Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср

Ислоҳ нет

Нақши Комиссиюни оштии миллӣ дар сулҳ

 (бахши шашум)

Ҷаласаи нахустини Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон баъд аз зуҳри7-июли соли 1997дар Президент-оттели Маскав бо сухани муқаддимавии Гердт Дитрих Меррем, намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ ва Евгенний Примаков, вазири хориҷии Русия баргузор шуд. Ин ду нафар аз дастандаркорони сулҳи тоҷикон барои ин муассиса барори кор хоста ва баъд устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси КОМ ва муовини ӯ Абдумаҷид Достиев, ноиби аввали раиси Маҷлиси олии Тоҷикистон кори ҷаласаро идома доданд.

Комиссиюни Оштии Миллӣ ниҳоди муштараки Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон ба манзури иҷрои қарордод ва муоҳадаҳои ҳосилшудаи раванди музокироти тарафҳо ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ таъсис ёфта буд. Дуруст аст, ки ин ниҳод кадом мақоми давлатӣ надошт, вале ба души вай ҳам масъулияти шохаи қонунгузорӣ, ҳам масъулияти иҷро ва ҳам масъулияти назорату санҷиш вогузор шуда буд. Яъне вай аз ваколат ва салоҳияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ бархурдор буд.

Иброҳим Усмонов, раҳбари зеркомиссияи сиёсӣ, яке аз чаҳор зеркомиссияи Комиссияи Оштии Миллӣ дар китобаш «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар мавриди мақому ҷойгоҳи ин комиссиюн мегуяд:

«Солҳои 1997-2000 дар таърихи Тоҷикистон давраи муҳиме ба ҳисоб мераванд. Махсусияти ин замон аз он иборат аст ки гарчи ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми идораҳояш ва ба таври қонунӣ ва эътирофшуда амал мекард, аммо раванди давлатдорӣ ва ислоҳоти давлатдорӣ ба суи демократикунонии ҷомеа ба қувваи дигаре низ вобаста буд ва чунин қувва Комиссияи Оштии Миллӣ ба ҳисоб мерафт….КОМ мақоми ғайриҳукуматие буд, ки дар он намояндагони ҳукумат ва мухолифин дар якҷоягӣ кор мекарданд ва дар татбиқи Протоколҳои дар раванди музокирот ба имзорасида қарори вай баъд аз ҷониби Президент дастгирӣ ёфтанашон барои тамоми мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аз ин ҷиҳат чунин мақом дар таърихи давлатдории дунё тимсол надорад».

 Қабули тарҳи қонун дар бораи афви иштирокдорони муқовиматҳои дохилӣ ва таҳияи Санади ҳамдигарбахшӣ аввалин кори амалии Комиссияи Оштии Миллӣ буд, ки шаҳодат медод ин ниҳод барои эътимодсозӣ ва мустаҳакамсозии бовари тарафҳо ба ояндаи сулҳу оштӣ ба таври ҷиддӣ ва бо як ҷаҳон умеду дилгармӣ талош мекунад.

Дар зери Санади ҳамдигарбахшӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳам устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ даст монданд. Ва, ин Санад бо имзои ин ду роҳбари тарафҳои сулҳ ҳукми иҷроро гирифт. Дар ин Санад аз ҷумла таъкид шуд,ки:

«Мо(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Оштии Миллӣ) ҳамаи ононеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсӣ силоҳ ба даст гирифтанд ва муқобили ҳамдигар ҷангиданд, афв мекунем.»

Ва, дар як банди дигари ин Санад  ин ду нафар ҳам савганди садоқати худро ба сулҳ ва ҳам аҳду вафодории худро ба идомаи ин раванд чунин иброз медоранд:

«Ғазаби худо ва лаънати халқ ба ононе бод ,ки аз паси қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд».

 Аммо, раванди ҳодисаҳо нишон дод, ки ҳам қасдгирӣ шуд ва ҳам таъқибу озор ва ҳам, мутаассифона аҳдшиканӣ.

Аҳдшиканӣ ва фишору таъқибу озор аз замони фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ дар ватан аз ҷониби Раҳмонов ва мақомоти вай шурӯъ шуд. КОМ дар дохил ба ҳадде бо мушкил ва душвориҳо рубару сохта шуд, ки худобиёмурз, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на як бору ду бор ба Раҳмонов муроҷиат ва номаҳо ирсол дошт, ки сари ақл ояд ва бар аҳду паймони бастааш амал кунад. Кор тавре ҷараён мегирифт, ки оппозитсиюн дигар худро бо пойи худ ба дом ва он ҳам доме пур аз тазвиру риё афканда ва роҳи берун равиашро  аз даст дода буд. Чаро, ки Раҳмонов дигар он Раҳмонови Хусдеҳ ва он Раҳмонови афтодаву дар ҳоли сарнагунӣ набуд, вай дигар тавониста буд,  ки душмани мусаллаҳ ва муқтадирашро халъи силоҳ ва дар шароити дастнигарӣ оварда буд. Муаллифи китоби «Сулҳнома»,Иброҳими Усмон, ки шоҳиди ин вазъу ҳол буд аз қавли устоди шаҳид менависад:

  «Корҳо пеш намераванд ва ман низ мисли М.Ҳимматзода аз ин дилмурда шудаам. Аммо зоҳир намекунам, то ба дигарҳо таъсир нарасонад. Ман президентро намефаҳмам. Аз суҳбати мо мегурезад. Наход суҳбати мо дар сарнавишти Тоҷикистон аз сӯҳбат бо раиси Бонки ҷаҳонӣ камтар бошад. Агар ин дафъа сулҳ вайрон шавад, дигар тамоми Тоҷикистон-Душанбе низ вайрон мешавад. Мо дар ҳолате ба сулҳ розӣ шудем, ки пирӯзӣ доштем, ба Ховалинг ҳуҷум мекардем. Ин сабақ аз Афғонистон буд.»

Ҳамчунон, шояд донед, ки Эмомалӣ Шарифович ҳануз 10 декабри соли 1996 дар Афғонистон розӣ буданд, ки яке аз вазифаҳои қудратиро ба мо диҳад. Гуфтам Протокол кунем, бигзор махфӣ бошад. Гуфт, лафз ҳалол аст, ду шоҳиди муътабар дорем-ҷаноби Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд. Бовараш кардам. Сипас, 27-июни соли 1997 дар Маскав боз инро таъкид намуд. Акнун имрӯз далел меорад, ки Суҳробу Ғаффорҳо мегуянд, ки мо туро ба сари вазифа нишондему чаро ба мо не, ба оппозитсия вазифа медиҳӣ ,пас ба мо низ бидеҳ. Ман ба ҷаноби президент фаҳмонидам, ки агар онҳо зур мешуданд, қувваи мо-оппозитсия ҳоло шикастхурда мебуд ва зарурати суҳбати эшон ба мо боқӣ намемонд.

Бале, Эмомалӣ Раҳмонов ҳамзамон бо ворид кардани раҳбарияти ИНОТ ба Душанбе бо онҳо тавре рафтор ва муносибат мекард, ки гӯиё онҳо дигар касе нестанд. Ба тамоми талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки худаш розӣ шуда ва имзо гузошта буд, як навъ бознигарӣ мекард ва аз ҳисса ва саҳми мухолифин коҳиш медод. Воқеият ин тавр шуд, ки неруи баранда ва ғолиб дар замони ҷанг ба ҷойи тарафи мағлуб қарор гирифт ва баракс акнун Раҳмонов амалан болои Комиссияи Оштии Миллӣ дикта ва ҳукм мекард.

“Агар устод Нурӣ мегуфту эътироз мекард, ки КОМ-ро ба унвони як ниҳоди Дастгоҳи иҷроия Президент табдил додаед ва пайомади ин ҳама шикастанҳои аҳду паймони Созишнома бар души Шумо хоҳад буд, Раҳмонов ҷавоб медод, ки вай таҳти шантаж ва ултиматум ҳеҷ гоҳ тасмим намегирад.”

На танҳо вазорати дифоъ, ки тибқи аҳду қавл ва асноди тавофуқшуда ба тарафи оппозитсион дода нашуд, балки квотаи 30% танҳо дар сатҳи мақомоти марказӣ ҳал гардид. Дар сатҳи вилоят ва навоҳӣ ҳатто 40% ҳам ба иҷро нарасид.

Дар мавриди масоили сиёсӣ, аз ҷумла иҷозаи фаъолияти аҳзоби сиёсии мухолифин ва расонаҳои мустақил ҳам Раҳмонов дигар ба найрангу талбис даст зад. КОМ қонуни аҳзобро омода ва ҷиҳати тасвиб ба ҳукумат ва Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард. Аммо ғайримунтазира, аммо маълум, ки бо «маслиҳат»-и худи Раҳмонов Маҷлиси олӣ қонунро тавре қабул кард, ки бар тибқи он аҳзоби динӣ ҳақи фаъолият дар Тоҷикистон, ки давлати дунявист надоранд. Ин гуна мавзеъгирӣ дар ҳақиқат тамоми раванди сулҳсозӣ ва фаъолияти Комиссияи Оштии Миллиро таҳти суол қарор дод ва табъан, ки устоди шаҳид бо як изҳороти шадидуллаҳн амалкарди ҳукуматро ба боди интиқод кашида ва ба СММ ва кишварҳои Гурӯҳи тамос, кафили сулҳ ҳушдор дод, ки минбаъд намешавад аз сулҳ дар Тоҷикистон суҳбат кард.  Билофосила СММ,Иттиҳоди Аврупо,департаменти давлатии Амрико ва кишварҳои Гурӯҳи тамос ин амали Раҳмоновро маҳкум карданд ва вай ногузир шуд ,ки туфи кардаашро пас хурад. Раҳмонов воқиан шахсест дар фитна ва шайтанат тар карда бардоштагист. Метавон ӯро хоини моҳир, дурӯғгӯйи моҳир ва ҳелагари бе ҳамто ҳам номид. Дар шикастани аҳду паймон бошад аслан ҳамто ва назире надорад.

