Архивы Ғафуров Мангубердӣ - ISLOH.net

«Инқилоб»-и «Ислоҳ» дар Шаҳристон
Баъд аз нашри барномаи «Мобилизатсия» дар Шаҳристон инқилоб руй дод. Бинобар хабарҳои расида тайи як моҳи ахир Шаҳристон «комиссияборон» шудааст. Комиссияҳо дар ҳайати бозрасону муфаттишон аз ҳама сохторҳо:- аз вилоят ва аз Душанбе вориди ин ноҳия шуда бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ин ноҳияро мавриди санҷишу тафтиш қарор дода истодаанд. Манбаъҳои огоҳ ва мувассақи мо хабар медиҳанд, ки алъон дар ин ноҳияи ба гушаи фаромушӣ супорида шуда корҳое дорад сурат гирифт, ки тамоми беш аз сӣ соли истиқлол ягон бор мушоҳида ва дида нашуда буд.

Дар ҳақиқат Шаҳристон як гушаи тамоман ба фаромушӣ афтода буд. Ва, навиштаҳои «Ислоҳ», суханрониҳои мардум ва бахусус иштирок ва суҳбатҳои онлайнии омӯзгорону табибон ва кормандони ҳукумати ноҳия дар «Минбари муҳоҷир» ин ноҳияро дар маркази таваҷҷуҳи ҷумҳурӣ қарор дод. Комиссияҳо камбуд, нуқсон ва ҳатто ҷиноёти масъулин ва маъмурини арсаҳои мухталифи ноҳияро руи об бароварданд ва бархеҳо бо гирифтани огоҳии қатъӣ дучори хиҷолат ва шармандагии калон шуданд. Ин амният, ин иделогия-робита бо ҷомеа, ин мудири маориф, ин сардухтур, ин мудири маориф мисли саги сузанхурда, мисли мурғи посухта қарору оромро аз даст доданд. Ҳамагӣ як фронти зарбдореро роҳандозӣ карда мекофтанду меҷустанд, ки хабару маълумотҳои ноҳияро кӣ ба «Ислоҳ» ва Муҳаммадиқбол мерасонад. Манбаъи мо мегуяд «Вақте шумо бо сардухтур гап задед ва гуфтед, ки ҳоло пушти дарат 8 нафар дар навбат аст, аз ҳатто аз кудакҳо пул гирифт, апарати касаат хароб аст, чеки пули гирифтаатро намеиҳӣ, беморҳо пушти дарат дар очеред, нишастаанд, ба Худо талхакаф шуданд. Махсусан сардори амният дар қаду бараш зилзила афтода буд. Ҳамаашон ба ҳамдигарӣ бо шакку шубҳа менигаристанд ва дар симои ҳамдигар агенти «Ислоҳ»-ро медиданд.

Хуб, дар Шаҳристон чиҳо гузашту чи корҳо руй дод?

Аз вазорати маориф ва Агентии назорати маориф як комиссия омада ба ҳама мактабҳо тақсим шуда ба тафтиш шуруъ карданд. Шаҳристон як кудакистон дорад, дар инҷо ҳам тафтиш карда истодаанд. Беморхонаи Шаҳристон, поликлиника, шуъбаи маориф ҳам мавриди тафтиш қарор гирифт.

«Дар тамоми ин ҳама муддати даврони истиқлол барои аввалин бор аз тарафи давлат омаданду бепул кудакҳоро вакцина карда рафтанд. Пеш ҳар як вакцина 5 сомонӣ кам набуд. Худашон омада ваксина гузаронида рафтанд. Дар ҳаётамон якум бор дидем, ки вакцинаи бепул гузарониданд. Ба Худо қасам, ба шири модарам, ки рост гуфта истодаам.  Мешудааст, ку!  Раҳмат «Ислоҳ»,раҳмат бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин вактсина муқобили сурхча аст. Хулоса, дар ҳар як мактаб бепул ваксина карданд».

Мана инро кори «Ислоҳ» мегуянд. Бовар кунед, ки «Ислоҳ.ТВ» ҳамаро дар Шаҳристон бедор кард. На фақат мардумони одиву сода, коргарони ҳукумат, кормандони милиса, маориф, коргарони болонишинро бедор кард. Хобҳо бедор шуданд. Мардуми ноҳия шоҳиди ин ҳама дигаргуниҳо шуда истодаанд.

«Комиссия дар ҷараёни тафтишоташ маълум ва муайян кард, ки дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии№1-и ноҳия чанд тан аз омӯзгорони зан, ки 55, 54, 53  солаанд ба декрет баромадаанд. Ин корро онҳо бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ анҷом додаанд. Вале амалан онҳо ба декрет набаромада дар муассиса кор карда истодаанд. Маош гирифта истодаанд. Барои пул шуда онҳоро ба декрети сунъӣ ва дуруғӣ баровардаанд. Маблағи декрет ё декретпулӣ аз рӯи собиқаи корӣ-стаж ва дараҷа-категория  муайян карда мешавад. Ин занҳо ба маблағи аз 8 то10ҳазор сомонӣ декретпулӣ гирифтаанд. Комиссия қапиду ошкор кард ин дуздии пули дуздида шударо. Дар ин кор мудири маориф Илҳом Бекмуродзода ва Ералова Лола сардухтури ноҳия ва боз ду духтур аз поликлиника, ки якеашон Аминова Шаҳодат ном дорад, ҳамроҳӣ кардаю шариканд. Директори мактаб ҳам дар ғасби декретпулии дуруғин ҳамроҳ аст. Ин як амали ошкорои ҷиноӣ ва фиреби маҳзи давлат ва коррупсия аст. Комиссия декрети дуруғинро ошкор кард аммо кадом коре накард. Комиссия ҳам ҳақи худро гирифтанду хапу дам рафтанд.

Аммо саволи асосӣ ин аст ки оё занҳои 53 ва 55 сола бача таваллуд мекунанд?»

Манбаъ гуфт, ки онҳо моро маҷбур карданд, ки дар мавриди барномаҳои «Ислоҳ.ТВ» вокунишҳоро зиёд кунем. Ҳоло акнун натиҷаи ин «вокуниш»-ашонро дида истодаанд. Ҳақиқат чизе буд, мардум фаҳмид, ҳама чиз рӯ зад. Коррупсионер кӣ, дуздҳо ва бузҳо кӣ, ҳама донист. Мардум содаву бепарво буданд. Ин хел корҳо будагиашро фаҳмиданд ва ҳама ихлосаш аз ин ҳукуматиҳо гашт. Ҷиноятҳояшон ошкор шуд.

Кас ҳайрон мешавад, ки моро худашон дидаву дониста бар муқобили ҳукумат карданд. Ҳатто ҳамонҳое, ки чоплусанду гап заданд, дар назари мардум дуруғгу ва бад шуданд ва аз онки ба ин ҳоли бад афтоданд, пеши халқ изо мекашанд. Мардум ҳукуматро бад диданд. Бо подхалимҳо, бо лаганбардорҳо уже, отношенияи мардум хуб нест.

Ҳама вокуниш навишта бояд бигуяд буд, ки Муҳаммадиқбол дуруғ мегуяд. Бояд мегуфтанд, ки бинед, ҳама шароит ҳаст.

Аз мактабҳо  сурат гирифтанд. Маҷбур карда истодаанд,ки суратҳоро ба интернет партоед, видео партоед. Бигӯед,ки гапҳои Муҳаммадиқбол хато аст, маълумот ба вай хато рафагӣ. Хулоса, талош карда истодаанд, ки дуруғҳои намоён ва ошкор шудаашонро пинҳон намоянд.

Боз як кори дигар, дар мактаби №6-и деҳаи Саробӣ руй дод. Тибқи қонун муаллимҳо ҳар 5 сол аз аттестатсия мегузаранд. Аммо дар ин мактаб муаллимҳоро аз аттестатсия нагузаронида аз ҳар омӯзгор 150 сомонӣ ҷамъ карда ба комиссияи аттестатсионии вазорати маориф доданд. Дар ин мактаб 85 муаллим кор мекунад.

Комиссияи аттестатсионӣ ҳам барои омӯзгорон санад ва категория ҳам дод, ки онҳо аз озмун гузаштанд. Ин корро ҳам комиссия омада маълум кард, вале чизе нашуд. Боз сари ҳар муаллим сум ҷамъ карда ба комиссия доданд ва об ба лаби ҷӯ баробар шуду комиссия рафт.

Комиссия мактаби№9ро ҳам тафтиш кард. Директор хело гап шунидааст, ки чаро занҳои омӯзгор подвал рехтаанд. Супориши қатъӣ доданд, ки зуд вокуниш нишон дода гуянд, ки ин маълумотҳоро ба Муҳаммадиқбол нодуруст фиристодаанд. Ба омӯзгорон гуфтаанд, ки дар вокунишҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Муҳаммадиқболро террорист ва душмани халқ  гуянд. Ин супориш аз амният ва ҳукумати ноҳия аст.

Аммо директор чизе гуфта натавонист, чунки аксҳои занҳои омузгор, ки дар рехтани подвали мактаб иштирок доштанд ба Ислоҳ.ТВ мавҷуданд. Ва дар бораи ин кор халқ гап зада истодааст. Директор аз ҳар кас пурсидааст, ки ин аксҳоро кӣ дода бошад. Боз гуфтааст, ки аниқ аз мактаби мо додагӣ.

Вақте сохтмони синфхонаҳои мактаби №9 ба охир расид ва мактабро ба истифода доданд Раҷаббой Аҳмадзода (Қофлонбой) раиси вилоят ба инҷо омад. Вай гуфт, ки раҳмати калон ба пешвои миллат, ки ин мактабро сохтанд. Ҳама ҳайрон шуданд. Чунки ин мактабро худи мардум сохт. Ҳоло ҳам мардум ва ҳам омӯзгорон қарздоранд. Пеш аз омадани Қофлонбой муаллимҳо барои парда пул ҷамъ карданд. 5000 сомонӣ. Ҳар муаллим 100 сомонигӣ дод. Баъзеҳо аз муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия пул гирифтанд, баъзеҳо аз бонк қарз гирифтанд. Танҳо барои як Қофлонбой 20.000 сомонӣ қарз гирифта шуд. Чунки директор ин пулро ба кисаи вай медодааст. Барои онки вай ба мактаб омадаву дар маросими ифтитоҳи мактаб иштирок намудааст.

