Султон Қувватов: “Барои вазифа шуда намехоҳам, ки касеро қурбон созам”

Ислоҳ нет

Яке аз хиёнатҳое, ки Эмомалӣ Раҳмонов барои мардум ва халқи Кӯлобшаҳр кард, шахсиятҳои матраҳ ва муътабари онро аз саҳнаи сиёсат берун андохт. Дар ҷанги граждании хонумонсӯз аз ҳар як оилаи Кӯлобшаҳр ба камаш як нафар талаф  ёфта буд. Мардуми Кӯлоб аз Сангак Сафаров гирифта то як муборизи одӣ  бо қимати ҷонашон барои Эмомалӣ Раҳмонов ҷангу хунрезӣ ва ҷонфидоӣ кардааст. Агар мардуми Кулобшаҳр ба по намехест ва ба майдон намеомад дар қади сад сол Эмомалӣ Раҳмонов ба ин мансаб намерасид. Аммо ҳоло бачаву домоди Сангак Сафаров дар маҳбас ва зану духтари Сангак дастнигару хору зори режими Раҳмонов!

Мегӯянд, ки дар вақташ Миралӣ Маҳмадалӣ, раиси колхози Ленини ноҳияи Восеъ ба Эмомалӣ Раҳмонов васият кардааст, ки агар бихоҳӣ дар раисиат проблема надошта бошӣ, халқро камбағал нигоҳ дор. Миралӣ Маҳмадалӣ бар он назар будааст, ки агар халқ сер бошад ҳатман гӯш намекунад ва бояд ҳама корро кард, то мардум аз ҳаққи худ ҳимоя накунад. Аз чи бошад, ки чеҳраҳои намоёни мамлакат аз қабили Қувватов Султон, Қурбон Чолов, Суҳроб Қосимов, Мирзо Зиёев ва даҳҳои дигар  дар байни 2-3 сол пайи ҳам мурданд ё кушта шудаанд. Бовари комил дорем, ки дар дасти журналистону таҳқиқгарон оид ба ин масъала ҳамаи маводҳои зарурӣ маҳфуз аст ва рӯзе ошкор хоҳанд шуд.

Ҳолати оилавии Қувват Султон: 

Қувват Султон се додар дорад: Давлат , Раҳматулло (вафот кард)  Рузимат додари сеюмаш мебошад.

Хоҳаронаш Назокат ( вафот кардааст) хоҳари дуввумаш Саломат ном дорад.
Ду хоҳарбузург яъне  апа аз падараш дорад. Мамлакат ва Сайидмоҳ ҳарду дар қайди ҳаёт нестанд.

Қувват Султон ду ҳамсар доштанд:

Ҳамсари аввалаш Мукаррама аз ӯ чор духтар дорад .

Ҳамсари дуввумаш Замира аз ӯ ду писар дорад, писари калонаш Ҳалим ном дошта аст..

Диктатори аср ва бархурди ӯ бо дигарандешон: 

Инро ҳама медонад,ки проблема ва кризиси асосии Тоҷикистон оилаи Раҳмонов аст, ки тамоми иқтисодиёти кишварро фуру бурда, монанди кана хуни иқтисоди мамлакат ва шаҳрвандонро макида истодааст.

Феълан дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва калидии вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар муассисаву ташкилотҳои асосӣ  ягон кадри зодаи шаҳри Кӯлоб фаъолият надорад.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки Эмомалӣ Раҳмонов ҳангоми сафарҳояш дар  ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат қариб аз минбари баланд эълон менамояд, ки сулҳу ваҳдат бо саъю кушишҳои мардуми ин сарзамин ба даст омадааст. Аз ҷумла, вақти баромадаш дар наврузгоҳи “Гулбоғ”-и шаҳри Кӯлоб ин суханҳоро ба мардум иброз намуд. Шахсе, ки оддитарин савод дорад, аз ин суханҳо ба хулоса меояд, ки ин як бозии беақлона ва як намоиши бесаводии ӯ дар баробари мардум беш нест. Чи зарурат дорад, ки дар ҳар минтақае, ки рафт ин суханҳоро бигӯяд.

“Ин тарзи ҷашнгирии рузи Ваҳдати миллӣ чи маъно дорад? Рости гап инҳо чунин вонамуд мекунанд, ки агар шоҳиди он ҳодисаҳои солҳои 90-ум намебудем, ба хаёламон меомад, ки гуё Эмомалӣ Раҳмонов бо як артиши аз дигар сайёра омада ҷангида бошад. Чи зарурат дорад ҷашн гирифтани рузи Ваҳдати миллӣ? Ягон зарурати ҷашн гирифтани ин рӯзро рости гап намебинем. Ин ҷашнгирии рӯзи анҷоми он шармандагиҳое, ки мардуми Тоҷик бо ёрии хориҷиён карда буд. Ин як хатои таърихӣ аст. Ҷанги бародаркуш набояд ҷашн гирифта шавад!”

Ҳаминро гуфтанием, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз ва бидуни маъно бисёре аз сарсупурдагони ин марзу бум заҳматҳо кашида, дар ин раванд шумори хеле зиёде аз онҳо куштаю беному нишон гардидаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои дорои иззату эҳтироми мардуми минтақа Қувватов Султон буд, ки дар он замони сахтӣ дар бари мардум буд ва ҳамаи он корҳое, ки барои беҳбудии халқ раво медонист анҷом медод.

