Т.Пиров миллионҳо доллари вазирони қудратиро барои наҷоти ҷонаш надодааст

Ислоҳ нет

(Вижаи чордаҳум)

Ин вижаматлабро бидуни муқаддима оғоз менамоем ва худи матлаб гӯёи ҳол аст.

Ин бор аввал аз саунаи таҳхонаи «Тоҷиксодиротбонк» оғоз менамоем. Ин сауна ҷои ишрату маишати Тоҷиддин Пиров, Қурбон Хушаков, Давлаталӣ Сайидов,Ҳусейн Идиев, Эшони Хайриддин куратори дин дар КДАМ, Хуршед домсоз шогирди Гул Шералӣ, Мансур Умаров, Раҷабалӣ Раҳмоналиев, Сангов Сафар ва чанде дигар аз партнерҳои бизнес ва меҳмонҳои Пиров буд. Ҳоло, гап-гап аст ки ин биноро дар ниҳоят «Спитаменбонк» мехарад ва ба эҳтимоли зиёд дар тоқи пешонии он минбаъд на «Тоҷиксодиротбонк», балки «Спитаменбонк» овезон карда мешавад. Зимнан дар музоядаи аввали баргузоршуда на ин бино ва на меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар пойтахти кишвар, ки мутааллиқ ба Тоҷиддин Пиров аст, фурӯхта нашуданд ва шоядам дар дафъаҳои баъдӣ бо қимати мувофиқ барои Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмонов, соҳиби Спитаменбонк, ки овозаҳо дар бораи муовини аввали сарвазир таъйин шудани ӯ , яъне дар курсии холикардаи Давлаталӣ Сайидов, шаҳрро пур кардааст, фурӯхта бишвад ва харидор ҳам Ҷамолиддин бошад.

  “Ва, аммо дар идомаи вижагузоришҳоямон аз кору фаъолияти Пиров Тоҷиддин маълумотҳое ба дастамон расид, ки бори дигар нишон медиҳад, дар ҳақиқат Пиров Тоҷиддин  як аферисти ниҳоят гузаро будааст.”

Сафар Ғаюрович Сафарови марҳум, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, собиқ муовини раиси ҲХДТ,  150 миллион доллар дар бонки Пиров пасандоз гузошта будааст. Як бачаи Сафаров герчик мешаваду кадом вақт бар асари тазриқи аз меъёр зиёд-«передоза» мемурад. Ҳоло мегуянд, ки як наберааш Фаромарзро чанд ҳазораш доданду алкашаш карданд. Аммо, Сафаров дар ин бонк саҳмияҳои зиёд ва чунон мебинем маблағи зиёд боқӣ монда будааст. Сафар Сафаров 12% аксияи “Тоҷиксодиротбонк” аз ӯ буд. Вале ҳоло касе суроғ намекунад ва ин пулҳо дар дасти Пиров Тоҷиддин аст. Як домоди Сафар Сафаров бо номи Усмонқул собиқ раиси “Орёнбонк”и Хуҷанд мехост пули депозити гузоштаи хусурашро бигирад,ки Пиров Тоҷиддин тавассути КДАМ ӯро “бе зарар” гардониданд.

    “Аз Маҳмадназар Солеҳов, вазири собиқи корҳои дохилӣ 13. миллион доллар дар бонки Пиров пасандоз монда аст. Як ё ду бор Пиров ба бачаи Солеҳов, ки дар Дубай будааст, 400 ҳазор доллар «перевод» мекунаду тамом. Ҳамин тавр аз Матлубхон Давлатов, собиқ муовини аввали сарвазир низ як маблағи бузург дар «Тоҷиксодиротбонк»  банд мондааст.Шумораи маблағи Матлубхон Давлатовро зери 21 миллион доллар гуфтаанд.”  

Як саволи мантиқӣ

Бубинед, вақте «Тоҷпромбонк»-ро тафтишу карданд нисбати раиси он Ҷамшед Зиёев парванда боз карданд ва ҳоло вай дар зиндон аст. Албатта, пулҳои ӯро ҳам кашида гирифтанду аз они худ намуданд. Аммо, бо вуҷуди ин ҳама камбуду норасоӣ чаро ба Пиров Тоҷиддин  «чақа» намешаванд, суд намекунанд?

