“Султони Кабир”и Аваз  ба «Сиёма молл»и Рустам халал мерасонад

Ислоҳ нет

Аваз Кабиров ҳам дар репрессияи “Пешвописар” бо бозораш қарор гирифт

Рустами Эмомалӣ бо аз байн бурдани «Султони Кабир» -бузургтарин фурӯшгоҳи масолеҳӣ техникӣ ва сохтмонӣ дар Душанбе 1700 нафар тоҷику тоҷикистониро аз кор ва даромад маҳрум мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки солона миллионҳо нафар, аз ҷумлаи сокинони пойтахти мамлакат барои дарёфти ризқу рӯзӣ рӯ ба хориҷ аз кишвар меоваранд.  Аммо, ончики ба унвони сабаб ва иллати тахриби ин бозор дар қарори Рустами Эмомалӣ омадааст: «се кӯчаи пойтахтро ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ карда” ва «ҳаракати бемамониати мошинҳоро таъмин мекунад» ва ин ки гӯиё ҳанӯз дар нақшаи  генплани соли 1983, дар ин мавзеи шаҳр «бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунӣ» дар назар дошта шудааст, хеле машкук ба назар мерасад. Агар мақсад ва ҳадафи Рустами Эмомалӣ холӣ аз ғараз ва холисона буд, метавонист «шаҳраки тиббӣ ва марказҳои  солимгардонӣ»-ро дар қисматҳои дигари шаҳр бунёд кунад. Чи ҳоҷат ва чи зарурат пеш омадааст, ки як муассисаи ободу воқеан ҳам замонавӣ ва муҳимтар аз ин маҳалли кори 1700 нафарро хароб ва ин миқдор одамҳо ва оилаи онҳоро аз нони даҳонашон маҳрум созад?

 “Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ.нет»!! Манзури мо аз ин навишта пуштибонӣ аз Аваз Кабиров, раиси бозори «Султони кабир» нест. Вале инҷо мехоҳем чанд андеша ва мулоҳизотеро вобаста ба қарори тахриби бозори «Султони Кабир» бигӯем.”

Қарори тахриби ин бозор дар ҳоле ба имзо мерасад, ки дуруст дар ҳамин ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки «Султони Кабир» воқеъ аст, бозори худи Рустами Эмомалӣ ба кор пардохт. Рӯзи 19-ноябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ маркази савдову фароғатии «Сиёма молл» дар масоҳати 3.5 гектар ва бо ҳудуди 100 нуқтаи савдо ифтитоҳ шуд. Гуфта мешавад, ки молики ин бозор ҶДММ «Авесто-гурӯҳ» аст. Маълум аст, ки «Авесто-гурӯҳ» аз Рустами Эмомалӣ мебошад, ки феълан ба суръати гепард медаваду мисли аждаҳо ҳарчи дар сари роҳашро балъида истодааст.

  «Султони Кабир» дар сари роҳи «Сиёма-мол» монеа хоҳад буд ва бояд аз байн бурда шавад, то ки даромади «Сиёма мол» ва фурӯшандаву муштарии он биафзояд. Ин як навъу намуди дигари тасарруф ва ғасби рейдерӣ аст ба Рустами Эмомалӣ аз Ҳасан Асадуллозодаи тағояш, аз Таҳминаи апааш ва аз Шамсулло Соҳибови язнааш ба мерос мондааст. Бубинед, ифтитоҳи «Сиёма молл» рӯзи 19 ноябр иттифоқ меафтад ва қарори нобудсозии «Султони Кабир» баъди ҳамагӣ 5 рӯз-24 ноябр. Ва, далел меоваранд, ки барои ҳаракати бемамониати мошинҳо ва тибқи генплани 1983. Ҳоло агар ин ду далел дуруст бошад, чаро соли гузашта, соли перор, соли 2018 «Султони кабир»-ро хароб накардед? Генплани Душанбе аз соли 1983 то соли 2021 даҳҳо маротиба тағйир кард. Чаро он вақт нагуфтанд, ки дар инҷо набояд бозор сохт, чун инҷо барои дигар корхона ва ё муассиса пешбинӣ шудааст. Беш аз ин, магар дар генплани соли 1983 гуфта шуда буд, ки дар ҷойи имрӯзаи «Сиёма молл» фурӯшгоҳ сохта мешавад ва ин фурӯшгоҳро маҳз Рустами Эмомалӣ меояду месозад?

    ” Инро ҳам бояд мутазаккир бишавем, ки «Султони Кабир» бо пулу сармояи шахсӣ  ва дар як гӯшаи ноободи шаҳр бунёд шудаву садҳоҳазорҳо нафарро мехуронаду мепӯшонад. Хеле ҷабру зулм аст, ки ҷойи ободро гирифу хароб созӣ!!”