Ба мисли Қувват Султон бисёр чеҳраҳои баруманд аз тамоми манотиқи мамлакат барои ин марзу бум хизмат кардаанд, вале мутаассифона ҳамаи ин хизматҳо аз ҷониби режим нодида гирифта шуда, бо ҳар тарзу усул хидматҳои онҳо ба суроғаи диктатор Эмомалӣ Раҳмонов равона мешаванд. Гуё ки Эмомалӣ Раҳмонов супермен асту ҳамаи корҳои хубро танҳо ӯ мекунаду халос!

“Марҳум Қувват Султон 27 марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, мактаби миёнаи №4- и шаҳри Кӯлоб ва соли 1974 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст. Аз соли 1974 то соли 1984 ба ҳайси корманди қаторӣ то ба расидан ба вазифаи сардори шуъбаи мубориза бо дуздии моликияти ҷамъиятӣ (ОБХСС)-и Вилояти Кӯлоб адои вазифа намудааст.”

Аз соли 1984 дар Шӯъбаи корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бо дуздии моликияти ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, ки соли 1991 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ВКД ҶТ тағйири ном кардааст кору фаъолият намуда, соли 1992 сардории ин Раёсатро ба ӯҳда дошт.

Аз моҳи майи соли 1995 то августи соли 1998 ба ҳайси Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бояд қайд намоем, ки соли 1995 мақомоти андоз аз сохтори Вазорати молия бароварда шуда, бо заҳмату талошҳои Қувватов Султон барои фаъолияти минбаъдаи мақсадноки он ҳамаи шароити зарурӣ андешида шудааст. Бо ташаббуси шодравон Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, ки феълан бо номи Донишгоҳи молия ва иқтисод фаъолият намуда истодааст,   ташкил гардида, ин донишгоҳро яке аз аввалинҳо шуда худи ӯ хатм намудааст.

“Ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки шодравон дорои чаҳор дипломи сурх буд, 3 –и онҳоро дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ соҳиб гардидааст. Ин ҳам бошад диломи сурхи Донишкадаи аграрии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС ва агар хато накунем дипломи сурхро дар ҷодаи иқтисодшиносӣ дар замони шуравӣ соҳиб шудааст,ки аз заковати баланди ӯ дарак медиҳад.”

Вале, “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номуҳтарам” Эмомалӣ Раҳмонов он илму донише, ки дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифтааст ин қадар ҷавлона мезанад ва худро профеввори сатҳи универсалӣ метарошад, дар сатҳи илму дониш баробари шодравон Қувват Султон ҳеҷ гоҳ набуд.

Дар баробари Раиси Кумитаи андоз будан низ вакили Маҷлиси Олӣ аз қитъаи 50-уми минтақаи интихоботии Қиблаӣ ҳам буд ва дар қабули қонунҳои ҳамонвақтаи кишвар саҳми босазо гузоштааст. Ҳаминро бояд қайд намоем, ки дар он замон Парламенти кишвар, ки дар замони ҷанг фаъолият менамуд фазои ба маротиб озод дошт ва вакилон барои қабули қонун бисёр баҳсу мунозираҳо мекарданд.

Дар давраи роҳбарии Қувват Султон дар Кумитаи андоз барои ба по хестани ниҳоди номбурда аз тамоми манотиқи кишвар новобаста аз дину нажоду ҳайсият ва маҳалли таваллуд мутахассисони арзанда ба кор қабул карда мешуд, на ин ки мисли Нусратулло Давлат ҳамаи ҷойҳои калидӣ ва даромадноки он ба хешовандони наздик ва дигар ҷойҳои корӣ ба дигар шиносу шиносбачаҳояш фурӯхта мешавад. Баъди ба ин ниҳод омадани ин кали зирак қариб ҳамаи он кадрҳое, ки дар замони шодравон қабул гардида буданд аз кор озод ва ба ҷои онҳо чи хеле ки гуфтем хешу табораш ва дигар ашхос бо додани пора ба кор қабул шуданд. Инро ҳам бояд зикр намоем, ки дар замони роҳбарии ӯ дар Кумитаи андоз ягон хешу табораш кор намекард. Ин принсипи корӣ дар ӯ дида мешуд.

Марҳум дар баробари корӣ давлатӣ ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи  махсус зоҳир менамуд ва пайваста аз сатҳи донишу малакаи онҳо хабардор мешуд.

Як чизи муҳими дигаре, ки бояд мардуми Кӯлоб дар ёд дошта бошанд, ин аст, ки 10 майи соли 2010 ҳангоми омадани сел дар сойи Тебалай боиси хисороти ҷонию молии мардум гардид. Дар ин ҳодиса мардуми зиёд ба шаҳодат расид, вале дар маълумотҳои расмӣ танҳо нашр намуданд, ки рӯйхати мурдагон 24 нафар ва гумшудаҳо 30 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин ҳодиса зиёда аз 150 нафар ҷони худро аз даст дода буданд. Бояд зикр намоем, ки солҳои қаблӣ барои тоза кардани ин сой шодравон Қувват Султон аз ҳисоби худаш трактор кироя карда маҷрои ин сангобро тоза мекард, ки ин ваколати ӯ набуд ин ваколати мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Бояд ёдовар шавем, ки хонаи падари Қувват Султон дар ин маҳалла ҷойгир аст ва тибқи мерос ин хона ба ӯ гузашта буд. Ҳангоми ба вуқуъ омадани ин офати табиӣ марҳум дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Баъди вайрон шудани хонаҳои истиқоматии сокинони ин маҳалла Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои вазорату идораҳо ва соҳибкорон бо роҳҳои маҷбурисозӣ ба оилаҳои офатзадаи минтақаи Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ сохта дод. Манзиле,ки дар он Қувват Султон иқомат мекард маҷрои асосии сели омада ин аз ҳамин ҳавлӣ гузашта буд ва хисороти ҷиддиеро ҳам дар пай дошт. Вале, аз гирифтани хонаҳои тақдимнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намуд.  Дар он ҳодиса як хоҳарарусаш ҳам ҳалок шуда буд.

