Архивы Ҳабибулло Воҳидов - ISLOH.net

Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр?
Юсуф Раҳмон, ҳамакнун собиқ Додситони кулли Тоҷикистон дуруст дар рӯзе аз мақом барканор шуд, ки панҷ соли қабл, яъне 23 январи соли 2020 барои панҷ соли баъдӣ ба ин мақом таъйин шуда буд.

Дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов қабл аз Юсуф Раҳмон танҳо Бобоҷон Бобохонов, Додситони кулли пешини кишвар буд, ки низ ду панҷсола дар ин мақом дошт додааст. Боқии нафароне, ки дар ин мақом кор кардаанд, Маҳмадназар Солеҳов, Амирқул Азимов, Саломиддин Шаропов ва Шерхон Салимзода пеш аз анҷоми муҳлат ва ё як давраи панҷсола дар ин мақом кор карда буданду тамом.

Аммо, ҳадсу гумонҳо зада мешуд, ки Юсуф Раҳмон дар давраи саввум ҳам курисро ҳифз хоҳад кард, ҳамчуноне СС.Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа мақому мансаби худро барои беш аз ду панҷсола тавонистанд, ки ҳифз намоянд. Чунки Юсуф Раҳмон ба ҷуз аз онки содиқона ва ба мисоли саги вафодор хидмати Раҳмоновро адо мекард, бо келин кардани Фарзона духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмонов, ҳадди ақал то ба расидан ба синни нафақа пояҳои курсии худро мустаҳкам карда буд. Ҳамчуноне, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа танҳо ва фақат барои онки қудо шуд, се навбати панҷсолӣ дар мақомаш, агарчи ин соҳаро ба қафо бурд, то инки пенсионер нашавад дар мақомаш боқӣ монд. Вале дурусту дақиқ Юсуф Раҳмон дар шароите аз мақом барканор шуд, ки байни оилаи вай ва оилаи раиси ҷумҳур ба иллати ҷудоии Сафари писараш аз Фарзона, духтури хурдии Эмомалӣ Раҳмонов сардии шадид пеш омад. Вагарна ҷойгоҳ ва ҳузури Юсуф Раҳмон, беш аз ҳар «силовик»-ҳои дигар дар ҳукумати Раҳмонов тақвият меёфт ва дар дарбор, оилаи Раҳмонов ва худи Раҳмонов тақарруб пайдо мекард.

Эмомалӣ Раҳмонов, ончуноне ҳаводиси чанд соли ахир маълум мекунад ба Юсуф Раҳмон сахт эътимод баста ва ӯро нафари аввали мавриди эътимоди худаш медонист ва он ихтиёроту имтиёзҳоеро, ки пештар ба СС.Ятимов дода буд, ба тадриҷ ба ӯ дод ва дар ҳар ҳарфу сухани вай бовар мекард.

Воқеият ин аст ки  Юсуф Раҳмон ва Бобоҷон Бобохонов, ду нафар аз Прокурорҳои генералие буданд, ки сари даҳҳо тан аз шахсиятҳои муътабар, сиёсатмадорон ва рушанфикронро хурданд ва ин нафарон, ба вижа Юсуф Раҳмон ончунон ҷоннисори Эмомалӣ Раҳмонов шуда буд, ки ба ҷуз аз касби ризои Раҳмонов, фикри дигаре намекард ва сари муе бар адолат, ҳуқуқ ва бар қонун муроот ва тараҳҳум накард.

Инки ин ду тан ҳамин гуна бераҳму ноинсофиро бар адлу дод ва бар рисолат ва масъулиятҳои худ тарҷеҳ доданд, иллат ва сабаби асосии ба ду панҷсола дар сари кор истодани онҳо шуд.

Инҷо, ки ҷои зикраш омад бояд алоҳида ва махсус тазаккур бидиҳем, ки ҳиҷ яке аз Додситонҳои кулли Тоҷикистони ҳукумати сивусесолаи Раҳмонов бо обру аз кор нарафтанд. Агарчи Бобоҷон Бобохоновро ба ҳангоми аз мақом барканор кардан Раҳмонов изҳори сипосаш кард, вале вай, ки то расидан ба сини нафақа ҳамагӣ се моҳаш боқӣ монда буд, дошт дода натавонист ва нафаре, ки пеш аз вай заҳра ва ҷуръат намекард, вориди толори ҷалсаи ҳукумат бишавад, ҳамагӣ чанд моҳи баъд мавриди ҳамлаҳои шадиди «круг»-и Раҳмонов қарор гирифт ва ҳатто писари ӯ Файзуллоро, ки додситони Ҳисор буд, ба зиндон кашиданд.

Бобохонов, то онҷо дардаш карду дард кашид, ки худро дошта натавонист ва дар расонаҳо изҳор кард, ки пушти барканории вай Шерхон Салимзода, ки дар ҷойи вай таъйин шуд ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олии онрӯзҳои ҳукумати Раҳмонов меистанд ва ошкоро ба худи Эмомалӣ Раҳмонов намёк дод, ки ту ҳам баччаатро дар мансаби таҳти итоатат овардӣ ва руку рост гуфт, ки писараш бегуноҳ ва қурбонии интиқом шудааст:

«Агарчи ҳозир роҳбарияти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ барои ошкор кардани ҳақиқат монеа эҷод кунанд, аммо оқибати ин кор ошкор мешавад ва ҳақиқат болои об мебарояд, адолат ғалаба мекунад…..

Ин масъаларо метавонед, рафта аз Прокурори генералии ҳозира Шерхон Салимзода пурсед. Чӣ сабаб шуд? Мумкин онҳо хубтар донанд, ки ин ҷо ҳарфи қасду қасос аст ё чӣ? Худашон мумкин медонанд. Ҳар кас фарзанди худро дӯст медорад. Мумкин богуноҳ бошад, ҳамеша бегуноҳии ӯро дастгирӣ кунад. Лекин ба ин дараҷа қасосгирӣ ба касе даркор набуд….

Агар қонунро гирем, онҳоро тағйир ҳам доданд, дигаргуниҳо дароварданд. Коррупсия дар он ҳолат мешавад, ки падару писар, акаву додар, шавҳару зан дар он корҳое кор мекунанд, ки ба ҳам тобеъ ҳастанд ва аз ҷиҳати моливу пулӣ аз ҳамдигар вобастагӣ доранд. Агар ки ман хато карда бошам, имрӯзҳо ин хатоҳо намешаванд? Онҳоро ҳам дидан даркор».

