Архивы Қурғонтеппа - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №353
Ин бор аз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Конибодом, Нуробод ва шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) номаҳо дорем.

Номаи расида аз ноҳияи Рӯдакӣ аз вазъу ҳоли тоҷикони муҳоҷир дар марзи миёни Қазоқистон ва Русия мегӯяд. Онҷо барои убуру мурури марз навбат меистанд. Муаллиф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки фақат телефону шиносномаҳои тоҷикиро бофурҷа ва баҳузур тафтиш мекунанд дигарҳо, масалан қазоқу қирғизу узбекҳо зуд мегузаранд.

Муаллифи номаи Конибодом нафаре аст ки солҳо пеш ҳиҷратро ихтиёр намуда ва ҳоло дар Қазони Русия ба сар мебарад. Нависандаи нома ҳодисаи бевосита ба сари худаш омада дар Тоҷикистонро ҳикоят кардааст. Писараш, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Русияро бар ивази маблағи калон аз комиссариати ҳарбии ноҳия мехарад.

Номаи Нуробод дар бораи «бузҳо-и ҷамоти Ҳакимӣ» суҳбат мекунад. Муаллиф бо зикри номҳояшон навиштааст, ки инҳо хеле ҳам пасту касифанд, чунки барои мақомот ҳамдеҳаҳои худро мефурӯшанд.

Муаллифи нома аз Бохтар «бародари қиёматӣ»-и мост. Вай дар бораи як раиси деҳа навиштааст, ки феълан барои мардумфиребӣ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Рӯдакӣ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаро аз марзи Қазоқистон ва Русия мефиристам. Номи инҷо- Троицк.

Вақти баромадан ба Русия тамоми дигар миллатҳо:- қирғиз, қазоқ, узбек оби равон барин мегузаранд, телефонҳояшонро ҳам касе  проверка намекунанд, аммо навбати тоҷик расид кор ранги дигар мегирад. Тоҷикро бо ҳар баҳона, як хелашонро дар убури нуқтаи гумрук телефонашонро мегиранду дар дигар ҳуҷра бурда саволҳои таҳқиромез медиҳанд.

Ман ин телефоне, ки пеш доштам, ки барномаҳои шумову амри маъруфҳои дигар домуллоҳоро дошт, бо худ бурда будам. Ва барои эҳтиёт телефони дигар ҳам доштам, ки бо он телефон фақат кинову дигар роликҳо тамошо мекардам, инро ҳам гирифта будам. Ва дар нақша буд, ки ин телефони куҳнаро низ мебараму агар телефонкобӣ шавад, вазъият муташанниҷ бошад….Ва ин телефони навро ҳатто напурсиданд. Просто одаме, ки шаклаш шубҳаангез ва ришдор аст, проблемаашон мекунанд.

Дар паси шлагбаум, дар очереди мошинҳо барои ворид шудан ба гумрук як ҳолати ҷангу ҷанҷоли тоҷикҳо сурат гирифта буд. Ними шаб чор мошини тоҷикҳо даромадаанду очередро, ки ин бачаҳо аз рӯи когаз тайер карда буданд- сад мошин зиёд буд-вайрон карданду гуфтанд очераднависро фалон мекунем. Ва дар даруни мошинҳо пассажир ҳам доштанд. Аввал хомушӣ буд ва одамон худ ба худ гуфтанд инҳо, кӣ бошанд, ки омада дар аввали навбат истоданд. Баъд оҳиста-оҳиста соати шаши саҳар он тараф байни тоҷикҳо ҷанг сар шуд.

Ҳамин одами очерадвайронкун номаш Салим будааст. Ӯ очередро вайрон карда бошад, ҳам бисер одамҳоро гузаронд. Ҳатто аз даруни автобусҳо одамҳоро дар мошинҳо бо перегруз бор карда гузаронд. Қандашро занад. Аввал кораш номаъқул буд. Аммо бо перегруз одам бор карда мушкилии сад нафара осон кард.

«Салим, аз ман ба шумо салом. Агар ин барномаро гӯш кунӣ мегӯям, ки раҳмати худо бар ту ва падару модарат. Мушкилии садҳо нафарро осон кардӣ. Аллоҳ баракатат диҳад». Агар дар қатор даҳ мошин бошад, панҷоҳ одам бо ронандаҳо бошад, аммо боз панҷоҳ одами дигар болои ҳам бор карду гузаштем

Ҳамин хел кам каме дуруст кардам бародар смсҳоямро.

Ва аз шеъри дуруст кардаи шумо низ хело хушам омад:- олӣ.

Бародар агар дар ёдатон монд бошад он сол аксу навори каналро  фиристодам бар шумо. Имрӯз бо оилаам суҳбат кардам, мегуяд каналҳоро тоза карданд. Аммо ман худам наёфтам, он барномаеро, ки шумо он видеоҳои маро истифода бурда бошед.

Навистанӣ будам,ки агар ҳамон видео ва навиштаҳои маро дар барномаи «Номаҳо ….» қабул кунед,нависед,ки ба мардум бигӯям,то бубинанд:

«Ай мардум бинед, ки бародар Муҳаммадиқбол ва тими Ислоҳ гуфти русҳо предател набудаанд. Чандин сол аст, ки дар барномаҳояшон ҳастам ва суҳбат ҳам кардаам ва наворҳо ҳам фиристодаам. Чанд бор гранитсаҳоро убур кардаам ва шукри Аллоҳ, ки дар пайгард нестам. Агар шумо худатон калаатонро кор нафармуда пешдастӣ кунед ва бар ҳар гуна чизҳо даст занед, ошкор мешавед. Фақат чи коре мекунед, оромона ва пинҳонӣ кунед, дар мубориза бошеду хизмат кунед.

Конибодом

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Конибодом  ҳастам. Чанд сол аст ки дар шаҳри Қазони Тотористони Русия ба тиҷорати хушкмева машғул мебошам. Чанд рӯз пеш дар расонаҳои интернетӣ, аз ҷумла радиои Озодӣ хабареро дар бораи боздошт шудани як корманд, афсари комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иттиҳоми гирифтани ришва аз як нафар даъватшаванда хондам. Тибқи ин хабар ин афсар 15000 сомонӣ гирифтааст. Дар хабар бо такя ба Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон гуфта мешавад, кӣ Сатторзода. Аафсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов «барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват» ва нагузаронидани як даъватшаванда аз комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ, аз наздикони ӯ 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Аз вай пештар ҳам ин расона аз боздошти Файзализода. Ф, сардори шӯъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хабар дода буд. Файзализода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. моҳи октябри соли 2025 аз волидони ду ҷавон барои озод намудан аз артиш дар умум 10 ҳазор доллар «пора» гирифтааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин мисолҳои равшан ва аниқро барои чи овардам. Гап дар бораи он меравад, ки худи ман ҳам ночор шудам барои раҳоии писарам пора диҳам. Моҳи март писари ман, ки донишҷӯ аст барои аёдати бобову биби ва хешовандонамон ба Конибодом рафт. Ҳамааш хуб буд. Аз фурудгоҳи Хуҷанд пешвозш гирифтанду бурданд ба Конибодом. Аммо ду рӯз нагузашта буд, ки ӯро дастгир карда ба комиссариати ҳарбӣ оварданд. Вай билети студентиашро, ки донишҷӯи донишгоҳи Урал аст  нишон медиҳад. Аммо бовар накарданд. Аз донишгоҳ справка гирифта фиристодам. Вале то пул нагирифтанд ҷавоб надоданд.

Ман ному насаби онҳоро менависам, аммо онҳоро шумо чоп ва эълон накунед. Чунки боз дар оянда пробелма мекунанд. Ман писарамро тавассути яке аз хешовандонам ба 15 000 сомонӣ харидам. Вақти бозгашти барои бидуни проблема гузштан аз аэропорти Хуҷанд боз ҳам пул дода гузаронидам.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман вақте бо ин проблема рӯбарӯ шудам, дидам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо то чи ҳад фасодзада шудааст. Ман ин 15000ро чи қадар савдо карда, нархро поин овард додам. Вагарна 30 000 сомонӣ талаб карда буданд.

Сонӣ фаҳмидам, ки ин «облава» як навъ бизнеси пурдаромади мақомоти Тоҷикистон шудааст. Ҳисоб кунед, ки дар ҳар як ҷамоат дар ҷойи барои мисол 40 ё 50 нафар ҷавон, ки бояд ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ раванд, ба ҳисоби камтарин 400-500 ҷавони сини даъват ва ҳатто зиёдтар аз ин зиндагӣ мекунанд. Аз аксарияти онҳо маблағҳои калон меситонанд. Аз 5000 то 8-10000 сомонӣ.

Ман ба ҳамин ҳукумат ҳайронам, ки чаро дар масъалаи пулакӣ кардани хизмати ҳарбӣ ҷиддӣ машғул намешавад. Ин пулҳоеро, ки аз падару модар ва ё худи ҷавони сини даъват мегиранд як тин ҳам ба ҳисоби давлат намераавад. Ин маблағро аз ҳукумати ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, милиса, амният, прокуратура байни ҳам тақсим мкунанд. Албатта, дар инҷо ҳиссаи раиси ҷамоат ҳам ҳаст. Аммо саволи асосӣ ин аст, ки оё ин гуна србоз, ки тариқи облава ва маҷбурӣ ба хизмат ҷалб шудааст, омода аст барои ватан ва давлат биҷангад?

Ман саддарсад бовар дорам, ки не.

Вале ҳоло ин бизнеси облава барои мақомот «круглий год» шудааст. Ин тарзу шеваи ҷалб дар ҳақиқат ба як дарди сари бузург дар ҷумҳурӣ табдил шудааст. Ҳар сол ду маротиба, баҳор ва тирамоҳ мардум, бахусус волидони соҳиби писари синни даъват беҳад ғам дод мешаванд.

Мо, аз инҷо истода диламон ба наздиконамон месӯзад, ки бархеаш ночор мешавад бар ивази пулу пора писарашро аз хизмати ҳарбӣ гурезонад. Чунки онҳо дар ин мулки ғарибӣ бо азобу машаққат пул меёбанд.

Нуробод

Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд аз шумо ва аз аҳли оилаи шумо розӣ бошад.

Мо як гуруҳ ҷавонони ҷамоати Ҳакимӣ арзу шикоятамонро ба шумо мегуем. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 336 тамошо кардем. Ончики гуфта шуд, ҳамааш аз ҷамоати Ҳакимӣ барои Абдураҳмони буз сад фоиз дуруст аст. Ҳозир «бузӣ» дар авҷи аъло рафта истодааст. Коррупсия сахт кор карда истодааст.

Баъди нашри барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 336 ҳар рӯз тафтиш рафта истодааст. Вале амнияти ҳаромхур доляашро мегираду  рафта истодааст. Дар ҷамоати Ҳакимӣ сардухтури беморхонааш аз деҳаи Ҷавчӣ мебошад, ки қапиданш. Пораро дод, кор карда истодааст. Боз он сардухтурро подставит карданд.

Ҳозир боз аз деҳаи Ҳакимӣ буз бисёр шудааст.

Якум бузи 6 –ой отдели Нуробод Мирзоев Раҳим, бузи дуввум Ҷабборов Нусурат, бузи сеюм Абдураҳмони танзим, бузи чорум Табаров Сулаймон аст.

Бародари роҳи ҳақ, сардори ҳамаи ин бузҳо Мирзоев Раҳим, аз деҳаи Ҳакимӣ аст. Раҳим дар беморхонаи Ҳакимӣ ғайриқонунӣ 4 ставка гузарондагӣ, қариб 8000 сомонӣ маош мегирад. Вале дар хонааш хоб аст. Суми давлатро гирифта истодааст.

Барои чи инро коррупсия ҳеҷчӣ намегӯяд. Барои онки кришааш Фарухи началник 6-ой отдели Нуробод аст. Ва ин Фарух ба Раҳим гуфтааст, ки «то вақте ман ҳастум буху бгард».

Ҳама кори ин бузҳоро мардум медонанд. Вале бародар халқро тарсон кардагианд. Дар қишлоқ чизе мешавад бузи якумаш Ҷаборов Нусрат дарҳол меояду мегӯяд ва ин Мирзоев Раҳим дарҳол ба 6-ой отдел занг мезанад ва дарҳол фарёд мекунанд ва ба ҳар баҳона сум мекананд. Чаро ин коррупсия ин Раҳими буза тафтиш намекунад. Тафтиш кунед, ки чи қадар беморхонаро хурда истодааст. Ин Нусрати буз шабу руз ҳамроҳаш аст ва аз ин бузҳо истифода бурда истодааст.

Бовар кунед, ки Ҷабборов Нусрат ҳозир аз ҳисоби бузӣ хурда истодааст бо ҳамроҳии Табаров Сулаймон. Инҳо доим Русия кор мерафтанд. Аз вақте ки бузӣ мекунанд инҳоро кам -каме сумашон дода истифода бурда истодаанд. Ҷабборов Нусратро язнааш пеш началник поми Ҷамоати Ҳакимӣ буд. Номаш Муродалӣ аз Нуробод. Чанд вақт барои вай бузӣ мекард. Аммо ин Муродалӣ бузиро нағз намебинад, барои ҳамин гашта ба Раҳими буз часпонд.

Бародари роҳи ҳақ. Халқи камбағал хеле ҳам дар азоб аст вале дилёб намешаванд, ки овозашонро баланд кунанд. Сад афсус, ки ҳоло дар ин ҷамоати Ҳакимӣ бузӣ сахт дар авҷ аст.

Эй мардуми ҷамоати Ҳакимӣ то кай ин қадар хап мекунед? Кадом рӯзе занҳоятонро дастдарозӣ мекунанд. Бо ин қадар беномусиатон пеши Аллоҳи меҳрубон чи ҷавоб мегӯед?

То ҷое мо медонем ба наздикӣ ҳамин Раҳими буз бо шогирдонаш Амонов Маҳмадназарро барои кадом кораш фурӯхт.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ин шо Аллоҳ боз маълумотҳои дигарро дастрас намуда мефиристем.

Мо як гурӯҳ ҷавонони ҷамоати Ҳакимӣ айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатием. Аз дохили ватан ба мо мерасонанд, мо бо шумо мерасонем. Мо бояд пеши роҳи ин бузҳои хабаркашро бигирем. Агар ислоҳ нашаванд, гиларо аз худашон кунанд.

Бохтар (Қурғонтеппа)

Ассалому алейкум бародари қиёматиам Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин боз ҳам ман ҳастам. Саломи аз дилу ҷон ба модари азиз бирасонед. Аз ҷогаҳи  бемориям хеста  боз ба шумо дарди милатро мегуям. Чи хеле шумо медонед, ман феълан дар Вахш зиндагӣ мекунам, таксист кор мекунам. Ҳоло бароятон як ҳикояти ҷолиберо нақл мекунам, ки ҳамин чанд рӯз пеш бо ман рӯй дод.

Як рӯз маро заказ доданд аз Вахш бо суи Қурғонтеппа. Як марди муйсафед бо оилааш шиштанд. Мо ба роҳ баромадем. Муйсафед гапро худаш сар карда гуфт, ки аз ҳамсояқишлоқи мо як раиси қишлоқро қапида русташ карданд. Ман пурсидам, ки вай чи ном дорад? Гуфт, ки номаш Илёс. Гуфтам фамилияаш чист? Гуфт, ки Раупов Илёс ном дорад.

Сипас аз саргузашташ нақл кард, ки вай кист. Маълум шуд, ки Илёс Раупов таваллудаш мутаваллиди 1959 ё 1960  аст. Раиси қишлоқи Сабзавоти ноҳияи Кушониён буда ҷои кораш ҷамоати Садвинсовхоз, қишлоқи Амони Калуш будаасту падараш Имод ном дорад. Дар ҷанги 92 вайро паронида санг баста дар дарё партофтанд. Падараш муйсафед буд. Додараш аз хизмат омада буд. Аҳлиддин ном дошт вайро ҳам куштанд. Акааш Сироҷиддин ном дошт, раис буд. Вайро низ куштаанд. Вале мурдаашро наёфтанд. Бисёр марди хайрхоҳ будааст, гуфт муйсафед.

Модараш 3 сол пеш аз дунё гузашт. Худо раҳматаш кунад гуфт муйсафед ва афзуд, ки инсонҳои хуб буданд.

Мӯсафед идома дода гуфт, ки худо хору залил кунад ин Илёси раиси қишлоқашонро, ки ин даюси занғар хуни ин мардуми Сабзавотро макид. Аз замини падари худаш, ки қариб 70 сотих буд нимашро ба 4 нафар фурухт. Хуб, бигзор майлаш аз падараш буд. Аммо гап дар инҷо аст бародари ҷон ки аз мардуми камбағал пул мегирифт, ки заминҳои шуморо документ карда медиҳам вале намекард.

40 нафар зиёдро фанд карда пулҳояшонро гирифта аммо документ накардааст. Хулоса, кадом худотарсе ӯро бо прокуратура додааст, ки ба даст афтид. Ӯро фарёд карда ҷаримааш мекунанд. Як ҳафта вақташ медиҳанд, ки пули ҷаримаро супор. Вай мегардад бе парво. Аз байн ду ҳафта мегузарад. Азбаски ҷаримаро намесупорад қапида маҳкам мекунанд. Мегӯянд, 27 ҳазорро насупоридӣ акнун 34 ҳазор месупорӣ.

Хулоса, аз тарафи ҷамоатҳо масҷид ба масҷид пул ҷамъ карда доданд. 20 ҳазор сомонӣ шуд ё нашуд, ки ҳоло ҳам вай дар боздоштгоҳ аст.

Мӯсафед гуфт, ки хело мардуми қишлоқ нафаси озод кашида истодаанд.

Бародар, ин Раупов Илёс як тифли инвалид дорад. Аз ҳақи мардумро хурдан худованд ба вай нишон додааст. Боз аз раҳаш нагашт. Вайро нияти баровардан доранд.

Як чизи дигарро он мӯсафед ба ман гуфт.

Чор сол пеш дар қишлоқашон барои камбағалҳо ҳамчун кӯмак аз тарафи давлат равған, биринҷ нахӯд ва ғайра доданд. Онҳоро оварда бо ҳамон камбағалҳо фурухт ва бо пули онҳо кайф карда гашт.

Аз боло  фарёд карда гуфтанаш, ки биё, ку пулро тақсим кунем, маслиҳат чи буд? Ин гуфтааст, ки пулро ман расход кардам.

Амниятиҳо дароварда ҳамон қадар мезанандаш, ки як ҳафта натавонист аз хона берун барояд.

Бародар, мардуми қишлоқашон шукр мекунанд, ки нав аз ин Раупов Илёси бадбахт халос шудем.

Бародари қиёматиям Муҳаммдиқбол! Боз як чизи дигарро мехоҳам бигуям. Ҳозир дар тарафи Вахш коркунони барқ пул кор карда истодаанд. Аз пушти хона омада (счетчикҳо бисёриаш дар пушти хона аст) аз тарафи роҳ дарвоза неву аз пушт, пломбаи счетчикро мекананду баъд фарёд мекунанд, ки ку биё пули баркро ҳисоб кунем, чанд сум аст. Вақте ба пешаш меой, мегуяд, ки «ваҳ и пломбаро чида кандай. Ҳози ман ку занг бзнум ай боло биёянд, ту боз баркро медуздӣ» гуфта таҳдид мекунад. Баъд мегуяд, ки 12 ҳазор сомонӣ ҷаримааш мешавад, «хай камбағалӣ 8 ҳазор бтема ҳамаш ҳози туғрӣ мекунм, ягон кас намефаҳмад».

Хулоса, 4 ё 5 ҳазор мегирад, баъд меравад.

Як рафиқи маро ҳамин хел карданд. Ба худо қасам 5 ҳазор дод баъд ҷонашро халос кард. Мардум ҳушёр бошед.

Ва вақте мӯсафедро бурда ба ҷойи даркориаш расонидам гуфт, ки Раупов Илёсро 15 ё  18 рамазан буд, бурда маҳкамаш кардаанд. Ҳоло ҳам дар боздоштгоҳ аст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар охир гуфтаниям,ки худованд забони шуморо бурро гардонад ва модари азизи маро дастонашро аз тани ман бӯса кунед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №353 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 329
Ин бор низ номаҳои пур аз дарду шикояти сокинонро аз навоҳии Қубодиён, Бохтар,Истаравшан, Ғафуров дар барнома ҷой додем ва як номаи дигар аз хабарнигори ҷамоатии мо аз Волгоград.

Муаллифи қубоиёни мо аз муносибати милисаҳои Қубодиён сахт шикоят кардааст, ки барои як сигоркашӣ аз ӯ ва як рафиқаш 300 сомонӣ талаб кардаанд.

Ин муаллиф ҳамчунин аз як ҳодисаи чор соли пеш ёдовар шудааст, ки нишон медиҳад ҷаноби Прокурори генералии имрӯза ҳам мисли пешинааш дар қочоқи маводди мухаддир даст доштааст.

Муаллифи ҷамъиятии мо як масъала-тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ва мушкилоти онро бо такя ба навиштаи як гурӯҳи сокинон ба баррасӣ гирифтааст.

Нависандаи номаи омада аз Истаравшан аз сохтмони домҳои бидуни нақша дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ намуда ва аз сокинон талаб кардааст, ки барои дифоъи ҳуқуқҳои худ сокит набошанд, вагарна ду, се сол пас ҳатто роҳи гузарашонро ин домсозҳо гирифта баландошёна месозанд.

Аммо муаллифи номаи омада аз Ғафуров аз хушҳоливу хурсандии қисми зиёди аҳолии ин шаҳр навиштааст, ки бо рафтани Салимзода Нусратулло аз мақоми раиси ноҳия ҳамагон оҳи сабук кашидаанд. Чаро мардуми Ғафуров аз рафтани Салимзода беҳад хурсанд шудаандро аз номаи фиристодаи онҳо мефаҳмед:

Қубодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номаро аз Қубодиён мефиристам.

Бовар кунед, ки ин милисаҳои Қубодиён аз фашист ҳам бадтаранд. Мо дар район сигарет мекашидем. Ду милиса омада гуфтанд, ки чаро дар ҷои ҷамъиятӣ сигарет кашидед? Дар пешамон ҳатто як нафар ҳам набуд. Мо гуфтем, ки «акаи камандир бахшиш мо нафаҳмидем». Ин милиса гуфт: «ба мо бахшиш- пахшиш нест, мерем адел ба мефаҳме».

Моро бурдан отдел. Милисаҳо шиштагӣ, шикамҳо мисли занҳои 9 моҳа. Мегӯянд, ки «шумо ҷои ҷамиятида сигарет кашиде 300 сомон ҷарима». Мо гуфтем акаи камандир мо нафаҳмидем. Охир, ин чи ҷои ҷамъиятӣ буд, ки пешамон ягон одам набуд ва мо тоқа будем. Ҷое, ки сигарет кашидан мумкин набошад бояд, ягон аломат ё ишорае дошта бошад, ки мамнуъ будани сигоркаширо муайян кунад, чуноне, ки дар Русия нелзя курит навиштаанд.

Як милисаи оқипадараш дар ҷавоби мо гуфт:  «эй, бахшишта бра да пеши мулои масчитон бугу, иҷа бахшиши ту ба кор намия. Брое 70 сомонӣ биёву биёр, бре набоша 300 сомонӣ раведу дар бонк биспоред».

Ҳамин қадар мефаҳмонем, намефаҳманд. Охир барои якум бор огоҳӣ гуфтаанд. Баъд, наход ҷарима барои як сигарет кашидан дар ҷои ҷамъиятӣ 300 сомонӣ бошад? Охир 300 сомонӣ дар Тоҷикистон пули як қопча орд ва 10 кило шакар аст. Наход одамро барои як сигарет кашидан дар ҷойи ҷамъиятӣ 300 сомонӣ ҷаримааш кунӣ. Хуллас, то 70 сомонӣ нагирифт, сарамон надод. 70 сомониамро гирифт баъд сар дод. Он ҳамроҳам надоштааст, бечора қарз карду супориду баъд омад.

Он ҳамроҳи бечораам мегӯяд, «акаи камандир ман хизмат кардагиюм фалон частда» ва ҳамин тариқ ҳамроҳашон хуб гап зад, аммо он милисай 9 моҳа ҳомилааш гашт гуфт хизмат кардӣ ба худат хизмат кардӣ, сума те, давай досвидания.

Ана ин аст аҳволи Тоҷикистони пешвои миллат!
Боз як ҳодисаи дигарро нақл мекунам бародар, ки дар барномаи «Номаҳо аз  ноҳияҳо» нашр кунед. Ҳарду ин номаро аз Қубодиён гуфта нашр кунед.

Историяи ана ҳамин одамро як одами дигар нақл кард. Номаш Раҳимов Нурулло Мирзоназарович бо лақаби «кафтарбоз»-наркобизнес буд. Аммо дар ин кор Ҳабибулло Воҳидзода ҳам «қуш» будааст. Ҳабибулло Воҳидзода ҳозира Прокурори генералии Тоҷикистон.

Раҳимов Нурулло Мирзоназарович бо Воҳидзода бизнеси маводди мухаддир доштаанд. Главар ҳамин Ҳабибулло Воҳидзода будааст. Он вақт вай Прокурори генералӣ набуд. Раиси Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон буд. Ин Воҳидзода вақте мебинад Раҳимов Нурулло Мирзоназарович суми зиёд дорад подставиташ мекунад.

Раҳимов Нурулло Мирзоназарович аввал мегурезад Русия. Аммо ин Воҳидзода фанду фиребаш мекунад мегӯяд, ки баргардад биё Тоҷикистон ҳаллаш мекунем. Ин Раҳимов Нурулло Мирзоназарович ба Воҳидзода бовар карда бармегардад. Вай сокини Душанбе аст. Соли таваллудаш 1972 аст. Хуллас вай меояд, аммо Воҳидзода ӯро боздошт ва сипас ӯро 25 сол аз озодӣ маҳрум мекунад. Ин ҳодиса дар соли 2022 руй додагӣ аст.

Ҳабибулло Воҳидзода ва ниҳоди он вақт зери раҳбарии вай Агентии мубориза бо гардиши қайриқонунии маводдди мухаддир он вақт дар хабарномае чунин навишта буданд:

” Бино ба иттилоияи агентӣ, кормандони ин ниҳод моҳи феврали соли 2022 дар натиҷаи як амалиёти бобарори оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе гурӯҳи муташакили ҷиноятпешаеро дастгир намуд, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон даст дошт. Саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло Мирзоназарович соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Чортути боло, оиладор, соҳиби 4 фарзанд будааст. Агентӣ гуфт, Нурулло Раҳимов “шахсияти “маъруф ва шинохта” дар олами ҷиноӣ бо лақаби “Кафтарбоз” мебошад, ки соли 1995 бо моддаи 234 КҶ ҶТ ва 228 КҶ Федератсияи Русия (ҳарду дафъа бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир) ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.” Агентӣ гуфт, ҳамроҳ бо “Кафтарбоз” 4 тан аз ҳаммаслаконаш низ боздошт шудаанд.

Айни замон «кафтарбоз» дар зиндон асту Воҳидзода Прокурори генералии Тоҷикистон. Инки ҷаноби Воҳидзода бо ин қочоқбар чи гуна бизнеси қочоқ доштаандро дар барномаҳои баъдӣ хоҳем гуфт. Вале як чиз маълум аст ки Воҳидзода ин шарики бизнеси худро худаш фурӯхтагӣ аст. Шояд барои резултат бошад. Маълумотҳои ҷолиби дигар аз Ҳабибулло Воҳидзодаро дар номаҳои баъди тақдим хоҳем кард.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин боз ҳам ман хабарнигори ҷамъиятти шумо ҳастам, ки аз Волгоград бароятон менависам. Ин бор низ баъди мурури сайтҳои нашрияҳои чопи Душанбе аз сайти нашрияи СССР як матлаберо зери сарлавҳаи «Панҷакент: 33 сол дар интизори замин» интихоб кардам.

Сабаби интихоби ин матлаб, аниқтараш номаи шикоятии як гуруҳи саднафараи деҳаи Амондараи Панҷакент дар чӣ аст? Сабабаш дар он аст ки ин масъала, ки дар ин номаи шикоятӣ матраҳ шудааст, дар тамоми манотиқи кишвар вуҷуд дорад. Гап дар бораи тақсимоти замин ё участкаи наздиҳавлигӣ ба ба аҳолӣ меравад, ки мо аз сафҳаҳои матбуот медонем, ки солҳост ба як масъала ва мушкилоти ҷиддии Тоҷикистон табдил шудааст.

Масъалаи мазкур, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ яъне қитъаи замин, ки дар он шаҳрванд битавонад хона бисозад ба як манбаъи даромади муфти раисони навоҳӣ табдил шудааст. Гап дар он хусус меравад, ки чанд соли ахир додани қитъаи замин барои сохтмон ба салоҳияти раиси ноҳия дода шудааст.

Ҳоло инҷо ин навиштаро пешкаш карда ва сипас фикрҳоямро дар бораи он баён медорам. Ин номаи шикояти дар рӯзи 28 январи соли ҷорӣ таҳти унвони «Панҷакент: 33 сол дар интизори замин..» ба нашр расидааст, ки муаллифи он нафаре бо номи Ҳазратқул Аҳадов, аз номи сокинони деҳаи Амондара, ба СССР муроҷиат карда ва навиштааст:

«Мо беш аз 100 нафар сокинони деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент дар ширкати ба номи А. Фирдавсӣ кору фаолият карда, 1  мушкили кӯҳна дорем – аз соли 1993 то ба имрӯз ба мардум қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда намешавад.

Албатта он солҳо кишвар дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ буд ва мо аз талаби замин худдорӣ менамудем. Шукр имрӯз сулҳу салоҳ пойдор асту Тоҷикистон бо маром ба пеш меравад! Шукронаи тинҷиву осоиштагии Ватан!

Аз он вақт то ҳол 4 раиси шаҳр иваз шуд, вале ба арзи мо дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ касе посухи аниқу мушаххас дода наметавонад, фақат ваъда аст. Раиси имрӯза, Абдухолиқ Холиқзода низ пайи ҳамон пешинагиёнаш, ваъда медиҳаду халос. Мардуми деҳаи мо қонунҳои кишварро эҳтиром намуда, дар ягон қитъа худсарона якто санг нарехтааст, ки инҷо хона месозам. Мо намефаҳмем чаро ва бо кадом сабаб ба мо замин медиҳем мегӯянду намедиҳанд?

Мо замини обӣ талаб намекунем, дар лаби дарёи Зарафшон 75 га замини лалмии ширкати мо ҳаст, ки солҳои зиёд обро надидааст. Онҷо мешавад манзил бунёд карду об баровард». Бале, раисҳо меоянду мераванд, аммо мушкилоти замини наздиҳавлигии сокинон тамом намешавад. Ҳастанд хонаҳо,ки чор –панҷ оила дар онҷо зиндагӣ мекунанд ва табиист, ки дар чунин хонаводаҳо ҳамеша баҳсу даъво рух медиҳад. Аммо, мо медонем, ки барои афроди пулдор ва мансабдор қитъа барои  сохтмони хона, участкаи наздиҳавлигӣ дода мешавад ва мо ин фактҳоро ҳам медонем, ки шояд имрӯз садҳо ҳазор дар тамоми манотиқи кишвар дар мавзеъҳое соҳиби замин гаштаанд, ки ғайриқонунӣ аст ва дар онҷо сохтмони манзил мамнуъ аст.

