Сӯйи қасд ва куштори Рустамзода Абдухалил тавассути мақомоти раддаи аввали Суғд ва Мастчоҳ

Маълумоти сӯй қасд ва куштори як мақоми давлатӣ ва дурустараш раиси КДФ и ноҳияи Мастчоҳ ба “Ислоҳ” расид. Ҷузъиёт ва далоиле рӯй он бояд коршавад зиёданд. Аммо феълан мо шакли кутоҳи ин ҳодисаи қатлро тақдими шумо менамоем. Мунтазири тағйирёбии ин қазия ҳастем,агар ин қазияро чуноне худашон хулосабарорӣ кардаанд боқӣ монанд далоилро пешкаши ҳама мардуми кишвар менамоем. Меравем ба хулосаи ин ҳодиса ба шакли мухтасар бо зикри чанд ҳамшарики ин ҷиноят.

Ин ҳодиса дар 13 уми майи соли 2020  соати 22:10 рух додааст.  Корманди корҳои дохилӣ ҳастам ва ба ин ҳама номардӣ ва ҷинояткорӣ тоқат карда наметавонам. Медонам танҳо ин масаларо “Ислоҳ” метавонад нашр кунад, то дар ин қазия тағйире ба вуҷуд ояд. Ҳама далоилро бо ончи пайдокардам ба шумо мефиристам ва худатон онро таҳқиқ намоед.

Дар хабар танҳо чунин нашр шудааст:

“Рӯзи 11-уми майи соли 2020, тахминан соати 22:10-дақиқа, ронандаи аавтомашинаи тамғаи «Тайота CAMRY», Рустамзода Абдухалил, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Мастчоҳ дар ҳудуди шаҳраки Бӯстон аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯб ва дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Рустамзода А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Манбаъ : Сомонаи ВКД https://mvd.tj/index.php/tj/ruydodho/27713-alokati-ronanda-va-pisarbachai-khurdsol-bar-asari-sadama-oi-na-lijotii-margovar

 Асли ҳодиса чунин аст:

  “Охирҳои моҳи  шарифи Рамазон дақиқтараш 13 уми май соли 2020 дар назди  хонаи  раиси дастгоҳи собиқи ноҳия Рустамзода Рустам бо лақаби Достон садамаи  автомобилӣ руй дод. Албатта ҳоло Рустамзода Рустам дар ин мақом кор намекунад, чунки ӯро 28 уми феврали соли 2021 бо фармони раиси он вақт Тоҳир Азизода сабукдуш ва ба ҷойи ӯ Музаффар Азизовро таъин намуда буд.”

Бояд зикр намоем,ки Насаби пешинаи Рустамзода,  Ёрматов Абдухалил Рустамович буд ва насабашро ба Рустамзода иваз карда буд.

Мошинаи Рустамзода Абдухалил, директори КДФ (Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул)и Масчоҳ бо суръати  баланд аз тарафи Хуҷанд  омада ба дарахти  назди  хонаи Рустамзода Рустам  бархӯрд. Бо як  азоб  ҷасадашро кашида  гирифтанд.  Марҳум  Рустамзода Абдухалил директори КДФ  ( Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул)и  Масчоҳ, хуҷандӣ ва кошелёки Раҷаббой Аҳмадзода, мулаққаб ба Қофлонбой ,раиси вилояти Суғд буд.

“Қофлонбой тибқи ваъдаи дода мебоист ӯро раиси шаҳри Хуҷанд мемонад. Аз  сабаби онки Аҳмадзода ваъдаи ба ӯ додаашро иҷро карда наметавонист, Рустамзода Абдухалил бисёр  асабонӣ  шуда дар баъзе  ҷойҳо гуфта  будааст, ки агар дар  ягон вазифаи  равғанӣ намонад, бисёр  сирру  асрори  ӯро медонам, ошкор мекунам. Аз барои  ҳамин  Раҷабой Аҳмадзода барои  ором  кардани  ин  дардисар ба  Масчоҳ  рафта  аввал директории  КДФ  (Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул) ё МБТИ ва баъд  раиси  кумитаи  замини Масчоҳ мешавӣ гуфа  гуселонида  буд. Ӯ ба КДФ Масчоҳ директор  шуда омад. Аммо маъқулаш нашуд ва аз  Қофлонбой хост,ки ӯро раиси  кумитаи  замини  Масчоҳ  таъин намояд. Барои ин кор байнашон гап мегузарад ва ӯ  бо асабоният дари утоқи кори Қофлонбойро сахт зада  берун мебарояд. Қофлонбой  дигар нақшаи аз ӯ халос шуданро мекашад.”

