СУРАИ БАҚАРА

Ислоҳ нет

СУРАИ БАҚАРА

Чанд суолу посух аз ин сураи муборака

(бахши аввал)

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худованди кариму корсозро шукри беҳад мегўям, ки бароям боз ҳам фурсатеро муносиб гардонид, то барои ғановати маънавӣ, ғазои рўҳӣ тарбияи ахлоқӣ, маърифати исломӣ(огаҳӣ аз маърифати волои Қуръон) бахшеро тариқи суолу ҷавоб дар мавриди сураҳои Қуръони азимушаън тақдими шумо азизони хонанда созам. Итминон бар он дорам ва умед бар ин мебандам, ки аз ин «Хирвори бебаҳои маъниву маърифат» бо ба каф овардани хушаҳои пурбор баҳраманд хоҳед шуд.

Суол: Номи сура дар кадом оят зикр мегардад? Ҷавоб: Дар ояти 67-ум. «Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки Мусо ба қавми худ гуфт: «Худо амр мекунад, говеро бикушед!» Гуфтанд: «Оё моро ба ришханд мегирӣ?» Гуфт: «Ба Худо паноҳ мебарам, ки аз нодонон бошанд».

Суол: Ин сура маккӣ аст ё маданӣ?

Ҷавоб: Сураи Бақара ба ҷуз ояти 281-ум маданӣ аст. «Аз он рўз, ки сўи Худо бозмегардед ва ба ҳар кас подоши амалаш ба тамомӣ дода мешавад ва ситаме намебинад, бимнок бошед.»

Суол: Оё дар ин сура ояти саҷда ҳаст?

Ҷавоб: На.

Суол: Исми Аллоҳ (ҷ) дар ин сура чанд маротиб зикр мегардад?

Ҷавоб: Исми Аллох (ҷ) 269 маротиб зикр мегардад.

Суол: Оё дар сураи Бақара аз номи Анбиё ва Расул (с) ёд шудааст?

Ҷавоб: Бале, дар сураи Бақара номҳои паёмбарон Одам (а), Мусо (а), 
Ҳорун (а), Исо (а), Сулаймон (а), Иброҳим (а), Исҳоқ (а),Исмоил (а), 
Яъқуб (а), Довуд (а) ва Айюб (а), ҷамъ 11 паёмбар зикр шудааст.

Суол: Шумораи оятҳои сураи Бақара чанд аст?

Ҷавоб: 286 оят аст.

Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ амр намекунад. Некиҳои ҳар кас аз они худи ўст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромўш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати онро надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас, моро бар гурўҳи кофирон пирўз гардон!»

Суол: Миқдори калимаҳо чанд аст?

Ҷавоб: Аз 6144 калима иборат аст.

Суол: Шумораи ҳарфҳо чанд аст?

Ҷавоб: 26251 ҳарф дорад.

Суол: Яке аз фазилатҳои ин сураро баён кунед?

Ҷавоб: Ҳар ки 286 ояти сураи Бақараро ба тамом бихонад 262,510( Ду саду шасту ду ҳазору панҷсаду даҳ ) савобро дармеёбад

Суол: Фазилати дигари ин сураро баён кунед?

Ҷавоб: Аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки гуфтанд: хонаҳоятонро қабристон накунед. Шайтон аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад, мегурезад. (Имом Муслим ва Имом Тирмизӣ).

Идома дорад ин саволу ҷавоб то охирон сураи Қуръони карим иншоаллоҳ.

Share This Article