Дар солҳои гуруснагӣ, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада буд аз ҷониби шодравон барои мардуми ниёзманди шаҳри Кӯлоб кумакҳои моллӣ карда мешуд. Барои сер кардани шиками мардуми гурусна мутобиқи тавонмандияш маҳсулотҳои ниёзи аввалия аз қабили орд, равған ва дигар маҳсулоти хурока ба мардум тақсим карда мешуд. Махсусан, барои сокинони маҳаллаи “Чармгарон”-и шаҳри Кӯлоб ин кӯмакҳо бештар карда мешуд.

” Сабаби соли 1998 аз кор сабукдуш кардани Қувватов Султон дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар пайдо гардидани камбудию нуқсон дар фаъолияти ӯ маънидод мегардад. Вале ин камбудию нуқсон дар ҳеҷ як гузориш ё дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ қайд нагардидааст.”

Чи тавре ки ёд доред соли 1996 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ашхоси ба мо номуайян суиқасд ба ҷони Президент сурат гирифт, ки дар ин ҳодиса танҳо як “осколька” ба пойи Эмомалӣ Раҳмонов бархурда, чанд нафари дигар кушта шуд. Дар ин фоҷиа низ дигар чеҳраҳои шинохтаи кишвар захмдор гардида буданд, вале дар ҳеҷ ҷое номи онҳо гирифта намешавад. Танҳо номи Эмомалӣ Раҳмонов ситоиш мешавад, ки ӯ нигоҳ накарда ба ҷароҳати бардоштааш маҷлиси ба нақша гирифта шударо гузаронид. Ҳатто ин ҳодисаро васоити ахбори омма тавсиф менамояд, ки гӯё Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷонаш гузашта ин миллатро сарҷамъ намуд. Агар танҳо ӯ миллатро сарҷамъ намуда бошад, пас дигар чеҳраҳои шинохтаи миллат аз қабили Қувват Султон, Ёқуб Салимов, Қосим Роҳбар ва дигарон, ки дар ин фоҷеа захмӣ гардиданд ва ҳатто Ёқуб Салимов бо бадани худ Эмомалӣ Раҳмоновро ҳифз кард ва худ ҷароҳати бисёр бардошт. Ёдовар мешавем, ки шодравон Қувват Султон дар ин ҳодиса ҷароҳати вазнин бардошта дар бемористон бистарӣ гардида буд.

Мехоҳем халқи шарифи Тоҷикистон сабаби асосии номардона барканор намудани Қувват Султонро аз вазифаи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки боиси мухолиф гардидани ӯ ба ин режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмонов гардидааст, огоҳ намоем. Сабаби асосии он – ин фоҷиаи нобаҳангоми шаҳри Хуҷанд мебошад. Бо сипарӣ гардидани вақти муайян ва пас аз бемористон баромадани шодравон, Эмомалӣ Раҳмонов ӯро ба наздаш даъват намуда, супориш медиҳад, ки таҳқиқи ин парвандаи суиқасд ба ҷони Президентро ба ӯҳда гирад, зеро Қувват Султон умри худро дар таҳқиқи парвандаҳои муҳим сарф намуда, яке аз беҳтарин корманди оперативии умури дохилии замони шуравӣ маҳсуб меёфт. Марҳум пеш аз ин парвандаро ба дӯш гирифтан иброз менамояд, ки “ман ин корро анҷом медиҳам, вале пешакӣ мегуям, ки дар ин кор на ҳама онҳое,ки гумонбар эълон шудаанд,шарик ҳастанд.”

Ин гуфтаи ӯ боис гардид, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар симои Қувват Султон як шахсияти ба худ душманро бинад ва тамоми нақшаҳои бадро бо амниятиҳои худ амалӣ намуд ва дар ниҳояти кор тавонистанд, ки ӯро ба шаҳодат расонанд.

Шоҳидони ҳодисаи аз кор сабукдӯш намудани Қувват Султон нақл мекунанд, ки ҳангоми қироати ин фармон дар толори ҷаласа муноқиша байни марҳум Қувват Султон ва Эмомалӣ Раҳмонов ба амал омад. Дар ин муноқиша Эмомалӣ Раҳмонов  якчанд мушти обдор аз Қувват Султон хурда аз пой  афтода аст.

Эмомалӣ Раҳмонов як фарди бисёр кинагиру интиқомгир аст ва ҳамаи рафторҳои номардонаро барои интиқоми даҳкарата раво медонад.

Омили мазкур боиси дар саҳнаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадам гузоштани мухолифи нав дар чеҳраи Қувват Султон гардид, ки дар ин набарди ноодилона Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳамаи фишангҳои қонунию ғайриқонунӣ истифода намуд, ҳамаи имкониятҳоро барои сарнагун кардани марҳум истифода намуда буд.

