Суҳроб Қосимовро кӣ кушт ва чаро Суҳроб Раупов ба ҷойи ӯ омад?

(бахши аввал)

 Ё капитане дар се сол генерал шуд ва бояд вазири дохилӣ шавад

Генерал Суҳроб Раупов Суҳроб шогирди Сӯҳроб Қосимов аст. Вай айни ҳол фармондеҳи қӯшунҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Оянда вазири корҳои дохилӣ ҳамин кас мешавад.Ин ҳарфи худи мақомдорони баландпоя аст.Ин шахс яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ мебошад.

Манбаъи “Ислоҳ” афзӯд : Дӯстии Генерал Суҳроб Рапуовро бо Рустами Эмомалӣ бо чашмони худам дидам ва хуб ҳам медонам. Ҳеҷ туҳмате ва ғарази шахсие ба ӯ надорам,танҳо филми “БЕШАРАФОН” 4  маро ба додани ин маълумот ба шумо намуд. Агар ин филмро намедидам чунин маълумотҳоро ҳаргиз ба шумо намедодам.

” Сӯҳроб Раупов аз Данғара мебошад, писари ҳочӣ Орзу.Аз соли 2017 ба ин тараф назорати вазъи ВМБК дар вазорати корҳои дохилӣ ба ӯҳдаи ӯ гузошта шудааст. Ин генерал вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзодаро тамоман «признават» намекунад. Ва ба ӯ ягон ҳисобот намедиҳад гӯем ҳам хато намекунем.”

Албатта, Рустам ҳар куҷо равад, пеш аз рафтанаш амниятро дар онҷо таъмин мекунанд.Вале агар пеши Суҳроб Раупов равад худаш бо ронандаш меравад, яъне боварии комил дорад, ки дар пеши Суҳроб Раупов амният таъмин аст. Суҳроб Раупов аввали соли 2015 ҳамагӣ рутбаи капитан дошт,аммо давоми се- чор сол ҳамаро, майёрӣ, подполковникӣ, полковникиро тай карду  ҳозир генерал аст. Ин хел рутбагирии босуръат, «досрочно» генералшавӣ на ба ҳар кас муяссар мешавад. Дар чорраҳаи ЦУМ –фурӯшгоҳи марказии Душанбе як казино доранд, ки аз худи Рустам мебошад, дар онҷо наздикони Рустам ҷамъ мешаванду кайфу сафо мекунанд.

    “Дар бораи Суҳроб Раупов дар расонаҳо ягон гап нест ва намешавад. Ин ба маънои он аст, ки ӯ ва номашро айни ҳол доғдор карданӣ нестанд. Чунки сари ӯ ҳисобҳо доранд, бояд баъдан вазираш монанд.”

Ман аз Суҳроб Раупов шикоят карданӣ нестам, чунки шахси бад нест, вале дӯсти Рустам ки ҳаст ва дар хидмати Раҳмонов, ки ҳаст дар гумон аст, ки то охир одами хуб бимонад. Круги инҳо афроди хуб надорад гӯем ҳам мешавад. Ҳамаашон дар ҷиноятҳое мешавад шариканд. Ман худам  корманди вазорати корҳои дохилӣ ҳастам. Ҳоло ҳам  хизмат карда истодаам. Азбаски хидмат на барои давлат, хидмат барои Раҳмонов аст хело хаста шудаам. Ҳақиқатро дар шумо мухолифон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дида истодаам. Дар шумо ҳақиқат дар гуфтор ва амалкардҳоятон мебинам. Ягона роҳи наҷоти ин миллатро дар шумо мебинам.

“Маъракаи бадномсозии ҲНИТ  дар вазорат ва ё тавассути кормандони ВКД ва КДАМ дар чанд соли охир бо суръат амалӣ мешуд,ки мани ноогоҳ ва кадре дар Русия таҳсил намударо ба омӯзишӣ ҲНИТ маҷбур кард. Ончунон омӯхтам ин ҳизбро, ки аз якхел аъзои он бештар маълумот пайдо кардаму медонам. Аз таъсис ,то ба қудратрасии солҳои 90ум ва мубориза ва сулҳу баргашти ин ҳизб. Ҳамин қадар фаҳмидам,ки просто қурбонии амбицияҳои нопоку ғаразноки “Пешво” шуд. Ин хулосаи ончӣ бардошт намудаи ман буд.”

