Архивы Абдурраҳмон Қодирӣ - ISLOH.net

Раиси «Бонки миллӣ»-и вилояти Суғд ё «дасти рост»-и Раҳмонов дар наркобизнеси шимоли Тоҷикистон
Навруз Валиев, мудири Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳудуди 20 сол аст дар ин курсӣ мехкуб ва ноҷунбон шудааст. Ӯро ба унвони як мутахассиси ҳирфаӣ дар соҳаи ҳисобдориву молия ва бонкӣ эътироф мекунанд. Аммо, ин сифоти хуби корӣ далели солҳои тулонӣ фаъолият кардани ӯ дар мақоми раҳбарии «Бонки миллӣ» дар вилояти Суғд нест. Далели «дарозумрӣ»-и вай дар курсии раиси Бонки миллӣ дар шимоли Тоҷикистон чизи дигар аст. Ҳеҷ рабту алоқае ба сатҳу сифат ва ҳатто самараи кори ӯ надорад.

Тули ин муддат Қосим Раҳбарович Қосимов, Қоҳир Расулзода, Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳоло Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайси раиси вилояти Суғд кор карданду иваз шуданд, аммо Навруз Валиев ҳамчун санги побарҷо ва куҳи устувор дар курсиаш боқӣ монд. Шояд бигуед, ки раисон ба кори бахши «Бонки миллӣ» дар вилояти Суғд мудохила намекунанд ва таъйину барканории раиси он дар ихтиёри Бонки миллӣ аст. Дуруст. Аммо дар ин муддат дар Бонки миллӣ ҳам раисҳо яке пайи дигаре иваз шуданд: Муродалӣ Алимардон, Шариф Раҳимзода, Абдуҷаббор Ширинов, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода  ва ҳоло Фирдавс Толибзода. Яъне чаҳор раиси вилоят ва шаш раиси Бонки миллӣ иваз шуд ҳатто домоди Раҳмонов Ҷамолиддин Нуралиев аз муовинии Бонки миллӣ барканор шуд аммо Валиев Навруз Aлиевич дар ҷойи худаш, курсии раиси «Бонки миллӣ» дар вилояти Суғд ҳатто такон намехурад ва айни худи Ҷаноби Олӣ «сварка кадагӣ». Бо ин ҳама раисон кор кардан ва боз ҳам курсиро ҳифз кардан, хеле ҳам душвор ва хеле ҳам саволбарангез аст. Ҳатмани ҳатман бо яке аз ин нафарон ситорааш ва ё гапаш рост намеомад ва ӯро ҷавоб медоданд. Аммо ин тавр нашуд? Навруз Валиев ҳамоно масъулияти раҳбарии  Бонки миллӣ дар вилояти Суғдро бар уҳда дорад ва бар замми ин писарашро ҳам тавонист, ки раиси яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакории кишвар, Мастчоҳ бимонад.

Ва ҳоло Аъзам Ализода Навруз, писари бонкири №1-и вилояти Суғд ва аз «чиновникҳои дарозумр»  се сол мешавад, ки раиси Мастчоҳ аст.

Ҳоло, бо иҷозаи шумо як пораеро  аз матлаби пешини «Ислоҳ» инҷо меоварем, ки ба ин навишта хеле ҳам мехурад:

«Ман яке аз ин коргарони куҳнаи ҳукумат мебошам. Мо-коргарони куҳна ба шумор мондаем. Ва, инро ҳам бояд бигӯям, ки барои курсии раиси ноҳияи Масчоҳ Атовуллозода Муллосоқӣ ва Зокирзода Умед давутози зиёд карда истода буданд. «Ставка»-и раисӣ аз 150.000 доллар ба 250.000 доллар боло рафт. Ин ду нафар аз командаи Ғайрат Азиззода буданд. То рӯзи охирон командаи Ғайрат ва Қофлонбой боварии калон доштанд, ки Атовуллозода Муллосоқӣ раиси нави ноҳия таъин мешавад. Ҳатто рӯзи 16.11.2021 сол Атовуллозода Муллосоқиро ба Душанбе даъват карда буданд. Вай барои гирифтани таъйинот рафта буд. Вале рӯзи 17.11.2021 Ализода Аъзам Наврӯз раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуд. Аъзам писари Наврӯз Валиеви бонкир мебошад. Вай аз «клан»-и марҳум Тоҳир Азиззода мебошад. Боз ҳам нақшаи Қофлонбой барбод рафт. Қофлонбой аввал мехост, ки Рустам Рустамзода раиси ноҳия таъин шавад. Вале Тоҳир Азиззода фармонро ба даст оварда буд.

Мегӯянд, ки Аъзам Ализода «одам»-и Рустами Эмомалӣ мебошад. Ҳардуяшон дӯстии наздик доранд. Баъди барномаи «Ислоҳ.нет» ва расонаӣ шудани ҳолати қасди куштори Рустамзода Абдухалил, Рустами Эмомалӣ Аъзамро даъват карда «ту раиси ноҳияи Мастчоҳ мешавӣ» мегӯяд. Сумбулоғо-Асадулло Қимматович Раҳмон, ёрдамчии Президент дар масъалаи кадрҳо барои раис шудани Атовуллозода Муллосоқӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба воситаи Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода 250.000 доллар пора гирифта буд. Аммо Сумбулоғо рӯзи 17.11.2021 бохабар мешавад, ки фармони раиси ноҳия таъйин шудани Аъзам Ализода баромадааст».

Аз ин иқтибос метавонед ин гуна бардошт ва ё хулоса бароваред, ки таъсир ва ҳукми Навруз Валиев  дар вилоят болотар аз раисҳо аст вагарна раиси ноҳияи Мастчоҳ на  одами тайёркардаи Қофлонбой –Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва на кадри Асадулло Раҳмон, мушовири кадри Раҳмонов, балки писари ин бонкири рақами аввали вилояти Суғд намешуд. Пас, бармеояд, ки Навруз Валиев ба худи Оила робитаи танготанг ва хело хубе дорад ва Аъзами писари ӯ, раиси имрӯзаи ноҳияи Мастчоҳ бо писари Эмомалӣ Раҳмонов яъне Рустами Эмомалӣ ҷура будааст. Ин ду нафар чи тавр ҷура шуданд ва нақши худи Навруз Валиев дар ин ҷурасозӣ чи гуна астро ҳам инҷо гап мезанем.

Бинобар навиштаҳои расонаҳои маҳаллӣ Навруз Валиев, раиси Федертсияи самбои вилояти Суғд ҳам будааст ва ҳануз аз давраи раҳбарии Қоҳир Расулзода дар ин вилоят ширкати варзишкорони тоҷик дар ин риштаро дар мусобиқоти байналмилалӣ кумак мекардааст.

Наркотарафик Наврӯз Валиев ва Эмомалӣ Раҳмоновро мепайвандад

Акнун ҷойи гуфтан омад, то бишиносед, ки дар бораи кӣ гап меравад ва ин нафарро бо Эмомалӣ Раҳмонов чи мепайвандад ва то чи андоза ба тиҷорати қочоқи маводди мухаддир шарик аст?

Навруз Валиев зодаи ноҳияи Мастчоҳ аст. Яке аз рафиқони наздиктарини пешво ва пасво ва ин оила мебошад. Писараш ҳоло раиси ноҳияи Мастчоҳ аст. Аъзам ба Рустами Эмомалӣ бо ҳам дӯсти хуб мебошад. Аз даврони кудакӣ ҳар дуи инҳо бо ҳам дӯстии наздик доранд. Барои он ки дар замони ҷанг вақтҳое ҳам буд, ки Раҳмонов писари наркомани худро барои пинҳон кардан ба шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи номдори «кучаи Ленин»оварда буд. Пас аз ҳодисаи куштори Файзалӣ ва Сангак, Рустами гунгак дар хонаи Навруз Валиев меистод. Аз ҳамон замонҳо Аъзам ва Рустам бо ҳам дӯстии наздик пайдо карда буданд. Дар як нишасти бо дӯстон Аъзам ба дӯстони тошкандии худ дар чойхонаи машҳури «Тоҷиддин» дар Бустон мегуяд, ки «Я являюс хорошим другом Рустама, был времена когда у него нечего не было, он даже одевал мои одежды».

Чойхонаи «Тоҷиддин»- дар шаҳраки Бустони Мастчоҳ хеле машҳур мебошад. Барои он ки инҷо ба гуфти мардум «питачок»-и тамоми наркобаронҳо, криминалҳо ва дигар унсурҳои олами ҷиноӣ мебошад. Соҳиби инҷо Тоҷиддин яке аз наркобаронҳои калони ноҳияи Мастчоҳ аз солҳои 90ум аст.

