Архивы Абдрраҳмони Ҷомӣ - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №321
Шумораи 321-и «Номаҳо..» номаҳое расида аз Душанбе, Абдураҳмони Ҷомӣ, Нуробод, Ваҳдат ва Роғун омода шудааст. Аз навоҳии А.Ҷомӣ ва Ваҳдат дутоӣ номаро ҷой додаем.

Дар номаи омада аз Душанбе, ки аз ду хабар иборат аст, муаллиф, ки феълан дар як кишвари аврупоист аз бозиҳои пасипардагӣ дар миёни мақомот ва аз ҳолатҳои кидату подставаҳо фактҳои конкретӣ овардааст. Вай аз қавли холаи худаш овардааст, ки мехоҳад ҳарчи зудтар тарки кишвар кунад, то ба фарзандонаш осеб расонида нашавад.

Аз Абдураҳмони Ҷомӣ, чуноне гуфтем ду нома дорем, ки бо номҳои Нома-1 ва Нома- 2 нашрашон кардем. Дар Нома-1 аз облаваи бемаврид, ки айни замон дар ин ноҳия ҷараён дорад шикоят шудааст. Муаллиф гуфтааст, ки муллои деҳа ба ҳамаи ин корҳо қуш аст.

Дар Нома-2 аз Ҷомӣ боз ҳам масъалаи сатру ҳиҷоб матраҳ шудааст. Муаллиф гуфтааст, ки дар пайи «ҳидоятҳо»-и пешво дар паёмаш милисаҳо ҳатто ба муассисаҳо ва хонаҳо зада даромад занҳоро маҷбур карда истодаанд, ки сатру ҳиҷобашонро бо румоли майда иваз кунанд.

Муаллифи нурободӣ ин бор низ аз порахории сартабиби зоишгоҳ навиштааст. Ин бор сартабиби зоишгоҳ пинҳон накарда гуфтааст, ки ҳамин чанд рӯзи пеш ба сардори амният 5000 сомонӣ «доля» дод, «бигзор дар Ислоҳ навиштан гиранд».

Дар номаи кӯтоҳи омада аз Роғун масъалаи нафақа ва маошро пеш гузоштаанд. Муаллиф менависад, ки модари вай бо собиқаи беш аз бистсолаи корӣ аз ҳамсояаш, ки тамоман собиқаи корӣ надорад нафақааш камтар аст.

Як нафар аз Ваҳдат, ки мегӯяд бори аввал аст менависад, гуфтааст, ки чорводор аст, аммо ҷойи чарои чорво надорад, чунки ҳама куҳу пуштаҳоро як нафар шахси сарватманд шахсӣ кардааст.

Номаи дуввуми шаҳри Ваҳдат аз сардори ДЭУ-ин шаҳр ва амлҳои ношистаи вай ҳикоят мекунад:

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Айни замон дар як кишвари аврупоиям. Чандин сол дар яке аз мақомот кор кардам, аммо оқибат гурезаву паноҳанда шудам.

Ман як хола дорам, ки чанд вақт аст зораам дорад, ки ягон роҳашро биёб ман ҳамин бачаҳоямро роҳӣ кунам ва худам ҳам биравам. Як бачааш дар налог кор мекард. Ӯро хушрӯ подставит кардаанд. Чекҳое, ки корхонаҳо маблағ супоридагианд ҳамааш дар сейфаш будааст, аз сейфаш дуздидаанд, спетсиално, коргарони худи  налог. Уро гирифтанд дело карданд. Як сол шуд бекор аст. Хеле пулашон баромад, дод. Ҳозир модараш зора дорад, ки ягон роҳашро биёб ҳамин бачаҳои ман судимий нашаванд ва аз ватан бароянду раванд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки ҳам модар ва ҳам падар маълумоти олӣ доранд, солҳо дар муассисаҳои давлатӣ кор кардаанд. Оилаи дар қонун беҳад сахтанд.

Аммо ҳоло мегӯяд, ки аз ҳукумат сахт дилаш мондааст ва мехоҳад тарки ватан кунад, бо бачаҳояш.

Ана ҳамин аст вазъият дар Тоҷикистон.

Ва, боз як маълумоти дигар.

Чанд вақт пеш дар марз байни милиса ва амният тирпарронӣ шуд ва ду милиса кушта гардид. Амнияти мо онҳоро хилёи қочоқчӣ карда задагианд.

Ҳозир Шамсуллову Зоир ва Ҳасан, умуман семя полний контроли маводди мухаддирро ба дасти худашон гирифтагианд, конкретно. Онду милисаро гумони қочоқчӣ карда задагианд.

Ҳамчунин он хитоиҳоро ҳам амниятиҳои погранвойск бо дрон заданд.

Инҳо заршуянд, дар пушташон сумкаҳои калон доранд. Вақте мебинанд инҳо қочоқчӣ нестнад филфавр дар калаи афғонҳо мезананд.

Зоир (Зоир Соҳибов, домроди Раҳмонов) худаш гуфтагӣ аст ки қочоқчиро меқапед дар телевизион нишон надиҳед, дар ҷояш безарар кунед.

Чунки вақте ӯро задӣ безарар кардӣ он канал махкам мешавад. Барои як каналро ҳуй кардан чанд кас қуш мешавад. Инҷо ҷанги маводи мухаддир рафта истода аст.

Инро бо фармони Зоир ва Шамсулло кардагинад.

Чи хеле гуфтам чанд вақт пеш паронпарон шуд дар сарҳад, ду мент мурд. Одамони Ҳасанро одамони Зоир заданд. Дар онҷо як мент хешу табори Амонулло Ҳукумов, раиси пешини Роҳи оҳани Тоҷикистон будааст. Ҳукумов язнаи Зоир аст. Он менти мурдагӣ ҷияни Ҳукумов аст. Онҷо КДАМ бо ВКД шапиданд. МВД (одамони Зоир) онҷо ба сари бор рафта буд. Вақте шапошап мешавад резка тоб медиҳанду мегӯянд, ки мо инҷо барои резултат омадагием. Аммо гапу кор дигар буд.

Бояд инро ҳам гуям, ки коргарони ВКД амниятро шум мебинанд. ВКД хуб маълумот дорад, ки убийствоҳои соли гузашта дар Конибодомро амният карда буд. Ин корро барои эҷоди тарсу ваҳшат, мардумро тарсонидан карда буданд.

Як нафар ваъда кард, ки роҷеъ ба кушторҳои Конибодом маълумот медиҳад. Ҳамин, ки расид, бароятон мефиристам.

А.Ҷомӣ (Номаи 1)

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ менависам. Бародар Муҳаммадиқбол, ин мақомоти ноҳияи Ҷомӣ боз сар карданд ғам додани мардуми мазлумро. Ҳоло дар тамоми ноҳия сар шудааст , аблава ё як навъи роҳи пулкоркунӣ. Махсусан дар деҳаи Бустон, Сулаймонова 2 , баъд аз 2-юми январ ба ҳар хона медароянду мебинанд, ки писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳаст повесткаро медиҳанду мегӯянд пагоҳ ба  военкомат биё. Ба военкомат меравӣ угражат карда ҳамроҳат гап мезананд:- «бачата биёр , намебиёрӣ, мо хдмон мебиёремш, ё ки ҷаримаи давлатиро месупоред». Бениҳоят безеб бо мардум суҳбат мекунанд, бо лаҳни талху тунд: «агар бачата наёрӣ, мо шавҳарта мебарем махкам мекнем».

Боиси ин ҳама бадбахтиҳои мардуми деҳоти Бустон Сулаймонова 2 ин муллои деҳа аст. Муллои деҳа ҳамаи ахбори деҳаро ба военкомати ноҳия мерасонад. Ин мулло Ҳалимов Салим аст. Вай се писар ва ду духтар дорад. Аз се писари вай ягонтояш хизмат кардаги нестанд. Барои он ки падарашон бо мақомоти ноҳия ба мисли ширу равған ҳастанд. Дар туйю маросимҳо иштирок мекунад ва соҳиби маъракаро ба танзими ноҳия мефурӯшад.

Дар деҳаи Бустон Сулаймонова- 2 буз бисёр аст ва мардумро ба мақомоти ноҳия мефурӯшанд, ба 200 сомонӣ. Як хабар 200 сомонӣ. Инҳо аз Худо наметарсида бошанд? Магар шумо зану фарзанд надоред? Бо пули ҳаром чи хел оилаи худро мехуронед?

Ба Худо қасам ин бузҳо теъдодашон бениҳоят зиёд шудааст. Солҳои пеш кам буд. Ҳозир бошад, шатаатро бардорӣ дар куни буз мезанад. Аллоҳ ҳамаи инҳоро ҳидоят кунад, то ки ин қадар мардумро нафурушанд. Ин шо Аллоҳ бо нашр гардидани ин нома умед дорем, ки облаваи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ғамдиҳӣ ва порагириро бас мекунад.

Ҷомӣ (Номаи 2)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз шумо хоҳиш мекунам ин номаи маро кам ҳам  бошад ба нашр расонед.

Соли 2026 Раҳмонов мубориза бо сатру ҳиҷобро сахттар кард. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷоми айни ҳол рейд рафта истодааст. Ин рейд зидди сатру ҳиҷоб ва дар хиёбонҳо, дар кучаҳо, дар бозор, дар столовийҳо ва дар ҳама ҷо.

7 уми январи соли  2026 ба бозори Ҳоҷӣ Зайнулло даромада рейд гузарониданд. Ба столовийи Ҳоким, ки дар поёни бозор ҷойгир аст се милиса  даромада мегуянд, ки  телефон ва паспортҳоятонро диҳед. Сатрҳоятонро аз саратон бигиред. Занҳо мепурсанд, ки акаи милиса чаро бигирем  сатрҳояионро, берун хунук аст. Милисаҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки қонуни зидди сатр сахт шудааст дар ин сол! Ин фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ҳаст. Занҳо аз тарс хомӯш мешаванд.

Милисаҳо боз ба одамони дар столовий буда мегуянд, ки мо телефонҳои шуморо хабар мегирем. Ку, бубинем шумо гурӯҳҳои ифротгароро тамошо мекунед, ё не шабакаи Ислоҳро мебинед ё навору видеоҳои исломӣ ё не.

Агар муллоҳои Афғонистонро подписатся  карда бошӣ тамом Худо зад, туро дар бадтарин ҳолат оварда мерасонанд. Номҳои милисаҳо номаълум, нашинохтем. Ин милисаҳо ба фикрам нав шудагианд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Баъди Паёми ин гандапир мубориза бо сатру ҳиҷоб, риш ва тамоми умури исломиро сахттар кардаанд. Чи хеле худатон дар барноматон гуфта будед, вақти қироати паёмаш «сарша ай варақ боло мекунад ку баъд чизе да ҳамун друни сиёҳуш бошад мегӯяд». Мардума руирост гуфт ку:- асабонӣ накунед ихелӣ накунед у хелӣ накунед. Ана акнун сар кард дар соли 2026 сатргириро. Зидди ислом зада истодааст. Охир ин занҳо, ки дар столовая кор мекунанд, зимистон хунук «гарданша лич куна сардаш намешавад, охир ҳаминро ҳам намефаҳмида бошанд»?.

Бародар «э, инҳо имон надоранд бахудо. Ман намедонум инҳо ай мусулмон зоида шуда бошанд. Ман намедонам падару модари инҳо дар вақташ кӣ буданд. Тоба кардум охир шумо фарзанди мусулмонед, чаро ин корҳоро мекунед? Гардани лучи зан ба шумо чи фоида дорад»?

Милисаҳо руирост гуфтаанд, ки сатрҳоро бигиред, румоли майда ба сар бандед. Гуфтаанд, ки охир хунук аст? Гуфтаанд, ки фарқ надорад, ин фармон аз боло, аз худи ҷаноб аст ва угрожат кардаанд, ки пеши бари пироҳанҳоятонро ҳам бозтар кунед. Аҷаб. Ин чи рӯзи сиёҳест бар сари миллат?

Ин ҳодиса ҳамин 7уми январ дар столовийи Ҳоким дар даруни бозори ҳоҷӣ Зайнулло дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ руй додааст. Ин ҳоҷӣ Зайнулло домоди Зоиршон мешавад у Зайнуллои Раиси Фурудгоҳ нест.