Он чи дар мавриди шумо рабт дорад мехостам дар эфиратон баромад кунаму онро ба мардум расонам. Аммо бародар Муҳаммадиқбол маро бубахш, ки наметавонам. Акнун мо пушт надорем вазир ҳам нашавем,корамонро содиқона анҷом дода истодаем ва мунтазири пирӯзии мухолифон ҳастем. Маро аз садоям мешиносанд. Хулоса гапи шумо дар тамоми Тоҷикистон ҳаст ва мардум шуморо мешиносанд ва аз шумо як умеде доранд, ки шумо ин ҳукумати диктатуриро аз байн мебаред. На фақад мардум, мо афсарони мақомотҳои воқеии қудратӣ.

Генерал Суҳроб Раупов барои чӣ ба ин вазифа таин шуд? 

 Бароям агарчӣ аҷобате надошт, ки чаро Суроб Рауповро пас аз Суҳроб Қосимов чаро ба ин вазифа гузоштанд. Чун, ки дар назари ҳар шахсе чунин менамояд, ки ӯ аз Данғара аст ва Суҳроб Қосимов ҳам аз Данғара буд.

Аммо гап дар ҷойи дигар аст:

“Суҳроб Қосимов қумондоне, ки ҳамеша аз Раҳмонов ҳимоят мекард ва аз Данғара буд. Раҳмонов дигар намехост ҳеҷ касе худро ҳимояткунанда аз ӯ гуфта ва фахр кунад, ки ман туро чанд бор аз чанги ин қумондон, он қумондон наҷот додам. Агар ман намебудам туро чунину чунон мекарданд. Дар ҳақиқат Суҳроб Қосимов то охир аз Раҳмонов ҳимоят мекард ва аз чанги чандин зӯрмандон ӯро наҷот дода буд.”

Ин масаларо намехоҳем бори дигар инҷо бештар шарҳу тафсир намоем.

Танҳо бо як воқеае инҷо, ки чӣ гӯна Суҳроб Қосимов Раҳмоновро аз чангаш наҷот дода буд иктифо менамоем.

Шоҳиди ҳодиса чунин ба “Ислоҳ” гуфт:  “Мустафо командир яъне ӯ Мустафо Тағоев лақабаш Қӯрбошӣ аст, ӯ асл аз Чорбоғи ноҳияи Варзоб аст. Дар қисми ҳарбии 35 02 аз одамони наздики Сӯҳроб Қосимов буд, вақте Сӯҳроб рутбаи генерал майор гирифт рутбаи полковникияшро ба Мустафо дод, инро барои он Қӯрбошӣ ном гузоштаанд як вақто риши дароз дошт тарафдоронаш ӯро Қӯрбошӣ ном гузоштаанд ба номи Тағаи Қӯрбошӣ, ки дар филми Ҷӯра Охотник бо риш нақш бозидааст.

Мустафо ҳам фамилияаш Тағоев аст барои ҳамин ӯро ба мисли Тағаи Қӯрбошӣ мегуфтанд.”

 Вақте пурсидем,ки чӣ ҳодисае рӯх дода буд онро мегуфтед :

“Соли 1997 дар қисми ҳарбии 35 02, ки дар Қулпистаи Варзоб ҷойгир аст, Мустафо Командир онҷо зодрӯзашро ҷашн гирифт, дар он рӯз ба фармони Мустафо Президентро ба части Сӯҳроб Қосимов оварданд. Ман онҷо будам дидам, ки мошини Волгаи газ 31 омада дар бари штаб манъ карду аз дарунаш президент фаромада давида назди Мустафо рафта хост бо ӯ дудаста салом кунад, як вақт дидам Мустафо Командир президентро дашномҳои қабеҳ карда бо мушту лағат президентро задаистодааст. Он вақт Мустафо арақ нӯшида пиён буд мехост дар рӯй президент пешоб кунад, кабинети Сӯҳроб Командир дар дуюм ошёнаи штаб буд ӯ Мустафоро аз тиреза диду аз кабинеташ баромада назди Мустафо омада аз дасти Мустафо Президентро халос карду Мустафо то ба мошин савор шидани президент чанд шатаи дигар дар куни Раҳмонов заду гуфт: Агар Командир намебуд ман дар даҳани ту пешоб мекардам номард.”