Аз Ҷамшед Зиёев аз дохили ИВС ба “Ислоҳ” чунин маълумот расид. Ҳангомеки ӯро боздошт намуда буданд ва дар дохили “Боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилӣ” ба наздаш меомаданд ва мегуфтанд,ки агар хоҳи озодат намоянд бояд ту маблағҳои Таҳмина Раҳмоноваро баргардонӣ. Ҷамшед Зиёев ҳам ду миллион доллари Таҳминаро бо додани хона ва моликиятҳои ғаири манқул ҳисобӣ кард. Пас аз ҳисобӣ кардан дигар кораш тамом шуд ва зиндонаш карданд.

Чаро ин ҳама ба ӯ бовар карданд? 

Ба он хотир ки СС.Ятимов, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Рамазон Раҳимзода , Мансур Умаров ва чандин нафар аз мансабдорони калон дар дасти Пиров Тоҷиддин маблағҳои калон-калон доранд.

“Вақте Маҳмадназар Солеҳов «осӣ» шуд, тамоми зиндагии ӯро зери тафтишот  бурданд. Идораи коррупсия ба ҳама бонкҳо нома навишта дархост кард, ки дар бораи ҳисобҳои бонкӣ ва маблағҳои пасандозкардаи Солеҳов Маҳмадназар маълумот бидиҳанд. Ҳамаи бонкҳо ин талаботро қонеъ намуданд, аммо Пиров Тоҷиддин ин корро накард ва гуфт пеши ман Солеҳов Маҳмадназар пул надорад.”

Аммо хонаводаи Солеҳов медонист, ки дар ин бонк пул доранд. Пиров, як каме дертар ба бачаи Солеҳов дар Дубай, чуноне гуфтем пул фиристод. Гуфтааст, ки «отаат ҳамин қадар пул дошт. Вале ман ба ин ҳукумат гуфтам, ки ӯ дар бонки мо пул надорад. Ман ба ҳеҷ каси онҳо нагуфтам, ма номард нестам ҳамин амонати отата гир».

Шояд бачаҳои Солеҳов бовар карданд ,ки пули падарашон ҳамин қадар буд ва ё шояд тарсиданд, ки агар даъво ҳам кунанд намерӯяд, пулҳои Солеҳов, ки аз 12 миллион доллар зиёдтар буд, ин ҳам дар ихтиёри Пиров Тоҷиддин қарор гирифт ва то ҳоло дар дасти ӯст. Аммо аҷобати кор дар инҷост, ки баъди онки Пиров Тоҷиддин ба бачаи Солеҳов Маҳмадназар 400.000 доллар мефиристад ҳама ҳукуматиҳо бовар карданд, ки Пиров Тоҷиддин  одами честний ва тоза асту пас аз кушташудани Солеҳов пулро бар гардонид. Дар ҳоле қатрае аз баҳрро ҳам барнагардонида буд.

Киҳо кидат ва ё нима кидат шуданд? 

СС.Ятимов дар бонки Пиров Тоҷиддин  50 миллион доллар дорад. 8 миллион доллари Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар дасти Пиров аст. Раҷабалӣ гоҳе, ки хонаи Пиров Тоҷиддин ва ё ҳамон саунаи бонк меомад, бо як Опел-зефира меомад. Дар қафои мошин нишаста, майдаяк, худашро баҷо карда дар сараш як шляпаро кашида меомад. Инҳо меомаданд сауна ба сари пулҳояшон. Пиров Тоҷиддин онҳоро обу зиёфат мекард, арус меовард, дилашонро пур мекард, ки пулҳояшон ҷобаҷо аст. Инчунин дар “Тоҷиксодиротбонк” 10 миллион доллари Зариф Гурез раиси собиқи кумитаи гумрук ҳам боқӣ монду дигар соҳиб надорад. Дар мавриди Зариф Гурез инро низбояд биафзоем,ки ҳангоме,ки ба бемории саратон мубтало шуд ва ба аврупо барои табобат рафта буд .Пулҳояшро талаб кард,то шими дармон намояд . Дар ин ҳолат Тоҷиддин Пиров пулҳояшро чанд маротиба гузаронид 200 ҳазору 300 ҳазор доллари. Ин амалиётро Ҷамолиддин Нуралиев фаҳмида ба Пешво хабар медиҳад вақте аз Пиров мепурсанд, ки ин чи маблағ аст? Пиров мегуяд пули худаш аст ва барои табобаташ талаб дорад,ки фиристем. Инҷо пешво мегуяд хуб барои табобат бошад гузоред табобат кунад.  Раиси собиқи Тоҷик Эйр  ду миллион долларашро Қурбон Хушаков ва Тоҷиддин Пиров гирифтаанду дигар барнагардонидаанд. Чунин афрод ададашон хело зиёд аст, аммо бечораҳо ҳолаташон ҳамон масали тоҷикиро мемонад. “Қандам хурди хап кун, фандам хурди хап кун” Аммо яқин аст ҳамаи ин пулҳои ҳароми фиреб кардаи мардум ва аҳолии кишвар буданд,ки ин дуздону коррупсионерҳо гирифта ва ба дасти ин ғоратгарони моҳир гузоштаанду ҳама ба яғмо рафтанд.

