Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср

Ислоҳ нет

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон

(бахши нуҳум ва поёнӣ)

Хеле аз дӯстон, баъди мутолиа ва дидани бахшҳои вижаматолиби мо роҷеъ ба раванди дастёбӣ ба сулҳ хоҳиш карданд, ки дар бораи худи санади Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва дар бораи шароити имзои он ҳам як матлаби алоҳида бинависем. Ҳоло ин хоҳиши шуморо бо ба қадри имкон иҷро мекунем.

Санади Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар воқеъ дар таърихи давлатдории Тоҷикистони мустақил дорои аҳамияти хос аст ва Эмомалӣ Раҳмонов дуруст мегуяд, ки дар баробари Эъломияи истиқлоли давлатӣ боарзиш ва муқаддас аст. Мутаассифона, ин боз худи Раҳмонов буд, ки бо муносибат ва бархурди номардона ба он барои имрӯз онро камаҳамият ва камэътибор кард. Чунки инҷо нақшу саҳми тарафи дигари сулҳро камранг кард, фақат худашро дид. Вале, ин муваққатӣ аст. Агар ба дасти Раҳмонов хурдтарин баҳонае буд бо Эъломияи истиқлолияти давлатӣ ҳам айни ин муносибатро мекард. Вале ин санад, хушбахтона ҳеҷ баҳона ва маҷоле намедиҳад, чун аслан ба Раҳмонов заррае рабт надорад. Баракс, Раҳмонов дар шумори тарафдорони барқарории СССР буд. Эъломияи истиқлолро онҳое таҳия ва қабул карданд, ки дар майдони зиди майдони Раҳмонов буданд, аз ҳамон аввал то ба охир. Нафаре аз ҳаводорони ин режим гуфт, ки ҷойи Қадриддин Аслонов ҳар касе ҳам буд, имзо мегузошт. Бале, бидуни тардид. Аммо имзои  Қадриддин Аслоновро аз болои он намешавад ҳазф кард. Вай сазовори эҳтиром аст. Вале вақте исми ӯ ба унвони муаллифи имзои Эъломия пеш меояд дар бадани ин сангакиёни СССР барқароркун мурғак медамад. Чунки онҳо муаллифи Эъломияро куштанд. Ҳамин куштори муаллифи Эъломия басанда аст ки инҳо ба ҷазову лаънати халқ гирифтор ва то абад русиёҳи таърих бошанд.

Ба як нукта таваҷҷуҳ кунед:

Нусратулло Махсум, Қадриддин Аслонов ва устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Аммо аз тарафи дигар Сангак, Ғаффор седой, Раҳмонов ва…

Онҳо кӣ буданд, инҳо киҳоянд, онҳо чи кор карданд, инҳо чи кор? Тафовут рушан аст. Магар не?

Хуб, аз мавзуъ дур наравему биоем ба сари матлаби худ- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Аввал дар бораи муҳтаво ва мақоми ҳуқуқӣ ва эътибори байналмилалии он, яке ду ҷумла бояд бигуем.

Сергей Лавров, он замон намояндаи доимии Русия дар Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид, кишваре, ки мизбонии маросими имзои ин Созишномаро бар уҳда дошт бо ирсоли як нома ба унвони Дабири кулли СММ дархост карда, ки асноди ин Созишнома дар феҳристи асноди Созмони милал сабт шавад.

 Вай дар ин нома менависад:

  «Ман ифтихори онро дорам, ки матни Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва асноди марбут ба онро ба шумо ирсол дорам».

Ҷаноби Лавров ин номаро якуми июл, дуруст се рӯзи пас аз имзои Созишнома ба унвони Дабири кулл мефиристад, то мақоми байналмилалии он таъйид бишавад. Ва, дар охир меафзояд:

«сипосгузорам,ки ин нома ва асноди замима шуда ба онро дар ихтиёр дошта бошед ва тибқи банди 20 (б) Оинномаи Маҷмаи умумии СММ паҳн намоед».

Ба ин тартиб, ҷудо аз онки намояндаи хоси Дабири кулли СММ ҳамаи аснодро ба Шӯрои амният интиқол медод, Сергей Лавров, ба унвони намояндаи кишвари мизбон масъулияти мадор ва эътибори ҳуқуқӣ ва байналмилаӣ пайдо кардани Созишномаи сулҳро иҷро мекунад. Сергей Лавров, намояндаи доимии Федератсиони Русия дар СММ дар номааш феҳристи протоколҳоеро ҳам замима мекунад, ки дар ҷараёни музокироту машварату мулоқотҳои ҷонибҳо ба имзо расидаанд.

Ҳоло биоем бар сари онки ин Созишнома чи муҳтавоеро фаро мегирад? Ин Созишнома бо ин ҷумла оғоз мешавад:

  « Бо мақсади дарёфти сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва барҳам  додани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз 5 апрели соли 1994 сар карда то ҳамин рӯз зери сарпарастии СММ Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ давом кард.

