Архивы Ҷӯраев Зариф - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№354
Ин бор аз Норак, Душанбе, Кӯлоб, Конибодом номаҳо дорем. Муаллифи нома аз Кулоб муътақид аст ки ба маҳзи вориди бозори гӯшт шудани говҳои фермаи «Мармари»-и Рустам ва гӯшти мурғаш нархи гӯшт ва фаровардаҳои гӯшт дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла Кулоб боло рафт.

Кандани қабристонҳои Душанбе-пойтахти азизи кишварамон аз тарафи Рустами Эмомалӣ боиси нороҳатии сокинони шаҳр шудааст. Муаллифи нома аз Душанбе дар бораи ҳамин масъала навишта гуфтааст, ки Рустам ин қабристонҳоро барои бизнеси домсозии худ канда истодааст.

Номаи расида аз Норак бошад дар бораи сафари Раҳмонов дар 24 апрел ба ин шаҳр мегӯяд. Муаллиф мегӯяд, ки барои онки Раҳмонов нороҳат нашавад, садои азонро дар масҷиди ҷомеъ, дар намози ҷумъа сокит карданд.

Як нома аз Бохтар Қурғонтеппа дорем, ки муаллифи он  бо истинод ба як полковник баъзе аз сиру асрори сӯҳбатҳои Раҳмоновро навиштааст.

Нависандаи нома аз Конибодом дар бораи информатор-бузҳои ҷамоати Лоҳутии ин шаҳр навишта баъзе аз «корномаҳояшон»-ро бо номҳои онҳо зикр намудааст.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Раҳмонов дар Данғара боз барои бачааш Рустами наркоман як птитца фабрикаи нави «Мармарӣ»-ро ба сохтан сар кард. Бародар Муҳаммадиқбол. Як чизро мегӯям, бовар кунед, ки аз рӯзе ҳамин Рустам фермаи Мармариро дар Ёвону дар Данғара сохт ва дар Душанбе забҳхона ташкил кард, нархи гӯшту тухми мурғ ва гӯшти гов ҳатто дар шаҳри мо ҳам баланд рафт.

Як бародар дар 33 микрорайон як шиноси ургутӣ дорад, ки қассоб ва гӯштфурӯш аст. Ин бародар аз қавли ҳамон гӯштфурӯш гуфт, ки одамони Рустам ҳар сари чанд вақт омада гӯштфурӯшҳоро таъкид ва таҳдид мекунанд, ки нархи гӯштро поин набаранд.

Ман чи гуфтаниам? Тамоми чизе, ки ин оила гирифт, номер, техталон, техосмотр, билети ҳавопаймо, нӯшобаҳо (Сиёма) справкаи мактаб, лабораторияии беморхонаҳо, ангишт, маводди сӯзишворӣ, ҳатто памперс чандин баробар боло рафт. Роҳкирои таксиҳо ба дараҷае боло бардошта шуд, ки пеш вақте таксиҳо бо бензин мегаштанд ин қадар гарон набуд.

Ин Раҳмонову оилааш ақли сершавӣ надоранд. Наход мурғу гову памперсро ҳам шумо гиред? Имон, ки надоранд. Ҳаёву шарму инсоф рафт, аз ин мамлакат рахт бастанд. Чунки роҳбари давлат дар ин мамлакат дузди калон ва дузди асосӣ асту бачаву набераҳои бешумораш аз худаш ҳам бадтаранд.

То вақте инҳо дар сари қудратанд мардуми тоҷик на рӯи ободӣ мебинад ва на нони ба серӣ пайдо мекунад.

Ин птицасфабрикааш ҳам барои мардуми Данғара, ки дарди сар хоҳд шуд. Чуноне фермаи гови «Мармарӣ» дар Ёвон боиси ранҷу машаққати мардуми онҷо шудааст.

Душанбе

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман барномаҳои шуморо мунтазам тамошо мекунам. Дар маҳаллаи Яккачинори Душанбе зиндагӣ мекунам. Гапи зиёд намезанам. Рӯирост мегӯям, ки лаънати Аллоҳ ба Рустам ва аҳлу оилааш бод. Рустам имрӯзҳо аҳолии пойтахтро ҷигархун кардааст. Ва имрӯз на фақат ман, тамоми сокинони пойтахт дар ҳақи Рустам дуъоҳои бад карда истодаанд.

Дар шаҳри Душанбе қабристонҳои мардумро, ки аз замони шуравӣ монда буданд, махсусан қабристонҳоеро, ки дар ҳамвориҳои Душанбе қарор доранд, ҳамаашонро аз як сар канда чапагардон карда истодааст. Ба ҳамаи онҳое, ки наздиконашон дар он қабристонҳо гӯр карда шудаанд, фармон доданд, ки ки омада мурдаҳоятон ё чизе аз онҳо мондаро канда бурда дар дигар қабристон гӯр кунед.

Падари Рустам як барбар мардуми зиндаи Душанберо любой хел қир карду карда истодааст, акнун навбат ба мурдаҳо расид.

Раҳмонов ва Рустам Аллоҳ лаънататон кунад.

Мардуми бечора қабрҳоро канда мурдаҳову устухонҳои наздиконашонро ба суфи сафед печонида ба дигар қабристонҳо бурда истодаанд. Дар ҷойи ин қабристонҳо Рустам дом месохтааст. Боз ин Шӯрои уламои Саидмакаррам фатво содир карда ин амали шанеъи Рустамро сафед карда истодааст. Гуфтааст, ки кандани қабрҳо мумкин аст. Бовар кунед, як хел мурдаҳоро нав гур кардаанд. Ақалан мегуфтанд, ки як сол, ду сол дар ин қабристонҳо дигар гӯр накунед ва сипас ин кори зиштро мекарданд.

Рустам барои нафси бади худаш домҳоро чапа карда истодааст, ҳатто домҳои то 12 ошёнара. Мардуми бехонаву дар монда намедонад куҷо раванд то анҷоми сохтумон. Акнун боз мардумро дар мурдакобӣ заданд.

Дар шаҳр бе ист чаппа кардани домҳои то 12 ошёна рафта истодааст. Мардум   барои иҷора квартира наёфта истодаанд. Нархи иҷора дар осмон.

Дар як кӯчаи марказии шаҳри Душанбе-хиебони Рудакӣ 12 доми баландошёна, ки то 18-20 ошёнаанд, аз Тахминаву Ҳасани Ориёнбонк будаанд. Домҳои хиёбони Рудакӣ 110, 112, 130, 132, 134, 136 боз доми баъди чорроҳаи Фурӯшгоҳи марказӣ,, ки дар умум 4578 квартираро ташкил мекунанд, холӣ ва шахсии онҳост.

Тахмина дар чорроҳаи гостиницаи Тоҷикистон як доми калон сохтааст, ки танҳо барои худаш мебошад. Бо охрана ва амнияташ.

Чи тавре, ки Воҳиди шогирди Ҳасани Ориёнбонк гуфтааст:     «чашми и Раис сер нашид».

Аз соли 2010 то соли 2013 ҳамин Воҳид бо Холмирзо, ки ҳарду одамони наздики Ҳасани Ориёнбонканд, аз Ҳасани Ориёнбонк зиеда аз 3 миллион доллар дуздидагианд- бо изофанависиҳо ва фурӯши маҳсулоте, ки барои сохтумонҳои гуногун буданд. Аҷиб.