Нахустин Прокурори генералии давраи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов Маҳмадназар Солеҳов буд, ки солҳо баъд ёғӣ ва мардуд шуд ва ниҳоят дар даруни манзили зисташ ва дар пеши писарбаччаи хурдсолаш ва дар рӯзи равшан бо тири туфанг аз тарафи Абдураҳмон Бузмаков, ҳоло Аламшозода, ки он вақт сардори милисаи Душанбе буд, кушта гардид. Вай, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроя Президент (ду бори се солӣ) ва вазири дохилӣ таъин шуда ва аз мансабдорони зинуфуз ва наздики Раҳмонов ва оилаи вай ба ҳисоб мерафт. Аммо ӯро дар талоши анҷоми табаддулот бо пуштибонии Узбакистони даврони Ислом Каримов, иттиҳоме, ки эълон нашуда буд, муттаҳам карда ва дастури «безарар» гардониашро содир кард. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Генпрокурорҳои дигари баъди вай Амирқул Азимов ва Саломиддин Шаропов, ду нафар аз ғайрикулобиҳо низ, агарчи дар хидмати Раҳмонов ҳамеша чухт, пушт дуто ва дастҳо пеши бар буданд, оқибат бо таҳқиру беэҳтиромӣ ва тард аз дарбор мувоҷеҳ шуданд.

Бачаи Амирқул Азимов барои автоавария ва домодаш бозраси аршади Оҷонси мубориза бо фасод  зиндонӣ карда шуданд. Кореро, ки барои мисол Раҳмонов ба қарибону ҳаммаҳалони худаш ҳиҷ гоҳ накардааст ва раво намебинад. Масалан бачаи Давлаталӣ Саид ва ё Нусратулло Абдуллоев ва ё Амнулло Ҳукумов ва инчунин Фаридуни писари Озода Раҳмонова ва Ҷамолиддин Нуралиев низ бо мошин одам куштанд, аммо ба онҳо чизе нашуд.

Ва ниҳоят худи Амирқул Азимовро ҳам, ончуноне маълумотҳо паҳн гуша буд, бо як шакли безеб аз Шурои амният (дабири он буд) аз кор гирифт ва дигар ҳиҷ гоҳ ба суроғаш нарафт.

Амирқул Азимове, ки дар солҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ Прокурори Генералӣ ва дар хидмати Раҳмонов камар баста буд, ҳамроҳ бо Сафаралӣ Кенҷаев аз бунёдгузорони Фронти халқӣ буд, ки Раҳмоновро сари кор овард ва дар амалиётҳо бар зидди Абдулло Раҳимов, (Муло Абдулло), Мирзо Зиё ва нобуд кардани онҳо ширкати мустақим дошт ва ба унвони яке аз роҳбарони ин амалиётҳо барои Раҳмонов ҷон дар кафи даст гирифта ва дар ҷанги дохилӣ тир хурдаву пояш ланг ҳам шуда буд.

Саломидин Шаропов ҳам, чуноне дар расонаҳо навишта буданд, ҳатто маҷбур шуда буд, ки қотилони писарашро, ки ошкор, боздошт ва муайян шуда буданд аз «сарвайронҳо» ва боевикҳои вобаста ба Раҳмонов буданд аз ҷавобгарӣ озод кунад. Агарчи он вақт ва то ба имрӯз ҳиҷ коре инчунонӣ бе «о,кей»-и худи Раҳмонов амалӣ намешавад, Раҳмонов марҳум Саломиддин Шароповро ба бепринсипӣ ва пулпарастӣ муттаҳам карда- «бар ивази пули калон қотилони писари худро ҷавоб дод» аз мақомаш ронд.

Шерхон Салимзодаро, ки Бобоҷон Бобохонов сабабгори аз мақомравии худ ва бадбахтиҳои писараш медонад низ тавре аз кор гирифт, ки нафас дар гулуяш печид ва дасту пояш карахт шуд.

Агарчи Раҳмонов хуб медонист, ки Шерхон Салимзода як порахури гузаро аст ва қабл аз онки Прокурори Генералӣ бишавад ба ҳангоми прокурори пойтахт буданаш алайҳаш парванда боз карда буданд вале бурду аввал дар ниҳоди навтаъсиси Оҷонси мубориза бо коррупсия раис таъин кард ва аз онҷо боз гирифту Прокурори генералӣ монд.

Вақте фармони аз кор барканории Шерхон Салимзодаро содир кард, Салимзода дар Маҷлиси Миллӣ аз аъзо хост, ки дар матни он илова кунанд, ки «ба иллати анҷоми муҳлати ваколат» аз кор гирифта шуд, чун ҳатто дар матни фармон иллати аз коргирӣ зикр нашуда буд.

Маҳмадсаид Убайдуллов, раиси Маҷлиси Миллӣ хеле ҳам дурушту дағал посухаш дод, ки «президент ба маслиҳати ту намекунад».

Ончуноне мебинед, ҳеҷ яке аз Прокурорҳои генералии ҳукумати Раҳмонов, агарки сала мегуфт, кала меоварданд, на бообру аз кор гирифта шуданд ва на баъди рафтан рӯзи хуш доштанд.

Ба фарқ аз Шерхон Салимзода дар матни фармони аз корравӣ ё барканории Юсуф Раҳмонов «ба сабаби ба кори дигар гузаштан» зикр шудааст, аммо шарти асосӣ, ки «бояд Сафари бачаат бо Фарзона зиндагиро идома диҳад» албатта, ки сабт нашудааст ва хоҳем дид, ки бо вай чи хоҳад кард ва барои мисол то ба синни нафақа расидани Юсуф Раҳмон ҳоло чаҳор соли дигар боқист ва Юсуф Раҳмон барои мисол 59 сола асту прокурори нави таъиншуда Ҳабибулло Воҳидзода 60 сола мебошад.

Раҳмонов тули беш аз се даҳаи ҳукуматаш фақат худаш ва оилааш ва хешу табори худашро дидааст.

Инро бори дигар дар тимсоли сарнавишти ин Генпрокурорҳо шоҳид шудед. Барои мисол ҳамин Бобоҷон Бобохонов буд, ки Ёқуб Салимро шинонд, Муҳаммадрузӣ Искандаровро аз Маска оварду шинонд, Ғаффор Мирзоевро шинонд, Абдуҷалил Ҳомидовро шинонд ва  матбуоти мустақили кишвар масалан Рӯзи нав, Неруи сухан, Оламу одамро басту арзу шикояти соҳибони ин расонаҳоро тамоман ншунид. Чун закази Раҳмоновро иҷро кард, на ҳарфи қонунро.

Бобоҷон Бобохонов аз давраи ҳодисаи куштори Сангак Сафаров, ки прокурори Қурғонтеппа буд корҳоро мепечонд, дар ташкилу сохтани «сфабрикований» делоҳо устод буд. Масалан хуб медонист, ки Ғаффор Седой дар ҳеҷ ҷое яроқҳои баҷоӣ надорад ва он яроқҳо ҳамааш аз они худи Раҳмонов буд, аммо тавре кард, ки ӯро дар табаддулот муҷрим шинохт ва бо дастури шахси Раҳмонов ҳукми умрбод дод. Чунки ба гуши Раҳмонов расонида буданд, ки Ғаффор бо Таҳмина «роман» дорад.