Ҳангоми ҳашт даври ин музокирот байни ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ), ки минбаъд «тарафайн» номида мешаванд, шаш мулоқоти Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ, ҳамчунин се  машварати Тарафайн, ки дар Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод,  Кобул, Машҳад (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Москва, Теҳрон ва Хусдеҳ (Афғонистон) баргузор шуданд, протоколҳо ва дигар санадҳое, ки дар маҷмуъ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (Созишномаи умумӣ)-ро ба миён меоранд, мувофиқа ва имзо шуданд».

Дар Созишнома таъкид мешавад, ки Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ мувофақа ҳосил карданд, ки дар амри иҷрои тамоми тавофуқоти ҳосилшуда ҳамроҳ заҳмат мекашанд, «барои инкишофи демократии ҷомеа», «гузаронидани интихоботи озод ва барқарор кардани иқтисоди кишвар» шароит фароҳам месозанд.

“Дар охир ин ду роҳбари тарафҳо тааҳҳуд супориданд, ки тибқи моддаи 102 Оинномаи СММ Созишномаи умумиро дар Котиботи СММ ба қайд бигиранд ва дар зери Созишнома Эмомалӣ Раҳмонов, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Герд Дитрих Меррем намояндаи хоси Дабири кулли СММ имзо гузоштаанд ва таърихи рӯз: 27 июни соли 1997 ва макони имзои он-ш.Маскав сабт шудааст.”

Дар бастаи асноди ирсол кардаи намояндаи доимии Русия ба Маҷмаи умумии Шӯрои амнияти СММ «Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик С.А.Нурӣ,ки дар шоҳидии намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ Г. Д. Меррем, вазири корҳои хориҷии Федератсиони Русия Е.М.Примаков ва вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон А.А.Вилоятӣ ба имзо расонидаанд, ҳамроҳ карда шудааст».

Як санади дигар дар ин баста «Изҳороти Маскав» ном дорад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик С.А.Нурӣ қабул шуда аз қатъи ҷанг ва оғози давраи осоишта ва дар ин амр мусоидат ва кумаки СММ, САҲА, Созмони конфаронси исломӣ, кишварҳои нозири музокирот тақдир карда шудааст. Дар зери ин изҳорот ҳам якҷо бо имзои роҳбари ҳарду тараф имзои намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ҳам гузошта шудааст ва ниҳоят дар шумори ин аснод Санади ҳамдигарбахшӣ бо имзои Раҳмонов ва устод Нурӣ замима шудааст.

Хулласи калом. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ин эълону таъйиди хатми ҷанг, оштии тарафҳо ва таъмини амнияту барқарорсозии баъдиҷангии кишвар аст.

Аммо, оё ин санад, ҳамин тавр осону роҳат ва бидуни баҳсу баррасӣ қабул шудааст? Барои онки манзара рушантар пеши назар оварда шавад аз «Сулҳнома»-китоби Иброҳим Усмонов, аз шоҳидони ин маросим як иқтибос меоварам:

«Ҳайати ҳукумат ба гуфтушунид 23 июн ба раҳбарии Талбак Назаров омад ва рӯзи 26 июн президент ба Маскав расид. То ин вақт ҳайатҳои музокирот борҳо бо ҳам вохурда тарҳи Созишномаи умумиро омода намуданд. Ҳуҷҷат ба имзо тайёр буд. Аммо рӯзи 25июн дар суҳбати байни Меррем ва Нурӣ роҳбари оппозитсия ду шарт гузошт, яке дар мавриди тақсими вазифаҳо ва дигаре дар бораи Кофарниҳон ва таъкид кард, ки то ҳал шудани ин масъалаҳо тарафи оппозитсия ба имзои Созишнома ҳозир нестанд. Албатта вазъияти ногувори намояндагони СММ-ро дарк кардан лозим буд: барои иштирок дар маросими имзои Созишнома, муовини муншии умумии СММ, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои кафил омадаанд ва оппозитсия рӯзе пеш аз расми хотимавӣ чунин шарт мегузорад.

Президент Э.Ш.Раҳмонов низ аз лаҳзаи омаданаш ба Москав ба ин мавзуъ мувоҷеҳ  ва машғул шуд. Рӯзи 27 июн мувофиқи тақозои мухолифин соати 10, ду соат қабл аз маросими таъиншудаи имзои Созишномаи умумӣ президент бо С.Нурӣ ва Ҳ.Тураҷонзода во хӯрд. Онҳо дар суханонашон исрор карданд ва Тураҷонзода эълон намуд, ки агар шарт қабул нашавад, ба имзои Созишнома намераванд. Президент, ки дар ҳолати ноҳинҷор монда буд, маҷбур шуд, дар ҳузури Меррем, Примаков ва Вилоятӣ ваъда диҳад, ки ба яке аз вазоратҳои қудратӣ намояндаи мухолифинро вазир таъйин мекунад».

