Архивы Қуръон - ISLOH.net

Фиръавн боз хоб дида аст?
Замоне он Фиръавн, подшоҳи Миср хоб дида, ё зирракии сиёсияш боло гирифтаву даст ба бедодгарӣ зада буд.

Ин масъаларо баротон решаковӣ мекунам. Чун дигар кор аз кори мо гузаштаву корди Фиръавн ба устухони миллати тоҷик расид!

Манобеи мо дар ин таҳқиқ 4 китоб аст: Таврот, Қуръон, Авесто ва  Шоҳнома чун ба ҷуз китобҳои муқадасс қисаи «худошавӣ»-и ҳеч фиръавне дар китобҳои торихӣ дарҷ нагашта аст. Ва ин даъвои худоӣ як кори маъмули торихи натанҳо ҳокимони Мисри Бостон – Фарзандони худоён, балки ҳокимони Руму Юнони Бостонро низ фаро мегирифт, ки ин андешаи фарзандхудоӣ, пасон аз дини Меҳрпарастӣ (митроизм, ниг: Р. Фолтз «Religions of Iran») ва таълимоти юунониён вориди дини тарсоӣ шуда, Исоро «фарзанди Худо» сохт!

Заҳҳок ҳам як навъ даъвии худоӣ дошт!

Тибқи гузоришҳои Таврот, Сифри Хуруҷ, пораи 1, ояҳои 8 то 22 ва сипас, пораи 2 ояҳои 1-25; пас аз марги Фиръавни аҳди Юсуфӣ набӣ, дар яке аз ваҳлаҳои торих ба сари қудрат, миёнаҳои асрҳои 13-15-и қабл аз милод «Фиръавн»-е ба қудрат расид, ки нисбат ба  миллати яҳудиён нигоҳи бегонавору қавмгароёна ва мисли Эмомфиръавни мо, нигоҳи тарсуёна дошта аст.

Тибқи гузориши Таврот, ки ин моҷароро, бар хилофи ояҳои гуногӯни Қуронӣ, ки бидуни мутолиаи тафсирҳо, ба умқи масъала пай нахоҳед бурд, бо тартиби замонӣ ва устухонбандии мукаммал, аз омилҳои даст задани Фиръавни нав ба чунин як супориши қамъгароёна, нақл карда аст.

Сароғоз; Фиръавни навдавлат, ки чун Фиръавни Қуръонӣ номаш номаълум монда,  дар Таврот ҳеч хобе намебинад! Танҳо вақте ба қудрат мерасад, мебинад, ки Бани Исроил бешумор шудан доранд. Аввал супориш медиҳад, ки ҷуҳудонро дар лашкараш ба ҳайси ПЕШМАРГА ё интиҳорӣ ба ҷангҳо фиристонанд, то дар ҷангҳо аз пушт, чун супоришҳои пинҳонии Эмомфиръавни замони мо, кушта шаванд. Вале, ба назар мерасад, ки Исроилиён миллати якфикр буда, ҳамдигарро аз ин навъ хиёнат барҳазар медоранд.

Пасон, Фиръавн нақшаи «Б»-ро таҳия ва супориш медиҳад, ҳамон гуна, ки замоне Эмомфиръавни мо ҳам карда буд, ки момодояҳо ҳангоми зоиши занони яҳудӣ, писарони ононро бо ҳар василае қатл созанд, то нерӯи бозуи мардони ҷуҳудон коста шавад, ва миллати Исроил чун имрӯзи мо танҳо аз занон иборат бошанд.

Ин қиссаро мо бо каме тағйирот дар Авесто ва Шоҳнома, дар ривояти Заҳҳок (Аждиаҳок)-у   супоришаш мабнӣ бар хӯрондани мағзи ҷавонон бар морҳои дӯшаш, хоҳем дарёфт.

Момодояҳои Фиръавн, ки ба гуфти Таврот «инсонҳои эмондор»-е мебудаанд, ин қарору супориши беақлонаро бо ҳар баҳонаву василае хунсо мекардаанд, яъне чун қонунҳои беақлонаи имрӯзи Эмомфиръавнӣ мо аз ҷониби кормандони бемористонҳояш амалӣ намешуда аст!!

Пасон, Фиръавн ин ду роҳро санҷида, ба хулосае меояд, ки гайкаҳоро сахттар бояд тоб дод, чунки на бо роҳи облава кардану бурда куштани навҷавонони Исроилӣ ва на бо роҳи қонуни пешгирӣ_аз_бисёрфарзандӣ, намешуда аст, миллатеро, ки ба онон бо чашми ҳақорату душманию нодӯстӣ аз рӯзи ба сари қудрат оварданаш, кушту пурра нобуд кард.

Роҳи сеюмро месанҷад: супориш медиҳад, ки ҳар кӯдаки иброниро, агар писар буд, ба дарё, ба ҳалқи тимсоҳҳои Нил партоянд. Дигар замони пинҳонкорӣ гузашта, «зирракии сиёсӣ»-ро дар мадди аввал гузошту ошкоро ба қавмкушӣ дастбакор шуд!

Қарори ниҳоиро Фиръавн бароварда, котибон нигоштанду «Парлумон» ҳам «якдилона» пазируфтанд!

Қонун амалӣ бояд шавад! Қонун қонун аст дигар!

Чӣ қадар тифлҳоро ба Нил партофтаанд, танҳо моҳиёни дарё ва тимсоҳҳои кудакхор медонанду бас. Имрӯз ҳам Фиръавни мо кӯдаконро бо ҳар роҳу васила ба дасти «тақдири бад» месупорад, то ояндаашонро табоҳ созаду зимнан аз волидонашон бо ин роҳ қасос бигирад!

Модари Мусо ҳам танҳо 3  моҳ тавонист кӯдаки на дар «зоишгоҳ», балки аз тарс дар хона зодаашро аз чашми аскарҳо, УБОП, ВКД, КДАМ ва дигар «воқеанависон»-у бузҳои ҳамаҷогард пинҳон кунад. Ва пас аз се моҳ, дилаш нашуд тифлашро чун дигар занҳо ҳамту дар дарё партояд, ҳамон гуна, ки ду рӯз пеш Рухшонаи мо, нахост, ин дафъа ду тифлаш, ду духтарчаашро, ба ҳалқи наҳангҳову тимсоҳҳои муғулии ҳору одамхор партояд, балки чун модари Мусо(а), ҷони худро дар маърази хатар гузошта, аз ду гӯшворааш барои ду ҷигарбандаш ду заврақчае, ду умеди кӯчаке, ду бодбонаке сохту дар дарёи пурталотуми зиндагӣ, танҳо гузошту ба умеди Худову миллаташ раҳо кард…

Мусо (а) ҳатто модараш барояш номе ихтиёр накарда буд. Чун модараш тӯли 3 моҳ ҳамеша бо тарс шираш медод. Ҳамеша пеши чашмонаш марги тифлаки зеборуякашро медид. Аз зоиши ин тифл ғамгин буд, чун бояд, дер ё зуд Schutzstaffel-и Фюрер  Фиръавн радди пойи писарро меёфту назди модар сар мебуридаш, ҳамон амалеро иҷро мекард, ки фронтиёни тоҷикбадбини фиръавнсифат ба солҳои 1992-97 ва то кунун мекардаанд: шиками зани тоҷикро пора карда, тифлашро бароварда сар мебуриданд!

Имрӯз торих такрор мешавад. Фиръавн пас аз гузашти 4500 сол, дубора дар Тоҷикистон зуҳур карда аст. Дракула аз гӯробаш бадар омадаву аз хуни тоҷикон ҳар рӯз мемакаду нерӯ мегирад. Вале сероӣ надорад. Солҳо қабл назарияпардозони хоини тоҷик ба гӯши миллати тоҷик лолоӣ мехонданд, ки «и алакай сер шуд, моненаш кор кунад. То я каси дига омада «сер» мешавад, ки хуш умре», вале дидем, ки гӯшнагадо ҳеч гоҳ сероӣ надошта: на аз пулу на аз хуни ин миллати бечора!  Ва гумон кардаанд, ки ҳаркӣ сари қудрат омад, бубояд чун Шарипович ҳатман «гӯшна» бошад, ки ҳатто пас аз гузашти солҳои мадид аз он рӯзгорони гушначашмию гӯшнарӯҳию гушнагадоии меросияш, «гушна» бошад!  На, шайтонҳои мардумозор, Тоҷик миллати қаноатпешаи торих аст, на чун шумо, Чингизиён умре бо вуҷуди чаповулу дуздию ғорати тоҷикон, боз ҳам умре «гушна» боқӣ мондаед! Шуморо ҷуз хоки гӯр нахоҳад сер кард!

Чашми  танги авлоди Эмомалиро ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр!!