Аҳволи мардуми Душанбе вазнин. Тамоми мардум дуъои бад доранд. О, барои чи ин қадар сохтумонҳо? Тамоми домҳои сохташуда, холианд.

Норак

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Рӯзи бистучоруми апрел рӯзи ҷумъа буд. Президент ба шаҳри Норак омад. Дар деҳоти ҷамоати Тутқавул намози ҷумъаро бе микрофон хонданд. Гуфтанд свет нест. Аммо дар даруни масҷид вентилятор кор карда истодааст. Намози ҷумъаро бе микрофон хондем. Амниятиҳо гуфтаанд, ки имрӯз президент дар даруни боғи анор абед кадестаи, авози азона нафаҳма, настраениш мепара, азона бе микрафон бхонен». Гуфт ҳар ҷумъа ба микрафон мехонданд, аммо ин ҷумъа бе микрофон. Панҷоҳ фоизи мардум намозашро нахонд. Мегӯянд Ҷаноб омадааст, роҳҳоро толпа накунед.

Гуфтаанд, ки агар бо микрофон мехонед масҷидро маҳкам мекунем.

Тавба, мегӯянд свет нест вале дар даруни масҷид вентилятор кор карда истодааст. Дар ҳама деҳа свет буд. Ба мардум дурӯғ гуфтанд, мардумро хандааш гирифт.

Аҷаб. Ин Раҳмонов то ба ҳамин дараҷа дини исломро бад медидааст. Вале вай чанд бор ҳаҷ рафт. Ҳамааш дурӯғ будааст. Наход барои мусулмон овози азон нофорам бошад?

Баъд аз онки дар бораи корҳои  Дилшод Асоев видео карда пхш намудед ӯро аз кор гирифтанд ва ҳоло як сол мешавад, ки бекор гаштааст. Дар бораи Орзу прокурор видео мекаден тағоиш Темур бачаи Темур харсеш прокурор дар кор шава хонаи Темур кати хонаи Орзура видео мекнам.

Тағои Орзуои прокурор Темур дуэтажа котеҷ дорад. Хона даруни хона,18 комната ҳавзи оббозӣ-бассейн дорад, бо беваҳо отдих мекунад

Ин масчид дар деҳаи Тутқавул қарор дорад. Пешдарои масҷид ҳоҷӣ Абдулҳай ном дорад. Хонаи Абдулҳай дар наздикии вокзали Норак мебошад. Дар намозҳои ҷумъа ва идҳо пешдарои мсҷиди Тутқавул ҳамин одам аст.

Дирӯз, рӯзи омадани президент рӯзи ҷумъа буд. Роҳҳоро баста буданд. Агар президент халқӣ мешуд меомад бо мардум намоз мехонд….

Бохтар

Асалому алейкум бародари қиёматиям Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман ҳамон бародари қиёматии шумо ҳастам, аз Қурғонтеппа.

Боз як хабари нав ба шумо мерасонам. Ман бо ҳамон полковнике, ки вомехурдам боз вохурдам. Мо шишта дар як сталовий суҳбати бародарона кардем. Сӯҳбати мо аз сарбозон шуруъ шуд. Полковник гуфт, ки инро ҷаноб бо худаш бизнес кардааст.  Ин сарбозоне, ки дар хизмат ҷон аз даст медиҳанд инро ҷаноб худаш мегуяд, ки аз ҳар част дар як сол 2 ё 3 сарбозро кушед, модарони инҳо метарсанд, фарзандони худро бо хизмат равон кунанд. Баъд пули вазнин мегирем, фоидаи калон ба даст меорем. Ин мешавад бизнеси пулкоркунӣ. Ин полковник гуфт дар як ҷо шишта сад грамм задагӣ бо чиновникояш гуфтааст: «диден чи хел ин милата қоқоқоқ фалон кадам, ки чи корешон кунум овоз баланд намекунанд, ана ира меган буқагӣ, чизе хостум кадум дар ҳақи ин милат, любой фарзандамро дар куҷое хостам ба кор мондам, касе чизе гуфта натонист».

Ман гуфтаниям, ки э, булдок! Ин шо Аллоҳ камат мондааст:

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад,

Агар сӯзад, шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.

Чи хеле мегӯӣ ин миллатро ман таҷовуз кардам, ки овозашон намебарояд, метарсанд, сабр кун ин шо Аллаҳ навбати ту ҳам мерасад.

Бародари азиз аз номи дӯсти шумо полковник салом мерасонам. Гуфт ин шо Аллоҳ  ғалаба дар дасти ҳамон аст. Гуфт, ки ин булдокро камаш мондааст. Хандида гуфт, ки «Ислоҳ» ба пеш!

Дар охир гуфтаниям салом ба модари азизи меҳрубонам, дуъогу бошед дар ҳақи фарзанди дур аз модар. Зеро дуъои ғарибон тез мустаҷоб мегардад дар назди худованди пок. Ба ҳамаи муборизони шерони нар аз ҷумла Муҳаммад Тағоев саломи моро расонед. Шери нар шуморо ҳам тамошо  мекунам. Худованд ҷойи модари шуморо ҳам ҷаннат гардонад.

Конибодом

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Аз ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом бароятон ин номаро равон мекунам. Номи ин навиштаро «Шағолҳои ҷамоати Лоҳутӣ ё худ информаторҳои амният» гузоштам, ки хоҳед гузоред, нахоҳед ҳам боке нест. Аммо хоҳиш мекунам, ки зудтар нашр намоед.

Хабарҳои бошандагони ҷамоат дар муддати чанд вақт аз бадкорони мансабдори ҷамоат каме бошад ҳам тағироту дигаргунӣ оварда сабаби беҳбудиҳо гашта буд.

Мо, чанде аз сокинони ин ҷамоат хостем аз кору амали баъзе аз беномусони деҳа ҳам мардуми ҷамоатро огоҳ кунем ва ҳам кордиҳандагони ин беномусонро. Аз дасти ин нафарон чанде аз ҷавонони деҳа зиндонӣ шудаанд. Аммо боз ҳам онҳо амалҳои нангини худро зидди ҷавонони ин деҳа истифода бурда истодаанд.

Ҳар чи мусибатҳое, ки ба ин ҷамоат омада истодааст самараи дасти ин информаторҳо ҳаст. Барои ҳамин бояд ҷамоати Лоҳутӣ «қаҳрамонон»-и худро шиносад ва аз онҳо огоҳ бошад.

1. Сангинов Абдушукур— нафақахӯр, дар гузашта коргари ҷамоат, заминсоз буд. Дар вақти вазифа доштанаш чандин заминҳои наздиҳавлигиро аз соҳибонаш ғасб карда яъне худаш заминро расмӣ карда ба дигарон мефурӯхт. Ҳатто як қитъаи замине дар деҳаи Лоҳутӣ бударо аз соҳибаш махфӣ ба расмият дароварда ба як муаллиме, ки қассоб аст ва духтараш дар амнияти вилоят кор мекунад, фурӯхтааст ва он заминро муаллим ба домодаш, ки аз Лоҳутӣ аст, бахшидааст. Ва албатта бо дасти ин коргарзани амният.

