Архивы Ҷамоати Лоҳутӣ - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №184
Аз дасти ин оилаи носерами гушна на тоҷирон рӯз доранд, на муҳоҷирон ва на ҳатто деҳқонҳо. Яке мабинӣ, ки фармон додааст, ки бояд ғалла фалон тонна истеҳсол карда шавад. Заминҳои пахтаву юнучқаву дигару дигарро чапа карда мардум ба кишти гандум ё ҷав водор карда мешавад ва ё мегуяд, ки картошка фалон тонна бояд истеҳсол шавад. Мебинӣ, ки заминҳои кишти дигарро чапа кардаву дар ҷойҳое, ки тамоман коридани картошка мумкин нест, ҳосил намедиҳад, картошка мекоранд.

Дар мавриди маҳсулоти стратегии кишоварзии мамлакат-пахта ҳам айнан чунин ҳолат аст. Як сиёсати ғалату хато, балки ҷиноят дар ин арса содир шуда истодааст.

Солҳои пеш Тоҷикистон то 1000.000 тонна пахта руёнида буд. Ҳозир ин рақам то ду баробар кам шудааст. Мисли алюминий, ки ин оила дуздид, дуздид ва оқибат заводи бузурги алюминийро аз кор бекор кард.

Ҳозир соҳаи пахтакорӣ пурра набошад ҳам беш аз 90 дар 100 ба дасти Оилаи Раҳмонов аст. Барои ҳамин нархи хариди он аз деҳқон бениҳоят паст аст. Азбаски нархи он дар дасти ин Оила  ва паст аст, деҳқонҳо аз кишту кори он дилсард шудаанд. Инро муаллифи ин матлаб ҳам навиштааст, аммо ҷуръат накардааст,ки иллати асосиашро бигуяд:

Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Ман дар сайти нашрияи СССР як мақолаеро бо номи «Пахтаи тоҷик қадр дорад» аз 09.10.2024 хонда ба муаллифи он Хушвақт Хошоков аз ноҳияи Дустӣ ташаккур гуфтам. Барои чӣ? Барои онки ба ин савол посух бигиред, инҷо худи ҳамон мақоларо ба шакли пуррааш пешниҳоди ҳамагон менамоям ва сипас фикрҳоямро мегуям:

«Дар ҳақиқат пахта дар давлати мо қиматашро гум кардааст. Дар ин бора 2 сол боз тавассути газетаи СССР мегӯему менависем, вале масъулони соҳа чаро посух намедиҳанд?

Тобистони имсола ҳарорати гармӣ аз 55 дараҷа гузашт. Табиист, ки ҳосили пахтаро гармсел дар ин давра нобуд кард. Ин ҳам бошад офати табиист. Давлат инро ба деҳқон ҷуброн мекунад ё не? Агар имкони ҷуброн набошад, ақаллан нархи пахтаро то дараҷаи соли 2022 боло бардоштан мумкин аст-ку? Соли 2022 мани муалифи ин сатрҳо 1 килограм пахтаамро 13 сомонӣ фурӯхтам, дар соли 2023 бошад 1 кг ба 5 сомонӣ баробар шуд. Ва ин дар сурате, ки нархи хароҷоти парвариши пахта ҳамон хел бе тағйир монд.

Сабабаш дар чист? Кӣ инро ба деҳқон мефаҳмонанд. О, пахта боигарии давлат буд ку! Имрӯз боигарии кист? Инро кӣ шарҳ медиҳад?

Савдогаре, ки пахтаро аз деҳкон бо нархи 5 сомонӣ мехарад фақат кунҷораашро 5 сомонӣ мефурӯшад. Нархаш, равғанаш, пасмондаи чигит (шелуха)-и инҳо куҷо шуданд? Ягон кас аз он муҳтарам соҳибкорон дар ин бобат мепурсида бошад? Умуман нархи харду фурӯши пахтаро кӣ танзим мекунад, ақаллан хаминашро мефаҳмидем.

Ягона соҳае, ки даромаднок буд, ин пахтакорӣ буд, аммо ин ҳам бошад бо ин нарху наво зараровар шуд. Акнун деҳқон заминро чи кор мекунад? Вазорати кишоварзӣ ва иқтисоддонҳо дар ин бора ягон чиз мегуфта бошанд? Манфиати деҳқонро кӣ ҳимоя мекунад?

Чи хеле, ки халқ мегӯяд: «Аҳволи мусибатзадаро мусибатзада медонад». Соҳибкороне, ки масъалаи хариду фурӯши пахтаро то ба ин ҳад поин овардаанд, дарк намекунанд, ки деҳқон дар чӣ аҳвол аст? Канӣ бародарию баробарӣ?

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Қурғонтеппа ҳастам. Солҳост, ки ба пахтакорӣ машғулам. Дар ҳақиқат ҳозир нархи хариди пахта бениҳоят паст аст. Мо, албатта, панҷ сомонӣ неву 7-то 8 сомонӣ мефурӯшем, вале ҳамин нарх ҳам бисёр ночиз аст. Чунки барои руёнидани ҳосил хароҷот зиёд аст.

Инҷо чи гуфтаниам. Ҳозир нархи хариди пахта дар Узбекистон аз деҳқонҳо баробари 20-25 сомонии худамон аст.

Муаллифи ин мақола гапҳои дуруст навиштааст. Аммо  чизи асосиро нагуфтааст. Пахтаро Ҳасан Асадуллозода ва бародаронаш дар Қурғонтеппаву Кулоб монополия кардаанд. Онҳо чи нархе гузоранд, тамом. Солҳои пеш мо ба Восеъ ба як бизнесмен буд бо номи Самариддин мебурдем, бо нархи баланд мехарид, ҳамчунин Орҷоникидзеобод-Ваҳдат мебурдем. Аммо ҳоло фақат харидор Ҳасан ва одамони вай аст. Барои ҳамин нархи паст мондагианд.

Дар ин мақола сурати вазири кишоварзиро ҳам чоп кардаанд. Охир ин Қурбон Ҳакимзодаи вазири кишоварзӣ чанд сол дар вилояти Хатлони мо раис буд. Аммо аз дасти вай ягон бало ҳам намеояд. Ҳатто дар назди ҳоҷи Амиру ҳоҷӣ Раҳматулло мисли барги бед меларзид.

Дар Хатлон ҳама чиз дар дасти Ҳасану авлодаш ва Зоиру авлодаш аст.

Ман намедонам, ки чашму дили инҳо кай сер мешуда бошад?

Мастчоҳ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номае дорам аз ноҳияи Мастчоҳ

Бори дуюм аст ки ба «Ислоҳ» менависам. Ман сокини ноҳияи Мастчоҳ мебошам ва ин бор дар бораи яке аз мушкилоти муҳими ноҳия гап мезанам. Дар ноҳияи Мастчоҳ мутаассифона барқ тақрибан нест. Дар 24 соат 6 соат барқ дорему тамом. Вақте ки барқ хомӯш мешавад телефонҳо умуман кор намекунад, интернет ку умуман нест. Дар ноҳияи мо дар як ҳафта ду сӯхтор ба амал омад. Барқ набуд, оғилҳои мардум ҳама сӯхту нобуд шуд. Телефон кор намекард, ки МЧСро занг занем. Ҳатто аз бесветӣ об набуд, ки сухторро худамон хомӯш кунем. Воқеан ҳам ин хеле рӯзи сахт аст.

Ноҳияи Мастчоҳ имсол нақшаи даъватро барзиёд иҷро кард. Аммо падарҳои онҳоеро, ки дар Русия ҳастанд бурда маҳкам карда аз онҳо пул мегиранд ва ин ҳолат тамоми сол идома дорад ва ҷавонони мо аз тарси хизмат ба ватан омада наметавонанд ва ҳар рӯз як ҷавони мастчоҳиро аз Русия депорт карда равон мекунанд ва ӯро аз фурудгоҳ рост ба хизмат мебаранд. Чандин нафарҳоро медонам, ки аз хизмат маъюб шуда омадаанд ва мутаассифона чандин нафари дигарро медонам, ки мурдааш омад ва шарт нест, ки номҳои онҳоро бигирам. Мо мардуми точик то кай сабр кунем. Косаи сабр он тараф истад, деги сабрам пур шуд. Ман умедворам, ки мардуми шарифи Мастчоҳ даст ба дасти якдигар дода коре анҷом диҳем.

Умедворам дар ноҳияи Мастчоҳ дигарҳо низ маълумотҳои нисбатан муҳимро ба «Ислоҳ» мефиристанд.

Кулоб

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини Кулобам. Дар вақти солҳои 92 дар Фронти халқӣ будам ва азоби мардуми тоҷикро медидам, барои ҳамин дигар намехоҳам ҷангро.

Дар Кӯлоб мисли дигар минтақаҳо мардум рӯз надорад: бесветӣ, бекорӣ, налоги баланд, зулми милисаҳо, суду прокурор, ҷамоат, ҳукуматиҳо. Ман ба мардуми тоҷик гуфтаниам, ки фикр накунед мо кӯлобиҳо дар роҳату осонӣ зиндагӣ мекунем,не хато мекунед. Мо бо мардуми Тоҷикистон дар як қаиқ ҳастем. Ба Эмомтапак гуфтаниям, ки худат ҳамон сиёмкаи авваллин бор ба Кӯлоб омадагиатро бин, ки чи хел будӣ, ҳозир чи?

Ин гуфтаи худат аст. Чи хеле ба кормандони дузду порахури мақомотат гуфта будӣ!

Ту ақаллан ба фарзандони бародарони Фронти халқӣ, ки ту то ҳозир катагӣ бо фарзандонат, бо аҳлу авлодат Тоҷикистонро ғорат дорӣ, нафақа медодӣ дар ҳар як ҷашни ид ба оилаҳои онҳо ёрдам мекарӣ, накардӣ. Аммо ин хуб шуд. Чунки ту худатро нишон додӣ. Акнун мо кӯлобиҳо фаҳмидем, ки ту нокас будаӣ, мунофиқ будаӣ.

Ба мардуми Кулоб  гуфтаниям сукут накунед, хезед ин нокаси шайтонро аз болои ин мардуми ҷабрдида яктарафа созем.

Ман мефаҳмам. Ба мардуми Кулоб мегуянд, ки мухолифонро гӯш накунед, вайҳо душман ҳастанд. Не бародарҳо. Мо онҳоро гуш ҳам накунем ин гуфтаҳои онҳоро бо ду чашми сар дида истодаем, зулми ҳукумати ин касифро ку. Ин касиф фикр дорад мардуми Кулобро мурғ кардааст. Не бародарҳо. Дар Кулоби мо шерон бисёранд. Ту қумандонҳоро куштӣ, зиндонӣ кардӣ, аммо мардуми Кулобро наметавонӣ тарсондан. Мардум медонад, ки шикаста бошем ҳам лекин нарехтаем.

Эй, ҳукуматиҳо, фаҳмида бошед! Мо кӯлобиҳо дар бари мардуми Тоҷикистон ҳастем ва мемонем. Мо бояд дигар фиреб нахурам. Ин Эмомтапакро бовар надорем.

Конибодом

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Нома аз ноҳияи Конибодом, ҷамоати Лоҳутӣ ба Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон. Ин нома аз номи истиқоматкундагони деҳаи Лоҳутӣ, Ҷаҳонзеб ва Санҷидзор мебошад. Мо ба шумо сарвари давлат ва падари миллат дарди дили ин халқи мазлуми бечораро расонданием.

Дарди дили ин халқи мазлуми бечораро ҳеҷ ки намепурсад:- на раиси ҷамоат гуш мекунад, на раиси ноҳия Тухтасун Абдусаломзода. Ин чи бедодгарӣ аст? Халқи   бечора чи хел зиндагӣ кунад? Об нест, ки бе об зиндагӣ кардан мушкил.

Чизи дигар ин аст ки ин кормандони мақомот аз чашми вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода дур, дар ин ҷамоати мо чи корҳои номаъқулӣ ба болои халқи бечора раво дида истодаанд. Чи кор кунем? Дардамонро кӣ гуш мекунад? Мо маҷбурем ба воситаи «Ислоҳ. нет» дарди дили худро ба шумо сарвари давлат расонем. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ шумо аз халқ хафа нашавед, ки бо «Ислоҳ.нет» алоқа мекунад. Халқ аз маҷбурӣ менависад дардашро, шумо як бор гуш кунед, фаҳмед, як бор тафтиш кунед.

Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Конибодом чанд нафар милисаҳои ғайриқонунӣ дорад. Дар куҷои қонун навишта шудааст, ки либоси милисаро ғайриқонунӣ бипушиву даст ба қаллобӣ занӣ?Дар ноҳияи мо хато намешавад гуям, ки 80% милисаҳо дузд ва барои кисаи сардори милиса кор мекунанд. Ин милисаҳо дар ягон ҷо хондагӣ не. Ақалан хизмат кардагӣ не. Танҳо корашон дуздию ғоратгарӣ бо либоси низомӣ. Ҳатто аз хонаҳои мардум медузданд. Ин милисаҳои ҷамоати Лоҳутӣ бо дуздон ҳамкории зич доранд. Инҳо рӯзона ҳама ҷоро давр мезананд. Молҳои дар саҳро бударо шабона мекушанд. Вақте соҳиби мол шикоят кард, барои ёфтани мол пул мегирад. Баъди чанд вақт аз куҷое,ки худашон молро куштагӣ ва гушташро фурӯхтабуданд пусташро гӯиё пайдо карда акт мекунад, тамом. Акнун худатон хулоса намоед,ки кормандони ВКД худашон молро медузданд мекушанд гушташро мефурӯшанд. Барои кофтани он моли гумшуда боз аз соҳиби он мол пул мегиранд,ки он молро мо мекобем. Тасаввур кунед як молро дубор мефурӯшанд. Ҳам ба қасобҳо ва ҳам ба соҳиби мол. Соф соҳиби мол аз нони даҳони кудаконаш маҳрум мешавад.

Муҳтарам Сарвари давлат, Пешвои муаззами милат Эмомалӣ Раҳмон! Ин нома барои шумо буд.Аз ман хафа нашавед, ки ба «Ислоҳ» навиштам. Чунки ин номаи маро газетаҳои шумо чоп намекунанд.

Ҷиргатол

Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин

Нома аз ноҳияи Ҷиргатол. Ман бист сол шуд дар Қирғизистон зиндагӣ дорам. Ман мохи сентябри соли ҷорӣ тавассути Узбекистон ба Тоҷикистон рафтам- хешу таборҳоро хабаргирӣ. Сарҳад расидаму кино сар шуд. Дар таможенный даҳ ҳазор соми қирғизиамро гирифтанд. Ҷиргатол расидам. Пагоҳаш се милитсия хабар ёфта омада отдел бурда боз даҳ ҳазор сомамро барои временний учет гуфта гирифтанд. Аммо аламовараш ин ки куча баромадан ва хонаи хеши табор рафтан намешавад. Хешу таборам аз меҳмонӣ омаданӣ ман метарсанд.

Дар Ватан ҳама буз, ҳама чоплус ва ҳама тарсончак шудаанд. Ба масҷид рафтан метарсанд. Дар қишлоқ ягон мошини бегона дарояд ҳама метарсанду баҷо мешаванд. Ватан-зодгоҳи ман ҷамоати Янгишаҳри Ҷиргатол аст. Мардум ба бозор рафтан метарсанд. Бозор дар дасти як нафаре бо номи  Сайнеъмон Абдусаломов будааст. Нархҳои бозор бисёр ҳам гарон аст. Дар бари ин бозор бозори Шоҳ-командир ҳаст. Мардум ба бозори Шоҳкомандир раванд аз Сайнеъмон метарсанд. Бузи Сайнеъмон Раҳмиддин Қосимов. Раҳмиддин Қосимов даҳ сол мешавад, ки раиси ҷамоати Янгишаҳр аст.

Сайнеъмон вес заминҳои қирғизҳоро заминфурушӣ мумкин нест гуфта кашида мегирифтааст. Бовар кунед қирғизи тоҷикистон хонаашро партофта кучида истодааст. Миллати ман қирғиз аст. Хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро зудтар чоп кунед, то ба гуши мақомоти болоӣ бирасад. Дар ин ҳолу аҳволе, ки қирғизҳо дар инҷо доранд, ягон бало сар мезанад.

Бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз соли 2019 ҳама барномаҳои туро тамошо мекунам. Ҳамаи навиштаҳоятон дуруст аст.

Ман бисёр навиштанӣ ҳастам. Аммо дигарҳо фикр мекунанд қирғизҳо байни тоҷикҳо шур медозанд. Вале ин тавр нест. Дилам ҳам ба ҳаммиллатонам ва ҳам ба тоҷикҳои ҳамватанам месузад. Чунки инҳо сахт дар азоб ҳастанд.

Мо дар Қирғизистон озод ҳастем. Дар Ҷиргатол мардумро ба ғулому канизак табдил додаанд. Мардум бояд худашон худашонро наҷот диҳанд.

Турсунзода

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман дар бораи шахсе гап мезанам, ки ҳам қаллоб асту ҳам қотил ва ба ҳама корҳои пасттарин даст дорад. Номи ин шахс Тоҳиров Убайдулло мебошад.

Вай солҳои пеш, замони шуравӣ карате тамрин мекард. Падараш муаллим буд. Мегуфтанд, ки муаллим Тоҳир шахсе оромтабиат ва инсони хуб буд. Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад. Ин муаллим Тоҳиров серфарзанд буд. Аммо чи хеле ки фарзандҳояш мисли худаш набаромаданд. Дар бораи ҳамаи онҳо гап занем гап бисёр мешавад. Ман дар бораи яке аз ҷинояткоронашон гап мезанам. Яъне Тоҳиров Убайдулло. Ин шахс мошенник аст.

Солҳои ҷанг, соли 1992 ба мардуми ҳамсояқишлоқ ғармитаборҳо даромада гуруҳ-гуруҳ мардони онҳоро ба адир бурда ба қатл мерасонад, бо камаз зинда-зинда бурда чапа мекунад. Он солҳо мо хурд будем. Худаш мегуфт,ки бо табар ғармиҳоро зада реза карда мекуштам гуфта мефахрид ва боз рафта зану духтаронашонро таҷовуз мекрадам. Гуё кори хуб крада бошад. Дар ҳамсоягии худаш як ғармӣ буд, ҳамсояи наздик. Ӯро чандин бор фиреб карда куштанӣ буд. Дар ниҳоят яке аз рӯзҳо бо фиреб аз хонааш бароварда бо чи ваъдае ба куҷое бурда билохира ӯро ба  қатл расонд.

Ҷои куштагиашро худаш медонад. Чанд сол пеш писари ҳамон ҳамсоя Убайдуллоро мегуяд, ки « Ака падари мана ҳавай вақт дар хона шумо бурда будед ку, бади вай падарам наомад, чокадед гуҷо шуд падарам, бо шумо рафта буд?. Убайдулло дар аввал намедонам гуфта ба кала намегирифт. Аммо оқибати кор ба кала гирифта ҷояшро гуфт- ҷои қатлу қабрашро. Лекин гуфт, ки «ман падари туя накуштам, дигарҳо куштанд. Ман хело зора кардам, ки накушанд, аммо манро гуш накарданд». Писари ҳамсоя Эшонов Зафар ном дорад. Убайдулло падари ҳамин Эшонов Зафарро ба қатл расонд.