Аммо, тафовути ин номаи сокинони Амондара дар он аст ки онҳо пешниҳоди худро барои мавзеъи муайян кардаанд. Яъне мавзеъе, ки онҷо лалмӣ ва ғайриобӣ аст.

Ман ба ин сокинон як маслиҳат медиҳам. Ҳамин шумо сад нафар, ки беш аз сӣ сол интизори заминед, ҳар кадомеатон 5000 сомонӣ ҷамъ кунед ва ин ниммиллионро бареду ба раиси ноҳия диҳед, мутмаин бошед, ки мушкили «куҳна»-атон ҳал мешавад ва шумо соҳиби участкаи наздиҳавлигӣ мешавед.

Боқӣ худатон медонед.

Бохтар

Ассалому алейкум бародари қиёматиам Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман ҳамон додари қиёматии шумо ҳастам. Ман вақте барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро   тамошо мекунам модари азизамро дар хобам мебинам, ки беҳад хурсанду хушҳол аст. Модарам дар хобам гуфт, ки ин ша Аллоҳ мардум озодиро мечашанд. Акнун бедор шудам. Бовар кун бародари азизам, куртаам дар баданам тар шуда буд.

Дар як наворат дидам, ки бо як муаллим аз Айнӣ буд ё аз Чоркуҳи Исфара, ҳайф, ки фаромуш кардам суҳбат мекардӣ ва он нафар барои пешвояш шеър хонд.

Ман ҳам пешворо дӯст медорам, дар нохунак. Мехоҳам барои пешво шеър бихонам

Тоҷикистон ба пеш аст,

Шайтон задай хеш аст.

Таҷовузгари милат,

Шарипович Раҳмон аст

Ба зӯр омад ба қудрат,

Фанд кард ҳизби наҳзат.

Даст дод бар ин милат,

Шарипович Раҳмон аст.

Муҳибуллои номард,

Хусурбачай Раҳмон аст.
Ҳасану Раҳматулло,

Галубоёй Раҳмон аст.

Бовар мекунен милат,

Шарипович Раҳмон аст.

Қасам ба шири модар,

Ваъда ба ҳизби наҳзат

Беқадри ин миллат

Шарипович Раҳмон аст.

Миллата додай озор.

Худованд аз ту безор

Сатру ҳиҷоб куҷо шуд

Шарипович Раҳмон аст

Риши мардҳоро бурдӣ,

Озодада спурдӣ,

Оҳ, вай қили асп нестай,

Озода хурсанд шидесай.

Члики бенохунма

Камтараг тез кадесам

Барои Озодара,

Ма таёрӣ дидесам.

Э, Шарипович Раҳмон маргат қариб шуд, ин ша Аллоҳ. Илтимос бародар инро дар барнома бимон, ки ҳамон муаллими бадбахт гуш кунад, ки чи хел мардум пешворо дуст медоранд бо оилаи касифаш, чи хел шеърҳо эҷод мекунад, ин миллати ҷабр дида.

Боз аз шумо пурсиданиам бародари азиз, ки дар «Минбари муҳоҷир» як бародар баромада гап мезад, бисёр марди ҷасур буд- Муҳаммад аз Ғарм бо номи муҷоҳид. Чанд вақт мешавад, ки ман вайро намебинам. Бародар сиҳат ва саломат ҳастанд. Ба он бародар саломи манро расонед. Ба худо қасам чандест он бародаро надидам, беҳад зиқ шудам.

Илтимос Муҳаммад баро гап зан, шеърҳову суҳбатҳоятро беҳад ёд кардем. Ту рафиқи бародари ман будаӣ. Лекин шумо маро намешносед, бародарамро мешуносед. Вақташ ки омад ба шумо худро шинос мекунам.

Бародарони мубориз ҳамаи шуморо ба худованд месупорам.

Истаравшан

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи муътбар ва дустдоштании «Ислоҳ». Ман аз Истаравшан ҳастам ва ҳоло муроҷиат ва хитоб ба мардуми ин шаҳр дорам. Ин 2 дом пешравӣ не. Пешравӣ озодӣ, озодии мову шумо аст, мефаҳмед? Агар чунин вазъу ҳолат идома ёбад, имруз ё пагоҳ рохи 9-уми майро мехезонанд дом мекунан, сонӣ мефаҳметон. Баъд куҷо мераветон? Як савол   барои сокинон ва соҳибони хонаҳои заминакӣ, ҳавлиҳои роҳи 9-уми май. Давним давно участка ҷудо карда шудааст, канӣ ба ҳамон участкаҳо бароетону проблемаҳоятонро нависед.

Вақте раиси шаҳр омад рафт аз Хуҷанд тамоми кормандони налоги шаҳри Истаравшанро овард ва чи кор кард ҳамон пулҳоро фақат як Муғтеппаро соз кард? Ҳамон ҳам аз ҳисоби соҳибкорҳо.

Эй, мардум, ба Худо бо ин вазъу ҳол поколениҳои навро ояндаашон несту нобуд аст. Ҳама буз, дузд, наркоман шудаанд, духтарҳо, занҳо интернетшин шудаанд.

Боз чанд нафар аз занҳои шӯдор бо милисаҳо «кор» мекунанд, подставакунӣ, пул канӣ дар авҷи аъло расидааст. Бадтар аз ҳама бадаш мардҳои бачабоз ҳам ҳаст. Ҳаминҳоро, ҳамин вазъу ҳолро пешравӣ мегӯетон? Бароеду нависед ҳамаи ин камбудиҳоро.

Ба шумо номери «Боварӣ»-ро медиҳам: +33 767 69 67 83. Агар, ки телефон даркор бошад, инаш аз ҳисоби ман ҳамон телефон ё ки пулашро ман медиҳам.
Камбуди гузар, қишлоқ, бозор, мактабҳо ва ағбаро нависед.
Агар ягон каси менавистагӣ бошад, пулашро ман медиҳам. Ман як нома аз 100сафҳа то 600 сафҳа дар бораи проблемаҳои Истаравшан навишта истодаам, ин ша Аллоҳ мефиристам.
Устод, ҳамон масъалаи пулашро ба шумо роҳӣ кунам?
Ғафуров

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин Баъди тамошои барномаи ахири «Семейканюс», ки қаҳрамони манфии он Нусратулло Салимзода буд, соҳибкорон ва умуман ҳамаи онҳое, ки ягон тиҷорат ё бизнесе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доштанд, баъди рафтани Нусратулло Салимзода аз вазифаи раиси ноҳия нафаси озод кашиданд. Мардум аз дасти Нусратулло Салимзода ва котибааш Мунира ба дод омада буданд. Онҳо бо мардум тарзе муомила ва рафтор мекаранд, ки ҳатто мансабдорони Аморати Бухоро он тавр ғорат намекарданд. Аз баъзе аз корҳои онҳо шарми кас меомад. Ин қадар раису котибаи гушнаву ҳарис ва носерамро мардуми Ғафуров ёд надоранд.

Ҳатто, шояд боваратон наояд, продуктаи хонаи Мунира, сару либос ва умуман ҳамаи расходҳои Мунирахонро ба навбат ин ё он соҳибкори ноҳия харида мебурд.  Писари Мунира ҳар вақте ки ба Ғафуров меомад алоҳида доля ҷамъ мекарду мошинашро полный бак заправка мекарданд. Тамоми кормандони мақомоти иҷрояи ҳокимияти Ғафуров аз рафтани Салимзода хурсанд шуданд. Ҳар обеди Салимзодаро бо навбат онҳо ташкил мекарданд ва барои Салимзода соати корӣ, вақти корӣ фарқ надошт, ҳатман арақ мезад.

Бачаи Мунира бисёр як сағераи ҳароми гуфтаи мардум тентак аст. Аз заправкаҳо заправка мекарду сумошонро намедод. Мегуфтан суми заправкаро деҳ, мегуфт «медони ма бачаи кийм?! Бачаи раиси нохия! Ҳози я занг мезанм заправката махкам мекнан». Бачаи Мунира хуни халқи Ғафуровро макид. Ҳозир боз акнун навбати Рудакӣ.

Ва, дар охир ман як андешаамро гуфтаниам. Ман зидди он ҳастам, ки як нафарро аз дигар ноҳия оварда раис монанд. Ин Салимзода Нусратулло аз Данғара омада дар Ғафуров чи кор мекард. Бигзор кадрҳо аз худи ноҳия раис бишаванд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 329 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №327
Дар ин барнома чаҳор номаро аз навоҳии Шамсиддини Шоҳин, Помир, Бохтар (Қурғонтеппа) ва Кулоб ҷой додаем.

Муаллифи нома аз ноҳияи сарҳадии Шамсиддин Шоҳин, ба назар мерасад, ки ронандаи мусофирбар, таксист аст. Муҳтавои номааш ба ҳамин чиз ишора мекунад. Аммо вай дар ин нома фикрҳои ҷолиберо иброз дошта ва аз Раҳмонов хостааст, ки ба мушкилоти воқеӣ дар марз таваҷҷуҳ кунад, на  ба масъалаи сатру ришу либосу нохуну попӯши занҳои воридшаванда ба Душанбе.

Ин бонуи муаллифи номаи расида аз Помир ба Ислоҳ ташаккур кардааст, ки бо нашри чанд матлаби фиристодаи вай тавонист дар рафъи бархе аз мушкилоти мардуми Роштқалъа саҳм бигзорад.

Нигорандаи номаи мо аз Бохтар ба чоплусону лаганбардорон муроҷиат кардааст. Вай баъзе аз онҳоро зикри ному насабу ҷойю мақом кардааст, ки боис шуданд чанде аз зиёиёни асили миллат маҳкум ба зиндон бишаванд. Аммо гуфтааст ин муаллиф, ҳоло майдон холӣ аст то ба назарҳову мавқеъгириҳои шовинистонаи бархе аз ровиёни русӣ, ки мегӯянд Осиёи Миёна бояд дар ҳайати Русия бошад, ҷавоб бигӯянд.

Номаи омада аз Кулоби бостон ҳам ба номаи омада аз Қурғонтеппа шабоҳат дорад. Ин муаллифи мо ба тоҷикҳо эрод гирифтааст, ки барои «калазардҳо» хушомад назананд ва ройгон чойу нону хурок надиҳанд. Чунки онҳо бо мардуми муҳоҷири тоҷик дар ватани худ муносибати хуб надоранд.

Шамсиддини Шоҳин

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Шурообод менависам. Таксӣ кор мекунам. Бовар кунед ман ду моҳ пеш умуман шуморо гуш намекардам. Аммо ҳоло, алҳамдулиллоҳ, ҳар барномаи шуморо интизор мешавем ва барномаҳои гузаштаи чанд сол пешро ҳам ҳамаашро пайдо намуда гӯш карда истодаам. Шумо шахси муборизи миллат будаед, Аллоҳ ба шумо нусрат диҳад.

Бародар Муҳаммадиқбол мехоҳам, ки дар бораи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон камтар маълумот диҳам.

Раҳмонов, агарчи сӣ сол зиёд аст ки сари ҳукумат аст на дурандеш асту на саводи дурусти сиёсӣ дорад.

Ман, тахминан дар байни солҳои 2013 -2016 ба тарафи Бадахшон рафтам. Як рӯз гузорам ба пости Хирманҷо, аз Шӯробод поин як дидбонгоҳи гумрукӣ ҳаст, афтод.

Як корманди гумрук, ки баъд аз анҷоми навбатдорӣ дар роҳ баромадааст, манро манъ карда пурсид, ки бародар то Қалъаи хумб мебарӣ? Дар бар либоси гумрукӣ дошт. Майлаш гуфта савор кардам. Камтар ҳаракат кардем, ки пули тарафи  Афғонистон наздик шудем. Ба ман гуфт медонӣ дар ин ду се рӯза чи гузашт дар инҷо? Намедонам, гуфтам. Баъд нақлро сар кард, ки як мард бо занаш аз Душанбе ба шаҳри Хоруғ ба дидори фарзандашон, ки хизмат мекунад меоянд. Фарзанди сарбозашонро мебинанду тарафи шаб бар мегарданд. Дар назди ҳамин пул шлагбаум ҳаст. Фикр мекунанд, ки инҷо пости Шӯробод аст. Дар ин пост аз мусофирон пул мегирифтанд. Фикр мекунанд ҳамон дидбонгоҳ аст. Меоянду наздик мешаванд, ки сарбозон хобанд, пул надиҳем гуфта шлагбаумро мекушоянд, мегузаранд мераванд. Ҳеҷ кас нест. Чи қадар масофаро тай мекунанд, ки сарбозони афғон манъ мекунанд. Мегӯянд шумо куҷо меравед? Мегӯяд Душанбе. Сарбози афғон мегӯяд охир шумо сарҳади Афғонистонро убур карда чи қадар масофаро тай карда омадаед ба Афғонистон. Ва онҳоро дастгир карда мебаранд ва  маълумотро баТоҷикистон медиҳанд.

Барои руй додани ин ҳодиса чанд афсари баландмақоми сарҳадчиро иваз намуданд. Ман, ин нақлро шунида дар ҳақиқат дар тааҷҷуб задам

Ман чи гуфтанӣ ҳастам?

Раҳмонов ту ин қадар спектакл месозию фикр мекунӣ мардум намедонанд. Бовар кунед сарбозон дар сарҳад гушна мегарданд. Мошинҳоро манъ карда нон металабанд, барои командирашон сигарет металабанд. Сарҳад кушодааст, ту чи хел мегӯӣ, ки ман «сатрро мебинам асабӣ мешавам». Охир, ҳамон нафаронеро ном мегирӣ, магар онҳо  асабӣ намешаванд як шаб хезанд то Душанбе биоянд.

Раҳмонов, ту бо ин сиёсати «дурандешонаат» аввалин коре кардӣ дар боби сарҳади Тоҷикистон -Афғонистон минаҳоро нест кардӣ бо маслиҳати Америка. Ман шахсан ёд дорам як сапёри америкоӣ инструктор дар ҳолати разминированийи мина кафида ҳалок шуд буд. Сарҳадро разминирований карда будӣ. Дуввум пулҳову купурукҳо сохтӣ, ки дар онҳо умуман контрол-назорат нест  ҳуй мебошанд. Ин корро ҳам бо маблағи Амрико кардӣ.

Масъали дигар ки мехоҳам бигӯямин аст ки Амрико барои Афғонистон силоҳу муҳимоти ҷангии зиёд монду рафт. Аз рӯи навиштаҳои матбуот, агар хато накунам 200 миллиард доллар. Ин гапро Трамп гуфта буд, ки беасос нест.

Ин ҳама фактҳоро мебинӣ, боз чи мехоҳӣ Раҳмонов,бо ин сарбозони гушна дар сарҳад чи кор мекунед, бас кунед, спектаклбозиро бас кун бо дини Аллоҳ ҷангро канор гузор, ки тенҷ зиндагӣ кунем. Ту Тоҷикистонро ба Хитой ва кишварҳои дигари донор барвақт фурухтӣ.

Вазъият беҳад хатарнок аст. Бовар кунед, ин навиштаҳои манро ҳама истиқомат кунандагони назди сарҳад медонанд. Раҳмонов бовар кун агар ин навбат ҳам навбати президентиро бидуздӣ вазъиятат бад мешавад. Ҳама роҳҳо дар сарҳад бар зидди ту кушода ҳаст.

Раҳмонов то он дараҷа бесавод аст ки мисол ба мисли як шаҳри ҳама дуздон, дари хонаро кушода мондааст, бе назорат. Боз даъво мекунад, ки дузд хонаи ман медарояд, дар ҳоле, ки ҳама шароитро барои дуздон худаш фароҳам овардааст.

Раҳмонов бузро дар пеши гург бастааст

Ва, як иловаи дигар.

Раҳмонов вақте ту бо ин сиёсати аҳмақонаи пешгирифтаат сарҳади разминировании сарҳади Афғонистонро сар карди Ӯзбекистон кори туро дида сарҳадашро бо Тоҷикистон маҳкам кард, мина хобонид. Бисёр оилаҳое, ки нимаш дар он параи сарҳад монданд аз дидори ҳамдигар маҳрум шуданд. Дар ҳоле, ки  ҳаррӯз  рафту омад доштанд. Ин ҳама таҳти таъсири сиёсати пешгирифтаи ту буд. Ҳоло бошад барои дуздида бурдани ту ва оилаат ба мисли Мадуро ҳамаи шароитро муҳайё кардӣ, роҳҳоро кушода кардӣ.

Мо намехоҳем туро дузданд. Ту дар маҳкамаи миллат бояд ҷавоб гӯйӣ.

Помир

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман боз ҳамон хоҳари шумо аз Помир ҳастам ва бори сеюм аст ки аз пойтахти Русия-Москва ба шумо менависам. Бародари азизи роҳи ҳақ, мо ҳамеша аз даргоҳи Худованд дуъо металабем, ки шумо ҳама вақт зиндаву саломат бо аҳлу хонавода бошед. Мо бо шумо ифтихор мекунем.

Бародар, ман бо шумо дар бораи ҳамон бадгарди Сунида Раҳмонбекова ва ҳамон шахси касиф Саидҷаъфар Икромзода ва натиҷаи корҳо нақл мекунам.

Як ҳафта пеш аз ноҳияи Роштқалъа ба ман ҳамон хешам занг зада гуфт :

Табрик, як кори ту амалӣ шуд.

Ман гуфтам чи гап шуд?

Вай гуфт, ин ҳароми бузи ваҳшӣ Саидҷаъфарро аз ноҳияи Роштқалъа гум карда бурданд тарафҳои Кӯлоб.

Ман гуфтам, ки аҷаб кори хуб шуд, ҳозир мардуми нохияи Роштқалъа камтар оҳи сабук мекашанд. Ва пурсидам, ки дар ҷои вай кӣ омад?

Вай гуфт, ки дар ин хел ҷойҳои вазнин, маълум аст ки помириро намемонанд кор кардан. Аз тарафҳои худ як нафари дигарро оварданд.

Ва боз пурсидам, ки ин бадгарди Сунида ҳозир чи кор мекунад?

Вай гуфт, ки хоҳар, вай зани бадгард, ҳоло дар ҷои худ кор мекунад, лекин настроениҳояш паридагӣ, намедонад чи кор кунад, ба фикрам ҳозир дигар касро меёбаду боз бадгардии худро идома медиҳад.

Ташаккур ба шумо, ки дар бораи ин палиди Саидҷаъфар чанд бор нашр кардед.

Ин одам хеле барои мардуми нохияи Роштқалъа хатарнок буд ва ҳозир онҳо камтар аз зулм халос мешаванд.

Ман ба ин хешам гуфтам, ки аз паи ин сардори нав ҳам поида гард, агар яке мисли ҳамин падарлаънат кор кунад, дарав хабар деҳ, боз ман менависам ба Ислоҳ.

Ин беҷогарди Сунида, ҳама медонем, ки ба чунин мақоми баланди кор бо подержкаи Саидҷаъфар расида буд. Ба эҳтмоли зиёд ин бадгардро аз кор мегиранд. Чунки вай саводи кофӣ надорад ва тамоми мардуми нохияи Роштқалъа- соҳибкорон ва мактабҳоро бо тафтишҳои беҳудаву бемаврид безор кард.

Бародар ман дар ин қисмати номаам боз дар бораи ҳамон корманди ЗАГС дар ноҳияи Роштқалъа Сурайё менависам. Аз ин пеш ҳам дар яке аз номаҳоям, ки шумо чоп намуда будед дар бораи вай навишта будам. Аммо ин бесаводи ноодамро то ҳоло аз кор нагирифтаанд.

Аз номи мардуми ноҳияи Роштқалъа ба вазири адлияи Тоҷикистон Музаффари Ашуриён муроҷиат карданиам, ки

барои чи ин хел бесаводҳоро дар кор нигоҳ медоред?

Барои онки вай зани Ҳабиб Маҳмадов ҳамон номарди хоин, ки боиси тамоми бадбахтиҳо дар Помир шудааст? Мо мефаҳмем ки ин фақат аз барои ҳамин шавҳари хоинаш аст. Ин сабукмағзи сабукпо пеш вақтҳо бо прокурори ноҳияи Роштқалъа мегашт. Ин прокурор борҳо дар хонаи онҳо шабона мондааст, чандин бор. Мардуми деҳа ин корро ҳама медонад ва ин гап аз даҳони мардум баромадааст.

Он хешам ба ман гуфт, ки крышаи ин хоин ва номарди Ҳабиб прокурорҳо мебошанд, ҳатто дар худи Душанбе ҳам ҳастанд.

Лекин ин Ашуриён бояд кори ин Сурайёро ҷиддӣ тафтиш кунад. Ин зани баднафс ва бесаводи нодон тамоми мардуми ноҳияи Роштқалъаро бо пулканиҳояш   безор кардааст. Ягон ҳуҷҷатро, ҳатто шаҳодатномаи таваллудро, ки тибқи қонун ройгон аст, бепул намедиҳад. Аммо хату саводи Сурайё ҳатто барои фаррошӣ ҳам намеарзад, аммо аз барои хизматҳои шавҳараи хоинаш гирифта  сардори ЗАГС монданд. Ин бесавод хатто шавҳари номарди худро писанд ҳам намекунад, касе ки мефорад, ҳамроҳаш мегардад.

Аз ин бесавод, не ягон прокурор, не ягон коркуни ҳукумат ва не ягон мардҳои куча монданд.

Агар ин бадгардро гум накунанд, мардуми нохияи Роштқалъа аз бесаводии вай дар азоб мемонанд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар ин ҷо ман бо шумо худоҳофизӣ мекунам ва ба шумо ва ба тамоми хонаводаатон саломатӣ орзу дорам.

Ман ба шумо боз менависам.

Худо ёратон бод!

Бохтар (Қурғонтеппа)

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Нома аз шаҳри Қурғонтеппа фиристода мешавад.

Мундариҷа ва ё оғозсуханро чи унвон гузорам намедонам. Зеро дигар ончунон ғазаб домангирам шудааст, ки дигар имкони хомушӣ нест. Ин навиштаҷот барои ҳукумат ва ё сарвари ҳукумат ҳеҷ рабте надорад балки ба чанд тан тудаи авбошу айёши худпарасту манфур ва бесаводи худхонда, ки маҳз онҳо дар ин чанд соли охир барои баъзе аз  равшанфикрону зиёиёни воқеӣ ва чеҳраҳои асилу адолатпешаи ин ватан монеа эчод мекунанд, нигаронида шудааст.

Савод надоред мисли ман ором бишинед. Аз бахиливу нотавонбинӣ ва маҳалгароиву дарунсиёҳии шумо ин ватан ва ин сарзамин ба мушкилоти гуногун дучор шуда истодааст.

Эй, гумроҳон шумо ку шарманда будед ва тайи ин чанд моҳи ахир буйи гандатон ҳама ҷоро фаро гирифт, аз буи бадатон нафасгир намешавед, аз ҳамкору ҳамсояву ҳамкурсҳоятон шарматон намеояд? Виҷдон надоред, номус надоред? Худованд тақдири ҳаркиро, ки шумо ноҷавонмардон сиёҳу туҳматаш кардед ба сари фарзандону наберагонатон биёрад. Баъзеи шумо аз худову расул гап мезанед, худро эшонзода мегиред, магар фардо рӯзи мурдан надоред?

Эй хоинон, эй ватанфурӯшон шумо ин қадар хоинед, ин қадар ноҷавонмардед, ки   агар ҷояш ояд зану духтари худро пешкаш хоҳед кард, инро аз шумо мунтазир шудан мумкин аст. Зеро маҳз шумо хоинон боис шудед чандин нафар донишмандону зиёиён зиндонӣ шаванд. Шумо аблаҳед, аблаҳи гузаро. Шумо бехабаред, ки таърих онҳоро фаромуш нахохад кард ва номҳояшон дар сафаҳоти таърихи ин миллат дар қатори номҳои бузургон ҷой хохад гирифт. Аммо шумо чи? Шумо русиёҳ дар саҳфаи таърих хоҳед монд!

Саъдӣ Маъдӣ худро филолог мегирад. Он қадар ин инсон бесавод аст, он қадар паст аст, он қадар разил аст ногуфтанӣ. Замоне барои навиштани китоби «Ҳаводиси рузгори ман»-и Абдухалил Холиқзода ин гови буғуз бо ҳамроҳии Сайфи реклом  яъне Сайф Достиев, Раҳмоналӣ Шералиев, чунон тавтеае ба роҳ андохтанд, ки тамоман ногуфтанӣ. Инҳо дар лаган бардориву моялесӣ хун надоранд. Дар он шабу рӯзҳо агар саҳифаи инҳоро медидӣ чи тавр мисли модасаге, ки гуш меорад чи тавр уллос мекашиданд. Инҳо ҳар нарсаге, ки боқувваттару бузурггтар дидан думи худро мебардоранд. Инҳо магар номус доранд? 80 дарсади мардуми кишвар медонистанд, ки ин коре инҳо карданд супоришӣ буд ва ин ду тан бе гуноҳ буданд, аммо ин сагон аз ҳарҷолесии худ шарм намедошта бошанд?

Имрӯз расонаҳои руси пропагандаи онро дорад, ки кишварҳои Осиёи Миёна бояд  мустақил набошад ва ин як таҳдид ба амнияти давлату миллат аст. Ку дар ин маврид ин шағолон, ки худро ватандӯсту патриот мешуморанд як калима гуянд? Барои инҳо агар устухоне партоянд мехоянд ва касе устухоне напартофт инҳо ақли аз пеши худ коре карданро надоранд.

Ман як чиро бо бовари мегӯям. Агар ҳамон зиёӣ, ки ҳамроҳи сардори беморхонаи Ибни сино бо туҳмат зиндонаш карданд дар озодӣ мебуд, аллакай чандин вокуниш нисбати ин пропогандаи Кремл мекард. Аммо ин сагони муздури худхонда чи гуфтанашонро намедонанд. Ҳатто забони русиро намедонанд, ки чизе гуянд. Як нафар аз журналистон дар он шабурӯзи фоҷиаи фарзанди тоҷик ба Путин чи савол дод, ёд доред?

Бигиранд саҳфаҳои интернетии аз ҳама серобуначиашро ба чанд тан шахсони донишманд супоранд, дар чунин ҳолатҳо вокуниши бо маврид кунанд. Ман нисбати ҳукумат чизе гуфтанӣ нестам, гуфтанӣ ҳам надорам. Аммо чунин шағолон, ки дар вазифаҳо ҳастанд афсус, ки инҳо дар дохил маҳалгароиву маҳалбадбиниро рӯирост пеша кардаанд. Ба навиштаҳои инҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ менигарӣ ҳам хандаат мегирад ва ҳам бениҳоят асабӣ мешавӣ. Охир якеаш дар донишгоҳи миллӣ дарс медиҳад дигариаш муҳаррири газета аст, севуминаш боз кадом вазифае аз инҳо баландтар дорад.

Оқибаташонро ба хайр гардонад. Ин шоҳномахонии Саъдӣ Маъдиро бинед.Мегӯӣ талабаи синфи се бошад.Бисёриҳо медонанд аммо хомушанд, зеро медонанд агар ҳарфе гуянд инҳо бузу туҳматчианд, аз ҳеҷ роҳе барнамегарданд. Ё Сайфро бин- як клоуни номери 1 аст. Бо инҳо мо ба кучо мерасем: «намебахшамтон бахшидамтон» ,ин маънояш тахдид буд, ки он шармандагие ,ин журнилисташ дар назди Путин кард,бояд касе чизе нагуяд. Баъди ин воқеа дукунагиаш ба ҳама маълум шуд дуруягияш дар як вакт навист намедонист, аммо баъдан скринашро дар саҳфааш гузошт. Как будто гуфта бошад, ки масъалаи Қобилҷонро гап занад. Хуллас, инҳо дар назди чанд тан мисли худашон бесавод худро донову олим метарошанд, вой бар ҳолашон.

Кулоб

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домуллои мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин. Сокини Кулоби бостонӣ ҳастам. Номаи ман ба чоплусҳову тамаллуқпешаҳову хушомадгӯҳову хокзану моямолҳо аст.

Ман ба ҳамин мардуми лаганбардор гуфтаниам, эй мардум бас кунед ин лаганбардориро. Ман ба Ютуб медаром мебинам, ки вақте ҳамин калазардҳо Тоҷикистон мераванд мардуми мо лаганбардорӣ карда дар хонаҳояшон бе пул чой ва хурок медиҳанд. Қадри миллати точик дар Россия дар таги по шудааст, аммо инҳо бошанд ин калазардҳоро дар Тоҷикистон «да болои саршон мегиранду боло гузарашон мекунанд». Агар дар Россия сайт даромада квартира ковам гуӣ дар сайт навистагӣ, ки «только для славянский народ» ва боз именно таъкид ва огоҳӣ кардааст, ки «таджиков не принимается» ва ҳамин эълонро рӯирост нависондагианд.

Ман, бахудо қасам аз корҳои ин лагандбардорҳо ҳам шармам мебиёяд ва ҳам дар ғазаб мешавам.

Як воқеаи гузаштаро ба ёд оваред. Дар айёми короновирус бародарамон Иззат Амон гражданини Россия буд. Аммо мақомоти рус ӯро ба мақомоти ин гарданбалонигазӣ фурухтанд. Чи қадар мардум дар ҷои корошон кидат шуда маош нагирифтанд, магар ҳамин ҳодиса барои шумо дарс нест.

Боз дар короновирус дар Тоҷикистон дар кадом куча ба калазардҳо пул дода истодаанд.

Агар мо ҳазору садҳазор бор инҳоро бе пул чой диҳем, бе пул хурок диҳем, аммо инҳо моро дар ватанашон одам намеҳисобанд. Ҳар рӯз барои тангу маҳдуд кардани ҳузури мову шумо навбанав қонунҳо бароварда ва боз сахттар карда истодаанд.

Ман дар як корхона кор мекардам аз ин корхона баромада дигар корхона рафтам. Вале роҳбари корхонаи пештараам ҳамроҳам муносибати хуб дошт. Баъди аз корхонааш рафтанам ҳам боз муносибат ва дӯстиашро идома дод. Кадом  проблемаи документӣ пеш меомад бо мошинаш бурда ҳал мекард.

Як рӯз фаҳмидам, ки бо касе гап мезад. Узбекҳоро чурка гуфт. Баъди он телефонашро блокировка карда удалит кардам.

Эй, бародарҳо, дониста бошед, ки мо то лаганбардориро бас накунем, пируз намешавем. Худро сорти дуввум наҳисобед. Мо Россия, ки рафтем бар ивази заҳматҳоямон пул мегирем. Онҷо ҳатто як кружка оби одиро ройгон намедиҳанд. Шумо шаъни худро дар назди ин калазардҳо паст назанед. Чою нону обу хуроку ҷойи хоб додед, пулашро гиред.