Миллат хору дарбадар ва таги по шуда истодааст. На нанг монду на номус, аз пушти як говкалаи бегемот.

Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман боз ҳам аз Нуробод, дараи Муҷахарф бароятон менависам. Дар интиҳои номаи қаблӣ аз он навишта будам, ки Зарина Шафоатова боз аз як нафар аз дараи Мучахарф 800 сомонӣ гирифтааст, барои онки ҳамсари вай писар ба дунё овардааст ва ҳамшираи шафқати Зарина бошад аз ин бародари камбағал нотарсида сад сомонӣ гирифтааст. Ин Зарина бо инки пули ноҳақ мегирад, муомилаи хуб бо мардум ақалан надорад.

Ва ҳоло маълумоти тоза. Амнияти Нуробод Зарина Шафоатова, сардухтури зоишгоҳи райони куҳнаро даъват карда гуфтааст, ки ин чи гап аст, ки се маротиба мешавад номат дар Ислоҳ мебарояд. Дар Ислоҳ ва дар тамоми Тоҷикистон машҳур ва шинохта шудӣ. Поргирӣ мекунӣ гуфтааст ба тарафи Зарина.

Зарина гуфтааст, ки ҳамааш дуруғ аст, туҳматам мекунанд. Кадоме боз вазифаи маро гирифтанӣ ҳаст гуфтааст Зарина. Аммо ягон нафар ранги ман таҷрибадору босавод нест, ки роддомро рулеват кунад. Ҳамаи духтарони хондагӣ аз Нуробод бесаводанд, ранги ман босавод нестанд. Началники амният охирон бор бошад, дигар нома набарояд, гуфта таъкид мекунад. Зарина ба гуфтаи худаш ҳақи началники амнияти ноҳияро 5000 сомонӣ додааст. Зарина началники амниятро гуфтааст, ки ин раиси ноҳия ягон чи намегуяд? Амняти Нуробод гуфтааст, ки ӯ раис ихтиёраш дар дасти ман аст, ҳеҷ чиз намегӯяд, як сиёсат мекунад, тамом раисат хап мекунад.

Зарина дар пеши ҳамкоронаш гуфтааст, ки на Ислоҳаш на одами хабаррасон коре аз дасташон барнамеояд.

Чанд вақт пеш як келинчак аз Мучахарф меозяд дар  таваллудхона. Зарина шиками духтарро сахт фишор медиҳад ва мегӯяд, ки ба ҷонам задам. «Мардуми Нуробод фақат аз қафои ман ҳастанд. Ман 800 мегирам вале агар Душанбе меравен бегап 1000 сомониатонро мегирад. Зарина гирад дарав дар ҳама ҷо эълон мекунед. Ин вазифаро пул метӣ мегирӣ, магарам мо ҳам аз шумо пул гирем. Амният мегирад пора, мо бестем? Не ки мардуми Нуробод феъли хабаркашӣ доранд».

Ҷалоли усторо Сиёвуши амният фарёд карда гуфтааст Ҷалол банг мезанӣ, арақ мехурӣ, номи маро чи мегирӣ? Маро мумкин нест бо шумо гап задан. Барои онки мошини маро ремонт мекунӣ ҳамроҳат чақ- чақ мекунам. Ҳар гапро, ки мешунавӣ ҳар ҷо нагу ва ҳақораташ кардааст Сиёвуш. Бо гуфтааст, ки паъати Ҷалол додари ту апаатро барои чи мезанад? Додарат дар куҷо аст? Ҷалол гуфтааст додарам Русия.

Наход барои зан шуда апаатро занӣ,сагбача.

Раҷабалии арақфурушро фарёд карда пурсидаанд, ки аз кӣ барои ин номаҳо, ки ба Ислоҳ меравад аз кӣ шубҳа дорӣ? Гуфтааст, ин ҷое, ки ман дорам- арақфурушӣ ҳама алтаранд «ай куҷо медонам, кӣ навиштай»?

Роғун

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Мустақим ба асли матлаб мегузарем.

Модарам бисту чор сол собиқаи корӣ дорад, имрӯз нафақахур аст. Баъзан вақт ҳайрон мешавад, ки чи хел зани ҳамсоя умуман на кори давлат кардааст, на кори дигар, зани тамоми умр хонашин нафақаи зиёдтар аз мани коргар мегирад.

Шукри Аллоҳ модари ман се писар дорад. Мӯҳтоҷи нафақаи давлат нест. Сухан дар бораи он аст ки кормандони ин ҳукумати беномус бо сарварии Раҳмонови беимон ба куҷои баданашон фикр мекарда бошанд?

Дар ҳар шаҳраку деҳаи Тоҷикистон шахсеро метавон дид, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ба манфиати нақшаҳои Ислом Каримов ва КГБ-и Русия тоҷик мекуштанду меҷангиданд, имрӯз бисёре аз онҳо нафақахуранд. Аксарияташон ба сабаби  зодаи Кулоб будан аз иштирокчиёни ҷанги 41-45 нафақа зиёд мегирифтанд.

Агар як ҷиноят ё беақлии пешвояшонро дар наздашон гап занӣ даррав ҷангро сар мекунанд. Инҳо метарсанд, ки ҳукумат иваз нашавад ва аз суми бе дарди миён монем.

Бисёрии тарафдорони Эмомалӣ Раҳмонов ва ин ҳукумати беномусон ба хотири маошу вазифа ва аз  беақлию беимонӣ ин қадар мардуми Тоҷикистонро ғорат мекунанду азоб медиҳанд. Як нафараш мегӯяд, ки мардуми Германия орзу доранд, ки ба монанди президенти мо президент дошта бошанд, ҳасад мехуранд. Охир ман чи хел фаҳмонам ин чоплусро, ки айни ҳол даромади солонаи Олмон  330 маротиба зиёд аст аз даромади солонаи Тоҷикистон. Албатта, мо медонем ба гуфтаи олими бузург (ду чиз беохир аст- кайҳон ва беақлии одамон )

Воқеаи дигар дар ёдам омад. Бо шахсе ҳамсӯҳбат шудам. Зодаи ноҳияи Варзоб будааст ва дар нерӯгоҳи Роғун кор мекардааст. Дар он вақт маоши онҳо тахминан якуним ҳазор сомонӣ буд вале як ҳамкасбаш панҷ ҳазор сомон мегирад. Он шахс  аз началник мепурсад, ки сабаб дар чист, ки ду кас дар як ҷой, як корро анҷом медиҳанд (сварщик) барои чи чунин маош мегиранд? Началник рӯирост дар рӯям гуфт, ки барои «ихели ойлика гирифтан бояд ай Данғара бошӣ»

Бале, мутаассифона мо мардуми Тоҷикистон арзандаи чунин пешвои маҳалбозу хешутаборпараст ҳастем.

Ваҳдат (Номаи 1)
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Рости гап маҷбур шудем, ки ба шумо нома бинависем. Якум бор мешавад, ки менависам.

Хусури ман дар шаҳри Ваҳдат дар ҷамоати деҳти Ромит, қишлоқи Сорбуғ зиндагонӣ мекунад. Чорводор аст.  Мо чорводорони Тоҷикистон баҳор ва тобистон мехохем чорвоҳоямонро суи дара Ромит ба деҳаи Сорбуғ барои чаро барем. Аммо шахси пулдор ва пуштдор Расулов Мустафои сорвоӣ ҳама куҳу пуштаву дараҳоро шахси карда гирифтааст, намемонад, ки молҳоямонро чаронем. Ҳатто молҳои қишлоқро иҷозат намедиҳад чаранд.
Ман аз рӯи Расулов Мустафо даҳ бор ба ҳама мақомотҳо ариза навиштам, ҳатто судбозӣ ҳам кардем. Аммо вай ҳамеша пулро меҷуқад ва мақомот тарафдори Мустафо мешаванд.

Худоро шукр, ки Расулов Мустафо бандагӣ ба ҷо овард, гуфтем акнун «ҷонмон медама, мерем чорвоҳоямонро мечаронем, аммо наабарод кор чиғел шуд».

Мустафо як духтар дорад бо номи Сайёра. Расулова Сайёра бо кличкаи немис. Ин духтар ҳамаи документҳоро сразу дар худ аформит кард. Аммо ин духтар аз отааш  ҳам гузаронд. Ин хонасухтаи Сайëра Расулова ганда будааст. Нафсаш он қадар ғори бетаҳ будааст, ки сари 50 сар гусфанд 1 гусфанд талаб мекунад.  Намедонем дар кӣ шикоят кунем.Ин Расулова Сайёра аз рӯи раиси пештараи шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир мепарад ва ҳеҷ касро дар к***ш намебандад. Мо чи кор кунем, ҳайрон мондем.

Бародар ин номаи маро нашр кунед, ки чораашро бинад, ҷаноби олӣ, муҳтарам Э.Раҳмонов. Ин Сайёра аруси раиси собиқи шаҳри Вахдат Амирзода Раҳмоналӣ мебошад, барои ҳамин рӯзамон намедиҳад. Охир ин Амирзода рафиқи ҷаноб боши баъд барои ин,ки ту рафиқи ҷаноби моро бояд зулм куни? Бги бевата ҷамъ кун аз инҷо!

Илтимос, чораи Ин Раҳмоналии Амир ва арӯсаш Сайёра Расуловаро, ки вес Ваҳдатро дар к***шон задагианд, бубинед.

Дар куҳҳои Ромит мавзеъҳои Сорбуғ, Девдара, Хонахоко, пахтакушо, Сорво ва чандеи дигар ҷойгирнад.
Бародар, ин чорводор бачаи холаи ман аст, аз ноҳияи Рудакӣ. Инвалид, як гурда дорад. Бародар инро ҳам бояд бигӯям, ки ин Сайёра Расулова ҷияни Расулов Карим Ҳабибуллоевич, сардори ДЭУ-и Ваҳдат аст.
Ваҳдат(Нома-2)
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадқибол! Нома аз шаҳри Ваҳдат равон карда мешавад. Нома дар бораи Расулов Карим Ҳабибулоевич раиси ДЭУ Ваҳдат аст.
Расулов Карим Ҳабибулоевич дар шаҳри Ваҳдат пеши дарвозаи Ромит як тарабкадаи дилхушӣ, дискоклуб кушодааст: живой музика, стрептизклуб, маҳалли фоҳишаҳо аст.
Хело духтарони тоҷикро дар ин клуб омухта кардагианд
Ин Расулов Карим духтарои ҷавон ва хушруро таги чашм мекунад бо онҳо ҳамхоба мешавад ва ҳамин, ки ҳомила шуд аборт мекунад. Онҳоро ба зоишгоҳи шаҳри Ваҳдат мебарад. Дар роддоми Ваҳдат духтари акаи Карим дар шуъбаи таваллудкунонӣ кор мекунад. Ному насабаш Расулова Сабоҳат Мустафоевна.
Карим бо ҷиянаш Расулова Сабоҳат договориться мекунад, ки кай дежурни меистад ва сразу ин духтарони камбағали ҳомиларо мебарад ва дар онҷо исқоти ҳамл -аборт мекунад ва баъзе духтарҳоро медузанд ва духтарро мисли пештара мекунанд.

Сабоҳати ҷиянаш аз пушти ин корҳои Карим Расулови амакаш хело бой шуд. Чунки ҳар вақте арусони амакашро аборт мекунад амакаш суми хуб медиҳад.  Ин ҳаромгаштон зинокор аз рӯи пулдориашон зиёда аз 100 духтари бокираро расида буғуз ва аборт кардагиян.

Ин ҳамон Сабоҳат Расулова ҳаст, ки апааш Сайëра Расулова аруси раиси собиқи шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир буд. Ҳатто апаашро ҳам паноҳӣ аборт кард, ки язнааш нафаҳмад.

Мо партизанҳои ваҳдатӣ аз руи ин хел бадгаштҳои ҳаромӣ кор мебарем.

Як ҷои шикоят дорем, ки ин ҳам Ислоҳ аст.

Сабоҳат Расулова ҷияни Карим Расулов дар роддом кор мекунад. Одамонро мезоëнад, аборт мекунад, медузад, «бокира» мекунад. Барои як таваллуд аз шавҳари зан аз 1500 то 2000 сомонӣ мегиранд. Барои аборту духтан бошад ба камиаш 1000 доллар.
Сабоҳат Расулова шавҳар дошт, соҳиби 4 кудак аст. Шавҳараш аз Ваҳдат, аз Истанса, Рустам ном дорад, устои мошин. Сағераи камбағал.