Эй, бо фикр накунед, ки ин мактубро Эшонов Зафар навишта аст. Зафар ин дилу гурдаро  аслан надорад. Лекин ба мисли ҷабрдида пурсуҷу кунед дар бораи падараш баъд мефаҳмед, ки ин гаҳо дуруғ ё ки рост. Аммо ба мисли Шукрулло участковий пулро гирифта делоро нест накунед, зери назорат ҳастед, мебинем. Мо ин гуруҳи калони тоҷиккушонро меёбем, ё ки не вақт нишон медиҳад.

Раҳмонов ту пешвои муаззами миллат ку, ғамхори миллат ку! Канӣ исбот кун пешвогиатро.
Ин Убайдулло зиди давлати Тоҷикистон ҷанг кардааст. Бо гуруҳи Ибод Бойматов ва Маҳмуд Худойбердиев  ва яке аз боевикҳои онҳо буд. Агар пушти ин моҷароҳоро кобӣ як историяи калон хобида аст.

Соле, ки Маҳмуд Худойбердӣ аз Душанбе Регар омадагӣ буд 97 ё 98 буд. Ин Убайдулло дар даст автомат дар байни одамони Маҳмуд буд. Ҳамроҳи вай Хушбахт Назаров буд. Чунон лашкари калон буд, ки 4 соат гузаштанд бо техникаву пиёдагард. Хато накунам аз 5 ҳазор зиёд пиёдагард буданд. Аз маҳаллаи мо, яъне Зарнисор бо Мҳҳмуд Худойбердӣ зиёд буданд. Ман дутоашро дидам-Тоҳиров Убайдулло ва Назаров Хушбахт. Назаров Хушбахт ҳам ба мисли Убайдулло дар қатлу куштори бисёр тоҷикҳо даст дорад. Тоҳиров Убайдулло ду сол шуд, ки ҳаҷи умра кард. Дар шаҳри Митишии Маскави Русия бо писарҳояш чи тиҷорате дорад. Корҳояш хуб аст. Даромади хуб дорад. Дар бораи мошенникиаш гап занем хеле зиёд аст. Ин пеш ду писар дошт. Писари калониаш, вақте хурдсол буд, ҳангоми оббозӣ ғарқ ва ҳалок мешавад. Ҳамон вақт хуб дар ёд надорам, бачаҳое, ки бо писари ғарқшудаи ин буданд, он бачаҳоро хело ғам дода буд: «бачема куштетон гуфта».Милисабозиҳо карда пули зиёди падару модари онҳоро гирифт, туҳмат кард. Беҳад ҳаромхури беинсоф, ҳақимардумхур аст.

Бародар чи гуфтанӣ ҳастам? Рости гап ин гуна шахсон дар ҷамъияти мо бисёранд, ки дар қатлу куштору таҷовузу ғорат дар ҳамон солҳои ҷаг даст доштанду ҳозир калонсол шудаанд. Онҳо дар байни худ як гапҳо мегуянд, ки дар ҳайрат мезанӣ. Сиру асрори инҳоро кобиву ёбӣ амният ҳайрон мешавад.

Ҳаминро фаҳмидам, ки шахсе, ки бо тиҷорати ҳалол кор кунад, тез ин гуна пулдору бодавлат намешавад. Аз даҳони чандин инсонҳо фаҳмидам, ки инҳо дар Тоҷикистон бо доруву алафҳои маводи мухадир даст доранд. Ва ҳамин маводҳоро ба Маскав ҳам мебаранд ва онҷо савдо мекунанд.

Чи хеле, ки шумо дар барномаи №130-и «Номаҳо..» гуфтед Зоҳидов Хушназар бачаи калони амаки Хушича ин Убайдулло Тоҳирову Назаров Хушбахт ва Зоҳидов Хушназар 3 каса алаф дуд мекарданд ва боз чизи дигар монанд ба сақичи сиёҳро майда карда  бо сигарет омехта карда мекашиданд ва баъд  ранги ҷиннӣ мешуданд. Хушназар дар ин корҳо таҷрибаи бой дорад.

Давлати дунгур ту гузарондӣ! Чаро масъалаи Хушназарро надидӣ? Ту хушру мешиносӣ ин Хушназарро.

Хуб оянда номаҳои дигарро ҳам аз мо интизор бош! Мо акнун ҷой гуфтани ҳақиқатҳоро пайдо намудем ва аз он истифодаи хуб мекунем.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №184 появились сначала на ISLOH.net.

Пушти кушторҳо, тавтиъаҳо дар Конибодом кӣ меистад?
Шаби 27 майи соли ҷорӣ дар Конибодом боз як фоҷиаи мудҳиш ба амал омад. Аъзои як хонавода, бо шумули як духтари 13 сола аз ҷониби афроди номаълум ба қатл расонида шуд. Аммо ин фоҷеаи ваҳшатнок ҳолат ва мавриди ягона нест, ки дар ин гушаи ороми Тоҷикистон руй медиҳад.

Қатлҳои ваҳшатноки занҷираӣ дар деҳоти Конибодом сокинони ин ноҳияро ба ваҳшату изтироб овардааст. Бинобар хабарҳои расида ин чаҳорумин мавриди куштори аъзои хонаводаҳо аст ки тайи моҳҳои март ва май ба вуқуъ пайвастааст. Мо аз сухторҳое ҷони беш аз 17 нафар сокини Конибодомро гирифтааст чизе намегуем.

Тибқи маълумотҳои ба дасти мо расида дар Конибодом як гуруҳе пайдо шудааст, ки шабонгоҳ ба хонаҳои сокиноне медарояд, ки марди он манзил дар муҳоҷират қарор дорад. Ин гуруҳ ба хонаҳои муҳоҷирҳо даромада зану духтару кудакони онҳоро таҷовуз карда сипас ба қатл мерасонанд. Ин ҳаводис се моҳ мешавад, ки такрор мешавад, аммо то ҳол мақомот ягон касро дастгир накардааст.

Ин куштору ин қатлҳо бо чи ангеза ва аҳдоф сурат мегирад, кадом қувваи вайронгару харобкоре ҳаст ва он кӣ буда метавонад ва чаро маҳз Конибодомро ба нишон гирифтааст, мо феълан чизе гуфта наметавонем. Аммо, агар шумо хонандаи доимии мо ва махсусан барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо” бошед, медонед, ки дар бораи кушторҳои ахир дар деҳоти Конибодом мардум навишта буданд. Ростӣ, мо худ, агарчи мунташир кардаем, ба ин иттиҳом, ки дар паси ин кушторҳо худи режим ва маъмурини вай даст доранд, бовар накарда будем. Ва, ҳоло аз навиштаҳои қаблии сокинони Конибодом дар барномаҳои “Номаҳо…чанд иқтибос меоварем ва ин иқтибосҳо ба ҳадди лозимӣ манзараи воқеъиро равшан ва ошкор мекунанд ва мо сипас ба идомаи масъала мепардозем:

«….30 март дар маркази ноҳия як оиларо дар вақти бебарқӣ куштанд-як муйсафедро бо якчанд набераҳояш. Аммо мақомоти бачаҳакои боло мегуянд, ки гӯё муйсафед набераҳояшро кушта бошаду баъд худашро  овехта бошад. Мо мардум ягон шаке надорем, ки ин кори бодовардаҳо мебошад….»

«….. Баъд аз нашри номаҳои охирин дар мавриди кушта шудани як хонавода, ки аз муйсафед ва келину набераҳояш иборат буд, боз дигар хонаводаро, ки аз шавҳар ва зан иборат буд куштанд. Киллерҳо аз болои боми туалет рӯзи рушан  ба хона даромада аввал шавҳарашро шиканҷа карданд. Вақте диданд зан ин ҳолро мебинад ӯро бо набераҳояш ҳам ба шаҳодат мерасонанд»….

«…..Мақомоти одамкуши Раҳмонов талқин дорад, ки ин корро одамкушҳо барои пул карданд. Аммо мардуми Конибодоми  бадбахтшуда ақлашро нахӯрдааст ва мефаҳмад, ки ин дурӯғи маҳз аст, Ва ин кор барои давом додани қудрати сулолаи гадоҳо ба монанди Раҳмонов аст….»

«…..Ҳоло бошад севвумин куштор шаби 21 апрел сурат гирифт. Ин бор як хонаводаи калонро куштанд. Ин оила аз зан, падар, келин, ҷиянҳо ва ҷавони 22 сола иборат буданд. Инҳоро шабона бо корд ва дигар асбобҳо ба шаҳодат расонданд .»

«….Дар ин моҳи апрел 3 хонаводаи калонро бо ҳар гуна баҳонаҳо куштанд. Ман мехоҳам шахсан шумо дар ин масъала муроҷиате дошта бошед ба шахсони  баландрутба. Чунки мо мардуми Конибодом фардо ё пас фардо намехоҳем кушта шавем….»

« …..Ҳоло бошад ба маркази Конибодом ҷӯраҳои Сорбони килер омадаанд, ки қаду басташон 2 метр аст, ба фикрам снайперистанд. Ба ҳар ҳол вазъияти марз хеле  гиряовар аст. Исфара ва Конибодом амн нестанд….»

«…..Дар яке аз номаҳои қаблӣ шумо рост гуфтед, ки дар ноҳияи мо 3 хонаводаро ба қатл расонданд. Албатта қотилон дар озодианд ва касе ба онҳо чизе гуфта наметавонад, ғайр аз расонаи фурухтанашудаи Ислоҳ. 3 маврид ҳодисаи дигари кушторҳоро намедонам бар души кӣ мепартофта бошанд. Мо мардум тупой нестем ва мефаҳмем, ки ин кушторҳо аз тарафи мақомот анҷом дода шудааст, то ки мардумро тарс диҳанд ва баъдан аз ин сабаб ё баҳона телефонҳоро тафтиш кунанд ….».

«…Ҳоло милисаҳои Лоҳутиро бо сменаҳо мебиёранд. Хеле мубодила мекунанд, аммо бояд акои Буратино огоҳ бошад, ки чихел кормандони вай хиёнат ба мардум ва ба касбу погонҳои худ мекунад. Онҳо дар ҳар куҷо, аз ҷумла дар чойхонаҳо ба вай тариқи бузҳояш хабар мекашанд. Ҳатто бузҳои мақомоти Раҳмонов безоранд аз инҳо .»

« …Яъне шумо ҳоли бади моро фаҳмидед, ки рузона ба хонаҳо бо баҳонаи облава мераванд ва дарро тақ- тақ мекунанд. Аммо вақте шаб мешавад, бе ягон предупреждение ниндзяҳо медароянд ба манзилҳои истиқоматии бе соҳиб….»

«……Аз соатҳои 00:30 – 1:30 то соатҳои 3:45 – 3:40 шаб инҳо фаъолияти ғоратгаронаи худро пеш мебаранд, албатта бовар дорем, ки ин корҳоро бо дастури Буратино, Қурбонови қурбаққа ва бачаҳакои КГБ и ноҳияи Конибодом иҷро мекунанд.

«….Ва ҳоло бошад ба Конибодом сари ҳар деҳа 50 –тоӣ милисаро аз худи Душанбе оварданд ва инҳо телефонҳои тамоми мардумро тафтиш карда истодаанд. Мақомот ҳам кушторро содир карданд ва ҳам онро тафтиш ва гузориш карда истодаанд. Хеле тааҷҷубовар.Ба фикрам, агар Оила хоста бошад, гуфти гапо сайёраро мақомот барои онҳо меоранд.»

«… Ҳоло дар Конибодом рейдҳои сахт рафта истодааст. Мисле, ки комендантский час эълон шудаст ва аз ҳамин сабаб амниятиҳои газанда куча ба куча шабҳои торики бесвет мегарданд. Мо мардум ба дод омадем аз дасти инҳо. Ҳоло инҳо тамоми бузҳояшонро активация кардаанд….»

«….Ягона хоҳише, ки мо мардум дорем ин аст ки дигар мо- мардуми Конибодомро ҳеҷ кас шабона накушад, ба хонаҳоямон надароянд, барқамонро хомуш накунанд ва моро Қофлонбой-раиси вилоят ва Тухтасуноғлу –раиси шаҳр бо насос таъмин кунанд, тамом.»

«Мо на ниёзи оппозитсияро дорем на ниёзи С.С  ва Р.Р. ва на Юсуф Раҳмон, на вазири мудофиъа ва на ба ном зиёии Абдулло Раҳнамои гаремшикро. Мо мардум оҳи ҷонкоҳ дорем аз инҳо….»

«…..Бо истифода аз фурсат ба мардуми Конибодом мехоҳам як маслиҳат дода бигуям, то дар оянда аз ҷониби Раҳмонов кушта нашаванд. Агар хешу табор дар Русия дошта бошед, эҳтиёт кунед ва дарҳои хонаҳоятонро русту маҳкам нигоҳ доред, то ки аз ҷониби инҳо кушта нашавед. Агар деворҳои паст ё хоҷатхонаҳои паст дошта бошед, эҳтиёт кунед. Шабҳои торик оинаҳою тирезаҳои худро маҳкам ва нобино нигоҳ доред, чунки ҳоло амнияти Раҳмонови раққоса махсус агентҳоро куча ба куча равон карда аст. Бовар кунед аз кӯчаҳои шумо на кам аз 4-6 буз хоҳанд баромад. Дар охир бори дигар мегӯям, ки Худо манро кӯр кунад, агар дуруғ гуфта бошам…»

Ва,албатта,аз ин иқтибосҳо аз номаҳои фиристодаи мардуми Конибодом фаҳмидед, ки дар воқеъ дар инҷо куштору қатлҳои амдӣ ва нақшаӣ анҷом шудааст. Имкон надорад, ки қатлҳои занҷираии оилаҳои конибодомӣ тасодуфӣ бошад.

Ҳодисаи ахир шаби 27 май дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи пешинаи Ҷигдалик, ҳозира Санҷидзор руй додааст. Саробони ин хонавода, Баҳодур Файзуллоевич рузи 28 май аз шаҳри Сургути Русия ба Тоҷикистон омад. Вай фарзанд дорад. Як духтари 16 сола ва як писари 13 сола. Ҳарду фарзанди Баҳодур ва ҳамчунин зани Баҳодурро куштаанд. Осори таҳқир ва таҷовуз дар бадани духтари ноболиғ дида мешавад. Ин духтари ноболиғ бо дастонаш зур зада хостааст наҷот ёбад, ки аз ранги хуни нохунҳояш ҳувайдост, аммо уро куштаанд. Ҳангоме милисаҳо меоянду аз ҳамсояҳо мепурсанд,ки Баҳодур чанд фарзанд дошт, онҳо ҷавоб медиҳанд, ки се то. Милисаҳо кофта-кофта хонаҳои болотар аз хонаи Баҳодур мераванд,то фарзанди сеюмро пайдо кунанд. Аммо дар хонаи болотар боз дучори чунин қатл мешаванд. Дар ин хона низ зану шавҳар ва келини хонаводаро куштаанду се кудакро, ки сесола, панҷсола ва хурдиаш 8 моҳа буд ба утоқи дигар бурда маҳкам кардаанд, ин кудаконро накуштаанд.

Аммо ин оилаи дуюми кушташуда қирғизтабор аст. Манобеи мо мегуянд, ки милисаҳо ба мардум гуфта истодаанд, ки ин кори қирғизҳо аст.

Дар асл бошад ин деҳа дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад, аммо пешвақтҳо инҷо қирғизҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳозир бошад 80% тоҷикҳои деҳаи Қарақчиқум аз ҳамин қишлоқ, аз қирғизҳо хонаҳоро харида зиндагонӣ мекунанд. Қирғизҳо бошад 20% ва шояд камтар бошанд.

Манбаи мо мегуяд: «фикр мекунам,ки ин кори амниятиҳост, чунки худи шаҳри Конибодом бо қирғизҳо ё ки маҳаллаҳои қирғиз нишин, ягон наздикӣ надорад»

Ҳодисаи якум, ки аз вуқуи он тақрибан се моҳ мегузарад, дар наздикии шаҳри Конибодом руй дода буд.

Ҳодисаи дуввум бошад, дар қишлоқи Кучкак ба амал омада буд, ки онҷо ҳам бо маҳаллаҳои қирғизнишин наздикӣ надорад. Дар қишлоқи Кучкак 95%узбекҳо зиндагӣ мекунанд.

Аммо ҳодисаи ахир, ки дар Санҷидзор рух дод дар фосилаи 150-200метр болои канал аллакай Қирғизистон аст вале аввалин маҳаллаҳои зисташон 15 километр дур аз инҷо сар мешавад.

Мақомоти мо, ба фикрам фаҳмиданд,ки мардум ба наздикӣ қиём мекунад, онҳоро ба тарафи қирғизҳо «настроит» карда ҷангро бар зидди қирғизҳо сар мекунад. Ё дигар чи гапе ҳаст, чунки дар ҳамаи ҳодисаҳо ягон ашё ё пулу тилловориро нагирифтаанд.

Бинобар маълумотҳои дарёфтӣ ҳоло маълум шудааст, ки ин ҳама кори офитсерони баландрутбаи Қушунҳои сарҳадӣ, ки дар наздикии деҳа қисми ҳарбӣ доранд, будааст. Ин корҳоро афсарон кардаанд, на аскарон.

Дар асл дар шаби 27-и май ду оиларо дар як куча кушта будаанд. Яке аз ин оилаҳо кудаки 8моҳа ва ду фарзанди се ва панҷсола доштааст. Онҳоро накуштаанду ба утоқи дигар гузаронида аз болояшон маҳкам карда рафтаанд. Милисаҳо гуфтаанд, ки ин кори офитсерҳои ҳамин қисми ҳарбӣ будааст. Аз зери нохуни зан ва духтари Баҳодур ДНК-и офитсерҳо баромадааст. Офитсерҳо рӯзи 31 май аз тарафи кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд боздошт шудаанд. Аммо аз ин бештар тафсилоти дигар дар даст нест.

Ин манбаъи гуфт, ки дар охир мехоҳад ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан ба деҳаи Қарақчиқум ва Лоҳутӣ муроҷиат карда бигуяд, ки мову шумо бояд иқрор шавем, ки ин ҳодисаҳо ба сари мо ба осониву зудӣ наомадааст. Масалан 10 сол пеш ин режими хиёнатпешаи Эмомалӣ Раҳмонов мардумро ба ба баҳонаи салафия иттиҳом зада ҳазорҳо нафарро зиндон кард. Ҳама хап будему хап мондем. Ҳатто медонистем, ки шахсони салафӣ набударо ҳам бурданду зиндон карданд. Як хел беномусу бешарафони буз болои бародарони намозхон туҳматҳо карданду то ба чубаи дор кашониданд, ба гуфти худашон «ҳамкорӣ бо мақомот  карданд». Аммо бояд донист, ки ин ҳама аз беисломиву беномусии бисёре аз мардуми мо шуд. Агар мо бузи амнияти милиса намешудем, якдигариамонро намефурухтему муттаҳид мешудем ин корҳои ғайриинсониву ғайриқонунӣ аз ҷониби ҳукумати даюси Эмомалӣ ба сари мо намеомад. Ҳоло ҳам биёд, э мардум, муттаҳид шавем. Якдигарро бо туҳмату буҳтон ва нафси дунё нафурушем. Барои ин режими ғайридиниву тоҷиккуши Эмомалӣ бас будагист. Дидану таҳаммул кардани ҳар гуна беномусиҳову ноинсониҳои ин режимро набояд таҳаммул кард. Акнун мардум дигар фаҳмид, ки ин режим дар фикри таъмини амнияти мардум неву дар роҳи нобудии мардуми Тоҷикистон аст. Охир, дар ин синну соле,ки дорем як фарзандро то ба ин сину сол расонидан кори осон аст магар?

