Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср

Ислоҳ нет

Гузаштҳо ё иштибоҳҳои сулҳсозӣ

(бахши чаҳорум)

Ҳар чи фосила аз замони имзои санади Созишномаи сулҳи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик мегузарад навоқис ва иштибоҳоти ин санад бештар намоён мешавад. Дуруст аст, ки сулҳи дар соли1997тавонист аз идомаи ҷанг ва рӯёрӯиҳои хунин ҷилавгирӣ кунад, аммо ҳосил ва натиҷае, ки бор овард, кишварро дар шароити вахимтар аз замони ҷангӣ қарор додааст. Далели рушани ин иддао ин аст, ки ҳамон неруҳои оппозитсионӣ, яъне ҳамон тарафи дигари сулҳ боз ҳам дар шароити табъид ва зиндон қарор дорад, балки бадтар аз ин, ҳукумат, ки ҳамон тарафи дигари ҷангу сулҳ  аст ин бор онҳоро на танҳо мамнуъ эълон кард, онҳоро «террорист» ва «экстремист» хонда ва то ҳамин имрӯз, ки инак 25 сол сипарӣ мешавад, соле нест, ки бо як баҳонае ё тарафдорон ва ё манотиқи ба истилоҳ оппозитсионнишинро ба хоку хун наниишонад.

  “Ҳамин ҳолоҳо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, яке аз ду минтақаи таҳти нуфузи оппозитсион зери пойи ҷангиёни режими Раҳмонов хоку туроб ва обу адо шудан дорад ва Мамадбоқир Мамадбоқир, Холбаш Холбашу Толиб Аёмбеков, Ёдгор Ғуломҳайдаров аз фармондеҳони ИНОТ дуруст дар арафаи 25умин солгарди ин созишнома кушта ва зиндонӣ мешаванд. “

Дигар бояд ошкоро гуфт, ки ин сулҳ хому нопухта буд ва он гузаштҳое, ки дар он давра аз тарафи роҳбарияти ИНОТсурат гирифт, ҳоло бештар маълум мешавад, ки на гузашт, балки иштибоҳ,иштибоҳи марговар будааст, ки ҳар аз гоҳе қурбонӣ мегирад.

Бузургтарин қурбонии ин сулҳ, худи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст ки бо он ҳама гузашта ва собиқаи пурифтихор ва бо он ҳама ҷамъияти аъзову тарафдор ва бо он ҳама ҷойгоҳу мақому манзалат ба ҳадде заъифу нотавон гардид, ки натавонист аз худ дифоъ кунад. Дар ҳоле, ки қодир буд ва қудрат дошт режимро сарнагун созад, саҳна аз зери пояш гирифта шуд

   “Аз ҳақ набигзарем, ки ҳануз дар ҳамон раванди сулҳофариниву оштишавиҳо шахсиятҳое буданд, ки ҳушдор медоданд, ин гузаштҳо авоқиби ҳалокатборе хоҳад дошт. Набоядам то ба ин ҳад содапиндору содаманиш буд ва бовар ба душман ва ҳарифе кард, ки ба ҷони ту афтода бошаду танҳо бо имзои чанд коғаз бо ту дуст бишавад ва ҳама кинаву душманиро ба дасти фаромушӣ биспорад. Душмани қасамхурда ва ба ночор ва ба иҷбор оштишуда, ки қудрат дорад, ҳукумат дорад, пул дорад, амру фармон дорад, силоҳ дорад, вақте туро зери даст кард, тараҳҳум мекунад? Ин ҳам дар ҳоле, ки ту ҳамоно ба масобаи як даъвогари ҷоҳу ҷалоли ӯ боқӣ мондаӣ.”