То ҳоло ҳам тамоми мардум, милиса ва кормандони амнияту прократура медонанд, ки вай бо чи кор машғул аст, лек ҳеҷ кас ӯро на дастгир ва на паси панҷара карда метавонад. Чунки Тоҷиддин дар симои Навруз Валиев пушту паноҳи  пурқувват дорад ва тавассути Навруз Валиев  бо ин Оилаи нафриншуда алоқа дорад.

Аз солҳои 70—80 тавассути бархе аз ҷавонмардони Мастчоҳ роҳи осони даромадро дар «наркобизнес» пайдо мекунанд. Он солҳо Мастчоҳ ба унвони транзитний пункт ва перевалочний база, ки ҳоло ин мақомро Исфара соҳиб шудааст, барои тоифаи наркобаронҳову наркобизнесҳо хеле ҳам ҷаззоб ба ҳисоб мерафт. Ва, шумораи зиёди мастчоиҳо он замон ба бизнеси наркотик машғул шуда буданд. Сабаб дар он аст, ки дар замони ҷангҳои «босмачигарӣ» ё истилои Бошевикон ба сарзамини мо аз Мастчоҳ ба Афғонистон одамони зиёд гурехта буданд ва ҳоло ҳам пайвандону боқимондаҳои онҳо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Вақте ки Шуравӣ ба Афғонистон даромад, ҷавонони мастчоӣ дар Мазори Шариф, Ҳирот, Файзободи Афғонистон бо бархе аз мастчоиҳои Афғонистон шинос шуданд.

Дар солҳои ҷанги дохилии 1992-1997 бизнеси «наркотикӣ» дар Мастчоҳ сар шуд. Роҳи осонтарин аз тарафи «Нусай, Сардеҳ ва Умарак» деҳаҳое дар шимоли Афғонистон ва Вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ки минбаъд тавассути Мастчоҳ ба Тошканду Бишкек ва сипас то ба Русия идома мекард.

Дар замони ҷанг шумори наркобизнесменҳои ноҳияи Мастчоҳ хеле афзуд. Барои он ки бо маблағи ночиз метавонистанд аз он кишвари ҷангзада бори худро гузаронда ба Русия равон намоянд. Даҳҳо мастчоҳӣ Афғонистон мерафтанд. Ва «бор»-ро аз марз хеле ҳам арзону осон мегузарониданд. Ҳатто барои афғонҳо Камаз ҳам гузаронида бар ивазаш героин гирифтагианд.

Дар аввали солҳои 2000 Раҳмонов дар яке аз маҷлисҳои ноҳиявӣ бо намояндагони давлат ва соҳибкорон, ки тақрибан 95% наркобарони масчоӣ ҳузур доштанд дар шаҳри Бустони Масчоҳ бо ханда мегуяд, ки «медонум бисёри шумо бизнеси сафеддаед  ва мегуяд, крупний бизанен!»

Солҳои 2001-2002 Навруз Валиев дар кадом мулоқоташ ба Раҳмонов мегуяд, ки «ҳамшаҳриҳои ман, миллионер, баъзеаш миллиардер шуданд аз паси ҳамин сафеда».

Ва мефаҳмонад, ки наркотик  бо се роҳ аз Тоҷикистон мебарояд:

1ум аз тарафи деҳаи Хоҷаи Аъло-и Исфара. Як мастчоҳии Исфара трансферро дар даст дорад.

Бояд зикр намуд, ки ба Исфара аз солҳои 60-70 бисёр мардум аз Куҳистони Мастчоҳ куч баста буданд. Ба Узбекистон бо ёрии криминали машҳури Узбекистон «Бахтӣ Ташкентский»  «бор» равон карда мешуд.

Вале аз соли 2004 сар карда, «охота» ба наркобаронҳои мастчоҳӣ сахт шуд. Аммо ин «охота» ҷиддӣ набуд. Асосан барои дур кардани «конкурентҳо» аз ин бизнес буд, ки даромадҳои миллионӣ меовард.  Эмомалӣ Раҳмонов худ главар шуд ва Навруз Валиев бо одамони «Бахти Ташкентский» вохурда  масъаларо ҳал мекард. Аз замоне, ки ин бизнес пурра ба роҳ монда шуд, домоди Раҳмонов, ки ҳоло дар ин кор ҳаст танҳо «исполнительный директор» мебошад. Соҳиби асосии ин бизнеси миллиардӣ худи Раҳмонов ва масъулу маъмури финанси он Навруз Валиев аст.

Яке аз калонтарин наркобаронҳои Мастчоҳ «Валии роғӣ» буд. Ҳар боре ба даст меафтод, то 2-3 миллион доллар дода халос мешуд. Валии роғӣ бо Навруз Валиев робитаи бисёр ҳам зич дошт. Аммо Валии роғӣ яке аз хатогиҳои калонтарин кард, ки сабаби тамоман аз ин бизнес дур карданаш мешавад ва тақрибан 100 миллион долларашро зада мегиранд. (дар дасти «Ислоҳ» номи хело аз иншоотҳо ва моликиятҳои ғайри манқули Валии роғӣ вуҷуд дорад, ки аз тарафи Навруз Валиев ва мақомот мусодира шудаанд) Валӣ солҳои 96-99- 2000 дар як овардан то 80-100 мошини масалан Жигулӣ -08 ё 09 аз Русия меовард. Вай бо бародараш Мағзум, ки соли 2016 дар Белгороди Русия дастгир шуд, аз даромади ин тиҷорат садҳо гектар замини пахта ва ҳамин тавр иншооти ноҳияро харида хусусӣ карда ва ба садҳо кас қарз додаву гирифтору вобастаи худ карда буданд. Яке аз муштариҳои асосии онҳо Қосим Раҳбарович буд, ки шоҳидони ҳол мегуянд, паси дари Валии роғӣ навбат мепоид ва Валӣ барои вай пули соляркаву бензин барои кишту кор медод. Ёдатон бошад аз мошини дипломати тоҷик (сафири Тоҷикистон) дар Қазоқистон героин пайдо намуда буданд. Он дипломат мастчоҳӣ буд.

Аммо бояд бигуям, ки Раҳмонов аз наркобаронҳо хела ваҳму тарси калон дошт. Ба раиси онрӯзаи вилояти Суғд Қосим Раҳбарович Раҳмонов мегуяд:  «агар наркобаронҳои мастчоҳӣ ҳаминхел ба мардум ёрӣ дода бизнесашонро давом диҳанд, баъд ба ман бало мешаванд, илоҷашро бин».

Қосим Раҳбарович  ба боздошту дастгир кардани баъзе аз наркобаронҳо сар мекунад. Ин кори вай ба занозаниҳои калон мепечад. Ҳазорон ҷавони мастчоҳӣ ба Хучанд омада хуҷандиҳоро мезаданд. Пас, аз ин воқеаҳо Раҳмонов бо ёрӣ ва нақшаи кашидаи Навруз Валиев, як -як ҳамаи наркобаронҳои калонро кунҷи зиндон ва банкрот карда ва тамоман аз байн бурд ва танҳо Тоҷиддин монд. Тоҷиддин ин ҳолатро дида ҳамон замон бо Навруз Валиев гапро як карда ба маблағи 3 миллион доллар барои худ «криша» яъне «таға» ба монанди «Ҷаноби Олӣ» (Худо лаънаташ кунад) харид. Дар соли 2000 алакай Раҳмонов пурра роҳбар ва наркобарони калонтарини Тоҷикистон шуд. Тамоми финансовий структураи бизнес ба души Навруз Валиев меафтад ва ба гуфти баъзе аз масъулини Бонки Миллӣ дар вилояти Суғд «Раис ҳар моҳ (траншҳо) трансферҳои 10 то 20 миллион доллараро авторизават мекунад, рост ба суратҳисобҳои оффшории ҷазираҳои Вирҷиния мефиристад.Раҳмонов тавассути Навруз Валиев пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаи худро ба суратҳисобҳои оффшориаш мепартояд»

Навруз Валиев албатта, ки ҳиссаи хеле хуб аз ин бизнес дорад- дар як моҳ беш аз 3 миллион доллар. Бояд қайд намуд, ки Тоҷиддин то ҳоло ин бизнес ва ин роҳи тронзитӣ аз Мастчоҳро  курироват мекунад. Тоҷиддин шахси хеле мутакаббир ва ҳаром мебошад. Ба ғайр аз он ки Раҳмонов кришаи асосиаш аст дар вазорати дохилӣ, амният, прокуратура ва таможнии Тоҷикистон бисёр генералҳоро «грет» карда мегардад. Ба гуфти худаш, ки 2-3 сол пеш «Ма ҳози ҳамиқа одамора грет карсодиам так что ҷош биёяд государственний переворот кардан барои ма 2×2ҳай».