Марҳум Қувват Султон ба  рақиби Эмомалӣ Раҳмонов табдил шуд ва шудан дар интихоботи соли 1999 бо дастгирии мухолифини муттаҳидаи Тоҷикистон номзадии ӯро пешниҳод карданӣ шуданд. Барои бо роҳҳои демократӣ иштирок намудан дар интихоботи президентии соли 1999 Қувват Султон ҳамаи кушишҳоро ба харҷ дод, вале номарди замона кори худро кард.

” Бояд зикр кард, ки шодравон имконият дошт, ки  зуран бо дастгирии мардум ва қумандонҳои Фронти халқӣ, ки аксарият аз минтақаи Кӯлоб буданд Эмомалӣ Раҳмоновро сарнагун созад, аммо хиради инсонии ӯ инро нагузошт. Он замон аз ҷониби аҳолии шаҳри Кӯлоб ва шахсони баруманди ин шаҳр пешниҳодҳо ҳам буданд, то ин золимро зуран сарнагун созанд вале марҳум пайваста қайд мекард, ки ин вазифа лоиқи рехтани хуни ноҳақ нест. Барои вазифа шуда намехоҳам, ки касеро қурбон созам.”

Дар идомаи мубориза моҳи феврали соли 2000 ба рӯхати якуми панҷгонаи Ҳизби адолат барои иштирок дар интихоботи парламентӣ шомил гардида, дар интихоботи мазкур иштирок намуд, вале Эмомалӣ Раҳмонов ва шайкаи чоплусонаш ҳамаи корҳои номардонаро ба сомон расониданд, ки дар он пирӯз нашавад.

Соли 2001 Ҳизби “Тараққиёт”-ро таъсис медиҳад ва барои ба қайди давлатӣ гирифтани он ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Дар ин самт ҳам ба муқобилият рӯ ба рӯ омада ҳизби таъсис додаашро наметавонад ба қайди давлатӣ гирад.

Бояд ёдовар шавем, ки сарнавишти собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Сайид низ айнан ба ҳамин шакл сурат гирифта, Эмомалӣ Раҳмонов тавонист, ки ӯро бо туҳматҳои сохта ба муҳлати тӯлонӣ барои ташкили ҳизби “Тоҷикистони нав” равонаи зиндон намояд.

Дар давраи пеш аз интихоботии парламентӣ ҳизби “Тараққиёт” бо сарварии Қувват Султон барои аз қайди давлатӣ гузаронидани ҳизб кушишҳои зиёд ба харҷ дод, ки дар натиҷаи аз ҷониби мақомоти Эмомалӣ Раҳмонов   муовини раиси ҳизб Рустам Файзиев ба маҳкама кашида шуда, ӯро бо ҷурми “таҳқири оммавӣ ва буҳтон нисбати президент”, инчунин барои “барангехтани кинаву адовати қавмӣ, нажодӣ ва динӣ” ба муҳлати 6 солу 10 моҳ равонаи зиндон намуданд.

        ” Сабаби асосии равонаи зиндон гардидани Рустам Файзиев дар он буд, ки номбурда бо Шодихон Кенҷаев ва ду узви дигари қатории ҳизб Зафар Турдиев ва Маҳмадшоҳ Қувватов барои ба қайди давлатӣ нагирифтани оинномаи ҳизби “Тараққиёт”, ки давоми 3 сол бақайдгирии он бо ҳар баҳона аз ҷониби Вазорати адлия ба таъхир гузошта мешуд, давоми як ҳафта гуруснанишинии сиёсӣ эълон карда,  матни номаи кушодро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, Прокурори генералӣ ва вазири адлия, инчунин ба намояндагиҳои СММ ва САҲА дар ҷумҳурӣ нашр намуда буданд.”

Омили мазкур боиси бо қиммати ҷонаш пардохт намудани ин иқдоми ҳизб гардида, баъди 6 моҳи адои ҷазои ҷиноятии ба сараш боркадаи мақомоти Раҳмонов дар маҳбас бо сабабҳои номуайян вафот кунад.

Баъди ин ҳама репрессияҳо Қувват Султон эълон намуда буд, ки то дами охир барои бо роҳҳои қонунӣ расидан ба ҳадафи гузошта шуда ҳамаи имкониятҳоро сафарбар хоҳад кард ва ҳукуматдорон аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмоновро ҳушдор дод, ки дар сурати аз яроқ истифода намудани мақомот нисбати тарафдоронаш ҷавоби дахлдор хоҳад дод. Чи хеле ки қайд намуда будем барои ин кор ҳама имкониятҳоро дошт, вале аз гуру қиёматаш андеша мекард ва мегуфт барои вазифа хуни ноҳақ набояд резад.

Ин ҳама талошҳои Қувват Султон дар роҳи ба таври демократӣ расидан ба ҳокимият ва ташкил намудани ҳукумате, ки барои халқ хизмат кунад, Эмомалӣ Раҳмоновро ҷиддан тарсон кард ва фишорҳоро болои Қувват Султон зиёд намуд. Аз он замон ба баъд ҳар чорабиниҳои сиёсӣ ё вазъиятҳои ноороми сиёсӣ ё дастгиркунии чеҳраҳои сиёсии мамлакат, аз ҷумла дастгиркунии Ғаффор Мирзоев ва дигарон, амалӣ мешуд, кормандони Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон ба хонаи ӯ рафта ӯро маҳбуси хонагӣ ё домашний арест мекарданд, то қадами ноҷое нагузорад. Агар дар кору фаъолияти Қувват Султон ягон хатоии ҷиддӣ ёфта метавонистанд, ҳатман уро ҳам паси панҷара менамуданд. Вале, наёфтанду буҳтонҳои бофтаро барои таҳқири Президент ба гарданаш бор карданд. Ҳол он ки тибқи Конститутсияи мамлакат ҳар як шахс ҳуқуқи озодона иброз намудани ақидаи худро дорад.

