Архивы 16 уми ноябр - ISLOH.net

16-уми ноябр рӯзи Президент ё Президенти якумрӣ?
Шуморо намедонам, аммо ман,агарчи 30 сол бештар мешавад, Худо шоҳид аст забонам намепечад, ки Раҳмоновро президент гуям. Ҳеҷ гоҳ интихоби мардум набуд, на дар соли 1994 ва на дар соли 2020. Аммо ҳоло чанд сол мешавад, ки рӯзи 16 ноябрро Рӯзи Президент эълон кардаасту ҷашн мегирад, маъракаву маҳфилҳо ташкил мекунад. Дар «Ховар» хондам, ки ин бор ва имсол як ҳафта шаҳрдори Душанбе ин рӯзро таҷлил мекардааст ва албатта, аз ҳисоби давлат:

«ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз то 15 ноябри соли равон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсади асосии ташкили хатсайрҳо сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замири сокинони пойтахт тарбия намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузории хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.

Хатсайрҳо бо ҷалби роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Иштирокчиён бо Осорхонаи даврони мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуда, филмҳои мустанади «Эмомалӣ Раҳмон- Асосгузори давлати навини Тоҷикистон», «Марде аз сарнавишт» ва «Душанбе  — нигини миллати тоҷик»-ро дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» тамошо менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи таҷлили Рӯзи Президент эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ дар давраи давлатдории навин, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамин, рушди босуботи мамлакат ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад».

Кучактарин шакке надошта бошед, ки айни ман миллионҳо тоҷик ҳам ӯро интихоб накардааст ва президенти худ намеҳисобад. Аммо, мутаассифона, воқеият ин аст ки Раҳмонов Президент аст, агарчи президенти воқеӣ нест. Президенти воқеӣ нафаре аст ки интихоб мешавад. Президенти воқеӣ оне аст ки барои муҳлати муайян интихобида мешавад, муҳлати даврони кориаш қабл аз интихобаш маълум аст. Барои давраи муайян интихоб мешавад ва ҳамон давра, ки сар омад, аз вазифа меравад.

Акнун, ки фаҳмидем президенти воқеӣ кӣ аст, қазоват кунед, ки Раҳмонов кӣ аст? Президент ё кӣ?

Магар дар Қонуни асосии соли 1994 навишта шуда буд, ки Раҳмонов то абад, то мурдан  Президент мемонад? Магар дар Қонуни асосии соли 1999 навишта шуда буд, ки Раҳмонов то абад, то мурдан  Президент мемонад? Ва ё дар Қонуни ассии соли 2003?

Қасди навиштану гуфтан барои Рӯзи Президент надоштам. Чун солҳои пеш  дар ин бора навишта будем: 16-уми ноябр «Рӯзи президент» ва ё  «Рӯзи Э. Раҳмонов»?  (https://isloh.net/16-umi-nojabr-ruzi-prezident-va-yo-ruzi-je-rahmonov/), Дар «Рӯзи Президент» аз ӯ чи мехоҳему ба ӯ чи мегуем?! ( https://isloh.net/dar-rӯzi-prezident-az-ӯ-chi-mekhohemu-ba-ӯ-chi-meguem/) Аммо аз иқтибоси аз «Ховар» оварда фаҳмидед, ки ин навишта ба муносибати ҳамин рӯз аст:  Рӯзи Президент.

Бубинед, ки ҳоло кор ба куҷо кашидааст. Як дурӯғи бузургро, як ғайривоқеиятро, давоми як ҳафтаи дароз Рӯзи Президент гуфта ҷашн мегиранд. Рустам рӯзи «ота»-ашро таҷлил мекунад, давоми як ҳафта! Вале, хоҳ як ҳафта, хоҳ як моҳу хоҳ тамоми сол ва хоҳ тамоми умр ҷашн бигирад ҳам ӯро Президент намешуморам ва ҳамчуноне гуфтам мисли ман миллионҳо тоҷик ӯро интихоб накардааст.

Хуб, ҳоло шояд бипурсед, ки агарки қасди навиштан надоштӣ, чаро менависӣ?  Ончики маро таҳрик ба навиштан кард, суҳбатҳои Раҳмонов ба муносибати  ҷашни рӯзи Қонуни асосӣ буд, ки порае аз навори он феълан дар фазои маҷозӣ тоб мехурад.

Барои ба дарозо накашидани навишта инҷо ин матни ин суҳбатҳоро айнан меоварам:

1) «Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, ки ҳиҷчи накунетон. Барои рафтани ман конститутсияро тағйир надиҳед. Ман ана арзама навистам, рафтам. Анархия шуда буд. Тамоми қонунҳо, конститутсияи ҳамонвақта зери по шудагӣ буд».

2) «Ҳар як кишвар таъриху тамаддуну фарҳангу расму оинҳои худаша дорад. Мо наметавонем, ки демократия гуфта оварда ана ҳамина монем, бигуем, ки ана ҳамин қати бозӣ кун. Ҳатман ба инобат гирифтан даркор. Ин хатогии маҳз мешавад. Махсусан дар Тоҷикистон-99,9% (наваду нуҳу аз даҳ нуҳ  фоиз)-и мардуми Тоҷикистон мусулмон аст».

3) «Барои чӣ президентида вай кардем? Ман қариб ду сол раиси парламент будам. Боз Совети вазирон доштем, сарвазир буд. Мебинам ҳуҷҷатҳора чи қабул шуда истодааст, ҳукумат кор карда истодааст, парламент не. Қонунҳо ҳамон хел буд, баъзан қаророра ҳукумат қабул мекард, кора дидам тамоман тарзи дигар. Исун ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Ҳукумат баъзан корое, ки умуман гуё ки ҳиҷчи набошад дар Тоҷикистон. Аз ҳама хатарнокаш дигар чӣ.

Як рӯз дарак ёфтам, ки сарвазири онвақта бисту ҳафт объекти стратегии Тоҷикистонро рӯйхат карданд протокол карданд, шартнома тайёр карданд-лоиҳа, бурданд як кишвари абарқудратда ҳамин хел месупоранд. Барои гирифтани ғалла. Гурӯҳ равон кардам, ки гиред ин протокола, гап занед, дароед, ки мо зид астем, ин чизро мо намегузорем. Аз он ҷумла неругоҳи Норак, аз он ҷумла корхонаи алюминии тоҷик. Ҳамаро рӯйхат карда бурданд. Азбаски дар ҳамон ҳолате, ки мардум ин қадар миллионҳо бехонаву дар дар хориҷу дар дохил тамоми ҳокимияти фалаҷшударо барқарор кардан даркор буд, барои ҳамин ана ҳамин институти президентӣ бар мо даркор буд»…

Ҳамин гапҳои Раҳмонов буд, ки водор кард бинависаму ба ин пирбузбалаи гарданбалонигазии ру дунбаи гуспанди ҳисорӣ бигуям, ки хуб, худат чи кор кардӣ? Барои мисол агар депутатҳо ҳар бор конститутсияро иваз кардан гирифтанд, ту магар иваз накардӣ? Ё ба гуфтаи худат «ту аз осмон чакидаӣ»?

Ночизро бояд ҳамин тавр чиз кард. Бояд ҳарчи бештар гунда, бузург, муҳташам бошукуҳ, боазамат ҷилва ва нишон дод. Хулоса, хутик бояд хари калон, гусола барзагов, курра аспи тозӣ нишон дода шавад. Як чизи калону бадҳайбату пурвоҳима ва пурсалобат. Ҳоло ҳамин корро карда истодаанд. Раҳмоновро бояд ҳамин тавр нишон диҳанд. Публикаро маҷзубу шефта созанд, халқро гипноз кунанд, гулу гарангу аблаҳу аҳмақ намоянд.

Бор Худоё! Аз кадом мактабу аз кадом донишгоҳ гап мезанед? Хати сайр чи дигар? Як двойишник, як птушник, ки бо Нусрати бетурсик аз маслазавод дар конистиру флягҳо руғани пахта ва соляркаву бензин дуздида мефурӯхт. Мантёр буд. Дар хонаи ҳоҷӣ Шариф ранги як ғуломбача мегашт,

Ба даст меафтад. Як сол ба корҳои ислоҳӣ маҳкум мешавад. Баъд морфлот мебаранд. Баъд меояд кор мекунад дар совхоз. Баъд заочний мехонад. Студенти заочний маълум, ки чи гӯна  студент аст. Барои вай ҳазор осорхона созиву зачетною студенчиски нависӣ фоида надорад, заошник, заошник аст. Ҳамин нафар бо тасодуфҳои зиндагӣ омаду расид ба ин ҷоҳу ҷалолу мақом. Акнун рӯзи Президент сохтаасту давру даврон мекунад.

Вале ин нафарро рӯзу рӯзгори Назарбоев сабақаш нашуд.

Назарбоев ҳам айнан ҳамин корҳоро мекард. Ҳоло куҷо шуд. Худаш куҷо шуд духтарҳо, домодҳо, бародар, ҷиянҳо куҷо шуданд? Қасру кушку мошинҳояш куҷо шуданд. Шаҳри Нурсултонаш чи шуд? Ҳиҷ дарс намегирад, сабақ намегирад.

Раҳмонов барои нарафтани худ Конститутсияро чанд бор тағйир дод? Фарқи Раҳмонов аз депутатҳо дар чи будааст? Агар Конститутсия муҳим ва муътабар буд онро дар соли 2003 ва 2016 чаро ва бо чи ҳадаф тағйир дод? Аҳдофи ин тағйирот чӣ ва кӣ буд? Агар он вақт анархия буд Раҳмонов монархия карда истодааст. Онҳо  конститутсияро бозича карда бошанд, Раҳмонов памперс кард.

Ва Раҳмонов ҳам дар ҳавои ин ҳама соз кор, дар ҳавои ин муҳиту ин иқлим, дар ҳавои ин оҳангу ин тавлаку ин думра худро тофтаи ҷудобофта, нафари истисноӣ, мутафовит, мебинаду мегуморад. Вай аз онки ночиз буд, қурутови бо олича мехурд, аз қашшоқию бенавоӣ ҷасади бародарашро оварда гуронида натавониста буд, соляркаву руған дуздида мефурӯхт, фаромӯш кардааст ва ҳоло чиз шудааст, чизи калон.

Қаҳҳор Маҳкамов, як инсони боиззат ва бошараф ариза навишту гуфт, ки барои ман шуда констиутсияро тағйир надиҳед, аммо ту чӣ? Ариза навиштӣ, бардуруғ рефендуми халқӣ гузаронидӣ (на як бор) миллионҳо миллионҳоро харҷ кардӣ, то ки конститутсия, бале конститутсияро дигар куниву худатро дар вазифа клей кунӣ, сварка кунӣ, то мурдан. Фарқи худро аз Маҳкамов мефаҳмӣ? Вай ба 230 депутат гуфт, ки ман меравам конститутсиро иваз накунед, овоздиҳӣ шарт нест, ту  миллионҳо тоҷикро водорондӣ, ки овоз диҳанд, то ту, то мурдан дар вазифа бимонӣ. Магар туро мешавад бо Маҳкамов қиёс кард? Магар туро мешавад бо Набиев муқоиса кард, ки все таки хесту истеъфо дод ва гуфт рафтани ман сабаби қатъи ҷанг шавад, рафтам, аммо ту чӣ?  Панҷ сол ҷангидӣ. Даҳҳо ҳазорро куштӣ. Ҳоло ҳам кушта истодаӣ.

Ба камоли таассуф бояд иқрор кард, ки мо мардуми тоҷик «беҳҷуи бадтарёб» ҳастем. Зулмпарвар. Тули ин се даҳаи истиқлол инро ба чашму ҷони худ дидем. На Қаҳҳор Маҳкамов ва на Раҳмон Набиев, ин зулму истибдодро, ки Раҳмонов болои ин мардум овард, наоварданд. Супориданду рафтанд. Аммо Раҳмонов чи кор кард? Лашкари аҷнабиро дароварду ними халқро қир карду нимашро овораву дарбадар кард ва ҳоло ҳам карда истодааст ва бадтар аз ин ҳама рафтанӣ нест, бадтару бадтари дигар ин аст, ки боз меросӣ карданӣ аст, бадтару боз ҳам бадтари дигар ин аст ки ба дину оини ин мардум таҳқиру тавҳин карда истодааст.