Тахриби бозори «Султони кабир» натиҷа ва далели равшани таҳкиму тақвияти ба дасти як хонавода ҷамъ омадани қудрат ва баҳракашии ин оила аз иқтидори сиёсӣ аст. Ба баёни дигар аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмонов ҳоло дигар сари роҳи нафси худро гирифта натавониста истодааст ва барои ин омода аст ҳатто биноҳо ва муассисаҳои зарурӣ ва таърихиро ҳам хароб кунад.

  “Танҳо эътирозоти оммавии мардум сабаб шуд, ки хона-музейи домулло Садриддин Айнӣ аз харобшавӣ эмин монад. Рустами Эмомалӣ пай ё замини ин хона-музейро мехост бифурӯшад, чун бо нархи баланд метавонист бифурӯшад. Ҳоло дигар ҳамаҷоро аъзои оилаи Раҳмонов аз они худ кард, монд чанд адад бозор, ки онҳоро ҳам мегиранд, ончуноне Таҳмина Раҳмонова маркази савдои «Садбарг» ва бозори «Фаровон» ва бозори маъруф ба «Аҷинабозор»-и Душанберо гирифту Ҳасан Асадуллозода «Панҷшанбебозор» -и Хуҷандро!!  Ҳола ва ҳалқаи ҳукумати хонаводаии Эмомалӣ Раҳмонов бошитоб ва беш аз пеш тангтар мешавад. Аждаҳои нафси Оила, дигар на ба бегона ва на ба худӣ тараҳҳум мекунад. Яксара мебалъаду мебалъад.”

Айни ҳамин корро акнун бо «Султони кабир» хоҳанд кард. Ҳам муштариҳову фурӯшандаҳои онро ночор мекунад, ки ба бозори вай «Сиёма мол» бираванд ва ҳам даҳҳо гектар замини «Султони кабир»-ро барои харидорон бо нархи баланд мефурӯшад.

Ёдатон бошад ҳанӯз се ё чор соли пеш буд, ки корхонаи дӯзандагии «Дунёи нав»-и Аваз Кабировро Таҳминаи Эмомалӣ кашида гирифт. Ин корхона, ки бо харҷи миллионҳо доллар сохта шуда ва барои 1000 хайёт мошини дарздӯзӣ дошт, ба Таҳмина барои он ройгон дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмонов Аваз Кабировро маҷбур мекунад «Султони кабир»-ро ба Таҳмина номнавис кунад. Аваз Муроди «телех»-и Эмомалӣ Раҳмоновро восита карда «Султони кабир»-ро аз чанги Таҳмина наҷот медиҳад, аммо ба ҳайси пора корхонаи дӯзандагии «Дунёи нав» ва як манзили чандутоқа дар хиёбони Исмолили Сомониро  Таҳмина медиҳад.

Аммо ин бор генерал Мурод Саидов-телехи №1-и Эмомалӣ Раҳмонов, ки ҳамқишлоқӣ ва ҳамгузари Аваз Кабиров дар Ангурбоғи ноҳияи Восеъ мебошад, коре аз дасташ барнамеояд, чун дар ин миён манфиати шахси Рустами Эмомалӣ дар миён аст, Таҳмина нест, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси Милли Тоҷикистон. Мурод, на танҳо Авазро наҷот дода наметавонад, балки худаш низ сахттарин зарбаро мехурад ва ҳузури вай дар канори Эмомалӣ Раҳмонов камранг мешавад ва аз доираи оила тарду парт мешавад. Гап дар ин аст, ки фурӯшгоҳи дар канори «Султони кабир» бо номи «Файзи Саид»-Осиё» аз они Муроди телех аст, ки шомили ин қарори Рустами Эмомалӣ шуд. Отаи Муроди телех Файз, ки солҳо пеш ниҳоят қашшоқу бенаво ва аз дори дунё як хари якгӯшаро суворӣ дошт, баъдан «ҷипсавор» шуду ва командаи футболи Восеъ ҳам номи ӯро гирифт: «Файзканд»! Ва, бозори «Файзи Саид»-Осиё» ба номи падари Муроди телех гузошта шуда буд. Дар ин бозор низ беш аз 1000 кас кор мекард. Ин бозор бо сармояи бизнесменҳои Ангурбоғи Восеъ-ҳамқишлоқиҳои Муроди телех ва бо кумаки аваз Кабиров сохта шуда буд. Бозорро Шайдуллои ҷияни Муроди телех идора мекард.

  “Аммо, ҳоло чуноне мебинем, Рустам на ба Муроди телехи падараш тараҳҳум мекунаду на ба Аваз Кабиров, ки борҳову борҳо чорабиниҳои муҳимми давлатиро сармоягузориву сарпарастӣ кардааст. Барои мисол Аваз Кабиров аз нисф зиёди хароҷоти ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатӣ дар соли 2016ро бар ӯҳда гирифта буд. Албатта аз ҷайби бозоракиҳо, вале «кор»-и Раҳмоновро он вақт «буд» карда буд.”