Ҳаминро бояд қайд намоем, ки Қувват Султон ва тимаш барои ба қайди давлатӣ нагирифтани ҳизби сиёсии таъсиснамудаашон ва репрессия болои аъзоёнаш лоиҳаи мактуби муроҷиатӣ ба унвонии Суди Гаагаро омода намуда, барои тарҷума ба забони англисӣ ва немисӣ пешниҳод намуда буданд. Онҳо интизор буданд, ки ҳамаи расмиёти дохилиро гузаранд ва ба ин хотир ба тамоми мақомоти дахлдори кишвар аризаи даъвои оид ба нақзи ҳуқуқи ҳизб дар доираи талаботи қонунгузории дар боло зикр намуда пешниҳод намуда, дар охирин марҳила омодагӣ барои Суди Гаагаро медиданд. Вале, мутаассифона Раҳмонов монеъи он гашт.

Баъди ин ҳама ҳаводиси гузашта Қувват Султон маҷбур шуд, ки барои пешбарии номзадии ҳизб ба интихоботи дар пешистода дар ҳайати якҷоя бо ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон номзадии намояндагонашро аз ҳизби “Тараққиёт” пешбарӣ намояд. Вале мақомоти Раҳмонов фишори асосиро низ болои ҳизби сотсиал-демократ пурзур намуда, мактубҳои дахлдор аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прократураи генералӣ барои рад кардан ва нагузоштани ҳамроҳшавии ҳизби “Тараққиёт” бо ҳизби сотсиал-демократ бинобар сабаби нисбати Қувват Султон боз гардидани делои ҷиноятӣ ба унвони роҳбари ҳизби сотсиал-демократ ирсол гардид, ки охирин кушиш ба ҳисоб мерафт.

Баъди ин ҳама ҷаҳду талошҳо, ки дар натиҷаи онҳо чандин шикасту рехтро марҳум Қувватов Султон аз сар гузаронид, ӯ аз саҳнаи сиёии мамлакат дур шуда, ба соҳибкорӣ машғул гардид. Зеро медонист, ки дар акси ҳол Эмомалӣ Раҳмонов ҳатто қодир бар он буд, ки барои дар даст нигоҳ доштани қудрати ғайри қонунияш ба ҳамаи кор даст занад. Бояд ёдовар шавем, ки дар давоми ин ҳама талошҳои қонунӣ ба ҷони ӯ чанд маротиба суиқасд анҷом шуда буд. Асосан ин суиқасдҳо аз ҷониби размандагони қумандон Суҳроб Қосимов, ки дастгоҳи ба қатлрасонии мухолифони Эмомалӣ Раҳмонов ба шумор мерафт, содир гардида буд. Ҳамагон шоҳид астем, ки худи Суҳроб Қосимов низ баъди нодаркор гардиданаш нобаҳангом вафот кард, итминони комил дорем, ки ӯ ҳам аз дасти Эмомалӣ Раҳмонов кушта шуд.

Чи хеле, ки дар боло қайд кардем, ба ҷони марҳум чандин маротибаҳо кушиши суиқасд сурат гирифта буд ва яке аз онҳо дар маҳаллаи Харангони ноҳияи Варзоб ба амал омада буд. Шодравон ҳангоми дар болои кати дар ҳавли буда нишастан аз болои теппае, ки дар он аскарони Суҳроб Қосимов посбонӣ мекарданд, мавриди ҳамла қарор мегирад. Аз болои теппаи части ҳарбии Қулписта борони тир ба суи ӯ мерезад ва марҳум ҳамон лаҳза метавонад, ки паси кат худро партояду аз зарбаҳои тир панаҳ барад. Дуюмин ҳодиса ҳангоми шабонгаҳ соатҳои тақрибан 1-2 шаб вақте, ки аз шаҳри Душанбе ба суи шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, аз тарафи шахсони номаълум мавриди пайгард қарор мегирад ва дар постгоҳе, ки мутаалиқ ба неруҳои мухолифин буд ӯро манъ мекунанд. Дар ин дам ӯ таппончаи худро ба ҳолати омодабош  қарор медиҳаду дари мошинро боз карда бо намояндагони муҷоҳидин ба муошират медарояд. Размандагони опозитсия ӯро мешиносанд ва мегуянд, ки ака шумо Қувват Султон нестен? Шодравон ҷавоб медиҳад, ки бале ва онҳо мегуянд, ки мо Шумора мешиносем ва ҳурмат мекунем. Дар ҷавоб шодравон мегӯяд, ки агар маро шиносед ҳамон мошинро муайян кунед, кӣ ҳастанд. Қисмате аз муҷоҳидин аз паси ин мошини номуайян дар пайгард меафтан ва қисмати дигари онҳо шодравонро то расидан ба ноҳияи Данғара ҳамроҳӣ мекунанд, ки бехатарияш таъмин шавад. Дар натиҷаи пайгирии он нақлиёте, ки аз қафои шодравон пайгардӣ мекарданд размандагони маълум менамоянд, ки ин афрод афсарони Суҳроб Қосим мебошанд.