Ва қурбони бозиҳои ин хоини ватанфӯруши модарбахаторафтаи Эмомалӣ кардану хомуш будан ин инсонист магар?

Агар ин ҳодисаҳои куштор якто буд, шояд мешуд бовар кард, аммо вақте чандин оиларо кушта истодаанду дардовару мудҳиштар аз ин касеро дастгир ва пайдо намекунанд, чи мешавад хулоса кард? Магар ин қадар давлату ҳукумат бесоҳиб аст? Агар худи ҳукумат ба ин кор шарик набуда бошад, фикр мекунед, то ба имрӯз ҳатто як нафар дастгир намешуд?

Сообщение Пушти кушторҳо, тавтиъаҳо дар Конибодом кӣ меистад? появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№110
Дар тағйироти кадрии ахир асосан КДАМ ва Прокуратура «зарба» хурданд. Дар бораи ВКД инҷо чизе намегуем, аммо тағйирот дар Прокуратура, бовар кунед, ки як бозӣ буд. Як бори дигар маълум шуд, ки Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ яке аз наркобаронҳои калонтарини на фақат Тоҷикистон, шояд минтақа бошад.

Ҳамин Ҳабибулло Воҳиов, ки ҳоло муовин ва сарпрокурори ҳарбӣ шуд, ҳамкурс ва дӯсти наздики Юсуф Раҳмон гуфта мешавад. Вақте Юсуф Раҳмон омад, Эмомалӣ Раҳмонов муовинҳои ӯро бо танқидҳо аз масъулиятҳо барканор кард. Аммо Ҳабибулло Воҳидов прокурори вилояти Суғд таъин шуд. Ҳоло овардани Ҳ. Воҳидов аз раёсати Агентии мубориза бо гардиши маводи нашъаовар ба мақоми муовин ва Сарпрокурори ҳарбӣ фақат ва фақат ба хотири таҳти назорат гирифтани масири маводди мухаддир аст. Ҳабибулло Воҳидов ҳангоми кор дар Агентӣ тамоми гурӯҳҳои қочоқчиҳоро шинохт. Ва акнун, ки назорати ҳарбиҳо-яъне сарҳадбонҳоро бар душ гирифт, аз ёрони наздики Юсуф Раҳмон дар амри қочоқи маводди мухаддир аст. Номаи зер далели он аст ки Юсуф Раҳмон бо бондҳо ва афроди машғул ба қочоқи маводди мухаддир чи гуна иртибот дорад:

Кулоб

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Дар Шумо дар бораи Раҷу Мулло як мақола чоп кардед. Дар ҳақиқат ин “Раҷу” шахси бонуфуз ва сахт пулдор буд. Дар Кулоб ва Восеъ ҳама бар ин боваранд, ки ӯро куштанд. Вале қотилони вай ҳаргиз  пайдо карда намешавад. Феълан ин амали кушторро аз МВД дида истодаанд. Аммо ба эҳтимоли зиёд дар пушти ин куштор нафарони дигар ва сохтори дигар истодааст. Ман Раҷу муллоро мешинохтам ва бо вай дустӣ ва равуо доштам. Соли 2015 ё16 буд, ки яке ӯро дастгир карданд, қапиданд. Лично Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва қудои охирони Эмомалӣ Раҳмонов худаш ӯро баровард. Вайро бо 8 грамм кокаини тоза қапиданд. Ӯро бурданд ба отдел. Чи қадар латукуб карданд ва бо вай як бозӣ ба роҳ монданд.

Дар кабинет жучок мемонанд. Муфаттиш мегуяд ,ки ман развод мебарояму боз бармегардам. Ва ба Раҷу таҳдид мекунад, ки ноҷунбон бишин. Вале телефонро додаву таъкид кардааст, ки «хап бишин ису усу занг назан».

Аммо ин Раҷу Мулло бо телефон ба чанд ҷойҳои даркорӣ занг зада огоҳ мекунад, ки «борҳоро баҷо кунед». Ҳамаро жучок запис карда аст. Лекин мақомот ягон кор кардагӣ нестанд, обиск нест, изяти нест. Сари вақт маслиҳат мекунанд ва мегуяд 15 ҳазор доллар медиҳаматон сар диҳед. Бегоҳ мебаранд барои санксия ба додгоҳ, аммо додрас санксия намедиҳад. Супориш чунин мешавад, ки «барену дар ҷош қарор диҳен».  Корҳои ӯро он замон Юсуф Раҳмон ҳал мекунад. Ҳоло боз чунин сарусадо дар Кулоб сайр мекунад, ки Раҷу мулло дигар даркор нест, барои ҳамин Юсуф Раҳмон аз гузаштаҳои ифлосаш мехоҳад халос шавад.

Ҳоит

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Барнома дар бораи Ҳоитро тамошо кардам. Валлоҳӣ ҳамааш рост аст. Сайфулло Муталибҷон бародарони мананд. Ҳоло дар бораи бузҳои Ҳоит бароятон менависам. Нозимҷони Исо 70 ҳазор сомонӣ ба Додарбег пора дод. Додарбег аз боғи Чилсолагии Ҳоит ба Нозими Исо як гектар бештар замин дод. Сайфуллои Муллоҷонро зиёд ғам дод, то ки хона насозад. Сайфулло маҷбур шуд ва ба вай пул дод.

Аброров Қаҳрамон, фарзанди Раҳмон мутаваллиди 1976 аст. Падараш чанд сол дар ДЕУ кор кард. Ҳатто як ваҷаб роҳро асфалт накард. Ҳама ҷо замини инҳост. Соҳиби ду дулан, як трактори 82 ва дар Душанбе хона. Падарашро аз вазифа гирифтанду писарашро дар ҷояш монд, яъне ҳамин Қаҳрамони бузро.  Дере нагузашта аз кор сураш карданд. Ин инсонбениҳоят бузи калон аст. Дар Ҳоити 2 ду масҷит мавҷуд буд. Масҷиди боло ва поён. Чанд сол пеш дар масҷиди боло як муло кудакҳоро дарс медод. Ана ҳамин бешараф ин муллоро фурӯхт. Мулло бошад 5 000 сомонӣ бурда ҷарима супорид. Дар масҷид садақа ё гаштак мешавад. Ин бешараф то ҳатто хурданатро наблюдат мекунад. Ҳозир бошад масҷиди боло баста аст. Чанд сол пеш маҳкам карданд. Дар Ҳоити 2 бисёрии бузҳо аз ҳамин авлоданд. Бачаи амаки ҳамин Қаҳрамон Аброрзода бо номи Карими Собир бузи калон аст. Дар Ҳоити 2 ҳама инро медонанд. Ин бешараф шикори бузи куҳӣ меравад, аз касе коғаз намепурсад. Дар забонашон фақат Пешвои миллат.  Ин нафар чанд соли пеш дар милиса кор мекард. Вақте ки лашкари Пешвояшон, хато накунам соли 2012 буд, ба Помир ҳамла карду чи қадар бадахшонии бегуноҳро кушт, ин бузи гушкалон худашро касал гирифт,то ки ҷангаш набаранд. Чунон «касал» шуд, ки дигар аз хонааш набаромад. Баъди ин аз кор сураш карданд. Ин Наими Собир ва Ҳомиди Собир ҳарсеяшон бузи руирост ҳастанд. Наими Собир ҳамроҳи Ҳомиди Собир дар Маскав дар бозори Люблино ароба мекашанд.

Ҷои зиндагии Аброров Қаҳрамон Ҳоит-2 аст. Дигарҳояшон Аброрзода Карими Собир, Аброрзода Наими Собир, Аброрзода Ҳомидҷон ва Нозимҷони Исо низ дар ҳаминҷо зиндагӣ мекунанд.

Як мълумоти дигар дар бораи ГЭС-и Ҳоит. ГЭС дар ҷамоати Ҳоит-2 ҷойгир аст. Алҳамдулиллоҳ зимистон то баҳор свет дорем. Лекин мутаассифона як рама одам кор мекунад. Якумаш Муллоҷони Хуҷаҳмад, ки тамоман ба тарафи ГЭС намеравад. Ҳар моҳ се ҳазор сомонӣ маош ва се ҳазор сомонии дигар нафақа мегирад. Муллоҷони Хуҷаҳмад аз соли 1994 бузуи ин ҳукумат буд то ҳозир ҳам буз аст. Як муҷоҳид буд аз Ҳоит-2. Номаш Ҳусниддин, ки ӯро ба шаҳодат расониданд. Ду маротиба ҳамин Муллоҷони Хуҷаҳмадро озод кард. Вагарна нобудаш мекарданд. Ин бузи калон 5 писар дорад. 4-тои онҳо бузи натуралнианд. Дар ГЭС-и Ҳоит-2, ки дар дараи Тутак ҷойгир шудааст, худаш ва ду писараш кор мекунанд:

Валиҷони Муллоҷон, Қодири Муллоҷон. Калонашон дар онҷо Қодир мебошад.  Писари 3-юмаш Абдуллоҳ аст. Зубайдулло чорумӣ ва Юсуфҷон панҷумӣ. Юсуфҷон дар мактаби 91 директор аст. Нафари дигар Умриддини Ҷура, бачаи холаи Қодир, вазнаш 150 килограмм аст. Ин ГЭС, ки дар ҷамоати Ҳоит ҳаст фақат аз Ярхичи боло то Ҳоит-2 барқ медиҳад. Фақат зимистон. Тобистон маҳкамаш мекунанд, Пули кв. соати барқ 26,51 буд.  Коргарҳо гуфтанд, ки гарон шуд, мумкин то 50 дирам шавад.

Мактаби Ҳоит-2 рақамаш 91 аст. Директори мактаб Юсуфҷони Муллоҷон мебошад. Дар ҳар маҷлис ҳудаву беҳуда пешворо таъриф вале шуморо хоини миллату давлат эълон мекунад. Мо, медонем, ки хоини асосӣ кист. Ҳар ҳафта бо ин ё он баҳона талабаҳои мактабро водор мекунад, ки пул оваранд. Аз дуввуним сомонӣ сар карда то 50 сомонӣ талаб мекунанд.

Чанде пеш дар Ҳойти 2 дуздӣ шуд. Се писарбачаи талабаи мактаб, синфҳои 7 ё 8 дар хонаи Дилбари Мирзои Ҳайит, ки садҳазор сомонӣ касса доштааст даромада даҳ ҳазор сомониашро гирифтанд. Аммо кадом дузди дигар даромада 90 ҳазорашро мегирад. Талабаҳои мактабро дастгир мекунанд. Писари Дилшоди Маҳмад, писари Фатҳуддини Ҳайдар ва писари Ғиёсиддини Абдурашид, ки онҳоро ҳар кадомеашро 17 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Ва директори мактаби рақами 91ро ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.  Аммо дирктор ин пулро аз талабаҳои мактаби №91 ҷамъ карда супорид.  Бубинед зулм то куҷо дар Ҳоит тантана мекунад.

Барои духтарҳо либоси мактабӣ меоранд ва аз ҳар духтар 50 сомонӣ мегиранд. Дорӣ, надорӣ барои онҳо фарқ надорад. Бояд биёбӣ ва бурда супорӣ. Як зан, дар мактаби 91 фаррош аст. Вай мардумро мефурӯшад. Баротова Меъроҷбӣ. Чанд барондарони фурӯхта шуда тавассути ӯ гуфтанд, ки ин зан ҳаминкора аст. Аз авлоди директори мактаб аст. Хуҷааҳмади Муллоҷон 5 писар дорад. Якумаш Валиҷони Муллоҷон, ки чанд сол милиса буд. Дуюмаш Қодири Муллоҷон, сардори шабакаҳои барқ аст, аммо инсони хуб аст, ба мардум хизматаш мерсад. Сеюмаш Абдуллои Муллоҷон.Тамоми кори зишти дунёро мекунад. Арақ, банг, сигор. Доим дар Русия аст. Ҳамонҷо кор мекунад.

Чорум Зубайдуллои Муллоҷон, ки ин ҳам чанд сол дар милиса кор кардааст. Ва панҷум Юсуфҷони Муллоҷон, ки мактабро ҳатто дуруст ба итмом нарасонидааст. Чанд соли муаллим шуда кор кард. Ин Юсуфҷони Муллоҷон, арақ, наша ва сигор истеъмол мекунад, мисли падараш Хуҷааҳмади Муллоҷон. Хулласи калом Қодири писараш буз нест ва инро ҳама медонанд. Худаш ва чор фарзанди дигараш то мурғи мардумро хабар мекашанд ва бузҳои асосии Ҳоитанд.

Дар мактаби №91-Ҳоити 2 барои талабаҳо куртаи сафед меоранд ва аз ҳар талаба 30 сомонӣ мегиранд, на фақат аз духтарҳо аз писарҳо ҳам меситонанд. Боз як қонуни нав баровардаанд. Агар зан ҳомила аст бояд аввали моҳ, ки тифл як моҳа мебошад бояд ӯро ба бемористон рафта қайд кунад албатта ин кори хуб аст вале барои гузоштан дар қайд 200 сомонӣ мепурсанд вале агар тифл калон шуда бошад, яъне думоҳа шуда бошад бояд 5000 сомонӣ бидиҳӣ. Чунки дер кардаӣ. Агар худатро рафта дар қайд нагузорӣ ва пулро надиҳӣ ба ту касе дар беморхона ёрдам намерасонад. Ҳатто намемонанд, ки вориди бемористон бишавӣ.

Ин Хуҷаҳмади Муллоҷон бошад ҳар тирамоҳ аз дара ҳезум меорад. Як камаз ҳезум то 4000 сомонӣ. Аммо худи Хуҷаҳмади Муллоҷон як дирам хароҷот намекунпд, чунки шабона меоварад. Лекин рӯз шавад, мардум мебинад, ки вай аз дара ҳезум овардааст. Ҳезуми дара маълум аст. Вале агар ягон нафари дигар теша ба ягон буттаи ҳатто хушк зад, ҷангалбону участковий филҳол ба сараш меоянд. Аммо касе ин Хуҷаҳмади Муллоҷонро, ки Камаз Камаз оварда мефурӯшад, касе намебинад ва чизе намегуяд. То ба кай дар Ҳоит ин ҳама зулму ситам давом мекарда бошад ?

Конибодом

Ассалому алейкум мӯҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аввалин бор ба шумо шикоятномаи пур аз дарду ранҷи мардуми деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Лоҳутии   ноҳияи Конибодомро менависам. Ҳаракат мекунам тамоми афроди берун аз қонуни кишвар ва корҳои анҷомдодаашонро ба минбари ҳақгуи шумо маълум кунам.

Ман чанд сол пеш ба маркази ноҳияи Конибодом ба хотири гирифтани шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон рафтам. Манро онҷо хеле таҳқир карданд. Гуфтанл ришат фалон сантиметр аст: «бра ай магазин я «Жилет» бги ришта бтрош, набоша да обезянник метрошемт».  Ман ноилоҷ ришамро тарошидам ва баъд ҳозир шудам. Аммо онҷо навбати калон буд. Ҷавонон пиронсолонро ҳақорат мекарданд. Вақти навбати ман расид, навбати манро як бача гирифту даромаданӣ шуд. Аммо ман зудтар даромадам. Вале онҷо манро ҳақорат карда чунин гуфтан: «э,будики шапкача, бра дафша, ай кабинетм». Ман шок шудам, на ба суханҳояш, балки ба ҳолате, ки ӯ онҷо қарор дошта буд, изор яъне шим, ман намедонам шумо қурғаниҳо брюкро чи мегуед, ҳамин брюкаш поён аз зонуҳояш буд ва дар пушти мизи кориаш, руи фарш маълум буд, ки зане буд. Шояд ман ин саҳначаро ба  ба шумо натавонистам фаҳмотар нависам. Ман ҳам номус дорам ва шумо ва бинандаҳо ҳам номус ва фаҳмиш доред. Мақсад дар паспортний столи ноҳияи Конибодом ҳолати мардуми бечора чунин аст.

Солҳои 2016 — 2017 як прокуроре буд, ки бо ҷавонон кор мекард. Ӯ ҳам ба монанди ҳамин коргари паспортний стол, шахсияти непростой буд. Он прокурор он занҳоеро, ки аз шавҳарҳояшон ҷудо мешаванд, ё бо масъалаи алимент, ё ба масъалаи ҳуқуқи волидон барои кӯдак баъд аз ҷудошавӣ ба вай муроҷиат мекарданд, ӯ ба осонӣ ин корҳоро ҳал намекард.

Қасам мехӯрам ба тамоми муқаддасоти олам, дидам ин корашро. Вай дари кабинеташро маҳкам карда бо ҳамон зану модарҳои мардум, корҳои палиду касифи худро анҷом медод. Солҳои 2016 ва 2017. Тақрибан моҳҳои декабр, феврал ва апрел буд. Ман талаб дорам аз ҷаноби Буратинои Навҷувонов, ки ин ба ном прокурорҳоро санҷад, аз ҳамон солҳои пеши пеш, то ки мо ӯро дигар дар оянда Буратино нагуем. Чунки бачаҳако, ҷиянҳо ва дигар авлоди Эмин Ҷалилов задагиян мардуми Конибодомро. Ҳатто Тухтасуноғлуро бо бачаҳои хистеварзӣ, ки кришаашон Қоҳир Расулзода аст задагӣ аст.

Мегузарем ба барқхомӯш кунӣ. Баъд аз чанд номаҳои оташин аз Конибодом дар ҷамоати Лоҳутӣ ва деҳаҳои он, Лоҳути ва Ҷахонзеб қатъи барқ зиёдтар шудааст. Барқро аз соати 6:45 саҳар то соати 18:00 бегаҳи хомӯш мекунанд. Ширкатҳои интернетии Тсел, МегаФон ва ЗЕТ Мобайл аз ин сабаб кор намекунанд. Чунки барқ дар вишкаҳо-марказҳои мавҷафканӣ намешавад.

Мегузарем ба тағйиротҳое, ки дар ҷамоат сурат гирифтааст:

Номаҳои шумораи 105 ва 106 -ро дар Конибодом ҳамагон хонданду диданд. Аммо дар соҳаи ЖКХ-и ҷамоати Лоҳутӣ ҳеҷ пешравие мушоҳида намешавад. Дар болои деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷазонзеб партовгоҳҳои даҳсола мавҷуд аст. Дар назди станцияҳои нафтбарорӣ, нафарони бузшуда, ки дар майдонҳои одамон кор мекунанд, фаъолияти худро пеш мебаранд.

Бечора раисон ва активу фаъолони ҷойҳои муайян байни кормандони паструтба гуфти русҳо як «посмешище» шудаанд. Касе мехоҳад чизе мегуяд, механдаду прикол мекунад. Аммо аз тарафи бачаҳакои боло, ки дар маркази Конибодом ҳастанд онҳоро маҷбур карда истодаанд. Масалан бечора Абдуфотеҳро, ки ӯ ин корҳояшро анҷом диҳад.

Ҳоло дар ҷамоат «облава» –и сахти сахт шурӯъ шудааст:

Облаваро асосан солдатҳои военний, аз часте, ки дар назди Сирдарё ҷойгир шудааст,   анҷом медиҳанд, албатта ҳамроҳ бо нозирони шӯъбачаи ҳифзи ҳуқуқи ҷамоати Лоҳутӣ.