Айни замон Навруз Валиев оҳиста-оҳиста роҳбарии бизнеси худро ба фарзандонаш таълим дода истодааст. Дар байни хешу авлоди худ гуфтаст:  «ман ҳозир бояд тезтар ҳама системаҳои даромадро ба фарзандонам гузаронам. Он кас раванд манам пенсия мебароям ва дигар бояд дуюм поколения давом диҳанд.»

Ин кардинали сиёҳи Точикистон, бояд қайд кунем, ки моли давлатро намедуздад. Вале сахт истифода мебарад. Барои афзун кардани  даромади худ. Масалан ба наркобизнесҳо пулҳои калон қарз додааст ва ё ба онҳо инвестиция медиҳад.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини собиқи раиси Бонки Миллӣ, шавҳари Озодаи чемпионка яке аз шогирдони Навруз Валиев мебошад.

Шуҳрат Исматуллозодаро ҳамин Навруз Валиев тавсия дода буд, ки муовини раиси Ориёнбонк монанд. Вале маҳз Навруз Валиев ба Раҳмонов гуфта будааст, ки Шуҳрат аз ҳад ва ҳудуд гузашта истодааст чораашро тезтар дидан даркор.

Навруз Валиев ба Раҳмонов мегуяд: « Шуҳрат даҳонашро соҳибӣ карда наметавонад ва дар ҳар ҷо ҳар гуна гапҳо зада истодааст ва тамоми сирҳоро фош мекунад. Бояд бо вай коре кард, то хомуш шавад. Набошад бо ин «лақиданҳояш» сари бисёриҳоро мехурад ва дардисар меоварад. Масалан ман аз аввали ба қудрат расиданатон бо шумо ҳамин корҳои сиёҳро дорам ва касе огоҳ нашудааст, чунки даҳони ман пушидагӣ ҷаноб!»

Гап дар бораи он меравад, ки дар як нишасти худ Шуҳрат бо дӯстонаш дар дачаи «Бонки миллӣ» дар Қайроқум (Гулистони ҳозира) каме кайфаш баланд мешавад, яъне маст шуда дар бораи финансовий махинатсияҳои оила мегуяд. Дар ин ҳолат яке аз кормандони ҳамон дача дарҳол ба Навруз Валиев занг зада мегуяд, ки «раис и девона ҳамара фурухсодай, чикораш кунем?»

Навруз Валиев бо саросемагӣ омада ӯро ба квартираи худ дар 18ум микроноҳияи Хуҷанд мебарад ва бо Ҷанобаш ба связ баромадa  воқеаро мефаҳмонад. Аз амният одамҳо омада ӯро ҳамон рӯз ба Душанбе мебаранд ва бо дахолати тағои Рустам ишкамбаи Асадуллозода Шуҳрат бахшида мешавад.

Аммо пас аз Раҳмонов ба Хуҷанд омаданаш Навруз Валиев ӯро убедит мекунад, ки Шуҳрат «опасный» ва бояд чора дида шавад.

Раҳмонов ҳамон услуби дӯстдоштаи худро пеш гирифта Шуҳратро бояд, ки зиндон мекард, албатта бо парвандаҳои бофтаи худ. Лек Ҷеки Чан- вазири корҳои дохилӣ  плани дуздидан ва кушторро тавсия дода мегуяд, ки сипас ҳамаашро ба сари Муҳаммадиқболу Кабириву Группа и 24 мезанем ва бо ҳамин бо як тир чанд нишон мезанем.

Аммо Навруз Валиев ба Раҳмонов мегуяд, ки ҳама чизҳо овоза шуд ва дар оппозитсия алакай ҳама ҳама гапро паҳн карданд ва ҳоло ба сари инҳо ин корҳоро монда намешавад ва агар гуфти вазирро кунед, шарманда мешавем ва пурқувват будани онҳоро тасдиқ мекунем.

Яке аз инсонҳое, ки бар зидди ҳамин план –«ба души оппозитсия» партофтани ин масъала буд, ҳамин Навруз Валиев буд.

Дар Тоҷикистон қонун танҳо барои мардуми одӣ амал мекунад. Барои кришадорҳо ва худи кришаҳо тамоман татбиқ намегардад.

Валиев Навруз Алиевич соҳиби 3 зан мебошад. Аввалин занаш аз худи Мастчоҳ. Дуюм занаш як рус мебошад, ки аз вай як духтар дорад. Ҳоло он духтараш дар Амрико мехонад ва ҳамроҳ бо ду бародараш аст, ки аз зани мастчоии падараш мебошанд. Навруз ҳар моҳ танҳо барои таҳсили ин фарзандонаш зиёда аз 15 ҳазор доллар равон мекунад. Инҷо савол пеш меояд, ки музди маоши Наврузи Пистолет чи қадар  аст?! Зани сеюмаш ва ба гуфти мардум «пачкаш» як бевазани хуҷандӣ мебошад, ки аз ду зани аввалу дуюмаш хабардор нест. Ба зани ҷавонаш дар шаҳраки Бустон собиқ Чкаловск  хона, мошин ва салон красоти (толори ҳусн) харидааст. Ба гуфти мардум ин бевача дар Бонки миллӣ дар вилояти Суғд пас аз ҷудо шудан аз шавҳараш ба кор медарояд ва сразу ба раис охота мекунад.

Навруз Алиевич дар як нишаст ба Раҳмонов дар дачаи Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон –Қайроқуми пешина мегуяд, ки «ёшако бо зур будай,мана мегуфтед Ҷаноб ма бовар намекардам». Ҷанобаш дар ҷавоб мегуяд, ки эҳаа ту мастчоҳӣ нав фаҳмидӣ?!

Навруз Валиев, ки мастчоҳӣ аст ҳаракат мекунад, ки дар гирду атрофи худ ҳамқишлоқиҳои худро ҷамъ кунад. Номи деҳааш дар хотирам нест шояд Пастиғав  ва ё  Палдорак бошад.

Қисса кутаҳ тамоми наздиконаш дар гирду атрофаш кор мекунанд, алахусус аз деҳаи худаш ва хешу табори дуру наздики худаш мебошанд.

Наврузро якчанд маротиба мехостанд аз вазифа гиранд, алалхусус Қосим Раҳбарович. Аммо Раҳмонов тамоман иҷозат надод. Навруз монанди ҳамон пешвояш мебошад, дар вилояти Суғд як инсони саховатпеша ва соҳибкори номдор, ки худ хешу табори Навруз буд, соҳиби ширкати «Олим Каримзод»-Ҷамшед Абдулов. Байни вай ва Навруз чи нофаҳмие аз ҳисоби як «ферма» дар ноҳияи Мастчоҳ мешавад ва Навруз ӯро пурра чап гирифт ва бо ёрии дӯсташ Э.Раҳмонов пура Ҷамшедро шикаст дод ва оқибат чанд ҳазор мардуми одди бе ҷои кор монд. Ҳатто клуби футболи Мастчоҳ, ки номи «Олим Каримзод» дошт ба лигаи олӣ баромада буд. Барои онки маблағгузори хуб буд. Аммо Раҳмонов ва дӯстони ҳаромаш пурра онҳоро шикастанд.

Аммо гарчанде Навруз Алиевич дӯсти Раҳмонов бошад ҳам аз Раҳмонов «хавф» дорад ва ҳамеша мегуяд: «да ин боварӣ нест. Ин ҳамаро нест кард, пагаҳ ман ҳам лозим нашавам нестам мекунад. Ҷаноб гарени чашмгурусна! Барои ҳамин бояд ё  роҳи гурез аз ватан пайдо кунем ё тезтар Рустам президент шавад, пас хуб мешавад. Вай каме беақлакай, да гушош мепарӣ, ҳама кора иҷозат медиҳад.»

Акнун интизор аст  ки тезтар Рустам сари вазифа ояд. Барои он ки Аъзам бе ягон мамоният боз вазифаҳои баландро соҳиб мешавад. Аввалин коре, ки агар Рустам ба сари вазифа ояд, ба гуфти Навруз ва худи Аъзам, ӯ бояд раиси вилояти Суғд ва пас курсии сарвазирро соҳиб шавад.