Қофлонбой омаду даромад синфхонаҳоро дидаасту аммо отоплений канӣ гуфта ҳатто напурсидааст. Ободӣ нашудааст. Мактабро мардум худаш сохтгӣ ҳаст. Ҳоло ошхонаи мактаб соз не, отплений нест. Ягон чиз  аз вилоят ва ҳукумат наомад. Компютер наомад доскаи электронӣ наомад. Қофлонбой гуфта будааст доскаи электронӣ медиҳад ба ин мактаб. Дар мактаб ятиму нимятимҳо ҳастанд, аммо Қофлонбой ҳатто яктои портфел наовард.

Дар дигар мактабҳо барои онки комиссияро фиреб диҳанд, айёниятҳоро прокат оварданд.

Вале акнун зимистон бояд дар синфхонаҳо бухориҳои тунукагӣ сохта шавад ва хонандаҳо боз ҳам бо курткаҳояшон мешинанд.

Абдурасулов Нарзӣ Умарқулович, сардухтури поликлиника танбеҳи сахт гирифт.

Муаллимҳо бояд қабл аз соли таҳсил аз ташхис бигузаранд. Омаданд поликлиника. Аппарати кассааш вайрон. Бонки роҳӣ карданд. Онҷо мегуянд, ки свет надорем. Баргашта поликлиника меоянд. Чунки агар маблағро насупоранд, ҷарима мешаванд.

Котибаи сардухтур Нигина Муллоева ном дорад. Муаллимҳо мегуянд, ки дар банк свет набудааст, мо се рӯз, чор рӯз аст, ки омада истодаем. Муҳлати дафтари тиббиямон тамом мешавад, чи кор кунем. Кори моро дуруст кунед.

Нигина мегуяд, ки ҳар кадомеат чил сомонӣ диҳед, печат монда медиҳам. Маҷбур мешаванду пули пурсидаашро медиҳанд. Чунки бояд муаллимҳо книжкаи тиббиашонро дар муҳлати пешбинишуда дуруст кунанд.

Агар поликлиника барои кушодани бюллетн оед, 100 сомонӣ нагирад, ҳуҷҷатгузорӣ намекунад. Баъди дар «Ислоҳ.ТВ» гуфтану бардоштани ин ҳама «афёра»-ҳои поликлиника нархи он ба 49 сомонӣ поин оварда шуд

Сардухтури поликлиника шарик дорад ва шарикаш дар поликлиника кор мекунад. Ёқуби ишкамдор. Як нафар кудакашро пешаш мебарад. Он духтур дарунравро табобат мекунад. Дар дасти ҳамин сардухтур кор мекунад. Аммо ин духтур қартабозӣ карда мешинад. Кудаки касалу табаш боло, гиря карда истодааст. Дарро тақ-тақ карда «мумкин ман дароям» гуяд, «баромада ист, дарро пуш» гуфта ҷангҷол кардаст. Аммо дар утоқи корӣ ва дар вақти корӣ ба қартабозӣ машғул аст.  Як   врачи бачагона, ки муи сараш сафеду калонсол аст, қартабозӣ карта мешинад.

Бародар Муҳаммадиқбол! Шумо дар барномаи «Мобилизация» дар бораи сардори Раёсати молияи ноҳия барномаи махсус омода мекунем гуфта будед. Ҳоло қисман бошад ҳам маълумот дар бораи сардори молияи ноҳия Маликов Ислом омода шудааст.  Ончи инҷо навишта мешавад ҳамааш ҳақиқат аст ва ҳар як сокини Шаҳристон тасдиқ мекунад. Маликов Ислом порахӯри калон аст. Аммо ин мард  як гӯспанд барин хап мегардад. Бояд, ки худашро ба мардум маълум накунад. Аммо мардум аҳмақ не, ҳама медонад. 2 дачаи калон,  1ошхонаи калон,1магазин дорад.

Маълумоти дигар аз деҳаи Себзор. Дар ин деҳа бемористон сохта истодаанд.

Аммо 4 сол боз раиси деҳа ва сардори Раёсати молияи ноҳия Маликов Ислом маблағи ҷудошуда ва ҷудомешуда барои ин бемористонро хурда тамом карда истодаанд. 4 сол боз ҳукумати ноҳия як беморхонаро сохта наметавонад. Роҳи деҳаи Себзор асри 13 барин. Аммо Маликов Ислом ин қадар пулро аз куҷо меёбад?  Аз ин сабаб аст ки 4 сол боз як духтурхона сохта намешавад.

Маликов Ислом дар Чехский ва дар худи ноҳияи Шаҳристон низ дачаҳо дорад. Аслаш ин мард аз деҳаи Себзор аст.

Ӯ як ҷиян дорад, таваллудаш1995 сол, Маликов Дилшод ном дорад. Ин курраи дарозгушро ҳамин бародараш Маликов Ислом ба кор монд. Вай дар ҷамоати Бунҷикат масъули бахши танзим ва порахури сахт аст.

Маликов дар Шаҳристон дуюм  зан дорад

Барои он Ислом Маликов даҳ сол боз аз ин вазифа намеравад, ба боло пора медиҳад. Як ресторани калон дорад. Дар роҳи Душанбе сохтагӣ аст. Як худаш 20 гектар заминро гирифтааст. Ба иҷора медиҳад. Бо як мошини сиёҳи мерседес мегардад.

Маликов Ислом дар шаҳри Хуҷанд ҳам 2 хона дорад. Якеаш дар микрорайони 18 ва дуввумиаш дар микрорайони 20. Дар подъезди дуввум, ошёнаи 1, ду утоқа, ки духтарҳо аз Себзор, деҳаи худи Ислом Маликов  иҷора мешинанд. Хонаи микрорайи 20-аш 4утоқа аст. Вай як бузи хабаркаш дорад, ки номаш Абдушукуров Абдураззоқ мебошад. Вай муҳосиб дар беморхонаи умумӣ аст ва як дузди гузаро мебошад.

Мисли саги вафодор аз пеши Маликов Ислом дур намеравад, куҷо равад ҳамин Абдураззоқ гирифта мегардад. Маликов Ислом чи кореро супориш кунад Абдураззоқ Абдушукуров  бечуну чаро иҷро мекунад. Абдураззоқ Абдушукуров аз ин беморхона як ҳамшира буд, ӯро зан карда гирифт.

Абдураззоқ Абдушукуров ҳоло дар беморхона дар вазифаи мудири қисми хоҷагӣ акнун сар кард ғоратгариву дуздиро. Чизу моли беморхонаро ба фурухтан сар кард. Ӯ ҳам дар Хуҷанд ба 35ҳазор доллар хона гирифт. Мошини савориаш як мошини гаронарзиш аст.

Маликов Ҷамшед як ишкамба аст. Ҳар вақте бинед маст мегардад. Ӯ ҳам дар ҷамоати Бунҷикат кор мекунад. Бовар кунед ин авлоди Маликов дар ҳама ҷо ҳаст. Писараш дар ҳукумат кор мекунад. Як бародараш профессор буд ва дар  Душанбе кор мекард. 2 сол шуд мурд. Хулоса кришаи Маликов  муайян, ки дар куҷо кор мекард.  Агар вай тағо надошт Маликов Ислом ва ин авлод ин қадар сол кор намекарданд.

Як мақомдори бисёр ҳам беинсофи ноҳия Ҳоҷимуродзода Ҷасур, муовини раиси ноҳия Шаҳристон мебошад,ки дар барномаи 2013 “Минбари муҳоҷир” бо шумо гап зад аз утоқи корияш. Дурӯғ мегуфт барқ дорем дар ҳоле ҳамон рӯзи 1 уми октябр аз соати 8:30 субҳ то шом соати 17:00 барқ тамоман надоштем. Аз деҳаи мо як бевазани бечораро фиреб карда гаштааст. Вай бевазан бо 3 кудак монд. Шавҳараш 20 сол шуд касали саратон шуда гузаштагӣ буд. Бечора 3 кудак: 2 писар ва1 духтарро дар дари хонаи мардум ва бо уборшитсагӣ калон кард.    Писари калониаш мактабро тамом карду Русия рафт. 4 сол боз дар муҳоҷират аст. Вай дар хонаашон набуд, дар хонаи тағоияшон зиндагиашон мегузашт. Баъд  дуюм писараш мактабро тамом кард ва пеши бародараш ба муҳоҷират рафт. Аммо бача 3 моҳ кор кард гашта омад. Амният рӯзаш надод, омаду баҳор ба хизмат рафт.

Ҷасур ба он бевазан ваъда дод,ки дар хонаи сохтагиат сертификат дуруст карда медиҳам, агар бачаатро хизмат роҳӣ кунӣ. Бечора бевазан ба вай бовар кард. Писарашро аз Русия фарёд кард ва ба хизмат фиристод. 6 моҳ мегузарад, аммо аз ваъдаи Ҷасур дарак нест. Бечора бевазан қабули Ҷасур равад қабул намекардааст. Боз 10 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст. Ин бевазани бечора хонаамро вайрон накунад гуфта сумро додааст, то документи хонаро бигирад. Ин Ҷасур аз Худо ҳам наметарсад боз дар барномаи шумо шарм нокарда дурӯғ мегуяд. Охир мардуми Шаҳристонро наметавонад фиреб кунад, мардум ҳамаро медонанду мешиносанд.

Бо наздики маълум шуд, ки писари ин бевазан дар Помир, ноҳияи Ишкошим дар хизмат будааст. Бародараш дар Русия аст ва барои онки бо бародараш гап занад ба телефони командираш пул мегузаронидааст. Ҳозир ин бевазан сарсону саргардон гашта аст.

Номи бачаи ба хизмат рафтагӣ Азамқулов Ҷасур Махсумович аз деҳаи Гулистон  аст.

Бародар Муҳаммадиқбол!

Мо фоида ва манфиати барномаҳои «Ислоҳ»-ро дар ноҳияамон эҳсос кардем. Ёрдами калони шумо ба мо расид.

