Архивы Ҷамоати Утқара Назаров - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 252
Ба назар мерсад, ки Раҳмонов дар рӯ, дар маҷлисҳо дигар хел гап мезанаду аммо дар асл бошад кори дигар мекунад. Фармон содир кард, ки ба тафтишу санҷишҳои соҳибкорон барои ду сол моратрория эълон кард. Аммо ин фармон дар маҳалҳо риоят намешавад ва ҳамоно тамоми идораҳои давлатӣ санҷишу тафтишҳоро сахттар мекунанд. Албатта, сабаби ин маълум аст. Сабаб шароити фарох додан барои идораҳои тафтишкунанда, ки чи хеле мехоҳанд аз мардум пул кананд ва фақат инки ҳукумати вай бақо пайдо кунад. Номаи зер ба ҳамин масъла ва мавзуъ бахшида шудааст:

Қабодиён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мехоҳам яке аз 1001 ҷинояти ноҳияи Қабодиёнро бигуям. Мо соҳибкоронро азоб медиҳанд, махсусан узбекҳоро. Узбекҳо дар ин ҷо зиёданд, узбекҳое, ки забонро намедонанд. Дарду даъвои онҳоро касе гуфта наметавонад. Онҳо аз мо чи тавре, ки хоҳанд, истифода мебаранд. Моро хубу ором зиндагӣ кардан намемонанд. Ба коргарони ин давлат танҳо доля-пул лозим аст. Аз хурдтарин то ба коргари калонтарин доля додан даркор аст. Ҳоло моро бо протокол тахдид мекунанд, ки молро аз магазин баровардан ва дар берун фурӯхтан мумкин нест.

Дар участкаи Утақара Назаров участковийи мо Субҳон ном дорад. Фамилияашро намедонам. Азоб дода истодааст. Ба соҳибкорон рӯирост мегуяд, ки агар ба ман як сум надиҳед, ман протокол мекунам ва воҳима мекунад. Бо сардор милится  таҳдид мекунад. Мегуяд, ки агар документ кардаму ба пеши сардор меравӣ боз сахт мешавад. Ҳоло як соҳибкор бародари манро рӯзи 29 май ба суд кашид ва 15 рӯз зиндонӣ кард. Агар ба участкавой доля намедиҳӣ дарҳол протокол мекунад. Агар касе доля додагӣ бошад, ҷонаш халос, ба вай кордор намешавад, молаш дар берун аст ё дар кӯча аст, фарқаш нест, иҷозат аст ки савдо кунад. Ин корҳои аблаҳиву аҳмақӣ дар Қабодиён кай тамом мешавад?

Айни замон 17 соҳибкорро дар Қабодиён зиндон  кардааст ба 15 суткагӣ. Барои онки ҳамаи онҳо ба участковий ва сардори милиса пул -доля надоданд.

Участковий  Субҳон барои иҷозати туй аз 3000 то 5000 сомонӣ мепурсад. Ва ин ҳам кам. Агар дигар даромадҳои участкавойро ба шумо гуям як дафтар пур мешавад. Ҳама инҳо пиёда ба участкаи мо меоянд аммо аз инҷо бо «Лексус»  мераванд. Халқ инро дида истодааст. Фикр накунед, ки мардум куру каранд, намефаҳманд. Баъди ин амалҳо, ки бизнес кардан мехоҳад. Ҳозир дар деҳаи мо якто гап аст ки ин магазинчиро зиндонӣ кард. Мардум тарсидагианд. Баъди ин амалҳо, ки мехоҳад бизнес кардан. Ҳамааш албатта Русия меравад, чурка мешаванд. Инҷо деҳа бошад. Барои чи ба берун баровардан мумкин нест. Инҷо шаҳр нест, ку охир, ки намуди шаҳр безеб мешавад гӯянд. Ё чаро ба дигар соҳибкорон мумкин аст. Медонед барои чӣ? Барои онки аз онҳо доляашро гирифтагӣ аст.

Ҳоло барои соҳибкорон осон нест, конкуренсия хеле зиёд аст, даромад хеле кам мемонад. Мо ҳам аз ин Русия хаста шудем. Барои ҳамин ҳам ин мағозаро кушода, фаъолият мекардем, ки дар наздикии оила зиндагӣ кунем. Одам боз холӣ намемонад.

Русия низ сол то сол сахттар мешавад. Аммо Субҳони участкавой бошад, хоҳ каси дигар ба онҳо танҳо пул- доля лозим аст.  Аз андоз меоянд, пул медиҳед. Ба сардори милиция пул медиҳед, ба стандарти давлатӣ пул медиҳед, ба кумитаи озуқаворӣ пул медиҳед, ба санэпидемстансия пул медиҳед, ба обуна пул медиҳед, ба свет пул медиҳед, ба пожарний пул медиҳед, ба участковий  пул медихед. Боз аз Бохтар, аз андоз омада пул мепурсанд. Ба ҳама пул медиҳеду ба худат як тин монад ё не. Агар гап занем, гап бисёр аст.

Илтимос мекунам аз прокурори Қабодиён, аз прокурори Бохтар ва аз Прокурори  генаралии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода як назар ба Қабодиён кунед. Қабодиён ҳам ба чанд район ҷудо шуд. Аммо узбекҳо намедонанд ба кӣ шикоят ва нолаву фарёд  кунанд.

Ман инҷо аз ҳазору як ҷинояти Қабодиён якешро гуфтам. Бародар Муҳаммадиқбол, раҳмат ба шумо, ки ин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро ташкил кардед ва арзу шикояти моро ба мақомдорон мерасонед.

Панҷ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман ҳамон нафареам, ки аз Панҷ ба шумо нома менависад. Дар Панҷ, намедонам, чи мушкилот дошта бошанд, ки ҳама сохторҳо  тоҷирону савдогарҳоро аз андоза зиёд ғам дода истодаанд.

Як мулло имоми масҷид аст. Ҳамроҳи бузи началники милиса Шамсуллозода Баҳром дар ҳамон тарафҳои Панҷ чандин гектарро ҷаву гандум коридааст. Мегуянд дар сӣ гектар. Ҳамроҳаш лаганбардори карда мегардад. Як сағераи ёш аст, мулло имоми беимон аст. Шунидем, ки ин началник дафъ мешудааст аз Панҷ.  Ҳоло дар Хуҷанд аст ҳамроҳ бо одамони гирду атрофаш гумашон краданд. Ӯро барои кори Маҳмадсаид гумаш карданд. Дақиқан ончи шумо навиштеду дар борааш барнома карда будед, хело таъсири хуб дошт он барнома. Лекин гуфтааст, ки маро аз боло фармон доданд. Боз гуфтааст, ки нав ҷойи зӯри рӯғанӣ омадам.