Ҳатто медонад, ки Аъзам метавонад дигар ягон доля надиҳад ва инро ҳам медонад, ки наркотрафик пурра дар дасти Аъзам мебошад. Барои он ки Аъзам хеле моҳирона Рустамро чмо карда метавонистааст. Аъзам дар байни дӯстони наздикаш дар ҳамон питачоки худ мегуяд, ки агар Рустам ба сари вазифа наояд корҳо капут. Бояд роҳи гурезро пеша кунем,

Аъзам дар ҳангоми бангзанӣ даҳону кунаш ба гуфти Тоҷиддин як мешавад ва пурра ҳама чизро гуфта медиҳад. Аз руи баъзе гапҳо Тоҷиддин компромати хеле зиёд нисбати Аъзам ва падараш Навруз Алиевич дорад. Аз ҳамин сабаб аст ки на Аъзам ва на Навруз ӯро аз бозӣ яъне аз бизнеси маводи муххадир дур намекунанд. Лекин Раҳмонов якчанд маротиба гуфтааст, ки Тоҷиддин чужой аст, несташ кун «ё ма бачакора бгум убратуш кунан». Дар ҷавоб ҳамеша Навруз мегуяд, ки не Ҷаноби Олӣ монед бошад: «ин инсони лозимаяй дар Узбекистону Қазоқистон полный рост гапаш бо братваи онҷо мегузарад».

Беҳуда намегуянд, ки «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омуз». Аъзам ҳам монанди падараш ба занҳои рус хеле шавқи зиёд дорад. Ҳоло дуюм зани офитсиалниаш рус мебошад, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Вале монанди дӯсти наздикаш Рустами гунгак чашми гурусна ва хислату эътиқоди бехудоӣ дорад.

Инҷо як қисса нақл хоҳам кард. Якчанд сол қабл, Аъзам вақте ҳаромхонаи худро дар  Чумчуқарал  бо номи «Истиқлол» кушод, духтарони ҷавонро ба ҳайси пешхизмат ба кор гирифт. Вале онҳо тезтез иваз мешуданд. Бо яке аз рафиқонам ҳамсуҳбат шуда иллати онро пурсон шудам. Вай гуфт: «шеф кам-кам кокаин мезанад ва подкайф любой пешхизматба мечаспад, вай шу дорад, надорад по барабану». Ҳамунба базеш аз кор мебуравад, базеш мақул шавад квартирадор шуда «постаянка» ва ё тамоман гум мешавад.

Истиқлол хеле ҷои ҳарому фасодзада аст. То солҳои 2006 дар Хуҷанд, дар наздикии Агроинвестбонки собиқ дар як ҳавлии шаҳр қиморхона ҷойгир буд. Аммо ҳоло ҳама қиморбозон ба Истиқлол мераванд ва Аъзам худаш як чанд утоқҳои отделний кушодааст, ки қиморбозон ба бозӣ машғул мешаванд.

Ба қавли дӯстонам аз Бӯстон (Мастчоҳ), Навруз Aлиевич солҳои 90-ум ба ҳайси «менеҷери молия»-и пинҳонӣ ва махсуси Раҳмонов кор кардааст. Боре ӯро баъди марги Сангак ва Файзалӣ дар соли 1995 чанд узви собиқи гурӯҳи Файзалӣ дуздиданд ва нақшаи онҳо ин буд, ки ӯро тарсонанд ва пасандозҳои пинҳонӣ ё пулҳои дуздидаи Раҳмоновро, ки аз созмонҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буданд, бигиранд. Ҳар гуна зӯроварӣ карданд ва ҳатто ангуштони ӯро буриданд, аммо ӯ чизе нагуфт, то он даме, ки дивизияи 201-уми артиши Русия омада, ӯро наҷот дод. Аз ин рӯ, тахаллуси Наврӯз Aлиевич «Пистолет» аст ва агар дар ҳар вохӯрӣ ё ҷамъомад ба нишасти вай таваҷҷӯҳ кунед, як дасташ ҳамеша пинҳон мемонад. Баъд аз ин Раҳмонов ӯро ба яке аз ғуломони наздиктарини худ табдил дод ва ҳамин аст, ки Раҳмонов ҳар дафъа ба Хуҷанд меояд, танҳо дар «Осоишгоҳи Бонки Миллӣ дар Қайроққум» мемонад. Наврӯз Aлиевич ба ҷуз аз наздик будан бо Раҳмонов ва муомилоти молии ӯ то имрӯз, дар тӯли 20 соли охир аз ҳукумат, бонкҳо ва дигар сармояҳои молии вилояти Суғд дастикам 120 миллион доллар дуздидааст. Дар наворҳои шумо ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки шумо аз ин «рыцари тира» ёд карда бошед. Писари ӯ ҳоло раиси Мастчоҳ- Аъзам яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ аст, аз ин рӯ, дар Хуҷанд мисли як бандит рафтор мекунад. Ҳоло ӯ ҳар ҷои дилхоҳашро барои худ интихоб мекунад ва мегирад. Дар Чумчуқарал дар қисми калони боғи ботаникӣ тарабхонаи шахсӣ ва маконе сохтааст, ки дар он асосан чизҳои ҳаром маъмуланд.

PS: Дар мавриди амалҳои дигари Навруз Валиев, масалан   контроли даромадҳо аз наркотикаи оилаи пешво Навруз Валиев дақиқан он кореро мекунад, ки марҳум Шуҳрат Исматуллозода барои Ҳасан Асадуллозода дар Ориёнбонк мекард.

Наврӯз Aлиевич солҳои тулонист, ки дар курсии  раиси «Бонки миллӣ» дар шимоли кишвар нишаста ин  корҳоро ба манфиати ин оила анҷом медиҳад.

Маълумотҳои ҷолиби дигаре аз робитаҳои Навруз Валиев бо қочоқчиёни маводди мухаддир дар Узбекистону Афғонистон ва низ инки дар ин тиҷорат саҳми Раҳмонов ва оилаи вай чи қадар аст, ва инки бо бародари Қодир Качалаев, ронандаи Раҳмонов,ки дар гумруки Суғд раис мебошад Навруз Валиев чи ҳамкориҳо дорад, маълумотҳои зиёде омадааст, ки ҳатман якеро паси дигар мунташир хоҳем кард.

Поёни бахши аввал, идома дорад….

Сообщение Раиси «Бонки миллӣ»-и вилояти  Суғд ё «дасти рост»-и Раҳмонов дар наркобизнеси шимоли Тоҷикистон появились сначала на ISLOH.net.

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№62
Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» беш аз пеш мақбул ва писанди мардум чи дар дохил ва чи дар хориҷ шуда истодааст. Ба ин гуфтаи мо номаҳои ҳаводорону мухлисон ва онҳое, ки ба сарнавишти ватан, давлат ва мардуму миллатмаон бетафовут нестанд, гувоҳӣ медиҳад. Барои мисол дар ин нашри барнома номаи нафареро мехонед, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад ва чуноне дар суҳбат изҳор дошт аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашад. Аммо ҳамеша дар ин фикр аст Тоҷикистони азиз-ватани худро ҳамеша дар ҳоли рушду пешрафт ва ободӣ бубинад. Вай аз сардори амнияти вилояти Суғд бароямон нома фиристодааст, ки дар ин барнома мутолиа хоҳед кард. Ин навбати барнома ҳам моломол аз дарду доғи мардум аст, мардуме, ки бо умед барои мо менависанд, токи зарае ҳам бошад роҳи ҳал пайдо кунанд.

Зафаробод

Ассалому алейкум акаи Муҳаммадиқбол! Аз Зафаробод менависам, аз Зафарободе, ки дар ин чанд ҳафтаҳои ахир бархе аз сокинонаш, аз ҷумла Малоҳат Абдусаломова хеле зид дар барномаи шумо иштирок мекунад.
Мехостам дар бораи ҳамин хонум, ки муовини раисия ноҳия аст чанд сухане бигӯям. Абдусаломзода Малоҳат, муовини раиси ноҳияи Зафарбод бахшҳои тандурустӣ ва маорифро сарпарастӣ мекунад.
Муаллима Абдусаломова Малоҳат ҳудуди 20 сол муаллими фанни забон ва  адабиёт буд.