Аммо ҷиноят ва хиёнатҳое, ки Юсуф Раҳмон дар мақоми Прокурори генералӣ алайҳи миллат ва мардуми Тоҷикистон содир кард, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ намедиҳад, ки бо прокурорҳои пешин муқоиса кард. Юсуф Раҳмонов дар сагигарӣ ба Раҳмонов аз ҳам гузаронд. Бо вуҷуди онки сарнавишту қисмати пешиниёни худро, масалан ҳамин Бобоҷон Бобохоновро ,ки устодаш аст ва Файзуллои писари ӯро, ки рафиқи наздикаш буд, бо чашмони сар дида буд, фақат ва фақат барои қонеъ кунонидан ва розӣ нигоҳ доштани Эмомалӣ Раҳмонов қонунро на инки муроат накард, балки таҷовуз кард, адолатро аз байн бурд.

Аввалин ҷинояти мудҳиш ва ғайри қобили бахшиши вай ин буд, ки алайҳи ҲНИТ парванда боз кард ва бо талаби маҳз ҳамин Юсуф Раҳмон ин ташаккули сиёсӣ террористӣ ва мамнуъ эълон гардид ва роҳбарияти олии он ба зиндон кашонида шуданд. Юсуф Раҳмон, ба унвони Прокурори генералӣ мебоист ин туҳмати бастаи Эмомалӣ Раҳмоновро, ки ҲНИТ-ро дар кудетои дуруғии Ҳоҷӣ Ҳалим шарик донист, намепазируфт. Чунки вай, нозири риояти қонун аст ва ин ҳақро Қонуни асосии кишвар ба ӯ додааст.

Бубинед, ки имрӯз дар Амрико қонун ва прокурору судя ба чи корҳо даст мезананд. Ҳоло, ки Трамп як ҳафта ҳам тул накашид, ки судяҳои чанде аз иёлатҳои болои як фармони вай дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ касб накардани бачаи муҳоҷир эътироз карданд ва ин фармон муаллақ шуд. Албатта, мо воқеъбин ҳастем, чунинашро талаб надорем.

Вале бояд ҳифзи мақому мартаба ва каромат, шаҳомат бошад, арзише барои худ ва курсии худ ва шахсияти худ қоил шуд. Прокурори генералӣ ниҳоди назораткунанда аст ва иҷрои қонун ва қонунмандӣ дар кишвар аз ӯ сахт вобаста аст. Муҳим аз ин ҳама ин вазифа ва масъулияти давлатӣ аст на аз они шахс ва аз они Президент. Чоплусӣ, хушомадгуӣ ҳам бояд дар доираи қонун сурат бигирад, на бо нақзу поймол кардани қонун.

Дар давраи ҳеҷ додситони дигаре беҳуқуқӣ, беназоратӣ, қонуншиканӣ дар Тоҷикистон ривоҷ ва равнақ наёфта буд, ки дар давраи Юсуф Раҳмонов сурат гирифт.

Бо туҳмату буҳтон чандин нафарҳоро аз хориҷа ба Тоҷикистон овард, токи табъи Раҳмоновро хуш бисозад. Масалан вақте Суҳроби Зафар, раиси Гуруҳи 24-ро аз Туркия оварду  СС.Ятимов давдав фурудгоҳ рафту аз трап ӯро бардошту СИЗо бурд. Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов гуфт, ки «кори СС аз трап то СИЗо аст. Суҳробро ӯ овардааст».

Ҳамин тавр худаш эълон кард, ки бо дастури шахсии вай Абдухалил Холиқзода, нависанда ва раиси бемористони Сино ва нависандаи хушном Абдуқодири Рустам бе ягон асосу далел боздошт ва зиндонӣ шуданд. Ҳамин тавр дар давоми ду-се соли ахири прокурории Юсуф Раҳмонов наздик ба даҳ нафар рузноманигори тоҷик Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Мисли онки як навъ ба журналистҳо бадбинии ботинӣ дорад.

Ҳақиқат, чуноне мебинем, дер ё зуд ошкор мешавад. Барои ҳамин бояд адолат ва қонунро ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷойи аввал бигзорад ва дар ҷойи аввал бипазирад, тем более, ки барои Раҳмонов ва ҳукумати вай фурсат кам мондааст. Аммо зиндагӣ идома дорад.

Ба хотир касби ризо ва ширин кардани худ ба Раҳмонов корҳоеро, дурусттараш ҷиноётеро, ки Юсуф Раҳмон алайҳи миллат содир кард, муртакиб шуд муртакиб нашавад, иҷтиноб варзад, бо як роҳу шевае бифаҳмонад, ки оқибати вазнин дорад ва Раҳмоновро мунҳариф созад. Ҷаноби Воҳидзода бубинад, ки Раҳмонов дигар на Бобоҷон Бобохоновро на Шерхон Салимзодаву на Юсуф Раҳмонро суроғашон мекунад. Ин тақдиру қисматҳо бояд сабақ шавад. Фардо дигар дер хоҳад шуд

Ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода инро бидонад, ки Раҳмонов рафтанаш қариб омадаст. Ҳиҷ кас намондааст, ки Раҳмонов монаду то охири дунё бошад. Умрбодии вай бо умри худаш аст, умри дунё нест.

Виҷдону инсоф дошта бошед. Худо ва рӯзи ҷазоро ҳам фаромӯш накунед. Ба буи Раҳмонов худ, хонаводаи худ, ояндаи бачаву фарзандони худро ба хатар нагузоред. Ин ҳиҷ таҳдид нест, ин ёдоварӣ аст ки акнун баъид аст касе аз давру бариҳоятон ва тем более Эмомалӣ Раҳмонов ин гапҳоро бароятон  гушзад кунад.

Ба хотири курсӣ ва мансаби Раҳмонову духтару бачаҳову домодҳои расмиву ғайрирасмияш худро дар муқобил ва зидди халқи Худо ва Худо қарор надиҳед.

Мо таваққуъамон аз Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки сабақ бигирад. Сабақ бигирад ва бар асоси қонун кор кунад на закази Раҳмону Рустаму Озодаро бигираду инсонҳои бегуноҳро ба зиндон афканад.

Ҳабибулло Воҳидзода хуб медонад, ки ҳарчи дар Тоҷикистон Прокурор гуяд, ҳамон мешавад ва судҳои мо ҷуръат ва ҷасорати радди ҳарфи прокурорр надоранд. Аз ин ҷиҳат ҳам бояд сахт инсофро нигоҳ дорад. Масъулияти вазнин аст, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё. Ҳамин тавр буд, ки имоми мо, Абуҳанифа (раҳ) зиндонро, зиндони ин дунёро аз дасти ҳоким қабул кард, аммо ба хотири растагорӣ дар он дунё, ки абадист, мақоми қозигиро аз  Шоҳ напазируфт. Иллаташ ин буд,ки мабодо ман шахсе хасми подшоҳ бошад ва барои ризояти халифа ман ҳукми онро тибқи хоҳиши ӯ содир кунам ва ҳукми одилона содир накунаму Холиқро норозӣ созаму охиратамро хароб намоям.

