Архивы Ҳушом Ғуломов - ISLOH.net

Рӯзи байналмилалии озодии баён: «ҳар қадар Оила қавитар шуд-ҳамон қадар матбуот нобуд гардид»
Ҳамасола 3-уми май ҷаҳон Рӯзи байналмилалии озодии баёнро таҷлил мекунад-рӯзе, ки бояд садои ҳақиқат баланд бошад, қалам озод нависад ва журналист аз тарсу таҳдид эмин бошад. Аммо барои Тоҷикистон ин рӯз бештар ба як оинаи воқеияти талх табдил ёфтааст.

Тибқи раддабандии ҷаҳонии озодии матбуот, ки онро Reporters Without Borders таҳия мекунад, Тоҷикистон дар зинаҳои поёнии ин индекс қарор дорад (дар солҳои ахир- тақрибан дар даҳгонаи охири кишварҳо). Ин нишон медиҳад, ки вазъи озодии баён дар кишвар дар сатҳи «бисёр душвор» арзёбӣ мешавад-сатҳе, ки бо саркӯб, сензура ва таъқиби густурдаи журналистон тавсиф мешавад.

Ин воқеият танҳо рақам нест-он бо сарнавишти одамони воқеӣ чен мешавад. Имрӯз даҳҳо рӯзноманигор, аз ҷумла Рухшона Ҳакимова, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Аҳмади Иброҳим, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхонум Мамадшоева, Ҳушом Ғуломов, Хуршед Фозилов ва чандин блогеру озодандеши дигарбо иттиҳомҳои гуногун пушти панҷара қарор доранд.

Бархе аз онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, танҳо барои он ки ҳақиқатро навиштанд ё аз масъалаҳои иҷтимоӣ ва фасод ҳарф заданд. Ин рӯйхат бо чанд ном маҳдуд намешавад- тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, ҳадди ақал 8–10 хабарнигор дар робита ба фаъолияти касбии худ дар зиндон қарор доранд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо ба ин вазъ вокуниш нишон додааст. Созмонҳое чун Reporters Without Borders, Human Rights Watch ва дигар ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки журналистони боздоштшударо озод кунанд ва фишор ба матбуотро қатъ намоянд. Аммо ин муроҷиатҳо, изҳоротҳо ва гузоришҳо то имрӯз натиҷаи воқеӣ надодаанд. Садо баланд шудааст, аммо тағйирот дида намешавад.

Омили асосии ин вазъ, ба гуфтаи таҳлилгарон, сохтори мутамаркази қудрат ва ҳокимияти тӯлонии Эмомалӣ Раҳмонов ва доираи наздики ӯст. Дар чунин низом, ки қудрат, иқтисод ва фазои иттилоотӣ дар дасти як доира ва оилаи маҳдуд қарор дорад, матбуоти мустақил на ҳамчун шарики ҷомеа, балки ҳамчун таҳдид ба қудрат арзёбӣ мешавад.

Дар натиҷа, Тоҷикистон имрӯз ба ҷое расидааст, ки дар он Рӯзи байналмилалии озодии баён на рӯзи ҷашн, балки рӯзи ёдоварии саркӯб, маҳдудият ва мотам аст. Журналистоне, ки бояд садои мардум бошанд, худ ба ҳимоя ниёз доранд-ҳатто адвокатҳо ниёз ба ҳимоят доранд ва ҷомеае, ки аз ҳақиқат маҳрум аст, дар торикии иттилоотӣ боқӣ мемонад.

Оила месабзад-журналист мемирад

Ҳар қадар, ки Оила зиёд ва зӯр мешавад, матбуоти тоҷик ҳам ба ҳамон андоза залил ва заиф шуда истодааст.

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии 26 солаи Раҳмонов замоне дар вазорати тандурустӣ ба мақоме даст меёбад, ки Рухшона Ҳакимоваи 30 сола, хабарнигори мустақил барои ҳашт сол маҳкум ба зиндон шуд. Вале Рухшона Ҳакимова ягона журналисте нест, ки зиндонӣ шудааст. Ба ҷуз аз ӯ боз нӯҳ нафари дигар аз журналистони тоҷик пушти милаҳои зиндон ҳамроҳи ҷинояткорон ба сар мебаранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Парвинаву Тахмина, ду духтари Раҳмонов машғули бизнесанду фирмаҳои чандинмиллиониро мечархонанд, Озодаву Рухшонаву Зарина, духтарони дигари ин диктотури худкома бошанд дар мақомоти баланди давлатӣ ва дар қасру кӯшкҳои муҷаллал ва сари хони пур аз нуқлу наво дар айшу ишратанд. Аммо, бале, боз ҳам аммо….. Улфатхонум Мамадшоева ин бонуи рӯзноманигори 60учандсола дар ин шабурӯзҳо се сол аз ҳукми 20 сол зиндони худро дар маҳбаси Норак сипарӣ кард.