Қаблан гуфтем, ки қиссаи Заҳҳоку Фаридун – барандозандаашу Коваи диловар дар Авсето ва Шоҳнома аст: Заҳҳоки аниронӣ, ноиронӣ, чун Эмомфиръавни ноориёии нотоҷик, ки солҳост баҳри фиреби мо чун Заҳҳок худро «муғулориёӣ» мехонад, супориши  қатли ҷавонони тоҷикро дода буд. Дар дарбори Заҳҳок ду корманде бо номҳои Армоилу Гармоил кор мекардаву ҳар рӯз бояд ду тоҷикро барои Морони Заҳҳок мекушта, мағзашонро тӯъмаи он касофатон мекардаанд. Инҷо тоҷикон бояд инро афсона надонанд, балки мағзи сари ҷавонро имрӯз ҳам Заҳҳок-Эмомалӣ дорад қурбонии морону авлоди морсифаташ мекунад. Як бор бипурсед, ки чаро ҳатто ҷавонеро, ки мекушад, ҳангоми ба хок супоридан, амр мекунанд, ки дар сараш бо бел занед! Чаро дар сараш?

Ҳамон супориши Заҳҳоки мағзисархор аст, ки бояд ҷавонони соҳибмағзро, пас аз қатл, мағзашонро ҳатто пош диҳанд. Чун Мирзо Ҷага дар сарашон тир зананд, то мағзаш пареш шавад. Бо мағзи мо ин табори арвоҳпарасти шаманист сару кор доранд!

Раҳмонзаҳҳок аз ҷавонони боиродаи соҳибмағз умре метарсад!

Ва Армоилу Гармоил, ҳар рӯз аз ду ҷавон яктояшро гурезонда, якеро забҳ карда, ба ҷои мағзи ҷавони гурезонда, мағзи гуспандеро омехта ба морони Заҳҳок мехӯрондаанд.

Медонед чӣ? Ин ҷои ҳикоят як сир дорад, он сир он аст, ки Заҳҳок дурӯғ мегуфта, ки морони ман танҳо мағзи одам мехоҳанд то оромиш ёбанд. Вале Гармоилу Армоил он ду «миллатпарвар»-и пинҳонӣ сад дар сад исбот карда буданд, ки Заҳҳок дар ин масъала ҷуз қатли ҷавонони тоҷик қасди дигаре надорад. Ва ин морҳоро, ҳатто мағзи гуспанду одамро  якҷоя карда, хӯронанд, сер шуда, оромиш меёфтаанд! Ва ҳатто Заҳҳоку УУР-аш  аз ин «махинатсия»-и ин ду ҷавони миллатдӯст огоҳ ҳам нашуда буданд. Чунки Заҳҳокраҳмон ҳамеша дурӯғ мегӯяд, ки: «хай, илоҷи дигар набуд. Супориш додем, ки мағзҳои ҷавононро титу пош кунанд».  Морҳои ҷаноби олӣ бояд оромиш ёбанд!

Агар соҳибмағзони бадахшӣ, хуталонӣ, зарафшонӣ, ҳисорӣ зинда бошанд, мору морчаҳои Раҳмонов оромиш намеёбанд. Шабҳо хобашон парешон мегардад, ки мабодо дар байни ин соҳибмағзон Фридуне, Ковае боқӣ монда бошаду ин морҳоро рӯзе аз рӯи ин ҳама хазинаву тилову доллар бардошта, аз эшон ин ҳама неъматҳову сарватҳои муфтро мусодира карда, сараждари ононро дар кӯҳи «Ғарғара» ё чули Чумбулоқ чун Заҳҳок дар кӯҳи Наҳованд, зиндонӣ созад! Безобитагии ин морҳои Эмомфиръавн аз тарс аст;  тарс!!

Бармегардем ба супориши дурӯғини Фиръавн, ва инки ӯ ҳам ба миллаташ дар амри «хатари эҳтимолӣ доштани исроилиён ба миллату аҳолии Миср» ва «безараргардонии писаронашон» дурӯғ гуфта аст.

Чӣ гуна писарбачаҳои исроилӣ ба амнияти Миср хатар доштаанд, ки ҳамин русияҳи Фиръавни малъун дар хонааш яҳудибачаро писархонд гирифтаву парвариш мекард?

Ва духтару занаш ҳам гуфта будандаш, ки ин тифлро аз дарё ёфтем, ки маълум аст, яҳудизода аст! Вале чи Заҳҳоку чи Фиръавну чи Раҳмонов худ қонунҳои баровардаашонро аввалин шуда, поймол мекардаанд!! Чунон ки ҳоло Раҳмонов аз ятимхонаҳо ятимони бесоҳибро оварда, таълим дода барои ҳифозати худ вориди ХАП-у дигар ниҳодҳои одамкушияш мекарда аст.

Масалан, Заҳҳок лашкариёни тозитабори аниронияшро аз омезиш бо ирониёни душманнасақ барҳазар дошта, худ ду духтари Ҷамшед: Арнавозу Шаҳрнавозро ба занӣ гирфта буду аз онон фарзанд ҳам дошт!!

Сифати хосси диктаторонро ҳатто «DeepSeek» ҳам иқрор мекунад,  ки «подшоҳи золиму девона»;  гуфтанист, ки танҳо девона ва золими хунхор метавонад як миллати бегуноҳеро «не за что» умре ситам кунад, то худу авлодаш «шоҳона» бизиянд! Вале ба таъбири тоҷикӣ: девона ҳам ба кори худ «ҳушёр» аст! И хармагаси рӯи наҷосати мо ҳам бас девонаҳушёр аст! Ҳар хатарро чун сагҳои чӯпонии аҷдодонаш зуд пай мебараду ҳар «душман»-еро дармаҳал хафгир мекунад. Ва ин ҷост, ки булдоки хатарнок аст. Чун Юсуф Раҳмон ҳам қудову ҳам ҷудояш шуд, бо инстинкти муғулие, ки хоси ҳаввоси сагонаи ӯ ҳам ҳаст, Раҳмоновро хуб ташхис карда «булдок» номид! Як ҷаҳон ташаккур ба эшон!

Фиръавнраҳмонов ҳам имрӯз ҳамин корро дорад анҷом медиҳад —  ҷавонони тоҷикро ба Русия, ба Укроин, ба Сурия ва дигар марггоҳҳо фиристода, ба дасти марг месупораду ҳар рӯз як Арнавозу Шаҳрнавози тоҷикро нодухтар мекунад; натанҳо худаш, балки Рустам, Исмоил, Сомон ва дигар лашкариёни аниронии муғулирқаш корашон шуда:  духтари тоҷик таҷовуз кардан!

Меоем ба суроғи Қуръон:

Дар Қуръон дар бисёре аз оятҳо «ном»-и Фиръавн дар робита ба зикри «ном»-и Мусо (а) тавъам омада аст. Гуфтем, ки модари Мусо (а) ҳатто нахост ба писари ягонааш (яккаписараш, ки дар режими Раҳмонов бурдани яккапиасрон ба аскарӣ манъ аст, вале мебарандашон) ном гузорад. Мехост чанд рӯзаке аз ҷигарбандаш дидори басерӣ надида, саранҷом ғарқи дарёяш кунад, бигзор фарзандаш гумном, ва бедарак, чун ҳазорон фарзандони беномгаштаи ин миллат аз дасти муғулҳои заҳҳоксифат, ба коми дарё равад.

Ононе, ки Мусоро аз дарё гиифтанд, ӯро «Моше» номиданд. Мо- вожаи машҳӯрест дар ибриву қибтӣ, ки ба маънои ҳамон ماء   — и арабист — Об ва Моше ба маънои «Азобгирфита» аст.

Бале, саранҷом қонуни баровардаи Раҳмонов мабнӣ бар ҷудо кардани модар аз тифлонаш сари ӯро хоҳад хӯрд. Ин дудмони наҳси чингизӣ гумон карда, ки чун ҳарчи бештар кӯдакони тоҷикро аз модарону волидонашон, бо роҳи ба муҳоҷират фиристодани падарону  зиндон кардани модаронашон, чун Фиръавн заифсифат карда, беҳуввият карда, духтаронашро чун колои беарзиш мавриди истифодаи ҷинсии умрбод қарор медиҳад. На чунин аст. Ин тифлони ҷудошуда аз модару меҳри модарӣ рӯзе чун Мусои калимуллоҳ туро ин шо Аллоҳ маҳв хоҳанд кард.

Гумон кардаӣ, ки чун тифилонро худат чун Фиръавн бардахӯ  тарбия кунӣ, онон чокару канизонат мешаванд! На. Туи бепадари модарғар, худ як чунин сақат ба воя расидию гумон кардӣ, ки ҳар падару модардореро чун худат, аз волидон ҷудо кунӣ, чун ту сақату шайтон мешаванд?

На,  Мусоҳои ин миллат ончиро имрӯз бадонҳо раво дидан дорӣ, аз рӯзи худро шинохтанд, пайи қасосхоҳӣ хоҳанд шуд! Қасоси падарону модаронашонро аз сулолаи бепадарон хоҳанд гирифт!