Мегузарем ба ревизорҳои гушнапурзури Хуҷанди. Ҳар як гӯшаву канори ҷамоати Лоҳутиро ревизорҳо бо дастур ва ҳидояти Ҷаноби Буратинои гушнапурзур, оқои номуҳтарам Абдулло Навҷувонови бисёр ҷияна, проверка карда истодаанд.

Охир, эй мардум, ба мо ҳеҷ чиз аз шумо лозим нест, ғайр аз 1 насос дар деҳаи Лоҳутӣ ва 1 насос дар деҳаи Қарақчиқум.

Хитоб дорам ба Буратино! Эй Буратино,  гушҳои Тухтасуноғлуро бикаш ва бигу,ки моро бо насос ва бо об таъмин кунад, то ки бештар пахтаҳоямонро ба оилаи номӯҳтарам ҷаноби олӣ диҳем. Навҷувонов ту фақат дар фикри ҷиянҳои зафарабодият ҳастӣ, тамом!

Мегузарем ба он кормандоне,  ки пули об, барқ, налоги заминро ҷамъ мекунанд. Онҳо ҳатман барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо»— ро тамошо мекунанд. Корашон бо участковий тарсонидани бечора кампиру чолакиҳо мебошад. Ҳолатҳое мешавад, ки дару дарвозаҳои одамонро шикаста ё тирезаҳои хонаҳояшонро бо санг шикаста пул талаб мекунанд. Ва гоҳ- гоҳ бо махсус шашкачаҳо ба деворҳои одамон калимаҳои муайянро менависанд.

Чанд сол пеш як марди айнакдор бо як зан буд. Бо мошини тамғаи Жигулӣ хона ба хона мегаштанд. Хеле мардумро ба дод оварда буданд. Кампиру муйсафедҳоро таҳқиру дашном мекарданд. Ҳатто ба таҳдид мегузаштанд. Ҳоло он марди хароби қадбаланд дар Русия қарор дорад. Умедворам ӯ дар онҷо зери зулми дронҳои мақомоти Русия қарор дошта бошад.

Мо мардум ба дод омадаем аз кору кирдори онҳо.  Мо талаб дорем системаи ҳозира замонавӣ шаваду мо пулҳои об, замин, барқро тавассути он супорам. На ин ки моро таҳқир кунанду бизананд ин гургҳои гушнапурзури бадахлоқ.

Ман бо яке аз кормандони шӯъбачаи ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоати Лоҳутӣ ҳам сӯҳбат шуда будам. Пурсидем, ки чаро бачаҳои синфҳои 11-ро аз дарсҳо гирифта ба қӯшунҳои ҳарбӣ ба мошинҳо шинонда мебаранд, ӯ ба ман хандида ҷавоб дод: «Мо миқдори муайян пул додагием, агар мо плана буд накунем, ҳатто синфҳои 10-ро ҳам қапида мебарем, мо бояд плана буд кунем, мо барои пул омадагием ба тарафҳои шумо ва бояд минтақаҳои шуморо биҷушем то тавону имкон дорем. Гарчанде аксарияти заминҳои Конибодому Исфара дар оянда ба Қирғизистон дода мешавад.»  Албатта, ӯ ба лаҳҷаи худаш гуфт, ман фаҳмотар навиштам.

Самара шикоят аз бузҳои Совхози Туркманистони Бохтар

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо як гурӯҳ аз шаҳри Самара дар бораи Ятимов Муртазо мехоҳем маълумот дихем. Ятимов Муртазо аз ноҳияи Вахш, ҷамоати Тоҷикобод аз ҳамон совхози Туркманистон аст. Муртазо як буз аст, ки ҳамаи ҷавонони қишлоқро фурухт ба амният. Ду сол пеш бачаи холаи худашро фурӯхт. Номи бачаи холааш Муҳибулло Нуридинов аст. Бо гумони он ки аз Германия ба ӯ бародаронаш сум равон мекарданд. Муҳибуллоро амният даъват ва бо вай саволу ҷавоб мекунад. Ягон айбашро намеёбад ва ҷавобаш медиҳанд. Баъди чанд лаҳзае ҳамин Муртазо меояд ва машварат медиҳад, ки телефонашро хушру биковед, вай ҳама чизашро удалит кардааст. Баъд Муҳибуллоро дубора даъват карда боз телефонашро кофта, хулоса.. баъди кофтуков Муҳибуллоро барои панҷ сол ба зиндон рафон карданд. Ин оқипадар як сол нагузашат боз як ҳамсинфашро мефурӯшад. Он ҳамсинфаш Умед ном дошт. Умед бо ҳамроҳи ҳамсинфонаш хонагаштак доштаанд.

Навбати хонаи Умед мешаваду ҳамсинфонаш меоянду мешинанд. Ин умед аз дасти ҳамин гуна бузҳо аз деҳа баромада рафта буд. Ва аз чанд соли пеш дар Душанбе зиндагӣ мекард. Чанд лаҳза дар хонаи Умед мешинанд. Баъд ҳамин Муртазо баромада меравад ва боз гашта меояд. Хуласи гап, ки ҳамсинфон мехезанду мераванд. Як рӯз ногузашта, пагоҳ, бегоҳӣ амниятиҳои ноҳияи Вахш омада Умедро дастгир мекунанд. Баъд ба хонагиҳояшон мегуянд, ки телефонашро биёред. Модари Умед телефони занашро мебарад. Амниятиҳо мегуянд, ки ин телефони Умед нест, телефони худашро биёред.

Умед бо гуноҳи онки бо “Ислоҳ” гап задааст, подставит карда 7 сол зиндонӣ шуд. Аммо боз ду бачаи дигарро фурухтааст, ки онҳоро хизмат бурданд. Номи онҳо Баҳриддин ва Ҳоҷимурод аст. Онҳоро ба амният фурӯхт. Аз ҳардуяшон 40.000 сомонӣ талаб кардааст.

Ҳоҷимурод мошини Тойота камриашро фурӯхта худашро халос кард. Баҳриддин ки сум надошт 2 сол хизмат рафт. 40.000 сомониро ҳамин Муртазо аз дасти Ҳоҷӣ Мурод гирифтааст. Гуфтааст,  ки шумо через ман коратонро ҳал карда метавонед через ягон каси дига наметавонед. Ба худо қасам дигар намедонем кадом корҳои инро нависем. Он қадар ҷиноятҳое кардагӣ аст ки ҳисобаш гум.

Имсол бачаҳо аз Самара ба Тоҷикистон рафтанд. Умед ва Сайбурҳон ҳардуяшон бо мошинҳояшон рафтанд. 10 рӯз ногузашта ҳардуяшонро ба амният даъват карда делои ҷиноӣ ҳуй карданд, бо гуноҳе, ки как будто бо Германия онҳо гап зада бошанд. Ин бечораҳо15 сол шуд, ки нав як мошинӣ харида буданд, сразу бардоштанд. Як ним моҳ шуд, ки бечораҳо ҳоло фақат қарзҳояшонро канда истоданд.

Аммо делои Умед ва Сайбурҳон тамом нашудааст, ҳоло рафта истодааст, паспортҳояшонро гирифтаанд. Аввал бурда 4 рӯз мурданӣ азобашон доданд, баъд озодашон карданд. Аммо паспортҳояшонро гирифтанд.

Як моҳ зиёд шуд, ки имрӯзу пагоҳ мекунанд ва дар ҳама ҷойҳо масхараашон мекунанд, ки паспортҳоятонро намедиҳем: «дасти мадаҳан паспортотон».

Ин бечораҳоро ҳар рӯз мефармоянд, ки мошинҳоятонро «заправка кнен биёрен». Онҳо бо мошинҳо инҳо тамоми корҳои худашонр буд мекунанд.

«1,5 млн рубл биёрен бад паспортотона метием». Аммо як каме баъдтар боз отказ кардаанд, ки «камай и сум». Муртазо гуфтааст, ки «сумша ҳолӣ мегум чанд сум биёрен»

Ятимов Муртазо соли тавалудаш 1992, аз совхози Туркманистон, кришаи Муртазо  Ҷурабек- амниятӣ. Номи падараш Раҳматулло. Падарш дар масҷид имом аст.   Амакаш қорӣ- Ҳикматулло. Падараш ва амакаш муллои бақувват.

Валлоҳӣ қасам нисбати ман ягон бадӣ накарда буд. Ман ҳам кораш надорам. Аммо аз рӯзе фаҳмидам, ки мунофиқ аст бо вай салом намекунам. Ҳар тобистон, вақти мавсим Самара меояд, бачаҳоро мебинад ва мераваду доклад мекунад.

Дар масҷид Муртазо пеш медарояд. Чанд бор даромадам, ки пешнамоз аст, намозамро ҷудо хондам. Ба худо қасам бачаҳо дигар аз дасти ин номард рафта наметавонанд, ҳамаро дар амният сиёҳ кардааст.

Домулло Мухаммадиқбол ин  одам Маҳмудов Маъруф,, муллои 5 вақтаи масҷид дар “Первой май” Совхози Туркманистон масҷиди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Маҳмудов Маъруф  масҷидро мисли  хонаи шахсияш кардааст.  Дар барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо…” хабардораш кунед, ки мардума угрожать карданро бас кунад. Ҳама аз амният ва аз  милисаҳо мардумро метарсонад . Ошкоро мегуяд: хуб гуш кунен мардум дар телфонам аз ҷамоат саркадаги то Республика номерҳои амниятиҳо ҳастанд. Ҳар  кадомет путат кнед дар амният месупормту.

Валлоҳи кораш фақад таҳдид кардан аст мардумро. Як инсони бе савод аст вале аз бас,ки инсонҳои бо савод бо ин режим ҳамкори намекунанд муллогӣ ба ӯ расидааст дигар. Кораш дар масҷид факат ғайбат ҷанг андози шайтонӣ ҳаст.  Ӯ як шогирд дорад Малаев Манучер  кори ин шогирдаш валлоҳи мардумро бо як дигар ҷанг андохтан аст. Аз дастаи ин корҳояшон дигар дили мардум аз масҷид рафтан мондагӣ аст.  Ҳоло домулло як бор гуфта гузаред ку бинем ягон тағйироте мешавад ва ё не, агар бас накарданд корҳошона бад боз ҳама корҳояшонро бо факту далел сабт карда мефиристем . Домулло боз фикр накунед мо туҳмат дорем касеро, агар дилатон ягон дур брава ,  ки ягон ҷое дар ин навиштаамон  хато ё туҳмат аст , ҳар зотеро мешиносед аз манобеъатон  пурсед, кадомеро, ки медонед занг зада пурсед.

Дар бораи Баҳриддини Самара навиштем. Алҳамдуллилаҳ, ки натиҷа дод, полний шикаст бо шайкааш, полний посилат шуд, албатта, бо хости Аллоҳ ва ёрдами шумо.Мо дуо ва ҳаракат дорем,ки ҳарчи зудтар аз ин зулм наҷот ёбем. Ба худо қасам на шаб хоб мебарад, на рӯз. Мо дигар аз дасти ин номард Тоҷикистон рафта наметавонем. Ҳамаро дар амният фурухтааст. Уже мардумро фарёд карда истодаанд, пурсу пос доранд. До того рушод мардумро фурӯхта истодааст, ки инхел  бузашро дар ягон давру замон надидаем. Илтимос, номи падар ва амакашро бигиред, то ки тамоми мардум дар руи онҳо туф кунанд ба инхел фарзанди тарбият кардаашон.

Душанбе

Салом бародарони гиромӣ, аҳли тими Ислоҳ! Хостам дар бораи як мавзуъ сухан кунам. Мегуянд, ки Тоҷикистон ҳама ҷояш обод аст. Бисёртар шаҳри Душанберо таъриф мекунанд. Мегуянд, ки хело пешравӣ ва ободи шудааст. Фикр мекунанд, ки мардуми мо пешравиро ба 5-10 дом ё ки новостройкаҳои нав мебинанд ва ҳамин аст ободӣ.

Ҳол онки камтар аз Душанбе берун бароӣ, баъд ободиро мебинӣ. Масалан тарафи 7км маҳаллаи маъруф ба  Восточний халма,  2-юм квартал, тарафи бозори ХОВАРОН — гардиши завод ё ки ТЕТЦ. Мо мардуми ин маҳалла беш аз 15-20 сол мешавад, ки аз роҳҳои ҷазир- роҳи бе асфалт ва набудани об азият мекашем. Асри 21 аст, аммо роҳҳои мо як намуд безебу расво аст, ки боваратон намешавад. Аз хурд то калон солҳои дароз аст, ки махсусан дар мавсими боронию барфӣ хело азоб мекашем. Бисёртар ба кудакони мактабхон ҷабри бад мешавад. Бечора кудакони майда дар рафтану омадан бо ин роҳҳо бисёр азоб мекашанд!

Ин чи гап аст? Бовар кунед, ки мо безор шудаем. Охир то кай хап мекунем, то кай ба ин бадбахтӣ сабру таҳаммул мекунем? Бас будагист! Ин ҳукумати худкомаи золим куҷора нигоҳ мекунад? Канӣ раиси ин ноҳия, канӣ домком?

Рости гап, вақте дар ҳар барномаи Ахбор Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд: “шукри ин ватан кунед”, мехоҳам бихезаму дар даҳанаш ба шатта бизанам. Охир, эй девонаи масти Худо. Як роҳи даруни пойтахтро таъмир ва асфалт карда наметавонӣ, аз кадом шукронакунӣ ва ободӣ гап мезанӣ?

Чанд сол шуд, ки фақат ваъдаҳои дуруғ медиҳанд, ки роҳатонро соз мекунем, асфалт мекунем, обатон мебароем, лекин ҳамааш дуруғ аст. Аз саратон монад ҳамин ҳукумати сохтаатон. Барои чи мушкил ва камбуди дохили пойтахтро баратараф намекунед? Дар телевизион фақат худашонро таъриф мекунанд. Рустам дар фалонҷо роҳи чандэстаката месозад, Рустам ин мекунаду он мекунад. Рустам хоки сиёҳ мекунад.

Раис ё ки домкоми маҳаллаи квартали 2ро фақат мавсми облава мебинӣ. Худаш пешпеш, кормандони военкомат аз қафояш хона ба хона мегарданду призивник мекованд. То ки бачаҳои 18-20 соларо қапида маҷбурӣ хизмат баранд. Аммо дар масъалаи ободонӣ, махсусан роҳ ва об аслан лаб намекушояд. Ин чи гуна ҳукумат шуд? Куҷои ин бар фоидаи халқ аст? Корашон фақат дуздиву ғорат. Марг бар шумо бод ҳукуматиҳо аз хурд сар карда то калонатон!

Конибодом

Ассалому алайкум бародари гиромӣ. Нома аз номи шерҳои нару дакани деҳаҳои Қарақчиқум ва Лоҳутӣ навишта мешавад.

Баъди нашри Номаҳо№ 106, ба ҷамоати Лоҳутӣ чанд аскарро бо силоҳҳои махсус оварда монданд.Яке аз милисаҳои гушнапурзури душанбегиро аз обезянник аз кор холӣ карданд, ё перевод карданд, мақсад аз инҷо убрат карданд. Як милиса дар байни мардум мегардад ранги мори Анаконда, ба фикрам номаш Далер аст.

Баъди чанд номаҳо, аз Хуҷанд, занҳои хуҷандии баландрутба омаданд, мо мардум, албатта, номҳои онҳоро медонем, аммо ба хотири зан буданашон намегӯем. Аммо ин дафъа хоҳишмандем ревизорҳо ба ҷамоати мо пойҳои худро бекибр гузоред, то ки дар мавридатон номаҳо сериал нашавад. Бовар кунед, ки ин «Номаҳо..» хеле хуб шуд. Шасти хеле аз фукдарҳавоҳоро ба замин молид, сиру асрорашонро ифшо ва дар байни мардум шарманда кард. Ҳатман бачаҳову дӯстонашон мехонанд ва аз корҳои пушти пардаи онҳо ва аз чи гуна одам будани онҳо воқиф мешаванд.

Кори хубе кардед, бародар Муҳаммадиқбол!

Дар ҷамоат ҳеҷ мағозадор ё бизнесмене намондааст. Ҳамаашон куч бастанду дар Русия қарор доранд. Чунки оила бизнеси тамоми мардуми соҳибкорро  кашида гирифт.

Ҳоло кормандони БДА-ро аз бачаҳакои боло ба бачаҳакои хистеварзи мубодила карданд. Ин бачаҳако бошанд Эмин Ҷалиловро умуман задагианд, чунки кришаи бачаҳакои хистеварзӣ Қоҳир Расулзода аст. Аммо мо мардуми ҷамоати Лоҳутӣ намехоҳем, ки ду деҳаи мо Лоҳутӣ ва Қарақчиқум барои мафияҳои инҳо полигони ҷангҳо шавад ва барои ҳамин мо мехоҳем ҷаноби Буратино-Навҷувонов инҳоро аз инҷо нест кунад.

Дар яке аз барномаҳои ВКД хеле сохтакорӣ нисбати моҳиқапакҳои бечораи Ҷаҳонзеб- собиқ Қарақчиқум сурат гирифта буд. Пеш, солҳои гузашта ҳамон касоне ки Баҳри тоҷикро назорат мекарданд ба любой желаюший иҷозат медод, албатта бо маблағи муайян, то моҳидорӣ кунанд. Имрӯз ин тавр нест.

Ҳоло ин солдатҳо корашон ғорати мағозаҳо, таҷовуз  ва зери чашм кардани бачаҳои мардум барои облаваи навбатӣ мебошад. Мардум аз онҳо эҳтиёт бошед. Ва ҳоло милисаҳои подставшики «не местний» телефони одамҳоро гуё случайно барои занг задан мепурсанд, гӯё, ки мошинҳои онҳо вайрон шуда бошад. Ва худи онҳо дар Ютуб лайк мемонанд ва подстава мекунанд.

Мардуми Қарақчиқум ва Лоҳутӣ эҳтиёт бошед аз ин аҷнабиҳо ва телефонҳоятонро ғайр аз «ойимҳоятон» ба касе надиҳед.

Обро 3 — 4 соат медиҳанд. Бачаҳакои боло, ки дар маркази шаҳри Конибодом кор мекунанд, маълум аст ки дар кадом мақомот, бечора раиси ҷамоатро хеле ғам медиҳанд, аммо раиси ҷамоат ҳам маҷбур аст, бузӣ кунад.

Аммо агар дар вақти ӯ дар ҷамоати Қарақчиқум як насос оварда шавад ӯ метавонад то охири умр, ба сари баланд дар зодгоҳаш гардад. Чунки ин бачаҳакои говсавор ва ҳукуматашон абадӣ нест.

Мегузарем ба барқ хомӯш куни, барқ дар ҳеҷ кадом ҷой мушоҳида карда намешавад. Онро дар зиндони «Кирпичний» маҳкам карданд, дар камераи 95 рӯ ба рӯи 96. Бояд мардум ӯро аз онҷо озод кунад, то ки ӯ дар манзилҳои наҷотбахшаш равшанӣ диҳад.

Суръати интернет баъди нашри чандин номаҳои ҷонкоҳ, боз махсус суст карда шуд. Аммо ин мушкилиҳо пеши роҳи моро намегирад. Мо Раҳмоновро дар даруни камераи торик маҳкам мекунем.

Имрӯзҳо боз як раванди таблиғи Паёмашро дар тамоми кишвар шуруъ кардаанд. Аммо паёми ман ба худи Раҳмонови говкалла чунин аст.