Дар воқеъ чунин сулҳу чунин гузаштҳо баробар ба худкушӣ буд, ки ҳамвора таъйиду тасдиқ шудан доранд. Вақте ҳарифи мусаллаҳ дар баробари ҳарифи мусаллаҳ халъи силоҳ шуд, ҳоли вай аз асир ва гаравгон ҳам бадтар мешавад.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, яке аз роҳбарони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва роҳбари ҳайати музокиротии тарафи оппозитсион, аз маъдуд нафароне буд, ки на як бору ду бор аз гузаштҳои ғайримаврид изҳори норозигӣ мекард. Ин сиёсатмадори коркушта, ки аз наздиктарин ва содиқтарин ёрони устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд аз табиат ва хуву хислати тарафи муқобил, ба хусус пуштибонони онҳо-Русия ба хубӣ огоҳ буд. Хуб ҳам медонист, ки тамоми талоши онҳо ин аст ки як бало кунанду «исломиёни сиёсии мусаллаҳ»-ро беяроқ карда дохил дароранд. Он тарафашро дигар вақт ҳал мекунад. Вай, он замон ва солҳо баъд ҳам мегуфт, ки роҳи мо ҷуз аз нишастан сари мизи музокирот, қатъи бародаркушӣ, пешгирӣ аз харобазор шудани ватан ва дарёфти сулҳ нест, аммо сулҳе бояд бошад, ки тадовум ёбад, на инки муваққат бошад:

  “Шукр ба худо, ки таърих бознамегардад, аммо агар рафту ин кор ҳам шавад, мо чорае надорем, мо ҳамеша сулҳ мехоҳем ва ҳамон вақт ҳам сулҳ мехостем. Аммо татбиқи сулҳро мумкин каме бо услуби дигар таъмин мекардем. Бояд марҳилаи интиқолӣ баъд аз такмил ёфтани “сӣ дарсад” шурӯъ мешуд. Мо инро медонистем, аммо мутаассифона, ин амалӣ нашуд. Хуб, ин камбудӣ аз худи мо буд, гузаштҳои хеле зиёд аз ҷониби худи мо шуда буд. Ва ҳамчунин ман ҳеҷ вақт истилоҳи “афви якҷониба”-ро қабул надоштам, зеро ман ҳамеша дар музокирот талаб мекардам, ки бояд парвандаҳои ҷиноӣ лағв ва аз байн бурда шаванд. Инҳо масоиле буд, ки агар мо истодагарӣ мекардем, шояд ҳатман татбиқ мешуданд, аммо ҷанг кашол меёфт ва бисёр ҷавонони мо, дӯстони мо имрӯз зиндонӣ ва фирорӣ намешуданд.”

  Мушоҳидаҳо ҳокист ва коршиносон ҳам ба ин тарафи масъала на як бору ду бор таъкид кардаанд, ки Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик дар майдони разм ва сангарҳои ҷиҳодӣ дасти боло ва мавқеи бартар дошт. Аммо, ин роҳбарони сиёсӣ буданд, ки муваффақ нашуданд ҳақу ҳуқуқи худро ончуноне, ки бояд тасоҳуб кунанд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон солҳо баъд дар як суҳбати матбуотиаш эътироф кард, ки дар ҷараёни дастёбӣ ба сулҳ тарафи оппозитсион гузаштҳое кард, ки имрӯз ва ҳоло маълум мешавад сахт ҷуброннопазир аст:

“Хуб мешуд, агар ҳанӯз Кумисюни оштии миллӣ наомада, дар музокироти сулҳ ҳамон “сӣ дарсада” ҳалли худро меёфт. Маълум мешуд, ки моли мо кадом вазорат, идора, ноҳия. Агар маъқул намешуд, пешакӣ мегуфтем, ҳамин чизро намедиҳӣ, мо сулҳ намекунем. Сӣ дарсади ҳукумат маънияш ин буд, ки яке аз се вазорати қудратӣ — дифоъ, амният ва умури дохилӣ бояд ба мо дода мешуд, зеро мо ҳам нирӯи низомӣ доштем. Вале ин муҳимтарин вазорати моро, вазорати дифоъро ба мо надоданд.”