“Бо дасти Суҳроб Қосимов бисёре аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар кушта шудааст ва ӯ машинаи одамкушии Эмомалӣ Раҳмонов он солҳо ба шумор мерафт.”

Замоне, ки шодравон Қувват Султон дар интихоботи порлумонии соли 2000 ум номзадияшро аз шаҳри Кӯлоб барои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузошта буд, аксарияти мардум ба тарафдорияш райъ дода буданд ва пирузии ӯ маълум буд. Вале, мутаассифона номардона Эмомалӣ Раҳмонов кори худро боз дар ҳамин ҷо ҳам карда буд. Барои ин корро вайрон кардан ва сади роҳи Қувват Султон барои роҳ ёфтан ба Порлумони кишвар диктатори аср роҳҳои ба ихтилоф даровардани бародар ба бародарро роҳандозӣ намуд. Барои мо маълум нест, ки ӯ чи тарз тавонист Чолов Қурбонро ба тарафи худаш ҷалб намояд ва мухолифи Қувват Султон созад. Дар ҳолате, ки шодравон бо ягоне аз қумандонҳои Фронти халқи ва нерӯҳои мухолифини кишвар мухолифат надошт. Ӯ шахсе буд, ки то маҷбур нашуд ҳизби “Тараққиёт”-ро ташкил кунад, шахси беҳизбӣ буд. Зеро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи қонун бояд шомили ягон ҳизбу ҳаракати сиёсӣ набошанд. Вазифаи онҳо танзиму назорати риояи тинҷию оромии мамлакат мебошад. Онҳо, яъне кормандони ин ниҳодҳои қудратӣ ҳаққи тарафдории ягон ҳизбу ҳаракати сиёсиро надоранд. Вазифаи онҳо танҳо таъмини тинҷию амният мебошад.

“Баъд аз ба охир расидани райъпурсии умумихалқӣ дар соли 2000 бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов Қурбон Чолов ба бинои облисполкоми шаҳри Кӯлоб даромада қуттии райъдиҳиро, ки пур аз бюлеттенҳои овоздиҳӣ буду аксарияти он блютенҳо ба тарафдории Қувват Султон буданд, худсарона бо истифода аз яроқи оташфишон гирифта, ба бордони мошинаш партофта мебарад. Дар натиҷа мардуми шаҳри Кӯлоб ба кӯчаҳо мерезанд ва митинг карда буданд. Сари роҳи ин мардумро боз ҳам шодравон гирифта, мардумро ором месозад.”

Иинтихоботи соли 2000 уми Кулоб : 

Дар ин интихобот Азимов Абдураҳмон рақиби Қувват Султон буд ва дар ин интихобот ба қавли нозирон 83% овози мардумро касб намуд ва нозироне аз тарафи Қувват Султон буданд онҳоро ҳатто заданд масалан Рустам гуфтани шахс,ки корманди нозироти андоз ҳам буд. Вақте мардуми Кулобшаҳр фаҳмиданд,ки Қурбон Чолов қутти овозҳоро гирифтааст,то тақаллуб сурат гирад ба нафъи Азим Абдурраҳмон,ки номзади Раҳмонов буд. Мардум ҳама дар назди меҳмонхонаи Хатлон ҷамъ шуданд ва хостанд аз раиси ҳукумати шаҳр пурсанд,ки ки баранда шудааст. Қурбони Чол  бо ландкрузераш омад ва мардумро таҳдид кард,ки пароканда шаванд,ки ҳамаатонро мепаронам. Дар ин замон Қувват Султон дар хонааш буд ва мардум ба ӯ гуфтанд бияд пеш дарояд,то ҳаққи ҳалолашонро аз Раҳмонов талаб кунанд. Аммо ӯ ҳамон гапи таърихияшро боз ҳам гуфт: “Барои вазифа шуда намехоҳам, ки касеро қурбон созам” . Пас аз ин Лангариевҳо ва Кабути Кулобӣ изҳор доштанд,ки мо дар бараш ҳастем. Ҳама дар он ҷамъомад изҳор доштанд,ки мо Раҳмоновро гузоштем ва мо намегузорем ба мардуми Кулоб ва кадрҳои мо чунин номардӣ кунад. Аммо бо тассуфи шадид Қувват Султон дар ин масала пеш надаромад ва билохира золим Раҳмонов дар қудрат мустаҳкам боқӣ монд ва зулмашро,то ҳануз идома дода истодааст.

Чи хеле ки борҳо қайд кардем, агар бо роҳи рехтани хуни ноҳақ барои соҳиби курсии роҳбарӣ шудан, чи тавре ки диктатори аср намуда буд ва то ҳол идома дода истодааст, Қувват Султон мекард, ҳоло аз ин режим номе ҳам намемонд. Зеро мардуми шаҳри Кӯлоб омода буданд ба ин роҳ диктатори асрро сарнагун созанд, аммо, ҳама мисли Эмомалӣ Раҳмонов нест, ки ба қиммати ҷони мардум кайфу ишрати худро таъмин намояд.

