Архивы Абдуллоҳ Роҳнамо - ISLOH.net

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №260
«Ҷаноби олӣ аз шумо хоҳиш дорем ё бозори хешатонро аз инҷо бардоред ё мактабу деҳаи моро аз ин ҷо кучонед!»

Аз дасти хешу таборони Эмомалӣ Раҳмонов, мардум намедонанд дигар ба куҷо рӯ биёранд. Доду фарёдашонро кӣ мешунавад? Нафси бади хонаводаи Раҳмонов ва аъзои беканори ӯ, ки шумораашон аз яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам гузаштааст, кам буд, ки ҳоло ҳеварҳои ҳевару қайсингули қайсингул ва ҷияну домодҳои расмиву ғайрирасмӣ низ ба ғорату дуздӣ рӯ овардаанд. Мезананд, мебуранд, мебаранд ва ҳеҷ парвое ба дод ва азоби мардум надоранд.

Ончунон бо рӯи сиёҳ ва беҳаёӣ амал мекунанд, ки гӯӣ ҳамаашон ба ҷаноби «Пешво» ба тариқи расмӣ хешу табор шудаанд. Агар шумо номаҳои аввалу дуввуми марбут ба ин барномаро мутолиа кунед, хуб хоҳед фаҳмид, ки сухан аз чӣ меравад ва чаро мардум ин қадар норозӣ ва гиребонгир шудаанд.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Хело хурсанд ҳастем, ки  шумо ба дарди халқи тоҷик мерасед. То имрӯз ба куҷое шикоят кардем ба додамон ҳеҷ кас нарасид. Ин нома аз деҳаи Чкалов, аз бародарони лақайатон ба «Ислоҳ»  фиристода мешавад. Домулло мо чи гуноҳ кардем, лақай ҳастем гунаҳгор шудем? Деҳаи мо дар рӯ ба рӯи хлопзавод воқеъ аст.

Солҳои сол аз овози завод ва чангу бӯйи он халос нашуда боз дар ҷои завод Ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода хеши президент Эмомалӣ Раҳмонов, ки чанд вақт пештар раиси фурудгоҳи Душанбе таъин гардид, бозор сохтааст. Аз байни бозору деҳаи мо боз роҳи калони байналмилалӣ мегузарад. Дар деҳаамон ду мактаб аст:- мактаби рақами 36, мактаби мо лақайҳо ва мактаб- литсейи ноҳия, ки дар бари ӯ ҷойгир мебошад. Аз мактаб то бозор ҳамагӣ 20 қадам роҳ аст. Рӯзи дароз ҳама талабаҳои ин ду мактаб калону майда дар бозоранд.

Бародар мо намедонем чи кор кунем? Наход ҷойи дигар наёфта бошанд, ки омада дар назди мактабу роҳи калон бозорро бисозӣ? Оё ин нишони бесоҳибии ноҳияву бесаводии ҳукуматиҳо нест магар? Аз дигар тарафи деҳаамон АЗС- заправкаи калони Ориё ба хонаҳоямон часпидагӣ аст. Боз дар рӯ ба рӯи АЗС мактаби 62 ҷойгир аст. Охир дар куҷо ва ба кадом стандартҳои бехатарӣ рост меояд, ки заправкаро дар пеши мактаб бисозӣ? Мактаби 62 ҳамагӣ 300 метр аз бозори Ҳоҷӣ Зайнулло фосила дорад. Онҳо ҳам роҳи калонро убур мекунанд. Бародар мо -волидайн метарсем фарзандҳоямон ба мактаб раванд. Чунки роҳи мактаб  ба пеши бозору роҳи калон мегузаранд. Боз бадбахтиаш дар он аст ки бозоракиҳо, фурӯшандаҳову таксистҳо духтаракони мактабхонро гап партофта даст дарозӣ мекунанд. Бародар чи хел мо ин ҳукуматро танқид накунем, баъди ин қадар бе аҳамиятӣ ва инқадар зулме,ки сари мо сокинон мекунанд.

Ҳаррӯз мо фарзандонро аз бозор кофта меорем, ки ин кор оқибати хуб надорад. Бозор  20 қадам аз деҳаи мо дур аст. Ҳамеша, 24 соат бо свет- қувваи барқ таъмин мебошад. Мо мардуми оддӣ барқро соатакӣ мебинем. Дар беморхонаҳоямон ҳатто барқ надорем. Бозори Ҳоҷӣ Зайнулло 24 соат барқ дорад. Оё ин бе инсофию бе адолатии ҳукумати Тоҷикистон нест. Мо бо пули қиматтар аз заҳр  фарзандҳоямонро мехононем ,агарчи медонем ба мо вазифаи давлатӣ намерасад. Лақай гуфта моро ягонҷо кор намегиранд. Дар давлати демократӣ чи фарқ дорад, ки лақайӣ ё тоҷик ва ё дигару дигар миллат?