Пиров “бе зарар” гардонии худро пешгирӣ кард?

Аммо, бовар кунед, ки Пиров Тоҷиддин аз еврей дида ҳушёртар аст. Чанд соли пеш, ҳатто даҳ соли пеш, вақте Зайд Саидовро бардоштанд, ҳамон вақт гуфта буд, ки «акнун навбати ман аст». Вай даст зад бо сохтмон. Дар Данғара 9 то доми 9 этажка бардошт. Дар ноҳияҳо, ҳатто ноҳияи дурдасти Ишкошими бадахшон барои бонкаш филиал сохт. Он вақт ҳама таърифу тавсифаш мекарданд, ки тоҷири муваффақ асту барои одамҳо ҷойи корӣ ва маҳалли кор месозад. Аммо, баъдан маълум мешавад, ки барои мисол агар бинои филилаи бонакш дар Ишкошим ё куҳистони Мастчоҳро дар 30 ё 40 ҳазор сохта бошад аз бонк 300.000 доллар «списат» кардааст. Барои ин тарҳи боло навиштан махсӯс команда ташкил карда буд,ки танҳо ба ин кор машғул буданд.

“Ҳоло ба ғайр аз манзили зисташ дигар ҳама дороиҳояш-«недвижимост»-ашро дар бонк залог-ба гарав гузоштааст. Барои мисол меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-ро, ки аз они худаш аст дар бонки худаш залог монда  100 миллион доллар гирифтааст. Хуллас, тамоми чизашро залог монда, пулҳоро гирифта ба хориҷа интиқол додааст.”

Як қисми зиёди ин пулҳоро ба воистаи Муқим Майбалиев, як бадахшонии муқими Маскав ба Русия фиристод ва аз онҷо ба хориҷа. Муқим Майбалиев бародари марҳум Хушназар Майбалиев, коргардон ва директори собиқи театри ба номи Абулқосим Лоҳутии Душанбе аст. Ба воситаи ин одам хеле пули калонро ба хориҷа фиристод. Гуё, ки Пиров аз ӯ қарздор асту ба вай қарзҳояшро баргардонидааст. Ин Майбалиев шаҳрванди Русия аст ва аз рӯи баъзе маълумотҳо ё ҳамкурси Пиров Тоҷиддин аст ва ё инки дар Институти хоҷагии қишлоқ бо ҳам кор карда будаанд, ки одами наздики Пиров Тоҷиддин ба шумор меравад ва ҳар гоҳе Пиров Маскав меомадааст ҳамин Майбалиев ӯро истиқбол мегирифтааст.

“Бо маълумоти дигари расида ба “Ислоҳ” Муқим Майбалиев пуле,ки дар бонки Пиров гузошта будааст он маблағ  панҷ миллион доллар аз губернатори Твери Русия будааст. Инчунин барои шаҳрвандии Русияро  гирифтани Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон ва оилаҳояшон кумак намудааст. Инчунин барои дисертатсияи доктории Пиров Тоҷиддин кумаки шоёне карда будааст. Инчунин барои номзади илми техникии Хушаков Қурбон Раҳматович ва доктории илмҳои сиёсатшиносӣ шуданаш хело заҳмат кашида будааст. Ҳама ин заҳматҳоро ба он хотир карда буд,ки бо инҳо ҳамкорӣ менамояду соҳиби пуле мегардад, аммо…” 

