Архивы Ҳасанова Зайбина - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №394
Ин бор аз Душанбе,Ҷалолиддин балхӣ, Исфара ва Самараи Русия номаҳо дорем.

Муаллифи номаи Душанбе аз дасти милисаҳои УУРи ВКД шикоят кардааст. Вай мегӯяд:

«Падвал мебаранд, мезананд, пулҳоятонро кашида мегиранд. Вақти задан дар сарашон ниқоб мепушанд, то ки мабодо дар берун нашиносанд.

Номаи Ҷалолиддин Балхӣ аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки воқеияти рӯзи кишварро дар мисоли як корхона баён доштааст: «Дар корхонаамон як ҳамин босавод аст. Ин кулобиҳои худамон, ки идораро забт карда гирифтаанд, ягон проблема шуд медаванд назди Давлатшо. Вале ҳамин ки корашон буд шуд боз аз қафои Давлатшо бадгӯӣ мекунанд»

Аммо аз Исфара номаи омада дар бори як зани хабаркаш, истилоҳи имрӯзи бузи мақомот шикоят шудааст. Як пораи аз ин номаро меоварем: «Чандин нафар занҳои китобхонро ба амният хабар додааст. Агар як зан, ки солҳо пеш китобхон буд, ё ягон зан, ки ба ягон кас дарси исломӣ дода буд ва агар ҳоло медиҳад, зуд мефурӯшад.

Амният бошад ин занҳоро даъват мекунад, допрос мекунад ва як хелашро бераҳмона штраф мекунад.

Як нафар аз муҳоҷирҳои меҳнатӣ аз Самараи Русия дар бораи он навиштааст, ки чи гуна милисаҳои тоҷик дар Маскав ба баҳонаи татбиқи қонуни афв аз мардум пули ҳангуфт канда истодаанд. Ин ҷумлаи ӯро аз номааш иқтибос кардем:

«Вале ҳоло як гапи дигарро аз худам мегӯям, ки ҳозир дар Русия аз прописка дида қайди военкомат безеб шуд. Маҷбур, ҳатмӣ, бояд бимонӣ. Пеш прописка нигоҳ мекарданд. Ҳозир военний учетро мебинанд. Набошад кор қабулат намекунанд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Душанбе менависам. Дар Душанбе ҳама чиз зоҳиран ором аст. Ин милисаҳо ва махсусан УУР-Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД беҳад гузаронида истодааст. Дар километри 7ум ва баромадгоҳи 9ум, ки ба самти Ваҳдат меравад одамҳоро дошта беҳад азоб дода истодаанд. Падвал мебаранд, мезананд, пулҳояшонро кашида мегиранд. Вақти задан дар сарашон ниқоб мепушанд, то ки мабодо дар берун нашиносанд. Инҳо барои пул шуда пешвои шайтонашонро ҳам ҳақорату дашном мекунанд.

Ба Худо қасам дониста бошед, ки ин корҳоятон дер давом намекунад

Аз 100 ҳазор сомонӣ боло гирифта истодаанд.

Мо ҳайронем, ки ин Рустами гунгак, Аллоҳ лаънаташ кунад ва ин Шорухи началник милисаи Душанбе куҷоро нигоҳ мекарда бошанд?

Дар ҳамин як моҳи охир аз ҳисоби шиносҳои худи ман 7 нафарро УУР таҳхонаи МВД бурда баъзеашро дар ток монда 80-90-100.000ашонро гирифтанд.

Охир ин то кай давом мекунад. Беҳуда, барои як камтар риш доштан ва ё бо ягон баҳонаи дигар, масалан дар телефон калими исломӣ пайдо кардаанд, дигар тамом.

Боз мегуфтаанд, ки супориш аз боло аст. Мо бояд мардуми Ваҳдатро бишканем. Як нафараш ба рафиқи ман гуфтааст, ки ҳоло дар Ваҳдат боз як милисахонаи дигар месохтаанд. Гуфтааст, ки Раҳмонов ба ваҳдатиҳо бовар надорад. Ин рафиқам 95 ҳазор сомонӣ дод. Русия рафта наметавонад. Депорт шудагӣ аст. Қазоқистон меравам мегӯяд ва аз онҷо мехоҳад Аврупо равад.