Ва, низ ба як Протоколи иловагӣ, ки тааҳҳуд медод чанде аз размандаҳои оппозитсион, ки дар Кофарниҳон дастгир шуда буданд, озод хоҳанд шуд, Раҳмонов ва устод Нурӣ имзо гузоштанд.

Ҳоло як иқтибоси дигареро барои боз ҳам рушантар шудан аз мусоҳибаи Рамазон Мирзоев, сафири вақти Тоҷикистон дар Русия меоварем:

“Ҷаноби президент ҳам буданд. Он кас аз тарафи мухолиф ва ҳам аз давлатҳои нозир хоҳиши онро мекарданд, ки бояд дар ин ҷо ба як хулосае оем. То ки субҳ дар Кремл бо иштироки Борис Елтсин, раисиҷумҳури Русия, ин қарордод имзо шавад. Чун ба натиҷа расида натавонистем, маслиҳат шуд, ки субҳ соати шашуними бомдод дар дафтари ҷаноби Примаков бояд ҳарду тараф ҷамъ шаванд. Зеро соати имзошавии қарордод дар Кремл таъйин шудааст. Соати шашуним 7-и субҳ дар дафтари Евгениий Максимович Пирмаков-вазири умури хориҷии Русия гуфтшуниди тарафҳо бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари ИНОТ ва бо ширкати Примаков ва Борис Пастухов — муовини ӯ шурӯъ шуд. Ин ҷо бояд як нуктаро ишора намоям, ки дар баъзе аз марҳилаҳои гуфтушунид мо низ иштирок карда наметавонистем. Танҳо ҳайати ду тараф ва намояндаи СММ ва кишварҳои нозир ширкат мекарданд. Хуллас гуфтугузору гуфтугузору гуфтугузор, ҳеҷ не, ки мухолифин сар фароранд. Як лаҳзааш ҳеҷ аз хотирам намеравад. Примаков дасти Сайид Абдуллоҳи Нуриро гирифта ба як кунҷ бурда кадом нуктаеро фаҳмонд. Пас аз он дар онҷо нишаста лоиҳаи қарордодро омода карданд, ҳарду тараф ризоият доданд ва соати 10 санади Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.”

Аммо асли воқеа чи буд?

Шартҳое, ки устоди равоншод Нурӣ пеш мегузоранд, яке вогузории яке аз вазоратхонаҳои қудратӣ ва дуввум раҳоии бидуни қайду шарти размандаҳои Артиши ИНОТ  дар Кофарниҳон, ки мақомоти милиса дастгир карда буданд. Устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода бисёр ҳам сахт пофишорӣ мекунад, ки то рушан шудани ин ду шарт аслан Созишнома имзо намешавад. Е,Примаков, вазири хориҷӣ, мизбон ва масъули асосии имзои Созишнома то соати ду-се шаб устодон Нурӣ ва Тураҷонзодаро ба гап ғалтонданӣ мешавад. Ҳатто ба устод Тураҷонзода мегуяд, ки «Шуморо Русия кадри ояндадор мешуморад, ояндаи худро насузонед, Шумо дар Русия қарор доред» ва аз ин даст гуфтугузорҳо. Ба устод Нурӣ ҳам «обруи худро, обруи Русияро эҳтиром кунед, ба бозӣ нагиред» гуфта аз ҳар зовия медарояд, албатта ҳам бо таҳдид ва ҳам бо илтимос. Ниҳоят устод Тураҷонзода ба ӯ мегуяд:

«мо фардо дар айни имзои ин санад мегуем, ки бо айби Русия ва шахсан вазири хориҷии он санад ниҳоӣ нашуд, чун масоил ҳал нашуд ва ба ҷаноби Елтсин ҳам мегуем, ки шуморо маълумоти носаҳеҳ додаанд».

Баъд аз ин Примаков меравад ва Раҳмоновро мегуяд, ки илоҷи дигар надорӣ. Ҳам он размандаҳоро раҳо мекунӣ ва ҳам яке аз вазоратҳои қудратиро ба онҳо вогузор мекунӣ! Ва Ҳамин тавр ҳам шуд. Раҳмонов вазорати дифоъро дод ва дар мавриди раҳоии он размандаҳо то инки Созишнома ба имзо бирасад як Протоколи алоҳида имзо кард.

Ба ин тартиб дар маросими имзои Созишномаи умумӣ, Борис Елтсин, Эмомалӣ Раҳмонов, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини Дабири кулли СММ суханронӣ мекунанд.