Ин Муқим Майбалиев барои Пиров он қадар муҳим будааст, ки аввал пули ӯро медиҳаду сипас пули Озода Раҳмоноваро. Мумкин аст қарздор ҳам буда бошад ва ё ӯ маблағе депозит дар бонки ӯ гузошта бошад. Худи ҳамин факт аз ниҳоят муҳим бадуни Майбалиев барои Пиров шаҳодат медиҳад.. Дар ин тарҳи хориҷ кардани пулҳо директори собиқи генералии меҳмонхонаи “Тоҷикистон” оқои Муҳаббат ва дӯсти Эронии ӯ оқои Манучеҳр як тоҷири муваффақи Эронӣ,ки чанд меҳмонхона дар Эрон дорад сурат гирифта аст.  Боз як факти дигар бародари хурдии Тоҷиддин Пиров Муҳриддин Пиров, ки дар ВКД  муовини аввали СБ буд дар ин тарҳ бародарашро кумак кардааст, агар хоста бошанд номҳои он генералҳои русро метавонем зикр намоем, то ҳеҷ шакку шубҳае барои ҳеҷ касе намонад. Мо намехоҳем инҷо аз пеши худ чизи илова кунем вале ҳолати аслӣ чунин буд. Муҳим ин шакли монёври интиқоли пулҳо ба хориҷ аз кишвар будаанд. Албатта боз ҳам баъзе аз монёврҳои ҷолиби дигар ҳам ҳастанд вале мегузорем онҳоро ба матолиби баъдӣ.

Спектакли Пиров Тоҷиддин дар назди қарздорон

Вақте Пирову командаашро аз раёсати«Тоҷиксодиротбонк»  барои шаш моҳ берун кардаву онро бо ҷалби мутахассисини хориҷӣ аудит гузарониданд, чойи кабудро пешаш мекашиду мегуфт:  ин «калағавс» агар ақл дошта бошад бояд бонкро баргардонаду ба ман диҳад ва боз ба ман пул диҳад, ки кор кунам». Вай президентро «каллағавс» мегуяд.

“То ҷое ин монёвраш гузашт ва онҳое пешаш меомаданд бо нуфӯзе,ки доштанд қаноатманд намуданд “калағафс”ро ,ки бояд барои ин бонк пул дода шавад,то ӯ кор кунад ва пули мардумро диҳад. Албатта мақсади асосӣ пулҳои худи ин афроди зи нуфӯз буд, ки мехостанд пулҳояшонро аз Пиров гиранд. Бил охира тут ба муроди Пиров Тоҷиддин ва депозитмонҳои “камбағал”и дар баданаи ҳукумат пухт.”

Дар ҳақиқат дубора бонкро доданд ва ҳукумат аз 1 миллиард бештар барои вай қарз дод, то бонкро дигарбора бичархонад ва ҳамзамон пасандозҳои аҳолиро бозгардонад. Вақте аудиторҳои хориҷӣ тули шаш моҳ тафтиш карданд, диданд, ки дороиҳои бонк 100 миллион доллар арзиш надорад.

Аммо Пиров 400-500 миллион долларро хориҷа баровардааст. Пули банкро ба хориҷа фиристодааст. Вақте як миллиард зиёдтар доданаш авваин касе, ки амонати мондаашро пас гирифт Озодаи Раҳмон буд, 50 миллион доллар ва нафари дуввум Давлаталӣ Саидов 17 миллион доллари нақд. То онҷо, ки маълумот расид як қисми зиёди пулҳои СС.Ятимовро ҳам, ки гуфта мешавад камтар аз 50 миллион доллар аст, баргардонида дод. Аммо на ҳамаашро, чун сарнавишти раиси  “Тоҷпромбонк” ӯро дучор меомад. Аввалин шарти Давлаталӣ Саид ба Пиров ин будааст: “ма имзо мемонм барои ин пул ба бонк доданро вале якум пулҳои мара мегардонӣ” Пиров Тоҷиддин ҳам розигии худро дода будааст.

  “Агар Пиров пули ҳамаи инҳоро медод харсудаш мекарданд. Вале Пиров Тоҷиддин  аз ёд медонист, ки ҳозир агар ман пулҳои инҳоро диҳам маро суд мекунанд ҳама чизамро кашида мегиранд. Пиров гуфт, ки маро намерасед, ба молу дороиям намерасед, ман пулҳоятонро медиҳам.”

Ҳамаи инҳо дар дасти вай пули калон доранд. Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода. Пиров пули онҳоро қисман, қисман дода истодааст. Онҳо ҳам агар барои Пиров Тоҷиддин ягон бало пеш ояд, талхаашон мекафад. Барои ҳамин баҷоӣ майда- майда ӯро зашишат карда истодаанд. Аммо аҳолӣ, мардуми бечора сӯхт. Ҳамин қадар қаллоби гузаро будааст, ки меҳмонхонаи «Тоҷикистон».ки 30 миллион арзиш надорад яксаду чанд миллион доллар баҳо карда сад миллиони онро ба хориҷ перевод кардааст. Инчунин чунин маълумотҳое ҳам расида истодааст,ки расчот карданро Пиров Тоҷиддин дар хориҷ аз кишвар ба афроди соҳибнуфӯз ба роҳ мондааст. Аммо боз ҳам бо повишени ҳисобӣ кардан. Аз ин афиёра ҳатман дар бахшҳои оянда хоҳем гуфт!.

