мекунад.

Фазлиддин Сайфиддинов ин писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад.

Чанде аз ин маҳбусонро куштанд ва чанд нафареро, ки суд карданд пушти дарҳои баста мурофиа ҷараён гирифт ва ҳатто аз адвокатҳои онҳо забонхат гирифтанд, ки ягон майда маълумот ба берун бароварда намешавад, чун ин як бозӣ ва як дурӯғи шохдори Ятимов буд.

    “СС.Ятимов бо куштори  сағираи камбағали ҳамсояш аз дигар тараф садоқату сарсупурдагӣ ва ҷоннисории худро ба Раҳмонов исбот кардан хост ва ба ин васила дар  нардбони мансаб боз болотар ҷаҳид. Дар асл барои карйераи худаш буд.  Бачаро бурданд гур карданд.”

Аз байн се чор моҳ гузашт. Додари Низомиддин Сайфиддинов Исломиддин , таваллуди 74 аст, ки   мактаби миёнаи №15ро соли 1992 тамом карда буд, мактабе, ки дар қишлоқи Ятимов аст. Исломиддин синфи 8 -ро буд карда ба мактаби марзбонии шуравӣ  рафта буд. Ӯ дар тамоми сарҳадот кор карда буд ва ба рутбаи Полковники ҳам расида буд.То ҳамин қазия ӯ дар касбаш лоиқ ва матонат дошт.

Ятимов гӯиё хост, ки барои ин оила некӣ кунад. Ӯро гирифту сафорати Эрон фиристод, Гуё дилсузӣ кард Ятимов. Гуё, як гуманизм нишон дод. «Шумо хун резонидед, ҳақ доред, ки дар чунин ҷойҳо кор кунед».

Гап дар онки нафароне мисли Исломиддин ба чунин  ҷойҳо дар хоби шабашон ҳам дастрасӣ пайдо намекунанд. Хуллас, дар Эрон 5 сол кор кард. Дар ин миён бачаҳо нақл мекунанд қазияи бародарашро ва мегӯянд, ки сабаби  фантастический карйера карданат марги бародарат аст.

Исломиддин 50, 50то мезад. Вай дар чанд ҷо дар ин бора суҳбат карда дуди дилашро мебарорад.  Ин гапҳо ба гӯши Ятимов ҳам мерасад. Ҳамин тавр ду моҳ пеш Исломиддинро ҳам куштанд ва мурдаашро оварданду  дар Фархор  гӯр карданд. Исломиддин дар штаби Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд кор мекард. Дар ҳамонҷо  ӯро ҳам СС. Ятимов ба қатл мерасонад. Ҳатто намемонанд, ки судэкспертиза кунанд Секретно аз байн бурданд. Заҳр доданд, ҷигараш тика- тика. Акнун дидед, ки СС. Ятимов барои мансабу пул ва бақо дар мансаб шуда одамҳоро,ҳатто шиносҳои худ, ҳамсоя ва ҳамдеҳагони худро мекушанд.

“Ин қазия қазияе нест,ки наздикони ин ду писаронашон хоҳару бародарони Низомиддин ва Исломиддин Сайфиддиновҳо инкор кунанд. Муҳим қотилони падаронатонро шиносед,ки ки будааст!”

Ps: Хонандаи гиромӣ ин як навиштаи мухтасаре буд аз делои ҷиноятҳои СС. Ятимов раиси КДАМ-и Тоҷикистон. Агар шумо ҳам ҷиноятҳои дигари ӯро донед, марҳамат нависед, маълумоти фиристодаи шумо нашр ва ҳама кишвар аз он бо хабар мегарданд.“Ислоҳ” барои шумо ва дар хидмати шумо миллати азиз ва шаҳрвандони Тоҷикистони азиз, ки дар қабзаи асорати як оила ва раиси КДАМ ҷаноби СС  қарор дорад, таъсис дода шудааст.

 

Share This Article