Ҳамон гуна ки он ҷавононеро, ки Армоили Гармоил аз дами теғ якто – якто наҷот медоданд, дар кӯҳу пуштаҳо гирди ҳам омада, дастаҳои ҷанговареро ташкил карда, дар хезиши миллии Кова яке аз нақшҳои мубрами онро, пешмаргаҳоро дар баробари лашкари Заҳҳок ифо карда буданд. Медонед, ки онҳо пасон ҳамин миллати курдро ташкил кардаанд, ки як маъноии «курд» «ҳарҷогард» аст. Яъне Заҳҳок чун Раҳмонов як қишр ҷавонони тоҷикро «курд» карда аст -оворагард! Ва ин курдон, ки ба вожаи гурдону далерон ҳамхонӣ доранд, рӯзе бӯи шӯришеро пай бурданд, дар ҳар гӯшае, ки «оворагарданд» ҷамъу ҷӯр шуда, модари мурдаи Раҳмоновро «тӯй»и бе доира хоҳанд дод. Зиндагонашро ба чорводорӣ ба Чӯли Олимтой хоҳанд ронду бурд.

العين بالعين والسن بالسن...

Қурон дар чандин оят оид ба тарси Фиръавн гуфта аст, ки сабаби асосии ин қонунаш ҳамоно

إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلَا فِي الْأَرْضِ وَجَعَلَ أَهْلَهَا شِيَعًا يَسْتَضْعِفُ طَائِفَةً مِّنْهُمْ يُذَبِّحُ أَبْنَاءَهُمْ وَيَسْتَحْيِي نِسَاءَهُمْ ۚ إِنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ

[الجزء: ٢٠  |  القصص  |  الآية: ٤]

«Фиръавн дар он сарзамини Миср бартарӣ ҷуст ва мардумашро гурӯҳ — гурӯҳ сохт. Гурӯҳеро (яъне, банӣ Исроилро) хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ҳароина, ӯ аз фасодкорон буд.»

Яъне ин амалкарди Фиръавн худбузургбинӣ ва  тафриқаандозӣ байни аҳолии Миср буда аст.

وَإِذْ نَجَّيْنَاكُم مِّنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُم بَلَاءٌ مِّن رَّبِّكُمْ عَظِيمٌ

«Ва неъматамонро ба ёд оред он гоҳ, ки шуморо аз зулми фиръавниён раҳонидем: шуморо шиканҷаҳои сахт мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд, то барои онҳо хизмат кунанд. Ва дар ин, озмоиши бузурге буд, аз сӯи Парвардигоратон. Мебоист, ки шумо дар ҳар асру замон, шукри Аллоҳро ба ҷо оваред!» (Сураи Бақара, ояти 49)

Хулосаи гап ин ки ҳар гоҳе дар кишваре Фиръавнмаобе, ки ба он миллат бегона буда бошаду бо роҳи кудато ва ё ҷангу хунрезӣ сари қудрат омада бошад, он миллатро то дами вопасин хоҳад кушт, асир кард, зиндонӣ кард, торонд ва он кишварро саранҷом ба фақру дудастагию мусибат гирфитор хоҳад кард. Ҳатто, мебинем, ки дигар Эмомфиръавни мо на ба пирамарди 85-сола, на ба зани ҳомила, на ба зани кӯдаки ширхорадор, на ба кӯдакони гаҳвора, на ба касе раҳму шафқат надорад. Ва умедвор ҳам набошед, ки мақомотиёни ин гуна режимҳо рӯзе бар ӯ юриш карда, ӯро нобуд хоҳанд кард. Ин фикри хом аст чун таърихи диктатураи миллатбадбин (диктатураҳо ҳар гуна мешаванд, ки бадтаринаш бар асоси табъизи нажодӣ бунёд ёфта бошанд) инро собит накарда, ки ҷуз як ду Гармоилу Армоил, касе дигар аз аскару хуношомҳои азпушти ин гуна омадаҳо, ӯро барандохта бошанд. Баръакс бо пуштибонӣ аз Заҳҳок барои худ зиндагии мураффаҳе созмон дода, чарида мегарданд.  Албатта то замоне… то он рӯзе, ки миллат бапо хезад!

Таърих исбот карда, ки Заҳҳоку лашкари тозияш ҳамеша бар эрониён, дастаҷамъона ситам мекардаанд!

Таърих собит сохта, ки Фиръавну пайравони ҳитттияш, ки «бо хун омада, ва саранҷом бо хун» — ба гуфти Раҳмонов-, рафтаанд, ҳеч гоҳ бо исроилиён, ки дар давоми садсолаҳо дигар шаҳрвандони комилҳуқуқи Мисри Бостон маҳсуб меёфтанд, сари дӯстию муомилаю созиш надоштанд. Ва чун Раҳмонову лашкариёни муғултабораш танҳо бо тоҷикон бо забони силоҳ, парондан, куштан, сӯзондану   таҷовуз кардан сухан мегуфтаанд! Бидуни ҳеч як сабаб, бо ҳар баҳонаи воҳию пӯч мекуштаанд!! Чун ба дигар нажодҳо нафрат доранд, чун дар вақташ, ба иқрори худи Раҳмонов, ки мегуфт: «Барои ин курсӣ шербачаҳои зиёде хун додаанд» ва ба курсии таги кунаш ишора мекард, хун барои курсии ман додаанд. Хун барои он ҳиттиёну кайфу сафои оилаи ман додаанд, то ман  сарвар шаваму сипас миллионер шаваму шаванду дигаронро таҷовуз карда гардем. Барои осоишу рафоҳу некрӯзи тоҷикон хун надодаанд! Барои сари кор овардани муғуле аз муғулҳои бадномашон ин ҳама «бо хун омадаву бо хун хоҳанд  рафт». Албатта, инҳо бо хубӣ ва дипломатия ҳам рафтани нестанд ва танҳо  бо ончи омадаанд бо он хоҳанд рафт! Дигар чӣ кунем, ки хуни палиди худро кобини озодии мо  кардаанд?!

Гарав гузошта, ки аз рӯи лошаи мо ба озодӣ даст хоҳед ёфт!

Мушкили Раҳмонов, ки ӯро ба соли 1992 Ислом Каримову  русҳо сари қудрат оварда будаанд, айнан ҳамон мушкили «ба ин миллат бегона буданашон» аст, ҳарчанде  Заҳҳок даъвои ориёӣ будан дошт, вале ба таъбири устод Турсунзода:

Гарчи дусад сол дар ин хона монд,

Боз дар ин хона ӯ бегона монд!

Оре, то рӯзе Мусо (а) ба ин масъалаи душмании Фиръавн бо қавмаш – Бани Исроил пай набурд, пайи мубориза нахест

Пай бурд, ки Фиръавн бо баҳонаҳои пӯч дорад як миллатро аз номи Ҳукумати Мисри Қибтӣ террор мекунад ! Дар ҳоле, ки қибтию иброниён бо ҳамдигар дар як кишвар зиста буданду Исроилиён ягон қибтиро накушта буданд. Ва ҳамин қулдурии як тан аз кормандони ҳиттии фиръавнӣ, ки худаш аслан аз «бодоварда»-ҳое чун ғосибони муғулҳои данғарӣ дар Миср маҳсуб меёфт, хуни Мусоро ба ҷӯш овард, ва Мусо (а) ҳам зада кушташ!

Мусо инҷо қибтиро на, балки як манғетии ғосиби ҳиттӣ (ва ё худ : ҳексусии осиёии ғосибро, ки вориди Миср аз роҳи хунрезӣ гашта буданду қибтиёнро бо иброниён умре тафриқаандозӣ карда, ҷанг андохта, пасон ҳарду ҷонибро баҳри бақои насли палиди худ, мекуштанд)-ро кушта буд!

Ҳатто, бо вуҷуди фарзандхонди Фиръавн буданаш, аз инки ҳиттиеро кушта буд, фиръавнпадари ҳексусаш супориш дод, ки немедленно ин яҳудиро кушанд!! Чунки фарзандхондии Фиръавн мар Мусоро танҳо ба хотири мардумфиребие чун мардумфиребии имрӯзаи Эмомалии нотоҷик аст, ки ҷое тоҷик мекушаду ҷое рафта, сари тифлонеро, ки падаронашонро кушта буд, силлӣ карда, барошон либосу палос тақдим мекунад!!

Чаро?

Чунки Фиръавн бояд бо фарзандхонд гирфитанӣ як яҳудӣ, ки медонад ӯ аз баҳр гирифта шуда ва яҳудӣ аст, ба миллати шарифи Миср нишон диҳад, ки Фиръавн натсист нест. Ӯ танҳо фарзандони хоинони миллатро супориши куштан дода!! На ҳама иброниёнро!

Ва ончи унвони мақолаи хеш гузоштаем: Фиръавн хоб дид, ин чунин нест, ки на дар Таврот, на дар Қурон наомада, ки Фиръавн хоби тифли инқилобгарро дида бошад! Балки баръакс тифлкушии Фиръавн реша дар ҷуҳудбадбинӣ ва қибтифиребие беш надошта, ки то ба мисриён, аҳолии асилу аксарият исбот кунад, ки ӯ ин безераргардониҳоро танҳо ба хотири амнияти Мисру мисриён мекунад, чуноне ки имрӯз Раҳмонов ҳама қатлу террору хунрезияшро ҷомаи беқасабе чун ҷомаи қундие, ки дар Сессияи 16-уми худ ба тани муғулияш карда буду он ҳам аз пияндараш – Шарипчақур ба мерос монда буд, пӯшонида, 33 сол аст, ки аз тифл то мусафеди ин миллатро чун Фиръавн аз дами теғи бедареғ мегузаронад.