Як руз дар телефони Рустам кадоме аз дугонаҳои Сабоҳати занаш як видео равон мекунанд.

Дар ин видео зани Рустам, яъне Сабоҳат Расулова дар дача бо як духтар корманди ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба номи Нигора рафтори ғайриахлоқӣ анҷом медоданд. Лесби…. Сабоҳат Расулова бо Нигора.

Рустам, шавҳари Сабоҳат баъди тамошои ин видеои ӯро се таалоқ карда баромада меравад.

Аммо Сабоҳат Расулова бошад то ба ҳол бо Нигора, корманди ҳукумати шаҳри Ваҳдат робитаҳои номашруъро идома дода истодаанд.

Бародари азиз, хоҳиш мекунам, ин номаро нашраш кун, то инҳо аз роҳи бад баргарданд, ҳидоят шаванд.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №321 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №164
Нишастҳои хабарии мақомоти масъули Тоҷикистон ба анҷом расид, аз ҷумла мулқоти рубаруи масъулини вазорати дохилаи Тоҷикистон. Дар нишасти навбатии вазорати дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, ки ҳам шоиру ҳам драмматург аст ва бо тахаллуси Ниҳонӣ мадҳияҳои зиёде дар васфи Раҳмонов навиштааст ширкат надошт. Вай шояд дар таътил буд, шояд дар ягон сафари хидматӣ.

Аммо Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков ин нишастро гузаронд. Вале дар суолҳои рузноманигорон посухҳои мушаххас ва қонеъкунанд надод. Масалан ҳамин ҳодисаи куштори занҷираии дар соли ҷорӣ дар Конибодом рухдодаро тавре посух дод, ки мардуми одиро қаноат дода натавонист. Номаи аввали ин нашри барнома бо ҳамин масъла марбут аст:

Конибодом
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Зиёд гапро кашол намедиҳам, мағзи гапро мегуям. Гуфтаниам, ки Абдураҳмон Аламшозодаи муовини вазири дохилӣ руяшро сиёҳ мекунад. Гуфт, ки ду оилаи аз 7 оилаи кушташуда дар Конибодом аз муноқишаҳои оилавӣ кушта шуданд. Вай ин ҳодисаҳоро «қатлҳои муқаррарӣ» гуфт. Ин муовини вазир 100% дуруғ мегуяд.

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва СС.Ятимов, раиси КДАМ ҳам инҷо омада буданд. Ду ҳафта зиёд дар ҷои мо интернет набуд. Агар ин муноқишаҳо ва ин кушторҳо муноқишаҳои дохилӣ мебуд, ҳама гапро руирост мегуфтанд. Онҳо чизеро аз мардум пинҳон карда истодаанд. Ягон вақт чунин ҳодисаҳо дар Конибодом  руй надода буд, ки тамоми аъзои хонаводаҳо кушта шаванд. Ин қатлҳои муқаррарӣ нестанд.

Худи Абдусалом Тухтасуноғлу, раиси Конибодом гапи Юсуф Раҳмонро такрор кард ва охирон номаи чопкардаи шуморо  истифода бурд.

Палатаи ҳисоб дар нишасти охири матбуотиаш ҳамин чанд рузи пеш эълон кард, ки дар Конибодом маблағҳои зиёди буҷҷавиро аз онҳое, ки дуздидаанд,ошкоро ва қисми зиёди онҳоро ба давлат баргардонд. Аммо чаро ном нагирифт, ки ин кадом корхонаву муассиса аст ва оё Тухтасуноғлу ҳам дар ин ҷиноят шарик аст ё не? Чунки Тухтасуноғлу худро Пешвои муаззами Конибодом муаррифӣ мекунад.

Дар бораи номаҳои аз Конибодом ирсолшуда чи бигуям? Дар бораи Ҷалиловҳо   бекор нанавишта будем. Бояд менавиштем. Як нома дар бораи кланашон равон карда будам 5 руз пеш.

Ман боз такрор мекунам, ки бовар накунед ба Аламшозода. Ин Раҳмонов барои ошкор кардани номанависҳои конибодомӣ, ки ба isloh.net менависанд $10,000 доллар ҷоиза муқаррар кардааст, боз рутбаи нав, то ин ки милисаҳо ҳавасманд шаванду онҳоро биқапанд.

Чизи дигар, ки фаҳмидам ин аст, ки ба Ҷалилов номаҳо сахт таъсир мерасонад.Вале вай мардумро задагӣ.Бояд дар борааш боз ҳам бинвисем. Ман шахсан маълумот ҷамъоварӣ карда истодаам.

Вақте дар мақолаи «Раҳмонов наё Ғарм» як ҷумла дар бораи Ҷаббор Расулов хондам гирям омад. Онҳоро бо Эмомалӣ Раҳмонов муқоиса кардан мумкин нест.

Ман дар ҳукумати Конибодом кор мекунам. Метавонам дар бораи мансабдорони порахури ин ноҳия навишта фиристонам. Ин корро дар оянда хоҳам кард.

Ако ин номая нашр кнен ҳамаги маълумот буд. Саломат бошед.

Дар алоқа ҳастем бародар. Бег Сабур интернет дод

Охирин хабар ин аст, ки Раҳмонов ба наздикӣ Конибодом меомадааст. Барои мавриди истифода қарор додани роҳ. Аммо таърихаш маълум нест. Вале аз ҳамин ҳоло Тухтасуноғлую Қофлонбой дар тапартапар даромадаанд.

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Ончи, ки ман мегуям, шояд барои бисёриҳо қобили қабул набошад. Худамро муаррифӣ намекунам. Аммо он чиро, ки тавассути сайти шумо гуфтаниям, мегуям. Нашр мекунед ё не ин ҳам ихтиёри шумо аст.

Раҳмонов ва оилааш ба ин умеданд, ки агар ягон хезохези мардуми шавад, мақомот пеши роҳашро мегирад. Ё, ки армияро мехезонанд. Ҳозир дар қисмҳои ҳарбӣ ягон захира нест. Ҳама сумҳо барои захира ба зимистонро ҳам оилаи Раҳмонов медуздад. Боз вазир ва командирҳои қисмҳои ҳарбӣ муваззафанд, ки таъмин кунанд. Дар қисмҳои ҳарбӣ қашшоқӣ ва гушнагӣ ҳукмфармо аст.

Маоши корманди КГБ зури зур 3000 сомонӣ, ки ҳеҷ чиз намешавад. Мақомот дар вазорати мудофаи 123 миллион сомонӣ зиёд камбуд ёфтанд. Фикр мекунед, ки ин пулҳоро кӣ медуздад? Гуфтанд, ки 52 кас барои ин пулҳо дастгир шудаанд. Ман бовар дорам, ки сад каси дигарро ҳам дастгир намоянд, аммо дуздони асосӣ дар озодӣ мемонанд. Чунки дуздҳои асосӣ хешу табор ва одамҳои наздики худи Раҳмонованд.

Аз руи баъзе аз маълумотҳо бояд Юсуф Раҳмон раиси КДАМ ё раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент равад. Сулаймон Султонзода, ки ҳоло раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия мебошад дар ҷойи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ мешавад. Султонзода аз Данғара аст ва дигар инки шогирди худи Юсуф Раҳмон мебошад

Баъди ҳодисаи Саидҷаъфар Усмонзода клани фархориҳо аз боварӣ баромад ва Раҳмонов ба СС.Ятимов гуфтааст, ки масъалаи марзро тезтар ҷамъбаст кунад. С.С медонад, ки ҷамъбаст кунад, «лингош ай ҳаво миёя». Юсуф Раҳмон бошад, кушиш дорад, ки тезтар мафияи СС-ро ғалтонад.

Ёдатон бошад мо дар соли гузашта баъзе аз маълумотҳоро аз компютери КДАМ чоп карда гуфта будем, ки соли 2024 соли ҳалшаванда аст ва СС.Ятимов дар коркарди як кудато ва бори души Юсуфу Раҳмон кардани онро машғул буд. Ҳамаи ин корҳоеро, ки ҳозир карда истодаанд, мо соли пеш гуфта будем ва шумо ошкор карда будед. Хусусан оиди он ки писари Мансур Умаров дар бари Исмоили Пингвин аст ва маълумотҳоро ба падараш медиҳад. Оиди оне, ки С.С.Ятимов, Мансур Умаров,  Музаффар Ашуриён, Мурод Саидов ва боз чандин нафарҳо ба саҳнаи сиёсат ба кумаки Убайдуллоев омадаанд.

Аммо ҳоло кор чапа шуду Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон нақшаҳои СС.Ятимовро тоб доду ба пойи худаш баст. Қазияи Саидҷаъфар Усмонзодаро бояд то сентябр ҷамъбаст кунанд. Аммо ҳоло боз чанд нафари дигарро кашиданианд ба ин моҷаро. Шояд боз қапоқап мекунанд. Ҳатмани ҳатман Убайдуллоевро ҳам мебаранд. Чунки Раҳмонов аз вай сахт хавф дорад. Иҷозат намедиҳад, ки ором бимонад.

Ман ростӣ, намедонам ин гапи шунидаам дуруст аст ё не, аммо писари Убайдуллоев дар Париж, ки сафир аст эҳтимол дорад дар онҷо даъвои паноҳандагӣ кунад. Чунки вазъияти падараш соз нест.

Дар МВД ҳам одамони як замон наздики худи Раҳмонов масалан Хуршеди ОМОНу Суҳроб Раупов, ки ҳарду генерал буданд, дур андохта шуданд. Худи ҳаминҳо, ки одамони преданний буданд, гуфтаанд, ки мо бас мекунем. Як хелаш сабабашро ин тавр мегуянд, ки моро ҳам мекушанд. Дар вақташ Суҳроб Қосимро кушта буданд. Рустам меравад дар ҷаласаи Федератсия дар гостиница бо қундоқи пистолет дар пушти сараш мезанад ва мегуяд, ки «ҷоя холӣ кун бте, ма одамои худма мемонем». Ҳамин Суҳроб Раупову онҳоро ҳам гап –гап аст, ки мекушанд. Чунки инҳо ҳам бисёр сиру асрорро медонанд. Хуршеди Амону аҷабе нест, ки ҳамин СС.Ятимовро ягон кор кунанд. Як чиз бояд бикунанд. Барои онки Раҳмонов ба ҳеҷ кас бовар надорад. Дастгоҳ ҷойи муҳим аст ва раиси Маҷлиси миллӣ ҳам. Маълум аст, ки Рустам бо муаллима –Озода дар Раёсати ҷумҳурӣ якҷо кор намекунанд. Аммо Сулаймон Султонзода ин шогирди Юсуф Раҳмон аст. Юсуф Раҳмон дар Дастгоҳ як вақт муовин  буд.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман мухлиси доимии «isloh.net» ҳастам. Ҳамеша сайтро мехонам. Дар Кулоб зиндагӣ мекунам. Ҳоло мехоҳам аз газетаи СССР як навиштаашро бароятон мефиристам. «СССР»-ро ба назарам хумори солҳои пешинааш гирифтаасту дар шумораи ахири  худ як матлаби солҳои пеш чоп кардаашро ба нашр додааст. Ин матлаби он соли 2008 аст. Ман бовар дорам, ки ҳоло ин қабил маводҳоро чоп намекунад. Он солҳо боҷуръат буд. Ҳоло тамоман дигар шудааст, нашрияи ҳукуматӣ барин. Аммо ин матлабаш мушкилотро бозгу мекард, мушкилоте, ки ҳамин ҳоло ҳам идома дорад. Матлаби мазкур таҳти унвони «Ҳасан – аробакашҳои даврони мо: Гап назанен, ки ҳамамона аскарӣ мебаран!» дар таърихи 7 августи соли ҷорӣ чоп шудааст:

«Ҳасани аробакаш» қаҳрамони асари устод Турсунзода аст, ки дар авоили ҳукумати СССР ба cap бурдаву то ахир намехост тағйири касби пуршарафи аробакашӣ кунад. Ҳасанҳои муосир аз касби худ шарм медоранд, вале барои дарёфти қути лоямут дастаи аробаро аз даст раҳо карданӣ нестанд. Чаро? Барои посух ба ин суол ва ошноӣ бо зиндагонии ҳамсолони аробакаши худ мо вориди бозори Шоҳмансури пойтахт шудем.