Ноҳияи Шаҳристон дар вилояти Суғд он қадар калон нест. Ноҳияи хурд ба ҳисоб меравад. Дар инҷо ягон корхона нест. Зиндагӣ фақат аз пушти кишту кор ва чорводорӣ. Чунки иқлими Шаҳристон сардтар аст. Барои ҳамин фақат кишту кор картошка ва гандум. Ҳоло бошад бисёрии мардуми Шаҳристон дар муҳоҷират қарор дорад. Барои онки заминро пулдорҳо гирифта хоҷагии деҳқонӣ кардаанд. Ба мардуми камбағал чизе намонд. Бечора мардум чорводорӣ кунад, имкон нест. Чунки барои чорво хурок даркор, об нест. Барои ҳамин ҳама шаҳристониҳо дар муҳоҷират қарор дорад.

Муҳиддинов Боймурод, масъули идеологии ҳукумат яке аз ташкилотчиҳои маъракаи зидди «Ислоҳ» аст.

Мухиддинов Боймурод  дар 24ум  август 1993  дар ноҳия Шахристон ба дунё омадааст. Мактаби №18ро хатм карда пас аз он ба Донишгоҳ дохилшуда ва омада дар  мактаб корро оғоз менамояд ва пас аз он дар ҳукумати Шаҳристон ба кор гузашт. Беш аз 3 сол аст дар Ҳукумати Шаҳристон кор карда истодааст . Муҳиддинов Боймурод мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва идиология кору фаолият дорад.

Падару модарҳои хонандагони  мактаби №21-ро даъват карда  ва дар бораи шумо маълумот дода гуфтааст, ки бояд дар барномаҳои «Минбари муҳоҷир» баромад карда аз ободиву ободкориҳои ҳукумат ва пешво гап зананд.

Дар ҷои ҳамин маҷлисбозӣ Муҳиддинов Боймуроди чоплус биравад як бечораву камбағалро ёрдам расонад. Мо бо вай гуфтанием, ки чи ин қадар ба Лолахон туҳфа медиҳӣ, ба ҷойи Лолахон ба як бевазани бечора як линча орд туҳфа кун, 2 моҳ мехурад бечора.

Ералова Лолахон дар як хуроки нисфирузӣ 200 сомонӣ сарф мекунад. Пули 2 обедаш хуроки нимарузиаш барои як ятим сару либоси зимистонӣ мешавад. Ба назди Ералова Лолахон вақте одамҳои серпул бо мошину либосҳои қимат мераванд, бо онҳо нарму дуруст муомила мекунад. Вале ба камбағалҳо дуруст муомила намекунад, дод мезанад. Аз таваллуди ҳар зан 200 сомонӣ «шодиёна» мегирад. Ин ҳам дар ҳое, ки ин занҳо ба беморхона 550-560 сомонӣ месупоранд.

Камбағалро нигоҳ намекунад. Аз онҳо аз 50 сомонӣ кам намегирад.

Опел –астра ҷи мошин дорад. Мошини хидматӣ дорад. Мутакаббир.

Маълумот дар мавриди раиси ҷангали Шаҳристон

Як бевабози фосиқ ҳаст раиси Лесхоз (ҷангал ) номаш Мангубердӣ Ғаффорзода, ки бо мошини чандҳазордолларии рақами 10.10 мегардад. Тамоми чизҳои Худо ба мардум додаи  Шаҳристонро фурӯхта хурда тамом кард. Мангубердӣ як духтарро, ки котиба буд ба номусаш расид ва писарчадор шуд ва ба Русия  гурехта рафта он духтар. Ҳозир боз бо як зани дигар мегардад, беномус. Ба вай хона харида дод. 1шаб дар хонааш1 шаб хонаи ҳамин зан меравад. Ин ифлосҳо фикр мекунад, ки ягон кас моро намефаҳмаду намебинад.

Он духтар, ки Русия гурехт, аз шарми мардум гурехт ва зуди ҳамин Мангубердӣ ба ваё ёрдам дод, ки фирор кунад.

Рӯзи 08.09.2023 як ҳангомаҳои хеле аҷоиб шуд. Бовар кунед аз хандидан хаста мешавад одам.

Шумо ба чашмони ин чоплусҳо мисли азроили ҷонситон шудаед. Ҳамаашон хафа, директори мактаб сахт зиқу хаста шудааст. Имрӯз гап назад, хомӯш гашт, берун набаромад, дар кабинеташ даромад ва то обед шишт.

Баъд аз нимарӯзӣ баромаду имрӯз «каротки ден хонандагон ба ҷавоб хонашон ба буравад» гуфту худаш ҳам рафт..

Участкавой омад ҳамроҳ бо як милиса. Ҳама омӯзгоронро ҷамъ кард дар хонаи омӯзгорон. Бо онҳо сӯҳбат гузаронданд. Участкавой гуфт аз мактаби шумо як хоин ҳаст. Дар бораи мактаби шумо маълумотҳои бардурӯғу ноасос расонида истодааст. Аз шумо руст намекунем. Гуфт, ки як моҳ мешавад, ки як муаллима ҳамроҳи Муҳаммадиқбол ҳамкорӣ карда истодааст. Чи маълумот бошад ҳамаашро занг зада ба Муҳаммадиқбол гуфта истодааст. Ҳама ҳайрон шуд. Омӯзгорон гуфтанд, ки «не аз мо ягон кас ин корро намекунад, инро дигар касҳо аз номи муаллимҳо фирсондагӣ».

Участкавой гуфт, ки не «вай муаллима як бор кати телефон гап задагӣ, мо шунавидем дар «Минбари муҳоҷир№ 206».

Ҳама хомуш, ҳама ба як дигараш нигоҳ мекунад. Ман фикр мекардам аз деҳаи мо мардҳо бисёранд. Ягон омӯзгорони мард ягон сухан нагуфтанд. Ягон сухан гуфта натавонистанд, тарсиданд, ҳама ларзида монд. Участковий пурсид, ки шумо барномаи Муҳаммадиқболро шунавидетон, дидетон?.Ҳама хомӯш.

Сипас, хеле Муҳаммадиқбол ва Ислоҳро душмани халқ гуфта хеле сиёҳ кард.

Инро бигӯям, ки ҳоло мардуми Шаҳристонро аз ислом дур кардагианд. Намоз мехондаҳо кам шуда истодаанд.

Ягон омӯзгор, ягон духтур, ягон коргарони ҳукумат намози ҷумъа масҷид рафта намехонад, манъ кардагианд. То18 сола бачаҳо дар бораи дини Ислом чизе намедонад, қоидаҳои намоз хонданро намефаҳмад. Барои онки бечора фарзандамон аз куҷо медонад. Дар хона падару модар намехонад, масҷид рафта наметавонад. Дар мактаб дар бораи дини Ислом гап задан мумкин нест тамоман. Бисёр талабаҳо намоз хондан наметавонанд. Ва оятҳою сураҳоро намедонанд, инҳо бачаҳои мусалмононро аз дин дур карда истодаанд. Калимаи шаҳодат, бинои мусалмонӣ, маълумоти оддитарин аз исломро намедонанд,ки қариб. Падарҳояшон дар русия модарҳояшон машғули рӯзгузаронӣ ва ғами хурду хуроки кудакон . Ҳаминхел хело ҳолати маънавӣ, ахлоқӣ дар пасттарин ҳолат қарор дорад.

Барои ҳамин одамони Худотарс кам шудааст дар Шаҳристон. Ин айби мардум не, ин айби ҳукумат. Мардумро аз дини Ислом дур карданд. Барои ҳамин одамони калон шарм надошта ба «Минбари муҳоҷир» баромада гапҳои дурӯғро бемалол чашмро пӯшида зада истодаанд. Наход одамон ин қадар гумроҳ ва бесавод шуда бошанд. Дидед мушовири муовини ноҳия Шахристонро? Наход масоҳати Тоҷикистонро надонад. Ин одами бесавод боз дар 22 мактаб методисти фанни география ва биология аст.

Сабаб инки раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода бесавод аст. Раиси ноҳияи мо аз ноҳияи Ҷаббор Расулов –Пролетари пешина аст. Раис узбекзабон аст. Ҳар вақт маҷлис ва ё суханронӣ кунад дар кисааш коғаз дорад, ду калимаро ҳам аз рӯи қоғаз мисли пешвояш мехонад.

Ақалан ҳабаромадашро бе коғаз гуфта наметавонад. Пеши мардум меояд, ягон омодагӣ надидааст. Мудири маориф ҳам ҳамин хел. Ӯ ҳам узбекзабон аст. Ӯ ҳам дар як варақча навишта меояд. Ман узбекзабонҳоро бад намекунам, чунки Шаҳристон нисф зиёдаш узбекҳо зиндагӣ мекунанд. Вале онҳо бояд аз мардуми одӣ фарқ кунанд. Дуруст кор кунанд. Раиси ноҳия  аз хобаш хеста ақалан дасту рӯяшро ношуста баромад  мекунад. Охир маданият гуфтани чиз ҳаст, наход ҳамин ҳолатҳои элементариро риоят накунанд мақомдорони ноҳияи Шаҳристон.

Ин вазъ бояд ислоҳ шавад!

Як ҳолати дигарро бояд гуям, ки зарур аст ислоҳ бишавад.

Барои сертификат кардани як замини наздиҳавлигӣ, ки аз падару бобояш мерос мондааст 15000 сомонӣ пурсида истодаанд. Дар ҳоле, ки ин замину хона аз давраи союз, аз падару модараш ба ӯ мондааст. Аз тарафи президент афв ҳам шудагианд ин замину хонаҳо. Барои онки хонаи падариашро ба номи худаш кунад, бояд хонаро сертификат кунад. Барои ҳамин 15000 сомонӣ бояд диҳад, ин дар куҷо дуруст меояд охир як Шаҳристонии қашоқ аз куҷо ин маблағро ба шумо месупорад ? Ин кори пешво магар дастгирӣ шавад бояд ва ё маҳкум карда шавад ?

Дар барномаи пешина дар бораи аскарҳо навишта буд касе,ки барои мондан дар қисми ҳарбии худи ноҳия маблағҳои калон медоданд. Бале рост навишта буд касе буд. Падару модарҳо барои онки бачаҳояшон дар наздашон бошанд 10.000 ҳазор сомонӣ ба военкомати ноҳия доданд.