 Ҳодисаҳои дигаре дар мавриди наҷот додани Раҳмонов аз дасти дигар командирон, ки Суҳроб Қосимов восита ва хотирандоз шуда буд зиёданд.

Бар ивази ин ҳама хизматҳо Суҳроб Қосимовро Раҳмонов дӯст намедошт ,чун ки ӯ хело зиёд медонист ва Раҳмонов дар чашмаш як шахси беқадр буд. Ҳатто бо нақли зиёде аз генералҳо ҳатто Раҳмонов номи Суҳробро бад медидааст. Мисоли зиндаи ин гуфта:  Дар яке аз машқҳои ҳарбӣ дар части ДШБ вақте кудакон саф меороянд ва намоишеро иҷро мекунанд. Раҳмонов аз писарбача мепурсад номат чист ? Кудак мегӯяд номам Суҳроб аст. Раҳмонов мегӯяд: “Отат дигар ном наёфт Суҳробат ном кард?” Ва хандида дар назди дигар фармондеҳон сахт ғазабӣ мешавад. Гуфтанд, ки Раҳмонов аз худи Суҳроб Қосимов ва номи ӯ нафрат дорад. Иллаташ ҳамон сирҳо ва аҷзу нотавониии Раҳмоновро бештар донистанаш будааст.

Хуб инҷо манзур аз ҳама ончи гуфтем чизи дигаре аст,ки онро бояд бигӯем.

Вақте Суҳроб Қосимов раиси федератсияи Футбол буд ва Рустам хело мехост ин мақомро бигирад ,чун,ки Рустам ба футбол шавқу алоқаи зиёде дошт ва инро ҳама медонанд. Ба Суҳроб Қосимов дар ин масала баҳс мекунанд ва Суҳроб мегӯяд: “ подсан ҷойятро дон ва ба ҳар кор дахолат накун.” Рустам сахт дар ғазаб мешавад ва ба сари Суҳроб Қосимов бо куни пистолет мезанад. Дар ин ҳолат Суҳроб Қосимов бе ҳуш мешавад ва майнаи сараш осеби сахт мебинад. Ӯро ба Маскав барои табобат мебаранд. Муҳим табобат намеёбад ва пас аз хориҳо ва дардҳои зиёд аз сабаби ҳамон зарбаи сараш,ки Рустам зада буд мемирад.

Ин ҳолатро бачаҳои Суҳроб Қосимов мефаҳманд, чун ки дар ин ҳодиса буданд. Ин гап мебарояд ва қасд гирифтани мешаванд аз Рустами Эмомалӣ. Барои ин, ки аз ӯ қасд нагиранд ягона шахсе ҳама бачаҳои Суҳроб Қосимовро ором карда метавонистагӣ, ана ҳамин Суҳроб Рауповро пайдо мекунанд ва ӯро барои ҳамин ба ҷойи ӯ мегузоранд,то вазъро ором кунад. Суҳроб Раупов мегӯяд ман вазъро ором мекунам ва касе ба шумо кордор намешавад. Аммо барои ман ончи лозим шавад шумо набояд не гӯед. Рустам ҳамаро ба гардан мегирад, ки барои ту ишораи сабз аст ва ҳеҷ бачаи туро касе ҳеҷ коре намекунад, танҳо ту итоат кун ва дар бари мо бош тамом. Суҳроб Раупов ҳам ок мегӯяд, вале ӯро ҳам ҳолдонҳо муваққатӣ мегӯянд. Чун, ки ин оила ба ҳеҷ касе ,то имрӯз раҳм накарда ва то охир бо ҳеҷ нафаре нарафтаанд.

Манбаъи дигари “Ислоҳ” аз ВКД чунин гуфт: “Суҳроб Раупов шахси намозхон ва рӯза ҳам мегирад ва уламои динро сахт эҳтиром мекунад. Ин амали ӯ на ба Рустам ва на ба Раҳмонов писанд аст. Барои ин оила шахси бе имон ва золим лозим аст, то ба ҳар амали ғаири ахлоқӣ ва разолат розӣ бошаду онро анҷом диҳад. Алакай 21 делои ҷиноятӣ дар муқобили Раупов Суҳроб дар КДАМ омода кардагиянд ва инро бо фармони Рустами Эмомалӣ ҳам гуфтаанд. Рустам гуфта будааст, ки бигузоред ҳоло ҳаминхел фикр кардан гирад , вақташ расид мебинед чикораш мекунем.”