Ҷаноби олӣ мо аз шумо ин қадар бе адолатиро интизор набудем. Наход як хеши президент дар назди ҳукумат қадраш аз сокинони  як ноҳия боло бошад? Ҷаноби олӣ аз шумо хоҳиш дорем ё бозори хешатонро  аз инҷо бардоред, ё мактабу деҳаи моро аз ин ҷо кучонед. Ҷаноби олӣ ё хешу таборат, ё мо шаҳрвандони ин ноҳия.

Дар ноҳия ягон ободӣ накардааст ҳамин хешат. Боз соҳибкорҳои ноҳияро маҷбур доранд, ки барои ободии ноҳия саҳм гузоранд.

Дар Тоҷикистон ҳама заводу фабрикаҳо, вазифаҳои боло ва бизнесҳои асосиро хешу табори президент доранд боз дар бало мондагӣ мардуми тоҷик ва соҳибкорони бе пушту қанот.

Боз як гуфтание дорам дар бораи директорони мактабҳо! Бас кунед пул ҷамъкуниро. Шароит надорем. Ҳамаро аз Русия депортатсия карда истодаанд, пул надорем аз куҷо пул диҳем. Ва дар охир аз директори мактаби рақами 36 Саидов хоҳиш дорем дигар бачаҳои моро бурда дар заминҳои хоҷагиаш кор нафармояд, пору накашонад. Набошад ҳама корҳои фоҳишагарияшро бо котибаю дигар муаллимаҳо, ки видеову аксҳояшонро дорем ба «Ислоҳ» дастрас мекунем. Ҳушатро дар сарат гир, гуфти Ҷаноб: «ҳаминқае, ки ҷавонӣ, некӣ ҷоят бошад кунҷи зиндон».

Ваҳдат

Ассалому алайкум бародари инқилобӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман Аҳмад, аз Ваҳдат. Каме мехоҳам дар бораи ҳукумати оилавии Раҳмонов нависам.

Ба таърихи қадими Осиёи миёна  назар кардам, ки монанди Раҳмонов ягон роҳбари дигаре ҳаст ё не? Аз ҳама давраи талхи таърихи тоҷик ин ба ҳуҷум ва ҳукумати Чингизхон рост меояд. Ман хостам каме муқоиса кунам. Аз ин чи мебарояд?

Мисол якум:

Чингизхон ба Осиёи миёна бо силоҳу зурӣ, бо қатли омми аҳолӣ омад ба шаҳрҳо дохил шуд ва ҳамаро хароб кард.

Эмомалӣ ҳам бо зури силоҳ ва бо қатли омми мардум омад ба сари ҳукумат. Ин ҷо медонед дар ин масъала чи чизаш аҷиб аст. Чингизхон бо қувваи худ омад, арусаки дигар кас, ё манқурт набуд. Аммо Раҳмонови мо бо силоҳи хоҷагони хориҷиаш арусаки Кремлину Тошканд шуда омад бар сари ин миллат ва мардум.

Мисоли дуюм:

Чингизхон ҳама мардуми одиро ё барда мекард, ё мекушт. Аммо шахсони ҳунарманд, косибону оҳангаронро  зинда нигоҳ медошт ва аз андоз озод мекард, то ки дар иҷрои мақсадҳову нақшаҳояш аз ҳунарҳои онҳо истифода барад.

Аммо Раҳмонов аввал олимон ва донишмандон бозаргононе, ки метавонанд давтатро аз вартаи муфлисшавӣ бароранд кушту зиндон ва ё аз мамлакат хориҷ кард, Раҳмонов ҳатто аз Чингизхон бадтар баромад дар ин мақтаъ.

Мисоли сеюм:

Мардум медонистанд ,ки Чингизхон муътақид ва дини роиҷи мардуми моро надошт. Аммо вай ба дину диёнати мардум коре надошт. Ҳамин буд, ки оҳиста- оҳиста ва бо мурури вақт онҳо ҳам дини исломро қабул карданд.

Аммо Раҳмонов худро мусалмон метарошаду зиди дини мардуми мусалмон қонун қабул мекунад.

Мисоли  чорум:

Чингизхон дар вақти ҷанг ба ғорат даст мезад ва ин ҳамаро ғаноими ҷангӣ меҳисобид ва сипас мардум андози ҷориро месупориду халос.

Аммо Раҳмонов 33 мешавад, ки Тоҷикистонро ғорат дорад ва ин кишварро ҳамчу ғаноими ҷангӣ истифода мебарад.