Сангинов Абдушукур баъди ба нафақа баромадан ба амнияти шаҳри Конибодом ҳамчун информатор дохил шуд ва боз баргашта ба ҷамоат омад. Лек ин дафъа ба вазифаи дигар, ки бо мардуми ҷамоат алоқамандӣ дорад, корро оғоз кард. Ва кори асосии вай иборат аз он аст, ки аз китоби рӯйхати хоҷагиҳои ҷамоат кадом оила чанд писар фарзанд дорад ва ба кадом сину сол расидааст ва айни ҳол дар куҷо қарор дорадро хабар диҳад. Бо дасти ин русиёҳ чандин нафар ҷавонҳо маҷбуран ба хизмати сарбозӣ фиристода шуданд. Чандеи дигарро, ки дар телефонҳояшон ягон сурати мулло ё видеои мусулмонӣ, масалан амри маъруфе дошта бошанд, ба мақомот информатсия медод ва аз тарафи амният бар зидди он ҷавонон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда мешуд ва онҳоро бо моддаи 307, қисми 2 гунаҳкор дониста дастгир мекарданд ва баъди тафтишоти ноҳақона ба муассисаҳои ислоҳӣ равон карда мешуданд.

Агар кӯчаеро аз тарафи худи халқ мумфарш гардонанду аз вилоят ё ҷумҳурӣ ягон журналист омад, албатта Абдушукур баромад карда ин кори Ҷаноби олӣ гуфта рӯирост лаганбардорӣ мекунад. Албатта, ки ин маълум аст- амният одами бовариноки худашро ба ин кор сафарбар мекунад. Инҳо ягона корҳои ин беномус нест. (Абдушукур ту мардуми як ду деҳаро зулм мекуни лекин чи хеле ки хуб медонӣ духтари беномусат туро дар рӯи ҷаҳон шарманда кард. Қиссаи ин барои баъд…).

2. Ғаниев Абдуманон (Манкашеф)- ин як мурдахури тайёр. Информатори амнияти Конибодом ва қисман амнияти вилоят. Дар даврае, ки Ҷӯраев Зариф раиси кумитаи замнсозии Конибодом буд, шестёрки Зариф буд. Дар тамоми ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои Конибодом замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва чанд иншоотҳои аз давраи шӯравӣ мондаро соҳиб гаштааст. Ва ҳамаи ин объектҳоро ба номи хоҳару хоҳарарӯс ва хешу табор, зану модараш гузаронида гирифтааст. Ва вақте ки ин амалҳои инро Ҷӯраев Зариф мефаҳмад ба ӯ эътироз мекунад, ки ту хело аз худ рафтаӣ. Ин суханҳо ба вай маъқул намешавад ва Зарифро подстава карда зиндонӣ мекунад ва ронандаи ӯро, ки Абдуазиз Ашуров ном дошт тарсонида ба худкушӣ мерасонад, то ки ба ин корҳои вай ин шахсиятҳо халал нарасонанд.

Қонуни дузанагӣ барои ҳама дахл дорад вале барои Ғаниев Абдуманони Манкашеф дахл надорад. Барои онки кришаи вай амнияти Конибодом аст. Фақат байни мардум мегардад ва бо ҳама бо як кибру ғурур ва бо пичинг гап мезанад.

Дар ҷойҳои мо ҳеҷ вақт одами калонсол майдаро «шумо» гуфта хитоб намекунад. Ягона одаме ки дар ҷамоат ҳамаро шумо гӯён муомила мекунад ҳамин мебошад. Зеро бо ин намуд сухангӯйӣ ҳама гапро аз мардум кашида мегирад ва ин як намуди истеҳзо ба мардум аст ва инро ҳама хуб медонанд.

Кадом инсон намозхон шавад дарав хабар медиҳад, ки вай изоркалта шудааст. Кадом одам пулдор шавад ё шантаж мекунад ё бо ягон чиз ба амният албатта хабар медиҳад. Ҳар инсоне, ки ҳамроҳи ин инсон мегардад ё дӯстӣ мекунад албатта, дар охир ё зиндонӣ мешавад ё мемурад. Ин 100 фоиз ҳақ. Ҳама мардум медонад, лекин ба сабаби инсони ҷангӣ буданаш ҳама аз вай меҳаросанд.

Як объектро ба чанд кас мефурӯшад, лекин ҳама бе ҳуҷҷат ва бе молу замин мемонад. Чунки шабона рафта ба хонаи ҳамон одам таҳдид ба куштор ё дигар чиз мекунад, ки вай аз тарс аз баҳри ҳама чиз мебарояд. Сабаб онки информатори амният аст ва забони онҳоро низ кӯтоҳ кардааст.

3. Дадаҷонов Шарифдомулло: ин муллои деҳаи Лоҳутӣ аст. Дар гузашта чанд номае дар бораи ин муллои касиф шумо нашр карда будед. Ин муллои зинокор рӯирост дар масҷид мардумро барои ёфтани аскарбача барои хизмат маҷбур мекунад ва агар наёбанд аз онҳо 50 сомонӣ ҷамъ мекунад. Барои онки бо он пул аз дигарҷо аскарбача мехарад. Ана муллою мана мулло.

Э, мардум чашмҳоятонро кушоед. Аз рӯи қоидаи давлат ҳатто муллоҳо барои аз давлат хориҷ шудан бояд иҷозати амният гиранд. Ва ин одам ҳарсол агар ба Россия равад чанд бачаҳоро рӯйхат карда ба амният оварда мерасонад ва амният ба сари он бачаҳо обиҷӯш мерезад. Ё хизмат мефиристонад ё зиндон. Интихоби сеюме нест. Ин муллои ғарбоз дар ҳама ҷо боз лоф зада амният ин коро кард ман ин корро кардам мегӯяд. Ғарбозии инро ҳатто Ҷалилов Эмин, собиқ коргари ВКД ба рӯяш дар маъракаҳо мегӯяд, боз хандида фахр мекунад.

4.Раҳмонов Алишер:  ӯ камазчӣ аст.Ин як ҷавони беномус, ки дар деҳаи Лоҳутӣ мағозаи хӯрокворӣ дорад. Аз ҳама гап гирифта начаконида ҳам ба амният ва ҳам милиса хабар медиҳад. Аз як тараф ба амнияти Конибодом ва аз тарафи дигар ба шуъбачаи ШКД-и Конибодом дар ҷамоати Лоҳутӣ. Ҳамаи он ба ҳамон сабаб ки мағозаашро кришават мекунанд ва ҳам барои паҳн кардани бангу таблеткаҳои психотропӣ ва қиморбозӣ кришават мекунанд ва дар доля шарик ҳастанд. Ба сабаби ин беномус ҷавонони ҷамоати Лоҳутӣ ё зиндонӣ, ё нашъаманд ё аз молу мулкашон ба сабаби қимор бенасиб мегардад.

5. Ҳама кормандони ҷамоат аз раиси ҷамоат то фарроши он зану мард ҳамеша ва ҳамавақт дар хизмати амният ҳастанд.

Боқимонда шағолҳо информаторҳои милиса дар номаи дигар маълум мегарданд.

Албатта, мо умедворем, ки сокинони ҷамоат чашмонашон кушода мешавад ва то кадом дараҷа бад будани душманонашонро ҳис мекунанд. Огоҳ бошед, ба ҳама сухани изофӣ нагӯед то бар зидди худатон истифода нашавад.

Умедворем, ки номаи моро нашр мекунед, то ин нохалафон ислоҳ шаванд!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№354 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №90
Ҳоло шумораи 90-и «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет» ба нашр супорида мешавад. Мутолиаи ин номаҳо як нуктаро бароямон ошкор ва яқин кард. Дар Тоҷикистон ҳама чизро мешавад хариду фурӯхт. Пул ҳақро ба ботил ва ботилро ба ҳақ табдил медиҳад. Ин ба он маъно аст ки аз идораи ҷамоат гирифта то раёсати ҷумҳурӣ ҷойи қонун пул ҳама чизро ҳал мекунад.