Ҳозир вазъу ҳол дар 7ум ва 9ум километри Душанбе ҳамин хел аст.

Исфара (Ворух)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва  баракотуҳу Муҳаммадиқболи Садриддин, бародари муборизи роҳи ҳақ. Умедворам шумо сиҳату саломат ҳастед.

Ҳасанова Зайбина дар дармонгоҳ (поликлиника)-и беморхонаи рақами яки деҳаи Ворух солҳои зиёд аст, кор ва фаъолият мекунад. Як бузи мақомоти амниятӣ ва милисаҳо мебошад. Дар солхои 2013-2015 дар Ворух шӯъбаи милиса ва амнияти нав сохтанд. Аз ҳамон солҳо ин зани бе ҳаё ба бузӣ машғул буд ва то ҳозир ҳам ба бузӣ машғул мебошад. Ба мақомоти қудратӣ аз беморхона ва мардуми маҳалла ва бахусус ба амният хабар медиҳад. Ба танзим ҳам хабар медиҳад.

Чандин нафар занҳои китобхонро ба амният хабар додааст. Агар як зан, ки солҳо пеш китобхон буд, ё ягон зан, ки ба ягон кас дарси исломӣ медиҳад, зуд мефурушад.

Амният бошад ин занҳоро даъват мекунад, допрос мекунад ва як хелашро бераҳмона штраф мекунад.

Ҳасанова Зайбина дар беморхона бо ягон ҳамкоронаш муносибати хуб надорад. Ҳар рӯз ҷангу кашокаш мекунад. Ягон рӯзе нест, ки Ҳасанова Зайбина бо ягон нафар, ҳатто бо бемор проблема накунад. Бидуни туҳмат як зани хело бадрафтору бад муомила аст, як зани ташна, ҷангара, бадгуфтор мебошад. Ҳасанова Зайбина ҳатто ҳамкорони худашро ба милисаву амният мефурушад. Ҳамин, ки ягон ҳодисаи ҳатто ночиз шуд, филҳол ба амният хабар мекашад.

ин Ҳасанова Зайбина маълумоти олӣ ё миёна надорад. Дар донишгоҳ хондаги нест. Ҳамагӣ се моҳ курс хонда аст. Аммо дар бемористон солҳои зиёд аст кор мекунад. Агар касе бовар намекунад аз маориф, тандурустӣ мақомоти қудратӣ, прокуратура раванд тафтиш кунанд.

Ин Ҳасанова Зайбина бо милисаҳо ва амниятхо аз солҳои пеш то ҳозира муносибатҳои зич ҳам дорад. Ҳасанова Зайбина дузди беморхона ҳам мебошад.

Пештар, ки дар Ворух шӯъбаи милиса ва амният набуд ба шакли дигар кор мекард. Ҳатто авлоду хешу таборашро  ба амният хабар медиҳд, ки китоби динӣ хонд, дарсӣ динӣ медиҳад ё  призывник аст. Як моҳ пеш як зан ба ҷиянаш дарс исломӣ медод. Ин занро  ба амният хабар медиҳад. Амният ин занро даъват ва 7500 сомонӣ ҷарима мекунад. Ин зани бечораи камбағал бошад ба бемори давлений гирифтор мешавад. Ҳасанова Зайбина мутаассифона боз соҳиби шавҳар, ду фарзанд:- як духтар ва як писар мебошад.

Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ба шумо ташаккур мегӯям, ки номаи пешинаи маро нашр кардед. Ман пештар дар бораи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар бораи раиси ноҳия Рустам Холиқзода, раиси Кумитаи замин ва замначалники шаҳраки Гулистон гуфта будам. Ман ҳамон одам ҳастам. Ман каме пеш аз Федератсияи Русия ба зодгоҳам, яъне Тоҷикистон рафтам.