Подполковник Табаров Давлатшо ҳам дар Панҷ замначалник буд. Понздаҳ сол кор кард. Ҳамаашонро аз инҷо ҷавоб доданд. Боз дигарҳояшон омаданд. Инҳо аз пешинаҳояшон бадтар кор карда истодаанд.

Як нафар бо номи Комрон сардори ГАИ буд. Ҳозир замначалник шудааст, дар ҷои Табаров Давлатшо . Мардуми савдогар, бозоракиҳо-морожнифуруш, кампот, меваву помидорфурушҳоро аз бари роҳ берун карда истодааст. Болои мо бениҳоят зулми бад аст. ГАИҳо, ку чи хеле форад бархурд карда истодаанд бо мардум.

Нафари дигар Ҷамшед аз колхози Дружина, гуфта буданд, ки мард аст. Аммо ин ҳам ғам дода истодааст

Ҷамшед гуфтааст ман як ҳамкурсам ба Шорух Саидзода наздик аст, то любой мақомот чапа кардагиам «каседа занг мезанен пажалуст», иншаалоҳ сартона ҳаматон мехрен.

Колхози Правдаро дируз бо камераи бо пулт сиёмка карданд, чи подозрение будааст. Гуфтанд, ки гуё аз он пара чор нафар гузашта бошад ба ин тарафи Панҷ.

Э, мардум ин қадар тарсуи бад нашавед. Ҳақро гап занед. Як хелатон сахт мунофиқед. Гапҳои ҳақро медонед, ки ҳақ аст, аммо шумо бараксашро мегуед.

Аз инҳо не, аз Аллоҳ битарсед.

То ҳозира заминҳоямонро ҷуфт ва чапагардон карда истоданд:

«Рӯзи ҷумъа Калелин, тарафи Бедак рушқаи як одама вақти драваш расида буд айз ҷамоат рафтаст фармонай гуфта ҷуфтш кун телфонша бровардаст одами ҷамоат гапои соҳиби замина запис кардаст. Гапша нагирифтас. Гуфтаст ман налоги заминма меспорм чи фарқ дора чи мекорм. Дарав прокуратураву амниятро занг задаст. Рафт прокурор сари заминш ҷф кард заминша бо зурӣ ва таҳдид. Боз чор ҳазор сомон дар банк ҷарима бурд спорид. 15 рӯз махкамаш ҳам карданд. Ина беимонии сагҳои Раҳмонов, ина адолат. Бисерай гапо, намедонӣ кадом ҷиноятҳои ин дуздонро нависем. Устоди гиромӣ ҳамина нашр кун дар барномат».

Ҷалолиддини Балхӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Нома аз ҷамоати Навободи Ҷалолиддини балхӣ. Аввал аз боло сар мекунам.

Вақте хуштоманаш-Ӯзбакбӣ мурд (хуштомани Эмомалӣ Раҳмон, модари Азизмои газетхонак ва Ҳасани ишкамба) он рӯз шанбе буд. Дар пушти хонаи Хайрулло бозор воқеъ аст, ки рӯзи шанбеву якшанбе кор мекард. Он рӯз бозорро руст карданд. Баъд Қурғонтеппа, Бохтари имрӯза рафтем. Солдатҳои бисёр, дар 20 метрӣ, аммо ҳама ташнаву гурусна. Кампир то  мурданаш пул мегирифт. Болои Аҳмад бозор саҳар бозор буд, чекро кампир мегирифт. Шофераш Фарҳод Тойота Раф-4 сиёҳ дошт, бачаи акаи Шермат. Инҳо авлодан дар хизмати ҳамонанд. Фарҳод ба ҷаноза рафта ҳар кадомеашро отделно овард. Яъне Тахмина, яъне Озод ва ҳамин тавр далше. Худашон аз якҷоя омадан метарсанд, якҷоя намеоянд.  Ин Фарҳодашон ҳозирам дар хизмати ҳамонҳо аст. Фарҳод амакиҳо ва отаааш дар хизмати ҳамонҳоанд. Отаи Фарҳод, ҳамон номард бошаму зинда бошам дар хизмати онҳо. Дар Колхозобод дида будам. Фарҳоду амакиҳояш, Хайрулло, Амруло, ҳоҷӣ Амирулло ҳамаҳама дар хизмати онҳо.

Вақте Шамсуллои акаи Исмати дулик дар район милиса шуда омад, ҳамаро фанд карда заминҳои назди ҳавлигии мардуми гурӯҳи ғармиҳои Правда ва боз аз районро гирифт. Бачааш синфҳои 9 ё 10 буд. Саҳар дар худи Чапаев як одамро зад пояш парид. Бачааш Хисрав ба гардан гирифт. Ҷамшед ном дорад. Зиндон шуд ё нашуд дар ёдам нест. Вақте шунидем Шамс бачааш аз лестниса тела кардааст.   Касали қанд доштааст. Хуллас мурд. Пул додагиҳо ба ҷанозааш омаданд ва хостан даъво кунад, яъне қарздоронаш.

Аммо эшони Ҳикмат сархатиби район нахост гап занад, ки аз касе қарздор аст- «ина бачаҳош гуфт ва намоза сар кард» Баччае, ки оташа аз леснитса тела дода  мекушад қарзи вайро медиҳад?

Хулоса чанд кас меояд ба сари қарз. Бачааш мегуяд «бра да гур аст, биги пулта ма намешносам». Сағираҳояшро соз намешиносам. Яке аз онҳо корманди уголовний розиски район буд, Ҷамшед мегуяндаш.

Чанд соли пеш раиси ҷамоат Ҷамол буд. Ба ягон кас бадиашро надидаем, то ҳоло раҳмат мегуянд. Аз раиси ҳозира  сад бор соз буд. Баъд дар ин миён чанд нафари дигар раиси ҷамоат шуд, ёд надорам. Боз як нафар шуд, ки кличкааш Путин буд.

Ббисёр ҳаромхурӣ кард. Он солҳо мо майда будем. Баъд раиси ҷамоати Навобод Саидмурод Камолзода шуд кино ҳам сар шуд. Вай 1976 ё 77 ё 78 ба дунё омадааст, бесавод аст. Боҷаи раис ҳоҷӣ Раҳматуллои амаки духтарон-бародари Азизмои газетхонак аст. Ҳама гуна корҳои зиштро кард, ба қавле ҳама г..ҳа хурд. Ҳатто муйсафедҳоро ҳақорат мекард. Яке одами ришдора медид дар роҳ тамом. Гапи даҳанаш Ҷаноб, ҷаноби ин хел гуфт, ҷаноб он хел гуфт. Бо мошин бошӣ ҳамаи документҳоятро мегирад. Як моҳ медавонад. Мегуяд сунати паёмабар даркор нест. «Нам толко Ҷаноб». Ин ҳароми мерафту узбекҳоро бисёр ғам медод. Деҳаи Навобод, Каленин, суни Андрей, Комсомол, Пушкин намерафт. Барои онки занҳои Андрей бо талабаҳои мактаб бо шохин дар пушти сараш зада кафондагианд.