Раҳмонов солҳост, ки дигар халқи тоҷик ва Тоҷикистонро чени пари паша, чени рони кайк писанд намекунад. Вай дар ҳамин маҷлис ошкоро имону эътиқоду бовари мардуми мусалмонро ба мазоҳу масхара мекашад. Мегуяд, ки 99% мусулмон аст: «Ҳар як кишвар таъриху тамаддуну фарҳангу расму оинҳои худаша дорад. Мо наметавонем, ки демократия гуфта оварда ана ҳамина монем, бигуем, ки ана ҳамин қати бозӣ кун. Ҳатман ба инобат гирифтан даркор. Ин хатогии маҳз мешавад. Махсусан дар Тоҷикистон-99,9% (наваду нуҳу аз даҳ нуҳ  фоиз)-и мардуми Тоҷикистон мусулмон аст».

Хуб ки чӣ? Магар мусулмон кам аст, ноқис, норасо, ношуд, аст? Наметавонад? Яъне гуфтанӣ аст ки «демократия» барои ин мардум дуруст намегирад. Ин мардум ба демократия нест. Ин мардум ақлаш демократияро намегирад. Чун тоҷикҳо мусулмонанд? Худат чӣ? Худат мусулмон нестӣ? Ту, ки худат демократияро вайрон карда, хароб карда, фиребу найранг карда бачаатро оварда истодаӣ, то мурдан доданӣ нестӣ, мусалмони тоҷик чи гуноҳ дорад? Магар кору кирдори ту демократия ва демократӣ аст? Бачаву духтару домоду ҷияну  тамоми авлодатро оварда ба сари дастурхони ҳукумат ҷо додаӣ, демократия аст? Пас, инҷо аз мусулмонии тоҷик чи шиква мекунӣ? Мусулмонии тоҷик «тут причём»?   Манзураш ин аст ки мусулмон наметавонад интихоб кунад. Яъне мусулмон ҳоло хому хатала, нопухта норасида аст, наметавонад, ақлаш намегирад, фаҳмаш намерасад, ки ба худ раис интихобад. Муслумон аз ин корҳо сар дарнамеоварад. Муслумон ва он ҳам мусулмони тоҷик ҳоло ба интихобот нест. Барои вай бояд ман ва мо таъин кунем. Худамро якумрӣ мекунам ва боз бачаамро меоварам. Чунки тоҷики мусулмон ақлаш давлату давлатдориро намегирад.

Ин иқрор карда истодааст, ки ҳамаи ин интихоботҳо, ки баргузор шуд, демократия набуд, кори дасти гурӯҳ ва тоифа буд.

Бубинед, чи гапи ҷолибе мезанад. Худаш эътироф ва иқрор кард, ки вай бо демократия мувофиқ ва созгор нест:

«Мо наметавонем, ки демократия гуфта оварда ана ҳамина монем, бигуем, ки ана ҳамин қати бозӣ кун. Ҳатман ба инобат гирифтан даркор».

Фаҳмидед? Мардак гуфт, ки «демократия гуфта оварда намемонем».Мо тасмим мегирем, ки киро оварем?

Раҳмонов худ худро инкор мекунад. Агар шумо наворро тамшо кунед, каме пештар мегуяд, ки мо тарафдори давлатӣ демократӣ, дунявӣ ҳастем. Аммо инҷо мегуяд, ки «Мо наметавонем, ки демократия гуфта оварда ана ҳамина монем, бигуем, ки ана ҳамин қати бозӣ кун. Ҳатман ба инобат гирифтан даркор».

Фаҳмидед? Мардак гуфт, ки «демократия гуфта оварда намемонем». Мо тасмим мегирем, ки киро оварем?

Мо наметавонем….яъне чӣ? Ин инкор ва таҳти савол қарор додани асл ва асоси демократия аст. «Демократия гуфта оварда ана ҳамина мондан»-ин қонун ва қоида ва аслу асоси демократия аст, ки Раҳмонов онро инкор ва рад карда истодааст. Яъне ба пиндори Раҳмонов интихобро на демос-халқ, балки бояд як гурӯҳ, як тоифа анҷом диҳад.

Инҷо нахоста ё шояд дидаву дониста ва амдан ишора мекунад, ки интихоботҳо, ки доир мешавад, интихоби халқ нест, чун демократия гуфта оварда намондааст, чун ин хатогии маҳз мешавад.

Чаро Раҳмонов институти президентиро баргардонидааст?

«Барои чӣ президентида вай кардем? Ман қариб ду сол раиси парламент будам. Боз Совети вазирон доштем, сарвазир буд. Мебинам ҳуҷҷатҳора чи қабул шуда истодааст, ҳукумат кор карда истодааст, парламент не. Қонунҳо ҳамон хел буд, баъзан қаророра ҳукумат қабул мекард, кора дидам тамоман тарзи дигар. Исун ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Ҳукумат баъзан корое, ки умуман гуё ки ҳиҷчи набошад дар Тоҷикистон. Аз ҳама хатарнокаш дигар чӣ.

Як рӯз дарак ёфтам, ки сарвазири онвақта бисту ҳафт объекти стратегии Тоҷикистонро рӯйхат карданд протокол карданд, шартнома тайёр карданд-лоиҳа, бурданд як кишвари абарқудратда ҳамин хел месупоранд. Барои гирифтани ғалла. Гурӯҳ равон кардам, ки гиред ин протокола, гап занед, дароед, ки мо зид астем, ин чизро мо намегузорем. Аз он ҷумла неругоҳи Норак, аз он ҷумла корхонаи алюминии тоҷик. Ҳамаро рӯйхат карда бурданд. Азбаски дар ҳамон ҳолате, ки мардум ин қадар миллионҳо бехонаву дар дар хориҷу дар дохил тамоми ҳокимияти фалаҷшударо барқарор кардан даркор буд, барои ҳамин ана ҳамин институти президентӣ бар мо даркор буд»…

Яъне Раҳмонов гуфтан мехоҳад, ки барои онки ҷилави талаву тороҷ дар кишварро бигирад, институти президентиро барқарор кардааст.

Оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст? Раҳмонов пеши талаву тороҷро бигирифт ё худ талаву тороҷ кард?

Беш аз 1100 километри квадратиро ба Хитой фурӯхт. Тамоми корхонаҷоти муҳимро варшикаста кард. Аз ҷумла ҳамин корхонаи алюмнийи тоҷикро. Ҳоло агар, бар фарзи мисол, он корхонаҷотро Абдуллоҷонов бар ивази ғалла ба он абарқудрат медод, он абарқудрат корхонаи алюминий ва Норакро бо худаш бардошта мебурд ва ё инки корашро идома медоду тоҷикҳо дар он кор мекарданд, ҳамчун қувваи арзони корӣ? Албатта он абарқудрат он корхонҷотро кор меандохт.

Аммо ҳоло чӣ? Ку корхонаи алюминий? Аз 40 ҳазор тонна ба 60 ҳазор поин омад. Аз сездаҳ ҳазор коргар ҳатто ҳазор ҳам кор намекунад. Норак чӣ? Ку барқи он? Барқи он ба мардуми тоҷик намерасад. Мардум дар азоби бебарқиву бесветӣ дар зимистонҳои қаҳратун ҷон мекоҳонад. Аммо Раҳмонов барқро ба Толибон мефурӯшаду пулашро мераваду аз Қатр мегирад ва мустақим ба оффшорҳо мунтақил мекунад.

Ончиро ки ба абарқудрат надод ҳоло яклухт ба домодҳову духтарҳову ҷиянҳо дод. Рас, барои мардуми мусалмони тоҷик, ки демократияро намефаҳамд, хатогии маҳз мешавад, ки ба онҳо вогузор кунад, чи фарқ дорад, ки як абарқудрат гирифта бошаду кор андозаду кор фармояд ва ё инки Шамсуллову Зарифбеку Ҷамолиддину Зоиру Ашрафу дигару дигараш гиранду ба манфиати шахсиашон истифода кунанд?

Ҳоло фарқи туву Ҳасан аз Абдуллоҷонов чӣ аст? Абдуллоҷонов бар ивази ғалла мефурӯхтааст, ту бар ивази чи фурухтӣ?. Ин гап мардум, ки мегуянд Абдуллоҷонов дигар дар пеши шумоҳо аз наҳанг ба моҳича бадал шуд, воқеият аст.

Инки Раҳмонов президенти мардум нест, инки Раҳмонов президенти воқеӣ нест, инки Раҳмонов президенти оилаи худаш астро ҳама мардуми Тоҷикистон медонад.

Гоҳо ба Ислоҳ номаҳое мерсанад, ки аз маводи матолиби таҳлилӣ ҳам бештар ҳақиқатро ифшо ва ошкор мекунад.  Нафаре, ки номаи зерро фиристодааст, як корманди мақомот аст. Навиштаҳои зиёди ӯро чоп кардем.

Вай ин номаи ҷолибро фиристодааст, ки тасвир ва замони даврони Раҳмонов аст. Агар Раҳмонов президенти мардум аст ҳамин гуна гап мешавад. Навиштаи ӯро айнан ва бо лаҳҷаи навшташ пешкашатон менамоем ва ин ҳусни анҷоми матлаби мо мешавад:

«Аҷаб даврҳо дорад Тоҷикистон.

Баъди ҷанги шаҳрвандӣ қумондонҳои хурду калон зиёд буданд, ки солҳо ё муддате дар Тоҷикистон, содда карда гуем, гапзану корбудкун буданд. Он солҳо, дар ҳақиқат ҳамаи соҳаҳо фалаҷ гардида буд. Бо рафти солҳо ва вақт ҳукумат нуфузи худро мустаҳкам кард.

Агар мардум барои кори худашро буд кардан ба назди ягон қумандон мерафт, он қумондон бо обуруяшу қуввааш кори корафтодаро дар любой сохтор ё мақомот буд мекард ва эътиқоди мардум ба қумондонҳо зиёдтар буд. Қумондонҳо каме ҳам буд, инсоф доштанд. Ин раванду ин вазъият талхаи Раҳмоновро ҳама вақт мекафонд. Раҳмонов тавонист, ки ин ҳолатро аз байн барад ва инро асоснок бар он кард, ки бояд мушкилии мардумро сохторҳо ва мақомоти ҳукуматӣ ҳал кунад, то ин ки бовари мардум наравад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Пеш вақт алулу булули авлод майда буданд, осон буд ба мансабдор кор кардан. Имконият дошт нафари корафтода ба дари вазорате ё мақомоте дарояду мушкилиашро бинад. Айни замон бошад, фарзандон, қудоҳо, ҷиянҳо, домодҳо, келинҳо, хусурбачаҳо, набераҳо, абераҳо, калону беҳисоб шудаанд. Ягон мақомот ва сохтор бе иҷозати инҳо нафас намекашад.

Чи тавре, ки болотар гуфтем, даври қумандонҳо хубтар буд. Ҳозир авлод ҳар яктоаш командир шудасту дар гирди ҳар кадомаш як шайка ҳаст, ки кор через ҳамуно буд мешавад.

Ҳамин хел, ки бошад  Раҳмонов чи иқа вазорату идораву сохтор даркор?! Барҳам те ҳамаша, дар дари хонаву ҳавлии ҳар як хешат табличкаҳои идораҳота зан.

Хабар меояд, ки се чор сағера як нафари зиёӣ, муаллим ё аҳли фаҳмро лату куб карданд, барои оне, ки он нафар замечаний кардаст ба онҳо, ки боодоб бошед. Мақомот ягон кор карда бар зиди онҳо наметона, чун нафаре аз онҳо ҷияни шогирди ё Исмоили Пингвин ё Сомони бачаи Раҳмонов ё бо ягонтаи дигаш аст. Аҷаб…»

Сообщение 16-уми ноябр рӯзи Президент ё Президенти якумрӣ? появились сначала на ISLOH.net.