Қарақчиқум, Қистақуз, Лоҳутӣ, Конибодом ва Исфара бо ту набуд, ва нест! Ту ватани моро -ҳамон километрҳое, ки бароят «як пустяк» аст, ҳеҷ арзише надорад, фурӯхтӣ ба аҷнабӣ, ба душмани мо. Моро худат мухолифи ин режими палидат кардӣ Раҳмонов!

Истаравшан

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман феълан дар Русия ҳастам. Аз Истаравшан мебошам. Чанд рӯз пеш аз ватан баргаштам. Ҳоло ҳодисаҳое шуда истодааст, ки тамоман боварнакарданӣ.

Баъзе аз бачаҳоро ба кисаҳояшон прослушка монда байни дигарҳо мефиристанд. Як ҳафта сабт карда мераванд ва дар онҷо (отдел) гуш мекунанд ва соҳиби садоро пайдо мекунанду мепурсанд. Садоҳоро маълум намуда номери телефонашро гирифта занг зада меоранд ва дастгир мекунанд.

Масалан дар бораи домулло гап занӣ , дар бораи дигар чиз меқапанд.  Шахсан 260. 000 рубли худамро гирифтанд.  Ту ин, ту он гуфтанд. Маро дар дарун нигоҳ доштанд, дар берун бошад бародарам ва оилааамро тарсонида гуфтанд, ки камаш 10 сол тюрма мешавад. Ва ҳамин тавр хонаводаам аз тарси онки ман зиндон мешавам он пулҳои бо хуни ҷигар кор кардаи маро ба он ҳаромхурҳо доданд. Аммо ин корро бо дигарҳо ҳам карда истодаанд, дигарҳоро ҳам ҳамин хел карда истодаанд.

Яке аз он милисаҳо Азим аст. Фамилияашро намедонам. Азим аз Оби чапа Дар 6-0й отдел кор мекунад. 30 сола аст. Меқапад месупорад. Хелеҳоро қапид. Як нафарро қапиданд, модараш наздик буд талхакаф шавад. Вай 5 000 доллар дод, вале боз дар турма шишт. Гуноҳаш инки ту террорист шудагӣ, бо мухолифҳо гап задагӣ, ту тарафи Сурия гап задагӣ Тавре мекунанд, ки берун будагиҳо дар тарсу ваҳшат афтанд: «Бачаат, додарат, шавҳарат ана ҳамин хелин корҳои зидди давлатӣ ва хиёнат кардагӣ ва онҳоро бо ин гапҳо  метарсонанд. Аз берунаҳо пул мегиранд. Ба ҳисоби мо танҳо дар соли гузашта аз деҳаи мо аз 150 нафар пул гирифтагианд. Ҳар рӯз якто-дуто ҳаст. Акнун худатон ҳисоб кунед,ки аз 150 нафар ками камаш 2 ҳазор доллар ва болояш то 10 ҳазор доллар. Нафари дигар Раҳим ном дорад. Бачаҳои ёш, мактабхонҳоро қапида подвал дароварда 5- 6 рӯз маҳкам мекунанд ва сипас онҳоро таҳти тарсу ҳарос буз карда мегиранд. Ягон кас ягон чи гуфта наметавонад. Талабаҳои ҳатто синфи 7ро ҳам ҳамин хел кардаанд: буз. Номерҳои телефонҳояшонро гирифта барояи худ наводчик кардагианд.

Аз Русия меравӣ, маълум, ки як кам пул дорӣ. Сраза ҷеғ мезананд. Манро ҳам баъди омадан аз Русия қапида буданд. Ростӣ, бо милисаҳои ватан азоб сахт аст.

Раҳим аз Истаравшан.40 сола аст. Хонаш дар кучаи Садово, маркзи шаҳр.  Ним сол шуд дар 6-ой отдел аст. Пеш аз вай аз бачаҳакои боло буд. Раҳим бузии зиёд карду пораро калон дод ва хелеҳоро буз сохту вазифаро гирифт. Як нафар ҳамдеҳаамон гуфт, ки бачаҳоро бурда сахт азоб медиҳад. Бо онҳо тарзе рафтор мекунад, ки мегуӣ аслан одам нест. Гуфтааст, ки танҳо «дар як куча 90 буз дорам».

Раисони маҳаллаҳо пештар одамони бономус буданд, ҳоло мутаассифона аксарияташон буз ҳастанд. Бо ҳаминҳо ҳамкорӣ мекунанд. Одамҳо ба Русия зор ҳастанд. Бахудо вақте парвоз кардам даруни самолёт аз занҳо пур буд. Навбат ба занҳо расидааст.

Ҳоло фақат хабаркашҳо мондаанд. Масъала ришу ҳиҷоб ва тамошои Ислоҳ аст. Аммо ман хелеҳоро медонам, ки барқасди ҳаминҳо тамошобини “Ислоҳ” ва тарафдори оппозитсия шудаанд. Нархи нафароне, ки барои тамошои “Ислоҳ” меқапанд то садҳазор сомонӣ шудааст. Аммо ин корашон асар надорад, чунки ҳама дигар “Ислоҳ”ро тамошо мекунад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№110 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№101
Ончиро, ки дар “Ислоҳ” ва дар барномаҳои он ва бахусус «Номаҳо..» бадашон меояду мутанаффиранд, ошкор ва намоён шудани ҳолатҳои пушти саҳнаи зиндагиашон аст. Балки чеҳраи воқеии ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки беш аз се даҳа аст зимоми қудратро дар даст доранд, тавассути «Номаҳо…»  намоён ва рушод мешавад. Мо, шиму костюм ва галстукҳои трангбастаашонро ҳуй мекунем, балки ин худи мардум аст, ки барои арзи симои асосии онҳо кумак мекунад. Чеҳраашонро, корашонро, кирдорашонро мо намудор карда истодаем:

Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Роҷеъ ба Дилшод Раҳимов, писари Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон мехоҳам гап занам.

Дилшод Раҳимов аз соли 2005-2010 дар Академияи милисаи шаҳри Маскав таҳсил мекард. Дар тули ин 5 сол ба як ҳоли зор, бо пулу зораву нола Академияро хатм кард. 5 сол кори ин шахс фақат ҳаромкорӣ буд. Баъди хатм ба Душанбе баргашт вале дар милиса кор накард. Ба Хадамоти гумрук рафт. Лекин чи рафиқу ҷурае, ки аз студентони тоҷик дошту бо ӯ таҳсил карданд, ҳамааш ба ВКД ба ҷойҳои равғанӣ ба кор даромаданд. Баъди зангириаш низ Дилшод ҳаромкориҳои худро бас накард. Қариб ҳаррӯз кораш арақнушӣ, зино ва қиморбозӣ дар тарабхонаҳои колхози Россия, дар дачаҳои Варзоб ва дар Душанбе, ки якчанд хонаҳои пинҳонӣ барои кайфу маишат доранд. Дар ин ‘’круг’’ Абдулфайз Шамолов (ҷияни Саидшо Шамолов) Муҳаммад Мирзоалиев, писари раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон Комил Мирзоалиев ва як чанд писарҳову ҷиянҳои одамони сарватманди Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

Тобистони соли 2016 дар вақти як маишат дар дачаи Ҷамшед Зиёев, собиқ раиси Тоҷпромбонк, ки писари ӯ Азиз дар ин круг буд, Дилшод ба ҷурааш бо номи Фируз (бо ӯ дар академия ҳамроҳ таҳсил карда буданд) мегуяд, ки аруси ӯро ба хонааш бубарад. Фируз маст бо ин духтар ба самти Душанбе равон мешаванд. Дар наздики Варзоб ГЭС ба дарахт сахт бармехурад ва мошинаш негодный мешавад. Қариб буд, ки ҳардуяш мемурданд. Баъде, ки Фируз ба худ омад, гуфт,ки он духтар ҳамсинфи ӯ буд. Мақсад Дилшодро нафурухт. Аз тарси модари ӯ духтар, ки ҳамон сол ба таътил аз Москва ба Душанбе омада буд. Дилшод нагуфт, ки бо он духтар алоқа доштанд. Баъди хомуш шудани ин ҳама кор ва табобати Фируз, ӯро бо рутбаи баланд дар Интерпол кор монданд. То имрӯз ин круг зинову ҳаромгардии худро давом дода истдаанд. Ҳаракат мекунанд, ки ба чашми бачаҳои круги Рустам нағалтанд.

Дилшод як одами хасис аст, барои ягон кайфи мекардагияш пул тамоман намедиҳад.

Счетро фақат одамҳои гирдаш медиҳанд. То туҳфаҳое, ки ба арусҳояш мехарад, пулашро ҷураҳояш медиҳанд.

Дилшод 1986 ба дунё омдааст. Дар кадом мактаб таҳсил кардааст, ростӣ намедонам. Айни ҳол дар худи Хадамоти гумрук кор мекунад. Номи он духтар Нигора буд. Вай дар Москва зиндагӣ мекунад ва ҳамчунин дар мактаби 20 таҳсил мекард. Дар Москва Дилшод дар хобгоҳи академияи МВД зиндагӣ мекард, метрои Коньково.

Соли 2007 аз пушти духтари қазоқ Дилшод дар ҷанги як ба як аз як қазоқ сахт шата мехурад. Дасташро қазоқ мешиканад, сару руяш каҷидагӣ, кабуду сурх буд, як моҳ аз хобгоҳ набуаромад. Падараш он вақт муовини ВКД буд ва аз тарафи ин вазорат фақат нома равон мекарданд, то ки вақт диҳанд, ки ин камақл имтиҳонҳояшро супорида тавонад.

Фируз соли тавалудаш 1988 то синфи 10 дар мактаби 20 Душанбе таҳсил мекард, Вале аз байни синфи 10 ӯро ба синфи 11-и мактаби президентӣ қабул карданд ва соли 2005 ӯ ба Академияи МВД-и Маскав дохил шуд.

Муҳаммад Мирзоалиев дар мактаби 20 таҳсил мекард бо апааш Мадина. Таваллудаш 1990 ҳаст. Ҷураҳои мактабиаш инҳоянд: Аъзам, писари Рустам Атоев, Манучеҳр Алаев, писари як одами мақомдор, Абдулфайз Шамолов писари бародари бузурги Саидшо Шамолов, ки дар гумруки фурудгоҳи Душанбе кор мекунад. Маълумоти бештар аз дигар корҳояшонро боз муфассал аз ин круг бароятон менависам. Ман дигар ҳақиқатро фаҳмидам ва аз мактаби Ислоҳ фориғ шудаам.

Б. Ғафуров

Дуруди Худованди бахшандаи меҳрубон бар Шумо, бародари гиромии мо, Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастам ва бори аввал ба шумо нома менависам. Ман ба худ бовар пайдо кардам барои навиштан ба “Ислоҳ”. Ин боварӣ ба ман баъди он даст дод, ки дар “Ислоҳ” як матлаб дар бораи Бобоҷон Ғафуров чоп шуд. Дар онҷо дар мавриди раиси ҷамоати данғарагии мо навишта шуда буд. Бале, дар ҳаиқат ҳамин хел аст. Аммо ман мехоҳам дар бораи дигар масъала нависам.

Оғоз мекунем аз ГАИ-ҳои роҳи Ғафуров. Роҳҳои ноҳияи мо танг аст. Дар он аслан 3 мошин дар роҳ намеғунҷад. ГАИ-ҳо дар повороти назди ҳайкали «Иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ»меистанд. Ронандаҳо онҳоро намебинанд. Ва шояд суръаташон каме боло бошад. Ана, баъд сар мешавад ҷарима. Вале ин ҷарима ба давлат неву ба ҷайби ГАИҳо аст.

Шикояти мо боз аз устоҳои мошин ва соҳибони дуконҳо аст. Эй бародарҳо, нархро камтар арзон кунед. Шумо аз моед, мо аз шумоем. Устоҳо каме имон оред ба Худо. Дурушту дағал суҳбат накунед ва хусусан ҷавонҳои узбек, ба Худо имон оред!

Дар Ғафуров нархи газ дар соли 2023 хеле гарон шуд. Ҳатто гази қирғизӣ ҳам нархаш боло рафт.

Дар инҷо мо бозор дорем. Барои онҷо даромадан 3 сомонӣ ба пост медиҳӣ ва баъд ба бозори Ғафуров медароӣ. Дар шашликхонаҳо офитсиантҳо дуруст хидмат намерасонанд. Муомилаашон дағал ва дурушт аст. Агар дар ҷои каме дуртар аз пеши бухгалтери фарбеҳ нишинӣ, офитсиантҳо хизмат намерасонад ва мегуянд «шумо ким куҷова шиштед». Охир эй аблахҳо, инҷо ҳар як столу стул, ба шашликхонаи шумо дохил мешавад, шумо налоги инҷоро медиҳед. Онҷо як бухгалтери фарбеҳ ҳаст, дар гирдаш офитсиантҳои бе маданиятро ҷамъ мекунад, аммо клиентҳо худашон хурокро ба худашон мегиранд ва хизмати худро худашон мекунанд.

Хурокҳояш хунук ҳаст. Онро бо микровалновка гарм карда мефурушанд. Ман талаб дорам аз ниҳодҳои махсус, ки ин шашликхонаҳои Бобоҷон Ғафуров ро тафтиш кунанд.

Дар яке аз Номаҳо, шумо дар мавриди як офитсианти инҷо гап задед, ки ӯ алоқаҳои танготанг бо духтари СС. Ятимов доштааст. Инҷоро тафтиш кун эй Навҷавонов!

Акнун мехоҳам дар бораи аэропорти Хуҷанд гап занам. Солҳои пеш барои рафтан ба аэропорти Хуҷанд ягон сомонӣ намедодем. Аммо ҳоло онҷо 3 пост ҳаст ва сари ҳар мошин пул мегиранд. Дар дохил бошад, коргарони гумрук мардуми Суғдро ғорат карда истодаанд. Онҳо дар як моҳ зиёда аз 35000 сомонӣ  маблағ ба даст меоранд. Аз кадом манбаъ, хеле интересно. Инҳоро тафтиш кун генерал Навҷувонов!

Дар мавриди милисаҳое, ки дар назди масҷиди Шайх Муслиҳиддин чи метавон гуфт?   Онҳо занҳои солхурдаро бо зуру иҷбор сур мекунанд ва мегуянд «бра ай иҷа, ма тра чан бор гуфтмт, набиё иҷада иҷа нафуруш сабзиву меваҳота»  ва ҳамин тавр онҳоро таҳқир карда мезананд. Аммо онҳо аз модарони ин милисаҳои аҳмақи бод оварда  шояд калон бошанд ва онҳо барои зиндагии худ дар ин сардиҳо ба тиҷорат мебароянд.

Хитоб дорам ба Навҷавонови алкоголик! Эй генерал, мардуми Суғд ва хусусан Хуҷанд мардуми тиҷораткор ва табибу муаллим мебошанд! Ту ин чор бодовардаатро овардӣ сари мардуми Хуҷанд. Инҳо кораш мардумро ғорат кардан ва дуздӣ аст. Инҳоро тафтиш кун ва ман дигар набинам, ки чи хел милисаҳои ту кампирҳои70 -солара бо дубинка мезананд, дар назди » подземка» !

Акнун дар мавриди доруҳои «Сифатфарма»-е, ки ҳамаи дорухонаҳоро забт кардааст, гуфтаниям. Нархҳои он доруҳо гарон аст, барои мардуми одӣ дастрас нест. Сифаташ ҳам паст. Ҳоло духтурҳо специально рекомендация медиҳанд, ки аз фалон ҷой раву доруро бихар. Яъне мардум барояшон як мол аст ки ӯро чи хеле инҳо мехоҳанд, ҳамин хел бозӣ медиҳанд ба монанди гов, ба гов кунҷора медиҳӣ, ку ҳамон хел. Ин «Сифатфарма» аз они духтари Раҳмонов аст. Барои ҳамин касе ба кори он кордор намешавад.

Ногуфта намонад, ки ҳоло дар Хуҷанд  ҳама вазифаҳо ба хатлониҳо омада дода шудааст. Хуҷандиҳо дар хуҷанди худашон ягон вазифа надоранд.

Мардуми Хуҷанд Искандари Мақдуния, Чипгизи муғул  Темури лангро шикаст додаанд.

Алайҳи ӯрусҳои истилогар шуриш карданд, Суғдро аз Узбакистон ҷудо карданд. Дар 70 соли шуравӣ барои миллат як пойтахт сохтанд ба номи Душанбе  ва баъд аз пош хурдани шуравӣ ба Тоҷикистон президенти арзандаи интихобнамудаи халқ ба монанди Раҳмон Набиевро доданд. Абдумалик Абдуллоҷонов беҳтарин роҳбари замони муосир буд. Аммо имрӯз Раҳмонови ПТУшники бе савод бар сари ҳамаи мо истод шудааст.

Хитобам ба мардуми Хуҷанд ин аст, ки барои ҳамаи мо имрӯз фарз аст зидди ин мутаҷовизин истод шавем ва нишон диҳем, номуси мо аз саводу маданияти мо болост.

Умедворам Навҷувонов фаҳмид бо кадом мардум кор дорад!

Бародар Муҳаммадиқбол! Агар ягон ҷояшро ба хотири хатлонӣ буданат тағйир диҳӣ, пас худат медонӣ чи мешавад. Таваккалат ба худо, худат медонӣ нашр кунӣ ё не. Агар бе тағйир чоп кардӣ, хуш бар ҳолат. ( Хело дар ин нома калимоти таҳқиромез ба як мардум буд,ки Ислоҳ ҳамчун расона онро нашр намекунем ва ҳарчи мехоҳи бигу. Инчунин агар Хатлоние шуморо ончи мегуянд нависанд онро ҳам намегузорем. Пас таҳқирро умумӣ накунед ва ин ҳақро надоред , то ба умуми мардуми як минтақа таҳқир кунед!)

Ҷалолиддини Балхӣ

Ассалому алейкум устод. Аз ҷамоати Ҳалеварди Ҷалолиддини Балхӣ бароятон менависам.

20 октябр раиси ноҳия ба масҷиди ҳамин деҳа омад. Аз шарм ва «номуси дунё» намози хуфтанро хонд. Маълум буд, ки дар тамоми умраш якум бор намоз мехонад. Баъд аз хондани намоз қуръапартоӣ сар шуд. Раиси ноҳия барои қуръапартоӣ омада будааст. Дар руихати облава номи 30 нафар навишта шуда буд. Аз он 30 нафар номи 3 кас баромад. Фамилияҳояшонро намедонам аммо номҳояшон чунин аст: Давлати бачаи Миралӣ, Алишер бачаи Сайҷамол ва Сунатулло бачаи Сафар. Ин 3 нафар бояд ба хизмат мерафтанд вале ҳамаашон дар Русия буданд. Ҳар коре ҳам карданд, онҳо аз Русия наомаданд. Ба хонаи Давлати бачаи Миралӣ мехлапат оварданду гуфтанд: «лемон хоната чапа мекнем агар бачат ай Росия наёоя».  Хело разбор карданд. Дар номи Аллоҳ ҷонам мехлапат дигар завадид нашуд. Чанд сол пеш акаи ҳамин бачаро дар хизмат як гушашро кар карда оварданд. Хулоса хело ғам доданд мардумро. Раиси ноҳия дид, ки намешавад, як шаб мардумро дар ҷамоат ҷамъ кард.