Шодравон Рустамзода Абдухалил дар ноҳияи Масчоҳ ҳамчун  шахси бовариноки Қофлонбой пулҳои барои  ободонӣ аз  соҳибкорон ва аз  мардуми  бечора бо роҳи зӯрию зорӣ ҷамъкардаро дар ихтиёр дошт ва он пулҳоро дар дохили мошинаш нигоҳ медошт. Вақте ӯ вазифаи директории КДФ (Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул )и  ноҳияро қабул карда гирифта буд маблағҳое, ки барои сертификаткунӣ аз мардум  мегирифтанд 2 моҳ  ва то 3 моҳ бурда (оборот дода) баъдан  дар  суратҳисоби банк  месупориданд. Дар вақти  супоридани корхона Достон 200.000 сомонӣ камомад дошт. Вай Рустамзода Абдухалилро  ваъда дода буд, ки ту корхонаро  қабул кун, ман  ин  пулро  оҳиста -оҳиста  гардонда  медиҳам ва агар  ту хоҳӣ  оборот  дода гард. Аз ин даъвои шодравон бо Қофлонбой, ки тезтар  вазифаи  Кумитаи замини ноҳияи Масчоҳро  ба ман бидеҳ  Зокирзода  Умед, раиси ин кумита  хабардор шуд. Ва барои аз сари роҳ дур кардан ва вазифаро ба ӯ надодан дар фикри нақшакашӣ  афтод.

Умед бо Рустамзода Рустам ҳар ду дар командаи Ғайрат Азиззода, раиси пешини ноҳияи Масчоҳ мебошанд. Ӯ ҳам барои 200.000 сомониро ба шодравон  надодан дар фикри аз сари роҳ дур кардани ӯ афтод. Гарчанде, ки Рустамзода Абдухалил кошелёки Қофлонбой аммо баъзе гапҳои дар нисбати Қофлонбой гуфтааш ба гӯшаш расида буд. Вай ҳам роҳи аз ӯ тамоман халос шуданро  меҷуст. Достон бо Қофлонбой дӯстии наздик  доштанд ва ҳатто барои  вазифаи раисии ноҳияро гирифтан бо Қофлонбой ба Москва моҳи январи 2020  сафар карда буд ва дар Москва бо наркодилер Абдуваҳҳоб вохӯрда буданд. Ду шабона рӯз  дам гирифта ва 120 вагон мазут ба Тоҷикистон  фиристода онҳоро фурӯхта як қисмашро барои  раиси  ноҳия  шудани Достон ва як  қисми дигарашро барои худи Қолфонбой дода буд. Дар ҳамонҷо нақшаи сарбанест кардани Рустамзода Абдухалилро чунон моҳирона кашида буданд, ки касе аз Қолфонбой гумонбар нашавад. Рустамзода  Рустам бошад барои  анҷом додани  ин кор Зокирзода  Умедро ҷалб кард. Барои онки Умед Зокирзода солҳост, ки раиси кумитаи замини Масчоҳ аст ва ин вазифаро аз ҷонаш ҳам зиёдтар муҳофизат мекунад. Зокирзода Умед барои шодравон як маъшуқа пешниҳод кард. Дигар барои Рустамзода Абдухалилро фарқ надошт, ки дар куҷосту дар кадом ҳолат аст ва ҳамеша бо маъшуқааш  саргарм буд. Ҳамин, ки занг мезад ӯ дар хонаи худаш дар Хуҷанд бошад, нисфишаб ва субҳи бармаҳал бошад ба назди маъшуқааш  аз Хуҷанд ба Масчоҳ  меомад. Ҳақиқатан инҳо  тасдиқ карданд, ки саргарми ҳамин маъшуқааш  аст ва дар фикри дигар чиз нест. Аммо ӯ намедонист, ки муқобилаш нақша кашидаанд.