Сабаби асосӣ дар он аст ки ҳукумат аз болои боло ҳукуматдорӣ неву ба пулҷамъовардан машғул аст. Ҳамачизро, ҳатто инсофу имону шарафашонро Раҳмонову Озодаву Рустам мехаранду мефурӯшанд. Ҳоло дар номаи аввали ин барнома ин ҳолатро худ шоҳид мешавед:

Файзобод

Салом алейкум устод! Ман аз ноҳия Файзобод, деҳаи Дашти марзо ҳастам. Феълан онҷо зиндагӣ намекунам. Дирӯз занг зада як хабарро гуфтанд, бовар, кун хобам набурд. Як шахс номаш Сарабег мебошад. Бо як ҳамсояаш чи бадбиниву хусумате доштааст. Ҳамсояаш Наҷмиддин. Як набераи Наҷмиддин дар поёни деҳа ба чаронидани говҳои бобояш машғул будаст. Ин номарди Сарабег он духтарбачаро, ки ноболиғ аст, ҳамагӣ даҳ сол дорад, яъне синфи 3ро маҷбурӣ дастдарозӣ мекунад. 10 сомонӣ медиҳаду мегуяд, ки ба ҳиҷ кас нагу. Аммо кудак меояду ба очааш мегуяд. Очааш бо падараш назди Сарбег мераванду мегуянд, ки ту бо кудаки мо ҳамин корро кардаӣ. Дар аввал ба гардан намегирад. Вале баъд ба гардан мегирад, қоил мешавад ва мегуяд, ки гап ҳаминҷо монад. Мегуянд,ки 50000 сомонӣ медиҳӣ, гап мемурад. Вай ҳам розӣ мешавад ва бахшиш мепурсад ва пулро медиҳад. Аммо инҳо пинҳонӣ ҳамаро ба навор мегиранд ва мераванаду ба отдели Мискинобод мегуянд. Хулоса милисаҳо аз отдел меоянду Сарабегро мебаранд.

Сарабег як бародар дорад, номаш Сафарбег.

Инҳо ҳарду қассобанд гов мехаранду мекушанду мефурӯшанд дар бозори Мискинобод. Ҳамин бародараш ба воситаи Ҳоҷӣ Хол мебарояд корҳоро тинҷ мекунад. Ягон сумашонро мегирад. Ин ҳоҷӣ Хол фамлияаш Раззоқов аст. Вай як хокзани Исмоили дастбахайр аст. Як по дар мафия қуш аст. Мо мехоҳем, ки ҳақиқати ин ҳодиса ошкоро гардад. Ва ин Сарабеги ноҷавонмард бояд ҷазояшро гирад. Мо, ба ҳоҷӣ Хол Раззоқов  гуфтанием, ки инҷо лезит накунад. Ин Сарабег зану кудак дорад. Бо онҳо чи хел нигоҳ мекунад?

Вале мардуми мо ором намегирад. То охири қазия ҳамроҳи падару модари он духтарчаи даҳсола хоҳем буд. Мо аз духтарони худ дар изтиробем ва агар пеши роҳи чунин ҷинояткорони педофилро нагирем ин рӯзу рӯзгор ҳар яки моро дар оянда интизор аст.

Мо, бовар дорем, ки баъди нашри ин номаи мо кормандони мақомот гунаҳкорро ба сазои аъмолаш мерасонанд.

Душанбе

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.  Як хоҳиш дорам аз Шумо.Мехоҳам дар барномаи ояндаи “Минбари муҳоҷир” ва ё “Номаҳо аз ноҳияҳо” роҷеъ ба яке аз суханҳои Раҳмонов, ки дар иҳотаи чанд собутилникаш дар сари дастархон гуфтааст, суҳбат кунед.

Воқеа чунин аст. Яке аз шахсони сари дастархон буда мегуяд Ҷаноб масъалаи ҷойҳои кориро сахт дидан даркор, фабрикаҳо сохтан даркор, то халқ ба муҳоҷират наравад. Русия тоҷикҳоро беқадр кардаст, муҳоҷирҳоро ҷамъ кунем. Шумораи муҳоҷирони мо аз миллион ҳам гузаштааст.

Раҳмонов дар ҷавоб мегуяд: «мада по..й, мон браван, даф шаван, ҳазор кас бошаву худам президент бошм.Чи ғами муҳоҷирора мехрен. Муҳоҷиро на хешу табори манан ,на аз шумо. Барои ҳамин к…ма гаранг накунен муҳоҷир гуфта».

Яъне Президенти Тоҷикистон муҳоҷирҳоро одам ҳисоб намекунад ва мақсад ва ҳадафи ӯ ин аст ки дар Тоҷикистон ҳақи зиндагиву кор танҳо оилаи вай ва лаганбардоронаш доранд. Халқи муҳоҷир бояд донанд, ки онҳо бесоҳиб буданд ва бесоҳиб мемонанд. Ӯ худро президенти танхо авлоди худу ҳаммаслаконаш медонанд.

Оё боре шунидаед, дар сафарҳояш номи муҳоҷирро гирифта сухан карда бошад? Барои вай ин қишри ҷомеа вуҷуд надорад ва проблемаҳояшон низ ба ӯ дахл надорад. Акнун халқ бояд ҷавоби ин муамморо, ки чаро Раҳмонов номи муҳоҷирро дар мулоқотҳояш ба забон намеораду проблемаи глобалии ӯ пиряхҳоянд, на муҳоҷирон. Пас муҳоҷирон ва наздикони муҳоҷирон хуб донанд ва хулосаи худро барорад.

Сабаби дар Русия дар бораи муҳоҷирон ва проблемаҳои онҳо сухан накардани Раҳмонов низ ҳамин  шиори Раҳмонов аст:

«Ҳазор кас бошаду худам президент бошам,муҳоҷирҳо,ки хеши ман ва шумо атрофиёни ман нестанд».

Ҳаногме ин суханро навишт, ман шахсан чун намехоҳам туҳмат кунам ҳатто ба Раҳмонов. Аз ӯ пурсидам чихел метавони бароям докозат куни,ки ин суханонро Раҳмонов гуфтааст?
Сари дастархон инҳо буданд(…………дар фалон ноҳия ин кор шуда буд аммо илтимос шумо нагуед  онҷо ҳамагӣ чанд нафар буду бо гуфтани номҳояшон ман худро нобуд месозам ва чанд нафари  дигарро, ки чандтои онҳо  солхурдаву ба ин кору роҳбариҳои Раҳмонов тамоман норозиянд.)
Ин шабнишинӣ 2,5 сол пеш буд ва муддати ин солҳо ин сухани шунидаам маро азоб медиҳад. Ва мехоҳам ҳама донанд нияту мақсади ин касифро. Агар бовар накунед, ман чизе карда наметавонам. Дар инчо суҳбат оиди чанд масъалаи дигар ҳам буд ва он гапҳояшро ба он хотир нанавиштам, ки маълум нашавад кадом шабнишинист ва барояшон муаммо шавд, ки гап аз куҷо баромад. Ман бовар дорам Раҳмонов бо дигар касҳо низ чунин гуфтааст.

Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Найман, ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ҳастам. Мехоҳам гапи ҳақро гуям. Дар мактаби Найман МТМУ №26 хондагиям. Вақте ман мактаб мехондам пули мактаб ҳармоҳ 10 сомонӣ буд. Аммо ҳама ин маблағро додан наметавонистанд. Ҳар касе пул дода наметавонист, маҷбур аз дарс бароварда хонааш мефиристоданд, ки бираваду пулро оварад. Дар ҳар маросиму ҷашнҳо Соли Нав, Рӯзи муаллим, Наврӯз ва Занги охир аз синфҳо пул ҷамъ мекарданд.

Ду сол пеш пули моҳонаи мактаб 15 сомонӣ шуд. Ҳозир бошад ҳар моҳ 20 сомонӣ шудааст. Мактаб 500 талаба дорад. Агар дар як оила 3 нафар талаба бошад 2тоаш  пулро метияд, яктоаш озод. Агар ҳатто 300 талаба моҳона 20 сомонӣ диҳад дар як сол 180 сомонӣ мешавад ва 180 сомониро ба 300 зарб занем 54.000 сомонӣ мешавад. Инҳо 54 000 сомониро чи кор мекунанд. Дар ҳоле, ки дар мактаб барои талабаҳо китоб намерасад. Ва аксар муаллимони ин мактаб бесаводанд. 10 ё 15 муаллим аз Исфара- аз шаҳр. Нисфи инҳо нахонда ба мактаб ба кор даромада баъд ба таври ғоибона ба хондан мераванд. Дар як сол ду бор ду ҳафтаӣ хондан мераванду тамом.

Ҳозир боз як чизи дигар. Талабаҳо аз муаллимон на инки наметарсанд, ҳатто ибо намекунанд. Директори ҳозираи мактаби 26 Мамадалиев Мухлиса аст. Муаллимҳо ду ё се бор дар як ҳафта дар мактаб отдельно худашон ош карда мехуранд. Аз талабаҳо пул мегиранд ва дар мактаб ош карда мехуранд. Ҷамоати деҳоти Сурх ранги пешвояш ҳаромхур шудааст. Раиси ҷамоат Аҳмадов Сарвар, писари Аҳмадов Обид мебошад. Дар бораи падараш дар «Номаҳои № 69» гуфтед. Ҳар чизе дар бораи вай гуфтед ҳамааш 100℅ рост аст. Писараш раиси ҷамоат аст, падару модарони призывникҳоро ба ҷамоат ё ба амният мебаранд. Як ҳамдеҳаамонро аз болои деворашон баромада вориди ҳавлияш шуда дарро кушода модари ӯро ба Идораи ҷамоат бурданд. Баъди гирифтани баёнот ва пули мехостаашон ҳамон рӯз ҷавобаш медиҳанд. Аммо ин ҳодиса ягона нест. Даҳҳо ин гуна мавриди ҳодиса дар ин деҳа руй дода истодааст.

Эй, найманиҳо барои чӣ метарсед, ҳақро гуед. Номи ин маҳалла пеш Найман буд, ҳозир Раҳмонов номашро ба Сароб иваз кард. Гуфтаниям, ки найманиҳо худашон пул ҷамъ карда кучаҳои Найманро асфалт карданд. Дар ҳоле, ки мебоист Раҳмонов  асфалт кунад. Аммо Раҳмонов пул мехурад, мардум асфалт мекунанд. Дар Найман кучаи асфалт накарда намонд, аммо бо пули мардум. Як соҳибкори сурхӣ гуфт, ки ҳозирам  аз Исфара то Ворух, ё то Чоркуҳ асфалт кунам. Аммо дар ҳукумати Исфара гуфтанд, ки пулро барои мо деҳ худамон мекунем. Он соҳибкор пулро надод. Як соҳибкори дигари найманӣ гуфт, ки дар Найман масҷиди калон месозам, аммо иҷозат надоданд. Дар барномаи номаҳои 71 дар ин бора гуфтед, ҳамааш 100℅ рост.

Як марди ин маҳалла зиёфати набера кард. Ҳамагӣ10 ё 12 одам даъват шуда буд. Бузҳо хабар додан. Омада сиёмка  карда тарсу бим доданд. Бо як азоб бо додани 2000 сомонӣ халос шуд ва зиёфати барои наберааш, заҳри баданаш шуд. Аммо марди дигарро барои зиёфат 18. 000  сомонӣ штраф карданд.

Дар ҷамоати Сурху Чоркуҳ порахурӣ дар авҷ аст. Юсуф Раҳмон ту куҷоро мебинӣ ? Як бачаи таваллудаш 1997-ро аз Русия таҳдид кардаанд, ки агар хизмат наоӣ хонаатонро кашида мегирем. Ин ҷавонмардро фарзанди дуввумаш ба наздикӣ ба дунё меояд. Аммо ба хизмат бурданд. Дар хизмат занозанӣ ва латтукуб набошад ман хизмат мекунам. Барои чи аз мактаби 26 чоплус намебароред? Амниятиҳо чаро пешвоятонро ҳимоят намекунед, муаллимҳои мактаби Найманро намебароред ба канали Ислоҳ.ТВ дар прямой эфир, ки мардуми Найман ҳам бедор шаванд, ба мисли Шаҳристону Зафаробод аз Найман ҳам бароред.

Агар ба ҷамоат барои як справка равӣ ҳеҷ не 10 сомонӣ медиҳӣ, баъд мегирӣ. Агар барои туй справка  даркор бошад, ё хизмат ё ду -се ҳазор сомонӣ медиҳӣ, баъд туй. Ин чи хел ҳукуматдорӣ? Дар райзакс справка ё метирка ё санади ЗАГС даркор шавад, пули калон мепурсанд. Барои модари ман  метирка даркор шуд,  барои паспорти русӣ.Модарам дар Русия буданд. Аз Тоҷикистон заказ кардем 700 сомонӣ гирифтанд барои метирка.

Дар ҷамоати Сурху Чоркуҳ 4 ё 5 соат дар як рӯз барқ медиҳанд. Дар мактаби Найман барои ҳавзи пожарний халқ пул ҷамъ карда истодааст. Барои як мусобиқаи варзишӣ ҷоизаҳояшро мардуми Найман хариданд.  Дар Найман амният нест, мардум милитсияро бинад, шайтонро дидаги барин  метарсанд. Масҷиди Найман ба номи Умари Одил аст. Аммо инҷо на мавъиза ҳасту на гапи ҳақ. Дар масҷид фақат аз Раҳмонов гап мезананд.

Даҳ сол пеш дар ин масҷид намози ҷумъа хонда мешуд, аммо ҳозир номумкин шудааст.

Барои Аҳмадов Сарвар аз ҳамин минбари Ислоҳ муроҷиат мекунам ва мегуям, ки ту раиси ҷамоат шуда наход ҳамон масҷидро барои намози ҷумъа кушода натавонӣ? Чи, магар кушода шавад барои Раҳмонов вазнинӣ  мекунад? Дар Найман солмандону мусафедон хеле зиёданд. Намози ҷумъа рафтан барои онҳо хеле мушкил аст. Бояд бо Чоркуҳ ё ба Сурх бираваед, ки дур аст. Чи мешавад, ки масҷидро  барои намози ҷумъа кушоед.

Ман муддати чор сол боз Ислоҳро мебинам. Дар Тоҷикистон будам, медидам, ҳозир дар муҳочират. Ислоҳ чашмамро кушода кард, барои анҷоми кори ҳақ ва гуфтани гапи ҳақ. Мактаби Ислоҳ чор сол боз барои мо омузонд. Чор сол боз донишҷуи канали Ислоҳ ҳастем. Ба канали Ислоҳ  раҳмат мегуям, ки номаи маро чоп мекунад. Дар паноҳи аллоҳ бошед.