Аз Дориюш то кӯрмуш ё ҷашни ба қудратрасии бачаи Майрам
Ҳанӯз, аз рӯзе, ки инсоният ҳунари нигоштанро ихтироъ карду нигошт, аз ҳамон бомдоди торихи инсонӣ диктаторон, хуношомҳо, одамхорҳо, қотилони бераҳму лашкаркашони хуношом, ин нерӯ – нерӯи қаламу нигоришро дар хидмати худ қарор доданд.

Аз Салманасар ё Шалманасари 1 подшоҳи Ошуриён гирифта то ба Навуходоносори 2 подшоҳони Бобул, аз Куруш гирифта то ба Дориюш, аз Темури ланг гирифта то ба Бобуру Ленину Истолину Отатурку ин як номаълумпадари нотоҷику нотурки мо – Эмомалӣ писари Майрами олучашакаровхӯр, ҳамеша пайи «абадзинда» гардонидани номи худу дудмони худу пайкори худу, ҳатто қатлҳову «қаҳрамониҳои ваҳшатангези хунбор»-и худ мегаштаанд.

Яке дар Бехсутуну дигараш дар силиндеру яке ҷойе барои нақшу нигору ҳаккокӣ наёфта, супориш медода, ки лоақал рӯи гӯри махуфаш «шаҷараномаи дурӯғин» ва «пайкори сутӯда»-ашро ҳаккокӣ кунанд, то ояндагон бидонанд, ки ин мардони бузурги торих бо чӣ қиммату азияту озуру ҷонканию талвосае ҳукуматҳоро барандохтаву подшоҳонро сарнагун кардаву «душманони сарсахт»-ашонро дарҳам кӯбидаву мулкашонро аз машриқ то ба мағриб имтидод додаанд!

Барои ёдгорӣ ба ояндагон, ки ҷуз устухонтӯдае аз ин ҳама «бузургмардони торих» ва қиссаи воқеияшон, ки дар торихномаҳои ростин дарҷ мегардад, чизе нахоҳад монд.

Вале инҳо ҳатто розӣ нестанд, ки «азамату бузургӣ»-яшонро ҳатто пас аз маргашон ҳам «хадшадор» кунанд. Орзӯи абадиятро доранд. Аз ин рӯ баъзе рӯзҳоро «ҷовидонӣ» кардан мехоҳанд, чун дар он, тасодуфан «никтоҳо»-еро «кто» кардаанд!

Инҳое чун Раҳмонов, ки ба тавонмандии шахсии худ бовар надоранду медонанд, ки дар он «рӯзи саъд» агар ашхосе ононро рӯи кору рӯи об намебароварданд, гумномоне беш набуданд, аз ин рӯ ҳамеша баъзе рӯзҳоро сахт дар хотир гирифта, умре онро ибодат мекунанд!

Ва барои Эмомалии говбон ҳам ин гӯна рӯзҳо дутоянд: яке рӯзи зоишаш, дудигар рӯзи бо мили силоҳ ба сари кор оварданаш!

Ба дунё бе иродаи ӯ зода овардандаш, ба сари қудрат ҳам кашола карда овардаандаш.

Метавон гуфт, ду рӯзи тасодуфи таърихро, ки ӯро «ҳаст» карду дигаре «кто» кардро меписандад.

Чаро ҳам написандад? Ҳаромие зода шуду говбоне ба сарварӣ расид!  —  Ду муъҷизаи нотакрори тасодуфи торих!

Дар ҳар асре, аз аъмоқи тираи торих то имрӯз барои ин «бузургмардони торих» чоплусони шоҳаншоҳу амиру халифаву хону доҳию пешвопарастон «торихномаҳо»-и дурӯғине офаридаанд.

Барои баъзе аз ин шӯрапуштону хулиганҳову собиқ гуспандчаронону харбонону сакалтукҳои торих, он қадар «дудмоннома»-ҳо бофтаву тофтаву баровардаанд, ки модарони ғари баъзеҳошон ҳалолӣ ё ҳарромӣ будани фарзанди сақати худ, ва аз кӣ ҳақиқатан будани ононро гум карда, ба шубҳа афтодаанд!

Фарзанди шайтонеро фари худоӣ додаанду дирӯзу имрӯз мепарастанд!

Оре, ҳарчи қадаре дар торикхонаи торихи гумгашта пеш равем, ба ҳамон манзала хуношомҳо ба худ сифоти «худоӣ» касб мекунанду ҳарчи қадар ба ақаб – ба рӯзгори рушани торихи хеш баргардем, мебинем, ки ин шоҳону бар-гузидагони номаълумпадари торих, ба худ сифоти одамӣ мегиранд. Вале ба як аммо: инҳо инсонҳои оддӣ нестанд! Фароинсонӣ ва «фиристодагон»-и илоҳӣ ва баргузидагони ториханд, ки мисолу анбоз, ба заъмашон, дар байни миллиардҳо инсони имрӯза  надорад. Инҳо Матрица ҳастанд.

Ин гунаҳо, ки ҳаводиси ногувори торих баъзеҳошонро аз харбонӣ ба пешвоӣ расонида аст, ба ин бовармандӣ расидаанд, ки набояд, вақте як харбони колхозник аз фарши зиллат ба арикаи иззат мерасад, кори тасодуфи торих бошад. Дар гузашта инро фарри илоҳӣ ё назри яздонӣ ё ҳарчӣ ба он муътақид буданд, аз қувваҳои фарозаминӣ медонистаанд, ки ҳеч мумкин нест, ки як харбоне, бидуни кумаку хости худовандӣ ба ин мартабаи олӣ – тахти подшоҳӣ расад!

На, инҷо бояд сирре бошад ва ин сирри пӯшида далолат бар «абармард», «фароинсон», «баргузида», «асосгузор», «пешво», «фиристодаи осмон», «наҷотдиҳандаи коинот» ва, пеш аз ҳама, далолат бар «хирадманди азалӣ», «фиристодаи торих» будани ин гунаҳо мекунад!

Яъне, вақте ин ҳама «сифоти ҳаюлоӣ» дар ҷабини касе ҷамъ меояд, ки ӯ, бо кадом роҳе набошад, кунашро аз рӯи хоктӯдаҳои чӯли Олим-той бардошта, рӯи чӯби Шӯрои Олӣ, рӯи курсии 500 ҳазордоллара, болои креслои пешвоии худхонда паҳн карда, бардавом, билоиваз, то дами марг, ё то дами суқуту сарнагунӣ, пахш карда шинад.

Ва инро тоҷики мо соддаяк мегӯяд: қунашро ҷуқонда шинад!

Вагарна, агар ҳазор соҳиби фазлу хираду арҷмандию дироят ҳам бошию ҳакиму роҳнамову марди варзидаву ҳамадон ҳам бошию кунат рӯи курсии Президентӣ наншаста бошад, аз ту намешавад «пешвои муъаззаму одами муҳтараму назри яздонӣ» сохт! Танҳо ин ҳама «ъазамат»-у «бузургӣ» баста ба соҳибкунест, ки кунаш рӯи ин курсии ихтироъкардаи торихи башарият сахт, чун оҳан ба оҳанрабо, чун болт дар гайка, чун тир дар камон, чун мушхор дар пашм, чун сварка дар оҳан, кафшер шуда, часпида бошад! Ана, инро меноманд куни шоҳаншоҳӣ! Куни соҳиби хиради азалӣ! Куни усталзеб! Куни кунҳои мондагор! Куни хирадманди ҷаноби олӣ! Пешвои кунҳои нодону сағиру ҷазир!

Дидем, ки ин ҳама талошу кушиши «абадзинда» кардани номи номаълуми худро, дар дарозои торих, хуношомҳо бо чи роҳҳое, аз кандани кӯҳҳову сахраҳо, аз ҳаккоки рӯи сангҳову мағораҳо, ва ҳатто чун Раҳмонов, ки имрӯз мекунад, бо гузоштани «дастнавишти ёдгорӣ барои ояндагон», ки ким-чизе дар метале менависаду дар таҳкурсии ҳар як оғулхонаву тувалету халоҷое, ки бо пули аҷнабиёну қарзи хориҷиёну гадоӣ аз хоҷагон, барои ояндагон «пай меафканад, аз дуздӣ кохе баланд, ки дар як барфу борону зилзила ёбанд газанд», партофта, рӯяш семент мерезад!

Салмансару Навуходоносору Курушу Дориюш дар «силиндер»-ҳои худ агар корҳои чашмрасу куштору фатҳҳои худро менигоштаанд, боке не, ки барои торихи башарият муфид мебуда, вале ин говбони нотавони мо чӣ менавишта бошад, дар он силиндерҳои гӯркардааш?

Шояд чунин бошад:

«Ман – Эмомалӣ фарзанди фарзонаи Чақур Шарип, фарзанди Майрами садшуя, падари 7 духтари баргузидаи ҷонона, 2 писар; яке муханнасу дудигар девона, аз насли бенаслон, асосгузори қатлу куштор, поягузори давлати оилавии Раҳмон, созандаи бешумор зиндон, ҳамнишинонам ҳастанд чун худам – харбон, говбон, хукбон… баъзеҳошон бузмак, сагмак, хармаку девонаву қунқуроту ҳаттатаву муханнасу сабзигардон… чунин будему чунон..».

Ва, дар идомаи ин «устувона» -и ин девона шояд, пурратар оид ба ҷавонӣ, хартозӣ, ҷарпарӣ, кафтаршикор, қурутдуздӣ, масладуздӣ, пресдуздӣ, оббозӣ бе трусик, рӯи дуздӣ ба даст гир афтодан, зораву гиря кардану шаппотӣ хӯрдан, пора додану соқигарӣ кардану тамаллуқкориҳояш, ягон – ягон нақл карда бошад.

Вале, аз ҳама қисмати муҳими ин «Устувонаи Раҳмонӣ» ҳамоно, бояд, ҳамон қисматаш бошад, ки ба рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 бахшида шуда аст.

Ва баъд аз гузашти асрҳои мадид ин устувона аз зери хокрӯбаҳои пирамидаҳои Фиръавни ин сӯи Ому ёфт мешавад, ки ин ҳама имороту сохтусозҳоро «Яъҷуҷу Маъҷуҷ»-и хитоӣ нигошта будаанду бо  3 забон ин устувонанавишта нигошта шуда буда аст:

Хитоӣ

Русӣ

Тоҷикии рӯзбакӣ.

Чаро рӯзбакӣ ва аз ҳама поён забони тоҷикӣ? Чунки пешвои тоҷикон дастнишондаи ин ду хоҷҷаш буда аст, ки яке дар торихи мазкур ӯро, аз роҳи инқилобу хунрезӣ Раиси Шӯрои Олӣ карда будаву дигаре бо додани қарзҳои ҳангуфти миёншикан умри пешвоиқабилаияшро дароз карда буда аст. Ва чаро «рӯзбакӣ»? Чунки забони ҳукуматаш иборат аз «вай-вай» буда аст, ки ҳатто дар ҳамин устувонаи Раҳмонӣ низ ин вожаи номаълуммаъно зиёда аз 1000 бор зикр шуда буда аст, ки то ҳол олимону осоршиносону муҳаққиқону торихшиносонро дар ҳайрат гузошта аст, ки ин «вай»-и малъун наход дорои ин ҳама маъноҳои фаровону баъзан зидду нақиз буда бошад?!

Ва чунин нигошта шуда аст, оид ба 16- уми ноябри соли 1992-и милодӣ:

«Ман  — Шарипович Эмомалӣ Раҳмонов, марди нотавоне будам. Дар аҳди ҷавони ҳамбистари дашту саҳроям хари мочае беш намебуд. Пасон бо сад заҳмати азоб дар ПТУ-и 40-и шаҳраки Каленинободи собиқу Левеканти кунунӣ , бо ришваву пора дар шакли пистаи ҷангалӣ, мурути хирсаку қурути ачам «таҳсил» карда, соҳиби аттестат шудам. Пасон чанде дар заводи равғанкашии шаҳри Қурғон-теппа вазифаи калламуши анбориро анҷом медодам. Аҳволи иқтисодиям бад буд. Зан гирифтаму аспу аробаамро худ мекашидам. Азобҳои ҷаҳаннамро дар ҷавонӣ кашидаам.