Хуб якеашро мегуем,то нагуед чизе нест. Се моҳ пеш дар яке аз раионҳои маъруфи Москов Хушаков Қурбон ба Мансур Умаров як квартираи 130 кв метраро бар ивази маблағи 500 ҳазор доллар додааст. Инро мегуянд ҳисобӣ кардан дар хориҷ аз кишвар.

Тоҷиддин Пиров дар 33 мкр як Авторемзавод дошт бинои чор ошёна ва ҳудуди панҷ шаш гектор замин дошт. Дар дохили он ширкате бо номи Евразия дошт , ки бародари калонаш Маҳмадӣ Пиров раиси ин корхона буд. Онро ҳам «залог» монда даҳҳо миллион доллар пул гирифтааст. Вақте аз ӯ мепурсанд,ки пулҳо ку? ҳамон 9 бинои 9 этажка дар Данғара ва чанде аз биноҳои филиалҳояшро нишон медиҳад, ки дар инҷо масраф шуд. Аммо вай 10 сол пеш гуфта буд, ки «як рӯз ба сари ман ҳам меоянд,уже навбати ман аст,ман ягон кор бояд кунам.» Вагарна ӯ раиси Шӯрои мудирони бонк буд, худро пойин оварду директори бонк монда сипас сар кард барои кашидани маблағҳои бонк ба хориҷа, дар асл пасандозҳои мардумро.

Агар барои ҳамон 9 адад 9 ошиёнаҳои Данғара бисёр харҷ карда бошад 4 миллион доллар мешавад вале 36 миллион долларро «списат» кард. Вақте мепурсанд, ки чаро ин тавр шуд, ҷавоб медиҳад, ки ман тамоми масолеҳи сохтмонӣ, қуму сементу блоку дигару дигарро аз Душанбе кашонидам ва дар он манотиқ масолеҳи сохтмонии муносиб барои сохтмон ба иншоот вуҷуд надошт ва ҳаминхел гарон тамом шуд.

Каме аз корнамоиҳои Қурбон Хушаков ва писари ёғияш

Албатта, Қурбони Хушакови муовинаш ҳам аз Тоҷиддин Пиров камӣ ва монданӣ надорад. Пиров ва Хушаков ранги дугоникҳо ҳастанд. Ягон зот намонда буд, ки инҳо фиреб накарда бошанд.

Писари калонии Хушаков Сорбон ном дорад, дигариаш Эҳсон. Албатта дар матолиби гузашта ҷо ҷо аз онҳо гуфта будем ва дар ин бахш ҳам бояд бигуем. Сорбон ором ва ахлоқаш фарқ мекунад. Аммо Эҳсон ин айни падараш як қаллоби гузаро аст. Эҳсон вақтҳои ахир Пировро ҳам сахт фиреб карда буд. Гуё ваъда кардааст, ки барои Бонки Пиров сармоягузор меорад. Бо ҳамин баҳона наздик ба 150.000 доллари Пировро гирифта майишат карда гашт. Ин маблағро Пиров шахсан худаш роҳӣ карда буд, ки Эҳсон сармоягузор меорадаш  ва бонкашро аз мушкилот мебарорад.

Эҳсон дар Фаронса аст. Намояндаҳои фурушгоҳи Ашани Фаронсаро ҳамин Эҳсон ба назди Пиров овард. Онҳо омаданду гуфтанд, ки агар мисли дигар биноҳои Ашан бисозед, мо ба иҷора мегирем ва кор мекунем. Аммо Эҳсон гапро, аниқтараш гапзанонро ба Пиров таври дигар мерасонад, ки гуё намояндаи Ашан гуфта бошад, ки шумо биноро бисозед, ман пулашро медиҳаму мехарам. Гуё намояндаи тарафи Ашан ба Пиров гуфта бошад, ки 60%  ашро медиҳам боқиашро баъдтар, баъди корро сар кардан ва пеш- пеш. Вақте биноро сохта тамом карданд, баъд маълум шуд, ки гуё «нофаҳмӣ» шудааст, чунки намояндаи Ашан мегуяд, ки ин тавр гапзанон набуд. Шумо бисозед мо аренда мегирем. Чунки биноҳои Ашан дар ҳам гушаҳои дунё аренда гирифта шудааст. Дар ҳаминҷо байни ин дугоникҳо Пиров ва Қурбон Хушаков  як каме сардӣ пеш меояд. Пиров ноилоҷ як ошёнаашро ба Ашан иҷора медиҳад. Дар сохтмони ин бино 16 миллион доллар сарф мекунанд аммо 60 миллион долларро аз бонк списат карданд.