Боқӣ дар паноҳи Аллоҳ бошед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №327 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №318
Номаи омада аз Душанбе агарчи моро эрод гирифтааст, аммо тири суханаш ба самти Раҳмонов аст ва сӯҳбатҳое кардааст, ки хеле ҳам такондиҳанда. Масалан мегӯяд, ки дар ҳодисаи куштори Қобилҷон дар Маскав Раҳмонов шарик аст.

Муаллифи мо аз Нуробод идомаи баҳси группаҳо дар Шашволонро ҳикоят кардааст. Бидуни шубҳа барои хонандаи ҳамешагии мо ин ҳикоят хонданӣ аст.

Як нафар аз муҳоҷири корӣ аз Бохтар (Қурғонтеппаи пешина), ки аз Русия тавассути Қирғизистон баргаштааст, муътақид аст ки нархи гарони билети ҳавопаймо кори дасти Раҳмонов ва оилаи вай аст. Вагарна мегуяд, фосилаи Бишкеку Маскав ва Душанбеву Маскав фарқ намекунад, аммо нарх се баробар, чор баробар тафовут дорад.

Нигорандаи нома аз Махшевади Айнӣ изҳори сипос, кардааст, ки бар мабнои номаи вай, ки қаблан дар барномаи «Номаҳо..» чоп шуда буд, дар ин деҳа хеле тағйирот ба вуҷуд омад. Бад-ин манзур вай боз аз мушкилоти дигар навишта ва аз акои Рузибой Раҳимзода (раиси Айнӣ) талаб кардааст,ки санҷанду тафтиш кунанд.

Як нома, ё сипосномаи дигар барои ин барнома аз Панҷ ҳам расидааст:

Душанбе

Ассалому алейкум тамошобинони «Ислоҳ». Бародар Муҳаммадиқбол ман чанд кори шуморо қабул намекунам, хоссатан мурдаҳоро таҳқир мекунӣ. Хоҳиш мекунам ҳамин хислатро дур кун аз худат.

Хитоби ман ба Эмомалӣ Раҳмон! Эмомалӣ ту бо ин сиёсати харобат мардумро куҷо мебарӣ? Ин қадар фарзандони миллатро зиндонӣ карда истодаӣ, фикр дорӣ   миллат туро дӯст медорад? Ту фикр кун, ки ҳар зиндонӣ ҳадди ақал 20 наздикаш зидди ту шудааст ва мубориза мебарад ва ҳамроҳӣ бо мухолифон мекунад ва ба ту ва оилаи махуфат нафрат доранд.

Ҳукумати ту дар фасод ғутидааст ва фасод умри давлатро кӯтоҳ мекунад. Ин қадар мардумро ғорат карда истодаанд, порагирӣ ба  дараҷаи аъло пеш рафта истодааст.

Ту як чизро фикр кун. Сабаби пошхурии Давлати шӯравӣ дар соли 90 чи буд? Агар туро дар соли 1989 мегуфтанд, ки Давлати шӯравӣ барҳам мехӯрад, ту он касро ҳатман ба мақомот месупоридӣ. Ту дар вақташ зидди давлати мустақил шудани Тоҷикистон, ки мухолифони имрӯза мехостанд баромада будӣ ва ҷанг кардӣ. Дар болои сарат байрақи сурхи бо герби СССРро бардошта болои танку тӯпи Русияву Узбекистон ба Душанбе зада даромада будӣ. Инро тамоми халқи тоҷик медонад. Аммо акнун имрӯз худро «асосгузори мустақилят ва истиқлолият»и кишвар мешуморӣ. Сабаби ҳамон барҳамхӯрии шуравӣ фасод буд.

Эмомалӣ мардумро бе барқ ва корхонаҳои саноатиро клет кардӣ. Текстилкомбинати Душанбе 15000 зан дар се смена кор мекард. Ҳоло дар дасти қудои акои гӯр сӯхтаи Нуриддин Анвари кала аст, ки клет кард, дар ҷояш дом бардошт.

Барои чӣ дар беморхонаи хусусии Фаттоҳ Саид дар гардиши собиқ фабрикаи парандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ барқ 24 соат ҳаст, аммо дар беморхонаи ноҳия  нест. Ҳар вақт барқ хомӯш мешавад то кӯдаки 6 сола лаънат мегуянд туро.

Марги Қобилҷон бо маслиҳати ту шуд. Чаро боз мардумро фиреб мекунӣ? Вақте Путин омад дар Варзоб ба ту гуфт, ки бигзор оила ва кӯдакони муҳоҷирон нараванд. Пешниҳод аз ту буд: «ягонтоашро қатл кунем, метарсанд агар кудакони муҳоҷирон бошанд беҳтар аст. Боз бо ҳам гуфтед, ки все унас по  плану».

Дирӯз ду сарбози тоҷик мурданд дар сарҳади Тоҷикистон, ки ин ҳам бозии навбати ту аст. Боз чуноне шумо шарҳ додед дар барномаи Минбари муҳоҷир 380 -20 сарбоз кушта шудааст ва чор нафар захмӣ шуданд.

Вақте дар марги Қобилҷон мардум даъво карданд, ки пойгоҳи низомии Русия бароварда шавад, дарав сарбозони тоҷикро куштед. Гӯё ҳуҷум аз Афғонистон бошад. Бовар накунед. Агар аз Афғонистон ҳамла шавад то Душанбе меоянд, пойгоҳи Русия ёрдам намедиҳад.

Раҳмонов дуруғ нагӯ, инро ҳама мардум медонад, спектакли навбатии ту мебошад. Раҳмонов истеъфо деҳу рав бахудо, ки бадтар ҳоли тоҷик хуб не.

Раҳмонов ту зидди терроризм не зидди фасод мубориза кун. Тоҷик ниёз ба муҳоҷират надорад. Агар роҳбари дуруст бошад Тоҷикистон муҳоҷир қабул мекунад.

Мо муҳоҷирҳо бояд дар Тоҷикистон нафақа гирем. Чунки ба Тоҷикистон пул мефиристем. Ва, ин пулҳои мо тамоми бонкҳои хонаводаи Раҳмонов, бизнеси домодҳои Раҳмоновро мечархонад.

Раҳмонов натавонистӣ, миллатро паст задӣ, шарманда кардӣ тоҷикро.

Бо маслиҳати ту Қобилҷон кушта шуд. Пеши Аллоҳ чи ҷавоб мегӯӣ? Ту Афғонистонро гунаҳкор накун, мардум медонад. Сарбозон ва ҳарбиён бас кунед, хизматро. Ҳаматонро мекушанд барои давом додани ҳокимияти худ. Интизор шавед, кадом рӯз боз кадоми дигаратонро мекушанд. Бедор шавед.

Бо набераам бо телефон гап зада истода будам, ки свет мурд. Кӯдаки 6 сола мегӯяд, ки дар падари Эмомалӣ лаънат светро кушт, связ нест бобоҷон.

Ана фикр кунед, ки ҳар вақт свет хомӯш шавад лаънат аз ҳар оила садо медиҳад.

Давлат мухолиф дорад, мухолиф бигзор дар дохил гапашро бигуяд.

Раҳмонов фасодро нест кун. Бо тарс додани миллат чанд соли дигар давлатдорӣ мекунӣ?

Раҳмонов вақте нав ба ҳокимият омада будӣ, мо мардум барқ доштем, аммо ҳозир надорем. Ту аз кадом пешравӣ гап мезанӣ? Чизе, ки мардум дошт дар рӯзҳо ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ҳоло надорад.

Як чизи дигар нагуфта намонад. Танзими дастархони мардум ташкил кардӣ. Кормандони танзим аз ҳар туй 500 сомонӣ пора мегирад баъд ичозат медиҳад. Дар деҳаҳои Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки фақат дар туйҳо, аз ин туй ба туйи дигар ош ва гушт мехӯранд. Ту чи кор карда истодаӣ? 500 сомонӣ ҳаромхурҳоят мегиранд. Беҳтар нест, ки 10 кило биринҷ зиёд ош монад туйдору камбағалҳо хуранд. Ҳама ба мисли оилаи ту надоранд, доширак, макарон, ролтон, қарз мегиранд аз магазин. Як раву магазинҳои деҳаҳоро пурс, дафтари қарзу насияҳояшонро бин.

Фаттоҳ Саид дар гардиши фабрикаи парандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ беморхонаи хусусӣ дорад. Духтараш сардухтур аст 24 соат барқ дорад.

Раҳмонов ту Лидер, ту главар банда мебошӣ. Лидер барои «мо-мардум» мешавад. Тамоми мардум бе барқ бояд бошад, аммо банда- криминал свет дорад. Имкон надорад, ки Лидер бошӣ, мардуми тоҷик ниёз ба Лидер надоранд.

«Мо» бо маънои тамоми миллат на бо бандаи махсуси худ. Нафароне, ки дар хизмати ҳамин оилаи имрӯз мебошад рӯзи қиёмат бо ҳамин фиръавни замон мехезад!.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Вақте номаи моро дар шумораи пешинаи «Номаҳо..» чоп карда ва дар сарсухан навиштед, ки ҳикояти Нуробод хеле ҷолиб аст, ва худам ҳам гуфта будам, ки ҳоло идома дорад, илҳом гирифта давоми онро навиштам ва инак бароятон роҳӣ кардам. Боз ҳам дар бораи Шашволон ва Муродалӣ Эмом вақте дар группаи Комил буд падари Саидро мезанад, мусафеди 77 сола- ҳоҷӣ Тақдирро. Барои чи чизе разборашон мешавад, милисакашак мешавад.

Ориф соли 2017- 18 мошинҳои зур дошт, беҳад катагӣ мекард. Дар мошинаш райони куҳна мерафт, ягон касро савор намекард, мулоимхунук одам буд. Дар вақташ акоҳояш пулдор буданд, пулро бо линча роҳӣ мекарданд аз Русия. Мегуянд нодида дид, баъд рид. Бо вай гап зада намешуд. Нав ба қадри камбағалҳо мерасад. Дигар аз Русия ток нест, охир.

Баҳриддин ҷангандози дутарафаи дуруя боз дар вақти дар группаи Комил буданаш шабона пеши усто Муқим мерафт ва мегуфт «ма катитонм». Рӯз мешуд бо Комил ва шабона пеши тарафи дигар.

Бисёрии разборҳо аз рӯи ҳамин Баҳриддин сурат мегирифт. Одами шурандоз Ҳооҳо бо падари ман гап мезанад. Падари ман дар Русия аст. Падарам ба қариби гуфташ, ки «бачат ба зана шидай занш наметӣ». Мегӯяд бачаи ҳамон дар Самара аст, ҳамаи духтаро занашанд: « иқа арусбозӣ кунад». Ва боз гуфт, ки куҷое арус ковӣ равем намедиҳандам. Келин се сол мешавад, ки барои бачаш зан мековад, аз боиси дуруягӣ ва аз рӯи шайтониаш.

Як ҳамсоя дора Қиёми чашм кабудаш мегӯем дар қишлоқ. Ҳаҷ рафтааст. Ин Баҳриддин аз рӯи бахилӣ зиёраташ нарафтааст. Бо хешу табораш қаҳрӣ. Як сол пеш Комил фиребаш кард. Аз банк ба номаш 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст. То ҳозира Баҳриддин қарз канда истодааст. Қарзи банки ҷураи Комилашро.

Як одати безеби дигар дорад, ки бузӣ мекунад, одамҳоро мефурушад, чанд бор милиса мебаранд. Баҳриддин вақти разбори замин зуд мебаромад, чунки дигарҳоро мефурухт, худаш аз об хушк мебаромад.

Бачаи Сайди Судур Умед ном дорад. Вақти ҳамон разбори замин ҳамроҳи Оятуллои такача ҷангашон мешавад. Белро мегирад ва ба сари зани Оятулло меравад, зани Оятуллоро мезанад Умеди Сайд. То ҳоло дар қишлоқ  «иш ба уш разбор».

Ҷони Анварро бибиаш аз дунё гузашт. Гурӯҳи Комил наомаданд ҷаноза. Бечораи Ҷон рафт аз группаи Комил зора кард, ки «биёен дар барм бошен». Баъд нимашон ҷаноза омаданд. Мардума бераҳмаш. Ҷони Анвар дар группаи Оятулло буд.

Ҳозир замини Оятуллоро ҳоҷӣ Парвиз гирифтааст. Нав фаҳмидем, ки замини молчаронии Оятулло ҳуҷҷат документ надоштааст.

Ҳазрат ҳамроҳи ҳамсинфонам аз Шашволон гап мезанам. Як хелаш судентанд, як хелаш дар ҳамон қишлоқанд. Як гапҳое мефаҳмӣ, ки ҳушат мепарад. Ман чанд сол аст ки дар Русияам. Ҳоло ҳам разбор, кашокаш, ҷанг. Мардум инҷо фақат Комилро мегӯянд. Боз Муродалӣ, Эмом, Баҳридин, Сайди Судур, Асадулло. Ҳаминҳо ҳамроҳи мардум нестанд.

Ва, дар охир дар бораи Ансорӣ, ҳамсинфи Ҷалоли сиёҳ. Дар бораи вай дар темаи мактаб навишта будед.

Беҳад дузди бераҳм, порагира бераҳмаш  ҳамин Ансорӣ будааст, ки ҳар мактаб проверка меравад 800 то 1000 сомонӣ аз директор мегирифтааст: Яхак, Юус Истон, Яхч, Шоғазамин,  Дегаӣ, Лангар, Синчитак, Тегирми ва Шашволон, ки ҳамаашон мактаб доранд аз директорон мегирифтааст.

Ва, дар лаҳазоти ахир, ки барнома омодаи нашр мешуд, ин маълумот аз Нуробод ба дасти мо расид.

Сиёвуши амниятӣ гуфтааст: «и сагбача, ки маълумот расондай меёбам. Дар бари Муҳаммадиқбол одам дорум меёбамша. Ма гуфтм, ки мардуми Нурободро дӯст намедорам, рост дӯстшон намедорм. Неки ин гапе гуфтам мардуми Нуробод бисёр намоз мехонан не, ҳама Тоҷикистон намоз мехонанд, дар умум мардуми мусалмон гунаҳкоранд, ки давлати мо пешравӣ надорад. Расияро бин чи хел пешравӣ ҳастай».

Ин гапҳоро Сиёвуши амниятӣ, ки дар борааш қаблан чандин бор навиштему гуфтем ба кормандони амниятии Нуробод, баъд аз нашру пахши барномаҳо гуфтааст.

Бохтар

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Бародар хубу хуш ҳастӣ? Ман чанд рӯзи пеш аз муҳоҷирати корӣ, аз Русия баргаштам. Солҳои пеш мо ба воситаи Қирғизистон бармегаштем. Чунки роҳкиро се маротиба аз Душанбе арзонтар буд. Аммо баъди коронавирус ва ҷанг бо Қирғизистон ин роҳ барои мо маҳкам карда шуд. Мисли мо бисёрии муҳоҷирон ба Қирғизистон мерафт. Инҷоро диданд, барои ҳамин билет аз Тоҷикистон намегиранд. Ман фикр мекунам, ки як сабаби ҷанги бо қирғиз ана ҳамин мафия карда дар сарҳад ҷанг андохтанд.

Бисёр мардм  ба Қирғизистон мерафт ичара диданки билет ай точикистон намегиран барой хамин мафия кардан задан ҷанга ташкил кард ин оила, то Сомон Эйр пул кор кунад. Ҳини коронавирус каса барои билет рафтем ва пурсидем, ки 45 -50ҳазори русӣ гуфтанд. Ба Қирғизистон ба 6 ҳазори русӣ билет гирифтем, то ба Бишкек. Аз онҷо бо 1000 рубли русӣ то сарҳади вилояти Суғд омадем. Бубинед, ки аммо дар Тоҷикистон барои чор соат роҳ якуним ҳазори русӣ додем. Мардуми қирғиз мардуми хуб буд. Бо 10 ҳазори русӣ то даруни хонаҳоямон рафтем. Бовар кунед бо туҳфаҳо. Аз роҳ боз либос, ду спортивка ба бачаҳо боз барои духтарҳоямон гирифтем.

Дар роҳ ҳам бо серӣ ғизо хурдем. Хона даромадем, ки боз якчанд сум дар кисаҳоямон мондааст. Даҳанам канд. Бовар кунед, Аллоҳ шоҳиду биност. Ана бубинед, ки дар куҷо имкону шароити осон муҳайё мешавад барои халқ, халқ ҳамонҷо меравад.

Вале дар мо бошад ҳамин билети муҳоҷирони кориро ҳам Раҳмонов ба Ҳасани ишкамбаи хусурбачааш ва Тахминаи духтараш дода соки халқро ҷафида истодааст.

Панҷ

Ассалому алайкум устоди арҷманд Муҳаммадиқбол. Аввал Аллоҳи пок, баъдан ин дастгирии шумо шуд. Мо аз ноҳияи Панҷ барои шумо нома фиристода шикоята карда будем роҷеъ ба фаъолияти ГАИҳо.
Як чанд рӯз пеш, баъди нашри он номаи мо 3 корманди ГАИро аз кор гирифтанд .Аллоҳ шоҳид, мардуми ноҳия гарени хурсанд шуданд. Ин кормандони ГАИ сержантони калон бо номҳои Нуралӣ, Исмоил ва Рамазон мебошанд. Ҳамаашонро дар як рӯз аз кор ронданд. То онҷе шунидем ин корро бо супориши боло прокурори ноҳия кардааст.
Бародар Муҳаммадиқбол, Аллоҳ аз шумо розӣ бошад ва ба шумо ҷазои хайр диҳад. Агар фурсат шавад ҳамин навиштаи маро дар ягон барнома, ва дар Минбари муҳоҷир хонед то мардум фаҳмад, ки ин кор бо ёрии шумо шуд. Хоҳиш мекунам вақт ёфта инро хонед дар «Минбар»
Як ГАИи ҳаромхури дигар, сержанти калон бо номи Ҷамшед ҳоло дар сари кор аст. Аз ҷаноби прокурор хоҳиш мекунем, ки масъалаи инро ҳам бинад.

Айнӣ

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хуб ҳастед. Устод як каме сукути тӯлонӣ пеш омад. Бовар дорам, ки минбаъд пайваста идома медиҳем. Ман як сол пеш нома навишта будам, ки таҳти таъсири он хело ислоҳ шуданд. Аммо боз ҳам не. Барои ҳамин сокит намемонем.

Ин дафъа номаамон муфассалтар аст. Аз акои Рӯзибой Раҳимзода сар карда ба мактаб тамом мешавад.

То ҳозира кофта истодаанд, ки номаро кӣ навишта бошад ба Ислоҳ ва дарунбадарун разбор сахт рафта истодааст. Аз чандин нафарҳо гумонбар шуда бурда истинтоқ кардаанд. Корҳои директори мактаб безеб. Бояд шинонанд. Бовар кунед, ки ба фикрам ин зарбаи охирони Махшевад мешавад. Аммо, луфтан ин номаро зудтар ба нашр расонед. Дар айни тагурӯшавӣ. Тамоми Махшевад ва умуман ноҳияи Айнӣ ба Ютуб мечаспанд.

Норов Ёқуб аз кор рафт. Аз мактаб хело недостатка баромад. Ними заминҳои мактаб нест, китобҳо нест. 220 халта орд дар як соли хониш нест. Ҳозир ҳам аз талабаҳо пул ҷамъ мекунанд. Агар обуна 5 сомонӣ бошад, инҳо сари талаба10 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Дар мактаб хариду фурӯш -бизнес карда истодаанд.

Давлат як дулан ангишт медиҳад ба мактаб, аммо нимашро мефуроранд, нимашро Даврек хонааш мебарад. Ёқуб Норов ҳама инро медонад. Шабу ними шаб орду равғани мактабро мебаранд. Даврек хонаашро ремонт карда истодааст. Аммо ремонти мактаб гуфта 50 сомонӣ сари талаба ҷамъ мекунанд. 345 нафар хонанда дорад мактаб. Мактаб дар ҳолати аварений-садамавӣ қарор дорад. Мактаб ягон чиз надорад. Ҳоло ҳам китобҳои дарсиро бизнес мекунанд. Вақте ки дар идораи муаллимон ҳама маҷлис гузарониданд, якдигарашонро фурӯхтанд. Норов Ёқуб як муаллимаро таҷовуз кардааст. Ин муаллима чанд бор рафта аборт карда будааст. Ин муаллима аз Данғара. Шавҳар карда омад ба Махшевад. Ҳамин муаллимаи данғарагиро Норов Ёқуб таҷовуз кардааст. Ин муаллима ҳамроҳи шавҳари даюсаш дар мактаб дарс медиҳад. Субҳоналлоҳ, муаллимҳо чунин бадахлоқ шудаанд. Чи хел мо фарзандонамонро ба мактаб ба таълим равона кунем.

Ҳозир директор дар ҷои Норов Ёқуб ҳамин муаллимаи данғарагиро монданд. Гуфтанд, ки ту ҳамаи недостаткаи мактабро ба калла гир, мо туғрӣ мекунем.

Ин муаллимаи гандагашт директори мактаб шуд. Субҳоналлоҳ!  Ин муаллима дар берун аз мактаб ҳам бо чанд кас хобу хез мекардааст. Номи кавалерҳояш Некмуроди буз, Тоҳири ҳамсояаш ва боз гуфтанд, ки бо чанд талабаи синфи 10у 11ҳам рафта будааст. Акнун ин директори мактаб шуд ва ҳама недостаткаҳои директори пешинаро ба калла гирифт.

Норов Ёқуб бошад дар такудав, дело кушодаанд. Ё пул дода халос мешавад ё тюрма мекунанд.

Хонаи акои Ғоиб дар пеши медпункт. Дар ҳамон солҳои пеш роддоми назди беморхонаро доданд, ки зиндагӣ кунад. Аммо онро аз они худ карду шишт. Ҳозир дар болои он хона боз хона кард. Лестнитсааш дар болои замини беморхона. Ягон кас ягон чиз намегуяд. Канӣ як маротиба баромада тафтиш кунанд. Акои Рузибой хоб наравед, бароед як бор бо чашми худ бубинед, бе рубинӣ, қонунӣ кор кунед, ку бинем чи мешавад?

Бузҳои Махшевад

Некмурод бузӣ мекунад. Ҳеҷ кас тафтиш накард. Маъракаҳо мешавад видео мекунад ва Айнӣ мефиристад. Хабарҳоро нарезондаву начаконда ба Айнӣ мерасонад. Одам мебиёяд аз мақомоту пулҳоро мезанаду бурд. Миёни соҳиби маъракаро мешиканад. Некмурод дар мошинаш камера мондагӣ аст, прослушка мондагӣ, ҳама медонанд. Агар гапи ман дурӯғ бошад Аллоҳ маро хору залил кунад.

Магазини Шуҳрат

Дар ин магазин маҳсулоти просроченний ва арақ мефурӯшад. Як маротиба барои тафтиш дароед ба ин магазин худатон ҳамаашро мебинед. Магазин беҳад дар ҳолати ғайрисанитарӣ ва ифлосу чиркин аст. Вале мардум аз маҷбурӣ медарояду харид мекунад. Акои Рузибой як маротиба тафтиш карда бароед.

Мегузарем ба маҳаллаи Шурек яъне Панҷшер. Як вагонро мондагӣ ва бачаи акои Чулибой дар он магазин кушодааст. Нарху наво, чизе, ки аз даҳонаш барояд, гуфтан  мегирад. Бечора каме бемории чашм дорад, пенсия мегирад аз давлат. Агар дар маҳаллаи Шурек ягон маърака, мурда ва ё туй шавад, ҷои мошинмонӣ нест. Роҳҳоро танг карданд. Аммо боз инҳо вагон монданд, ки умуман мумикин нест, ғайриқонунӣ. Акои Рузибой инҷоро ҳам тафтиш кунед.

Мегузарем ба акои Ҷалил, раиси ҷамоати плошадка. Наздашон барои як кор рафтам. Гуфтам ҳамин корро дидан даркор.

Гуфтанд пулро деҳ, ман ҳал мекунам. Баъди чанд дақиқа гузаштан як зани миёнасол омад, тахминан 35, 40 сола буд. Акои Ҷалил манро гуфтанд, ки шумо берун истед. Ман камтар кор дорам бо ин одам. Ман баромадам. Ягон 30 минут ждат кардам, он зан баромад, ки муйҳои сараш ҳартарафа, паҳну парешон буд. Ман дохили кабинети акои Ҷалил шудам. Акои Ҷалил дар либоспушӣ буданд. Маро гуфтанд, ки тоқат накардед, камтар. Ман хандидам ва гуфтам раис чи гап шуд? Гуфтанд, ки   ин зани дуюмам. Ба валоҳ қасам ин зан шавҳараш дар муҳоҷират, маҷбурӣ ба ин зан дастдарозӣ кард. Аллоҳ хор кунад.

Раиси танзими ноҳияи Айнӣ Файзов Сарбоз ягон маълумоти олӣ надорад. Акои Рузибой ёрдам дод ба кор қабул шуд. Файзов Сарбоз ҳаромхӯиро бас накунад, ман боз видеоҳояшро ба шумо равон мекунам. Ягон маърака меравад, меқапад, пул меканад. Кораш фақат ришвахурӣ аст. Ман худам дар Махшевад ҳастам ва ҳама ҳолатҳоро дида истодаам, ки кӣ чи кор карда истодааст.

Ҳар касе пули светро надодааст светро дар тамоми мардуми ҳамон маҳалла хомуш мекунанд, мисли ҷазоҳое, ки зекҳоро дар зиндонҳо медиҳанд. Мардумро дар ҳамин  зимистони хунук азоб дода истодаанд.

Барои хизмати ҳарбӣ сари аскарбачаҳо 4000₽ русӣ ҷамъ мекунанд. Агар ҷавонҳои синни даъват дар муҳоҷират қарор дошта бошанд падару модарҳоро мебаранду махкам мекунанд:-«то бачат набиёд сар намедиҳам мегуяд»

Ман худам дар даруни ҳамин мардум, дар қишлоқ ҳастам. Агар ислоҳ нашаванд ман боз ҳам ба шумо менависам. Мехоҳам, ки ин номаи маро зудтар чоп кунед, то  ман бинам, ки чи гап мешавад, боз ман ба шумо натиҷаашро ҳатман мерасонам.

Боқӣ дар амони Аллоҳ бошед.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №318 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№307
Душмании Раҳмонов бо муллову аҳли намозу китоб тамомӣ надорад. Номае, ки дар аввали барнома ҷой додем, бори дигар исбот мекунад, ки ҳамчунонеки бум-хаффош аз шуъои офтоб метарсад, Раҳмонов ва мақомоти вай аз масҷид биму ҳарос  доранд. Нигорандаи нома аз Ваҳдат аз он гуфтааст,ки ду масҷиди як деҳаи ин шаҳрро барои он бастаанд, ки дар яке таҳоратхона ва дар дигарӣ пешайвони боронпанаҳ сохтаанд.

Номае, ки як нафар аз Нуробод навиштааст, аз нафароне ном гирифтааст, ки дар Якутияанду аммо ба ФСБ ва амнияти Тоҷикистон дар бораи ҳамватанони худ бузӣ мекунанд. Мутаассифона ҳоло шумори бузҳо дар ҳама манотиқи кишвар зиёд шудааст, ки намунааш дар ҳамин нома ёдоварӣ мешавад.

Аз Қубодиён дар бораи бадрафтории кормандони ГАӢ бо ронандаҳо ва бахусус таксиҳо шикоят мешавад. Муаллиф, ба эҳтимоли зиёд яке аз таксистҳо аст ки ҳамарӯза бо кормандони БДА сарбасар мешавад.

Аз Исфара аз он шикоят расидааст, ки кормандони мақомот ба баҳонаи облава мусафедону солмандонро маҷбур ба шӯъбаҳо бурда азияту озор дода то пул нагиранд ҷавоб намедодаанд, агарчи дар хабарҳо омада буд, ки Исфара ва бахусус Ворух дар рӯзи аввали мавсими даъват нақшаро иҷро кардаанд.

Ва, номаи охири барнома аз Бохтар-Қурғонтеппаи пешина аст. Муаллиф мегӯяд, ки танҳо роҳи расидан ба як зиндагии босаодат ва шарофатмандона дар Тоҷикистон сарнагун кардани ин режими худкомаи оилавӣ аст:

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳиш мекунам, ки ин навиштаи маро зудтар нашр кунед. Дар шаҳри Ваҳдат ҷамоати Бозорбой Бурунов деҳаи Файзбахш ду масҷид дорем, ки ҳардуяшро кормандони Кумитаи дин ва амнияти шаҳри Ваҳдат омада маҳкам карда муҳр заданд. Сабаб ин будааст, ки мо дар масҷид таҳоратхона сохтем. Дар масҷиди дуюм як пешдолон барои паноҳ бурдан аз ҳавои абрӣ ва аз барфу борон сохтем, ки барои ҷаноза хондан ба мардум мушкил наоварад.

Дар санаи 27-уми ноябр омада маҳкам карданд. Раиси маҳалла ва имомхатибро  бурда таҳқир бар зану фарзандонашон карда онҳоро лату куб ҳам намуданд.

Масҷиди-1-ум:- Таги Чинор- Ширинбек
Масҷиди 2-юм -Шанхай. Ҷамолиддин, ки бародараш имомхатиб буд аз зулму ғами зиёд додани  амниятиҳо аз кор рафту ҳоло дар Русия дар кадом масҷиде имом шуда аст. Илтимос бародар нашр кунед. Шояд ниҳодҳо ва нафарони масъули камтар бо имон бошанд, ки масҷидро барои намозхонон кушоянд.

Масъалаи дигари ҷиддӣ ин аст ки ба мо мардуми Ваҳдат ҳамагӣ як соат субҳ ва як соат шом барқ медиҳанду тамом, дигар боқимондаи шабонарӯз мо бе барқем. Дар хонаҳои баландошёна тамоман бебарқӣ, шароит нест. Ҳама кудакон ба беморӣ дучор шуданд.

Додари Ҷамолидинро чанд бор ба амният бурданд. Ҳатто дар кадом наворе дар шабакаи ютубии Ислоҳ дидам, ки  вай ҳам зидди Наҳзати Ислом  гап мезанад. Боварам кунед, ки маҷбураш кардаанд. Агар ҳамон Ҷамолиддинро пурсӣ намедонад Наҳзат чӣ аст, сиёсат чӣ аст? Аммо маҷбур мекунанд навор мекунӣ, гап мезанӣ бар зидди озодихоҳони  ватани худат, ки 99% мусалмонанд. Инҷо озод зиндагӣ ва адои намоз карда наметавонӣ. Дар масҷид намоза хонда истодаӣ, мегуӣ ҳозир медароянду бо ҳар баҳона маҳкам мекунанд, ё фардо ба отдел биё мегӯянд. То ҳамин дараҷа мардум тарсро ба худ гирифтагианд, ки гап зада наметавонанд. Барои он ки ҳукумати феълӣ золим аст. Амният ба ҷои таъмин кардани амну оромӣ дар сарҳаду дар дохил бошад баракс  амнияти халқро ноором мекунад ва миллат ва мардумро ҳамавақт дар стресс, дар ваҳму тарс қарор медиҳад. Муаллимҳо ҳам агар суми мегуфтаашонро набаред аз мақомот тарс медиҳанд, ҷамоат ҳам аз мақомот мардумро тарс медиҳанд. Ман намедонм ин тарс то кай дар дили мо мардум меистад. Э, мардум тарсро партоем аз дил. Ҳамин одами тарсуда, ки аз банда метарсад хубаш масҷид наравад. Ба тарс меравӣ масҷид чи хел ба Аллоҳ роз мегӯӣ. Мусалмон танҳо таслим назди Аллоҳ мешаванд на ин,ки назди мақомоти Раҳмонов. Агар мо ҳама якҷо бошем ягон кас на масҷидро мебандад, на имомхатибро мебарад ва на сум мегирад.