Юсуф Раҳмон мижааш хам намехурд. Ҳукмро дувойнову севайно медод ба ҳазорон бегуноҳони ин миллат.

Агарчи Юсуф Раҳмоновро ба сабаби ба кори дигар гузаштан барканор кард вале ҳиҷ изҳори ташаккур накард. Ба Бобоҷон Бобохонов барои хидматҳояш изҳори ташаккур карда буд.

Вале Юсуф Раҳмонро гирифту дураш андохт. Акнун он пуштдарониҳои Юсуф Раҳмон ,ки ҲНИТро парвандаи пур аз туҳмат сохта аз ақсои олам хост, террористияш бишиносанд, чи шуд? ҲНИТ, ки ба роҳ баромадаасту Юсуф Раҳмон барканор шуд.

Барканории Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, қудои последнийи Раҳмонов аз барканории Бег Сабур, сардори Хадамати алоқа, қудои передпоследнийи Раҳмонов фарқ дорад. Бег Сабур 14 сол дар мақомаш истод. Аммо қудои ахираш ин лутфу марҳаматро мушарраф нашуд ва ҳамин тафовут, ки қудои послединияшро шонси сеюм надод, бори дигар тасдиқ мекунад, ки «ҷудо шудӣ,ҷазир шудӣ».

Ҳарфу ҳиҷои ҷудоии Сафари бачаи Юсуф Раҳмон ва Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аз чанд вақт ба ин су дар расона ва нашрияҳои электронӣ чарх мезанад ва мо гуфта будем, ки «эра»-и Юсуф Раҳмон ба интиҳои худ расид, аммо фақат ба хотири онки бадзабонҳо ва бахусус мухолифин мазоҳу масхараашон накунанд, Раҳмонов то вақти интихобот, ки кам монда буд, тоқат мекунад. Аммо Раҳмонов, агарчи тоқат накард, заҳрашро чаконд ва ҳатто Юсуф Раҳмонро маҷол надод, ки ба унвони Прокурори генералӣ гузориши солонаашро дар Маҷлиси Миллӣ ироа бидорад ва ӯро то чанд рузаке ҳам таҳаммул накард ва атояшро ба лиқояш бахшид ва кафшҳояшро пеши пояш гузошт, балки агар ошкортар ҳарф бизанем «як шатта дар пушташ зад»-у Хурюшовгираш карду аз давру бараш сур кард.

Кори худоро бинед, ки Раҳмонов Юсуф Раҳмоновро мисли як ошғол, ки вуҷудаш ҳукумати Раҳмоновро олуда ва бадбу карда бошад, аз кашталаш гирифту дафъаш кард. Вагарна метавонист ранги Бег Сабур, ранги СС.Ятимов, ранги Рамазон Раҳимзода барои навбати саввум ҳам таъйинаш  кунад. Накард.

Ончики маълумотҳо ба мо мерасад, яке аз далоили барканории Юсуф Раҳмон «бадбахту бевашавӣ»-и Фарзонаи духтари кучули бокирааш бошад, далели дигар ин буда, ки «парвандаи табаддулот»-и Акбаршо Искандаров ва Ҳамрохон Зарифӣ маҳсули фантазияи худи Юсуф Раҳмон будааст. Дар амал кадом табаддулоте даркор набудааст. Хуб бубинем, ки поёни ин моҷаро бо чӣ меанҷомад ва Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори нави генералӣ дар ин парванда дигаргунӣ хоҳад кард ё не?

Аммо, агар ки Воҳидзода ҳам ба ҳамин масир роҳ гирифт, вою сад вой ба ҳолаш!

Сообщение Сарнавишти Генпрокурорҳои собиқ ба Генпрокурори нав сабақ мешавад ё хайр? появились сначала на ISLOH.net.

Семейка news №12
Нашри ниҳоии маҷаллаи «Семейканюс» дар соли 2024 аст. Дар 12 моҳ 12 шумора нашр кардем. Бурду бохти маҷалларо беҳтар аст худи шумо баҳо бидиҳед. Аз онки аз шумора то шумора бинандаҳои бештар касб кард, метавонем бигуем,ки заҳматҳои мо барҳадар нарафтааст.

Ростӣ, ваъда дода наметавонем,ки барои соли оянда ҳам «Семейканюс» нашру пахш шавад, агарчи тамоми талошамонро хоҳем кард, то аз по науфтад, идома пайдо кунад. Аммо, чи ҷойи пинҳон кардан? Ба масоили мавриди назари барнома бо мушкил дастрасӣ пайдо мекунем. Тангдастӣ низ таъсири нохуби худро руи корҳои мо гузошта истодааст.

Инҷо, қабл аз шуруъи барнома лозим донистам, ки як-ду ҷумла бигуям, ки ба барномаи пешина ва баҳсҳои бархоста перомуни он дахл дорад.

Як нафари ба ҳама маълум аз мухолифини мухолифин маъракае бар зидди мо роҳандозӣ кард, ки «рӯзаки сиёҳ» буд. Мо аз Азизмои газетхонак гуфта будем, ки чи тавр дар роҳи Данғара бероҳа гардида дар истироҳат машғул шуд. Наздик ба 20 сол ин ҳодиса дар даруни нафаре, ки медонист хобидаву консерватсия шуда буд. Аммо яке дар як ҷойе гуфт ва дар ниҳоят пеши мо ҳам омад. Пеши мо омад, то ки ба ҳамагон расонида бишавад. Аммо ин як нафари ба ҳама маълум хесту дар нақши вакили дифоъ, адвокат ва сафедкунанда баромада аз Азизмои газетхонак пуштибонӣ кард. Рӯзаки сиёҳ. Вале агар ҳарфе ба он нақли шунавидаам изофа карда бошам, ҳарчизе мегуӣ бигу. Ончи гуфтанд навишта ва нашр кардам. Имкон надорад, ки дар ин масъала адвокати хуб буд. Чунки аз қиссаҳои муошиқати Азизмо хеле зиёд дар дастамон аст. ….

Хуб, ҳоло биёему бубинем, ки ин бор чи матлабу хабару маълумот аз ин семейка –Оилаи аз як кашар, аз як фермаи калон калонтари Раҳмонов зери даст дорем.