Мисоли панҷум:

Вақте Чингизхон дар гирду атрофи худ қабилаҳои муғулро сарҷамъ кард, баъди ҷангҳои шадид дар Шурои қабилавӣ яъне қурултай ӯро ҳама сарварони қабилаҳои муғул ХОН эълон ва қабул карданд. Ва ба вай титули ХОН доданд. Ин амал гувоҳи он аст ки титули ӯро ҳам мардум додаанд, на мисли «Пешво», ки фармон бароварда худро «Пешво» эълон кард. Ва ӯро ҳамчун роҳбар, яъне Хон мардум интихоб кардааст, рӯйрост ва ошкоро. Аммо ин пешво фақат бо интихоботҳои дуздӣ худро раис муаррифӣ кардааст ва ҳаргиз мунтахаби мардум набуд ва нест.

Мисоли шашум:

Чингиз худаш хонда ва навишта наметавонист. Аммо дар дарбораш одамҳои босавод аз мардумони мағлубшуда кор ва фаъолият мекарданд, ки бисёраш мардуми Хитой буд, ба мисли мушовири сиёсӣ, ҳарбӣ, муҳандисони ҳарбӣ, хулосаи гап, ки худаш бесавод буд, аммо фаҳмиши онро дошт, ки империя на танҳо бо қувваи ҳарбӣ бо қувваи менеджмент хуб идора мешавад.

Аммо Раҳмонов чи? Худаш савод надорад. Боз дар гирдаш бесаводони бисёр ҷаъм кардаасту даврон меронад.

Мисоли ҳафтум:

Чингизхон барои идора кардани мардум ва ҳарбиҳо қонуни ЕСАВИ, ба монанди Сарқонун қабулкарда аз руи он ҳукмат мекард дар ин қонун навишта буд:

1) мардуми муғул аз ҳам дигар дуздӣ намекунад,

2) бо ҳам дигар ҷангу занозани мамнуъ,

3) ҳақи ҳар кас эътироф ва шинохта шавад.

Бо ҳамин тарз ва ҳоказо,

Ва дар заминҳои ғасбшуда чизе мехоҳад сарбози муғул озод буд ва бар зиди ҳамдигар будан ҳукми қатл дошт. Ҳамин буд, ки бо ҳамдигар меҳрубон ва бо бегонагон бераҳм буданду хунхор.

Аммо Раҳмонов чи?

Ин ҳама беадолатӣ бо мардуми худ, ин ҳама зулму ситам бо мардуми худ. Мардумро дар муқобили ҳамдигар қарор додааст ва як Тоҷикистони хурдакакро ба маҳалҳо ва худию бегона ҷудо кардааст. Боз ба худ шарм нокарда пешвои миллат унвон додааст. Ҳой дангоса! Кадом миллат? Миллате, ки ту хору ҳақираш кардӣ? Миллате, ки ту дар тамоми дунё ҳамчун террорист эълон ва нишонаш додӣ, миллате, ки ту гадою бе ватанаш сохтӣ? Ин чи пешвоӣ аст? Пешвои миллати терррорист, пешвои миллати Рафшану Ҷамшуд? Пешвои миллати ғуломи дари русу қазоқ?

Мисоли ҳаштум :

Агар Чингиз ҳар кори баду хунхорие кард, бо мардуми бегона карда на бо мардуми муғул. Чингиз метавонад пешвои миллати муғул бошад. Вай номи миллати муғулро бо бераҳмиӣ ҳам бошад ба дунё маъруф кард, ва ними дунё дар замонаш аз шунидани номи муғул даҳшат ва тарс доштанд.

Аммо Раҳмонов чи?

Номи миллати Тоҷик бо пасттарин алфоз баробар шудааст. Ту эй касифи бе ному нишон. Инро дон, ки миллат ҷойгоҳи худро меёбад, ту номгум мешавӣ ва он рӯзи бузург хело наздик аст.

Агар аҳли фаҳм бошад худаш хулоса мебарораду мефаҳмад, ки аз Чингиз ҳам Раҳмонови аҳмақ пасттару золимтар аст.

Ва хитоби дигар ба пропогандистони ҳукуматӣ ва чоплусони  мақъадлес

Оё намебинед, ки чи шароите дар мамлакат ҳукмфармост? Мардум чи қадар дар азобанд? Ояндаро фикр намекунед, ки рӯзе мерасаду ин режим меравад. Ба мисли Қаззофӣ, Бен Алӣ, Башшор Асад ва дигар диктаторҳо. Ҳоли шумо чи мешавад? Ин мардуми ранҷдида пора-пора мекунанд. Баъд нагуед, ки ҳеҷ кас ба шумо  нагуфта буд, он вақт дигар дер мешавад. Чоплусҳо ба мисли Мизроби Сайёф ва Абдуллоҳи Роҳнамо, шумо нишони аввалин ҳастед ва шармандаи ин дунё ва охират ҳоло ҳам ҳастед он рӯзгорон бадбахтар хоҳед шуд!.