Гуфтам, ки ҳамин Мустаков Валӣ бо тахаллусӣ Валича наметобад. Бачаҳоро пурсидам. Бачаҳо гуфтанд,ки «эҳа, баъди нашри наворҳои Муҳаммадиқбол Мустаков Валичаро амният омад нарушник зада гирифт рафт. Мирзовалӣ Расуловро аз кор пеш карданду додарашро ҳам».

Баъд ман пурсидам, ки Мустаков Валича дигар ба сари мардум зурӣ намекунад. Гуфтанд Валичаро дигар он қадр зиёд дар қишлоқ намебинем.

Баъди ҳамон дар Ютуб партофтнашон ҳамааш тар карда буданд. Раиси ноҳия ҳам Валӣ ҳам, Расулов Мирзовалӣ ҳам. Лекин раиси ноҳия Рустам Холиқзода то ҳозира ҳамон корҳои пешинаашро давом дода гаштааст. Раиси ноҳия гуфтааст, ки ягон ҷоямро ягон кас хурда наметавонад: «Боз такрор мекунам, ки то вақте бародарам —Ҳоким Холиқзода бародараш, муовини Сарвазири Тоҷикитон аст, «гапзана фалон мекнм». Фақат гапаш ҳамин асту рӯзи дароз пиён мегардад.

Мирзовалӣ Расуловро бошад баъди аз раисии Кумитаи замин пеш кардан

барои арақхӯриаш сум доду вилоят рафт. Дар Бохтар ба кор даромад. Ҳамин панҷ рӯз пеш буд, ки аз хоб хестам дар Русия, чунки кор мерафтам. Гуфтам як каме Инстаграм тамошо кунам баъд равам. Инстаграм медароям, ки сурати Мирзовалӣ Расулов  дар РВКД Хатлон аст. Дар сайти инстаграми ВКД Хатлон. Ба худам гуфтам инҷо чи гап бошад? Матни зери суратро мехонам, ки навиштаанд дар рӯзи корӣ зада кал кот пиён мошин рондааст, қапиданаш. Гуфтам Худо туро зад, аз ин бадтар кунад, ки хуни мардумро ту макида гирифтӣ. Дар сурат мебинӣ дар ҳамон сайти ВКД ҳанг надорад аз пушти пиёниаш. Ин Мирзовалӣ Расулов беҳад одами паст аст.

Дар шаҳраки Гулистони мо як Телеком ва як Радио -5 фаъолият мекунад.

Як вақт аз падари як рафиқам, ки хонааш меҳмонӣ даъват карда буд пурсидам, ки дар корхонаатон раис ҳозир кӣ аст? Гуфт як алкашро оварданду раис монданд. Падари ин рафиқам кор мекунад. Гуфт раис Асад ном дорад.

Гуфт, бародар, корхонаро агар Давлатшо Маҳкамов набошад бади ду сол нобуд мешавад. Пурсидам, ки ин акаи Давлтшо чи кора аст дар онҷо?

Давлатшо Маҳкамов ҷонишини директори корхона аст. Аммо тамоми кори корхонаро ҳамон пеш мебарад. Гуфт ин Давлатшо Маҳкамов зеби вазириро дорад. Вале бисёр ҳам хоксору сархам аст. Ҳуҷҷатгузории полшӯи корхона то директориро Давлатшо Маҳкамов иҷро мекунад.