Як нафар аз муаллифони ҳамешагии мо баъд аз дуруду паём ба банда ва кулли муборизин ин навиштаро фиристодааст ва мо ҳам нахостем ба он тағйире ворид бишавад:

«И авлоди гышнаи гышнапышти гадо аҳ сер намешаван. Ширкати «Фароз» (аз они Шамсулло Соҳибов, домоди Раҳмонов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир) заминҳои зиёдеро дар навоҳии вилояти Хатлон, минтақаи Қурғантеппа, яъне ноҳияҳои Ҷомӣ, Балхӣ ва дигар ноҳияҳо гирифта истодааст. Баъзе аз раисони ноҳияҳо ба Фароз замин надода истодаанд. Барои онки дигар нест заминҳои холӣ. Заминҳоро ба мардум барои деҳқонӣ додаанд, ки зиндагиашонро хуб кунанд. Фароз бошад ҷықидестай, ки ай мардум гирен тиен. Ҳатто қасами раисони ноҳияҳоро хурдааст Фароз, ки ай кор мегиремтону делатон мекнем гуфта. Аҷоиб. Бовар кнен устод ин Раҳмона Президентишам намондай. Кадомеша, ки фора ба сари мансабдорора зурӣ мекнан. Угрожат мекнан. Намедонан чи хел кор кнан раисону вазирон».

Фароз, ширкати ғулосое аст ки на фақат мо, дигарҳо низ борҳо дар бораи он навиштаанд. Ин ширкат аз они Шамсулло Соҳибов ва Рухшонаи Эмомалӣ, духтари Раҳмонов ва сафири Тоҷикистон дар Бритониёи кабир аст.

Чанд сол мешавад, ки Шамсулло тамоми системаи пулгузаронӣ дар кишварро ба дасти худ гирифтааст. Фармон баромад, ки аз август (соли 2022)пардохтҳо ғайринақдӣ амалӣ карда шавад. Шамсулло як қиёмат дастгоҳҳои пулгузаронӣ -апаратҳо харида овард. Ва аз номи Фароз гирифта %-и худашро монд. Он апаратҳоро якҷо бо Амонатбонк (пули бюҷет) харида  ҷобаҷо гузорӣ ё установит карданд.

Пули налог, свет, маош, лаборатория, тонировка дар ҳама Тоҷикистон дар як филиали Амонатбонк дар микрорайони 33 супорида мешуд. Аммо ин филиал дигар кор намекард ба ҷуз аз қабули пули тонировкаи мошинҳо. Раиси ин филиали Амонатбонк Нахшов Файзиддин буд, ки ду соли пеш мурд. Ҳозир боз кадом одами Соҳибовҳоро дар ҷои вай монданд.

Пули тонировкаи мошинҳо яклухт ба Таҳминаи Клеопатра ё Рустами герчик меравад. Ин гапҳо, ки ба пули тонировка ба ҳисоби сохтмони Роғун меравад дуруғ аст. Як иҷозат барои тонировка 500 доллар мебошад. Агар ин пул ба буҷа ва ба ҳисоби Роғун мерафт любой точкаи Амонатбонки амалкунанда дар ҳудуди кишвар  бояд мегирифт. Аммо пули тонировкаро фақат дар филиали микрорайони 33 мегиранд. Ва аз онҷо мустақим ба ҳисоби оффшор меравад, як копеек ба бюҷет намеравад. Ин филиали Амонатбонк дар

даруни домҳо, камтар аз лаби роҳ медароӣ, онҷо як кинотеатр дар вақтҳои Союз буд, дар таҳи ҳамон қарор дорад. 5-6 коргар дорад, ки корашон фақат пули тонировка қабул кардан.

Барои кори дигар агар биравӣ «филиали марказӣ брен, фалон филиал брен» гуфта вежливо ва дипломатично ҷавоб медиҳанд. Явна намегуянд, ки мо фақат пули тонировка қабул меунему аммо дигар амалиёти бонкӣ ҳатто интиқол надоранд. Чун он пул мустақиман меравад ба ҳисобҳои офшории оила. Дар ҳоле дар оғоз Раҳмонов гуфта буд пули танировка барои сохтмони Роғун бояд равад. Чуноне мегуянд: «бо номи кӣ вале ба коми кӣ»

Захватҳои рейдерии Ойла

Манбаъи наздик ба оила ба Ислоҳ чунин гуфт: Аз Хатлон бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ Баротов  бо домодҳои Раҳмонов содиқона  хизмат мекард. Хизматгори онҳо буд. Маҳмадуллои бачаи ҳоҷӣ Шариф (падари Шамсулло Соҳибов) ҳамсинфи падари ман буд Маҳмадулло падари маро чанд бор фарёд мекунад, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Падари ман ба ҳаромхурӣ даст намезанад, таклифи Маҳмадуллоро рад мекунад. Ин бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ гуфт, ки падари шумо на худаш хурд, на монд дигарҳо хуранд. Ин дар ҳолест, ки медонист мо аз падарамон ҷудо зиндагӣ мекардем.

Азбаски он бачаи ҳоҷӣ Раҷабалӣ бисёр гуноҳҳои оилаи Соҳибовҳоро медонист, ӯро бо ҷурми салафӣ зиндон карданд. Ин бачаи Раҷабалӣ номаш Баротов Наврӯз бо тахаллуси Шрек аст. Ҳоҷӣ Раҷабалӣ аз Қурғонтеппа аз кучаи Ломоносов мебошад.

Наврӯз Баротов,ки тақрибан 41 сола аст домоди Умарқул раиси пешини нефтибазаи Левакант буд,то фаолияти ширкати Тоҷирону Фароз амал мекард. Маҳмадулло Соҳибов бо зӯрӣ аз ӯ ин нефтибазаро кашида мегирад.

Наврӯз Баротов якрӯз ақиқаи фарзандашро мекунад ва дар он чанд салафибачаҳоро даъват мекунад ва пас аз як ҳафта ӯро боздошташ мекунанд. Наврӯз ҳудуди 6 моҳ дар СИЗО ӯро нигоҳ медоранд ва ҳама дороияшро мегиранду бо дахолати хусураш Умарқул озодаш мекунанд. Дар он маъракаи Наврӯз Баротов чанд нафар иштироккунадаҳоро ба солҳои тулонӣ бо иттиҳоми Салафият зиндонӣ мекунанд. Мисли Ҳоҷӣ Саидмуроди маслобойчик, Ҳоҷӣ Файзиддин ва чанд ҷавони дигарро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Вай дар вақташ асноду ҳуҷҷатҳои мардумро барои ҳаҷ роҳӣ кардан омода мекард.

Ҳикояти дигар: Азиз Соҳибов раиси Тоҷикматлубот бачаи ҳоҷӣ Шариф як заправкаи як бародарро гирифт. Он бародар аз Қурғонтеппа, Усмон ном дорад, аз Гулзор бачаи бобои Пирмаҳмад. Усмон додараруси Имоми Гулзорӣ аст.