Имрӯз масҷидро кушодан як бизнес барои кумитаи дин ва мақомот шудааст. Масҷидро мебанданд, баъд ждать мекунанд, ки через ягон байндаро ё посредник биёянд маслиҳат карда сум диҳанд, то инҳо масҷидро кушоянд. Зимистон дар бебарқӣ зани 2-юму 3-юмашон гушна мемонад. Инҳо монанди саг намедонанд, ки чи кор кунанд, аз куҷо сум кананад. Танзим фақат дег мековад. Раисони ҷамоат бошад харитаи территорияашро чашмони пӯшида медонад, ки дар куҷо як замин фурӯхта мешавад. Амният бошад аз ҳардуи инҳо кор мепурсад. Инҳо «кор»-ро меёбанду медиҳанд, ки аз кучо мумкин аст сумкоркунӣ ва ё резултаткунӣ. Танзими шаҳри Ваҳдат Сулаймон. Ҳамноми Сулаймон Давлатови раиси Кумитаи дин ва танзим. Сулаймон ту ҷавоб мегӯӣ бо ин кору касабаат. Ҳамроҳи муовини раиси шаҳр Баҳриддин аст, қавриддин аст -як қочоқчии алкаш. Ин чи хел муовин аст ки омада дар маҷлис муллоҳои  маҳалларо паст зада гапҳои дағалу сахт  гуфта тез баромада рафт, ки боз мабодо ягон кас таҷовузаш накунад.

Як касофатро масҷид дароварда маҷлис мегузаронад. Инҳо камтар навигариро диданд чашмонашон сих зада мегӯяд барои чӣ масҷидро таъмир кардед, роҳро мумфарш кардед, нарафтед дар мактаб компютер харед гуфта боз мегуяд дар маъракаҳо мулло рафта аз бари боло мешинед. О, ту наркомани муовин рафта дар «Шоми Ваҳдат»-у дигар ҷойҳо мешинӣ: шаробхурӣ, кайфу сафо, фоҳишабозӣ мекунӣ, иҷозат вале чаро мулло дар як маърака ҳақ надорад, ки рафта шинад?

Ба фикрам ҳамон занҳои якуму дуюматро мулло никоҳ мекунад. Ҷанозаи падару модаратро мулло мехонад, аз худатро нахонанд, бояд ҷанозаатро? Ту даст дорӣ дар хонаи Худора бастан! Боз мегӯӣ, ки  «ма барои пешво ҷонма метум. Бра ҷонта бте, тамоми ҳайсияту номусу виҷдонтона бтиен ҳаму пешвода».

Шумо барои вазифаю маоши ночизу даромади ҳарому пора аз ҳисоби халқ фурухташудаед. Масҷидро мебандед, мехуред, чапа мекунед, аммо фаромуш накунед, ки вай соҳиб дорад. Ин шо Аллоҳ шумо ҳам рӯзе чапа мешавед. Шумо бо ин корҳоятон хашму ғазабу норозигии мардумро нисбати ҳукумат зиёд карда истодаед. Ё шумо душмани Раҳмоновед. Наход то ин дараҷа ноадолативу бераҳмӣ ба мардум кунед.

Дар хона свет нест. Мегӯӣ равӣ масҷид намозта бихонӣ, як касро боз дар рушании фанарик мебинӣ, як суҳбати диниву дунявӣ мекунӣ, шумо хунасоҳо масҷидро маҳкам мекунед.

Мо нав одамони арақхури деҳаамонро ҳаҷ роҳӣ карда намозхон кардем. Аллоҳ ҳидояташ кунад. Шумо бошед меоеду масҷидро мебандед.

Бародар Муҳаммадиқбол, ман хаёл мекунам инҳо дар назди бару шаробхонаҳо арақхӯрҳои деҳаи моро надида истодаанд, зиқ шудаанд ё талхакаф шуданд, ки инҳо ҳама ҳаҷ рафта намозхон шудаанд. Акнун мардум майхонаву дискоклубҳоро ба шумо супориданд, педалро бизанед!  Аллоҳ шуморо ҳам ҳам ҳидоят кунад. Бигзор лоик бошеду атеист.  Вале бо дину китобу хонаи Аллоҳ ва бо мардум ва озодии инсон бозӣ накунед, Шумо акнун фарҳангу расму русуми мусалмонро гирифтед, як ҳиҷобу ришро намондед, либоси бегона гуфта одамҳоро барои риш  дар отделу амнияту аэропорт куштед, ақалан монед камтар озод рафта намозамонро хонем. Дар масҷид як таҳоратхона сохтан чӣ ҷиноят аст? Шумо дар як шаб чанд  суми таъмири масҷҷидро сарф мекунед ё чанд хонаи занҳоятонро таъмир мекунед, ягон ҷиноят ҳисоб нест, аммо чаро таъмири масҷид бояд ҷиноят бошад? Барои таъмир бояд пеши шумо равем, доляи шумора бидиҳем, баъд таъмир кунем? Зулму ситамро бас кунед! Раҳмонов сала гуяд, шумо калла мебаред. Аммо ояндаи худ ва фарзандону оилаҳоятонро фикр кунед. Инҳо як сиёсатанд, қудратанд, ки меоянду мераванд ё мебаремашон, шумо мемонед, бо

мардуму миллат. Дар дами пирӣ ҳам масҷид равед, роҳ равед, ҳама мегуянд, ки шумо ноодамҳое будед, ки масҷид мебастеду лаззат мебурдед.

Саломат бошед бародар Муҳаммадиқбол, Аллоҳ аз Шумо розӣ бошад.
Нуробод

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам, ки дар Якутияи Русия кору зиндагонӣ мекунам. Ман дар бораи чанд нафар ҳамватнони бузу козёламон, ки мардуми муҳоҷирро беҳад ғам ва фиреб медиҳанд, гуфтаниам, то мардум онҳоро бишиноснад.

Яке аз онҳо Ятимов ҳоҷӣ Бадриддин ном дорад. Ин шахс аз Сафедчашма аст дар шаҳри Якутия посредникӣ мекунад. Бисёр ҳаромхӯр мебошад. Мардумро кор мефармояд, сум намедиҳад. Бачаҳоро бо тросс лат мекунад. Ягонтоаш даъво кунад ба ФСБ месупорад. Мебаранд азият мекунанд, то 10 сол депорташон мекунад. Ин беинсоф ҳоҷии дукарата аст. Дар шаҳри Якутия ҳамаро муттаҳм кардааст. Шикамаш ончунон дам аст аз ҳаромхурӣ, ки мегӯӣ ҳозир мекафад.

Нафари дуюм аз дараи Ҳакимӣ-эшони Саъдӣ. Ин як козёли пешипеш аст. Тамоми ҷавонҳоро ба ФСБ мефурӯшад. Мардум аз ин дар гурез аст. Дар масҷиди ҷумъахонӣ мешинад, баъди намоз ҷавонҳоро нигоҳ мекунад. Мебаранд дар кисааш доля медиҳанд. Ин козёл маро гуфтки ҳамин курткаат ба ман маъқул шуд, намедиҳӣ? Ман гуфтам «задагитм, барои казиёл куртка нест». Бо ҳоҷӣ Бадриддин ҳаҷ рафтанд. Гуфтаанд, ки «биё ҳами корора бас кунем, дига мардума да ФСБ нафрушем,ки ҳаму ҳаҷмон қабул намешава». Вале вай гуфтааст, ки  «икормонай давом метием».

Нафари сеюмшон эшони Шайх, аз дараи Ҳакимӣ, гӯштфурӯш. Тамоми ҷавонҳоро ҳам дар Якутия ва ҳам дар Тоҷикистон ба мақомот мефурушад. Шестеркаи фсбешникҳо. Ранги заношон истифодаашон мебаранд. Инҳо даркор шавад ҳатто занҳояшонро ба ҳамон фесбешникҳо медиҳанд.

Чорумаш аз Сафедчашма-Ҳотамов ҳоҷӣ Мустақим, тренер аст. Дар шаҳри Сахаи Якутия. Ҷавонҳоро сурат мегирад ва ба амнияти Тоҷикистон ва ФСБ-и Русия мефурӯшад. Аз дасти инҳо ҳама гурезон шудаанд. Ин шо Аллоҳ дуъои мардуми камбағали муҳоҷир инҳоро оқибат мегирад, раг намекашанд.

Оев Ҳодиҷон, як нафари дигри буз, аз дараи Ҳакимӣ. Хуни мардумро мехурад. Бо посредникҳо маслиҳат мекунад, доляашро медиҳанд. Рабочикҳоро муттаҳам мекунад. Ин шахс раиси обшинаҳо аст, фақат кораш доляву порахӯрӣ аст.

Дигараш ҳоҷӣ Хумайнӣ. Кораш фақат бузӣ ва бо коргарҳо кашмокаш. Ин ҳам аз дараи Ҳакимӣ аст.

Дигарашон Федия аз Файзобод. Аз тамоми ҷавонҳо  сум мегирад. Агар надиҳанд бо сад туҳмат ба ФСБ сиёҳат мекунад. Дар аэропорти Якутия постоянний кор мекунад. Лаънатӣ хоб надорад, чухтай фақад  «мега охрча пр нашидай». Ин лаънатиҳо ҳамаашон одамфурӯшанд ва ҳама медонанд вале метарсанд аз ин хоинҳои милатфурӯш.

Посредники дигар  Комил аз Ваҳдат. Договор  мекунанд чор –панҷ нафарро ба районҳо роҳӣ мекунад, ду миллион мегирад, рангбаранг мошин мехарад, мегардад. Баъд рабочикҳо аз ақиби як оқипадар сарсону саргардон мекобанд. То раиси Обшинаро доля медиҳад, ки тарафдориаш кунад, дигар мардум сарсону саргардон аз пушташ.

Дигараш Зиё, аз Кабудҷар аст дар Якутия. Тамоми студентҳоро бурда кор фармуд, сумро гирифту гурехт. Раиси Обшина ҳам дузд аст. Мардуми муҳоҷири Якутия бояд инҳоро шиносанд ва ҳамроҳашон кор ва наздикӣ накунанд.

Қубодиён

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон таксисте ҳастам, ки дар бораи як корманди ГАИ, ки Файзалӣ ном дорад, навишта будам. Ӯ 8 сол маҳкум ба зиндон шуд. Прокурори ноҳияи Қубодиён ӯро 8 сол дод. Офарин, аҳсан ба прокурор, ки як корманди ҳаромхури ГАИро тюрма кард. Ин навбат як шикояти дигар дорам. Дигар ба Эмомалии беномуси даюс шикоят намекунам, ё ки ба бачаи гункакаш Рустам, ё ки ба Шоҳрихи сабзибадаст. Мегӯянд, ки ки падар чи гуна фарзанд намуна. Ин гашт ба худат мухтарам прокурор менависам. Аз шумо хоҳиш чораи ҳамин Умеди ГАИро бинед, ки дар ҷони мо задагӣ аст. Мо мардуми камбағал аз паи як буридаи нон мегардем. Ин ГАИҳо бошад аз дастамон маҷбурӣ кашида мегиранд. Ба куҷо шикоят кунем намедонем. Боз ба тарафи ман мегардаду мегӯяд, ки «куҷоеда шикоят мекуни бра бкун лубойша дар пешуш ика устухон мепартом дигар ай ҷакидан мемонад». Боз меӯяд, ки «барой пул лубойюш лубойкора мекуна, дар кор шава занша кати духтарошон мефурушан, ҳамиқа беномусан» ки..

Боз ин Умед механдад, ки кормандони прокуратура, суд ё милисаву амният беномус будаанд, вале худаш боз аз инҳо дида бе номус аст. Буз гусфандро хандида аст.

Мегузарем ба кормандони ГАИ. Ҳамин Умеди ГАИ дар ҷони мо шофиёрҳо задагӣ, ранги талбандаворе пул металбад. Як мошини тойота королаи 1 дорад, мошин аз они худаш, ҳатто ягон намуд ҳуҷҷат надорад. Боз мо таксиҳоро ғам медиҳад. Дар як сол  ранги ҳамон Файзалии ГАИ  чанд бор мошин иваз мекунад. Дигар ГАИҳо ҳам ғамамон медиҳанд. Номҳояшон Дилшод, Абдураҳмон, Эркин, Лутфулло. Ҳамин Лутфулло ҳозир намедонам дар куҷо бошад, аз як шофер 100 сомониашро гирифт. Боз изо нокашида мегӯяд, ки «ҳо

«ман гирифтам, бад чи»? Боз ба тарафаш угрожат мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки дӯзди зӯр соҳиби говро бастааст. Мегӯянд, ки Ислоҳ чи кор кардааст?  Ҳеҷ кор накардааст. Ана ҳамин хизмати бародар Муҳаммадиқбол, ки як золимро ба сазои аъмолаш расониданд. Агар наменавистам мумкин, ки бо зулмашро давом медод.

Аммо шумо маро беҳуда накобед. Ман ҳар рӯз ба пеши прокуратура меравам таҳ меоям боло. Беҳуда худатонро  заҳмат надиҳед. Ҳоло боз ҷиноятҳои прокурорро кофта истодаам.

Муҳтарам прокурор метавонӣ худат чи ҷиноят карда истодаӣ, чи хел ба коргаронат фармон медиҳӣ, ки дар мошинат бензин резанд, ё ки шиками калонатро сер кунад, ё ки ҷиноятҳои уголовникҳоро ёфтӣ чи хел пулат медиҳанд ё ки дар баки мошинатро чи хел заправка мекунанд, бигӯӣ.

Ё ки ҷангали деҳаи Махсум, ё ки заминҳояшро чи хел гирифта ба номат оформит карда истодаӣ, мардумро гову молашонро намемонӣ чаро додан, ё ки намемонӣ мардум ҳезум биёрад, инҳоро ҳамаашро менависам.

Он рӯз даромада  ному фамилияашро аз пушти кабинеташ бинаму нависам   ахраникаш намонд. Гуфт, ки чаро медароӣ, барои чи медароӣ? Ҳар хел савол дод. Дигар ба қафо гаштаму баромадам. Ҳоло ин ша Аллоҳ ному фамилияашро якҷоя бо ҷиноятҳои  суди ноҳияи Қубодиён менависам. Аввал ин қадар ҷиноятҳояшонро нависам баъд пурра бо ному фамилияшон менависам.

Муҳтарам суд ту ҳам чи хел кормандатро фармон медиҳӣ, ки дар мошини ман бензин резед, мо хабар дорем. Баъд он корманди ту боз дигар касро фармон медиҳад, баъд вай дар мошини муҳтарам суд бензин мерезад. Ё ки  духтарҳое, ки аз шавҳаронашон ҷудо мешаванд ҳамроҳашон ҳамхобагӣ мекунӣ,ё ки ягонтоаш, ки кудак дошта бошад барои шикоят пеши суд меояд, ки масъалаи пули алименти кудакҳои маро туғрӣ кун, ё ки гирифта те, агар ягон духтари хушру қоматбаланд бошад, сраза таклифи ҳамхобагӣ мекунӣ ба онҳо. Як хелаш аз рӯи ноилоҷӣ розӣ мешавад, як хелаш не.

Эй падарону модарони гиромӣ! Духтарҳоятонро тоқа пеши ин хел зинокор роҳӣ накунед. Аз шумо хоҳиш падарони гиромии ноҳияи Қубодиён.

Номуҳтарам суд ва номуҳтарам прокурор! Ман аз қафои шумо тамоми ҷиноятҳоятонро ҷамъ карда истодаам. Ин ша Аллоҳ ба қарибӣ бо ному фамилияҳоятон чоп мешавад, дар дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо». Интизор шавед.

Лекин ҷаноби прокурор ҳамиин Умеди ГАИро ту делояш мекунӣ, муҳтарам суд ту судаш мекунӣ, ранге,ки Файзалии ГАИ ро кардед, ана ҳамон хелаш мекунед. Ҳамин номи Умеди ГАИро гирифтам прокурор сраза  хит мекунад, ки киро гуфтам. Дар пешаш як коғаз дорад, ҳам ГАИ, ҳам участковий, ҳам уголовникҳо, ҳам раисони ҷамоатҳо ва ғайра. Номи ҳамаашон дар чёрний списка ҳаст. Любой хел любойяшро угрожат мекунӣ. Онҳо ночор любой хизмати прокурорро мекунанд.

Прокурор ё дигаронатон, беҳуда маро наковед, намеёбед. Ман ҳар рӯз ба пеши прокуратура меравам меоям. Шумо аз қафои ҷинояткорҳои гуфтагиам шавед.

Акнун чоплусҳо дидед, ки акаи Муҳаммадиқбол ё шабакаи Ислоҳ чи кор кард? Як золимро решакан кард. Боз навбати шумо ҳам мерасад.

Бародар Муҳаммадиқбол ҳазор раҳмат бар падару модарат. Аз шумо хеле миннатдор ҳастам. Мо мардуми тоҷик шуморо бесаброна интизорем дар ватани азизамон. Ин Раҳмонови  бе номусу даюс қариб мондааст.

Исфара

Ассалому алейкум, бародар Муҳаммадиқбол. Ман як сокини ғамзада аз деҳаи Ворухи Исфара ҳастам. Ман маълумоти олӣ надорам. Нағз навистан наметонам. Лекин аз дидани ин ҳама зулму беадолатиҳо, ришвахӯрӣ ва зулм болои ин мардуми Ворух ғами бисёр дорам.

Дар Ворух одамони пиронсолро набераи ту хизмат намеравад гуфта дар амнияти Ворух бисёр ғам медиҳанд. Бовар кунед мардум ба дараҷаи олӣ дар тарсу ваҳманд.

Раисаи ҷамоат бениҳоят золим ва бузи калон аст. Дар маҳаллаи Чакак мегӯянд писари Самади якдаста яке аз бузҳои калон аст. Доим маст мегардад. Бангро зада мошин ронда мегардад. Духтарони ноболиғро зино мекунад.

Хоҳишам аз шумо, ки номаи маро, ҷойҳои хатояшро ислоҳ намуда чоп кунед. Дар оянда муфсаллатар менависам. Аммо номи маро пӯшида нигоҳ доред. Ташаккур!

Бохтар (Қурғонтеппа)

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баркотуҳу устод Муҳаммадиқбол!
Аллоҳ таъоло аз падару модари Шумо розӣ бошад ва дар умри Шумо Аллоҳ баракат ва пирӯзиро барои ҳамаи мо миллати мазлуми тоҷик насиб гардонад

Ба Худо қасам мо дар ватан ташнаи инқилобем. Хусусан Душанбе 85% мардум нафрат доранд бар ин оилаи хунхори бераҳм. Аллоҳ инҳоро пешпои ин мардум гардонад. Бисёри нафарон дилҳояшонро холӣ мекунанд ва дар охир мегӯянд «хай ҳамин тинҷем шукр». Бечораҳо сахт норозинад, аммо метарсанд. Ин нарху наворо мебинед, тамбашави мошинҳо, шаҳр тамоман бардак шудааст. Дар пойтахт ва Бохтар   ҳамаи роҳҳоро барои ғорати мардум истифода карада истодаанд. Рӯз то рӯз ғоратгарӣ. Аъзои яъҷуҷу маъҷуҷи ин оилаи касиф ҳар рӯз зиёд шуда истодааст. Ҳар як насли ҳаромаш ба худаш гап зану соҳибмақому соҳиби бизнесу соҳиби пулу мошину хонаҳо.

Хуллас, вақти инқилоб расидааст. Мо хело чизҳоро аз Шумо омӯхтем.
Худи ман ин ша Аллоҳ ҳама вақт тайёр ва боз 3 бародари дигарам ҳам омодаем. Шахсони дигаре ҳам ҳастанд, ки онҳоро ҳам то ҳадди имкон омода ва даъват дорем.
Гуфтании мо ин аст бародар, Шумо ҳам аз ин мардуме, ки хело тарс дар дилҳояшон ҷой гирифтааст, ноумед набошед.
Ин ша Аллоҳ боварӣ дорам 1000 нафар барояд ҳама мардум мошинҳоро дар роҳ монда бо мо якҷо мешаванд.
Мо интизори он рӯз ҳастем.

Дигар сабр намондааст. Дар мардум ноумедӣ биёр шуда истодааст, аммо рӯз то рӯз зулми ин оила ва мақомот зиёд мешавад. Ва, ин сабаб мешавад, ки мардум даст ба коре бизанад. Мутмаин бошед, ки фурсати инҳо сар омада истодааст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№307 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №289
Як нафар аз муаллифони яке аз номаҳои дар ин шумора гуфтааст, ки баъди анҷоми сафари Путин ба Душанбе муносибати мақомоти Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик бадтар шудааст. Номаи мазкур аз Маскав омадааст.

Номаи дигари ин шумора як навиштаи шумораи ахири сайти СССР аст. Муаллифи доимии мо аз Волгоград онро фиристода ишора кардааст, ки муаллифи ин мақола агарчи бо лаҳни хушомаду тамаллуқ навишта бошад ҳам, аммо як проблемаи пойтахтро матраҳ карда ва аз Шоҳрух Саид, ки ба пиндори СССР «дастпарвардаи мактаби давлатдории Рустами Эмомалӣ» хостааст, ки онро ҳаллу фасл намояд.

Муаллифи нома аз Бохтар (Қурғонтеппа) бошад аз вазъу ҳоли як бемористони шаҳри Қурғонтеппа шикоят кардааст. Ин муаллиф дар шумораи №283 ҳам як  як матлаб навишта будаанд,ки дар охири он барнома онро қироъат намуда будем, боз ҳам номаи дигаре навиштаанд.

Ҳамчунин як номаи дигар аз як марди корманди ширкати фурӯши барқ аз ноҳияи Ҳисор омадааст, ки аз дуздиву ғорати як масъули ширктаи фурӯши барқи Шаҳринав мисолҳои мушаххас овардааст ва мо онро дар аввали барнома ҷой додем:

Ҳисор

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Имрӯз ба шумо аз кору кирдори як нафар ҳаромхури корхонаи фуруши барқи ноҳияи Шаҳринав қисса карданӣ ҳастам. Ин ҳаромхур Хушимуродов Фирдавс, яке аз коргарони шуъбаи шартномавии ин корхона мебошад. Аз ин беимон пеш як духтар дар ҷойи вай кор мекард, ба ном Мадина. Ин духтар соҳиби ду фарзанд мебошад.

Вақте ба ҷои роҳбари пештара Тоиров Маъруф роҳбар таъин шуд ин бечора Мадинаро бадгуӣ карда бо кадом туҳматҳои беасос аз кор гирифт ва ба ҷояш худашро таъин кард. Ин роҳбари номард ҳам ҳатто фикри бевазанӣ ва ду сағирашро ҳам накард.

Имрӯз корди Фирдавс болои равған. Чи тавре хоҳад ҳамон тавр кор карда истодааст. Як санадро аз 30 то 50 сомонӣ мефурӯшад. Шартномаҳои корхонаро аз 500 то3-4 ҳазор сомонӣ пул мегирад,ч и аҳолӣ бошад, чи корхона

Агар бачаҳо санад пурсанд намедиҳад, бечораҳо маҷбур мешаванд бо пул харанд. Агар ба роҳбар гуянд, мегуяд ин ҳама пулҳоро мо тоқа намехурем, ба боло мебарем. Бе пул корамон ҳал намешавад, мегуяд. Ҳол онки шояд боло хабар надорад. Чунки то ҷое ман медонам пештара роҳбар бе пул санад медод, бе пул мешинонд ва боз назорат мекард, ки оё санадҳо дар барнома шиштааст ё не? Аз бозе, ки ин беинсофон руи вазифа шудаанд бечора коргаронро нафас кашидан намемонанд. Бо ҳар баҳонаҳо сиёҳ карда аз кор озод мекунанд. Аз чи бошад, ки роҳбарони поёнӣ то боло чизе намегуянд. Бо «амри маъруф»-аш худашро дар дили инҳо ҷо кардааст, аз худоям наметарсад.

Вақте Мадина дар ҷойи вай буд, инсофу адолату қонун буд, риоят мешуд. Коргар буд ва кори ҳамаро бе каму кост иҷро ва буд мекард.

Аммо ҳоло дар ин корхона гапи ҳақ занӣ ё ҳақатро талаб кунӣ, дигар дар ин соҳа дар ягон шаҳру ноҳияҳо ба кор қабул намекунанд.

Муҳтарам роҳбарони гиромӣ! Шумо ба куҷо нигоҳ доред? Чаро чашмонатон ҳақиқатро намебинанд? Чаро ҳақгуёни аслиро буз тамға мезанеду худатон бузонро парвариш доред. Шумо аз Худо тарсед. Ин корхона аз падаратон мондагӣ нест. Вақте коргари бечораро сиёҳ мекунанду аз кор озод мекунед, санҷиш гузаронед. Инҳо барои даромад ва пули муфт ба ҳама кор қодиранд. Ҳақиқатгӯро, ки санги сари роҳи инҳоанд, дарав як тарафа мекунанд. Ингуна ашхосеро, ки ба давлату миллат фасод ва бадномӣ меоваранд, чаро аз кор намегиреду кадом бевазанҳое, ки бечора марди хонаанд, сағир доранд, раҳм намекунед. Мефаҳмед, ки бевазан ва дар тарбият доштани фарзандони хурдсол чӣ маънӣ дорад, бевазан, бо чи ҳолу рӯз ин сағираашро калон мекунад? Аз банда шарм намедоред, ақалан аз Худо тарсед, оҳи дили мазлум хоҳед нахоҳед мегирад.

Боқӣ дар амони худо бошед.

Москва

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман аз Ваҳдат ҳастам. Аммо ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ дорам. Муҳоҷири меҳнатӣ. Ман дар навштаи баъдиам талош мекунам муфассал ва бо далелҳо гап занам. Ҳоло фақат ҳаминро гуфтаниам, ки баъди сафари Владимир Путин ба Душанбе ва мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмонов вазъу ҳоли тоҷикони муҳоҷир бадтар шуд. Дар фурудгоҳҳои Русия облаваи тоҷикҳо хеле зиёд шуд.
Хусурбачаи ман ҳуҷҷати ВНЖ дошт вале ба ин нигоҳ накарда якҷо бо зану кудаконаш дируз (14 октябр) депорт карданд. Рейди милисаҳо дар як обшежит дар Москва шуд. Онҳо даромаданд ва маҷбур карданд, ки дар ин контракт имзо кунед. Гуфтанд, ки дар ин обшежит-хобгоҳи умумӣ тоҷикҳову узбекҳо зиндагӣ мекарданд. Баъзеҳо ба ин контракҳо имзо карданд, ки ин контрактҳо барои ҷанги Украина буда аст. Дар ин миён 20 нафар аз бачаҳои тоҷик тавонистанд, ки гурезанд ва билет гирифтанду ҳуй хурданд. Баъзеҳоро мисли хусурбачаи ман депорт карданд. Аммо ҳоли бачаҳои узбекистонӣ бисёр бад аст, ҳоло ҳам ҳамонҷо будаанд. Ин вазъият чуноне бачаҳо гуфтанд, аз рӯзи 9уми октябр сар шуда буд вале баъди аз Душанбе баргаштани Путин боз зиёдтар шудааст.

Бохтар(Қурғонтеппа)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азизам Муҳаммадиқболи Садриддин! Саломат бошед, ки номаи модари қиёматиатро нашр кардӣ. Бародари азиз, ман бародари  қиёматии шумо ҳастам.

Ман аз Қурғонтеппа ҳастам. Дар номаи № 283  номаи манро нашр кардед. Баъд аз онки номаро бо шумо равон кардам боз чандин саргузашти аз сари ман гузашта ба ёдам омад. Як рӯз оилаи ман касал шуд,б а беморхона бурдамаш.

Аз дари беморхона бо оилаам даромадем. Онҷо як зан нишаста буд. Ба ман гуфт, ки бо чи мақсад омадед бародар? Ман гуфтам, ки апаҷон ин оилаи ман бемор шудааст, мехоҳам, ки ӯро бо табиби асаб нишон диҳам, албатта, агар табиб зан бошад. Гуфт, бале додар ҳаст. Дар фалон кабинет фалон зан табиб аст. Хулоса, ман ба ин зан 18 сомонӣ супоридам ва рафтам бо он кабинете, ки ин зан моро равон карда буд. Он зан ба ман гуфта буд, ки дигар пул насупор ва ба ман чек дода буд  ки ман пуламро супоридам. Кабинет даромадем, ки зан ба як мард нишаста суҳбат карда механдиданд. Ассалом апаҷон ман оиламро овардам, агар вақт дошта бошед оилаи маро медидед. Он мард гуфт духтури асаб ман ҳастам. Ман гуфтам маро гуфтанд, духтури асаб ки зан аст. Бародар оилаи ман подард ва сараш ҳам дард мекунад. Мард гуфт, ки 20 сомонӣ мешавад супоред, ман ҳозир мебинам. Ман  гуфтам, ки аввал инки ман пул супоридам, баъд, дувумаш инки ман иҷозат намедиҳам, ки шумо бо дастат зани маро қапед. Ва чекро нишон додам. Гуфт, ки «ин чек ба мана фарқ надорад, инҷо боз пул медиҳӣ». Ман баромадам аз пеши духтур ва тарафаш гашта гуфтам, ки «шумо ҳамато ҳаромхур ҳастен. Аз ин кори бади шумо камбағалон метарсанд, ки ба духтур биёян. Шумо хуни онҳоро мемакед ва аз духтурхона баромадем». Оилаам гуфт, ки «биё хона равем ман соз шудам». Оилаам тарсид, ки ман боз ҷанҷол мекунам.

Хулоса баргашта бо хона омадем. Модари азизам дар хона нишаста буд. Ин ҳодиса як сол пеш аз мурданаш руй дода буд. Пурсид духтур чи гуфт? Оилаам гуфт, ки ҷанҷол шудем, гашта омадем хона. Модарам ғазабнок шуда маро фарёд карда танбеҳ кард ва гуфт ту ин қадар буздил ҳастӣ, як мушт назадӣ дар даҳонаш, ки дуюмбор ин корро накунад.