Дар мавриди хоби Фиръавн Ибни Аббос аз Мурра ва аз Ибни Масъуд ривоят мекунад. Фиръавн хобе мебинад,ки оташе аз Байтулмуқаддас меояду ва атрофи Мисрро месӯзонад бо ҳама Ақбот вале бани Исроил аз он оташ осебе намебинанд. Фиръавн ҳама коҳинонро ҷамъ меоварад ва таъбирашро мепурсад. Коҳинон таъбири хобашро мегуянд,ки як тифле ба дунё меояд,ки аз Бани Исроил аст ва ҳалокати аҳли Миср аз дасти ӯст. Ба ин хотир амр ба куштани писарбачаҳои Бани Исроилро медиҳад ва духтаронашонро зинда мегузорад.

Инчунин боз омадааст,ки вақте диданд Бани Исроил наслаш ба нести расидаистодааст. Ба Фиръавн гуфтанд як сол писаронашонро бикуш ва як сол накуш. Соле Ҳорун бародари Мусо таваллуд шуд он соле буд кушта намешуданд. Аммо соле Мусо таваллуд шуд он соле буд кушта мешуданд. Манзур аз инки дар Қуръон ба сароҳат дар мавриди хоби кудаки инқилобгар омада бошад чунин наомадааст балке таъбири хоби Фиръавн,ки 400 сол ҳоким бар Миср буд аз тарафи коҳинон таъбир шуда буд. Аммо Фиръавн бани Исроилро қир кард.

Имрӯз,  акнун чеҳраи касофаташ, дар ин ошӯби дурӯғини ахираш, ки идомаи ҳамон қатлиоммҳои маъмулии бардавомаш аст, ва инчунин зиндонисозии як зани бегуноҳ Рухшона Ҳакимова , ки идомаи ҳамон сиёсати фиръавниёни Миср аст, ки ба ҳеч зану марде раҳм намекардаанд, ошкори ошкор гашт!

Эмомалӣ, Заҳҳок, Фиръавн ва дигар бегонатаборони бо роҳи ҷангу хунрезӣ ба сари қудрати дигар миллатрасида, маҷбуранд барои идомаи вуҷуди палиди худ, умре бикушанду зиндонӣ кунанду тӯҳмат зананду оилаҳоро аз ҳам бипошанд!!

Ва ба миллат дурӯғ ҳам бигӯяд, ки ин корҳоро барои ояндаи миллати азизам кардаам! Оре, миллати азизашон ҳамон маҷмаъулқабоилеянд, ки ба нерӯву кумаки он аҷнабиён замоне сари қудрат оварда шудаанд!

Ана ин аст хоби ҳақиқие, ки Фиръавниён мебинанд!

Шояд, Фиръавн барои одамкушиҳояш фатво наёфта, чун қоидаи маъмули торих аз роҳи «хоби бардурӯғ» бофтанаш иҷозати қатлу террорро аз коҳинон ва омунпарастон, ки қишри қибтии муассири соҳибмулк буданд, гирифта буд. Ҳамон гуна ки Сисӣ низ фатвои қатли шаҳрвандонашро дарёфт карда, Башшор ҳам фатвои «бо бирмил» оташ задани шаҳру деҳотро гирифта буд, албатта Раҳмонов ҳам сар аз соли 1992 то имрӯз як навъ «муллоҳои дарборӣ»-ро ба ҳар чоплусияш моил месозад, то дар ҷомеаи мусулмоние чун Тоҷикистон кас напурсад, ки магар куштани як мусулмон, як тоҷик, як асир, як зиндонӣ, як бегуноҳ иҷозат аст?!

Бо тӯҳмату бӯҳтон зиндонӣ кардани як зан, як модар ба хотири «гуноҳи» писараш Шоҳида Маҳмадҷонова модари Абдурраҳмон оё иҷозат аст? Бурда оилавӣ истинтоқ кардани як оила иҷозат аст? Кадом дин, кадом қонун кадом виҷдони мусулмонию инсонии як инсон ба ин бераҳмию кофарӣ иҷозат метавонад диҳад?

Дар аҳди  Фиръавн ҳам чун имрӯзи мо Сарқонун буд, қонунҳои динӣ буд, виҷдони инсонӣ буд, вале Фиръавни лаъин ин ҳамаро зада буд; ҳам пушти по, ҳам дар мақъадаш!

Моддаи 16-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ чунин аст:

Моддаи 16.

«Ҳеч касро наметавон барои гуноҳи дигар кас ҷавобгар карор дод. Ҳар як шахс танҳо барои гуноҳе, ки худ кардааст, ҷавобгар аст.

Ҳеч касро наметавон бе қарори суди қонунӣ ва бо риояи пурраи қонун ҷавобгар ҳисоб кард».

Ин модда таъкид мекунад, ки ҳар як шахс танҳо барои амалҳои худ ҷавобгар аст ва ҳеч касро наметавон барои амалҳои дигарон маҷбур кард ё ҷазо дод. Ин принсип яке аз асосҳои ҳуқуқи башар ва адолати ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон метавонад бошад, агар диктатор дафъ шавад.

Вале диктаторон ҳар шаб хоб мебинанд, ки чун Абдураҳмони Дахили Уммавӣ ӯву хурмои арабияш дар хоки Андалус ҒАРИБУ БЕГОНАВУ «ДАХИЛ»-анд.

Оре, дахил вожаи арабисту маънояш «аз дигар ҷо омада», ва «бегона» аст! Ногуфта намонад,ки Абдурраҳмони Дахил ҳам 33 сол ҳоким буд 11 писар дошту 9 духтар. Дар 33 соли ҳокимияташ ҳеҷ вазире ҳам надошт танҳо мушовир дошт. Агарчи ӯ мусалмон ва фотеҳ буд хуб як шабоҳате бо инқилобҳое дар замонаш рух медод монандӣ дошт.  Худо кунад ин Дахили мо ҳам тезтар бисоташ барчида шавад…..

Ҳамон гуна, ки имрӯз муғултаборони хуталонӣ худро дар байни тоҷикон «бегона» медонанд, ва умрест, ки бо зарафшонию бадахшонию ғармию обигармию файзободию кӯлобиву хатлониҳои тоҷиктабор дар ҳолати омодабоши набард қарор доранд.  Ва худро як навъе инсонҳои фароқонуну фаробашару осмонӣ медонанд. Ва агар нафареро Раҳмонов хоҳад таҳқир кунад, мепурсад: гаҳвораат «мисли ман» аз осмон чакида аст? Ва ин нотоҷик як ҷумлаи тоҷикии солим сохтан наметавонад. О, паъат, гаҳвора магар оби борон аст, ки «мечакад»? Гаҳвораро «фурӯд омада»  аст гӯянд андар забони форсӣ! Эмомфиръвнда. Ба фикрам Маирам фуруд омадана чакидан, мисли қатраҳои борон мегуфтааст. Хуб дигар фикр мекардааст борон мечакад пас гаҳвораҳам мисли борон мечакад мепиндоштааст ва Эмомфиръавн ҳам аз модараш омӯхтааст.

Як далел дорам: сар аз соли 1992 то соли 1999 ҳамеша дар Душанбе ва дигар манотиқ «қуюди шабгардӣ» барпо буд.  Ҳоло ҳам бо нерӯи додгоҳӣ тоҷикро зиндонӣ карда, нерӯи низомияшро дар ҳоли омодабош қарор медиҳад, то лаҳзае аз зиракии сиёсии бардавом тағофул накунад, то режимаш суқут кунад.

Во аҷабо, наход як Пешвои мардумӣ, як инсони худӣ, як тоҷики ориёии «тоза» ҳамеша дар байни ҳамтаборонаш «дар ҳолати зирракии сиёсӣ ва муроқабаву ҳазар» қарор дошта бошаду сари чанд моҳеву соле як шӯришу як юришу як кудатову як инқилобу як кушокушӣ, баҳри барандозии султаи «қонунияш» барпо гардад?!

Инҷост, ки бояд иддао кунем, ки Раҳмонов чун Абдураҳмони Дахил, ҳарчанде нерӯманду силаҳшӯру одамкуш аст, вале умре назди ҳамон ар -ари аз чӯли Олимтой овардаашу дар маркази Душанбешаҳр шинондааш, ва биноҳои қадимонасимо барои худу духтару писараш бо маблағи ин миллату бо қарз аз номи ин миллати гадогашта сохта аст, ғариб аст. Ғариб.

Зирккии сиёсиро набояд аз даст диҳӣ, ғариби хуношом! Вале дер намепоӣ, эй Дракулаи хунбор!!

Президенти қонунии «маҳбуб»-у пешвои мардумӣ чаро бояд, бо доштани «пойгоҳи мардумӣ» умре чун Фиръавн дар ҳолати «зиракии сиёсӣ» ва омодабош қарор дошта бошад?