Бояд аз кор меирифтанд. Аммо туалети Раҳматуллоро тоза карда зора кард, ки аз вазифа нагирандаш.

Дар ҷамоат як зани пир Азизахонум кор мекард. Саидмурод Камолзода мегашт сарбории вай шуда шикамашро сер карда. Ин зан аз кор рафт вале Камолзода боз зора карда овард.

Як вақт дар ҷамоат будем, ки шаҳу арус барои барои ЗАГС омаданд.

Яке омад дид арӯс бо ҳиҷоб аст. Тарафи онҳо бо ваҳшат ва садои баланд таҳдид кард: «чи мекови иҷа тез бра мумкин нест». Ин зани гандапир 60 сола бола аст. Боз бо говкала сурат гирифтааст. Ин ду мочахар ва нархар дар ҳама қишлоқ бузҳои худро доранд.

Занҳои Калинин мегуянд, ки акаи Тошбой раис деҳа буд, беҳад одами хуб буд. Вақте бузҳои деҳа ба ҷамоат хабар мекашанд раис  акаи Тошбойро мепурсад мегуяд «ма бачаҳои ёша намешиносам». Вале даррав ба падари онҳо телефон карда мегуфт, бачаҳоятро пурсанд баҷо кун. Дид, ки ҳама бузу шуғол шудаанд, партофт рафт. Бачаҳояш фарёд карданду Самара бурданд. Вале баъди як сол бандагиро ба ҷо овард. Одами хубро раҳмат мегӯем ва дар ҳақаш дуо мекунем. Баъд боз як зани буз буд бо номи Сара. Вай ба облавчикҳо бачаҳоро хабар медод. Аммо бачаи дуввуми ин зан зуд ба он бача занг зада хабар медод, ки зудтар бигрез, ки «очам тра бзи кад».

Дар ҳоли ҳозир раиси деҳаи Каленин Баҳодур шайтон аст. Уро тамоми ноҳия мешиносад. Перемен паспорт мекунад, дар куча ба телефон барои паспорт сурат мегираду меорад. Бачаҳоро барои худаш буз кардааст. Касе аз Русия меояд, кай меравад хабар медиҳанд. Дар халқ свет нест аммо дар хонаи Баҳодур 24 соат ҳаст. По круги хонааш камера задагӣ. Сахт метарсад. Аз деҳа бояд 5 кас аскарӣ равад ,35 касро роҳӣ кард. 30 каси ҳаминро ба дигар ҷамоатҳо мефурушад. Ёрдамчии худаш Хидиров Саид, Сайкоро бурд отдел маҳкам кард. Бачааш аз Русия маҷбур омад, гирифт хизмат роҳӣ кард.

Ман дар Русияам. Пеш аз соли нав раҳакӣ будем, нархи билет қимат. 10 январ меравем гуфтем, аммо якуми январ бачаҳо гаштанд? Пурсидем чи гап аст? Гуфтанд, ки Баҳодур шайтон дар ҷамоат паспорт мегуяд, дигар тамом, боз нарафтам.

Шунавидам Саидмурод Камолзодаро аз раиси ҷамоат гирифтанд ва вай ба Ҷиликул рафтааст. Земламери ҷамоат Исмоил Назаров буд, раис шудааст. Падараш котиби ҷамоат кор мекард -9 ангушта. Исмоил дар аввал соз буд аммо вазифа гирифт дигар одам  шудааст. Ҳозир касеро, ки бачааш дар сини хизмат аст бурда военкомати район маҳкам мекунад: «ё бачат мия ё то 10 ҳазор сомонӣ метӣ».

Дар Русия кор мекардем, якҷо бо бачаҳои деҳаи Навобод, яъне бригадаи1. Онҳо группа доштанд. 1сол пеш буд. Саидмурод Камолзода овоз партофт «бачаҳо ҳаракат кунед мактаба обод кунед, ман шумода стадион метим,  ина 19 сентбр шид, кам мондааст, ҳаракат кунед бачаҳо. Ҳоло инки 19 август буд. Сахт бесавод буд. Медпункт аз нол, мактаб, аммо стадион нест гуфт раиси ҷамоат. Ҳар рӯз дар хонаи Фаёз шикам сер мекард, номард. Боз бачаҳои Фаёзро хизмат мебарам гуфт. Фаёз гуфт, ки «бачаи мара мебурдагира занша фалон мекунум. Ҳаромхури Саидмурод Камолзода рафт аз район, аз прокуратура овард. Аммо Фаёз ба Ҳукумов занг зад, тарсидан, ҳиҷоша хурда натавонистанд.

Гуфт дар ҳамаҷо буз пур аст. Масалан Сафармош, Гена, Хурсанд, Манон, Раъно, Бибиноз, Зиёев, аммо фамилияҳояшонро нагуфт, инҳо бузҳои ҷамоат ва мақомотанд.

Дар деҳа эшони Абдулмаҷид ҳаст, бисёр мутакаббир аст. Бачаҳо мошинашро бинанд, мегурезанд, кор мефармояд. БоТахмина кор мекунад. Эшон мойка меояд: «паданалат хушру бшув гуфта ҷанг мекунад». Намехоҳад 5 сомонӣ бидиҳад. Бачааш бошад бинад мегӯяд аз мошинат бензин гирифта деҳ, Мегӯӣ, ки гирифта намешавад. Руирост мегуяд, ки  «ҳоли ту бе номри тра гаи да бтим». Дар ягон ҷанозаи деҳа намеояд. Аммо дар Андрей кудаки якрӯза мурад бомдодро дар ҳамонҷо мехонад

Ба район ҳеварои Озода омада буд. Онҷо замначи милиса ва прокурор ҳам буд. Муаллима мегуфтан. Аптекҳо даромада худаш медид. Як доруи срокаш гузашта ёбад то 30- 40 ҳазор сомонӣ мегирифт.

Ва ҳоло дар бораи бузҳои деҳаи Навобод, яъне бригадаи1 мегуям. Раиси маҳалла Бердиев Сафармош, хусурбачааш Турақулов Гулмурод, яъне Гена, бузи №1(Гена

ду сол пеш мурд) Бобошеров, Зиёев, Ғуломова Гулбӣ, Эшмуродов Хурсанд, Кушодова Раъно, Ғозиева Бибиноз, Кушодов Манон ҳам бузи пеши пеш аст.