Маҷлис гузаронд. Маслиҳат карданд, ки ин 3 нафаре, ки номҳояшон баромад 5 ҳазор сомонӣ медиҳанд-15 ҳазор сомонӣ. 5 ҳазори дигар деҳа ҷамъ мекунад. Хуласи гап 20 ҳазор сомонӣ бояд ҷамъ мешуд, ҳама розӣ шуд. Аммо падари Алишер Сайҷамол ризо нашуд. Ман 5 ҳазор намедиҳам, 4ҳазор медиҳам гуфт.

Ба ҳамин ҳам мардум ризо шуд. Пагоҳи ҳамон рӯз Сайҷамол назди раиси ҷамоат рафту ба ӯ гуфт, ки «бифорат маҳ 3 ҳазор, ма дига ягон сум наметим». Раиси ҷамоат пулро нагирифтааст.

Баъд прокурор раиси ҷамоаро подстава кард. Ба хотири чи Сайҷамол гуфт, ки 3 ҳазор медиҳам? Ба хотири он ки шафиёри прокурори ноҳия аз ҳамин деҳа аст. Фарҳоди камерачи 8 ҳазор сомонии Сайҷамолро гирифта бо прокурор тақсим кардааст. Сайҷамолро гуфтааст, ки «Фалонта ғам набоша, бачата ягон кас намебара».

Ҳамин хел Фарҳоди камерачӣ, шофери прокурор бо прокурор маслиҳат ва раиси ҷамоатро подставит мекунад. Прокурор  ба Сайҷамол се ҳазор сомонӣ медиҳаду мегуяд:     « бра и сумора да пеши раиси ҷамоат парто дига корт набоша». Сайҷамол ҳамин корро мекунад, пулҳоро меорад ва болои мизи раиси ҷамоат мепартояд. Раиси ҷамоат ин пулҳоро ба даст мегирад, ки одамҳои прокурор сраза медароянду раиси ҷамоатро меқапанд мебаранд ва раиси ҷамоатро 8 рӯз маҳкам мекунанд. Раиси ҷамоат як бало мекунаду баъди 8 рӯз чанд баробар зиёд пул дода мебарояд ва боз ҳам ҳамчун раиси ҷамоат корашро давом медиҳад.

Фарҳоди камерачӣ-шофери прокурор дар деҳа чи гапе шавад- туй ё маърака- зуд бузӣ мекунад. Хитоби мо ба Фарҳоди камерачӣ! Фарҳод, чени даҳонат хур. Агар бузиву  подставаи  мардумро бас накунӣ ҳар чизе, ки медонем менависем. Номи раиси ҷамоат Шамсиддинов Наим аст.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам аз як мушкилоти ҷиддии Нуробод бароятон бинависам то дар боло будаҳо огоҳ шаванду чорае биҷуянд.

Мо мардуми ин ноҳия об надорем. Мардуми микрорайонҳои 6 ва 7дар фосилаи як километр об мекашанд. Занону кудакон аз дасти обкашӣ ба касал заданд. Ба раиси ноҳия гуфтаниям, ки бо он парчаме, ки шумо сохтед, ҳиҷ гармие ба мо намерасад. Охир ин ҳайкал чи мушкилро ҳал мекунад?  Магар мо бутпарастем?  Халқи бечора дар офтоб сухту рафт, шумо кай об медиҳед? Аввал об гуфтаанд баъд ободӣ. Шумо ҳам кур, ҳам гунг шудагиед. Хитоби ман ба раиси ноҳия. Ту дар   кабинети худ шишта як бор назар кун, ба он боғи росткардаат, ки чи ҳол дорад? Ба худо айб аст

Дар ин ноҳия дискотека ҳуй кардаанд. Дар тули таърих дар мо дискотека вуҷуд надошту барои мо ва фарҳанги мо тамоман мухолиф аст. Духтарони мо ва ҷавонони моро ба фаҳшу фаҳшо бурда истодаанд. Охир ин барои чӣ?

Мутаассифона мардуми Нуробод ба дараҷае мурғ шудаанд, ки аз ҳақи худ дифоъ карда наметавонанд. Мефаҳмем, ки метарсанд. Вале ақалан ба “Ислоҳ” вазъиятро нависанд. Охир, кӣ мефаҳмад шумо навиштаед?

Конибодом

Салом Муҳаммадиқбол! Ин нома пурра ва нуқта ба нуқта нишон медиҳад, ки мо мардуми Конибодом ва Суғд аз хурд то бузург, зану мард бо шумоем. Мехоҳам ин нома ба лаҳҷаи суғдӣ ба нашру чоп расад.

Шумо мардуми Суғда эҳтиром доред Муҳаммадиқбол ва моро мардуми бамаданияту басавод медонед. Мо ҳам шуморо эҳтиром дорем. Шумо шахси ба имонед ва 25 соат дар сутка заҳмат кашида истодаед, барои беҳбудии миллат.

6 уми январ Исмоили Маҳмадзоҳири дастбахайр дар Конибодом улоқ ё ҳамон бузкашии минтақавии калонеро баргузор кард, ки дар он аз ҳамсояноҳияҳо то ҳамсоякишварҳо иштирок доштанд. Ба фикрам ин барномаро ягон бизнесмени зери итоати оила, ба монанди Саидмурод Давлатов баргузор карда аст. Барои солим-мукофотҳо уштурҳо, аспҳо,мошинҳо монда шуда буд. Вақте ин чизҳоро фаҳмидам ба хотирам ҳамон духтарони солим мондаи Исмоил омаду тақрибан 5 минут беист, хандидам…

Аммо баъди 2 рӯзаш, яъне 8 январ, ба Конибодом деҳа ба деҳа ва дар маркази ноҳия аввал милисаҳо омаданд, баъд вазифадорон. Ҳама активу фаъолонро ҷамъ карда дар бораи хоини миллат Муҳаммадиқбол гап заданд. Акнун одами оқил аз ин чизҳо чи хулоса метавонад бароварад?! Ин воқеъа барои тарсонидани мардум аст ва пропагандаи безнесменҳои оила, на бештар аз ин.

Мегузарем ба Навҷувонови Буратино (лақабаш ҳаминхел) аст. Агар Раҷаббой-ако Қофлонбой бошад, вая лақабаш Буратино) Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати милисаи вилояти Суғд дар фикре аст ки аз кадом ноҳияи Суғд хоинҳоои ба Ислоҳ менавиштагиро қападу мардумро тарсонад. Аммо ӯ як чизи муҳимро «упускать» мекунад. Вай бояд милисаҳои роҳи Конибодом — Хуҷандро пулакӣ накунад тариқи ин «гургҳои» ҳаромхураш.

Онҳо зери ҳар сояи дарахт ранги столба мошина ждат мекунанд. Ҳоло бошад ӯ номаи «Се нома ба пешвои Конибодом» –ро хонда ин рейдҳоро гузаронида истодааст. Намедонам, ки ӯро аз боло ҷаросаша мебарорад, аммо бовар кунед вай точно бе хоб мондагӣ аст.

Ҳоло милисаҳояш зери ҳамон арчаеянд, ки аз як тарафаш мактаб дигараш детсад, мардума ғорат доран, ҳамонҷост.  Дар пеши мактаби номери 29-и ба номи Садриддин Айнӣ, онҷо зери арчаи зебра милисаҳо пул кор карда истодаанд. Гоҳо мактабҳоро рейд мекунанд. Ва агарки телефон ёфтанд ё соат, штраф мекунанд. Мардум эҳтиёт кунед аз онҳо. Шишаи мошинашон тонировка аст. Онҷо одама медароранду ним соат қатиш мешинанд. Онҳо бе ақлан ин кора мекунан, дар маркази деҳа.

Шуъбачае, ки дар Лоҳутӣ ҳаст, милисаҳои онҷо аз мағозаҳо ғизо ва дигар чизҳои мехурдагӣ мегиранд, аммо пулаша надода мераван, ранги амирони Аморати Қуқанд, дань мегирифтанд ку.

Мехоҳем аҳсан гуям ба раиси бонкҳои Конибодом, ва хусусан ба раиси Амонатбонк. Ӯ ниго нокарда, ки ӯ аз мардуми Конибодом нест, аммо барои инҷо хизмат дорад ва бояд мукофот, сипоснома ва ё ақалан аҳсану ташаккур бигирад дар ин нома. Воқеан хуш бар ҳолаш! Ман медонам Ислоҳ шабакаи воқеист ва ман то что есть ҳамона гуфта истодаам.

Ӯ тағйиротҳои хеле хуб кард ва мо дигар пул намедиҳем ба ҳеҷ кас.

Ман мағозачӣ нестам бо мағозачия бурда руст накунен «бачаҳакои боло».

Хитоб дорам ба мардуми Конибодом!

Эй мардум Раҳмонов имзо мондагӣ аст ки шаҳрвандаш ба ҷанги Украина бурда шавад, ба ватан бар гардед, вагарна ҳаром мемуреду як «удобрение» барои замини Украина мешавед. Русҳо як мардуми не стоящий, ғулом сифат аст, ки аз асри 15 Иван Грозный, то Ленину Сталину имрӯз бошад Путин, зери итоати як шахси диктатор адад кардагӣ астан, зери ӯ бошан.

Аммо Шумо фикр кунед, андеша кунед, ки шумо «ғуломи» ғуломҳо нашаведу набошед.

Ватанатон шуморо интизор аст, манзараҳои руди Сирдарё интизор аст шуморо. Нон ёфт мешавад, аммо шумо дигар боз намегардед ба ин дунё, бояд имрӯз бошед. Ҳамон 200 000 ҳазор рубли ҳаром намеарзад ба нохуни шумо, бародаро, ки шумо борои вай кушта шавед!

Ва вақте ки ба ватан бар мегардеден,ҳ амон зиндагии пеш доштед, ҳамин хел мебаред, аммо дар режими «ожидание”  албатта.

Чунки агар ин «темп» қати давом диҳем, ватани мо ҳиҷ обод намешавад, бас аст эй мардуми Конибодом! То ба кай мурғ барин дар Русия мегардед? Лозим нест то охири умр пулу бойигарӣ ҷамъ кардан.

Биёед ва дигар натарсед аз раиси ҷамоат, ки ӯ аз туй ё дигар ташкилӣ 100 ё 500 сомонӣ мегирад. Вай бо ёрии Ислоҳ бас кардагӣ аст ин корҳоша. Ман боварии комил дорам.

Натарсед ки милисаҳои шуъбачаи Лоҳутӣ шуморо руст мекунад, барои риш, ё телефонатонро проверка мекунад, дигар тарсҳо бас аст.

Ва дар охир мехоҳам, як кореро кунам, ки ӯро Пешвои Миллат,Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, накард!

Ҳамдардии худро барои ҳама ҷабрдидагон, касоне,ки падар, модар,фарзандон хоҳар ва бародари худашро аз даст дод дар ҷанги қирғизу тоҷик, баён кунам,

Он модарони кулобӣ, қурғанӣ, данғарагӣ, ғармӣ, ҳисорӣ, бадахшонӣ, хоруғӣ, душанбегӣ, Ваҳдату Мастчоҳу Хатлону Суғду Бохтару Конибодому хуҷандӣ ва айнигиву панҷекативу аштиву исфарагӣ, ки аз пушти ин ду режимҳои диктотурии Жапарову Раҳмонов, фарзандони худро аз даст доданд,он модарону падароне, ки наздикони худро, бачаю духтарони худро, падару модарони худро, бобою бибии худро аз даст доданд, ҳамдардии худро баён мекунам ва ҳамчун суғдӣ пешонии шуморо буса мекунам, фарзандвор, бародарвор. Ман суғдиям, ҳамон будике, ки мегӯйитон, аммо ҷонам фидоятон, азизон..

Фархор

Салом бародар. Ин нома кутоҳ бошад ҳам як калима изофа надорад. Ҳамааш воқеӣ аст.

Амиршоев  Давлатолим, раиси ҷамоати 20 -солаги истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Фархор руирост даст ба ҷиноят зада истодааст. Ин Давлатолим, кали бузи мақомот хона ба хонаи мардум даромада пурсидааст, ки ҳарки пахта дорад, килограммашро бигуяд харидор овардааст. Ин корро дар деҳаи Навруз, собиқ Ламан кардааст. Чандин хонаро списка кардаву рафтааст.

Пагоҳаш раиси ноҳияро бо милисаҳо ва тележка оварда аз хонаҳои мардум пахтаҳояшонро ба зур бор карда бурдааст. Намедонем, ки чанд пулӣ дода бошад? Ин бузи мақомот ҳоло боз руихати бачаҳои синни давъатро тартиб дода аз ҳоло падару модарҳоро тарс дода истодааст, ки дар мавсими баҳорӣ омода шаванд. Ин раис боз мисли худаш чанд бузичаи дигар дорад, ки дар қишлоқи Ламан, Комсомол, Боғи финский ҳамин корро карда истодаанд. Аз дасти инҳо Тоҷикистон рафта наметавонем.

Худое нахоста агар ягон туй кард касе ва  консерт доир накард, яъне гуяд, ки дар туям ҳофиз даъват намекунам, консерт баргузор намекунам, «и казиёло ҷонта да нуки бинит миёран 35 ҳазор, қалинг бти 8,10 ҳазор ваинкаматда бти 3,4 ҳазор заксда бти бо мло иҷозати никоҳ кадан наметан то потписта нагиран барой хизмат, агар мло никоҳ кад ҷаримаш мебандан»

Ҳолу рӯзи мо ҳамин хел аст бародар Муҳаммадиқбол!

Исфара

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Банда он қадар маҳорати навиштан надорам. Вале маҷбурам нависам ва ин нома аз ронандагони Исфарамарз аст.

Дар шаҳри Исфара яке аз идораҳое, ки боҷаи давлатро ҳам пур ва ҳам ғорат мекунад ин БДА-1 шаҳри Исфара бо сарварии Файзидинзода Хушрӯз аст.

Ин мақомот схемаҳои аҷоибе дорад, ки ҳатто соҳибкорони пешрафтаи дунё мисли Илон Маск ин гуна идеяҳоро намедонанд.

Порахурии кормандони мақомоти  БДА ба дараҷае расидааст, ки рӯирост аз мардум пул меситонанд.

Дар худи идораи БДА камераҳо насб шуда вале ягонтоаш ба гуфти худи Хушрӯз Файзиддинзода кор намекунад.

Барои дар ҳар як чорроҳа истодан (поставой) аз кормандони БДА сардор «доля» талаб мекунад ва ҳамасола моҳи декабр бо баҳонаи «сокрашение» ва ташкили руйхат аз кормандон доля меситонад вале ягон бор «сокрашение штат» намешавад. Ин туҳфаи соли навии Хушрӯз ба боло шояд бошад ё ба кисаи худаш!

Ба ҳар як корманди БДА ба истиснои кормандоне, ки вилоят ё Конибодом таъин кардааст, доля баста шудааст.

Лозим ба зикр аст ки ягон мақомоти БДА-и вилоят ҳатто асбоби дурусти чен кардани суръат-радар надоранд. Ҳамаи онҳо расман аз Госстандарт намегузаранд ҳамааш дар коғаз! Инчунин ягон мақомот радари махсуси шабонгоҳӣ яъне ночное видение надоранд вале мардумро нимашабҳо дошта бо радари рӯзона Дневной радар ғорат мекунанд ё протокол (ин аз нақли собиқ як корманди БДА-и шаҳри Исфара) тартиб медиҳанд.

Дар идораи БДА шӯъбаи 2юм яъне он ҷое ки баъди протокол шудан шумо бояд ҷарима супорида шаҳодатномаатонро бозпас гиред порахурӣ рӯирост аст. Мардум ба коғази холӣ имзо монда миқдори пули гуфтаи Дилбар ё Диля, ки вазифаи секретаркаро иҷро мекунад, медиҳанд.

Хушрузи сардори БДА дар утоқи кориаш нест. Доимо дар «маҷлис». Маълум нест, ки соати 8 субх дар кучо ҳаррӯз маҷлис бошад. Хуллас, қариб 1 моҳ натавонистам ба қабули «сардор» Файзиддинзода Хушруз дароям. Фақат дар «маҷлис». Гарчанде аз дохили утоқаш овозаш мебарояд, дарро мекубӣ намекушояд. Мекушояд фақат барои «секретаркааш аз шуъбаи2юм» Дилбар ё худ Диля.

Ин Диля намедонам митиска аст ё татарка, ки ба тоҷикӣ ба зӯр ҳарф мезанад. Оиди онки дар протокол чи навишта шудааст, чи хел мефаҳмад ва миқдори ҷаримаро мегӯяд, як мавзӯи алоҳида аст ва аз рӯи гуфти кормандон беш аз 20сол кор мекунад ва чандин сардорҳоро басар кардааст. Робитаи Диля бо сардорон ин мавзуи виҷдонии худи ӯст. Аммо аламовар ин ки бо тоҷикӣ савол медиҳӣ бо русӣ ҷавоб медиҳад дар идораи давлатӣ! Наход ин Диля ивазнашаванда бошад?!

Пули ҷаримаро ғайринақдӣ ё нақдӣ дар оинача мегирад ва ба варақаи холӣ имзо мемонӣ тамом. Вақте расиди пардохт мепурсӣ намефаҳмад ва мегӯяд: Да квитансия что-ли, так и скажи квитансия а то говориш расид пасид!!!

Масалан шуморо протокол карданд, барои риш ё тасмаи бехатарӣ ва ҳуҷҷати ронандагиатонро гирифтанд ва муваққатӣ доданд бо мӯҳлат. Вақте ҷаримасупорӣ меравед ин Диля андозаи ҷаримаро  мегуяд ва мегирад. Расиди пардохт ё квитансия намедиҳад ва ба варақи холӣ имзоятонро мегирад. Аз шумо 169с ё 500с ба миқдори нишондиҳандаи максималӣ меситонад ва баъди нисфирузӣ ҳамаи он варақаҳои холии имзодорро бо ҳадди ақали минималӣ пур мекунад ва мутмаинам, ки бо сардор тақсим мекунад. Вақте ӯ назди сардор Хушруз Файзиддинзода медарояд дар ҳамоно баста мешавад, он тарафи кор хайр номаълум…

Як ҳилаи наверо бо ҳамроҳи гуруҳи Авангарди Исфара ба роҳ мондаанд. Дар хати пиёдагард каме дуртар корманди БДА меистад ва корманди Авангарди Исфара (пиёдагарди қалбакӣ) яку якбора хати пиёдагард ё зебраро зер мекунад ва новобаста аз он ки шумо ронандаи бо маҳорат ҳастед наметавонед саривақт манъ кунед ва корманди БДА-и каме дуртар истода шуморо медорад, он пиёдагардро шоҳид мегирад ва аз шумо пора меситонад ё протокол мекунад. Агар протокол кард дар як гӯшаи он аломатгузорӣ мекунад, ки бо кумаки Авангарди Исфара ҷарима карда шуд. Чигуна онҳо баъд ин фоидаро тақсим мекунанд ё ягон созишнома доранд рости халқӣ оддӣ намедонад…

Ингуна ронандаҳои ҳамкор низ ҳастанд, ки аварийная ситуация месозанд ва бо кормандони БДА ҳамкоранд, шуморо подстава мекунанд ё дар роли пиёдагард ё дар роли ронандаву шоҳид (понятой бо русиаш!)

Аз шумо хоҳиш ин маълумотҳо оиди фаъолияти мафияи БДА-1 шаҳри Исфара аст.