Дар нуқтае, ки истгоҳи аробаҳост, ҷавонони зиёде ҷамъ омадаанд. Аксарияти аробакашҳо гуфтанд, ки аз «касби барои Ҳасан пуршараф» шарм медоранд. Aммo зиндагонӣ онҳоро маҷбур кардааст, ки партаи мактабу Донишгоҳро ба дастаи ароба бадал кунанд. Саид ном ҷавоне гуфт, ки «акнун шумо менависеду мо аз ҳамин ҷои кор низ маҳрум мешавем». Саид аслан бовар надошт, ки барои онҳо ҳукумат ҷои кор таҳия кунад. Ӯ бовар танҳо ба «клиент», чархи ароба ва зӯри бозӯ дораду бас. Насим, аробакаши дигар изҳор дошт, ки танҳо бо нияти ҷамъ овардани пули билети ҳавопаймо кор мекунад, то ба Русия ба муздурӣ равад. Дар ин маврид, яке аз ҷавонон ба шарикон гуфт, ки «гап назанен, ки ҳамата хизмат мебаран!»

Маълум шуд, ки ҳамаи мусоҳибони ман нияти тағйири касб доранд. Суоле матраҳ аст, ки чаро ишон аз касбе, ки онҳоро мехӯронаду мепӯшонад ор доранд? Шояд ин ҳавову ҳаваси ҷавонист ва ё онҳо дарк кардаанд, ки ин касб ба онҳо равшание дар пеш нахоҳад афрухт?

Байни ишон ҷавонони донишмандро низ дучор метавон шуд. Ба гунаи мисол Манучеҳр Шарипов, сокини ноҳияи Восеъ 2 сол дар Донишгоҳи исломии пойтахт таҳсил кардааст. Бо сабаби сангинии рӯзгор донишгоҳро тарк кардаву аробакаш шудааст. Манучеҳр умед дорад, ки боз донишҷӯ шавад. Ҳадафи нави аробакаши ҷавон Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистон аст. Нафари дигар, ки номашро нахост бигӯяд, афзуд, сабаби усулии тарки Донишгоҳ кардану аробакаш шудани ӯ устодони ришвагир будаанд. Ин нафар гуфт, устодон аз ӯ ришва талаб кардаанд ва чун пул надошт «аз донишгоҳ хориҷ шудааст». Ӯ мегӯяд, «галстукҳои фасонро устодон аз ҳисоби пули мо мебанданд» …

Воқеан ҳам ҳини суҳбат бо аробакашҳо ва дар муҳити ишон будан ҳис менамоӣ, ки ҳар яке аз ин ҷавонон умеде, орзуе дар дил доранд, ки дар бисёри маврид аз ифшои он худдорӣ мекунанд. Ва аммо дақиқан ягон нафари онҳо орзӯи идомаи касби пуршарафи Ҳасани Турсунзодаро надошт. Пас чи орзуе доранд, Ҳасанҳои муосир??? Сиррест, ки мо натавонистем онро бикшоем. Аммо дилсардие амиқ ва ноумедие қавӣ дар ҳар сухани ишон ба гӯш мерасид, ки рӯи қоғаз овардани он барои мо гаронӣ дорад.

ФАРЗОНАИ ШАЪБОН, «СССР»,  №6  Панҷшанбе  16 октябри  соли  2008  СССР.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокин ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ ва яке аз мухлисони шумо ҳастам.

Ман шуморо тули 3 сол аст, ки тамошо мекунам. Мехостам дар бораи вазъияти ноҳияамон ба шумо маълумот диҳам.Яке аз пастарин, ифлостарин, бесоҳибтарин дар байни шаҳру ноҳияҳо ин ноҳияи мо мебошад. Ягон нафар дар инҷо аз ҳамин ноҳия дар вазифаҳои баланд кор намекунад. Ҳамаи одамҳояшро президент аз дигар шаҳру ноҳия махсусан аз Данғара оварда мондааст. Зулм  дар ҷои аввал меистад. Масҷидҳо маҳкам. Рузи ҷумъа дар назди масҷиди ҷумъа  амниятиҳо хеле зиёданд ва талабаҳои мактабу ва донишҷуёнро иҷозат намедиҳанд.

Дар инҷо порахурӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ дар авҷи аъло аст. Бозорҳоямонро чапа карданд, ду маротиба оташ заданд. Мо маҷбур  шудем чизу чораҳоямонро ҷамъ кунем ва ба бозори нав кучем. Дар бозори нав ҷой нест. Ҳарруз барои ҷой-точка ҷанг. 1м ²  20 ҳазор сомонӣ. Ба ғайр аз ин боз ҳар саҳар 5 сомонӣ, плюс, барқ, налог, ули участковий ва ғайра. Нарх дар осмони ҳафтум. Таксиҳоро  намемонанд, ки барои ризқу  рузиашон кор  кунанд. Ҳозир Зайнулло барои одамон даже  маршуткаҳои бепул ба муддати 6 моҳ овард, то ин ки халқ аз он бозори куҳна харид накунанд ва ба бозори онҳо оянд. Ҳоҷӣ Зайнулло  ҳавзҳои  моҳии мардумро аз дасташон зада гирифт. Канӣ  демократия, канӣ озодӣ? Боз дар қисми роҳи дарёи Вахш  аз тарафи роҳи Правда (Фрунзе), ки ба мо наздик буд, он роҳро маҳкам карда дар он ҷо шутур  парвариш  дорад.

Дар духтур ҳиҷ кас писандат намекунад. Паспортний стол- ин ҷойро нагуй. Дар инҷо  порахурӣ дар авҷи аъло. Дар ҳар як кор  аз 20 то 200 сомонӣ ғайр аз паспорт  аз ту мегиранд. ГАИшникҳоро  нагуӣ ҳам мешавад. Ҳамааш муфтхур.

Мардум аз дигар шаҳру навоҳӣ  омада состоянии  худаш ва звеноашро баланд  намуда меравад. Ман одамеро дидам, ки ду бор коррупсия уро дастгир  кард вале вай пул доду баромад. Дар ҷони мардум задагӣ аст. Насеби вай Бобохонов мебошад.

Дар прокуратура ҳамааш  муфтхур, саводи дуруст надоранд:- «иқа салдате, ки хизмата  бут када да банкҳо охранники кор мекардак оварда корда гирифтиян».

Дар бораи шуъбаи маориф нагуем ҳам мешавад. Яке аз сардорони ин шуъба, ки номаш дар ёдам нест, тарафи директорон мегуфтааст, ки «худо ризқи манро ба дасти шумо меорад». Вай бо котибааш робита доштааст, утоқи кори даромада дарро аз дарун занҷир мекардаанд, пардаҳои тирезаҳоро мебастаанд ва кори худро пеш мебурдаанд. Ин корро ҳама кормандони маориф медонанд. Ҳатто шавҳари беномуси он духтар ҳам медонистааст. Лекин пеши роҳи ин кори зиштро намегиранд. Дар инҷо духтарҳоро бероҳа карда истодаанд. Аз пушти маршировка садҳо духтар бероҳа шуд. Ман ин корҳоро бо дуто чашми худам мушоҳида кардаам.

Дар мактабҳо дарс нест. Ҳеҷ кас намехонад. Муаллимаҳоро гуш намекунанд, кадр нест, ҳама гурехта рафтааст ба Русия. Дар се моҳ муаллимҳоро як бор маош медиҳанд. Аз ҳамин сабаб  аз талабагон пул мегиранд.

Ман харҷи синфи 11-иамро ҳисоб кардам, ки маълум шуд дар ҳаҷми 3780 сомонӣ харҷ  кардаам. Аз ҳамаи чи мо талабагонро пул мепурсанд. Ман медонам, ки айби инҳоям нест. Инҳоро мачбур мекунад зиндагӣ ва одамони боло. Дар фарҳанги мо як чиз  мегуянд «ов аз боло лойяй аст «. Ин мақолро ҳамаи коргарони давлатӣ истифода мебаранд. Халқ ҳама безору ҷон ба лаб шудааст, ҳама гурехта рафта истодааст Русия.

Билети  ҳарбӣ  51,000 шудааст. Аммо ин маблағро дар банк месупорӣ. Ба ғайр аз ин ба миқдори 35-40 ҳазор сомонии дигар харҷ мекунӣ. Ман гирифтанӣ будам.  Аммо ин нархро дидам ва зури ман нараси. Дар ин ноҳия агар таға дошта бошӣ  тамом, «тда зелёный светафорай, любой кор мефорат мекни, тағадоро гаштиян, бе ягон военний  билет, мо гаштем хору зор дар Русия». Дар мавриди риш ва сатр нагуем ҳам мешавад, ин ба ҳамагон маълум аст. Дар бозор, қишлоқ, боғҳо умуман дар ҷойҳои ҷамъиятӣ амниятиҳо мегарданд ва одамеро, ки диданд ришаш  аз 1 см дароз, тамом капаш  дуд кард. Агар тағадор бошад, ҳеҷ гапе не, агар таға надошта бошад, мебаранд дар отдел мурданак мезананд ва ришашро хушк ба лезва мегиранд, агар муқобилият нишондиҳӣ ҷарима ва маҳкамат мекунанд,

Сардори шуъбаи маорифро дар аввалҳои соли 2023 аз вазифа барканор карданд. Вале вай сум дода боз ҷои худашро гириф. Ҷои руғаниашро. Дар охирҳои моҳи июн як қонуне баромад, ки 27 нафар директорон аз вазифа барканор ва дар ҷои онҳо занҳоро гузоштанд. Аз ин нафарон боз чор кас ҷояшро харид. Дар ноҳия ҳатто як завод ё фабрика  нест. Аз боло тамоман аҳамият дода намешавад. Ҳамааш пул. Аз вилоят меоянд сумашон медиҳанду дар ошхонаи нав, ки дар тарафи рости бозори ҳоҷӣ Зайнулло ҷойгир аст, мехуронанд,

Ман дар деҳаи Мирзообод, ки бо номи деҳаи террористон дар тамоми ҷумҳурӣ машҳур аст, зиндагӣ мекунам. Дар мактаби ҳамон деҳа мехонадам, ҳамон мактабе, ки дар соли 2017- 17 августи соли 2017 Эмомпиён омада онро ба истифода дод ва гуфт «чи барои як ҳами оғил (говхона) маро ба иҷа даъват кардед?»

Ҳозир бошад бо аҳли оилаамон  дар Русия кор ва фаъолият карда истодаам.  Ҳамон солҳои 2016-17 буд, ки омада чор масҷидеро, ки фаъолият мекард, бо ҳар баҳона маҳкам карданд. Ба Аллоҳ қасам аз тарафи амният ва бо ёрии ҷамоат ҳофиз ва раққоса оварда дар назди бинои масҷид консерт баргузор карданд ва подстава карда масҷидҳоро маҳкам карданд. Кудакҳоро аз ҳамон аввал   ба намози боҷамоъат ва таробеҳ намемонданд. Ман аз хурдсолӣ шавқу завқ доштам ва ҳангоме 12 сола будам ба масҷид рафтам. Дар намози пешин маро қариб ҳеҷ кас аҳамият надод ва дар намози аср бошад маро аз пасам бузҳои маҳалла ба тиёқаш зад ва дар вақти намоз аз пасам бо овози баланд аз модарам ҳақорат кард. Аз руйи ман шуда як мард бо он ҷанг  кард. Зеро он мард имонаш мустаҳкам буд ва уро мардуми онҷо қапиданд. Пас уро гуфт «тамошо ку ма тра алов мезанм». Баъди ин кор уро бурда бо статияи салафӣ маҳкам карданд. Баҳори имсол аз маҳбас озод шуд. Ман дар панҷсолагӣ Қуръонро хатм намуда будам. Ман хеле шавқ доштам. Баъди ин кор дилам хеле сиёҳ шуд, то ба балоғат расиданам ба масҷид намерафтам. Он масҷидҳо ҳам дар ҳамон ду ё се сол маҳкам шуд.

Ман ҳақиқатро мегуям. Ҳозир дар Русия кору фаъолият карда истодаам, дур аз падару модар. Директори мактаб ҳоло Шамсия Худойбердиева аст. Пештар директори мактаб Давлатов Додарбек ва муовинаш Худойдодов Дилшод буд.