Бустон

Салом Муҳаммадиқбол! Бародари арҷманд, ман бори аввал ба шумо менависам. Корманди як ниҳоди давлатӣ, корманди гуфти гапҳо мақомот. Аз Бустон ҳастам, Чкаловски пешина. Мехоҳам дар бораи ҳодисае нависам, ки баъди нашри «Номаҳо аз ноҳияҳо№80» ба вуқуъ  пайваст. Баъди ду рӯзи нашри он нома дар сайти Ислоҳ милисаҳои Рамазон Раҳимзода фармон гирифтанд, ки масъалаи ин шаҳрро бинанд. Яъне шумо манзурамро аллакай фаҳмидед. Фармон шуд, ки ин «манбаъ»-ро биёбанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Мақсад зулм болои насрониҳои Суғд ҳам шуруъ шуд.

Бо дастури ҳамон Мамнурзода ва Нигора милисаҳо омада саҷдагоҳи насрониҳои Суғд- калисоро ҷарима ва роҳибро таҳқир карданд.

Ва мо ҳамон лаҳза фаҳмидем, ки воқеан суханҳои шумо дар мавриди набуди «озодии дин «дар Тоҷикистон рост аст ва мо аз шумо огоҳ шудем, ки кудак ҳақ надорад дар Тоҷикистон то 18 солагӣ худоро бишносад.

«Бачаҳакои боло» шумо моро кушед, зулм кунед, штраф ва зиндонӣ кунед. Аммо инро дониста бошед, ки шумо муъмин ки чӣ,  ҳатто мусалмон нестед. Вой бар ҳолатон! Акои Муҳаммадиқбол агар зарур ҳисобидӣ нашр кун вагарна худат медонӣ!

Чоркуҳ

Ассалому алайкум кормандони «Ислоҳ». Ман дар як нома дар бораи дуздиҳои Қофлонбою раиси ҷамоат навишта будам.  Ҳоло 10 рӯз мешавад, ки маҷлису зулм сар шудааст. Наход дар як кучаи марказии деҳа 14мағозаю қассобхонаҳоро вайрону бозсозӣ кунанд ё дарвозаи Чоркуҳро, ки 50соли дигар меистод, азнавсозӣ кунад? Дар маҷлис мегуяд то моҳи апрел созеду ба итмом расонед, ки ҷаноб меояд. Охир Ҷаноб биёяд бо ин биноҳо чи дахл дорад? Ё аллоҳ! Мардуми бечора ба як сотих замин зор. Панҷ гектар заминро ба бародари падараруси Лайсиддин Шаропови раиси ҷамоат доданд. Дар дасти бародари Ҳошими кунқапак дар Чоркуҳ 3 варзишгоҳ ҳаст, боз варзишгоҳ месозад.

Охир заводу фабрика созӣ мемурӣ? Як мард дар маҷлис хеста гуфт як заводи меваю сабзавот созед, як литсей созед.

Агар мактаб дар инҷо бошад ин пулҳо бо хониш сарф мешад, то ҷавонҳо босавод шаванд. Аз қафои як туб давида мегарданд? Мо дар сарҳад зиндагонӣ дорем. Дар он тарафи куча қирғизҳо зиндагӣ доранд, свет доранд, мо надорем! Ин чихел ободкорӣ аст, ки мегуянд.

Турсунзода

Ассалому алейкум бародар. Ман аз Турсунзода, ҷамоъати Қаратоғ, деҳаи Имоми Аъзам. Дар мактаби мо деҳаамон як шахс бо номи Мардонов Абулфайз Муҳаммадалиевич директор шуд. Ин мактаб наздики1200 талаба дорад. Фасли тобистон мактабро таъмир карданд. Директор барои таъмир аз ҳар як талаба ба маблағи 70 сомонӣ пул талаб карда гирифт. Таъмир ба итмом расид. Аз телевизион омаданду навор бардоштанд ва барнома нашр карданд. Директор бе ягон шарму хиҷолат гуфт ин мактаб аз ҳисоби давлат таъмир карда шуд. Ҳол онки аз тарафи давлат ягон кумак расонида нашудааст. Ин шахс яъне Абулфайз ҳоҷӣ ва ҳаҷ рафтааст. Ҳар сахар хоҳ зан хоҳ мард дар гирди стадиони мактаб ҳамаро ба давидан маҷбур мекунад. Боз талабагонро маҷбур мекунад дар саршавии мактаб   дар бозори  Турсунзода аз як магазин рафта ҳама аз як чо харид кунад. Имсол барои таъмир мактаб аз сари 1200 талаба боз ба маблағи 50 сомонӣ гирифт. Охир ин зулмҳо барои чӣ?

Конибодом

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Се сол қабл номае аз деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом аз номи бошандагони ин деҳа дар бораи ҳамкории милисаҳо бо говдуздон ба шумо ирсол карда будем ва шумо онро нашр карда будед. Баъди нашри ин нома хело дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омада аҳволи мардум то андозае дигар шуда буд. Бо мурури ин 3-4 сол маъмурони милисаи ин шуъбача иваз шуда боз дарду ғами мардуми ин деҳотро дучанд гардонидаанд. Боз он амалҳое, ки ҳамкасбонашон иҷро мекарданд ба мерос бурда зулму истибдодро ба дараҷаи аъло расонидаанд. Дар муддати ин 4 сол аксари мардуми ин деҳа барои муҳоҷирати меҳнатӣ бо аҳли оилаашон ватанро тарк карданд. Фақат ҳамонҳое мондаанд, ки фарзандони онҳо шаҳрванди Русия нестанд. Дар мактаб талабаҳо ҳам аз синфи як то ёздаҳ 30 нафар нестанд.

Ин милисаҳо аз мағозаҳои деҳа мисли пештара доля мегиранд. Ё мисли талбандаҳо ба пакетҳо чизҳоро ҷамъ карда пулашро намесупоранд. Ҳамаи соҳибони мағозаҳо ба дод омадаанд. Дар маркази деҳа як чойхонаи асосӣ фаъолият мекунад ва шабҳо дар онҷо қиморхона ташкил карданд ва акнун ҳама қиморбозҳо аз деҳаҳои ҳамсоя онҷо ҷамъ омада бо пули калон бозӣ мекунанд. Ва сарпаноҳи инҳо, албатта, шуъбачаи милисаи минтақавӣ аст. Байни ин қиморбозҳо кормандони давлатӣ, одамони «баобрӯ»-и деҳа ҳам ҳастанд. Очилов Ғулом корманди гумрук бо воситаи амакаш, ки сардори шӯъбаи қочоқи раёсати гумруки вилоят Очилов Ином ба кор даромадааст.

Ҷӯраев Зариф собиқ раиси кумитаи заминсозии шаҳри Конибодом айни ҳол раиси хоҷагии оби ин деҳа аст.

Боиров Ёдгор соҳиби ин чойхона ва қиморбози калидии ин гуруҳ аст. Боз дигарон ҳастанд, ки ба сабаби коргарони давлатӣ набуданд ва собиқаи зиёди қиморбозӣ надоштанашон ё чихеле, ки дар урфият мегуянд «мелкая сошка» буданашон номҳояшонро зикр намекунем. Ҳамаи ин қиморбозҳо пулро бо бандаш ба миён мегузоранд, дар ҳоле, ки мардум зиндагии қашшоқона мегузаронанд.