Ҳоло шояд бипурсед, ки Оиларо ба матбуот чи рабте? Инро, нагӯем ҳам фаҳмидед, ки Оила чи оила аст ва аз чӣ Оилае гуфта истодаем. Акнун, ки фаҳмидед, инро ҳам бидонед, ки Раҳмонов, саробони ин Оила тӯли ин солҳо на фақат иқтисоду молия ва арсаи сиёсатро ғасбу тасарруф кард, матбуоти тоҷикро ҳам тавре тохт, ки дигар дар он на ҷоневу мондаву на номе. Чунки Раҳмонов на фақат аҳзобу ҳаракат, сиёсатмадорону дигарандешон, балки журналистонеро, ки ҳарфи як каме дигартар мезаданд, чашми дид надорад. Онҳоро ба унвони манобеъи таҳдид мешиносад, агарчи, барои мисол на Далери Имомалӣ ё Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва ё Хуршеди Фозилу Завқибек Аминӣ ҳеҷ гоҳ даъвои сиёсие накарда буданд, ҳатто барои худи Раҳмонов ҳам чизе нанавишта буданд. Навиштаҳои онҳо, мухотабони онҳо мансабдорону масъулони сатҳи васат буд.

Аҳмади Иброҳим, сардабири «Пайк» як нашрияи музофотӣ дар Кулоб барои интиқоди раиси шаҳри Кулоб 10 сол маҳкум ба зиндон шуд. Даҳ соли умри худро ин марди аз шастсола боло бояд дар зиндон бигзаронад. Вай навишт, ки Бахтиёр Назарзода, раиси Кулоб аз пули бюҷети давлат барои модараш ҳайкал гузошт ва роҳи самти қабри модараш дар қабристонро мумфарш кард, ҷойи онки роҳҳои харобу валангорро дар Кулоб ободу нав кунад. Гуноҳи Аҳмади Иброҳим ҳамин ҳақгӯияш буд. Аҳмад Иброҳимро зиндон карданд. Чунки набояд ҳарфе бар болои ҳарфи ҳокимон бизанад.

Вале баъди чанд вақт маълум гардид, ки Аҳмади Иброҳим ҳоло чизе нагуфта будааст, чун ҳолоҳолоҳост, ки дафтари аъмоли раиси ҳамакнун собиқи Кулоб тавассути мақомот дар тафтишот асту ончики Аҳмади Иброҳим навиштааст аз ҳазорон яке ҳам набудааст.

Ҳаёти ин рӯзноманигор талху шӯр шуд ва муроҷиату шикоёти батакрори бастагони вай ва бастагони ҳамаи ин журналистон, аз ҷумла Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро, ки дар зиндон ҷарроҳӣ шуд Раҳмонов, Озода ва Рустам гӯш накарданд.

Номаҳои дастҷамъии даҳҳо тан аз фаъолони маданӣ, шахсиятҳои шинохта ба Озода Раҳмон, ки гуманизм нишон диҳад, зан модар аст, то Рухшонаро, ки тифли ширхора дар доман дорад, озод кунанд, дар фазо муаллақ монд. Озода ҳатто эътино накард. Пас, вақте мегӯям, ки Оила зиёдтар ва матбуот заифтар шуда истодааст, беҷиҳат нагуфтам.

Барои раҳоии ин журналистон, ба шумули ду зан созмонҳои байналмилалӣ ҳам ба Раҳмонов муроҷиат карданд аммо аз санг садо ҳасту аз вай нест.

Имрӯз, ки дар кишварҳои мутараққии дунё Рӯзи байналмилалии озодии баён, яъне матбуот таҷлил мешавад, дар Тоҷикистон ин журналистон ба хотири ҳамин озодии баён заҷри завлонаи зиндон мекашанд.

Дар ҳаминҷо тасвиреро аз Жанна Кавелйе, мудири бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмони Гузоришгарони бидуни марз дар бораи вазъи озодии баён дарТоҷикистон пешниҳодатон мекунам, ки ҳамин ду рӯзи пеш дар «Озодӣ» сӯҳбат кардааст:

Жанна Кавелйе: «Дар аввали соли 2025 дар паи додгоҳҳои сохтакоришуда хабарнигор Рухшона Ҳакимова ва сардабири “Пайк” Аҳмади Иброҳим ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд. Дар ҳоли ҳозир 9 хабарнигор дар робита бо фаъолияти кориашон дар зиндон қарор доранд. Дастрасӣ ба иттилои мустақил фавқулода маҳдуд аст, сомонаҳои мунаққиди давлат баста боқӣ мемонанд, хабарнигорон назорат мешаванд ва бо ҳабсу таҳдид рӯбарӯ ҳастанд. Бисёриҳо маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд».