Давлатов Додарбек пешина директори мактаб пенсия баромад. Лек бо муаллимаҳо алокаи зич дошт. Ман худам бо чашмони худам дидам, ки муаллима нимлухт дар бағалаш буд. Номи ин муаллима Худойбердиева Шамсия директори ҳозира, ки пеш муовини Давлатов буд.

Дар солҳои кушодашавии мактаб, соли 2017 ба дили Давлатов даромада уро ба ҳаҷ равон кард. Давлатов ба вай гуфт, ки то омаданам дар ҷои ман кор кун. «Вақте , ки ма омадьм ҷома мегирм» ва билет  гирифт. Вале ҳангоми регистратсия дар назди даромади самолёт муаллима Худойбердиева Шамсия бо ҳамроҳи коргарони амният ҷамъ шуда бечораи Давлатовро маҷбур карданд, ки ба аризаи аз кор баромадан имзо кунад. Вай ҳеҷ чора надошт ва имзо карда ба самолёт савор шуда рафт. Пас аз он ғоратгарӣ, дуздӣ, авбошӣ, ғуломсозиву бероҳакунии духтарону муаллимон сар шуд. Муаллима Шамсия моро тарсонда мегуяд «агар сум натиен ма шуморо да ноболиғон метим».

Участковийи ноҳия оид ба ноболиғон Чиноров Шоҳрух, бачаи ҷавон бо у ҳамкорӣ дорад. Бардуруғ уро дар назди талабагон занг мезанад ва даъват мекунад ва мегуяд, ки «ҳамиқа сум те ҷонт халос». Мо аз маҷбурӣ медодем. Вай моро таҳдид карда мегуфт, ки «ма ай ягонтат наметарсм, ягон кас мара ай вазифа гирифта наметона, бра то президента шикоят кн, ай дастшон ҳичи намия, ма задагиюм любойша».

Муаллима шавҳар надошт. Аз соле ман ёд дорам, кавалерҳои у бисёранд, аз ҷумла сардухтури поликлиникаи ноҳия. Вай бо як мошини ЛАНД КРУЗЕР ПРАДО номер 1111 мегардад. Аз ягон кас ҳомила нашуд. Лекин дар сини 43 солагӣ чи кораеш кард, ки соҳиби як духтарча шуд. Дар солхои 2021-22 кавалери дигариаш Илҳом, муовини прокурор, кавалери дигариаш Абдурауф, сардори уголовний розиск. Вай, кутоҳи гап бо коргарони боломақом  робитаи наздик дорад.

Муовинаш Худойдодов Дилшод, ки ин дигар хел мегуяд ва он дигар чиз мегуяд, Дар ҳаёташ ягон бор рост гуфтагӣ нест. Гапаш ҳамеша дуруғ аст. Порахури №1.  Талабагонро таҳдид мекунад, ки рафта ришқа ( юнучқа ) ва гандуми манро даравед, вагарна аз имтиҳон меафторонам. Директор ҳам ҳамчунин. Наход муаллим талабаро бурда дар вақти дарсӣ ва берун аз дарс кор фармояд. Кани назорати ниҳодҳои давлатӣ?   Ман якумин одаме ҳастам, ки аз ин деҳа барои шумо менависам. Шояд пас аз ин боз дигарҳо ҳам ҷуръат пайдо карда менависанд.

Дилшод бо лақаби кал (лисий) ноболиғонро дар таробеҳҳо безеб нигоҳ карда дар вақти дарсӣ онҳоро ҷангу ҳақорат мекунад. Ин бадбахт духтарон ва писаронро аз роҳ мезанад.

Дар соли 2023, ки ба Тоҷикистон сафар карда будам, барои дамгирӣ, рузи 7 март буд, рузе, ки дар мактаб духтарон ид доранд, ман бо ду чашми худам дидам, ки ин кали бадбахт калиди кабинеташро ба ду писар дод ва онҳо 2 духтарро гирифта ба кабинет даромаданд. Он тарафашро худатон фаҳмед. Ман инҳоро хуб мешиносам, вале номҳояшонро намегирам. Эй мардум ҳушёр шавед, ин чи бадбахтист? Аз сабабе, ки ман камтар кори зарур доштам рафта муаллимаамро табрик карда ба аэропорт рафтам. Соат тақрибан 14:00 буд. Ҳама ба кори худ машғул буданд. Аз байни 3 сол гузашт. Вай соҳиби 4 замин ва 8-9 чорвои калоншуд, директорамон ҳамчунин, хонааш пур аз чорво. Кутоҳи гап соҳиби ҳамаи чиз шуданд. Худойдодов моро таҳдид карда мегуфт: «ман аз ҳеч кас наметарсам, рафиқи ман дар дастгоҳ кор мекунад, ҳеҷ кас маро аз кор гирифта наметавонад»

Як дигареро инҷо мехоҳам қайд кунам. Дар вақти ифтитоҳи бинои мактаб, ки лентаи онро Эмомалӣ Раҳмонов бурида буд, дар он ҳолат ҳамаи корхонаҳоро маҳкам карданд. Дар паси ҳар хона ду одам бо силоҳ, бо газел ОМОН-ҳоро оварданд. Ҳамаи онҳоро дар хонаҳо ва дар масҷидҳо ҷой кардем. Ба онҳо хурок аз ҳама тараф таъмин намудем. Чуноне дар боло қайд кардем Эмомтапак гуфт: «мара барои ҳами оғил барои чи даъват каден?» Бо ин гап ҳамаро шарманда кард ва роҷеъ ба деҳаи мо гапҳои безеб гуфт ва танқид кард. Моро дар ҳамаҷо террорист гуфта мешиносанд, именно деҳаи моро.

Якчизи дигаро хостам кайд кунам , аз тарафи давлат помощ меояд, орд ва кумур,  ман «Ба АЛЛОХ қасам мехурам» бо ду чашми худам дидам, ки Ин ХУДОЙБЕРДИЕВА бо ароба  ба хонааш гирифта бурд! Магар ин харом нест? Моли садхо кудаки дигарро мехури: дар авалҳои моҳи ноябр буд ба фикрам аз тарафи давлат проверка омаданд барои кумур,  дар ҳамонҷоҳам машеники карда  20 кг 25 кг шумурда худашонро озод карданд, хангоми бараси хар як синф муалим даромад ва пеш аз комиссия ба талабагон гуфт: агар пурсиданд алов мекунанд, чоятон гарм аст гуед ҳо ҳама сад фоиз аст,  дар вокеь ягон чиз соз нест,  ҳамаи рафиқонам аз хунукии мактаб шикоят мекунанд , то кай ОХИР?.

АКАИ Муҳаммадиқбол ман худи имрӯз аз рафиқонам фаҳмидам, ки як писар  бо номи Шералӣ ки соли тавалудаш 2002 мебошад ва дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад , дақиқ дар деҳаи мо ,тақрибан як сол шуд дар қисмати ҳарбӣ хизмат мекунад ва 4 рӯз пеш чашми онро камандирхо бо чизе намедонам зада кафонданд,  хозир  чанд рӯз мешавад дар балниса мебошад, писар дар ҷавони аз як чашм маҳрум монд, духтурҳо гуфтанд: «агар шумо камтар дер мекардед шояд он чашми дигараш  кур мешуд» ин дар вокеъ ҳақиқат дорад, агар бовар намекунед рафта бинед , дар хонаи ин сарбози ҷавон мотам аст, магар ҳамин аст хизмати ҳарбӣ? Одамҳоро инвалид карда ба дасти падару модарҳо медихед? то ҷон дар бадан дорам бар алайҳи шумо мубориза хоҳам бурд , ИСТЕЪФО ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ!

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №164 появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №115
Ин нома, ки бо он ин шумораи «Номаҳо…» оғоз мешавад, бисёр ҳам дардноку аламовар аст. Сарнавишти як ҳамватани мост, ки дар дасти ин тоифа ва гурӯҳи ноинсоф сиёҳу талх гаштааст. Шумо бубинед, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати қонун, ки бояд аз ҳуқуқи мардум ҳимоят кунанд, ба чи қонуншиканиҳои сангин даст мезананд. Ва аламовартар ин аст ки ҳамаи ин аъмоли ғайриинсонӣ аз номи давлат ва аз тарафи корманди органи давлат содир карда мешавад.

Раҳмонов хеле аз маъмурину масъулини ин соҳаҳоро дар ин авохир иваз кард. Ҳоло бубинем, ки бо ин нафароне, ки аз онҳо конкретно ном бурда шудааст, чи хоҳад кард:

Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алайкум ва рахматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин  нома аз ҷамоати Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, собиқ Куйбишев ба шумо фиристода мешавад. Номаро бар асоси нақли қавли як корманди милиса навиштам, ки  шахси гирифтори ин мусибат ҳоло дар муҳоҷират қарор дорад.  Чанд бор ин капитан ин ҳикояти талху шурро дар назди ман кард. Гуфтам, ки бинависаму ба “Ислоҳ” фиристам, розӣ нашуд. Вале ман вақте худам дидам баъзе чизҳоро дигар гуфтам ҳарчи бодо бод навиштам.  Ба ин умед, ки мақомоти давлатӣ ва махсусан Прокурори генералӣ ва вазири дохилӣ баъди мутолиаи он аз пайи таҳқиқу тафтиши мунсифонаи ҳолат ва вазъияти ӯ мешаванд. Ҳам Прокурори генералӣ ва ҳам Вазири дохилӣ метавонанд, ин номаро ҳамчун муроҷиат ё шикояти расмии як шаҳрванди одии кишвар қабул кунанд.

Ҳодиса аз чи қарор аст?

Соли 2021 Қаҳоров Зубайдулло аз оилааш ҷудо мешавад. Оилааш ба ӯ хиёнат мекунад. Соҳиби се фарзанд ҳам буда аст.

Қазияи ҷудо шудани Зубайдулло аз ҳамсарашро вақте пурсидем ба мо гуфтанд,ки ҳамсараш Хиромон бо як зани ҳамсоя ҷанҷол мешавад ва он зани ҳамсоя мегуяд,ки ту бо фалон марди бегона дар набудани шавҳарат муносибат дошти ва шавҳарат дайюс аст. Танҳо ин суханон сабаб гашта будааст,ки Хиромон аз хонаи шавҳараш баромада худаш равад ва Зубайдулло ӯро талоқ надода будааст ҳатто. Вақте Зубайдулло аз Хиромон талаб мекунад биё дар додгоҳ бе гуноҳиятро исбот кун то зиндагони кунем. Аммо Хиромон мегуяд,ки не ман инкорро намекунам ва зиндагонӣ ҳам намекунам. Пас аз он Зубайдулло талоқашро дода будааст.

28 апрели соли 2022 ӯро участковияшон Комил бо ҳамроҳии старший участковий аз хонаашон гирифта ба шуъба милиса меоваранд. Ба утоқи кории Музаффар Бойматов, сардори шуъбаи милиса медароранд. Дар кабинети началники милиса хусураш якҷо бо началник нишастаанд. Хусураш аз Ғарм, аз ҷамоати Қазноқ, деҳаи Вардуч, Баҳриддин Асоев ном дорад. Музаффар Бойматов, сардори милиса ӯро чор рӯз муҳлат медиҳад ва мегуяд, ки «мерай Ғарм накалени мезани дар пеши хусурут, занта мегирӣ миёрӣ». Вай ба кала нагирифтааст. Боз, чанд рӯз пас Комили участковий аз хонаашон ба отдел меоварад. Сардори милиса якҷо бо калони участковийҳо Ғайратов Амиршо Аҳтамович ,ки ӯ ҳам ғармӣ аст дар дастҳо ва ҳам дар пойҳояш завлона (наручник) мезананд ва се соат бо дастаи бел, ҳамчуноне як харро мезананад, мезананд, намекушанду халос. Дуюм рӯзи моҳи шарифи Рамазон. Ӯро аз соати 15.00 медароранду соати 22.00 ҷавоб медиҳанд. Рӯзадор буд. То аз хонаашон ҳардуи паспорташро намеоваранд, ӯро ҷавоб намедиҳанд. Пагоҳаш мераваду дар Қурғонтеппа аз судмедэкспертиза мегузарад. Ягон адвокат ҳозир намешавад, ки аз номи вай ҳатто шикоят нависад. Бо як омузгори шиносаш якҷо мешаванду бо даст ба номи Қурбон Зафарзода, прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ домоди Нуриддин Раҳмонов шикоят менависанд. Ду рӯз мегузарад. Ӯро аз прокуратура занг зада мегуянд, ки ҳуҷҷатҳоро оригиналашро биёварад. Нусха қабул карда намешавад. Ман набурдам, гуфтам намешавад, ман пеши Юсуф Раҳмон меравам. Ҳамон бегоҳ раиси маҳаллаашон занг зада ба дари хонаашон бо велосипед меояд. Номаш Маҳмадсафар Мирзоев. Гуфт, ки фарёдат доранд: «натарс, биё равем» мегуяд. Ин одам бо ҳамроҳии раиси маҳалла меравнад, аз ҳудуди деҳа берун, дар назди як заправка. Онҷо 3 мошин истода будааст. Нишон дод, ки пеши ҳамон мошинҳо биравам: «ма велика дар запрафка мемонм миём». Вале раиси маҳалла ӯро монда худаш мегурезад.