Дар байни ин 20 сол Малоҳат Абдусаломзода дар вазифаи директории мактаб ҳам кор кардааст. 8 ё 10 сол. Абдусаломова худаш тоҷик вале шавҳараш Абдулатиф узбек аст. Соҳиби 3 фарзанд, 2 писар ва 1духтар. Бону Малоҳат дар мактаб кор мекарду шавҳараш бошад мағоза дорад.

8 сол пеш рейди полиция доир мешавад ва дар магазини шавҳари Малоҳат маводи мухаддир меёбанд. Як ҳафта магазини худро боз накарданд. Давоми ин муддат падари муаллима тавонист, ки корро ҳал намояд ва боз магазинро кушоданд.
Ман худам низ дар ҳамон мактабе, ки ин зан директор буд хонда ба донишгоҳ даромадаам.
Ман вақте ки дар синфи ибтидоӣ мехондам ин зан нав директор шуданӣ буд. Ин муаллима бо ҳамроҳии муаллима Ниёзова Бибӣ ба даҳони мо рӯзадорон об мерехтанд, то ки рӯзаи моро шикананд. Инҳо моро мегуфтанд, ки ба шумо чи лозим ин рӯза, ин моли мо нест мегуфтанд.
Муаллимае, ки гуфтам Ниёзова Бибӣ, як хоҳаре дорад ки дар мактаб китобхоначӣ аст. Касоне, ки пули китобро намедоданд, онҳоро пеши ҳама шарманда мекард ва мезад ва дар синф роҳ намедод. Пули обуна низ чунин буд. Ман ва ҳамсинфонам иин газетаҳоро намедидему намехондем. Вале инҳо маҷбур ва дар линейка шарманда мекарданд.
Ва боз мехостам дар бораи пули таъмири мактаб бигуям. Масъули таъмири мактаб Файзалӣ ном муаллим буд. Аслаш аз Яғноб (суғдӣ). Ин мард сари як талаба 27сомонӣ ҷамъ мекард.

Мактаби мо 3 ошёна аст ва боз як бинои барои синфҳои ибтидоӣ дорад. Аз ин қадар талаба пули гирифтаашонро танҳо ба як чи сарф мекарданд.Танҳо ба ранг. Ранг мекарданд мактабро ва бо ҳамин тамом. Дар байни 11 соле, ки ман хондам  танхо туалет барои синфҳои аз 5то 11 сохтанд. Барои синфҳои аз 1 то 4 як туалете ҳаст, ки ҳатто онҳо намерафтанд, чун он девори хуб надошт. Дигар як ҷойи ин мактабро обод накардаанд.
Ин муаллим Файзалӣ (лақабаш билишихур) боз масъули ошхона низ буд. Аз ҳар сари талабаҳои синфҳои ибтидоӣ  3 сомонӣ ҷамъ мекард. Агар намедодем иҷозаи даромадан ба ошхона намедод. Мо худамон шоҳидем, ки ин билишихур орд ва ангишти мактабро пинҳонӣ ба хонаш мебурд. Аз паси бинои синфҳои ибтидоӣ медуздиду мебурд.

Имрӯз мебинам, ки ин муаллимҳо дар эфири шумо мебароянд ва ҳимоя мекунанд президентро. Баъди ин баромадҳо ман хабардор шудам, ки инҳоро маҷбур мекардаанд, ки баромад намуда зидди шумо гап зананд.

Қасам мехурам, ки инҳоро маҷбуран ба ноҳия оварда маҷбур карданд, ки эфир дароянд, ман шоҳид ҳастам. Онҳоро таҳдид карда истодаанд, ки аз давлат маош мегирӣ, нони давлатро мехурӣ, нони президентро мехурӣ аз онҳо ҳимоят кун.
Дар шаҳраки мо, яъне дар шаҳраки Ҳамид Алиев қариб ними аҳолиро мардуми Яғноб ташкил мекунанд. Ин мардум хело мардуми хуб ва диндор ҳастанд. Ман худам аз ноҳияи Айнӣ ҳастам ва ҳар замон ба куҳҳои Яғноб меравам. Президент 2015 ва ё 16 Яғноб омад ва ваъда дод, ки ба ин халқ мост яъне пул месозад. Вале баъди рафтанаш ягон мансабдор ин тарафҳо тоб нахурд ва дар ёди касе ҳам намонд, ки бояд пул созанд. Барои ҳамин ин мардум ҳам муқобили Эмомалӣ Раҳмон-ин хоини миллат ҳастанд.

Зафаробод

Ассалому алейкум вараҳматуллоҳу ва баракатуҳу.

Маълумот аз ноҳияи ЗАФАРОБОД.

— ҚАТЛИ ИНСОН

Марҳум Сафаров Анвар бо фармони Ашурзода Раҷаб (собиқ раиси ноҳияи Зафаробод) бояд қубури обгузари хоҷагии деҳқонии Примовро, ки аз канал ба сари замин об мегузарад,  бо  халтаҳои пур аз хасу хошок бибандад.

Вале мутаассифона Сафаров Анвар ғарқ мешавад. Ин воқеа соли 2019 рух додааст. Аммо  ҳеҷ кас ба ҷавобгари кашида нашуд. Ҳатто аз прокуратураи генералӣ ҳам барои тафтишот омада ҳаққи худро гирифта рафтанд.

Тамоми трасаҳо (қубурҳои обгузар) канали 2 бе панҷараву бе дарвозаанд. Барои чи Давлатов Қудратулло (солҳои дароз роҳбари хоҷагии давлатии об буд) ба ҷавобгари кашида нашуд дар тӯли чандин солҳо ки роҳбари УОС (Управления оросительной системы) буд.

—  ГОВҲО ВА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ.

Соли 2007,  ду ҳазор сар зёдтар говҳои ширдор аз фермаи собиқ савхози «Рифъат Ҳоҷиев»  ба ноҳияи Шаҳристон гуён равон карда шуд. Вале ҳеҷ кас  намедонад он говҳо дар  Шаҳристонанд ё дар Данғара.

Директори совхози ҳамонвақта Бурҳонов Бурҳоншо ва ҳокими  ноҳия Абдураҳмон Қодирӣ буд.  Вале ҳозир фарзанди калонии Бурҳонов Бурҳоншо ки номаш Суҳроб аст дар дастаи  Рустами Эмомалӣ кор мекунад.

Дар  ноҳияи Зафаробод  3 ҳоким корашон фақат дуздӣ ва ғоратгарӣ буд.

Исмоилов Мирзооқил, Абдураҳмон Қодиров, ва Ашуров (Ашурзода Раҷаб)

— БОЗОР!

Назиров Ёғибек роҳбари СЭС(Санэпидемстанция) ҳар вақте ки барои тафтиш ба бозорҳо меравад аз мағозаҳое, ки гушти говҳои пир ва бесифат ва ба талабот ҷавобгӯ набударо  дида аммо монеаги накарда Пора гирифта аз пайи кори худ мешавад.

— МАОРИФ.

Соли пеши дар н.Зафаробрд  дар тамоми мактабҳо 370 муаллим намерасид.

Аз сабаби маош кам будан ариза нависта аз  кор рафтанд.

Чаро Муллима Малоҳат Абусаломова,ки маҳз корашон назорати ин соҳаи маориф ҳаст ба ин самт диққатӣ ҷиддӣ намедиҳанд? Аз ин пас мо ҳама мушкилоти ин соҳаи маориф ва илм ва иҷтимоиётро ба “Ислоҳ” мефиристем.

Калифорния

Ассалому алейкум акои Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман яке аз мухлисони барномаи Шумо аз Калифорнияи Амрико ҳастам. Тавассути барномаҳои шумо бо Тоҷикистон робитаам ҳифз ва маълумотам такмил мешавад. Ташаккур ба шумо! Вазъу ҳол аз ватанро бо «Ислоҳ» пайгирӣ мекунам ва бохабар мешавам. Ҳоло шумо барои ман манбаъи муътамади маълумот аз ватан шудаед!