Шояд яке аз пурсишҳо ин бошад, ки баъди имзои санад ва дастфишориҳо бо Елтсин ҳамчунин ҳама аз ҷумла роҳбарони ИНОТ-домуллоҳо ҳам дар дастҳо қадаҳ доштанд.

Рамазон Мирзоев, сафири Тоҷикистон дар Русия дар ҳамон суҳбаташ дар ин бора чунин мегуяд: «То омадани меҳмонҳо, рости гап, болои миз машрубот гузошта будем. Вақте ҳама ҷамъ шуданд, аз ҷумла оқои Нурӣ ва оқои Тӯраҷонзода аз сари миз нӯшокиҳои спиртиро гирифтем. Мо аз рӯи эҳтирому ҳурмати он тараф ҳама нӯшокиҳои спиртиро аз миз гирифтем ва як мизи тоҷикӣ шуд бо чою бо қаҳваву ҳар гуна нӯшобаҳо. Аммо барои бародарони рус ва дигарҳое, ки майл доштанд, хонаи алоҳида дуруст карда будем. Хуллас, коре кардем, ки шароит барои ҳама мувофиқ бошад ва ягон кас ягон мушкилот ҳис накунад».

Аммо, на танҳо дар ин ҳолат, дар тамоми давраҳои музокироту машварату мулоқотҳо дар Маскав кишвари мизбон  барои  ҳайати ҷониби оппозитсион-шароити зисту ғизо барои мусалмонҳоро фароҳам мекард ва сатҳи истиқболу гусели онҳо низ баробар бо роҳбарони давлатҳо буд.

Хабарнигори тоҷик, Соҷидаи Мирзо, ки барои бахши тоҷики радиои «Озодӣ» кор мекард ва дар маросими имзои Созишнома ҳузур дошт баъдҳо дар як суҳбаташ бо ин  расона аз он давра чунин ёдоварӣ мекунад:

«Фазо хеле ҳаяҷонӣ буд. Ҳама якдигарро табрик мекард ва чашмонашон пуроб буд. Ҳама шукр мегуфт ва ман фикр мекардам, ҳамин ҳоло мардум аз ин ҷо баромада ба ватан мерванад ва ватани наве месозанд. Ин баъд шуд, ки ба Душанбе баргаштем ва дидем, чӣ қадар ҷангу нооромӣ дар пеш будааст ва чӣ қадар нафарони оппозитсия кушта шуданд. Аммо он лаҳза ҳама ҳаяҷонӣ ва хушбахт буданд».

 Рамазон Мирзоев сафири вақти Тоҷикистон дар Маскав ҳам мегуяд, ки баъди имзои Созишнома оши оштии аввалин дар сафорат баргузор шуд. «Ҳарду тараф соатҳои 12 дар бинои сафорат ҳозир шуданд. Мисле, ки ҳама ба хонаи худаш омад. Рӯҳия ва чеҳраҳои ҳарду тараф тамоман дигар шуда буд. Зеро ҳарду тараф ба мақсади худ, ба мақсади деринаи миллати худ расида буданд.»

Иброҳим Усмонов менависад, ки баъди се рӯзи имзои Созишномаи сулҳ Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 30 июни соли 1997ҷиҳати «шукргузорӣ» ба зиёрати хонаи худо меравад.

Ва нахустин ҷаласаи Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон ниҳоди муштараки ҳукумат ва оппозитсион таҳти раёсати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-меъмори асосии сулҳ рӯзи7июл баъди даҳ рузи имзои Созишнома дар Маскав баргузор мешавад.

Бале хонандаи гиромӣ ин ҳама ҳолатҳои аҷиби таърихи «имзои ин созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» буд. Ҳама талошҳо барои расидан ба сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар, ки ин ҳамаро як шахс ба номи худ ва ба нафъи оилаи худ сабт карда ва тарафи дигарро комилан ҳеҷ кора ва террористу экстримист мехонад. Аммо бо итминони комил мегуям бо ин шево дур нахоҳад рафт. Чуноне ин шабу рӯзҳо мизбони хоҷаи калонаш дар Душанбе ҳаст. Бо итминони комил мегуям: “туро дигар ҳеҷ касе аз ин вартаи сангин наҷот дода наметавонад”  Ҳатман Раҳмонов бо ин тарфанду ғирому ҳелаву хиёнати кардааш ҷавоб хоҳад гуфт. Фардо барои шахси мунтазири он хело наздик аст. Ҳама интизори он рӯзи бузурганд. Номи ӯ дар торихи ин миллат бо хати калон «ХОИН»  сабт хоҳад шуд.

Умедворем аз ин матолиби мо баҳра бардоштеду он рӯзгоронро ба ёдатон овардем ва барои насли ҷавони,то 35 сола хело аз пӯшидаҳоро ошкор намудем. 

Share This Article