Аммо на танҳо масъалаи «сифоиза» хеле аз масоили дигаре ҳам буд, ки аз тарафи ИНОТ бо шитобу аҷала, бидуни онки чи паёмаде метавонад дар пай дошта бошад, қабул карда шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки неруҳои низомии оппозитсион ба ғалабаи комил наздик шуда буд ва дар дохили кишвар ҳам шароиту вазъият барои ҳукумати Раҳмонов бисёр ҳам тоқатшикан гардида буд. Ҳатто бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бо таваҷҷуҳ ба гузаштҳои беҳадду ҳисоби оппозитсион дар музокироту мулоқотҳо ба ин бовар расида буданд, ки бо таъсиси Комиссиюни оштии миллӣ тарафи ҳукумат муваффақ шуд, ки оғози фурурезии оппозитсион, бахусус муҳраи асосии он Ҳизби наҳзати исломиро, ки дар ҷараёни ин гирудорҳо то сатҳи байналмилалӣ шинохта шуда буд, рақам занад. Зеро ин Комиссион ба фарқ аз ҳукумати Тоҷикистон-тарафи дигари сулҳ як ниҳоди мустақил набуд ва беш аз ин дастнигар ва вобастаи ҳукумат буд, ба мисли фарз кардем, вазорати меҳнат. Ҳеҷ кореро, салоҳият надошт мустақилона анҷом диҳад ва ҳар ончи ҳам таҳияву омода мекард, танҳо баъди тасвиб ва таъйиди тарафи дигар, ба иҷро медаромад. Ин нуктаро худи раиси ин Комиссиюн, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам иқрор карда буд, аммо хеле дер, замоне, ки дигар он ба хатми фаъолияташ расида буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон-тарафи дигари сулҳ то ҳамин имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмонов дар сари қудрат боқӣ мондааст.

“Бархе аз таҳлилгарони раванди сулҳи тоҷикон бар ин назаранд, ки ҳам мухолифин, ҳам СММ ба унвони сарпарасти ин раванд ва ҳам Эрон ба ҳайси пуштибони оппозитсион ба ҳангоми таҳияву тадвини аснод ва баҳсу баррасиҳову муколамаҳои сулҳ умдатан бо қатъи ҷанг иктифо карда шароити баъдиҷангӣ, фазо ва ҳаёти сиёсии ояндаро сарфи назар карданд.”

Мулломуҳаммадрасул Саломов, яке аз роҳбарони ИНОТ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки раёсати Кумитаи низомии оппозитсион дар Афғонистонро дошт ва ҳамроҳ бо садҳотнафар аз разманда баъди як соли сулҳ ба ватан баргашт, дар як суҳбаташ мегуяд, ки вақте муҷоҳидон ба ватан баргаштанду на ҷойи кор ёфтанду на кумаки модиву на кумаки маънавӣ, пеши ман омаданду гуфтанд, ин чи коре буд, ин чи сулҳе буд, ки шумо кардед?

Аммо Давлат Усмон, яке дигар аз раҳбарони ИНОТ дар даврони ҷанги дохилӣ, ки баъдан номзадии ӯро дар бар баробари Эмомалӣ Раҳмонов аз тарафи ҲНИТ ба унвони алтернатива ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999, аммо ба рағми хоҳиши худаш пешбарӣ карданд, мегуяд, иштибоҳҳои мухолифин хеле зиёд буд, ки мунҷар ба беэътибории он гардид. Вай низ дар як суҳбати расонаиаш мегуяд:

«Тарафи мухолифин дар вақти татбиқи Созишномаи сулҳ аз он потенсиале, ки дар натиҷаи мубориза ба вуҷуд омада буд, яъне як иттиҳоди қавии мухолифин аз ҳама табақаҳои ҷомеа ба даст омада буд, аз ин пурра истифода набурд. Манфиатҳои шахсиву қавмиву маҳаллӣ болотар аз манфиатҳои миллӣ рафтанд. Ва натавонист он афродеро, ки дар атрофаш буданд, онҳоро муттаҳид нигоҳ бидорад, ки дар натиҷа Иттиҳоди неруҳои мухолифин аз як қувваи сиёсӣ-низомӣ ба як қувваи сиёсӣ табдил шавад ва ин як тавозуне эҷод кунад дар ояндаи раванди демократисозӣ ва бунёди як ҷомеъаи шаҳрвандӣ. Ин сабабҳо буданд, ки имрӯз воқеъан ҳам нишонаҳои бӯҳрон дар ҷомеъа ба мушоҳида мерасад».