Дар рӯзи ҷумъа дар ҳудуди ҷамоати Чилгазӣ бозори мардумӣ фаъолият мекунад. Бовар кунед ин иншоотҳои ин бозорро ҳама ғасб карда гирифтаанд. Мардум сари   роҳ маҳсулоти кишоварзии худро мефурӯшад ва ба бозор ин ҳудуд тааллуқ надорад, лекин ЧЕК медиҳанд. Илова бар ин кормандони БДА1 дар саршавӣ ва охири ин роҳ истода рақамҳои мошинҳоро то омадани соҳибаш мегиранд ва баъди бозор як -як бо гирифтани пора ё тартиб додани ПРОТОКОЛ рақамҳои мошинро бармегардонанд, ки пеши тоҷирони Ӯзбекистон ва Қирғизҳо шармовар аст.

Тааҷҷубовар ин ки бештари кормандони БДА аз Конибодоманд. Ҷонишинони  ВКД аз Конибодоманд, барои ҳамин шояд бошад ё ба гуфтаи мардум писарони Конибодом аз модар гаишник шуда таваллуд мешаванд. Инҳо ҳам давлатро ғорат доранд ва ҳам миллатро!

Имрӯз Исфарамарз ба Исфарамурғ табдил ёфтааст. Ягон кас зидди ин мафия гап намезанаду ҷуръаташро надорад.

Баъди чунин рафторҳо ва ғорати мардуму буҷаи миллат мошинамро фурухта муҳоҷир шудам. Бовар кунед кормандони БДА Русия аз кормандони БДА-1 Исфара сад бор ба ислом наздиктаранд агарчи мусалмон нестанд. Ман тарафдори бо пора ҳал кардани кор нестам, фақат қиёсан мегӯям бо огоҳӣ ҷавоб медиҳанд. Кормандони БДА-1 Исфара бе ҳақорат  сухан намегӯянд.  Дашному фаҳш гуфтан, фарҳанги мардуми мо дар гузашта набуд вале онро ба мо оварданду роиҷ карданд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№101 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №90
Ҳоло шумораи 90-и «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет» ба нашр супорида мешавад. Мутолиаи ин номаҳо як нуктаро бароямон ошкор ва яқин кард. Дар Тоҷикистон ҳама чизро мешавад хариду фурӯхт. Пул ҳақро ба ботил ва ботилро ба ҳақ табдил медиҳад. Ин ба он маъно аст ки аз идораи ҷамоат гирифта то раёсати ҷумҳурӣ ҷойи қонун пул ҳама чизро ҳал мекунад.

Сабаби асосӣ дар он аст ки ҳукумат аз болои боло ҳукуматдорӣ неву ба пулҷамъовардан машғул аст. Ҳамачизро, ҳатто инсофу имону шарафашонро Раҳмонову Озодаву Рустам мехаранду мефурӯшанд. Ҳоло дар номаи аввали ин барнома ин ҳолатро худ шоҳид мешавед:

Файзобод

Салом алейкум устод! Ман аз ноҳия Файзобод, деҳаи Дашти марзо ҳастам. Феълан онҷо зиндагӣ намекунам. Дирӯз занг зада як хабарро гуфтанд, бовар, кун хобам набурд. Як шахс номаш Сарабег мебошад. Бо як ҳамсояаш чи бадбиниву хусумате доштааст. Ҳамсояаш Наҷмиддин. Як набераи Наҷмиддин дар поёни деҳа ба чаронидани говҳои бобояш машғул будаст. Ин номарди Сарабег он духтарбачаро, ки ноболиғ аст, ҳамагӣ даҳ сол дорад, яъне синфи 3ро маҷбурӣ дастдарозӣ мекунад. 10 сомонӣ медиҳаду мегуяд, ки ба ҳиҷ кас нагу. Аммо кудак меояду ба очааш мегуяд. Очааш бо падараш назди Сарбег мераванду мегуянд, ки ту бо кудаки мо ҳамин корро кардаӣ. Дар аввал ба гардан намегирад. Вале баъд ба гардан мегирад, қоил мешавад ва мегуяд, ки гап ҳаминҷо монад. Мегуянд,ки 50000 сомонӣ медиҳӣ, гап мемурад. Вай ҳам розӣ мешавад ва бахшиш мепурсад ва пулро медиҳад. Аммо инҳо пинҳонӣ ҳамаро ба навор мегиранд ва мераванаду ба отдели Мискинобод мегуянд. Хулоса милисаҳо аз отдел меоянду Сарабегро мебаранд.

Сарабег як бародар дорад, номаш Сафарбег.

Инҳо ҳарду қассобанд гов мехаранду мекушанду мефурӯшанд дар бозори Мискинобод. Ҳамин бародараш ба воситаи Ҳоҷӣ Хол мебарояд корҳоро тинҷ мекунад. Ягон сумашонро мегирад. Ин ҳоҷӣ Хол фамлияаш Раззоқов аст. Вай як хокзани Исмоили дастбахайр аст. Як по дар мафия қуш аст. Мо мехоҳем, ки ҳақиқати ин ҳодиса ошкоро гардад. Ва ин Сарабеги ноҷавонмард бояд ҷазояшро гирад. Мо, ба ҳоҷӣ Хол Раззоқов  гуфтанием, ки инҷо лезит накунад. Ин Сарабег зану кудак дорад. Бо онҳо чи хел нигоҳ мекунад?

Вале мардуми мо ором намегирад. То охири қазия ҳамроҳи падару модари он духтарчаи даҳсола хоҳем буд. Мо аз духтарони худ дар изтиробем ва агар пеши роҳи чунин ҷинояткорони педофилро нагирем ин рӯзу рӯзгор ҳар яки моро дар оянда интизор аст.

Мо, бовар дорем, ки баъди нашри ин номаи мо кормандони мақомот гунаҳкорро ба сазои аъмолаш мерасонанд.

Душанбе

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.  Як хоҳиш дорам аз Шумо.Мехоҳам дар барномаи ояндаи “Минбари муҳоҷир” ва ё “Номаҳо аз ноҳияҳо” роҷеъ ба яке аз суханҳои Раҳмонов, ки дар иҳотаи чанд собутилникаш дар сари дастархон гуфтааст, суҳбат кунед.

Воқеа чунин аст. Яке аз шахсони сари дастархон буда мегуяд Ҷаноб масъалаи ҷойҳои кориро сахт дидан даркор, фабрикаҳо сохтан даркор, то халқ ба муҳоҷират наравад. Русия тоҷикҳоро беқадр кардаст, муҳоҷирҳоро ҷамъ кунем. Шумораи муҳоҷирони мо аз миллион ҳам гузаштааст.

Раҳмонов дар ҷавоб мегуяд: «мада по..й, мон браван, даф шаван, ҳазор кас бошаву худам президент бошм.Чи ғами муҳоҷирора мехрен. Муҳоҷиро на хешу табори манан ,на аз шумо. Барои ҳамин к…ма гаранг накунен муҳоҷир гуфта».

Яъне Президенти Тоҷикистон муҳоҷирҳоро одам ҳисоб намекунад ва мақсад ва ҳадафи ӯ ин аст ки дар Тоҷикистон ҳақи зиндагиву кор танҳо оилаи вай ва лаганбардоронаш доранд. Халқи муҳоҷир бояд донанд, ки онҳо бесоҳиб буданд ва бесоҳиб мемонанд. Ӯ худро президенти танхо авлоди худу ҳаммаслаконаш медонанд.

Оё боре шунидаед, дар сафарҳояш номи муҳоҷирро гирифта сухан карда бошад? Барои вай ин қишри ҷомеа вуҷуд надорад ва проблемаҳояшон низ ба ӯ дахл надорад. Акнун халқ бояд ҷавоби ин муамморо, ки чаро Раҳмонов номи муҳоҷирро дар мулоқотҳояш ба забон намеораду проблемаи глобалии ӯ пиряхҳоянд, на муҳоҷирон. Пас муҳоҷирон ва наздикони муҳоҷирон хуб донанд ва хулосаи худро барорад.

Сабаби дар Русия дар бораи муҳоҷирон ва проблемаҳои онҳо сухан накардани Раҳмонов низ ҳамин  шиори Раҳмонов аст:

«Ҳазор кас бошаду худам президент бошам,муҳоҷирҳо,ки хеши ман ва шумо атрофиёни ман нестанд».

Ҳаногме ин суханро навишт, ман шахсан чун намехоҳам туҳмат кунам ҳатто ба Раҳмонов. Аз ӯ пурсидам чихел метавони бароям докозат куни,ки ин суханонро Раҳмонов гуфтааст?
Сари дастархон инҳо буданд(…………дар фалон ноҳия ин кор шуда буд аммо илтимос шумо нагуед  онҷо ҳамагӣ чанд нафар буду бо гуфтани номҳояшон ман худро нобуд месозам ва чанд нафари  дигарро, ки чандтои онҳо  солхурдаву ба ин кору роҳбариҳои Раҳмонов тамоман норозиянд.)
Ин шабнишинӣ 2,5 сол пеш буд ва муддати ин солҳо ин сухани шунидаам маро азоб медиҳад. Ва мехоҳам ҳама донанд нияту мақсади ин касифро. Агар бовар накунед, ман чизе карда наметавонам. Дар инчо суҳбат оиди чанд масъалаи дигар ҳам буд ва он гапҳояшро ба он хотир нанавиштам, ки маълум нашавад кадом шабнишинист ва барояшон муаммо шавд, ки гап аз куҷо баромад. Ман бовар дорам Раҳмонов бо дигар касҳо низ чунин гуфтааст.

Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Найман, ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ҳастам. Мехоҳам гапи ҳақро гуям. Дар мактаби Найман МТМУ №26 хондагиям. Вақте ман мактаб мехондам пули мактаб ҳармоҳ 10 сомонӣ буд. Аммо ҳама ин маблағро додан наметавонистанд. Ҳар касе пул дода наметавонист, маҷбур аз дарс бароварда хонааш мефиристоданд, ки бираваду пулро оварад. Дар ҳар маросиму ҷашнҳо Соли Нав, Рӯзи муаллим, Наврӯз ва Занги охир аз синфҳо пул ҷамъ мекарданд.

Ду сол пеш пули моҳонаи мактаб 15 сомонӣ шуд. Ҳозир бошад ҳар моҳ 20 сомонӣ шудааст. Мактаб 500 талаба дорад. Агар дар як оила 3 нафар талаба бошад 2тоаш  пулро метияд, яктоаш озод. Агар ҳатто 300 талаба моҳона 20 сомонӣ диҳад дар як сол 180 сомонӣ мешавад ва 180 сомониро ба 300 зарб занем 54.000 сомонӣ мешавад. Инҳо 54 000 сомониро чи кор мекунанд. Дар ҳоле, ки дар мактаб барои талабаҳо китоб намерасад. Ва аксар муаллимони ин мактаб бесаводанд. 10 ё 15 муаллим аз Исфара- аз шаҳр. Нисфи инҳо нахонда ба мактаб ба кор даромада баъд ба таври ғоибона ба хондан мераванд. Дар як сол ду бор ду ҳафтаӣ хондан мераванду тамом.

Ҳозир боз як чизи дигар. Талабаҳо аз муаллимон на инки наметарсанд, ҳатто ибо намекунанд. Директори ҳозираи мактаби 26 Мамадалиев Мухлиса аст. Муаллимҳо ду ё се бор дар як ҳафта дар мактаб отдельно худашон ош карда мехуранд. Аз талабаҳо пул мегиранд ва дар мактаб ош карда мехуранд. Ҷамоати деҳоти Сурх ранги пешвояш ҳаромхур шудааст. Раиси ҷамоат Аҳмадов Сарвар, писари Аҳмадов Обид мебошад. Дар бораи падараш дар «Номаҳои № 69» гуфтед. Ҳар чизе дар бораи вай гуфтед ҳамааш 100℅ рост аст. Писараш раиси ҷамоат аст, падару модарони призывникҳоро ба ҷамоат ё ба амният мебаранд. Як ҳамдеҳаамонро аз болои деворашон баромада вориди ҳавлияш шуда дарро кушода модари ӯро ба Идораи ҷамоат бурданд. Баъди гирифтани баёнот ва пули мехостаашон ҳамон рӯз ҷавобаш медиҳанд. Аммо ин ҳодиса ягона нест. Даҳҳо ин гуна мавриди ҳодиса дар ин деҳа руй дода истодааст.

Эй, найманиҳо барои чӣ метарсед, ҳақро гуед. Номи ин маҳалла пеш Найман буд, ҳозир Раҳмонов номашро ба Сароб иваз кард. Гуфтаниям, ки найманиҳо худашон пул ҷамъ карда кучаҳои Найманро асфалт карданд. Дар ҳоле, ки мебоист Раҳмонов  асфалт кунад. Аммо Раҳмонов пул мехурад, мардум асфалт мекунанд. Дар Найман кучаи асфалт накарда намонд, аммо бо пули мардум. Як соҳибкори сурхӣ гуфт, ки ҳозирам  аз Исфара то Ворух, ё то Чоркуҳ асфалт кунам. Аммо дар ҳукумати Исфара гуфтанд, ки пулро барои мо деҳ худамон мекунем. Он соҳибкор пулро надод. Як соҳибкори дигари найманӣ гуфт, ки дар Найман масҷиди калон месозам, аммо иҷозат надоданд. Дар барномаи номаҳои 71 дар ин бора гуфтед, ҳамааш 100℅ рост.

Як марди ин маҳалла зиёфати набера кард. Ҳамагӣ10 ё 12 одам даъват шуда буд. Бузҳо хабар додан. Омада сиёмка  карда тарсу бим доданд. Бо як азоб бо додани 2000 сомонӣ халос шуд ва зиёфати барои наберааш, заҳри баданаш шуд. Аммо марди дигарро барои зиёфат 18. 000  сомонӣ штраф карданд.

Дар ҷамоати Сурху Чоркуҳ порахурӣ дар авҷ аст. Юсуф Раҳмон ту куҷоро мебинӣ ? Як бачаи таваллудаш 1997-ро аз Русия таҳдид кардаанд, ки агар хизмат наоӣ хонаатонро кашида мегирем. Ин ҷавонмардро фарзанди дуввумаш ба наздикӣ ба дунё меояд. Аммо ба хизмат бурданд. Дар хизмат занозанӣ ва латтукуб набошад ман хизмат мекунам. Барои чи аз мактаби 26 чоплус намебароред? Амниятиҳо чаро пешвоятонро ҳимоят намекунед, муаллимҳои мактаби Найманро намебароред ба канали Ислоҳ.ТВ дар прямой эфир, ки мардуми Найман ҳам бедор шаванд, ба мисли Шаҳристону Зафаробод аз Найман ҳам бароред.

Агар ба ҷамоат барои як справка равӣ ҳеҷ не 10 сомонӣ медиҳӣ, баъд мегирӣ. Агар барои туй справка  даркор бошад, ё хизмат ё ду -се ҳазор сомонӣ медиҳӣ, баъд туй. Ин чи хел ҳукуматдорӣ? Дар райзакс справка ё метирка ё санади ЗАГС даркор шавад, пули калон мепурсанд. Барои модари ман  метирка даркор шуд,  барои паспорти русӣ.Модарам дар Русия буданд. Аз Тоҷикистон заказ кардем 700 сомонӣ гирифтанд барои метирка.

Дар ҷамоати Сурху Чоркуҳ 4 ё 5 соат дар як рӯз барқ медиҳанд. Дар мактаби Найман барои ҳавзи пожарний халқ пул ҷамъ карда истодааст. Барои як мусобиқаи варзишӣ ҷоизаҳояшро мардуми Найман хариданд.  Дар Найман амният нест, мардум милитсияро бинад, шайтонро дидаги барин  метарсанд. Масҷиди Найман ба номи Умари Одил аст. Аммо инҷо на мавъиза ҳасту на гапи ҳақ. Дар масҷид фақат аз Раҳмонов гап мезананд.

Даҳ сол пеш дар ин масҷид намози ҷумъа хонда мешуд, аммо ҳозир номумкин шудааст.

Барои Аҳмадов Сарвар аз ҳамин минбари Ислоҳ муроҷиат мекунам ва мегуям, ки ту раиси ҷамоат шуда наход ҳамон масҷидро барои намози ҷумъа кушода натавонӣ? Чи, магар кушода шавад барои Раҳмонов вазнинӣ  мекунад? Дар Найман солмандону мусафедон хеле зиёданд. Намози ҷумъа рафтан барои онҳо хеле мушкил аст. Бояд бо Чоркуҳ ё ба Сурх бираваед, ки дур аст. Чи мешавад, ки масҷидро  барои намози ҷумъа кушоед.

Ман муддати чор сол боз Ислоҳро мебинам. Дар Тоҷикистон будам, медидам, ҳозир дар муҳочират. Ислоҳ чашмамро кушода кард, барои анҷоми кори ҳақ ва гуфтани гапи ҳақ. Мактаби Ислоҳ чор сол боз барои мо омузонд. Чор сол боз донишҷуи канали Ислоҳ ҳастем. Ба канали Ислоҳ  раҳмат мегуям, ки номаи маро чоп мекунад. Дар паноҳи аллоҳ бошед.

Бустон

Салом Муҳаммадиқбол! Бародари арҷманд, ман бори аввал ба шумо менависам. Корманди як ниҳоди давлатӣ, корманди гуфти гапҳо мақомот. Аз Бустон ҳастам, Чкаловски пешина. Мехоҳам дар бораи ҳодисае нависам, ки баъди нашри «Номаҳо аз ноҳияҳо№80» ба вуқуъ  пайваст. Баъди ду рӯзи нашри он нома дар сайти Ислоҳ милисаҳои Рамазон Раҳимзода фармон гирифтанд, ки масъалаи ин шаҳрро бинанд. Яъне шумо манзурамро аллакай фаҳмидед. Фармон шуд, ки ин «манбаъ»-ро биёбанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Мақсад зулм болои насрониҳои Суғд ҳам шуруъ шуд.

Бо дастури ҳамон Мамнурзода ва Нигора милисаҳо омада саҷдагоҳи насрониҳои Суғд- калисоро ҷарима ва роҳибро таҳқир карданд.

Ва мо ҳамон лаҳза фаҳмидем, ки воқеан суханҳои шумо дар мавриди набуди «озодии дин «дар Тоҷикистон рост аст ва мо аз шумо огоҳ шудем, ки кудак ҳақ надорад дар Тоҷикистон то 18 солагӣ худоро бишносад.

«Бачаҳакои боло» шумо моро кушед, зулм кунед, штраф ва зиндонӣ кунед. Аммо инро дониста бошед, ки шумо муъмин ки чӣ,  ҳатто мусалмон нестед. Вой бар ҳолатон! Акои Муҳаммадиқбол агар зарур ҳисобидӣ нашр кун вагарна худат медонӣ!

Чоркуҳ

Ассалому алайкум кормандони «Ислоҳ». Ман дар як нома дар бораи дуздиҳои Қофлонбою раиси ҷамоат навишта будам.  Ҳоло 10 рӯз мешавад, ки маҷлису зулм сар шудааст. Наход дар як кучаи марказии деҳа 14мағозаю қассобхонаҳоро вайрону бозсозӣ кунанд ё дарвозаи Чоркуҳро, ки 50соли дигар меистод, азнавсозӣ кунад? Дар маҷлис мегуяд то моҳи апрел созеду ба итмом расонед, ки ҷаноб меояд. Охир Ҷаноб биёяд бо ин биноҳо чи дахл дорад? Ё аллоҳ! Мардуми бечора ба як сотих замин зор. Панҷ гектар заминро ба бародари падараруси Лайсиддин Шаропови раиси ҷамоат доданд. Дар дасти бародари Ҳошими кунқапак дар Чоркуҳ 3 варзишгоҳ ҳаст, боз варзишгоҳ месозад.