Вале ба ҳар ҳол Аваз Кабирови дар гузашта аз ҷанговарони «Фронти халқӣ» ва аз наздикони Муҳаммадсаид Убайдуллоев натавонист, ки бо ҳама хушомаду тамаллуқ худро аз муқаррибони оилаи Раҳмонов кунад. Ҳанӯз, ки Убайдуллоевро аз кор гирифтанду аввалин шуда амакбачаи ӯ(сардори раёсати сохтмони Душанбе)ро барои талаву тороҷи пулҳои беморхонаи «Истиқлол» шинониданд ва алайҳи худи Убайдуллоев ҳам бо дастури бевоситаи Рустами Эмомалӣ тафтишот оғоз шуд, огоҳон ҳадс мезаданд, ки Аваз Кабиров, раиси «Султони кабир»  ҳам дар «навбат» аст, чун вай одами Убайдуллоев мебошад.

Ногуфта намонад, ки яке аз писарҳои Муҳаммадсаид Убайдуллоев домоди Ҷамшед Кабиров, бародари Аваз Кабиров мебошад. Дар бораи оилаи Аваз Кабиров, молу мулки онҳо ва аъмоли мо дар барномаҳои пешина муфассал навишта будему барнома ҳам тақдиматон намуда будем.

“Инҷо фақат инро илова каран мехоҳем, ки аз рӯи баъзе аз маълумотҳои ба мо расида чашми Авазро Сангак Сафаров дар солҳои ҷанг тир зад кӯр карда будааст. Ва,ё инки бо дастури Сангак дар яке аз амалиётҳо иштирок карда тир хӯрдааст. Худаш борҳо дар чанд круг гуфтааст:  “ма и чашма дар ҷанг ай даст додаам, мара бобои Сангак амалиёт равон кадаги буд.” Тибқи маълумотҳои дигар Авазро Файзали Сайидов боздошт мекунад ва ба ҷанг мефиристад ва дар натиҷаи расидани асколка ба чашмаш онро аз даст медиҳад.”

Авази Кабиров худаш зодаи Ангурбоғи Восеъ аст вале падару модараш аз зодагони Ховалинг қишлоқи Паранак мебошад. Паранакиҳо дар вилояти собиқи Кулоб хело аз маъруфияти хоссе бархурдоранд.  Ин мардум аз Даҳбеди Самарқанд ва аз онҷо ба Каранаки Тавилдара, ки миёни Шуғнов ва Тавилдара қарор дорад ба инҷо муҳоҷир шуда буданд ва аз онҷо ба Паранаки Ховалинг ва аз Паранак ба Ангурбоғи Восеъ мустақар шуданд. Дар он солҳо Файз харсавори падари Муроди телех аз хидматгорони ин оила буданд, чунки Падари Аваз Кабиров раиси совхоз ва аз афроди маъруфи он ноҳия буд ва инро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад. Асли Муроди телех Балҷувонӣ аст, яъне аз қавмҳои падарандар ё падари номаълуми Раҳмонов буда ва аз тарафи модараш ба Муҳаммадсаид Убайдуллоев хешовандӣ ё модаронашон духтарамак мебошанд.

Дар ҳар сурат ҳоло бо тахриби бозори «Султони кабир» Рустами Эмомалӣ як одами дигари пулдори наздик ба Убайдуллоевро аз бозӣ «удалит» кард ва ҳамчунин ин паёмро ба ҳамагон, аз ҷумла ба Муроди телех, ки солҳои кӯдакии Рустам на як бору ду бор ӯро сари гарданаш гирифта буд ва ё бағалаш мекард ва ё ҳамроҳаш дар саҳни хона футболбозӣ мекард, дод ки ӯ барои нафси худ ба тамоми пастӣ қодир аст, ки ҳатто пасттарин одами рӯи замин Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар пастиву палидӣ ва бераҳмиву ноинсофӣ дар шигифт мегузорад. Ҳатто ба худаш иҷозат надодааст, ки Аваз Кабиров ва Мурод Саидовро даъват бикунад ва аз мазмуну моҳияти қарораш огоҳ созад. Аваз Кабиров ба расонаҳо гуфтааст,к и тасмими Рустами Эмомалӣ барои нобудии бозорашро аз расонаҳо шунидааст. Интарзи муносибат нишона то чӣ ҳад пасту то чи ҳад бераҳму беинсоф будани Рустами Эмомалӣ аст.

Рустами Эмомалӣ нусха ва ё такрори бисёр ҳам хатарбори падараш аст, ки омодааст барои як дирам даромади худ хонаи 1700 коргари ин бозорро бисӯзонад.

«Султони кабир»-ро мекучонад, то ки «Сиёма молл» мустақар шавад!!!!!

 

Share This Article