Чунки бештар сарбозҳои ноҳияи моро ба тарафи Помир мебаранд. Ва онҳое, ки аз хизмат бармегарданд ва ё рухсатӣ меояд аз азобу душвории хидмат дар онҷо шикоят кардаанд. Падару модарҳо ин  гапҳоро шунида ба онҷо бачам наравад гуфта пулро дареғ намедоранд ,қарз гирифта дода истодаанд. Як намуд пул коркуни ҳаст дар ин масала ҳуш аз саратон мепарад.

Як ҷавони бечора, ки бепадар калон шуда ва баҳор ба хидмат рафта буд, ба модараш ҳикоят кардааст,  ки хидмат бисёр душвор аст. Вай гуфтааст, ки писарам аз бозе, ки хидмат рафт кор карда истодааст, Қисми ҳарбӣ месохтаанд. Устоӣ мекардааст. Гуфтааст, ки 6 моҳ боз 60 сарбози навдаъватшуда қисми ҳарбӣ сохта истодаанд. Либосҳоям лах-лах шуд гуфтааст ва ҳикоя кардааст, ки як зани боимон аз ин қишлоқ як бриджа ва як футболкаи кӯҳна оварда додааст. Боз командирҳои бенсофаш гуфтаанд, ки акнун казарма ва қисми ҳарбиро сохта буд кардем, ба хонаатон занг зада гуед, ки пул фиристанд то формаи наву соз барои худатон харед.

Бечора бача аз телефони командир телефон карда пул фиристед, ба мо форма медиҳанд гуфтааст. Телефони командирро истифода бурдам ба ҳамин рақам пул партоед гуфтааст. То анҷоми корҳои сохтмонии қисми ҳарбӣ сарбозҳо бо формаи граждании аз хонаашон пушида рафта кор кардаанд. Ин қисми ҳарбӣ дар Ишкошими Помир сохта шудааст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ҳоло боз аз як «инқилоб»-и дигари «Ислоҳ» дар Шаҳристон бароятон мегуям.

Як шиносам гуфт, ки дармонгоҳ-поликлиника барои хунсупорӣ рафтам. Абдурасулов Нарзӣ Умарович тамоман одами дигар шудааст. Муомилааш 100% хуб. Назоратро аз болои духтуроне, ки зери дасташ кор мекунанд, хеле сахт кардааст. Ман бо чашми худам дидам. Ба ташхис рафтам, одами зиёд дар навбат буд.

Сардухтур Абдурасулов Нарзӣ Умарович худаш рафта  анализ мегирад. Навбати корафтодаҳоро пурзур кардааст, сахт назора мекунад. Ба духтур таъкид карда истодааст, ки «Калонсолон ва кудакҳо бенавбат, касалҳои аз беморхона омадаро ба берун намон, монда мешаванд».

Ба худо, бародар Муҳаммадиқбол шумо ба Абдурасулов Нарзӣ Умарқулович таълиму тарбияи зур додед.

Хулоса, ин шиносам гуфт, ман анализ супурдам. Ба касса пул супоридам, рафтам ҳамааш қонунӣ. Ин шиносам афзуд, ки ман ҳайрон шудам, ки инҷо Шаҳристон аст ё  дигар республика омадаам.

Пеш барои як печат 20 сомонӣ мепурсид, имрӯз ягон сум напурсид ва ройгон печат зада дод. Мешудааст, ку! Ҳалол кор кунад, аз мардум надуздад, порахурӣ накунад .

Хулоса, пеш сокинони Шаҳристон аз «Ислоҳ» хабар надоштанд. Ҳоло аз 100—80% и мардуми ноҳия ҳама аз шумову Ислоҳу барномаҳои шумо огоҳ шудаанд.
Пеш аз ин касе ҷуръат намекард ба якдигар аз Ислоҳ сухан гӯяд, зеро аз якдигар меҳаросиданд вале ҳоло қариб тамоми шиносҳо ошкоро тавсия дода истодаанд, ки  Ислоҳро тамошо намоем.
Ва пас аз гуфтани Шумо дар «Минбари муҳоҷир» оид ба камбудии оби нушокӣ дар ноҳия ҳоло он қубурҳо дар маркази ноҳия ба кор даромада ба ҳавлиҳо об кашида истодаанд дар маркази ноҳия.
Як сухани шумо нисбати оби нушокӣ боиси оғози фаолияти қубурҳои нави обкашӣ дар ноҳия шуд. Мешавад, ки инро ҳам як инқилоби дигар «Ислоҳ» дар ноҳияи Шаҳристон ба қалам дод ва умедворем, ки ин инқилоб дар дигар навоҳӣ ва дар саросари кишвар сироят ёбад.
Ps:  Бародар Муҳаммадиқбол. Ман худам корманди амният ҳастам. Инҳо шахсияти маро дар қади сад сол ҳам ошкор карда наметавонанд. Ман барномаҳои шуморо тамошо мекунам, мефаҳмидам, ки аксарият тамошо карда истодаанд. Ман чи гуфтан мехоҳам?

Ин чанд рӯз аст ки идораи амният дар Шаҳристон бисёр ҳам пуродам ва пуркор шудааст. Бояд рӯирост бигуям, ки вазъият дар Шаҳристон буҳронӣ аст ва як моҳи ахир мақомоти амният ва дастгоҳи идеологии ҳукумати ноҳия бо роҳбарии Боймурод Муҳиддинов, масъули шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи ноҳия дар беморхонаву мактабҳо ва алалхусус муассисаҳои таълимӣ омӯзгоронро таҳти пурсиш ва истинтоқи шадид қарор дода истодаанд. Мактабҳо омада ҳар як омӯзгорро таҳдид ва ҷангу ҷангҷол карда телефонҳояшонро аз дасташон гирифта кофта истодаанд: «ба мо ёфта диҳед, ки он одам кӣ аст ки бо Муҳаммадиқбол гап мезанад» гуфта таҳдиду фишор ворид карда истодаанд.

Дар телефонҳои муаллимҳо дидаанд, ки садҳо омӯзгор «Ислоҳ»-ро тамошо мекарданд.  Онҳоро ҳоло ҳаррӯз гаштаву баргашта ба идораи амният даъват намуда ва тафтишу ҳақорат карда истодаанд: «барои чи мебинӣ ,кӣ туро бин гуфт, ба маъқул шуд чӣ, барои чи тамошо кардӣ?»

Боймурод Муҳиддинови  буз ҳамроҳ бо ду корманди амният ба мактабҳо омада телефони ҳар як омузгорро кофтакофта ҳамаи чизашро бароварда дида истодааст. Маълум мешавад, ки 80-90% муаллимҳои ноҳия «Минбари муҳоҷир»-ро медидаанд. Боз махсусан моҳҳои июл,август зиёд дидаанд. Як омузгор 7 то 10 бор дида будааст:

«чаро тамошо кардед, ба шумо чи даркор, шумо ба ҳамин хоини миллат бовар кардетон, чиро  тамош кардаед» гуфта муаллимҳоро озору азият карда истодаанд.

Як омӯзгори ҷавон ҳар як барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро дида будааст. Ӯро бео телефонаш гирифта идораа оварда бурда ҷанг карданд, заданду ҳақорат карданд. Ба гардани ҳамин омӯзгор заданианд, ки  маълумотҳоро ба Ислоҳ фиристодааст:

“ту алоқа кардаӣ, ту маълумотҳо дар бораи мактаби 9ро расонидаӣ, ту бо Муҳаммадиқбол алоқа дорӣ, суҳбат мекунӣ, ту хоин» гуфта муаллимро латту куб карданд.

Як муаллимаи дигарро, ки ҷавону ҳамагӣ ду сол собиқи корӣ дорад аз ин муаллим ҳам бадтар азоб доданд. Ин муаллима тамоми барномаҳои «Минбари муҳоҷир» ва дигар барномаҳои «Ислоҳ»-ро тамошо мекардааст. Дар телефонаш пайдо кардаанд аз историяи Ютуб. «Мо туро ҳабс мекунем, чаро тамошо кардӣ, мумкин ту маълумотҳор расонидагӣ. муаллимаҳо ва подвалковии онҳоро дар мактаб ту суратҳояшонро фиристодаӣ» гуфта сахт азобаш доданд.

Муҳиддинов Боймурод 24 август 1993 дар ноҳияи Шаҳристон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №18-ро тамом кардааст. Пас аз донишгоҳ дар мактаб кор кардааст. Се ё чаҳор сол шуд, ки ба ҳукумат ба кор гузаштааст. Айни замон дар шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати ноҳия фаъолият мекунад.

Омузгорони бечораро ба ҳолу рӯзашон намемонад. 3 сол аст ки омӯзгоронро маҷбур мекунад, ки бар зидди Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол вокуниш кунанд ва ончиро,ки менависанд, қабл аз чоп бурда ба дасти ӯ бидиҳанд.

Намедонам бародар Муҳаммадиқбол дар барномаи 213 ҳангоме шумо бо Ҳоҷимурдзода Ҷасур муовин гап задед ва ӯро барои барқ пурсидед,ки занг зан световой. Ӯ ба КДАМ занг зад вале аз инҷо шарикам ба ӯ гуфт девонаи мода занг мезани. Мон телефона ягон дурӯғ гу, мехоҳи мо гап занем имрӯз свет буд?  Воқеан барқ набуд он рӯзи якшанбе 1 уми октябр ғайр аз линияи озод дигар барқ набуд дар ноҳия. Аз соати 5 субҳ то соати 20:00 барқа хомӯш карда буданд.

Аз пушти Боймурод омӯзгорони зиёде азият кашиданд ва кашида истодаанд ва ҳатто аз кор ронда ҳам шуданд. Як омӯзгори узбекзабон дар мактаб кор мекард. Ин Боймурод ӯро ҳам маҷбур месозад, ки вокуниш навишта оварад бар зидди Муҳаммадиқбол. Аз онки ин муаллима тоҷикӣ балад нест, ин кор барояш сахт мушкилӣ меоварад.