Баъди гузаштани солҳо ва нодаркор гардидани Қурбон Чолов ба диктатори аср ӯ ин хатогии худро дарк намуда ба назди Қувват Султон меояду узрхоҳӣ мекунад. Дар ҷавоб шодравон ба ӯ мегуяд:

“аз ман чи бахшиш мепурсӣ? Рав аз мардум бахшиш пурс, зеро коре, ки ту кардӣ, бар зидди халқ буд, на бар зидди ман! Мароми мо хизмат ба халқ буд то мардумро аз пастию хорӣ барорем на барои худ замина фароҳам оварем.”

Ба чӣ дараҷа бояд инсони фосиқу бераҳм бошию охирати худро тамоман фикр накунӣ, ки барои қудрат ин қадар одамонро ба ҳалокат расонӣ, ин қадар падару модаронро бефарзанду, чи қадар занҳоро беваю фарзандонро ятим гардонӣ.

Қувват Султон мехост дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли шакарро ташкил кунад. Барои ин кор бо инвесторону пудратчиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон шартномаҳои дахлдор баста буд. Корҳо дар ин самт рафта истода буд, ки боз дар ҳамин самт ҳам таъсири ин режим расид ва шодравон маҷбур шуд, ки ин корро дигар идома надиҳад. Зеро ӯ медонист, ки дар сурати сохтмону ба истифода додани ин корхона эҳтимоли аз дасташ кашида гирифтани он вуҷуд дорад. Чи тавре ки исбот шуд, баъд аз соли 2000 оилаи Эмомалӣ Раҳмонов ба мусодираи дороиҳои дигарон шуруъ намуда, ҳамаи корхонаҳои саноатиро аз дасти соҳибкорон ба зурӣ кашида гирифта, то ин замон идома дода истодаанд. Ин кашида гирифтанҳо аз додараруси диктатори аср Ҳасан Асадуллозода оғоз ёфта, то ба наберагони Пешвои диктаторони аср идома дорад.

 ” Имрӯз дар ин фазои ноодилонаву ноозод кадом соҳибкор мехоҳад, ки корхона бунёд кунаду бо ду дасти адаб ба Ҳасан, Тахмина, Озода, Парвина, Фирузаву дигарон тақдим кунад. Аз ҳаводиси задаву гирифтанҳо тамоми мардуми кишвар огоҳии хуб доранду мебинанд ва зарурати муфассал баён кардани онро намебинем, зеро ҳамааш хуб ба ҳама маълум аст.”

Ҳамин тариқ марҳум ба соҳибкорӣ ва тиҷорат машғул гардида, аз саҳнаи сиёсат канор гирифт ва 14 ноябри соли 2011 дар маҳфиле иштирок намуда, баъди чанд соат дарди шадид меъдаи ӯро фаро мегирад. Соати 2 -и шаб ба беморхонаи “Қарияи боло”-и шаҳри Душабе мебарандаш ва дар он макон ҷон ба Ҷаббор месупорад.

Мутаассифона касе пайи он нагашт, ки бо чи иллат ӯ вафот кард. Дар васоити ахбори омма аз бемории “қанд” ва ҷариҳа доштани қалбаш   мегуфтанд, вале он замон ҳеҷ кас бовар надошт, ки барои аз ҳаёт маҳрум кардани шахсиятҳои сиёсии монанди Қувват Султон ва дигарон, ки сирру асрор ва ҷиноятҳои Эмомалӣ Раҳмоновро медонистанд ва чун устухон дар гӯлуи ӯ буданд, пайи ҳам вафот мекунанд. Чеҳраҳои сиёсии он замон барои ҳамагон  маълум аст.

Чи хеле ки дар боло қайд кардем, шаби 14 ноябри соли 2011 Қувват Султон бо дарди шадиди меъда ба дармонгоҳи “Қарияи боло” бурда мешавад. Ба гуфти худаш меъдааш ба монанди захме, ки аз зарбаи тир ба вуҷуд меояд, сӯхта дорад. Ин намуди дард ба фикри Шумо аз чи шуда метавонад. Наход, ки аз ҳисоби қалб ё касалии қанд меъда ба сӯзиш ояд?

Ин ҷо одами соҳиби ақлу фаросат хуб дарк мекунад, ки ин дард аз ҳисоби заҳр ба вуҷуд омадааст. Заҳре, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо супориши Эмомалӣ Раҳмонов ва СС. Ятимов ба ӯ дода буд ва бо роҳҳи номардонагӣ ӯро дар синни 61 солагӣ ба марг расониданд.

“Ин амали ғайриинсонии Эмомалӣ Раҳмонов ва СС. Ятимов бисёр дардовару аламовар аст, ки чаро шахсе, ки аз саҳнаи сиёсӣ худро дур гирифт ва дигар пайи зиндагии худ буду коре ба шумову фаъолияти шумо надошт ба ҳалокат расонида шуд? Чаро шумо қасд мегиреду корҳои гузаштаро ба ёд меореду вазъи сиёсиро нодуруст баҳодиҳӣ мекунед? Чи тавр шахсе, ки синну солаш ба пири расидаасту вазъи саломатияш имкон намедиҳад ба сиёсат даст занад шумо дар ӯ хатар мебинеду иқдоми куштори ӯро мекунед? Ё ин ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов бар он назар аст, ки ман ҳам аз қудрат равам ҳатман кушта мешаваму дороиҳоям ба дигарон мемонад? Охир бо ин роҳи гангстерӣ дур наметавонӣ рафтан. Ту итминон дорӣ, ки баъди марги ту оилаи ту бардавом мемонаду писарат аз уҳдаи ҳокимият мебарояд? Оё дар дохили оила  низоъу ба кланҳо ҷудо шавӣ ба амал намеояд?”