Чанд соли пеш Эҳсони писари Қурбон Хушаков бо мошин як хонум-бухгалтери Дастгоҳи иҷроияи Президентро зада кушт. Ин ҳодиса дар назди Домпечат руй медиҳад. Мошини БМВ-М5-и рангаш кабуд дар ишораи сурх мегузарад ва ба хонуми роҳгузар ончунон мезанад, ки вай ба ҳаво парида ба як дарахти канори роҳ мезанад ва ҷодарҷо мемурад. Боз ӯ синфи 11 буд,ки аслан шаҳодатномаи ронандагӣ надошт.  Дар даруни мошин бачаҳои Пиров ҳам буданд. Хушаков ронандаро «иваз» мекунад ва як ҷиянашро ба ҷойи писараш мегузорад ва ӯ 6 моҳ дар СИЗО мешинад ва давоми як сол аз маҳбас мебароранд. Як моҳ-ду моҳ бачаҳои Пиров ва Эҳсони Хушаковро муллоҳоро оварда мехононанд. Вақте ба Москав Эҳсонро мегурезонанд барои табобат ва вақте корҳояшро дар Душанбе дуруст мекунад падараш ва Эҳсон аз Маскав бо доруҳои мадҳуш кунандаи сахттаъсири Мифедрон ва Кристал бар мегардаду рафиқонашро муътод мекунад ва боз як ҷанҷоли дигарро барпо мекунад,ки Хушаков Қурбон Эҳсонро дар ҳол ба Фаронса мефиристад,то аз шарраш халос шавад.

Қурбон Хушаков дар бари хонаи Пиров дар Водонасос як қасри бузург дорад. Боз болотар, тарафи сементзавод  ду то хонаҳои ба камияш ду миллиондолларӣ сохта аст. Ин хонаҳо беҳад калонанд. Хушаков дар номи ҷиянҳояш ягон сито фирма сабти ном кардааст. Онҳо аксаран ба домсозӣ машғуланд. Аммо Хушаков Қурбон азбаски бисёр ҳам муғамбир аст асосан дар навоҳии атрофи Душанбе Ҳисору Рудакӣ дом мебардорад.

“Хонуми Хушаков Раиса Махсумовна худашро ҷияни Сангак мегирад ва Пировро аслан писанд намекунад. Шумо вайро бинед, гапзании ӯро бинед. Як намуд шаррас мезанад. Қурбон Хушаков дар пеши вай мисли паша аст. Ҳатто Пиров Тоҷиддин аз ин раиса Махсумовна сахт метарсад, аммо иллаташро намедонем. Зани Тоҷиддин Пиров бо галенваген мегирад. Назира ном дорад. Хеле …..аст. Дар любой дачаи  Варзоб бирав, ки айнакҳояш дар чашм бо бачаҳои ҷавон шиштагиаст. Ҳатман ҳамроҳаш Раиса Махсумовна  зани Қурбон Хушаков аст.”

Як рӯз дар Варзоб дар як дача бачаи Гулов Шералӣ Дилшоди прокурори собиқи ноҳияи Фирдавсӣ дохил мешавад,ки Раиса Махсумовна бо чанд зан ва Назираи ҳамсари Пиров  нишаста истироҳат доранд. Дар ин ҳолат занг мезанад ба Ҷалол додари Пиров Тоҷиддин,ки ҳамин янгаи ту кор надорад,ки кадом дача ё дискотекае надаром шиштагияи. Баъд Ҷалол занг зада шикоятро шурӯъ мекунад….