Раиси ҷамоати пешина Ёқубова Умеда гарчанде, ки зан ҳам бошад барои ҷамоат хизмат кард. Албатта, корҳои нохубе ҳам карда бошад аммо некаш нисбатан зиёд буд. Раиси нави ҷамоат Соҳибов Фатҳулло бошад баъди аз Федератсияи Русия депортатсия шудан дар ҳукумати шаҳр дар шӯъбаи кор бо ҷавонон кор мекард. Ҳамин одамро оварда раиси ҷамоат гузоштанд. Ин инсон на як фарҳанги инсонӣ, на хислати инсонӣ ва на ҳикмати одилона дорад, ки чунин инсонҳо фақат барои ҳукумати дурӯғин фоида меорад. Ҳар инсоне, ки ягон намуди маърака карданӣ бошад, бояд аввал ба газета обуна шавад, барои гузаронидани маъракаҳо маблағи калон супорад. Агар туйи хатнасур кардани бошӣ, иҷозат медиҳад, фақат шарт ҳамин, ки маблағи калон пора медиҳӣ ва дар рӯзи ягон иди давлатӣ мисли Наврӯз ё истиқлолият ё иди ваҳдат туйро мегузаронӣ.

Дидед чи хел версияҳои нави пулкоркунӣ ихтироъ кардаанд, ин навкарони подшоҳи золим. Барои афсароне, ки дар ҳудуди ҷамоат дар сарҳад хизмат мекунанд, пули маводи хӯрока диҳад, лек ин пулҳо то аскарон албатта намеравад. Раиси ҷамоат баъди ба курсӣ   расидан тамоман дигар шуд ва фукаш боло. Бо пиронсолон суханҳои қабеҳ ва бо занон муомилаи бад мекардаги шуд. Лек худаш писари як тракторчии одӣ. Падараш инсони хуб лек фарзандаш хело инсони нохуб баромад.

Фарзанди касе ба синни даъвати ҳарбӣ расида бошаду дар муҳоҷирати меҳнатӣ бошад падару модарашро аввал ба ҷамоат даъват карда пресс мекунад. Дид, ки нашуд ба шуъбачаи милиса интиқол мекунанд ва аз онҷо ба шаҳр мебаранд. То он даме, ки маблағи гуфтаашонро надиҳад ё фарзандашро аз Русия даъват накунад ба ҳолу ҷонашон намемонанд. Байни раиси ҷамоат ва падару модари даъватшаванда ронандаи раис ё Сӯҳроб миёнаравӣ мекунанд, то фарзандони онҳоро аз чанголи раис халос намояд. Бинбар гуфтаи имом -хатиби масҷид мулло Шарифҷон агар аз фарзандони намозхонон ягон нафар сарбоз пайдо нашуд бояд маблағ ҷамъоварӣ карда ба дасти раисӣ ҷамоат бидиҳад то ягон афсар харида аз дигар ҷамоат бояд нақшаи ҷамоатро пур кунад. Қоил шавед, ки фарзандони мову шумо додару бародари мову шумо байни ин беномусон савдо мешаванд. Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон фақат барои камбағалҳо сохта шудааст, ки фарзандони онҳо бояд ба хизмати ҳарбӣ фиристода шаванд. Вақте ки маърака, тӯй ё таъзия мекунӣ қонуни танзим ҷарима мебандад аммо ҷрима фақат барои камбағалҳо, барои мансабдору пулдор қонун аслан вуҷуд надорад.

Масҷиди ҷомеъ, ки дар ин деҳа айни ҳол вуҷуд дорад ба ҷои бизнес мубаддал гаштааст. Имом хатиб Дадаҷонов мулло Шарифҷон барои ҳар як ҷанозаи хондагиаш, пеш аз он ки мурдаро ба қабр мегузорад соҳиби мурдаро даъват карда барои ҷанозаи хондагиаш дарҳол нарх мегузорад. Барои қаровули масҷид, ки ба намоз даъват кардан яъне салоти ҷаноза гуфтанаш фалон сомонӣ, барои муллое, ки дар таъзия хизмат мекунад фалон сомонӣ . Барои гуркобу мурдашу ҳам маблағи муайян ҳаст, ки инҳо дар ҳақиқат хизмат мекунанд, гур мекобанд. Вақте ки мо падару бародарони худро намешуем онҳо шуста кафан мекунанд, барои ҳамин мо розӣ ҳастем. Лекин ин муллоҳои ҳозира кай сер мешуда бошанд? Ё дар ислом чунин дастур бошад, ки мо мардуми оддӣ онро намедонем?!

Соли гузашта президент омада фабрикаи мурғпарварӣ ва як боғчаи кӯдаконаро кушод ва ҳамаи ин бо тариқи ҳашар (маҷбурию бо хости худ) бунёд карда шуд. Вақти ифтитоҳ эълон карданд, ки бо ёрии президент бунёд карда шуд. Лек мардуми ҷамоат нахурда напушида пулҳояшонро доданд, тоҷирон ҳама ба дод омаданд, зеро онҳоро маҷбур карданд, ки маблағ супоранд. Вақте ки мутасадии боғча барои ба қайд гузоштан меравад дар ҳукумат квитанция ва ҳисобу китоб мепурсад. Ин коргар мегӯяд, ки ин бино бо ҳашар бунёд шуд, мардум худашон харида омада инро бунёд карданд, ман квитанцияро аз куҷо меорам? Корманди ҳукумат таҳдиду тарс дода мегуяд, ки инро ҳукумат бунёд кардааст ва ин гапатро дар дигар ҷо гап назан. Ана ин аст ҳукумате, ки мо ба он эътимод дорем. Фикр мекунем, ки мардуми оддиро пуштибонӣ мекунад, лек сад афсус, ки на ҳукумат ва на масҷид ғами мардумро намехӯранд. Ҳама дар ғами пур кардани ҷайби бетаҳи худ ҳастанд. Дар деҳа ин аҳвол бошад дар сатҳи боло, албатта аз ин бадтар аст.

То фабрикаи мурғпарварӣ рафтан бояд бояк кӯчаи маҳалла гузашта равад.  Вақте  Раҳмонов  омад пешакӣ тамоми деворҳоро ранги афлесунӣ карданд. Як рӯз пеш омада балонҳои гази мардумро милисаҳо ҷамъ карда рафтанд ва ҳамаро огоҳ карданд, ки дарро аз дарун маҳкам карда нишинанд. То президент омада наравад ҳеҷ кас берун намебарояд.

Ана тарси президент аз халқи оддӣ. Агар гуноҳе намедошт ва халқаш аз ӯ рози мебуд то ин андоза эзораш тар намешуд.

Ва боз дар бораи ғосибони заминҳои мардум гуфтанием. Ашӯров Некрӯз Хуршедович вақти дар кумитаи замини  Конибодом буданаш чандин заминҳои наздиҳавлигиро ҳуҷҷат карда фурӯхт. Ва чанд миқдор заминҳои президентиро аз соҳибонашон кашида гирифта худ соҳиб шуд. Ва ҳамаро бо шиносҳои худашу падараш метарсонад. Падараш Ашуров Хуршед дар шаҳри Конибодом сардори раёсати молия  ва модараш дар шӯъбаи нафақа кор мекунад. Вақте ки Ғайбулло Боҳирӣ раиси шаҳри Конибодом шуд хешовандони худро дар ҷойҳои равғанӣ ҷой кард. Аз ин фурсат истифода бурда Ашуров Хуршед писари калониашро ба кумитаи замин ба кор даровард. Маҳз ҳамон сол Ашуров Некруз аз Федератсияи Русия депортатсия шуда буд ва умуман дар соҳаи заминсозӣ ҳеҷ чизро намефаҳмид. Бо воситаи падараш соҳиби вазифаи сердаромад шуд. То ин рӯз аз ҳама маблағ мегирад бо ваъдаи он ки ҳуҷҷатҳои заминҳои онҳоро расмӣ карда медиҳад. Ин ҳам як мошенник ҳаст.