“Албатта, аз ин гуна корҳои зишт дар раванди фаъолияти КОМ Раҳмонов ва мақомоти вай хеле зиёд карданд. Раҳмонов,барои онки обруи рехтаи худ дар он солҳоро барқарор кунад бо ҳар васила болои КОМ фишор меовард, талош мекард, ки нақш ва мақоми роҳабри онро бикоҳонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки садҳо, балки ҳазорҳо нафар аз сокинони кишвар барои арзу шикоят ва додхоҳӣ назди раиси Комисиюни Оштии Миллӣ меомаданд ва обруву манзалати фазояндаи устод рашку ҳасодати ӯро меовард.”

Яке дигар аз масъалаи муҳим ва калидӣ дар кори КОМ муайян кардани мақоми Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода буд, ки Раҳмонов бо ҳар васила талош мекард, ки ин масъаларо кашол диҳад ва ё умуман ӯ аз хориҷа боз гардонида нашавад. Фармондеҳони ИНОТдар гирду атрофи Душанбе, Кофарниҳон, (Ваҳдат) дараи Ромит ноҳия Ленин (Рудакӣ) ва Норак  ба ҳамоиш бо ҳукумат розӣ нашуданд.

Мансур Ҷалилов, аз афроди наздики устод Тураҷонзода дар Комиссияи Оштии Миллӣ мегуяд, ки агар шумо барои размандаҳои оппозитсион казармаҳое бисозед, ки беҳтар аз меҳмонхонаи панҷситора бошад, вале қозидомулло бозгардонида нашавад, ҳеҷ гуна ҳамоиш бо мақомоти қудратӣ сурат намегирад. Раҳмонов ҳатто дар яке аз ҷаласаҳо бо мақомоти қудратӣ ва аъзои КОМ ҳамчунин томотеро эълон мекунад, ки гуё Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода бо Ёқуб Салим (он вақт аллакай гуреза шуда буд) ҷабҳаи дигар сохтанианд ва воҳима мекунад, ки то Тураҷонзода ба ватан наояд фармони таъйиноти ӯро имзо намекунад. Аммо ҳамагони шоҳидем, ки устоди шаҳид ба як номае ба унвони Раҳмонов масъалаи бозгардонидан ва таъиноти устод Тураҷонзода ба идомаи сулҳ марбут дониста қатъан тақозо кард, ки мақом ва ҷойгоҳи ӯ муайян шавад. Дар ҳар сурат устод Тураҷонзода танҳо баъд аз ду моҳи имзо ва тавассути расонаҳои давлатӣ эълон шудани фармон дар бораи таъиноташ розӣ шуд, ки ба ватан бозгардад.

Вале, новобаста аз ин ҳама монеагузорӣ ва пешподиҳиҳо Комиссияи Оштии Миллӣ масъулият ва маъмурияти бар душаш гузоштаро иҷро мекард. Аммо замони пешбиникарда барои фаъолияти он-18 моҳ, камӣ кард ва азбаски Раҳмонов роҳ ва илоҷи дигар надошт, ногузир шуд замони фаъолияти онро тамдид кунад.