Муаллима бар зидди Муҳаммадиқбол менависам гуфта аммо комилан наоборот, баръакс мекунад. Муаллима «вокуниш» -кадом навиштаеро аз интернет скачат мекунад ва бурда ба дасти Боймурод Муҳиддинов  медиҳад. Боймурод вокунишро хонда мебинад, ки он бар зиди Раҳмонов аст. Боймурод дар ҳол ба амният хабар медиҳад. Муаллимаи бечораро, аввал чи қадар ҳақорату дашном карда сипас  аз кор пеш мекунад. Дар ҳоле, ки муаллимаи бечора зиндагиаш аз пушти маоши мактаб мегузашт. Муаллима дар мактаби 6 кор мекард, аз деҳаи Чашмасор. Нуралиева Нилуфар. Ин ҳодиса моҳи феврали соли гузашта шуда буд. Гузориш бар зидди Раҳмоновро аз руи нафаҳмидани забон бурда додагӣ аст. Муаллима хеле гирист, ки Боймрод Муҳиддинов бо ин кори кардагиаш ӯро аз як даҳан нони зиндагиаш маҳрум кард. Ягон кас ягон чи гуфта натавонист.

Иллати пеш омадани чунин ҳодиса он аст ки ин муаллима забони тоҷикиро намедонист ва вай аз надонистани забон ба ин ҳолат афтод.

Аммо ҳоло, бародар Муҳаммадиқбол ба Шумо бигуям, ки яке аз дигар инқилобҳое, ки «Ислоҳ»  дар Шаҳристон ба роҳ андохт ин аст ки мардум тоҷикидон шуда истодааст. Барои онки барномаҳои шуморо тамошо карда калимаҳои намефаҳмидаашонро аз ҳамдигар пурсида истодаанд. Шумо ба узбекзабонҳои Шаҳристон муаллими забони тоҷикӣ шудед. Бовар кунед рост гуфта истодаам. Аз як марде ду сол аст ӯро мешиносам бо зур тоҷикӣ гап мезад. Чанд рӯз пеш бо ӯ гап задам гап зани хело соз шудааст. Пурсидам чихел шуд ёд гирифти? Гуфт рост бгум? Гуфтам бале. Гуфт барномаи “Минбари муҳоҷир” тамошо кардам гап заним ҳаминхел шуд.

Дар ноҳия як нафаре ҳаст, ки он бузи мо амниятиҳо мебошад. Вай Отаев Зоирҷон Шодмонқулович, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Шаҳристон аст. Ин шахс бо дастури КДАМ -и ноҳия ба мактабҳову ҷамоатҳо рафта доир ба кору фаъолияти пешвои миллат ва сиёсати ӯ тарғиботу ташвиқот гузаронида мегардад. Чанд маротиба зидди мухолифин номаҳо таълиф намудааст. Албатта чандин фактҳои дигар дар мавриди ӯ ҳаст,ки ҳатман вақт ёфтам онҳояшро ҳам менависам.

Шаҳристон ноҳияе аст ки 80% аҳолиаш аз пушти муҳоҷирати корӣ дар Русия зиндагӣ дорад. Дуруст аст, ки мардум заминҳои кишт доранд. Бисёрии мардум дар он заминҳо, ки дар пояи ағба аст кишт мекунанд, кишти картошка. Дар маркази ноҳия замини лалмӣ вуҷуд дорад. Он заминҳоро ҳамчун ҷои зист тақсим карда буданд.

Мардум дар зери куҳ, ки онҷоро лалм мемонаманд, кучида рафтаанд. Дар онҷо беш 120 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аммо дар онҷо об нест.

3 ё 4 сол пеш аз ҳисоби давлати Олмон хатти обгузар дар қисматҳои зиёди ноҳия сохта ва лулаҳо (трубаҳо) шинонданду васл карданд. Се сол пеш Раҳмонов ноҳия омад. Барои показуха барои кордароии он хати обгузар як кранро фаъол карданд. Аммо ин чашмбандӣ  ва фиреби мардум буд. Гуё фаъол карданд, аммо рафтан баробар хушк шуду рафт. Ҳоло ҳеҷ кас об надорад. Ҷасур Ҳоҷимуродзода рост гуфт, ки дар ҳавлиҳо лулаи об дароварданд ,аммо ягонтоаш кор намекунад.

Дар барномаи «Минбари муҳоҷир»-и ахирон, ки рӯзи 01.10.2023 доир шуд Ҷасур Ҳоимуродзодаи муовини раиси ноҳияро дидам, ки бо шумо суҳбат мекард. Дар ҳақиқат ин муовини раиси ноҳия ва дигар мансабдорони ноҳияи Шаҳристон аз линияи озод, ё красная линия ба хонаҳои худ неруи барқ даровардагианд. Ҳамаи онҳо дар хонаҳояшон свет доранд. Аммо дар мо свет набуд. На танҳо шабона,рӯзона ҳам кушта истодаанд. 5 соат бегоҳ ва се соат дар субҳ дар 24 соат свет дорему халос. Аммо ҳамон рӯзи барномаи «Минбари муҳоҷир» соати 8-и шаб ба мо свет доданд. Ман 3 кудак дорам.Дар хона11 бача ҳаст, хурдияш3 моҳа. Бо фонарик шом хурдем. Бачачаи 3 солам  зиқ шуд аз бесветӣ ва ба гиря даромад. Бовар кунед, ки Ҷасур дуруғ гуфт. Ҷасур дар масъалаи он аскарбача ҳам дуруғ гуфт.

Он бачае, ки аскарӣ фиристод таваллудаш 2001 буд. Мактабро хатм карда Русия пеши акояш рафт. Онҳо аз падарашон ҷудо шудагӣ. Модараш дар мактаб фарош буд. Онҳо дар хонаи тағояшон мезистанд. Тағо аз қисми ҳавлиаш барои инҳо замин доду гуфт барои худатон хона созед. Хонаро сохтанд. Аммо сертификат гирифта натавонист он зани бечора.

Баъд пеши Ҷасур Ҳоҷимуродзода меравад барои сертификат. Ҷасур шарт мегузорад, ки писарат аз Руси омада аскарӣ равад, ман сертификататро дуруст карда медиҳам. Он зан бовар карда писарашро аз Русия меоварад. Он ҷавон баҳор аскарӣ рафт. Дар ҳоле, ки Ҷасур мегуяд аз таъин шудани ман ба вазифаи муовинӣ як сол шуд. Шаш моҳ аз хидмати бача гузашт. Аммо Ҷасур ҳиҷ ёрӣ накард.

Инро ҳам бигӯям, ки директорони мактабҳои Шаҳристон кадрҳоро бо пул ба кор мегиранд.

Дар ноҳия назди қасри фарҳанг парчам рост карданд. Тамоми хароҷоти сохтмони онро ба соҳибкорҳои ноҳия бор карданд.

Як шиносам нақл кард, ки ҳамсараш мехостааст, ки омӯзгор шавад ва кор кунад. Ин шиносам гуфт, ки «ризоият додам ва гуфтам бошад, рав кор кун. Ҳама ҳуҷҷатҳояшро омода карда ба пеши директори мактаби 21 меравад. Вай мегӯяд ё 3 қуттӣ краска барои мактаб меорӣ ё 300 сомонӣ медиҳӣ».

Ҳоло муаллимаҳои Шаҳристонро маҷбурӣ ба пахтачинӣ  бурда истодаанд. Агар ягон кас намеравам гуяд, таҳдид мекунанд, ки аз кор холӣ мешавӣ

Ман ба ҳамкоронам амниятиҳои зинокор махсусан Дилшоду Бевафоҷон, ки занҳои шавҳарҳояшон дар муҳоҷиратбударо бо шантаж дастдарозӣ менамоед, гуфтаниам, ки ҷиноятҳои маҳрамонаи шумо дар архиви «Ислоҳ»  маҳфуз аст ва агар фасодкориҳои худро идома доданиед, нуқта бар нуқта ҷиноятҳоятонро мунташир менамоем. Агар бихоҳед наворҳои маҳрамонаатон ошкор нашавад, ҳамкорӣ бо мухолифинро оғоз намоед

Ва дар охир инро гуфтаниам. Касоне, ки аз лайк метарсед, натарсед вале дар вақти сохтани аккаунт аз номҳои худ истифода накунед, халос, охир ман корманди амният ҳастам ягон чиро наметавонем фаҳмидан.

Ва касоне, ки дар хонаи Аскар (марди муханнас) кадом мақомдореро дида бошад ба Ислоҳ ҳатман бинависед ва шахсияташро маълум намоед.

Сообщение  «Инқилоб»-и «Ислоҳ» дар Шаҳристон появились сначала на ISLOH.net.

«Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №53»
Ҳаводорони азизи «Ислоҳ.нет». Ҳазорон сипосу ташаккур ба якояки шумо, ки дар ин рӯзҳои барои ман сахт, дар ҳақи ман дуо кардед. Ин дуоҳову ниёишҳову дастгириҳои шумо беҳтарин дору буд, ки Аллоҳи пок саломати маро баргардонд. Ва,ҳоло боз ҳам  номаҳои шумро мурур ва барои нашр омода мекунам ин номаҳоро дар бемористон хондам. Дар ҳоле сахт бароям мушкил буд, аммо масулияти имониямро анҷом додам,то назди Аллоҳам тавонам бо сари баланд биистаму бигуям ончи дар тавон доштам анҷом додам. Дар ҳақиқат мардум кайҳо фаҳмидааст, ки ин ҳукумат ҳеҷ гоҳ дар фикру чораи беҳбудии вай нест. Ҳукумат ба роҳи худ аст ва мардум ба роҳи худ. Ҳамин ҳодисаи селхезии авохири август нишон дод, ки ҳеҷ мақомдоре дар Душанбе ва бахусус раиси он заррае ҳам дар фикри мардум нестанд. Сел, ки як фалокат аст ва аз офати табиӣ бузургтарин давлатҳои дунё ҳам истисно буда наметавонанд. Аммо, бадбахтии масъулони мо, ва бахусус Душанбе ин аст ки дар амри рафъи авоқиби он коре мекунанд, ки кас ангушти пушаймонӣ мегазад. Беҳтар аст номаҳоро бо ҳам мурур бикунем.

Душанбе

Салом, домуллои азиз!