Пасон аз равғандуздӣ даст ба бензиндуздӣ, аз он ба коҳдуздӣ задаму зиндагиям, вақте дар колхози Ленин ба кор шурӯъ кардам, хубтар шуд.

Вале дар ин колхоз говҳои Данғараро бас адо кардам. Ҳам говҳоро дуздида мефурӯхтаму ҳам аз ему хошокашон бебаркаш медуздидам.

Ман умре умри хеш ба дуздӣ гузаронида будаам…

Вале, соли 1992 шуду рӯзе дар оғули абадии худ, дар Данғара гов мепоидаму хар мепаридам, ки чанд тан мусаллаҳон наздам омаданду маро «аз хоку гил» кашида бурданд  — назди мусафеди ҷинояткоре. Бобои Сангакро шинохтам, ки пас аз умре ҷинояту зиндоннишинӣ акнун асри «таърихсозӣ»-яш фаро расида буд. Аксҳои ҷовидониям бо ӯ ҳаст, ки чун падармурдагон дар танам ҷомаи қндиву дар миёнам локӣ бастагиву дар сарам тоқии чиркине, аз пасаш худнобоварона истодаам… охир, бе ӯ ман «никтои вечний» боқӣ мемондам. Барои поси хотири ҳамин хидматаш буд, ки ӯро ман куштам. Фарзандону домодашро ҳам барои ин хидмати торихияш умрбод ҳукми зиндон додам, ки танҳо устухонҳояшон ҳақи «зиндагӣ»-ро доранд!

Ман дар ҳамон акс ҳам дидаед, ки нохудбовари тарсӯи мулоимхунукам, ҳоло ҳам ҳол ҳамон, бал бадтар шуда…

Сангак бояд таърихи навини тоҷиконро қалам мезад. На бо қалам, балки бо штикножу тӯфангу тиру танк… Маро ӯ бояд кашф мекард.

Оре, русҳо чи хуб гуфтаанд:  Вор вора видит издалека.

Муодили тоҷикияш мешавад: дузд дуздро дар шаби тор мешиносад.

Сангаку Квачкову Ислом Каримови қотил дар тинати ман ончиро меҷӯстаанд, дидаву пайхас кардаанд. Ҳодисоти пас аз 16-ум ин «хӯй»-и маро исбот ва ошкор кард!

Агар шумо имрӯз «бузургӣ»-и маро шинохтан хоҳед, ба ашхосе бингаред, ки маро ба ин «азамату бузргӣ» солҳо қабл расонида буданд!

Файзак, Сангак, Гургак, Чолак, Седой ва дигар қотилу роҳзанҳо!

Агар инҳо набуданд, имрӯз тоҷикон на рӯзи «муқаддас»-и 16-уми ноябр доштанду на «пешвои муъаззам»-и ин ҳама «асосгузор»- у на ин ҳама рӯзи «нек»-у шаби аз бебарқӣ «нӯронӣ»-и тираву тор!

Рӯзи 16 – уми ноябри соли 1992 аслан дар торихи навини тоҷикон чӣ аҳамият дорад? Шояд барои миллатам ҳеч, вале барои танҳо мани пешво рӯзи муқаддас, рузи «зуҳур», рӯзи «бохосият», рӯзи пирӯзу ҷовидонагист.

Дар ин рӯз буд, ки маро аз фақри абадӣ раҳо бахшиданду бурданду куртаву гарданбанду мундиру попӯши Б/У аз ину аз ӯ мусодира карда пӯшониданд. Қабл аз онки ба ин рӯзи «наҳс барои тоҷикону пируз барои ман» равем, сазовор дониста шуд, ки раиси шаҳри Кӯлоб Ҷиёнхонро дар пеши пои ман, назди туфлиҳои мусодиракардаи боазамати ман, назди куртаи талбидаи ман, назди мундири талбидаи ман чун барра қурбон кунанд, бошад, ки роҳи хунхории ман ба ҷои сафед, умре сурх бошад!

Ёдам буд: тоҷикон аз паси кас вақти сафар шири сафед мепошиданд, вале аз онҷо ки ман як ҳаромии бепадараму умре аз роҳи ҳарому дуздӣ пеш мерафтам, ва кунун аз роҳи хун бояд, по рӯи пиллаҳои раёсатҳои ғасбшуда мегузоштам, Атаам – Сангак ва «Отамиз»- Ислом Каримови чун ман ҳаромзодаи торих,  бароям бо пошидани хуни Ҷиёнхон зери ҳарду поям «дуо»-ям доданд!

Пасон рафтем ба Тирмизи кишвари ҳамсоя аз онҷо паридем ба Тошканд, аз Тошканд ба Хӯҷанд.

Ман аз ҳамин рӯ «муъаззаму мӯҳтараму асосгузори ҳамаи хубиҳо»-ям, ки тавониста будам, ки сарҳади кишвари худро шикаста, ба дигар кишвар, ва аз онҷо, дубора,  сарҳадшиканӣ карда, бо лашкари мӯру малахи бегонагон вориди хоки худ шудаам.

Барои ҳамин амали шоистаам имрӯз тоҷикон маро «Пешво»-и хеш мехонанд. Пешвое, ки аз сарҳади бегона вориди хоки худ мешаваду қабулаш надоранд, вале зӯри силоҳ ӯро «пешвои зӯракӣ» мекунад!

Ҳар чи буд, шуд, гузашту дар ҳукми торих аст. Вале он рӯз : 16-уми Ноябр бояд дар хотираи миллати худбохтаи кӯтаҳандеши зудбовари зудфаромӯшгари ман нақш бандад.

-16уми ноябр яъне ман – Эмомалӣ Шарипович Раиси Шуроӣ Олӣ шудам.

Аз ҷиҳати қонунӣ ҳарчанде якчанд нуқсонҳое ин ҷаласа дошт, вале вақте забони зӯру силоҳ дар миён бошад, лоҷарас қонун зери по бошад.

Дар тамоми кишварҳои олам Президентҳоро дар Пойтахташон бармегузинанд, ба ҷуз ман, ки чуноне борҳо мутазаккир шудаам, фаротар аз инсон, фаротар аз қонун ва фаротар аз тамоми қавонини инсонию мардиям, дар Хӯҷанд «баргузида» шудаам! Чунки ин ягона шаҳре буд, ки ба Тошканд ҳамсарҳад аст. Вале статуси пойтахт – ҷои баргузории президентро надорад!

Охир, маро интихоб на, балки бар-гузидаанду бар-кашидаанду таҳмил кардаанд! Чӣ фарқ аст, ки дар Пойтахт бошам, ё ҳошияву зовия. Ба ҳар ҳол, ба пойтахт ҳам «с пулемётом наперевес» через перевал оварданам – ку?!

Ман тӯли умр як қонунро мешиносам – қонуни зӯргӯӣ! Қонуни қатл! Қонуни  тороҷ! Қонуни ваъдаҳои бардурӯғу ваъдахилофӣ!  Қонуни ман  нифоқ асту чандруӣ! Аз як ҳаромӣ дигар чӣ ҳам интизоред?!

Гургзода оқубат гург шавад

Гарчи ба адамӣ бузург шавад!

Аз ин рӯ, 16 — умро, эй касе, ки пас аз ҳазорсолаҳо ин «Устувонаи Чақурӣ» ба дастат меуфтад, хуб бихону неку нигаҳ дор, ки пас аз ин рӯз буд, ки 30 – рӯз пасаш, расо як моҳ пас,  пойтахти тоҷикон бо тамоми илму ҳунару фарҳангу дору надораш, назди ҷангандаҳои зархариду бегонаву қотилони минтақагароям, суқут кард! Суқуте, ки пас аз он, то рӯзе оиладавлатдории оилашумулам рӯи коранд, рӯзи неку сари баланду шиками серу хотири ҷамъро нахоҳанд дид – ҷамъашон парешон, динашон помол, занҳошон каниз, ҷавононашон навкару барда, мардонашон гурезаву овораву мардикор дар ғарибиҳо овораву саргардон хоҳанд буду хоҳанд мурду рафт!

-16уми ноябр ҷуз ҳамин бадбахтӣ, ҷуз ҳамин беобрӯӣ, ҷуз ҳамин сарафкандагӣ, ҷуз ҳамин фақру фоқа, ҷуз ҳамин рӯзи сияҳу хотири парешон, ҷуз ҳамин зиндониҳои умрбод, ҷуз ҳамин беш аз 300 ҳазор қурбониён, ки танҳо пас аз ҳамин рӯзи «саъд» кушташудагони беномунишонанду ҷуз ҳамин ғоратшудагони рӯ ба раҳми Худо, ҷуз ҳамин нопадидшуданҳову рабудашуданҳо, ҷуз ҳамин листи моломоли сиёҳи «террористон»-и интерполӣ, ки гунҷишкро ҳам куштан наметавонанд, ҷуз ҳамин чоплусҳову моямолони ҷанобашон, ҷуз ҳамин тамаллуқкорони беъурза, ҷуз ҳамин нифоқи ҷомеа, ҷуз ҳамин низоми фарсуда, ҷуз ҳамин қатлу куштори бардавом, ҷуз ҳамин қимматии рӯзгор, ҷуз ҳамин бекорӣ, ҷуз ҳамин вайронӣ, ҷуз ҳамин барқдуздии умрбоди ман, ҷуз ҳамин сардиҳои ҷонфарсои сармоҳои зимистон,  ҷуз ҳамин иқтисоди дастурии фарсуда, ҷуз ҳамин сарватғундории авлоди ман, ҷуз ҳамин шоҳона зистанҳои мо — дуздони навдавлати беэмон, ҷуз ҳамин монополияи оилавии фарогири ман, ҷуз ҳамин гушнагии абадии авлодии ман,  ҷуз ҳамин пешвоии мани пӯсидаи лухсидаи дилбазан, ҷуз ҳамин мақомдорони ҷоҳилу духону чун ман беаслутабору номарду ришвахору ҳаққимардумхори мардумозори овардашуда аз ҳар кӯчаву бозору говбозору мазор, ҷуз ҳамин чи ки мебинеду эҳсос мекунеду заҷр мекашеду роҳи халосӣ надоред, чизи дигаре нест!

16-ум то 16-ум дорад.

Ана , ин аст он чӣ 16 – ум ба ман дод.

Ва ана, вот,  ин аст ончи шумо аз 16-ум интизор доштед.

Ва  ана ин аст ҳақиқати 16-уми ноябри соли 1992.

Ҳамон гуна, ки рӯзи 5-уми октябр ҳеч пайванде ба «Рӯзи забон» надорад, ки ин рӯзи зоидашавии ҳаромии торих асту бас, ба ҳамин миқдор 16-уми ноябр ҳам ба «Рӯзи Президент» пайванде надорад, ки аввалин Президенти мунтахаби тоҷикон ҳамоно Қаҳҳор Маҳкамов  30-юми ноябри соли 1990 интихоб шуда аст!

Аммо, 16-уми ноябри соли 1992 бошад як мушт дузду арозилу валадизинову сарбуру сархӯру говбону зиндониву ҳанноту беъурзаву маҳалгарову фурсатталабу қотилу нотоҷику бепадару раддимаъракаи Шӯравию мактабнадидаву птушнику муштзӯри мусаллаҳ рафтанду дар Арбоб-камол як дузди ҷоҳили бесаводи электрикро сардори худ (Раиси Шӯрои Олӣ) интихоб карданду омада, Душанбеву пасон Тоҷикистонро ба хоку хун кашиданду то ҳол бо ҳамон равиш «давлатдорӣ» доранд!

Дигар 16-ум ба кӣ чӣ дод?!

Дигар дар ин марзу бум «президент» нест, балки «Пешвои фаротар аз қонун» асту «подшоҳигариии беақлона»-ву режими оиладавлатдорӣ!