Миллати  азизам, мо мухолифини ин режим ҳеч гоҳ аз шумо сари тарсе надорем, хоби баде дар бораи шумо надилаем, ва аз шумо диламон дур нарафта ва, аз дастатон озоре надидаем, нисбати шумо ҳеч «зирракиву шайтанату найранг»-е ба роҳ намондаем. Мо аз шумоему дар бари шумоем. Ва танҳо Раҳмонову пасвоҳояшанд, ки пайи озори пиру барнои шумоянд.

Пас, вақташ расида, ки ҳамдасти як шуда, ин Фиръавн,  Даркула, Вампир, Шулик ва ин қотили бераҳмро барандозем. Чун умри диктатура кӯтаҳ аст, вале то вақте ҳаст на худ ором менишинаду на моро ором мегузорад!

Сообщение Фиръавн боз хоб дида аст? появились сначала на ISLOH.net.

Қонуни таҷовузи миллат – моддаи 307
Режимҳои диктаторӣ, дар ҳама давру замонҳо рӯи рамзу розҳои рақам таваҷҷӯҳ доштаанд, ки намунааш дар режими хунбори Раҳмонов ҳам бе чуну чаро дида мешавад.

Фиръавниён алифбои суратии аҷибуғарибу розомезе доштанд.

Диктаторони кишварҳои Миёнрӯдон (Ироқу Ирони кунунӣ) аз замонҳои бас бостон хати мехии ҳайратоваре доштаанд.

Чиниҳо ҳам бо ин ҳама иероглифҳо (хати тасвирӣ)-яшон машҳури оламанд.

Хат ё дабира худ офаридаи мағзи мутафаккири инсонҳои боҳӯш буда, ки дарак аз рушду нумӯ ва фарқияти инсонҳо аз дигар намуди ҷонварҳо медода.

Вале асрҳои мадиде ин ҳама дабираву нигоштаву дарҷи афкор, мунҳасир ба афроде аз табақаҳои ашрофӣ, коҳинон, соҳирон, дабирон ва аҳли илму дарбор мебуда, то инки башарият;  баъд аз асри Ренессанси аврупоӣ «хатхон»-у босавод шуд.

Босаводӣ бошад, ҳоло дар Тоҷикистон ба маънои он аст, ки нафаре навишта ва хондан тавонад – чи он дурусту олимона бошад, чи каҷмакаҷу ҷоҳилонаву бесаводона – чун хатнигории пурғалати пешвову пасвоҳои дигари ин дудмони касиф.

Пас, ин асри илму технология низ тӯдаҳоро дар кишварҳои ақабмондае чун кишвари мо «босавод» накарда, балки ба гуфти донишманде: бесаводон дар ин аср кам нагаштаанд, балки онон «навиштан»-ро ёд гирифтаанд!

Ҳаминки ҷоҳиле бо даст ё бо клавиш ё бо равзанаи телефонҳои ҳӯшманд нигоштанро ёд гирифт, ин нишонаи он нест, ки ин «ҷоҳили хатомӯхта» босавод гашта бошад. Балки имконоти фаннию техникӣ нигоришро дастраси ҳамагон карда, чи ҷоҳилу чи олим.

Аз ҳамин рӯ буда, ки дар аҳди Шӯравӣ ҳар тоҷике, ки бо хати Акаи Кирилл каҷукилеб «Доҳии мо —  Ленин» нигоштанро ёд мегирифт, болшевикон ӯро райком намуда ба ӯ сертификати «шахси босавод», «зиёӣ», «одами асри нав», «аз оилаи деҳқон»  ва раҳида аз «ҷаҳолат» меномиданду ӯро «хатту саводаш баромад» гуфта, бологузар мекарданд.

Лоиқ мегуфт:

Оё чй шуд, ки аз ҳама олам ҷудо шудем?!

Шояд аз он, ки мункири зоти Худо шудем?!

«Боло» ҳар он чӣ гуфт, «бале» гуфта, оқибат

Дар кӯрзахми дарду бало мубтало шудем.

Аҳли китоб будаву восухта кутуб,

Бо чашми боз ҳамқадами кӯрҳо шудем.

Гаштем ҷумла «босавод» аз файзи инқилоб,

Лек аз саводи хештанҷӯйӣ саво шудем.

Будем муншии ҳама иншои рӯзгор,

Сар то ба пой маншаи чуну чаро шудем.

Сӯйи уфуқ давидаву сокин ба ҷойи хеш,

Бар хеш норасидаву аз худ ҷудо шудем.

Аз миллату зи уммати худ бехабар, вале

Миллат насохта, хама миллатгаро шудем.

Аз бун шикаста маъбаду меодгоҳи хеш,

Мӯҳоҷ бар кушоиши дасти дуъо шудем.

Ҳамин дарди бесаводони «райкому раиси колхози лениншуда»-и «аз оилаи нопадармаълуми хокпоши дузд» имрӯз ҳам идома дорад-рӯи ҳар куҳу гӯҳ пурғалат менигоранд: «Пешвои миллат – ифтихори мост!».

Ва ҳамин тире (-)-и зиёдатиро аз тирезаи модарғари Эмоми ҷоҳилон оварда як ҷумлаи соддаро пурғалат кардаанд.

Ононе, ки имрӯз ҳатто як ҷумлаи беғалат нигоштан натвонанд, чун моро пешвову раҳбар шудаанд?!

Барои шинохти бештари ин масъала бояд ба асари бас безаволи устод Баҳманёр «Сармаддеҳ», ё худ «Ҳикояҳо»-и ӯ, махсусан, ҳикояи «Муҷоҳид» руҷӯъ кунед, ки чӣ гуна як дузде бо номи Бофтакро «аз коҳу хок, дар як рӯз, кашида оварда, ҳоким таъйин мекунанду пасаш чӣ мешавадро худатон рафта, хонда фаҳмед…»

Ё асари пурмӯҳтавои устоди зиндонӣ, Қодири Рустам – «Пойҳо ва рӯйҳо»-ро мутолиа кунед, то бифаҳмед, ки ин «Бофтак» айнан ҳамон «Ангӯштак»-ест, ки Президенти мунтахаб – Раҳмон Набиевро бо чилбури хиштаки пияндараш ба дор мезанад!

«Бофтак»-и аҳди барқароршавии сохти Инқилоби Октябр ва «Ангуштак»-и замони «барқароркунии сохти конститутсионӣ» ҳамоно чеҳраи як шайтон аст: Эмомалии Раҳмон аст!!

Ҳамин  гуна буд кори тамоми ҳахомҳои Бани Исроил, муллоҳои дарбории тоҷик ва хатдонҳову «босаводон»-и шӯрапушти аҳди Шӯравӣ, ки боризтарини ин «ҷоҳилони босавод» Ҷугашвилии Гурҷии қотили миллионҳо инсон буда, ки чун «Бофтак-муҷоҳид»-и ҳикояи Баҳманёр аз шӯрапуштӣ ба шӯразори Шӯравӣ расиду шӯри инсониятро даровард!!

Прототипи «Ангӯштак» баротон маълум шуд, ки кудомин «ПТУ-шники двоишники алломагашта»-и ин аср аст?!

Шояд бипурсед, ки мо интизори шунидани сухан дар боби моддаи 307 будем?

Оре, вақташ фаро расида, ки оид ба қонуну рамзу рози он сухан бигӯем, чун қонун ҳам вобастаи ақлонияти ҳамин ҷаҳолату чалласаводии ҷоҳилҳокимон аст!

Гуфтем, ки диктаторону коҳинону шаману маҷус (меҷикҳо) дар тӯли торих ба рӯи рамзу розҳои динниву боварҳои пӯшидаи худ пардае аз ибҳом мекашидаанд, ки яке аз ин гуна хатҳои розомез худи хати ибрӣ мебуда.

Худи ҳамин рамзу розолуд будани ин хатҳоро дар «Ҳисоби абҷад» хоҳем дарёфт, ки ҳар як ҳарфе аз ҳуруфи ин алифбоҳо ба худ, дар баробари маъноеро додан, низ вазифаи рақамӣ – рамзиро ифода мекард.

أ – 1

ب – 2

ج – 3

س – 60

ر – 200

ش – 300

Ва агар хоҳем рақами 307 – ро рамзгушоӣ кунем, мешавад : Шин – 300 + Зайн – 7 = 307  شز

Ва ин ҳисоби ададиро  حساب الجُمَل   низ меноманд, ки аз ихтироъоти яҳудон аст.

Агар ба маънои вожаи «шазза» руҷӯъ кунем, онро ба ду маънои асосӣ хоҳем дарёфт:

Хӯшкӣ, қаҳтӣ

Хушкидани андом (паралич)

Агар Қуронро кушода ба сафҳаи 307 нигарем, дар он Пораи 16, Сураи Тоҳо ояҳои 66 то 76 дарҷ гаштаанд.