Ҳар касе Раҳмонов ва ҳукумати вайро, ки ин ҳама зулму истибдодаш дастгирӣ мекунад, вай ҳам дар гуноҳону ҷиноёти Раҳмонов шарик аст ва ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷавоб хоҳад дод.

Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Чанд рӯзи пеш анқитараш шоми 2 июл дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар сӯхтор ба амал омад. Аланга ва забонаҳои азими ин сӯхтор тамоми растаи якуми бозор ва молу колои тоҷиронро ба коми худ кашид ва миллионҳо сомонӣ ба савдогарон зарари молӣ  расонд. Барои фурӯ нишондани сӯхтор мошинҳои оташнишонӣ ҳозир шуданд. Аммо, азбаски растаҳо ва дуконҳо бештар аз матоъи пластикӣ сохта шудаанд, чизе дурусте аз инҷо гирифта яъне наҷот дода нашуд, сӯхту корношоям гардид. Дар ҳоли ҳозир сабаби ин сӯхтор ва зиёни расида ба тоҷиронро ҳисоб мекунанд.

Як ҷияни ман дар ҳамин растаи аввал дӯкон дошт, ки пур аз молҳои гуногун буд. Вай чанде пеш аз бонк қарз гирифта аз хориҷа молу маҳсулот оварда буд. Акнун ҳам аз мағозааш монду ҳам аз молу колои овардааш ва ба замми ин аз бонк қарздор шуд.

Инҳа ҳам дарди бахайр. Соҳибони бозор гуфтаанд, ки ҳар дукондор ва соҳиби мағоза худаш бояд бо пули худаш ҷои савдояшро барқарор кунад. Бовар кунед, ки ин зулму ҷабр болои ин тоҷирон аст. Чунки онҳо ҳамасола ҳақи идораи оташнишониро пардохт мекунанд. Ва муҳимтар аз ҳама ба сӯхтор онҳо ҷавобгар нестанд. Бояд роҳбарияти бозор ба ин сӯхтор ва зарари расида ба тоҷирон ҷавоб диҳад. Маҳмадзоир Соҳибов бо писараш Исмоили дастбахайр бояд ин мушкилро ҳаллу фасл кунанд. Аммо ин ҷияни ман гуфт, ки Зоири мундуқ ва Исмоили пингвини бачааш омада ба савдогарони бозор дӯғу таҳдид кардаанд, ки раста ва дуконҳоро худашон аз нав бисозанд, дар ғайри сурат гуфтаанд, талабгорони точкаҳои сӯхтаи шумо хело зиёданд ва ҷойҳо-точкаҳоро ба онҳо хоҳанд фурӯхт. Вазъият дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ана ҳамин хел аст. Ягонҷо ҳам арзу шиква карда намешавад. Зоир домоди Ҷаноб аст. Кӣ муқобили домоди Ҷаноб гап мезанад?

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Хеле фикр кардам, ки ин номаро навишта ба шумо фиристам ё не? Чунки, бовар кунед, вазъияти Душанбе-пойтахти мамлакатамон сахт харобу безеб мебошад. Ман дар ҳукумати шаҳр дар давраи Маҳмадсаид Убайдуллоев 15 сол кор кардам. Дар давраи Ҷамолиддин Мансуров ҳам дар ҳукумати Душанбе будам. Аммо як чунин бенизомиву бетартибиро, ки ҳозир ҳаст пештар надида будам. Ҳозир ман нафақахӯрам. Дар шаҳр об нест. Хонаҳои баландошёна, махсусан дар гирду атрофи биноҳои Сирки давлатӣ, дар маҳалҳои 32, 33, 34 ва 61уму 63 ва 64у микрорайон, хонаҳоҳои кӯчаи Неъмат Қарабоев об надоранд.

Зимистон свет надоштем, як бало карда баромадем. Аммо ин беобӣ бисёр ҳам тоқатшикан аст. Канализатсия кор намекунад, дастурӯ шустан, қазои ҳоҷат кардан намешавад. Об барои чою хурок проблема шуда истодааст. Дар ин ҳарорати 40-50 дараҷаӣ беобӣ дар дӯзах зиндагонӣ дорем.

Баҳона пеш оварда истодаанд, ки оби ин ҷойҳо аз зери замин асту дар замин об кам шудааст, тобистон асту талабот ба об зиёд шудааст. Аммо ин гапҳо тамоман дурӯғ аст. Сабаби асосӣ ин аст ки домҳои зиёди бидуни нақша сохта ба истифода дода истодаанд. Мутаассифона ин биноҳоро ҳам аз ҳисоби ҳамин обҳои мавҷуда таъмин карда истодаанд. Маълум аст ки ин кор дуруст нест. Чунки системаи канлазитсаяи пешина тавони таъмини ин ҳама домҳоро надорад. Охир вақте наметавонед таъмин кардан хонаҳое месозеду иҷозати сохтмонашонро медиҳед, чаро месозед ин биноҳоро ? Шумо биноҳо ва сокинони қаблиро аз таъминоте,ки пеш доштан маҳрум сохтаистодаед. Ба мо ин биноҳои тозабунёди бе шароити шумо лозим нест. Сокинони бударо маҳрум аз обу барқ накунед.

Аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр рафтан ба воситаи автобусу тролейбусҳо сахт вазнин аст. На тролейбус ва на автобусҳо кондитсионер надоранд, аз гармӣ шишта намешавад.

Зимистон як каме барф бештар шавад, тамом, роҳҳо баста мешавад, ҳаракати нақлиёт номумкин мешавад. Ман намефаҳмам, ки дар шаҳре, ки тамоми инфрасохтор мавҷуд аст ва фақат бояд мудирият шавад, кор карда, мудирӣ карда наметавонад ин Рустам боз чи гуна президент ва роҳбари давлат мешавад? Ягон кор аз дасташ намеояд. Камтар шамоли сахт шавад, борон бештар борад барф зиёдтар занад ҳаёт дар пойтахт комилан фалаҷ мешавад. Ин чи ҳолу рӯзи сиёҳ  аст охир?. Наметавонӣ ҷоро холӣ кун. Бовар кунед, ки Убайдуллоев сад бор беҳтар буд.

Мудири боғча гуфтааст, ки кудаконатонро то об таъмин шудан наоваред ва дар хона нигоҳ доред. Чандин бор дар бораи корношоямӣ ва ноуҳдабароии ниҳодҳои хидматрасони пойтахтро навиштанд, аммо ҳеҷ не, ки ислоҳ шавад. Ягон хадамоту сохтори шаҳр дуруст кор намекунад.

Як  чизи шунидаамро бароятон мегуям. Дар роҳи гардиши фурудгоҳ-поворот аэропорт дар саршавии чорроҳаи хиёбони Аҳмади Дониш як рестонране ҳаст бо номи «Ок».Моҳи рамазон ними даруни ин ресторан сухта буд. То ҳозира аз даруни он бӯи сухтагӣ дама мезанад. Як шинос доштам дар бораи сухтани ин ресторан бо ҳам гап задем. Он шинос гуфт, ки дар ин ресторан, ки аз они кадом рафиқони наздики Рустам будааст таблеткаҳои психотропӣ мефурӯхтаанд ва инҷо баъзан вақт Рустаму Шоҳруху рафиқонаш меомадаанд ва як ҷойи махсус будааст, ки дар онҷо бо духтарҳо таблетка зада зинову фаҳшо мекардаанд.

Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол ин сойкелдиҳо дар ҳақиқат васияти Майрами гурсухтаро иҷро карданд: «Душанберо Данғара ва Данғараро Душанбе карданд».

Ҷиргатол

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро аз тарафи сокинони ноҳияи Ҷиргатол бароятон менависам. Чуноне онҳо ба ман гуфтанд ва хоҳиш намуданд, ки дарди дилашонро ба шумо навишта карда фиристам, мардуми Ҷиргатол зери шиканҷаву зулми сахт қарор доранд. Онҳоро ба милисахонаашон мебурдаанду бисёр шиканҷа медодаанд. Он нафаре, ки маълумотро расонд гуфт: «Мебаранд бачаҳорову хояҳояшонро тоб медиҳанд. Боз ин корро як милисаи зан мекардааст. Дар даруни баклашка меандохтааст баъд баклашкаро дам мекардааст хояҳо руст мекардаанд ва ҳамин хел мардону ҷавононро азоб медодаанд.

Ба монанде, ки баъди ҷангҷол бо озариҳо дар Русия мардумро бурданду шиканҷа карданд, сипас номи коргарони пулисро ифшо карданд, ку дар Тоҷикистон ҳам ҳамин корро кардан даркор. Азбаски ҳамин хел шиканҷа мекунанд номҳои ҳамонҳо ҳам бояд гирифта ва эълон карда шавад, чеҳраҳояшон барои мардум рӯшод шавад. Щар як нафареро, ки бурданду дар онҷо шиканҷа карданд, мардум бояд онҳоро баҷо накунанд. Ман ҳамон бачаеро дидам, ки айнан ин корро бо вай анҷом додаанд. Ман вайро водор кардам, ки ҳодисаро ҳикоят кунад, гап занад. Аммо вай инхелӣ мегуяд: «э, фалонӣ, на фақат ман, уро ҳам шиканҷа карданд, дигарша шиканҷа карданд уша шиканҷа кардан ягонташон гап назаданд, ман чи хел гап занам»?

Ин нафар, ки худаш сахт шиканҷа дидааст ором гап мезанад. Ҳатто ба як кас ифшо кардан намехоҳад, ё намедонам чи фикр мекунад. Маълум аст ки сахт тарсдааст.