Директори генералии корхона аз Душанбе бисёри вақт Давлатшо Маҳкамовро занг зада маслиҳат мепурсад. Ҳамон мудири кулл ҳам медонад, ки Давлатшо босавод ва мутахассиси олӣ аст. Ин баъзе аз одамҳо, ки дар қишлоқ бо кибру ғурур роҳ мераванд чени Давлатшо Маҳкамов босавод бошанд, мумкин дар болои мардум роҳ раванд. Ин Давлатшо Маҳкамов аз Дарвоз аст. Ба наздикӣ Президент чи мукофотеаш дод. Дар корхонаамон як ҳамин босавод аст. Ин кулобиҳои худамон, ки идораро забт карда гирифтаанд, ягон проблема шуд медаванд назди Давлатшо Маҳкамов. Вале ҳамин ки корашон буд шуд боз аз қафои Давлатшо Маҳкамов бадгӯӣ мекунанд. Аммо Давлатшо парво надорад. Хуллас, бародар Муҳаммадиқбол падари дӯстам акаи Давлатшоро хеле таъриф кард.

Ман чи гуфтаниам? Ана кадр, биёранду монандаш бигзор дар ягон вазорат ё ягон  вазифаҳои масулиятнок, то хидмат кунад.

Ана ҳамин хел одамҳои босаводро баранд дар корхонаҳо раис монанд. Ранги Мустаков Валичаву Расулов Мирзовалӣ соф алкашҳоро бурда мондаанд.

Дар охир мо як хоҳиш дорем, ки ин раиси ноҳияамон Ҳоким Холиқзодаро аз кор гиранд. Мо аз фаъолияти вай розӣ нестем. Барои худи мо ҳамсоя аст, як ду куча он тарафтар. Мо раиси ноҳия буданашро намехоҳем. Барои чи? Барои онки кучаи худашро асфалт карду аз моро не. Хонаашро гуфти худат ранги хонаи Исмати дулик як қаср кардааст. Ҳамин сумҳо аз куҷоанд? Суми бюҷет ҷудо мекунанд барои ноҳия, ин ҳамон аст.

Боқӣ дар амони Аллоҳ. Боз чи хабаре фаҳмидем аз Колхозобод мефиристам. Бародари шумо аз муҳоҷират.

Самара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Дирӯз дар назди як бародар будам дар шаҳри Челябинск. Вай бо кадоме аз масъулони диаспораи тоҷикҳо рафиқи наздик аст. Аз қавли ҳамон масъули диаспора гуфт, ки ҳозир дар Макав як гурӯҳ милисаҳои тоҷик омаданду бар ивзи пул номи шуморо аз розиск снимат мекардаанд. Дар байни муҳоҷирҳо овоза андохтаанд, ки кадоме дар розискед, имкон доред, ки пул дода худро аз руихати розиск бароред.

Бояд Маскав равед ва ё гапзанон кунеду пул диҳед, тамом. Номатонро аз спискаи розик мебаровардаанд.

Бародар ман ин гапро чанд рӯз пеш аз як ҳамдеҳаам ҳам шунида будам. Баъди чанд вақти иҷрои қонуни афв аз мақомот хонаи онҳо ба ноҳияи Фархор омада мегӯянд, ки дигар бачатон дар розиск нест. Метавонад баҳузур ба ватан ояду боз баргардад равад Русия. Ин бародар чанд сол аст ки дар Русия мегардад.

Ба ҳамин бача ҳам кадоме аз  шиноҳояш аз Маскав занг зада гуфтааст, ки аз вазорати дохилӣ омаданд, коғази сафед ва аз кофтуков озод шуданатро биёву гир. Аммо он бача бовар накарда истодааст, ки инҳо рост мегӯянд ва ё фиреб бошад. Ҳам пул бигиранд, ҳам коғаз надиҳанд ва ҳам боз дар руихати розиск монам. Аз ин бача 200 ҳазор рубл талаб кардаанд.

Ҳамин дӯсти ман, ки бо масъули диаспораи тоҷикҳо рафиқ аст гуфт, ки дар ҳақиқат як гурӯҳ милисаҳо омадаанд бо баҳонаи қонуни афв. Пас аз дидани барномаи шумо дақиқ кардам,ки ҳамон ҳайти омада аз УУР бо Бухоризода Мансур ҳаминҳо будаанд,ки аз чанд нафар пул гирифтаанд. Маълум аст бар тибқи ин қонуни авф ин дафъа шумори зиёди муҳоҷирҳо дар амнистия афтоданд. Инҳо омадаанд барои «кор». Онҳоро бояд аз системаи назоратии Русия берун кунанд. Вале ягон нафар бидуни маблағ кори худро ҳал намекунад. Дар асл ин ҳайати омада аз ВКДи УУР порагирӣ омадаанд.