Ту танҳо худат худатро тасаллият медиҳи, ки Рустами наркомани писарат аз уҳдаи кор мебарояду то он даме, ки  инсоният ҳаст авлоди ту болои сари Тоҷикону Тоҷикистонӣ ҳокимият мекунанд. Аз ту як династия мемонаду номи ту то абад ба неки ёд мешавад? Хато мекунӣ ҷаноби диктатори аср, хато.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳама қатлу кушторҳо ва нобаҳангом вафот кардани чеҳраҳои сиёсии мамлакат аз соли ба курсии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нишастани СС. Ятимов оғоз ёфт ва паи ҳам шахсони донандаи сиру асрори Раҳмонов ва дигар шахсоне, ки барои ӯ садди роҳ буданд, номардона кушта шуданд.

“Сабаби куштори Қувват Султон дар он арзёбӣ мегардад, ки марҳум аз ҳамаи ҷиноятҳои Эмомалӣ Раҳмонов огоҳӣ дошт. Ин омил Эмомалӣ Раҳмоновро ором намегузошт ва ба сӯи марҳум бо нигоҳи хатар менигарист. Ҳамчунин, вуҷуд доштани чунин намуди ашхос ба фикри Раҳмонов ва СС. Ятимов хатар ба интиқоли қудрат ба фарзандаш Рустами Эмомалӣ шуда метавонист.”

Эмомалӣ Раҳмонов барои дароз намудани муҳлати ваколаташ агар чи коре аном надиҳад оқибат маълум аст, ки ноком хоҳад буд. Зеро чунин ба назар мерасад, ки Худованд ҳамон банди дароз партофтаро дорад ба сӯи худ кашида истодааст ва дер ё зуд он банд ба охир мерасад.

Ҳодисаи вафот ё марги Қувват Султон: 

Ин ҳодисаро чанде аз наздикони марҳум Қувват Султон ба Ислоҳ гуфтанд:

Шаб хонааш меояд ва ба ҳамсари дуввумаш Замира мегӯяд чи коре кардаам мазам сахт нест ва каме обам биёр. Ҳамсараш вақте мебинад ҳолаташ бад аст ӯро ба бемористон мебарад ва ,то соати 4 шаб меистад вақте мебинад ҳолат хуб ва муқаррарӣ нест, хабар медиҳад ба ҳамсари аввал ва наздикони дигараш ва онҳо ҳам мераванд ва онҷо пас аз як соат хабар медиҳанд табибон,ки алакаи аз олам даргузашт.

Онҳое ҷасади Қувват Султонро дар хонааш дидаанд чунин гуфтанд: Одатан шахсе мемирад ҷасадаш хунук мешавад ва чеҳрааш тағйир мекунад ва мефаҳмед ӯ мурдаасту бе руҳ аст. Аммо Қувват Султон комилан баданаш гарм буд. Бародараш Рӯзимад вақте ҷасадро мебинад аз алам бо дасташ дар поли хона бо мушт мезанад ва ин зарба сабаб мегардад чашмони Қувват Султон боз мешавад. Хоҳараш чашмонашро мепӯшонад ва пас аз чанд лаҳза Муҳаммадсаид Убайдуллоев омад ва дохил шуду дар ҳол мехост мутмаин шавад,ки воқеан мурдааст Қувват Султон ва вақте дид,ки манаи ӯ баста ва чашмонаш пӯшида аст, сарашро ҷунбонид ва баромад. Каме дуртар рафт ва занг зад ба касе ва танҳо шунидам,ки гуфт: ” кор тамом аст,бале ,бале мегуфту сарашро меҷунбонид..”  Боз афзӯданд,ки мо мутмаинем,ки укол ва ё доруе ба ӯ гузарониданд,ки дилаш аз кор монда буд ва ҳатман ин тавассути фармон сурат гирифта буд.Ин ҳолатҳо аз манобеъи муътамад ба “Ислоҳ “ расидаанд, ки шаҳодат аз муомара ва проекти шумеро дар ин марг барало гувоҳи медиҳад. Дақиқан ду рӯз қабл аз ҷашни бақудратрасии Раҳмонов яъне 16 уми ноябр, ки 19 умин солгардашро бояд ҷашн мегирифт ва киллерони Раҳмонов дар 14 уми ноябр Қувват Султонро дар сини 61 солагӣ  безарар гардониданду ба Раҳмонов ҳадия намуданд. Қувват Султон дар оромгоҳи Сар Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.Рӯҳаш шод ва қотилонашро рӯзгори сахту тирае интизор бод омин.

Дар таърих ду тоифаи одамон ба қайд гирифта мешаванд: золимон ва одилон. Дар таърихи миллати Тоҷик Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун шахси золим хотирмон хоҳад буд ва ашхосе, ки одилӣ карданду барои миллат ҷоннисорӣ намуданд дар ёди халқ хоҳанд монд. Чи тавре ки Қувват Султон доимо ба забон меовард “Раҳмонов ҳарчанд кушиш кунад, ки номи маро аз таърих пок созад наметавонад, зеро чизе ки гузаштааст онро тағйир наметавон дод”…

Share This Article