Хулоса, аз байн 2 моҳ гузашт. Боз модарамро беморхона бурдам. Ман бо худам гуфтам, ки модари ман ҳозир табибонро шарманда мекунад. Вақте даромедем занҳои табибон модарамро беэҳтиромӣ карданд. Модарамро аҳамият надоданд. Як зани табиб омада гуфт мома шумо чи дард доред? Модари ман бо 80 қадам монда буд. Гуфт ман таваллудкунӣ омадам. Ин зан пурсид, ки «нафаҳмидам мома чхелӣ таваллуд»?

Бародар ин кор дар пеши худам рух дод, ман шоҳидам. Модарам гуфт «аз қаҳри туи беномус мехоҳам фарзанди баномус таваллуд кунам. Ман 10 фарзанд ба дунё овардам, алҳамдуллилоҳ ранги шумо беномус таваллуд накардам».

Хулоса, модари маро табибон дида гуфтанд мома аз шумо 35 сомонӣ мешавад.  Бародар ман мардам, лекин мардии модарамро дидам. Модарам гашта бо ин табиб гуфт ман 60 сол мешавад, ки дар ин давлат кор кардам. Пенсияи ман 200 сомонӣ аст, 1300 сомонияшро пешвои шумо бо фарзандонаш мехурад. Ин шо Аллоҳ дар ин дунё натавонам гирифта дар назди худованд аз имонаш мегирам. Боз модарам гуфт пешвои ту имон ку надорад, лекин гуноҳҳоямро дар сараш бор мекунам ва ягон сумашон надода аз духтур баромад ва ба хона омадем.

Бародари азиз, модарам беҳтарин зани нотарс ва ҷасур буд. Мегуфт агар шахси мусалмон ҳақи ҳалоли худашро талаб карда натавонад шахс худашро мусулмони хҳақиқӣ нашуморад.

Ман фикр кардам, ки ҳозир дар беморхона ҷанг сар мешавад. Лекин ягон табибе сухан карда натавонист. Ҷасорати модарамро дида ман худ ҳамчун модарам ҷасур шудам. Ин шо Аллоҳ дигар аз ягон чизе сари тарс надорам.

Бародари азиз, чи хеле, ки модарам шуморо фарзанди худ интихоб кард, ман ҳам модари шуморо ҳамчун модари худ  қабул мекунам. Ин аксе, ки фиристодам ин модаре буд, ки роҳи шуморо интизор буд, вале насибаш накард. Илтимос ба модарам нишон бидеҳ.Г ӯед, ки дар ҳақи ин пиразане, ки дидори шуморо интизор буд дуъо кунад.

Худованд шуморо дар паноҳаш нигаҳбон бошад. Бародари шумо аз  Вахш  ҳамсояи Қурбони бехи дузду ғоратгар? Онҷо ҳам хона дорем.

Бародари азиз, ин ҳамон модари қиёматии шумост. Иншоаллоҳ ғалаба мекунем ва бо ин расм пеши шумо омада дар ватан вомехурем.

Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Боз ҳам аз шаҳри Волгогради Русия бароятон менависам. Ва боз ҳам аз сайти нашрияи СССР як навиштаеро, ки ин бор дар зери «Гӯшаи сардабир» чоп шудааст, бароятон мефиристам.

Сабаби фиристодани ин навишта дар чӣ аст? Шумо хуб медонед, ки ман барномаҳои шуморо ҳам тамошо мекунам ва ҳам навиштаҳои сати Ислоҳро пайваста мутолиа мекунам. Чуноне, ки сайтҳои нашрияҳои чопи Душанберо ҳам ҳамеша мехонам.

Сабаби ин навиштаро фиристоданам ин аст ки дар чанд навиштаҳои Шумо, аз ҷумла яке аз онҳо дар ҳамин ҳафтаи пешина буд, фаъолияти Рустами Эмомалӣ ба баррасӣ гирифта шуд, ки ин баррасиҳоро худи мардум анҷом додаанд.

Навиштаҳои Шумо, ки таҳти сарлавҳаи «Рустам: «Ота мада ставка намон, натонистестум» ва аз он пештар зери сарлавҳаи «И Рустам бо и нафси бадуш читарӣ президент мешуда бошад?» чоп шуданд, дар ҳақиқат мардум дуруст навиштанд, ки Рустам аз дасташ намеояд ва набояд даъвои президентӣ кунад. Ин мақолаи СССР ҳам мустақим ба фаъолияти шаҳрдори Душанбе бахшида шудааст. Агарчи муаллиф онро ба генерал-майёр Шоҳрух Саидзод, сардори милисаи Душанбе навиштааст, вале он ба фаъолияти Рустами Эмомалӣ марбут аст. Ман бовар дорам, ки муаллифи ин навишта хеле ҳам боэҳтиёт ҳарфу калимаҳоро интихоб кардааст, чун беш аз ин бигӯяд, нашрияи ӯро мебанданд. Муаллиф бо хушомаду чоплусии ҳарчи боэҳтиёт бошад ҳам вале як масъалаи бисёр ҳам ҷиддӣ дар пойтахтро, ки боиси нороҳатӣ ва сарсониҳои сокинони Душанбе шудааст, матраҳ кардааст. Ин масъала масъалаи танбашии роҳҳо, ё пробка аст.

Ва сарлавҳаи ин навишта ППГ аст. ППГ чи маъно дорад,аз худи ин навишта ҷуё шавед. Ин мақола дар шумораи рӯзи 15 октябри имсола, баъди анҷоми сафари Путин ба Душанбе чоп шудааст:

ППГ

«Наёфтед! Ин аббревиатураи Пробка Проблемаи Глобалӣ! Акнун дар бораи пайдоиши ин мушкил ва роҳҳои ҳалли он баҳс мекунем!

Пештоз мегӯям, ин Пробка-Проблемаро дар пойтахт танҳо генерал-майор Шоҳрух Саидзода ҳаллу фасл карда метавонад. Зеро таври маълум баъди сари кор омадани ин ҷавони ғайюру серталаб, дар Душанбе қонуну қоида 100% ҷорӣ шудааст. Ва аксарияти сокинони пойтахт маҳз ба ин ҷавон, ки дастпарвардаи Мактаби Давлатдории Рустами Эмомалии ҷавон аст, бовару эътимод доранд. Мо Метавонем!

13.10.2025. Соат ба вақти Душанбе 16: 40 дақиқа. Банда дар тӯли ҳамагӣ 2 соату 19 дақиқа, аз Кӯлоб то пойтахт расидам. Зеро роҳҳо ҳамвор, гулкор ва муҳимтар аз ин ағбаҳо бо тунелҳо оро ёфтаанд. Роҳи 6-7 соатаро дилхоҳ, мошин, агар аз рӯи 80 км/соат ҳам ҳаракат кунӣ, дар 2,5-3 соат мерасӣ.

Чун аз маъракаи арӯсии додарзодаам меомадам, дохили мошин, шукри яздон, пур аз набера будӣ. Наберагон 1 шикамсер хобро заданду мо, аккурат, дар гардиши фурудгоҳи пойтахт ҳозир шудем. Гуфтам, то чашмонро мемоланд, ки ба хона ҳам мерасем. Аммо аз куҷо?!

Сар аз мавзеи мавсум бар Садбарг Пробкаи бузурге таъсис ёфту ба ту дониву худо, хонанда, ки то мавзеи Яккачанор 2 соати 39 дақиқа омадем!!!

Кӯдакон дигар бедор шудаву дилгир гаштаву фиғон мекашиданд. Вале ягон чорае набуд, ки набуд. Зеро фураҳои гаронвазну калонҳаҷм, траллерҳои борбар, зилу камазу памаз, ки ҳамагӣ 4 рӯз манъ шуда буданд (ба хотири Саммити ИДМ ва сафари давлатии ВВП), имрӯз ба пойтахт штурм карда будаанд!

Вазъ дар чорроҳаҳо печида мешуд. Зеро то 1 Дулан ё Фура ё Траллери 15-20 метра мегузашт, ки чароғак, ҳамоно светофор, 10 бор зарду сабзу сурх мешуд. Дуруст аст, ки кормандони БДА дар такудав буданд, вале бо нозири роҳ ин мушкил ҳаллу фасл намешавад. Мушкилро бояд дигар хел ҳал кард…

Данғара ва Пробка

Айни ҳамин ҳол 15-20 сол пеш дар маркази шаҳраки Данғара будӣ. Зеро тамомии нақлиёти боркаши вилояти Кӯлобу Бадахшону Хитой аз байни ноҳия мегузашт ва ҳамарӯза қиёмат гардон буд ин ҷо. Гирифтанду роҳи алтернативии гардишгузар барои мошинҳои боркашу хурду бузург карданд ва Проблемаи №1 барои Данғара дар 2 рӯз абадан ҳаллу фасл шуд.

Душанбе чӣ кор кунад?

Албатта, роҳҳои гардишгузар ё убуркунанда дар пойтахт низ сохта шуда истодаанд, вале то инҳо бунёд мешаванд, ки гуфтаи Бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ «думи шутур бар замин мерасад». Шумо тасаввур кунед, ки тамомии боркашҳои калонҳаҷми ба водии Кӯлобу Рашту Бохтару Хуҷанду Хоруғу Бадахшон мерафта, ҲАТМАН аз маркази Душанбе бояд гузаранд. Зимнан дар Душанбе бояд оҷилан чанд корро анҷом дод:

1. Режими ҳаракат: Нақлиёти боркаш, фураҳо, траллерҳо, дулану камазу умуман мошини калон набояд рӯзона дар шаҳр умуман ҳаракат кунанд. Танзими ҳаракати гаронвазнҳо бояд, ну, фарзи мисол, аз соати 10-и шаб то 7-и субҳ иҷоза дода шавад.

2. Танзими «новостройкаҳо»: Оре, хонандаи гиром, яке аз сабабҳои асливу усулии Пробка маҳз «домсозон» гаштаанд. Зеро «бетонмешалка», зилу камази хиштбарак, траллерҳои арматуркаши онҳо сабаби асливу усулии Пробкаҳо мешаванд. Инҳо низ бояд дар навбати шабона кор кунанд. Бигзор коргаронашон дар сменаи шаб кор кунанду хишту бетону арматураву семонташонро шаб оранд ва рӯзона роҳат онҳо кор кунанду мо, сокинони пойтахт ЗИНДАГӢ

3. Рӯзона манъи кори крану бетонрезҳо: Агар аҳамият додаед, дар дилхоҳ кӯчаи танг «домсоз» меораду 2 крану 2 бетонрезаки хитоиро чорпоя зада, мегузорад. То инҳо кор мекунанд, табиист, нақлиёт тамба мешавад, Пробка пайдо мегардад. Инҳо низ бояд танҳо шабона кор кунанд. Қимат меафтад кори крану сементкашак бар «домсоз» ин проблемаи вай аст, на сокини одии пойтахт.

4. Дар соатҳои Час – Пик нозирони роҳ танҳо не, ки хадамоти ба роҳу равиш масъул (танзими нақлиёт, милисаҳои нозирони маҳаллӣ), дар чорроҳаҳои ҷои кори худ, пайдо шудаву кумак расонанд, то Пробка нашавад.

5. Тамом вассалом!!! Бовар кунед, агар кори мошинҳои гаронвазнро танзим кунем, «домсоз»-ро маҷбур созем, то ба қонун итоат кардаву бар мардум ситам накунад, фураву дулану траллеру бетонмешалкаву зилу камазҳо соати маълум ба ҳаракат дароянд (воқеан ҳам гаронвазнҳоро ҳатто дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Бохтар танзим мекунанду танҳо шаб ба ҳаракат медароянд!), олам гулистон мешавад ва Пробкаҳо ба таърихи фаромӯшӣ мераванд.

Шахсан банда бовар дорам, муҳтарам Шоҳрух Саидзода бар ин амал камари ҳиммат бандад, дар 1 рӯз мушкиле, ки ба Глобал-Проблем табдил ёфтааст, аз байн меравад:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад!!!»

Сообщение   Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №289 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №250
« Мо худамон роҳу мактаб бисозем,заҳбурҳоро мо тоза кунем, симчубҳоро худамон созем, трансформаторҳоро худамон шинонем, ин ҳукумат чи кор мекунад?».

Шумораи навбатии «Номаҳо..» аз Бохтар, Қӯрғонтеппаи пешина аст. Кормандони тими мо дар ин шаҳр, ки бархеашонро хуб мешиносам ин матлабро навишта хоҳиш кардаанд, ки дар як шумораи алоҳида нашр намоем, то барои дигар аз кормандони тими «Ислоҳ» дар навоҳии кишвар намунаи ибрат бишавад. Албатта, ин хоҳиши онҳоро мо иҷро мекунем, вале бояд ёдовар шавам, ки қабл аз тими қурғании мо кормандони «Ислоҳ» дар дигар ноҳияҳо ҳам матолиби муфассалтареро, ки барои як барнома ва ҳатто чанд барнома бошад, фиристода буданд ва мо нашр ҳам карда будем. Албатта, чунин шева ва усули кор таъсири бештар дорад-барои як ноҳия матлаби алоҳида нашр кардан. Чун хоҳед нахоҳед, масъулини он ноҳияро водор мекунад, ки аз пайи санҷишу тафтиш бишаванд.

Хуб, инак матлаби омоданамудаи тими «Ислоҳ» аз Бохтар.

Бохтар

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи  ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман мудири тими «Ислоҳ» дар Стаханов -Заргар аз Бохтар ҳастам.

Аз шумо миннатдорам, ки номаҳои омода намудаи тими моро ба дараҷаи олӣ нашр кардед. Ҳамон дуздҳоеро, ки дар барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар шумораҳои 168, 174, 175, 219  ифшо кардед, хело хуб натиҷа дод. Дуздҳо пешашонро нигоҳ карда қадам монда истодаанд. Аммо натиҷаашро намегуям. Чунки ҳоҷат нест, натиҷаашро ҳамаи мардуми маҳалла дида истодаанд. Аммо амният ба ҷойи он ки дуздҳоро делои ҷиноятӣ кушода ба зиндон барад, баръакс омада телефонҳои мардумро мегиранд, мардумро аз хезиши омавӣ метарсонанд, чунки ин инқилоби озодӣ моли миллат  ҳаст. Дар масҷидҳо ва мактабҳо мардумро фақат метарсонанд, фишори руҳӣ расонида истодаанд.

Дар ин барнома гуфтаниҳои бисёр дорам дар бораи ҳамаи мақомоти дузду ғоратгари Раҳмонови хабис:

Амният, ВКД,  Андоз, Санэпидемстансия, Амвол, Коррупсия, Госстандарт, Суғурта, кумитаи замин, заминсози ҷамоат, световой, участковий, ҷамоати Заргар, военкомат, экология, Фатҳиддин, раиси заминҳои маҳалла, пожарний.

Хуллас, ҳамаи мақомоти дузди Раҳмонов дар ҷони мо сокинон заданд.

Амният омада дар мактаб мегуяд, ки шумо намоз нахонед, таълими исломӣ нагиред, муллоҳои интернетиро тамошо накунед. Аммо намегуянд, ки чиро ва киро пайравӣ кунанд фарзандҳои мо. Чор фарзанди ман дар мактаб мехонад. Аз  фанҳои дақиқ  ва забони хориҷӣ ҳеҷ чизро намедонанд.

Мо аз ҳамин фишорҳои амниятиҳо фаҳмидем, ки мардуми Тоҷикистон бояд дини Майрами гурсухтаро омузанд. Аммо динҳои мансухшуда барномаҳои худро доранд, даъват фикру ақидаи худро доранд. Дини Майрами гурсухта ва бо пайравонашон ки амниятиҳои террорист мебошанд, барномаи худро надоранд. Барномаашон ин аст ки исломро аз байн баранд.

Ин амниятиҳои беномус вақте ки ба маҳаллаи мо биёянд ба муллоҳо занг мезананд, ки «домулло мо омадестем барои мо абед ташкил бикун». Меоянд нону намаки моро мехуранду дар намакдони мо туф мекунанд. Ҳой онҳое, ки ба ин амниятиҳои террорист хурок медиҳед, хуб гуш кунед! Шумо гуед, ки бавли фарзандони моро хуред,г…и моро хуред. Онҳо ҳам пул мегиранд ҳам хурок мехуранд дар намакдонамон туф мекунанду мераванд.

Инҷо шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо бузҳои маҳаллаамон шинос мекунам:

Алматов Саид- Саиди Чалиш, Саймухтори Ҷалолиён, Аминов Исмоил-Исмоили кис-кис, Маҳмудов Умарбек, Қодиров Ҳамза Рамазонович, Бобоев Бузургмеҳр Наҷмиддинович, Зулфия ва Адолат Қадаковаҳо, Исломова Сокина Аҳроровна, Саъдуллои Малах, Ҳакимов Зафар, Аминов, Ҷамолиддин, Кабутов Суннат, Юсупов Карим-Карим разбор Хонаков Холназар, Асомиддини Махтум ва зани ҳамин Асомиддин.

Як маълумоти бештар дар бораи як нафар. Зиёев Холмурод, заминфурӯш, ки тамоми заминҳои моро фурухт. Ин Зиёев Холмурод аз лақайҳои Вахш буда ба гуфти худаш ба тамоми мақомот доступ дорад. Зиёев Холмурод аввал аз фурӯхтани хирмани пахтағундорӣ сар кард. Ин хирманро чор тақсим карда фурӯхт:- қисмати аввалашро ба Рустами дасткаҷала дод, қисмати дуюмашро худаш гирифту қаср сохтааст, қисмати сеюмашро Низом -ака гирифт ва қисмати ниҳоияшро Абдуллои Абдураҳим гирифт. Дар ҳоле, ки тамоман дар музояда   гузошта нашудаанд.

Боқии заминҳои моро бо писаронаш фурӯхта истодааст. Писараш Зиёев Сафар Холмуродович ном дорад, мошини тамғаи таёта кемрии сиёҳ шиша дорад, рақамҳояш чорто ду аст. Ҳамаи заминҳои Ғайратро фурӯхта тамом карданд. Акнун ба заминҳои мо гузаштаанд. Аввал заминҳоро боғ карданд, ҳоло бошад майда -майда фурӯхта истодаанд, сотихи заминро ба миқдори маблағи додагиат медиҳанд.

Чоплусҳои Раҳмонови ғоратгар мегуянд, ки дарахт шинонед. Охир ҳамаи заминҳоро фурӯхтед, мо деҳқонон дар куҷо дарахт шинонем .

Баъдан як хоҳиш мекунам аз масъулони ҳамин маҳалла, ки дарахтҳои қади роҳ роҳро маҳқам кардаанд, симчубҳоро мекананд, ба тартиб дароранд. Чунки ин роҳи калони автомобилӣ мебошад. Аз тарафи шаҳри Бохтар-Қӯрғонтеппа меоӣ аз дарвозаи Ғайрат то Стаханов ҳамин дарахтҳо ба ҳаракати нақлиёт халал мерасонанд. Дар ҳамин роҳ поруи гов рехтаанд. Аз боғи Исроил ва боғи Холмурод сар карда роҳ маҳкам ҳаст. Аз маҳаллаи мо талабаҳо тавассути ин роҳ ба мактаби Ғайрат мераванд. Дар ин роҳ дар як сол дар садамаҳои автомобилӣ панҷ кудак ва як калонсол ба ҳалокат расид. Мошину арматуру поруҳояшонро дар роҳ мемонанд, Ин роҳ дар рӯзи рушан торик аст. Хоҳиш, ин  роҳро ба тартиб дароред.

Дар пеши ҳамин хирман мағозаи хурокворӣ, дукони самбусапазӣ ва шашлик кушодагӣ ҳаст. Ин Рустами дасткаҷала ва дар  рости хонаи Зиёев Холмурод дорухона, маркази фурӯши симкортҳои мобилӣ ва мағозаи масолеҳи сохтумонӣ доранд. Хонаҳои боҳашаматашонро намебинӣ аз тарафи роҳи калон.

Ҳакимов Эмом наркобизнеси маҳаллаи моро амният санҷиш карда аз ӯ тақрибан 7кг 400грамм ду намуд «дору» ёфтанд ва сад ҳазор сомониашро гирифта ҷавобаш доданд, чунки кришааш Азиз Соҳибов буд.

Ҷойи ин ЭмомҲакимови маҳаллаамон зиндон ҳаст. Чунки ҳамаи онҳое, ки аз ин шахс дору мегиранд ва пулашро намедиҳанд, онҳоро қарздор карда занҳояшонро таҷовуз мекунад.

Ва кадом зане, ки дар маҳалла маъқулаш бошад бо ҳар роҳ уро таҷовуз мекунад.

Зани доктор Иброҳими Татарро таҷовуз карда мегашт. Баъд доктор Иброҳим дид занашро бо ин ҳароми Эмом ва занашро бо табар реза кард ва зиндонӣ шуд. Ин Эмоми ҳаром зиндагии ҳамаро вайрон кард.

Ва духтари Азизов Субҳон Ҳамралиевро, ки духтари ноболиғи 9 нуҳ сола буд аз дари хонааш гирифта бурда таҷовузаш кард, барои хотири қарзи падараш. Инро прокурори шаҳрувилоят хуб медонанд. Бо пул делоро хобонданд, санади суд-экспертизааш ҳаст.

Ин Эмом Ҳакимов доруро ба ту медиҳад ва мақомотро занг мезанад, ки дору ё бор рафт. Ӯро дастгир мекунанд ва боз худи ҳамин Эмом миёнадаро шуда аз ту пул, мошин, хона ва заминатро мегирад, баъд озод мешавӣ.

Як бародар Иззати Мирзоҷон ном дорад. Дар Русия муддати даҳ сол барои як замин кор кард, аммо дар понздаҳ дақиқа он замин аз они Эмом шуд. Доруро аз Эмом гирифт, аз хонааш бояд ба Крупская  ё Ғайрат мебурд. Вале барнома пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд. Кормандони Агентӣ дар назди мазори мо буданд, ӯро дастгир карданд. Бо миёнравии Эмом он шахс озод шуд, аммо аз заминаш маҳрум гардид. Ин Эмоми бадбахт понздаҳ нафар занҳои шавҳардорро таҷовуз кардагӣ  аст, аммо онҳо зиндагӣ доранд.

Ҳатто талабаҳои мактаби мо наркоман ҳастанд. Дар ҳамон назди мазори маҳалла дукони самбусапазиву шашликпазӣ ва лимпопо дорад. Дар ҳамонҷо мустақим мефурӯшад.

Ягон бечораи камбағал дар онҷо бошад, ҳатман подстава мешавад, ё дар мошинаш мепартоянд ё дар сумкааш. Ҳой мардуми маҳалла ба ҳамон дукони Эмом наравед.

Ва ин Эмом ду бародари наркобизнеси дигар дорад бо номи Зафар ва Нозим. Инҳо рӯзи 26.01.2025 сол ба Азизов Қувват Султонович, Кенҷаев Нозим Гадоевич ва Сулаймони Ятим наркотик дода, онҳоро баъди даҳ дақиқа соати 20:50 26.01.25  дар роҳи калони маҳалла дар рубаруи мағозаи Баруманд дастгир кунониданд. Рӯзи дигараш через Эмом бо пул озод шуданд.

Ин Эмом аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ мебошад.

Як хеши ин Эмом ҳоҷӣ Самбуса ном дорад. Бо ҳамроҳии бародаронаш  як ҷавони дигарро подстава карданд. Он бечора ҳафт сол аз озодӣ маҳрум шуд. Номи ин бародар Бадриддинов Наҷмиддин Умарович мебошад.

Ҳакимов Эмом наркобизнесро чораашро бубинед ҳой мақомот!

Раиси маҳаллаамон Кенҷаев Адаҳам –Ҳоҷӣ Адҳам. Падараш почталиён буд, ба мардум рӯзномаву маҷалла ва мактубу эълонҳову барқияҳоро тақсим мекард. Ҳозир худаш як бузи пеши пеши Стаханов аст. Раиси маҳаллаамон кайҳо барои нафси бадаш обруи набудаашро резондааст. Амниятиҳо руирост бузаш гуфтанд, қаҳраш кард, гуфт корро бас мекунам, аммо баръакс, давом дод.

Шаҳид Умаралӣ Қувватов рӯзи 10.10.2014 тазоҳуроти Озодӣ эълон карда буд. Он руз ҷумъа буд. Дар минбари масҷид баромада ба мисли кудак беист гиря карда мегуфт, ки ҳой мардум шукронаи президент кунед, шукронаи Эмомалӣ Раҳмон кунед, шукронаи озодӣ, сулҳ, тинҷӣ кунед ва мегуфт, ки онҳо террорист ҳастанд, Тоҷикистонро нобуд мекунанд .

Директори мактаб Бобоев Садриддин Амонуллоевич ҳам бо гиря гапҳои ин ҳоҷӣ Адҳамро идома дод.

Ҳой ҳоҷӣ Адҳам! Ту гуфтӣ, ки корро бас мекунам, мард бошӣ рав дафъ шав. Ҳар рӯз аз дари хонаи ту мегузарам. Ду куча поён аз ту ҳастам, аз Худо шарм бикун, ки корҳои дигаратро ифшо мекунам, факт дар дасти мо ҳаст. Писараш Кенҷаев Аъзам Адҳамович корманди офитсиалнии КГБ аст. Ва бародараш ҳам бузи амният Кенҷаев ҳоҷӣ Маъмур. Тошпулотов Нозим Аминҷонович имомхатиби масҷиди ҷомеъаи маҳаллаамон аст. Ин шахс пулҳои хайравии масҷидро мехурад.

Ва, мегуяд, ки ин пулҳоро бо амният якҷо тақсим карда мехурем. Ҳой мардум дар масҷид хайр накунед, ки ҳеҷ аҷру савобе нахоҳед гирифт, чунки пули ҳар рӯзи ҷумъаро ҳисоб карданд, падарашро гуфт, ки «дада пули ҳаҷи умраат аз ҳар рӯзи ҷумъа тайёр шуда истодааст», ман дар ҳамон ҷо будам дар қиёмат шоҳидӣ медиҳам.

Пеш аз соли нав ду ҷаноза шуд, ҷанозаи Турсуналӣ-ака ва Мамаҷонов Муъмин бобо. Дар инҳо аз ду ҳазор сомонӣ зиёд пул ҷамъ шуд, аммо пулро гирифт, гуфт, ки ин ҳақи ман аст. Онҳо камбизоати маҳалла ҳастанд, ба он пул хонаводаашон ниёз дошт вале як сомонашон надод, ин магар ҳаром нест барояш?.

Ҳамин Турсуналӣ- ака ,амакии Баха -84  ва тағои Наимҷони Саидалӣ буд.

Ин қорӣ Нозим дар тамоми ҳаёташ намози бомдодро дар масҷид нахондааст.

Акаи ин қорӣ Нозим дар вақти аблава бачаашро зан дод. Ду рӯз пас амниятиҳо бачаи акаашро ба военкомат бурданд ва онҳо гуфтанд, ки қорӣ Нозим моро телефон кард, ки дар ҳамин адрес солдат ҳаст. Ва боз бо миёнравии худи ҳамин қорӣ бо маблағи панҷ ҳазор сомонӣ бачаи акаашро ҷавоб додаанд. Чунки акааш камбағал аст, ба ин қорӣ пул намедиҳад.

Забиров Маҳмадюсуф счетчикбинаки маҳаллаамон аст. Ин даюс гуфт, ки дуздиҳои ман дар ислоҳ рафт аммо ма бо пул ҳал кардам: «ма прамой ба ҷаноб доступ дорум, барои ҳамин ман лубой кор мекунам».

Ин Маҳмадюсуф тули бист сол аст маҳаллаи моро хурда истодааст. Вай аз бойҳои маҳалла пул намегирад.

Ҳозир маҷбурӣ дар сесад сомонӣ счетчик часпонда истодааст. Мегуяд, ки ин счетчикҳои Зоир Соҳибов, домоди Ҷаноб аст.

Дар маҳалла чандин хатҳои симҳои дуздии интиқоли барқро медонам, ки аз онҳо барои кисаи чапаш пул кор мекунад, на ба давлат.

Мо ветерани Фронти халқӣ ҳастем. Аммо мегуяд, ки лготи худатро дар қафоят бизан, намедонем чи кор кунем бо ин ҷинояткор.

Аз Ҳабибуло Воҳидов, Прокурори генералии Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки ин Забиров Маҳмадюсуфро санҷиш кунед ва мувофиқи аъмолаш ҷазо диҳед. Бовар дорам, ки баъди сахт кардани қонун дар бораи истифодаи қувваи барқ ба зиндон меравад.

Фатҳиддин раиси заминҳои маҳаламон мебошад. Маркаи мошинаш лексуси сиёҳ буда рақамҳои мошинаш 0005 аст. Фатҳиддин заминҳоро аз дасти Сироҷиддинов Салоҳиддин гирифт. Заминҳоро Сироҷиддинов Салоҳиддин аз ҳисоби колхоз гирифта буд.

Ҳозир бошад ин шахс бо зурӣ мардумро дар заминҳо кор мефармояд, аммо пул намедиҳад. Ҳозир чобуқ сар шуд ва аз соле, ки ин заминҳоро гирифт ба мардум пул надодааст. Мегуяд, ки ба шумо ҳамин ғузапоя бас аст, агар нафорадатон ҷуфташ мекунам. Ҳеҷ кас гап зада наметавонад, чунки ин заминҳои ҳоҷӣ Амири бародари Азизмои газетхонак, зани Ҷаноб будааст.

Ҳой бадбахти дузд! Вақте ки шумо набудед бобоҳои мо ин заминҳоро обод карданд.

Бухгалтери Фатҳиддин Зафар мебошад, як ҳаромхури дигар.

Мо аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунем, ки ин дуздро аз маҳаллаи мо дур кунад, чунки вақти кишту кор сар шуд, боз мардум бепул кор мекунанд.

Ҳамаи заминҳои моро Сироҷиддинов Салоҳиддин Ҷамолиддинович фурухта истодааст. Ин шахс ҳам заминҳои колхозро фурухт ҳам ҳамаи объекктҳои аз Союз ба мо мондагиро, ки ягонтои онҳо дар музоядаи давлатӣ гузошта нашудаанд, бо роҳи ғайири қонунӣ фурӯхт.

Масалан: ду хирманҷои пахтағундорӣ, китобхона, клуби кино, чойхона, мағозаи хурокворӣ, басейн, ду боғчаи кӯдакона, духтурхона, башнияи обкашӣ. Ин ҳамаро ғайри қонунӣ фурухт, бе музоядаи давлатӣ. Як боғчаро худаш гирифту хона кард, ҳозир зиндагӣ дорад. Ҳамон вақт дар назди мардум гуфт, ки агар ман пулдор шавам, ба шумо боғчаи кудакона месозам, аммо дуруғ гуфт. Башнияи обкаширо ба язнааш дод, тақрибан ду гектар ҳаст, ки тамоми маҳалла бо оби водопровод таъмин буд ва ба ҳамсоямаҳалла ҳам об медодем, аз он ҷумла деҳаи Киров, деҳаи Ғайрат, Крупская, Каганович, Партотдел оби нушокӣ мерафт.

Онҷоро оҳанпора карда фурухт. Дарахти тут дошт барои пилапарварӣ, онро ҳам нобуд кард. Дар инҷо хона ва фермаи гов карда истодаанд.