Аз ҳар гузашт ва ақибнишиниҳои оппозитсиюн тарафи дигар неру ва зур мегирифт ва фишор болои рақибонашро ҳарчи бештар меафзуд, дар ҳоле, ки амалан дар тангно ва ҳолати мағлубият қарор дошт. Бархе аз огаҳони авзоъ мегуянд, ки роҳбарияти оппозитсион тамоми шароити идомаи мубориза ва пирӯзӣ то ба охирро дошт, зеро танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон ҳар кадоме дар алоҳидагӣ ҳам бо силоҳу муҳиммот ва ҳам бо пулу маводди ғизоӣ омода буданд кумак кунанд. Аммо фишори ҳукумати онвақтаи Афғонистон ба раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар мубориза бо Толибон ниёз ба кумакҳои Русия аз тариқи қаламрави Тоҷикистонро дошт, болои онҳо фишор овард, ки бо ҳукумати Тоҷикистон сулҳ кунанд. Аз ҳақ набигзарем, ки ин як шарти бисёр ҳам вазнин барои оппозитсиони тоҷик буд. Вале он замон Раҳмонов ҳам айни ҳамин ҳолатро дошт ва раиси ҷумҳурии Русия ошкоро ба вай муҳлат дода буд, ки оштӣ бикунад, дар ғайри сурат аз кумак ва пуштибонии онҳо умедвор нашавад. Аммо боз ҳам оппозитсион буд, ки кутаҳ меомад ва гузашт мекард.

  “Абдумаҷид Достиев, муовини раиси Комиссияи оштии миллӣ дар яке аз навиштаҳояш маросими истиқболи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар фурудгоҳи Душанберо тасвир мекунад. Вай мегуяд, ки раиси ҷумҳурӣ ба раиси шаҳр, ӯ ва вазири дифоъу чанд нафар мансабдорони дигар дастур медиҳад, ки ба истиқболи раиси Комиссияи оштии миллӣ бираванд. Аммо мегуяд ҷаноби Достиев дар фурудгоҳ танҳо ман омадам, аз раиси шаҳр ва дигар вазирон дараке набуд.”

Аммо, бо вуҷуди ин ҳама камэътибор ва пастзаданҳои тарафи ҳукумат устоди зиндаёд дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999, ки мухолифин таҳрим карда буданд, таҳримро шикасту боз ҳам бо гузаште дигар ба истиқболи Раҳмонов рафт ва интихоби ӯро машруият бахшид. Ин гузашт боис шуд, ки мухолифин эътибори худро дар ҷомеаи кишвар, ки аз вай интизороти зиёд дошт, аз даст диҳад ва ҳамин тавр дар интихоботи Маҷлиси намояндагон бо 2 курсӣ хулоса шуд. Воқиан ҳам мояи тааҷҷуб ва ҳайрат аст, ки интихоботҳоро тарафи дигари ҷанг,яъне ҳукумати Раҳмонов қазоват мекарду мешумурду натиҷа медод. Магар мешавад ду тарафи ҷанг вориди интихобот бишаванду тамоми ин маъракаро як тараф ташкил ва натиҷагирӣ кунад. Магар ин гуна гузашт ва ин гуна иштибоҳ марговар нест?

” Мунтаҳо оппозитсион, ки дигар ҳам дар раванди дастёбӣ ба сулҳ ва ҳам баъди ворид шудан ба кишвар бо гузашти ақибнишинҳо ва сабру тоқат хати «капитулатсия»-и худро  навишта буд, дигар дар баробари Раҳмонов-роҳбари тарафи дигари ҷанг ва сулҳ аҳамият ва нуфузи худро аз даст дод ва дигар руи онҳо ҳеҷ ҳисобе намекард ва ҳарчи мехост ҳамонро анҷом медод. Барои мисол тағйироти Қонуни асосӣ дар соли 2003 комилан бар хилофи талаботи Созишномаи умумии сулҳ буд, ки барои Раҳмонов танҳо як даври ҳафтсолиро пешбинӣ мекард.”

Иброҳими Усмон, донишманди тоҷик ва яке аз ширкатдорони раванди музокирот аз ҷониби ҳукумат як иштибоҳи дигари оппозитсионро дар он мебинад, ки дар марҳалаи иҷрои тавофуқот аз афроди таъсиргузори худ даст кашиданд ва ин боис шуд, ки пароканда шаванд:

 “Оппозисюн худашро пароканда кард. Чанде пеш тақрибан ба ин монанд як суол аз ман шуд, намояндагони мухолифин аз он гуфтанд, ки чаро на ҳамаи созишҳо амалӣ гашт, гуфтам, ҳамин хел маълум шуд, ки шумо он мардумеро, ки дар ҷараёни музокирот, дар ҷараёни мухолифати сиёсӣ ва ҷанг бештар ба онҳо такия мекардед, дар марҳилаи дуюм, онҳоро фаромӯш кардед ва ба плани дуюм партофтед. Барои ҳамин дар ин давра кори шумо он пешрафтеро надoшт, ки дар давраи аввал доштед. Ҳақиқатан ҳам, агар ҳамту нигоҳ кунед, назариётчиёни онҳо дар давраи дуюм шахсоне шуданд, ки аз назария хеле дуртар буданд. Ман давраи татбиқи созишномаҳоро дар назар дорам. Эътибори онҳое ки ин созишномаҳоро тайёр карда буданд, коста шуд. Ба хаёлам, ҳамин хел фикрашон пайдо шуд, ки ҳама чиз ҳосил шуд, дигар зарурати такия кардан ба ин афрод нест.”

Ва, аммо тавҷеҳи гузаштҳову ақибнишиниҳо ин гуна буд, ки ҳадафи мо сулҳу ваҳдат ва оштӣ аст ва мо мансабу курсихоҳ нестем. Аммо ба ин тарафи масъала, ки дар ин ҳолат чи гуна бояд ба ҳаёти сиёсӣ шарик шуду таъсир гузошт ва он қисмати аҳолии кишвар, ки тарафдору пуштибон –яъне пойгоҳи иҷтимоии мост, чи гуна аз шарри тарафи дигар ҳифзу ҳимоят бишавад, таваҷҷуҳ карда нашуд. Сулҳе, ки шикананда, нопойдор ва баъди чанд муддате бадтар аз ҷанг бишавад, ки шуд, чи лозим ва чи аҳамият дорад? Оппозитсион баъдро наандешид, ки чи хоҳад шуд. Оппозитсион дигар аз шахсҳо ва гуруҳу ҳизб иборат набуд, ҳадди ақал 35% аз аҳолӣ буд. Ва, онҳо мебоист дар баробари тарафи дигар, ки дигар ҳукумат шудааст ва бо бозгашти оппозитсион мехаш чилгаз куфта шуд, зиндагӣ мекарданд.

Иштибоҳи сангини оппозитсион ин буд, ки барои тарафи дигари ҷанг ҳукумат дод. Дасту пойи худро дар баробари он баст, машруияти интихоботҳои онро таъмин кард. Раҳмонов дигар ба ҳадде ғарра ва зурашро гирифт, ки ҳамин 30%-и тавофуқшударо ҳам то охир ниҳоӣ накард. Вазорати мудофиаро ҳам, ки мувофиқа шуда буд, надод. Ҳатто ошкоро гуфт: “на ,ман ба шумо ҳеҷ ниҳоди қудратие намедиҳам ва агар инро нахоҳед марҳамат ҷанг мекунем”  Дар охир пас аз хело суҳбатҳо як ҳелаи бадеро истифода намуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро ба вазорат табдил намуду ба он Мирзо Зиёевро барои чанд вақти маъдуде гузошт. Дақиқан пас аз иваз шудани ӯ ин вазоратро боз ба кумита иваз кард.

  “Гузаштҳое, ки дар раванди эҷоди сулҳ ва оштии миллӣ аз тарафи Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик карда шуд, оқибат Тоҷикистонро ба як давлати мустабиди диктотурӣ табдил кард. Зеро тарафи дигари ҷанг дар қудрат боқӣ монд ва ҳоло дигар на аз гузаште хабару на аз ақибнишиние ва на аз сулҳеву на аз оштие, ҳамаро ба ном ва коми худ кардааст, аз ҷумла ҳамин сулҳро.”

Аммо ин ки гуфта шуд на ба хотири мазаммат асту на ба хотири чизе дигар, фақат ба ин манзур аст ки мо ва ё насли ояндаи мо, фарзандони мо дар оянда ибрат бигиранду фиреб нахуранд. “Мусалмони закиро аз як сурох мор ду маротиба намегазад”

 Поёни бахши чаҳорум, идома дорад, бо Ислоҳ бошед.

Бахши панҷуми мо “Ангеза ва омилҳо барои дастёбӣ ба сулҳ ”то аз воқеиятҳо бештар огоҳ гардед!

 Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев, Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст

Share This Article