 Баҳси ду корманди  ВКД  дар мавриди шумо

Тақрибан ду моҳ пеш як баҳсе бо ду корманди мақомоти ВКД шуд. Яке Шуморо гапи сахт мегуфт, дигарӣ бошад мегуфт, ки каҷ бинишин аммо рост бигӯ. Мард он касе ҳаст, ки гапи рост дорад ва ҳамин тавр байни ҳам баҳс доштанд. Баъдан аз рутбадори шарикаш пурсид, ки чаро ту ҳамин Муҳаммадиқболро гапи сахт мегуй?

Вай ҷавоб медод, ки ин мардак нест ва ин фалонӣ  ҳасту ва ғайра мегуфт. Баҳс хеле тӯлонӣ буд.

Шахси саволдиҳанда боз пурсид, ки «бародар гапи байни худамон, ҳамаамон коллегия ҳастем, гапи ҳақа ақалан байни худам бигӯем, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддинро амният тӯҳмат кард, ки эътиқоди мардум бигардад. Агар дигарон инро гӯянд онҳо намедонанд ҳақиқатро, охир ману ту хуб медонем чи фармонҳо шуд, то чи гӯна ба мардум бовар кунонем ин туҳматро. Фармонҳои амали шавии ин туҳматро ману ту …Аммо амният муваффақ нашуд, баракс ин шахсро дар дохили кишвар ба таври густарда муаррифӣ кардем. Ин аз чӣ мегӯяд ? Чаро худатро бо зури бовар мекунонед, ки он туҳматро худат бовар куни?

Капитане дар камтар аз се сол генерал шуд

 “Рауфзода Суҳроб Орзу аз 9 май соли 2015 то 9 сентябри соли 2017 аз рутбаи капитанӣ ба рутбаи генерал майор расидааст, ин магар аҷоиб нест? Оддитарин ҳақиқат бошад дар инҷо ба ман гӯед,то ман ҳам аз ин ҳукумат ва президенти он ҳимоят кунам?”

Падари генерал Раупов Суҳроб ҳоҷӣ Орзу дар ноҳияи Данғара на камтар аз100 гектар замини хочагӣ дорад,албатта то онҷое ман медонам. Бародараш як одами бангӣ. Арӯсҳояш асосан духтарони рус ҳастанд. Аз Русия даъват мешаванд ба Тоҷикистон. Суҳроб Раупов як заправка дорад дар пеши сементзаводи роҳи лаби дарёи битонкаи Душанбе. Як Лексус дорад, рақами қайди давлатияш 0139. Чор зан дорад, як занаш дар Варзоб аст. Барои ин занаш дача сохтааст, то ҳол корҳои сохтмонӣ давом дорад. Як хонаи дигар дар пеши ЦУМ дорад. Дар инҷо як зани дигар дорад.

“Як мошин Уазики хидматӣ дорад. Онро Рустам дар зодрӯзи Суҳроб ҳамчун тӯҳфа дод, барои кӯҳу дашт рафтан, номи ин мошинро гоҳо гелик гуфта шухи мекунанд бо ҳам.”

Генерал Суҳроб Раупов ду рақами қайди давлатии мошин дорад, яке рақами милисейский № 1025м01 ва дигаре рақами шахсӣ №1039. Аммо ин ду рақамро дар чанд мошин истифода мекунад.

Генарал Раупов Суҳроб кайфӣ ҳам ҳаст, вақте кайф мекард дохили часть мешуд соати як шаб бошад ёки 4 шаб бошад ёки 4 рӯз бошад барои ӯ тамоман фарқ намекунад, аз силоҳи худаш дар ҳолати кайфият ба осмон тир холи мекунанд вақте тир холи кард маънои ҳолати бонги хатаро дорад.

Вақте бонги хатар шуд на камтар аз 1000 ҳазор нафар ба ҳолати чанги омода шуда ба кӯҳ на камтар аз як тараф 30 ё 40 километр роҳ мераванд сарбозону афсарон.

Худаш бошад бо мошин меравад гоҳе ва гоҳе намеравад ин кор барои ӯ одати доимии буда ва аз ин кор хушаш меояд.