Хирмани поёни мазорро чор, панҷ сотихӣ карда, фурухт, боқимондаи онро ба Карим ва Абдулло фурухт.

Ҳамаи ин чизҳоро, ки номбар кардам давлатӣ буданд, аз давраи Союз монда буданд.

Боғчаи дигараш яслӣ ё кудакистони дигарро ба Парвонаев Муҳриддин Муъинович фурухт. Дар онҷо даҳ чанори аз садсола боло бударо бурида фурухтанд.

Ин яслие, ки худаш зиндагӣ мекунад, дар масҷиди ҷомеъаи маҳалламон барбабар, часпидагӣ аст.

Ин Сироҷиддинов Салоҳиддин Ҷамолиддинович ҳамкурси Зоир Соҳибов мебошад. Мардумро аз онҳо метарсонад. Ҳозир бошад Зоир сад талоқаш кард. Чунки Зоир дусти инсон нест, дусти пул аст. Ҳаминки пулат тамом шавад, туро нобуд мекунад. Ҳамаи ин заминҳо ва объектҳоро бо номи домоди пешво фурӯхт.

Соли 2015 ва 16 дар гумруки Суғд буд. Бачаҳои апаи СС. Ятимов мошинҳои дуздӣ дароварда буданд. Ин дахолат кард, ки ғайриқонунӣ ҳаст. Баъд бо фармони Ятимови махуф аз кор ронда шуд ва то ҳол дар ягонҷо кор намекунад.

Падари ин Салоҳидин бобои Ҷамол -ҷинӣ буд. Аз рузе, ки Салоҳиддин- ҳамкурси Зоир шуд, падари Салоҳиддин ҳоҷӣ- домулло Ҷамолиддин -бобо шуд.

Ин Салоҳиддин то ҳол пулҳои чобуқ ва пахтачинии мардумро надодааст. Ҳой мардум, хезед пулҳоятонро талаб кунед.

Бухгалтери Салоҳиддин Сироҷиддинов Фаёзиддин буд. Пулҳои мардумро надода рафт ба зери хок. Ҳамроҳ бо бачаи Салоҳиддин ҳилаву аблаҳӣ карда ҳақи мардумро мехурданд.

Аз фарзандони Сироҷидинов Фаёзиддин хоҳиш мекунем, ки пули падаратон хурдагиро ба калхозчиҳо диҳед, ман бо зану фарзандонам кор кардаам, пули кор кардаамро падаратон надодааст, назди Салоҳиддин мерафтам мегуфт ки пулро ба бобои Фаёзиддин додам, ва назди ӯ мерафтам мегуфт, ки ман пулро нагирифтам.

Агар шумо фарзандҳои ба номус бошед, пули моро медиҳед, то ин ки бобои Фаёзиддин дар қабр то қиёмат ором хоб кунад.

Мо ҳисоби худро бо Салоҳиддин баробар мекунем.

Ин Салоҳиддин аз ин одамон қарздор аст, пул гирифтааст бояд замин медод.

Аз ҷумла аз Абдуллоев Рукниддин Мулло Қирғизович-700доллар, дар соли 2014, Лоиқов Муминҷон Абдулхолиқович-2000доллар дар соли 2013, Меҳмонова Нисо Ёқубҷоновна-1700 доллар, соли 2014, Абдуллоев Марҷон Мулло Қирғизович, 1000 доллар дар 2013, Қодиров Рамазон-1200 доллар, дар соли 2017

Лоиқов Акрамҷон Абдухолиқович-2600 доллар-2017, Тошпулотов Абдулло Абдулқодирович-800 доллар, дар соли 2018, Қодиров Карим Карим Лақай-1050 доллар-2011, Асоев Абдулло Аббосович-20000-доллар-2010, Сулаймонов Наҷмиддин Илфоъиддинович-800-доллар-2020, Парвонаев Муҳриддин Муъинович-4000 доллар-2020, Парвонаев Амриддин Муъинович-4000 доллар-2020, Парвонаев Қиём Муъинович-4000 доллар-2020, Холматов Сулаймон-6000доллар-2012, Асомиддини Махтум-600 доллар-2019, Маҳмадалиев Абдуҷалил Қадридинович-3000 доллар-2019, Машраби ҷиянаш-8000 доллар-2015, Исоев Юнус Аюбович-900 доллар-2022, Маҳмудов Сайидбек-5000 доллар-2016, Хонаков Карим Қурбоналиевич-1100 доллар-2020, Маккендинов Аҳмадҷон-700 доллар-2009, Худойдодов Мансур- 500-доллар-2010  ва боз чандин нафарҳои дигар.

Сироҷиддинов Салоҳиддин заминҳоро мефурухту мегуфт, ки хона созед. Аммо вақте хонаро сар мекардӣ, яке прокурор ё заминсоз меомад, мегуфт, иҷозат надорӣ, чаро хона месозӣ? Баъдан хонасоз маслиҳат мекард ва боз аз ҳазор доллар зиёд пора медод. Дар сари куча Салоҳиддин бо мошинаш нигоҳ карда мешинад. Баъд меояд прокурор ё заминсоз пулро тақсим мекунанд. Кадом вақте ки бепул монад, ин усулро пеш мебарад.

Ин Салоҳиддин ҳеҷ кас ҳаст, Зоири домоди пешво оқаш карда аст.

Мегуфтааст, ки «ма мардуми чмора истифода мебарум, ба ма худшон фақат пул метан».

Дар охир ҳамчун инсон аз Эмомалӣ Раҳмон, мо мардуми маҳалла хоҳиш мекунем, ки ин дуздонро аз мо дур кунед, агар накардед, шумо ҳам дар дуздиву ғорати инҳо қуш ҳастед.

Аз ҷумла, раиси маҳалла, счетчикбинаки маҳалла, имомхатиби маҳалла, Фатҳиддин раиси колхоз Эмом Ҳакимов наркобизнес, Зиёев Сафар Холмуродович, Андози Заргари Бохтар, санэпидемстансияи Бохтар, Госстандарти Хатлон, пожаркаи Бохтар, Кумитаи заминсозӣ, ҳокимияти маҳаллии Заргари Бохтар, экология ва амнияти Бохтар, участковийи маҳалла,  идораи Барқ, литсензия,БДА, маориф

почта ва тандурустӣ, Ҳамаи инҳо порахур ва мардумфиребанд.

Раиси маҳаламон Кенҷаев Ҳоҷӣ Адҳам яке аз инҳо аст.

Заҳбурҳои маҳаллаамон пур аз лойю гил шуда баробари заминҳо шудааст, дар мазормон қабрҳоро бо лаҳад канда намешавад, ранги урусо майитро бо гроб мегуронем.

Аз даври Союз то ҳол заҳбурҳои мо тоза карда нашудааст, аз тарафи ҳукумат.

Соҳаи мелиорасияи маҳалла дар сатҳи зери сифр ҳаст. Ба Худо, боварам кунед, ҳоҷатхона меканӣ дар ду бел об мебарорад. Мо деҳқон ҳастем. Дар маҳалла зироатҳо нашуда истодаанд, дарахтон хушк шуда истодаанд. Мо намедонем, ки он қадар андози ҷамъшуда дар буҷети маҳалӣ меравад ё дар кисаи чапи Раҳмонов.

Мо худамон соли 2014 рости заминҳоямонро кандем бо маблағи шашсад сомонӣ аз ҳар як хона. Аммо Салоҳиддин заминҳоро гирифту фурӯхт, заҳбурҳоро тоза накард. Аммо ҳозир Фатҳиддин заминҳоро гирифтааст, вале як метр заҳбурҳои моро тоза накардааст.

Хитойиҳо омаданд, гуфтанд, ки панҷ сол аз мо андози замин ва андози об нагиред, мо заҳбурҳоро ҳар сол тоза мекунем, аммо хеле афсус надоданд.

Илтимос, масъулони соҳаи мелиорасияи ҳукумати ҷумҳурӣ биёед заҳбурҳои моро тоза кунед, ки заминҳои мо беҳосил шуда истодаанд.

Агар ин камбудиҳои моро бартараф накунед, мо Эмомалӣ Раҳмонов, Рустам, Озода, вазири кишоварзӣ ва раиси вилоятро ноуҳдабаро эълон мекунем. Як моҳ аз рузи нашри ин нома нигоҳ мекунем, накардед, мо инқилоби озодиро дар кулли Тоҷикистон даъват мекунем.

Ба Худо қасам мехурам мардуми Ғазза аз мо ҳам болотар арзишманд ҳастанд, ин проблемаҳои моро надоранд.

Мо худамон роҳу мактаб бисозем, заҳбурҳоро мо тоза кунем, симчубҳоро худамон созем, трансформаторҳоро худамон шинонем, ин ҳукумат ба мо дигар чи кор мекунад?.

Дар охир, мо кормандони тими «Ислоҳ» дар Бохтар гуфтанием, ки ин навиштаи мо охири кор нест, давом дорад. Дар барномаҳои оянда аз ҷурму ҷиноёти ин мақомоти дузду порахур бо факту рақам хоҳем навишт.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №250 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №241
Номаи аввали ин нашри барнома тамоман ғайримаъмулӣ аст. Шояд, на ҳама хонандаву бинанда баъди мутолиаи он ба дурустии он бовар кунад. Рости гап, худи мо ҳам шак дорем. Аммо аз онки муаллиф бисёр хоҳиш намудааст, ки онро ба чоп расонем, рад карда натавонистем. Хуб дигар, ихтиёр аз худи Шумо аст.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародари азиз ман солҳост, ки дар хонаи инҳо кор мекунам. Намегуям, ки дар хонаи кадомашон, аммо бо ҳамаашон шинос ҳастам. Як чизро ба шумо гуфтан мехоҳам. Ҳамаи инҳо барномаҳои шуморо тамошо мекунанд. Махсусан барномаи «Семейканюс» ва «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро ва боз ҳамдигарро прикол мекунанд, ки «намешава, ки дили Муҳаммадиқбола биёвем».

Албатта, ман ҳамаи гапҳои онҳоро навишта намекунам, чунки баъд дараки маро меёбанд.

Аммо чанд рӯз аст ки духтарони Раҳмонов, Тахмина, Парвина ва Озода се сумдори калонашон дар ҳолати безебанд. Хабари мусодираи 182 миллион доллар дуздиҳои Гулнораи духтари Ислом Каримов ва ба Узбакистон баргардонидани Швейтсария онҳоро бе корд кушта истодааст.

Тахмина гуфта истодааст, ки дигар ин кишвар ҷойи амн нест. Як бало карда аз онҷо ба дигарҷо бояд переводкунем.

Парвина ҳам, ки худаш соҳиби кадом бонке мебошад, сахт дар таҳлукаву изтиробу ҳаяҷон аст. Мегуяд, ки ин ҳама солҳо ҷамъ кардему ин ҳамаро фиристодем ояндааш норушан. Бояд ягон коре кунем.

Озода план кашида истодааст, ки бо Ҷамолидин оштӣ ва созиш кунад. Гуфта истодааст, ки агар вай ягон бало карда мову шуморо спасат накунад ҳатман тақдири Гулнора дар сари мо меафтад ва шармандагиаш як тараф бошад боз ин ҳама пул барбод меравад.

Онҳо бо ҳам маслиҳат кардаанд, ки пеши отаашон бираванд.

Вақте омаданд, ки Азизмои ба гуфтаи шумо газетхонак лаву линҷо кашол руи айвон дар болои кресло пушти барзангиашро мондаву бо як нумолак ови чашм пок карда истодааст.

Тахмина гуфт, ки «э ачам фаҳмидай чи ҳоли мора? О ,пулои худи вай дар дигар ҷоянд,ку!

Озода гуфт, ки ниммиллиардашро чанд сол пеш Ҷамолиддин аз бонки Спитамен ба Шветсария роҳӣ карда буд. Кадом наберааш вазъи Гулнораро ба вай фаҳмонидааст.

Аммо модарашон иҷоза надод, ки пеши отаашон бидароянд. Мегуяд ҳозир наравен, ки сахт зиқай. Хайрият, ки русҳо надоданд, агар медоданд тамоман инфаркту инсулт мешуд, мумкин дилзанак шуда мемурд, баъд мову шумо чи кор мекардем?

Духтарҳо бо ҳаросу нигаронӣ ва бо чашмҳои пури савол мепурсанд, ки чи гапай

Мегуяд ки ҳукумати муҷоҳидони Сурия шарт гузоштааст, ки идомаи ҳузури ҳарбии Русия дар Димишқ ба он вобастагӣ дорад, ки Путин талаби онҳо барои таслими Башор Асадро мепазирад ё не?

Озода,Тахмин ва Парвина ҳам дар канори модар нишастанду нумолакҳоро бароварда оби дида пок карданро сар карданд.

Бародар Муҳаммадиқбол, инҳо чанд рӯз ждат карданд, ки худат дар ин бора гап мезанӣ, амм оягон чи нагуфтӣ. Боз ин Парвина тарафи Тахмина гашту гуфт, ки «э.и Гулнора як нафар. Мо ҳафт нафарем. Ҳоло агар фақат пулҳои Озодаро донад, ки аз ду миллиард боло аст моро зинда зинда пуст мекунанд ва гуфти Муҳаммадиқбол чнгрик мемонанд.

Мехоҳам бароятон боз як чизи дигарро ҳам гуям. Як рафиқи нағз дорам, ки дар охраннаи Озода аст. Вай маро мегуяд, ки то аз дастат омадан аз хонаи инҳо кашондан гир. Инҳо рӯзашон башумор мондагӣ. Аммо бовар кунед ҳатто як полотенсаро гирифта намешавад. Камераҳо задагӣ боз зери дарвоза қаровул дорнад аз ҳисоби ВКД.

Ин рафиқам, ки бародараш дар воений кор мекунад ва амалдори калон аст гуфтааст, ки аз ин ҳолати казармавӣ безор шудагием. Баъди сарнагунии Башор Асад то ҳамин чанд рӯзи пеш дар тамоми қисмҳои ҳарб ҳолати казармавӣ ҷорӣ шуда буд. Ин нафар гуфтааст, ки баъди ин ҳодиса Раҳмонов самолети хусусиашро сахт таҳти контрол гирифтааст. Охраннаи он комилан мусаллаҳ шудаст ва барои он самолет махсус гараж сохтаанд. Гуё Раҳмонов ба самти Белорус ё Русия мегурехтааст. Дигар ҷо ӯро қабл намекардааст. Ин бародар гуфт, ки аз кадом кори аэропорти Душанбе  норозӣ ва дилпур нестанд, ки чанд рӯзи ахир вазъияти Исмати дулик турб аст. Фурудгоҳро Агентии мубориза бо коррупсия сахт тафтиш карда истодааст. Вале ҳозир ҳоли духтарҳо бад аст ки агар ба сари мо ҳам тақдири Гулнора такрор шавад чи мекарда бошем?

То ҳозира казарма. 50%. Ҷунбидан наметавонанд. Дар кабинетҳо хоб мераванд.

Чизи ҷолиби дигар ин буд, ки имсол тамоми мардум хурду калон идгардак карданд. Касе монеа нашуд. Дигар натавонистанд пеши роҳи мардумро гиранд. Кудаку ҷавону пиру кампир ид гаштанд. Имсол аксарият метавон гуфт, ки ҳама, рӯзадор буд, албатта худи Раҳмонов надошт. Ҳама рӯзадор буд. Озода ҳам рӯза дор буд ва Парвина ҳам Тахминаро нафаҳмидам. Ман ончи ҳақиқат аст онро гуфтам. Ба хиёлам Ҷаноб гуфт нобудтон, чи коре мекуне, кадан бигире. Ҳозир, мисле, ки ҳатто аз хонагиҳои худаш метарсад. Кудаконашонро ҳамеша таъкид карда истодаанд, ки «ита гапи зиётӣ назане».

Конибодом

Ассалому алейкум акои Муҳаммадиқбол! Ман ҷавони бистола аз шаҳри Конибодом мебошам. Мехоҳам аз ҳаёти худам ба шумо ҳикоят намоям. Хоҳиш мекунам ин навиштаҳои маро ба барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед.

Худи ҳозир дар Русия қарор дорам. Вақте ҳануз 1сол доштаам падарам бо як марде ҷанг кардааст. Пас аз чанд рӯз маълум мешавад, ки ӯ коргари милиция будааст. Баъд нисбати падарам туҳмате задаанд, ки гуё он одамро ба формаи милиция задааст, яъне вай милитсия будааст.  Аммо дар асл он одам дар вақти ҷанг ба формаи гражданский будааст. Хуллас, омада мехоҳанд, ки падарамро  ба  ба солҳои зиёд шинонанд. Падарам дигар ноилоҷ гурехту Русия рафт ва дар онҷо вафот кард. Сипас модарам мани ширхурро ба модараш монду худаш Русия барои кор рафт. Ҳоло акнун 20 сол шудааст, ки модарам дар ғарибӣ ва дур  аз ду фарзанд ва падару модараш кор мекунад. Валлоҳӣ қасам 12 соат зиёд ва бе выходной меҳнат мекунад-аз падару модар дур. Бобоям даргузашт, яъне падари модарам, аммо имконият надошт, ки Тоҷикистон равад. Ман ҳам мактабро хатм кардаму ғарибӣ омадам. Чунки дар Тоҷикистон ягон ояндаамро надидам. Дар Тоҷикистон зистан ҳамчун ғарқ шудан аст. Дар як рӯз 50 сомонӣ кор кунед 100сомонӣ зиёд сарф мешавад ва бо ин темп на ба мошин, на ба хона, на ба зан пул ҷамъ карда намешавад, бо ин ҳама камбудиҳо дар ягон соҳа ягон шахс кори ҳалол надорад.

Ман орзу мекунам, ки аъзои оилаи Эмомалӣ аз ин миллат ҳамчун Башор Асад бираваду ватан озод бошад, ман ҳама вақт тайёр ҳастам. Тули 3 сол мешавад, ки шуморо тамошо дорам ва тарафдори худи шумо ҳастам  ва гуфтаниам, ки ҳар гапатон дар бораи Конибодом дар барномаи «Номаҳо….» 100 фоиз рост аст. Ман мебинам бисёртар хабарҳо аз Зафаробод ва Истаравшан мебарояд. Ман ба ҳамшаҳриҳоям гуфтаниам, ки ин қадар натарсед аз тамошо кардани «Ислоҳ. ТВ» ва бароед дар эфир ва ё инки нома навишта маълумоту хабарҳоро роҳӣ кунед, ки мардум аҳвол ва вазъияти шаҳри Конибодомро ҳам бифаҳмад. Боварам кунед ягон шаҳре нест, ки аз ин шаҳр бад бошад. Коргарони орган 10ҳо сол дар якҷо фаъолият мебаранд. Онҳо бояд баъди чанд сол ба дигар шаҳр раванду дар онҷо кору фаъолият бибаранд, аммо намераванд. Ҳар касе, ки ба ин шаҳр меояд мебинад, ки порахуриҳо ва қонунвайронкуниҳо осон аст, писанд меояду дар Конибодоми мо мемонад.

Раҳмати калон барои шумо. Шумо ҳастеду миллатро оянда озод мекунем. Бовар дорам, ки гапҳои маро мехонеду маро мефаҳмед. Ҳаракат кардам фаҳмотар навистам. Ҳама вақт саломат бошеду муборизаро бо шумо давом медиҳем.

Қурғонтеппа

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаи манро аз шаҳри Қурғонтеппа, шаҳри Бохтари ҳозира қабул кунед. Дар бораи роҳбари пешини корхонаи ЭМБТ-и (дар солҳои 2012 т- 2014) ноҳияи Бохтар, ноҳияи Кушониёни феълӣ Алиев Азизулло ва ҳаромкориву ҳаромхуриҳо ва зулму ситам, хулоса корҳои бади вай нисбати зердастонаш ва дар бораи киссаковакҳои вай ,ки зердастонашро безор карда буд, гуфтаниам. Ва боз мехоҳам каме дар номаам дар бораи падараш нақл кунам, дар бораи онки ӯ чи хел сари вазифа ё ин ки соҳиби ин мансаб шудааст.

Ин Алиев Азизулло гуфти худи шумо пацани вычерашный, ки соли таваллудаш  1983 аст ва худатон ҳисоб кунед, ки дар солҳои 2012 ва 2014 чанд сола буд ва аз чанд солагӣ сари ин вазифа омаду кор кард, чи корҳои ғайриқонуние, ки накард.

Падари Алиев Азизулло дар солҳои 1989 – 1992 ҳамчун корманди милитсияи шаҳри Қурғонтеппа кор ва фаъолият кардааст. Яъне дар солҳои 1992, солҳои бесару бесомонӣ дар кишвар. Дар соли 1992 гуё пуштибонӣ аз халқи Ғарм карда будааст. Падари Алиев Азизуллоро бо фармони Файзалӣ Саидов несту нобуд ва бе ному нишонаш мекунанд.

Бубахшед, ҳамватанони азиз ва мардуми тоҷик. Ман миллатчӣ нестам ва миллатчигӣ ҳам намекунам ин хислати ман ҳам нест. Аз падари Алиев Азизулло як птитсаферма дар шаҳри Сарбанд қарор дорад ба писараш мерос мемонад. Алиев Азизулло пайравии падарашро мекунад ва ҳамчун уголовник дар шаҳри Қурғонтеппа кор ва фаъолият мекардааст. Ва вай бо як хешу табори наздики ман ошноӣ пайдо ва забон меёбаду аз онҳо хоҳиш мекунад, ки «манро бо президентиҳо, яъне ба «бачаҳои боло» шинос кун». Вай аз хешу табори мо бисёр хоҳиши сахт ва илтимос ҳам карда будааст. Ин хешу табори баландмақоми ман Алиев Азизуллоро бо фарзандони раҳматии Шарифбагат яъне қудои Э.Раҳмонов, бо Маҳмадраҳиму Зубайду Шамсуллову ва ғайра шинос мекунад. Азизулло птитсафермаи аз падараш мерос мондаро ба хотири вазифа ба даст овардан пешниҳод мекунад ва ин ферма ба бачаҳои раҳматии Ҳоҷӣ багат- Маҳмадраҳиму Зубайду Шамсулло ва ғайра писанд меояд бар ивази он Алиев Азизуллои ҳаромхури рубоҳи маккорро роҳбари ЭМБТ-и ноҳияи Бохтар таъин мекунанд.

Дар рафти корбарияш дар аввал Алиев Азиз ягон балоро намефаҳмид, ҳамаи зердастон фиребаш мекарданд ва дар паноҳӣ ҳам мегуфтаанд, ки ин як бесаводи тупои пацани дурӯзаро аз кадом ферма қапида оварда роҳбари ин корхона мондаанд. Ва ҳамин хел гапҳо гуфта приколу масхарааш мекарданд. Вале Давлат гуфтанӣ шахс, ки муовини аввалаш кор мекард, одами собиқадор ва бисёр бо таҷриба буд ва аз руи таҷрибаи худаш бо коллективи коргарҳо фаҳмонду гуфт: «ҳе, инсоно ҳоло истед, ин сарфарои корашро равад, корашро ёд гирад, баъд он вақт шумо пушаймон хоҳед монд». Вай ин гапро аз руи таҷрибаи корияш як гуфту гузашт. Ва гуфтаи акаи Давлат ҳам шуду омад ҳамон рӯзҳо ба сари зердастонаш. Аввал ҷайбковияшро сар кард, ҳамчун уголовник!  Яъне коргаронаш бо аризаи шаҳрвандон замин ва амволи шаҳрвандоро чену чок кунӣ мерафтанд. Баъд аз баргаштан гумон мекард, ки коргарон аз шаҳрвандон ягон чойпулӣ яъне ришва гирифтаанд ва барои ҳамин аввали корашро бо ҷайбковӣ сар кард. Ва оҳиста-оҳиста маҷлисҳои корхона зиёд шуд ва дар маҷлисҳояш сиёсатчӣ шуд. Оҳиста-оҳиста планбандӣ кард, нисбати ҳар як зердаст. Хулас, ҳаррӯз баъди кор маҷлиси корхона мегузаронд.

Сари ҳар як зердаст (сари ҳар як коргар) дар як моҳ дар солҳои 2012 то соли 2014  аз 4500сомонӣ то 6000сомонӣ план бастагӣ буд,ки ҳатман бояд ба ӯ супоранд бо ҳар роҳе набошад ин корро бояд кунанд.

Дар маҷлисҳо доим ба зердастонаш таъкид ва супориш медод, ки ҳаракат кунед, ки шаҳрвандро уговорит кунед, ки пули калон дар банк супоранд ва худи шумо дар як моҳ неву дар як ҳафта плани як моҳаатонро буд кунед. Вай бо ин гуфта мисли  рубоҳи маккор ба зердастонаш роҳи маккориро нишон медод, гуё шаҳрвандон тупоянду ягон чизро намедонанд.

Аҷибаш дар он буд, ки агар бо заҳмату талошҳои зиёд шиносномаи техникии шаҳрванд тайёр мешуд ва пешаш барои имзову печат медаровардӣ аз зердаст именной мепурсид, ки шаҳрванд ба ғайр аз маблғи дар банк гузарондааш боз ба ту чойпулӣ надодааст? Ва  қасам медоду ҷайби зердасташро мекофт.

Ҳоло рафти кор ва сири корхонаи ЭМБТ- и ноҳия Бохтарро мехоҳам кушоям. Барои мисол агар шаҳрванд бо кадом самте муроҷиат мекард, дар корхонаи мо, агар шаҳрванд 10 сотик замини истиқоматӣ ва 100метри квадратӣ манзили зист медошт ба ҳисоби корхона нархи техпаспорти хонааш ба 1000сомонӣ ҳисоб карда мешуд ва шаҳрванд дар бюҷети корхона 1000сомонӣ мебурд, месупорид тамом.

Аз 1000сомонии супоридааш 100сомонӣ аз бюҷети корхонаи нохия ба когаре, ки кори шахрвандро буд кардааст, фоизро ҳамчун маош ҷудо мекард. Масалан агар коргари корхона дар як моҳ дар бюҷети корхона 10.000сомонӣ аз ҳисоби шаҳрвандон мегузаронд ба он коргар 1000сомонӣ маош ҷудо карда мешуд. Боз ба ба болои ин ҳама машаққати коргари бечора Алиев Азиз зулму ситам мекард.  Маҷбур мекард, ки мо боз аз шаҳрвандон пора талаб кунем ва доляи раисро бояд бидиҳем. Ҳаррӯза доляи раиси корхона аз ҳар як зердаст (коргари корхона) ками камаш 100сомонӣ буд. Ба ҳамин хотир ба ӯ дар ноҳия Азизи кисаков лақаб дода буданд. Чи дар ноҳия ва чи дар корхона ҳама ӯро бо ҳамин ном ёд мекард.

Ба шумо ва ба ҳама маълум аст, ки дар ноҳияҳои вилоят ягон контрол вуҷуд надошт. Онҳо ҳам доляи худашонро мегирифтанду мерафтанд. Вале ҳатман таъкид мекарданд, ки бе проблема ва тенҷ кор кун, ба мо ва ба худат проблема накунӣ, ки мо ба ҳафт пуштат кор надорем. Ба Аллоҳи бузург қасам

Боварам кунед то ин андоза  Азиз мастӣ мекард. Пул бардоштагиаш буд корҳое мекард ба гуфтан ва тавсиф дуруст намегирад.

Пеш аз Азиз роҳбари корхона Аҳмад Набиев буд, аз ҷамоати деҳоти Заргар. Дар деҳаи Комсомолободи Заргар истиқомат мекард. Аҳмад Набиевро дар худи ҳамин корхона дар вазифаи сармутахассиси якум ва геодезӣ ва заминшиносӣ кор мекард ва аз болои ҳуҷҷатҳо назорат мебурд ва камбудиҳои коргаронро нишон медод ва мегуфт ислоҳ кунед. Вай бисёр марди хоксору худотарс, ба қавли русҳо честни буд ва чашмони серу пур дошт. Бо падари ман ошногии сахт дошт.

Писари Аҳмад Набиев Икром Набиев ҳамчун коргари одӣ дар ЭМБТ- и Бохтар кор мекард. Писараш ҳам одами ботарбия ва хушмуомила буд.

Хуллас, писари Аҳмад Набиев Икром Набиев дар Қурғонтеппа Бохтари имрӯза, дар кучаи Тетц дар домҳои панҷошёна хонаи 3 утоқа дошт. Дақиқан дар доми хоҳари шумо домулло. Аммо дар он хонааш ҳеҷ кас зиндагонӣ намекард. Ин Алиев Азиз аз куҷое хабардор шуд, ки Икром Набиев дар шаҳр хона доштааст. Вай ҳатто дар бораи ин хонаи Икром дар маҷлисаш гап зада ҳатто гуфт, ки вай онҷо хона доштаасту аммо мо бедарак.

Аз рӯзе, ки аз мавҷудияти ин хона бохабар шуд он хонаро ба ҷои зинокорӣ ва айшу ишрати худ табдил дод.

Икроми бечора дар банди фикр дармонда ҳар рӯз дар пеши мо шикоят мекард, ки кадом бузи шохдори калон ба Азиз хабар додааст аз хона доштани ман дар шаҳр.

Рӯзи дигар ману Икром барои обед баромадем. Ман аз вай пурсидам, ки Икромҷон чи дар фикри сахт фуру рафтӣ? Икроми бечора дилашро ба ман холӣ карду гуфт аҳволи хонаи манро дида намешавад. Ҳатто суратҳои ҳаромкорҳои Азизро ба ман нишон дод. Хонаи таъмир кардааш ягон ҷои ободиаш намондааст. Дилаш қарор нагирифту гуфт рафтем ҷураҷон ба чашми сарат бин, ки хонаи ман дар кадом ситуатсия қарор дорад. Ман гуфтам бародар ман туро бовар кардам. Не, биё равем гуфт, дилаш қарор нагирифту манро ҳамроҳаш бурд. Бо ду чашми сарам дидам, ки хонааш дар ҳолати нохуб қарор дошт. Буи ғализи спирту бангу ҳашиш мекард ва курпаву курпачаҳояш дар хун оғушта буд.

Кадом занеро дар вақте зино карда будааст, ки дар ҳолати касали занона қарор доштааст. Икром аз хона ба худи Азиз занг зад. Гумон кард, ки кадом одамеро дар манзили ӯ куштаанд. Икром ба Азиз занг зад пурсон шуд ва ба Азиз гуфт, ки ман аз баҳри вазифаам мегузарам агар ту ҳақиқати ҳолро қоил нашавӣ! Азиз қоил шуд ва қасамҳои пайдар паи хурд ва ба Икром гуфт «Икромҷон ту ягон фикри бад накун, дар ҳолати масти мо нофаҳмида монда будем, вай зан касали занона дошта будааст». Баъди шунидани ин сухан Икром Набиев каме ором шуду аз тиреза ба осмон нигариста худоро шукр гуфт.

Азиз хонаи Икромро ҷойи баргузории чорабиниҳо бо коллектив ҳам карда буду ҳам ба фоҳишахона табдил дода буд. Ман ҳама вақт бо Икром дустӣ мекардам. Вай низ бо ман дарди дилашро холӣ мекард. Пушаймонӣ мекашид…

Бародар Муҳаммадиқбол, фикр кунам ҳамин қадараш ҳоло кофист. Вале боз дар оянда менависам. Мо чунин кормандон дорем, ки ба ин ҳолу рӯз гирифтор шудаем.

Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Нома аз Конибодом. Пешакӣ гуфтанием, ки ҳар он номае, ки аз Конибодом то ба имрӯз нашр кардаед, ҳақиқат аст.

Мо як гурӯҳ муаллимаҳои макктаби N°29 ба номи Садриддин Айнӣ ҳастем ва ба «Ислоҳ» руй овардаем, чун гапи ҳақ ва ҳақиқат фақат инҷо бозгу карда мешавад.

Бидуни шафшафи зиёдатӣ аз шикояти муаллимаҳо менависем ва умед дорем, ки ягон вокуниш аз ҷониби мақомот ба амал меояд.

Шикояти мо аз болои собиқ корманди мактаб Нуъмонов Рустам, мулаққаб ба  Рустами кал мебошад. Ин Нуъмонов Рустам вақте дар мактаб кор мекард, мактабро оташ мезанад. Вай прокурори Конибодомро харидагӣ мебошад. Вале зур ва тавонаш ба мардуми одӣ мерасад. Охир, шарматон бодо мақомоти шармандаи фурӯхташуда. Охир дар ноҳия мардҳо ҳама дар Русияанд ва ягона умеди мардум ба мақомот аст. Кормандони ҷамоат ҳамаашон ку́ру кару гунганд, касе чизе намегуяд. Участковийҳо ҳам ҳамин тавранд, афсус бадбахтона. Ин чи бадбахтӣ аст? Вақте як сарвайрон мақомотро харида ин қадар бадбахтӣ меорад. Лекин бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол пас аз нашри номаи мо нисбати Рустами ҳатман аз ҷониби мақомот чораи ислоҳӣ нисбати ӯ ба вуқуъ мепайвандад. Ва шояд вазъи мо каме осон шавад.

Бо эҳтиром як гурӯҳ муаллимони Ҷаҳонзеби ноҳияи Конибодом.

Ps: Муаллимаҳои азизи Конибодомӣ нома дар мавриди Нуъмонов Рустам навишта буде он нома нашр шуд. Агар нахонда бошед даромада хонед, аммо то ин соате ин номаи дигари шумо расидааст навораш нашр нашудааст. Бастабандии навор кори саҳлу содае нест,ки он анҷом шавад.

Маскав

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ва бародарону хоҳарони хонанда ва тамоши ни «Ислоҳ». Ин номаро як муҳоҷири дур аз ватан мефиристад.

Мо дур аз ватан ва оила ҳамчун бегонагон нестем, балки ҳамчун мардумоне истодаем, ки бо дард, бо умед ва бо орзуи сӯзони озодӣ пайвастаем. Вақти дароз, мо дар зери ҳукумати як золим зиндагӣ кардем — марде, ки худро раҳбар меномад, аммо танҳо бо тарс роҳбарӣ мекунад, аз сукутамон ғизо мегирад ва бо ранҷу азоби мо зинда мемонад.

Аммо дигар бас.

Ҳар боре, ки онҳо овозе хомуш карданд, ҳазорон овози дигар бо гӯшак дар «Ислоҳ» баланд шуд. Имрӯз, он гӯшакӣ ба нидои пуршӯре табдил ёфтааст. Нидои мардуме, ки дигар зону намезананд. Нидои миллате, ки омодаи бархостан аст.

Онҳо шарафамонро гирифтанд. Ояндаамонро дуздиданд. Оилаҳоро парешон карданд, орзуҳоро шикастанд ва кӯшиш карданд моро водор кунанд, ки беқувват бошем. Аммо мо беқувват нестем. Ҳеҷ гоҳ набудем. Мо танҳо интизор будем — интизори он лаҳзае, ки қалбҳоямон яксон метапанд. Ва он лаҳза — ҳамин ҳоло аст.

Ба гирду атрофатон нигаред. Шумо танҳо нестед.

Ҳар модаре, ки барои фарзандаш мегиряд, ҳар падаре, ки ғурурашро сарфи назар мекунад, то аҳли оилаашро сер кунад, ҳар ҷавоне, ки ояндаашро барои гуфтани ҳақиқат сӯзонданд — шумо он шуълае ҳастед, ки ин оташро меафрӯзед.

Ва бигзор инро бишунаванд — мо дигар наметарсем. Зеро тарс силоҳи золимон аст, вале шуҷоат ҳаққи модарзодии озодон.

Мо бармехезем, на бо нафрат, балки бо ваҳдати шикастнопазир. На бо хашми кӯр, балки бо диди адолат. Мо барои вайрон кардан наомадаем — мо барои обод кардан омадем. Барои бозпас гирифтани он чизе, ки аз мо рабуда шуд. Барои сохтани миллате, ки ба халқу мардум хидмат мекунад, на бар онҳо ҳукмронӣ.

Пас қадам занед. Сухан гӯед. Мубориза баред — на танҳо бо мушт, балки бо ҳақиқат. Бо муҳаббат ба якдигар. Бо боварӣ ба он ки ҳеҷ диктаторе, новобаста ба шадидияш, наметавонад муқобили тӯфони як халқи муттаҳид истодагарӣ кунад.

Ин замони мост. Ин муборизаи мост. Ва мо ғолиб хоҳем шуд.

Зеро таърих золимонро ба ёд намеорад — он мардумонеро ёд мекунад, ки золимонро сарнагун карданд.

Озодӣ дар роҳ аст. Ва мо — мо онҳоем, ки онро меоварем.

Шеър дар васфи он кас, ки тоҷикро беақлу, пасту террорист муаррифӣ кард ва тоҷик будан барои бисёриҳо нанг шуд:

Агар реша надорӣ ту, ман мусалмони ориёиям,

Агар номи ту торикист, ман он хуршеди тобонам.

Наметарсам агар ҳатто туфангат самти ман бошад,

Бароям марг ширин аст агар ҳарф аз ватан бошад.

Ту дар дастат табар дорӣ вале ман решаи тоҷикон,

Ҷавлона мезанам аз нав ба маҳзи аввалин борон.

Ман ҷон дар каф дорам, аммо барои ту нафас гирам,

Ман аз мурдан наметарсам ту шилик кун намемирам.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №241 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №231
Дар ин шабурӯзҳо,ки Раҳмонов масту пиён кунак мезанаду рақс мекунаду Наврӯз мегузаронад, дар қаламрави кишвар боз маъракаи дилсиёҳкунанда ва таҳлуканоки облава бошиддат ва аз пешина ҳам сахттару пурвоҳиматар гузашта истодааст. Ҷавонҳои синни даъват ва падару модарони онҳо рӯз надоранд. Хонабахона гашта сарбоз ё солдат кофта истодаанд. Ҳар касе имкон дорад пул дода харида истодааст, аммо онҳо, ки пул дода наметавонанд, ҳолу рӯзи сиёҳ доранд.

Мардум дар ҳайратанд, ки чаро ҳукумати Раҳмонов ҳамин як масъалаи одиро тули ин ҳама солҳо ҳал карда наметавонад? Дар номаи зер сабаби асосии ҳал карда натавонистани мушкилоти облаваро хоҳед фаҳмид:

Ҷалолиддини Балхӣ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Аз ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бароятон менависам. Бародар, ин шабурӯзҳо военкомати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чунон мардум ва махсусан падару модарҳоро ғам дода истодааст, ки немисҳо урусҳоро дар соли ҷанги 41-45 ин тавр азият намекарданд ва ё исроилиҳои имрӯза мардуми Ғаззаро. Акнун кор аз худи ҷавони синни даъват ва падари вай ба модарҳо гузашт. Ҳоло модарони баччаҳоро бурда маҳкам карда истодаанд. Дуруст аст ки отаву очаҳоро бурда истодаанд, аммо бештар занҳоро бурда истодаанд ва боз тавассути бузҳояшон ҳар гуна гапу овоза андохта истодаанд, ки занҳоро бурда дар военкомат очеред мемонанд. Хоҳӣ, ки занат, модарат, апаат, янгаат хулоса, бонувонро бадном накунанд, ё баччаатро бисупор ва ё пули мехостаашонро бидеҳ.

Инҷо боз як кори дигар шуда истодааст. Аз военкомату ҷамоат меоянд, масалан шумо 2 ҳазор ё се ҳазор додед. Аммо инҷо гарантия нест, ки баччаатон ҳади ақал ҳамин мавсим намеравад. Боз як гурӯҳи дигар меояд, милисаву  военкомат ва коргарони дигари ҷамоат ва боз онҳо аз ҳамон хона ва аз ҳамон бачча пул мекананд. Агар надод модари ӯро ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд. Ҳаво баҳор бошад ҳам ҳоло шабҳо сард аст. Шабона тани курта ва ё ҳатто таҳпуш карда дар саҳни военкомат нигоҳ медоранд. Тағои зур дошта бошӣ, ками кам 5-10 ҳазор сомонӣ дода халос мешаваӣ, набошад ҳеҷ касӣ, никтоӣ. Ҳамаашон қушанд,милиса, прокурор ва амният.

Ин облава барои онҳо як бизнеси калон ва бе ягон риск аст. Фақат даромад меоварад, ягон расход надорад. Муфт ва аз ҳаво пул меояд. Ин ҳукумат не, ин дигар як бандаи разбойникҳо, ин гурӯҳи ҷиноятпешаҳо аст ки фақат халқро ғорат мекунад.

Баъзеҳо агар моҳи феврал ба Русия рафта буданд, албатта, аз тарси облава онҳоро маҷбур карданд, ки баччаҳояшонро биёранд агар намеояд пулша бгу бачат фиристад. Мегуянд, ки пули шуморо мо сарбоз мехарем. Аҷаб. Пас чаро баччаҳои моро бепул мебаред? Сарбозро аз куҷо мехаред? Ин гап тамоман дуруғ аст.

Дар як ҷамоат ба ҷои 20- 30 нафар ба камияш 300- 400 призивник ҳаст. Ҳисоб кунед, ки сари ҳар кадоми онҳо 5000 сомонӣ гирад ин чи қадар пул мешавад?

Ва дар инҷои номаам дар бораи бузи пеши ҷамоат мегуям. Бузи №1 Кушодов Манон додараш Кушодов Акмал ин ҳам як падхалим аст. Раиси маҳалла ва ҷамоат касе набошад бузи ҳамоно мешавад. Акмал дар Русия аст. Занаш Ниссо ном дорад. Военкомати район бурд маҳкам кард. Гуфт бачаатро фарёд кун. Акмал хост баччашро  роҳӣ накунад ва бо пул ҳал кунад. Ба чанд кас занг мезанад ва то 20 ҳазор сомонӣ медиҳам мегуяд. Намешавад. Хуллас, баччаашро фарёд карда аз духтур гузаронданд. 30ҳазор сомонӣ пешниҳод кард, нашуд. Хуллас, бузӣ мекунад, аммо дар пеши онҳо қадр надорад. Бо пул ҳам ҳал намекунад. Корашон биафтад ҳамааш якҷоя мешаванд. Охир пас аз ин ҳама зулме шумо мекунед мо чи гуна суханони мухолифонро қабул накунем? Бо боварии пурра мегуям дигар Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати ӯ дар пеши мо ҳеҷ қадре надорад ва мо ба ҳама кор омодаем, ки аз ӯ халос шавем.

Бохтар (Қурғонтеппа)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Хубу хуш ҳастед? Аз совхози Турманистони Қурғонтеппа менависам. Чандин рӯз аст ки мо иҷоракорону саҳмиядоронро ғам дода истодаанд. Мо, андози обу замини кориамонро саривақт ва бидуни мушкил пардохт мекунем. Имсол юнучқа коридем, чун мешавад молдорӣ кард бо алафи нисбатан арзон. Аммо аз ҳукумат омаданду трактори ҷуфтиро оварданду заминҳои моро валангор, ҷуфт карданд, чапаву роста карданд. Кормандони ҳукумат, идораи ҷамоат, участковий болои мардум рехтанд. Хуллас яз як лаб заминҳои деҳқононро полний ҷуфту шудгор ва чапагардон карданд. Боз аз мардум сари сотихи ҷуфт маҷбурӣ пул гирифтанд. Яъне пули ҷуфт-ҷуфтпулӣ. Мардумро маҷбур карда истодаанд, ки пахта бикоранд ва руирост гуфта истодаанд, ки ин амри Ҷаноби олӣ аст, ки пахтаро бисёртар кишт кунем, чунки ҳосили пахта кам шудааст. Бояд бисёр мекоридаем.

Охир, аз дастаи ҷавру зулми ҳамин хешовандони Ҷаноби олӣ мардум аз кишти пахта даст кашидааст. Ин бадбахтҳо пахтаи деҳқонро бо нархи ночиз мегирнад. Охир пахтаро мекорӣ ҷойи бурда супоридан надорӣ. Завод заводи худашон аст «биёр ба мра бте меган». Аммо нархи солярка, нархи дору нархи ҳама чизро гарон кардагианд. Барои халқ аз ин пахтакорӣ ягон зарра фоида нест. Чунки ҳиҷчи намемонад дигар аз дасти ин золимони оилаи Раҳмонов. Ба қудрати Аллоҳ оилара бераҳмш бо ҳамино будаанд. Заҳмати хушку холӣ мардум мекашанд. Хориҷиҳоро намемонад вориди бозор шуда аз халқ ҳосилро харанд монополияи оила аст дигар.

Соли 2014 ман аз халқ камкам мехаридам ва мебурдам ба хориҷиҳо, ки омада буданд, месупоридам. Аз Туркия, аз Эрон. Ин кор фақат як сол давом кард. Дар ҳол русташ карданд, пайи пои хориҷиҳоро руфтанд. Ҳозир хориҷиҳоро намемонанд, ки мустақим бихаранд. Дар роҳҳо постҳо партофтанд, шабҳо мебурдем пахтаро. Аммо дигар ГАИҳо   намемонанд бигзаронем, меқапиданду ҷарима ва мусодираи пахта мекарданд.

Пареррӯз омаданд, пагоҳӣ, заминҳоро подряд ҷуфт карданд. Аз ҷои генерал Шоҳ Искандар. Боз ин чанд рӯзи ахир аст ки заминҳои мардумро воҳима карда чен карда истодаанд, ки зиёда бошад пас мегиранд ё андози зиёдтар бор мекунанд. Мақсад мардумро тарс диҳанд, ки хапу дам пахта бикоранд.

Аммо бародар Муҳаммадиқбол. Як чизро бароят бигуям, ки Ислоҳро ҳама-ҳама тамошо мекунанд. Дар масҷиду дар бозору дар идораи ҷамоату дар мағозаҳову дар даруни маршруткаву дар ҳамаҷо гап-гапи Ислоҳ аст ба Худо . 90% резултат ҳаст. Маълум. Вақте гап мезананд, мефаҳмӣ, намек, пичинг карда Ислоҳро ном нагирифта Майрами гурусухта, балонигазӣ мегуянд,Ҷаноби олӣ нагуфтӣ, Пешвои муаззам нагуфтӣ гуфта боз байни ҳам масхара мекунанд. Маълум, ки истилоҳҳое шумо дар  Ислоҳ мегуед онҳоро такрор мекунанд. Ин худаш аз чи мегуяд, аз дидани мардум ва воқеъияти суханони шумо.

Хуросон

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Солҳои зиёд мешавад, ки халқ ба ҷон омадааст, ҷон бар лаб шудааст. Аммо қувва ва ташкилоте, ки бар муқобили ин ҳукумати золим ба вай такя кунад нест. Оппозитсия дар хориҷ аст. Маълум нест, ки роҳи муборизааш чи гуна аст.

Ман аз ноҳияи Хуросон ҳастам. Дар аксарияти навоҳии Хатлон кор кардаам. Хуб медонам, ки баччаҳо ҳастанд, ки мехоҳанд ва омода ҳастанд, ки бар зидди ин режим дасту панҷа нарм кунанд. Бояд роҳҳо нишон дода шавад. Вагарна ҳама чиз баракс мешавад ва ба нафъи ин режим мешавад. Чунки дигар, вақте мебинанд, ки аз ҳеҷ ҷое садое нест, тан ба тақдир медиҳанду аз дифоъи ҳақу ҳуқуқҳояшон фориғ мешаванд. Ва ё инки ба чоплусиву подхалимӣ машғул мешаванд, тарсончаку сархам мешаванд, буз мешаванд.

Як ҳикояти воқеъӣ нақл мекунам. Ин ҳодиса нуқта ба нуқтае, ки мегуям руй додааст. Нафари шиносам гуфт, ки дар Абдураҳмони Ҷомӣ, собиқ Кубишев кор мекардааст. Як нафар аз муовинони раиси ҳукумати ноҳия хеле одамони зиёдро бо ҳар баҳона фиреб карда пулҳояшонро мегирад. Аксарият барои участкаи наздиҳавлигӣ пул додаанд. Аммо ин муовини раис пулҳоро гирифта бо ваъдаҳои холӣ домани онҳоро пур мекардааст.

Гуфт меомаданду ноит мекарданд, ки фалонӣ онҳоро фанду фиреб кардааст, ғам додааст. На пул ва на замин. Дар як кор ин бародарро ҳам фиреб медиҳад. Имрӯз биё -пагаҳ биё гуфта қариб 10 рӯз медавонад. Хулоса мехоҳад фиребаш диҳад: «Як рӯз рафтам қапидаму ба як кабинети дигар даровардам. Хуб, худо бибахшадам, муштамро ҷамъу сахт кардаму ду бор дар ишкамаш маҳкам кубидам, задам ва аз пушти гарданаш дастамро мисли анбур андохтаму фишораш додам, ки ранги руяш сияҳ гашт. Гуфтамаш, ки э…фалониоча, рафтам хонаҳота дидам, се хона дорӣ, се зан ва кудакотам дидам. Ҳамин занота да пеши чашмат қатор мемонаму ай яг лаб фалон мекунам. Баъд ай болошон худта, баъд бо ҳаматона очеред фарёдтон мекунум ба навбат омадан мегиред. Қасам ба азамати Аллоҳ агар фаҳмидам як каси дигара, ки ғам додаӣ ё ғам метӣ, аз худат гиламанд шав. Фалон фалон одамора гуфтум мебариву имрӯз пулошона метӣ. Он кори мана ним соат туда вақт, буд мекунӣ, набошад ана ҳамин кора накардагӣ ҳам к..те». Бовар кунед,ки ранги харгуш меларзид». Акаҷон буд мекунум, буд мекунум худи ҳамин рӯз гуфту лобаву зора кард ва ман раҳояш кардам, рафт.

Ман гуфтам,корҳоро буд мекунӣ ва телефон мекунӣ, гап мезанӣ, ки буд шуд. Ман ун одамҳора мепурсам, агар накарда бошӣ ҳамин кора накардагӣ последний к..те.

Ҳамон бегоҳ корҳои он одамҳоро «ҷошда буд кард, кори худи маро пеш аз ҳама буд кард».

Бовар кунед, бародарҳо, ки инҳо касе нестанд. «Ин ҳаромҳои ҳақимардумхур дар асл тарсуянд, тарсидан даркор не аз инҳо. Лаънатиҳо воҳима мекунанд, одамҳоро метарсонанд, вагарна ҳиҷ кас нестанд, пушти харанд инҳо. Бояд бо инҳо ана ҳамин гуна муносибату рафтор кард».

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар ниҳоят қалам гирифтаму навиштам. Як мақолаи шуморо дар бораи ҳодисаи қатли Искандари хатлонӣ хондам. Инҷо дар бораи як ҳодисаи дигар гуфтаниам, ки он ҳам кори садфоизаи худи Раҳмонов аст ки бо туҳмат бори оппозитсия кард.

Гап дар бораи сабабҳои куштори Муҳаммад Осимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Юсуф Исҳоқӣ, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон меравад. Муҳаммад Осимӣ ва Юсуф Исҳоқиро Раҳмонов кушт. Ин ду нафар аз шахсиятҳои №1-и шуравӣ дар Тоҷикистон буданд. Инҳоро, вақте Русия ба Раҳмонов команда мекунад, ки бо оппозитсия обший язик ёед, Раҳмонов бозиро кашол медиҳад. Дар ҳукумати Русия ба ин қарор меоянд, ки ҳукумат бо опозитсия обший язик намеёбанд. Инҷо бояд одами холис аз тарафи шимол мондан даркор, ки бо мухолифон обший язик ёбад. Русия дар ҷустуҷуи одами холис мешавад. Бигзор он одам аз сиёсат дур бошад вале авторитету тоза бошад. Ана ҳамин Осимӣ ва Исҳоқӣ аз одамҳое буданд, ки Русия мехост дар ҷои Эмомалӣ монаду  бо оппозитсия ва ҳукумат гуфтугу карда масъалаи сулҳро ҳал намояд. Ана ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов бо Сайидамир Зуҳуров ҳамин ду одамро барои ана ҳамин кор куштанд. Куштанду бори оппозитсия карданд. Ин гап ё даъвои хушку холӣ нест. 100дар 100 кори Раҳмонов аст ва саддарсад иҷрокунанда Сайидамир Зуҳуров мебошад. Ин бадбахти Зуҳуров бояд корҳои кардаашро дар як китоб бинависд. Никто буд, никто монд. Саг суроғаш намекунад. Дар пушт хоб, руи ҷогаҳ. Ақалан ҳамон хиёнатҳояшро бинависаду тавба кунад пеши миллат. Барои миллат зарур аст ки ҳақиқатро бифаҳмад. Дар ин ҳодисаи кушторҳо бо инҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам қуш аст.  Мухолифин Раҳмоновро қабул надоштанд. Русия ҳам медонист ки инҳо байни ҳам соз намегиранд. Бояд дар ҳақиқат сулҳи воқеӣ ва ростӣ кард, то оппозитсяи бовараш кунад. Мухолифин талаб карда буданд, ки ҷойи Эмомалӣ каси дигар бошад:- на аз кулоб ва на аз Ғарм. Русия мехост як одами дигарро монад, ки на кулобӣ  ва на ғармӣ бошад.

Вақте оппозитсия ин одамҳоро пешниҳод кард, Раҳмонов хабардор шуду убраташон кард. Оппозитсия гуфта буд, ки на мо ва на намояндагони «Фронти халқӣ», бигзор ҳамин гуна шахсоне мисли Осимӣ ва Исҳоқӣ барои ду сол ҳукуматро идора ва интихобот баргузор кунанд. Аммо Раҳмонов, ки аз ҳукумат мерафт никто мешуд, барои онки ин корро ҷилавгирӣ кунад, ин ду нафарро кушт. Боз чанд каси дигар ҳаст, ки яку якбора нопадид шуданд дар бораи онҳо ҳама хапу дам. Ин гуна ҷиноятҳоро Раҳмонов чандин сол аст ки содир мекунад.

Панҷ

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон. Ассалому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин. Ташаккури зиёд ба шумо ва кормандони шабакаи «Ислоҳ».  Худованд шуморо дар ҳифзи худаш нигоҳ дорад, ки шумо дар муқобили ин диктатори золими, бачаи Майрами гурсухта мубориза бурда истодаед. Ва ман боз аз Панҷ ба шумо маълумот мефиристам, аз деҳаи Чорсу. Ва ман хело фикр кардам, ки худамро чи ном гузорам ва худамро кӣ муаррифӣ кунам? Вақте ба «Ислоҳ» нома менависам ман, ки аз рӯзи аввал бо Ислоҳам тамоми бародарони муборизро ҳатто аз садоҳояшон мешиносам. Хулосаи гап, ки ман донишгоҳи Ислоҳро бо дипломи сурх хатм кардаам, алҳамдуллилоҳ. Ва, ташаккури зиёд ба бародар Ҷагаи ҷайҳунӣ, ки мардак воре чи зулму ситамеро мебинад, менависад.

Вазъияти Панҷу Қумсангир як хел аст. Чи зулму ситаме дар Қумсангир ҷорӣ ҳаст дар Панҷ  ҳам ҳаст. Аммо панҷиҳо метарсанд, наменависанд. Агар хафа ҳам шаванд, мурғ шудагианд. Баччаҳои мо дар Москва дар ҳақиқат зуранд. Любой разборро панҷиҳо тинҷ мекунанд. Вале Тоҷикистон, ки рафтанд тамом, дигар сар боло намебардоранд. Ва ман мехоҳам, ки номи худамро «Ҷагаи панҷӣ» гузорам, то худованд номуси мо мардуми Панҷро бедор кунад,ранги худораҳматии Мирзо Ҷага ва Раҳмон, ки аз дасти як крисаи худамон кушта шуд дар Москва. Ин раҳматии Раҳмон ягона тоҷике буд, ки дар Русия яке аз маъруфтарин лидерҳои тоҷикҳо ба ҳисоб мерафт. Ҳатто Путин мешинохт Раҳмонро. Баъди куштани Раҳмон Путин гуфта буд, ки таджикам всё. Яъне ягона одаме буд, ки аз вай любой миллат метарсид.

Ва мегузарем ба давоми нома. Баъди нашри барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№210»  чоплусони Раҳмонов бисёр асабӣ шуданду мазаашон сахт гурехт. Хусусан начальник милиса ва ҳоҷӣ Амруллои маньяки Панҷӣ. Аммо ин маняк боз дар группа сар кард ранги хар ҳангасзаниро. Гуфт,ки «оли ман и одама миёвм, и касе ҳаст душмани милатай, душманӣ ба ман ва ба деҳаи Чорсу дорад. Ин душмани милат аст ва гуфт: « и одам пухтай ира хурдан даркорай». Мегуфта бошӣ, ки ин Амрулло маньяк бошаду одамхур.

Гуш кун Амруллои буз. Ҳамин ту ягон ҷоямро хурда наметавонӣ. Ман наметарсам аз ту. Агар метарсидам аз Раҳмонови падарсаг метарсидам. Ва боз гуфт, ки «и касе ҳаст салафиҳай». Руятро сиёҳ кардӣ Амрулло. Дар деҳаи мо аз аввал то ҳозир ягон кас салафӣ набуд. Салафӣ девона шудааст, ки пеши қорӣ Маҳмадсаид меояд. Салафиҳои Панҷ агар қориро бинанд роҳашонро иваз мекунанд. Шумо маълумед чоплусҳои Раҳмонов. Касе гапи ҳақро гуфту чеҳрааш ба шумо маъқул нашуд, пиёниска ҳам бошад, салафию Наҳзатӣ гуфта зиндонаш мекунед. Ва медонам, ки ҳозир дар панҷӣ ва именной барои ёфтани ман рафтӣ аз Москва. Ва дар милисахона бо кӣ гап задӣ дар бораи ман, ҳамааш ба ман расид ва ҳозир аз пушти сохтмони мактаби деҳа дар ҳоле, ки ин корҳоро бояд давлату ҳукумат кунад, овораӣ.

Ва охирон сухани ман ба ин ҳоҷӣ Амруллои буз. Баъди тамошои барномаи 210 маро гуфт, ки «и касе ҳаст бо ба язнаша навистай».

Акнун гуш кун ту бузи бешох. Агар ҳамин Муҳаммадиқбол язнаи ман мебуд, ман ба Худо фахр мекардам, ки язнаи ман як худаш бо лашкари фиръавни Раҳмоов мубориза бурда истодааст. На ба мисли ту, ки забонат се метр лесиданро успет  намекунӣ: «сад офарини занҳот қати хусурбачаҳот, ки ай ту барин язнаи мунофиқи буз изо мекашан ва дар ягон маърака номта бгиран». Ба худо ман туро ягон гапи пасту баланд гуфтанӣ набудам: « неки тра айби худат, маҷбур кардӣ ва инро ҳам бигуямат, ки валлоҳ, биллоҳ, таллоҳ қасам ман ба ту ягон душманӣ надорм. Ман кати ту се ё чор бор салом кадагийм. Ман барои чи дар ҳар номае, ки менависам номи туро мегирам, барои он ки ту бас кунӣ чопулусиатро, дигар налесӣ. Худованд дӯст намедорад бандаи чоплусу тамаллуқкорашро».

Ман як рӯз дар Москва бо якчанд баччаҳои деҳаамон дар як кофе вохурдему гап  дар бораи «Ислоҳ» рафт. Як баччаи қишлоқамон гуфт, ки «и наркала кӣ боша Амруллора мазаша гурезондай ва боз гуфт, ки Амрулло ҳозирҳо фақат «Ислоҳ»-а тамошо мекунад, хусусан барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро то бинад,  ки бо чи гапу хабарай». Ва ман аз ӯ бародар пурсидам, ки «ака ҳами ҳоҷӣ Амрулло киҷо хондай,  ки мега ваений билети офицерӣ дорм, званим капитанай». Он бародар як хандиду гуфт «паааааҳ и одам хизмат кадаги нест, и пешвақт корш да туйҳо фақат раққосагӣ буд, қати раққосаҳо тов медод ва баъд ба Русия омаду пула ҷамъ карду ягон таға ёфту пула дод ва чанд моҳе Хуҷанд рафту омад ва шуд капитан

Қодируф» .

Ва дар инҷои нома мегузарем  ба начальник милисаи ноҳияамон Шамсуллоҳзода Баҳроми Салом. Ин номарди Шамсуллозода Баҳром ранги як девона аст. Мегуӣ, ки нав аз девонахона гурехта бошад паат. Ба ҳама кор лезит мекунад. Ва ман мақолаи барномаи№ 222 -ро хондам, ки дар он ду нома аз Панҷ буд. Якумаш дар бораи Фирузи педофил -командири амният ва дуюмаш аз ин номарди золим Шамсуллозода Баҳром. Ин номусалмони даюс мардони ришдор ва бонувони сатрпушро хело азият медодааст. Ва ҳамин ҳаром риши қорӣ Маҳмасаидро тарошидааст ва боз гуфтааст, ки мо мусалмонем, беимонҳо дар Душанбеянд, ки аз онҷо ба мо фармон медиҳанд. Баъди ин корубораш Шамсуллозодаро худованд як нишонаш доду лек ин ҳайвон нафаҳмид. Тақрибан як-ду моҳ пеш як баччаи камбағалро, ки дар роҳи худаш мерафт бо мошинаш зад ва пойи он баччаи  камбағал аз ду ҷо шикасту ду бор ҷарроҳии сахт карданд пойҳояшро. Як пояш почтӣ нигодний шуд. Ва то ҷое, ки ман маълумот гирифтам ягон бор ҳатто беморхона нарафтааст, ки он бачча зинда аст ё мурда. Ана Сардори ШВКДро бе раҳмаш.

Ва мегузарем ба он тағироте, ки ман баъд аз нашри ду номаи худам мебинаму ҳама мардум шоҳиданд.

Якум, баъди барномаи №198, ки дар бораи директори мактаби рақами13 Шафиев Давлат буд, ин тағйирот мушоҳида гардид.