Нақшаи сӯйиқасд ва қатли Рустамзода Абдухалил

“Нақша чунин буд. Зокирзода маъшуқаи шодравонро муваззаф кард, ки шаб ӯро занг зада саросема  мекунад, то аз Хуҷанд  ба Масчоҳ биёяд. Вақти омадани ӯ Рустамзода Рустам мошини дуланро  гапзанон  карда буд, ки  дар сари роҳаш  мебароӣ. Дулан дар сари роҳ то  наздик  шудани шодравон  мунтазир шуда  истдабуд. Ва як  шахси дигар 3 км дуртар мунтазири мошини ин шодравон буд. Ин шахс ронандаи дуланро огоҳӣ мекард, ки мошини мавриди назар наздик омад. Рустамзода Абдухалил дар роҳ баромада бошад ҳам аммо маъшуқааш ба ӯ ҳар замон занг зада куҷо  расидӣ гуфта ӯро  саросема  мекардааст. Шодравон  чизеро пайхас  накарда ба тарафи  Бӯстон  бо суръати  баланд  мошинро ҳаракат медод. Дулани мунтазир сари роҳ мебарояд. Шодравон барои ҷилавгирӣ аз садама тормозро пахш карда чанбари фармонро тарафи дигар тоб медиҳад. Ба дулан намезанад вале рафта ба дарахти назди хонаи Рустамзода Рустам бархӯрда дар ҷои ҳодиса ҷобаҷо ҳалок мешавад.”

Яъне ҷойи ҳодисаро чунон дуруст намуданд,ки дар ҳар ҳолат бояд ӯ зинда намонад. Ё мустақим ба мошини Дулан занад ва агар тоб ҳам диҳад ба дарахт занад. Тибқи нақшаи кашида дақиқан чунон ҳам шуд. Изи тормоз аз тарафи БДА ба қайд гирифта нашуд. Кормандони БДА бо сардории Муҳамадиев Валиҷон, ки таҷрибаи бой дорад хулоса доданд, ки дар сари чанбари мошин хобаш  бурда ба дарахт  бархӯрда ва дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. (таҳқиқоти “Ислоҳ” дар мавриди ин корманди БДА ва амалкардҳои дигари ӯ дар чунин ҷиноятҳо идома дорад)  То хабардор шудани кормандони БДА ва ёрии таъҷилӣ

Манбаъи дигари “Ислоҳ”,ки худаш дар ин ҳодиса онҷо қарор дошта аст ва ронандаи газел будааст ба “Ислоҳ” чунин гуфт: Дар ҳақиқат ман он шаб дар роҳ будам ва мошини сиёҳе бо суръати на камтар аз 200 гузашт ва ҳатто газели маро ҷунбонид. Аммо ҳеҷ мошини дуланеро надидааст. Дар заправка будам,ки ин ҳодиса рух дод ( нафаҳмидем,ки наздики онҷо заправка будааст ва ё Абдухалил гузашта аз ӯ , ва ин ронандаи газел ба заправка расида будааст) Муҳим роҳ сангрезаҳо дошт ва мошинро аз роҳ паронид,ки ҳатто тормоз ҳам дар ҳақиқат накардааст Абдухалил. Ронанда афзӯд худаш рафта Абдухалилро аз мошин берун баровард ва ҳатто заправкачӣ тарсид наздик шавад. Ҳангоме пурсидам Рустам Рустамзода буд онҷо? Гуфт ҳеҷ касе набуд ва ӯ занг зад ва пас аз он Рустам (достон) ва раиси ноҳия ва дигарон онҷо расида омаданд. Ронандаи газел афзуд дар мошин ҷуз ҳуҷҷатҳо чизи дигаре надидам ман. Он ҳамаро кормандони ҳукумат ҷамъоварӣ намуданд. Ончӣ ман дидам ин буд ва ман як шахси оддиям ва дар муҳоҷират қарор дорам.

“Рустамзода  Рустам, ки медонист кошелёки пул (дипломат) дар мошин аст, дарҳол то омадани шоҳидон онро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар дипломат 1000000  як миллион сомонӣ пул будааст. Аммо ӯ ҳам ин пулро мегирад ва ҳам ба соҳибони мурда 800000 ҳаштсад ҳазор  сомонӣ пули ободонии ноҳияи Масчоҳ барои омадани президент ва 200.000 сомонӣ пули корхона, ки барои сертефикат гирифта аммо ба сурат ҳисоби корхона ворид нашудаастро маҷбурӣ бор мекунад.”

Ана инро мегӯянд бераҳмӣ ва ташкилкунандаи ин қатл. Ҳоло дар мақомот кор карда мижааш намепарад.  Чунин маблағро  аз  соҳибони мурда гирифтанд. Ва ҳамин тавр аз ин “дардисар” аввал  Қофлонбой халос шуд дуюм Рустамзода Рустам аз он 200.000 сомоние, ки Рустамзода Абдухалил медод халос шуд ва сеюм Зокирзода, Ӯаз ҳарифи сарсахти худ раҳо ёфт. Аммо Рустамзода Рустам он 1000000 як миллион сомонии дуздидаашро бо прокурору милиса тақсим кард нақши прокурори ноҳия Иззатулло Акобирзода,ки подкришаи Азизмоҳ ҳамсари “Пешво” мебошад ва дар Мастчоҳ савлатмеронад хело бузург будааст.