Шуморе аз ин журналистони зиндонӣ дар ҳамдастӣ бо мухолифин ва созмонҳои мамнуъа муҷрим шинохта шудаанд, ки ин иттиҳом дар зоту бунёди худ як дурӯғи дигари Раҳмонов ва мақомоти вай аст. Ҳеҷ яке аз ин журналистон, барои мисол бо ман Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи «Ислоҳ», ки Раҳмонов ифротиву даҳшатафкан иттиҳомам задааст, ҳамкорӣ надоштанд.

Иллат ва сабаби асосии саркӯб ва хафақони матбуот, маҳву нобудсозии озодии баён дар Тоҷикистон ин аст ки як Оила ҳокимият меронад. Раҳмонов ба унвони саробони ин Оила фақат дар фикри таъмину таҳкими ҳамин Оила аст. Ҳукумат аз марказ то музофот фақат барои ҳамин Оила хидмат мекунад. Ва, ин Оила фаротар аз қоида ва қонун зиндагӣ дорад. Дору мадори мамлакат дар дасти ҳамин Оила аст. Барои онки мардум ин ҳама дуздиву ғорату шӯру чаповули Оиларо нафаҳмад, Раҳмонов барои матбуот ва озодии баён маҷоли гапзанӣ ва иҷозаи вуҷуд ва будан намедиҳад.

Агар дар Тоҷикистон озодии баён буд, матбуоти мустақил вуҷуд медошт, аз интихоботҳои пур аз мазҳакаву масхараи худи Раҳмонов менавишт, аз он менавишт, ки чаро бояд фарзандони Раҳмонов, масалан Рустам, масалан Озода, Рухшона, Зарина ҳукуматро тасоҳуб кардаанд, аз он менавишт, ки ҳукумати оилавӣ- қабилаӣ -маҳаллии Раҳмонов дуздиву ғоратро ба авҷи аъло расондааст.

Аз хариди самолёти 100 миллиондолларии Раҳмонов, аз суратҳисобҳои оффшории аъзои ин Оила, аз Авестогрупп, аз Фароз, аз Озода кемикал, аз Сифатфарма аз IRS менавишт, ки чи тавр давлатро, мардумро доранд ғорат мекунанд.

IRS, як ширкати ҷаъливу дурӯғӣ, ки солона беш аз 40 миллион доллари мардумро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зада мегирад, Фароз, ҳатто права ва техпаспортро аз ГАИ кашиду гирифт, Тахмина фурӯши чиптаҳои ҳавопайморо аз худ кард, конҳои ангишти мамлакатро Фароз соҳиб шуд. Хуллас ин Оила ҳамаро кашиду гирифт.

Бо ин вуҷуд, ки Ҳасани ишкамбаи додарзани Раҳмонов садҳо ширкату корхонаҳои давлатиро шахсӣ карду гирифт, нафсаш қаноат надод, бозори Панҷшанбе дар Хуҷандро ҳам тасарруф кард. Қабл аз вай Муҳиби номард бошаму зинда бошам бозори Ином дар Шаҳритусро аз моликони аслиаш кашиду гирифт. Автозаправкаҳои Умед-88-ро Шамсулло Соҳибови домоди Раҳамнов соҳиб шуд ва молики он Раҷабалӣ Одинаевро дар зиндон куштанд.

Дар мамлакате, ки ҳама чиз ошкор ва дар дастраси мардум қарор дорад, зарурат ба саркӯбу хафақони озодии баён ва фаъолияти матбуот намемонад, чун давлат росту шаффоф аст, аз касе биму ҳарос ва чизе барои аз халқ рустондан ва пӯшонидан надорад.

Як борон, як барф ё як шамол шуд, Душанбе фалаҷ мешавад, аммо Раҳмонов ба Рустам ҳамчун шаҳрдори пешқадам ордену ҷоиза медиҳад. Дар ҳоле, ки комилан баракс, бояд барои ноуҳдабароӣ ва нолоиқӣ аз кор дураш кунад, ӯро барои президент омода кардан дорад.

Ин гуна давлат, ин гуна ҳукумат, ки ҳамаро дорад мебалъад, ба яғмо мебарад магар озодии баёнро магар таҳаммул мекунад.