Дар як мошинаш Дӯстов Ҷумъабой тағои занаш, милисаи собиқ ва Пулод Раҳимов, сардори УУР, Ғайратов Амиршо ва Музаффар Бойматов нишастаанд.

Музаффар Бойматов ӯро пистолет мемонад, ки «бо ту жаловт мекни ай мо?».

Мегуяд, нишон доданд, ки полни коғазҳои жаловат навиштагияш дар дасти онҳо буд. Дастур ва таъкид мекунанд, ки пагоҳ кабинети участковий фарёдат мекунем, чизе мегуем, ҳамон тавр менависӣ, ҳамон гапҳое, ки мо мегуемат, пеши компютер мегуӣ, мо запс мекунем. Вай ба кала намегирад. Таҳдид мекунанд, ки агар ин корро накунӣ ягон аъзои хонаводаат зинда намемонад. Ҳама авлодта мекушем ва ҷавобшонам метем, медони мо кӣ ҳастем?.

Раиси маҳалла маҷбур мекунад ва мераваду менависад. Саҳар меравад Қурғонтеппа ва ҳамон ҳуҷаатҳоро боз аз сари нав мегирад. Дӯстов Ҷумъабой ва сардори милисаи ноҳия Музаффар Бойматов руирост мегуянд, ки мо фармудем, ки туро бизананд: «бра пеши Юсуф Раҳмон, духтари Юсуфта ме..йм. Вай мегуяд, ки барои ин корҳои кардаатон то пеши Ҷаноб меравам. Дӯстов Ҷумъабой мегуяд, ки духтари Рустамтро ме…м».

Ин капитан мегуяд, ки наворҳои аудиоиашонро дорад, диск кардааст ва якҷо бо делояш мебошад.

Хуллас Музаффар Бойматов даҳ рӯз муҳлат медиҳад, ки дар Тоҷикистон набошӣ. Ва ӯ моҳи майи соли 2022 маҷбур тарки Тоҷикистон карда ба хориҷа меравад ва аз ҷабри ин ҳомиёни ҳуқуқ бозгашта ба ватан рафта наметавонад.

Дар мавриди ҳамсари Қаҳоров Зубайдулло чунин маълумот расидааст,ки  дар Ғарм ҷамоати Қазнок дар мактаб  муаллима шудааст вале  бе ҳуҷҷат яъне диплом надорад ва номаш  Асоева Хиромон Баҳридиновна. Мардуми  Қазнокиҳо донанд, ки ин зан хиёнаткор тарбияашон карда истодааст.

Ин бародар мегуяд, ки модараш дар 73 даромадааст ва ҳаррӯз дар пеши идораи прокурору суд. Безор шудааст. Ҳар вақт фарёдаш мекунанд.

Мегуяд, ки Ҳеҷ кас чени Қаҳоров Зубайдулло алимент намедиҳад. 120 то 160 сомонӣ сари фарзанд аст. Мо ҳар моҳ 200 сомонӣ 600 сомонӣ месупорем. Дар хонаашон ягон чиз намондааст. То ангиштҳояшонро хусураш омада бо участковий гирифта бурдааст. Паяҳошонро ҳам ба ҳамсояҳояшон фурӯхт. Ин бечора куҷо биравад, пеши кӣ арзу додашро расонад. Се сол шуд алимент месупорад. Чанд бор шуд мехостааст ЗАГСашонро ҷудо кунанд, намегузоранд. Мегуянд ба Қаҳоров Зубайдулло ки 18000 сомонӣ раву дар бонк супор, квитансияашро биёр баъд. Ин чи давлатдорӣ аст?

Як нафарро Парвиз мегуянд. Қадаш 2 метр. Дар отдел охрана кор мекунад. Гуфт делои ӯ аз КПП он тараф гузаштагӣ нест. Делоҳояш гирдгирди Прокуратура гашта истодааст. Через КПП бояд гузаронӣ. Як чиз ба дасташон медиҳӣ баъд мебаранду месупоранд».

Падараш соли 1988 аз дунё гузашта шудааст. Модари 73 солаашро ҳаррӯз даъват мекардаанд. Аз прокуратураи Ёвон. Вақте нарафт боз аз суди Ёвон фарёд мекунанд. Штрафаш омадаст 360 сомонӣ. Ин хусури беномусаш  аз болои модараш шикоят кардааст. Дар куҷо дуруст мегирад, ки кампири 73соларо ба ҷойи бачааш штраф кунӣ. Ин чи хел қонун  магар ҳаст?

Як Пулоди уголовник ҳаст ҳар коре хоҳад мекунад вақте тибқи қонун хости фаҳмони ва даъво куни бовар кунед руй рост мегуяд:  “мара кришам Дӯстов Ҷамшед корманди коррупсия ҳаст ва ӯ ҷурай Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода ҳаст куҷое мефорат шикоят куни рафта кардан гир мада ягон праблема намешавад.”  Шахси мушкилотдор аслан аз ин нома огоҳи надорад ин нома аз А.Ҷомӣ расидааст ва ман ҳар коре кардед мефаҳмам ва боз натиҷаашро ба “Ислоҳ” мерасонам, ман гуфтаму шумо шунидед!

Ҳисор

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ бародар Муҳаммадиқбол. Ягон 20 рӯз зиёдтар шуд аз ҳамин меҳмонхонаи усто Набот (аксашро роҳӣ кардам) 450 кило маводи мухаддир қапиданд: бангу чарсу таблетка, кристалу героин. Вале хапу хомушанд. Дина шаб рафтам. Дар ҳақиқат дар дараш печат задагӣ буд. Онҷо ментҳо истода буданд. Печатро сурат гирифта натавнистам.  Овоза андохтанд, ки гуё налогро насупоридаст, барои ҳамон маҳкам кардаанд. Дар асл аз кадом амбор ё кадом гушаи ин меҳмонхона маводи мухаддир қапидаанд.

Ҳоло овозаву дарвозаи зиёд аст. Гуё ин меҳмонхона ба сифати склад-тайники маводи мухадири  наркобизнес Ана (Анвар ном дорад) истифода мешудааст. Боз овоза ҳаст ки ба меҳмонхоаи усто Набот чизе намешавад. Ин борҳои Зоир аст.  Худи Ҷаноб халосаш мекунад.Боз мегуянд, ки ин бо супориши бевоситаи Юсуф Раҳмон шудагӣ аст.

Хулоса, ҳазоруяк гапу хабар. Вале инки дари меҳмонхона муҳру мум карда шудааст, воқеият аст. Касе бовар намекунад, ки ин меҳмонхона аз налог қарздор бошад.

Рашт
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо, аз онки раиси порахури Раштро аз мақом барканор намуданд, хурсанд шудем. Аммо як одами ношиста, носазовар ва бадахлоқу бетарбия-Идиева Заринаро ба ҷояш оварданд.
Афсус, ки аз як ҳаромхур халос шудем вале ба як одами бадтар аз вайро оварданд, ба як бе рӯ ва .. сару кор мегирем. Аз борон гурехтему зери новадон мондем. Ин раиси ҳозираи ноҳияи Раштро Шумо ҳам хуб мешиноседаш. Чунки солҳои пеш наворҳои видеоияш карда будед. Бо Нуралӣ-сиёҳ, раиси КДАМ-и онвақтаи минтақаи Рашт амалҳои маҳрамона мекард. Ин раиса шавҳар дорад, лекин органҳо ва одамҳои калони мақомҳои болои бо ӯ равобити зич доранд. Барои вазифа шуда ба ҳар кор қодир аст.
Каме маълумот дар борааш равон мекунам.
Идиева Зарина Фузайлшоевна духтари Фузайли ҳаромхур аз деҳаи Қазноқ мебошад. Бародаронаш инҳоянд:

1.Идиев Фаррух Фузайлшоевич, собиқ корманди амният, нафақхур. Ҳоло сардори Идораи нозироти андози ноҳияи Нуробод аст. Пештар дар ноҳияи Рашт сардори Идораи нозироти андоз буд. Дар ҷойи вай дар Рашт Нуров Абдулло Қулмаҳмадович омад.
2) Идиев Файзалӣ Фузайлшоевич,  собик ректори Донишкадаи омузгорӣ дар ноҳияи Рашт. Айни замон вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аст.
3) Идиев Фирӯз Фузайлшоевич, сардори Ширкати фурӯши барқ дар ноҳияи Рашт аст.
Ин хонаводаро гуё Шукурҷон Зуҳуров, раиси пешини Маҷлиси намояндагон ва Азим Иброҳим, вазири нақлиёт дастгирӣ мекунанд. Чунки падари ҳаромхураш дар вақташ лаганбардор ва …оялеси ҳамин нафарҳо буд. Ҳоло дар қайди ҳаёт нест.
Ман ҳайронам, ки ин Идиева чи хел кор мекунад. Умуман савод ва маҳорату қобилияти роҳбарӣ надорад.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳаромхур буд, аммо савод дошт, ҳама зинаҳои даркориро гузашта буд. Акнун оқибатамон ба хайр шавад…

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мақолаи муфассали шуморо роҷеъ ба Рустам Холиқов, раиси собиқи «Тоҷикэйр» хондам. Ҳар ончики дар он мақола навштаед садфисад дуруст аст. «Тоҷикэйр»-ро амдан ва махусус муфлис ва варшикаста карданд. Танҳо барои онки Сомонэйри Ҳасан Асадуллозода бозори арсаи ҳавонавардии Тоҷикистгнро монополия кунад. Аммо боз як нуктаи дигар ҳаст, ки дар ин матлаб зикр нашудааст, шояд фаромӯш шудааст ва ё шояд аз ин паҳлуи масъала дарак надоред. Гап дар бораи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон меравад. Ҳар як самолёте, ки аз болои Тоҷикистон парвоз мекунад, яъне ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур мекунад, тибқи қонунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба Тоҷикаэронавигасия боҷ месупорад. Тоҷикаэронавигатсия ҳама радарҳоро дорад. Дар замони шуравӣ ҳама қаламрави ҳавоии Тоҷикистон дар зери назорати як ташкилот, Аэрофлот буд.

Акнун он ҳам аз они Оила шуд. Аз Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (ЕБРР) қарзу  грант гирифта асбобу афзори лозим барои иҷрои назорати ҳарими ҳавоии кишварро дастарс карданд ва ҳоло ин қаламрави ҳавоӣ, яъне осмони Тоҷикистонро ҳам аз они худ карданд. Ва, инҷо ҳам садҳо, шояд миллионҳо даромади муфт дорад, ки ба ҷайби ин Оила меравад.

Як нуктаи дигар. «Тоҷикэйр» пули донишҷуёни тоҷикро, ки дар хориҷа таҳсил мекаранд бе ягон тағобозӣ пардохт мекард, масалан дар донишгоҳҳои олии Русия, Қазоқистон ва Украина. Се нафар ҳамсинфи ман бе ягон пора он донишгоҳҳоро хатм карданд, ки пули таҳсил ва бақия хароҷоти онҳоро «Тоҷикэйр»  пардохт карда буд. Яке лётчик шуд, дуи дигар борт-механик, яъне самолётро тармим мекунанд. Баъд аз пош ва муфлис (банкрот) кардани «Тоҷикэйр» » аз Сомонэйр омаданду ба онҳо гуфтанд акнун бо мо кор мекунед. Ин ҳамсинфҳоям принсип карданд. Ҳозир яке аз онҳо Африко, дуюм дар Канада ва сеюм дар Ҳиндустон ҳамчун мутахассисони беҳтарин кор мекунанд.