Дар мавриди зане,ки Абдухалил Рустамзода мехост он шаб расад,ки нарасид ӯ кист?

Манобеъи “Ислоҳ” чунин гуфтанд: Холова Сабрина зани 23 ё 24 сола будааст. Се сол пеш МДТ  Коллеҷи омӯзгориро дар Мастчоҳ хатм кардааст. Пас аз хатми институт бо фармони Рустамзода Рустам (достон) Сабринаро  Зокирзода  Умед Раиси  кумитаи замини Мастчоҳ ба кор пазирӯфт. Сабрина маъшуқаи Рустамзода буд ин солҳо. Дар ин кумитаи замин як сол фаолият нокарда ба КДФ (Корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул ) рафт. Дар ин ниҳод котибаи Абдухалил Рустамзода шуд. Овоза ҳам шуда буд,ки Сабринаро никоҳ карда гирифтагӣ аст. Манобеъи “Ислоҳ” афзӯданд,ки дақиқан иллати тез омадани Абдухалил дар шаби 13 уми Май соли 2020 ҳамин хонум Сабрина буда аст. Манбаъе аз мошин ҷасади Абдухалилро хориҷ мекард афзӯд : Дар ҳолати берун овардани ҷасад як рақам бе ист занг мезад ва ҳамин хонум буд. Пас аз ин ҳодиса ва итмоми амалиёт хонум Сабрина аз кор рафт ва шавҳар кард ва феълан ҳамсари як корманди мақомоти милеса мебошад ва рақамҳои мошинаш 49 49 мебошад. Акнун хулоса кунед посдставаро, Зокирзода  Умед рафта буд аз вазифаи кумитаи замин Абдухалил омад ва бо ин кор боз тавонист дубора ба ин кумита баргардад. Ин кор ҳаминхел бе подства намешавад, инро ҳар шахси оқил мефаҳмад.

Як сабаби дигари ин корҳо ин буд, ки пули ҷамъоваришуда барои ободонии Масчоҳро як бало карда бигиранду корҳои ободонӣ анҷом нашавад ва Азиззода Тоҳир, раиси ноҳия Масчоҳ,ки як пеш вафот намуд беобрӯ шавад. Ман ба хешовандони марҳум Рустамзода.А ва мардуми Хуҷанд гуфтаниам, ки ба мардуми Масчоҳ, ки дар ҳама ҳолат бадноманд дандон тез накунед.Чунки ин ҳама найрангбозиҳои Қофлонбой бо баъзе беномусони лаганбардори Масчоҳ аст, на мардуми ин сарзамин. Агар дилмонда шавед набояд аз мардуми бо шарафи Масчоҳ шавед. Вой бар ҳоли чунин роҳбарони  номарди мардум ҷангандозе чун Раҷаббой Аҳмадзода.

Ps: Маълумот аз корманди бо шарафи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ ба “Ислоҳ” расидааст. Делои комили ин таҳқиқот дар дасти мо маҳфӯз аст. Агар мақомоти тафтишотӣ хоста бошанд ин қазияро дубора тафтиш кунанд “Ислоҳ” омода аст ҳамаро аланӣ дар ихтиёри мақомоти тафтишотӣ гузорад. Вале мо хуб медонем, ки мақомоти тафтишотӣ аз КДАМ ва ВКД ва Додситонӣ ҳаққу ҳуқуқҳояшонро гирифтаанду дар даҳон об гирифтаанд. “Ислоҳ” ин қазияро дунбол мекунад ва дар ҳолати бе тағйирот мондани ин қазия хронологияи ҳодиса ва чанд занги телефоние,ки дар ин қазия шариканду онро тарҳрезӣ намудаанд дар  ихтиёр дорем бо номҳои тарроҳон онро тақдими мардуми кишвар мекунем. Ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзода ба ёдатон меорем “ Сарам дард дорад, худатон ҳал кунед….” мумкин ба ёдатон омад.  Ё шумо ислоҳ мешавед ва ё шармандаи ин дунё ва охират хоҳед шуд.

Total
1
Shares
Related Posts