Ин директори мактаб баъди тамошои барномаи №198 ранги саги девона шуду ҳамаи муаллиму муаллимаҳоро ҷамъ карду гуфт, ки «ман медонм, касе боша набоша, ай байни шумоҳай. Кадомеда вазифаи ман даркор боша гап занен, ман таёрм вазифара ба ягонтаи шумо диҳам, мана иқа сиёҳ накнен, дар пеши ҳама». Хулосаи гап, ки дар эзорш тар кардааст ва дигар дар группа тамоман намедарояд, дигар номи сумро фаромуш кардааст магар ин натиҷа нест чи аст дигар?.

Ва мегузарем ба дуюм тағйроте, ки боз ҳам ҳама шоҳиданд.

Баъди тамошои барномаи № 210 хусусан калонҳо дар Душанбе! Ман бо як шиносам, ки корманди мақомот аст суҳбат кардам. Ман аз вай пурсидам, ки шеф чи гапу хабарҳо? Ӯ ба ман гуфт, ки эй напурс, гапу хабар ба янга расидааст. Пурсидам ба кадом янга? Гуфт, ки зани Рустами Эмомалӣ. Хулоса, зани Рустам одамҳояшро фармон додааст, ки «брен касе набоша наказатш кнен, то ай и корш бахшиш пурсад». Баъд одамҳои янгамулло омаданду аз раиси ноҳия то сардори милисаи Панҷро на занашон монду на духтарашон ва сардори милисаи Панҷро гуфтааст, ки фалони зан ба ҳар як тори риши ин қорӣ Маҳмадсаид ҷавоб мегуен. Ва ин шиносам гуфт, ки баъди ин ҳама гапу хабарҳо аз боло фармон шудааст, ки то сардори милисаро бояд ба ҳар баҳонае тюрмааш кунанд. Ин натиҷаи кам буд магар ?

Ва боз хитоби ман ба ҳамсоядеҳаамон Карлмаркс , Сталин ва Ҷамъият, нависед ба «Ислоҳ», хусусан баччаҳои Карлмаркс, дар деҳаи шумо бузҳо бисёранд.

Бо умеди пирузӣ. Бо эҳтиром «Ҷагаи панҷӣ»!.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №231 появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №12
Нашри ниҳоии маҷаллаи «Семейканюс» дар соли 2024 аст. Дар 12 моҳ 12 шумора нашр кардем. Бурду бохти маҷалларо беҳтар аст худи шумо баҳо бидиҳед. Аз онки аз шумора то шумора бинандаҳои бештар касб кард, метавонем бигуем,ки заҳматҳои мо барҳадар нарафтааст.

Ростӣ, ваъда дода наметавонем,ки барои соли оянда ҳам «Семейканюс» нашру пахш шавад, агарчи тамоми талошамонро хоҳем кард, то аз по науфтад, идома пайдо кунад. Аммо, чи ҷойи пинҳон кардан? Ба масоили мавриди назари барнома бо мушкил дастрасӣ пайдо мекунем. Тангдастӣ низ таъсири нохуби худро руи корҳои мо гузошта истодааст.

Инҷо, қабл аз шуруъи барнома лозим донистам, ки як-ду ҷумла бигуям, ки ба барномаи пешина ва баҳсҳои бархоста перомуни он дахл дорад.

Як нафари ба ҳама маълум аз мухолифини мухолифин маъракае бар зидди мо роҳандозӣ кард, ки «рӯзаки сиёҳ» буд. Мо аз Азизмои газетхонак гуфта будем, ки чи тавр дар роҳи Данғара бероҳа гардида дар истироҳат машғул шуд. Наздик ба 20 сол ин ҳодиса дар даруни нафаре, ки медонист хобидаву консерватсия шуда буд. Аммо яке дар як ҷойе гуфт ва дар ниҳоят пеши мо ҳам омад. Пеши мо омад, то ки ба ҳамагон расонида бишавад. Аммо ин як нафари ба ҳама маълум хесту дар нақши вакили дифоъ, адвокат ва сафедкунанда баромада аз Азизмои газетхонак пуштибонӣ кард. Рӯзаки сиёҳ. Вале агар ҳарфе ба он нақли шунавидаам изофа карда бошам, ҳарчизе мегуӣ бигу. Ончи гуфтанд навишта ва нашр кардам. Имкон надорад, ки дар ин масъала адвокати хуб буд. Чунки аз қиссаҳои муошиқати Азизмо хеле зиёд дар дастамон аст. ….

Хуб, ҳоло биёему бубинем, ки ин бор чи матлабу хабару маълумот аз ин семейка –Оилаи аз як кашар, аз як фермаи калон калонтари Раҳмонов зери даст дорем.

Як нафар аз муаллифони ҳамешагии мо баъд аз дуруду паём ба банда ва кулли муборизин ин навиштаро фиристодааст ва мо ҳам нахостем ба он тағйире ворид бишавад:

«И авлоди гышнаи гышнапышти гадо аҳ сер намешаван. Ширкати «Фароз» (аз они Шамсулло Соҳибов, домоди Раҳмонов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир) заминҳои зиёдеро дар навоҳии вилояти Хатлон, минтақаи Қурғантеппа, яъне ноҳияҳои Ҷомӣ, Балхӣ ва дигар ноҳияҳо гирифта истодааст. Баъзе аз раисони ноҳияҳо ба Фароз замин надода истодаанд. Барои онки дигар нест заминҳои холӣ. Заминҳоро ба мардум барои деҳқонӣ додаанд, ки зиндагиашонро хуб кунанд. Фароз бошад ҷықидестай, ки ай мардум гирен тиен. Ҳатто қасами раисони ноҳияҳоро хурдааст Фароз, ки ай кор мегиремтону делатон мекнем гуфта. Аҷоиб. Бовар кнен устод ин Раҳмона Президентишам намондай. Кадомеша, ки фора ба сари мансабдорора зурӣ мекнан. Угрожат мекнан. Намедонан чи хел кор кнан раисону вазирон».

Фароз, ширкати ғулосое аст ки на фақат мо, дигарҳо низ борҳо дар бораи он навиштаанд. Ин ширкат аз они Шамсулло Соҳибов ва Рухшонаи Эмомалӣ, духтари Раҳмонов ва сафири Тоҷикистон дар Бритониёи кабир аст.

Чанд сол мешавад, ки Шамсулло тамоми системаи пулгузаронӣ дар кишварро ба дасти худ гирифтааст. Фармон баромад, ки аз август (соли 2022)пардохтҳо ғайринақдӣ амалӣ карда шавад. Шамсулло як қиёмат дастгоҳҳои пулгузаронӣ -апаратҳо харида овард. Ва аз номи Фароз гирифта %-и худашро монд. Он апаратҳоро якҷо бо Амонатбонк (пули бюҷет) харида  ҷобаҷо гузорӣ ё установит карданд.

Пули налог, свет, маош, лаборатория, тонировка дар ҳама Тоҷикистон дар як филиали Амонатбонк дар микрорайони 33 супорида мешуд. Аммо ин филиал дигар кор намекард ба ҷуз аз қабули пули тонировкаи мошинҳо. Раиси ин филиали Амонатбонк Нахшов Файзиддин буд, ки ду соли пеш мурд. Ҳозир боз кадом одами Соҳибовҳоро дар ҷои вай монданд.

Пули тонировкаи мошинҳо яклухт ба Таҳминаи Клеопатра ё Рустами герчик меравад. Ин гапҳо, ки ба пули тонировка ба ҳисоби сохтмони Роғун меравад дуруғ аст. Як иҷозат барои тонировка 500 доллар мебошад. Агар ин пул ба буҷа ва ба ҳисоби Роғун мерафт любой точкаи Амонатбонки амалкунанда дар ҳудуди кишвар  бояд мегирифт. Аммо пули тонировкаро фақат дар филиали микрорайони 33 мегиранд. Ва аз онҷо мустақим ба ҳисоби оффшор меравад, як копеек ба бюҷет намеравад. Ин филиали Амонатбонк дар

даруни домҳо, камтар аз лаби роҳ медароӣ, онҷо як кинотеатр дар вақтҳои Союз буд, дар таҳи ҳамон қарор дорад. 5-6 коргар дорад, ки корашон фақат пули тонировка қабул кардан.

Барои кори дигар агар биравӣ «филиали марказӣ брен, фалон филиал брен» гуфта вежливо ва дипломатично ҷавоб медиҳанд. Явна намегуянд, ки мо фақат пули тонировка қабул меунему аммо дигар амалиёти бонкӣ ҳатто интиқол надоранд. Чун он пул мустақиман меравад ба ҳисобҳои офшории оила. Дар ҳоле дар оғоз Раҳмонов гуфта буд пули танировка барои сохтмони Роғун бояд равад. Чуноне мегуянд: «бо номи кӣ вале ба коми кӣ»

Захватҳои рейдерии Ойла

Манбаъи наздик ба оила ба Ислоҳ чунин гуфт: Аз Хатлон бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ Баротов  бо домодҳои Раҳмонов содиқона  хизмат мекард. Хизматгори онҳо буд. Маҳмадуллои бачаи ҳоҷӣ Шариф (падари Шамсулло Соҳибов) ҳамсинфи падари ман буд Маҳмадулло падари маро чанд бор фарёд мекунад, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Падари ман ба ҳаромхурӣ даст намезанад, таклифи Маҳмадуллоро рад мекунад. Ин бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ гуфт, ки падари шумо на худаш хурд, на монд дигарҳо хуранд. Ин дар ҳолест, ки медонист мо аз падарамон ҷудо зиндагӣ мекардем.

Азбаски он бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ бисёр гуноҳҳои оилаи Соҳибовҳоро медонист, ӯро бо ҷурми салафӣ зиндон карданд. Ин бачаи Раҷабалӣ номаш Баротов Наврӯз бо тахаллуси Шрек аст. Ҳоҷӣ Раҷабалӣ аз Қурғонтеппа аз кучаи Ломоносов мебошад.

Наврӯз Баротов,ки тақрибан 41 сола аст домоди Умарқул раиси пешини нефтибазаи Левакант буд,то фаолияти ширкати Тоҷирону Фароз амал мекард. Маҳмадулло Соҳибов бо зӯрӣ аз ӯ ин нефтибазаро кашида мегирад.

Наврӯз Баротов якрӯз ақиқаи фарзандашро мекунад ва дар он чанд салафибачаҳоро даъват мекунад ва пас аз як ҳафта ӯро боздошташ мекунанд. Наврӯз ҳудуди 6 моҳ дар СИЗО ӯро нигоҳ медоранд ва ҳама дороияшро мегиранду бо дахолати хусураш Умарқул озодаш мекунанд. Дар он маъракаи Наврӯз Баротов чанд нафар иштироккунадаҳоро ба солҳои тулонӣ бо иттиҳоми Салафият зиндонӣ мекунанд. Мисли Ҳоҷӣ Саидмуроди маслобойчик, Ҳоҷӣ Файзиддин ва чанд ҷавони дигарро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Вай дар вақташ асноду ҳуҷҷатҳои мардумро барои ҳаҷ роҳӣ кардан омода мекард.

Ҳикояти дигар: Азиз Соҳибов раиси Тоҷикматлубот бачаи ҳоҷӣ Шариф як заправкаи як бародарро гирифт. Он бародар аз Қурғонтеппа, Усмон ном дорад, аз Гулзор бачаи бобои Пирмаҳмад. Усмон додараруси Имоми Гулзорӣ аст.

Боре Усмон бо Ёдгору чанд рафиқаш дар назди заправкааш шиштагӣ буданд. Азиз омада мегуяд, ки заправкаатро таъмир карда истодаед. Усмон мегуяд, бале. Аҳсан мегуяду меравад. Вале пагоҳаш омада мебинад, ки Усмон дар назди заправкааш бо рафиқонаш нишастааст. Усмонро мегуяд, ки ин заправкаро ман дар ҷои қарз мегирам.

Вале Усмон ба хонааш қасам хурда дар назди рафиқонаш мегуяд, ман ягон сомонӣ қарздор нестам аз ин Азиз Соҳибов. Азиз мегуяд, ки ин шакалади ҷиянҳо мебошад, ҷиянҳо калон шуда истодаанд, авлод калон шуда истодааст,бачаҳо, навасаҳо калон шуда истодаанд. Ва ба зур заправкаро аз Усмон мегирад.

Раҳмонов ва Соҳибовҳо

Ин хабар аз як нафар корманди пешини КДАМ-амният ба Ислоҳ расид: Пеш аз марги ҳоҷӣ Шариф, (Шариф Соҳибов) ногаҳон КДАМ се тонна маҳсулоти шираи камоли ӯро дастгир кард. Ҳоҷӣ Шариф ба раиси КДАМ занг зада мегуяд, ки шираи камол аз они ман аст. Дар ҷавоб раиси КДАМ гуфт, ки «ман ба президент доклад, кардам, мебахшед бобои ҳоҷӣ, аз дастам коре намеояд, ба президент муроҷиат кунед. Ҳоҷӣ Шариф ба Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат карда мегуяд «ҳамон шираи камоли амният дошта аз они ман аст, гуед баргардонанд». Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷавоб мегуяд аз дастам чизе намеояд ва гушаки телефонро мемонад.

Ҳоҷӣ Шариф ба суи хона равон мешавад, ки дар роҳ давленияш мезанад ва баъди чанд рӯз аз дунë мегузарад. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи мурдаи ҳоҷӣ Шариф ҳам  наомад.

Ҳоҷӣ Шариф инсони хуб буд, худо раҳматаш кунад. Касе наздаш мерафт корашро буд мекард.

Ҳоҷӣ Шариф язнаи апаи Азизмо, шавҳари аммаи Азизмои газетхонаки зани Эмомалӣ Раҳмонов мебошад!

Ҳоҷӣ Шариф дар вақташ ба Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар як оилаи қашшоқи нодор мезисту бениҳоят дар фақру камбағалӣ ба сар мебурд ёриҳои зиёд додагӣ аст. Аз давраи дар ПТУ хондану дар маслозавод ба ҳайси электрик кор карданаш гирифта то зангириаш ҳоҷӣ Шариф ёрдамаш кардагӣ аст. Вақте аз маслозавод руған дуздида ба даст меафтад ҳамин ҳоҷӣ Шариф ёрдамаш мекунад.

Ҳоҷӣ Шариф духтари хусурбачааш Асадулло яъне Азизморо ба Эмомалӣ Раҳмонов гирифта ба занӣ медиҳад. Ва худаш туйи Эмомалиро ташкил карда мегузаронад.

Азизмо, Ҳасан, Ҳусейн, Раҳматулло аз якум оилаи Асадулло мебошанд.

Амонулло, Амрулло, Муҳибулло ва.. аз зани дигар мебошанд.

Дигар хусурбачаи ҳоҷӣ Шариф бобои Надим буд. Фарзандони вай дар Чапаев ҳастанд. Бобои Надим амаки Азизамоҳ  мебошанд.

Ҳасан Асадуллоев домоди ҳоҷӣ Шариф аст, язнаи Зоири домоди президент яъне апаааш Моҳсафар ҳамсараш аст. Раҳматии акаи Маҳмадулло писари калони ҳоҷӣ Шариф аст, писари Маҳмадулло Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Раиси пешинаи Фароз, худораҳматии ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов сабаб шуда буд, ки Шамсулло Соҳибов домоди Раҳмонов шавад. Вай пешниҳод карда буд: «Шамсулло ту бояд домоди президент шавӣ, ту доступи калон дорӣ».Чунки падари Шамсулло бо Эмомалӣ Раҳмонов вақтҳои пеш бисёр якҷоя буданд.  Дар оғоз Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ширкати Тоҷиронро бо Ҳоҷӣ Шариф таъсис намуданд. Пас аз он Ҳоҷӣ Шариф писараш Маҳмадуллоро бо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ кард, то кор кунад. Пас аз он Маҳмадулло ба ҷойи худ Шамсулло Соҳибови писарашро бо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов шарики тиҷоратӣ кард. Хуб дигар пас аз хориҷ шудани Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов тағйири ном карда ба Фароз идомаи кор дорад. Муҳим домодшудани Шамсулло Соҳибов бо машварати Шаҳид Умаралӣ Қувватов сурат гирифта аст.

Инро низ бояд зикр намоем,ки Эмомалӣ Раҳмонов дар вақтҳои дар ПТУ хондан ва дар маслозавод кор кардан дар хонаи марҳум ҳоҷӣ Шариф мезист.

Бозори ҳоҷӣ Шариф дар шаҳри Бохтар дар асл аз они Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Ман шахсан дар сохтмони бозори ҳоҷӣ Шариф кор ва фаъолият кардаам. Дар сохтмони бозори ҳоҷӣ Шариф маблағи калон (расход) масраф шуда аст. Ҳамаи ин масраф аз ҳисоби буҷети вилоят ва маводи мухаддир буд. Инро низ бояд зикр намоем,ки дар сохтмони бозори Ҳоҷӣ Шариф ба Зоир Соҳибов аз тоҷирони зиёде пул гирифта аст.

Ба монанди:

Нуралӣ Ризоев 500 ҳазор доллар

Тоҷиддин Командир: 1млн 700 ҳазор доллар

Санг нач СБ МВД Хатлон: 500 ҳазор доллар

Файзи Геран: 300 ҳазор доллар

Нур Фақир маблағи ҳама ҳоҷатхонаҳои бозорро пардохта буд.

Ҷанги зери буриё миёни Ҳасан ва Мирзоевҳо

Задухурдҳои шадид байни Ҳасан Асадуллозода ва Хуршеди Мирзо дар паси саҳна гардишҳои нав касб мекунанд. Все таки навиштаҳои «Ислоҳ» дар ин бобат таъсири худро гузоштанд. Баъди гуфтаҳо дар барномаҳои шумо роҷеъ ба нақшаву ниятҳои Хуршеди Мирзоев, ки зиёд хоҳиши дур кардани Ҳасани ишкамба аз саҳнаи асосиро дорад, Ҳасан мутаваҷҷеҳи авзоъ шуда ба Хуршед Мирзоев сахт диққат карда истодааст. Маълум аст ки Ҳасан қувва ва қудрати кофӣ дар ихтиёр дорад, ҳар сделка, шартнома ва ҳаракатҳои Хуршедро хуб аҳамият дода истодааст.

Ҳасан Шералӣ Кабир ва боз чанд нафари бовариноки худро фарёд карда гуфтааст, ки «ку бо гапои нав… …и Хуршедш бо пайдо шидай, ҷогир бдай, ҳмммм»

Хуршед гуфтааст, ки «и шкамбаи Ҳасан хееееела хурду чарид, басай акы, ятарафаш кадан даркор»…

Ин гапҳоро бин «о апаи ма да дасти Президентай, апаи Хуршед не ку, ҳмммм?!.Вақте ки ма кору бор мекадм, и гындышкбача дар туалетои мактабу дига ҷо, ай шкофакои деволо, петакои муаллимаҳоша мепоид… … чи ӯ фикр мекна иқа сол ма просто так шиштум?… … давай Шералӣ ты ҳамаи сделкаҳоша кати ҳамаи корои финансиш дида бро, рост биё мара доклад кн… … чи нақшаҳо дора дар оянда, увошам… …дигаро бошан дига направлениҳоша бинен, давайте…»

Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳан ҳам ҳайрон мондаасту Гуфтааст: «агар гапои Муҳаммадиқбол рост боша, Хуршед уқа кори хуб накадестай, сари ҳамамона мехра ин Хуршед».

Комил Мирзоалиев, ки худро аввал ба командаи Ҳасан рабт медод, ҳозир ҳайрон, ки чикор кунад. Бо Хуршед Мирзоев хешу табор асту наметавонад Хуршедро гуяд, ки чунину чунон накун, «яке мега гапои Муҳаммадиқбол рост набоша ба Хуршед мега, ки ты ба ҳаму афсонаҳо бовар кади… Бо Ҳасани Ориёнбонк бошад ҳам наздику зиёд сиру асрорашро медонаду мегуяд яке Худо накунад ягон кору бори медонистагии манро Муҳаммадиқбол бигуяд, «аниқ акаи Ҳасан ай ма мебина… бля и чи гапу корай, омада омада ҳозир шидестай. И акаи Ҳасанам, охирон вақто уқа катим соз гап назестай, аник иҷада ягон чира хит кадай», гуфтааст Комил…

Ҳасан таги Мирзоевҳоро кофта истодааст. Барои шикасту пора кардани схемаҳои молиявии Мирзоевҳо ҳаракатҳои махсус карда истодааст. Ӯ қариб, ки ҳар рӯз, бо собиқ вазири молия Наҷмиддинов Сафаралӣ ва собиқ вазири савдо ва равобити хориҷӣ Ҳаким Ҳусейнович Солиев вохуриҳо мегузаронад ва аз ин «ду пири кор» машваратҳо мепурсад. Ин ду нафар ҳар рӯз ба Ориёнбонк ранге, ки ба кор меомада бошанд, омада истодаанд. Аҷоиб.

Дар навбати худ Хуршед Мирзоев чанд корманди Ориёнбонкро вербоват кардааст, ки ба ӯ дар нисбати Ҳасан маълумотҳо дастрас кунанд.

Мирзоевҳо, ки пештар падарашон зинда буд, пеши роҳи баъзе аз корҳояшонро мегирифт ва ҳушдор медод,ки саросемагӣ накунанд. Акнун, ки падарашон аз дунё гузашт, фақат ба пеш.(Чанд ҳафта пеш падари Мирзоев даргузашт)

730 ҳазор сомони Литсейи Ҳасан Асадуллоев аз барқ қарздор аст

Ва ҳоло боз як маълумоти ҷолиби дигар дар бораи Ҳасани ишкамба. Ҳасан дар Душанбе литсей- мактаб хусусӣ дорад. Дар ин мактаб як шиноси ман кор мекунад. Вай ин ҳикоятро ба ман кард. Гуфт як рӯз аз Идораи барқ контролерҳо омада сими свети литсейро буриданд. Гуфтанд, ки ин мактаб аз барқ қарзи зиёд дорад. Ман дар кор будам. Хиёл кардам, ки бисёр бошад 3000 сомонӣ будагист. Аммо баъд фаҳмидам 730.590 сомонӣ мактаби Ҳасан аз барқ қарздор будааст. Ин пулро ба доллар баргардонем 64.000 доллар мешавад. Ин шиносам нақл кард, ки аммо ғайричашмдошти ҳама баъди ҳамагӣ 2 соат омада светро пайваст карданд.  Мегуяд боз «қизиқаш» инки қарзи 730.590 сомонии мактаби Ҳасанро аннулироват карданд. Яъне Ҳасан Асадуллоев ягон сум ба свет надода бошад ҳам аммо счетчикро 000000 карданду бахшиш пурсида рафтанд. Ана инро мегуянд дуздии руирост ва ана инро  мегуянд, ки суиистифода аз мақом. Ана барои чӣ ширкати  «Барқи тоҷик» инқадар қарздор мешавад. Албатта, ин сумҳоро ба сари халқи Тоҷикистон мезананду аз камбағали бечора «бақия» ном мегузоранду мегиранд. Наход Ҳасан бо ин ҳама дороиву кату кут суми барқи истифода бурдаро намесупорад? Боз дар ин мактаб кудакҳои худаш ҳам мехонанд. Ҳамин шиносам боз гуфт, ки аксарият набераҳои Раҳмонов дар ҳамин мактаби Ҳасан таҳсил мекунанд. Аммо дар бйни набераҳо ҳиҷ гуна рафоққат нест, гуфт ин шиносам ва афзуд, ки баракс байни ҳам мисли сагу пишаканд, ба ҳамдигар салом намекунанд, якдигаришонро дида наметавонанд. Аммо бачаҳои Ҳасан ва набераҳои Раҳмонов ҳар ҳафта мошинҳои худро иваз мекунанд. Ин шиносам,ки муаллим аст гуфт, кадомеашон коргарони мактабро меҳмонӣ даъват мекунад, маълум мешавад, ки отаву очаашро тамоман писанд намекардааст:  «Мега ман дидам чашмом кати, мега ин духтари бачаи наверашон Раҳмонова пул вайрон кардагӣ, мега як дигариша ненавидит, мега уриси кати значит Раҳмонова духтарош Рустама як дигариша дида наметонад, ранги душман як дигариша мебинад. Мега бовар кунен насиб ин шо Аллоҳ ҳоли як вахт мебиёяд Раҳмонова бачаҳои духтариш як дигариша мехурад ҷангу ҷанчол ҳаминба рафтестай рузба руз». Ин муаллим гуфт, ки мо дар меҳмонӣ худамон барои худамон хизмат кардем. Ин духтари яке аз духтарҳои Раҳмонов баромаданд хонаи болову магнитофонро баланд карданду ба рақс машғул шуданд. Гуфт бо чашмони худам дидам, ки дар сигарет он духтарҳову бачаҳо нашаро ҷо карда дуд доданд….

Зодгоҳи хонуми аввали Тоҷикистон дар чи ҳол аст

Ва, як ҳикояти дигар аз апаи Азизмоҳ! Дар кучаи падарии авлоди Асадуллоевҳо дигар одам нест. Аз кучаашон мегузаред на одам ҳаст, на мошин, куча холӣ. Ҳамаи хонаҳои ҳамсояҳоро бо пулҳои калон харидаанд ва дар ҷойи он хонааҳо хонаҳои калон- калон сохтаанд. Лекин одамони наздикашонро оварда дар он хонаҳои сохтаашон квартирант мешинонанд. Аммо худашон бошанд дар Душанбе- пойтахт зиндагӣ мекунанд.
Ҳама ҷиянҳои апаи Азизмо ва акаи Ҳасан Асадуллозода ду- се занӣ доранд. Аз ин занҳо фарзанд доранд. Ҳама сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ медонанд, лекин хомӯшанд. Ба ҷиянҳои Асадуллозодаҳо ду- се занӣ иҷозат ва мумкин аст, ба дигарон не. Агар ба сиёсат кордор шуди дар назди қонун ҷавоб мегӯй. Яъне кордор шудан ба СЕМЕЙКА ин кордор шудан ба сиёсат аст дигар.
Ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ дар маъракаҳои шабнишинии Асадуллоевҳо фаъолона иштирок мекунад. Қариб, ки бе ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ маъракаҳояшон соф намегузарад.
Пештар маъракаҳояшон дабдабаноку пурвоҳима буд, ҳоло меҳмонон қисм-қисм  меоянд. Аммо маъракаҳояшон чанд рӯзӣ давом мекунанд.
Генпрокурор кӣ мешавад?

Дар даруни Оилаи Раҳмонов айни замон муҳорибаҳои шадид барои «сфера влияний» идома дорад. Ҳар кадоме талош дорад, қудрату тавони худро зиёдтар кунад.

Ҳам Озода, ҳам Рустам ва ҳам Зоир (қурғаниҳо) дар такудаву такопу ҳастанд. Барои вазифаҳои калидиро ба одамони наздики худ додан муборизаи шадид ҳам бурда истодаанд.

Баъд аз анҷоми интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст охири феврал ва аввали апрели соли 2025 доир шавад, муҳлати кории Прокурори Генералӣ, қудои ҳамакнун собиқи Эмомалӣ Раҳмонов Юсуф Раҳмон ба охир мерасад.

Як гурӯҳ ба ҷои вай Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коррупсияро оварданианд. Сулаймон Султонзода ҷияни Матлубхон Давлатзода, тағои президент Раҳмонов аст.

Варианти дуюм, ки эҳтимолияташ камтар аст Ҳабибулло Воҳидов сарпрокурори ҳарбӣ ва муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Ҳабибулло Воҳидов дар Душанбе ва дар вилояти Суғд ба ҳайси прокурор кор кардааст. Сипас Воҳидов  директори Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъйин шуд ва аз онҷо ӯро ба ҷои феълиаш Прокуратураи ҳарбӣ оварданд. Бо таваҷҷӯҳ ба онки ӯро аз Агентӣ ба Прокуратура  оварданд, ҳадс зада мешавад, ки ин «перевод» шояд барои курсии Прокурори генерлӣ бошад. Аммо минуси Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки вай фархорӣ аст. Баъди кудетои Саидҷаъфар Усмонзодаи фархорӣ фархориҳо аз назари Раҳмонов уфтоданд. Ҳамчунин Раҳмонов дар ин авохир афроди нафақахур ё наздик ба пенсаро ба вазифаҳои масъул мансуб накарда истодааст. Инчунин чанд фигураҳои муҳимми дигар вуҷуд доранд,ки ба круги Рустам марбутанд онҳоро мегузорем ба қариби он рӯзи таъинот.

Раиси Суди Олӣ Шермаҳмади Шоҳиёни аспбозро низ ба нафақа равон мекунанд. Ҳоло барои ҷойи вай ҳам кондидат кофта истодаанд. Гуё раиси Суди олии иқтисодиро меоваранд дар ҷойи вай.

СС.Ятимов,раиси КДАМ ҳам ҳарчиқадар талош ва ҳодисаҳо ташкил кунад, масалан як хитоиро дар марз гуё случайно куштанд, фоидааш намекунад. Вай ҳам меравад. Аммо ин гуна гапҳо ҳам ҳаст ки СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чанро имкон дорад Раҳмонов дар бараш ҳифз кунад. Дар бораи ин ду нафар ҳоло қарор ва тасмим ниҳоӣ нашудааст. Ҳар хел дигаргунӣ шуданаш дар ҳокимияти Раҳмонов мумкин аст. Чунки ҳама медонанд тасмими ӯ метавонад дар як шаб иваз шавад.

Шоҳрух Саид, сардори РВКД-и Душанбе кушишҳои сахт дорад, ки Мансурҷон Умаровро аз вазифа сабукдуш кунад. Чунки маҳз Мансурҷон Умаров падари Шоҳрух Фаттоҳ Саид ва кормандони Агентии коррупсияро дастгир карда сабтҳои видеои маҳрамонаи Фаттоҳи раққосаро бароварда буд. Барои ҳамин Генерал Шоҳрух Саидзода то ҳол аз пайи интикоми падари заднимостзадааш гаштаасту дар байни кругаш гуфтааст: «Мансур Умаровро аз вазифа мегируму дар ҳаму турмаи худуш маҳкамуш мекунум. У отаи мара маҳкам карданӣ буд, ай дастуш…. наомад. Аку навбати ма расид, нигоҳ кунен чи хели мекунум и фархориҳора кати ятимчашон. Плано ҳамаш тайёрай» гуфта воҳима карда истодааст.

СС.Ятимов компраматҳои хело ҷолиб аз Шоҳрух ва чандин мақомоти болоии ВКД дар даст дорад. Аммо бо хоҳишу исрори Рамазон Раҳимзода аз СС.Ятимов,ки то будани ман ин корро накунад,ки номи ман сиёҳ мешавад. Гӯйё СС.Ятимов ҳам гуфтааст ман фикр мекунам дар ин маврид. Рамазон Раҳимзода фармони қатъӣ додааст,ки ҳар шикояте нисбати Шоҳрух Саидзода аз ҳар шаҳрванд нисбати Шоҳрух Саидзода расидаро ҳатман санҷанд ва танҳо ба дасти худаш расонанд онро. Ҳоло чандин нафаре нисбати Шоҳрух Саидзода шикоят карда зери назорати шахсии вазир қарор доранд. Ин ҳам яке аз далоили буғранҷ будани вазъияти дохили ВКД-ро мекунад.

Сообщение Семейка news №12 появились сначала на ISLOH.net.