Ман дар бораи генерал Алихон Зубайдзода, раиси КДАМ-и вилояти Суғд маълумот медиҳам. Ин шахс ҳам аз Данғара аст. Соли таваллудаш 1970. Ин шахс аз Кулисуфиён, як қишлоқи байникуҳӣ аст. Ин қишлоқи Тоҷиддин Пирзодаи раиси «Бонки рушди Тоҷикистон» ҳам ҳаст. ( Мо медонем Пиров Тоҷиддин раиси “Тоҷиксодирот бонк” ҳаст вале дар мавриди «Бонки рушди Тоҷикистон», ки аз ӯ бошад маълумот надорем. Аммо навиштаи ин хонандаро бе таҳриф овардаем)

Дар ин қишлоқи хурд мактаб то синфи 8 буд. Мактаби миёна надошт. Зубайдзода Алихон барои давом додани таҳсил дар мактаб ба синфҳои 9-10 ба шаҳри Норак ба посёлкаи Лангар, ба хонаи апаш омада меистад ва таҳсилашро дар мактаби №2-и Лангар давом медиҳад. Шаҳри Норак яке аз шаҳрҳои беҳтарини Тоҷикистон ба шумор мерафт ва мисли Бустон, собиқ Чкалов ва ГОК-Комбинати маъодини куҳии ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд дар солҳои шуравӣ Мос обеспечений Московское обеспечение буд. Дар Норак муаллимон аксарият аз мардуми рус ва бахдахшониҳо (помирихо) буданд ва онҳо дарс меомухтанд дар вақти СССР. Алихон синфҳои болоиро аз қишлоқи Кулисуфиёни Данғара омада дар Норак давом медиҳад. Баъди мактаби миёна факультети физкултура (тарбияи ҷисмониро) хатм мекунад ва омада дар  Норак, посёлаки Лангар дарс медиҳад. Ва бо ҳамсараш Исҳоқова Маҳбуба, таваллудаш 1976 дар ана ҳамин мактаби №2 шинос мешавад. Падари занашро дар аввали ҷангҳо кулобиҳо мекушанд. Аксашро аз видеои пешвозгири пешвояшон дар давлати Чехия метавонед бинед.

Як дарози сиёҳи бинидароз. Бачаҳои муборизро дашном медихад. Телохранители Эмомалӣ буд. Забонаш камтар лакнат дорад, ҳарфи С-ро Т мегуяд. Вақте гап мезанад гапашро фаҳмидан мушкил аст. Бисёр одами бад аст. Як додар дорад. Додараш аз ин ҳам бадтар мебошад. Ҳамаро тарс медиҳад ва доля мегирад. Ҳозир дар Суғд аст ва ҳамаро ба дод овардагӣ. Тамоми бемористонҳо, шуъбаҳои марорфи ва бахши робита бо ҷомеаи навоҳии вилояти Суғдро вазифадор кардааст, ки муқобили барномаҳои “Ислоҳ.нет” баромад карда Муҳаммадиқболро сиёҳ кунанд.

Аммо талошҳояш дар ноҳияҳои Шаҳристону Зафаробод ва Истаравшан ба нокомӣ анҷом ёфтааст. Ҳоло вай ба унвони ҷойгузини СС.Ятимов худро муаррифӣ карда истодааст. Як вақтҳо бисёр мехост, ки ҷойи Муроди телехро бигирад ва телехи рақами 1-и Эмомалӣ Раҳмонов шавад.

Ҳоло акнун гуё вай яке аз номзадҳои асосӣ ба ҷои Ятимов аст ва аз руи баъзе маълумотҳо сабаби ба вилояти Суғд бурданашон ҳам ҳамин аст, ки бо вазъи ин вилоят ва махсусан авзоъи сарҳад бо Қирғизистон ва навоҳии марзӣ бо ин кишвар ва роҳбарияти минтақаҳои сарҳадии қирғиз шинос шавад ва робита пайдо кунад.

Рашт

Салом бародари имонии мо, ғамхори миллати тоҷик, Муҳаммадиқбол! Ҳатман ин хитоби моро ба золимон расонед. Мо ва шумо имрӯз вазъияти дохилии кишваро хуб медонем. Ва Шумо ҳар рӯз барои ҳар гӯшаи кишвар, ки дар он ҷо бедогарӣ меравад ҳатман барнома омода мекунед. Барои мардуми Рашт ҳам сухан кунед. Номаи ман аз ҳодисаи соли пеш аст. Агар ин номаро, ки нашр кардед, ҳамкорӣ бо шуморо идома медиҳам.

Бовар намоед, бедодгарии ин золимон дар ин ҷо ба ҳаде расидааст, ки гуфтани он барои мардуми тоҷик алалхусус мусалмонон хеле сахт аст. Албатта, ин ба онҳое ки мусалмонанд бояд таъсири калон расонад. Мо ба ин қадар фишор ва беинсофии ин золимон сабр кардем ва аз Худо талаби нестии онҳоро хостем ва то ин вақт хомӯш будем. Аммо имрӯз бояд садо баланд кунем, ки ин золимон дар хонаи Худои мо яъне масҷид рақсу бозӣ ташкил карданд ва халқи ин манотиқ ҳанӯз ҳам аз тарси ҷони худ хомӯшанд.

Мо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз аввали моҳи сентябр то ба ҳол дарс ва Донишкадаро надидаем. Аз саҳар то бегоҳ то 9 ум барои Истиқлолият ва то 22 бояд барои пешво ба дарс наравем ва имрӯз қариб, ки тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни коллеҷҳо ва Донишкадаи ноҳия ҳама дар маркази ноҳия ба вируси аз ковиди 19 ҳам бадтар маршировка гирифтор шудаем. Касе ба додамон намерасад. Дар рафти маршировка баъзе аз духтарҳо ҳушашон мераванд. Аммо мегӯянд чизе нест,то мурдан бояд иштирок кунед ва ҳатто духтарони синфҳои поёниро ба ин кори пучу бе маънӣ ҷалб кардаанд ва то бегоҳ барои мо як қатра об намедиҳанд, то соати 6 гушнаву ташна мисли ҳайвон дар майдон «бошгард» мегӯянд. Безор шудаем. Агар барои ҳар як ҷашн 10- 15 рӯз маршировка кунем, пас, мо кай дарс мехонем? Дар пеш боз идҳои сабзавот, мевагӣ ва кадуву пиёз картошка дорем. Чи кор кунем? Вой дод. Аслан мо ҳайрон мондаем, ки ин Пасво ин ҷо барои чи меояд? Лекин як чизро медонем, ки ӯ дар ҳар ташрифаш ба ноҳия ҳамон як дорухонаро кушода аз боғи деҳқоне мевагӣ хӯрда бегоҳ консерт тамошо карда кайф мекунад. Ва фикри ин қадар заҳмати моро накарда (маршировкаро дар назар дорам) меравад. Албатта ин золимон бояд фаромӯш накунад, ки мо мардуми Раштонзамин дар ислом ва дини худ устуворем ва ҳеҷ гоҳ онҳо бо маршировка ва режими бадахлоқонаи худ моро пароканда ва гумроҳ карда наметавонанд.

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Ман соли 2021 дар қисми ҳарбӣ 15018-и вазорати мудофиа адои хизмат мекардам. Командири қисми ҳарбиамон подполковник Наврӯз Раҳимзода аз Кӯлоб буд. Аммо чандин сол боз дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Бо дастони худамон ба мошинаш хӯрокеро, ки бояд мо сарбозҳо мехӯрдем бор мекардем.

Командир оид ба таъминот майёр Давлатзода буд. Валлоҳӣ бо дастонамон қопчаҳои ордро дар хонааш мефаровардем.

Муовини командири қисми ҳарбиамон майёр Асозода Умед. Ӯ аз ноҳияи Панҷ мебошад. Яке аз золимтарин инсон буд.1 0 рӯза отпускаро 300с сомонӣ мефурӯшад. Ин отпуска бепул аст. Вале вай то 300 сомонӣ нагирад, имзо намемонад. 300 сомонӣ ставкааш аст. Агар мабодо 200 ё 250 диҳӣ, боқиашро баъди отпуска ҳатман оварда медиҳӣ. Набошад рӯз надорӣ дар хихмат.

Аз ҳаром хурии зиёд шикамаш пеш пешаш мерафт.

Подполковник Зиёзода масъулияташ оид тарбия буд. Ӯ аз Варзоб аст. Вақте як сарбозро хабаргирӣ меомаданд то рафтани волидонаш дар пушти дар интизор мешуд, то ки ҳама он чизе, ки ба сарбоз меоварданд аз дасташ бигирад ва мегирифт он ҳамаро.

Як полковник бо номи Гапаров зуд- зуд ба қисми ҳарбӣ меомад. Ростӣ чӣ вазифа доштанашро намедонам. Аммо медонистам, ки ҷиянҳояш дар он қисми ҳарбӣ буд. Меомад шикамашро сер мекард. Мошинашро мойка мекарданд. Дар даҳонаш танҳо ҳақорат буду бас.