Ҳар касе, ки бо Сомонэйр шартнома баст, аввал маошашон хуб буд, баъд бо ҳар баҳона то 200доллар фароварданд. Акнун фикр кунед шахсе бояд самолётро пурра дида барояд, масъулият ва ҷавобгарии онро барои коршоямӣ ва дурустии он пеш аз парвоз бар уҳда бигирад ва замонати дурустии онро бидиҳад $200 дар як моҳ маош мегирад. Ягон намуд социалний пакет, яъне истироҳат, табобат, рафтан ба санатория надоранд барои коргарҳо намедиҳад. Дар ҳоле, ки «Тоҷикэйр»  ин ҳамаро дошт, боз бонус медод. Мешавад гуфт, ки Сомонэйр тамоман профсоюз надорад.

Хуҷанд

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи як масъалаи бисёр ҳам доғу ҷиддӣ ба шумо гуфтаниям. Ончуноне аз навиштаҳои сокинони дигар минтақаҳои кишвар дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» хондам, масъалаи мавриди назари ман, ки ташвишу изтиробҳоро дар Хуҷанд ҳам ба бор овардааст, дар минтақаҳои дигар ҳам боиси азобу азияти мардум гашта истодааст.

Ҳозир нозирони участкавӣ ва кормандони дигари милиса мардумро дар кучаҳо ва дар ҳар куҷои дигар доштаву дастгир карда телефонҳои онҳоро гирифта истодаанд. Онҳо бо баҳонаи онки ту бо мухолифин гап задаӣ, ту бо Ислоҳу ту бо Гуруҳи 24 дар алоқа будаӣ аз мардум пул канда истодаанд. Тарсонида истодаанд, ки агар ин миқдор пул наоварӣ телефонатро баъди суд шудан ва чанд сол шиштан омада мегирӣ. Ҳамин тавр барои риш ҳам мардумро азият дода истодаанд.

Як нафар милиса ҳатто гуфтааст, ки дидед, ки худи Пешвои миллат чи гуфт? Гуфт, ки дар сотссетӣ даромада фикру ақидаи худро дигар мекунанд. Ин гапро дар паёмаш гуфт ва моро вазифадор кардагианд, ки теефонҳоро проверка кунем.

Як нафар аз мансабдорҳо, ки дар ҳамин ҷаласаи Паём иштирок карда будаст, дӯсти як шиносам аст. Номашро намегирам. Аммо ин шиносам аз қавли ҳамон нафар гуфт, ки дар он ҷалса Раҳмонов ба ҳамаи онҷобудаҳо таъкид карда гуфтааст, ки ҳар яки мову шумо хешу табори муҳоҷир дорем. Медонем, ки қисми асосӣ ва шумораи зиёди аҳолии ҷавони мо, аҳолии қобилияти кори мо дар Русия аст. Ҳар касе инҷо шиштагӣ ҳатман хешу табори муҳоҷир дорад. Гуфтааст Раҳмонов:

«Шумо гуфтааст, Раҳмонов, ба онҳо ҳатман бифаҳмонед, ки бо он гуруҳҳои ифротӣ ва хоинони миллат алоқа накунанд, тамошо накунанд, ба гапҳои онҳо бовар накунанд, шарик нашаванд, барои худи онҳо оқибати вазнин дорад. Қонун манъ кардагӣ. Шумо онҳоро насиҳат кунед, маслиҳат диҳед, ки таҳти таъсири таблиғоти онҳо наафтанд»

Аммо, бояд як чизро руирост гуям, ки коре, ки дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд карданд, яъне то муовини раиси ноҳия, сардори шуъбаҳо, сардухтур ва ғайраҳоро тавассути бахши иделогӣ ва худи амният маҷбур карданд, ки дар барномаи онлайнии Минбари муҳоҷир иштирок кунанд, ҳатто имомхатибҳоро водор карданд, баракс бар зарарашон шуд. Шумораи тамошочиҳои Ислоҳ, бовар кунед, ки як бар ҳазор афзуд. Муаллимҳо, ё духтурҳо ё дигару дигараш дар ҷойи кор рафтанду воҳимаро заданд, ки шаб бо Муҳаммадиқбол баҳсу ҷангҷол кардааст. Ин як рекламаи ройгони саросарӣ шуд.

Ҳатто ин хел гап ҳам баромад, ки дар як хона чанд кас тамошо мекардаанд, ки кампири мома мепурсад аз наберааш, ки ин бача аз куҷо гап зада истодааст, дар ватан ҳаст? Набера ҷавоб медиҳад, ки не бибӣ, ин одам дар хориҷа аст.

Ҳа, маълум, мегуяд кампир. Агар дар Тоҷикистон буд, кайҳо мекуштанаш.

Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Як чизро мехоҳам ошкор кунам. Ман чандин сол, наздик ба 25 сол, дар яке аз мақомоти бисёр ҳам калидӣ ва дар вазифаҳои баланд кор кардаам ва ҳоло нафақахурам. Дар бораи ҳаҷми нафақаам чизе намегуям, чунки кирои ба забон овардан намекунад. Ман барои ин ҳукумат, махсусан барои ин Оила хеле зиёд кор кардаам. Ман хеле ҳам хуб медонам, ки Раҳмонов доғи он аст ки Рустамро ба ҷои худаш биоварад. Ба ин гапҳо, ки Озодаро меоварад, тамоман бовар накунед. Аммо ҳам дар берун ва ҳам худаш ҳануз мутмаин нашудаанд, ки Рустам метавонад, ки корро пеш барад. Русҳо ва махсусан Путин ба ин тарҳи Раҳмонов дар ҳоли ҳозир розӣ нест. Чунки Путин аз Толибон дилпур нест ва чанд вақт пеш, ки Раҳмонов ба Қатар рафт, мақсадаш ин буд, ки тавассути роҳбарияти Қатар ба Толибон таъсир расонад, ки дар омадани Рустам мухолифат накунанд.

Дар ҳамон ҷаласаи охири Шурои амният, ки чандин нафар аз генералу кадрҳои ботаҷрибаро аз мақомоти қудратӣ гирифт, ба он ҷиҳат буд, ки аз резултати корҳои онҳо розӣ набуд.

Раҳмонов мехоҳад худаш ва писарашро ҳамчун меъморони Тоҷикистони замони истиқлол эълон кунад. Барои ҳамин бисёр мехоҳад, ки Рустамро оварад. Аммо, вақте аз наздиконаш дар бораи айёшиву наркомании Рустам ва корҳои бади вай хабарҳоро мерасонанд, «дилша меқапаву мега и паат кай баақл мешида боша».

Аз ин тағйирот дар мақомоти қудратӣ, аз ҷумла дар Прокуратураи генералӣ набояд ягон чизи хуберо интизор шуд. Боз ҳам ҳар касе, чи Рустам ва чи Озода ва чи Юсуф Раҳмон дар мақомоти асосӣ одамҳои худашонро монданд.

Юсуф Раҳмон ҳамаи онҳоеро, ки дар вақташ Зоири паканаи мундуқ монда буд, хеле ҳам хушру аз наздаш дур равон кард. Ба як навъе фаҳмонд, ки фарқе надорад, ки ҳамкурсӣ, ҷураӣ, хешӣ, бояд доляро маро диҳӣ, «баъд вазифа». Агар пеш дар таъйин кормандони болоии Прокуратураи Генералӣ ва дигар мақомот Зоир  нақш дошт, «доля»-ро мегирифту мемонд, ин бор Юсуф Раҳмон худаш гапзану сум гир. Бинобар нақли як шиносам, ки ҳоло ҳам сари кор аст

Зоир ба як хели онҳо гуфта буд, ки «намерасантон, к…тона ғам набоша», вале Юсуф Раҳмон тавонист, баъзе «ключевой персонаҳо»-и Прокуратураи Генералиро дур бурду монд. Барои бо онҷо истоданашон ҳам доляҳои калон талаб кардагӣ аст.

Инро ҳам бигуям, ки ба Раҳмонов ҳатман барномаҳои шуморо нишон медиҳанд ва дар бораи он барояш маълумот медиҳанд. Баъди як барнома, ки ё свет ё инқилоб буд, дар ҳақиқат сахт тарсида буд.

Дар ҳамон ҷаласаи Шурои амният хеле ҳам сахт гуфтааст, ки ҳеҷ коре карда натавонистед,  ки знуки ин Ислоҳ ва Муҳаммадиқболро бигиред. Аммо коратон куни ҳамдигаратонро кофтан аст. Амният аз милиса,милиса аз амният. Вале конкретний резултат надоред.

Дар долонҳои ҳукумат баъди ҳамон барномаи ё свет ё инқилоб хелеҳо беқарор шуда мегуфтанд, ки «хай чи даркор мо ба афғонҳо барқро медиҳему ба мардуми худамон намедиҳем. Ин кор оқибат сари моро мехурад»

Аммо, баъди нашри ду мақолаи охир дар бораи Кулоб боз ҳам ташвишу даводав ва тапартупурҳо зиёд шудааст. То ҷое шунидам, қувваҳоро махфиёна ва пинҳонӣ ба гирду атрофи Кулоб кашонида истодаанд. Инҳо боли Кулоб чи балоеро оварданианд. Пул ҳам ҷудо кардагинад. Бояд соли гузашта мекарданд, аммо аз чизе хавотир шуданд. Вале ин нооромӣ ва хунрезиро ҳатман дар Кулоб карданианд.

Дар ҳақиқат баъзе аз ба ном элита, бизнесменҳо, мансабдорони сатҳи васат ва дигар афроди бообру аз номардиву ҷафидану кидатшавиҳо, дар умум ноадолатиҳои наздикони Раҳмонов сахт дар хашму ғазабанд.

Исмоили пингвин духтари яке аз Кулобиҳои бонуфузро, ки ноболиғ будааст, ҳомила кардааст. Гуё

Раҳмонов наздиконашро ҷангу танбеҳ мекардааст, аммо ҳамаашон боз кори худашонро мекунанд ва корро «наоборот» мекунанд. Ҳоло ҳар касе чи коре тавонад, карда истодааст.

Барои ҳамин гуё кадрҳои навро ба Кулобу Бохтар таъин кард.

Як чизи дигар инки дар чанд рӯзи охир шумораи нафароне, ки аз минтақаи Кулобанд, хеле зиёд аз Русия баргашта омада истодаанд.

Ҳоло як ду се нафарӣ омадаанд. Аммо рафиқам гуфт, ки қарор аст рӯзҳои наздик нафарони зиёд аз мақомот бо гражданский либос дар меҳмонхонаҳои Кулобу  Данғара, Восеъ, Муминобод ва дигар наздикиҳо ҷойгир мешаванду корро сар мекунанд. Аммо аз он дар хавотиранд, ки агар дар минтақаи Кулоб ягон чи шавад, 80 фоизи мансабдор дар сохторҳои қудратӣ ва дигар нафарони бонуфуз аз он ҷоянд ва имкон надорад, ки бар зиди хешу табори худ тирандозӣ кунанд. Дар амалиётҳое, дар Ғарму дараи Камаробу Бадахшон доир карданд, кормандони мақомотро  фиреб доданду гуфтанд, ки бояд душманони миллатро нест кард. Дар Кулобу минтақаи Кулоб ин ҳилла ба кор намеравад. Чунки ҳама хешу таборанд ва медонанд, ки намешава онҳоро душман баровард.

Аз як тараф ночор аст дар овардани Рустам сабр пеша кунад, аз тарафи дигар афзоиши норизоиятии мардум ва аз ин ҳама гузашта вазъи саломатиаш Раҳмоновро таҳти фишор қарор додааст ва сахт метарсад, ки контролро аз даст диҳад.

Нафарони зиёде, ки аз мардуми минтакаи Кулобу Данғара дар хориҷаанд, ба наздиконашон алоқа карда гуфтаанд, ки хавотиранд, ки чи мешуда бошад. Баъзеаш хеста Тоҷикистон рафтанианд. Баъзеаш гуфта истодаанд, ки агар ягон кор кунанд, то охир меравем.