Аз рӯзи кадомин «Президент» шумо ҳарф зада, рӯзашро ҷашн мегиред?!

Масхара ҳам ҳадд дорад…..!

Сообщение Аз Дориюш то кӯрмуш ё ҷашни ба қудратрасии бачаи Майрам появились сначала на ISLOH.net.

Дар «Рӯзи Президент» аз ӯ чи мехоҳему ба ӯ чи мегуем?!
Даъвати мардум ва эълони тайёрӣ барои баргузорӣ ва ташкили митинг дар барномаи «Минбари муҳоҷир» аз тарафи як сокини Ноҳияи Ҳамадонӣ нукару муздуру чоплусони Раҳмоновро ба шиддат нигарон кард ва то пойи ҷон тарсонд. Чунки дар ҳақиқат Раҳмонов қувваи барқи мардуми тоҷикро дуздида ба хориҷа фурухта истодааст. Ва, ин дуздии Раҳмонов солҳост, ки идома дорад ва солҳо аст ки мардуми тоҷик дар фасли тирамоҳу зимистону баҳор аз қувваи барқ маҳрум карда мешавад.

Барои ҳамин Раҳмонов пушташ ва тагаш тар аст. Тардоман аст. Инро хуб медонад, ки набояд, ба ҳиҷ ваҷҳ, набояд имкон диҳад, ки ҳатто сад нафар таҷаммуъ кунад, чунки метавонад мисли оби кули Сарез ҳамаро яксон ва хоки сиёҳ кунад, мисли вулқони зери куҳ куҳро ба коҳ бадал кунад, мисли расиши кутоҳ (короткое замекание) заводро ба коми оташ бикашонад.

Раҳмонов медонад, ки халқ медонад, ки агар қувваи барқро ба хориҷ нафурушад ба халқ мерасад. Аммо Раҳмонов халқи худашро признават накарда, одам ҳисоб накарда ба ҳамсояҳо фурухта истодааст. Аз ин ҷиҳат ҳарфи митингу тазоҳурот вайро мурданивор метарсонад.

Ба назар мерасад, ки Раҳмонов наметарсад. Аммо ҳар қадр, ки шумори милисаву амниятро меафзояд, прокурорҳоро зиёд мекунад, маънояш ин аст тарс беш аз пеш дар баданаш реша давонида истодааст. Чунки вай хеле зиёд ғун кардааст. Он қадар ғун кардааст, ки намехоҳад аз дасташ бидиҳад. Барои Раҳмонов додани ҷон аз додани молу дороӣ ва сарвату курсӣ осонтар ва арзонтар меафтад ва вай розӣ ба ҳамин вариант аст. Варианти пулу сармоя ва курсӣ ба ивази ҷон барои вай қобили қабул нест.

Дар таърихи миллати тоҷик ҳеҷ дузде мисли Раҳмонов надуздидааст. Ва, баъди вай ҳам ҳиҷ касе мисли вай дуздида наметавонад. Вай, дар як даврае омад, ки ҳамаҷо ва ҳамачи бесоҳиб шуд. Дар совхоз таҷрибаи дуздиро дошт. Он таҷрибаро дар давлат татбиқ кард ва дорад мекунад.

На танҳо дороӣ, молу мулк, масалан ҳамин қувваи барқ, вай ҳама чизи миллат ва мардумро, то хонаву дару тиреза, то оғилу коҳдонҳоро дуздид. Оромишу осоишу зиндагиву ҷони мардум, аз ҷумла мо, ва аз ҷумла аз они худи ман ва ҳамроҳони манро дуздид.

Мо, ин шо Аллоҳ ба он давра ва марҳала хоҳем расид, ки халқ тазоҳурот хоҳад кард, ба майдону хиёбонҳо хоҳад рехт, чун Раҳмонов ба осониву роҳатӣ намеравад ва исёну ошубу тазоҳуроту эътисоби миллӣ роҳи барканории вай аст.

Аммо, дар ин рӯзе, ки Рӯзи Президент номаш кардаанд ва дар гузашта гуфта будем, ки   рӯзи президент эълон кардани 16 ноябр на мантиқе дорад ва на ба воқеият мувофиқ, ба ҳамин як саволе, ки косалесони Раҳмонов дар ҳар барномаи «Минбар муҳоҷир» аз ман мепурсанд, ҷавоб доданиам.

Мепурсанд, ки Шумо чи мехоҳед?

Мо, чи мехоҳем?

Мо, мехоҳем, ки Эмомалӣ Раҳмонов Президенти Тоҷикистон набошад.

Мо, мехоҳем, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ набошад.

Мо,мехоҳем, ки Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи Иҷрои Президенти Тоҷикистон набошад.

Мо, мехоҳем, ки Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир набошад,

Мо мехоҳем, ки Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия набошад.

Мо мехоҳем, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа набошад.

Мо мехоҳем, ки Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ набошад.

Мо мехоҳем, ки ин ҳукумат сарнагун бишавад.

Касе бо мо аст, касе ҳамроҳи мо аст, касе ончиро, ки мо мехоҳем, бихоҳад бо мо  бипайвандад, дар канори мо биистад. Ин роҳро дер ё зуд бо ҳам мепаймоем. Инро низ бояд бигуям,ки ҳоло онҳое ин фикрро доранд ададашон хело бештар аз онҳое ҳастанд,ки будани Раҳмоновро мехоҳанд.

Чаро мо ин корро мехоҳем бикунем. Чунки Раҳмонов тули сиву як сол на як бору ду бор исбот кард, ки қабила ва гуруҳи хурд аст. Давлати як қабила давлати миллӣ ва миллат нест. Маҳкум ба фанову шикасту нобудӣ аст.

Раҳмонов намояндаи миллат нест. Раҳмонов самозванетс аст. Раҳмонов Квачков аст. Раҳмонов Меркулов аст.

Раҳмонов Авестогруп, Мармарӣ Сиёма- мол, Кушониён, Меҳргон, Талко кабел, Ориёниншуренс, Спитаменбонк, Коммерсбонк, Душанбе-сити, Ориёнбонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, IRS-роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд, Сафедорак, Сифатфарма, Амирӣ,Таҷеро, Талко кабел, Талко кемикал, чойхонаи Хуррамшаҳри Данғара ва садҳову ҳазорҳои дигар чунинҳост. Раҳмонов Данғара аст

Раҳмонов Рустам, Раҳмонв Азизмо, Раҳмонов Озода, Раҳмонов Рухшона, Раҳмонов Парвина, Раҳмонов Зарина, Раҳмонов Ҳасан, Раҳмонов Амонулло, Раҳмонов Раҳматулло, Раҳмонов  Зоир, Раҳмонов Зарифбек, Раҳмонов Ашраф, Раҳмонов Рамз, Раҳмонов Сафар, Раҳмонов Тоҷиддин –командир, Раҳмонов, мудир Исо, Раҳмонов, Исмоили дастбахайр, Раҳмонов Шоҳрух, Раҳмонов Юсуф Раҳмон, Раҳмонов Бег Сабур,Раҳмонов Зоир, Раҳмонов Шамсулло, Раҳмонов Ҷамолиддин….яъҷуҷу маъҷуҷ, Раҳмонов, аҷириқ. Раҳмонов аломати беохири арифметика аст, тамомӣ надорад…. (бубинед, ки дар байни инҳо як одами сиҳатро мебинед? Як донишманд, як олим як инсоне, ки боиси ифтихор бошад. Ҳамааш дузду ғоратгар ва инҳо ҳамаашон дар мактаби давлатдории пешво калон шудаанд)

Онки дар Берлин бо тухм задандаш, кам карданд, ҳақаш буд. Ман аз Асадуллои сумбулоғо хоҳиш дорам як бор то Раҳмонов номурда Абдулло Роҳнамои русурхакро пеши вай барад. Дилаш ҷазу доғи доғ аст. Якборакак барад. Монанд, ки бинад. Дар ҳасрату дар ормон намонад. Ба висолаш расонад.

Ин ҳақаш буд, кам карданд.  Раис –устод Муҳиддин Кабирӣ дуруст гуфт ,ки бояд бо тухми шутурмурғ мезаданд. Ин ба назари Раҳнамови русурхак ин хел аст. Раҳмонов ҳуҷҷати миллат нест, чун зидди миллат аст, чун оилаву авлодашро боло аз миллат кардааст. Аз тамоми миллати тоҷик танҳо Раҳмонов ҳуқуқ дорад, ки то охири умр, то мурдан раис шавад. Магар чеҳраи миллат бо миллат ҳамин хел муносибат мекунад?

Раҳмонов дар хонаи Худо дискобар, найтклуб, утоқи КГБ, театр сохтааст. Раҳмонов муқаддасоти миллатро таҳқиру дашном кардааст. Ин аблаҳи чоплуси русурхак зур зада аз вай фавқулмиллат сохта истодааст.

Раҳмонов ҳоло, ки дар қудрат ҳаст, ҳоло, ки ҳукумат дорад ҳасту вуҷуд дорад, аз ҳукумат рафт дар саг обру мемонад дар вай не. Аз Назарбоев бадтар мешавад.

Русурхак Раҳмоновро буту санаму маъбуд наъузубиллоҳ  карда истодааст.

Кӣ аст Раҳмонов?

Мо Раҳмоновро роҳбар наҳисобидаем.

Мо мехоҳем, ки бозори Панҷшанбеи Хуҷанд, бозори Иноми Шаҳритус, бозори Истаравшан ва дигар бозорҳо, корхонаи кимиёвии Исфара, нуриҳои азотии Вахш(Сарбанд) корхонаи кимиёвии Ёвон, корхонаи Гулистон ва даҳҳо корхонаи дигар ба соҳибонашон баргардонида шавад.

Ин чоплусҳо ва ин муздуракони занбамузд мегуянд, ки шумо чаро пешравиҳоро намебинед?

Пешравӣ яъне чӣ?

Гирифтани корхонаҳое ки Зайд сохт?

Гирифтани корхонаҳое, Низомхон Ҷураев сохт?

Гирифтани сети автозаправкаҳои Умед-88

Гирифтани конҳои ангишти саросари кишвар?

Гирифтани права ва техосмотр аз Гаи ва додан ба Фароз?

Гирифтани лабораторяҳо аз беморхонаҳо ва додан ба Фароз?

Гирифтани ширкаи камол аз чор камбағал ва додан ба Фароз?

Тамоми кишварро балъида истодааст. Мисли наҳанг, мисли аждаҳор.

Сантуда -2 80000 миллион доллар қарздор

Сангтуда-1 350 миллион  қарздор

Фикр мекунед ин пулҳо куҷо меравад?

Ҳоло дар ҳамин маҳал, дар ҳамин русто ва дар ҳамон кучаатон ҳисоб кунед, ки чанд кас пули барқро надод. 100% ҳама додааст. Аммо пул ку? Чаро қарздор?

Пул дар суратҳисобҳои оффшории дузди дуздон. Пулҳоро Раҳмонов дуздид ва баҷо кард.

400 ҳазор тонна пахтаи Тоҷикистонро кӣ обу лой мекунад?

Заводи алюминий чи шуд?

Конҳои тиллову нуқраву қалъагӣ дар саросари Тоҷикистонро Раҳмонов ба кӣ ва бо чи қимате додааст?

Раиси кони тиллои Шугнов Амриддин Нахшов, писархолаи Рустам! Писари боҷаи Раҳмонов, чаро?

Аз кадом пешравӣ доред гап мезанед?

Роҳро мардум ҳашар мекунад, макатбро мардум ҳашар мекунад, амбулаторияро мардум ҳашар мекунад, як насос вайрон шавад худи  мардум соз мекунад.

Дар Хуҷанд Сифатфарма, дар Душанбе Сиёма- мол

Ҳамааш аз они Раҳмонов ва оилааш аст. Ин халқ мардаш Одинаву занаш рабиня Изаура шудааст.

Пас, ин мардум митинг накунад, Абдуллои русурхак мекунад?

Баргардем боз ба ҳамон саволе, ки медиҳед.