Ҳар касе аз деҳа умра рафта меомад ҷамоат омада бе ҳиҷчи 400 сомонӣ то 600 сомониашро мегирифтанд. Ягон кас агар дар ягон ҷо мегуфт ман надодам Маннон бошад ҳамонҷо хабар медод, худи пагоҳ ҷамоат меомад ҳамон пиракии Азизро мегирифтанд .Бузи вафодори Азиза Бибиноз аст. Муаллими Гулмурод ҳам буз аст. Пеш аз Сафармош раиси маҳалла буд. Тую маъракаҳо меомаду мехурд, аммо боз ба танзим хабар медод. Сафармош, раиси маҳалла 57 -58 сола аст. Намоз намехонад. Вақти таровеҳ ҳама намозро сар мекунад аммо ин даромада аз дари дигарӣ талаба ҳаст гуфта мебарояд ва пагоҳ дар мактаб сар мекунад. Душмани дин аст. Дар деҳаашон ягон ҷаноза мешуд аз деҳаи мо акаи Тошбой мерафт меистод. Сафармош бошад намерафт, чунки намоз намехонад, изо мекашад.

Бачаҳои деҳа пул роҳӣ карданд барои ободии мактаб. Дар ахир баччаҳо учет-ҳисобот пурсиданд, учот намедод, кибр мекард. Сипас бачаҳо дар группа гуфтанд, ки вақте учот намедиҳад, дафъ шавад аз раисӣ. Баъд Сафармош отаҳоша занг зада «бачата бугу дар группа ҳарчи нага мара». Баччаҳо ба раиси ҷамоат Саидмурод Камолзода занг зада гуфтанд, ки Сафармошро аз раисии маҳалла бигир ва дар ҷояш дигар кас шавад ва бо мардуми деҳа кор кунад. Саидмурод Камолзода гуфт «мада тел самсунг с24 ройи кунед, нархаш 80ҳазор рубл». Пас гуфт, ки «ма задагиюм Сафармоша, шумо касеро хоҳен ҳаму мешавад».

Хуллас телефон роҳӣ накарданд. Баъд мо фаҳмидем, ки бузӣ, шайтонӣ, хизматҳои бепоён ҳамааш ба як телефон намеарзанд. Ҳоло ҳам Сафармош раиси маҳалла аст. Гуфт дар Русия ҳастем ва газон кор мекунем. Ман аз дарди деҳаи Калинин вай аз деҳаи Навобод гуфт. Ин ҷураам намедонад, ки ман ба «Ислоҳ» роҳӣ кардам.

Бародар ин гапу корҳо ба ёдам омад ҷобаҷо кардаму бароятон навистам .Ман хеле шуд, ки мебинам аз Чапаев ягон кас нанавишт. Куча мебароӣ талабаҳо дар телефон шуморо мебинанд. Баъд таҳти таассуроти барномаҳои шумо мегуянд, ки чоплусҳо ва президентро сахт шарманда карданд.

Ҳамин интернет шояд сабаби ривоҷи фисқу фасод мешавад аммо ҳоло барои мо фоида карда истодааст. Дар донишгоҳҳои мо мегуянд, ки Кабириро набинед, Муҳаммадиқболро тамошо  накунед. Ҳар рӯз баччаҳо ҳайрон, ки кӣ бошанд инҳо ки намемонад тамошояшон намоем? Баъд сар мешавад тамошо кардан. Аз ҳама чиз зуд хабардор мешаванд.

Як нақли дигар. Баъди солҳои ҷанг Ислом- девона дар Чорбоғ Кушодов Маннонро манъ мекунад. Маннони бузи ҷамоат то ҳозир тракторҳои колхозро ҳай мекунад. Яъне тракторҳои Раҳматуллои додари Азизморо. Хуллас, Маннонро бо трактор Ислом девона манъ карда издиватса мекунад. Маннон заданӣ мешавад ва аз кашталаш мебардорад. Мебинад, ки пистолет дорад. Оҳиста сар медиҳад. Ислом -девона то сер шуданаш мезанаду баъд меравад. Як кас як чи мегуфт Ислом -девона рӯйи рост мепаронд мерафт. Ислом -девона аз соли 95 бо пистолет мегашт, пиён мошин ҳай мекард. 20 то зиёд кудаку ҷавону калонсолро бо мошин зада куштагӣ аст. Мошинашро манъ намекард. Ҳеҷ кас ҳеҷ чиз гуфта наметавонист. Мардум дуо мекард, ки бачат бимирад ва охир дуои халқ гирифту  бачаи калониаш аварӣ карду мурд. 2 сол дар қишлоқ консерт карданӣ намемонд. Дар мактаби қишлоқ, дар ҷашни наврузӣ нав ҳофизҳо сар карда буданд, ки Ислом-девона омада ба осмон тир паронда директори мактабро зад, ҳофизҳоро ҳам зад. Мегуяд «бачаи ма мурдай консерт накунед». Аммо ҳозирҳо соз шудааст ҳоҷӣ Ислом. Салом медиҳӣ барои алейкат сараш ба рули мошинаш мерасад.

Бародар дар амони Худо бошӣ , ман ҳаминхел менависам узри зиёд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 252 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№149
Масъалаи хариду фуруши замин дар Тоҷикистон ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Дар оянда ин масъала боз доғтар мешавад ва эҳтимоли саддарсадии он вуҷуд дорад, ки барои замин мардум ба тазоҳурот бархезад.

Заминфурушӣ барои он дар авҷ аст, ки ҳоло барои раисони навоҳӣ ва ҷамоату кумитаи замин манбаъи осони даромади муфт аст. Аз тарафи дигар баъзе ноҳияҳое ҳастанд, ки барои раисон хурагаҳ надоранд ва ё хурагаҳашон имкон намедиҳад, ки пули пораи додашон барои курсии зери пояшонро бипушонад. Яке фармон мебарояду онҳо холӣ аз курсӣ ба зер меоянд. Барои ҳамин новобаста аз ҳама гуна хавфу таҳдидҳо заминфуруши асосӣ дар Тоҷикистон раисони ноҳияҳо-намояндагони Президент ҳастанд. Чунки маҳз бо имзои онҳо  замин тақсим ва дода мешавад. Номаи аввали ин барнома аз ҳамин боб ҳикоят мекунад.

Қубодиён

Ассалому алллайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам, ки сиҳату саломат ҳастед. Ман як сокини ноҳияи Қубодиён, ҷамоати Утақара Назаров деҳаи Бошқалъа ҳастам.

Умедворам, ки шинохтед маро. Узбекзабон ҳастам. Ному фамилияамро барои шумо навиштам. Ман як чанд маротиба дар бораи мушкилиҳои Қубодиён ва худам ба шумо навишта будам.