Боре Усмон бо Ёдгору чанд рафиқаш дар назди заправкааш шиштагӣ буданд. Азиз омада мегуяд, ки заправкаатро таъмир карда истодаед. Усмон мегуяд, бале. Аҳсан мегуяду меравад. Вале пагоҳаш омада мебинад, ки Усмон дар назди заправкааш бо рафиқонаш нишастааст. Усмонро мегуяд, ки ин заправкаро ман дар ҷои қарз мегирам.

Вале Усмон ба хонааш қасам хурда дар назди рафиқонаш мегуяд, ман ягон сомонӣ қарздор нестам аз ин Азиз Соҳибов. Азиз мегуяд, ки ин шакалади ҷиянҳо мебошад, ҷиянҳо калон шуда истодаанд, авлод калон шуда истодааст,бачаҳо, навасаҳо калон шуда истодаанд. Ва ба зур заправкаро аз Усмон мегирад.

Раҳмонов ва Соҳибовҳо

Ин хабар аз як нафар корманди пешини КДАМ-амният ба Ислоҳ расид: Пеш аз марги ҳоҷӣ Шариф, (Шариф Соҳибов) ногаҳон КДАМ се тонна маҳсулоти шираи камоли ӯро дастгир кард. Ҳоҷӣ Шариф ба раиси КДАМ занг зада мегуяд, ки шираи камол аз они ман аст. Дар ҷавоб раиси КДАМ гуфт, ки «ман ба президент доклад, кардам, мебахшед бобои ҳоҷӣ, аз дастам коре намеояд, ба президент муроҷиат кунед. Ҳоҷӣ Шариф ба Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат карда мегуяд «ҳамон шираи камоли амният дошта аз они ман аст, гуед баргардонанд». Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷавоб мегуяд аз дастам чизе намеояд ва гушаки телефонро мемонад.

Ҳоҷӣ Шариф ба суи хона равон мешавад, ки дар роҳ давленияш мезанад ва баъди чанд рӯз аз дунë мегузарад. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи мурдаи ҳоҷӣ Шариф ҳам  наомад.

Ҳоҷӣ Шариф инсони хуб буд, худо раҳматаш кунад. Касе наздаш мерафт корашро буд мекард.

Ҳоҷӣ Шариф язнаи апаи Азизмо, шавҳари аммаи Азизмои газетхонаки зани Эмомалӣ Раҳмонов мебошад!

Ҳоҷӣ Шариф дар вақташ ба Эмомалӣ Раҳмонов, ки дар як оилаи қашшоқи нодор мезисту бениҳоят дар фақру камбағалӣ ба сар мебурд ёриҳои зиёд додагӣ аст. Аз давраи дар ПТУ хондану дар маслозавод ба ҳайси электрик кор карданаш гирифта то зангириаш ҳоҷӣ Шариф ёрдамаш кардагӣ аст. Вақте аз маслозавод руған дуздида ба даст меафтад ҳамин ҳоҷӣ Шариф ёрдамаш мекунад.

Ҳоҷӣ Шариф духтари хусурбачааш Асадулло яъне Азизморо ба Эмомалӣ Раҳмонов гирифта ба занӣ медиҳад. Ва худаш туйи Эмомалиро ташкил карда мегузаронад.

Азизмо, Ҳасан, Ҳусейн, Раҳматулло аз якум оилаи Асадулло мебошанд.

Амонулло, Амрулло, Муҳибулло ва.. аз зани дигар мебошанд.

Дигар хусурбачаи ҳоҷӣ Шариф бобои Надим буд. Фарзандони вай дар Чапаев ҳастанд. Бобои Надим амаки Азизамоҳ  мебошанд.

Ҳасан Асадуллоев домоди ҳоҷӣ Шариф аст, язнаи Зоири домоди президент яъне апаааш Моҳсафар ҳамсараш аст. Раҳматии акаи Маҳмадулло писари калони ҳоҷӣ Шариф аст, писари Маҳмадулло Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Раиси пешинаи Фароз, худораҳматии ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов сабаб шуда буд, ки Шамсулло Соҳибов домоди Раҳмонов шавад. Вай пешниҳод карда буд: «Шамсулло ту бояд домоди президент шавӣ, ту доступи калон дорӣ».Чунки падари Шамсулло бо Эмомалӣ Раҳмонов вақтҳои пеш бисёр якҷоя буданд.  Дар оғоз Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ширкати Тоҷиронро бо Ҳоҷӣ Шариф таъсис намуданд. Пас аз он Ҳоҷӣ Шариф писараш Маҳмадуллоро бо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ кард, то кор кунад. Пас аз он Маҳмадулло ба ҷойи худ Шамсулло Соҳибови писарашро бо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов шарики тиҷоратӣ кард. Хуб дигар пас аз хориҷ шудани Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов тағйири ном карда ба Фароз идомаи кор дорад. Муҳим домодшудани Шамсулло Соҳибов бо машварати Шаҳид Умаралӣ Қувватов сурат гирифта аст.

Инро низ бояд зикр намоем,ки Эмомалӣ Раҳмонов дар вақтҳои дар ПТУ хондан ва дар маслозавод кор кардан дар хонаи марҳум ҳоҷӣ Шариф мезист.

Бозори ҳоҷӣ Шариф дар шаҳри Бохтар дар асл аз они Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Ман шахсан дар сохтмони бозори ҳоҷӣ Шариф кор ва фаъолият кардаам. Дар сохтмони бозори ҳоҷӣ Шариф маблағи калон (расход) масраф шуда аст. Ҳамаи ин масраф аз ҳисоби буҷети вилоят ва маводи мухаддир буд. Инро низ бояд зикр намоем,ки дар сохтмони бозори Ҳоҷӣ Шариф ба Зоир Соҳибов аз тоҷирони зиёде пул гирифта аст.

Ба монанди:

Нуралӣ Ризоев 500 ҳазор доллар

Тоҷиддин Командир: 1млн 700 ҳазор доллар

Санг нач СБ МВД Хатлон: 500 ҳазор доллар

Файзи Геран: 300 ҳазор доллар

Нур Фақир маблағи ҳама ҳоҷатхонаҳои бозорро пардохта буд.

Ҷанги зери буриё миёни Ҳасан ва Мирзоевҳо

Задухурдҳои шадид байни Ҳасан Асадуллозода ва Хуршеди Мирзо дар паси саҳна гардишҳои нав касб мекунанд. Все таки навиштаҳои «Ислоҳ» дар ин бобат таъсири худро гузоштанд. Баъди гуфтаҳо дар барномаҳои шумо роҷеъ ба нақшаву ниятҳои Хуршеди Мирзоев, ки зиёд хоҳиши дур кардани Ҳасани ишкамба аз саҳнаи асосиро дорад, Ҳасан мутаваҷҷеҳи авзоъ шуда ба Хуршед Мирзоев сахт диққат карда истодааст. Маълум аст ки Ҳасан қувва ва қудрати кофӣ дар ихтиёр дорад, ҳар сделка, шартнома ва ҳаракатҳои Хуршедро хуб аҳамият дода истодааст.