Ин хуб аст вақте сарбоз ба куҳ меравад барои омодабошии размӣ албатта. Бадии ин кор  дар он аст, ки вақте муайян набуд барои рафтан ҳар гоҳе ин кайф кунад ҳайати шахсиро сафар бар мекунанд. Дар ними шаб сарбоз гурусна ва ташна ҳавои сарди зимистон хулоса бо тамоми ҳайат як намуд издеваться мекунад,ки сарбозон ва афсарон мегирянд. Чанд афсари дигар аз ин кори ӯ пай мебаранд ки ин Суҳроб Раупов дар ҳолати кайф буданаш чунин корро мекунад. Гап ба гӯши генерал Раупов мерасад ӯ мегӯяд ки ман кайф намекунам ман агар кайфҳам кунам ин кори ман аст,гап мезадагит дар рӯям гӯед ма медонм чикортон кунам.

Хулоса ин “Генерал” Суҳроб Раупов аз хидмати ҳарбӣ буй намебарад, ҳатто намедонад ки оиннома чист.

Мардонагии ин Генерал дар чист ?

 Мардияш дар ин аст ки намегузорад сарбозаш ва ё афсараш зиндонӣ шавад бо  ҳар роҳе набошад сарбозашро халос мекунад. Ҳар ҷинояте ҳам анҷом дода бошад барояш муҳим нест, ӯро озод мекунад. Доим мегӯяд, ки ман бо як занги телефонам тамоми корро ҳал мекунам.

Гоҳ гоҳ пул дорони вазорати корҳои дохилиро муваззаф мекунад, ки омада барои сарбозон хайр кунед, бидуни ҳеҷ фикре  гапашро мегиранд ва омада хайр мекунанд.

Вақте аз тарафи давлат молу ашё мақом дорон тафтиш мешавад. Як чанд ҳуҷҷате ҳаст ки ба шахсони соҳиб мулк пешниҳод мешавад ва онҳо бояд ихтиёран дар он ҳуҷҷатҳо аз дорои худашон маълумот диҳанд. Аммо Генерал Раупов Суҳроб аз дорои худаш ихтиёран гузориш намедиҳад.

“Баъдан аз кумитаи амният шахсони алоҳида бо ин кор ҳастанд онҳо наздаш меоянд ва ҳуҷҷатҳоро бори дигар пешниҳод мекунанд мегӯянд бояд шумо гузориш диҳед вале ӯ мегӯяд чи гузориш диҳам ки шуморо равон кард? Онҳо мегӯянд, ки мо аз кумитаи амният ҳастем ва ин фармон аст. Генерал Раупов мегӯяд рафта ба роҳбаратон гӯед ки Суҳроб Раупов ҳичи надоштааст. Онҳо мегӯянд, ки мо медонем шумо фалон дорои доред бояд онро зикр кунед аз кучо омадаст чиқадар даромад доред. Ӯ дар чавоб доим як гап дорад мегӯяд дорои ман аз рафиқонам аст онҳо ба ман доданд ҳамчун туҳфа ма хдм ҳичи надорм. Брен роҳбартона бген, ки Генерал Раупов гузориш намедодааст. Просто намефораш,гузориш намета. Дига пеши ма ҳар каса равон накунанд,фаҳмиден?”

Зиндагиномаи генерал:

 Фармондеҳ Рауфзода Суҳроб Орзу, генерал-майор, таваллудаш 11 декабри 1973, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, соли 2001 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз соли 1996 дар умури дохилӣ ба фаъолият пардохтааст;

Сардори ротаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии вазорати дохилӣ, командири взводи ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД,командири взводи ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД,муовини сардори Ситод оид ба разведкаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД. Командири баталёни фаврии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД, командири полки фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД.

Раупов Суҳроб Орзуевич аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.

Поёни бахши аввал…..

Ps: Аз зиндагонии шахсии Раупов Суҳроб ва ҳамсарону фарзандон ва хонаҳою баъзе дороиҳояш ба “Ислоҳ” расидааст вале инҷо намегӯем ва мегузорем онро ба бахши дигар, то комилан ҳамаро санҷему дақиқ кунем ва пас аз он тақдими хонанда ва бинандаи “Ислоҳ” намоем. Агар шумо ҳам шоҳиди ҳар амалӣ ҷиноятии ин генерал бошед ба “Ислоҳ” фиристед, то дар бахши дигар онҳоро низ изофа намоем.

Total
16
Shares
Related Posts