Охир заводу фабрика созӣ мемурӣ? Як мард дар маҷлис хеста гуфт як заводи меваю сабзавот созед, як литсей созед.

Агар мактаб дар инҷо бошад ин пулҳо бо хониш сарф мешад, то ҷавонҳо босавод шаванд. Аз қафои як туб давида мегарданд? Мо дар сарҳад зиндагонӣ дорем. Дар он тарафи куча қирғизҳо зиндагӣ доранд, свет доранд, мо надорем! Ин чихел ободкорӣ аст, ки мегуянд.

Турсунзода

Ассалому алейкум бародар. Ман аз Турсунзода, ҷамоъати Қаратоғ, деҳаи Имоми Аъзам. Дар мактаби мо деҳаамон як шахс бо номи Мардонов Абулфайз Муҳаммадалиевич директор шуд. Ин мактаб наздики1200 талаба дорад. Фасли тобистон мактабро таъмир карданд. Директор барои таъмир аз ҳар як талаба ба маблағи 70 сомонӣ пул талаб карда гирифт. Таъмир ба итмом расид. Аз телевизион омаданду навор бардоштанд ва барнома нашр карданд. Директор бе ягон шарму хиҷолат гуфт ин мактаб аз ҳисоби давлат таъмир карда шуд. Ҳол онки аз тарафи давлат ягон кумак расонида нашудааст. Ин шахс яъне Абулфайз ҳоҷӣ ва ҳаҷ рафтааст. Ҳар сахар хоҳ зан хоҳ мард дар гирди стадиони мактаб ҳамаро ба давидан маҷбур мекунад. Боз талабагонро маҷбур мекунад дар саршавии мактаб   дар бозори  Турсунзода аз як магазин рафта ҳама аз як чо харид кунад. Имсол барои таъмир мактаб аз сари 1200 талаба боз ба маблағи 50 сомонӣ гирифт. Охир ин зулмҳо барои чӣ?

Конибодом

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Се сол қабл номае аз деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом аз номи бошандагони ин деҳа дар бораи ҳамкории милисаҳо бо говдуздон ба шумо ирсол карда будем ва шумо онро нашр карда будед. Баъди нашри ин нома хело дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омада аҳволи мардум то андозае дигар шуда буд. Бо мурури ин 3-4 сол маъмурони милисаи ин шуъбача иваз шуда боз дарду ғами мардуми ин деҳотро дучанд гардонидаанд. Боз он амалҳое, ки ҳамкасбонашон иҷро мекарданд ба мерос бурда зулму истибдодро ба дараҷаи аъло расонидаанд. Дар муддати ин 4 сол аксари мардуми ин деҳа барои муҳоҷирати меҳнатӣ бо аҳли оилаашон ватанро тарк карданд. Фақат ҳамонҳое мондаанд, ки фарзандони онҳо шаҳрванди Русия нестанд. Дар мактаб талабаҳо ҳам аз синфи як то ёздаҳ 30 нафар нестанд.

Ин милисаҳо аз мағозаҳои деҳа мисли пештара доля мегиранд. Ё мисли талбандаҳо ба пакетҳо чизҳоро ҷамъ карда пулашро намесупоранд. Ҳамаи соҳибони мағозаҳо ба дод омадаанд. Дар маркази деҳа як чойхонаи асосӣ фаъолият мекунад ва шабҳо дар онҷо қиморхона ташкил карданд ва акнун ҳама қиморбозҳо аз деҳаҳои ҳамсоя онҷо ҷамъ омада бо пули калон бозӣ мекунанд. Ва сарпаноҳи инҳо, албатта, шуъбачаи милисаи минтақавӣ аст. Байни ин қиморбозҳо кормандони давлатӣ, одамони «баобрӯ»-и деҳа ҳам ҳастанд. Очилов Ғулом корманди гумрук бо воситаи амакаш, ки сардори шӯъбаи қочоқи раёсати гумруки вилоят Очилов Ином ба кор даромадааст.

Ҷӯраев Зариф собиқ раиси кумитаи заминсозии шаҳри Конибодом айни ҳол раиси хоҷагии оби ин деҳа аст.

Боиров Ёдгор соҳиби ин чойхона ва қиморбози калидии ин гуруҳ аст. Боз дигарон ҳастанд, ки ба сабаби коргарони давлатӣ набуданд ва собиқаи зиёди қиморбозӣ надоштанашон ё чихеле, ки дар урфият мегуянд «мелкая сошка» буданашон номҳояшонро зикр намекунем. Ҳамаи ин қиморбозҳо пулро бо бандаш ба миён мегузоранд, дар ҳоле, ки мардум зиндагии қашшоқона мегузаронанд.

Раиси ҷамоати пешина Ёқубова Умеда гарчанде, ки зан ҳам бошад барои ҷамоат хизмат кард. Албатта, корҳои нохубе ҳам карда бошад аммо некаш нисбатан зиёд буд. Раиси нави ҷамоат Соҳибов Фатҳулло бошад баъди аз Федератсияи Русия депортатсия шудан дар ҳукумати шаҳр дар шӯъбаи кор бо ҷавонон кор мекард. Ҳамин одамро оварда раиси ҷамоат гузоштанд. Ин инсон на як фарҳанги инсонӣ, на хислати инсонӣ ва на ҳикмати одилона дорад, ки чунин инсонҳо фақат барои ҳукумати дурӯғин фоида меорад. Ҳар инсоне, ки ягон намуди маърака карданӣ бошад, бояд аввал ба газета обуна шавад, барои гузаронидани маъракаҳо маблағи калон супорад. Агар туйи хатнасур кардани бошӣ, иҷозат медиҳад, фақат шарт ҳамин, ки маблағи калон пора медиҳӣ ва дар рӯзи ягон иди давлатӣ мисли Наврӯз ё истиқлолият ё иди ваҳдат туйро мегузаронӣ.

Дидед чи хел версияҳои нави пулкоркунӣ ихтироъ кардаанд, ин навкарони подшоҳи золим. Барои афсароне, ки дар ҳудуди ҷамоат дар сарҳад хизмат мекунанд, пули маводи хӯрока диҳад, лек ин пулҳо то аскарон албатта намеравад. Раиси ҷамоат баъди ба курсӣ   расидан тамоман дигар шуд ва фукаш боло. Бо пиронсолон суханҳои қабеҳ ва бо занон муомилаи бад мекардаги шуд. Лек худаш писари як тракторчии одӣ. Падараш инсони хуб лек фарзандаш хело инсони нохуб баромад.

Фарзанди касе ба синни даъвати ҳарбӣ расида бошаду дар муҳоҷирати меҳнатӣ бошад падару модарашро аввал ба ҷамоат даъват карда пресс мекунад. Дид, ки нашуд ба шуъбачаи милиса интиқол мекунанд ва аз онҷо ба шаҳр мебаранд. То он даме, ки маблағи гуфтаашонро надиҳад ё фарзандашро аз Русия даъват накунад ба ҳолу ҷонашон намемонанд. Байни раиси ҷамоат ва падару модари даъватшаванда ронандаи раис ё Сӯҳроб миёнаравӣ мекунанд, то фарзандони онҳоро аз чанголи раис халос намояд. Бинбар гуфтаи имом -хатиби масҷид мулло Шарифҷон агар аз фарзандони намозхонон ягон нафар сарбоз пайдо нашуд бояд маблағ ҷамъоварӣ карда ба дасти раисӣ ҷамоат бидиҳад то ягон афсар харида аз дигар ҷамоат бояд нақшаи ҷамоатро пур кунад. Қоил шавед, ки фарзандони мову шумо додару бародари мову шумо байни ин беномусон савдо мешаванд. Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон фақат барои камбағалҳо сохта шудааст, ки фарзандони онҳо бояд ба хизмати ҳарбӣ фиристода шаванд. Вақте ки маърака, тӯй ё таъзия мекунӣ қонуни танзим ҷарима мебандад аммо ҷрима фақат барои камбағалҳо, барои мансабдору пулдор қонун аслан вуҷуд надорад.

Масҷиди ҷомеъ, ки дар ин деҳа айни ҳол вуҷуд дорад ба ҷои бизнес мубаддал гаштааст. Имом хатиб Дадаҷонов мулло Шарифҷон барои ҳар як ҷанозаи хондагиаш, пеш аз он ки мурдаро ба қабр мегузорад соҳиби мурдаро даъват карда барои ҷанозаи хондагиаш дарҳол нарх мегузорад. Барои қаровули масҷид, ки ба намоз даъват кардан яъне салоти ҷаноза гуфтанаш фалон сомонӣ, барои муллое, ки дар таъзия хизмат мекунад фалон сомонӣ . Барои гуркобу мурдашу ҳам маблағи муайян ҳаст, ки инҳо дар ҳақиқат хизмат мекунанд, гур мекобанд. Вақте ки мо падару бародарони худро намешуем онҳо шуста кафан мекунанд, барои ҳамин мо розӣ ҳастем. Лекин ин муллоҳои ҳозира кай сер мешуда бошанд? Ё дар ислом чунин дастур бошад, ки мо мардуми оддӣ онро намедонем?!

Соли гузашта президент омада фабрикаи мурғпарварӣ ва як боғчаи кӯдаконаро кушод ва ҳамаи ин бо тариқи ҳашар (маҷбурию бо хости худ) бунёд карда шуд. Вақти ифтитоҳ эълон карданд, ки бо ёрии президент бунёд карда шуд. Лек мардуми ҷамоат нахурда напушида пулҳояшонро доданд, тоҷирон ҳама ба дод омаданд, зеро онҳоро маҷбур карданд, ки маблағ супоранд. Вақте ки мутасадии боғча барои ба қайд гузоштан меравад дар ҳукумат квитанция ва ҳисобу китоб мепурсад. Ин коргар мегӯяд, ки ин бино бо ҳашар бунёд шуд, мардум худашон харида омада инро бунёд карданд, ман квитанцияро аз куҷо меорам? Корманди ҳукумат таҳдиду тарс дода мегуяд, ки инро ҳукумат бунёд кардааст ва ин гапатро дар дигар ҷо гап назан. Ана ин аст ҳукумате, ки мо ба он эътимод дорем. Фикр мекунем, ки мардуми оддиро пуштибонӣ мекунад, лек сад афсус, ки на ҳукумат ва на масҷид ғами мардумро намехӯранд. Ҳама дар ғами пур кардани ҷайби бетаҳи худ ҳастанд. Дар деҳа ин аҳвол бошад дар сатҳи боло, албатта аз ин бадтар аст.

То фабрикаи мурғпарварӣ рафтан бояд бояк кӯчаи маҳалла гузашта равад.  Вақте  Раҳмонов  омад пешакӣ тамоми деворҳоро ранги афлесунӣ карданд. Як рӯз пеш омада балонҳои гази мардумро милисаҳо ҷамъ карда рафтанд ва ҳамаро огоҳ карданд, ки дарро аз дарун маҳкам карда нишинанд. То президент омада наравад ҳеҷ кас берун намебарояд.

Ана тарси президент аз халқи оддӣ. Агар гуноҳе намедошт ва халқаш аз ӯ рози мебуд то ин андоза эзораш тар намешуд.

Ва боз дар бораи ғосибони заминҳои мардум гуфтанием. Ашӯров Некрӯз Хуршедович вақти дар кумитаи замини  Конибодом буданаш чандин заминҳои наздиҳавлигиро ҳуҷҷат карда фурӯхт. Ва чанд миқдор заминҳои президентиро аз соҳибонашон кашида гирифта худ соҳиб шуд. Ва ҳамаро бо шиносҳои худашу падараш метарсонад. Падараш Ашуров Хуршед дар шаҳри Конибодом сардори раёсати молия  ва модараш дар шӯъбаи нафақа кор мекунад. Вақте ки Ғайбулло Боҳирӣ раиси шаҳри Конибодом шуд хешовандони худро дар ҷойҳои равғанӣ ҷой кард. Аз ин фурсат истифода бурда Ашуров Хуршед писари калониашро ба кумитаи замин ба кор даровард. Маҳз ҳамон сол Ашуров Некруз аз Федератсияи Русия депортатсия шуда буд ва умуман дар соҳаи заминсозӣ ҳеҷ чизро намефаҳмид. Бо воситаи падараш соҳиби вазифаи сердаромад шуд. То ин рӯз аз ҳама маблағ мегирад бо ваъдаи он ки ҳуҷҷатҳои заминҳои онҳоро расмӣ карда медиҳад. Ин ҳам як мошенник ҳаст.

Боз дигарҳо ҳам ҳастанд, ки мардумро фиреб медиҳанд ва маблағҳояшонро гирифта ваъдаҳои зиёд медиҳанд. Ин огоҳӣ барои онҳост. Агар корҳои мардумро ба сомон нарасонанд албатта як номаи дигар хоси онҳо бахшида мешавад. Умедворам ҳамаи ин роҳгумшудагон бо дидану шунидани ин ҳақиқати талх каме бошад ҳам ҳуш бар сарашон мезанад. Барои ояндаи Тоҷикистони обод ва тоза аз чоплусон дар хизмат мебошем.

Шаҳристон

Ассалому алайкум устод. Устод дар бораи муллои  деҳаи Себзор Ҳайдарқулзода Бобошер ҳарчи навистам ҳамааш рост. Ман зан ва модари 5 фарзанд ҳастам.  То ҷое медонем Бобошер дар Намангон ё Қуқанди Узбекистон таълими динӣ гирифтааст. Ҳавлияшон дар сарҳади Узбекистон аст. Падараш инсони хело хуб ва наҳзатӣ ҳам буданд. Устод ман зани ӯро мешиносам ва ҳамсараш ин гапҳоро гуфтанд ба ман. Зани мулло бо ман дар беморхона  барои табобат хоб рафта буд. Ин мулло ҳар ду рӯз пас диданӣ меомад. Ин зан бисёр мегирист, ки як духтарчааш маълул, яъне ақлаш заиф.

Ман худам духтарчаашро дидам. Соли 2017 — 2018 сол барои табобат шаҳри Ҳуҷанд мебурд, аммо дуруст нашуд. Инро бигӯям, ки домулло дар барнома дуруғ гуфт. Занаш гиря мекард, ки шавҳараш ҳаромхурӣ мекунад. Гуфт ба сабаби барои хатми Қуръон сум гирифтани шавҳараш духтарчаам ҳамин хел шудааст: «Худованд мо ба ҷазо дод, барои ҳаққи мардума хурдани шавҳарам, барои ҳамин духтарчам маъюб шуд».

Духтараш ҳозир калон шудаасту боз азобаш бисёр гардидааст. Бо вуҷуди ҳамин азобу азият домулло ҳамоно дуруғ мегуяд.

Ҳамадонӣ

Салом бародар! Ман аз ноҳияи Ҳамадонӣ. Чанд вақт шуд, ки боз баргаштам ба муҳоҷират. Як ҳамсояи мо дар Хуҷанд командири калон аст. Рафиқи давраи бачагиам аст. Якҷо шишта будем. Вай гуфт, ки ҳамакаса барномаҳои Ислоҳро тамошо мекунем. Ба гуфтаи вай бисёрии бачаҳо дар инҷо аз ноҳияи Ҳамадонианд. Бачаҳои бити бити. «Ҳеҷ гоҳ инҳо протифи мардум намехезанд. Ба номи худо з….фалон каагияюм. Мо ягон муқобили халқи худмон намебароем, ба тарафи халқ тир намепаронем. Митинг кунанд, мо бетараф меистем»

Ин нафар ҳам рутба ва ҳам масъулияти баланд дорад. Гуфт: «Ман ягон кор намекунам. Биёянд тез биёянд. Ҳама ридагияй. Казармаяй 100% .»

Боз ҳамон шаб барнома буд. Барнома тамом ношуда мегуяд, ки казарма эълон карданд.

Ин гапҳо баъди як барномаи Шумо буд, ки дар бораи митинг ва инки афсару сарбозҳо вақти митинг тарафи киро мегиранд, гуфта мешавад. Ба назарам, ба наздикӣ ҳамин хел барнома доштед. Пешниҳоди ман ин аст ки боз ҳамин гуна барномаҳо нашр кунед ва ба военниҳо ва милисаҳо бояд фаҳмонида шавад, ки вақте мо ба митинг мебароем ба тарфи халқ гузаранд. Чунки онҳо ҳам ҳолу аҳволи хуб надоранд.

Ҳамин командири калони ин қисми ҳарбӣ, ки на самом деле ҳар касро писанд намекунад, гуфт,ки «бачаҳо тайёранд. Ҳама фармони маро гуш мекунад. Мо тарафи митингчиҳо фас намегуем. Бачаҳои масковски пури бад кор мекунанд. Дар амният беҳтарин сағираҳоянд, ҳамаш баақланд. Дорад беақл вале худро шукр, ки кам. Ҳамсояи мо  ҳам босавод аст».

Ва, акнун, ки ба Шумо нома навиштам як ҳодисаи дигарро нақл мекунам. Дар ноҳияи вақти тарафи совхоз рафтан як ҷо ҳаст гравзавод мегуянд. Дар онҷо як ферма  мвҷуд аст. Мардум зиндагӣ мекунад. Кормандони военкомат онҷо рафтанд. Гуфтанд бачаро мебарем, очааш намондаст. Очааш гуфтаст:  «кордчаро бигир, кадомеашро метавонӣ бизан. Ман аз хуну пустам гузаштам. Як бачамаро роҳӣ кардам бурдеду инвалид кардед боз инашро мебаред?»

Бачаашро фармон медиҳад, ки кордчаро бигир бизан. Бачааш кордчаро мегирад ба тарафашон медавад. Аммо кормандони облава чанд нафар, ки буданд зураш намерасад. Модараш мегуяд, ки «бигрез бирав тарафи сарҳади Афғонистон». Бача мегурезад. То ҳоло маълум нест,ки дар куҷое ҷогаҳ шудааст.

Бовар кунед, ки инҳо дар ҷони мардум расонидаанд.

Дар совхози Ангурбоғ имоми масҷиди 5вақта Исмоил ном дорад. Бачаи Ҳамробой, таваллуди 82. Мардумро гуфтааст:  «бачаҳотона бигрен хизмат барен, ки масҷида маҳкам мекунанд»

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бисёри бад гузаронида истодаанд.

Бовар кунед, ки як каме ҷарақа бошад ин мардум метарканд. Ҳама ҷон ба лабаш расидааст.

Бародар Муҳаммадиқбол ҳаминро ба шумо бигуям, ки даъвати чанд нафар аз мусоҳибони шумо дар барномаи онлайнии «Минбари муҳоҷир» дар робита ба инки ё ба мардум свет диҳад ва ё истеъфо диҳад ва мардум тазоҳурот мекунанд . Раҳмонову тарафдорони вайро  ба шиддат сахт тарсонд.

Ҳамин ҳамсояи командирамон гуфт, ки худи ҳамон шаб дар воҳидҳои ҳарбии бархе аз навоҳии кишвар казараменний положений ҷорӣ карданд.

Бояд ба халқ фаҳмонид, ки илоҷи кори худашон дар дасти худашон аст. Касе барои ҳимояи Раҳмонов муқобили халқ тир намепаронад.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №90 появились сначала на ISLOH.net.