Боз як мушкилии дигар бар сари 5 ҳамдеҳаамон омадааст. Инҳо тарсиданд барои навистан. Вале ҳолати корро ба ман ҳикоя кар. Ва ман ба шумо навишта истодаам.

Соли 2021 як ҳамдеҳаамон номаш Юлдошев Қурбон бо замначалники милисияи Қубодиён Исозода Дилшод гуфтанӣ шахс шинос мешавад. Ин замначалник боз Қурбонро бо раиси кумитаи замини ноҳия Эмомализода Турахон шинос мекунад. Турахон ба Қурбон мегуяд, ки агар замин даркор бошад гуй аз қишлоқатон замин гирифта медиҳам. Қурбон розӣ шуда ба рафиқаш Хушатов Мардон занг мезанаду мегуяд ман бо ду одами боқуввати ноҳия шинос шудам. Бачаҳои Санкт -Петербургро гуй агар замин даркор бошад гирифта медиҳам. Сонӣ Хушатов Мардон ба чанд шиносҳояш занг мезанаду мегуяд, ки як рафиқи ман дар Тоҷикистон аз деҳа замин гирифта медодааст. Ҳамин хел ин гап дар Санкт- Петербург байни ҳамдеҳаҳоямон паҳн мешавад. Баъди як чанд рӯз 4 нафар ба назди Хушатов Мардон меояду мегуяд мо ҳар чорамон тайёр ба замингирӣ. Мардон ба Юлдошев Қурбон занг мезанаду мегуяд 4 нафар ёфтам, худам ҳам мегирам, бо худам 5 нафар. Рав бо шиносҳоят гап зан, пулашро гуй мо равон мекунем, ба мо замин гирифта деҳ. Қурбон майлаш, ман пагоҳ саҳар район мераваму ба шумо аниқ карда мегуям гуфта телефонро мекушад. Пагоҳаш Қурбон ба назди раиси кумитаи замини Қубодиён Эмомализода Турахон мераваду мегуяд, ки ман 5 нафар пайдо кардам, сотихи замин чанд сомонӣ аст, гуед ман ба онҳо гуям. Эмомализода Турахон мегуяд ҳозир якҷоя назди раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак медароем ва ҳамонҷо маслиҳат мекунем. Чанд дақиқа пас назди раиси ноҳия медарояд Эмомализода Турахон бо Юлдошев Қурбон. Раис инҳоро қабул мекунад.  3 каса маслиҳат мекунанд. Раиси ноҳия ба Қурбон мегуяд, ки 6 сотихӣ ба 5 нафар ҳуҷҷат карда медиҳам 60 ҳазор доллар мешавад: «ҳозирашда 50 ҳазор доллар кати копияи паспортои ҳамон 5 нафарро гирифта биё мегуяд, кор буд шуд боз 10 ҳазор доллари дигара метиӣ мегуяд». Қурбон майлаш ман занг зада гуям раис розӣ шавад оварда медиҳам мегуяду аз кабинети раиси ноҳия баромада ба берун ба Хушатов Мардон занг зада гапҳои раисро мегуяд. Инҳо розӣ мешаванд. Мегуянд, ки мо «тичени як хафтада пулро тайёр карда равон мекунем, ту аз пушти ҳуҷҷатои замин шудан гир. Мо боз ҳақи худатро ҳам отделни мепартоем гуфта маслиҳат мекунанд. Баъди як ҳафта Хушатов Мардон ба Юлдошев Қурбон занг мезанаду мегуяд пулҳо тайёр рафта аз хонаҳоямон бо копияи паспортҳоямон   гир. Қурбон мераваду аз хонаҳои мана ин шахсҳо пулро бо копияи паспорт мегирад:

1.Хушатов Мардон

2.Баротов Элдор

3.Имомназаров Лутфулло

4.Абдуллоев Бурӣ

5.Имомназаров Соҳиб

50 ҳазор долларро гирифта рост назди Эмомализода Турахон меравад ва мегуяд, ки «мана ман пулро овардам» мегуяду ҳисоб карда ба Турахон медиҳад бо копияи паспортҳо. Эмомализода Турахон пулро мегираду ба вай мегуяд ту дар берун баромада исто, ман ҳозир ба раиси ноҳия дода мебиёям, гуфта назди раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак даромада меравад. Чанд дақиқа пас баромада ба Қурбон мегуяд, ки «тамом корот ҳалай, рав аз пушти зиндагит шудан гир, бачаҳора раис супориш дод, корот тичени 2  моҳ ҳал мешавад.» Қурбон ҳам хуб гуфта меравад. Ба Хушатов Мардон занг мезанаду мегуяд ман ҳама чизҳоро додам, раис гуфт баъди 2 мох корҳоятон хал мешавад. Аз мобайн вақти муқараркарда мегузарад. Қурбон меравад назди Эмомализода Турахон мегуяд, ки «ака чи шуд, кор аз вақти гуфтагитонам гузашт, аз ман одамҳои пулдодагӣ пурсидестай». Эмомализода Турахон мегуяд «боз як моҳи дигар сабр кнен, мекнем, ҳамачиш тайёрай, аз вилоят як иҷозатнома мондагияй», гуфта фиреб карда инро боз обратно пас мегардонад ба хонааш. Ҳамин хел як сол мегузарад. Имруз пагоҳ карда соли 2022 ро ба охир мерасонад аммо намешавад. Нафарони пулдода аз одамони хонаҳояшон ба Қурбон ҳамроҳ карда ба ҳукумат мефиристанд. Инҳо 5-6 кас шуда мераванд. Эмомализода Турахон мегуяд, ки раис ҳозир банд мебошад. Дар ноҳия Президент омада истодааст. «Ҳозир кори ягон касро   ҳал накарда истодаем, проверка сахт рафта истодааст, сабр кунед, президент омада равад коротона ё ҳал мекунем ё ин, ки пулатона гардонда метием» мегуяд. Инҳо ба гапҳои Эмомализода Турахон бовар карда пас мегарданд. Фиръавни замон- бачаи Майрами гурсухта ҳам омада меравад, лекин на кор ҳал мешава на пулро гардонда медиҳад.