Албатта, бохабар ҳастед, ки шаби пеш (28август) борони сахт заду ба тамоми минтақаҳо зарар расонд. Сел Душанберо хелиду бо гилу лой яксон кард. Бори дигар яқин шуд, ки дар одитарин ҳолати изтирорӣ ягон сохтори давлатӣ омода нест. Девору таҳхонаи тамоми биноҳои баландошёна об гузарониданд. Ҳол он ки давлат сохтмонҳоро назорат мекунаду тафтиш. Аҳолии пойтахт ранги солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳайрон буданд. Свету об автоматически мурду ҳама ҷо қоқ шуд. Горсвет ва зертобеъҳояш, яъне горсветҳои ноҳияҳо телефонҳояшон банд, мардум саргардон. Водоканал бошад умуман телефонҳояш бе чавоб. Ду рӯз дар пойтахт об набуд. Ягон ноҳия барои мардум об таъмин накард.

Дар мағозаҳо обҳои простой тамом шуд. Ҳукумати шаҳр пештар рақами телефони навбатдорӣ дошт, ки 2232214 аст ва ин рақам дар сайти ҳукумати Душанбе ҳаст. Умуман ягон кас ҷавоб намедиҳад. Ду рӯз об набуд. Дар тамоми магазинҳои калону майдаи Душанбе об намонд. Агар чанд рӯз давом мекард, чи мешуд? Э, бахудо, айб. Ин қадар корхонаҳои об     ( рекламаи «Сиёма» дар телевизионҳо беист идома мекунад) ин қадар имкониятҳо фақат ду рӯзда натавонистанд пойтахтро таъмин кунанд. Аз тарафи Ҳукумат бояд мошинҳои обкашӣ дар ҳар маҳалла ташкил шаваду мардумро то омадани об таъмин кунанд. Фақат ду се Камаз баромаду як қисми ками аҳолии шаҳрро об доданд. Як чанд соҳибкори дигари Худотарс об хариданду бо водавозҳо тақсим карданд. Дар замони Убайдуллоев Маҳмадсаид ягон бор ин хел намешуд. Об нест, сразу аз ҳар нохия 5-6 водавоз мебаромад мардумро таъмин мекард. Ҳозир ягон сохтори шаҳр кори ҳалол намекунад. Рустам сари вазифаҳо соф ҷураҳояшро мондааст, ки аз дасти онҳо мардум дар азоб аст.

Бо ин ҳолу аҳвол боз даъвои президентшавӣ дорад. Вой бар ҳоли мардуми бечораи тоҷик.

Ваҳдат

Салом бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ пушту паноҳат бошад, шери нар!  Як худат, яктана ин ҳукумати малъуни Раҳмонови алайҳилаънаро гузинӣ гардонидаӣ!!

Ҳам тамошо мекунам ва ҳам мехонам. Вақте Раҳмоновро бо лақабҳои воқеияш ном мебарӣ, ба ростӣ тамоми мардуми Тоҷикистон роҳат мекунад. Ҳоло худат сухангӯи халқи Тоҷикистон шудаӣ. Гапи дили халқро ба ин беимони гарданбалонигазии тоғути муртад мерасонӣ. Бародар, солҳост, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорам. Исму насабамро иваз кардаам. Гапи зиёде барои гуфтан дорам.

Аммо ҳоло фақат дар бораи як беваи чоплуси тамаллуқкор мехоҳам гап занам. Намедонам ҳоло ҳам сари кор ҳаст ё не? Вале он сол ин зани шайтонсифат раиси идораи ҷамоат буд. Номи вай Мирзоева Хурсандгул аст. Он вақт Алиев Файзалӣ, раиси деҳаи Гусгев буд, ки ин ҳар ду дар китоби ҷасорати ҷамоат нависонда шудаанд. Медонед барои чӣ ва чӣ ҷасорат нишон додаанд, инҳо ва махсусан Мирзоева Хурсандгул?

Вақти таъқиби ҳоҷӣ Ҳалим (генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон) дар куҳҳои Ромит дар сентябри соли 2015ду нафар аз зиндониҳои гуреза, ба гуфтаи худашон, ки собиқ муҷоҳиддин будаанд, пайдо мешаванд. Албатта, инҳо, гурезагии зиндониҳо дар он шабурӯзҳо, маълум буд, ки кори худи ҳукумат аст. Ин фирориҳо то деҳаи мо омада тавонистанд ва ба ин зан паноҳ бурданд. Хиёл карданд, ки ин зан мисли ромитиҳои пешина аст. Гуфтаанд, ки давлат бо кадом нақшае моро аз зиндон берун кард. Вале боз моро кофтуков дорад. Дақиқан моро бо туҳмати фирор аз зиндон мекушанд. Илтимос апа моро як ду рӯз пинҳон кун. Шиносҳое дорем, ки моро аз ин давлат берун мебарорад. Ин зани шайтонсифат, «майлаш,майлаш» гуфта ҷои хоб медиҳад вале ба мақомоти ҳукумат занг зада хабар медиҳад. Ба хотири ҳамин кораш ба вай медал доданд ва қаҳрамонзан эълон намуданд.

Вале он зиндониҳоро ҳам бо ҳоҷӣ Ҳалим ҳамроҳ карда мекушанд.

Исфара

Салом алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон собиқ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошам, ки ба шумо роҷеъ ба бедодгариҳо дар фурудгоҳи Душанбе дар бораи декларатсияи пулакӣ навишта будам.

Баъди нашри он мактуб хостам миннатдории худро баён кунам. Шиносҳоям ба ман хабар доданд, ки баъди нашри барнома дигар навистани декларасияро дар фурудгоҳ манъ карданд. Ташаккур бародар Муҳаммадиқбол! Камтар бошад ҳам бо ёрии шумо ба мардуми муҳоҷир ёрдами мо расид.

Имрӯз мехоҳам дар бораи ду бузе, ки дар Чоркуҳ зиндагӣ мекунад ва мардуми бечораро ба милисаҳо мефурӯшад маълумоти муфассалтар диҳам.

Худо кунад, ки ин худобехабарон ҳам тариқи барномаи шумо ислоҳ шаванду камтар бошад ҳам дар назди мардуми Чоркуҳ аз гуноҳҳои кардаам бахшиш пурсам. Қаблан, ки гуфтам, корманди собиқи мақомот ҳастам. Маҳз дар ҳамин диёри худотарсон- Чоркуҳ фаъолият кардаам. Яке аз бузони милисаҳо ҳамсояи собиқ Раиси ҷамоат Шаропов Бадрӣ (Мухтор ҳам мегуянд) ин Ҷалолов Ҳукмӣ мебошад. Бо баҳонаи гирифта додани замини наздиҳавлигӣ аз раиси ҷамоат аз чандин нафар пул гирифта вале онҳоро фиреб кардааст. Ба зами ин чандин касро ваъда кардааст, ки барои мусоидат ба сафари ҳаҷ тариқи раиси ҷамоат ёрдам мекунад. Аммо то ҳоло накарда аст.

Агар ягон каси пул додаашро талаб кунад, руи рост омада ба милисахона он одамро подстава мекунад.

Ҳамаи курикаҳо, ки Ҳукмӣ аз он маҳалла аст агар дар Русия камтар бизнес дошта бошан вақти ба Чоркуҳ омаданашон ҳамон замон хабарашон ба милисаҳо тариқи Ҳукмӣ мерасад. Агар хато накунам зани Ҳукми кадом хеши раиси ҳозира Лайс мебошад. Ҳукмӣ руи рост мегуяд, ки вай агенти милисаҳо мебошаду касе аз бинӣ боло гап занад подставааш мекунад.

Як бузи дигаре, ки ҳамроҳи Ҳукмӣ кор мекунад, Шуҳрат аст, ки ӯро чоркуҳиҳо Шурик мегуянд. Ҳамаи соҳибкорони чоркуҳие, ки дар Русия тиҷорат доранду аз маҳаллаҳои Лангар, Халесон ва Гузар мебошанд ба Ҳукмӣ хабарашонро мерасонад.

Ҳукмӣ ба милисаҳо зуд хабар медиҳад: кадом соҳибкор кай омадаасту дар Русия чи бизнес дорад? Шуҳрат худаш дар Маскав мебошад. Ҳар вақте сардори милисаи Чоркуҳ нав шавад худи ҳамон рӯз туҳфаҳои қиматбаҳо ба монанди телефони последний марка, ноутбук барои зани сардор то либосҳои такпушӣ харида равон мекунад. Бовар дорам ҳадяҳое, ки барои сардори милисаю занаш мефирсонад аз сад як ҳисаашро барои зану фарзанди худаш намекунад.

Мардуми шарифи Чоркуҳ ман медонам, шумо мардуми худотарс, мусулмонони боимон ҳастед. Агар баъди барномаи Ислоҳ ин ду буз рафтори худро дигар кунанд, ман ҳамчун собиқ корманди ҳифзи ҳуқуқ дар Чоркуҳ камтар бошад ҳам дар назди мардум қарзи худро иҷро карда ҳисоб мешавам.

Бародар Муҳаммадикбол дар дасти ман 70% руйхати бузҳои Чоркуҳ, ки мардуми бечораро азоб медиҳанду ба милисаҳо мефурушанд мавҷуд аст. Имрӯз дар бораи ду нафараш гуфтам, насиб бошад дар оянда дигаронашро ҳам мегуям. Ба монанди ҳоҷӣ Қобил, Забили муаллим, Исмат, директори мактаб ва дигарҳо. Бояд ҳаминро ҳам гуям, ки Ҳукми худро ҳоҷӣ мегирад. Ман рости гап дар симои Ҳукмӣ, Қобил, Насим, Фурқати рижи ва дигар бузхо ягон нишонаи ҳоҷигиро намебинам. Мардуми Чоркуҳ бо ман розӣ шуда метавонанд. Бузҳои Чоркуҳ ба номи худо бузиро бас кунед вагарна тариқи “Ислоҳ” расвоиҳои шумо бароварда мешавад.