Мо чи мехоҳем?

Мо, мехоҳем, ки султа ва ҳукумати ин оиларо аз сари мардум дур андозем. Ин оила Тоҷикистонро ба мазраъаи кишти хусусӣ ва корхонаи шахсӣ бадал кардааст.

Тамоми хонаҳои авлоду хешу табори Эмомтапаки касиф бо қувваи барқ таъмин аст.

Фермаи ҳоҷӣ Раҳматулло бо барқ таъмин аст.

Дискоклуби ҳоҷӣ Амирулло бо барқ таъмин аст.

Талко голд бо барқ таъмин аст.

Сиёма мол бо барқ таъмин аст.

Сифатфарма бо барқ таъмин аст.

Таҷеро бо барқ таъмин аст. Ин ҳам беохир….

Аммо мактабҳову масҷидҳову бемористонҳои мардум, хонаҳои мардум сарду торик аст, барқ надорем.

Тамоми зулумот ва истибдод зери сари Раҳмонов ва оилаи вай аст.  Мушкили Тоҷикистон, мушкили мардуми тоҷик танҳо ва танҳо Раҳмонов аст. Раҳмонов дар асл душмани миллат, мардум ва дини мардуми тоҷик аст.

Мо ҳоло дар марҳалаи ифшокорӣ ва пардабардорӣ аз чеҳраи касифи инҳо қарор дорем. Бо ҳам аз минбар ва имконоте, ки фароҳам шудааст, аз ҷурму ҷиноёти инҳо мегуем.

Падару модарҳоро маҳкам карда истодаанд, ки бачаҳояшонро аз Русия оварда бисупоранд. Шабҳо ба хонаҳои мардум юриш бурда истодаанд.

Тибқи омор ҳафтсадҳазор ҷавони синни даъват доштаем. Қувои мусаллаҳ, камтар аз бистҳазор. Дар ду сол чаҳор бор даъват мешаванд. Яъне максимум 5-6, хуб 7 ҳазор иваз мешавад. Чаро инро буд намекунанд? Ҳафтсадҳазор куҷову 7 ҳазор куҷо?

Ин ҳам як роҳи саркуб, душняк ва тарсонидан ва қудрату зӯр нишон додан аст.

Ё ҳамин тавр муносибат бо масҷид, риш, сатр, мулло ва дар умум дини ислом.

Инҳо ватани моро ҳаром карданд.

Мо, роҳе дигар надорем. Ман, шуморо, мардум ва бахусус ҷавонони бонангу номус ва шуҷоъу ҷасури миллат ,хуб дарк мекунам. Хашму ғазаби худро бо азобе дар худ нигоҳ дошта истодаед. Аз инҷо аст ки қасд доред тазоҳурот барпо бишавад. Тазоҳуроти мову шумо бояд тавре барномарезӣ ва ташкил ва вориди хиёбони марказии пойтахт бишавад, ки натиҷа ва паёмади матлуб ба даст биёяд. Бояд ҳалқаҳо ва гуруҳҳои худро ташкил ва таъсис бидиҳем. Наҷоти мо дар дасти худи мо аст!

Ин қабила, ки қудрат ва ҳукуматро ғасб ва тасарруф кардааст, онгуна ки мепиндоред, нест. Инҳо ҷуръат ва ҷасорати муқовимат ва мубориза бо мардумро надорад ва нахоҳад дошт. Инҳо он қадар дар симу зар ва сарвату давлат ғутидаанд, ки ба ҳеҷ гоҳ ҳозир ба мубориза бо мо нахоҳанд буд.

Инҳо гумонашон ин аст ки милиса, амният ва бахусус артиш мардуми муътариз ва ба майдонҳо рехтаро мепаронад. Аммо ин тавр нахоҳад шуд. Чунки онҳо-ин қувваҳои ҳарбиву ҷангӣ писарони ҳамин мардуманд.

Дар бархе аз воҳидҳои ҳарбии вилояти Суғд баъд аз ҳамон барномаи «Минбари муҳоҷир» ва суҳбатҳо аз баргузории митинг ин сарусадоҳо баланд шудааст, ки муқобили мардум тир нахоҳем кушод.

Вале, шумо ба ин писарони худ, ки бо облава аскарӣ мебаранд, шумо ба бародарони худ, шумо ба шавҳарони худ ҳамвора ва пайваста таъкид бикунед, ки ба ҳеҷ ваҷҳ тарафи мардуми худ напаронанд, оташ накушоянд.

Шумо ба писаронатон, ки маҷбурӣ ба аскарӣ бурда истодаанд, бифаҳмонед, ки дар он рӯз ва дар он лаҳза силоҳҳояшонро ба самти онҳое тоб диҳанд, ки фармони парронидан ва қатли мардуми муътариз ва ба хиёбонҳо рехтаро медиҳанд.

Шумо, як бор биандешед, ки бо андохтани тир ва бо куштани мардуми ба дод омада ва даст ба исён ва инқилобзада киро ва киҳоро ҳимоят ва ҳифозат мекунед.

Ҳифозати ин режим бадтарин ҷинояти башарӣ аст. Баракс, тиру туфангу ҳарчизеро, ки ба дасти шумо доданд, сокит нигоҳ доред ва бигузоред, ки ин мардуми тули беш аз сӣ сол зери юғ ва бардагии ин қавм уфтода, ба мақсад ва ҳадафи олии худ бирасад.

Масҷиду маърака, муллову домулло таҳқир мешавад. Дини моро, шарафу номуси моро таҳқир мекунад. Аксҳои Раҳмоновро дар дару деворҳои масҷидҳо овезон кардаанд.

Инчунин хабосат ва наҷосат дар давраи шуравӣ набуд. Мебарояд дар «Минбари муҳоҷир» ҷуръат намекунад бигӯяд, ки пешвои ман Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст. Мегуяд пешвои ман Раҳмонов аст. Маълум аст ки аз тарс ин ҳарфҳоро мезанад. Магар чунин одам ба митинг намебарояд?  Ҳатман мебарояд. Чунки аз ҷонаш безор шудааст.

Масҷид бинои шуъбаи амният, масҷид дискоклуб, кореро, ки ҳатто Ленин накардааст. Таҳдид болои масҷид: агар сарбоз наёваред, агар обуна ҷамъ накунед, агар фулону фулон накунед, масҷид баста мешавад. Ингор инҳо муслмон нестанд. Мо чи гуна бояд тоқат бикунем, ки як гуруҳи кучаки номусулмон халқи даҳмиллионии мусулмонро савор шудааст.

Мо мехоҳем, ки  мамлакат озод ва дар дасти худи мардум бошад.

Мо мехоем, ки интихобот дар тамоми сатҳ, аз раиси ҷамоат то раиси ҷумҳуриро худи халқ доир кунад.

Мо мехоҳем, ки шоха ва аркони ҳукумат мутавозин, мутаодил ва мусовӣ ва ҳар кадоме дар воқеъ ҷудо бошад. Ин тавр ки ҳоло ҳама чиз дар дасти Раҳмон бошад, набошад.

Ин тавр набояд бошад, ки тамоми қудрат дар дасти як кас ҷамъ шуда бошад.

Аз ин ҷиҳат аст ки  Раҳмонов бачаҳову духтару домоду додарарусу хоҳарарус ҷияну…. ҳамаашро дар сари ҳукумат овардааст.

Мо мехоҳем, ки прокурори вилояти Суғд аз худи ин вилоят бошад.

Мо мехоҳем, ки прокурори вилояти Бохтар аз худи Бохтар бошад.

Мо мехоҳем саҳмияи тамоми маҳаллу манотиқи кишвар дар ҳукумати марказӣ муроот шавад.

Раҳмонов чаро ҳукуматро қабилавӣ ва оилавӣ кардааст?

Чаро бояд прокурори вилояти Суғд, сардори милиса, сардори амният, сардорони воҳидҳои низомӣ аз ин вилоят набошад?

Ҷойҳои асосӣ ва пурдаромад дар дасти оила ва аъзои оилааш аст. Ин нафаронро дар сохторҳои қудратӣ барои он мондааст, ки қудратро, зурро барои ҳифзи ин оила ба кор андозад.

Тамоми гапҳои дигар ва кору кирдораш дуруғ аст.

Ҳар чизе дигар мегуяд дуруғ аст.

Ҳатто тамоми матбуот ва расонаҳоро ҳам аз одамони маҳалли худаш таъин кардааст. Яъне дар контрол ва дар замок гирифтааст.

Сахтарин душмани Раҳмонов, мо Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастем. Раҳмонов ҳамин хел медонад ва ҳамин хел меҳисобад. Аз соли 2015 садҳо, ҳазорҳо наҳзатӣ зиндониву фирориву кушта шуд. Ҳатто дар даруни зиндон наҳзатиҳоро кушт ва ҳоло ҳам идома дорад.

Барои он ин корро карда истодааст, ки бо ислом мушкил дорад. Вай ҳамчуноне хаффош аз хуршед ҳарос дорад, ҳамчуноне барф дар шуоъи офтоб нобуд мешавд, ба ислом танаффур дорад.

Мо медонем, ки иллат ва танаффури Раҳмон аз ислом дар куҷо сарчашма ва маншаъ мегирад.

Вай дар Ислом, мулло домулло, дар масҷиду дар минбар Наҳзатро мебинад ва дар Наҳзат охири хатро.

Мо давлат, ватан, миллат ва ҳукумат ва мардум ва Тоҷикистонро аз чанголи ин оила халос хоҳем кард.

Мо Пешво, Шоҳ, Ҷаноби олӣ нахоҳем дошт.

Ҳар кас бизнес мекунад, ҳар кас ҳизбашро ташкил медиҳад, ҳар кас газетаашро, радиову телевизионашро ҳақ дорад, ихтиёр дорад. Ҷаҳони озоду боз.

Ана он вақт мардум касеро интихоб кунад. Интихоби мардум ҳадди аксар барои панҷ сол. Ягон вақт барои 7сол не. Ҳатто агар он одам дар 7 сол Тоҷикистонро ба боғи ҷинон ва хулди барин бадал карду аз ҷуйҳо ва ҳавзҳо ширу қамоқ бигирем ҳам бояд биравад.

Ҳайкалашро намегузорем. Исмоили сомонии сонӣ гуфта қошу қавораашро намечаспонем.  Тем более модарашро намегузорем. Аслан намемонем.

Барои вай қонуни алоҳида наменависем.

Чунки вай як времянка аст, раиси давлат аст, раиси кишвар аст, сарфармодеҳи кули қуво аст, аммо одам аст мисли ману шумо. Вай махдум нест, ходим аст ходими халқу давлат.

Вай халқро не халқ вайро интихоб кардааст. Вай ҳақ надорад ба халқ гуяд, ки ҳамин ки ба кори давлат қуш шудӣ турма мешӣ, вай ҳақ надорад гуяд, ки ман фармон додам, ки помириҳоро кушед

Вай ҳақ надорад ки заминро ба Хитой диҳад, ҳақ надорад, ки ба қирғиз диҳад, ҳақ надорад, ки аз ҳудуди кишвар барои аҷнабӣ базаи ҳарбӣ диҳад.

Вай времени аст. Меравад. Намеистад, бачаву духтару ҳамхобаҳои бешумори духтарҳояшро   ба ҳукумат кашида намоварад.

Вай, домодаш ва қудаи домодаш ва наберааш бо наркотик наметавонанд заниматса кунанд.

Мегуянд, ки пешравиву ободиҳоро намебинед

Аз кадом ободӣ гап мезанӣ? Бобо, бача набера ва бахудо қасам ҳоло абераҳо ҳам Русия рафта истодааст. Чаро тоҷик барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҷойи якум аст? Русия тоҷикҳоро ҷанги Украина мебарад, шаҳрвандиашонро лағв карда истодааст. Тамоми  таҳқирро карда истодааст. Аммо боз тоҷик дар ҷойи аввал аст? Чаро? Магар одам ватаншаро тарк мекунад?