Каме аз зиндагонии Пиров Тоҷиддин

Аммо авлоди зани Пиров одамони аҷоибанд. Назира як бародар дорад. Як умри худо камазист аст. Ҳоло ҳам Камаз ҳай мегуяд. Мегуяд ман ин пулу моли Пировро задагиям. Тоҷиддин Пиров чор писар Синдбод, Беҳзод, Мелод ва якто хурди зардинаи аврупои сурат дорад ва як духтар бо номи Сабрина дорад. Духтараш як қаддарози дастдароз, ранги худи Пиров. Шавҳар кард, кадом бачаи муханасе будааст аст ки   ба хиёлам ҷудо мешавад. Синдбод бачаи калониаш аст, касал буд. Гурда ё ҷигарашро иваз карданд. Духтари холаашро гирифт. Беҳзод як духтари ванҷиро гирифт. Модараш он духтарро дар бозор мебинад, маъқул мекунад. Мегуяд мисли ҷавониҳои худам як зардак аст. Он духтар як бойфренд доштаст. Вайро бо зӯри пул гирифтанд. Падараш дар Маскав буд. Фарёд карда меоранд. Як мерседеси сечка харида доданд ва дар меҳмонхони Тоҷикистон охранник монданд, хуллас, келин карданд. Ин духтари ванҷӣ аз Беҳзод кудакдор нашавам гуфта дору мехурдааст. Аммо пулҳоро мегирифтаасту бо он бойфрендаш кайфу сафо карда мегаштааст. Як вақт телефонашро мегиранду мебиананд ва  перепискаҳояшро бо он бача ба даст меафтад. Он духтар тиллои зиёдро медуздад ва ба он бача гурехтанӣ мешавад. Даракашро меёбанд. Ҳамон тамизкор-уборшитсаи хонаашон доруҳои зидди бордоршавиро меёбад. Ва ниҳоят Беҳзод ӯро талоқ медиҳад.

Сорбон бачаи якуми Пиров бо духтархолааш любов -любов карданд. Духтари апаи Назира асту солҳо пеш мурдааст. Ин зан як духтарашро ба бародари худи Пиров Тоҷиддин Ҷалол додагӣ аст. Сорбон зан нагирифт, зан нагирифту яке ҳамин духтархолаашро гирифту гурехту рафту дар кадом ҷое иҷора гирифту рафт ҷудо зиндагӣ кард. Пиров гуфт оқат мекунам. Сорбон гуфт ҳар коре мекунӣ фарқ надорад, мисли киноҳои ҳиндӣ. Баъд аз онки бо он духтар чанд вақт зиндагӣ кард, дигар ҳама «помиритса» карданд.

“Тоҷиддин Пиров аз занаш қади аҷал метарсад. Аммо мегуянд, ки зани дуввумаш яке аз духтарҳои Шералӣ Гулов, вазири пешини саноат ва энержӣ ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов аст. Хушаков як нафареро бо номи Сафаров овард дар филиали бонк роҳбар таъин кард. Дар Водонассос. То ҳозир судбозӣ идома дорад. Наздики 50 -60 миллион сомонӣ ба фирмаҳо бидуни залог қарз додагӣ аст. Яке аз онҳое, ки бе залог қарз гирифтааст Зафари чулоқи домсоз аст. Инро ҳам Хушаков Қурбон  оварда будааст.”

 Пиров Тоҷиддин рафиқат шуд хонаат месӯзад

Дар мошеникӣ Қурбон Хушаков Тоҷиддин Пировро гузаронидагӣ аст. Маҳмуд, як нафар уругутии хонасоз буд. Кадом вақт мераванд ба назди ӯ ва хонаи сохтаи ӯро мебинанду Пиров ҳушаш  меравад. Тамоми корҳо дар ин хона дасткориву гаҷкорӣ шуда аст. Аммо хона ниматамом. Мегуяд, ки пул наёфтам, ки анҷом диҳам. Хонаи заминӣ. Пиров Тоҷиддин мепурсад, ки чаро идома надодӣ, мегуяд маблағ проблема шуд. Пиров Тоҷиддин мегуяд,ки ин қадар заҳмат кашидӣ, харҷ намудӣ, ҳайф аст, ки нотамом монад. Биё, аз бонк қарз гир. Кумакат мекунем.

   “Он бечора пагоҳ меравад бонк, ки ҷурааш пул медиҳад. Пиров мегуяд барои баҷо овардани расмиёти бонк бояд залог гузошт. Хуллас сари ургутиро тоб дода ҳуҷҷати ҳамон   хонаро Пиров Тоҷиддин мегирад ва ба Маҳмуд қарзро медиҳад.”