Чанд моҳ пас Садриддинзода Бадриддин Талбакро аз вазифа мегиранд. Инҳо мебинад, ки раис аз вазифа рафт ҳамакаса ҷамъ шуда назди Эмомализода Турахон мераваду ҷанҷол мекунанд: «пулро те гардонда» мегуянд. Эмомализода Турахон мегуяд «ман пулро ба раис Садриддинзода Бадриддин Талбак додагӣ ҳастам равед аз ҳавай гиред ё ин ки гиҷое мехоҳед ариза кунед». Инҳо аз ҳукумат баромада рост ба прокуратураи ноҳия мераванд, ариза мекунанд. Котиби прокурор аризаро қабул мекунад ва ба инҳо мегуяд: «тамом аризатон қабул шуд, мо дида мебароему ба шумо ҷавобашро медиҳем». Баъди 2-3 руз хонагиҳои ин 5 касро бо ҳамроҳи Қурбо ба отдели ноҳия Иброҳимзода Камолиддин  замначалник фарёд карда ба дараҷае доду вой карда инҳоро таҳдид мекунад, ки инхо аз тарс баёнот медиҳад, ки мо ба ягон кас пул надодаем. Ва бо ҳамин ин темаро инҳо аз тарс маҳкам мекунад.

То ҳол пулро надодааст. Дар охир як касро ёфта ба назди Эмомализода Турахон равон кардем. Вай гапҳои Эмомализода Турахонро ба мо запс карда равон кард ва ман ба шумо фиристодам. Охирон умеди мо аз Ислоҳ аст. Мо шояд натавонем, ки 50 ҳазор долларамонро бигирем. Лекин шумо чоп кунед, марду бидонад ва бинад, ки раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак ва Эмомализода Турахон дар асл чи гуна одаманд. Албатта, мо ин запси гуфтугуро ба Агентии коррупсия доданӣ ҳастем. Аммо бубинем, ки баъди нашр онҳо чи кор карданианд.

Мо узбекзабонон бо шумо ҳастем.

Айнӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародари арҷманд ман барои аввалин бор ба шумо менависам. Аммо солҳост, ки сайти шуморо мутолиа мекунам. Рости гап барномаҳои Ютубиатонро гоҳ мебинам вале сайтро ҳамеша мехонам. Вақти барои тамошои Ютуб кам дорам.

Шумо дар бораи корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикитон чандин мақолаҳои хуб ва пур аз факту рақамҳоро навишта чоп кардед. Ҳамаи навиштаҳои шумо дар бораи ин корхона дуруст аст. Ин корхонаро Раҳмонову Ҳасани додарарусаш ва Шералӣ Кабиров асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон ҳарому расво карданд.

Ман солҳо дар вазроти саноати Тоҷикистон кор кардаам. Ҳоло ҳам дар яке аз муассисаҳои муштараки тавлиди тилло, ки бо Хитоиҳо аст ва ҳисоботашро ба вазорати саноат медиҳад, кор мекунам.

Чанде пеш дар газетаи Ҷумҳурият, ки моҳоро маҷбурӣ обуна мекунанд, чашмам ба як навиштае афтод, ки он таҳти унвони «ТАЛКО. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР» аз 2 майи соли ҷорӣ чоп шудааст. Ин навишта гувоҳи он аст, ки вазъу ҳоли ин корхонаи бузургтарини Тоҷикистон, флагмани саноат, ки 13 ҳазор коргар дар се баст дар он кор мекрад ва солона 450 ҳазор тоннаи арзизи хом тавлид мекард ва 45% асъори хориҷии кишварро таъмин мекард бисёр ҳам бад аст.

Бубинед, ки дар ин мақола чиҳо гуфта мешавад:

«Дар давоми 12 моҳи соли 2023-юм, 77 адад электролизёр ба маблағи зиёда аз 105,0 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, барои роҳандозии 25 адад электролизёр мавод харида шудааст.
Маҳсулнокии миёнаи электролизёри алоҳида аз 975 кг то ба 1034 кг афзуда, ҳамчунин, сифати алюминийи истеҳсолшаванда беҳтар шудааст. Агар дар соли 2022, алюминийи навъи  АВ97 (97%Al) истеҳсол шуда бошад, пас, дар семоҳаи чоруми соли 2023 ба андозаи 100 фоиз алюминийи  баландсифати навъҳои А7, А5 ва  А0 истеҳсол шудааст, — иброз дошт Игор Сатторов, директори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи гурӯҳи ширкатҳои ТАЛКО.
Дар нақша аст, ки соли 2024 зиёда аз 96 электролизёр ба маблағи 146,2 миллион сомонӣ таҷдид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Истеҳсоли алюминийи аввалия дар соли 2023-юм 66 649 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм, 4 606 тонна ё 107,4 дарсад зиёд мебошад.
ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” дар соли 2023-юм уҳдадориҳои ҷории андозии худро пурра ба иҷро расондааст. Феълан Ширкат аз андоз қарздор нест.
Гардиши савдои хориҷии он бошад, дар соли 2023-юм 244,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, аз ҷумла: воридот – 113,7 миллион доллар, содирот –130,6 миллион доллар.
Теъдоди умумии электролизёрҳои амалкунанда дар охири марти соли 2024-ум 211 ададро ташкил дод ва дар 3 моҳи аввали соли 2024 дар Ширкат 19 адад электролизёр ба кор андохта шуд. Соли 2024 тармим ва ба кор андохтани 96 электролизёр ба нақша гирифта шудааст.
Истеҳсоли алюминийи аввалия дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 19 731, 75 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 4235,8 тонна ё 127,3 фоиз зиёд мебошад.
ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» ба нақша гирифтааст, ки то анҷоми соли 2024 ҳаҷми истеҳсолро ба зиёда аз 25 фоиз афзояд. Тибқи нақшаи стратегии ТАЛКО барои соли 2024, бо назардошти корандозии электролизёрҳои нав, истеҳсоли алюминийи аввалияро то охири сол беш аз 84000 тонна, яъне, камаш 25 фоиз нисбат ба соли 2023 биафзояд.
«Ширкат роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигарондашуда, ки дар бозорҳои дохилию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рақобатнок бошад, самаранок фаъолият бурда, ҳаҷми истеҳсоли онро тадриҷан зиёд мекунад».
Як корхонаи бузургро Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозода ба хоки сиёҳ яксон карданд. Ҷинояти бисёр ҳам сахту сангин. Миллиардҳо долларро аз ҳисоби ин корхона ба ҷайбашон заданд. Ман тамоми умрам дар ин корхона кор кардам. Ҳама чизашро медонам. Ҳоло ба ин коргоҳи бузург дилам месузад.

Синании яҳуд раиси он буд. 450 ҳазор истеҳсол мекард. Ҳатто дар солҳои ҷанг истеҳсолаш ба ин ҳад наомада буд. Масалан то соли 2005 дар даврае, ки дар дасти Абдуқодир Эрматов  ва Аваз Назаров 420 ҳазор тонна истеҳсол мекард.

Раҳмонову Ҳасан ин корхонаро гирифтанду тамом карданд.