Мӯҳтавои ин ояҳо 3 падида аст:

Оғози муборизаи Мусо (а) бар алайҳи натанҳо Фиръавну дарбориёнаш, ки ӯро «Худо» мехонанд, балки муборизаи оштинопазири байни ҳақу ботил, дар сурати ҷанги «тилисму сеҳр» бар зидди асои Мусо (а) , ё ҳақиқати овардаи ӯ аз ҷониби парвардгораш аст;

Шикасти ҷодугарон дар баробари Мусо (а) ва баргашташон аз роҳи найрангу шӯъбадабозию мардумфиребист, ки бо маслиҳати пешакӣ бо Фиръавн, барои каллаи хар кардани мисриён, пинҳонӣ, ройзанӣ карда буданду кунун, дар малаи омм ин қишри заранги ҷомеаи онвақта, натанҳо сирру пиёзи Фиръавнро бароварда, шармсораш карданд, балки ба гуфти муфассире: саҳаргоҳон соҳир буданду дар фарҷоми он рӯз солеҳ шуданд!

Фиръавн ҳам чун Раҳмонови миллаттилисмгари имрӯз, «зирракии сиёсӣ»-ро аз даст надода, тамоми ҷодугаронеро, ки ваъдаи вазифаву мол дода буд, ба ҳамкорӣ ба Мусо муттаҳам карду ононро аз зиндону моддаи 307-у «ҳамкори бо террорист – Мусо» барҳазар дошт, то инки бар зиддаш нашӯранд, вале ҳайҳоту вовайло! – Фиръавну соҳиронаш дар баробари ҳақиқати Мусо саршикаста гашта буданду миллати Миср ҳақиқатро акнун дарёфта буданд.

Фиръавн тамоми соҳиронро дасту по буриду дар нахлистонҳо чормех карда буд – барои тарсонидани шаҳрвандони ғофилаш, ки солҳои мадид буд ӯро шикастнопазиру «худо»- ву ҳамадону алломаву роҳнамову ҳидоятгар мепиндоштанд!

Ман имрӯз ба Фиръавн-чақуру соҳиронаш, ки бо моддаи сеҳрноки «307» -и рамзолудашон миллатеро тилисм кардаанд,  ба ниёбат аз номи ин миллату мардумам мегӯям: дигар боке на аз зиндонат дорему на аз сипоҳу силоҳату на аз «ҷоҳу ҷалол»-ату на аз ҳазорон соҳирони шӯъбадабозат, ки ин тилисматонро дар мағзу вуҷуду рӯҳу равонамон кайҳост шикаст додааму хоҳем дод!

قَالُوا لَن نُّؤْثِرَكَ عَلَىٰ مَا جَاءَنَا مِنَ الْبَيِّنَاتِ وَالَّذِي فَطَرَنَا ۖ فَاقْضِ مَا أَنتَ قَاضٍ ۖ إِنَّمَا تَقْضِي هَـٰذِهِ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا

«Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Савганд ба он Зоте, ки моро офаридааст, ки туро бар он нишонаҳои равшан, ки дидаем, беҳтар намешуморем, ба ҳар чи хоҳӣ, ҳукм кун, ки ривоҷи ҳукми ту дар зиндагии ин ҷаҳон аст ва ба наздикӣ он зуд аз байн меравад».

Сураи Тоҳо, Ояти 72

Агар каме дар маънои ин моддаи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааммул кунем, дар он чунин омада аст:

ФАСЛИ XIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

БОБИ 29. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ

Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зўроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорҳо (ҚҶТ аз 14.11.2016 № 1359),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет (ҚҶТ аз 30.07.2007 № 301);

д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 2.12.2002 № 89).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 2.12.2002 № 89, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).

Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм

(ҚҶТ аз 14.11.2016 № 1359)

1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар;

а) такроран;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайяи ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад (ҚҶТ аз 14.11.2016 № 1359).

Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)

(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурўҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 237(1), 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта) пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1261).

2) Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 25.12.2015 № 1261).

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1261).

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)

(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1261).

2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (ҚҶТ аз 14.11.2016 № 1359),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1261).

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурўҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта

(ҚҶТ аз 2.08.2011 № 750)

Ташкили таълим ё гурўҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 13.06.2013 № 966, аз 25.12.2015 № 1261).

Ҳамин кирдор, агар:

— бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад;

— бо маблағгузорӣ намудани чунин гурўҳҳо алоқаманд бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 2.08.2011 № 750, аз 13.06.2013 № 966, аз 25.12.2015 № 1261).

Таваҷҷӯҳ: инҳо ин ҳама моддаву зермоддаҳои дурударозро баҳри он набаровардаанд, ки пеши роҳи эктремизми воқеӣ ва терроризми ҳақиқиро бигиранд, балки ин ҳамаро барои он баровардаанд, ки миллат ба ҳам наояду ин террористону эктремистону ҳаннотону қотилону ҷинояткорону пулшӯёну мардумтаҷовузгарони ҳукуматии пагондору рутбадоро сарнагун насозанд. Тибқи ҳамин Модда худи Раҳмонов ва «кадрҳо»-и подабонаш, солҳост, ки бо поймолу таҷовузи ошкорои  Сарқонун ҳукуматро «ғасб» кардаанд. Воқеан, ғосибони «қонунӣ»-янд!

Барои он ин қонунро набаровардаанд, ки ҷомеаи тоҷикро дини суннатияш – ислом «таҳдид» мекарда бошад, балки барои он ин ҳама қонунҳоро сохтаву бофтаанд, ки мардум ҳаққи озодии диннӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва демократияшро талаб накунад.

Дар ҳоле ки тибқи меъёрҳои конвенсияҳои умумиҷаҳонии пазируфташуда ва тибқи моддаи 8 ва 10-и Сарқонуни асосӣ ҳар шаҳрванди ин кишвар ҳақ дорад ҳар мафкураеро бипазирад ва пайравӣ кунаду на давлат ба эътиқоди миллат ҳақи дахолат ва на эътиқоди касе, чи динӣ ва чи дунявӣ, ҳаққи дахолат дар корҳои кишвардориро дорад!

Моддаи 8: Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Ин моддаи Майрами гурсухтаро барои он бар ҷавонон барчасп  мезананд, чун дигар ҷинояти амалӣ ва ҷурми қонуние, ки муҷиби зиндонравияшон бошад, надоранд. Надоранд. —  Далел надоранд!

Вале аз онҷо ки худро «светский» ё илмонӣ ё «демократҳои динбадбин» метарошанд, бо ин моддаи рангубӯи диннидошта, танҳо метавонанд мусуслмонкешони ин кишварро равонаи зиндон созанд!

Вагарна, агар мо тарсо ё зардуштӣ будем, ё яҳуд инҳо бо ин модда моро наметавонистанд зиндон баранд. Ҳамон гуна ки мардуми сарбаланди исмоиликеши Бадахшонро бо ин модда  наметавонанд зиндонӣ кунанд, дигар ҷурм – ҷурми тафриқаи нажодӣ ва ҷудоиталабию  бандитизмро барчаспашон мезананд. Худи Чақур Фаръавн рӯи минбар баромада, ба бастагони кушташудагонашон бардурӯғ пӯписа мекунад: «Хай, дигар ҷои «вай» набуд… ман супориш додам, то ҳадди имкон силоҳбадастону «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ»-ро «вай» кунанд: қатл – безарар!

Ин Фиръавнмаоб ҳамон Фиръавни аҳди Мусост, ки супориш дод, то Соҳирони бегуноҳро тӯҳмат ба «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноие, ки бо Мусо(а), дар хилват забон як карда, мақсади барандохтани сохти «конститутсионӣ»-и ӯро доштанд, кушанд. Ва куштанд. Бераҳмона куштанд. Даступоҳошонро бурида, аз осмон бо пулемёт ба рагбор гирифта, мурдаҳошонро дар дарахтҳо овехтанд!! Ба дарёҳо парт карданд!!

Инҳо ҳеч гуноҳе ҷуз гуфтани сухани ҳаққ дар баробари ботили Эмом-шайтон-Чақур надоштанд!

Ба тӯҳмати маҳалгароӣ муттаҳамшон карданд, дар ҳоле ки аз ин маҳлагароҳои минтақаи муайян касе дар ин маҳдуда  маҳалгаротару нажодбадбинтар нест!

Ҷуз нажоди палиди Шарипчақур дар ин кишвар нажоде қадру манзалат надорад!!

Бар замми ин,  ҷавононро аз он боз медоранд, ки бо мухолифин  — «ҳамкорӣ» бо «террористон» накунанд, ки ба гуфти Чақур: ба сиёсат даст задед, ҷавоб медиҳед.

Сиёсат дар нигоҳи танги чингизии Раҳмонов ҳамон «сеҳри сиёҳ»-ест, ки бояд дар хидмати ӯ бошад, ва чун мисли сеҳри соҳирони аҳди Фиръавн аз сайтарааш бадар рафт, ё бар зидаш истифода шуд, бояд «назди қонун ҷавоб» диҳанд!!

Ба «сиёсат даст задан»-ро Моддаи 27-и Сарқонун ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон иҷозат дода аст!!

Моддаи 27: Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Эмом-Фиръавн, ки дониши ҳуқуқӣ надорад, ҳамеша, дар ҳар як баромади барзаговонааш, моддаҳои Сарқонунро поймол ва ҳуқуқи моро бесаводона маҳдуд мекунад!