Дар барнома «Номаҳои№ 42» дар бораи Ҳукмии жук гуфтед. Ин сад дар сад рост.   Фамилияи жук ин Ҷалолов Ҳукмӣ аст. Лақаби жук ин лақаби падараш мебошад. Як вақтҳо падараш дар участкаи бригадаи 13 учаскапо буд. Дар он участка ягон чиз намонд. Ҳама чизро ба хонааш кашонд. Аз ҳамин хотир ба худ лақаби жукро гирифт. Писари ҳамон жук Ҳукмӣ- бузи милисаҳо мебошад.

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд аз шумо, розӣ бошад, мо сокинони шаҳри Исфара, аз шумо хоҳиш менамоем, ки ин дарди моро нашр намоед. Аз дасти бузҳову чоплусҳо мо шаҳрвандони оддӣ ҷонамон ба лаб расид.

Дар аввал ба шумо ҳодисаи руйдода дар ресторани «Райҳона»-ро мегуем.

Он қорибачаро нафаре бо номи …фарёд карда подставит карда, худаш гурехта рафт Русия. Баъди нашри барномаатон ҳозир Барно ном нафаре дом ком ҳаст-пулчинаки бозор, хоҳари Қаҳҳори раҳматӣ овозхон, писараш дар коррупция кор мекунад. Шавҳараш дар Душанбе генерал будааст. Писараш дар киса расми ӯро гирифта мегардад. Барно як ифлос одам. Маҷбурӣ пул меканад. Агар надиҳед, справка намедиҳад. Дар дасти мо навори Барно ҳаст, ки чи хел духтарҳоро дар тарабхонаи Одилон бурда дискотека ташкил кардааст.

Ҳоҷӣ Абдурасул ном шахсе ҳаст, ки номаш дар барномаҳои шумо чанд бор садо дод. Ин одам ҳама чизу чораи колхози Ленинро фурӯхт: гараж, идора, ҳатто ба замини президентӣ даст дароз кард.

Як нафар колхозчӣ бар зидди вай ариза ҷамъ кард. Барои онки ӯро хомуш бидоранд аз ҳамон заминҳо 6 сотих доданд.

Бародари Расул Ваққоси наркоман  аст ва бузҳои инҳо Умед ва Ҳасн чанд тан бачаҳои боимонро бузӣ ва маҳкам карданд.

Барно домкоми маҳалла шуда кор мекунад. Як зани сабукпо, одамҳоро подставит карда пул мегирад. Навор дар ресторани “Одилон” гирифта шудааст. Он духтар номаш Маҳина аст. Вай ҳануз дар вақти мактабхониаш иффаташро бохта буд. Ин ҳам бузи ментҳо аст, дугонаи Барно.

Нафари дигар Мулло аст. Соли таваллудаш 1995. Дар ресторани «Райҳона» кор мекард, бо мошинҳои гаронқимат мегашт. Баъди подстава кардани қорибача гурехт ва ҳоло дар Санкт-Петербурги Русия аст, ҳамин тавр шунидем. Шояд дигар шаҳри Русия бошад.

Умед пеш бо Абдурасул мегашт. Героин толкат мекард. Чанд бачаҳоро бузӣ карда шинонд. Инҳоро ҳозир ҳеҷ кас ҳурмат намекунад. Абдурасул “как резинка” корашро карда сар дод.

Пеши Бовохон рафт. Бобохони борец мегуяд пеши чойхонаи боғ биё. Бобохон бо Абдурасул гапаш намепазад. Баъд, дар стадиони Химки ҷамъ мешавад: 1+1 мезанем гуфта  Бобохон Абдурасулу Ҳасанро мезанад. Расули номард Вакқосро фарёд мекунад. Ҷанги калон мешавад. Расул ва Ҳасан ду моҳ дар реаниматсия мехобанд.

Ва дар охир боз Исфара инро ҳам ба дасти чоп бисупорем, ки бисёр ҳам ҳодисаи дардовар аст. Чанд соли соли пеш Насимов Кароматуллоҳ сардори милиса дар шуъбачаи Чоркуҳ буд. Вай як инсони худозада ва сахт беномус буд. Вай зиндонӣ шуд. Зиёда аз 7 сол. Баъд баромад. Аммо ҳозир бошад дар Ворух дар ҳайати ОМОН кор карда истодаст. Ин чи тавр ҳукумату давлат аст ки як нафар бо собиқаи зиндон дар милиса ба кор медарояд. Як нафар ба ҳукумат кор дароям гуяд, 7 пушташро, хешу таборонашро, тафтиш мекунанд, судимий дорад ё надорад, таҳқиқ мекунанд. Аммо ҳоло судимий доштаро боз кор мегиранд. Агар ин беномусро ба милисаи Ворух ё Чоркуҳ перевод кунанд мондагии халқро зиндон мекунад. Ин ҳамон булдог-Насимзода Қосим Наими сардори милисаи Чоркуҳ буд. Аммо ин ҳукуматро фаҳмида намешавад. Ин Рамазон Раҳимзодаи даюс чи кор карда истодааст. Ин ҳама сабзибадастҳоро ба кор гирифта истодааст. Маълум аст ки инҷо барои ба кор даромадани Насимзода Қосим пулу пора роли асосӣ бозидааст, вагарна  коргар қаҳт задааст, ки як нафари «зек» милиса бишавад?

Ёвон

Ассалому алейкум устоди азиз! Мо як гурӯҳ бачаҳои ноҳияи Ёвон мебошем, ки айни ҳол да муҳочирати меҳнатӣ қарор дорем.

Чанд рӯз пеш ба ман аз деҳа занг зада илтимос карданд, ки ин номаро ба шумо фиристам. Дар деҳаи мо 3 — 4 то буз пайдо шудааст.

Номи онҳо Азимов Абдуҷамил, Идрисов Маъдихуҷа (бо лақаби Маъди буз шинохта мешавад) ва дигараш бошад муаллими Шариф мебошад. Вай раиси маҳалла шуда кор кардааст.

Айни замон Азимов Абдуҷамил ҳамчун раиси маҳалла кор мекунад. 3 писар ва 4 духтар дорад. Абдуҷамил он қадар беномус аст ки духтари 16 солаи охиронашро  ба ҳоҷӣ 60 ҳазор сомонӣ фурӯхт. Духтар солаш намерасид. Никоҳ кард ба як марди 40 сола. Зани 2юм гирифт ин духтарашро. Ба кадом шаҳри Русия бурданд.

Идрисов Маъдӣ бузи амният аст. Бинад, ки камтар ришат баланд аст, тамом, худо зад. Саҳар ба хонаат амният меояд. Маъдӣ соҳиби 2 зан ва 3 писару 3 духтар мебошад.

Гуфтам дар деҳа боз чи гап аст? Як бузи дигар ҳам пайдо шудааст.

Фатҳиев Муқим (бо лақаби кури Муқим мешиносанаш) Ин бошад ҳамаи заминҳои подачароро гирифтааст. Ин сумдор буд. Карер дошт, дар камазҳо санг бор мекард. Ҳозир бошад ҳамаро фурухт. Писаронашро Русия равон кард.

Аз замоне, ки прокурори ноҳияи Ёвон нав шуд ягон карер кор намекунад.

Дар мактаби № 33 ба номи А.Рудакӣ Обидова Давлатпочо директор мебошад. Аз солҳое, ки худро ёд дорам ин одам директор аст. Дар мактаб синфхона намерасад. Соли 2013 барои шаш синфхона таҳкурсӣ рехтанд. Аммо то ҳол ин синфхонаҳо дар ҳамон ҳолат истодаанд. Ҳар сол аз талабаҳо ва аз масҷидҳо барои таъмири мактаб 20 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Ман худам ҳамин мактабро хатм кардам. Ин директор 3 писар дорад. 1 писараш донишгоҳи тиббӣ, 2-аш дар донишгоҳи миллӣ ва 3юмаш донишгоҳи славянии Душанберо хатм кардаанд. Барои синфҳои 1 то 3 дар мактаб хурок медиҳанд. Ҳар моҳ талабаҳо ҳар як кадомаш барои ғизои худ 5 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Ин директор аз ҳисоби ҳамин хурока ба хонааш мекашонад.

Ҳисор

Ассалому алайкум ман аз Ҳисор, ҷамоати Деҳқонобод, деҳаи Гачак. Дар деҳаи Гачак беҳад, дуздиву номардӣ рафта истодааст. Дар Гачак раиси маҳалла Абдулло Раҳимов аст.

Вақте замин тақсим карданд, ман гуфтам ба мо ҳам замин деҳ. Мо дар як ҳавлӣ чанд оила зиндаги дорем, камбизоатем. Аммо ин Абдулло заминҳоро ба бойбачаҳо дод. Як хелаш 3 заминӣ ҳам гирифтанд. Мардуми камбағал бе замин монд. Дар Гачак Пиров Нуралӣ, ки ҳоҷӣ Нуралии кал мегуяндаш, (ин Нуралӣ намоз ҳам намехонад бе тавфиқ )

Дар Гачак мулло буд ба номи мулло Бобоҷон, беҳад инсони босавод буд, аммо камбағал буд ва фақат бою камбағал мегуфт марҳамат ба масҷид равем. Ва ин ҳоҷи Нуралӣ аз паси мулло навис-навис карда коре кард, ки ӯра аз тарафи ҷамоат гирифтанаш  ва ҳозир як мулло дорем Аъзам ном дорад, сум дорад. Лекин беҳад криса ва мурда аст. Бо ҳич кас гап намезанад. Хонаат биёяд пул талаб мекунад. Дар Гачак қариб 5 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Аммо беморхона надорем. Якто буд, духтур Гулбаҳор кор мекунад. Оҳиста-оҳиста онҷоро гирифту аз худаш кард. Ҳозир дар ҳамонҷо зиндагӣ мекунад.

Дар Гачак соли 2011 мактаби нав сохтанд ва мактаби куҳнаро Ёров Ҷамолиддин, ки раиси маҳалла шуд гирифт шахсӣ кард.