Аммо даҳҳо корхонаро бо номи Талко ва дар дохили завод сохта аз ҳисоби свети арзони он ба манфиати шахсиашон истифода карда истодаанд. Аммо бубинед, ки  дар шарҳи ин дуздии ошкорои пули барқ ва арзону ночиз дастрас кардани арзизи хом ин нашрия дар идомаи мақола чи менависад. Ҳамаи ин корхонаҳо, ки дар зер исмашон оварда мешавад аз они худи Раҳмонов ва Ҳасан аст:

Ширкат ҳамкории васеъро бо корхонаҳои саноатии ватанӣ идома медиҳад. ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”дар семоҳаи якуми соли 2024  бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶММ «Ноқили ТАЛКО», ҶСП «Ноқили Турсунзода», ҶММ «КМ ТТ ТАЧПРОФ», ҶММ «Алюпроф» ва истеъмолгарони дигари дохилиро бо 2 883,5 тонна алюминий ба маблағи  70,4 миллион сомонӣ таъмин намуд.
Дар навбати худ, маҳсулоти корхонаҳои мазкур, дар баробари интиқол ба бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар, қабл аз ҳама, ба Ӯзбекистон, Қирғизистон,Туркия ва Эрон  содирот мешавад.
Нархи миёнаи алюминий дар Биржаи филизоти Лондон дар семоҳаи якуми соли 2024-ум  2199  $ /тн-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196 $/тн кам мебошад.
Маблағи маҳсулоти молии ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» дар семоҳаи якуми соли 2024  ба 149,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 32,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Маблағи фурӯши маҳсулот 143,3 миллион сомониро ташкил дод ва дар қиёс ба  семоҳаи якуми соли 2023-юм 28,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.
Гардиши савдои берунии Ширкат дар семоҳаи якуми соли 2024-ум  68,5 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 30,9 миллион, содирот 37,6 миллион долларро, ташкил дод.
Дегҳо ё ҳамон электролизёрҳо дар ин мақола зикр шудааст дар Талко 3000 адад буд. Ҳамаи онҳоро корношоям карда як қисми онҳоро ҳатто барои оҳанпора ҳам супориданд.

Бовар кунед, ки аз кор уфтондани Талко яке аз сангинтарин ҷиноятҳои иқтисодии Раҳмонов аст. Талко муҳкамтарин ва раднашавандатарин далели ҷиноят ва хиёнати Раҳмонов ҳамчун роҳбари давлат аст, ки ба ин давлат кардааст!

Дуруст аст, ки Раҳмонов сартопо ҷиноят аст одамкуш, ғоратгар аст. Аммо зарару зиёне, ки аз вайрон ва нима нисфа кардани корхонаи алюминий ба давлат расонид аз садҳо миллиард доллар ҳам зиёд аст.

Ҷинояти Раҳмонов фақат сиёсӣ нест. Ҷинояти Раҳмонов заминфурушӣ, ҷинояти Раҳмонов роҳи пулакӣ, ҷинояти Раҳмонов тахриби амдии «ТоҷикАйр», ҷинояти Раҳмонов беваҷҳу беҳуда барҳам задани бонкҳо ва расонидани зарар ба халқ ва ғайраву ҳоказоҳои зиёд аст, ки онро бояд сахт ревизия ва аудит кард.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар шумораи пешинаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар бораи масҷиди Ҷарқишлоқ-Панҷруди Душанбе ва мулло Дилшод,ки навишта фиристода будам, ки чоп кардед. Сипоси фаровон ба шумо. Ва ҳоло боз як номаи дигар.

Дар микрорайони 92-и Душанбе дар маҳалаи Ҷарқишлоқ (Панҷруд )дар масҷид дуюм ҳафта аст, ки дар намози ҷумъа оқи падарҳои » ғамният « ва милисаҳо омада мардумро рӯз намедиҳанд, ки мардум соз намозҳояшонро хонанд!
Дохили масҷид пур мешавад, мардум маҷбуранд, ки аз дарвоза берун намоз хонанд. Дар бари масҷид як плошадкаи дигар ҳаст, заминаш бетон кардагӣ, примерно ягон 30/30 метр ҷояш.
Онҷо ҳам пур мешавад. Пас, мардум дар куҷое, ки ҷой ёфт намозашро мехонад!
Имрӯз 31.05.24 як оқи падари амниятӣ омад. Ба сари мардум грубий доду-вой карда сур кард, ки «да иҷа намоз нахонен». Мардум мегуянд, ки дар куҷо намоз хонем ҷой набоша?
Мегуяд, ки «мада фарқ надора, да иҷа намоз намехонен». Маҷбур кард мардумро, ки ҳама дар ҳамон плошадка намоз хонанд. Баъд як тараф рафт, мардум ҳама, Аллоҳ шоҳид аст на зан монданд, на очаву хоҳар, ки бисёриаш мегуянд «касиҳо дар бади мардум задан, специально дар назари мардум худшона бад кардестан» .
Мардумро маҷбур кард, ки «да иҷа намехонен», мардум маҷбур ждат кардан, баъд дар вақти фарзро хондан, боло ба боло дар ҳамон плошадка чанд касе ҷо гирифт, хонд. Мондагӣ ҳама дар болои хоку чангу мусор хонданд. Аз он тараф гашт омад, ки як бача ҷойнамозашро партофта суннати пеш аз фарз хонда истодааст. Оқи падар дар болои сараш истод, ждат кард, баъд як петухи милисаи лейтенантро фарёд кард, ки ждат кунад, ки он бача баъди намоз ягон ҷо наравад. Баъд аз намози ҷумъа мо суннати намози фарзро хонда истода будем. Он бача намозашро хонда буд кард, ки гирифтанду бурданаш. Баъди намози ҷумъа, бовар кунед, ки ҳама ҳақорат карданашон.
Бо истифода аз фурсат бародари Муҳаммадиқбол як хабари дигар мефиристаматон.
Ин хабари аз автобазаи парки автобусҳо рақами 1 аст. То ҷое ман фаҳмидм директораш Фирдавс ном доштааст, ва аз бачаҳакои «круг»-и гунгакмоҳи наркомани Рустами Эмомалии бачаи Майрами гурсухта буда аст. Таваллудуш 1992. Савод абсолютно надорад, «ҳоло ақл ку усун беста».
Бо як ду одам гап задам, ки гуфти гапҳо проблемаро аз дарун медонанд. Гуфтан бавар кун дуздо-дузди дар авҷ аст. Мардуми шофёрро рӯз намедиҳанд. Бо карта кардагианд, аммо план дар ҳаво. Бегоҳ, вақти планро супоридан, планро буд намекунанд мардум. Мегуянд, ки «мода фарқ надора,аз кисаи худтон плана супорен».
Вақте аз мардум пули налични мегирӣ, дар линия меоянд ҷанга мекунанд, ки пули налични нагиред. Аммо бегоҳ боз ҳамон «проблемаи плана буд накардани шофиёрҳо». Ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол, мардумро рӯз намедиҳанд, ки кор кунанд, на планро ҷамъ кунанд, аммо фақат талаб карданро медонанду тамом. Мардум мегуянд, ки бо ҳамон маоши 1800-2000 сомонии медодагиашон, намедонем, ки зиндагиро пеш барем ё плани ин ҳаромиҳоро супорем. Масалан шофиёри нав меояд, ягон моҳ кор мекунад-намекунад, ки ин проблемаҳоро мебинад, ҳақорат карда мебарояду меравад.  Мардуме, ки чанд 10 сола кор кардагианд, ҳамара аз як лаб, то сур мекунанд, то маҷбурӣ ба пенсия роҳӣ мекунанд, ё ки бо статия пеш мекунанд. Баъд он бечораҳо пенсияи 150-200 сомона ба зӯр аформит мекунанду тамом.