Боз дигарҳо ҳам ҳастанд, ки мардумро фиреб медиҳанд ва маблағҳояшонро гирифта ваъдаҳои зиёд медиҳанд. Ин огоҳӣ барои онҳост. Агар корҳои мардумро ба сомон нарасонанд албатта як номаи дигар хоси онҳо бахшида мешавад. Умедворам ҳамаи ин роҳгумшудагон бо дидану шунидани ин ҳақиқати талх каме бошад ҳам ҳуш бар сарашон мезанад. Барои ояндаи Тоҷикистони обод ва тоза аз чоплусон дар хизмат мебошем.

Шаҳристон

Ассалому алайкум устод. Устод дар бораи муллои  деҳаи Себзор Ҳайдарқулзода Бобошер ҳарчи навистам ҳамааш рост. Ман зан ва модари 5 фарзанд ҳастам.  То ҷое медонем Бобошер дар Намангон ё Қуқанди Узбекистон таълими динӣ гирифтааст. Ҳавлияшон дар сарҳади Узбекистон аст. Падараш инсони хело хуб ва наҳзатӣ ҳам буданд. Устод ман зани ӯро мешиносам ва ҳамсараш ин гапҳоро гуфтанд ба ман. Зани мулло бо ман дар беморхона  барои табобат хоб рафта буд. Ин мулло ҳар ду рӯз пас диданӣ меомад. Ин зан бисёр мегирист, ки як духтарчааш маълул, яъне ақлаш заиф.

Ман худам духтарчаашро дидам. Соли 2017 — 2018 сол барои табобат шаҳри Ҳуҷанд мебурд, аммо дуруст нашуд. Инро бигӯям, ки домулло дар барнома дуруғ гуфт. Занаш гиря мекард, ки шавҳараш ҳаромхурӣ мекунад. Гуфт ба сабаби барои хатми Қуръон сум гирифтани шавҳараш духтарчаам ҳамин хел шудааст: «Худованд мо ба ҷазо дод, барои ҳаққи мардума хурдани шавҳарам, барои ҳамин духтарчам маъюб шуд».

Духтараш ҳозир калон шудаасту боз азобаш бисёр гардидааст. Бо вуҷуди ҳамин азобу азият домулло ҳамоно дуруғ мегуяд.

Ҳамадонӣ

Салом бародар! Ман аз ноҳияи Ҳамадонӣ. Чанд вақт шуд, ки боз баргаштам ба муҳоҷират. Як ҳамсояи мо дар Хуҷанд командири калон аст. Рафиқи давраи бачагиам аст. Якҷо шишта будем. Вай гуфт, ки ҳамакаса барномаҳои Ислоҳро тамошо мекунем. Ба гуфтаи вай бисёрии бачаҳо дар инҷо аз ноҳияи Ҳамадонианд. Бачаҳои бити бити. «Ҳеҷ гоҳ инҳо протифи мардум намехезанд. Ба номи худо з….фалон каагияюм. Мо ягон муқобили халқи худмон намебароем, ба тарафи халқ тир намепаронем. Митинг кунанд, мо бетараф меистем»

Ин нафар ҳам рутба ва ҳам масъулияти баланд дорад. Гуфт: «Ман ягон кор намекунам. Биёянд тез биёянд. Ҳама ридагияй. Казармаяй 100% .»

Боз ҳамон шаб барнома буд. Барнома тамом ношуда мегуяд, ки казарма эълон карданд.

Ин гапҳо баъди як барномаи Шумо буд, ки дар бораи митинг ва инки афсару сарбозҳо вақти митинг тарафи киро мегиранд, гуфта мешавад. Ба назарам, ба наздикӣ ҳамин хел барнома доштед. Пешниҳоди ман ин аст ки боз ҳамин гуна барномаҳо нашр кунед ва ба военниҳо ва милисаҳо бояд фаҳмонида шавад, ки вақте мо ба митинг мебароем ба тарфи халқ гузаранд. Чунки онҳо ҳам ҳолу аҳволи хуб надоранд.

Ҳамин командири калони ин қисми ҳарбӣ, ки на самом деле ҳар касро писанд намекунад, гуфт,ки «бачаҳо тайёранд. Ҳама фармони маро гуш мекунад. Мо тарафи митингчиҳо фас намегуем. Бачаҳои масковски пури бад кор мекунанд. Дар амният беҳтарин сағираҳоянд, ҳамаш баақланд. Дорад беақл вале худро шукр, ки кам. Ҳамсояи мо  ҳам босавод аст».

Ва, акнун, ки ба Шумо нома навиштам як ҳодисаи дигарро нақл мекунам. Дар ноҳияи вақти тарафи совхоз рафтан як ҷо ҳаст гравзавод мегуянд. Дар онҷо як ферма  мвҷуд аст. Мардум зиндагӣ мекунад. Кормандони военкомат онҷо рафтанд. Гуфтанд бачаро мебарем, очааш намондаст. Очааш гуфтаст:  «кордчаро бигир, кадомеашро метавонӣ бизан. Ман аз хуну пустам гузаштам. Як бачамаро роҳӣ кардам бурдеду инвалид кардед боз инашро мебаред?»

Бачаашро фармон медиҳад, ки кордчаро бигир бизан. Бачааш кордчаро мегирад ба тарафашон медавад. Аммо кормандони облава чанд нафар, ки буданд зураш намерасад. Модараш мегуяд, ки «бигрез бирав тарафи сарҳади Афғонистон». Бача мегурезад. То ҳоло маълум нест,ки дар куҷое ҷогаҳ шудааст.

Бовар кунед, ки инҳо дар ҷони мардум расонидаанд.

Дар совхози Ангурбоғ имоми масҷиди 5вақта Исмоил ном дорад. Бачаи Ҳамробой, таваллуди 82. Мардумро гуфтааст:  «бачаҳотона бигрен хизмат барен, ки масҷида маҳкам мекунанд»

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бисёри бад гузаронида истодаанд.

Бовар кунед, ки як каме ҷарақа бошад ин мардум метарканд. Ҳама ҷон ба лабаш расидааст.

Бародар Муҳаммадиқбол ҳаминро ба шумо бигуям, ки даъвати чанд нафар аз мусоҳибони шумо дар барномаи онлайнии «Минбари муҳоҷир» дар робита ба инки ё ба мардум свет диҳад ва ё истеъфо диҳад ва мардум тазоҳурот мекунанд . Раҳмонову тарафдорони вайро  ба шиддат сахт тарсонд.

Ҳамин ҳамсояи командирамон гуфт, ки худи ҳамон шаб дар воҳидҳои ҳарбии бархе аз навоҳии кишвар казараменний положений ҷорӣ карданд.

Бояд ба халқ фаҳмонид, ки илоҷи кори худашон дар дасти худашон аст. Касе барои ҳимояи Раҳмонов муқобили халқ тир намепаронад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №90 появились сначала на ISLOH.net.