Ин марум барои сер карани ишкамаш барои аз гушнагӣ намурдан рафта истодааст. Дар ватан рӯзаш намегузарад. Аммо Рустам самолёти шахсӣ дорад, Раҳмонов самолети шахсӣ дорад, Ҳасан самолёти шахсӣ дорад. Озодаву Парвина бонки шахсӣ доранд. Бубинед, ки тафовут аз куҷо ва то ба куҷост? Бубинед, ки кӣ ободу кӣ пешрав кардааст?

Ҳоло дар сари Раҳмонов ин фикру хиёл аст ки чи тавр Рустамро оварад. Яъне, Раҳмонов мардум ва миллатро задагӣ аст.

Раҳмонов чизеро мехоҳад, ки миллат ва мардум онро намехоҳанд. Раҳмонов мехоҳад бо истифода аз зур ин корро кунад.

Раҳмонов ҳамеша муҳит, фазо ва иқлими кишварро пурхатар ва амниятӣ мехоҳад нишон диҳад ва худашро ба унвони Асосгузори сулҳ пураҳамият нишон диҳад.

Шумо ба худ суол диҳед, ки Раҳмонов рост мегуяд? Агар Раҳмонов хайр салоҳи мардуми тоҷикро мехост Рустамро меовард? Раҳмонов хайр салоҳи оилаи худаш, қабилаи худашро мехоҳад. Раҳмонов рушду пешравиву ободии оила ва қабилаи худашро мехоҳад.

Ана, барои чи Раҳмонов таги думаш тар аст? Ана, барои чи Раҳмонов аз митинг ва аз эътирозу тазоҳурот метарсад?

Манбаъи мо дар Прокуратураи генералӣ, ки бо Юсуф Раҳмон, робитаи наздик дорад, гуфт баъд аз он барномаи «Минбари муҳоҷир» дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмонов як ҷаласаи изтирорӣ доир кардаанд.

«Фармон чунин шуд, ки дар ҳолати баромадани мардум ба хиёбон ва ташкили тазоҳурот-митинг сахттарин чораҳоро бояд андешид. Чунки ҳама масъулиятро бар души мақомот мегузоранд. Самолёти №1 ҳамеша бояд дар ҳолати омодабош барои тарки Тоҷикистон бошад.

Гузориш шудааст, ки тамоми сохторҳои МВД омода ва барои пешгирии ҳар гуна гирдиҳамоиҳо тайёранд. «Дар аввал қисмхои низомии 3502, СОБР, ОМОН ва ҳайатхои шахсии раёсатҳои МВД ҳозир мегарданд ва агар лозим шуд боз қувваҳои махсус ҳам омодаанд».

Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки «Ягон кор аз дасти Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол намеомад ва намеояд. Тамоми он доду фиғоне, ки мекунанд, танҳо аз дурӣ аст, дар дохил ҳеҷ қуввае надоранд.”

Агар дар як минтақа мардум барои норозигӣ хезад, дигар наметавон пешгирӣ кард. Набояд гузошт, ки мардум ба суханҳои хоинон гуш андохта даст ба тазоҳурот бизананд. Бояд бо агентура ВКД ва КДАМ корҳои шабонарузӣ барад ва ҳар куҷо буе аз норозигиҳо хезад ,дарҳол дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашид.

Кабирӣ инро як санҷиш кардааст, ки канӣ мардум бо баҳонаи барқ мехеста бошанд. Агар хест амом. Навбати дигар, боз чизи дигарро сабаб мекунанд, ҳамин тавр то Госпереворот.

Охир ҳой аҳмақҳо мо эълон накардаем ва ин як пешниҳоди муҳоҷире буд,ки дар барнома садо дод. Мо медонем чихел кунем ва чигуна эълон кунем. Нақшаҳои шуморо мо хуб медонем ҷаноби генпрокурори хреновий.

Чанд рӯз мешавад, ки аз  ноҳияи шаб тамоми сохторҳо дар ҳолати махсус қарор дода мешаванд

Хонанда ва бинандаи азизи Ислоҳ аз онки сели номаҳои мардуми норозӣ ба дасти мо мерсанд огоҳ аст. Ҳоло барои онки ин мардум аз ин ҳукумат ва аз Раҳмонов то пойи ҷон безор шудаанд ва ҳеҷ гоҳ ӯро роҳбари давлат ва чеҳраи миллат намешуморанд, чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз ин номаҳо ду иқтибоси кутоҳ меоварам:

«Номаамро аз ноҳия Шаҳритус менависам .Дар ноҳияи мо як заводи пахта фаъолият мекард. Масоҳати ин завод аз 3 гектар бештар буд. Завод аз навъҳои гуногуни техника: пахтачинаку пахтапуркунак, тележкаву трактор, экскаватор, булдозер ва дигар техникаҳо соҳаи кишварзӣ пур буд. Даҳҳо мошинҳои борбар дошт. Бовар кунед, ки ҳамаи ин техникаҳо ҳатто дар давраи ҷанг солиму сиҳат истода буданд.

Аммо ҳамаи ин техникаҳоро ҳоҷӣ Раҳматуллои бародари Азизмои газетхонаки зани Эмомалӣ Раҳмонов дуздиду фурухт.

Боз як заводи пахта дар ҷамоати Ҷура Назар буд, ки пурра кор мекард. Он ҳам дорои тамоми техника буд. Ин заводи пахтаро ҳам давоми солҳои 2004-2005 тамоман холӣ кард, бурду фурухт. Ҳоло ягон чиз намондааст. Чарогоҳи гову гусфандони ҳоҷӣ Раҳматулло шудааст. Дар ноҳияи Шаҳритус дигар чизе намондааст. Тамоми техникаҳоро аз пунктҳои пахта бурданду фурухтанд. Боғи марказии ноҳияро гирифтанду фурухтанд».

Дар Шаҳритус ҳамаи мардумро наркоман карданд. Аз дасти ин авлоди паст мо рӯз надорем.

«Ман сокини ноҳияи Қумсангир, ҷамоати Ваҳдати миллӣ, деҳаи Боқӣ Раҳимзода ҳастам. Воқеан бас аст  дигар дуруягию масхарабозӣ. Тарсу ҳарос бас аст дигар.  Мо ҳам инсонем, зиндагии мисли як инсон мехоҳем? То кай ин зулму ситамро давом медиҳед. Аз соли 1992 як гуруҳ омад фақат корашон қатлу куштор буд, дуздиву таҷовуз ба номусу молу мулк, хурдану бурдан. Аз ин гуруҳ халос нашудем, ки бо ду гуруҳи дигар илова шуд. Охир, мо мардуми Қумсангир аз Африка наомадаем, ки шумо иддаи бенасаб ҳарчи мехоҳед бар сари мо бор ва таҷриба кунед, ё мо ҳақи зиндагӣ кардан надорем?

То кай зулму ситам мекунед? Магар занҳои мардуми Қумсангир суд, прокурор началник милиса, сардори ГАИ, мудири маориф, сардори молия таваллуд карда наметавоннад?

Ё инки шумо меҳмонҳои нахонда ҳатман биёед болои мо мардум ба зуриву зулм худатонро решадавон кунед?»

Имрӯз Раҳмонову олу уруқаш Рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ҳиҷ парво надоранд, ки халқи бечора ба чи ҳолу рӯз гирифтор шудааст.

Аммо, ин шо Аллоҳ ва мутмаинан лимити қувваи барқ омил ва ангезаи ҷиддӣ барои баргузории митинг хоҳад буд. Чунки ин дарди миллӣ аст. Он метавонад тамоми мардумро бар зидди Раҳмонов муттаҳиду басиҷ кунад, таҳрик, тела ва такон бидиҳад.

Сообщение Дар «Рӯзи Президент» аз ӯ чи мехоҳему ба ӯ чи мегуем?! появились сначала на ISLOH.net.

Аз гумоштагӣ то ба пешвоӣ, ҳафт хиёнати бузург
Аз ҳамон қадами аввал, аз ҳамон соатҳои нахустини омадан ба саҳнаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмонов бо хиёнат ба миллат, бо хиёнат ба ватан, бо хиёнат ба мардум ва давлати навпои тоҷик тавонист худро дар қудрат ҳифз кунад. Як нигоҳе гузаро ба гузаштаи 28 солаи ҳукумати вай кофист,ки бори дигар мутмаин бишавем бар ивази фурӯхтани манофеи миллӣ, истиқлолияти давлат, дину оини аҷдодӣ, нангу номуси ватандорӣ ва қатлу куштори нисфе аз халқи тоҷик бо дастони артиши кишварҳои аҷнабӣ ӯ барои худ давлат ва ҳокимият сохт. Ӯ аз ҳамон оғоз як гумошта ва дастнишондаи кишвар ва хоҷагони хориҷӣ буд ва то ба имрӯз бо ҳамин нақшу мақом ифои вазифа мекунад.

Нахустин хиёнати Эмомалӣ Раҳмонов  ин буд ки ӯ бо дастони кишварҳои хориҷӣ ба қудрат расид. Русия ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмонро бо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ таъмин карданд ва ӯ ба маҳзи таъминоти онҳо қудратро гирифт. Бо ба сари ҳокимият омадан ба Узбекистон аз номи ҳукумати Тоҷикистон иҷозат дод, ки водии Қаротегин ва мардуми ғармиро нобуд кунад. Чархбол ва ҳавопаймоҳои Узбекистон аз Самарқанду Бухоро ба ҳаво мехестанд ва деҳоти Ғармро-мардуми тоҷикро бомбаборон мекарданд. Раҳмон бо дастони узбекҳо халқи тоҷики куҳистонро қир кард.  Даюсӣ ва бешарафиву беномусии Раҳмонов бо ин тамом нашуда буд. Вай тавассути сарбозу афсарони марзбонии Русия халқи аз тарси ҷон дар марзҳо ҷамъшударо тирборон кард ва онҳо ночор шуданд, ки ба Афғонистон гурезанд. Раҳмонов ҳеҷ гоҳ намехост ки ин гурезаҳо баргарданд. Шиори вай ин буд, ки обову бобоятон рафтанд, шумо ҳам раведу Афғонистонро обод кунед. Қатли омм ва генотсиди халқи тоҷик аз тарафи Раҳмонов-арӯсак ва гумоштаи кишварҳои хориҷӣ ҳамчун ҷинояти ҷангӣ як рӯз не як рӯз пурсида хоҳад шуд ва овардани нерӯҳои кишварҳои хориҷӣ ба муқобили халқи тоҷик ба унвони далели раднопазир дар делои ҷинояти ҷангии ӯ сабт шудааст. Ин дурӯғи маҳз аст, ки Раҳмонов сулҳу сабот овардааст. Раҳмонов бо тахаллуси қумандон Аликсей дар сафи Фронти халқӣ ҷангидааст ва худи вай шахсан садҳо нафарро куштааст. Ба гуфтаи Лукашенко беш аз 500 .000 тоҷики “исломист”-ро Раҳмонов куштааст. Вай дар ҳалқаи артиши Узбакистон ва савори тонкҳои артиши 201-и Русия вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст. Инро Путин ҳам гуфта буд, ки Раҳмонов Калашникови русӣ дар китф ба Душанбе даромад.

Хиёнати дуввуми Раҳмонов аз байн бурдан тавофуқоти Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Рӯзе дур нест,ки Раҳмонов барои ин хиёнаташ дар назди халқи тоҷик ва додгоҳ ҳатман посух хоҳад дод. Сулҳу созиш дар Тоҷикистон бар ивази ҷони даҳҳо ҳазор ба даст омада буд. Раҳмонов ин ҳамаро мункир шуд ва инкор кард. Санади ҳамдигарбахшӣ, ки худаш зери он имзо гузошта буд, мегуфт ҳар касе аз ҷанги шаҳрвандӣ барои аҳдофи сиёсиаш ва ё бадном кардани тарафи дигар истифода мекунад лаънати Худо ва мардум бар ӯ бод. Аммо Раҳмонов бо истифода аз қудрат ва шабакаҳои телевизионӣ ва радио як тарафи сулҳро ҳамвора бадгӯӣ ва муттаҳам хонда бо ҳамин худро лаънаткардаи Худо  ва халқ сохт. Вай номардона ва ноҷавонмардона зери қавли худ зад. Ба аҳдаш вафо накард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дигарбора мамнӯъ кард, ҳизбе, ки тарафи дигари Сулҳи миллӣ буд. Хиёнат ба сулҳу оштии миллӣ, хиёнат ба хуни ҳазорҳо шаҳиди дар ин роҳ қурбоншуда ва хиёнат ба орзуву ормони халқи Тоҷикистон аст.