Аммо мо ин мардумро водор карданамон даркор аст ки он ҳама шиканҷаҳоро гап зананд. Барои онки он шиканҷаҳо рӯ бизанад, шиканҷагарҳо маълум шаванд, мардум бидонад, ки дар онҷоҳо шиканҷа мешаванд. Муҳим ин аст ки ин шиканҷаҳо гуфта шаваду ошкор гарданд. Вақте ки гуфта шуд мо он нафароне, ки шиканҷа мекунанд онҳоро фош мекунем. Мардум қаҳрамонҳои дар нохунаки худашро бидонад: «народ должен знат своих героев». Ин гуна «қаҳрамон»-ҳоро мо бояд бидонем, ки кианд? Баъд онҳоро ба қавли ҳукумати имрӯза фикри роҳҳои безарар гардониданиашонро қонунан кунем.

Аммо, мутаассифона инҳо, ки зулмро мебинанд хап мекунанду мешинанд. Хиёл мекунанд, ки хап кунанд, ҳал мешавду меравад. Не ин ҳал намешавад. Бояд зулм ва золим гуфта шавад. Вақте зулм гуфта шуд ва мардум бохабар шуданд як фикри чора карданашон дар калаҳояшон мебиёяд. То кай  онҳо мераванду зулмро мебинанду боз хомуш меистанд. Бояд ҳар як зулмашон гуфта шавад ва мо бояд бидонем, ки инҳо ба чи минвол ба мо рафтор мекунанд ва мо ҳам чораашро бубинем. Ин бисёр муҳим аст.

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №260 появились сначала на ISLOH.net.

Биравад ба ОБСЕ, ки чӣ бигӯяд?
Раҳмонов ва ҳукумати вай ин бор ба ҷаласаи солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо наомаданд. Омада ҳам наметавонистанд. На инки шарм карданду хиҷолат кашиданд, на, аз ин ҳарфҳо нест. Шарм дар рухи онҳо набуд ва намешавад. Барои он наомаданд, ки дар ботлоқ гир уфтодаву дар мунҷалоби сохтаи худ дар мондаанд.

Гап дар сари он аст ки Раҳмонов имсол ошкоро ва дар пеши чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ даст ба ҷинояти мудҳиш зад, ки Мулло Абдураҳиму Абдулло Роҳнамо ва ё ҳар фурӯхташудаи табдил ба чоплусу лесаки сухансозу суханбози бомалака ва мумтоз шуда ҳам, ки меомад, наметавонист, вайро таври дигар вонамуд кунад. Ба ҳиҷ ваҷҳ наметавонистанд ин ҳарфи Раҳмоновро, ки гуфт ман худам дастур додам, ки бикушанд, сафед созанд. Воқиан ин далели шайъӣ ва бурҳони қотеъ барои ба додгоҳи ҷиноӣ кашонидани Раҳмонов аст, ки мешуд бар асоси асноди ин нишаст ба додгоҳ мунтақил кард. Чаро ва бо чи асосе дастури қатл (безарар) гардониро дод?

Далелаш ҳам, ваҷҳи фармонаш ҳам ин будааст: «бо ин ҳол давлатдорӣ карда намешавад, сӣ сол тоқат кард.»

Ҳоло агар давлатдорӣ карда натавонӣ, бояд мардуми бегуноҳро ба қатл бирасонӣ? Барои онки ту давлатдорӣ бикунӣ, мардуми помирӣ кушта ва ҳадафи тири ту қарор бигирад?

Дар кадом давлат ва дар кадом гӯшаи дунё дидаеду шунидаед, ки барои онки як нафар давлатдорӣ бикунад, бояд мардумаш кушта бишавад? Ин ҳам дар ҳоле аст ки он мардум на силоҳе дораду ва на ҷанге кардааст?

Ин буд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон-эътилофи неруҳои мухолифи режими Раҳмонов дар Аврупо дар ҷаласаи САҲА ин террори давлатии анҷомшуда алайҳи помириҳо аз тарафи Раҳмоновро дар сархати гузоришаш қарор дод:

«Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақалияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳ ва бегуноҳ дар як амалиёти низомии Ҳукумат барои саркуби тазоҳургарон кушта шуданд, Садҳо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон, аз ҷумла, адвокатҳо, рӯзноманигорон ва фаъолони мардумӣ зиндонӣ ва ё фирорӣ гаштанд.»

Раиси Паймони миллии Тоҷикистон аз он низ гуфт, ки режими Раҳмонов ба нуқтаи авҷ ва иртиқои  давлати худкома расида ва ҷомеаи мадании мамлакатро беш аз пеш таҳти фишору тазйиқ қарор дод, ки ҳоло имрӯзҳо ин қишри бедору огоҳи ҷомеа дигар рамақе дар ҷон надорад ва ба номаш амал мекунад.