Як нафар аз шиносам бо модаи 247 қисми як дар ҷустуҷу эълон шуда буд. Ҳозир аз вай ҳам ин милисаҳои аз Душанбе ба Маскав омада 200 000 рубл талаб кардаанд.

Он нафарҳо, ки ғоибона қонун татбиқашон шуд, аз шодиву хурсандӣ пули калон медиҳанд. То онҷое ман медонам қариб 9 нафар ба ин ҳайати омада аз 200 ҳазор рублӣ бештар пул додаанд. Боз ҳам зиёданд онҳое мо намешиносем.

Ин бародар гуфт,ки барои ин гурӯҳи милисаҳо бояд аз ҳисоби муҳоҷирҳои Челябинск 200 000 рубл ҷамъоварӣ карду дод. Ҳамин хел супориш шудааст, ки ҳама диаспора ё марказҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Русия бояд аз 200 то 500 000 рубл ҷамъоварӣ карда ба гурӯҳи милисаҳои омада диҳанд. Чунки онҳо барои кори муҳоҷирҳо омадагианд. Бояд кумакашон кунем, ки корҳоро хубу ба хайр анҷом диҳанд.

Ба дасти роҳбарони диаспораҳо руихати шаҳрвандони ба афв дохилшударо дода гуфтаанд, ки барои гирифтани коғази сафедшавӣ бояд 200 000ӣ диҳанд.

Боз ин бародар гуфт, ки имкон дорад ғайри хоҳиши худ Душанбе равад ва як коғазро нишон дод, ки дар он гуфта мешавад

«Салому алайкум.Илтимос, диққат диҳед! Рӯзи 6уми сентябри соли 2026, соати 14.00 ҳамакаса дар назди бинои вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ мешавем. Аз ҳамаи шумо хоҳиш, дер накунед. Вохурӣ ҳатман бо либоси расмӣ, яъне мардон бо костюми сиёҳ, шими сиёҳ, куртаи сафед, пойфзол -ботинкаи сиёҳ, ҷуроби сиёҳ, галстуки сиёҳ;

бонувон либоси расмӣ:- яъне костюми сиёҳ пиджки сиёҳ, юбкаи сиёҳ, блузкаи куртаи сафед, пойафзоли сиёҳ. Аз ҳамаи шумо як бори дигар илтимос, ки ҳамин навиштаҷотро албатта, хонед.

Яъне роҳбарони диспораҳо, марказу созмонҳои тоҷикӣ, ки дар Русияанд барои иштирок дар ҷаласаи 35 солагии истиқлолият даъват шуданд. Ҳамаи харҷу хароҷоти сафар аз ҳисоби худашон.

Ин эълон аз тарафи диаспораи Санкт-Петрбург, Новосибирск ё Самара ба дигарҳо расонида шудааст.

Баъд бо ҳам бо ин бародар дар хонааш суҳбат кардем. Гап дар бораи Маҳмадбекавҳо дар Иркутск рафт. Иргаш Маҳмадбеков, ки ҷониши Исмоили пингвин дар Федератсияи дзюдои Тоҷҷикистон асту солҳост дар ин шаҳр зиндагӣ мекунад. Вай гуфт, ки ҳоло онҳо наметобанд. Як пирашон ҳаст Муриват Маликшоев. Ин Муриват пири ҳамонҳо, дарвозӣ аст. Маликшоев Муриват, раиси диаспораи тоҷикҳо дар Иркутск. Ба гуфтаи ин нафар Маҳмадбековҳоро сур кардаанд. Ҳозир ба гуфтае гурезаанд. Боз аз рӯи баъзе гапҳо ҳоло зораашон доранд, ки биёед, баргардед. Манзур Исоили пингвин, ки Президенти ҷудо аст, ҳамон зора карда истода будааст.