Чанд вақт мегузарад. Болои Маҳмуди ургутӣ он қарз ва пенаву просентҳояшро ҷамъ мекунад ва коре мекунад, ки Маҳмуди ургутӣ лол мемонад ва хонаро Пиров аз они худ мекунад. Маҳмуд як марди  зӯри зӯр буд ва хуб мешинохтем ӯро. Вай суд шуду баромад. Ҳоло ҳам бад нест. Аммо он хонаро, ки дар се миллион доллар сохта буд, Пирови ҷурааш бар ивази 300.000 доллар аз дасташ кашида гирифт. Ин хона дар маҳаллаи 8 –марти Душанбе воқеъ аст. 30 сотих майдон дорад. Аз чаҳор ошёна бо зерхонааш  иборат мебошад. Мошинсаро, фаввораҳо ва таҳхона дорад. Он тавассути устоҳо аз Истаравшану Самарқанд сохта шудааст. Пиров рафиқони наздикашро ҳам хеле зиёд кидат кардааст. Танҳо нафароне, ки тавонистанд  пулҳояшонро аз Пиров пас гиранд Озодаи Раҳмон ва Давлаталӣ Саид мебошанд. Вай ба онҳо мегуяд, ки маро спасат кунед то пулатонро бидиҳам ва чуноне дар боло гуфтем вазирони қудратиро кам кам метияд ва барои ҳимояти худаш аст ин кораш.

Ҳозир ҳама бачаҳои Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков дар бонки Шветсария ҳисобҳои худро доранд, ки пулҳои муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” дар онҷо ва дар номи онҳо мебошад. Ҳукумат ҳамаи ин ҳолатҳоро ошкор кардааст ва медонад аммо ягон корашон карда натавонистанд. Барои онки ҳамаашон дар ин бонк пул доштанд. Вақте пули Озодаро надода буд, «шогирдҳо»-яш чанд бор пеши Пиров мераванд. Вай валерианкаро ба даҳон карда нолиш мекардааст, ки танҳо ҳамин хонаам  монд, дигар чизе надорам.

«Ҳамин як хонаам мондааст инро ҳам бигиред…. ҳамин хонаро гирифтаниед, бигиред».

Бародари Тоҷиддин Пиров Ғулом Пиров ном дорад, ки дар гузашта одами низомӣ буд. Солҳо дар сохторҳои ҳарбӣ кор кардааст. Абдураҳмони телехи Суҳроб Қосимро ҳамин Ғулом куштааст. Ҳозир бо Файзали Лангариев аст. Аз субҳ то шом маст мегарданд ва корашон президентро ҳақорат карда гаштан аст. Ҳозир агар бар фарзе ягон муштарӣ биравад пеши Пирову бигуяд, ки пулҳои маро баргардон ӯро амният фарёд мекунаду мепурсад, ки ту масалан 40 ё 50 ва ё масалан 200 ҳазор доллар дошта бошад, аз куҷо ёфтӣ? Як бору ду бор даъваташ мекунанду фишор меоваранду таҳдид мекунанд, он муштарӣ, ки бе ин фишорҳо ҳам аз гирифтани пулаш аз «Тоҷиксодиротбонк»-и муфлисшуда дилхунук шуда буд, дигар пайи пулаш намешавад. Ин «система»-и ҷоринамудаи Ҷамолиддин Нуралиев буд. Вақте мудирияти Тоҷиксодиротбонкро гирифтанду як муддате давлатӣ карданд Ҷамолиддин Нуралиев  бо ҳамин васила аз хеле муштариҳо халос шуда буд. Бо ин васила мардумро тарс доду ором кард, то ки барои пулҳояшон тазоҳурот накунанд. Ба гумони зиёд бинои “Тоҷиксодиротбонк”ро “Спитаменбонк”и Ҷамолиддин Нуралиев мегирад.

Поёни бахши чордаҳуми ин вижаматолиби кулоҳбардорони “Тоҷиксодиротбонк” , идома дорад….

Ps: Хонандаи гиромӣ мо дар ин бахши чордаҳум ҳеҷ фалсафагӯие ва шарҳу тафсире тақдиматон накардем ва танҳо бо фактҳо аз ҷиноятҳо ва пулшӯйиҳои ин мошеникҳо ва рабояндагони маболиғи калони аҳолии кишвар гуфтем. Дар қисматҳои баъдӣ аз ҳолот ва ҷиноятҳои дигари ин кулоҳгузорони моҳир хоҳем гуфт, то онҳоро бештар мардум ва мақомоти ноогоҳ фаҳманду огоҳ бошанд. Аз ҳолоти дохилоилавии инҳо ба он хотир мегуем,ки пули мардум дар истифодаи оилаҳои ин гурӯҳ мечархад. Бахшҳои дигари мо ҷолибтар ва аз ҷиноятҳои дигари ин банда хоҳем гуфту тақдиматон менамоем…

Share This Article