Озодии баён як рукни ҳуқуқи башар аст, сиёсат аст. Аммо сиёсат аст дар Тоҷикистон ба моли шахсии Оила бадал шудааст. Сиёсат зайнит шудааст ва фақат бояд Раҳмонов, Рустам ва Озодаву дигар фарзандони ин Оила заниматсия кунанд.

Давлатсафарҳо, абдуллораҳнамоҳо, саъдимаъдиҳо, атомирхоҷаҳо ва амсолаҳум ҳай бале мегӯянду мегарданд. Инҳо ба мардум чи кор доранд. Ҳиҷ гоҳ аз маргу мири ҷавонҳо дар аскарӣ наменависанд. Ҳиҷ гоҳ аз ноуҳдабароии Рустам, ҳиҷ гоҳ аз хонаводагиву маҳаллӣ кардани ҳукумат наменависанд.

Расонае мисоли «Ислоҳ» метавонад дар дохил бошад? Фикр мекунед «Ислоҳ» дар дохил нашрия дошта бошад? Имкон надорад.

Ҳоло агар Озодагон буд, агар Нигоҳ буд, агар Миллат буд, агар Рӯзи наву Неруи сухан буд чи мешуд? Ҳатмани ҳатман менавиштанд, ки чаро бояд Ҳасан биравад дар Хуҷанд бозори Панҷшанберо бигирад.

Мутаассифона имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳолати рукуд қарор дорад ва мардум бо ҳам пичир пичир мекунанд, ҳарфу сухани ҳама зери лаб аст. Мардум мебинанд, аммо гӯё надидаанд, мардум мешунаванд вале гӯё намешунаванд

Агар озодии баён буд журналист аз Фарзона  суол мекард, ки чи тур шуд, ки дар фосилаи чанд моҳ номзади илм шудӣ, аз Рустам мепурсид, ки чи тавр як рӯз дар хизмат набудӣ, ҳоло рутбаи генералӣ дорӣ.

Оила барои он бо озодии баён ва матбуоти мустақил мушкил дорад, ки аз вай метарсад. Метарсад, ки вуҷуди онҳо, амали онҳо мардумро бедор мекунад, маълумоти сиррии хонаводаро берун мебарорад.

Раҳмонов матбуоти озод ва озодии баёнро таҳдид ба бақои худ, ба ҳукумати худ медонад. Агар чанд соли пеш навиштан дар бораи Раҳмонов табу буд, ҳоло дар бораи кулли Оила навиштан табу аст.

Барои ҳамин мо гуфем, ки ба андозаи зиёд ва зӯр шудани Оила матбуот дар Тоҷикистон заиф ва залил мешавад. Ҳар қадар, ки Оила калон шуда истодааст, ҳамон қадар дуздӣ, ғорат, зиёд шуда истодааст. Оила соҳиби аъзои нав мешавад ва ин узви нав ҳам ба дуздӣ рӯ меоварад, чунки инҷо ҳама ҳаминкораанд, аз худи Раҳмонов гирифта то Анӯшервон. Маълум аст ки дузд мехоҳад ҳама чизаш пинҳон бошад, ба даст наафтад. Аммо матбуоти озод дуздро менависад ва дузд ба даст меафтад.

Ҳукумати халқӣ не, ҳукумати зидихалқӣ аз озодии сухан ва матбуоти озод метарсад. Чунки сиру асрораш гуфта мешавад, чунки расвоиҳояш рӯ мезанад, дурӯғҳояш ошкор мегардад.

Барои ҳамин Раҳмонов душмани озодии баён аст. Агар Раҳмонов софу тоза буд, матбуот-даҳҳо нашрияро намебаст. Озодии баёнро кордор намешуд. Журналистонро зиндонӣ ва фирорӣ намекард.

Озодии баён ва матбуоти мустақил бо ҳукуматҳои оилавии назири ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ созиш нахоҳанд кард. Ин ду ду қутби мухолифанд.

PS: Оилае, ки барои зинда мондан матбуотро мекушад, дар асл аз дарун мурдааст. Қудрате, ки ҳақиқатро зиндонӣ мекунад, худро фош мекунад-ҳамчун тарс, на қувват. Онҳо метавонанд журналистро банданд, даҳонҳоро бубанданд, расонаҳоро хомӯш кунанд-аммо ҳақиқатро не. Ҳақиқат дер мекунад, вале меояд. Ва он рӯз, на қалам дар занҷир мемонад балки онҳое, ки аз он метарсиданд.

Сообщение Рӯзи байналмилалии озодии баён: «ҳар қадар Оила қавитар шуд-ҳамон қадар матбуот нобуд гардид» появились сначала на ISLOH.net.