Инҳо калониашон Моёншо ном дорд, падари Сомон Маҳмадбекови чемпион. Як бародарашон Шоҳин дар Иркутск. Иргаш, Шер, Фотеҳ. Якеи дигарашон аз инҳо фарқ дорад, бар зиди инҳо дар  Иркутск кор мекунад. Вақте ҳамин корҳо шуд гашт гуфт, ки «ина пешвотон мемурд муҷоҳидҳоро намекушт, дар ҷанги Қирғизистон мерафтанд. Лаънат кунад пешвотона, ки намекушт Мирзоҷагаву инора, имрӯз наметарсид. Саламу Мирзоҷагаву иёра. Анамита, ки кардӣ, ҳамита мешай, хеле боимон аст, ҳамин гапҳоро гуфтааст.

Шестёркаи инҳо аз Нуробод Шамс ном дорад. Шамсиддин аз Шашволон. Шашволонро дар инҷо ду тақсим кардагӣ. Аз рӯи инҳо бисёр одамҳоро бурданду тюрма карданд. Дар байни бачаҳо мегардад, информатсия мегирад.

Як вақтҳо автобуси Иркутск- Душанбе буд. Як марди ғармӣ бо автобус меомад, худо раҳмат карда бошад, дар пандемия мурд. Вай ҳам аз байни бачаҳо информатсия мегирифт. Инҳо ба мақомот мерасонданд.

Ин Маҳмадбековҳо аз аввал корашон савдои «хоки ватан» буд. Ҳозир хоки ватанро аз инҳо ду касашон мезанад: Иргашу Фотеҳ. Ду бародарш Шоҳину Шер ферма доранд. Ҳасиб-колбаса истеҳсол мекунанд, сеху гушти ҳалолу ҳамин корҳоро мекунанд. Инҳоро як домулло амри маъруфашон карда хеле дар раҳ даровард.

Як одамашонро чанд сол пеш дар Новосибирск бо дору меқапанд. Фурқатча, ки бо инҳо сагу пишак аст. Аз Ваҳдат,аз деҳаи Қатаған. Яктои дигараш Ориф буд, лес мезад, моямоли доғистониҳову ингушҳо буд, гурехт аз инҷо- Орифи Шелехов, узбек аз Ваҳдат. Калони онҳо як мусафед Қаландар, ки пир шуд. Вай ҳушаш меравад, барои «падари миллат» чоплуса бе раҳмаш.

Ҳозир шестёркаи Иргаш дар байни авторитетҳо Сунат -спортик. Бачаи шаҳр, кришаашон Шорух Саид. Бузи дигари Иргаш боз нафари дигар, Сиддиқ додари Муриват Маликшоев.

Вале ҳоло як гапи дигарро аз худам мегӯям, ки ҳозир дар Русия аз прописка дида қайди военкомат безеб шуд. Маҷбур, ҳатмӣ, бояд бимонӣ. Пеш прописка нигоҳ мекарданд. Ҳозир военний учетро мебинанд. Набошад корат намегиранд.

Боз ҳозир бизнесменҳоро сахт гирифтагианд: ФМС, полис, налог. Проверка, рейд, пайи ҳам. Пештар аҳамият намедоданд, чек намезаданд. Аммо ҳоло вазъ тамоман дигар. Ҳозир сахт қапидагианд, рейд карда истодаанд. Дар даруни онҳо одамҳое ҳастанд, ки рост точкаи даркорӣ мебаранд.

Дар овошной база аз Хитой, Қазоқистон, Узбекистон бор меоранд тақсим мекунанд: аз ҳамин идораҳо:-ФМС, налогу полис полний ход, точно ҳамон точка меоянд, мисле, ки медонанд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №394 появились сначала на ISLOH.net.