Мардум дар фишфиш задаанд. Хусусан минтақаи Кулоб. Дар ҳақиқат мардум бояд баргардад ба хотири ҳифзи зану фарзанду модару падар ва хонаву дараш.

Мардуми Кулобу Данғара аз Раҳмонову оилааш сахт дилмонда ва сахт хафаанд. Аммо хислату одати тоҷикии мардуми мо он аст ки ҳамаро тоқат мекунад. Аммо дигар нафароне, ки мақсадҳои ғаразнок доранду ҳукуматгир инро хуб медонанд ва аз ин истифода бурданианд. Ин бисёр хатарнок аст. Мардуми оддӣ бешак ин дафъа сахт шикаст мехураду хуни зиёд мумкин аст, ки резад. Нақшаашон ҳам ҳамин аст ки мардумро бизананд ва боз ҳам битарсонанд. Мардум бояд ҳушёр шаванд ва то соати даркорӣ сабр пеша кунанд.

Он бародар гуфт, ки дар Шурои амният дар ҳолати гиряву ғазаб қарор дошт:

« … сол буд шид, ягон результат нест. Фақат таъриф. Ина миёрем Кабирира, ина меқапемша. О, ҳаму ҳаромора нарасен, коршон нагирен. Каданиен, қапиданиен, мекшен, чоре мекнен,намекнен хапу дам кнен. Шумо хутон рекламашон мекнен.  Иқа ҷакид-ҷакид хап мекнан…

Канӣ результат, ку гуфтагиётон? Чодай, ку ягонташа қапиден? Чида дар вилояти Суғд ҳам пешравӣ мешавад ва ҳам ҳама корошон тибқи нақша? Чаро дар Хатлон коро тамоман дига, фақат ҷангу ҷанҷол?»

Боз Раҳмонов дар як ҷаласа сахт Шоҳрух Саидро ҳар гап гуфтааст,ки ҳушёр бош ва мисли отат накун! Шоҳрух як група ташкил карда будааст кораш подтставаи мақомдорон ва пул кор кардан аз онҳо будааст. Чанд вақт пеш як прокурорро,ки ӯ боз писари Қурбоналӣ Ҳусйнови Ховалингӣ ,ки аз одамҳои наздики Бобохонов буд дар назорати гумрук. Муҳим писари ӯро хостан бо 25 кг маводи мухадир подстава кунанд. Чор роҳзани Шоҳрух ӯро даъват мекунанд ва мехостанд,ки дар мошинаш маводро гузоранду боздошт ва баъд гуянд,ки генерал Саидзода Шоҳрух кори шуморо ҳал мекунад яъне 200 ё 300 ҳазор медиҳи мебарои. Аммо ин прокурор чор нафари одамҳои Шоҳрухро мезанад ҳама аз пой меафтанд. Як нафараш бо тапонча прокурорро мепаронад вале намемурад. Ана ин қазияро шахсан Юсуф Раҳмон зери назорати қатъиии худ мегираду ба Раҳмонов мерасонад. Дар умум вазъияти Шоҳрух хело хуб нест. Ҳушдори Раҳмонов ба Шоҳрух дар ҷаласа дар назди ҳама албатта авоқиби хуб надорад. Аммо боз мебинем чи мешавад.

Ин бародар гуфт, ки Раҳмонов руирост ишора кард, ки Суғд «доля»-ро саривақт меорад, бидуни каму кост. Аммо дар Хатлон ин тавр нест. Кураторҳое, ки дар онҷо Раҳмон мондагӣ аст нимаш хусурбачаҳои худашанд, сумҳоро мегиранду ба бизнесҳои худашон мезананд ва бардуруғ мегуянд, ки фалон ноҳия ё минтақа надод. У бечороҳое, ки доданд, наметавонанд бигуянд, ки мо додему хусурбачаҳоятон, ё домодатон ё набераатон дуруғ мегуянд. Метарсанд.

Дар Хатлон боз як масъалаи дигар ҳаст. Ин рақобат бар болои наркотика ва роҳҳои қочоқи маводди мухаддир. Баъзе аз одамҳои Зоир ҳоло бо Юсуф Раҳмон часпонидаанд. Мақомот дар ин бизнес чанд тақсим шудаанд. Қисмаш тарафи Зоир, қисмаш тарафи Юсуф Раҳмон. Чанд бор барои «бор» байни ҳам ҷанг шуданд, аммо хапу хомуш карданд. Аммо СС.Ятимов гушҳояшро чур ва баҳузур боз кардааст ва ҳарчи ки медонад навишта ба Раҳмонов пешниҳод карда истодааст. Барои ҳамин Раҳмонов ҳамаи онҳоро, ки дар Хатлон буданд, дар Шурои амният аз кор озод кард.

Юсуф Раҳмон барои он Ҳабибулло Воҳидовро аз Агентии зидди нашъа оварду муовин ва сарпрокурори ҳарбӣ монд, ки вай  сарҳадчичҳоро назорат кунад ва дар қочоқи маводи мухадир бо Юсуф Раҳмон шарик шавад, чунки дар ин чанд соли дар Агентӣ кор кардан ин бизнес ва манобеъу гуруҳҳову масирҳоро хуб омухт.

Шаҳринав

Ассалому алайкум! Ман аз ноҳияи Шаҳринав менависам. Дар бораи вонкоммат-комиссариати ҳарбӣ гуфтаниам. Масъулиги военкомати Шаҳринав бар ивази 15-20 ҳазор сомонӣ барои шумо документ карда медиҳанд. Ҳуҷҷатии нигоднигӣ мекунад. Лекин агар шумо аз онҳо документ нагиред, ҳар рӯз дар дари хонаатон омада ҳамаҷоро тит карда дар ҷонатон мезанад. Мақсад маҷбур мекунанд, ки документ кунед. Барои онки онҳо суми онро дар кисаашон мезананд. Лекин документи он дар ягонҷо намегузарад. Фақат ҳамин ки дар хонаатон повестка намеояд. Боз сахт таъкид ва огоҳатон мекунанд, ки аз хонаатон набаро, агар дар куча қапидем хизмат меравӣ. Ҳама маҷбур документ мекарданд. Баъд, пеш аз саршавии мавсими облава, моҳи сентябр меомад, набаромада дар хона хоб мекард. Лекин ҳоло документ кардагӣ, накардагиҳо фарқ надорад, дар хонааш даромада маҷбур қапида бурда истодаанд.
Чанд кас гуфт, ки дар военкомат ака охир худат документ кардагимон буди «бо чаро дар хостаги вақтут омада напурсида ягон мардак ҳастай ё не дуромадан мегирӣ». Як баҳона дорад, ки калони вайником дигар шуд. Лекин дар асл дуруғ аст, калони военкомат « алиш- палиш» шудаги нест.
Чандин нафар гуфт, ки бачаи ман нигодний аст, документ дорад. Аммо онҳо мегуянд, ки «ин документро дар к…т зан, ин чи хели документ аст, ин фалшивий аст». Боз мегуянд, ки касе документ кардагӣ бошад, ба ҳавай рафта гу ва фиреб медиҳад, ки вай дигар перевод карду рафт дар дигар ҷой ва ҳозир каор намекунад. Хулоса инҳо ҳам фиреб мекунануд сум мегиранд, такроран сум медиҳӣ. Боз баъди як-ду моҳ якеи дигараш меояду он ҳам айнан бо ҳамин роҳу усул сум мегирад. Хулоса,мардум дар Русия истода кор мекунаду аз ҳар ҷиҳат Раҳмонов, оилаи вай ва ҳукумати вайро хуронида истодааст.

Бовар кунед аз кучаҳо, аз паркҳо, аз масҷидҳо бачаҳоро қапида дар ДОСАВ  мехованем гуфта капида бурсоден. Аз масҷиди Шаҳринав дар намози ҷумъа 10 -15 касро қапида рафтанд. Ҳозир одамҳо аз баромадан ба куча ва рафтан ба намози ҷумъа метарсанд ва намераванд. Аз Русия меоянду як ё ду моҳ меистанду бармегарданду мераванд муҳоҷират.
Бовар кунед, одамҳо дуо мекунанд, ки корашон дар паспорний стол, дар ҷамоат ё  ҳукумат наафтад. Барои гирифтани ягон ҳуҷҷат равед мегуянд, ки ба ин ҳуҷҷат имзо кун, ки хизмат меравӣ баъд коратро буд мекунам, масалан барои ягон справка ё ягон ҳуҷҷати дигар.

Барои гирифтани паспорт ба паспортний стол равед ҳам айни ҳамин гапро мезананд: аввал барои хизмат имзо кун мегуянд. Аммо, мо ҳоло 16 сол ҳастем, то хизмат ду соли дигар ҳаст. Майлаш мегуянд, имзо кун, ба он тарафаш корат набошад.

Дар Шаҳринав дар сари пул як дискотека ҳаст. Бо чашмонам дидам ва онҳоро шахсан хуб мешиносам, ки бачаҳои 14 -15сола ҳар рӯз мераванд. Ягон кас ягон чи намегуяд. Аммо барои ба масҷид даромадану тоату ибодат кардану қарзу фарзи бандагиро баҷо овардан бачаҳои то синни ҳаждаҳро иҷозат амедиҳанд, ҳатто агар то ин син ду ё се моҳ монда бошад баҳона карда намегузоранд, ки бидароӣ. Ман худам шоҳиди ин ҳодиса ҳастам. Дар дари масҷиди Шаҳринав ҳамеша милисаҳо меистанд. Агар ягон кас ба ҳаждаҳ норасида дохили масҷид шавад аз 600 то 5 ҳазор сомонӣ штрафаш мекунанд.

Бовар кунед дари масчид барои аз 18 поён маҳкам аст, худи имомхатиб намегузорад, ки вориди масҷид бишаванд, аммо дари дискотека барои аз 18 поён ҳам кушодаву аз 18 боло ҳам. Дари дискотека барои хама кушода аст. Маҳдудият вуҷуд надорад.  Идибек дина гуфт валлоҳи кудакҳо дар масҷиданд, агар мард бошад биёяд Шаҳринав баъд видё кунад росташро мегуяд ё не? Дар дисотека бангу афюну чарсу кристаллу героин тақсим мешавад, дар масҷид аз ахлоқ одобу ҳалолу ҳаром сухан меравад. Инро ҳам бигуям, ки ГАИҳои Шаҳринав як намуд дуруғгую порахур ҳастанд, ки то бас гуфтан. Агарки манъ карданд бе сум халос шуда наметавонед.

Як бор маро манъ карданд,  бо суръати 30 омада истода будам. Аммо ду гайишник туҳмат карданду гуфтанд, ки мо радар задем аз руи 60 омадӣ ва 10 сомонӣ гирифтанд.

Аз одамҳо фаҳмидам,ки инруз режими Гаиҳои Шаҳринав будааст. Бовар кунед, ки аз ҷои набудагӣ меёбанду суматро мегиранд. Як одамро медонам, ки дар отдели Шаҳринав қаровул буд, посбони одӣ буд. Дар ягон ҷо нахондааст, ҳозир бошад корманди ГАИи Шаҳринав аст. Ҳоло ҳам кор карда истодааст. Боз агар фаҳмид, ки бесоҳибед, ягон шинос ё криша надоред, ҳар вақт манъ кардан мегиранду суматонро мегиранд.

Барои ҳамин маҷбур мешавед, ки ё мошинатонро фурушед ё пиёда гардед. Барои зиндагӣ кардан дар Шаҳринав бояд ягон шинос ва ё криша доштанатон зарур аст.
Эй мардум аз ин дида зиёд зулм намешавад. Бас будагист ранги гусфанд дар ин зулм сабр кардан. То кай бачаҳоятон ё худатон дар Русия бараи хурондану пушондани ҳукумати Раҳмонов кор мекунед. Аз муҳоҷират биёед. Дар ватан сарҷамъ шуда ин ҳукумати золимро дафъ кунем.

Бедор шавед, эй мардум. То кай ранги ғулом зиндагӣ мекунем. Ин пирхари Раҳмонав аз милати мо нест. Агар аз миллати мо мебуд, Тоҷикистонро дар бадтарин ҳолт намеовард. Як бор чашматонро кушоеду бинед, ки кадоме аз ҳамсояҳои мо свет надорад?

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №115 появились сначала на ISLOH.net.