Қисми ҳарбӣ дар қарибии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Ленински район ( Рудакӣ ) қарор дошт. Ин суханони манро нашр кунед, то мардум бидонад, ки дар қисмҳои ҳарбӣ вазъият чи хел аст, нашр намоед, то ки ин золимон ислоҳ шаванд. Ман бисёр корҳоеро медонам ки ҳоло нагуфтаам.

Файзобод

Устоди азиз умедворам хуб ҳастед. Ман аз ноҳияи Файзобод ҳастам. Бори аввал аст ки бо шумо дар тамос мешавам. Баъзе аз дарди мардумро мехоҳам ба Шумо расонам ва ин дарди мардумро дар “Номахо аз ноҳияҳо” нашр кунед.

Ман хело шуд, ки барномаҳои Шуморо тамошо мекунам. Аз номи мардуми  Файзобод  дуъо мекунем, ки Аллоҳ макони падаратонро ҷаннат гардонад.

Мебинам, ки дар «Ислоҳ» мардуми Файзобод иштирок намекунанд. Ман хостам ки аз ноадолативу ноҳақиҳо бигуям то мардуми Файзобод бедор шаванд.

Ман аз деҳаи Чуқураки Файзободам. Раиси Чуқурак Мусофиров Акрам бо муовинонаш хона ба хона гашта 1300 сомонӣ сари хона барои асфалти роҳ ҷамъ карданд. Нафарони камбағал ва бедаромад, ки нони хурданро ба як азоб меёбанд гуфтанд надорем,намедиҳем. Акрами раис бо муовинонаш ба оилаҳои камбағал таҳдид кард кадоме надиҳад ба мурдаву туяш ҳеҷ касро иҷозат намедиҳем, ки иштирок кунад. Баъди ин гуна таҳдиди раис камбағалҳои бечора зора карданд, ки майлаш медиҳем, бигиред пули моро. Боз раис ноз карда гуфтааст, не намегирем, мо дигар кор надорем ба шумо барин оилаҳо. Аммо дар охир гирифтанд пули мардумро ва асфалти хомро рехтанд. Асфалтрезиро навор карда дар Ютуб гузоштанд. Як бузи отдел бо номи Эшони Исо мегуяд бо дастгирии ҳукумат роҳро мумфарш кардем. Шарм накарда чунин дуруғро гуфт. Дар ҳоле, ки ҳама медонад ин роҳ бо пули аз мардум ҷамъоварикарда мумфарш шуд ва ҳукумат ягон зара дахл надорад.

Се сол пеш ҳам аз мардум пул ҷамъ карда медпункти деҳаро навсозӣ карда буданд. Дар рӯзи асфалтхобонӣ барнома карданду дар Ютуб гузоштанд. Раиси қишлоқ Мусофиров Акрам дар баромадаш гуфт, ки бо пули мардум асфалтро рехтем. Раис руирост гуфт, ки он бо пули мардум обод гардид, бо пули мардум асфалт кардем роҳро. Ба фикрам аз мақомот фишор оварданд, ки зуд удалит карданд, ки обруи набудагиамонро мерезонад. Барои ҳамин удалит карданд.

Дар кори асфалтхобонӣ ҳамаи мардумро ба ҳашар бароварданд. Дар Ютуб тамошо кардем, ки ҳамаи мардуми деҳа дастбадаст мум рехта истодаанд. Ягон одами бегона набуд.

Раиси ноҳия Холзода Бобишоҳ ва раиси ҷамоати Дустмуроди Алӣ як ҳаромхур- Зубайдов Зайдулло ҷони мардумро ба лабаш овардаанд. Ин раиси ҷамоат барои хизмати ҳарбӣ, барои танзим, дар умум ҳар хел баҳона кофта пул меканад. Агар он наворро ҳазф намекарданд, чеҳраи ҳамаашонро мардум медид.

Дар мактаб пулҷамъовари як ҳодиса аст. Пули ҳамачизро аз талабаҳо ва падару модарони онҳо ҷамъ мекунанд. Рӯзе нест, ки бо баҳонае кудакҳоро маҷбур ба пул овардан накунанд. Пул барои денрожденияи муаллима, пули суғурта, пул барои оина, пул барои китоб, пул барои бур, пул барои журнал, пули ремонти мактаб. Аммо аз пули ремонти мактаб, танҳо деворҳоро бо оҳак сафед мекунану халос. Мактаб як ҳоли зор дорад. Дар мактаб духтарҳоро таҷовуз мекунанд. Муаллимаҳое бешавҳар ҳастанд бо онҳо зинокорӣ мекунанд ва бархе аз ин муаллимаҳо ҳатто ба талабаҳои синфҳои болоӣ ин корро мекунанд. Китобҳое, ки 15 сол шуд, истифода бурда истодаанд, Пули онҳоро ҳам аз талабаҳо мегиранд ва талабаро хона мефиристанду таҳдид мекунанд, ки то пулро наоварӣ мактаб наё.

Директори мактаби №46 ҳамон раиси деҳа Мусофиров Акрам мебошад. Мусофиров Акрам як алкаш аст. 15 сол акааш Хуршед Мусофиров директори мактаб буд. Вай ҳам як майзадаи зинопеша буд. Ба духтарҳо бо чашми бад нигоҳ мекард. Як фарроши мактабро, ки як духтари камбағал ва бешавҳар буд, мисли занаш истифода мебурд. Он полшуяк то ба ҳол шавҳар кардагӣ нест. Азбаски номаш бад шуд, номашро намехоҳам бигирам. Шояд ягон кас бигирад. Аммо мардум медонад, ки гап дар бораи кӣ мераваду он духтар кист.

Пули арақу сигареташ аз ҳисоби талабаҳо буд. Соли гузашта бачаҳояш ӯро маҷбурӣ ба хонаи худо роҳӣ карданд, то ки ба ифоқа ояду аз корҳои зишт даст бардорад. Ҳозир муаллими алгебра ва геометрия аст.

Ҳоло ду сол аст ки бародараш Мусофиров Акрам директор асту ҳамон кору рафтори акаашро давом дода истодааст. Рӯз директору шаб бо талабаҳояш арақхурӣ. Пас, аз куҷо он талаба ӯро ҳурмат мекунад? Аз куҷо он талаба таълиму тарбия мегирад? Дар мактаб ягон муаллими босавод намондааст. Талабаҳо мегуянд, ки муаллим меояд журналро мепартояду меравад. Занг мешавад як кудакро мегуяд рав журналро биёр.

Мактаб дар ҳолати пасттарин афтодааст.

Дар бораи як оилаи дигар гуфтаниям. Қутбиддинов Ҳошим, сокини деҳаи Чуқурак. Писари калонияш профессор дар Донишгоҳи миллӣ дар шаҳри Душанбе- Бахтиёр Қутбиддинов ном дорад. Ин  ҳам як бузи СС.Ятимов аст.

Писари дуюмаш дар суди шаҳраки Файзобод кор мекунад. Қутбиддинов Фахриддин, раиси суд аст.

Писари савумаш магазин дорад. Баня дорад. Заминҳое, ки солҳои сол мардум ба унвони чарогоҳ истифода мекард, аз рӯи власти акаҳояш хоҷагии деҳқонӣ карда гирифт. Дар он заминҳо як чашмаи калон ҳаст.  Оби он чашмаро мардум ба деҳа оварда буданд. Нисфи қишлоқ чил сол боз аз он чашма об мехурд, об мерасид. 3 сол пеш як баня сохт. Он чашмае, ки чил сол зиёд мардум аз он об мехурд 80% оби онро ба баняаш даровард. Ягон кас овоз баланд накард. Як ду бор мардум эътироз кард. Гуфт, ки ман ин заминро харида хоҷагии деҳқонӣ кардам, бихоҳам ҳамон 20%ро ҳам намедиҳаматон. Ягон чи гуфтаниед, ба куҷо шикоят мекунед, кардан гиред.

Ҳоло дар хонаҳои мардум об нест. Аз набудани об танқисӣ мекашанд. Аммо об дар баняи ӯ. Мардум дар баняи ӯ пулакӣ оббозӣ мекунанд. Ин давлат танҳо барои вазифадорон аст. Мардуми одӣ бояд азоб кашанд.

Дар боло гуфтам, ки як нафар бо номи Эшони Исо ҳаст, ки бузи отдел мебошад. Писараш ҳам бузи калони қишлоқ аст, ки призивникҳоҳоро мефурӯшад ба военкомат. Дар тую маъракаҳо ҳамчун эшон, ҳамчун мулло фарёдаш мекунанд, боз ба танзим мефурӯшад. Ҳамаи корҳои деҳаро дания медиҳад ба отдел. Мардуми деҳа нисфаш бохабар аст. Мехоҳам ҳамааш хабардор шаванд аз ин хел бузҳо. Писараш номаш Абдуликоҳ аст.