Автобусҳоро мегуянд бояд Т/О дар пробеги 20 ҳазор кунӣ ва  бояд маслаашонро иваз кунанд.
Вале мегуянд, ки Аллоҳ шоҳид аст 50 ҳазор мегарданд автобусҳо, баъд маслаҳояшонро иваз мекунанд. Он масла уже мазут шудагӣ аст. Боз болоӣ дар вақти иваз кардани маслаи мотор, як маслае мерезанд, ки   последний сорт меистад. Аз ҳама пасттарин масла мерезанд, барои ҳамин шофиёрҳо безор шудагӣ, аз дастаи ремонти автобусҳоро.
Ягон автобус агар вайрон шава мебинанд, ки шофиёр нест, касал ё бо ягон проблема кор набуромадааст, мегуянд рав аз автобуси ҳамон запчасти даркориро бикану гир, вайро баъд ҳал мекунем. Ана баъд вақте, ки ӯ бечора кор мебарояд, проблемаи вай сар мешавад, то инаш намерасад, то дигараш. Махинатсия бо картаҳои мардум беҳад сахт мекунанд.
Шофиёрҳо ҳам карта доштанд. Мегуянд, ки бегоҳ дар картаи як хел шофиёрҳо то чанд миллион сомонӣ пул пайдо мешавад, худ аз худ. Дар системаашон ягон сбой мешавад ё ягон чизи дигар, «дига и паро-пара мебинӣ, то ун шафиёра миёван, ки девона мешаван»!
Ба гуфтаи ин бародарҳо, аз картаи мардум ба чи махинатсияҳое пулҳояшонро   медузданд. Вагарна ин қадар миллион сомонӣ дар картаи шофиёрҳо просто так пайдо намешавад!

Зафаробод

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Худо умри шуморо дароз кунад ва душманонатонро хору залил гардонад. Аз Зафаробод дар бораи лоиҳакаш-архитектор, ки Ислом ном дорад гуфтанӣ ҳастам.

Ҳозир дар Зафаробод замини наздиҳавлигӣ яъне участка тақсим карда истодаанд. Аз тарафи давлат ва бе пул. Аммо руяшонро сиёҳ мекунанд. Ана ҳамин Ислом, ки як узбекзабон мебошад, ман милатчигӣ кардани нестам, то 10 ҳазор сомонӣ нагирад имзо намекунад. Ин ҳам агар шумо бо ягон шиносаш ба вай бароед, боз даҳ ҳазор коратон буд мешавад.

Агар шинос надошта бошед то 12- 15 ҳазор надиҳед имзо намекунад. Мо намедонем доду дардамонро ба, кӣ ва куҷо гуем? касе ба додамон намерсад.

Охир ҳамин корманди ҳукумат чанд сомонӣ маош мегирад, ки дар таги пояш мерседеси оинаҳояш тонировка кардагӣ ва боз бо номерҳои крутойи 92-92. Дар шаҳри Хуҷанд дар баландошёнаҳо чанд квартира дорад. Охир ин ҳукумати Раҳмонов мақомоти ҳифзи ҳуқуқии вай куҷоро нигоҳ мекунанд?

Як коргари архитектура аз як бизнесмен бештар дороиву сарват дорад. Вай худаш дар 40 солагӣ зиндагӣ мекунад. Онҷо як ҳавлии калон доштааст. Мо куҷо равем? Ҳукумат меравем ба қабули раиси ноҳия қабуламон намекунад. Чор сол мешавад, ки дар муҳоҷирӣ гаштаам. Зану фарзандамро бо тилфон мебинам. Ман ҳам мехоҳам, ки дар пеши зану фарзандам бошам. Ҳукумати ин золимҳо то кай идома мекарда бошад?

Охир мо дар Русия сум наруфта истодаем. Дар инҷо низ рӯз то рӯз нархи патенту дигару дигарашро гарон карда истодаанд. Мо пули патент диҳем, пули ҷойи хоб диҳем, зану фарзандамонро нигоҳ кунем, чи кор кунем?

Мо 4 нафар фарзандем дар оила: 1 духтару 3 писар. Вақте ман хизмат рафтам ба ман гуфтанд, ки ба шумон участка медиҳем. Хизматро тамом карда омадам ягон чи надоданд. Айни ҳол ду додарамро яку якборагӣ хизмат гирифта бурданд. Военкоматаш ҳам як порахури дигар. Аз рӯйи қонун бояд дар як вақт аз як оила ду нафарро набаранд. Аммо дар ин режими Раҳмонов барои азобу азияти халқи камбағалу одӣ ҳама чиз мумкин будааст. Додари калониам чашмаш нағз намебинад, вале бурданд. Прокуратура рафтем ҳеҷ кас ба додамон нарасид. Худи комиссар-военком мегуяд, ки 1.500 доллар биёр мегардонам. Охир мо аз куҷо гирем ин қадар сумро?

Ислом дар 40 солагӣ як чанд магазини хозтовар ҳам дорад. Охир ин қадар магазину хонаву мошинҳои сиёҳшиша аз куҷо? Коррупсияву прокуратураву амният куҷоро нигох доранд. Ислом боз гоҳ-гоҳ  маст шуда дар байни ҷураҳояш «ман задагӣ ҳамаша» мегуфтааст. Ҷураҳояш мепурсидаанд, ки «Ислом ту магар наметарсӣ, иқа сума мегири аз халқ?» Ин беномус боз мегуфтааст,ки «гап байни худамону кришаи ман аз боло, ман задагӣ Зуфархонашаму амнияташаму прокурорашро ҳам». Ҳамара задагӣ будаст. Дар вилоят гапи ягон кас ба вай намегузаштаст. Чунки кришааш дар республика будаст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№149 появились сначала на ISLOH.net.