Ҳасан Шералӣ Кабир ва боз чанд нафари бовариноки худро фарёд карда гуфтааст, ки «ку бо гапои нав… …и Хуршедш бо пайдо шидай, ҷогир бдай, ҳмммм»

Хуршед гуфтааст, ки «и шкамбаи Ҳасан хееееела хурду чарид, басай акы, ятарафаш кадан даркор»…

Ин гапҳоро бин «о апаи ма да дасти Президентай, апаи Хуршед не ку, ҳмммм?!.Вақте ки ма кору бор мекадм, и гындышкбача дар туалетои мактабу дига ҷо, ай шкофакои деволо, петакои муаллимаҳоша мепоид… … чи ӯ фикр мекна иқа сол ма просто так шиштум?… … давай Шералӣ ты ҳамаи сделкаҳоша кати ҳамаи корои финансиш дида бро, рост биё мара доклад кн… … чи нақшаҳо дора дар оянда, увошам… …дигаро бошан дига направлениҳоша бинен, давайте…»

Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳан ҳам ҳайрон мондаасту Гуфтааст: «агар гапои Муҳаммадиқбол рост боша, Хуршед уқа кори хуб накадестай, сари ҳамамона мехра ин Хуршед».

Комил Мирзоалиев, ки худро аввал ба командаи Ҳасан рабт медод, ҳозир ҳайрон, ки чикор кунад. Бо Хуршед Мирзоев хешу табор асту наметавонад Хуршедро гуяд, ки чунину чунон накун, «яке мега гапои Муҳаммадиқбол рост набоша ба Хуршед мега, ки ты ба ҳаму афсонаҳо бовар кади… Бо Ҳасани Ориёнбонк бошад ҳам наздику зиёд сиру асрорашро медонаду мегуяд яке Худо накунад ягон кору бори медонистагии манро Муҳаммадиқбол бигуяд, «аниқ акаи Ҳасан ай ма мебина… бля и чи гапу корай, омада омада ҳозир шидестай. И акаи Ҳасанам, охирон вақто уқа катим соз гап назестай, аник иҷада ягон чира хит кадай», гуфтааст Комил…

Ҳасан таги Мирзоевҳоро кофта истодааст. Барои шикасту пора кардани схемаҳои молиявии Мирзоевҳо ҳаракатҳои махсус карда истодааст. Ӯ қариб, ки ҳар рӯз, бо собиқ вазири молия Наҷмиддинов Сафаралӣ ва собиқ вазири савдо ва равобити хориҷӣ Ҳаким Ҳусейнович Солиев вохуриҳо мегузаронад ва аз ин «ду пири кор» машваратҳо мепурсад. Ин ду нафар ҳар рӯз ба Ориёнбонк ранге, ки ба кор меомада бошанд, омада истодаанд. Аҷоиб.

Дар навбати худ Хуршед Мирзоев чанд корманди Ориёнбонкро вербоват кардааст, ки ба ӯ дар нисбати Ҳасан маълумотҳо дастрас кунанд.

Мирзоевҳо, ки пештар падарашон зинда буд, пеши роҳи баъзе аз корҳояшонро мегирифт ва ҳушдор медод,ки саросемагӣ накунанд. Акнун, ки падарашон аз дунё гузашт, фақат ба пеш.(Чанд ҳафта пеш падари Мирзоев даргузашт)

730 ҳазор сомони Литсейи Ҳасан Асадуллоев аз барқ қарздор аст

Ва ҳоло боз як маълумоти ҷолиби дигар дар бораи Ҳасани ишкамба. Ҳасан дар Душанбе литсей- мактаб хусусӣ дорад. Дар ин мактаб як шиноси ман кор мекунад. Вай ин ҳикоятро ба ман кард. Гуфт як рӯз аз Идораи барқ контролерҳо омада сими свети литсейро буриданд. Гуфтанд, ки ин мактаб аз барқ қарзи зиёд дорад. Ман дар кор будам. Хиёл кардам, ки бисёр бошад 3000 сомонӣ будагист. Аммо баъд фаҳмидам 730.590 сомонӣ мактаби Ҳасан аз барқ қарздор будааст. Ин пулро ба доллар баргардонем 64.000 доллар мешавад. Ин шиносам нақл кард, ки аммо ғайричашмдошти ҳама баъди ҳамагӣ 2 соат омада светро пайваст карданд.  Мегуяд боз «қизиқаш» инки қарзи 730.590 сомонии мактаби Ҳасанро аннулироват карданд. Яъне Ҳасан Асадуллоев ягон сум ба свет надода бошад ҳам аммо счетчикро 000000 карданду бахшиш пурсида рафтанд. Ана инро мегуянд дуздии руирост ва ана инро  мегуянд, ки суиистифода аз мақом. Ана барои чӣ ширкати  «Барқи тоҷик» инқадар қарздор мешавад. Албатта, ин сумҳоро ба сари халқи Тоҷикистон мезананду аз камбағали бечора «бақия» ном мегузоранду мегиранд. Наход Ҳасан бо ин ҳама дороиву кату кут суми барқи истифода бурдаро намесупорад? Боз дар ин мактаб кудакҳои худаш ҳам мехонанд. Ҳамин шиносам боз гуфт, ки аксарият набераҳои Раҳмонов дар ҳамин мактаби Ҳасан таҳсил мекунанд. Аммо дар бйни набераҳо ҳиҷ гуна рафоққат нест, гуфт ин шиносам ва афзуд, ки баракс байни ҳам мисли сагу пишаканд, ба ҳамдигар салом намекунанд, якдигаришонро дида наметавонанд. Аммо бачаҳои Ҳасан ва набераҳои Раҳмонов ҳар ҳафта мошинҳои худро иваз мекунанд. Ин шиносам,ки муаллим аст гуфт, кадомеашон коргарони мактабро меҳмонӣ даъват мекунад, маълум мешавад, ки отаву очаашро тамоман писанд намекардааст:  «Мега ман дидам чашмом кати, мега ин духтари бачаи наверашон Раҳмонова пул вайрон кардагӣ, мега як дигариша ненавидит, мега уриси кати значит Раҳмонова духтарош Рустама як дигариша дида наметонад, ранги душман як дигариша мебинад. Мега бовар кунен насиб ин шо Аллоҳ ҳоли як вахт мебиёяд Раҳмонова бачаҳои духтариш як дигариша мехурад ҷангу ҷанчол ҳаминба рафтестай рузба руз». Ин муаллим гуфт, ки мо дар меҳмонӣ худамон барои худамон хизмат кардем. Ин духтари яке аз духтарҳои Раҳмонов баромаданд хонаи болову магнитофонро баланд карданду ба рақс машғул шуданд. Гуфт бо чашмони худам дидам, ки дар сигарет он духтарҳову бачаҳо нашаро ҷо карда дуд доданд….