Дар ҳоле ки ин миллати тоҷики мусулмон қабл аз пияндарчақури Эмомалӣ ва модарғари фоҳишаи назди дурбини камера «алифбои арабихонак»-аш чун зани чалласаводмусулмони «газетахонак»-аш ба ҳазору 1400 сол қабл, аҳли қибла буду аҳли намозу аҳли рӯзаву аҳли ришу аҳли либоси пӯшидаи миллию  инсонии қабл аз исломӣ ; чи қабл аз ислому чи баъд аз он. Ончи мо Тоҷикон доштем ҳеҷ тазоде бо фарҳангу шаръи исломӣ надошт. Манзур сару либос ва ришу ҷомаву дастор. Чаро мехоҳед аз ин миллат Иван ё Матвей тарошед?

Ин миллат диндорияш ба аъмоқҳои торихи инсонӣ рафта мерасад, ки қабл аз ҳафтсад пушти Раҳмончпқури нимакоммунисту ниммаҳоҷию нимчазартуштӣ, Худову паёмбару китобу шариат дошту ҳама шоҳаншоҳону империяҳояш дар асоси дине бунёдгузорӣ шуда буду ба дигарон : ба ваҳшисифатони чингизиву қарахитоиҳои  ҳоқонӣ дарси инсонияту дину одамият меомӯхту асло «экстремисту террорист» касе моро наномида буд, то инки як муҷриме аз табори   Чингизу Файзаку Сангаки ҷинояткор, аз модари ғару домантаре зода шуду моро чунин унвон доду моро бад диду бад диданду қасд гирифту чап гирифту хаф гирифту кушту кунун, ки дигар,  аланан, баҳонаи қатлу кушторамонро надорад, ё тарсе доранд аз даст задан ба ин ҷурму ҷиноёт, тоҷиконеро, ки ба 70 пушташон дину эмондорию росткорию ҳалолхорию мардумнаозориро пеша доштанду дар инсонсозии ин нимаваҳшиҳои биёбонгард, чи хуниҷигарҳое хурда буданд, барои ин ваҳшисифатон «экстремист»- у  «террорист» номид! Ва дигар миллатҳо номиданд!!

Бас аст. Эй мардум, бас гӯед ба ин сагҳои одамхори бадтарбияи аз кӯчаи дину эмону одамият умре нагузашта!!

Асли матлаб

Оғози ҳамин модда дар Боби 29 омада аст. Меравем ба суроғи рамзгушоии ин рақам:

20 —  ك

9 – ط

Мешавад: кат  كط  ин вожа дар забони арабӣ нест, балки дар забони ибрӣ, дар шакли כייט  каййит ё кайлит, ҳамчун ихтисора (акроним), ё худ «аббревиатура», дар Сифри Офариниш, дар боби 29 (!) дарҷ гардида аст.

Аббревиатура дар тарҷумаи лӯғати русӣ ба тоҷикӣ сунин омада аст:

калимаи мураккаби мухтасаршуда, мас: «комиҷроия», «колхоз»

2. ихтисори шартии маъмули калимаҳо, мас: «ниг.» ба ҷои «нигар», «ва ғ.» ба ҷои «ва ғайра»)

Дар ин боби 29 чӣ омада аст дар Таврот?!

Ин боби (пораи) 29 худ аз 35 оя иборат аст, ки оид ба  қиссаи «Яъқуб» ва 14 сол кори ройгон  бар ивази ду духтари «Лобон», ки бо номҳои Лиё ва Роҳил зикр шудаанд, мебошад. Дар ҳоле ки ин қисса дар Қуръон, тамоман ба номи дигар шахс, яъне Мусои (а) ва Шуъайби мадоинӣ зикр мешавад.

Аҷоиботаш дар он аст, ки ин қисса дар сураи 1 рақам кам: 28, яъне Қасас, дар сафҳаи  389, аз ояи 21 то 28 (!), ҷузъи 20-ум бозгӯӣ шуда аст.

Дар таврот «Яъқуб» 7+7=14 сол барои ду духтари Лобон ё «Лаван» кор мекунад, аммо дар Қуръон ин шартномаи маҳр аз 8 то 10 сол зикр шуда асту дар он Шуъайб мегӯяд:

قَالَ إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنكِحَكَ إِحْدَى ابْنَتَيَّ هَاتَيْنِ عَلَىٰ أَن تَأْجُرَنِي ثَمَانِيَ حِجَجٍ ۖ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْرًا فَمِنْ عِندِكَ ۖ وَمَا أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ ۚ سَتَجِدُنِي إِن شَاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ

(Падари духтар Шуьайб ном дошт,) гуфт: «Ҳароина, мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар онро то даҳ сол тамом кунӣ, пас лутфу муҳаббате аз сӯи туст ва ман намехоҳам бар ту сахтгирӣ кунам. Ин шо Аллоҳ, маро аз солеҳон хоҳӣ ёфт». Сураи Қасас , ояти 27

Шуъайб (а) гуфт: мехоҳам яке аз ин духтаронамро ба ақди никоҳат дароварам ? яъне ончи дар Қуръон омада ин аст. Оид ба «ишқи Мусову духтари хурдияш – Роҳил» сухане наомада!

Ба ҳар ҳол чи боби 29-и Таврот ва чи сураи 28-и боби 20 и Қуръон ҳамагӣ як чизро мефаҳмонад: ҷавоне аз кишвараш ё гурехта ба дигар диёр паноҳ бурда, машаққати гуруснагиву бекорию оворагию сарсониву муздурию безанию беватаниро мекашад, ё дар кишвараш истода, зиндонӣ ё қатл ё таъзиб мешавад.

Ин ояҳо ба он далолат мекунанд, ки  БОБИ 29. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ, баргирифта аз ҳамон сарсонии Мусои ҷавон аст, ки дар ватанаш бо ду қотили ҳукуматӣ дастбагиребон  шудаву як танро кушта, дудигарро маҷрӯҳ кардаву зери шароити таъқибу пайгард, осемасар кишварро тарк намуда аст.

Ин  ҷавон «ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат»-и Фиръавни аҳди хеш анҷом дода аст!

Ва ин ҷавононе, ки имрӯз дар хориҷу дохили кишвар ҳамчун «ҷинояткор», «мухолифи сохти конститутсионӣ», «барандозандагони амнияти давлату душмани давлату хоинони давлат» муаррифӣ шуда, тибқи боби 29-и Кодекси Ҷиноятии кишвар, зери пайгарду таъқибу дар дохили зиндонҳоянд, ҳамон роҳеро мепаймоянд, ки Худованд дар ду китобаш оид ба онон дар сирати паёмбари улулазмаш Мусои Калим қисса карда асту дар Қурон онро бо сароҳат сураи «Қасас» — саргузашти ҷавонони ҷонбаркаф номида аст.

Барои он ин Сураро Қасас – қиссаҳо номида, ки то дунё боқисту то диктаторону фиръавнмаобон сари қудрат меоянд, қиссаҳои шунидание аз ин мусосифатони Фиръавнкуш хоҳед шунид!

Чи қиссаҳои дилангезе, ки ҷавонони гурезпое саранҷом Эмом-фиръавнро хоҳанд барандохт!

Дар пораи 13, сураи Юсуф, ояи 111 мефармояд:

لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِّأُولِي الْأَلْبَابِ ۗ مَا كَانَ حَدِيثًا يُفْتَرَىٰ وَلَـٰكِن تَصْدِيقَ الَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ وَتَفْصِيلَ كُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

«Ҳамоно хирадмандонро дар қиссаҳои паёмбарон панду ибратест. Ин Қуръон сухани сохта нест, балки тасдиқи сухани китобҳои пешиниён ва баёнкунандаи ҳар чизест ва барои онҳо, ки имон овардаанд, раҳнамо ва раҳмат аст». Сураи Юсуф, ояти 111

Дар саргузаштҳои гузаштагону имрӯзиёни муборизини роҳи ислоҳоту ҳақиқату адолат ибратест барои соҳибхирадон. Ин ягон сухани бардурӯғи бофтае нест, балки ин қиссаҳои ҷавонони тоҷик идомаи ҳамон саргузаштҳоест, ки назди Парвардгор ба некномӣ дарҷ гаштаанд. Дар ин саргузаштҳо шарҳу басте аз рӯзгорони ҳарякеашон дарҷ гашта асту роҳнамоию раҳматест барои мардумоне, ки ба Худову озодию ҳақталабӣ эмону бовар доранд.

Диққат: дар тамоми ин Боб, ки тӯлонитарин боби Кодекси Ҷиноӣ шояд бошад, аз моддаи 307 то 307/4 ҳамаи ҷавобгарӣ ба муддати на бештар аз 14-15 сол пешбинӣ шуда аст, ки дар Таврот ин муҳлати кироякории Яъқуб (а) барои кобини ду духтари Лобон асту дар Қурон ин муддат аз 8 то 10 сол барои ба никоҳи худ даровардани яке аз ду духтари Шуъайб (а) муқаррар шуда аст.