Нафари дигаре, ки дар ин нишаст  пешниҳод ва тавсияи бисёр ҳам ҷолибе ироа кард Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон буд. Шерзамонов гуфт, ки бо онки беш аз панҷ сол аст дар дори ғурбат ва минҳайси як паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад, камтарин пешравӣ ва ё тағйироте дар низомҳои худкома мушоҳида намекунад. Барои ҳамин гуфт ӯ зарурат пеш меояд, ки дар сатҳи байналмилалӣ муносибат ва ҳамкорӣ бо роҳбарони дарозумри сиёсӣ, онҳое, ки беш аз 20 сол дар сари қудрат боқӣ мемонанд, бознигарӣ бишавад ва қатъи ҳамагуна ҳамкорӣ ва робита бо онҳо ногузир аст:

«То замоне, ки ба ном раисҷумҳурҳо 20 сол ва бештар аз он дар ҳукумат боқӣ мемонанд ва ҷаҳони мутамаддин аз фишурдани дасти онҳо парҳез намекунад, то замоне, ки сафирони кишварҳои демократӣ ба ифтихори поёни маъмурияташон барои онҳо зиёфатҳое дар пояи мансабдорони фосиди ин кишварҳо ташкил медиҳанд ва ҳукумати демократитарин кишвари дунё бовариномаи сафири кишвар — духтари диктотури бо роҳи ғайридемократӣ интихобшударо қабул мекунад, чӣ гуна роҳҳалҳои дигаре мешавад пешниҳод кард?»

Дар зимн, ҳамин гуна тавсия ва пешниҳодҳо, яъне бо ҳамин маънову мазмунро қаблан бархе аз шахсиятҳои машҳур ва фаъъолони сиёсӣ ироа дошта буданд. Ин гуна пешниҳод садо дода буд, ки маҳдудияти ҳуқуқӣ ва қонунии ҳузури як нафар дар сари қудрат дар кишварҳои бо низоми ҷумҳурӣ боястӣ дар сатҳи Созмони милали муттаҳид баррасӣ ва таъйид бишавад. Ин тавр нашавад, ки як нафар ба хотири нарафтан аз қудрат ҳар гоҳе бихост ба қонуни мамлкат тағйирот дароварда ва боз ҳам ҳокимияти худро тамдид кунад. Албатта, кишварҳои урупоӣ ва пешрафта бо ин гуна мушкил мавоҷеҳ нестанд ва кишвраҳои шоҳигарие назири Арабистони Саудӣ ҳам дар ин васат истисноанд, вал на кишварҳое, ки худро демократӣ мешуморанд, бар мабнои интихобот ҳокимият месозанд, барои онҳо ҳамчунин талаботи дар сатҳи ҷаҳонӣ бояд пазируфта бишавад. Чун маълум ва яқин аст ки ин чунин интихоботҳое, ки Раҳмонов ва амсоли вай, масалан ҳами Путин ва Лукашенко баргузор мекунад 99у аз даҳ 9% сохта, ҷаълӣ ва дасткоришуда аст. Вале азбаски бо ин ё он тариқае ҳукумат ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва аҳзоби дигарро саркуб кардаву маҷоли муборизаро надорад, фишор боястӣ аз тариқи байналмилалӣ сурат бигирад. Алим Шерзамонов дуруст пешниҳод мекунад, ки ҳамчунин кишварҳо бояд таҳти таҳрим қарор бигиранд ва легитимияти онҳо эътироф карда нашавад:

«Набояд ба ин гуна режимҳо машрӯъияти байналмиллалӣ дода шавад. Бо ҳар дафъа кори дохилии режимҳо эътироф кардани дасткорӣ дар овозҳои мардум, мо билохира ба ҷое расидем, ки бархе кишварҳо бо истифода аз механизмҳои интихоботӣ ғасби қаламрави кишварҳои ҳамсояашонро қонунӣ гардониданӣ мешаванд.»

Дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Ҷамшед Ёров, раиси «Бунёди Бузургмеҳр Ёров» ва Мадинаи Ҳикматулло, як фаъоли иҷтимоӣ низ суханронӣ карда ва аз мушкилоти пайваста ва мудом дар ҳоли афзоиши нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Ҷамшед Ёров аз комилан бесалоҳият ва ба як ниҳоди бетаъсир бадал кардани адвокатура дар низоми додгоҳии Тоҷикистон суҳбат кард. Вай гуфт, ки баъди ворид кардани ислоҳот ба қонуни адвокат дар Тоҷикистон баъди соли 2015 нақш ва мақоми вакили дифоъ ба ҳадде пойин оварда шуд, ки дигар фаъолияти сафедкунанда дар Тоҷикистон танҳо ба номаш боқӣ мондааст.