Зодгоҳи хонуми аввали Тоҷикистон дар чи ҳол аст

Ва, як ҳикояти дигар аз апаи Азизмоҳ! Дар кучаи падарии авлоди Асадуллоевҳо дигар одам нест. Аз кучаашон мегузаред на одам ҳаст, на мошин, куча холӣ. Ҳамаи хонаҳои ҳамсояҳоро бо пулҳои калон харидаанд ва дар ҷойи он хонааҳо хонаҳои калон- калон сохтаанд. Лекин одамони наздикашонро оварда дар он хонаҳои сохтаашон квартирант мешинонанд. Аммо худашон бошанд дар Душанбе- пойтахт зиндагӣ мекунанд.
Ҳама ҷиянҳои апаи Азизмо ва акаи Ҳасан Асадуллозода ду- се занӣ доранд. Аз ин занҳо фарзанд доранд. Ҳама сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ медонанд, лекин хомӯшанд. Ба ҷиянҳои Асадуллозодаҳо ду- се занӣ иҷозат ва мумкин аст, ба дигарон не. Агар ба сиёсат кордор шуди дар назди қонун ҷавоб мегӯй. Яъне кордор шудан ба СЕМЕЙКА ин кордор шудан ба сиёсат аст дигар.
Ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ дар маъракаҳои шабнишинии Асадуллоевҳо фаъолона иштирок мекунад. Қариб, ки бе ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ маъракаҳояшон соф намегузарад.
Пештар маъракаҳояшон дабдабаноку пурвоҳима буд, ҳоло меҳмонон қисм-қисм  меоянд. Аммо маъракаҳояшон чанд рӯзӣ давом мекунанд.
Генпрокурор кӣ мешавад?

Дар даруни Оилаи Раҳмонов айни замон муҳорибаҳои шадид барои «сфера влияний» идома дорад. Ҳар кадоме талош дорад, қудрату тавони худро зиёдтар кунад.

Ҳам Озода, ҳам Рустам ва ҳам Зоир (қурғаниҳо) дар такудаву такопу ҳастанд. Барои вазифаҳои калидиро ба одамони наздики худ додан муборизаи шадид ҳам бурда истодаанд.

Баъд аз анҷоми интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст охири феврал ва аввали апрели соли 2025 доир шавад, муҳлати кории Прокурори Генералӣ, қудои ҳамакнун собиқи Эмомалӣ Раҳмонов Юсуф Раҳмон ба охир мерасад.

Як гурӯҳ ба ҷои вай Сулаймон Султонзода, директори Агентии мубориза бо коррупсияро оварданианд. Сулаймон Султонзода ҷияни Матлубхон Давлатзода, тағои президент Раҳмонов аст.

Варианти дуюм, ки эҳтимолияташ камтар аст Ҳабибулло Воҳидов сарпрокурори ҳарбӣ ва муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Ҳабибулло Воҳидов дар Душанбе ва дар вилояти Суғд ба ҳайси прокурор кор кардааст. Сипас Воҳидов  директори Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъйин шуд ва аз онҷо ӯро ба ҷои феълиаш Прокуратураи ҳарбӣ оварданд. Бо таваҷҷӯҳ ба онки ӯро аз Агентӣ ба Прокуратура  оварданд, ҳадс зада мешавад, ки ин «перевод» шояд барои курсии Прокурори генерлӣ бошад. Аммо минуси Ҳабибулло Воҳидов ин аст ки вай фархорӣ аст. Баъди кудетои Саидҷаъфар Усмонзодаи фархорӣ фархориҳо аз назари Раҳмонов уфтоданд. Ҳамчунин Раҳмонов дар ин авохир афроди нафақахур ё наздик ба пенсаро ба вазифаҳои масъул мансуб накарда истодааст. Инчунин чанд фигураҳои муҳимми дигар вуҷуд доранд,ки ба круги Рустам марбутанд онҳоро мегузорем ба қариби он рӯзи таъинот.

Раиси Суди Олӣ Шермаҳмади Шоҳиёни аспбозро низ ба нафақа равон мекунанд. Ҳоло барои ҷойи вай ҳам кондидат кофта истодаанд. Гуё раиси Суди олии иқтисодиро меоваранд дар ҷойи вай.

СС.Ятимов,раиси КДАМ ҳам ҳарчиқадар талош ва ҳодисаҳо ташкил кунад, масалан як хитоиро дар марз гуё случайно куштанд, фоидааш намекунад. Вай ҳам меравад. Аммо ин гуна гапҳо ҳам ҳаст ки СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чанро имкон дорад Раҳмонов дар бараш ҳифз кунад. Дар бораи ин ду нафар ҳоло қарор ва тасмим ниҳоӣ нашудааст. Ҳар хел дигаргунӣ шуданаш дар ҳокимияти Раҳмонов мумкин аст. Чунки ҳама медонанд тасмими ӯ метавонад дар як шаб иваз шавад.

Шоҳрух Саид, сардори РВКД-и Душанбе кушишҳои сахт дорад, ки Мансурҷон Умаровро аз вазифа сабукдуш кунад. Чунки маҳз Мансурҷон Умаров падари Шоҳрух Фаттоҳ Саид ва кормандони Агентии коррупсияро дастгир карда сабтҳои видеои маҳрамонаи Фаттоҳи раққосаро бароварда буд. Барои ҳамин Генерал Шоҳрух Саидзода то ҳол аз пайи интикоми падари заднимостзадааш гаштаасту дар байни кругаш гуфтааст: «Мансур Умаровро аз вазифа мегируму дар ҳаму турмаи худуш маҳкамуш мекунум. У отаи мара маҳкам карданӣ буд, ай дастуш…. наомад. Аку навбати ма расид, нигоҳ кунен чи хели мекунум и фархориҳора кати ятимчашон. Плано ҳамаш тайёрай» гуфта воҳима карда истодааст.

СС.Ятимов компраматҳои хело ҷолиб аз Шоҳрух ва чандин мақомоти болоии ВКД дар даст дорад. Аммо бо хоҳишу исрори Рамазон Раҳимзода аз СС.Ятимов,ки то будани ман ин корро накунад,ки номи ман сиёҳ мешавад. Гӯйё СС.Ятимов ҳам гуфтааст ман фикр мекунам дар ин маврид. Рамазон Раҳимзода фармони қатъӣ додааст,ки ҳар шикояте нисбати Шоҳрух Саидзода аз ҳар шаҳрванд нисбати Шоҳрух Саидзода расидаро ҳатман санҷанд ва танҳо ба дасти худаш расонанд онро. Ҳоло чандин нафаре нисбати Шоҳрух Саидзода шикоят карда зери назорати шахсии вазир қарор доранд. Ин ҳам яке аз далоили буғранҷ будани вазъияти дохили ВКД-ро мекунад.

Сообщение Семейка news №12 появились сначала на ISLOH.net.