Нақши падари Худобиомурзам дар зеркомиссияи КОМ оид ба муҳоҷирон

Инро низ дар ин бахш мехоҳам изофа намоям, ки падари Худобиомурзам Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода узви зеркомиссияи муҳоҷирони КОМ буданд. Дар баргардонидани хонаҳои ғасбшуда аз тарафи боевикҳои Раҳмонов хоссатан дар Вилояти Хатлон ва шаҳри Қурғонтеппа садҳо хонаҳоро ба соҳибмулконашон баргардонида доданд. Аз ҷумла хонаи худи мо низ бо шартномаи хариду фурӯши ҷаълӣ ва сохтагӣ фурӯхта шуда буд. Шартномаи хариду фурӯшро чунон сохта буданд,ки ҳатто мо аслан гӯйё дар он хона зиндагонӣ накардаем ва соҳибмулк шахсе пеш аз мо соли 1972, ки падарам аз он немис хонаро харида буданд . Сохтакорони боевикҳои “Пешвои миллат” гӯйё аз он шахс харида бошанд. Бо овардани ин мисол гуфтаниям,ки чунин сохтакориҳо дар Вилоят хело зиёд буд,ки падарам бо ҳайате,ки аз ҳама мақомот дар он қарор доштанд чунин хонаҳоро дубора ба соҳибонашон баргардониданд. Ҳар рӯз кори ин зеркомиссия расидагӣ ба чунин моҷароҳо ва ҳолатҳо буд. Раиси ин комиссияи Муҳоҷирон Шукурҷон Зуҳуров буданд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонед аз эшон пурсед. КОМ дар комиссия ва зеркомиссияҳое дошт хело барои дубора барқарор намудани ҳолатҳои пас аз ҷангӣ, хадамоти зиёде анҷом дод,то ин сулҳ то ҷое дар он шабу рӯзҳо таҳаққуқ пайдо кунад. Комиссия муҳоҷирон яке аз сангинтарин бахшҳое буд,ки хело ҳолатҳои баҳсбарангез дида мешуд. Як пирамарде омад ва ман бо падарам будам ва вазъияташро чунин баён намуд . Ман аз Қабодиён ҳастам мо аз Афғонистон баргаштем ва хонаи маро боевикҳои  Командир Бобоҷон гирифтаанд ва шартномаи хариду фурӯшҳам дуруст кардаанд. Ба ман гуфтанд ин хонаро аз мо касе гирифта наметавонад. Падарам гуфт хонаатро ин шо Аллоҳ бозпас мегирем ва аслан ғам нахуред. Шоҳид будам дар ҳол ҳайате ташкил намуда рафтанд ва дар муддати панҷ рӯз хонаро ба соҳибаш пас гардонида доданд. Чун,ки муҳоҷироне бар мегаштанд аз Афғонистон аксарашон бо чунин ҳолатҳо гирифтор шуда буданд.

“Тибқи мувофақаи ҳосилшуда дастаҳои охирини неруҳои низомии ИНОТ  моҳи сентябри соли 1998, яъне баъди як соли фаъолияти КОМ дарДушанбе аз Афғонистон ба ватан баргаштанд. Ва, ҳамин тавр дар декабри ҳамон сол ИНОТ бо як изҳороте эълон кард, ки урдугоҳҳо ва марказҳои омодасозии дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буданд пароканда ва баста шуданд.”

Комиссиюни Оштии Миллӣ лоиҳаи қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ, Қонуни Асосӣ ва қонуни афвро омода кард. Протоколи низомӣ-яъне иҷрои раванди ҳамоиш ё реинтегратсияи неруҳои худ бо ҳукуматро ба анҷом расонд ва ноқису нопурра ҳам буд аз ҳисоби 30% бархурдор шуд. Фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ ба ҳама камбуду пешравӣ боис шуд, ки Тоҷикистон аз як кишвари дар ҳолати ҷанг ба шароити сулҳ баргардад. Вале, шева ва роҳи пешгирифтаи давлат гувоҳи он буд, ки намешавад гуфт Тоҷикистон ба масири демократия ва мардумсолорӣ қадам мезанад. Баъди интихоботи президентии соли 1999, ки Раҳмонов барои 7 соли баъдӣ зимоми қудратро ҳифз кард, вазорати хориҷии Амрико дар гузориши солонааш дар бораи риояти ҳуқуқи башар дар ин бора чунин навишт: «Тоҷикистон аз ҷониби низоми авторитарие идора мешавад, ки чанд сохтори ба ном демократиро таъсис додааст. Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо тудае аз зодагони минтақаи Кулоб ҳамоно дар ҳукумат бартарӣ доранд. Моҳи ноябр Раҳмонов дубора дар маъракаи интихоботи раиси ҷумҳур, ки бо нуқсонҳои ҷиддӣ сурат гирифта на озод ва на одилона буд, пируз гашт. Ҳукумат ба чанд қумандоне, ки неруҳои худро  қариб ба сифати лашкари шахсии худ истифода мебаранд, такя мекунад».

     “Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон, ки 11 сентябри соли 1997 ба кори худ дар Душанбе оғоз карда буд 31марти соли 2000 поён дод. Устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳангоми мунҳал эълон кардани кори КОМ аз зарурати таъсиси як ниҳоде шабеҳи он дар  дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ гушрас кард, аммо дигар Раҳмонов дар фикру андешаи тамоман дигар буд, дар ин фикр буд, ки устод Нурӣ ва тамоми тими ӯ ва ҳизби ӯро чи гуна аз байн бубарад ва интиқомашро амалӣ намояд.”

Поёни бахши шашум, идома дорад бо Ислоҳ бошед, то бештар аз аз ин қазияи муҳимми таърихӣ огоҳ гардед…

Бахши ҳафтуми ин силсила барномаҳо  “Хиёнатҳои Эмомалӣ Раҳмонов ба сулҳи тоҷикон” аст. Ин мақтаъи хело муҳимро тарк накунед!

 Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев,Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Share This Article