«Мадина Ҳикматулло, ки мегуяд ночор шуд ҳамроҳ бо оилааш ҷилои ватан кунад аз он гуфт, ки занҳо дар Тоҷикистон  мавриди хушунати сиёсӣ қарор гирифтаанд. Вай мегуяд, ки Улфатхоним Мамаҳмадшоеваи 65-сола бидуни кадом ҷурме ба 25 соли зиндон таҳдид мешавад. Мадина дар ин суханрониаш ҳамчунин аз Шоҳида Мамадҷонова, модари Абдураҳмон-09, блогери тоҷики муқими Олмон, ки ба шаш соли зиндон маҳкум шуд, ёдовар шуда аз муносибати мақомот бо ин зан, ки ба ҷойи писараш дар зиндон нишастааст, сахт накуҳиш мекунад.»

Мадина ҳамчун иттиҳом дар парвандаи Улфатхонум Мамадшоева ворид кардани грантро намунаи олии беҳуқуқии зани тоҷик арзёбӣ карда изҳори таҳаюр мекунад, ки солона ба миллионҳо доллар наафрони дигар ва худи ҳукумати Тоҷикистон грант аз созмонҳои хориҷӣ дарёфт мекунанд, аммо маҳз грантгирии Мамадшоева ӯро гунаҳкор мекардааст.

Вале, боз ҳам савол инҷост ки чаро тарафи ҷониби ҳукумат нахост, ки дар ҷаласаи САҲА ширкат варзад?

Ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам ҷониби неруҳои мухолиф бояд бо ҳам баҳс ва саволу ҷавоб  мекарданд. Ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ. Маълум аст ки корҳои ҳукумат «каша», г..ҳи андар г..ҳ аст. Яқинан Раҳмонов  ва тими эъзомии вай зери тал ва г..ҳи пушташуда мемонданд. Барои ҳамин Раҳмонов ин бор на Мулло Абдураҳимро фиристоду на Юсуф Раҳмоновро. Уҳдадории байналмилалии худро иҷро накард. Худро аз ҷомеаи байналмилалӣ музавӣ кард. Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари ёғӣ ном баровард.

Тоҷикистон дард дорад, айб дорад, муртакиби ҷурм аст, барои ҳамин худро дидаву дониста канор кашидаву ба дур нигоҳ доштааст. Ҳолати ҷолиби ин ҷаласа ҳам ин аст, ки дар он  «террористҳо» саҳнаро гирифтаву ҳукуматро барои аъмоли террористӣ айбдор  карда истодаанд.

«Воқеан ҳам хеле пурмаъност, ки се кишвари худкома ва дарозумрони сиёсӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, Александр Лукашенко, диктотури Аврупо аз соли 1994 ва Владимир Путин аз соли 1999 ба ин тараф роҳбарӣ карда истодаанд, натавонистанд, намояндаҳои худро бифиристанд. Дар ҳоле,ки дар нишастҳои солонаи САҲА ҳамасола ҳузур доштанд. Курсиҳои барои намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ҷудо кардаи масъулони ин ҳамоиш холӣ аст. »

Беҳтар буд онҳо курсиҳои ҳукумат дар Тоҷикистонро холӣ мекарданд ва Раҳмоновро ҳам бо худ мебурданд.

Маълум нест, ки дар рӯзҳои баъдӣ ҳукумати Тоҷикистон дар кори ҷаласаи солонаи САҲА ширкат мекунад ё не. Аммо ин  рӯзи сеюми конфронси САҲА асту аз намояндаи “пешво” ҳеҷ дараке нест, вале яқин аст аст онҳо хуб медонанд, ки муттаҳамиашон бештар рӯ хоҳад шуд.

Ps: Хонандаи гиромии “Ислоҳ” мо хело мехоҳем таҳлилҳои ҳар рӯза аз САҲА бароятон тақдим намоем,то шуморо аз ончи мегузарад огоҳ намоем. Чун тарафи Тоҷикистон нест дар  ин ҷаласа он қадар ҷолиб наменамояд ин конфронсу ин ҷаласаҳо. Масалан мисли солҳои гузашта Раҳим Карим Тажикистан ва ё Абдулло Роҳнамо ва ё Юсуф Раҳмону чанд тардоманаки дигар иштирок мекарданд матолибу таҳлилҳои ҷолибтар мешуд тақдим намудан. Аммо инҷо танҳо мухолифон мегӯянд ва аз ончи воқеъияти ҳолу рӯзгори мову шумост аз он мегӯянду ҷомеаи ҷаҳонӣ онро мешунаванд. Имсол “пешво” дар сакарот қарор дорад ва ҳайати рӯсурхаконро нафиристод, то рангинтар шавад. Аммо ҳар нуктаи муҳимме шуд аз он хоҳем гуфт.

Сообщение Биравад ба ОБСЕ, ки чӣ бигӯяд? появились сначала на ISLOH.net.