Хиёнати саввуми Раҳмонов ин беарзиш ва беқурб кардани Қонуни асосии Тоҷикистон аст. Раҳмонов ин қонунро ба як санади “фалшивка” табдил дод. Ҳар гоҳе хост онро фақат барои онки худро дар курсии ҳокимият бимонад ва бидорад иваз кард. Моддаи марбут ба муҳлаҳти президентии ин қонун ба як қаҳбаи хиёбонӣ монанд шуд ва ҳар вақте Раҳмонов хост онро дар зери ӯ мутобиқ карданд. Як навбати 7 солӣ, сипас ду навбати ҳафтсолӣ ва ниҳоятан якумрӣ ва беохир. Бо онки ҳукуматро барои то охири умраш дар ихтиёраш гӯиё гирифтааст аммо азбаски ҷиноят ва ҷурмаш беҳисоб мебошад бо қабули як қонуни дигари сунъие бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллат барои худ ва аъзои хонаводаи худ ҳуқуқи то ба охир дахлнопазири додан ба ин маъно аст ки ӯ саропо як ҷинояткори тамомаёр аст. Қонуни асосии ҳеҷ яке аз кишварҳои олам ва аз ҷумла шӯравии пешин ба ин ҳад беобрӯ ва бемантиқ нест, ки аз они Тоҷикистон бошад. Амалан ин таҳқиру тавҳини миллат ва халқи тоҷик аст ва бидуни тардид барои ин хиёнаташ ҳам ҷавоб хоҳад гуфт. Ин як хиёнати бузург аст ки ҳақу ҳуқуқи худашро Раҳмонов дар баробари халқи тоҷик боло бурд ва худро бартар (беохир ва бемаҳдуд) эълон кард.

Хиёнати чоруми Раҳмонов ба миллат ва халқу давлати тоҷик ин фурӯхтани хоки кишвар ба Хитой аст.1158 километри мураббаъ аз қаламрави сарзамини моро  ӯ бар ивази пул ба Хитой фурӯхт. Раҳмонов бо фурӯхтани замини ин мулки камзамин на танҳо хиёнат, ҷиноят содир кард. Вай савганди худро ба унвони президент, вай уҳдадории худро дар баробари Қонуни асосӣ, ки “тамомияти арзии кишвар”-ро ҳифз хоҳад кард, шикаст. Ӯ барои ин ҷинояташ ҳам ҳамчун хоини давлат ҷавоб хоҳад дод. Дар идомаи ин хиёнаташ ӯ тамоми конҳои тилло ва нуқраи кишвар, хуни ҷигари куҳҳоро бар ивази пули ночиз ба хитоиҳо фурӯхт. Ҳоло дар Мурғоб афсару сарбозони Хитойро ҷой додааст. Аз рӯи маълумотҳои расида ҳоло дар Хитой фабрикаи шоҳибофӣ ва чанд хонаву дар дорад.

Хиёнати панҷуми Раҳмонов дар ихтиёри қавму авлод ва аъзои хонаводааш вогузоштани идораи давлат аст. Раҳмонов мансаб ва мақомҳои муҳим ва рӯғании мамлакатро ба хешу таборонаш на барои он медиҳад, ки ба мардум хидмат кунанд. Ӯ ин мансабу мақомҳоро барои он медиҳад, ки онҳо “зиндагии “ худро дуруст кунанд. Яъне бидузданд аз ҷайби мардум. Раҳмонов худ дуздӣ ва ғоратгариро ташвиқ ва ҳидоят мекунад. Ӯ мансабу мақомҳои давлатиро мефурӯшад. Худаш дар дуздӣ шарик аст ва ҳукуматро аз боло то ба пойин дар дуздӣ шарик кардааст. Раҳмонов  то ҳамин имрӯз бо халқи тоҷик ҳисоб накардааст. Раҳмонов халқи тоҷикро одам намешуморад. Раҳмонов халқи тоҷикро гала ва рама меҳисобад. Барои ҳамин дар тамоми вазифа ва мансабҳои давлатӣ данғарагиву фархорӣ ва домоду ҷияну бачаву духтарҳои худашро нишондааст. Раҳмонов халқи тоҷикро ғорат карда истодааст. Раҳмонову домодҳояш Тоҷикистонро ба мисли як корхонаи хусусӣ истифода бурда исодаанд. Як тонна керосини авиатсионӣ дар Қирғизистон 500 доллар, дар Тоҷикистон 1500, як дақиқаи занги мобил ва ё нархи интернет байни ин ду кишвар даҳ баробар фарқ мекунад. Дар Қирғизистон роҳи пулакӣ вуҷуд надорад. Чунки ҳам керосин дар дасти домодаш аст ва интернет ҳам дар дасти домоди дигариаш ва роҳи пулакӣ ҳам дар дасти домоди дигараш. Раҳмонов бо қавму қабилаи гушнааш дорад хонаи халқи тоҷикро ғорат мекунад. Ҳатто аз пули интиқолмедодаи муҳоҷирон фоида гирифта истодаанд. “Оператсияҳо”-и миллион миллион долларӣ,ки дар ягон гӯшаи дунё вуҷуд надорад. Масалан танҳо аз чопи китоби “Тоҷикон” 7 миллион доллар даромад мегирад. Ҳамин чанд рӯзи пеш расонаҳо аз боздошти 176 кило ҳеройин ва анвои дигари мухаддирот дар қатори  Тоҷикистон дар Узбакистон навиштанд. Бар пояи маълумоти расида ин маводди мухаддир муталлиқ ба Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов будааст. Дигар кӣ метавонад дар вагони қатори Тоҷикистон ва он ҳам дар ду се вагон “тайник” бисозад?

Хиёнати шашуми Раҳмонов ин коррупсияро дар сатҳи давлат баровардан ва ҳимоят кардан аз он аст. Раҳмонов Тоҷикистонро ба дуздхона мубаддал кардааст. Озода Раҳмон алоҳида кришават мекунад, Рустам алоҳида, Маҳмадзоир алоҳида ва худаш алоҳида. Прокурор пора мегирад, милиса пора мегирад, суд пора мегирад, кгб пора мегирад, налог пора мегирад, коррупсия пора мегирад, раиси вилоят, раиси ноҳия, раиси ҷамоат, заминсоз…хулоса тамоми Тоҷикистон пора мегирад. Аммо Порахӯри калон дузди дуздон худи Раҳмонов аст.

Ва,ниҳоят хиёнати ҳафтуми Раҳмонов дар баробари миллати мусалмони тоҷик  ҷабҳагирии ӯ бар зидди дину оини ин миллат ва ин мардум аст. Раҳмонов бо дину оини ислом мушкил дорад. Масҷиду мадорисро баст, омӯзиши диниро манъ кард, муллоҳоро зиндон ва аҳли уламоро аз минбарҳо пойин овард. Ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд, ки дар масиҷд дискоклуб ташкил кунӣ. Раҳмонов ин корро кард. Муқобили сатру ҳиҷоб ҷанг эълон кард. Раҳмонов бо ислом ва мусалмонони Тоҷикистон нафрат дорад. Инҷо ба уламои дине,ки дар дохили кишвар қарор доранд хитоб мехоҳам кунам,ки хомӯшии шумо дар муқобили Раҳмонов, шуморо дар ин дунё хор ва ҳақир,дар охират бароятон чи ҷойгоҳе муҳайё шудааст худатон хуб медонед. Ӯ ба шумо ҳаргиз раҳм намекунад,шуморо истифода мекунад дар бақои қудрати золимонааш ва боз мисли Домулло Сироҷиддин боздошту зиндонӣ мекунад. Наход боз ҳам аз Аллоҳ ва мардуми мусалмони кишвар шарм накунед ва аз ӯ ҳимоят кунед. Агар маро зиндон кунад,ба шаҳодат расонад бароям ин шараф аст. Чун аз ӯ ва дору дастааш ҳаргиз наҳаросидаам вале шуморо пас аз хидмат ба ӯ зиндон кунад медонед,ки рӯсиёҳ ва шармандаи ҳарду олам мешавед? Фикр мекунед номҳои шуморо аз фарзандону наздиконатон шурӯъ,то пайравонатон чӣ гӯна ёд мекунанд? Як муллои шуҷоъ ва ҳомии дини ислом? Ё як муллои дарбориеки пас аз истифода қурбонатон кард? Ҳоло ҳам бошад биандешед ва ақалан аз ӯ ҳимоят накунед,ки вақте ин миллат бар ин золим ва динситез ғолиб омад ба шумо он сухани Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ро,ки ҳангоми фатҳи Макка гуфта буданд бигӯянд:

«اذهبوا فأنتم الطلقاء»

“Изҳабу фа антуму тулақоъ” ақалан ҳамин андешаро якборак ҳам кунед. Ин миллат ба алайҳи Чингиз,Болшевикҳо пирӯз гаштаанд ва бар алайҳи бақоёи ин ду ҳам ин шо Аллоҳ пирӯз хоҳанд шуд.

Домуллоҳои гиромӣ ба ин суханони Аллоҳ диққат диҳед.  Шаънуннузули ин оёт дар мавриди ғазваи Уҳуд аст ҳангоме,ки 70 нафар аз Асҳоби Муҳаммад (саллоҳу алайҳи васаллам) шаҳид шуданд мебошад. Бори дигар ба тафсири Ибни Касир ва ончи Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) гуфтааст онро бихонеду таъаммул намоед. Ин суханон ҳамчун тазаккур бароятон аст ва борҳо ин оятҳоро хондаед:

إِن يَمْسَسْكُمْ قَرْحٌ فَقَدْ مَسَّ الْقَوْمَ قَرْحٌ مِّثْلُهُ ۚ وَتِلْكَ الْأَيَّامُ نُدَاوِلُهَا بَيْنَ النَّاسِ وَلِيَعْلَمَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَيَتَّخِذَ مِنكُمْ شُهَدَاءَ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ الظَّالِمِينَ

[الجزء: ٤ | آل عمران ٣ | الآية: ١٤٠]

“Агар бар шумо захме расид, ба он қавм низ ҳамчунон захме расидааст. Ва ин рӯзгор аст, ки ҳар дам онро бар муроди касе мегардонем, то Худо касонеро, ки имон овардаанд, бишиносад ва аз шумо шоҳидон гирад. Ва Худо ситамкоронро дӯст надорад”.

(Сураи Оли Имрон, ояти 140)

Як оят пас чунин мегӯяд:

أَمْ حَسِبْتُمْ أَن تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ وَلَمَّا يَعْلَمِ اللَّهُ الَّذِينَ جَاهَدُوا مِنكُمْ وَيَعْلَمَ الصَّابِرِينَ

[الجزء: ٤ | آل عمران ٣ | الآية: ١٤٢]

“Оё гумон доред, ки ба биҳишт хоҳед рафт ва ҳол он ки ҳанӯз Худо маълум накардааст, ки аз миёни шумо чӣ касоне ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне сабр мекунанд?”

(Сураи Оли Имрон, ояти 142)

Имрӯз ин гумоштаи аҷнабён худро ба пешво табдилдода рӯзи Президентро ҷашн мегирад. Президенте, ки роҳи охири ӯ роҳи тамоми худкома ва диктоторуҳои олам аст. Диктотуре, ки тамоми ин муддат танҳо бо хиёнат ва фурӯшофурӯш ва зулму истибдод, қатлу зиндонкунии ин миллат ва халқи Худо ҳукумат кардааст….

Сообщение Аз гумоштагӣ то ба пешвоӣ, ҳафт хиёнати бузург появились сначала на ISLOH.net.