Ҳамин ҳоҷӣ Нуралии кал шипангро гирифт. Аввал гуфтанд, ки мо заводи хишт месозем. Як сол гузашт, гирдашро девор бардоштанд ва шахсӣ карданд. Дар болои қишлоқ замини президентӣ ҳаст ва ин ҳоҷӣ Нуралии кал гуфт, садик месозем ва заминро гирифтанд. 20 сотихашро шахсӣ карданд. Дар деҳаи Гачак сквяжни ҷо ҳаст. Ҳоҷӣ Ёрмаҳмад гирифт шахсӣ кард. 20 сотик замин ҳам дорад. Бовар кунед ягон ҷоро намонданд. Ҳамаро гирифтанд: на садик, на беморхона на мактаб. Раиси ҷамоат омад масҷидро қулф зад. Гуфтанд, ки пул диҳед солдат мехарем, баъд масҷиди панҷвақтаатонро ҳуй мекунем бовар кунед.

Дар Ҳисор ҳамихел дуздиву ғоратгарӣ рафта истодааст, ки ҳисобаш гум. Ҳукумат дар ҳилла гум шудааст.

Бародар як нафар дар бораи вазъу ҳоли модари Далери Эмомалӣ бароям гуфт. Бовар кунед ҳоли модари ӯро мебинӣ гуфт, гиряат меояд. Худо акнун тезтар тағирот шаваду Далер ба назди бачаҳояш баргардад. Ҳамин Раҳимов Абдулло раиси маҳалла буд. Кличкааш Лелин аст. Аз мардум пули бисёр гирифтагӣ аст. Пулҳоро баргардон. Заминҳоро надодӣ, пули мардумро гардонда деҳ.

Зафаробод

Бародар Муҳаммадиқбол салом! Ин навиштаи дигари ман ба унвони «Ислоҳ» аст. Ман ҳамон собиқ хизматчии давлатиам, ки гуфта будам 600 сомонӣ маош мегирифтам. Сардори шуъба дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ будам ва солҳои дароз фаъолият кардаам.   Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардам. Чандин забонро баладам. Аммо ҳозир дар Русия “турист”ҳастам. Кор мекунам.

Бо ҳамин ҷумлаҳо навиштаи пешинаи ман дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и №  47 чоп шуда буд. Ҳоло давоми ин номаро бароятон фиристодам. Як рӯз, вақте барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро тамошо мекардам, дидам, ки Дилафрӯз Ниёзқулова, мудири маорифи ноҳияи Зафаробод бо Шумо суҳбат карда бо овози баланд мегуфт, ки тибқи дастурамал  либоси мактабӣ мехаранд. Эй апаи Дилафруз, садқаи номи падарат шавӣ. Падарат як шахси номдор дар соҳаи маориф буд. Агар ту дуруғ гуӣ ман росташро мегуям, ки ту чи тавр мудири маориф шудӣ, чанд пул ба собиқ раиси ноҳия Арбобзода К.Н ва ба собиқ сардори амнияти ноҳия додӣ, аз ёдат баромад? Либоси ягонаи мактабиро ту бо ҳамроҳи хешат Зафар Авулов ва дугонаат- депутати ноҳия Шаҳло Кенҷаева дастурамал кардед. Агар падару модар аз бозори Истаравшан ё Хуҷанд гирад, шумо қабул намекунед. Бояд аз депутат Шаҳло ё аз Зафар Авулов гирад. Биё, аз руи худо гап зан. Нони додаи Ниёзқулов туро кур мекунад.

Дар масъалаи муаллими фанҳои дақиқ чаро дуруғ гуфтӣ. Дар ноҳия худат як моҳ пеш эълон кард, ки  48 нафар муаллими фанҳои дақиқ лозим. Оилаҳои камбизоат то ҳол аз мағозаи Шаҳло қарздоранд, медони ҳаминро? Ту хуб медонӣ. Соли 2022 китобҳо пулакӣ буд ва он замон ту муаллима будӣ. Худат гуфта будӣ, ки иҷораи китоб 5 сол аст ва баъди панҷ сол ройгон мешавад. То ҳоло падару модар ба як хонанда ба маблаги 100-150 сомонӣ китоб мехарад ва ин китобҳои фарсударо шумо то ҳол мефурӯшед. Дилафруз, муаллима ду бор рафтӣ вазорати маориф, баъд мудир шудӣ. Ёдат ҳаст дар ошхонаи Ирам сархуш шудӣ, ҳамроҳи собиқ муовини раиси ноҳия Абдуллозода Зарина ва баланд гуфтӣ, ки ин вазифа бо маблағи 6000 доллар омад ба ман. Ман бояд дар як сол ин маблағи сарф кардаамро аз мактабҳо пайдо кунам. Хайр муаллима, боқӣ ту донию виҷдонат. Ё қиссаҳои ишқварзиат бо сардори ШВКД дар ноҳия Саломзодаро аз ёдат баровардаӣ. Вай ба гуфти худат, «криша»-и ту буд,ку.

Низомҷон, котиби ҷамоати Ҷомӣ, ту низ имрӯз баланд гап мезанӣ, ки камбизоат нест. Замоне, ки ту заминсози ҷамоат будӣ, як имзои ту 700 сомонӣ буд. Ёдат ҳаст ту Низомҷони 700 сомона ном доштӣ. Заминҳои обиро ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ фурухтӣ, эй нохалаф! Аз ман пурс,  дар ҷамоати ту масҷид нест, чаро дуруғ мегуӣ? Дуюмаш дар ҷамоати ту соли 2018 1450оилаи камбизоат ба қайд гирифта шуда буд, ки аз тарафи шуъба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷубронпулӣ мегирифт. Ин оилаҳоро як ба як номбар кунам, ту пеши мардум чи хел нигоҳ мекуни? Биё, як се -чор нафарашро номбар мекунам. Оилаи Усмонов Нуъмон, раиси ҷамоат, оилаи Ортиқов Қувватшо, собиқ раиси ҷамоат, ту худат ва ҳама коргарони ҷамоат будед. Ягон нафар камбағал дар ин руйхат набуд. Ин маблағи ҷубронпулиро худ ба ҷайби хеш мезадед. Тибқи қонуни хизмати давлатӣ шаҳрванд агар маълумоти олӣ надошта бошад, котиби ҷамоат ё раиси ҷамоат шуда наметавонад. Ту  маълумоти олӣ надори, аммо халқро ғорат карда бо воситаи Усмонов Нуъмон ва Усмонов Икром соҳиби вазифа шудӣ. Дуруғ нагӯ, ки фардо рӯзи қиёмат месузӣ.

Муъминобод

Салом бародари мубориз, домулло Муҳаммадиқбол! Номаи ман аз ноҳияи Муъминобод, ҷамоати Балхови деҳаи Тебалай аст. Ин номаро менависам, мунтазир меистам, ки чоп мекунӣ, ё не? Чунки гапҳои гуфтании зиёд дорад. Агар инро чоп кардӣ давомашро ҳам менависам.

Ҳамин ҳукумат ва махсусан МЧС-и мо намедонам ба куҷояшон фикр мекунанд. Аввалаш инки бояд пеш аз вуқуи ҳодиса, селу ярчу дигар офатҳо дастбакор шаванд. Барои ин онҳо маош мегиранд, давлат пулаш ҷудо мекунад.

Аммо, ҳозир инҳо омада сари хона аз мардум 100 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Барои санговаи деҳаи Тебалай. Мардум худаш ҷойи кор надорад, зиндагиашон вазнин,аз куҷо пул ёфта диҳанд?  Пас, пули аз тарафи давлат ҷудошуда куҷо меравад.

Хоҳиш мекунам, ҳамин номаи маро чоп кунед.

Шаҳристон

Салом бародар Муҳаммадиқбол!

Соли гузашта дар деҳаи Ободӣ мактаби№19 кушода шуд. Ҷаноб омада онро кушод. Дар ҳамин вақт Ғафурзода Мангубердӣ, раиси Идораи ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба Ҷаноб як асп туҳфа кард. Дузди дуздони ноҳия ҳамин одам аст. Ҳама чизро таги даст кардагӣ. Ҳамеша бо Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳия ҳамроҳ мегардад. Акрамзода куҷо равад ӯро ҳам мебарад, мисли дугона ҳастанд.

Нархи аспи туҳфа кардаи Мангубердӣ ба Раҳмоновро медонед чандаст? 80.000 доллар!! Ман ҳайронам! Ҷаноб ин аспро чи кор мекунад? Ҷои ин ба мардум ёрдам кунад намешуд? Барои чи ба Ҷаноб аспи 80000 долларӣ туҳфа мекнад? Роҳ созад, пул созад, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва чи хеле худи ҷаноб мегуяд ба мардуми камбизоат, ба ятимон бирасад.

Барои онки Ғафурзода Мангубердӣ тамоми куҳу камару дараву сою куҳу куҳпораҳо, замин ва ҷангалистони ҳазорҳо гектории Шаҳристонро гирифтагӣ ва чи хеле хоҳад, ҳамон тавр истифода мекунад. Замин ва ҷангалҳои Шаҳристонро фурухт. Одамҳои бою сумдори Хуҷанд, Истаравшан, Ҷаббор Расулов аксарияти мутлақашон дар ҷангалу куҳҳои Шаҳристон барои худ замин ва чарогоҳҳо доранд ва бемалол рамаи бузу гуспанд, гову аспи худро мечаронанд.

Акрамзода Баҳодур, раиси ноҳияи Шаҳристон аз узбекҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов аст. Тамоми рамаву говҳои бойҳои Ҷаббор Расуловро Акрамзода дар куҳҳои ноҳияи мо ҷой додааст.

Мардуми худамонро намемонанд, ки чорвояшро чаронад. На гову гусола, на бузу гуспандҳои мардуми мо ба куҳ роҳ надоранд. Мегуяд, касе саркашӣ ва гапнодароӣ мекунад рамаву подааш несту нобуд карда мешавад.

Ана барои чӣ Ғафуров Мангубердӣ ба Ҷаноби Раҳмонов аспи 80 000 долларӣ туҳфа мекунад.

Бинобар як хабаре, ки ба дасти мо аз идораи молияи ноҳия расид барои сохтмони мактаби №9, ки нархи сохтмони он 1.миллион 800 ҳазор мебошад, аз ҳисоби бюҷети ноҳия 200.000 сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо ин пулро сардори молия Маликов Ислом ва раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур бо ҳам тақсим карда гирифтаанд. Ман ҳайронам, ки ин Агентии коррупсия, прокуратура ва амнияту милиса куҷоро нигоҳ мекунанд?

Сообщение «Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №53» появились сначала на ISLOH.net.