Бале, агар Мусо аз Миср фавран фирор намекард, шояд аз 10 то 15 сол барои қатли «фиръавнӣ»-е мегирифту бар моддаи 307-аш боз дигар моддаҳои «барандохтани сохти конститусионии Фиръавни ҳексусӣ»-и ғосиби арши фиръавниҳоро замм мекарданд, ки умрбод зиндонӣ ё ҳукми қатл мегирифт. Чуноне ки Юсуфи бегуноҳеро бурда, ба муддати 9 сол, бо тӯҳмате чун тӯҳматҳои фоҳишаҳои амниятии имрӯзи Тоҷикистон, зиндон карда буданд!

Ва ҳам вақте фирор кард, аз 10 то 14 сол дарди беватанию дурӣ аз бастагону кори шубонии тоқатфарсоро таҳаммул кард, то инки тавони барандохтан ва иродаи «сарнагун кардани сохти ғайриконститутсионӣ»-и Фиръавнро дар худ ёфту ба ватан баргашт.

Ҳоло, солҳост, ки Раҳмонов бо тӯҳмату дурӯғи «барандохтани сохти конститутсионӣ» ҷавононро зиндонӣ мекунаду мепаронаду меторонад, вале мерасад рӯзе, ки ин сели фирориёни «сохтиконститутсионибарандоз», чун Мусо баргашта, режими хуношоми «ғайриконститутсионӣ»-яшро воқеан сарнагун карда, сохти аслии конститутсиониву Конститутсияи таҷовузкардашро, ба ҳолати аввалааш бар хоҳанд гардонид!

Мулоҳиза: байни муаррихини Мисри Бостон ин додаҳо маҳшур аст, ки замони дарозе Миср зери ҳукми Ҳексусҳои ваҳшии Осиёии худамон идора ва ҳукми истибдодияшон роиҷ буд, ки Мусо яке аз ин Фиръавнҳои (на қибтӣ) балки ғосиби ҳексусиро барандохта буд.

Ҳексусҳо тақрибан соли 1650 қ.а.м бар Миср даст ёфта ба муддати расо 100 сол, то соли 1550 қ.а.м ҳукуматравоии золимонае доштаанд, ки ҳамин аробаҳои ҷангии Фиръавнӣ, ки лашкариёнаш ҳамроҳи ӯ савор шуда, Мусову пайравонашро таъқиби сареъ карда буданд, яке аз ихтироъоти Ҳексусҳо буда аст.

Инчунин, ҷанг, хашм, интиқом, саркӯб, торондан, тақсими ҷомеаи Миср ба дудастагӣ – бачаҳои худию бегона,  ваҳшоният, барбарият ва ғ, аз хислатҳои бади Ҳексус-Фиръавниён буда, ки 100 сол ҳам яҳудону ҳам мисриёнро ба ҳам, чун сиёсати тафриқаандозӣ, бамаҳалҷудокунӣ, торондану душмантарошию хоинимиллатномии Раҳмон-Ҳексус- Фиръавни асри 21, душман кардаву ҷомеаро ба фақру куштору зиндонисозӣ таҳдид намуда, саранҷом ҳам сари худу ҳам кишвари замоне ободашонро хӯрду ба дарак рафт. Ин Фиръавн ҳам сарнавишти он Фиръавнро, ҳатман, бо ду чашми бадмураш хоҳад дид.

Ин Эмом Ҳексус ҳам аз ҳамон сулолаи бегонаи ваҳшию барбарию хунхоронест, ки аз роҳи зӯр чун фиръавнҳои ҳексусӣ, ба соли 1992 Тоҷикистонро ғасб ва миллати тоҷикро саркӯбу қатлу бечора кард.

Хонадони Ҳексусфиръавнҳоро, ки хонадони 15-уми Фароъинаи Мисри Бостонро поягузорӣ карда буданд, сароғоз бо ҷангҳои озодихоҳонаи хеш Сақнаъ Раъ-тов ва Ковус тазъиф карда, ниҳоятан зери зарбаҳои паёпайи Аҳмаси якум, барандохта ва қалъу қамъ шуд.

Ҳамин аст ибрат аз ончи ки то инҷо гуфтем: на Боби 29-у на моддаи 307-е наметавонад умри золими бегонатобору ваҳшисифату миллатбадбини қотили бераҳмеро дароз намояд, балки ҳамин сахтгирӣ, ҳамин ситеза, ҳамин зулму арбада, ҳамин дар ҷони миллате задан, ҳамин ғорату тороҷу бо берӯӣ ҳаққи миллатеро аз ғаллаву дороиҳову сарватҳои табиию барқу гармию нуру рӯшноӣ гирифта, ба бастагони ҳексусхисоли нодидаи падарлаънати ҳаромии худ «Ҳотамона бахшидан»-у ба хориҷиён фурӯхта дар хазонаи хеш анбоштан, оқибат сари ин хонадони наҳси палиди модарғари даюсӣ падарбезори маҷҳулуннасаберо, ки имрӯз аз худ чун Фиръавн алқобу унвонҳо тарошида, ба худу домоду духтару писару модарғараш часпонда астро, хоҳад хӯрд!

Ин хонадони наҳс, ин зуррияи палид, ин ҳексусҳои аз дашту ҷангалу хокрӯбаҳои Олимтою Данғараву атрофаш ба ободиҳо сарозергашта, аз оғоз ба фарҳангу минталитету бовармандиву қонуну ҳуқуқмандиву озодманишию инсонгарии мо – тоҷикон бегона буданду бегонамандона хоҳанд дафъ карда шуд!

Дузд, террорист, экстремист, ғосиби ҳокимият, барандозандагони сохти конститутсионии Ҳукумати Муросои Миллии қонунӣ, қотилон, ваҳшиён, гургу кафторҳои ҷоҳили бадтарбияву тарбияи инсонинадидагон, душманони озодӣ, ҳуқуқу инсоният, говбонҳои даст басилоҳрасида, навдавлатони нодида ва ҳазору як наҳсиҳо ҳаминҳяонд, ки якеаш худро Пешвову дудигар худро ҳомии дину седигар худро ҳомии сарқонуну чордигар худро вазири мудофеаву панҷдигар худро аллломаву академик, шашдигар худро ҷонишини ин Фиръавну ҳафтдигар худро раисаи дастгоҳи фиръавнпадару ҳаштдигар худро вазири алоқаву нуҳдигар худро прокурору даҳдигар худро вазири шаҳрбонию ёздаҳдигар худро қиддиса хондаву чун фиръавнҳои ҳексусӣ, барои худу модарони ғару падарони нархару авлоди дузди барашон ҳайкалҳо тарошида насб кардаву миллатро наздашон ба «шукронаю лоббаву аккосиву ҷашнгирию баъзан ниматаъзим карданҳо» вомедоранд!

Инҳоро аз ин рӯзашон ба пас набояд наздашон таъзиму курниш кард, балки чун Мусои калим ҳамагиро, аз сипоҳии дузд то пешвои дуздон, аз муллои дарборӣ то раисони маҳаллаи сарборӣ, соҳирони дарборӣ, дунгу чнгрк гузошта, ҳайкали модарғаронашонро ба металалом супорида, ба дасташон ҳамон асову говронаи «ҳексус-говбонӣ»-яшонро дода, як шатаи милли дари кунашон зада, ба даҳмардагӣ – касби азалии бобогияшон равон кард!

Худ иқрор аст, ки говбоне беш набуд: «Курта надоштм, кастум надоштм, туфлӣ надоштм», пас, падарсаг, ин ҳама кӯшку ҳавопаймову мошинҳову хонаҳои бодабдабаву карру фарро аз қабри модари ғару падари номаълумат овардӣ?!

Ба Худо, эй мардум, ин ҳамаро дуздида аст!

Дузд ҷояш зиндон аст!

Мо гуфтем, шумо кар нестед, шунидед. Девона нестед, фаҳмидед.

Вақти торондани Чақур-ҳексуси лексуссавори ҳавопаймохаридаи дузди қотил ва авлоди то баногӯш дар зару сарватҳои ин миллат ғӯтида фаро расида аст.

Шаҳрвандони азизи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Вақти барандохтани ғулу занҷирҳои ин Боби 29 ва моддаи 307/1/2/3/4 –и  чақурҳаромӣ фаро расида аст.

Зиндониёни сиёсӣ ҳама чашмбароҳи амалкарди якҷояи ману шумост!!

Бархезед!

Ин миллат террористу экстремисту душмани халқу миллату ватанаш асло набуду нест, балки ин моддаро ҳатман бояд дар сари тамоми мақомотиёни эктсремисту террористу тоҷиккушу миллаттаҷовузгари дузду бегонатабори бераҳму шафқати аз адирҳоомада дайн карда, ҳамагиро бо ин Бобу Моддаҳо ба он ҷое бурд, ки бояд раванд!

Ҳақ ба ҳақдор мерасад ё на?

Пофишории хақгузорон аст!

Лоиқ

Сообщение Қонуни таҷовузи миллат – моддаи 307 появились сначала на ISLOH.net.