Восеъ

Ба номи Худованди бахшоянда меҳрубон ва бениҳоят бо раҳм.

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ умратонро дароз кунад ва ба шумо шифои комил ато фармояд. Сиҳатию саломати шумо барои ин халқи ҷафодида ва мазлум бениҳоят муҳим аст ва ҳамеша дар ҳақатон дуо мекунем.

Аз ҷамоати Миралии Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ шикоятҳои зиёде дорем.

Мехоҳем шумо онҳоро ба гӯши кари мақомот ва Раисҷумҳур расонед. Ин халқ дигар сабраш лабрез шуд. Бинобар шунидаҳоямон Раҳмонов ба охирҳои моҳи сентябр ба ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев сафар дорад. Бояд бо қайчичаи сеҳрнокаш роҳро кушояд, боғи вазир ва дигар иншоотҳои хурду бузургро ба истифода диҳад. Аммо инҳо ними пули роҳро ба киссашон мезананд. Ин роҳ бояд барвақт сохта мешуд.

Ба хотири омадани президент фармон додаанд, ки дар майдони футболи деҳаи Чуқурак, ки ҳар ҷамоат 1камази аҷириқ чинда биёраду инҷоро барои чархболи пешво омода кунад. Хароҷотро аз ҳисоби маошҳо мегардонидаанд. Шояд ба пешво пора медиҳанд барои дар сатҳи баланд насохтани роҳ. Мо як дафъа ба Раҳмонов ҳушдор додем то инҷо наояд. Чунки ӯ меояд мардумро ғам мегирад. Ин шо Аллоҳ аз ҳамин аҷириқҳо якеаш хор шуда дар пойи Раҳмонов мехалад ва сюрприз мешавад.

Шоҳроҳе, ки ҳозир дар ҳоли анҷом аст аз шаҳраки Ҳулбук (Қурбоншаҳид) то Кангурт ва аз онҷо ба Данғара мепайвандад. Барои ин пули калон ҷудо шуд. Қисми зиёди пулро хӯрданд. Якеаш худашро дор кашид, ба хотири дуздияш.

Роҳе, ки бояд калон мешуд тангбар карданд, ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Қисми зиёди хонаҳо ва иншоотҳоро чапа карда аммо ба онҳо пули ночиз доданд ва он нафароне, ки бой буданд сумашонро пурра гирифтанд. Аммо иншоотҳояшонро не.  Масалан Ҷӯрахон, Наврӯз, Нуриддин чаро инҳо намегиранд?

Дар онҷо бояд роҳрав шавад, аммо азбаски деворҳои онҳо халал мерасонад роҳравро насохтанд. Агар нагиранд ин ҳамин тавр мемонад.Талабаҳо ба роҳ мебароянд, ҳатто писари худи Ҷӯрахонро мошин зад, аммо ҳеҷ дарсе нашуд. Роҳи нав шудааст, мошинҳо тез меронанд.Чандин кас ҷон бохт дар ин роҳ дар деҳа.

Як ладаи 07 аст ки номери мошин 44-40 мебошад, писари Федя ном шахс ронандааш аст. Одамҳоро хобкунӣ намемонад дар шаб. Мусиқии баланд мегузораду бо суръати баланд меронад мошинро. Инҳо ку соҳиб надоранд аммо началники ШКД ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев Ҷангиев чи кор мекунад ё участковый Хайём? Мо якбор гуфтем гиред инҳоро аз вазифаашон. Оё дигар дар ВКД одам ёфт нашуд, ки инҳоро дар инҷо мондед.

Гаишникҳояшро бигуӣ дар роҳ меистанд. Ҳар куҷое, ки хостанд пост ташкил мекунанд бо мошинҳои шахсӣ ба мисоли Опел хечбек 4010вн03 ва ҳар касро маън мекунанд. Мегӯянд ту тез рондӣ ё фалон ҳуҷҷат надорӣ дар мошиннат гуфта сум мекананд. Онҳоро ҳам фаҳмидан даркор. Дар хона зану фарзанд доранд. Ҳамин ронандаҳо набошанд онҳо гурусна мемонанд.

Раҳим Рамазон ин як шармандагӣ аст. Бигиред Ҷангиевро бо Хайёми сабзиба даст. Ин ду нафар оқибат шуморо шармандаи калон мекунанд.

Шумо аз пайи ҷустуҷуи аъзои тми “Ислоҳ” дар Восеъ нашавед. Ягон касро пайдо карда наметавонед.

Мо, ҳоло дар даст далелҳоеро ҷамъоварӣ кардаем, ки шумо худатон ҷавонҳоро дар наркотика ва банг шинонида истодаед. Тими Ислоҳ дар Восеъ хеле ҳам хуб кор мекунад.

Деҳаро тагу ру кардед аммо ҳатто як нишона наёфтед. То психологҳоятон кор карданд аммо натиҷа нол. Ва он одаме, ки шумо ҳозир гумонбаред он аз ин тим нест. Ҳамон италянсро дар назар дорам, чун ӯ дар дастатон аст. Аммо чи хеле ки мебинед ман то ҳол давом дода истодаам.

Раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед, магар туро барои виставка овардан дар онҷо монданд: курӣ ё забонкутоҳ? Мебароӣ як ҷоро нигоҳ кун.

Ё ин ки сардории КДАМ-и Восеъ. Эҳтиёт шав бача, сахт корҳои без кардестаи, мо хабарат кардем. Ту як худозадаи беимонӣ: «Ку бра уқа зӯр мегир хта, бра Гулов Рустама биёр барои дуздиёш, ҳушорша бача, ки идоф навбати тай».

Ҷӯрахони ҳоҷӣ ё педофил, худаш педофил, чунки ба инҳо ҳоҷигӣ намезебад, чандин сол аст ба тиҷорат машғул аст. Бо ин восита мехоҳад мағозаи калон созад. Аммо масоҳаташ камӣ мекунад, чун пеш вақт дар онҷо идораи почта ва телефон буд, ки мардум истифода  мекарданд.

Баъди чанд сол онҷоро бастанд. Дар онҷо коргари почта зиндагӣ мекард. Баъд аз фавташ ин педофили Ҷӯрахон мегӯяд ман инҷоро мехарам. Як қисми пулашро медиҳад қисми дигарашро намедиҳаду фиребашон мекунад. Онҳоро аз онҷо берун мекунад ва онҷо хона месозад. Дар Восеъ як зани дуюм ва аз ӯ фарзанд ҳам дорад. Аммо ӯро ҳеҷ нигоҳубин намекунад. Ин магазинро тариқи фоидаи фурӯши наркотика васеътар мекунад. Дар ин бора мо алоҳида мавзӯъ дорем ва комил мефиристем.

Ҳангоми калон кардани роҳ 40ҳазор сомонӣ ҷуброн мегирад, ба хотири заборашро қафо бурдан. Онҷо тротуар-пиёдароҳ бояд шавад. Аммо забор ҳоло ноҷунбону дар ҷояш истодааст, намегирад. Зӯри мақомот намерасад, агар не пас курсиро холи кунед то як мерасидагияш шинад.

Роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест. Пешво биёяд чи мегуед ё ин ки ҷои чархболро барои он 4 деҳа болотар кардед, ки набинад? Пештар ба инҷо ба хотири кушодани беморхонаи рақами 5 омада буд. Дар Ҳулбук асфалт карданд барои чархбол. Аммо чанг дар осмон хест. Ба қавле қаҳраш кард ва ҳангоми кушодани беморхонаи 5 барои сифати паст писарони  Миралӣ Маҳмадалиевро танқид кард, чун сумро хӯрданд, ба талабот ҷавобгӯ набуд. Шамол вазид, кришааш парида рафт. Пас аз рафтани Раҳмонов рангҳояш дар борон рехтанд. Ин роҳе, ки сохтаед низ чунин аст, аз ҳозир пастубаланд-гармошка шудааст. Гуфти Ташриф «агар бой шудан хоҳӣ 5см ай иснш 5см дигар ай уснш бдрор бой мешай». Шумо ҳам ҳамин хел карда истодаед.

Раҳмонов! Ман чанд бор гуфтам, як ҷамоатро идора карда наметавонӣ, куҷо расад ба президентӣ?

Сообщение Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№62 появились сначала на ISLOH.net.